Skip to main content

Дар раванди гузаронидани тақсимоти миллӣ қарори анҷумани 8-уми Ҳизби Коммунистии Туркистон, ки моҳи маи соли 1924 барпо шуду тақсимотро сари вақт ва мувофиқи мақсад донист, қадами амалӣ ва муҳимме буд. Бюрои Осиёи миёнагӣ ба Комиссияи марказии тақсимот тавсия намуд, ки ҳангоми тайёрии масъала барои ҳар воҳиди алоҳида нишонаҳои зеринро ба инобат гиранд: алоқаи иқтисодӣ, сарҳади тахминии миллӣ, имкониятҳои идоракунии маъмурӣ, хусусиятҳои психологии мардумӣ (этнографӣ)-и ноҳияҳо, мавқеи ҷуғрофӣ ва ғайраҳо. 28 – уми апрели соли 1924 Бюрои Осиёмиёнагии Комитети Марказии ҲКУ (б) ҳисобот ва маърӯзаҳои РАСС Туркистон, РАСС Қазоқистон, РХШ Бухоро ва РХШ Хоразмро шунида, баъди мубодилаи афкор қарор кард, ки тақсимот аз рӯи аломати миллӣ-ҳудудӣ дар миқёси Осиёи Миёна дар сари вақт ва мувофиқи мақсад ҳисоб карда шавад. [4. С. 147] 12 -уми июни соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК (б) Русия дар асоси ҳуҷҷату таклифҳои пешниҳодшуда «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» қарор қабул кард. Дар асоси он пешниҳод карда шуд, ки ҷумҳуриҳои иттифоқии сотсиалистии Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил карда шаванд.

Инчунин зарурияти муттаҳид кардани ноҳияҳои қирғизии (қазоқии) Туркистонро бо ҶМШС Қирғизистон (Қазоқистон), ташкил додани вилояти мухтори Қара-Қирғизро (Қирғизистонро) дар ҳайати Федератсияи Русия, вилояти мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон пешниҳод кард. КМ ҲК (б) Русия инчунин масъалаи ба Иттиҳоди Шуравӣ дохил шудани ҷумҳуриҳои нави иттифоқӣ ва барпо намудани ташкилотҳои ҳизбии онҳоро дид.

Комиссия оид ба тайёрӣ ва гузаронидани тақсимоти миллӣ-давлатӣ қарори Бюрои Осиёмиёнагии КМ ҲКУ(б) –ро аз 15-уми июли соли 1924 асоси кори худ дониста буд. Дар ин қарор таъкид мешуд, ки «дар вақти муайян намудани сарҳадҳои байни ҷумҳуриҳои ҷудогона, дар вақти ба ноҳияҳои иқтисодӣ тақсим кардани Осиёи Миёна бояд ҳамаи шароитҳое, ки ба ин ё он миллат мусоид мебошанд, пурра ба ҳисоб гирифта шаванд. Маҳз ба миллатҳои аз ҳама камқувват ва ақибмонда бояд диққати калон дода шавад. Дар ҳар ҷумҳурӣ ва вилоят манфиатҳои миллатҳои камшумор бояд комилан ба назар гирифта шаванд». [4.С. 149]

3 августи соли 1924 дар маҷлиси Бюрои Осиёимиёнагӣ бо иштироки котиби КМ ҲК(б) Русия И.А. Зеленский, «Лоиҳаи таклифҳо дар бораи кори комиссияҳои тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» муҳокима гардид. Дар он ба бюроҳо ё худ комиссияҳои миллӣ супориш дода шуд, ки то 12-уми август лоиҳаи пешакии ҳудудҳои ҷумҳурию вилоятҳои миллии навбунёдшавандаро пешкаш намоянд. Инчунин ба онҳо ҳуқуқ дод, ки ба кори комиссия, аз рӯи зарурият, шахсони алоҳидаро бо ҳуқуқи овоздиҳии машваратӣ ҷалб намоянд, ё худ комиссияи хурди дигарро ташкил диҳанд.

То миёнаи августи соли 1924 ягон гурӯҳ ё худ комиссияе вуҷуд надошт, ки он бевосита ба баррасии тақдири тоҷикон машғул шавад. Танҳо 16 август дар маҷлиси Бюрои Осиёимиёнагӣ ба ҳайати аъзоёни комиссияи сарҳадӣ аз тоҷикон Ч. Имомов, А.Ҳоҷибоев (роҳбари гурӯҳ) ва М. Саидҷонов дохил гардиданд[3.С. 41.]. Вале эшон ҳангоми муҳокимаи масъала соҳиби танҳо ҳуқуқи овози машваратӣ буданду халос. Онҳо инчунин мӯҳлати заруриро низ надоштанд, ки масъаларо ба тарзӣ зарурӣ омӯзанд. Зеро, ба онҳо ҳамагӣ 5 рӯз мӯҳлат дода буданд, ва дар ин муддат бояд аз тарафи эшон ҷамъбасти фикру андешаҳо оид ба тақдири тоҷикон пешкаш мегардид. Бо ҳамин сабаб, ин комиссияи ба ном тоҷикӣ, танҳо имконият пайдо кард, ки лоиҳаи тайёрнамудаи комиссияи ӯзбекиро омӯзад ва бо ҳамон «марҳамате», ки онҳо нисбат ба тоҷикон кардаанд, қаноатманд гардад ва он андешаҳоро, ё худ нусхаи дигарашро чун тавсияҳои комиссияи тоҷикӣ пешкаш намояд.

21 августи соли 1924 дар маҷлиси 5-уми комиссияи тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ масъала «Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он» шунида шуд. Дар ин маҷлис А. Ҳоҷибоев, чун раиси комиссияи тоҷикӣ баромад карда, саховатмандии бемисл нишон дод. Аз ҷумла, ӯ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки тоҷикони Бухорои Ғарбӣ ва вилоятҳои дигари Туркистон «ҳам аз ҷиҳати хоҷагӣ, аз ҷиҳати идораи маъмурӣ бо ӯзбекҳо робитаи зич доранд, аз ин сабаб онҳо ба вилояти мухтори Тоҷикистон, ки дар Бухорои Шарқӣ таъсис хоҳад ёфт, ҳамроҳ шуда наметавонанд».

Вале раиси маҷлис аз А. Хоҷибоев пурсид, ки чаро ӯ дар маърӯзааш тоҷикони Фарғона, Самарқанд ва Бухороро зикр карда, дар бораи тоҷикони Хуҷанд чизе нагуфт. Пас маърӯзачӣ дар ҷавоб: дар Хучанд тоҷикон бартарӣ доранд, онҳо «он ҷо дар баъзе волостҳо ба мисли Конибодом, Исфара, Ашт, Чусти вилояти Фарғона ва якҷоя бо тоҷикони Бухоро 95 %- ро ташкил медиҳанд ва онҳоро ба вилояти Тоҷикистон ҳамроҳ кардан мумкин аст, аммо роҳҳои иртибот нестанд, фақат роҳҳои пиёдарав вуҷуд доранд ва онҳо аз ҷиҳати тиҷорату иқтисодӣ бо ӯзбекҳо сахт пайвастанд. Мо чунин мешуморем, ки онҳоро дар ҷумҳурии Ӯзбекистон мондан лозим аст» [3. С. 43].

Дар ин ҷамъомад аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда, ҳангоми музокирот Ҳоҷибоев роҷеъ ба маркази мадании тоҷикон чунин изҳор дошт «мо ақида дорем, ки шаҳри марказии тоҷикон Самарқанд хоҳад буд, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон мемонад ва дар он бояд мактабҳо ва ғайра ташкил кунем. Чунки дар айни ҳол имконияти мустақилона ташкил намудани маркази маданиро надорем» [3.С. 45] .

Аз ин далел овардашуда бараъло равшан аст, ки А. Ҳоҷибоеви ҳамон лаҳза 24 сола аз қолаби тавсиякардаи комиссияи ӯзбекӣ берун баромада натавонистаст. Ӯ намедонист, ки бо чунин саховатмандиҳо нисбат ба халқи худ ҷинояти сахттарин зоҳир намудааст.

24 августи соли 1924 Комиссияи марказии ҳудудӣ аз комиссияи миллии тоҷикӣ хоҳиш намуд, ки пойтахти вилояти мухтори худро муайян кунанд. Дар чунин лаҳза ҳам комиссияи ба ном тоҷикӣ ақалан ҷуръат накард, ки масъалаи соҳиб шудан ба яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷиконро ба миён гузарад. Ҷавонӣ ва дуруст надонистани масъала, ба аъзоёни ин комиссия имконият намедод, ки оқибати мавқеи худро дуруст сарфаҳм раванд. Барои онҳо тақдири миллати худ - тоҷикон гӯё бегона буд. Онҳо дар лаҳзаҳои ҳалкунанда барои ҳимояи манфиати халқи худ ягон хел ҷонбозӣ накарда, лаҳза ба лаҳза ҷиноят содир мекарданд. Ниҳоят онҳо саховотмандона аз чунин шаҳрҳои машҳури қадимаи тоҷикон - Бухоро, Самарқанд ва ҳатто Хуҷанд ҳам даст кашида, як деҳаи назарногири дурдаст - Душанберо чун маркази вилояти мухтори тоҷикон пешниҳод карданд. 6 сентябр он комиссияи марказӣ лоиҳаи ҳудуди вилояти мухтории Тоҷиконро тасдиқ намуд.

Дар раванди тақсимоти миллӣ- марзӣ нақши намояндагони дигар ҷумҳуриҳо, аз ҷумла қазоқҳо, қирғизҳо ва туркманҳо дар лаҳзаи тақдирсози халқи тоҷик нисбат ба баъзе намояндагони худи тоҷикон баландтар буд. Дар маҷлиси Бюрои узбекӣ оид ба масъалаи тақсимоти марзӣ бо иштироки Ф. Хоҷаев, А. Сегизбоев, А. Ҳоҷибоев, Ч. Имомов, А. Раҳимбоев ва ба ҳайати Ӯзбекистон мондани Ӯротеппа мавриди муҳокима карор гирифт. Доир ба ин масъала Сегизбоев дар баромадаш қайд намуд, ки «дар қатори дигар волостҳо Ӯротеппа низ ба ҳайати Тоҷикистон шомил гардад». [3. С. 49]

Сентябри соли 1924 масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар қарорҳои мақомоти болоии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба шакли қонун даромад. Чунончӣ, 15-16 – уми сентябр Сессияи фавқулодаи КИМ Туркистон ба мардуми кишвар ҳуқуқ дод, ки аз ҳайати ҷумҳурии Туркистон баромада, ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои миллии худро ташкил диҳанд. 20 сентябр Анҷумани Умумибухороии Шуроҳо ҳамин гуна ҳуқуқро ба мардуми ҷумҳурии Бухоро дод. 29 сентябр бошад Анҷумани Умумихоразмии Шуроҳо ҳам ҳамин тавр қарор қабул кард.

Раиси КИМ-и Бухорои Шарқӣ Нусратулло Махсум ба Тошканд рафта, бо қарори комиссияи тақсимоти миллӣ-марзӣ шинос гардида, ба И.В.Сталин мактуб навишт, ки масъалаи миллии тоҷикон беадолатона ҳал гардидааст:

1.Сарҳади «вилояти автономии Тоҷикистон» нодуруст ҷудо гардида, бисёр ноҳияҳои тоҷикнишин ба ҳайати Ӯзбекистон ҳамроҳ гардидаанд.

2.Қарор доир ба ҳайати Ӯзбекистон ворид гардидани вилояти автономии Тоҷикистон ҳуқуқии миллии худмуайянкунии тоҷиконро поймол мекард ва соҳиби чунин ҳуқуки миллӣ танҳо халқҳои ӯзбек ва туркман ҳастанд.

Инчунин оид ба масъалаи тақсимоти миллӣ-марзӣ Нусратулло Махсум чунин пешниҳодоти муҳимму заруриро ба муҳокима гузошт:

1.Ба ҳайати ҳудуди Тоҷикистон ҳамроҳ намудани Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Риштон, Учқурғон ва дигар маҳаллаҳои тоҷикнишин.

2. Тоҷикистон низ бояд мисли Туркманистон ваӮзбекистон ҷумҳурии мустақил бошад. Чунки мавқеи ҷуғрофии он имконият медиҳад, ки вай ба тамоми талабот оид ба ҷумҳурии мустақил гардидан мисли ҷумҳуриҳои дигар ҷавобгӯ аст [5. С. 25-26] .

Нусратулло Махсум эътирози худро бо он асоснок мекунад, ки аз як тараф бисёр ноҳияҳои тоҷикнишин ба ҳудуди Ҷумҳурии Мухтории Тоҷикистон дохил нашуда, дар худуди Ӯзбекистон монданд, аз тарафи дигар сараввал ба тоҷикон на ин, ки ҳуқуқи «ҷумҳурии мухторӣ», балки танҳо ҳуқуқи ташкил намудани «вилояти мухторӣ» дода мешуд.

Аҳаммияти мактуб ва пешниҳоди Нусратулло Махсум барои тақдири тоҷикон бағоят бузург буд, ки тавассути ин хизматҳои ӯ аъзоёни комиссия қарори худро иваз намуда, ба ҷойи вилояти автономии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистонро таъсис доданд.

Чӣ тавре дар боло қайд гардид, Нусратуллои Махсум аз як тараф беадолатиҳои дар ҳаққи тоҷикон содиршуда сахт эътироз карда, аз тарафи дигар масъалаи ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистонро гузоштааст. Аммо мутаассифона, чунин талабҳоро дар вакташ комиссияи ба ном «тоҷикӣ» дар ҳайати Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев (роҳбари комиссия) ва Мусо Саидҷонов, ки 16 августи соли 1924 таъсис ёфта буд, нагузошт. Аъзоёни он комиссия бо хулосаи комиссияи узбекӣ пурра розӣ шуда ва нисбат ба миллати худ ба хатоии ҷиддӣ роҳ доданд.

Абдуқодир Муҳиддинов, ки барои аз ҳайати ҶШС Ӯзбекистон баромадан ва ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани ҶМШС Тоҷикистон ҷонбозиҳо кардааст, маҳз бо мақсади аз ҳудуди Ӯзбекистон ҳар чӣ тезтар баровардани Тоҷикистон, ҳатто таклифи бунёди федератсияи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро гузоштааст, ки мебоист Тоҷикистон низ ҳамчун воҳиди алоҳида ба ин федератсия шомил мешуд. Инчунин ӯ таъкид мекард, ки дар натиҷаи бо роҳи адолат ба Тоҷикистон баргардонидани шаҳру ноҳияҳои аксар тоҷикнишин, ба монанди Бухоро, Самарқанд, қисми Фарғона, Хуҷанд ва округи Сурхондарё, бартарии ҳудудию иқтисодие, ки барои Ӯзбекистон муҳайё намудаанд, аз байн бардошта мешавад [2. С. 469] .

4 октябри сол 1924 комиссияи миллии тоҷикӣ ба Бюрои сиёсии КМ ҲКР (б) пешниҳод намуд, ки Помир ҳамчун вилояти автономӣ ба ҳайати Тоҷикистон ҳамроҳ карда шавад. [3. С. 62]

5 октябри соли 1924 Бюро оид ба тақсимоти миллии Ӯзбекистон ноҳияҳои Ӯротеппа, Панҷакент, Мастчоҳ, Шаҳристон, Фалғар, Киштут, Фороб ва якчанд ноҳияҳои дигарро, ки пештар ба ҳайтаи ҶМШС Туркистон дохил буданд, ба ҶМШС Тоҷикистон дод. [4. С. 164]

11 октябри соли 1924 дар маҷлиси ғайринавбатии Бюрои сиёсии КМ ҲКР (б) комиссия дар ҳайати В.В. Куйбишев, Я.Э. Рудзутак, Г.В. Чичерин оид ба масъалаи Помир таъсис дода шуд [3. С. 62].

14 октябри соли 1924 сессияи дуюми КИМ Умумирусиягӣ қарори КИМ Туркистонро «Дар бораи ба мухториятҳои алоҳида тақсим намудани Ҷумҳурии Мухтории Шуравии сотсиалистии Туркистон» маъқул шуморид. Ин сессия низ ба тоҷикон ҳуқуқ дод, ки ба ҷои вилояти мухтор, ҷумҳурии мухторро ташкил диҳанд [3. С. 62] .

Дар натиҷа Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Тоҷикистон ҷумҳурияти мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон, вилояти мухтории Қирғизҳо ташкил ёфтанд. Аз ин рӯ, 14 - уми октябр рӯзи тавлиди ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 27 -уми октябр сессияи 11 КИМ ИҶШС, даъвати 2-юм қарорро оид ба тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна маъқул шуморид.

Ҳангоми ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ба ҳайати он аз ҶХШ Бухоро вилоятҳои Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, аз ҶМШС Туркистон вилоятҳои Панҷакент ва Уротеппа (Истаравшан) дохил шуданд. Ҳамон лаҳза масоҳати ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор км буда, аҳолияш 739,5 ҳазор нафарро ташкил медод, ки 78,33 фоизаш аз тоҷикон иборат буд.

26 -уми ноябри соли 1924 дар Тошканд Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон бо сарварии Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ташкил ёфт. 6 декабри он сол Бюрои Осиёмиёнагӣ роҳбарияти муваққатии ҳизбӣ - бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистонро дар ҶМШС Тоҷикистон барпо намуд.

3 феврали соли 1925 ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати пурра ба Душанбе омад. Рӯзи дигар, 4 феврал дар Душанбе гирдиҳамоии серодам барпо гардид. Дар он Декларатсияи ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон хонда шуд. 5 феврал ба барҳам додани ташкилотҳои Бухорои Шарқии собиқ ҷумҳурии Бухоро шурӯъ намуданд.

Ҷумҳурии Автономии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар давраи барпо гардидани худ аз Республикаи Советии Туркистон 12 волостро ба территорияи худ дохил карда буд. Аз РХШ Бухоро қариб тамоми Бухорои Шарқӣ иборат аз 5 вилоят ба ҳайати ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Масоҳати ҷумҳурии нав ташкилшуда 135,620 километри мураббаъ ва аҳолии он 739503 нафар буд. Ба ҳайати РАСС Тоҷикистон аз ҷумҳурии Туркистон 135665 нафар, аз ҶХШ Бухоро 603838 нафар аҳолӣ гузашт. Дар ҷумҳурӣ тоҷикон 55, 4% узбекҳо 32,4%-ро ташкил медоданд [6. С. 39] .

1 – уми декабри соли 1926 Анҷумани якуми Муассисони Советҳои ҶМШС Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барпо гардида, то 12 декабр давом кард. Дар Анҷуман 336 вакил иштирок дошт, ки аз рӯи хайати миллӣ тоҷикон 57,3%, русҳо 17,8%, узбекҳо 14,2% ва дигар миллатҳо 10,7 % вакилони анҷуманро ташкил медоданд. Дар байни вакилон 12 нафар занон, аз он ҷумла 4 нафар занони тоҷик буданд [4. С.66] .

Анҷуман оид ба барпо гардидани ҶМШС Тоҷикистон тантанавор Эъломия қабул намуд ва ба ин хотир табрикномаи КМ ВКП (б), котиби генералии КМ И.В.Сталин ба халқи тоҷик, ба муносибати эълон карда шудани ҶМШС Тоҷикистон вазифаҳои асосие, ки дар назди ҷумҳурии ҷавон меистод, баён кард. Дар барқияи табрикӣ гуфта шуда буд: «Салом ба Тоҷикистон - ба республикаи нави советии меҳнаткашон дар пеши дарвозаи Ҳиндустон. Ба ҳамаи меҳнаткашони Тоҷикистон дар кори мубаддал намудани республикаи худ ба республикаи намунавии мамлакатҳои Шарқ муваффақиятҳо орзу мекунам.

Тоҷикон таърихи бой доранд; қобилияти бузурги ташкилотчигӣ ва сиёсии онҳо дар гузашта ба ҳама маълум аст.

Коркунони Тоҷикистон! Маданияти мамлакати худро инкишоф диҳед, хоҷагии онро тарақкӣ диҳед, ба меҳнаткашони шаҳр ва қишлоқ ёрӣ расонед, беҳтарин фарзандони ватанро дар атрофи худ муттаҳид намоед ва ба тамоми Шарқ нишон диҳед, ки Шумо беҳтарин авлодони бобою аҷдодони худ буда, байрақи озодиро устуворона дар дасти худ нигоҳ медоред» [4. С. 167] .

Тақсимоти миллӣ-давлатӣ ва ташкил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон ғалабаи бузурги сиёсати миллии ҳукумати шуравӣ буд. Тақсимоти миллӣ - таъкид карда буд М.И. Калинин:- «санади аз боло маҷбуран мукаррар кардашуда ва дар шароити кори бофта баровардашуда набуда, балки инъикоси орзӯ ва умедҳои ҳақиқии халқҳои меҳнаткаши сокини Шарқи Советӣ мебошад» [4. С. 170] .

Оид ба хатоиву камбудиҳои тақсимоти миллӣ - марзӣ як қатор мақолаву дастхатҳои олимону муҳаққиқон, мутахассисони ҳизбиву давлатӣ, ҳуҷҷатҳо ва баромадҳои намояндагони сиёсии Бюрои Осиёмиёнагии КМ ва роҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна вуҷуд доранд, ки дар онҳо чандинмаротиба оид ба беадолатҳои нисбат ба халқи тоҷик содиргардида сухан гуфта шудаанд. И.Зеленский дар мақолаи худ «Тақсимоти миллӣ-давлатии Осиёи Миёна» ошкоро қайд намудааст, ки «барои ҳалли масъалаи миллӣ дар Туркистон, ба хатоиҳо роҳ дода шуд ва дар раванди ташкилёбии ҷумҳурии миллӣ, асосан тақсимоти ҳудудӣ қарорҳое қабул гардиданд, ки дар оянда ислоҳи онҳо имконнопазир буд. Бояд, ки тақсимоти ҳудудӣ боадолатона ба мустақилият ва иродаи халқ вобаста бошад» [1. С. 2] .

Чӣ тавре, ки раиси Бюрои Осиёмиёнагии КМ ҲКР (б) И.А. Зеленский дар баромади расмии худ, дар ҷамъбасти тақсимоти миллӣ- ҳудудӣ қайд намудааст, «қадами аввалини мо, оид ба тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ ин бурдани кор барои таъсиси ҷумҳурии миллӣ буд. Ин кор сиёҳкорона буда ва ба воситаи табар тақсим шудааст» [1. С. 2] .

Ҳақиқати таърихӣ ва рафти воқеаҳо ба мо исбот намуд, ки ҷудо намудани тоҷикон ба вилояти автономӣ ва ба ҷумҳурии автономӣ бо фишори пантуркистон ва бузургманишии ӯзбекӣ ҳуқуқҳои оддитарини тоҷикон дар қаламрави ҷумҳурии автономӣ маҳдуд гардида буд.

И.В.Сталин вобаста ба тақсимоти миллӣ-марзӣ ва содир гардидани хатоиву беадолатиҳоро нисбат ба халқи тоҷик ба худи намояндагони тоҷик нисбат додааст. Ӯ дар яке аз вохӯриҳояш баъди ҷанг ба котиби аввали ҷумҳурӣ Б. Ғафуров оид ба тақсимоти миллӣ - марзӣ гуфтааст: «агар худи тоҷикон мехостанд соли 1924 ҶШС Тоҷикистонро таъсис медоданд ва барои ин масъала Абдулло Раҳимбоевро гунаҳкор ҳисоб намуд» [3.С. 25] .

Ҳамин тарз халқи тоҷик дар натиҷаи муқобилияти сахт соҳиби ҷумҳурии мухтории худ гардид, ки он барои ин халқи қадима аҳаммияти бузурги таърихию сиёсӣ дошт. Вале ин ҷумҳурӣ дар гӯшаи қафомондатарини кишвар - Бухорои Шарқӣ, ки аз собиқ марказҳои машҳуру мадании халқи тоҷик - Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд хеле дар канор буд, бунёд гардид.

Миллатгароён ба халқи азияткашида имконият надоданд, ки ҳамон лаҳза яке аз он марказҳоро пойтахти ҷумҳурии мухтори худ эълон намояд. Аз ҳамин сабаб ҳам халқи тоҷик бо бунёди ҷумҳурияти худ деҳаи хурди назарногири Душанберо пойтахти худ қарор дода, минбаъд ба яке аз шаҳрҳои зебою саноатии замона табдил дод.

Адабиёт:

1. Варейкис И., Зеленский И.А. Национально - государственное размежевание Средней Азии. - Ташкент.- 1924. – С.2.

2. Масов Р.- История таджикского народа. -Т.5. Новейшая история (1917-1941). -Душанбе.-2004. -С.469.

3. Масов Р. История топорного разделения. – Душанбе: «Ирфон», -1991. – С. 41.

4. Раҷабов С. РСС Тоҷикистон - давлати соҳибихтиёри Советӣ. - Сталинобод.-1959.- С.147.

5. Речи, доклады, статьи Нусратулло Махсума и материалы о его жизне деятельности. - Душанбе, 1994. – С. 25-26.

6. РСС Тоҷикистон дар зарфи 25 сол. - Сталинобод.- 1955. – С.39.

Қозизода Ш.– докторанти (PhD)-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон