Skip to main content

“Ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.”

Эмомалӣ РАҲМОН

123Парчам ва парчамдорӣ аз қадимулайём ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ мавриди истифода қарор доштааст. Халқи тоҷик низ яке аз куҳантарин халқҳои сарзамини Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар тамаддуни умумибашарӣ нақши арзандаи худро гузоштаанд. Чунки давлатсозӣ ва давлатдории халқи соҳибтамаддуни тоҷик низ таърих ва суннати куҳанбунёди худро дошта, аҷдодони онҳо аз замонҳои қадим парчамдору парчамбардор будаанд ва дар адабиёти бостонию пурғановати миллат он бо номҳои дирафш, алам ва парчам ёд мешавад. Нахустин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиёнӣ» ном дошт.

Бояд зикр кард, ки дар ҳама давру замон Парчами миллӣ ҳамчун ифодагари рамзи давлату давлатдорӣ дар таърихи ҳукуматдории тоҷикон мавқею мақоми хосаро соҳиб буда, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи зиёда аз 4000 - солаи худро дорад.

Маҳз ба шарофати ба даст омадани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоламон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гардид, ки ин рӯйдоди таърихӣ боиси ифтихори ҳамешагии мо тоҷикон маҳсуб меёбад ва ҳамаи ин дастовардҳои назаррас таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайвастанд, ки имрӯз боиси ифтихор аст, ки Парчами миллии мо дар саросари олам парафшон мегардад ва миллати моро аз рӯйи ҳамин рамзи миллиаш мешиносанду ҳамзамон ба он арҷ мегузоранд. Ба ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар:

Зи дурии замонаҳо расидаем, расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ гувоҳ аз рамзи соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлату давлатдорӣ буда, симои воқеӣ ва таърихии миллати тоҷики бонангу ор ва тоҷдорро таҷассум менамояд. Парчами ҳар як давлат дар ҳама давру замон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллии он маҳсуб меёбад.

Соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву Истиқлоли давлатӣ баррасӣ мешуд, ҳамзамон баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин масъалаи тасдиқи рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон Парчам ва инчунин Нишону Суруди миллӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи вакилону иштирокчиёни иҷлосия қарор гирифт.

Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои дар пеш гузоштаи хеш рамзҳои мухталифро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор ҳатман рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо ба ҳисоб мераванд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд.

Бояд қайд кард, ки мазмуни рангҳои Парчами миллии мо тоҷикон аслан гирем аз китоби муқаддаси “Авесто” сарчашма мегирад. Ба ақидаи олими маъруфи рус В. Саприков ранги сурхи парчам рамзи офтоб, ғалаба ва музаффарият, ранги сафед рамзи покии маънавии мардум, барф ва кӯҳҳои сарбаланди кишвар аст, ки 93 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил менамоянд. Ҳамзамон ранги сабз нишонаи Наврӯзи оламафрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми шодбошии худ рӯзи 24-уми ноябри соли 2019 гиромидошти Парчами миллиро таъкид карда, аз ҷумла чунин қайд карда буданд: “Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад”.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар арафаи ҷашни дуюмин солгарди таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 24-уми ноябри соли 2010 маросими бунёди манораи бузурги Парчами миллӣ оғоз гардида, дар давоми як сол корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд. Дар рафти бунёду ба истифода супоридани он бинокорони гулдасти Корхонаи воҳиди давлатии «Алюминсохтмон» ва инчунин Ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд ва саҳми боризи худро гузошта, санъати баланди касбӣ нишон доданд.

Маҳз натиҷаи ҳамин гуна меҳнати пурсамар буд, ки рӯзи 30-юми августи соли 2011 дар маркази пойтахти мамлакат – шаҳри дилорои Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии Парчами миллӣ 30 метр ва дарозии он 60 метр мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз суханрониҳои пурмуҳтавои худ бамаврид чунин иброз дошта буданд:“Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳама соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд. Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад”.

Бигзор чун ҳамеша сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми кишвари азизамон пояндаву ҷовидонӣ бошанд ва халқи тоҷик таҳти парафшонии Парчами миллӣ ва сарварии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон парафшонии Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона кору фаъолият намоянд.

РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, номзади илмҳои физикаву математика, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон