Skip to main content

qwewqeТоҷикон аз қадим мардуми фарҳангофар, тамаддунсоз, соҳибдавлат буда, бунёд ва таҷлили ҷашнҳои мавсимӣ ё тақвимӣ аз арзишҳои пурэъҷози онон маҳсуб меёфт. Онҳо зери мафҳуми ҷашн амали сутудан, парастидан, ниёиш, анҷоми расму ойинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсонҳо хурсандӣ, шодӣ ва тараб меовард, мефаҳмиданд. Махсусан, ба ин ҷашнҳои мавсимӣ чор ҷашни бостонии ниёконамон, ки онҳоро донишмандон ба чаҳор подшоҳони зиндагисоз ва фарҳангустари Пешдодиён: ҷашни Садаро ба Ҳушанг, ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед, ҷашни Тиргонро ба Ораши камонгир ва ҷашни Меҳргонро ба Фаридун нисбат медоданд, шомил мешуданд.

Дар мавриди таърихи пайдоиш, анъанаву суннатҳои ин ҷашнҳо аз қадим то ба имрӯз иттилоъ ва маводи фаровон захира шудааст, ки як кохи бегазандро ташкил дода, тамоили ҳувиятшинохтӣ доранд. Бо вуҷуди ин, ҷанбаҳои мухталифи онҳо пурра таҳқиқ карда нашудаанд. Тақозо мегардад, ки вобаста ба тағйироту дигаргуниҳое, ки дар ҷомеаи имрӯзаи инсонӣ рух медиҳанд, андешаи нав, диди тоза доир ба ҳикмати ҷомеасозӣ ва зиндагиофарии ин ҷашнҳо баён карда шаванд.

Бояд зикр дошт, ки аз ҷанбаи фалсафӣ ҳар як ҷашни аҷдодиамон як унсурро, ки таркиби чор унсурро ташкил медиҳанд, ба сифати унсури зиндагиофар ва ҷомеасоз эътироф гардад:

- дар ҷашни Сада унсури меҳвари оташ маҳсуб меёбад, ки рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, гармӣбар сардӣ мебошад;

- дар ҷашни Наврӯз унсури асосӣ хок (замин) пиндошта мешавад, ки покиза нигоҳдорӣ ва коркарди дурусти он маншаи фаровонии ҳосил мегардад.

- дар ҷашни Тиргон об ба сифати унсури ҷавҳарӣ эътироф карда мешавад, зеро дар фасли гармо, рӯзҳои тафсони тобистон об ва бориши борон ба фаровонии ҳосил мусоидат менамояд;

- дар ҷашни Меҳргон унсури муҳим ҳаво эътироф мешавад. Ин ҷашн даврае, таҷлил карда мешавад, ки гармои тафсони тобистон ҳарорати худро паст карда, ҳавои мусоид ва файзбахши тирамоҳ ҷойи онро иваз менамояд ва ғайра.

Ин хусусиятгирии ҷашнҳои аҷдодӣ аз он далолат мекунанд, ки чор унсур асоси пайдоиши ҳаёт, пайвандгари силсилабандии фаслҳои сол, фаровонгардии неъматҳо барои инсонҳо мебошад. Бинобар ин, ҷашнҳои аҷдодии мо моҳиятан тақвимӣ, тарғибгари фарҳанги кишоварзӣ, ташаккулдиҳандаи фазилатҳои ахлоқӣ ва диди зебоипарастии мардум ба ҳисоб мераванд.

Мувофиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ калимаи «наврӯз» дар забони форсии қадим ва миёна (паҳлавӣ) дар шакли «нукруч», «науграуч» ё «наугруз» шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Бо забони имрӯзаи тоҷикӣ он маънои рӯзи навро ифода мекунад, ки дар арсаи байналмилалӣ маҳз бо ҳамин номи тоҷикиаш, ки ба забонҳои туркӣ ва ғайри онҳо ягон қаробате надорад, истифода бурда мешавад.

Дар бораи пайдоиши Наврӯз байни муҳаққиқон андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Дар ин бобат китобу таълифоти зиёди ҷудогона ба нашр расида, нуктаи назари донишмандон мавриди таҳлилу муқоиса қарор гирифтаанд, ки зикри муфассали онҳо таҳқиқоти комили алоҳидаро талаб мекунад. Аммо мувофиқ ба маълумоти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ мебояд ба он андеша бештар такя кард, ки ҳақиқатан мардумони тоҷику форс Наврӯз гуфта, рӯзеро меномиданд, ки он рӯз Аҳурамаздо олами ҳастиро офарид. Маънои Наврӯз - рӯзи нав, расидани Офтоб ба аввали бурҷи ҳамал, оғози фасли баҳор мебошад.

Дар осори хаттии аҳди Сосониёнбаромади ҷашни Наврӯз бевосита ба шоҳи пешдодиён - Ҷамшед иртибот дода мешавад. Баъдан ин нуктаро донишмандони бузурги тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигарон тасдиқ намуда, нисбати пайдоиши ҷашни Наврӯз ва ба шоҳ Ҷамшед рабт доштани он маълумоти дақиқ додаанд. Масалан, Умари Хайём дар китоби “Наврӯзнома”-и худ менависад, ки Ҷамшед рӯзеро дарёфт, ки Офтоб баъди 365 шабонарӯз ба «рубъи аввали дақиқаи Ҳамал» баргашт. Бо ин далел ӯ тақвим ё худ солшумории офтобӣ сохта, рӯзи нахустини бозгашти Офтобро ҷашн гирифт. Пас, аз он давра то ҳоло ин рӯз Наврӯз ном ниҳода шуд ва ҳамчун оғози рӯзи нав, эҳёи табиат, рӯзи шуруъи шукуфтану рустаниҳо таҷлил карда мешавад. Абурайҳони Берунӣ низ қайд мекунад, ки Ҷамшед рӯзи нахустини бозгашти Офтобро рӯзи наҷот аз нестӣ ҳисобида, онро Наврӯз номид [Ризо Шаъбонӣ. Одоб ва русуми Наврӯз. - Душанбе: Пайванд, 2008.-С.27] Табарӣ низ Наврӯзро ба давраи подшоҳии Ҷамшед мансуб медонад.

Воқеан, фалсафаи Наврӯз ифодакунандаи мавзуҳое мебошад, ки шаклан ва мазмунан бо фитрату офариниши инсон тавъаманд. Чунки Наврӯзро рӯзи тавлиди сайёраи Замин ва тулуъи Офтоб, меҳвари чархи гарданда, ки субъекти фаъолаш инсон мебошад, меноманд. Дар робита бо ин, ойинҳои наврӯзӣ инъикоскунандаи мавзуҳои ҳастӣ ва нестӣ, мақоми инсон дар ҷомеа, риояи принсипҳои адолати иҷтимоӣ, идеяи бозгашт ба оғоз ва ғайра ба ҳисоб мерафтанд. Ин мавзуҳо дар расму ойинҳои ҷашнӣ, аз ҷумла ҳафт син, фраваршиҳо, бозгашт ба оғоз ва Фарри каёнӣ таҷассум мегардиданд. Махсусан, «ҳафт син» ифодакунандаи масъалаи офариниши олами ҳастӣ аз тарафи Аҳурамаздо, офариниши шаш гавҳари муқаддасро бозтобӣ мекунад.

Ҳамзамон, додгустарӣ, адолат ва қомуси илму маърифат низ реша аз Наврӯз мегиранд ва инкишофу таназзулашон низ алоқамандии зич бар Наврӯз доранд. Аз ҷумла, агар пайванди ногусастании инсон бо табиат рамзи пойдории Наврӯз бошад, пас инсон бо баробари поён ёфтани шабҳои сарду дилгиркунандаи зимистон ва омадани баҳор дардҳои кӯҳнаро аз қалб ва фикрҳои ғаразнокро аз тафаккур берун мекунад. Бо амали неки расми хонатаконӣ вай бо табиат ҳамроҳ мешавад. Тақвими қадимаи наврӯзӣ ба ворисони имрӯзаи ориётабор дар мисоли толеънома, пешбинии ояндаи нисониятро бозгӯ менамояд.

Дар масири таърихи таҳаввули инсоният ҳарчанд Наврӯз бо чанд дину мазҳабҳои гуногун рӯ ба рӯ гардид, вале бо ҳар кадомашон мувофиқа мекард, аз ин лиҳоз, барои Наврӯз қавми арабу дини Ислом низ бегона набуд. Чӣ тавре ки муаррихи эронӣ Ризо Шаъбонӣ дар ин хусус менависад: «Аъроб иди Наврӯз ва иди Меҳргонро аз куҳантарин замонҳо мешинохтанд. Аз ҷумла, Олусӣ навишта буд, ки «мардуми Мадина пеш аз ислом ду ид доштанд: Наврӯз ва Меҳргон ва чун Расули акрам (с) ба Мадина омад, бар одобу русуми эшон дар ин ду ид огоҳ шуда, гуфт: «Худои таборак ва таъоло ба ҷои ин ду ид беҳтар аз онҳоро барои шумо арзонӣ доштааст, ки явмулфитр ва явмуннаҳр аст», ин амр нишонаи он аст, ки аъроб бо эрониён улфати куҳан доштанд ва ҳатто дар бархе аз мазоҳири маданӣ аз онон пайравӣ мекарданд» (Р.Шаъбонӣ. “Одоб ва русуми Наврӯз”// Пайванд. -Душанбе, 2011, саҳ. 143).

Дар замони давлатдории хилофати Уммавиён (661-750) низ бо мақсади дар байни мардумони Варорӯд пайдо намудани обрӯ ва пешниҳоди ҳадяҳои беҳисоб, ки ба таври яқин даромади муфту ғанимат ҳам ба хилофат ҳисоб меёфт, барои гузарондани иди Наврӯз муқобилат намекардаанд.

Дар ин маврид андешаҳои гуногун аз ҷониби донишмандон матраҳ шудааст. Аз ҷумла, пажуҳишгари эронӣ Муҳаммадризо Тоҷдинӣ менависад: «Дарборҳои нахустини халифаҳои ислом ба Наврӯз эътиное надоштанд ва ҳатто ҳадяҳои ин ҷашнро ба унвони хироҷи солона мепазируфтанд. Вале хулафои уммавӣ барои афзудани даромади худ, ҳадяҳои Наврӯзро маъмул донистанд ва амирони онҳо барои ҷалби манфиатҳои худ мардумро ба ҳадяҳои наврӯзӣ ва эҳдои туҳфаҳо даъват мекарданд. Вале баъдҳо ин маросим аз тарафи халифаҳои уммавӣ дигар ба баҳонаи гарон омадани эҳдои туҳфаҳо бар мардум аз байн бурда шуд. Вале дар тамоми ин муддат, эрониён маросими ҷашни Наврӯзро барпо медоштанд ва дар замони хилофати Аббосиён (750-1258) ва дар натиҷаи зуҳури Абумуслими Хуросонӣ ва рӯйи кор омадани халифаҳои Аббосиён ва нуфузи Бармакиён (Оли Бармак) ва дигар вазирони эронитабор ва ташкили силсилаи давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён ва ба вижа Сомониён ҷашнҳои мардуми таҳҷоӣ, аз ҷумла Наврӯз равнақ ёфтанд» (faraj.tj/index/php/tj/tarikh/13408-sajri-ta-rikhii-navr-z-dar-eron.html).

Ҷашни Наврӯз дар замони Сомониён мавқеи хоссаро пайдо карда буд. Наврӯзро бо тамоми ҷузъиёташ Сомониён таҷлил менамуданд. Дар эҷодиёти шоирони он давра низ васфи баҳору Наврӯз хеле бо нафосату рангин тасвир меёфт. Баъд аз асрҳои XII-XIII якбора бо иллати вусъат ёфтани идеологияи хурофотии руҳониёни мутаассиб ва ҳимояти онҳо аз ҷониби амирони қабоили турк илму фарҳанг тадриҷан рӯ ба завол меовард. Ҳатто барои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳам бисёр монеаҳо эҷод мегардад, вале мардуми таҳҷойӣ - тоҷикон нагузоштанд, ки ин падидаи фарҳанги миллиашон нобуд шавад ва аз саҳифаи таърих нопадид гардад.

Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Наврӯз дар сатҳи давлатӣ мамнӯъ гардида буд. Он танҳо чун ҷашни мардумӣ дар минтақаҳо бо баробари фарорасии фасли баҳор ва мавсими кишту кор таҷлил карда мешуд. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлол ва таъсиси давлатдории миллӣ мардуми тоҷик Наврӯзро ҳамчун ҷашне, ки аз зиндашавии табиат дарак медод, чун ҷашни зиндагисоз, ки покизагиву оростагӣ, ваҳдату сарҷамъиро дар байни инсонҳо талқин мекард, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи фарҳангиро ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун бозёфти нодири тоҷикон дохил карданд, ки имрӯз он хусусияти байналмилалӣ касб кард.

Наврӯз ҳақиқатан куҳантарин ҷашни аҷдодии тоҷикон, арзиши волои фарҳангии ин миллат аст, ки бо мазмуни фалсафӣ гирдгардии даврии табиат, зиндашавӣ, шинохти воқеии олами ҳастиро ифода мекунад. Падидаи воқеии кайҳонӣ буда, аз фарорасии фасли баҳор, сабзишу наврустани сабзаву растанӣ, айёми кишту кори деҳқонӣ пайк медиҳад, маншаи ташаккули фарҳанги ахлоқӣ-зебоипарастӣ, покизакорӣ ва ободкорӣ мебошад.

Аз ин рӯ, аз ин фаҳмиши чаҳор хусусиятгирии фалсафии Наврӯз мушаххас мегардад:

1) гирдгардии даврии табиатро бозгӯ мекунад;

2) шинохти воқеии олами ҳастиро ифода медорад;

3) пайкест аз фарорасии фасли баҳор, айёми шукуфтану рустанҳо;

4) манбаи ташаккули фарҳанги ахлоқӣ-зебоипарастӣ, покизасозию ободкорӣ дар ҷомеаи инсонист.

Ҳамзамон, мазмун ва моҳияти фалсафии Наврӯз дар он ифода меёбад, ки ин ҷашн ҳанӯз аз аҳди қадим ба ягон дину мазҳаб, идеологияи расмӣ вобастагӣ надошт, балки такя ба қонунҳои табиат мекард ва рамзу суннатҳои он ба зуҳуроти табиат робитаи мустақим доштанд. Махсусан, ҳифз кардани обу оташ ва ҳавою хок ҳамчун унсурҳои зиндагиофар, дуруст коркард ва истифода бурдани замин, оғоз намудан ба парвариши анвоъи гуногуни зироат ва ғайра аз идеяҳои зиндагисози ин ҷашн маҳсуб меёфтанд.

Ба фаҳмиши дигар, Наврӯз дар худ ақидаҳои космологии аҷдодони гузаштаро, ки аз идеяҳои созандаи фарҳанги ориёӣ ба ҳисоб мерафтанд ва минбаъд онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муассир бозиданд, таҷассум медошт. Суннатҳои Наврӯз бошанд, хотираи зиндаи таърихи тоисломии мардуми тоҷик буданд.

Ҳамин тавр, дар асоси ин чанд далели тасдиқкунанда месазад чанд нуктаи муҳимро зикр намуд, ки воқеан Наврӯз ба ҳаёти маънавии инсоният, бахусус халқҳои ҳавзаи он як таҳаввулоти ҷиддиеро ворид кард:

1. Дар арсаи вусъати тоза касб кардани бархӯрди тамаддунҳо ва аз байн рафтани арзишҳои моддию маънавӣ Наврӯз дар асл падидаи муттаҳидкунанда, пайвандагари қавму халқиятҳо мебошад. Даъвати инсонҳо ба ваҳдату ҳамзистӣ, ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн, вусъат додани раванди муколамаи фарҳангҳо аз тамоили умумибашарӣ доштани рамзу суннатҳои Наврӯз далолат мекунад. Бинобар ин, арзиши умумибашарӣ касб кардани суннатҳои Наврӯз нагузошт, ки он ҳамчун бозёфти фарҳангии тоҷикон новобаста аз монеаҳо ва бархурдҳои фарҳангӣ вижагии ҷомеасозӣ, зиндагиофарии худро аз даст диҳад, балки ба он мусоидат кард, ки арзишҳои он насл ба насл мерос монда, шиори фараҳмандкунандаю хушояндро дар байни халқиятҳо бо мазмуни “Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!” вирди забонҳо гардонад.

2. Мафҳумҳои калидии ба Наврӯз тавъамбуда – сулҳ, ваҳдат ва тозакорӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, Наврӯз ғояи сарҷамъ кардан, ба ваҳдат овардани инсонҳоро ташвиқ мекунад. Бинобар ин, ваҳдати мардумони ҷаҳон ва тоҷикони бурунмарзӣ аз беҳтарин кӯшишҳоест, ки ҳангоми таҷлилии ин ҷашн ба эътибор гирифта мешавад. Аз ин рӯ, ташаббуси тоҷикон бо ҳамзабонони худ дар мавриди ба ҷашни байналмилалӣ табдил додани он дуруст ва мантиқӣ мебошад. Ба он хотир, ки ба маънии куллӣ “Наврӯз – намоди сулҳ аст”.

3. Суннатҳои наврӯзӣ: маҳалҳо, манзили зистро аз чангу ғубор, ифлосӣ тоза кардан, либоси тозаву идонаи ба фарҳанги наврӯзӣ мувофиқ ба бар кардан, ҳашарҳои ҷуйбортозакунӣ, ниҳолшинонӣ, ободонии боғу гулгаштҳо, нармкунии бехи дарахтон, ташкилу баргузор кардани бозиҳои варзишӣ аз қабили гуштингирӣ, бузкашӣ, дави миллӣ, мусобиқаҳои велосипедронӣ, баргузор кардани намоиши муаррифии либосҳои миллӣ, ташкили озмунҳои ҳунарӣ ва касбӣ, ки зимнан рӯҳияи маънавиятгустарӣ ва зебоипарастӣ доранд ва ғайра барои ташаккули фарҳанги экологӣ, зебоишиносӣ, беҳдошти саломатии инсон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, дар маҷмуъ ҳаёти солими ҷомеаи инсонӣ асари нек доранд;

4. Наврӯз – муҳаббату ба ҳам меҳрубон будани инсонҳоро тарғиб мекунад. Бо ин шева дӯстиро байни аҳдбастагон қавӣ мегардонад, кинаандӯзию ба ҳамдигар муносибати хусуматомезонадоштаро сифати ношоистаи инсонӣ мешуморад. Бо суннати инсоншинохтии худ талқин менамояд, ки нафароне, ки то имрӯз бо сабабе бо ҳам қаҳрӣ ҳастанд, дар рӯзи ҷашни Наврӯз бидуни ҳеҷ баҳонае оштӣ шаванд, аз гуноҳи якдигар гузашт кунанд. Ошиқон бошанд, бо тақдими гул изҳори муҳаббаташонро боз ҳам ошкоротар баён намоянд, аз қудрати бузурги Наврӯз, ки метавонад одаму оламро ба кулли тағйир диҳад, илҳом гиранд.

5. Наврӯз - куҳантарин ҷашни аҷдодии тоҷикон мебошад. Бинобар ин, имрӯз аз дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон онро бо иҷро ва риояи тамоми рамзу суннатҳояш хубтару беҳтар ва дар сатҳи давлатӣ таҷлил мекунанд, ки ин амал ба василаи боло бурдани ҳувият ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ва ифтихор доштан аз гузаштаи миллат мусоидат карда истодааст. Махсусан, ҷашни Наврӯзро рамзи эҳёи табиат ва тамоми мавҷудоти ҷаҳон медонанд. Бо расми хонатаконӣ мардум дар аёми Наврӯз ҳавои наврӯзӣ ва баҳориро ҳамроҳ бо шӯру шодӣ ба хонаҳои худ меоваранд. Ба маънои дигар, бо зоҳир ва ботини пок ба рӯзу соли нав ворид мешаванд. Кӯдакону занон ва духтарон либоси нав ва рангоранг мепӯшанд ва ба ин ҷашн шукуҳу ҷалол меафзоянд.

Агар ғизоҳои маъмули наврӯзӣ - суманак, кочӣ, бот ё ҳалво, шир ба изофаи равған, боҷ ё далила ва ғайра, ки аз гандум, орд ва шир тайёр карда мешуданд ба неруи нав ба зиндагӣ бахшанд, пас иҷрои намуди бозиҳои наврӯзӣ: алвончак, буҷулбозӣ, санчиқ ё қолбозӣ, кабкҷанг, хурӯсҷанг, тухмҷанг, бузкашӣ, гуштингирӣ ва ғайра завқи эстетикии мардум, хусусан насли наврасу ҷавонро тақвият медоданд. Дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон суннатҳое мисли оташафрӯзӣ ва ё «аловпарак» низ роиҷ буд, ки мардум зимни иҷрои ин расм аз болои оташ парида, бо овози баланд садо мекарданд, ки «сурхии ту аз ман ва зардии ман аз ту». Ҳамзамон, тифли навтаваллудшударо, ки ба рӯзи ҷашн мувофиқ меомад Наврӯз ном мениҳоданд.

6. Дар баробари рамзу суннатҳои қаблан зикршуда вижагирии дигари Наврӯз он буд, ки мардуми тоҷик Наврӯзро иди кишоварзон эътироф мекарданд. Зеро аз ин рӯз шурӯъ карда, деҳқонон ба кишту кори баҳорӣ оғоз мекарданд. Тавассути ҷуфти гов донаи аввалинро ба замини кишт карда, ин расмро чуфтбаророн меномиданд, ки то имрӯз дар минтақаҳои куҳистони кишвар ин анъана ба шукуҳу шаҳомати хосса баргузор карда мешавад.

7. Наврӯзро тоҷикон на танҳо бо хондани шеър ва сароидани таронаи идона, иҷрои рамзу суннатҳои дерина, балки тавассути ороста доштани дастурхони ҷашнӣ бо тантана таҷлил мекарданд. Хони наврӯзӣ бо гузоштани анвои гуногуни мева, сабза, тасвири ҷонварон ва ашёҳои рангоранг, ки ҳар кадом рамзе аз ойини наврӯзӣ ҳаст оро дода мешуд, ки ҳақиқатан диққатҷалбкунанда буда, аз фарҳанги баланди дастархондории тоҷикон далолат мекард.

8. Ранги сафед бошад, барои тоҷикон ранги аслии ҷашни Наврӯз маҳсуб меёфт, зеро шоҳони Сосонӣ дар бомдоди рӯзи Наврӯз бози сафед ба ҳаво сар медоданд ва бо хӯрдани шири навдӯшида рӯзи худро оғоз мекарданд. Ё худ ранги сафедро - рамзи покӣ, тозагӣ, сулҳ, ва осмони соф меҳисобанд. Анвоъи ғизо, ашё, пӯшок ва ороиши хонаҳои мардум низ ҷилои ранги сафедро доштанд. Либоси ба баркардаи духтарон низ аз матои ранги сафеддор дӯхта мешуд. Анвоъи ғизои рӯйи хони наврӯзӣ гузошта, низ ранги сафед доштанд. Масалан, шакар, панир, мост, ғизоҳои аз шир ва биринҷ таҳияшуда, аз маҳсулоти гӯштӣ бештар гӯшти мурғ ва моҳӣ, аз меваҷот: себ, сир ва санҷид, ки мағзи сафед доштанд ва ғайра.

Дар маҷмуъ, дар таърихи фарҳанги тоҷикон ҳеҷ падидаи фарҳангие ба мисли ҷашни Наврӯз дорои шумори рамзҳо ва суннатҳои ба ин андоза ғанӣ нест. Наврӯз падидаи комилан мифологӣ ва мазҳабӣ нест, балки як фарҳангест муназзаму том ва пеш аз ҳама падидаи табии кайҳонӣ, рамзи бозгашт ба фасли нави зиндагӣ, оғози кишту кори баҳорӣ мебошад. Барои он ҳамчун ҷашни тақвимӣ, парастиши замин, экологияи он ва умуман экологияи табиат муҳим аст. Аз ин рӯ фалсафаи Наврӯз - фарҳанги ҳувиятсоз буда, фазои олами моддӣ ва маънавии мардумро муайян менамояд, ба вай рӯҳияи оптимистӣ эҳдо менамояд. Зеро инсон бо тамоми арзишҳои созандаву гуманистиаш дар фикри ривоҷ додани арзишҳои Замин мебошад.

Наврӯз - нишоне аз ғолибияти нур бар зулмат, рамзи офариниши дубораи табиат, эҳёи баҳор, муждаи шукуфа ва бориши борон, ҷашни кишту кор, паёмовари ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ, нишонаи ҳуввияти фарҳангӣ ва миллӣ мебошад. Наврӯз - давоми муборизаи умумимиллӣ барои мондагорӣ ва рушди фарҳанги миллист. Он пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи мардумони ҳалқаи наврӯз мебошад.

Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ