Skip to main content

«Бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтаринсуннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз рушди тамоми соҳаро бидуни ширкати занону духтарон тасаввур кардан номумкин аст. Роҳбарияти Олии мамлакат, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣандешида, ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа марҳила ба марҳила боло рафта вобаста ба ин якчанд фармону қонунҳо қабул гардидааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудо намудани квотаҳо барои духтарони ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва тадбирҳое мебошанд, ки баҳри иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад.

Аз ҷумла, дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ, қайд намуданд, ки «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».

Воқеан ҳам бо дастгириҳои Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон зан мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намуда тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзад.

Пешвои миллат пайваста ба масъалаи дастгирӣ ва фаъолнокии занон, эҳтиром ба зан – модар таваҷҷуҳи хосса доранд. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки имрӯз дар мамлакат нақши занон сол то сол дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ боризтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ фаъолтар мегардад.

Мо аз он ифтихормандем, ки Ҷаноби Олӣ мо занону духтаронро ҳамеша пуштибониву дастгирӣ мекунанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони кишвар, дар баробари мардон, бо ҳисси волои ватандӯстона, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолият карда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкории хеш дар ободии Тоҷикистони азизамон саҳм мегузоранд.

Қодирова Зулайхо,- ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ