Skip to main content

“Дар замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, қабули чунин як санад бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, дар баробари дигар омилҳо, барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар нақши ҳалкунанда бозид. Конститутсияи мо, ҳамчунин, ифодагари манфиатҳои олии миллат ва давлат, низоми устувори давлатдорӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волояти қонун ва фаъолияти бонизоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентиябри соли 1991 истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ аз қабили Конститутсияро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Қобили зикр аст, ки якчанд маротиба ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд: 26 сентиябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоқикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар моддаи якуми он чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”[1].

Дар ҳақиқат қабули чунин санади муҳими сиёсиву таърихӣ як дастоварди бузурги арзишманди миллати тоҷик мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва мутамаддин дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ месозад. Конститутсия ҳуҷҷати асосии миллати тоҷик яъне шиносномаи Ҷумҳурии Тоқикистон ба шумор меравад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути доштани чунин санади муҳими сиёсӣ яъне Конститутсия ҳамчун кишвари мутамаддин, сулҳпарвар, ташаббускор ва демократӣ пазируфтаанд ва мешиносанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳуқуқи зану мард, шароити орому осудагӣ, сулҳу субот, зиндагии осоишта, озодии баён ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кафолат дода мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин давлати мустақил ва дорои арзишҳои бузурги сиёсиву таърихӣ, ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардида, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳо ва меъёрҳои асосии давлатдорӣ ва бунёдии ҷомеаи комилҳуқуқ муқаррар гардидааст, ки асосан самтҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро дарбар мегирад. Маҳз кӯшишу талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун халқи куҳанбунёд, мутамаддин ва дорои фарҳанги қадима эътироф намудаанд ва мешиносанд.

Қобили зикр аст, ки забони давлатӣ дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ дарҷ гардидааст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширатӣ байни миллатҳо фаъолият мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода баранд. Боиси сарфарозии миллати тоҷик аст, ки аввалин маротиба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентиябри соли 1993 аз минбари баланди бонуфузи ҷаҳон Созмони Милали Муттаҳид бо забони тоҷикӣ сухан намуданд ва ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсиву сулҳҷӯёна ва таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои дусту сулҳпарваронаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Сухан рондан бо забони тоҷикӣ дар минбари баланди СММ бори дигар собит сохт, ки Пешвои миллат дар ҳақиқат ба арзишҳои миллӣ эҳтироми хоса зоҳир намуда, дорои ҳувияти баланди миллӣ ва худшиносии миллӣ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сутуни асосии давлатдории навини тоҷикон ба шумор мешавад. Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқаддас донистани ин санади муҳими сиёсӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Метавон гуфт, ки Конститутсия ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии он инъикосгари давлати демократӣ, дунёвӣ, соҳибистиқлол ва ягона мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Боиси зикр аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии он ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат мекунад, аз ин рӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва созанда эътироф намудаанд.

Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод. Конститутсия новобаста аз низоми иҷтимоии давлат вазифаҳои муассисӣ, ташкилкунандагӣ, сиёсати беруна, идеологӣ ва ҳуқуқиро адо мекунад. Дар Конститутсия таъкид мегардад, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибии ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҷонибдори низоми одилона ва устувори ҷаҳонӣ бар асоси усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қабл аз ҳама, баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои равобити байналмилалӣ ва риояи соҳибихтиёрии давлатҳо мебошад[2].

Хулоса метавон гуфт, ки Конститутсия дар сиёсати давлатӣ ва пешрафти кишвар нақши калидӣ мебозад. Конститутсия шоҳсутуни асосӣ ва меҳвари асосии давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Маҳз дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баробарҳуқуқии марду зан, зиндагии осоишта, ва таъмини амнияти кишвар кафолат дода шудааст. Имрӯз тамоми он меъёрҳои ҳуқуқие, ки дар Конститутсия дарҷ гардидааст, дар амал татбиқ шуда истодааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осоишта ва амну субот умр ба сар мебаранд, ки шаҳодат аз доштани чунин санади муҳими сиёсӣ буда, бори дигар собит гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми он меъёрҳо ва санадҳои Конститутсия ҳамарӯза дар амал татбиқ гардида истодааст. Ҳар як шаҳрвани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандустиву худогоҳӣ ҳадафҳои сиёсиву миллӣ ва арзишҳои миллии хешро ҳифз намуда, барои баланд бардоштани ҷойгоҳи он дар ҷомеа талошҳои худро равона месозанд. Ҳамасола 6-уми ноябр Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу хоса таҷлил мегардад.

Файзуллаева Нигора, ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АДАБИЁТИ ИСТИФОДА

1. Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон// https: //www. mfa. tj /tg/main/tojikiston/konstitutsiya

2. Маҷмуи мақолаҳо “Конститутсия кафолати таъмини ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии шахс, давлат ва ҷомеа” Душанбе-2016 саҳ 81-82