Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар ғанӣ гардондани буҷети миллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ нақши муҳим мебозад. Ин соҳа на танҳо ҳамчун манбаи даромади мустақим, балки ҳамчун омили рушди инфрасохтор, хизматрасонии иҷтимоӣ ва таблиғи фарҳангу тамаддуни миллӣ баромад мекунад. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои рӯ ба рушд, сайёҳӣ ба яке аз сарчашмаҳои асосии даромад табдил ёфтааст. Масалан, дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Аврупои Ҷанубӣ ҳиссаи сайёҳӣ дар ММД то ба 10–15% мерасад. Ин нишон медиҳад, ки бо истифодаи самараноки иқтидори сайёҳӣ, кишварҳо метавонанд иқтисоди миллии худро тақвият диҳанд.
Тавассути рушди сайёҳӣ, дар бахшҳои нақлиёт, меҳмонхонаҳо, хӯрока ва ҳунарҳои мардумӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд. Ин ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, воридоти асъори хориҷӣ ва афзоиши сармоягузориҳо ба соҳаи сайёҳӣ, буҷаи давлат ва иқтисоди миллиро тақвият мебахшанд.
Сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики муҳими иқтисодиёт буда, дар самтҳои гуногун таъсири мусбат расонида, имкониятҳои нави рушдро фароҳам меорад. Бо назардошти захираҳои мавҷуда ва ташаккули инфрасохтори муосир, рушди босуботи сайёҳӣ метавонад ба як омили калидии пешрафти иқтисоди миллӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, эҷоди шароити муносиб барои пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва такмил додани сиёсати давлатӣ дар идоракунии ин бахш яке аз афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯзҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҳамзамон рушди сайёҳӣ тадбирҳои назаррас андешида мешаванд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати иҷтимоӣ, зарурияти рушди сайёҳӣ беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад.
Якум, сайёҳӣ воситаи муҳими беҳдошти рӯҳию ҷисмонии инсон мебошад. Дар замони муосир сафар ва истироҳат ба одамон имкони барқарор кардани нерӯи рӯҳиву равонӣ медиҳад. Аз ин рӯ, сайёҳӣ ҳамчун як ҷузъи тарзи ҳаёти солим зарур аст.
Дуюм, сайёҳӣ омили муҳим дар шинохти миллатҳо ва фарҳангҳои гуногун мебошад. Меҳмононе, ки ба як кишвар сафар мекунанд, бо урфу одат, таърих, забон ва расму оини он шинос шуда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мусоидат менамоянд. Ин омил махсусан дар ҷаҳони пур аз низоъҳои фарҳангӣ ва нажодӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар қаламрави Тоҷикистон миқдори зиёди ҷойҳои тамошобоб мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро аз хориҷи дуру наздик ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин самт Тоҷикистон барномаи стратегии рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонии сайёҳиро татбиқ менамояд. Аз ҷумла, барои рушди сайёҳии экологӣ, беҳдошти шароити истироҳат дар кӯҳсор имконоти кофӣ мавҷуд аст. Баъзе дарёҳо дар айёми тобистон барои рафтинг хеле мусоид мебошанд.
Дар ниҳоят, бо назардошти тағйирёбии иқлим, зарурати рушди сайёҳии экологӣ ва устувор низ пеш омадааст, ки метавонад ҳамзамон бо ҳифзи муҳити зист, манфиати иқтисодиро низ таъмин намояд. Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, сайёҳӣ ҳамчун соҳа ва тарзи ҳаёт зарурати ҷудонашавандаи ҷомеаи муосир ба шумор меравад ва бояд дар сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як кишвар мақоми хосса дошта бошад.
Баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон низоми сустинкишофёфтаи соҳаи сайёҳиро ба мерос гирифт, ки он ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ набуд. Дар давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон аз соли 1929 ҷамъияти сайёҳии пролетарӣ вуҷуд дошт ва ҳамон сол ҷамъияти сайёҳии хориҷӣ бо номи «Интурист» ташкил шуда буд. Дар давари шӯравӣ аз рӯйи хислати хизматрасонӣ дар байни 24 давлати аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Тоҷикистон дар ҷойи 20-ум қарор дошт. Ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки геокомплексҳои минтақа самаранок истифода намешуданд. Ҳоло аз рӯйи нишондиҳандаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 900 геокомплексҳо вуҷуд дорад.
Пас аз истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ дигаргуниҳо ба амал омада бошад ҳам, аз сабаби мавҷуд набудани заминаи моддию техникӣ ширкатҳои сайёҳӣ фаъолияти босамар карда натавонистанд. Ҳамзамон бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992-1997 сайёҳӣ рушд накард. Новобаста аз ин, дар ин марҳила як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ ба тасвиб расиданд. Ҳанӯз Шӯрои Вазирони Тоҷикистон 1 марти соли 1990 «Оиди бозсозии ташкили иқтисоди сайёҳии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оиди ташкил намудани ассотсиатсияи сайёҳии Тоҷикистон», 4 феврали соли 1994 «Оиди тартиботи пешниҳод кардани ҳуқуқ ва суъбектҳои хоҷагӣ оиди шуғли сайёҳии хориҷӣ ва ба тартибоварии ҳуҷҷатҳои раводид» қарор қабул намуд. Ҳамчунин 4 майи соли 1997, таҳти рақами 183 «Оиди додани иморат воқеъ дар кӯчаи Пушкин 14, ба мувозинаи ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сайёҳӣ» интишор шуд, ки дастовардҳои аввалин дар роҳи расидан ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.
Марҳилаи дуюми рушди кишвар пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ аз соли 1998 оғоз мегардад ва ин марҳиларо «давраи тиллоии сайёҳии тоҷик» метавон унвон кард. Ба андешаи Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоҳӣ Тоҷикистон «Шветсарияи Осиёи Марказӣ» аст.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тадриҷ барномаҳои махсуси соҳавиро қабул ва мавриди амал қарор дод. Аз ҷумла, чорабиниҳои мушаххас дар доираи иҷрои “Консепсияи миллии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019”, “Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014” ва “Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017” татбиқ карда шуданд.
Аз нигоҳи рушди соҳаи сайёҳӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои беҳтарин имконият мебошад. Дар асоси хулосаи шабакаҳои ҷаҳонӣ ва сомонаҳо, аз ҷумла «ВВС» (Британияи Кабир, соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи 10 кишвари барои сайёҳӣ мувофиқ дониста шудааст. Инчунин, соли 2014 сомонаи интернетии «Globe Spots» Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои даҳгонаи ҷолиб барои турзим шомил намуда буд. Ҳамзамон табиат ва роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҷаллаҳои ТОП-100 (с. 2015) ва «National Geographic» (с.2016) дар қатори 10 кишвари ҷаҳон беҳтарин дониста шуда, соли 2016 СУТ-и СММ Тоҷикистонро дуюмин кишвари дар ҳоли рушди сайёҳӣ қарордошта унвон кардааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 чунин таъкид намуданд: “Баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳӣ самти дигари пешрафти ояндаи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мебошад. Рушди бахши сайёҳӣ барои ташкили ҷойҳои кории нав ва инкишофи истеҳсолот мусоидат мекунад, зеро бахши сайёҳӣ имконияти хуби фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар як шахси ташаббускор мебошад. Мувофиқи таҳлилҳо амалӣ намудани ислоҳот имкон медиҳад, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад.
Чунин изҳорот нишон медиҳад, ки ҳукумат ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва мусоидат ба фаъолияти соҳибкорӣ дар ин самт аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Ҳадафи расидан ба саҳми 5%-и соҳаи сайёҳӣ дар ММД то соли 2020 ва таъсири ғайримустақими он ба 15% нишонаи барномаи мушаххаси стратегӣ барои рушди устувори иқтисодиёт буд. Инчунин, таъкид ба имкониятҳои соҳибкорӣ барои шахсони ташаббускор аз сиёсати ҳавасмандгардонии навоварӣ ва иштироки фаъоли аҳолӣ дар рушди иқтисодӣ дарак медиҳад.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми 22 декабри соли 2016 қайд намуда буданд, ки «ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд». Дар ин замина, барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ воридоти маводу таҷҳизоти сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохти андозиву гумрукӣ озод карда шудаанд. Ҳамзамон ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод мебошанд.
Бо мақсади инкишофи соҳаи сайёҳӣ соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки мақомоти иҷроияи ваколатдор барои, таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад ва вазифаҳои худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои манфиатдор аз бахши хусусӣ ба роҳ мемонад.
Имрӯзҳо кумита дар фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти босамар дар соҳаи сайёҳӣ, рушди сайёҳӣ ва инфрасохтор, захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, беҳсозии сифати хизматрасонӣ, дастгирии саёҳати дохиливу хориҷӣ ва ҷалби сармоя кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳии экологӣ дар парваришгоҳи табии давлатии «Алмосӣ», ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир шудааст, боғи таърихӣ - фарҳангии «Ширкент» дар ноҳияи Турсунзода ва бошишгоҳи давлатӣ - табии «Ромит», ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор воқеъ аст, ташкил карда шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ низоми раводиди электронӣ ҷорӣ карда шуда, минтақаҳои сайёҳӣ ва инфрасохтори зарурӣ таъсис дода шудааст. Як қатор ширкатҳои туристӣ: «Помир -ОМ», «Помир Пикс», «Артуч», «Боми ҷаҳон тур», «Сайру саёҳати кӯҳӣ», «Гиди Помир», ҶДММ «Ҷавоҳир», «Атлас Травел», «Сарез Тревел», «Саёҳатҳои кӯҳии Помир», ҶДММ «Диана ва Т», «Зурмич», «Олами саёҳат», ҶДММ «Кӯҳандиз», ҶДММ «М.Тур», ҶДММ «Магнум», ҶДММ «Авант-тур», ҶДММ «Ганҷина», ҶДММ «Ориент Адвентур», «Ором Тревел», ҶДММ «Панҷакент Интур», ҶДММ «Роҳат Тур», ҶДММ «Тоҷикистон Тревел», ҶДММ «Бадахшон Тревел» ва ғайра дар самти вусъат додани рушди соҳаи сайёҳӣ фаъолияти босамар доранд.
Барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвари дунё низоми раводиди электронӣ ҷорӣ карда шуда, шумораи сайёҳон дар чанд соли охир ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.
Таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, ки мехоҳанд бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд, хеле зиёд аст. Дар ин замина Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ширкатҳои ватаниро таъкид менамояд, ки бо ҳамтоёни худ ба таври зарурӣ ҳамкорӣ намоянд. Нақши ширкатҳои хориҷӣ дар зиёд гардидани ҷаҳонгардон ба кишвари мо хеле муҳим аст, зеро онҳо сайёҳонро ба давлатҳо ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ барои зиёд гардидани шумораи сайёҳон дар ҷумҳурӣ ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷониби кумита таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад.
Соли 2017 Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯйи рақобатпазрӣ дар соҳаи сайёҳӣ, дар миёни 136 кишвар дар ҷойи 107 нишон дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амният, тандурустӣ ва беҳдошт аз 7 холи дастрас соҳиби 5,7 хол гардид, ки нишондиҳандаи назаррас аст. Ҷолиби диққат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон, пас аз Ҷопон ва Озарбойҷон дар зинаи сеюм қарор гирифт.
Ҳамасола Тоҷикистонро ду намуди сайёҳон дидан мекунанд.
Якум, одатан сайёҳоне, ки бе кӯмаки операторони сайёҳӣ ба саросари кишвар сафар мекунанд. Аксар вақт инҳо сайёҳони пиёдагард, ба ном «боркашҳо» ва сайёҳоне, ки диққати онҳоро Помир ва кӯҳҳои Фон ба худ ҷалб мекунад.
Гуруҳи дуюм сайёҳоне мебошанд, ки тариқи операторҳои туристӣ ба Тоҷикистон барои дидани мероси таърихиву фарҳангӣ: Саразм, қалъаи Ҳисор, Аҷинатеппа, Ҳулбук, Ямчун ва ғайра сафар мекунанд.
Теъдоди сайёҳони хориҷӣ дар соли 2019 ба Тоҷикистон 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 21,6% (ё 219,7 ҳазор нафар) зиёд мебошад. Дар соли 2019 даромади сайёҳӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз фурӯши чиптаҳо 267,5 миллион долларро ташкил додааст. Аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ ба хазинаи Тоҷикистон 403 миллиону 760 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Ҳиссаи сайёҳӣ дар ММД-и кишвар 2,2% ва дар якҷоягӣ бо соҳаҳое, ки дар онҳо нуқтаҳои хизматрасонии сайёҳӣ мавҷуданд 10,4%-ро ташкил додасат.
Ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ, аз ҷумла дар соли 2018 эълон намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», нишон медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад.
Яке аз дигар тадбирҳои самаровор дар самти рушди сайёҳӣ қабули стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №372 тасдиқ шудааст. Ин стратегия мақсад, вазифа ва самтҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳии кишварро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, омили тавсеаи нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар заминаи ин стратегия меҳмонхонаҳои “Чорчаман Хилс” дар ноҳияи Дарвоз, “Саразм плаза” дар шаҳри Панҷакент, “Манзара” дар ноҳияи Ховалинг ва “Чилдухтарон” дар ноҳияи Муъминобод бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд ва ин иншоот имкон медиҳад, ки дар дурдасттарин минтақаи ҷумҳурӣ ба сайёҳон дар шароити хубу мусоид хидмат расонида шавад.
Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 200 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудаанд, ки аз ин шумора 35 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 94 адад ба шаҳри Душанбе, 42 адад ба вилояти Суғд, 18 адад ба вилояти Хатлон ва 11 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд.
Аз руйи ҳисоботҳои оморӣ маълум мешавад, ки сол ба сол бо фароҳам омадани шароити мусоид, ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ меафзояд. Аммо, новобаста аз имконоти мавҷуда захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ истифода нагардида, шароити мусоид барои сайёҳон ба таври кофӣ муҳайё карда нашудааст. Аз ин рӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ мақсад гузоштааст, ки дар ин самт ислоҳот гузаронад, то саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври назаррас баланд бардошта шавад.
Дар заминаи мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангӣ, табиати нодир, кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳо, кӯҳҳои осмонбӯс барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгӯ сохта, ба истифодаи умум пешниҳод карда шуданд.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 343 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ сабт шудааст. 214 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 12 маркази муолиҷавӣ ва лагерҳои солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ аз ин шумора мебошанд.
Мутобиқ ба нишондоди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ шаҳрвандони хориҷие, ки мутобиқи талаботи ин созмон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ гардидаанд, аз соли 2010 то соли 2022 аз 160 ҳазор то ба 1 млн. нафар афзудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ёдовар шуданд, ки шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019 12 фоиз афзудааст. Вале ин нишондиҳанда бо назардошти имконоти таърихию табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатию истироҳатии мамлакат кофӣ нест. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.
Дар маҷмуъ, сайёҳӣ падидаи мураккаби иқтисодию иҷтимоии замони муосир мебошад ва вобаста ба беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ инкишоф меёбад. Сайёҳӣ чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар баробари густариши тамаддуни инсонӣ тағйирёбанда буда, навгониҳои ҳаёти муосирро таҷассум менамояд. Афзалияти рушди сайёҳӣ дар он аст, ки бо сармояи нисбатан кам даромади калони пулӣ ба даст меояд ва шумораи зиёди аҳолӣ бо кор ва музди баланд таъмин мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз нишондиҳандаҳои зикргардида, камбудиҳо дар соҳаи сайёҳӣ мавҷуд буда, ҳукумати ҷумҳурӣ барои бартараф кардани онҳо, бо ҷалби сармояи хориҷӣ кӯшишу талош меварзад. Бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳӣ ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳо, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои мавҷударо васеъ истифода намуда, ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқат дар ин самт кӯшиш менамоянд.
Барои густариши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ташкили марказҳои ахборотӣ барои соҳибкорони кишварҳои хориҷӣ бо мақсади огоҳӣ ёфтани онҳо аз шароиту имкононти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон зарурият дорад.
Сайёҳӣ дар шароити муосири Тоҷикистон ба як соҳаи муҳим ва стратегӣ табдил ёфтааст, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши калидӣ мебозад.
Имрӯз Тоҷикистон бо захираҳои бойи табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дорои имкониятҳои бузурги рушди сайёҳӣ мебошад. Эҷоди инфрасохтори зарурӣ, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ, дастгирии соҳибкорон ва ташкили минтақаҳои махсуси сайёҳӣ аз иқдомҳои муҳими давлат дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз як қатор камбудиҳо, аз ҷумла набудани инфрасохтори муосир дар баъзе минтақаҳо, сатҳи пасти хизматрасонӣ ва истифодаи номукаммали захираҳои сайёҳӣ боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, идомаи ислоҳот, ҷалби сармояи хориҷӣ, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисон ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст.
Давлат тавассути татбиқи барномаҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030”, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ, озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ аз андозҳо дар панҷ соли аввал ва таъсиси минтақаҳои махсуси сайёҳӣ, барои рушди ин соҳа талош меварзад. Соли 2019 даромади сайёҳӣ ба 267.5 миллион доллар расида, саҳми он дар ММД 2.2% ва бо назардошти таъсири ғайримустақим 10.4%-ро ташкил дод. Шумораи сайёҳони хориҷӣ аз 160 ҳазор дар соли 2010 то 1.4 миллион дар соли 2024 афзоиш ёфтааст, ки нишонаи пешрафти назаррас аст.
Рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатӣ, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ тавассути сайёҳӣ, метавонад Тоҷикистонро ба як макони ҷолиби ҷаҳонӣ табдил дода, сатҳи зиндагии аҳолиро беҳтар созад. Аз ин рӯ, сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики муҳими иқтисодиёт ва омили пешрафти иҷтимоӣ дар сиёсати давлатӣ мақоми хоса дорад.
Дар маҷмуъ, рушди устувори сайёҳӣ метавонад Тоҷикистонро на танҳо ба як макони ҷолиби сайёҳӣ, балки ба манбаи муҳими даромад ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ табдил диҳад.
Турсунов Т.Х., сарходими илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Аврупо ва Осиёи АМИТ, д.и.т., профессор