Skip to main content

“Дар ҷаҳони муосир варзиш ба василаи муҳимтарини таъмини сулҳ ва ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тавассути он давлатҳо ва халқу миллатҳо мақом ва нуфузи байналмилалии худро ҳифз намуда, аз ҳувияту шарафи худ дифоъ менамоянд”.

(Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Санаи 28.12.2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” баргузор гардид, ки дар он ҳамаи самтҳои фаъолияти корӣ дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд ва вазифаҳо барои соли 2025 муйян гардиданд. Дар Паём ба ҳамаи самтҳои асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид, натиҷаҳои сол хуб арзёбӣ ва дастовардҳои сол беҳтарин эътироф шуд. Боиси хушнудӣ аст, ки дар баробари таваҷҷуҳ намудан ба ҳамаи самтҳо ба соҳаи варзиш ва варзишгарони кишвар, ки парчамбардорон ва муаррификунандаи миллат дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд, диққати махсус дода шуд ва тамоми бурду бохти соҳаи мазкур хуб ҷамъбаст гардид.

Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.

Дар Паём Пешвои миллат қайд карданд, ки соҳаи варзиш зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар қарор дошта, пайваста барои рушди он чораҳо андешида мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки давраи асосии рушди ин соҳа дар кишвар ба солҳои аввали истиқлоли давлатӣ рост меояд, ки бо таъсису азнавсозии муассисаҳои варзишӣ, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз ёфта буд. Ҳарчанд дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ норасоии толорҳои варзишӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо мушоҳида мегардид, варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ макони муносиб барои машқу тамрин пайдо намекарданд. Вале бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва пайравӣ кардан аз сиёсати хирадмандона ва ободкоронаи Сарвари давлат ҷомеа ба бунёд ва азнавсозии иншооти варзишӣ оғоз намуданд. Давраи авҷи рушди соҳаи варзиш ба солҳои 2010 рост меояд. Дар ин сол Президенти кишвар барои минбаъд рушд додани соҳаи варзиш бо варзишгарони кишвар вохӯрӣ анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ фаъолияти варзишгарони кишварро дар даврони истиқлолият мавриди таҳлил қарор дода, барои рушду инкишофи соҳа чораҳои қатъӣ андешида шуд. Ба тамоми вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба рушди соҳаи варзиш дастур дода, аз соҳибкорони ватанӣ даъват карданд, ки дар сохтмони иншооти варзишӣ саҳм гузоранд. Дар ҷамъбаст супориш дода шуд, ки барои қабули “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2015” чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар доираи ин барнома 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба тасвиб расид, ки дар ниҳоди варзишгарони бонангу ори кишвар пайваста ғалаба карданро ҷо намуд. Пай дар пай “Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027” қабул гардиданд, ки дар рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии ҷавонон нақши муҳим доранд. Натиҷаи амалишавии ин Барномаҳо ва дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат буд, ки Роҳбари давлат дар Паёми солона махсус қайд намуданд, ки “...дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш бунёд карда шуд, ки нисбат ба 70 соли сохти гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад”.

Варзиш дар баробари ташвиқи тарзи ҳаёти солим яке аз василаи асосӣ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва миллатҳо ба ҳисоб меравад. Дар дипломатия варзиш ҳамчун роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстӣ миёни кишварҳо буда, нақши он дар барқарор ва мустаҳкам намудани равобити кишварҳо назаррас аст.

Дипломатияи варзишӣ як навъи махсуси дипломатия мебошад, ки тавассути варзиш муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкориро пеш мебарад. Ин консепсия нишон медиҳад, ки варзиш на танҳо як шакли рақобат ва тафреҳ аст, балки метавонад ҳамчун абзори муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ барои пайвастани миллатҳо истифода шавад.

Варзиш дар бисёр ҳолат метавонад шиддати муноқишаҳоро коҳиш дода, барои сарҷамъ намудани халқу миллатҳои гуногун мусоидат намояд ва барои расонидани паёмҳои сулҳ ва ҳамкорӣ истифода шавад. Масалан, чорабиниҳои байналмилалӣ, монанди Олимпиада ва Ҷоми Ҷаҳонии ФИФА, имконият медиҳанд, ки кишварҳо бо ҳам робитаҳои хуб барқарор кунанд. Баргузории мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ имконият медиҳад, ки кишвари мизбон фарҳанг, санъат, анъанаҳо, арзишҳо ва ҳувияти миллии худро муаррифӣ намояд.

Соли 2024 барои миллати тоҷик соли фаромӯшнашаванда буд, зеро дар ин сол варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 хуб ҳунарнамоӣ карда соҳиби 3 ҷойи 3-юм – нишони биринҷӣ гардиданд, ки ифтихори тамоми тоҷикон мебошад. Дар ин сол аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул гардид. Ташаббуси мазкур кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ бештар муаррифӣ намуд ва нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ба варзиш зиёд аст. Инчунин гӯштини миллӣ мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард ва муаррифгари миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳон гардид. Ҳамаи ин дастовардҳо аз мадди назари Пешвои миллат дур намонда дар Паём зикр гардиданд.

Ҳар як фарди кишварро лозим аст, ки аз дастовардҳои миллат ва боло рафтани нуфузи миллат дар сатҳи байналмилалӣ ифтихор намоянд. Кӯшиш кунанд, ки дар рушд ва нумуи давлат саҳмгузор бошанд, ҳамеша дастовардҳои кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоянд.

Ҳамин тавр, варзиш ҳамчун як шакли неруи нарми дипломатия метавонад дар барқарор кардани сулҳ, бунёди фазои ягонаи эътимоднок ва зиёд шудани муносибати байни миллатҳо нақши муҳим бозад. Агар ин раванд дуруст истифода шавад, он барои ҳалли низоъҳо хидмат мекунад.

Дипломатияи варзишӣ як василаи муҳим барои таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Тавассути чорабиниҳои варзишӣ, кишварҳо метавонанд ихтилофҳоро коҳиш диҳанд, фарҳангҳои гуногунро наздик созанд ва нуфузи худро дар ҷаҳон тақвият бахшанд. Ин раванд на танҳо барои ҳалли ихтилофҳо, балки барои ташвиқи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ низ нақши калидӣ мебозад.

Буриев Умед, - магистранти соли 2-юми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ