Skip to main content

Бардошт аз дидори НБО-и Роғун,01 ноябри 2024

“Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ҶумҳурииТоҷикистон дар истеҳсоли “Иқтисодиёти сабз” дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми намоёнро ишғол менамояд, ки зиёда аз наваду ҳашт фоизи барқи истеҳсолшавандаи онтариқи неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ ҳосил карда мешавад. Аз ин лиҳоз, дар самти истеҳсоли “Энергияи сабз” дар кишвар чандин лоиҳаҳо пешниҳод ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумлаи чунин лоиҳаҳо, лоиҳаииншооти бузурги НБО-Роғун ба шумор меравад, ки баландии сарбанди он 335 метр бо истеҳсоли 17,0 млрд кВт.соат неруи барқ дар як сол пешбинӣшудааст.

Чи тавре ки аз таърихи иншооти бузурги НБО-Роғун бармеояд, корҳои омодасозӣ ва сохтмонии иншооти мазкур ҳанӯз дар солҳои70-уми асри ХХ оғоз гардида буд. Дар моҳи декабри соли1987 аввалин маротиба пеши дарёи Вахш баста шуд. Ҳамон сол беш аз 6 ҳазор коргарону мутахассисони соҳавӣ аз гӯшаву канори ИҶШС ба корҳои сохтмонӣ камари ҳиммат бастанд. Баъдан, аввалҳои солҳои 90-ум баландии девори сарбанди нерӯгоҳ дар дарёи Вахш тахминан ба 40 м баланд карда шуд. Бинобар сабаби барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои1992-1997 ва вазъи заифгардидаи иқтисодию молии Тоҷикистон идома додани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун мавқуф гузошта шуд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти роҳбарии бонки Умумиҷаҳонӣ ташхиси тарҳи лоиҳаи сохмониНБО-и Роғун оғоз гардида, соли 2014 ба анҷом расонида шуд. Баробари ин, яке аз вазифаҳои асосииташхиси байналмилалии лоиҳа таҳти омӯзиш қарор додани масъалаи зарари экологии НБО-и Роғун ба хоҷагиҳои халқи поёноб баъд аз ба истифода додани он буд. Баъд аз ҷамъбаст намудани хулосаву таҳлилҳои гузаронидашудаи ташхиси байналмилалӣ маълум гардид, ки хоҷагиҳои поёноби на Тоҷикистон ва на кишварҳои ҳамсоя баъд аз ба истифода додани НБО-и Роғун, ягон зарар намебинанд.

Вобаста ба ҳамин масъала собиқ Котиби генералии СММ Пан Ги Мун аз натиҷаи кори мутахассисон қаноатманд гардида роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро барои дастгирӣ намудан дар масъалаи дуруст истифода намудани захираҳои обию энергетикии минтақа даъват ба амал овард.

Ширкатҳои хориҷие, ки дар асосноккунии техникиву иқтисодии НБО-и Роғунсаҳм доштанд, зикр намуданд, ки макони интихобгардида барои сохмон ба талаботҳои сейсмологӣ ҷавобгӯ набошад ҳам, барои сохтмониНБО-и Роғунмувофиқ аст, агар сарбанд бо баландиии 335 метр бунёд гардад, он гоҳ НБО-и Роғун метавонад бо иқтидори то 3600 мегават соат қувваи барқ ҳосил намуда, дар минтақа калонтарин неругоҳи барқи обӣ хоҳад буд.

Боиси зикр аст, ки НБО-и Роғун ин лоиҳаест на танҳо дар сатҳи кишвар, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад. Ба кор андохтани НБО-и Роғун, таконе хоҳад гардид барои рушди саноати Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақа, ки дар навбати худ барои таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, вусъат додани гардиши мол дар минтақа, таъмини заминҳои корам бо об, мусоидат хоҳад намуд.

Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов соли 2018 ҳангоми ташрифи расмӣ ба Тоҷикистон овардан ба шаҳри Душанбе ва зимни мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо мавриди истифода дода шудани агрегати якуми НБО-и Роғун табрик намуда, изҳор дошт, ки ин иқдом бо ташаббусу ибтикори сарвари Ҳукумати Тоҷикистон дар саҳифаи таърихи тоҷикон дарҷ хоҳад гардид. Инчунин Исмоилов Н. қайд намуд, амалӣ гардидани чунин як лоиҳаи бузург на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои минтақа муфид аст. Дар шароити имрӯза НБО-и Роғун метавонад омили ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии минтақа гардида, василаи ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои минтақа дар соҳаҳои мухталиф бо Тоҷикистон бошад.

Қобили зикр аст, ки ба кор андохтани агрегати аввалини ин иншооти муҳими стратегӣ 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 бо иштироки бевоситаи Президенти Тоҷикистон ба вуқуъ пайваста, яке аз дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, НБО- и Роғун дар замони истиқлолият майдони талошу заҳматҳои самарабахш, мояи ифтихор, мафҳуми бузург, шуҷоату мардонагӣ ва ояндаи дурахшони миллати куҳанбунёди тоҷик гаштааст.

Дар корҳои сохтмонии НБО- и Роғун ҳам ширкатҳои ватанӣ ва ҳам хориҷӣ ҷалб карда шуда, дар ин иншооти бузургу беназир зиёда аз 17 ҳазор бунёдгарон шабонарӯзӣ кору фаъолият менамоянд.

Ҷомеаи имрӯзу фардои кишвар шоҳиди онанд, ки дар амалӣ гардидани чунин лоиҳаи беназири минтақавӣ, ташаббуси ҷасурона, сиёсати қавӣ ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши беҳамто дорад.

Ҳукумати мамлакат бо азму иродаи қавӣ ва тасмими созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳисси баланди масъулиятшиносиву ватандӯстии сохтмончиёни ин иншооти бузург, инчунин ҷонибдории ҳамаҷонибаи мардуми шарафманди Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, ба вазъияти пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир ва таҳдиду хатарҳои терроризм ва экстремизм нигоҳ накарда, ҷиҳати таъмини фардои дурахшони насли ояндаи Тоҷикистон талош доранд ба ҳадафи стратегӣ- таъмини истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Салимов А.Ҳ. ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ