Skip to main content
Зиёда аз ҳазор сол аст, ки мероси илмию адабии ҳакими бузург, табиби ҳозиқ, олими номвар ва шоири амиқназар, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино зимнан таваҷҷуҳи муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи илмро ба худ ҷалб кардааст. Дар тӯли ин муддат роҷеъ ба афкори илмию фалсафии ӯ дар Машриқу Мағриб садҳо тадқиқот, инчунин рисолаю китобҳои алоҳида ва ниҳоят бешумор таълиф шуда, нақши алломаи Машриқзамин ва фарзанди барӯманди миллати тоҷики тоҷдор Абуалӣ ибни Сино дар тараққӣ ва рушду такомули тамаддуну фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ басо ҳам бориз аст.

321Лозим ба тазаккур аст, ки бо вуҷуди чунин муваффақиятҳои назаррас, на танҳо тамоми масъалаҳои баҳси мероси илмии Ибни Сино пурра таҳқиқу баррасӣ нашудааст, балки роҷеъ ба теъдоди асарҳои мутафаккир дар байни муҳаққиқони осори ӯ то имрӯз қариб, ки афкори ягона вуҷуд надорад.

Чунончӣ Абӯубайди Ҷузҷонӣ дар “Рисолаи саргузашт”, ки рӯйхати асарҳои ӯро зикр намудааст, аз ҷумла чунин гуфта: “баъзе (нусхаи) “Ҳикмати машриқия” дар як муҷаллад аст”. Ибни Сино баъди он ки соли 1023 аз зиндон озод шуд, ҳамроҳи бародараш ва шогирдаш Абӯубайди Ҷузҷонӣ ба шаҳри Исфаҳони Эрон сафар карда, сипас ин маконро ҷойи истиқомат пазируфт.

Ҳамин тариқ, марҳалаи ҳаёти Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Исфаҳон, ки онро мардум нисфи ҷаҳон ном мебаранд, солҳои зиндагониаш 1023-1037 босамартарин давраи камолоти эҷодии ӯ ба ҳисоб меравад. Чунки маҳз дар ҳамин шаҳр номбурда асарҳои бузургҳаҷми худ “Китоб-уш-шифо”, “ал-Қонун фи-т-тиб” ва “Донишнома”-ро пурра ба итмом расонд.

Мутаассифона, замони зиндагии мутафаккир дар шаҳри бостонии Исфаҳон ҳамзамон гувоҳи ҳаводиси мудҳиши таърихие мебошад, ки ба ҳаёт ва фаъолияти илмию эҷодии ӯ бетаъсир намондааст. Чунки соли 1030 Султон Масъуд писари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба шаҳри зебоманзари Исфаҳон ҳуҷум намуда, онро пурра ғорат кард. Маҳз бар асари ин ғорати мудҳиш на танҳо мардуми шаҳри Исфаҳон, балки аҳли илму адаб ва кулли донишмандони он низ дучори талаю тороҷи молу мулки худ гардиданд. Абуалӣ Ибни Сино низ аз ҷумлаи одамоне буд, ки на танҳо молу мулк, балки асарҳои гаронбаҳои ӯ аз тарафи тороҷгарон пурра ба яғмо рафтанд.

Тавре, ки аз мероси гаронбаҳою фалсафию илмии Ибни Сино ба мо маълум аст, ӯ асарҳояшро доим барои ду гурӯҳ одамон менавишт: яке аҳли “хосса” – яъне олимони ин соҳа ва дигар “омма” – умуман ҳаводорони ин ё он соҳаи илм ва фалсафа. Дар ин ҷо аз гуфтаи мавсуф бармеояд, ки “Мантиқ-ул-машриқийин” ба гурӯҳи “хосса” мансуб аст.

Оре, комилан дуруст аст, ки Абуалӣ ибни Сино дар ҳамин муқаддима фазилати пешвои мактаби машшоъ Арастуро эътироф карда, вале “шефтагони” ин ҷараёнро бошад танқид мекунад ва мухолифати худро дар ин амр ҳамзамон бештар нишон дода, аз ҷумла қайд менамояд, ки ӯ пайрави мутаассиби машшоиён нест. Ва онҳоро чашми дидан низ надорад.

Вале аз ин гуфтори Ибни Сино мо набояд ба хулоса оем, ки вай аз машшоиён ва раванди фалсафии онҳо комилан дурӣ ҷустааст. Балки ӯ чун пайрави машшоиён нуқтаҳоеро, ки аз назари муҳаққиқон ва аз ҷумла Арасту дур монда буданд, эҷодкорона шарҳу тавзеҳ додааст.

Абуалӣ ибни Сино соли 1023 дар синни ҷиҳилу чаҳорсолагӣ “Китоби ҳидоя”-ро таълиф кардааст. Дар ин давра, Ибни Сино на танҳо чун табиб, балки ҳамчун файласуфи камолёфта шуҳрату эътибори хосаи худро дошт. Чунки Абуалӣ ибни Сино то давраи оғози таълифи “Китоби ҳидоя” – дар ҷодаи фалсафа, ба воситаи асари мукаммал ва муҳимми фалсафиаш “Китоб-уш - шифо” таҷрибаи басо ҳам бою ғанӣ ҳосил карда буд.

Аз нигоҳи мавсуф қисме аз илмҳо ҷузъӣ ва баъзеи онҳо куллист. Ҳар яки ин илмҳо дар он муштараканд, ки мавзуи хосаи худро доранд ва ҳақиқати ин мавзуъ дар онҳо бармало равшан мегардад. Бар замми ин дар ин илмҳо моҳияти мавзуъ, ҳолатҳои мансуби вай ва аразҳои зотиаш комилан таҳқиқ мешаванд. Ҳар як мавзуъ аразҳои зотии худро дорад, ки дар илм вуҷуди онҳо низ омӯхта мешавад. Ин мавзуъ дар китоби ӯ “Ал-Бурҳон” баён шудааст.

Илмеро, ки мо таҳқиқ менамоем, илми ҷузъӣ буда, мавзӯи он аз он ҷиҳат умури табиӣ аст, ки он умури табиӣ, (доим) дар тағйир аст. Ба таҳқиқот доир ба мавзуи умури табиӣ, дар умури ҷузъӣ, аразҳои зотие мебошанд, ки ба ҷиҳати умури табиӣ будан дар онҳо ба амал меоянд ва лавоҳиқеанд, ки аз ҷиҳати суратҳо, аъроз ва чизҳои аз онҳо ҳосилшаванда буданашон ба умури табиӣ пайваст мегарданд.

Ҷисми табиӣ ҷавҳарест, ки дар он метавон имтидоди якум, ки имтидоди дуввумро қатъ намуд ва имтидоди сеюмро, ки ҳарду имтидодро ба тарзи қоим қатъ мекунад, фарз кард. Маънои гуфтори онҳо “ҷисми табиӣ тавил, ариз ва амиқ аст” ин аст, ки ҷисми табиӣ ин фарзҳоро қабул менамояд.

Аммо имтидодҳои табиӣ камияти қутрҳои ҷисманд, ки гоҳе ба он пайваст ва боре аз вай ҷудо мешаванд. Гоҳе камияти ҷисм тобеи тағйири аразҳо ё суратҳои ҷисм аст, монанди он ки об гарм шавад, ҳаҷми он низ меафзояд. Маъноеро, ки мо ишора кардем, сурат ва ҷавҳари ҷисм аст, ки он тағйир намеёбад. Зеро мо барои таҳқиқи умури табиие, ки мавзуи ин илм аст, эҳтиёҷи зиёди худро дорем.

Шайхурраис гуфта “Тадқиқи илм ба воситаи умури табиӣ аз роҳи донистани мабдаъҳо, сабабҳо ва дарёфтани сабабҳои зидди онҳо ба даст меояд. Ин мабдаъҳо бошанд, вуҷуд доранд ва дар илми мобаъдуттабиа баён мешаванд. Аммо он чи дар ин илм омӯхта мешавад, умури табиианд, зеро ҳамаи умури табиӣ дорои мабдаъҳо ва сабабҳои омманд, ки бо ёрии онҳо умури оммае дониста мешавад, ки монанди ҷинсҳо ва аразҳоанд. Ин умур ҳамчунин сабабҳо ва мабдаъҳои хостаре доранд, ки ба воситаи онҳо умури хостари монанди навъҳо ва аразҳо дониста мешавад. Пас, донистани ҷинси яке аз навъҳо бояд, ки пештар аз донистани навъ бошад, зеро ҷинс ҷузъе аз ҳадди навъ аст ва донистани ҷузъи ҳад пеш аз фаҳмидани ҳад мебошад.

Табиатшинос фоилро барои он тадқиқ мекунад, ки ҳолати ҳар як умурро муайяну исбот кунад. Агар табиатшинос ин амрро ба ҷо орад, пас ба ин тариқа он табиати фоилро, ки барои табииёт муштарак аст, муайян месозад. Ман табиатро ин тарз муайян менамоям, ки вай мабдаи аввали ҳаракате мебошад, ки дар табиат мавҷуд аст. Сукунати табиат на аразӣ, балки зотӣ аст ва воҷиб нест, ки дар ҳар як чиз мабдаи ҳаракат ва сукунат дар як вақт вуҷуд дошта бошад, балки мабдаи кулл амри зотиест, ки аз ҳаракат ва сукунат сар мезанад. Маънои гуфтори ӯ ин аст, ки “табиат мабдаи аввал, яъне (мабдаи) қариб аст, ки байни вай ва таҳриқ воситае нест”.

Боз мавсуф чинин гуфта: “Пас, табиат мабдаи ҳаракати чизест, ки ба (сабаби) аразӣ ҳаракат намекунад. Гуфтори ӯ “мабдаи ҳаракатҳо” (чунин маънӣ дорад), ки ҳамаи хелҳои ҳаракатро (дар бар мегирад), яъне мабдаи ҳама гуна ҳаракат ба воситаи зот аст ва он табиат аст. Ин ҳадди табиат аст, ки мисли ҷинсият аст. Ҳар як табоее, ки дар зери табиат мавҷуд аст, маънои худро дорад ва ба воситаи он амри табиат ошкор ва ҳақиқати он равшан мешавад. Аз ҷисмҳое, ки дар пеши мо вуҷуд доранд, феълу ҳаракатҳо пайдо мешаванд. Баъзе феълу ҳаракатҳоеро, ки мо мушоҳида мекунем, аз сабабҳое сар мезананд, ки аз худи ҷисмҳо берунанд.

Гуфтаанд ки “ҳар гоҳ аз кӯза ҳаворо кашида онро чаппа намоӣ, об дохили кӯза мегардад”. Ҷавобаш ин аст, ки агар кӯза пур аз об мебуд, дар он сурат ба он чизе дохил намешуд ва ҷоиз аст ҷисми ҳаҷман хурдтар ва ҳаҷман калонтар, чи тарзе дар сифати тахалхул ва такосуф зикр кардем ё табиӣ ва ё қасрӣ истифода шавад. Инчунин раво бувад, ки ҷисм ё табиӣ ва ё қасрӣ гарм ва хунук шавад. Чунин ҳолат дар бузургӣ ва хурдӣ низ зиёд дида мешавад”.

Хулоса, ҳамин тавр, саҳми ин олим ва энсиклопедисти сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар рушди илми тиб, балки илмҳои дақиқ, ҷамъиятшиносӣ ва биоложӣ басо ҳам бориз аст. Хидмати Ибни Сино дар рушди илми кимиё, коншиносӣ ва маъданшиносӣ ҳам чашмрас мебошад. Мавсуф якравиро нишонаи таассуб ва инчунин ҳомии одам медонист. Аз ин рӯ, мавсуф чунин фармудааст: «Таассуб дар донишу фалсафа монанди ҳар таассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад».

Лозим ба тазаккур аст, ки ин донишманди мумтоз бо таҳлили сохтори як шаҳобсанг, ба ташкили харсангҳои русубӣ ва нақши заминларза дар пайдоиши кӯҳҳо андешаҳои ҷолиби худро ошкор баён кардааст. Чунки имрӯза кишварҳои шарқӣ бошиддат ниёзманди рушди фалсафаи табиии худ ҳастанд ва дар ин замина метавонанд ба назарияҳои фалсафаи илми Ибни Сино ба таври пурра такя намоянд. Ҷанбаҳои мухталифи фалсафаи табиӣ ва риёзии Сино дар китоби машҳури ӯ «Шифо» низ бештар ба назар мерасад.

Ҳамин тариқ, метавон иброз дошт, ки Абуалӣ ибни Сино дар баробари фаъолиятҳои илмии худ инчунин баҳри тарбияву табобати аҳли башар хидмати басо ҳам арзанда кардааст. Хизматҳои мондагору назарраси мавсуф баҳри пешрафт ва инкишофи илмҳои тиб, дорушиносӣ ва мавзуи марбут ба эшон бештар аст.

Бобозода Бақохоҷа, директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ