(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Зимни мулоқот бо аҳли илм ва маориф Пешвои миллат доир ба муҳимтарин роҳҳои баромад аз буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишварамон ибрози ақида намуданд. Ба вижа, масъалаҳои меҳварие, ки имрӯз дар ҷомеа аз масоили мубрам дониста мешаванд, ин рушди илм ва дурнамои он буда, махсусан масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ гардиданд.
Пешвои миллат рушди илм ва маорифро ду самти муҳимтарин барои пешрафти Тоҷикистон дониста, таъкид мекунад, ки «илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа мебошанд». Аз ин рӯ ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё менамояд.
Олимон дар адвори мухталифи таърихӣ тавонистаанд, ки мубрамтарин масоили иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии мардумро ҳал намоянд. Чунин мутафаккироне, ба мисли Абуалӣ ибни Сино, Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Низомулмулк ва дигарон дар хонадони тоҷикон ба дунё омаданд. Замони Буалӣ Сино давраи шукуфоии давлатдории Сомониёро шӯҳрати ҷаҳонӣ додааст. Маҳз ҳамин давраи таърихӣ, ба Сино ва дигар шахсиятҳои илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ имконияти номи худ ва миллати хешро дар таърихи башар абадӣ сабт намуданро фароҳам сохт. Имрӯз низ сиёсати дурандешонаи пешвои миллат таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир кардан ба аҳли илм аз он далолат мекунад, ки танҳо донишмандон метавонанд, наҷотбахши хирад ва ҷаҳонбинии илмии миллати худ бошанд.
Президенти кишвар моҳирона вазъияти Тоҷикистонро мушоҳида намуда, таъкид менамояд, ки имрӯз бояд аҳли зиё доир ба он тадбирҳое андешанд, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳҳои мушкилро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд.
Аз ин рӯ, маъсулияти аввалиндараҷаи мо олимон пеш аз ҳама, дар он дида мешавад, ки нуқоти муҳим ва аҳдофи стратегии афзалиятнокеро бояд дар соҳаи илму маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ муайян намоем, ки Президенти кишварамон доир ба онҳо махсусан таъкид намуд ва онҳо иборатанд:
1. Рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
2. Баланд бардоштани сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг
3. Тақвияти сулҳу субот дар кишвар.
4. Тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду илмдӯст
5. Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ
6. Ислоҳоти ҷиддиро даровардан дар соҳаи илм ва маориф.
7. Эҳёи тафаккури тозае дар соҳаҳои гуногуни илм.
Яке аз нуқтаҳои асосиеро, ки Пешвои миллат дар вохуриҳо бо зиёиёни кишварамон дар солҳои 2020 ва 2024 таъкид намудаанд, бештар таваҷҷуҳ доштани олимон ба фанҳои табиатшиносӣ, ба мисли физика, кимиё, астрономия ва фанҳои дақиқ, чун риёзиёт амиқтар омӯхта шавад, зеро бо аз худ кардани ин фанҳо хонандагон дорои ҷаҳонбинии илмӣ мегарданд. Вагарна, онҳо фирефтаи ҳаргуна идеяҳои ғайриилмӣ шуда, ҳаракатҳои номатлуби иҷтимоиро дастгирӣ менамоянд.
Бинобар ин, шахси дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва аз тасвири илмии олам бархурдор, ҳеҷ гоҳ на радикализм, фанатизм ва на экстремизми диниро тарафдорӣ намекунад. Барои ин, ҳар як нафаре, ки ба фаъолияти фикрӣ машғул аст, бояд аз қонуну қоидаҳои илми мантиқ, асосҳои табиатшиносӣ ва риёзиёт бархурдор бошад. Мантиқшиносон медонанд, ки тафаккур инъикоси бавосита ва умумиятдодашудаи ашё ва ҳодисаҳо дар шуури инсон буда, воситаи муҳимтарини дониши илмӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, масъалаи такомули тафаккури инсон аз ҷиҳати мантиқӣ дар ҷои аввал меистад.
Барои пешгирӣ намудани радикализми динӣ мо бояд ба моҳият, сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии он дар байни ҷавононро аз назар гузаронем. Масалан, яке аз сабабҳои асосии терроризм ва экстремизми динӣ машғул шудани ҷавонон дар надонистани фанҳои мантиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ мебошад. Сабаби дигар, ин хатари густурда шудани тамоюлҳои радикалӣ дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад, ки барои тамоми инсоният ба проблемаи глобалӣ табдил меёбад. Мутаассифона, бо таъсири манфии ин гуна ҷаҳонишавӣ дар даҳсолаҳои охир ғояҳои радикализм ва фанатизми динӣ, дар қатори дигар ғояҳои ифротгароӣ дар ҷумҳуриамон паҳн шудааст.
Раванди мазкур, аз як тараф, ба тамоюлоти ҷаҳонишавӣ, дастрас будани иттилоот ва афзудани сомонаҳои иттилоотӣ, инчунин дигар равандҳои руйдиҳанда дар ҷомеаи муосир вобаста аст. Аз тарафи дигар, гарчанде ҳар гуна идеяҳои радикалӣ аз ҷониби омма дастгирӣ нашавад ҳам, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аҳли ҷомеаро ба ҳушёриву эҳтиёткорӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намояд.
Хулоса, мо зиёиён бояд бар муқобили ҳар гуна ғояҳои ифротгароӣ якҷоя мубориза барем. Табиист, ки таҳаввулот ва табадуллоти ҷаҳони муосир ба руҳияи мардум бетаъсир намонда, дар баробари афкор ва амалҳои мусбати ҷаҳонишавӣ, инчунин андеша ва моҷароҳои манфие рушд кардаанд, ки ҷавононро роҳгум месозанд. Барои ба буҳрони маънавӣ наафтодан, ҷавононро лозим меояд, ки дар такя ба оинҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ меъмори дурусти зиндагии хеш бошанд.
Имрӯзҳо хабару иттилоот зиёданд ва ҷавонон намедонанд, ки кадоме аз онҳо ҳақ ва кадомашон дурӯғ аст. Дар чунин ҳолат, барои бартараф кардани шубҳаҳо, ба донишҳои захиравӣ ва таҷрибаи гузаштагон такя намуда, ин амалҳои манфурро бартараф карда метавонем. Бинобар ин, рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.
Нуқтаи дигареро, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, доир ба ислоҳоти ҷадиде овардан дар соҳаи илм ва маориф мебошад. Яъне ҷавонони имрӯза низ бояд дар қатори дигар давлатҳо аз эҳёи фикрии донишмандони ҷаҳон низ бохабар бошанд. Зеро, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Пешвои миллат инчунин таъкид карданд, ки ҳар яки мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳо ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд. Албатта қисмате аз мардум муқобили чунин андешае ҳастанд, ки яке аз сабабҳои паст рафтани саводнокии кӯдакон ин дар истифодаи телефонҳои мобилӣ дида мешавад. Мусаллам аст, ки мо наметавонем ба гузашта баргардем, талаб ва дархости давраи муосир аз рӯи технологияи нав равнақ ёфта, ҳар сония, дақиқа ва сол дар рушду тағйирёбӣ буда, наметавонад бозистад. Бинобар ин, мо ба ҳайси падару модар, омӯзгор, муаллим ва тарбиятгар танҳо метавонем ба онҳо усул ва ё методи дурустро нишон диҳем, ки чигуна бояд онро истифода намоянд. Зеро пешрафти технологияҳои навтарин ба ҷузъ аз ҷанбаҳои манфӣ, инчунин чизҳои фоидаоваре низ дорад, ки кори моро хеле осон мекунад. Аз ин рӯ, мо қудрати манъ карданро надорем. Зеро онҳо ҷавононе, ҳастанд, ки дар давраи муосир тарбия ёфтаанд ва ин ҳақиқат ва навовариро бояд қабул намоем.
Масъалаи дигаре, Пешвои миллат арзёбӣ намуданд, ин надонистани забонҳои хориҷӣ аст. Мутаассифона, камбудии асосии қисмати олимони кишвар ин аст, ки ғайр аз забони русӣ забонҳои дигарро намедонанд ва бинобар ин, аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад. Аз олимоне, ки синну сол ва таҷрибаи кориашон бештар аст, талаб карда мешавад, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.
Дар фарҷом бояд қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои миллат таъкид намудаанд, ин арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим, махсусан номзадон ва докторони илм аз рӯи ду меъёр мебошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд; дуюм, тарбияи дуруст намудани кадрҳои ҷавон, ки дар дар рушди илми кишвар саҳмгузор бошанд.
Бандалиева Ш. Номзади илмҳои фалсафа, Ходими калони илмии, Шуъбаи онтология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ