Skip to main content

123(Дар ҳошияи Анҷумани XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)

Пайдоиши прототипҳои ҳизбҳои сиёсии муосир ба давраи бостонии таърихи башар рост меояд. Он ҳангом барои дастгирии як сиёсатмадори муайян ва пешбарӣ кардани номзадии онҳо ба эшелонҳои ҳокимият гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ба таври стихиявӣ таъсис ёфта, ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳо ба вуҷуд меомадаанд. Аммо ба вучуд омадани аввалин ҳизбҳои сиёсӣ ба маънои классикиашон ба садаи XIX тааллуқ дорад. Раванди таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ тӯлонӣ ва душвор буда, марҳилаи ибтидоии муборизаи ҷонибдорони самтҳои гуногуни давлатдории навбунёдро инъикос мекард. Ба вучуд омадани аҳзоб дар қитъаи Аврупо бо ташаккули буржуазия алоқаманд аст. Дар кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрико пайдоиши аҳзоби сиёсӣ бинобар ба миён омадани ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ сурат пазируфта, гурӯҳҳои ҷамъиятӣ дар ин кишварҳо дар заминаи манофеи миллӣ ташкил мешудаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи ормонҳои миллӣ дар шароити басе мушкилзо ба вуҷуд омада, яке аз ҳадафҳои он хомӯш сохтани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ҳизби мазкур таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳизби мардумиро дар он давраи нобаҳангом таъсис дода, ба вазифаи Раиси ҳизб интихоб гардиданд, дар муддати кӯтоҳ ба ин ҳадафи пешгузошта шарафёб гардиданд. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни суханронии пурмуҳтаво дар анҷумани XV ҲХДТ авзои ҳамонвақтаро таъкид сохта, илова намуданд, ки ҳизби мо масъулияти дифоъ аз озодиҳои шаҳрвандон монанди озодии сухан, виҷдон, эътиқод, матбуот ва ғайраро дорост: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт. Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд».

Лозим ба ёдоварист, ки ҳизби мардумӣ барои халқ таъсис ёфта, бобати ҳимояи тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии мардумӣ фаъолият менамояд. Бинобар ин, дар назди аъзои он вазифаи ҷалби одамон ва таблиғи давлатдорию давлатсозии мардумӣ бо вижагиҳои ҳуқуқбунёду дунявӣ истодааст. Ҳар фарде, ки аз қишрҳои гуногун бо ҳизби мардумӣ мепайвандад, ба хубӣ дарк хоҳад кард, ки омили рушду тараққӣ кардани дилхоҳ давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ тақвият додани ҷаҳонбинии дунявӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, ҳизби мардумӣ ҳадафи асосии хешро дар таҳия ва татбиқи давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ дида, бо марому пайвастагӣ ҷиҳати роҳандозӣ шудани он амалан ҷаҳду кӯшишҳои собитқадамонаро аз ҳар узви хеш талаб менамояд. Аз ҳамин хотир аст, ки Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтани роҳу нақбҳо ва мактабу бохчаҳо ва дигар муассисаҳои такмили инсон беш аз пеш таваҷҷуҳ намуда, мустақилиятро аз авомили рушду тараққӣ донистаанд: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт.

Амалӣ шудани ин ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдомоти ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу нерӯгоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дар амри дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ – ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем».

Иҷрои вазифаҳои асосии худ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ба фаъолияти тамоми системаи сиёсӣ самараноктар таъсир расонанд ва онҳоро ба субъектҳои асосии ҳаёти ҷомеа табдил диҳанд. Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ на танҳо дар давлатҳои демократӣ амалӣ карда мешавад, аммо чун қоида, дар дигар низомҳои сиёсӣ вазифаҳои тамоман дигар амалӣ карда мешаванд. Дар шароити муосир ҳизбҳои сиёсӣ дар давлатҳои демократӣ як навъ механизми муштараки ҳамкорӣ, «миёнарав»-ии байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ, назорат аз болои он аз ҷониби аввалӣ мебошанд. Дар баробари ин ташаккули низоми ҳизбӣ дар асоси муборизаи софдилонаи рақобати ҳуқуқӣ барои қудрати сиёсӣ бо рушди институти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва манфиатҳои устувори гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ пайваста алоқаманд аст.

Намояндагони манфиатҳои аҳолӣ бо роҳи муттаҳид кардани манфиатҳои интихобкунандагон, бо шаклҳои гуногуни фаъолият пардохта, нақши худро зимни интихоботи сиёсӣ ба андозаи каму беш мегузоранд. Дар чунин шароит таваҷҷуҳ ба сифати фаъолияти сиёсӣ бештар гардида, раванди бо ҳар роҳу васила афзудани сафи ҳизбиён чандон истиқбол намегардад. Бинобар ин, Сарвари давлат ба ин масъала диққат дода, зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки ҳангоми қабули шаҳрвандон ба сафи ҳизб бояд ба сатҳи маърифатнокии довталабон аҳаммият дода шавад: «Дар робита ба масъалаи қабули аъзои нав ба сафи ҳизб ба масъулини ҳизбӣ бори дигар таъкид месозам, ки набояд танҳо аз пайи шумора рафт, баръакс бештар ба сифатҳои шахсии аъзои ҳизб эътибор дода, пеш аз ҳама, хоҳишмандон ва шахсонеро ба сафҳои ҳизб ҷалб бояд кард, ки маърифату маънавиёти баланд дошта бошанд ва ғояҳои созандаи ҳизбро содиқона ҷонибдорӣ намоянд».

Яке аз таъкидҳои саривақтии Пешвои миллат истифода аз лаёқату қобилиятҳои занон мебошад. Дар ҷомеаҳои муосир зан аз фаъолтарин шаҳрванд дониста шуда, дар рушду тараққии ҷомеа нақши босазо мегузорад. Дар сурати ба кору фаъолият ҷалб нашудани занон ҷомеа дар ҳоли нохудогоҳӣ қарор гирифта, наслҳое ба воя мерасанд, ки дар таассуб ғарқаанд. Бинобар ин, Раиси ҲХДТ ин навбат низ таъкид намуданд, ки ба фаъолияти ҳизбӣ занон низ ҷалб карда шаванд: «Дар марҳалаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ истифодаи самараноки нерӯи созандаи занон яке аз омилҳои муҳимми таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худшиносиву худогоҳии мардум мебошад. Гузашта аз ин, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳалли масоили занон ва ташаккули чеҳраи сиёсии онҳо яке аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизби мост. Тадбирҳои ҳизб дар ин бобат бояд ба ташаккули ҷаҳонбинии муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳимояи манфиатҳои занон, воридшавии онҳо ба раванди муносибатҳои нави ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои созандаи занон равона карда шавад».

Ҳизбҳои сиёсии муосир дар хидмати худ ба манфиатҳои ҷамъиятӣ як қатор вазифаҳоро иҷро мекунанд, ки тавассути онҳо нақши он дар ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, табақаҳои иҷтимоӣ зимни иҷрои вазифаҳои мушаххас ошкор карда мешавад. Вазифаи рӯйимизии дилхоҳ ҳизб дар давлати демократи пеш аз ҳама, муайян кардани ҳадафи рушд мебошад. Ҳизбҳо барои таҳкими фаъолияти сиёсии шаҳрвандон ва фароҳам овардани замина барои фаъолияти дарозмуддати сиёсӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳоле ки субъекти муҳимми сиёсат боқӣ мемонанд, дар кишварҳои демократии пешрафта таҳаввули муайянеро аз cap гузарондаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ормони «Ваҳдати миллӣ» ва таҳкими сулҳу суботи иҷтимоӣ яке аз вазифаҳои рӯзмарраи инсонҳо гардидааст ва ҳизбию ғайриҳизбӣ барои тақвияти ин масъала талош меварзанд. Раиси ҲХДТ ин мавзуро чунин баррасӣ намуданд: «Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, ба шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад. Воқеан, истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳар як узви ҳизби мо ба қадри он расанд ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва таҳким бахшанд».

Раванди ҷаҳонишавӣ ва авзои кунунии ҷаҳони муосир моро водор мекунад бобати таъмини сулҳу суботи кишварамон андеша кунем. Махсусан, фаъолгардии ҳаракатҳои мухталифи экстремистӣ ва ифротгароии динӣ кишвари моро низ асар карда, минбаъд моро водор хоҳад кард, ки ҷиҳати ҳифзу якпорҷагии мамлакатамон чораҷӯйӣ намоем. Сарвари давлат дар анҷумани навбатии ҲХДТ иктифо намуда, таъкид сохтанд, ки айни ҳол бо ниқоби ислом қариб ҳамаи рухдодҳои ваҳшиёна роҳандозӣ мешаванд ва моро зарур аст, ки қурбони ифротгароӣ нашавем: «Имрӯз мо шоҳиди густариши бесобиқаи фаъолияти ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва ифротгароии динӣ мебошем. Яке аз онҳо давлати ба ном исломии Шому Ироқ мебошад, ки ҳомиёну сарпарастони маънавии он ҷавонони зиёдеро қариб аз 80 кишвари гуногуни олам ба доми ғаразноки худ дароварда, ба ҷангҳои бисёр даҳшатноку ҷоҳилона бар зидди худи мардуми мусулмон сафарбар карда истодаанд. Мутаассифона, чунин аъмоли ваҳшатнок бо истифода аз номи ислом сурат мегирад, ки боиси бадномии дини мубини ислом ва мардуми мусулмон мегардад. Табиист, ки як қисми чунин ҷавонон минбаъд ба кишварҳои худ бармегарданд ва барои нооромиҳои иҷтимоӣ замина мегузоранд. Аз чунин ҳолат Тоҷикистони мо низ истисно нест».

Барои аҳзобе, ки дар замони муосир нисбат ба соири ҳизбҳо дар дохили як кишвар бартарӣ дошта, ҷиҳати пайвастани ҷомеаи шаҳрвандӣ бо қудрати сиёсӣ нақши муҳимро адо менамояд, вазифаҳо ва фаъолияти сиёсӣ ба ду бахши мувофиқ тақсим мешаванд: дохилӣ ва хориҷӣ. Қисмати дувуми ин вазифаҳо имкон фароҳам меоранд, ки ҳизб бо унсурҳои ифротгароёна дар муқовимат қарор гирифта, бобати ҳифзи якпорчагию сулҳу суботи дохилӣ иқдом намояд. Чунки сулҳу суботу оромии дохилии дилхоҳ давлат айни замон аз сатҳи баррасиҳои хориҷӣ вобаста буда, фаъолияти сиёсиро хориҷ аз ҳизбҳо таманно менамояд. Аз ин хотир, мубориза бо терроризму экстремизм низ барои ҲХДТ дар замони муосир яке аз ҳадафҳои асосӣ бояд баррасӣ шавад. Раиси ҳизби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон аз он таъкид намуда, бо қатъият илова намуданд, ки мубориза бо терроризму экстремизм чун ифротгароии динӣ вазифаи ҳар шаҳрванд новобаста аз мансубияти ҳизбӣ маҳсуб мешавад.

Ширин Қурбонова, доктори илмҳои таърих, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ