Бардоштҳо аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30-юми майи соли 2024)
Илм - фаъолияти инсон аст, ки ҳадаф ва мазмуни он маърифати олам ҳамчун низоми ягона дар асоси муҳокимаҳои мантиқӣ ва таҷрибаҳо мебошад. Дар тамаддуни муосир илм нақши муассир дорад. Пешравиҳои технологии асри ХXI, ки барои рушди кишварҳои Ғарбу Шарқ такон доданд, бар истифодаи дастовардҳои илмӣ асос мегиранд. Илм на танҳо соҳаи истеҳсолотро муайян мекунад, балки ба самтҳои зиёди фаъолияти инсон тавассути усулу воситаҳои гуногун таъсир мерасонад. Хусусан, илм дар ташаккулёбии шахсият муассир аст. Ба воситаи низоми таҳсилу тарбия, ки қабл аз ҳама барои ҳосил намудани донишҳои илмӣ равона аст, он навъи махсуси дониши инсониро ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷо, ҷанбаҳои ҳастии илм чунин муайян шудаанд: 1) маърифатӣ (бештар қонунҳои айнии воқеият); 2) навъи махсуси фаъолияти инсон; 3) ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ.
Вазифаи илм ҳамчун нерӯи бевоситаи истеҳсолӣ имрӯзҳо равшантар зоҳир мешавад, зеро ки илм аз чаҳорчӯбаи тафаккуроти таҷридӣ-назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки дар аксари ҳолатҳо истеҳсолотро ташкил ва назорат мекунад, самти инкишофи онро муайян менамояд. Натиҷаҳои илм то миёнаҳои асри XIX танҳо ба шакли порчагӣ дар амалия таҳқиқ меёфтанд. Имрӯзҳо бошад, дараҷаи азхуд намудани он дар фаъолияти амалӣ бешак бештару васеътар аст. Ворид шудани илм ба истеҳсолот бевосита ба инкишофи дохилии он таъсири зиёд дорад. Ба ҳайси нерӯи ҳаракатдиҳандаи иҷтимоӣ илм барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати кишвар баробар бо соҳаи маориф илмро аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди он, дастгирӣ ва ҳавасмандагрдонии олимон пайваста тадбир меандешад. Бахусус, баргузор кардани мулоқоту вохуриҳои Пешвои миллат бо аҳли зиё, ки дар онҳо натиҷагирии фаъолияти соҳа таҳлилу баррасӣ ёфта, дастовардҳо арзёбӣ, камбудиҳо ошкор ва роҳҳои рафъи онҳо нишон дода мешаванд аз зумраи иқдомҳои наҷибу шоиста ва ифодакунандаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаҳои илм мебошад.
Мулоқоти навбатии Президенти кишвар бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи он дар заминаи натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, тақвият додани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирӣ ва рушди ихтироъкорӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад, низ бозгӯӣ он аст, ки олимони тоҷик сармояи зеҳнии ҷомеа мебошанд ва бо заҳмату талош, меҳнати пурмаҳсули онҳо илми тоҷик метавонад дар сатҳи байналмилалӣ эътироф пайдо кунад. Олимони дақиқназару ихтироъкор ҳамчун меросбарони зиёиёни гузаштаи фарҳангофар, ки бо дастовардҳои илмии худ дар риштаи илмҳои риёзӣ, ҳандаса, тиб, нуҷум, иҷтимоиёт, ҷуғрофия, сиёсат, ахлоқ ва ғайра барои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши калидӣ гузоштанд, имрӯз низ новобаста аз бурхурди тамаддунҳо, вусъат касб кардани тағйиротҳои мудаввоми иҷтимоӣ-сиёсӣ парчамбардори рушди илми муосири башарӣ бошанд. Миллати соҳибфазл, фарҳангофар ва тамаддунсоз будани худро нишон диҳанд то давлати миллӣ пояҳои асосии худро мустааҳкам карда, зиндагии шоистаро барои аҳолӣ муҳайё намояд, тавонмандии истифодаи «зеҳни сунъӣ»-ро барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ соҳиб шавад. Зеро бо таъкиди бевоситаи Пешвои миллат «дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».
Матни суханронии Пешвои миллат, ки дар он ҳамаи комёбиву муваффақиятҳое, ки аҳли илму маорифи кишвар дар давраи истиқлоли давлатӣ нойил шуданд, он масъалаҳои ҳалталаб, ки иҷро ва рафъи онҳо барои дурнамои рушди ҷомеа ҳатмӣ ва шарт мебошанд ба шакли мукаммал дар сомонаҳои интернетӣ, рӯзномаву ҳафтаномаҳо рӯйи нашрро дида, дастраси аҳли илму маориф ва кулли аҳолии кишвар гардид. Аз ин рӯ, ин ҷо зарурат барои зикри ҳар як сархати матни мулоқот пеш намеояд ва танҳо таъкид кардан мебояд, ки масъулин, кормандони муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии нопурра, таҳсилоти олии касбӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор оид ба камбудиҳои ошкоршуда, ки масъалаҳои ҳалталаби соҳа маҳсуб меёбанд, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин гардонанд. Бахусус:
- раванди таълиму тарбияро дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба роҳ монанд, то робитаи се ниҳоди муҳим: оила, мактаб ва ҷомеа мустааҳкам гардида, мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта бартараф карда шавад;
- барои тавсияи хонандагон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ ва довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо завқ ва қобилияти онҳоро ба эътибор гиранд;
- омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои илмиро ба азбарнамоии забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияи инноватсионӣ сафарбар намоянд, то онҳо дар раванди фаъолияти худ муаррификунандаи дастовардҳои илмӣ, муваффақиятҳои соҳаи маорифи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гарданд;
- ба сатҳу сифати дониши хонандагон, донишҷӯён таваҷҷуҳи зарурӣ диҳанд ва онҳоро ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир тарбия намоянд;
- воситаю таҷҳизоти нодаркор ва ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ набударо дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бо воситаю таҷҳизоти нави замонавӣ иваз намуда, бо ин васила сатҳи ҷаҳонбинии шогирдонро васеъ ва тафаккури техникиашонро ташаккул диҳанд;
- вобаста ба ҷойҳои ҷудошуда довталабонро дар зинаҳои таҳсилоти магистратура, доктор PhD, докторантура бо ба эътибор гирифтани ихтисос таъмин намуда, фаъолияти онҳоро мувофиқи бандҳои нақшаи инфиродӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, то дар муҳлати муқарраргардида сазовори дарҷаҳои илмӣ гардида, барои пешрафти илми тоҷик хизмати беғараз гузоранд;
- ҳар шашмоҳа дар ҷаласаҳои воҳидҳои сохторӣ натиҷаи фаъолияти роҳбарони илмии унвонҷӯёну аспирантон ва докторантонро оид ба вазъи иҷрои корҳои илмии шогирдон баррасӣ карда, бандҳои алоҳидаи қарор қабул карда, назорати онҳоро таъмин гардонанд;
- дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба самти ихтисос кадрҳои ҷавонро ба кор таъмин гардонанд, барои такмили тахсассус ва бозомӯзии илмии онҳо пайваста тадбир андешанд;
- олимон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба, соҳибмактаб ва фидоии илму маорифро барои сазовор гардидан ба ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ғайра тавсия диҳанд;
- барои он ки мавзуҳои фармоишии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда актуалӣ ва самарабахш бошанд (нусхаи кутоҳкардашудаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии таҳия ва ё дифоъкрдаи олимон набошанд) шурои экспертиро зарур аст, ки ба сифати муқарриз олимони варзидаи соҳавӣ, воқеъбин ва дақиқназарро таъйин намояд, ба хислати рӯпӯшкунӣ хотима бахшад;
- дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ гардонида шаванд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ гардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо ва ғайра мушкилоти мавҷудаи соҳаро бартараф карда, барои рушди илм мусоидат менамояд;
- нисбат ба масъалаи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология, ки тақозои талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад, тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Тарбия кардани олимони ҷавон аз ихтисосҳои илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоиёт ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва ғайра ниёзи ҷомеа мебошад;
- - маблағи лоиҳаҳои ба соҳаи илм ва маориф ҷудо карда шуда самаранок истифода бурда шаванд, то аз татбиқи онҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оянд, ки ба рушди бонизоми ҷомеа мусоидат намоянд;
- барои муайян кардани рейтингӣ ҳар як олими тоҷик, самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ меъёрҳои арзёбӣ муайян карда шаванд ва ғайра.
Ҳамин тавр, вақте давлат аз илму маорифи кишвар ҳимоят мекунад, хизмати олиму омӯзгорро қадр менамояд, пас мо низ дар ҷавоб фидоии касби худ бошем, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи кадрҳои ҷавон ғамхору содиқ бошем, фарҳанги пурғановати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Бетарфӣ пеша насозем, беасос якдигарро танқид накунем, ба таълифоти якдигар аз ҷиҳати интиқодӣ назар андӯхта, ахлоқи олимро риоя дорем, барои беҳбудии кор ва ба даст овардани самара ба якдигар маслиҳатҳо диҳем. На ин ки аз итиқоди ҳамкасб тухми кина дар дил парварида, нисбаташ ҳарфи носазо гӯем.
Олимони тоҷик соҳибфазл ва бузургонаш соҳибмактаб мебошанд. Ҳамеша ба ҳамдигар дасти мадад расониданро дареғ намедоранд. Бинобар ин, иттиҳоди онҳо метавонанд ин мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи илм ва маорифи кишварро бартараф карда, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва барои дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои назариявӣ неруи ақлиро сарфа созанд. Зеро мо метавонем, чунки асли мо фарҳангофар, тамаддунсоз буд ва вуҷудамон пок…
Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор, и.в. мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и АМИТ