Шартномаи сарҳадии нави байни Тоҷикистону Қирғизистон намунаи барҷастаи дипломатияи минтақавӣ ва муваффақияти роҳбарони ин ду давлат дар роҳи таъмини сулҳу суботи давомдор мебошад. Дар як вақте, ки Осиёи Марказӣ ба шиддат ниёзманди роҳҳои нави ҳамкории дипломатӣ ва рушди иқтисодӣ аст, ин созишнома нишон медиҳад, ки муколама ва тафоҳуми мутақобил метавонанд дар ҳалли масоили деринаи марзӣ нақши калидӣ дошта бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва Президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов, нақши калидӣ дар ин муваффақият доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бидуни талошҳои зиёди онҳо ва алоқамандӣ ба пайдо кардани роҳи ҳал барои муноқишаҳои дерина, расидан ба чунин созишномаи муҳим мумкин намебуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мақоми роҳбарии Тоҷикистон қарор дорад, ба шахсе шинохта шудааст, ки метавонад дар вазъиятҳои мушкил ҳалли дипломатӣ пешниҳод кунад. Ӯ дар ин раванди мушкил роҳбарӣ кард, то ки муноқишаи дербоз миёни ду ҳамсоя, ки чанд маротиба ба зӯроварӣ кашида шуда буд, ба сулҳи пойдор мунҷар шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекард, ки бидуни субот ва ҳамкории минтақавӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ имконнопазир аст.
Аз ҷониби дигар, Содир Ҷабборов, ки соли 2021 ба мақоми Президентӣ омад, худро ҳамчун роҳбари динамикӣ нишон дод, ки омода аст барои ҳалли масоиле, ки қаблан давомдор буданд, роҳи ҳал ҷустуҷӯ кунад. Вай аксар вақт таъкид мекунад, ки амнияти минтақавӣ ва рушди иқтисодии кишвараш ба суботи марзӣ вобаста аст ва ҳар гуна муноқиша метавонад таъсири манфии дарозмуддат ба оромии кишвар дошта бошад.
Ин ду раҳбар тавонистанд бо вуҷуди фишорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба музокироти созанда даст зананд ва ниҳоят ба созишномаи таърихӣ расиданд, ки имкон медиҳад ҳарду ҷониб марзҳои худро бе низоъ идора кунанд ва барои рушди минтақавӣ асоси мустаҳкам гузоранд.
Созишномаи ниҳоии сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун як дастоварди таърихӣ барои поён бахшидан ба баҳсҳои тӯлониву хатарнок арзёбӣ мешавад. Ин созиш ба даъвоҳои давомдори беш аз се даҳа хотима гузошта, хатари ноустувории минтақавиро як далели ҷиддӣ коҳиш медиҳад. Бисёре аз таҳлилгарон онро қадами мусбат ба сӯи сулҳ мешуморанд.
Масалан, Фараҳ Каримӣ, намояндаи махсуси Маҷлиси парлумонии САҲА оид ба Осиёи Марказӣ, эълом дошт, ки ин созишнома «қадаме муҳим ба сӯи сулҳу суботи пойдор» мебошад ва муваффақ шудани он нишони нерӯи муколама ва эътимоди мутақобила дар ҳаллу фасли ихтилофҳо аст ҳамин тавр, Брюс Панниер, хабарнигор ва таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, таъкид мекунад, ки ин тавофуқ ба низоъҳое хотима медиҳад, ки сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро дар даврони пасошӯравӣ ба хатарноктарин нуқтаи минтақа табдил дода буданд.
Ба таври умум, нуктаи назаре байни коршиносони байналмилалӣ шакл гирифтааст, ки созишномаи мазкур як қадами мусбат ва таърихист, вале бояд эҳтиёткорона татбиқ гардад. Таҳлилгари масоили байналмилалӣ Филиппо Коста Буранелли таъкид мекунад, ки “ҳеч яке аз ҷонибҳо наметавонист пурра гузашт накунад, вагарна созиш ҳосил намегардид.”
Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои минтақаи васеъ низ созишномаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамчун қадами мусбат истиқбол карданд. Масалан, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД/CSTO), ки ҳар ду кишвар узви он мебошанд, бо пахши изҳороте имзои ин санадро таҳният гуфт. Дар баёнияи СААД таъкид шудааст, ки бо иродаи сиёсӣ ва талошҳои пайвастаи раҳбарияти ҳар ду кишвар хатти қариб ҳазоркилометраи сарҳад мувофиқа гардид. Ин ҳалли масъалаи сарҳадӣ “бешубҳа ба рушди ҳамкории минтақаӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат намуда, амниятро дар доираи масъулияти СААД тақвият медиҳад"
Барои Қирғизистон низ ин созишнома як дастоварди дипломатӣ дониста мешавад. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов тавонист бо ин созиш ҳамаи марзҳои кишварро бо ҳамсоягон ниҳоӣ кунад (Қирғизистон қаблан бо Ӯзбекистон низ баҳси марзиро ҳал намудааст). Ҳукумати Қирғизистон созишномаро ҳамчун пирӯзии сиёсӣ муаррифӣ карда, изҳор дошт, ки баҳси сарҳадӣ бо тамоми ҳамсояҳо хатм шуд ва ин барои амнияти миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар судманд аст.
Аз назари иқтисодӣ, ин созиш барои минтақа низ натиҷаҳои мусбат дорад. Бо аз байн рафтани монеаи сарҳадӣ, рафтуомад ва савдои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон осонтар мешавад. Дар воқеъ, баъди имзои протоколи ниҳоии сарҳадӣ, ду гузаргоҳи муҳим – Қайрағоч ва Қизил-Бел – ки аз баҳори соли 2021 бо сабаби задухӯрдҳо баста буданд, дубора боз шуд ва ҳаракати озоди мардуму мол барқарор мегардад.
Таҳлилгарони Eurasianet пешбинӣ мекунанд, ки ин созиш рушди тиҷорати минтақавиро таҳрик хоҳад дод ва роҳи ҳамкории густурдатарро ҳамвор мекунад.
Зимни мулоқоти ниҳоӣ дар Бишкек, танҳо марзро хаттамнамуда нагузошта, ҳайатҳои ду кишвар дар бораи рушди роҳҳои транзити байнидавлатӣ, идоракунии муштараки иншооти тавлиди барқ ва захираҳои об низ ба мувофиқа расиданд.
Бо кушода шудани сарҳад, лоиҳаҳои минтақавии нақлиётӣ ва энержӣ низ нафаси тоза мегиранд. Масалан, яке аз лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ – CASA-1000 (хати интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Ҷанубӣ) – аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад. Ҳалли баҳси сарҳадӣ акнун амалӣ шудани чунин тарҳҳоро осонтар мекунад, зеро суботу эътимод дар минтақа меафзояд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки пайвандҳои иқтисодиву нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ сол то сол бештар мегарданд ва ҳалли ихтилофоти сарҳадӣ заминаро барои рушди муштараки иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам месозад.
Дар сатҳи маҳаллӣ низ, акнун ки хатти марз дақиқ мешавад, имкони татбиқи лоиҳаҳои рушди минтақаҳои наздисарҳадӣ ба вуҷуд меояд. Аз ҷумла, интизор меравад, ки дар ду тарафи марз рушди инфрасохтор, савдо ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ суръат гирад, зеро дигар ноамнии доимӣ садди роҳ нахоҳад шуд.
Хушбахтона, барои чунин ҳолатҳо низ дар қарордод механизмҳои муштараки ҳамкорӣ, аз ҷумла комиссияҳои махсуси дуҷониба, пешбинӣ гардидаанд. Чунончи, таҷрибаи истифодаи муштараки оби маҳаллаи Головной аллакай нишон медиҳад, ки ду кишвар метавонанд ба тавофуқҳои амалӣ бирасанд: тибқи созиш, дар ин иншооти обтақсимкунӣ ҳар ду ҷониб соҳиби ҳаққи баробар шуданд, то ки минбаъд ихтилофи обӣ рух надиҳад.
Мақомоти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) низ ин пешрафтро нақши муҳим дар таҳкими суботи минтақавӣ хонданд. Фараҳ Каримӣ аз ҷониби САҲА изҳор намуд, ки созиши мазкур нишон дод, ки тавассути муколама ва эътимоди мутақобил ҳатто баҳсҳои сахти дерина ҳалшавандаанд.
Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва ҳамсоякишварҳо мисли Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ аз эълони созиши Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол карданд. Ба навиштаи расонаҳо, ин кишварҳо ором шудани вазъ дар водии Фарғонаро ба нафъи кулли минтақа арзёбӣ намуданд ва омодагии худро барои мусоидат ба расидагии минбаъда ба масъалаҳои марбута баён доштанд.
Ҳатто кишварҳое чун Туркия ба таври алоҳида изҳороти дастгирӣ доданд – Вазорати корҳои хориҷии Туркия созишномаро сутуда, гуфт ин иқдом ба сулҳу субот ва ҳамкории минтақа мусоидат хоҳад кард.
Чунин эътирофи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин муомила на танҳо ҳамчун баҳси маҳаллии ду кишвар, балки ҳамчун омили таъсиргузор ба амнияти куллии Осиёи Марказӣ менигарад. Созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ омодагии худро барои кӯмак ба татбиқи созиш, аз ҷумла барномаҳои рушди сарҳадот ва эътимодсозӣ, изҳор кардаанд.
Хулоса ба натиҷа расидани шартномаи сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон барои Осиёи Марказӣ рӯйдоди таърихист. Аксари коршиносони хориҷӣ мувофиқанд, ки ин созиш талотумҳои чандинсоларо поён дода, имконияти воқеии таъмини суботи дарозмуддатро фароҳам меорад.Дар маҷмӯъ, назари коршиносони байналмилалӣ чунин аст, ки ин шартнома тавозуни нави мусбатеро дар равобити Душанбе ва Бишкек эҷод мекунад. Он як “гиреҳи бағализ”ро кушод, ки солҳои дароз рушди ду кишвар ва оромии мардуми наздисарҳадиро халалдор менамуд.
Манбаъҳои истифодашаванда: BBC, Reuters, The Diplomat, Eurasianet, Радиои Озодӣ (RFE/RL), Eurasia Review, (aa.com.tr), Jamestown Foundation ва изҳороти созмонҳои байналмилалӣ.
Носирҷон Мирзоев – унвонҷуйи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Бҳоваддинови АМИТ