(Ҳамсадоӣ бо Паём)
Мардуми тоҷик асли ориёӣ дорад ва ифтихор аз асолати ориёӣ рукни муҳимми ҳувияти миллии мо – тоҷиконро ташкил медиҳад. Калимаи «ориёӣ» дар китоби луғату фарҳангномаҳо маънои «наҷибзода», «асил», «озода», «бовиқор», «зебо»-ро дорад. Азбаски наҷибзодагӣ, озодагӣ ва ашрофият аз рӯзгори қадим унсури муҳимми фарҳанги мардуми мо ба шумор меравад ва ниёгони мо худро аз нажоди «озодагон» («...Модари озодагон кам орад фарзанд», устод Рӯдакӣ) ё «озодзодагон» («Имрӯз шарм н-ояд озодзодагонро...», Носири Хусрав) донистаанд, метавон таъйид кард, ки вожаи «ориёӣ» бо вожаҳои «озода» ё «озодзода» муродиф мебошад ва маънии саҳеҳи луғавии калимаи «ориёӣ» ҳамон «озода» ё «озодзода» аст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи пурифтихори мардуми мо, аз рӯзгори қадим то ба имрӯз, ифтихор аз асли ориёӣ ба суратҳои мухталиф, гоҳе пуррангу пурҷило ва гоҳе камрангу камнамо ҷилва кардааст, вале шуълаи фурӯзони ин ифтихор дар тули таърих ҳаргиз хомӯш нагардидааст. Ба баёни дигар, ҳар гаҳ ки таърих барои рушду боландагии миллии мо шароити созгору имкони мусоид фароҳам овардааст, фурӯғи ин шуъла фурӯзонтару тобандатар зуҳур карда, ҳар гаҳ ки зулму ҷаври таърих мардуми моро ба ҳошия кашидааст, дурахши он камтар ба мушоҳида расидааст.
Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки ниёгони бузурги мо бо таваҷҷуҳ ба ҳампайвандии забону миллат, аз рӯзгори қадим забони модарии худро низ «ориёӣ» ном бурдаанд. Масалан, дар бузургтарин сангнавиштаи ҷаҳон – катибаи маъруфи Бесутун, ки ба се забони дунёи қадим: эломӣ, аккадӣ ва порсии бостон сабт шуда, дар батни матни он сарзаминҳои аҷдодии мо тоҷикон – Суғду Бохтару Хоразм дар баробари бештар аз бист кишвари дигар ҷузъи таркибии императории Ҳахоманишӣ ба шумор рафтаанд, забони порсии бостон забони ориёӣ номбар шудааст. Аз ҷумла, дар банди 20-и сутуни чоруми ин катиба чунин омадааст: «Дориюшшоҳ гӯяд: - Ба хости Аҳуромаздо ин набиштаро ман [ба тариқи] дигар [низ] кардам. Ба илова ба [забони] ориёӣ буд, ҳам рӯйи лавҳ ва ҳам рӯйи чарм тасниф шуд».
Дар сангнавиштаи дигари рӯзгори куҳан – катибаи Работак, ки соли 1993 дар наздикии Сурхкӯтали Афғонистон ошкор гардид ва ба забони бохтарӣ ва ба хатти юнонӣ сабт гардидааст, ҳамчунин забони катиба – забони ориёӣ ёд шудааст. Аз ҷумла, дар сатри 3-и катибаи мазкур шоҳи давлати Кӯшониён – Канишка аз соли аввали ба тахти шоҳӣ нишастанаш одамхудо ва шоистаи таъзиму тамҷид эътироф гардида, таъкид шудааст, ки: «вай [ба] юнонӣ маншур содир кард, баъдан онро ба забони ориёӣ овард».
Чунонки ба мушоҳида мерасад, ҳам дар марҳалаи оғозин ва ҳам дар давраи миёнаи рушду такомули худ забонҳои эронии ба истилоҳ ҳам ғарбӣ (дар намунаи порсии бостон) ва ҳам шарқӣ (дар намунаи забони бохтарӣ) забони ориёӣ номбар шудаанд. Гузашта аз ин, дар ин катибаҳо ҳам Дориюш ё Дорои I (522-486 то мелод) – аз бузургтарин шоҳони сулолаи Ҳахоманишӣ (705-330 то мелод) ва ҳам Канишка (78-101) – севумин шоҳи силсилаи Кӯшониён (15-250), яъне шоҳоне, ки бо дастури онҳо ин катибаҳо ҳак гардидаанд, асолат, бузургӣ, шоистагӣ ва шукӯҳу азамати давлатдории худу пешиниёни худро ситоиш кардаанд.
Тавзеҳан решаи калимаи «тоҷик» ҳам ба маънии «соҳибтоҷ», «тоҷдор», яъне асилу наҷиб ба маъниҳои луғавии «ориёӣ» ва «озода» ё «озодзода» пайванд мехӯрад. Ба ин далел, калимаҳои «ориёӣ», «озода» ё «озодзода» ва «тоҷик» ба ҳамдигар муродиф дониста мешаванд.
Ҳамин аст, ки устод Садриддини Айнӣ дар ибтидои садаи бист дар муқаддимаи “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки соли 1926 дар Маскав ба нашр расид, мардуми моро “қавми муаззам” ва “қавми бузург”-и мансуб ба “ирқи орӣ”, яъне мардуми ориёӣ ба қалам оварда буд. Ба назар чунин мерасад, ки дар ҳамон рӯзгори ба давраи сиёсатҳои нави ҷаҳонӣ ворид шудани мардуми мо, устод Айнӣ бо ин суханон моро ҳушдор медод, ки асли ориёии худро шиносем ва аз асолати худ ва бузургию азамати миллати тоҷик ифтихор намоем.
Дар рӯзгори файзбори Истиқлол ва давлатдории милли мо соли 2006 бо ташаббуси Пешвои миллат дар Тоҷикистон Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардид. Ҳадафи олӣ аз ин иқдом на бартариҷӯйии нажодӣ, балки эҳёи ҳофизаи таърихӣ, рушди худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва гиромидошти арзишҳои фарњангӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофари мо буд, ки дар рӯзгори нави давлатдории миллӣ моро ба пайванд додани гузаштаву имрӯза ва ояндасозии муваффақ раҳнамун месозад.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, чун анъана, ба масъалаҳои марбут ба арзишҳои миллию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар шаҳри Душанбе бунёд намудани “Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” тадбирҳои амалӣ андешанд.
Таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ” идомаи мантиқии ҳамон иқдоми Соли бузургдошти тамаддуни ориёист, ки моро ба шинохти гузаштаи пурифтихори худ ва имрӯзсозию ояндасозии муваффақ фаро мехонад.
Илова бар ин, дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон ҳам ёдгорҳои қадими ориёӣ, аз ҷумла шаҳристонҳои Саразм, Ҳулбук, Тахти Сангин, Карон, Қалъаи Муғи Истаравшан, ҳайкали хобидаи Буддо (дар Осорхонаи бостони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад) ва ғ. мавҷуданд, ки ёдгорҳои қадим ва муҳимми ориёӣ ба шумор мераванд.
Бинобар ин, дар пойтахти имрӯзаи тоҷикон – шаҳри Душанбе таъсис намудани “Конуни тамаддуни ориёӣ” заминаи ҳақиқию воқеии таърихӣ дорад ва шак нест, ки берун аз маҳдудаи мамлакат, аз тарафи ҷомеаи илмию фарҳангии ҷаҳон истиқболи гарм пайдо хоҳад кард ва дар дохили кишвар ба худшиносию худогоҳии миллӣ беш аз пеш мусоидат хоҳад намуд.
Ба назар чунин мерасад, ки “Конуни тамаддуни ориёӣ” бояд ҳамаи давраҳои таърихи пурифтихори моро, аз рӯзгори қадим то ба имрӯз фаро гирад ва давраи давлатдории Сомониён бо зикри амирону вазирони некном ва бузургони илму забону адаби ин аҳди тилоии миллатамон бояд дар он ҷойгоҳи хос дошта бошад.
Наврӯз куҳантарин ва маъруфтарин ҷашни суннатии мардуми мост, ки дар баробари дигар ҷашнҳои қадими ориёӣ таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва аз рӯзгори подшоҳии Ҷамшед ва ҳатто пештар аз вай ибтидо гирифта, то ба имрӯз аз тарафи мо – тоҷикон ва дигар мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукӯҳу ҷалоли хос таҷлил мегардад. Бахусус, баъди он ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар таърихи 23 феврали соли 2010 иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ин ҷашн ба мақоми байналмилалӣ соҳиб гардид, шуҳрату эътибори он дар саросари ҷаҳон бештар гардид.
Ногуфта намонад, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷузъи муҳимми тамаддуни бузурги ориёӣ маҳсуб мешавад ва бо ин тамаддун пайванди азалию усулӣ дорад.
Дар маҷмуъ, иқдомҳои наҷибу ҳувиятофари Пешвои миллат дар робита ба таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” шоистаи дастгирии дастҷамъӣ ва ҳамаҷониба мебошанд. Таъсиси ин ду конун воқеан ойинаи таҷаллии ҳақиқати таърих аст, ки дар он гузаштаи пурифтихори мо бори дигар бо ҳама шукӯҳу ҷалоли худ ба ҷилва меояд ва насли имрӯзу фардои моро ба асолати миллӣ ва пайванд додани дирӯзу имрӯзи миллат фаро мехонад.
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ
“Адабиёт ва санъат”. 14-уми январи соли 2026. №3 (2335). – С.3.

