“Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то имрӯз расидааст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз чӣ ҷашн аст ва кадомин вижагиҳоро дар бахши фарҳанг дорост? Оё хусусиятҳои вижаи он ҳувияти миллии тоҷикони муосирро ташкил медиҳад ва ё не? Чаро бобати пайдоиш ва густариши ин ҷашн дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳсҳои мухталифе сурат пазируфтанд? Барои посух додан ба суолҳои матраҳ ба пажӯҳиши ин масъала, бавижа, ба таҳқиқи омилҳои дарозумрии ҷашни ориёӣ пардохтем. Нахустин бархурди андешаҳо ин аст, ки Наврӯз дар “Авасто” ёдовар шуда ва ё нашудааст? Ин ки бархе аз муҳаққиқин Наврӯзро ҷашне дар пояи афкору андешаҳои динии ориёҳои қадим мавриди баррасӣ қарор додаанд, аз зумраи саҳеҳфикрӣ нест, чунки номбурда ҷашнро дар ботини табиат ва ҳастии маънавӣ дарёфтем. Аз теъдоди муайяни донишмандон, ки Наврӯзро аз дидгоҳҳои гуногун таҳқиқ намудаанд, се нафарашон дар нигориши мо дар мадди аввал гузошта шуд: Фирдавсӣ (Шоҳнома), Берунӣ (Осор-ул-боқия) ва савум Хайёми Нишопурӣ (Наврӯзнома).
Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон аст, ки замони оғозшавии он шабу рӯз баробар мешавад. Дар илми нуҷумшиносӣ баробаршавии шабу рӯз дар нимкураи шимолии заминро лаҳзае меноманд, ки офтоб аз ҳамвори экватории замин убур карда, ба шимоли осмон меравад.
Таваҷҷуҳ ба Наврӯз ва вижагиҳои фарҳанги хос ба онро метавон аз тасмимҳову пажӯҳишҳову ташаббусоти Пешвои муаззами миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурд, ки маҳз дар заминаи чунин ибтикорот раванди эҳёи ҷашнҳои ориёӣ дар кишвар роҳандозӣ гардид. Гузашта аз ин, дар мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз саҳми Пешвои миллати мо дар дохилу хориҷи мамлакат дар сатҳи олӣ қарор ёфта, аз ин иқдоми наҷибона бо ифтихор ҳарф мезананд.
Доир ба ҳақиқати Наврӯз дар илму зиндагии башар сарчашмаҳо гувоҳӣ додаанд. Махсусан, ба ҷашни номбурда дар “Авасто” ва дигар маохизи бостонӣ, бавижа, адабиёти паҳлавӣ назару нигоҳи мардумшиносӣ ва нуҷумшиносӣ анҷом пазируфтааст. Наврӯз дар тақвими григорианӣ ба 20, 21 ё 22 март рост меояд ва дар кишварҳои форсизабони дунё оғози соли нав маҳсуб мешавад. Аммо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз тақвим маъмул аст ва Наврӯзро оғози фасли баҳор таҷлил мекунанд ва онро ибтидои сол мешуморанд ва дар бархе аз кишварҳои дигар низ расмист. Наврӯз ба маънои рӯзи нав ва ҷашнест, ки дар оғози Фарвардин баргузор мешавад. Дар адабиёти форсӣ Наврӯзро гоҳ ҷашни Фарвардин ва гоҳе ҷашни баҳор мегӯянд. Дар форсии қадим ин вожа [пои лг иг] талаффуз мешавад. Бархе аз ривоятҳои таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи пажӯҳиши наврӯзшиносон, мафҳуми Наврӯз аз забони суғдӣ гирифта шуда, бо истилоҳи “навсард” ё “нувсард” пайвандӣ дошта, маънои он “соли нав” аст.
Вожаи Наврӯз дар забони авастоӣ бо лафзи “сарзе” бо маънои “соли хуршедӣ” омадааст. Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон, асли паҳлавии ин калима “нук руҷ” ва ё “нӯг рӯз” будааст. Бар асоси ин ривоятҳо, густариши Наврӯз дар Эрон ба соли 538 пеш аз милод, замони ҳамлаи Куруши бузург ба Бобул будааст. Ҳамчунин дар бархе ривоятҳо аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз ёд шудааст. Дар бархе аз матнҳои бостонӣ, аз ҷумла чун “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва “Таърихи Табарӣ” ва дар бархе аз матнҳои дигар Ҷамшед ҳамчун поягузори Наврӯз муаррифӣ шудааст. Фирдавсӣ, ки аз манобеъи паҳлавӣ истифода кардааст, дар “Шоҳнома” пайдоиши Наврӯзро ба гунае ривоят кардааст, ки Ҷамшед ҳангоми гузаштан аз Озарбойҷон фармуд, ки дар он ҷо тахте барояш бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар тахт нишаст. Вақте ки нури офтоб ба тоҷи заррини ӯ расид, ҷаҳон равшан шуд ва мардум шодӣ карданд ва он рӯзро рӯзи нав номиданд.
Умари Хайём дар ин бора дар “Наврӯзнома” овардааст, ки “сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр буд, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд, бад- ин дақиқа натавонад омадан. Чӣ ҳар сол аз муддат ҳама кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзи аввали мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми сол ва моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Язди таборак дувоздаҳ фаришта офаридааст. Аз он чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ва ҳар чӣ андар ӯ аст, аз аҳриманон нигоҳ дорад” [4].
Яке аз ҷашнҳои мӯътабартарин ориёиҳо номгузорӣ шудани ин ҷашн сарчашма ва манобеи таърихӣ гувоҳ ҳастанд. Андешаи маъмул дар ҷиҳати асли пайдоиши ҷашни Наврӯз ба ривояте, ки дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ маҳфуз аст, ба номи Ҷамшед ҳамбастагӣ дорад. Зикр намудан ба маврид аст, ки шоҳ Ҷамшед дар таърихи тамаддуни башар нақши тозае аз худ боқӣ гузоштааст ва алҳол дар қиёс бо дигар салотини аҳди бостон аз ӯ бештар ёдоварӣ мекунанд, аммо маълумоти таърихӣ дар мавриди таҷлили ҷашни Наврӯз ақоиди ба ҳам мухолифро низ баён намудаанд. Авваллан, Ибн ал Балхӣ дар “Форснома” дар мавриди оғози Наврӯз чунин ақидаро зикр мекунад, ки Ҷамшед тахт бунёд кард ва он рӯз ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва он сол Наврӯз оин шуд ва он рӯзи Ҳурмуз аз моҳи фарвардин буд [5, с. 38].
Аз он ки дар луғат вожаи “фарвардин”-ро моҳи сари сол гуфтаанд ва Наврӯз рӯзи аввали ин моҳ аст, пас дар ин маврид тамоми муҳаққиқон иқроранд, ки Наврӯз ба сифати ҷашн ба рӯзи аввали моҳи фарвардин баробарӣ дорад, чӣ Ҳурмуз номи рӯзи аввал аст аз ҳар моҳи шамсӣ.
Абӯрайҳони Берунӣ низ дар “Осорулбоқия” ба ин ҳақиқатнигории аҳли қалам ихтилоф надошта, аз гуфтори дигарон Наврӯзро шарҳ дода, чандин ақидаро ба қалам овардааст: “Нахустин чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд” [1, с. 234].
Зимни баррасӣ идома медиҳад: “Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд” [1, с. 234].
Ба ривояти “Шоҳнома”, Ҷамшед дар баробари ба тахт нишастанаш динро тағйир дод ва ҷашни Наврӯз низ маҳз аз ҳамин хотир аст, ки Ҷамшед бар хилофи ниёкони худ дини дигар таҳия намуд ва ба хотири ин рӯз Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Дар ин бобат, “Шоҳнома” шаҳодат медиҳад:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд, Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд, Майу ҷому ромишгарон хостанд. Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор, Ба мо монд аз он хусравон ёдгор...
Гузашта аз ин, баъзеҳо иқроранд, ки қабл аз ба тахти шоҳаншоҳӣ сазовор гардидани Ҷамшед, ҷашни Наврӯз миёниПешдодиёнмустаъмалбуд.Инчунин,андешае,кипеш аз Ҷамшед ҷашни Наврӯз бунёд гардида ва миёни мардуми Ориё маъруфият дошту ҳар соле истиқбол мешуд, ҷанбаи эътимод надорад, чунки аксари сарчашмаҳо ин ақидаро ба қалам наёвардаанд. Ба ҷуз ин берунӣ дар “Осорулбоқия” бунёдгузори Наврӯзро дар шахсияти Сулаймон ибни Довуд ҷустуҷӯ мекунад: “Чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро бозёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт... Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!” Яъне рӯзи тоза биёмад” [1, с. 232]. Агар мо Наврӯзро бо бозгардидани ангуштарии Сулаймон нисбат диҳем, пас чӣ ҳоҷат ки аз иртиботи ориёиҳои қадим ба Наврӯз ҳарф занем, чунки андешаи нисбат додани Наврӯз ба Сулаймон чк навъи бегонапарастӣ аст ва заъфи ҳувияти миллӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, бунёди Наврӯз ба ҷуз Ҷамшед ба касе тааллуқ надорад.
Гузаштагони дури мо худро озодагону деҳгонон меномиданд ва ин номҳо ишора бар он дошт, ки онҳо дар қиёс бо мардуми бодиянишин, инсонҳои нахустине буданд ва ба кишоварзӣ, зиндагии бумӣ, деҳнишиниву шаҳрсозӣ пардохтаанд. Ин аст, ки ҷашнҳои бузургтарини тоҷикони бостон намоди такрори замон, бозовардани фаслҳо ба табиат, гардишу тобиши офтоб пайванданд. Ниёкони мо ин ҷашнҳоро ба замони фармонравоии шоҳони худ вобаста медонистанд - ҷашни Сада ба замонҳои шоҳии Ҳушанг ва Фаридун, ҷашни Меҳргон ба замони шоҳии Фаридун ва ҷашни Наврӯз ба замони бар тахт нишастани Ҷамшед.
Чунонки мебинем, Ҷамшед яке аз шахсиятҳои бузургтарини “Шоҳнома” мебошад, ки пас аз фарҳанговарӣ ва дастовардҳои ниҳоят муҳим дар раванди инсон кардани башар, Наврӯзро ҳамчун ҷашни соли нав эълом мекунад. Ва нодида гирифтани ин вижагии Наврӯз ва дар ин рӯз ба ёд наовардани шоҳи созандаву додраси пешдодӣ баробар ба фаромӯш кардани яке аз шоистагиҳои Наврӯз аст.
Аммо, вожаи Наврӯз аз забони форсии миёна (подгог) гирифта шудааст, ки реша бар забони авестоӣ дорад. Имрӯз ин вожа ба ду маънӣ истифода мешавад: рӯзи аввали баробаршавии баҳор ва оғози соли нав. Ориёиҳо дар замонҳои қадим ду фасли гарм ва сард доштанд. Фасли сармо аз панҷ моҳ ва фасли гарм аз хафт моҳ иборат буд. Меҳргон оғози зимистон ва фасли сармо ва Наврӯз оғози фасли гарм дар аксар манобеъ инъикос ёфтаанд. Бунёдгузори сулолаи Ҳахоманишиҳо Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз милод Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Дар ин рӯз ӯ нақшаҳои тарғиби сарбозон, тоза кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои шахсӣ ва афви маҳкумшудагонро роҳандозӣ намуд. Ин расму оинҳо дар замони дигар подшоҳони Ҳахоманишиён низ баргузор мешуданд. Дар замони Дориюши аввал дар Тайсуфун маросими Наврӯз баргузор мешуд. Далелҳо нишон медиҳанд, ки Дориюши аввал дар соли 416 пеш аз милод дар ҷашни Наврӯз сиккаи тиллоӣ сикка кардааст, ки дар як тарафи он тирпарронӣ нишон дода шудааст.
Дар даврони Сосониён ҷашни Наврӯз чанд рӯз (ҳадди ақал шаш рӯз) давом мекард ва ба ду давра тақсим мешуд: Наврӯзи хурд ва Наврӯзи бузург. Наврӯзи Коч ё Наврӯзи оммавӣ панҷ рӯз, аз 1 то 5-уми Фарвардин ва дар рӯзи шашуми Фарвардин ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи вижа баргузор мешуд. Ҷашни Наврӯз чанд рӯз давом кард: панҷ рӯзи аввалро Наврӯзи оммавӣ меномиданд, ки барои ҳама хос буд ва рӯзи шашумро Наврӯзи махсус меномиданд, ки барои наздикону дӯстони шоҳ махсус буд. Дар даврони Сосониён 25 рӯз пеш аз оғози баҳор дар дувоздаҳ сутуни аз гили хом сохташуда ҳама гуна зироатҳои лубиёгӣ ва ғалладона (биринҷ, гандум, ҷав, нахуд, арзан ва лубиё) мекоранд ва онро ҷамъоварӣ намекарданд. Хар кадоме аз ин растаниҳое, ки серҳосил мешаванд, ҳамон сол ҳосили хуб медиҳад. Дар ин давра низ анъана буд, ки мардум дар субҳи Наврӯз ба ҳамдигар об мепошанд. Аз замони нахустин Ҳурмуз дар шаби Наврӯз оташ афрӯхтани мардум одат шудааст. Ҳамчунин, аз замони Ҳурмузи дуввум суннати додани сикка дар Наврӯз ҳамчун ид маъмул шудааст.
Аз баргузории ойини Наврӯзӣ дар замони Умавиён нишоне нест ва дар замони Аббосиён ба назар мерасад, ки халифаҳо гоҳе аз Наврӯз истиқбол мекарданд, то ҳадяҳои мардумро бипазиранд. Дар замони хилофати арабҳо, махсусан дар замони аббосиён ҷашни Наврӯз истиқбол мегардид. Дар ин маврид дар сарчашмаҳо маълумот оварда шудааст. Олимони фарангӣ Осмус Боракори ва Мэри Боис куҳан будан ва пас аз зуҳури ислом низ ҷашн гирифтани наврӯзро таъкид намудаанд [6, с. 58]. Пас, хулоса кардан мумкин аст, ки Наврӯз бо оинҳои хоси худ дар даврони пас аз ислом низ ҷашн гирифта мешуд. Вале сиёсати замони шуравӣ Наврӯзро ба дин мансуб медонист ва онро расман ҷашн намегирифтанд, вале дар байни омма Наврӯз истиқбол мегардид. Бо зуҳури Абӯмуслими Хуросонӣ ва нуфузи Бармакиён ва бо муваффақияти сулолаҳои Сомониён ҷашнҳои эронӣ дубора ривоҷ ёфт. Асарҳо ва далелҳои мавҷуда гувоҳӣ медиҳанд, ки пас аз зуҳури ислом ҷашни Наврӯз ҳамеша баргузор шуда, маросими он бо тағйирот аз як даврон ба даврони дигар мегузарад. Дар даврони Салҷуқиён теъдоде аз ситорашиносон, аз ҷумла Хайёми Нишобурӣ барои такмили тақвими эрониён гирд омадаанд. Тибқи ин тақвим, ки бо номи тақвими Ҷалолӣ маъруф шуд, барои нигоҳ доштани Наврӯз дар оғози баҳор тасмим гирифта шуд, ки тақрибан дар чаҳор сол як маротиба (баъзан дар панҷ сол) шумори рӯзҳо дар сол ба ҷои 365 рӯз ба 366 рӯз баробар дониста мешавад. Тақвими мазкур аз соли 392 ҳиҷрӣ оғоз шудааст.
Минтақае, ки Наврӯз ҷашн гирифта мешуд, имрӯз кишварҳои зиёдеро дар бар мегирад. Бархе аз ойинҳои Наврӯз дар ин кишварҳо гуногунанд. Ҷуғрофиёи Наврӯз бо номи Наврӯз ё шабеҳи он, Баҳрайн, Яман, Уммон, АМА, Кувайт, Ироқ, Сурия, Туркия, Судон, минтақаи Қафқоз, кишварҳои соҳили Болкон, Осиёи Марказӣ, минтақаи Амрикои Шимолӣ, Чин, Ҳидустон, Покистон, Бангладеш, Непал, Тибет ва ғайраро дарбар мегирад. Курдҳо Наврӯзро дар кишварҳои мухталиф ҷашн мегиранд. Онҳо дар рӯзҳои Наврӯз берун аз шаҳрҳо ҷамъ меоянд, то баҳорро истиқбол кунанд.
Яке аз хусусиятҳои ҷашни Наврӯз барои ориёиҳои аҳди бостон иборат аз ин буд, ки дар ин рӯз бо ҳамдигар ҳадя мефиристоданд ва бо ҳамин расм меҳру муҳаббатро нисбати ҳамдигар парвариш менамуданд. Воқеан, ҳадиси набавӣ низ дар мавриди фиристодани ҳадя ба хотири афзоиши мерҳрубониҳо айнан ифодагари мазмуни болост. Хонабозӣ яке аз ойинҳои наврӯзист, ки мардуми бештари манотиқи ҷашни Наврӯз ба он риоя мекунанд. Дар ин ойин тамоми хона ва ашёи он дар арафаи Наврӯз ғуборолуд карда, шуста ва тоза карда мешавад. Ин маросим дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мешавад. Расми дигари ориёиҳои қадим ин аст, ки онҳо рӯзи нав ҳафт намуди ғалларо дар канори хона мекоштанд ва аз рӯидани ин ғалла ба натиҷаи зироат дар оянда пешгӯӣ менамуданд. Дар ин рӯз шустушӯи бадан ҳатмӣ буд. Ҳамчунин мардум ба якдигар об мепошиданд, то ки рӯзи нав тозаю хуҷаста бошад. Наврӯзи хуҷастапай низ аз ҳамин хотир аст, ки дар ин рӯз орифу оммии кишвар пӯшокҳои тозаю нав ба бар карда, ба тамошогоҳ мераванд. Ин ҷашни ориёиҳои аҳди бостон сароғоз хусусияти динӣ дошт, вале баъдан бо дарназардошти вусъат гардидани он на танҳо хусусияти динӣ, балки хислатҳои қавмии худро гум кард.
Дастархони наврӯзӣ аз замонҳои қадим вуҷуд дорад, аммо маҳз ба ҳамин тариқ дастархон густурда дар гил ё табақи филизӣ чормағзи хушке чун буттамева, барги хушк, зардолу, шафтолу ва асал гузошта мешуданд. Мардум пеш аз Наврӯз оббозӣ мекарданд ва мизи ҳафт мева маъмул аст. Яке аз маъмултарин таомҳое, ки дар ҷашни Наврӯз пухта мешаванд, Суманак мебошад. Ин ғизо бо истифода аз тухми гандум омода карда мешавад. Дар аксари кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, ин таом пухта мешавад. Дар баъзе кишварҳо, пухтани ин ғизо бо расму оинҳои муайян алоқаманд аст. Занону духтарон дар манотиқи мухталиф суманакро гурӯҳ-гурӯҳ ва гоҳе шабона мепазанд ва ҳангоми пухтан таронаҳои вижа месароянд. Умуман, дар ҳар минтақае, ки Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, таомҳои наврӯзӣ пухтан суннат аст ва ҳар минтақа таом ва шириниҳои хоси худро дорад.
Дар “Таърихи Бухоро” Абубакр Муҳаммад бинни Ҷаъфари Наршахӣ ишора менамояд, ки дар “Хазоин-ул- улум” ном сарчашмае дар мавриди зикри бинои арки Бухоро омадааст, ки дар назди арки Бухоро муғон ба хотири Сиёвуш «ҳар соле ҳар марде он ҷо як хурӯс бикушанд пеш аз баромадани офтоби наврӯзӣ. Ва мардумони Бухороро дар куштани Сиёвуш навҳаҳо аст чунонки дар ҳама вилоятҳо маъруф аст. Ва ин сухан зиёдат аз се ҳазор сол аст” [2, с. 23].
Алҳол бархе аз миллали дунё Наврӯзро чун ҷашни фарорасии баҳор ва соли нав истиқбол мегиранд ва дар ин рӯз оини мухталифро ба сомон мерасонанд. Зимнан, доктор Алиасғари Шеърдӯст дар пешсухани “Одоб ва русуми наврӯзӣ”-и Ризо Шаъбонӣ тазаккур мекунад, ки “Имрӯз низ дар густарае, ки аз шимоли Чин то Аврупоро дар бар мегирад, Наврӯз намуде аз ҳузури ин тамаддуни решадор ва устувор аст, ки дар ҷо-ҷои ин қаламрави васеъ нақши пайвандгарро ба ӯҳда дорад” [6, с. 3].
Мардуми мо Наврӯзро ба ҳайси падидаи паёмоварӣ, шодмониҳо, зебоиҳо ва самимияатҳо ид мекунанд. Наврӯз дар оғози сол ба умедҳо ва орзуҳои ширини мо ҳамроҳ шуда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста менамояд ва шавқу завқро нисбат ба зиндагӣ ва кору меҳнат афзун мегардонад. Наврӯз барои деҳқони тоҷик фурсати такопӯ ва мувофиқ аст. Фаро расидани айёми кишт, ки ҳастии инсон ба он вобаста аст, оромии зимистонро барҳам зада, аз омадани соати меҳнат рангину ширин менамояд. Дар Наврӯз тамоми муноқишаҳо фаромӯш гардида, ранҷишҳо ва гуноҳҳо бахшида мешаванд, эҳтиром ба ҳамдигар, меҳрубониву инсондӯстӣ ва ғамхорӣ нисбати наздикону дӯстон зиёд гардида, муҳаббат ба Ватану табиат низ зиёд мегардад.
Дар Тоҷикистон Наврӯз дар ҳар маҳаллаҳо, ноҳияю вилоят ва шаҳрҳо бо расму оинҳои ба худашон хос гузаронида мешаванд. Мардум тамоми либос, қолину паласҳояашонро шуста, зарфҳояашонро пок месозанд, сафед мекунанд, либосҳои нав медӯзанд, сонӣ дар як рӯзи муайян одамон субҳи барвақт аз хоб хеста тамоми чизҳои хонаро ба берун мебароранд, аз гарду чанг тоза мекунанд. Дар базмгоҳ мусобиқаҳои шавқовар ва бозиҳо мегузаронанд, аз қабили гуштигирӣ, ҷавгонбозӣ, рақсу бозӣ кабкҷангу хурӯсҷанг, давидан ва ғайра. Занону духтарон низ дастархонҳоро ороста карда, либосҳои наву тозаро пӯшида ба табрики ҳамдигар мераванд. Дар Бадахшон бегоҳии рӯзи дувум хӯроки маъмули Наврӯз «Боҷ»-ро мепазанд. Пеш аз саршавии пухтупази ин хӯрок ҷавонону наврасон ба хонаи ҳамдигар рафта, аз дар ё тиреза ё равзон ба даруни хона рӯймол мепартояанд ва мехонанд:
Рӯзи Наврӯз асту олам сабзазор,
Занги дилро мебарад бӯйи баҳор.
Эй падар бархезу наврӯзӣ бикун,
То туро раҳмат кунад парвардигор.
Фарҳанги миллии тоҷикон бидуни вижагиҳои фарҳангии Наврӯз маъно надорад, зеро тамоми хислатҳои фарҳанги нек дар Наврӯз ниҳон аст. Кумак ба ниёзмандон, аёдати беморон, сулҳу оштӣ кардан ва фарҳанги дӯстӣ варзидан, шукргузорӣ кардан бо дастархони худ ва амсолашон аз хусусиятҳое ҳастанд, ки Наврӯзро дар замони муосир ҷаҳонӣ гардонидаанд. Наврӯз ба рӯзи аввали баҳор рост меояд ва тамоми ҷаҳон тавлиди наверо оғоз мекунад ва дар ҳеҷ ҷои дунё барои Наврӯзи худ чунин вазъияте надоранд, ки баҳори аввал, сабзи табиат бо ҳам омехта бошад.
Тоҷикон суннатҳои худро дар мисоли анъана ва ҷашнҳои фарҳангии ориёӣ комилан ҳифз кардаанд ва Наврӯз аз нигоҳи таҳаввулоти ботинии мардум, аз нигоҳи зебоии табиат, диданиҳо ва сафарҳое, ки собит шуда, камназир мебошад. Ангезаҳои мазҳабӣ, фитратпарастӣ, ҳамсафарӣ ва саодатмандӣ дар якҷоягӣ бо ҳаводиси дар ин рӯз рухдода, аз қабили нишасти Ҷамшед бар тахт ё қиёми Коваи Оҳангар, Наврӯз низ дар баробари воқеаҳое, ки дар он рух дод, дар таърих ҷовидон монд. Дар фарҳанги Наврӯз бештар роҳҳои мардумӣ ва ҳамбастагӣ бо табиат мушоҳида мешавад. Ҳатто пеш аз он ки чоршанбеи сурӣ бо шавқу дуои оташ ва афрӯхтани шӯъла алоқаманд бошад, мебинем, ки он таърихи тӯлонӣ дорад ва ҳамчунин аз Наврӯз, ки дидан ва зиёрат кардан ва рафтан ба назди пирон бо ҷисм ва бо фикру ақидаи онҳо ҳамеша ҳамсафар буд. Шабеҳи Наврӯз бо рӯйдодҳои муҳими таърихии ин рӯз ва иртиботи он бо бисёре аз арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ ин маросимро барои ҷаҳониён то абад арзишманд ва муҳим кардааст. Оинҳои наврӯзӣ аз қабили тозакорӣ, сулҳу оштиву ваҳдату баҳамоварӣ, аёдати пирон ва хушвақтӣ саршор аз ахлоқу одамгарӣ аст. Замони баргузории ин ҷашнвора, ки дар шабурӯзи баҳор рух медиҳад, оғози тавлиди табиат аст, зеро он бо тағйирёбии табиат ва мавсими валодати мавҷудот алоқаманд аст. Ин ҷашн аз гузаштаи дур ҳувияти таърихие дорад, ки то имрӯз пайваста баргузор мешавад ва бо ивазшавиҳо ҳатто дар минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол боқӣ мемонад.
Дар Наврӯз вижагиҳое ҳастанд, ки аз нигоҳи ахлоқ, дониш ва дин муҳиманд. Ҷавонон ба дидори бузургсолон ба бузургӣ аҳамият дода, наслҳоро ба ҳамдигар наздиктар мекунанд. Масъалаи дигар ин аст, ки мардум ба аёдати беморону маъюбон мераванд. Чизи дигар ин аст, ки баробари нав шудани табиат одамон кӯҳансолӣ ва кӯҳнаро аз фикру зикр, дилу дидаи худ дур мепартоянд. Аз ин ҷиҳатҳо Наврӯз ҷовидона боқӣ мемонад ва маросимҳо камтар аст. Тамоми хислатҳои фарҳанги нек дар Наврӯз ниҳон аст. Наврӯз абадӣ боқӣ монд, зеро дар он фазилатҳои зиёде ниҳон аст. Ҳама фазилатҳо боқӣ мемонанд ва нописандиҳо аз байн мераванд. Наврӯз ба далели ниҳон доштани фазилатҳои зиёде дар он боқӣ мондааст, зеро дар баробари ҷашни миллӣ будан макони овардани арзишҳои дунявӣ аст ва он дар ҳамин нигоҳ ва дидор ва кумак ба ниёзмандону фақирон ва хайрхоҳӣ аст.
Азбаски фарҳанги миллии хос решаи меҳмондорӣ ва хайрхоҳӣ ва таваҷҷуҳ ба масоили ахлоқӣ дорад, мо дар Наврӯз меваҳои ин фазилатҳоро мебинем. Яке сайру саёҳат дар табиат ва таваҷҷуҳ ба он ва дигаре азнавсозӣ ва дигаргунӣ ва таваҷҷуҳ ба тағйирот фарҳанги хоссеро баррасӣ менамояд, ки имрӯз бо унвони фарҳанги наврӯзӣ ёд мешавад. Инҳо вижагиҳои фарҳанги хос ҳастанд, ки дар маросимҳо ва рӯзҳои Наврӯз ба хубӣ дидан мумкин аст. Ин ки тағйири табиат, яъне фарорасии баҳорро бахти нек, яъне бахт ва хушбинӣ медонанд, аз вижагиҳои ҳувияти фарҳангии хос ба Наврӯз аст. Аз ин рӯ, ин мутобиқшавӣ ба таҳаввулоти табиӣ бо омили эҳсоси равонӣ, ки хушбинӣ аст, боис шуд, ки Наврӯз ҳамчун омили фарҳангӣ боқӣ бимонад. Таҷлили ҷашни Наврӯз нишонаи рамзии миллати мост, ки яке аз нишондиҳандаҳое, ки ҳувияти миллии моро ташкил медиҳанд, ҳамин ҳувияти фарҳангии миллӣ аст. Ҳамоҳангии дақиқ, мукаммал, нотакрор ва ҳайратангез бо гардиши табиат ва таҳаввулоти табиат Наврӯзро беназир месозад. Он чизе, ки Наврӯзро аз дигар расму оинҳои ҷаҳон ва бахусус аз тақвимҳои дигари ҷаҳонӣ фарқ мекунад, ҳамоҳангии дақиқ, комил, нотакрор ва шоёни таҳсин бо гардиши табиат ва таҳаввули табиат ва он чизест, ки он дар шакли гардиши фаслҳои сол мушоҳида мешавад. Воқеан, мутобиқати комили он бо табиати фазои башарӣ, дар зуҳури он, мувофиқат ва ҳамбастагӣ, ки ин ойин ва фурсат бо тақвим ва неруҳои табиии олам дорад, ин масъала омили муҳимест, ки ин маросимро ба вуҷуд овардааст. Ва интизор меравад, ки ин масъала устувор мемонад ва аҳаммияту арзиши он рӯз то рӯз боло меравад.
Таърихи Наврӯз, ки як ҷашни хеле қадимист ва решааш дар арсаҳои асотири миллӣ ғарқ шудааст, яке аз сабабҳои дарозумрии ин ҷашни миллӣ аст. Сирри дарозумрии Наврӯзро бояд дар моҳияти ин ойин бояд ҷуст, ки кас дидгоҳҳои андешаманд дорад ва суннатҳои Наврӯз ва расму оинҳои марбута занги дилҳоро шуста, дар инсон гармиву меҳрубонӣ меофаранд, ба чашмон нуру якранг мебахшанд, ба дилҳо нури умед мебахшанд, душманиро ба дӯстӣ табдил медиҳанд. Инҳо аз зумраи вижагиҳое ҳастанд, ки ҳар як шахси воқеӣ онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ, агар таваҷҷуҳ кунем, ҷамъи ин омилҳо ҳаётбахш аст, яъне Наврӯз худи ҳаёт аст ва Наврӯз то замоне ҳаст, ки инсон ҳаст ва то замоне, ки ҳаёт ҳаст.
Ширин ҚУРБОНОВА, - сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих
Адабиёт:
1. Абурайҳони Берунӣ. Осорулбоқия. -Душанбе: Ирфон, 1990, - 432 с.
2. Абубакр Муҳаммад бинни Ҷаъфар Наршахӣ. Таърихи Бухоро, - Душанбе: Дониш, 1979.
3. Б. Ғафуров.Тоҷикон (китоби якум).- Душанбе: Ирфон, 1983, - 704 с.
4. Дурдонаҳои наср. Ҷ.1. - Душанбе: Ирфон, 1987. - 560 с.
5. Ибн ал Балхӣ. Форснома. -Душанбе: Дониш, 1989.
6. Ризо Шаъбонӣ. Одоб ва русуми наврӯзӣ. -Душанбе: 2008, - 235 с.
7. Саймиддинов Д. Адабиёти паҳлавӣ (Пажӯҳиши тарҷума ва ташреҳ), - Душанбе: Пайванд, 2003, - 234 с.