Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Ҳиким Фирдавсии Тӯсӣ
Башарият аз замонҳои қадим арзиши маориф ва нақши муҳиммеро, ки таълим дар ҳаёти мо мебозад, дарк кардааст. Демокрит, ки ба масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳ карда буд, чунин хулосаро ба мо ҳидоят мекунад: “На ҳунар ба даст меояду на ҳикмат, агар омӯхта нашаванд”.
Ба қавли К. Хуммел, низоми донишандузии дилхоҳ кишвар ояндаи миллатро густариш дода, айни замон умеди даврон мебошад. Маориф дари фардои моро мекушояд, бинобар ин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати он, лоиҳаҳои гуногуни ислоҳот дар ин соҳа ногузиранд.
Дар давраи бунёди ҷомеаи иттилоотӣ саводнокии компютерӣ ва донистани иттилоот шарти зарурии болоравии касбии корманди ҳар як ташкилот гардид. Ба ҳар ҳол, вазъ дар соҳаи маориф бештар аз рӯйи чунин омилҳо, ба монанди мақсадҳо муайян карда мешавад, ки ноил шудан ба онҳо дар сатҳи давлатӣ ҳамчун шарти зарурии фаъолияти системаи маориф эълон карда мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла мазмуни нақшаҳои таълимӣ, сатҳи омӯхташавии дарс ва сифати маводи таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бигиранд. Сиёсати миллии маориф барои ҷавоб додан ба бисёре аз ин масъалаҳо пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли бештар аз 30 сол мешавад, ки ба соҳаи маориф коста нагардида, баръакс тақвият меёбад. Сарвари давлат дар санаи 1 сентябри соли 2024 ба самти сифати таҳсилу тадрис ва барномаҳои таълимӣ дахолат карда, таълифи китобҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосирро таъкид намуданд: “Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст”.
Миқдори зиёди ислоҳоти соҳаи маориф, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида мешаванд, хеле бомуваффақият анҷом ёфтаанд. Биёед сатҳи татбиқшавиро аз кишварҳои хориҷӣ таҳқиқ кунем. Масалан, то соли 1970 дар Арабистони Суудӣ таносуби аҳолии саводноку камсавод 10 бар 90 фоизро ташкил медод, аммо пас аз 30 сол 95 фоизи аҳолии ин кишвар ҳадди аққал маълумоти миёна доштанд. Дар Олмон аз аввали солҳои 2000-ум як қатор барномаҳо амалӣ карда мешаванд, ки ба ҳамаи пиронсолон имкон медиҳад аз бозомӯзии касбӣ гузаранд.
Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ниёгони мо аз дерзамон ба масъалаи донишомӯзӣ рағбат дошта, дар таърих чун миллати саҳмгузор дар таҳияи донишҳои фундаменталӣ маъруфанд. Мо ин андешаро бо далелҳои қавӣ исбот хоҳем кард, ки аҷдодамон дар гузашта ва имрӯз дар такмил ёфтани сатҳи донишҳои башарӣ нақши боризе аз худ боқӣ гузоштаанд. Ҳанӯз Рӯдакӣ бобати гиромидошти дониш ва дар сангнабиштаҳо маҳфуз доштани он ашъор сурудааст. Қабл аз ӯ, майли бесарҳад доштани тоҷикон ба фаро гирифтани илму дониш дар маохизи таърихӣ ба мушоҳида мерасад. Аммо ҳадаф аз нигоштани ин мақола вазъи маорифи муосир аст ва бо такя бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат дар соҳаи маориф метавон гуфт, ки на танҳо таваҷҷуҳ, балки бартарӣ додани маорифу илм бар соири самтҳои фаъолият натиҷаи сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад. Масалан, Роҳбари давлат зимни суханронӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бобати иртиботи наслҳо таъкид намуданд: “Мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд. Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем. Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем”.
Агар хонандагон барои гирифтани донишҳои нав ҳавасманд набошанд, хоҳишу кӯшишҳои омӯзгору волидайн натиҷа нахоҳанд дод. Ҳамзамон, баъзе волидайн, ки аз дарсҳои ояндаи фарзандонашон нигарон ҳастанд, мекӯшанд, ки онҳоро то ҳадди имкон ба мактаб омода созанд ва аз тақрибан сесолагӣ хониши равон ва арифметикаро талаб мекунанд. Модару падарони дигар, ки орзую умедҳояшон баланд аст, мекӯшанд, ки фарзандонро аз гаҳвора ба воя расонанд ва масалан, ҳатто пеш аз он ки онҳо бо забони модариашон озодона ҳарф зананд, ба таълим додани забонҳои хориҷӣ шуруъ мекунанд. Норасоии китобҳои дарсӣ дигар мушкили ташвишовари соҳа ва яке аз сабабҳои дар сатҳи зарурӣ аз худ накардани барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва паст гардидани сифати таҳсилот мебошад. Ҳамаи ин омилҳоро ба инобат гирифта, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво бахшида ба таҷлили Рӯзи Дониш дар санаи 1 сентябри соли 2024 татбиқи озмуни “Шоҳномахонӣ”-ро пешниҳод карда, пасон дастур доданд, ки озмунҳои дигар аз лиҳози ҳаҷми мукофотпулӣ дар ҳаҷми 100 фоиз боло бурда шавад: “Бар замми ин, пешниҳод менамоям, ки дар кишвар барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардида, дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда шавад ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд. Инчунин, дастур дода мешавад, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад”.
Омӯзгор тавассути таълим ва интиқоли таҷриба дар ташаккули арзишҳо, муносибатҳо, меъёрҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии шахсият саҳм мегузорад. Ба рӯйи насли наврас дари ҳаёти ҷомеаи пайваста рушдёбандаро мекӯшояд. Маҳз ҳамин тавр ҷавонон ба замони муосир ворид шуда, тадриҷан аз равандҳои рушди тамоми ниҳодҳои асосии ҷомеа ва давлат бохабар мегарданд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки омӯзгор дар ташаккули ҷамъияти оянда, қувваҳои истеҳсолкунанда, илму фарҳанг ходими фаъол мебошад.
Ҷаҳони муосир бо суръат тағйир меёбад, волидон, омӯзгорон, кӯдакон, ҷомеа дигар мешаванд. Усулҳои нави таълими насли наврас кор карда баромада мешаванд. Аммо рисолати асосии иҷтимоии омӯзгор ба насли наврас расонидани ҳаҷми неъматҳои ҷамъиятие, ки ба онҳо дар шакли дониши муфид, меъёрҳои ахлоқӣ ва таҷрибаи зиндагӣ дастрас аст, иборат мебошад. Омӯзгор ҳамчун посбон ва барандаи неъматҳои гуногуни ҷамъиятии тамоми мардум, арзишҳои рӯзмарра, фарҳангӣ, ахлоқӣ, фикрӣ ва маънавии онҳо баромад мекунад. Ӯ ин арзишҳоро дар дохили худ ҷамъоварӣ ва азхуд карда, ба қадри имкон ба насли наврас мебахшад. Дар натиҷа, фарзандони мо бояд малакаҳои муносибатҳои солимро омӯзанд. Қобилият дар ин муносибатҳо барои дифоъ аз эътиқод ва арзишҳои худ ҳам дар сухан ва ҳам дар амал хеле муҳим ба назар мерасад. Омӯзгор на танҳо омӯзгор, балки дар масъалаҳои тарбияи фарҳангию ахлоқию маънавии насли наврас мураббӣ мебошад. Омӯзгор тавассути талқини андешаҳои ҷавонон дар бораи арзишҳои фарҳанги миллии худ ҷавононро таълим медиҳад, ки рафтори худро мувофиқи ин арзишҳо танзим кунанд, дар асоси принсипҳои некӣ, эҳтиром ва инсондӯстӣ нисбат ба дигарон зиндагӣ кунанд. Мо ҷомеаи муосир ҳастем ва дарк мекунем, ки омӯзгор симои асосии ташаккули ояндаи мост, мо бояд ба вазъи иҷтимоӣ, маънавӣ ва моддии шахсе, ки ояндаи худро ба ӯ бовар дорем, дастгирӣ намоем. Чунонки дар ин маврид Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи Дониш қайд намуданд: “Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад”.
Новобаста аз таассуроту сатҳи тафаккури иҷтимоӣ омӯзгор дар рушди ҷомеа нақши мусбат ва калидӣ дорад. Чунки дар ҳавасмандӣ, сатҳи омӯзиши мавзуъ ва ошкоргардии қобилиятҳо саҳми омӯзгор низ мушоҳида мешавад. Бояд мутазаккир шуд, ки омӯзгор дар дилхоҳ давлат таҳиягару интиқолдиҳандаи ғизои маънавӣ аст ва ин масъулиятро на ҳар кас бар хеш муносиб ё қобилияти дарк кардани онро дорад. Бинобар ин, ҳеҷ каси мо бе кумаку раҳнамоии омӯзгорон ба ҳоли кунунии худ нарасидаем ва дар густариши эҳсоси ҳувиятхоҳиамон нақши омӯзгор низ ҳаст. Чунонки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Чунин иқтибосҳоро аз осори барҷомондаи мутафаккирони тоҷик метавон пайҳам овард, аммо ҳадафи мо таваҷҷуҳу ташаббуси Пешвои миллат ба соҳаи илму маорифи кишвар аст, чунки дар воқеъ, Сарвари давлат дар ҳар як таълифоти хеш соҳаи мазкурро баррасӣ карда, роҳҳои бозомӯзии онро таҳқиқ намудаанд. Мо инро ҳам дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” мебинем ва ҳам дар ҳар суханронии Пешвои миллат бартарии илму маорифи кишварро дар таҳия ва рушди давлатдории миллӣ эҳсос мекунем. Масалан, зимни суханронии худ бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таҳсили миёнаи умумӣ бар ҳар як ҷавон ҳатмӣ буда, ҷиҳати афзудани таҳсилоти томактабӣ чораҳои зарурӣ дида шавад: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад. Инчунин, ба ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои қобилияти баланди омӯзгорӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, мушкилоти норасоии омӯзгорон ва ғайритахассус кор кардани онҳоро дар самти технологияҳои иттилоотӣ дар муддати ду сол бартараф созад”.
Дар замони шуравӣ омӯзгорро як ҷузъи зиёиён медонистанд. Дар баробари ин, вазифаи омӯзгорӣ чун тарбиявӣ фаҳмида мешуд, ки бо тарбияи шаҳрвандон, на танҳо кӯдакон, балки волидони онҳо низ алоқаманд аст. Дар давраи дигаргунсозии пасошӯравии ҷомеа омӯзгорон ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҷомеасозӣ амал мекунанд, ки онро бештар тамоюлҳои арзишӣ, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии насли наврас муайян менамояд. Аммо дар айни замон бо сабаби равандҳои дар соҳаи маорифи ҷаҳонӣ ба амал омада, омӯзгорон аз зумраи гурӯҳи иҷтимоӣ-касбӣ шинохта шудаанд.
Вазифаи асосӣ ва иҷтимоии омӯзгор тарбияи ҷавонон, инкишофи неруи зеҳнию ахлоқии ҷомеа мебошад. Сатҳи маърифатнокии наслҳои минбаъда ва арзишҳои дар ҷомеа ҷойдошта аз омӯзгор вобаста аст. Фаъолияти омӯзгор дар ҳаёти ҷамъият дар ҳамаи марҳалаҳои тараққиёти таърихии он аҳаммияти калон дорад. Дар баробари ин, мақоми омӯзгор бо мурури замон тағйир меёбад, зеро низоми маориф ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ низ ҳамеша дар тамоюли ивазшавӣ қарор доранд.
Ширин ҚУРБОНОВА, доктори илмҳои таърих, Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ