Skip to main content
Дар шароити муосири тезутунди ҷаҳонишавӣ падидаи номатлуби радикализм ва ё тундгароӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти сиёсӣ ва маънавию фарҳангии бисёр кишварҳо гардида, дар амалу фаъолияти маънавии элитаҳои сиёсӣ, шаҳрвандони оддӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеа баръало зоҳир мешавад.Ин падидаи номатлуб гуногунҷабҳа буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба маротиб шиддат гирифта, зоҳиран ва моҳиятан хеле тағйир ёфтааст. Вай шаклу намуди гуногунро пазируфта, ба мушкилоту хатарҳои муосири фарҳангӣ худро мувофиқ сохта, амалҳои шуми худро анҷом медиҳад.

Воқеаҳои гузаштаи таърихӣ ва раванду тағйиротҳои ҷаҳони муосир ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки усулҳои тундгароӣ хоссатан дар шароити бӯҳронҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳангоми ҳалли муноқишот ва мушкилоти онҳо аз ҷониби мақомоти давлати васеъ истифода мешавад.Дар вазъияти хеле муташшаниҷи ҷомеаи муосир, ки ҷангу хунрезиҳои зиёде дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна, Африқо, баъзе минтақаҳои даргири Европа ва ғайра рӯҳияи хушунатгароии пешоҳангони равандҳои сиёсӣ, инчунин фаъолияти созмонҳои гуногуни тундгаро ва ифротӣ ба таври назаррас боло рафтаанд. Дар айни замон, таҳқиқоти тундгароӣ, шаклҳои асосӣ ва хусусиятҳои он яке аз масъалаҳои хеле муҳими илмӣ ва амалӣ ба ҳисоб рафта, аз муҳаққиқон тақозо менамояд ба паҳлуҳои мухталиф ва роҳу усулҳои муборизоти он диққати ҷиддӣ зоҳир созад.

Қобил ба зикр аст, ки омӯзиши падидаи тундгароӣ ҳанӯз аз даврони кӯҳан ва “эҳё” диққати олимонро ба худ ҷалб карда, дар асрҳои ХХ ва нимаи аввали асри XXI хеле рӯзмара шудааст. Танҳо дар ду даҳсолаи охир китобу мақолаҳо ва таълифоти зиёде дар ин мавзӯъ навишта ва нашр шудаанд. Дар байни олимоне, ки моҳият, хусусият, шаклҳо ва усулҳои мубориза бо тундгароиро таҳқиқ кардаанд, аз кишварҳои Европа, Шарқ ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳазорҳо мерасонд.

Масъалаи ифротгароӣ ва шаклҳои нави он, ки мавриди таҳқиқ карор гирифтааст, новобаста ба омузиши ҳамаҷонибаи он барои хонандаи тоҷик, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта ва шаклгирӣ ва зуҳуроти он дар ҷаласаи пасошуравӣ Тоҷикистон ошноӣ дорад, хеле зарур аст, зеро ба қавли Президенти кишвар “фаромӯш набояд кард, ки яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад” [1.c.15].

Ба ҳамин тариқ истилоҳи тундгароӣ аз тарҷумаи калимаи радикализм (англ.radicalism, аз лот. radiх реша) гирифта шуда, дар Англия дар охири асри ХVIII вориди фарҳанги истилоҳот гардидааст. Чарлз Фокс аввалин шуда калимаи “радикализм”- ро барои ишора ба ҷонибдорони даврони кӯҳан ва тағиротҳои куллӣ дар низоми давлатҳои аврупоӣ дар такя ба намунаи давлатдорӣ дар Фаронса истифода бурдааст (27,с.21). Сипас ин мафҳум дар асри ХIХ ба тадриҷ дар Аврупо паҳн гардида, тафаккури илмӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фалсафии аҳли ҷомеаро ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ равона кард. Сараввал зери ин мафҳум “тағйиротҳои бунёдиро” дар назар доштанд.

Дар даврони шиддат гирифтани инқилобҳои саноатӣ ва иҷтимоии зиддифеодалӣ, буржуазӣ, радикализм ҳамчун намунаи навини дигари рушди иҷтимоии ҷомеа муаррифӣ шуда, ки дар афкори иҷтимоӣ сиёсии аврупоиёни асри ХХ таввасути ҷонибдорони “традитсионализм” ва “консерватизм” ба вокуниши ҷиддитар ба рӯ ба рӯ шуд. “Радикализм” на танҳо ба маънои “инқилоб”, балки тамоми шаклҳои он вокуниш ёфта, раванди таърихии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро дар тӯли зиёда аз дусад соли охир муайян кард.

Маҳз он ҷунбишиён номи “радикализм” -ро ба худ касб карда буд имкон дод, и шакли дигари муътадилсозии динамикаи иҷтимоӣ дар шароити равандҳои босуръати иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ ва мутобиқсозии баланди зиддибӯҳронии ҷомеаи аврупоӣ ба вуҷуд ояд. Мафҳуми “радикализм” дар худ муҳтавои муҳити номусоиди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, тасавуроту ҷаҳонбинӣ ва идеологӣ, таҳдидҳои техногенӣ ва экологӣ, омилҳои маънавӣ муносибатҳои иҷтимоӣ-психологӣ ва хусусиятҳои апнтропологӣ намунаи ботини рафтору кирдори шаҳрванди аврупоири дар бар гирифт.

Қобил ба зикр аст, ки зуҳури ин шакли “радикализм” ва ё тундгароӣ дар натиҷаи афзоиши беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, паҳншавии сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва карупсия, барҳам додани низоми кафолати иҷтимоӣ, ноамнии ҳуқуқии шахс ва моликият, даст кашидан аз раванди дигаргунсозиҳои демократӣ ва рӯё оварданд тақвияти бахшидани тамоюлоти авторитарӣ, заиф шудани давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, парокандагии низоми анъанавии арзишҳо, низоъҳои пинҳонӣ ва бисёр омилҳои дигари объективӣ ба вуҷуд омад.

Дар баробари ин мафҳуми тундгароӣ ва ё “радикализм” дар иртибот ба ғайриимкон будани тағйиротҳои ҷиддӣ дар вазъи мавҷудаи иҷтимоӣ бо истифода аз усулҳои демократӣ, набудани имконот барои баёни норизогӣ нисбат ба сохторҳои давлатӣ ва сиёсати мавҷударо рӯӣ кор омад. Нокомии элитаҳои сиёсӣ дар ҳалли самараноки мушкилоти иҷтимоӣ, ҷустуҷуи роҳҳои раҳоӣ аз бӯҳронҳои тӯлонӣ ва муноқишаҳо низ омилҳое мебошанд, ки ба “радикализатсия” ва ё тундгаро шудани гурӯҳҳои норозӣ, табақаҳо ё шахсони алоҳида мусоидат кард.[3 с.13].

Қабл аз ҳама, мафҳуми “радикализм” ба маънои зикршуда, дар баробари ин маънои тарзи тафаккур ва модели рафтори ба он алоқамандро низ дорад. Масалан, фундаментализм ба маънои риояи қатъии талаботи ҳама гуна таълимот (динӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва ғайра) дошта утопизм - тасаввуротро дар бораи имкониятҳои бунёдии ҷомеа, ки дар он намунаҳои асосии разилатҳои иҷтимоӣ решакан карда мешаванд дар худ ғунҷонидааст.Аммо инқилоб бошад ин эътирофи ногузири тағироти куллӣ тавассути зуроварӣ дар доираи муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ғайраро дар назар дорад. Дар доираи ин мафҳумҳо унсури аввалӣ ҳамчун қисми ҷудонопазири радикализм моҳияти олами ҳастӣ ва сабаби номувофиқатии муносибатҳои иҷтимоии мавҷударо муайян карда, унсури дуюмӣ бошад ба идеали иҷтимоӣ ишора мекунад, ки ҷомеа бояд ба он саъй кунад.Аммо унсури сеюмӣ усули бо роҳи зуроварӣ ба даст овардани идеалро дар бар гирифтааст. Ба ибораи дигар, ин се унсури аососии моҳияти онро дар бар гирифта, ба саволҳои “чӣ”, “чаро” ва чӣ гуна” будани ҳаёти иҷтимоӣ ҷавоб медиҳанд.[4, с.258].

Ҳамчунин мафҳуми тундгароӣ ва ё радикализм дар масъала бо роҳи “оддӣ” ҳал кардани мушкилоти мураккабу гуногунҷабҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, байниқавмӣ, динӣ, экологӣ ва ғайраро тавассути зуроварӣ ҳамчун воситаи “самаранок” ва амали мустақиму фаврӣ барои бартараф кардани маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, инчунин омода сохтан ба муколама ва созиш тавсиф мекунад. Ба хусусиятҳои асосии тундгароӣ- “радикализм” инҳо шомил мебошанд: тақсимоти ҷомеа ба қувваҳои оштинопазир, яъне ба “худиҳо” ва “бегонагон”; ҷустуҷӯи доимии душманону гунаҳкорони нооромиҳои иҷтимоӣ; ташнаи мубориза ва рӯҳияи муқовимати харобиовар ба душманон; максимализм; омодагӣ барои шаҳид шудан; ҷустуҷӯи усули умумии ҳалли мушкилоти мураккаби иҷтимоӣ; услуби тоталитарии тафаккур ва ғайра [30, с.89].

Тундгароӣ дар раванди низоми иҷтимоӣ-сиёсӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: ихтори иттилоотӣ дар бораи дараҷаи номусоидии муҳити иҷтимоӣ- сиёсӣ; рафъи ташаннуҷи иҷтимоӣ тавассути гурӯҳҳои норозӣ, фишор ба институтҳои сиёсӣ, омодагӣ, қабул ва татбиқи қарорҳои сиёсӣ; ислоҳи самти сиёсат; ҳавасмандгардонии тағйироти куллии иҷтимоӣ-сиёсӣ, навоварӣ ва ғайра [6, с.89].

Болотар аз ин тундгароӣ ҳамчун риояи қатъии усули ҳама чизҳои нав (ҷадид) метавонад дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоӣ зоҳир шавад ва дар баъзе ҳолатҳо, масалан, вақте сухан дар бораи ҳалли бунёдии ин ё он мушкилоти назарӣ ё амалӣ мешавад, асоснок карда мешавад.Аммо вай дар муносибатҳои иҷтимоӣ ҳамчун низоми муносибат ва амал, ки бо ахлоқ ва амалҳои иҷтимоӣ мухолифати шадид дорад, ғайриқобили қабул мебошад.

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло метавон ду шакли тундгароиро, ки ҷомеаи муосир бо онҳо рӯ ба рӯ ҳаст ҷудо намуд: тундгароии иҷтимоӣ ва сиёсӣ.Тундгароии иҷтимоӣ дар маҷмӯъ афзалияти манфиатҳои ҳар як гурӯҳи иҷтимоиро нисбат ба манфиатҳои ҷомеа эътироф менамояд. Масалан, “феминизм” як навъи тундгароии иҷтимоӣ буда, ба дараҷаи мутлақ нишон додани аломати гендерӣ ташаккул ёфтааст. Дар навбати худ, тундгароии динӣ динро унсури асосии ҳаёти инсон ва манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоии дахлдорро ҳамчун манфиатҳои ҷомеа эътироф мекунад. Шаклҳои асосии радикализми иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ зуҳуроти нажодпарастӣ, этноцентризм, феминизм, экологизм, фундаментализми динӣ, субҳфарҳангҳои ҷавонон ва мухлисон, ҳзаракати ЛГБТ ва ғайра эътироф карда шудаанд [7].

Шаклҳои тундгароӣ аз қабили тундгароии иҷтимоӣ - этникӣ ва динӣ дар назария ва амалияи муносибатҳои байналмилалӣ ва байнимазҳабӣ пойбандии ақидаҳо ва усулҳои шадид мебошанд. Тарафдорони онҳо, ки аз мавқеи ҳимояи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои як миллат ё дин баромад мекунанд, ҳуқуқҳои дигар халқу динҳоро ошкоро ва таҳқиромез поймол месозанд. Идеологияи онҳо миллатгароии ҷиҳодӣ, бунёдгароӣ, ксенофобӣ ва шовинизми миллатгароӣ буда, сиёсати онҳо зӯроварии этникӣ ё динӣ дар ин ё он шакл мебошад.Хусусиятҳои хоси тундагароии динӣ таҳамулнопазирӣ нисбат ба атрофиён мебошад, ки бешубҳа барои мавҷудияти устувори давлат хатар эҷод мекунад.Хатари тундгароии динӣ инчунин вобаста ба тамоюли ҷинояткории аъзоёни як қатор равия ва мазҳабҳо вобаста мебошад.Тамоюлоти ҷиноятии ин равияҳо аз “фанатизм” дар амалҳои онҳо дарак медиҳад. [8, саҳ.105].

Ҳангоми ҷудо кардани диндорон ва равияву мазҳабҳо ва фарҳангҳои динӣ ҳамчун равия “радикалӣ” бояд хеле эҳтиёткор шуд, зеро аксар вақт гуногунрангӣ аз ҷониби ин равияҳо ба ифротгароӣ (экстремизм) оварда мерасонад. Дар бисёр ҳолатҳо сатҳи идеологии радикализми иҷтимоӣ дар шакли хеле содда тавсиф карда мешавад, ки ин нодуруст аст, зеро аксаран идеологияи “экстремизми иҷтимоӣ” ба идеологияи сиёсии пешрафта табдил меёбад. Аммо, як қатор “идеологияҳои иҷтимо” мавҷуд мебошанд, ки дар доираи фарҳангҳои муайян боқӣ мемонанд. Намунаи барҷастаи чунин идеологияи радикалии иҷтимоӣ ин идеологияҳои фарҳангии ҷавонон шуда метавонад. Ҷараёнҳои радикализми иҷтимоӣ дар амалҳои хоси аксаран даст ба баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ, пикетҳо ва намоишҳои ғайриқонунӣ, содир кардани амалҳои авбошӣ ва амалҳои харобиоварӣ, вайрон кардани фаъолияти нақлиёт ва ғайра мезананд. Яке аз таҳдидҳои муҳимтарини “тундгароӣ ва ё радикализми иҷтимоӣ” ба ҷомеа он аст ки вай ҳамчун заминаи тундгароии радикализми сиёсӣ хидмат мекунад ва мақсад дорад бо истифода аз вазъияти мушкили иҷтимоии байналмилалӣ ва байни динҳо ҷомеаро ба бӯҳрони пурраи иҷтимоию сиёсӣ савк диҳад, ин раванд қодир ба он аст, ки барои нерӯҳои барангезандаи ин буҳрон заминаҳои ғасби ҳокимияти давлатиро дар кишвар ва ё минтақаи алоҳидаи фароҳам орад. Ин падида дар якҷоягӣ бо пешрафти технологияҳои иттилоотӣ аз рушди экстремизми иттилоотӣ дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад бурд. [11]. Дар муқоиса бо тундгароии иҷтимоӣ тундгароии сиёсӣ мақсад дорад ҳокимияти давлатиро ба даст орад ва ҳукумронӣ кунад. Илова бар ин майдони муборизоти иҷтимоии тундгароии сиёсӣ одатан васеътар буда, бунёди решаҳои идеологӣ нисбат ба идеологияи тундгароии иҷтимоӣ бештар коркард шудаанд. Бо вуҷуди фарқиятҳои ҷиддӣ байни радикализми иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар байни онҳо бешубҳа робитаи мутақобила ба назар мерасад. Масалан, фаъолияти тундгароӣ метавонад дар ду шакл зоҳир шавад: якум, ҳамчун фаъолияте ки бо истифодаи зӯроварии сиёсӣ алоқаманд нест (масалан аксияҳои эътирозӣ, пикетҳои ғайриқонунӣ, бастани роҳҳо ва ғайра); дуюм, ҳамчун фаъолияте, ки дар асоси он истифодаи зуроварӣ дар шаклҳои гуногун (терроризм, генотсид, репрессияҳои оммавӣ ва ғайра) ҷой дорад. Маҳз фаъолияти тундгароӣ бо такя ба истифодаи зӯроварии сиёсӣ метавонад ҳамчун ифротгароии сиёсӣ, яъне ҳамаҷониба пойбанди шаклҳои тундрави фаъолият дар сиёсат тавсиф карда шавад. Ҳамин тариқ, ифротгароии сиёсӣ як навъи фаъолияти тундгароӣ мебошад, ки ба истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ асос ёфтааст. Дар радикализми сиёсӣ ҷараёнҳои чап ва рост ҷудо карда мешаванд. Ба радикалҳои чап шахсон ва гӯруҳҳои сиёсии дорои ақидаҳои коммунистии шадиди чапгаро дохил мешаванд. Одатан, ба чунин гурӯҳҳо иттиҳодияҳои анархистӣ, ташкилотҳои коммунистҳои чап, аз ҷумла троцкистҳо, инчунин гурӯҳҳои коммунистие, ки дар мавқеи маоизм ва сталинизм истодаанд, дохил мешаванд.Хусусиятҳои муҳимтарини идеологияи тундгарои чап инҳоянд: коммунизм талош барои банёди ҷомеаи бетабақотӣ, ки холӣ аз истимсор меварзад; интернатсионализм эътирофи усулан баробарии тамоми нажоду миллатҳо ва қавмҳо аст; дар муқобили империализми рад кардани сиёсати таҷовузкорӣ, миллатгароӣ ва шовинистии синфи ҳокими кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва ғайра; муқобили ҷомеаи сармоядорӣ, арзишҳои он ва иқтисоди бозоргонӣ, дастгирӣ аз мудохилаи давлат ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ; инқилобгароӣ, эътирофи истифодаи усулҳои зӯроварии тағйир додани муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ғайра [4. с. 260-261].

Радикализми рост низ дорои усулҳои худ мебошад: авторитаризм, яъне омода сохтани имконотҳои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ, нигоҳ доштан ва ё ғасби ғайриқонунии он аз ҷониби шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ё ҳизб; миллатгароӣ- муаррифии миллати худ ҳамчун арзиши олӣ ва кӯшиши манфиатҳои он- ҳамчун хидмати шоиста; адами озодандешии гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар масъалаи ифодаи мавқеи шахсии худ; шовинизм ҳамчун шакли шадиди миллатгароӣ буда, бартарии як миллатро нисбат ба дигар миллатҳо ва ҳуқуқи тобеъияти онҳо эълон медорад; нажодпарастӣ- таълимот дар хусуси нобаробарии нажодҳо ва нақши муайянкуннандаи фарқиятҳои нажодӣ дар рушди ҷомеа ва фарҳанг ва ғайра.

Ба андешаи мо мубориза бо тундгароиро метавон танҳо тавассути таҳамулпазирӣ, муколамаи байнифарҳангӣ, байнидинӣ ва байналмилалӣ дар ҷомеа, ташаккули идеологияи зиддитундгароӣ, фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи демократӣ бо муваффақият анҷом дод. Идеология ва амалияи радикализмро метавон ба воситаи маъракаҳои иттилоотию таълимӣ аз ҷониби институтҳои давлатӣ, васоити ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ислоҳоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба мақсади демократкунонии тамоми соҳаҳои ҷомеа, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, тавонмандии табақаҳои иҷтимоӣ, бахусус гурӯҳҳои камбизоат, таъмини муколамаи баробарҳуқуқи байни конфессияҳо ва миллатҳо, иттиҳоди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фароҳам овард. Аз байн бурдани радикализм ғайриимкон аст, аммо кам кардани шиддати зуҳуроти харобиовари он комилан имконпазир мебошад.

Адабиётҳо

1. Э.Раҳмон. Суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар.- с.15.

2. Radicalisation: a marginal phenomenon or a mirror to society? / edited by Noel Clycq, Christiane Timmerman, Dirk Vanheule, Rut Van Caudenberg and Stiene Ravn. Leuven (Belgium) : Leuven University Press 2019.250 p.

3. Бороздин А.Н. Радикализм как социально -политический феномен. Весник Академии эканомической безапасности МВД Росси.2015 №6 С. 12-17.

4. Самойлов С.Ф., Плотников В.В. Концептуализация понятий социольного и политического радикализма и экстремизма. Весник Краснадарского унверистета МВД России. 2015 №4 (39). С. 258-261.

5. Русаков О.Ф. Томография радикализма. Дискрус -Пи: Научно-практический альманах 2001.Вып 1.С.86-92.

6. Левченко Л.О. Радикализм та экстремизм як крайни прояви нонконформнои повиденик : загальнотеоретичний аспект. Наукови праци ( Чорноморського державного унверистету имени Петра Могили). Сер. : Политология. 2009. Т.110 , Вип. 97.С.77-80.

7. Молодeжные субкультуры Москвы /Сост.Д.В. Громов, отв. ред. М.Ю. Мартынова. Москва : ИЭАРАН, 2009.544.с.

8. Борисовский А.В., Римский А.В. Дискурс экстремизма, радикализма и терроризма. Наука. Искусство. Культура. 2018. Вып.4 (20). С. 98-115.

9. Кубиякин Е.О.,Сафронов А.Н. Информационый экстремизм в среде молодёжи как деструктивный феномен соврименного российского общества. Вестник Краснадарского унверистета МВД Росси. 2013. № 4 (22) .С.100-104.

10.Лопушанский И.Н. Радикализм: теория и практика : учебное пособие для магистратуры /Акад. Генеральной прократуры РФ. Санкт Петербургский юридический ин-т ( фил.).2-е изд., перераб .и доп Санкт Петербург: Санкт Петербургский юридический ин-т (фил.) Акад. Генеральной Прократуры РФ,2016.47.

11. Религии и радикализм в постескулярном мире / (С.Амгар, А.М.

Ахунов , И.Л. Бабич и др.); под редакцией Е.И. Филипповой и.Ж.Радвани. Москва: Горячая линия – Телеком , 2017.331 с.

12.Кадиев А.М. К вопросу о сущности религиозного экстремизма. Религиоведение. 2007. № 4. С. 127-137

Шамолов А.А. – д.и.ф., ходими пешбари шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ