Ба истиқболи 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ботил, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар таърихи башар мақому манзалати шахсиятҳои барҷаста аз рисолати назди миллату ватани худ анҷомдода муайян ва равшан мегардад. Дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Точикистони соҳибистиқлол хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари барқарор намудани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, инчунин дар посдории таъриху эҳёи арзишҳои миллӣ ва шинохти миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар беназир мебошад.
Пушида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологияхои навин, ки таъсири давлатҳои абарқудрат торафт зиёд шуда истодааст, ҳеҷ як ҷомеа ва ё кишваре наметавонад аз таъсири ин раванд дар канор монда бошад. Аз ин рӯ, дар ин давраи ҳассос нигоҳ доштани соҳибистиқлолии давлат, устувор нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ хеле нигаронкунанда мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ташаккулу таҳаввул ёфтани давлатдории миллӣ эҳёи дубораи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофарамон, ки яке аз пурарзиштарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, бомаром идома дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳар як паёму суханрониҳои худ Пешвои миллат оид ба ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба маънавиёти ҷавонон ёдрас шуда, аз саҳифаҳои бою рангини таърихи халқи тоҷик бо самимияту муҳаббат ва садоқати беандоза ҳарф мезананд. Ҳар сухан ва андешаи Пешвои миллат изҳори меҳр ба таърих ва арҷгузорӣ ба гузаштагону абармардони миллат мебошад. Дар муқаддимаи китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» роҳбари давлат бо ифтихор қайд менамоянд, ки «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомузи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешоруямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд».
Мусаллам аст, ки заминаи воқеии худшиносии миллиро қабл аз ҳама бунёди давлати соҳибистиқлол, устувории ваҳдати миллӣ, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии халқи тоҷик ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат ташкил медиҳад. Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат барои эҷоди тафаккури навини миллӣ ва ҳифзи асолати фарҳангию миллӣ заминаи устуворе фароҳам овард. Пос доштани таъриху фарҳанг, расму оин, забону ҳунар аз рукнҳои асосии худшиносии миллӣ буда, чи хеле ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкиду иброз медоранд, ки «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем». Воқеан ҳам огаҳӣ аз таъриху фарҳанг, шинохти чеҳраҳои баргузидаи илму адаби тоҷик ба мо имкон медиҳанд, ки ҳисси ифтихори миллиамон боло гирад, дарси ватандориву худшиносиро аз корнамоии гузаштагонамон омузему ба наслҳои баъдӣ мерос гузорем.
Мавриди зикр аст, ки дар самти худшиносии миллӣ асари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» нақши муассир дошта, қадами тоза ва ҷиддӣ дар роҳи шинохти худогоҳии миллӣ дар замони Истиқлол мебошад. Осори Пешвои миллат моро водор менамояд, ки аз гузаштаи дурахшон ва тираи худ сабақ бардорему хотири бузургонамонро пос дорем. Дар ин раванд махсусан баргузор намудани ҷашнвораҳои сатҳи ҷаҳониву давлатӣ, аз ҷумла ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, инчунин бузургдошти қаҳрамонони Тоҷикистон - академик Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода ҷиҳати эҳёи хотираи таърихии тоҷикон аҳамияти хоса доранд. Ҷашнҳои мутантани 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии Авасто, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии Истаравшани таърихӣ, 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ғайра бевосита бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тантана ва шаҳомати хос таҷлил карда шуданд. Баргузории чунин ҷашнвораҳо моро бори дигар ба мероси маънавию фарҳангии гузаштагонамон ошно сохта, барои густариши худшиносии миллӣ баҳри нашъунамои миллат ва давлати Тоҷикистон заминаи устуворро фароҳам меоваранд. Пешвои муаззами миллат дар баробари роҳандозии чорабиниҳои дар боло зикршуда, суханрониҳои худ аз минбарҳои гуногуни сатҳи давлативу байналмилалӣ, боз китобу мақолаҳои таҳлилии зиёде ба чоп расонидаанд, ки бениҳоят муҳим ва арзишманд мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар инкишофи андешаи миллии халқи тоҷик асарҳои арзишманди Пешвои миллат: «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон – созандагони миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ”, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» нақши бориз доранд. Ҳанӯз соли 2009 дар сатрҳои нахустини китоби пурмуҳтавои худ зери унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» оид ба нақши хештаншиносӣ ва бозшиносии арзишҳои миллӣ дар устувории давлат, чунин суолҳои тақдирсоз ва омӯзандаро инъикос намудаанд: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта? Андешаҳои дар боло зикршуда ва садҳо суоли дигар, ки дар марҳилаи худшиносӣ, истиқлолияти миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар пешоруйи мо қарор мегиранд, ҳар фарди ҷӯяндаву бедордилро ба гузаштаҳои дури таъри хи халки тоҷик ҳидоят менамоянд».
Маълум аст, ки забони адабии тоҷикӣ яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ ба шумор рафта, василаи он метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошт ва пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд. Маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб гашта, ҷиҳати рушди он як катор санаду барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ шуд ва 5-уми октябр – Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида забони сиёсат, илму маориф, қонунгузорӣ, муносибатҳои дипломатӣ, тиҷорат ва дигар васоити иртибот қарор ёфт. Пешвои миллат дар китоби худ «Забони миллат-ҳастии миллат» дуруст қайд менамоянд, ки «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Ин китоб моро ба сайри таърихии ташаккул ва таҳаввули забони точикӣ бурда аз он дарак медиҳад, ки ҳифзи забону адаб ва фарҳанги бостонии миллатамон ба дӯши ҳар як фарди ватандусту худогоҳ мебошад. Воқеан ҳам забон падидаи фарҳанги миллӣ буда ҳамчун марвориди қаъри баҳр барои имрузу фардои мо мероси гаронбаҳо, арзишманд ва нодир мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ба ҳамаи душвориҳои сиёсӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-маънавӣ нигоҳ накарда Пешвои миллат бо як масъулияти баланд, саъю кӯшиши пайваста ва оқилонаи худ дар пажӯҳиши тамаддуни бостон, ки сарчашма аз бузургдошти фарҳанги ориёӣ мегирад дар ташаккули худшиносии миллӣ ва бозгашт ба асолати фарҳангии аҷдоди хеш ҳамчун эхёгар ва равшангари роҳи таърихи халқи тоҷик хизмати босазо гузоштанд.
Ҳамин тариқ, дар марҳилаи сифатан нави давлатдории мо, тоҷикон, таълиф ёфтани асари гаронбаҳои Пешвои миллат аз як ҷиҳат, барои муаррифии забони тоҷикии мо хизмати бузургро ба анҷом расонида бошанд, аз ҷониби дигар, арҷгузорӣ ба забони миллат, ҳалли як қатор масъалаҳои баҳсталаби забоншиносии тоҷик ва бозгӯи қудрату манзалат, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ аз гузашта то ба имрӯз аст. Таваҷҷӯҳи хоса ба маърифати таърихи гузаштагон, мероси маданиву фарҳангӣ ва зеҳнии миллатамон ва таблиғи арзишҳои мазкур аз ҷониби Пешвои миллат барои боло будани ҳуввияти миллии наслҳои оянда роҳу саҳифаи навро бозкушод.
Хулоса аз таърих омӯхтану сабақ гирифтан ва ояндаи давлату миллати хешро дурахшон дида тавонистан яке аз хислатҳои бузурги сарвари мамлакатамон маҳсуб меёбад. Ин ҳама ҷоннисориву ватандустии Пешвои миллат мо- ҷавонону насли ояндаро ҳушдор месозад, то ин ки арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамонро гиромӣ дорему ҳуввияти миллиамонро инкишоф дода, баҳри хифзу муаррифии мероси аҷдодиамон фаъолу мубориз бошем.
Холиқова Шоира, ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқии Наздик ва Миёнаи Институти омузиши масъалаи давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИ, номзади илмҳои филологӣ