Skip to main content

Паёми Президенти кишвар ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки шомили нуктаҳои муҳимми давлатдорӣ ва таҳкими Истиқлолияту Ваҳдату якпорчагӣ мебошад. Ба мисли паёмҳои солҳои пешин Паёми соли 2025 низ шомили арзишу аҳамиятҳо хос дошта, муҳим арзёбӣ мешавад. Зеро тавассути он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас муайян мегардад. Илова аз он шомили муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ буда, сирату сурат ва самтшиносии Президенти кишвар дар назди халқу намояндагони парлумон чун роҳбари мардумӣ ироа шуда, раванду рўйдоди муҳими давлатию сиёсиро аз диду мадиди гуногун мавриди муҳокимаву машварат қарор медиҳад. Дар ин зимн, бояд ишора карда, ки паёмҳо дорои ду нуктаи муҳим - яке ҳисоботдиҳанда ва дигаре риояи қонуну низоми меъёрҳои демократӣ ва идорӣ мебошанд.

Ҳамин тариқ, бо ироаи он бори дигар шинохти шахсиятҳо, макону маросимҳои муҳиму таърихии кишвар бо назардошти манофеи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакат бештар мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор гирифта, барои ҳифзу муаррифии онҳо машваратҳои муфид дода мешавад. Ҳамин тавр, паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар бо доштани нукоти калидӣ дар партави “Ақлҳоро ақл ёрӣ диҳад, Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад” чун тадриҷан амалӣ мегарданд.

Яке аз нукоти калидии Паёми имсоларо илму маориф ва нақши донишмандони кишвар, аз ҷумла, олимону ходимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар муаррифии тахриху тамаддуну фарҳанг, малакаву маданияту мактабҳои оливу касбии кишвар пайваста талош карда, китобу мақолаҳо эҷод мекунанду хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, таваҷҷуҳ ба олимон ва рушди илму маориф аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо ташаббусҳои бевоситаи Президенти кишвар хеле бештар шуда, пайваста дастгирӣ меёбанд. Имрӯз ҳар сокини Тоҷикистон имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ илму дониш омӯзад ва соҳиби касбу ихтисос гардида ба ватану миллати худ хидмат намояд. Зимнан дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуда, ки 42 ҳазору 400 нафар ҷавонон дар 42 давлати муттарақии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Ҳукумати мамлакат аз ҷумла Академияи миллии илмҳо доир ба масъалаҳои илму маъориф тадбирҳои муассир андешида, дар омӯзиши фанҳои дақиқ бо истифода аз фанновариҳои муосир саҳми созандатар гузошта, бо равишу моделҳои пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон бештар ҳамкорӣ намуда, табодули таҷриба намояд.

Дар Паёми имсола роҳбари кишвар боз якбори дигар таъкид карда ишора намуд, ки аз қадимулайём тоҷикон мардуми бо маърифату маданият буда, то имрӯз дар байни халқҳои олам бо чунин авсофи хуб боқӣ мондаанд. Чунин хислатҳои хуби инсонӣ, ки саршор аз каромату шаҳомат ва ҷасорату матонат мебошанд, дубора эҳё гардиданд, ки заминаҳои асосиашро эҷоди мактаби Сулҳу Ваҳдат ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки ин миллат тавонист аз худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, ба сӯи қуллаҳои олӣ давлатдориашро идома дода, то ба имрӯз боқӣ монад.

Ҳамин тариқ, миллат дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари дилсӯзу меҳрубон ва мардуми баномусу нанг, аҳолии кишвар дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Ин талошу муборизаҳо сабаби равобити ҳасанаи кишвар бо ҳамаи мамлакатҳои дунё ҳамчун давлати комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар ҳақиқат, фарҳанги сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон падидаи беназир мебошад, ки дар натиҷаи он санаи 27 июни соли 1997 дар Маскав имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид ва саҳифаи созандагии навин дар кишвар оғоз гардид.

Бо чунин ташаббусу тадаббур тоҷикон мактаби сулҳофариниро бунёд карданд, ки чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шуда, ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии СММ аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст.

Президенти кишвар дар Паёми 2025 ба Ҳукумати мамлакат вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доштаро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид карданд, ки бо дарназардошти ин омилҳо, Тоҷикистонро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳад. Дар ин зимн, 23 сентябр соли 2024 зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

Баррасиву ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, бо ташаббуси ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар ҷаласаи Маҷмааи сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод гардид, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад.

Дар Паёми соли 2025 Президенти кишвар бори дигар таъкид карданд, ки “Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем”.

Ҳамин тариқ, соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо буда, бо ташаббуси бевоситаи кишвар таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод гардид, ки заминаву мақсади асосии онро ҳифзу муҳити зисти мардуми сайёра ташкил медиҳад.

Дар Паёми соли 2025 равобити дипломатии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ марвиди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин зимн, таъкид гардид, ки Тоҷикистон узви фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, робитаашро бо он аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ дониста, дар заминаи сиёсати «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба пайваста таҳкиму тавсеа мебахшад. Бо ин мақсад, Тоҷикистон бо доштани манобеи фаровони табии ба хусус обу дарёҳо ва неругоҳҳои бузуруги энергетикӣ ҳамкориашро дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат бештар намуда, тақвият хоҳад бахшид.

Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон чун узви фаъоли СММ дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳон саҳм гузошта, бо ташаббусҳои минтақавиву фароминтақавии худ ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд пайваста густариш дода, робитаҳояшро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ ҷидду талошҳо хоҳад намуд.

Бояд зикр кард, ки дар шароити имрӯз, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод мегузорад. Зеро Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд, то ки онҳо дар давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд. Ҳамин тариқ, бо таъкиду талошҳои пайвастаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон оиди таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, масъалаҳои об ва иқлим, рушди вазишу солимии ҷомеа, истифодаи дурусту саривақтӣ аз технология мову шуморо зарур аст, ки ҳамчун сокину мизбони кишвари ташаббускору созанда ҳамаи барномаву чорабиниҳои банақшагирифтаро олимонаву содиқона дасгириву пайгирӣ намуда, баҳри рушди усутовору самаранокии онҳо саҳми сазовор гузорем.

Дар маҷмуъ, ташаббусҳои созандаи кишвар ва таъриху фарҳангу шоҳкориҳои адабии олимону Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад, ки заминаи асосии он барои таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва меҳру муҳаббати халқҳои ҷаҳон дар партави рушди дипломатияи фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Хулоса Тоҷикистон муосир аз таҷрибаи ин марди камоли илму адабу сиёсат ва тавсияҳои самимонаи Президенти кишвар хуб истифода карда, марказу гӯшаҳои омӯзишӣ боз намуда, робитаҳои “геофарҳангӣ ва таърихӣ”-ашро дар соли 2025 хубтару беҳтар ба роҳ монда, тавсеа хоҳад бахшид.

Хулосаи калом, мову шуморо зарур меояд, то аз Паёми Президент ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дарку дарси ибрат гирифта, баҳри ободии халқу Ватан ва мардуми сайёра саҳми сазовор гузорем.

Дар нахустин санаву соату моҳу рӯзи соли 2025 бо чунин Паёмҳои муждарасону илҳомбахши Президенти муҳтарами кишварҳо, ки аз фарзонагону ҷасурони миллат ва ҳомии забону фарҳангу илму донишу донишмандон мебошад, ба худ чизе бардошта бошему дар партави сулҳу созандагиву шоисатсолорӣ Ватанро озоду ободу ором нигоҳ дорем.

Мирсаид Раҳмонов, - ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ