Skip to main content

Шурӯъ аз 16 ноябри соли равон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, якҷоя бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон ва экспертҳои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (МСОП) таҳқиқоти муштаракро ҷиҳати баҳисобгирии саршумори яке аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон гусфанди куҳии Марко Поло (архар) гузаронида истодаанд.

Ҳамзамон дар рафти таҳқиқот дигар ҳайвоноти ваҳшии ин минтаҳаи баландкӯҳи Тоҷикистон, аз ҷумла бабри барфӣ, гург ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Инчунин дар рафти таҳқиқот намояндагони телевизиони Илм ва табиат низ ширкат варзида истодаанд.