Skip to main content

1Ватан маконест, ки шахс дар он ҷо ба мақсаду орзуҳои худ мерасад ва озоду осуда зиндагӣ мекунад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст. «Фаромӯш набояд кард, ки - таъкид мекунад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».

Ҷавонон бояд аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия карда шаванд, дар тарбияи ватандӯстии насли наврас намояндагони ҳар як қишру табақаи ҷомеа бояд фаъолона иштирок намояд. Бояд созмонҳои ҷавонон барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ бо ҷавонон зуд - зуд вохӯрию семинарҳо гузаронанд, Ватанро на бо сухан, бояд ба рафтору амал дӯст дорем.

Ватандӯстӣ пеш аз ҳама боиси ободии кишвар, ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ мегардад. Давлати навини Тоҷикистон дар роҳи таҳкими худ ба ватандӯстии халқи азизаш такя мекунад. Моҳиятан, Тоҷикистон ба сифати давлати миллӣ амал менамояд. Ин давраи муҳимест дар инкишофи давлат. Моҳияти онро ҳамчун асос ба инобат гирифта, урфу одат, анъана ва сунатҳои давлатдории миллӣ ташкил медиҳем. Мо бояд дар марҳилаи тақдирсоз барои миллатамон мафҳуми «Ватан»-ро дуруст дарк намоем.

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологие, ки аз тарафи шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ гузаронида шудааст, 46,7% мусоҳибон зери мафҳуми “Ватан” маконеро медонанд, ки дар он шахс таваллуд мешавад. Аз чор як ҳиссаи мусоҳибон – 23,5% Ватан кишвареро меноманд, ки дар он зиндагӣ мекунанд. Аз панҷ як ҳиссаи мусоҳибон (19,2%) маҳал ва ноҳияеро ватани худ меҳисобанд, ки дар он ҷо таваллуд шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 10,4% мусоҳибон Ватан меноманд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки аксарияти мусоҳибон Ватан гуфта, асосан ҷойи таваллудро дар назар доранд (нигаред ба диаграммаи 1).

Шумо зери мафҳуми “Ватан”чиро мефаҳмед? (n=375%)

Мутаасифона ҳанӯз ҳам дар гуфтору кирдору рафторамон ҳиссиёти маҳалгароӣ фарогир аст. Барои манфиати ватани азизамонро ҳифз намудан аз доираи маҳал берун баромадан даркор аст. Ба сифати чунин ѓояи асоси инкишоф тамоюли миллатдустӣ баромад карда метавонад. Аммо миллатдустӣ муносибати хосаро талаб дорад. Мо бояд аз шакли канораи миллатгароӣ, ки хосияти иртиҷоӣ дошта, бар зидди манфиату талаботи умумиятҳои миллию этникии дигар равона шудааст, даст бикашем. Новобаста аз тарзи муносибат ба моҳияти давлатии миллӣ ва ҷавҳари ѓоявии он ҳеҷ каси соҳибақл ва соҳибзавқ аз раванди миллатгароии мусбат ҳазар карда наметавонад.

Масъалаи дигари муҳими инкишофи давлатдорӣ дар доираи муносибатҳои байниҳамдигарии ҳокимият ва оммаи халқ қарор мегирад. Нақши ҷомеаи шаҳрвандиро баланд бардоштан зарур аст. Бояд одамон аз мансубияти давлатӣ, яъне шаҳрвандии сиёсӣ буданашон ифтихор дошта бошанд. Мақоми шаҳрванд бояд дар нисбати навъҳо ва шаклҳои дигари мансубияти одамон хеле баланд бошад. Ҳар як шаҳрванд новобаста аз мансубияти иҷтимоию ҳудудияташ бояд аз Ватани хеш ифтихор намояд.

Ободии ватан, суботи онро ҳифз намудан вазифаи шаҳрвандии ҳар як фард аст. Бинобар ин ҷавонон бояд, дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва ватандӯстӣ тарбият ёбанд ва Ватани азизашонро муққадас донанд. Бо фикру андешаҳои бохирадмандонаи худ ба манфиати миллату Ватани азизи худ хизмат намоянд. Тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ин вазифаи муқадаси ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона, дар ин масъала натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологие, ки аз тарафи шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ гузаронида шудааст, қаноатмандкунанда мебошад. Аксарияти кулли мусоҳибон– 91,2% худро ватандӯст меҳисобандва 7,5% онҳо ақида доранд, ки ватандӯстии онҳо нав ташаккул меёбад. Қисми ками мусоҳибон, яъне ҳамагӣ 1,1% худро ватандӯст намеҳисобанд (ниг. Диаграммаи 2).

Оё Шумо худатро дӯстдори (ватандӯстӣ) Тоҷикистони соҳибихтиёр меҳисобед? (n=373%)

Мутаассифона, натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологии номбаршуда нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии қисме аз ҷавонон дар сатҳи паст қарор дорад. Бо сабаби паст будани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва носолим будани муҳити иҷтимоӣ ба қадри миллат ва сулҳу ваҳдат намерасанд. Бояд гуфт, ки ватандӯстии ҷавонон то ҷое аз ҳолати иқтисодии онҳо низ вобаста аст. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки баъзе аз ҷавонон шароити хуби зиндагӣ доранд, аммо худшиносу ватандӯст нестанд. Сарчашмаи ин зуҳуроти манфӣ ба ҷаҳонбинии маҳдуд, муҳити носолими тарбия ва саводи пасти онҳо вобастагӣ дорад. Сабабҳои паст рафтани сатҳи худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавононро дар таъсири маданияти бегона ва тақлид ба арзишҳои бегона медонанд.

Танҳо худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ ягона роҳе мебошанд, ки майли ҷавононро ба сӯи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ пешгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, бояд дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад.

Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари маҳбубамон бошанд.

Насурова Б.А., - ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ