Skip to main content

«Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати соҳибтамаддуни мо мебошад. Маҳз тавассути ни санади тақдирсоз ва роҳнамо халқи мо тавонист ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти худ барояд».

Эмомалӣ Раҳмон

123123Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 - уми ноябри соли 1994 дар шароити басо мураккаби таърихӣ қабул гардид, бузургтарин дастоварди миллати соҳибтамаддуни тоҷик маҳсуб меёбад. Ин қонуни асосӣ ҳамчун санади тақдирсози миллати кӯҳанбунёди тоҷикони тамоми дунё барои миллати мо давлати дар низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ба ҷо гузошт.

Ба шарофати арзишҳои асосии конститутсионӣ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон шинохтаву эътироф намудаанд. Ҳамин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз панҷ Конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназирест, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи арзишҳои он, пояҳои давлатдориамонро боз ҳам устувору қавӣ мегардонанд. Ин санади сарнавиштсоз дар қуллаи баланди низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат истода, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқи тоҷик буда, барои рушду нумӯи кишварамон, аз ҷумла, раванди демократикунонӣ, ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва дунявияти кишвари азизамон нақши арзишманд дорад.

Дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти ҳуқуқ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷомеа дар замири эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардида, пойдории адолати иҷтимоӣ мақсаду мароми тамоми мақомоти давлатӣ ва махсусан ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

Дар асоси талаботи меъёрҳои Конститутсия санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар кишвар бо маром идома дода шуда, нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташакулёбии рукнҳои давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори давлатӣ ба тавсиб расида, мақоми нави ҳокимияти давлатӣ мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ гардид.

Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон иброз намудаанд, «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, ба­рои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз паро­кандагӣ раҳоӣ бахши­дани миллати тоҷик асос гузошт. Конститутсия нишо­наи нахустин ва муҳимтарини соҳиб­истиқ­лолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигар эъ­ти­роф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сар­чашма мегирад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиё­сӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд». Воқеан ҳам, қонуни асосии кишвар аз тарафи давлатҳои абарқудрати дунё эътироф гардида, меъёрҳои он мутобиқ бо санадҳои байналмилалӣ гардонида шудаанд.

Бешубҳа, қабули Конститутсияи кишвар ислоҳоти ҳуқуқиро ба миён овард ва нахустин санади танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд омад. Ин санади таърихӣ манфиатҳои миллати тамаддунофари тоҷикро дар худ инъикос намудааст. Ин санад аз конститутсияҳои қаблии кишвар тафовут дорад. Аз ин рӯ, арзиши Конститутсияи имрӯза дар пойдории давлати мустақили мо беҳамто мебошад. Ин санад аз ҷониби халқи дорои фарҳанги волои бостонӣ бо дарки баланди масъулиятпазирӣ қабул гардидааст.

Дар Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу дунявӣ эътироф гардида, халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ донистааст. Муҳимтар аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар сатҳи олӣ қарор додааст. Ин меъёр меъёри умумиътирофшудаи ҷомеаи башарӣ буда, дар санадҳои муҳими байнамилалӣ таҷассуми худро ёфтааст.

Халқи Тоҷикистон дорои анъанаҳои кӯҳан буда, онҳоро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳимоя ва истифода намудааст. Анъанаҳои миллӣ дар сарзамини тоҷикон аз қадим нақши муҳим мебозанд. Бо дарназардошти аҳамияти анъанаҳои миллӣ дар танзими ҳаёту фаъолияти мардуми кишвар дар Тоҷикистон қонуни махсус дар бобати танзиму анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо қабул гардид. Ин далели он аст, ки дар шароити Тоҷикистон амалӣ шудани Конститутсия дар заминаи суннатҳои миллӣ сурат мегирад. Ин бори дигар аз хусуси хислати миллӣ доштани конститутсияи кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Инсон дар ҷомеаи демократӣ воқен, озод буда метавонад. Аз ин рӯ, яке аз нишонаҳои муҳими давлати демократӣ ин эътирофи дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон мебошанд, ки дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд. Аввалин маротиба дар таърихи инкишофи конститутсионии мамлакат ҳуқуқҳои фитрии инсон чун ҳуқуқҳои дахлнопазир аз ҳама гуна фишор ва ҷудонопазир аз табиати инсон эълон мешаванд. Бар замми ин, ҳуқуқу озодиҳои инсон чун арзиши олӣ аз ҳамаи дигар арзишҳои ҷомеа волотар эълон мешавад, бевосита амалӣ гардида, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян менамояд. Конститутсия бар иловаи ин эълон менамояд, ки ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи тамомияти арзии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Ин вазифаҳо ҳам вазифаи конститутсионӣ ва ҳам вазифаи маънавии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Баҳри амалӣ гардидани меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвар мақомоти махсус - Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Мақсади асосии назорати конститутсионӣ ин таъмин намудани мутобиқати ҳамаи санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия чун қонуни асосии давлат мебошад. Маҳз тавассути назорат дар кишвар асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд амалӣ карда мешавад.

Бо пешрафти ҷамъият ва ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави давлатдорӣ зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии кишвар ба миён омад. Тавассути райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи кишвар се маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд, ки ин ҳама баҳри пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ фаҳмида мешавад.

Дар баҳои ин ҳама дастовардҳои бузургу нодир ва гаронбаҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳар яки моро мебояд, ки пеш аз ҳама худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафтагардонии сарзамини аҷдодӣ даъват намоем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои давлату ҷамъият гирем, воло будани манфиатҳои давлату ҷамъиятро пайваста эҳсос намоем, дар ҳифз ва риояи ҳар як меъёри Конститутсия ҷаҳду талош намуда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем.

ПОЯНДА БОД БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК — КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

Докторанти PhD-и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи

А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саидов Шаҳбоз Ҳалимҷонович.