Аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини баробҳуқуқии мардону занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, ки аввалин маротиба дар таърихи давлатдориамон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, муқаррар намуд, ки давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз ҷинс ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (банди 1 маддаи 17). Бар замми ин дар банди дуюми моддаи мазкур муқаррар намуд, ки мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Ин маънои онро дорад, ки мамлакатамон ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва консепсияву барномаи давлатӣ қабул гардидаанд, ки мақсадашон фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкили имкониятҳои амалигардонии ҳуқуқҳои занону духтарон мебошанд. Муҳимтаринашон инҳоянд:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;
– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);
– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;
– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);
– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5 ва ғ.
Маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб нисфи аҳолиро занону духтарон ташкил медиҳанд, аз ин рӯ агар нисфи аҳолии мамлакат имконияти маҳдуди амалӣ гардидани ҳуқуқҳояшонро дошта бошанд, ба ҳадафҳои рушди устувор расидан имконнопазир аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки новобаста аз қабули санадҳои ҳуқуқию сиёсӣ дар бахши ҳуқуқи занон аз сабаби ҷой доштани қолабҳои гендерӣ дар ҷомеа мушкилиҳо дар таъмини имкониятҳои амалигардонии ҳуқуқҳои занону духтарон ҷой доранд. Масалан, шумораи занон дар идоракунии давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, бахшҳои хусусӣ, идоракунии комплекси агросаноатӣ ва ғ. нисбат ба мардон каманд. Чунин тамоюл дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ҷой дорад. Яке аз сабабҳои асосии чунин мушкилон норасоии кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занону духтарон мебошад. Барои он ки ин мушкилот бартараф карда шавад, зарур аст, ки занону духтарон таҳсилро идома диҳанд.
Ҳуқуқ ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои «насли дуюм»-и инсон (ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ) ба ҳисоб меравад. Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ чаҳор хусусияти асосии ҳуқуқ ба таҳсилро муайян мекунад: мавҷуд будан, дастрас будан (бидуни табъиз, дастрасии ҷисмонӣ ва иқтисодӣ), қобили қабул будан ва мутобиқшавӣ ба таҳсил. Моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ ба таҳсилро бо шароити якхела ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон пешбинӣ намудааст.
Маълум аст, ки пас аз хатми таҳсилоти асосӣ дар фарқият аз писарон шумораи зиёди духтарон таҳсилро давом намедиҳанд ва дар оянда аз имконияти гирифтани маълумоти олӣ маҳрум мегарданд. Аз шумораи духтароне, ки синфи 9-ро ба итмом мерасонанд, қисми камашон ба коллеҷу техникумҳо дохил шуда, дорои маълумоти миёнаи махсус мегарданд. Бинобар ин, зарурияти андешидани тадбирҳои муассири ҷалби духтарон ба таҳсилоти миёна ва олӣ ба миён омадааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон бахшида ба муносибати Рӯзи дониш санаи 1 сентябри соли 2024 ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд намуданд, ки хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад.
Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки дар соли 2023 аз шумораи хатмкардагони синфи 9 қариб 26%-и онҳо таҳсилотро давом надодаанд. Аз ин рӯ, сардори давлат қайд намуданд, ки аллакай дастур дода шудааст, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, масъалаи идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад. Акнун дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, уҳдадоранд, ки таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ идома дода, соҳибкасб шаванд.
Ин иқдоми Пешвои миллат баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгирифтаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Баҳри дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат Э. Раҳмон дар бахши зиёд кардани кадрҳои баландихтисосу роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 қабул гардидааст. Ҳадафи асосии барномаи мазкур то 25% расонидани шумораи занони роҳбарикунанда ва то 30% расонидани шумораи занон-хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Ҳоло сохторҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ созмонҳои байналмилалӣ ба зиёд кардани шумораи занони роҳбар ҳавасманданд. Ҳизбҳои сиёсии мамлакатамон дар Стратегияи гендерии худ назди худ вазифа гузоштаанд, ки шумораи номзадҳоро ба вакилии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ то 30-40% зиёд кунанд. Ба таҳсил фаро гирифтани шумораи зиёди духтарон эҳтимолияти пайдо кардани духтарони босавод ва кордонно зиёд мегардонад.
Дар 7 соли охир фоизнокии фарогирии духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ аз шумораи умумии духтарон зиёд шуда бошад ҳам, кор дар ин самт беҳбудӣ мехоҳад.
Дар ин баромадашон сарвари давлат чунин таъкид намуданд: “Мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд. Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем. Дигар ин ки мову шумо дар ин дунё абадӣ нестем”. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоди комил доранд ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонамонро аз онҳо умед доранд, аз ин хотир аз падару модари ҳар як фарзанд даъват ба амал меоранд, ки ба таҳсилоти фарзандонашон монеа эҷод накунанд, дар таълиму тарбияи онҳо масъул бошанд.
Моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011 падару модарро уҳдадор мекунад, ки ба таҳсили фарзанд дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд, ӯро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълим шароити муносиб муҳайё намоянд, донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд.
Барои вайрон намудани ин муқаррароти қонун ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст. Аз ҷумла, қисми 1 моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар мекунад: “Барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, - ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад”.
Қонуни ҷиноятӣ нисбати иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст. Тибқи моддаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё шахси дигар, ки ин уҳдадорӣ ба зиммааш қонунан гузошта шудааст, инчунин аз ҷониби омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, - бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад”.
Аз ин рӯ, падару модарон ва намояндагони қонунии кӯдак дар таътиму тарбияи ӯ масъулияти баланд доранд ва ҳуқуқ надоранд, ки бо рафтори бераҳмона садди роҳи таҳсилоти миёнаи онҳо гарданд.
Пешвои миллат дар баромадашон бахшида ба Рӯзи дониш аз падару модар ва намояндагони қонунии фарзанд даъват ба амал оварданд, ки ба фарзандон, пеш аз ҳама, ба духтарон илму дониш ва касбу ҳунар омӯзонида шавад, то онҳо дар зиндагии ояндаи худ – дар замонаи пешрафти илм, техникаву технологияҳои муосир ва асри зеҳни сунъӣ азият накашанд ва бори дӯши падару модар нашаванд. Ибоз гардид, ки ҳангоми сафарҳои корӣ ва боздид аз корхонаҳои дӯзандагӣ Пешвои муаззами миллат мушоҳида кардаанд, ки аксари коргарон занони миёнсолу калонсол мебошанд. Вақте пурсидаанд, ки барои чӣ дар вақташ нахондаанд, ки соҳиби илму дониш шаванд, бонувон дар ҷавоб иброз доштаанд, ки дар вақташ шароиту имконият надоштанд.
Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри илмомӯзии занону духтарон тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст.
Бо иқдоми маорифпарваронаи Пешвои миллат аз соли 1997 то инҷониб квотаи президентӣ амал менамояд, ки аз он духтарон аз деҳоти дурдасти мамлакат истифода бурда, дорои маълумоти олӣ мегарданд ва дар ноҳияҳои худ ба вазифаҳои роҳбарикунанда, корҳои давлатию хусусӣ аз рӯи ихтисоси худ ҷалб карда мешаванд. Ҳоло тахминан 13000 нафар духтарон аз ин имконияти муносиб истифода бурда, соҳибкасб гардидаанд ва дар рушду нумӯи кишварамон саҳми муносиб гузошта истодаанд. Ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки квотаи президентӣ ба духтарони деҳоти дурдаст аз рӯйи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, махсусан дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, саноат, энергетика, бонкдорӣ ва алоқа ҷудо карда шавад, зеро дар даҳсолаи охир дар тамоми минтақаҳои мамлакат сохтмони бинову иншоотҳои хурду бузург бо суръат ҷараён дорад, саноатикунонии кишвар ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ҳадафҳои стратегии кишварамон мебошанд, ҳаёти мардум бо низоми бонкию соҳаи алоқа вобастагии зиёд пайдо кардааст ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти онҳо хело зарурат дорад. Занон низ ба монанди мардон дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ буда, аз уҳдаи иҷрои корҳои масълиятнок ва душвор мебароянд. Ҷорӣ намудани баъзе маҳдудиятҳо ҷиҳати истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнину зеризаминӣ танҳо мақсадаш ҳифзи модарӣ ва солимии насли оянда мебошад.
Маълум аст, ки ҳар як ноҳия дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, эҳтиёҷотҳои гуногун ба мутахассисон дорад, аз ин рӯ дар Барнома мақсад гузошта шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор таҳқиқот ҷиҳати муайян намудани талаботи минтақа ба ин ё он ихтисос гузаронида шавад.
Мо итминони комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, масъулияти қонунии худро дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҷо меоранд ва уҳдадорӣ ҷиҳати идома додани таҳсилоти миёнаи духтарон ба зиёд гардидани шумораи бонувони соҳибмаълумоту соҳибкасб оварда мерасонад. Бо ин роҳ ба мақсадҳои рушди устувор расидан ва амалӣ гардидани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд расидан мумкин аст.
Ҷабборов Ф.Н. – ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.