Skip to main content

26 ноябри соли равон дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи васеъи Шурои олимони Институт бо иштироки ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т, профессор Амонзода И.Т., ва котиби шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, д.и.т., профессор Ғафоров А.А. баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Институт, д.и.ф.м., Зарифзода А.Қ. оғоз бахшида, вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласаи Шуро – Ҳисоботи солонаи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институт баромад намуда, оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии марказҳо ва лабораторияҳо, дастовардҳои илмӣ, татбиқи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтирооту патентҳо, баргузории конференсияҳо ва чорабинишҳои гуногун, фаъолияти Шурои диссертатсионӣ ва Шурои олимон, ҳамчунин самтҳои дигари фаъолияти Институт маълумот доданд.

Сипас, ноиби Президенти Академия милли илмҳои Тоҷикистон, д.и.т, профессор Амонзода И.Т. аз камбудиҳо ва дастовардҳо суханронӣ карданд. Махсусан масъалаи гузаронидани таҳқиқотҳои илмии ба самтҳои афзалиятнок мурбут, ҳамчунин ҳамкорӣ намудан бо муассисаҳои зерсохтори Академияи миллӣ, ки бо лабораторияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, қайд гардид.

Дар музокира кормандони Институт баромад намуда, фукру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳбудии фаъолияти Институт иброз намуданд.

Дар ҷамъбасти масъалаи аввал профессор Амонзода И.Т. пешниҳод намуданд, ки ҳисоботи солонаи фаъолияти илмии Институт қаноатбахш ҳисобида шавад. Ҷаласаи Шурои олимон қарор бароварда, ҳисоботи фаъолияти илмии Институтро қаноатбахш арзёбӣ намуд.