Skip to main content

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол ва тозабунёд буда, аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо пайваста рушд ва тараққӣ карда истодааст. То ин замон ҳамаи он дастовардҳо ва ташаббусҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардааст, бо шарофати сиёсати созанда, озмудашуда ва муваффақи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “сиёсати дарҳои кушода” ташкил дода, муносибатҳои худро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри XXI бо эълони “сиёсати дарҳои кушода” равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуданд, ки пас аз гузашти солҳо ин сиёсат ҳамчун сиёсати озмудашуда ва муваффақ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Интихоби сиёсати “дарҳои кушод” аз як тараф роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби дигар инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик яъне дустӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки самараи бевоситаи Пешвои миллат мебошад. [1]

Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар соҳаҳои гуногуни тақозои замон равобит намуда истодааст.[2] Ин муносибатҳо соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Дар ҷаҳон ҳастанд, кишварҳое ки ҳудуди муайян доранд, вале истиқлолият ва арзишҳои миллии худро надоранд. Барои ин гуна кишварҳо сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан “сиёсати дарҳои кушода” намуна ва дастурамали хос шуда метавонад. Тавассути “сиёсати дарҳои кушода” Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмону ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ворид гардида, бо талошу заҳматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият на танҳо бо кишварҳои ҳамҷавор, инчунин бо кишварҳои тараққикарда низ робитаҳои густардаро ба роҳ мондааст. Кореяи Ҷанубӣ, яке аз кишварҳои тараққикарда ва абарқудрат ба шумор меравад, ки иқтисоди бо суръат рушдкунанда дорад. Ҳамзамон метавон қайд кард, ки Кореяи Ҷанубӣ ба кишварҳои “Бабрҳои Осиёӣ” шомил мебошад. Модели инноватсионии рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ як намунаи хос дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида метавонад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрсамта тавассути “сиёсати дарҳои кушода” ҳадафҳои геополитикӣ ва манфиатҳои миллии худро ба даст орад.

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор гардидааст. Аз оғози робитаҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, энергетиқӣ, илмӣ – техникӣ ва маънавӣ – фарҳангӣ ҷараён дорад. Соли 2008 Ҷумҳурии Корея намояндагии худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея аз 15-уми апрели соли 2013 расман ба фаъолият оғоз намуд. Мавриди зикр аст, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея соли 2015 дар заминаи сафари Президенти кишвар ифтитоҳ гардид. Асоси тамоми ин ҳамкориҳо дар мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ким Ён Сам (соли 1995 дар шаҳри Ню-Йорк) баргузор гардида буд.[3]

Бояд қайд кард, ки дар таърихи ҳамкориҳои дуҷониба, аввалин маротиба санаи 15-17-уми июли соли 2019 дар сатҳи боломақом Сарвазири Кореяи Ҷанубӣ Ли Нак Ён бо ҳайати вакилони худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ саноатӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Дар мулоқоти мазкур доир ба самтҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахшҳои хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҷонибҳо табодули назар намуданд. Метавон гуфт, ки вохӯрии мазкур қадамҳои аввал дар рушди ҳамкорибҳои тарафайн ба ҳисоб рафта, барои дар оянда таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрсамта нақши муҳим мебозад. Зеро дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои судманд баррасӣ гардида, бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ рӯз то рӯз ҳамкориҳо миёни ду кишвар рушд гардида истодааст.[4]

Мавриди зикр аст, ки санаи 1-уми апрели соли 2021 Раиси Парлумони Кореяи Ҷанубӣ Пак Бён Сок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Дар ин нишасти самимӣ ба масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳо ба хусус дар таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ Тоҷикистону Корея таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад, яке аз омили таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни ҷонибҳо гардад. Инчунин қайд гардид, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ намуданд.[5]

Бояд қайд намуд, ки дар давраи истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи “сиёсати дарҳои кушода” ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрсамтаи худро миёни Кореяи Ҷанубӣ густариш дода истодааст. Дар доираи ҳамкориҳои сиёсию дипломатӣ санаи 29-уми ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Чон Ий Ёнро бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштироки Форуми “Осиёи Марказӣ + Ҷумҳурии Корея” дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи феълии ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд, ки мо Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонем ва ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем. Инчунин дар ин мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши робитаҳо дар доираи Форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими ҳамкориҳо дар афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ миёни ду кишвар гардад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, энергетика, гидроэнергетика, саноат, саноати коркарди кӯҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ҳар ду кишвар маънидод гардид.[6]

Таҳкими “сиёсати дарҳои кушод” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон як василаи хос ва аввалиндараҷа дар рушди ҳамкориҳои судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Нақши “сиёсати дарҳои кушода” дар таҳкими робитаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, илмӣ-фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ назаррас мебошад. Ҷонибҳо баҳри ба даст овардани манфиатҳои миллӣ ва робитаҳои зич ва судманд пайваста талошҳои худро равона менамоянд. Ҷумҳурии Тоқикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар баробари ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамта, инчунин дар доираи фармати нави муносибатҳои байналмилалӣ “5+1” яъне Кореяи Ҷанубӣ-Осиёи Марказӣ низ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ҳадафҳои асосии Форуми Корея-Осиёи Марказӣ рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои логистика, энергетика, модернизатсия ва диверсификатсияи саноат, тағйирёбии иқлим-экология, тандурустӣ–тиб, маориф-фарҳанг мебошад. Ҷонибҳо баҳри ба даст овардани ҳадафҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ дар доираи консепсияи “5+1” фаъолият намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамтаро дар соҳаҳои мазкур густариш дода истодаанд.

Санаи 6-уми сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (КОЙКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқоти мазкур ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Кореяро шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ ва КОЙКА-ро ниҳоди муҳими тақвияти ин шарикӣ номиданд. Бояд қайд намуд, ки дар 7 моҳи соли равон гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар 29% афзоиш ёфтааст. Дар рафти суҳбат ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои мухталиф аз ҷумла дар самтҳои энергетика, нақлиёт, саноат, соҳибкории хурду миёна, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ гардиданд. Инчунин ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва идораи об, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва таъмини рушди устувор низ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ гардид. Ҳамзамон дар масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба аз қабили тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, афзоиши бунёди “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, таъсиси “технопаркҳо”, ҷорӣ намудани “технологияҳои рақамӣ” ва тавсеаи “тиҷорати электронӣ” ибрози андеша намуданд.[7]

Ҳамин тавр ҷойгиршавии минтақаи Осиёи Марказӣ боис гардидааст, ки кишварҳои абарқудрат ба ин минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, зеро кишварҳои абарқудрат Чин, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ тавассути рушди ҳамкориҳо дар доираи консепсияи “5+1” метавонанд роҳҳои нави тиҷоратии Авруосиёро кушоянд. Кореяи Ҷанубӣ дорои нисбатан ками захираҳои табиӣ мебошад, ки ба ашёи хоми захираҳои табиӣ бештар таваҷҷуҳ дорад. Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, шароитҳои нави рушди иқтисодиро миёни ду кишвар фароҳам орад. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 18 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаву бисёрсамта нақши калидӣ мебозад. Инчунин метавон гуфт, ки ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати корӣ дар самти муҳоҷират дар робитаҳои ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, ки натиҷаҳои онро дар ояндаи наздик хоҳем дид.

Пешниҳод

- истифода аз усулу равишҳои иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ ва логистикаи Кореяи Ҷанубӣ дар шароити кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ;

- истифода аз таҷрибаҳои ҳукумати электронӣ, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, тибби рақамии Кореяи Ҷанубӣ ва ҷорӣ намудани ин сохторҳо дар шароити кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷалби сармоягузорони ширкатҳои бузурги Кореяи Ҷанубӣ бунёди марказҳои логистикии Кореяи Ҷанубӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак бо ҷалби сармояи Кореяи Ҷанубӣ дар рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан бо дар назардошти манфиатҳои милии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба роҳ мондани робитаҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Кореяи Ҷанубӣ махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Файзуллаева Н игора, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёт:

1. Мирзоев Ҳабибҷон “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва эҷоди давлати миллӣ” 15.11.2019. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (osiyoavrupo.tj)

2. Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон | Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/dastovardhoi-sijosati-khorijii-tojikiston

3. Аслов, С. М. (зери наз.), 25 Қадам дар паҳнои олам. Душанбе: Ирфон, 2016, 2020 саҳ 100

4. Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён /Президенти Тоҷикистон- President of Tajikistan- Президент Таджикистана /- (prezident.tj) http://www.prezident.tj/node/20682

5. Пак Бён Сок: «Мы высоко оцениваем усилия Президента Таджикистана Эмомали Рахмона по обеспечению мира и стабильности в регионе Центральной Азии» | НИАТ "Ховар" (khovar.tj)

6. Мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея https:// www. mfa.tj /tg/ main/view/9262/muloqoti-peshvoi-millat-prezidenti-jumhurii-tojikiston-bo-vaziri-korhoi-khorijii-jumhurii-koreya

7. Мулоқот бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Сам https:// president. Tj / event/news/47172