Skip to main content

Яқинан, бидуни омодагии қаблӣ дарку фаҳми нисбатан дурусту ба воқеият наздики осори классикони адабиёти форсии тоҷикӣ барои хонандаи муосир ба осонӣ муяссар намешавад. Тавре ки аз гузориши муҳаққиқи рус В. Я. Пропп бармеояд, мушкили дарку фаҳмиши осори гузаштагон танҳо домангири хонандаи имрӯзи тоҷик нест, балки аксари мардуми мутамаддини ҷаҳон ба он гирифторанд: «… имрӯз мутолиаи осори Эсхил, Софокл, Еврипид, Аристофан ва дигар классикони адабиёт бе таёрӣ ва омодагии қаблӣ имконпазир нест. Дар замони муосир Дантеро танҳо одамони ихтисосманд ва ба қадри кофӣ соҳибмаълумот метавонанд бифаҳманд” [5, с. 9]. Муҳақиқ ва шоири шинохтаи тоҷик Аскар Ҳаким низ дар робита ба ин мушкили маънавии ҷаҳони муосир чунин ибрози назар менамояд: “Бисёр халқҳо имрӯз мероси ҳазорсолаи худро (агар дошта бошанд) бе тарҷума, тафсир ва ё луғатҳои махсус ба осонӣ хонда ва ё хуб фаҳмида наметавонанд. Масалан, забони асарҳои Шекспир, ки забони асрҳои XVI-XVII мебошад, аз забони ҳозираи англисӣ бо куҳнагии худ сахт фарқ кунад, забони «Достони полки Игор», ки ёдгори охири асри XII адабиёти рус аст, аз забони ҳозираи русӣ чунон дур аст, ки онро фақат дар тарҷума хонда фаҳмидан мумкин мебошад. Аз ин сабаб, ин асарро чанд бор ба забони имрӯзаи русӣ тарҷума карданд…» [7, с. 242].

Бинобар ин, агар хонандаи имрӯз бихоҳад, ки аз тариқи меъёрҳои маърифатшиносии асри худ ба ҷаҳони маънавии ягон шоири классик, бахусус Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ), роҳ бикушояд, бегумон ба сарвақти асрори ӯ роҳ нахоҳад бурд. Пири равшанзамири Балх солҳо пеш ба маҳдудиятҳои дидгоҳи инсон пай бурда, дар абёти зер ба ин масъала ишора мекунад:

Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,

Аз даруни ман наҷуст асрори ман. [1, с. 16]

Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки пеш аз мутолиаи осори Мавлоно Ҷалолуддиини Балхӣ ба андозаи лозим бо забону назарпардозиҳои ирфонӣ, равишҳои фикрии шоир ошно бошем. Тавре ки маълум аст, пири Балх дар адабиёти форсии тоҷикӣ ба сифати як орифи шоир шинохта шудааст ва ӯ ба навъи дигари ҷаҳоншиносӣ, ки он аз тариқи маърифати ботинӣ (дилогоҳӣ) ба даст меояд, боварӣ дорад ва ин воситаи идрокро беҳтарин роҳи шинохти воқеият медонад. Ҳамин тавр, ӯ аз ин дидгоҳ ба маҷмуи рӯйдодҳои зиндагӣ назар меафканад ва дар қолаби анвои бадеӣ (бештар ғазал, рубоӣ ва маснавӣ) ба шарҳу тавзеҳи муносибатҳои гуногуни иҷтимоию ҳолатҳои равонии инсон мепардозад.

Мазмуни мухтасари ривояти «Султон Маҳмуд ва ғуломи ҳинду» чунин аст: «Султон Маҳмуд ба Ҳинд лашкар кашид ва саранҷом пирӯз шуд. Аз ҷумлаи чизҳое, ки аз он сарзамин ба ғанимат овард, як ғулом буд. Ӯ он ғуломро ҷонишини худ карду бар тахт нишонд ва солори лашкар карду фарзанди худ хонд. Он кӯдак бар фарози тахти зарин канори султон Маҳмуд нишаста буд, аммо бо сӯзу нола менигаристу ашк мерехт:

Гиря кардӣ, ашк мерондӣ ба сӯз,

Гуфт шаҳ ӯро, ки: -Эй пирӯзрӯз,

Аз чӣ гирйӣ? Давлатат шуд ногувор?

Фавқи амлокӣ, қарини шаҳриёр.

Кӯдак гуфт: –Сабаби гиряам ин аст, ки вақте дар диёри худ будам, модарам ҳамвора маро аз ту метарсонд ва вақте мехост нафринам кунад, мегуфт: «Илоҳӣ ба дасти Султон Маҳмуд биафтӣ». Он гоҳ падарам ба модарам гуфт: «Ин чӣ нафрини сахтест»…

Ман ҳамеша аз ту бимнок будам. Дар ҳоле ки акнун мебинам, ҷуз лутфу муҳаббату меҳрубонӣ чизе аз ту ба ман намерасад» [8, с. 393-394].

Яке аз шеваҳои маъмули шинохти баёни Мавлоно, ки дар «Маснавии маънавӣ» корбурди зиёд дорад ва дар ривоятҳои мавриди назари мо низ дида мешавад, ин аст, ки шоир дар поёни аксари достонҳои “Маснавии маънавӣ” ба шарҳу тавзеҳи мухтасари мазмуни мухтасари рӯйдодҳо мепардозад. Шоир дар ривояти мазкур, ки зоҳиран як рӯйдоди таърихиро бозгӯй менамояд, дар партави таълимоти ирфонӣ – олитарин омӯзаҳои огоҳӣ (дарси равшанбинӣ, басират) тавзеҳи масъалаҳои иҷтимоию равонии инсон аст. Каломи шоир ба сурати тамсилӣ баён мегардад ва бо боз шудани таъбирҳои рамзии ӯ марому мақсади ӯ ошкор мегардад. Мувофиқи шарҳу тавзеҳоте, ки шоир дар аксари қиссаҳо барои равшан шудани афкори ирфонии худ ба кор мебарад, аксари персонажҳои ривоятҳои «Маснавии маънавӣ» афроди мушаххас набуда, балки ҷузъе аз лояҳо (қабтҳо)-и ба ҳам танидаи як шахсият ё як равони инсон маҳсуб мешаванд. Мавлоно “ман” (“ту” “ману мо”)-и пуррамзу рози ниҳоди инсонро “туи зафту нуҳсад тӯ” меномад:

Ту яке “ту” нестӣ, эй хуш рафиқ!

Балки гардуниву дарёи амиқ.

Он “ту”-и зафтат, ки он нуҳсад тӯ аст,

Қулзум асту ғарқагоҳи сад ту аст. [1, с. 248]

Шоир гоҳо “ман”-и таҷрибии худро дар миёни ҳазорон “ману мо”-е, ки аз ин “ман”-и ҳазоргунаи ниҳоди ӯ зода мешаванд, гум карда, аз ин булаҷабиҳои сохтори печидаи равони инсон изҳори тааҷҷуб менамояд:

З-ин ду ҳазор ману мо, эй аҷабо, ман чӣ “ман”-ам!

Гӯш бидеҳ арбадаро, даст манеҳ дар даҳанам...

З-он ки дилам ҳар нафасе занги хаёли ту бувад,

Гар тарабӣ, дар тарабам, гар ҳазанӣ, дар ҳазанам. [2, с. 723]

Мувофиқи ақидаи Г. Юнг, нохудогоҳи ҷамъӣ “бахши аслии равон ва нисбат ба бахши худогоҳ бисёр амиқтару густардатар аст. Ин бахше аз равон тасовири куҳанро дар бар дорад, ки дар миёни тамоми афроди башар, тақрибан яксон аст, ки дар хобҳо ва тамоми фаъолиятҳои нохудогоҳ мунъкис мешаванд” [9, с. 96].

Пас дар партави маънипардозиҳои Мавлоно метавон чунин натиҷа гирифт, ки персонажҳои шоҳ Маҳмуд ва ғуломи ҳинду дар ривояти мазкур ҷузвҳои таркибии сохтори равони инсон ба шумор мераванд. Образҳои шоҳ, халифа, хоҷа, шер ва амсоли инҳо дар дидгоҳи ирфонии Мавлоно тимсоли “ақли муфид”-и инсон маҳсуб мешаванд. Ақли муфид ё ба таъбири Г. Юнг “равони нохудогоҳи ҷамъӣ”[1]дар дастгоҳи равонии инсон нақши бориз дошта, бахши азими тасаввурот, имконоту ихтиёроти одамиро дар бар мегирад. Шоҳ (ақли муфид) барномаи фаъолиятҳои худро дар иртиботу ҳамоҳангӣ бо “ақли кулл” (мани бартар ё фароман) – сарчашмаи азими неру, маърифату ҳикмати кайҳонӣ тарҳрезӣ мекунад. Мавлоно тавассути ривоятҳои рамзӣ нишон медиҳад, ки “ақли муфид” дар асари як амали носозгор аз масири фитрии худ ҷудо гардида, ба “ақли ҷузъӣ” табдил меёбад. Масалан дар ривояти “Ошиқ шудани подшоҳ бар канизак...” мушоҳида менамоем, ки чӣ гуна шоҳ (“ақли муфид”) бо ошиқ шудан ба канизак (“ақли ҷузъӣ”) неру ва дигар қобилиятҳои равонии худро аз даст дода, дар ҳалли одитарин мушкили ҷисмонӣ (табобати канизак) оҷиз мемонад.

Яқинан яке аз паёмҳои меҳварии “Маснавии маънавӣ” аз он иборат аст, ки исони аз масири ҳақиқат (аз найистони ҳастӣ) дурафтодаро дигарбора ба “асли хеш” баргардонад. Бинобар ин, Мавлоно тавассути тимсолҳои адабӣ мехоҳад инсонро зина ба зина бо ваҳму ғафлату таассуботу гароишҳои бесуботи зеҳние, ки ба шакл гирифтани “равиши бегонагӣ” замина эҷод кардаанд, ошно намояд. Ривояти «Султон Маҳмуд ва ғуломи ҳинду» аз мушкилот ё парешониҳои равоние, ки дар ҳавзаи маҳдуди тасаввуроти зеҳнии ақли ҷузъӣ (ғуломи ҳинду) дида мешаванд, ҳикоят мекунад. Ваҳму таассуботи ғуломи ҳинду (ақли ҷузъӣ), ки чизе ҷуз сояи тасаввуроти харобиовари зеҳнии “модари табъи музил” (ҷомеа, падару модар) нестанд, дидгоҳи тангу торики ӯро ташкил медиҳанд. Ин “ақли ҷузъӣ” (ғуломи ҳинду), ки дар як муҳити маҳдуд парвариш ёфтааст, бо имконоту тавоноиҳои номаҳдуди “ақли муфид” (шоҳ) ошноӣ надорад. Бинобар ин, аз лутфу меҳрубониҳо ва ҳидоятҳои раҳоибахши “ақли муфид” (ё ба таъбири Мавлоно «маҳмуди род») меҳаросад, зеро то кунун таҳти таъсири ваҳму тасаввуроти музири “модари табъи музил” (муҳиту падару модар)-и худ қарор дорад. “Ақли ҷузъӣ” чун дар баробари воқеияти бартар – “ақли муфид” қарор мегирад, ба дурустии тасаввуроти бесуботи худ шак намуда, ниҳоди хештанро аз ваҳму афкори нопойдор пок ва роҳи камолоти маънавиро барои худ боз мекунад. Мавлоно ин масъаларо бо забони рамзу роз чунин тавзеҳ медиҳад:

Фақр он маҳмуди туст, эй бесиъат

Табъ аз ӯ доим ҳаметарсонадат.

Гар бидонӣ раҳми ин маҳмуди род,

Хуш бигӯйӣ: «Оқибат маҳмуд бод!».

Фарқ он маҳмуди туст, эй бимдил,

Кам шунав з-ин модари табъи музил.

Чун шикори фарқ гардӣ ту яқин,

Ҳамчу кӯдак ашк борӣ явми дин.[1, с. 595]

Таъбирҳои «маҳмуди туст» ва «маҳмуди род» ба мафҳуми «ақли муфид» ё «хиради фитрӣ» далолат мекунанд. Нуфузи ин «ақли муфид» ё «хиради фитрӣ» ба афкори инсон таъсири созанда дорад, зеро тибқи дидгоҳи ин орифи равшанбин, моҳияти инсон дар афкори ӯ аён мегардад

Эй бародар, ту ҳамин андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ. [1, с. 126]

Фақр дар ривояти мавриди назар баёнгари ҳолат ё фазои якпорча ва сафобахши равониест, ки дар он зеҳн ё равони ориф аз зери асорати фикрҳо, майлҳо ва хостаҳои парешону касратбори нафсонӣ мераҳад ва барои дарки ҳақиқати ҳастӣ, ки як воқеияти яклухту ҷудоинопазир мебошад, омода мешавад. Бинобар ин, аз нигоҳи шоир, «фақр» ҳамон «маҳмуди адам»-и ҳар инсони растагор буда, бар қаламрави равони он ҳокимият дорад.

Мутобиқи қавонини нонавиштаи фитрат ҳар навзодае бо имкониятҳои номаҳдуди вуҷудӣ барои баҳрабардорӣ аз як зиндагии арзишманду маҳмуд (нек, хайр) ба дунё меояд. Бояд гуфт, ки масъалаи шинохти хостгоҳ ва маншаи афкори Мавлоно дар робита ба мавзуи инҳирофпазирии зеҳни башар дар партави тафсири маорифи ҳадиси «Ҳар мавлуде нахуст бар фитрати аслӣ зода мешавад ва падару модараш вайро яҳуду насронию маҷусӣ мекунанд» [3, с. 65] қобили арзёбии бештар аст. Саодатмандӣ (ё маҳмудият)-и зиндагии инсон замоне шукуфо мешавад, ки муҳит барои парвариши арзишҳои фитрӣ: инсондӯстӣ, адолатхоҳӣ, зебоипарастӣ ва дигар ангезаҳои муфид фазои мусоиду созанда фароҳам биёварад. Аммо, мутаассифона, мутобиқи нишондоди таҷрибаҳои зиндагии дар тули ҳазорсолаҳо қисман шинохташудаи башар равиши ҳаёт тавре ҷараён гирифтааст, ки шинохти маҷрои муносибатҳои дуруст ё нодурусти он ҳатто барои донандагони асрори ҳастӣ муҳол ба назар мерасад. Чунки дар баробари равиши фитрӣ – маҷмуи маорифи омӯзанда ва таҷрибаҳои ахлоқии созандаву ибратпазир дар сатҳи поёнтари қаламрави равони башар равияи дигаре шакл мегирад, ки равоншинос Густав Юнг онро “соя” меномад ва он “... ҷанбаи хашини ғароизу табиати инсон ва маҷмуаи сифот, афкору эҳсосоти нописандест, ки ...дар рафтору кирдори одамӣ зуҳур ва буруз мекунад” [4, с. 46]. Ин равиши соягуна тавассути «ҳофизаи таҳмилӣ» [4, с. 46] – маҷмуи афкори мухталиф, суннатҳои гуногуни фарҳангӣ ва ҳазорон роҳу равиши даркору нодаркор, ки солҳои зиёд ба сурати дастаҷамъӣ дар ҳофизаи ҷомеа захира шудаанд, зиндагии инсонро ба шеваҳои гуногун таҳти таъсири худ қарор медиҳад.

Пири рамзошнои Бахл инсонро аз роҳу равиши тахрибгари ин «ҳофизаи таҳмилӣ» – «модари табъи музил» огоҳ мекунад. Аз нигоҳи ӯ, инсон (ё ҷомеа)-е, ки дар сатҳи поёнтари огоҳӣ («соя») қарор дорад, ҳастиро чизе ба ҷуз арсаи имкониятҳои маҳдуд, саҳнаи рӯйдодҳои нохушоянду даргириҳои даҳшатбор ва муносибатҳои бемаънову парешон тасаввур намекунад. Бинобар ин, барои чунин инсонҳои «бесиъат» (тангназар, камҳавсала) ҳатто шунидани овозаи имконияту қобилиятҳои инсонҳое, ки равиши зиндагии худро бо сози фитрат (донишу имкониятҳои номаҳдуди тавонбахши ҳастӣ) ҳамоҳанг карда, ба сатҳи болотари огоҳӣ (маъорифи шуҳудӣ) расидаанд, сахт нохушоянд (номаҳмуд) аст.

Шоири равшанзамир ба масъалаи таъсири ақидаҳои носолими ҷомеа («ҳофизаи таҳмилӣ») бар шуури насли навруста таваҷҷуҳ зоҳир карда, хатароти ин падидаи то ҳол нисбатан ношинохтаи иҷтимоиро образнок баён мекунад. Ба ақидаи ӯ, барои шууре, ки дар сатҳи соягунаи равонӣ парвариш ёфта, бо хостаҳои ғаризаҳои баданӣ хӯ гирифтааст, тамоми муносибатҳо иҷтимоӣ ва рӯйдодҳои табиӣ таҳти таъсиру нуфузи қатъии асли лаззат (анбори майлҳои нафсонӣ: худбинӣ, худпарастӣ, худнамоӣ…) мазмун ва моҳият пайдо мекунанд. Пас, маҳсули ҷараёни фикрие, ки дар ҳавзаи чунин зеҳни гирифтор ва пойбанди хостаҳои нафсонӣ шакл мегирад, аз афкор ва хаёлоти ифротие иборатанд, ки мутобиқ бо майлҳои ғаризӣ ва хостаҳои нафсонӣ бофта шудаанд. Мавлоно чунин афкору хаёлотеро, ки инсонро аз равиши аслии ҷараёни тафаккур, яъне дарки дурусти воқеият ё шинохти илмӣ дур мекунанд, «лошайъ» ё «ҳеҷне» меномад (Эҳтимолан, шоир бо истифода аз мазмуни калимаи «лошайъ»-и арабӣ дар забони тоҷикӣ истилоҳи «ҳеҷне»-ро сохтааст). Муносибату машғулиятҳое, ки бар асоси чунин хаёлоти пуч бунёд шудаанд, аз фурӯғу суботу самимият бенасибанд:

Гарчи андар парвариш тан модар аст,

Лек аз сад душманат душмантар аст.

Тан чу шуд бемор, доруҷӯ-т кард

В-ар қавӣ шуд, мар туро тоғут кард…

Ҳаст модар нафсу бобо ақли род.

Аввалаш тангиву охир сад гушод…

Ҳамчу ҳиндубача, ҳин, эй хоҷатош,

Рав, зи маҳмуди адам тарсон мабош.

Аз вуҷуде тарс, к-акнун дар вайӣ,

Он хаёлат «лошай(ъ)»-у ту «лошай(ъ)ӣ».

«Лошай(ъ)»-е бар «лошай(ъ)»-е ошиқ шудаст,

«Ҳеҷне» мар «ҳеҷне»-ро раҳ задаст.[1, с. 595-596]

Пири равшанравони Балх дар поёни қисса ба таври мухтасар (дар ҳаҷми як байт) паём ё ҳидояти раҳобахши худро доир ба ҳалли мушкили инъитофпазирии равонӣ ё зеҳнии башар баён менамояд. Аз нигоҳи ӯ, инсон дар асари як ҳаракати рӯ ба камол (кӯшишу талошҳои ҷисмӣ ва риёзатҳои равонӣ-зеҳнӣ) метавонад зеҳни худро аз асорати хаёлот ва ҷараёни хаёлбофиҳои бефурӯғ бираҳонад ва ҳолати орому якпорчаи фитриро, ки фазои мусоиде барои дарки воқеият мебошад, бар он ҳукумрон кунад. Дар натиҷа зеҳн қурат ва қобилити фитрии худро пайдо намуда, барои инсон моҳияти маъқулот (воқеиятҳои ростин) ва номаъқулот (бофтаҳои хаёлӣ)-и ҳастиро нишон медиҳад:

Чун бурун шуд ин хаёлот аз миён,

Гашт номаъқули ту бар ту аён.[1, с. 596]

Тавре ки ишора шуд, Пири Балх масъалаи ғурбат ё аз асли хеш (аз равиши фитрӣ) дур афтодан (ё бегона шудан)-и равони башарро бо ҳазорон шеваи баён шарҳ медиҳад. Масъалаи инъитофпазирии равони башар, ки ҳастаи марказии тамоми мавзуъҳои «Маснавии маънавӣ» мебошад, дар ривояти «Султон Маҳмуд ва дуздони шаб» низ қобили мушоҳидааст. Огоҳии мухтасаре, ки дар заминаи шарҳи ривояти «Султон Маҳмуд ва ғуломи ҳинду» аз шеваи баёни Малоно Ҷалолуддини Балхӣ ба даст меояд, фазои нисбатан мусоидеро барои дарки муҳтавои рамзии ривояти «Султон Маҳмуд ва дуздони шаб» фароҳам месозад. Мазмуни мухтасари достон чунин аст: «Як шаб, ки султон Маҳмуд ба танҳоӣ ва ба таври ношинос барои огоҳӣ аз умур дар шаҳр мегашт, ба гурӯҳе аз дуздон бархӯрд мекунад. Дуздон ба ӯ гуфтанд: - Эй мард ту кистӣ?

Султон посух дод: - Яке аз шумоҳо ҳастам.

Аз он миён яке гуфт: - Ҳар кас бояд ҳунари худро бигӯяд, то дар мавқеи лузум аз он кор ба кор бандем.

Аввалӣ гуфт: - Ҳунари ман дар гӯшҳоям аст. Агар саг ав-ав кунад, медонад чӣ мегӯяд.

Дуввумӣ гуфт: - Тамоми ҳунари ман дар чашми ман аст…

Севуми гуфт: - Ҳунари ман дар бозувони ман аст. Бо зӯру бозу метавонам заминро сӯрох кунам.

Чаҳорумӣ гуфт: - Ҳунари ман дар бинии ман аст. Ман метавонам бӯи хокхоро ташхис диҳам…

Панҷумӣ гуфт: - Ҳунари ман дар панҷаи ман аст. Метавонам каманде ба баландии кӯҳ бияндозам.

Навбат ба султон Маҳмуд расид. Ӯ гуфт: - Ҳунарам дар риши ман аст. Агар онро биҷунбонам, гунаҳкорон аз кайфар халос мешаванд…

Дигар дуздон гуфтанд: - Ҳунари ту бештар аз ҳама бо кор меояд. Аз ин рӯ, ту раҳбару раиси мо хоҳӣ буд.

Он гоҳ ҳама ба сӯйи қасри шоҳ ҳаракат карданд. Саге ав-ав кард. Дузди ошно ба садоҳо гуфт: - Мегӯяд, ки шоҳ ҳамроҳи шумост…

Дузди камандоз каманд андохт ва ҳама ба он тарафи девор баланд рафтанд. Бӯйшинос заминро бӯй карду гуфт: -Хоки хазинаи подшоҳ аст.

Дузди нақбзан сӯрохе канд ва ба хазина расид. Ҳар як аз дуздон аз хазина чизе бардоштанд. Шоҳмиёни онон буд ва ҳама чизро нигоҳ мекард. Қиёфаву ном ва паноҳгоҳи ҳамаи ононро дошт. Пас худро аз онон пинҳон карду баргашт. Субҳ фармон дод, то ҳамаи он дуздонро дастгир карданд ва ба қаср оварданд. Дар миёни дуздон он, ки биноиаш бисёр тез буд ва дар шаб ҳар киро медид, мешинохт, то шоҳро дид, бозшинохту гуфт: -Ин ҳамон касест, ки дишаб ҳамроҳи мо буд ва мегуфт: -Ҳунарам он аст, ки агар рише биҷунбонам, аз дасти ҷаллод раҳо мешавед…

Чашмони тезбини ӯ шоҳро мешинохт ва гуфт: -Ман раҳоии пайравони худро аз ӯ хоҳам хост.

Он гоҳ рӯ ба шоҳ карду гуфт: -Эй шоҳ, мо ҳунарҳои худро ба кор бастем, аммо суде набурдем. Инак, навбати туст, ки ҳунари худро ба кор бандӣ, рише биҷунбонӣ ва моро бираҳонӣ:

Вақти он шуд, эй шаҳи мактумсайр,

К-аз карам рише биҷунбонӣ ба хайр…».[ 7, с. 406-408]

Ривояти «Султон Маҳмуд ва дуздон…» зоҳиран воқеияти ҳаётиеро баён мекунад, ки эҳтимолияти вуқуи он дар даврони Маҳмуди Ғазнавӣ имконпазир аст. Мавзуи асар аз лиҳози ҷомеашиносӣ арзишманд ба назар мерасад, зеро дар он як масъалаи муҳими иҷтимоӣ – кӯшишу талоши шоҳе матраҳ шудааст, ки барои назорати назму суботи давлат ҷони худро ба хатар гузошта, шабона тағйири либос карда, дар кӯчаҳои шаҳр гардиш мекунад ва мушкилоти мавҷудро ошкор намуда, ба ҳалли онҳо мепардозад. Аммо муроди Мавлоно шарҳу баёни ҷанбаи таърихии ривоятнест.

Агар ба шарҳи рамзу рози ривоятимазкур бипардозем, мебинем, ки дар ин достон ҳам мисли достони «Султон Маҳмуд ва ғуломи ҳинду» аз роҳи саҳнагузориҳои дигар ҳамон масъалаи мушкилоти равонии башар матраҳ шудааст. Шоҳ тимсоли ақли муфид (хиради фитрӣ) ва ҷамаъияти дуздон, ки дар шаб ҳунару маҳоратҳои худро амалан дар ҳузури шоҳ ба намоиш гузоштанд, тимсоли қобилияту маҳорат ва имкониятҳои вуҷудии қаламрави равон ё зеҳни ҳар инсон мебошанд. Ҳангоме ки қаламрави вуҷуди ҳар инсон, ки тимсоли давлат ё ҷомеа низ шудан метавонад, шоҳи одил (ақли муфид ё хиради фитрӣ) ва барномаи мушаххаси амалкард надорад, қудрат ва қобилиятҳои ниҳодии он ба неруҳои пароканда ва тахрибгар (дуздони шаб) табдил ёфта, ҳар кадом ба мақсади дарёфти манфиятҳои шахсии хеш ба хароб кардан (дуздидан)-и хазинаи шоҳ, ки асл ё мояи мавҷудияти ҷомеа ба шумор меравад, мепардозанд. Дар ин ҳолат ҷомеа (давлат), ки бо асли ваҳдату якпорчагӣ суботу пойдорӣ пайдо мекунад,аз масири солим ва созандаи фитрӣ ҷудо гардида, ба вартаи касрату парокандагӣ меафтад.

Ақидаи пурҳикмати пири Балх, ки роҳи ҳалли ин мушкили вуҷудии башарро ба шеваи ибратпазире баён мекунад, барои ҳар инсони огоҳ ва ҷомеаи моил ба хайру салоҳи худ муфид ва судманд аст. Аз нигоҳи ӯ, ғафлату ноогоҳӣ (ҷаҳл – асли бегонагӣ ва касрату парешонӣ) мисли пардаи шабест, ки хиради инсонро аз дарки амиқу истифодаи дурусти имкониятҳои фитрии худ(ҳунару маҳорату малака ва дигар неруҳои халлоқу созандаи вуҷудӣ) маҳрум месозад. Неруҳои ботинӣ дар паси пардаи ғафлат ва ҷаҳолате, ки бар қаламрави вуҷуд соя афкандаанд, ноогоҳона ҳунару маҳоратҳои худро барои қонеъ кардани хостаҳои ғаризӣ ба кор мебаранд. Ин ҳаракати тахрибгари вуҷудӣ, ки берун аз назорати маркази ягонаи идоракунӣ (ақли муфид ё хиради фитрӣ) сурат мегирад, ба шакли ҷузъӣ ва пароканда ҷараён меёбад. Корҳое, ки дар ин фароянд ба сомон мерасанд, барои қаламрави вуҷуди инсон ё муҳити иҷтимоӣ ва дар ҳадди ниҳоӣ барои кулли кайҳон натиҷаҳои хисоратбору харобиовар доранд. Нишонаҳои чунин амалкардҳои нохушоянду ваҳдатзудо, ки бар пояи амёли ғаризӣ ва худхоҳиҳои ифротӣ бунёд шуда, ҳазорон сол бар иродаи аксари инсонҳо ҳокимият доранд, дар қаламрави вуҷуди ҳар инсон ва ҳар муҳити иҷтимоӣ қобили мушоҳида аст.

Бинобар ин, аз нигоҳи донои Балх, инсон бояд дар партави ҳидояти хиради фитрӣ аз имконоти вуҷуди худ огоҳӣ ёбад, мавқеи дурусти истифодаи ҳунару тавонмандиҳои хешро бишиносад ва аз неруи созандаи ин қудратҳои халлоқи равонӣ барои суботу ваҳдату ободии ин қаламрав истифода барад.

Бухориев Олим корманди АМИТ

Рӯйхатти адабиёт

1. Балхӣ (Румӣ), Ҷалолуддин. Девони ҷомеи Шамси Табрезӣ / Ҷалолуддин, Балхӣ (Румӣ). – Теҳрон: Фирдавс, 1374 ҳ. – 730 с.

2. Балхӣ (Румӣ), Ҷалолуддин. Маснавии маънавӣ / Ҷалолуддин, Балхӣ (Румӣ). – Теҳрон: Замон, 2001. – 730 с.

3. Ғаззолӣ, Абуҳомид. Кимиёи саодат. Ҷ. 1. / Абуҳомид Ғаззолӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2008. – 670 с.

4. Довудободӣ Маҳдӣ. Драма ва бунмояҳои маҳдавӣ / Довудободӣ Маҳдӣ. – Қум: Ояндаи равшан, 1389 ҳ. – 280 саҳ.

5. Пропп, В.Я. Русская сказка / В. Я. Пропп. − М.: Лабиринт, 2000. −416 с.

6. Риҷоии Бухороӣ, Аҳмадалӣ. Фарҳанги истилоҳоти Ҳофиз / Аҳмадалӣ Риҷоии Бухороӣ. –Теҳрон Интишороти илмӣ, 1358. 724 саҳ.

7. Ҳаким Аскар. Тазодҳои фаровони шеър / Аскар Ҳаким. Маҷмуаи осор. − Хуҷанд: Ношир, 2017. −С. 237-250.

8. Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ» / Гузиниш, тасҳеҳ ва пешгуфтори Шодӣ Шокирзода. – Душанбе: Ирфон, 2018.– 442 саҳ.

9. Шарифиён, М., Ҳошимизода, Р. Баҳром ва Гуландом. Ривояте аз фароянди тафарруд / М. Шарифиён, Р. Ҳошимизода // Матнпажуҳии адабӣ. – Теҳрон, 1403 ҳ., № 99. – С. 95-116.

[1] Г. Юнг равони инсонро ба се башх: худогоҳ, нохудогоҳи шахсӣ ва нохудогоҳи ҷамъӣ тақсим кардааст [Ниг.: Шарифиён М., Ҳошимизода Р. Баҳром ва Гуландом. Ривояте аз фароянди тафарруд / М. Шарифиён, Р. Ҳошимизода // Матнпажуҳии адабӣ. – Теҳрон, 1403 ҳ., № 99. – С. 96].