“Парчами давлатӣ барои мо –тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи Парчами давлатӣ боз як нишонаи равшан ва рукни мустаҳками соҳибдавлатӣ ва мустақилият буда, арзиши маънавии он дар ҷодаи иттиҳод, ризояти аҳли ҷомеа ва сафарбарии миллӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву ормонҳои волоии ватандорӣ хеле бузург аст.
Ногуфта намонад, ки модда 18-и Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онҳоро қонун ҳимоя мекунад.
Роҷеъ ба Парчам, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ Комиссияи махсус ташкил карда шуда буд, ки собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ, собиқ Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Фозил Тоҳиров, шоири мардумии Тоҷикистон узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Муъмин Қаноат ва чанде аз вакилони мардумӣ саҳми бузурге гузоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” ниҳоят 24 ноябри соли 1992 бо тасдиқи Низомномаи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шакли имрӯзааш пазируфта шуд.
Ба ин муносибат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009, 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рамзҳо ва рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон, инчунин таҷассумгари хештаншиносӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Парчами миллии Тоҷикистон имрӯзҳо ҳамчун таҷассумгари таъриху давлатдории тоҷикон ва орзуи ормони тоҷиконро ифода мекунад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ ва корбурди расмии парчамро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12-май 2007 "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқарар мекунад. Дар шаҳри Душанбе дар ин соли 2009 аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7-метр гузаронида шуд.
Дар вилояту ноҳияиҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон гузаронида шуд. 30 августи соли 2011 дар Душанбе парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи махсус барафрӯхта шуд. Баландии он 165 метр буд, яке аз баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад. Ҳамчун рекорди Гиннес сабт шудааст. 9 сентябри соли 2011 рӯзи таҷлили 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.
Таҷлили рӯзи парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои ватан лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад.
Тоҷикистон, парчамат тоҷи сар аст,
Парчами ту аз ҳама болотор аст.
Парчами ту парчами адл асту дод,
Ки-ин дурафши Коваи аҳангар аст!
Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст!
Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб дар парчами ту бовар аст!
Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,
Халқи моро ҷилваи болу пар аст!
Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёкони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда, моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Илова бар ин, Парчам моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иҷтисодии кишварро таъмин намуда пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Пас, Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзӯю ормонҳои таърихии миллату давлат аст.
Боиси тазаккур аст, ки Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 19-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Чуноне, ки худ Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: “Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”.
Воқеаи таърихӣ ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекард, ки ин боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Ҳамин тариқ, Парчам –рукни асосии меҳанпарастӣ ва давлатдории тоҷикон буда, худшиносӣ, ватандӯстӣ, таъминкунандаи бахту иқбол, амнияту осоиш, нангу номуси миллати соҳибтамаддуни тоҷикон ба шумор меравад. Илова бар ин, ҳар вақте ки шумо ба хориҷи кишвар сафар доред, ё дар мусобиқаву озмунҳо муваффақ мешавед, хоҳ дар самти варзиш, илм, фарҳанг, Олимпиадаҳои соҳавӣ, тимми футбол, намоишҳои фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ албатта бо ифтихор Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд, ки ин воқеан ифтихори ҳаммаи мо тоҷикистониён мебошад.
Парчами давлати Тоҷикистон ин чеҳраи Тоҷикистон, чеҳраи давлатдории Тоҷикистон нангу номуси миллат, муқаддасоти давлатдории миллӣ, таъриху фарҳанги мо, хушбахти ва осоиштагии миллати мо аст. То ба ин рӯз расидан чи қадар фарзандони фарзонаи миллат, барои ҳифзи парчам, нишони миллӣ, Суруди миллӣ ҷоннисориҳо карданд.
Аз фурсат истифода бурда тамоми мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта ба мардуми Тоҷикистон зиндагии осоишта дар фазои Сулҳ хоҳонам ва арзишҳои миллиро мо ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем.
Ҳамеша Парчами Тоҷикистон парафшон бошад!
Воҳидова Санавбарбону – мудири Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор