Skip to main content

Рӯзҳои 4 - 5-уми декабри соли 2025 Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни донишҷӯёну магистрантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки аввалин маротиба бо ташаббуси муштараки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур аз тамоми донишгоҳу донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ҷумҳурӣ теъдоди донишҷӯёни донишгоҳҳо 32 нафар ва теъдоди магистрон 12 нафарро ташкил намуданд, ки ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва бедор намудани завқи зеҳнӣ, пайдо кардани қобилияти тадқиқотии донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои олии мамлакат мебошад.

Бояд хотирнишон намоем , ки хушбахтона дар озмуни мазкур Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 2 -юми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда сазовори ҷои сеюм гардид, воқеан ҳам мояи ифтихору сарбаландии мост !