Skip to main content

Ҷанги шаҳрванди солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърихи муосири кишвар баҳисоб меравад, ки таъсири он то ба имрӯз дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа бараъло эҳсос мегардад. Оғози муноқишаҳо дар моҳи майи соли 1992 ба Тоҷикистони навсоҳибистиқлол зарбаи сахт расонида, боиси талафоти ҷонӣ ва харобиҳои густурда гардид. Тибқи арзёбиҳо, даҳҳо ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, зарари иқтисодӣ ба даҳҳо миллиард доллар баробар шуд. Авҷи муноқишаҳо ба солҳои 1992-1993 рост меояд, ки дар ин давра вазъи амниятиро дар кишвар ниҳоят ноустувор гардонид. Аз соли 1994 музокироти сулҳ оғоз гардида, баъди чанд соли талошҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, соли 1997 Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги бародаркуш хотима бахшид. Бо вуҷуди ин, осори равонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷанг дар муддати тӯлонӣ боқӣ монд.

Бо гузашти беш аз 34 сол, насли наве ба воя расид, ки онҳо шоҳиди мустақими ин воқеъаҳо набуданд, аммо таъсири он аз тариқи хотираҳои калонсолон ва паёмадҳои иҷтимоӣ ба онҳо низ расидааст. Қисме аз аҳолӣ то ҳол он рӯзҳои пурфоҷиаро, аз ҷумла мушкилоти иқтисодӣ, муҳоҷират ва тағйироти сохтории ҷомеаро ба ёд оварда, оқибатҳои онро дар зиндагии худ эҳсос мекунанд. Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон як дарси ҷиддии таърихӣ гардид. Он зарурати ҳифзи сулҳ, ваҳдат ва суботи сиёсиро ҳамчун арзишҳои олӣ нишон дод. Имрӯз, гарчанде кишвар ба марҳилаи рушди устувор ворид гардида бошад, хотираи он солҳо ҳамчун омили ҳушдордиҳанда боқӣ монда, аҳамияти сулҳу ҳамдигарфаҳмиро барои наслҳои имрӯзу оянда таъкид менамояд.

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ба низоми идоракунӣ ва инфрасохтори соҳаи об низ зарари ҷиддӣ расонд. То охири соли 1991 беш аз 50-60% шабакаҳои обёрӣ ба таъмири асосӣ ниёз доштанд. Зиёда аз 30% иқтидори пойгоҳҳои обкашӣ аз кор монда, масоҳати заминҳои обёришаванда нисбат ба давраи пеш аз ҷанг то 15-20% коҳиш ёфт. Ҳамзамон, дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар дар баъзе минтақаҳо то 40% паст гардида, талафоти об дар шабакаҳо ба 50-60% расид. Ин нишондиҳандаҳо ҳолати буҳронии соҳаи обро ва зарурати ислоҳоту барқарорсозиро равшан инъикос менамуд.

Дар чунин шароит, пас аз ба имзо расидани Созишномаи истихрори сулҳ (1997), марҳилаи ислоҳоти сохтории соҳаи об оғоз гардид, ки он бо ташаббус ва сиёсати пайгирона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуд. Аз ҷумла, қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000) заминаи ҳуқуқии нави идоракунии захираҳои обро фароҳам овард. Минъбад, дар доираи ислоҳоти институтсионалӣ, гузариш ба принсипи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об роҳандозӣ гардид. Ҳамчунин, солҳои 2000-2020 як қатор барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ба беҳтарсозии идоракунӣ ва таҷдиди инфрасохтор равона гардиданд. Дар доираи ин барномаҳо бо заҳмату талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва вазорату ташкилотҳои соҳавӣ зиёда аз 1,5 млрд доллари ИМА сармоя ҷалб шуда, садҳо километр каналҳо ва шабакаҳои обёрӣ барқарор карда шуданд. Танҳо дар бахши оби нӯшокӣ, дар давраи солҳои 2000-2020 сатҳи дастрасии аҳолӣ аз тақрибан 57% то зиёда аз 80% расонида шуд. Ҳамчунин, таъсиси ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об яке аз дастовардҳои муҳими ислоҳот гардида то имрӯз зиёда аз 400 ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият дошта, тақрибан 60% заминҳои обёришавандаро фаро мегиранд. Ин механизм имконият дод, ки самаранокии истифодаи об беҳтар гардида, иштироки бевоситаи кишоварзон дар идоракунии захираҳо таъмин шавад.

Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд муҳим арзёбӣ мегардад. Бо пешниҳоду ташаббусҳои глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои об таҳким бахшид. Ин ташаббусҳо на танҳо нуфузи байналмилалии кишварро баланд бардоштанд, балки барои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар дохили кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бо вуҷуди зарарҳои ҷиддии ҷанги шаҳрвандӣ, ислоҳоти пайдарпай, татбиқи Барномаҳои соҳавӣ ва сиёсати стратегӣ имкон доданд, ки соҳаи об тадриҷан барқарор ва ба марҳилаи рушди устувор ворид гардад. Аммо, боқӣ мондани талафоти баланди об (то 40-50% дар баъзе минтақаҳо) ва фарсудашавии қисмани инфрасохтори мавҷуда нишон медиҳад, ки идомаи ислоҳот ва ҷалби сармоягузории иловагӣ барои таъмини амнияти об дар оянда аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.

Соҳаи об ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад, ки ин соҳа дар солҳои чанги шаҳрвандӣ бештар осеб дид. Садҳо километр каналҳо ва шабакаҳои обёрӣ ба таъмири фаврӣ ниёз пайдо карданд, дар ҳоле ки имкониятҳои техникӣ ва молиявӣ маҳдуд буданд. Дар натиҷа, масоҳати заминҳои обёришаванда коҳиш ёфта, ҳосилнокии зироатҳо паст гардид. Ин омил ба паст шудани амнияти озуқаворӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ расонд.

Бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаҳои соҳаи об амалӣ шуданд, ки ба барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, беҳтар намудани идоракунии захираҳои об ва афзоиши дастрасии аҳолӣ ба оби босифат равона гардидаанд. Барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла таҷдиди инфрасохтори об ва ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об, дар баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои обёришаванда ва таъмини устувории амнияти озуқаворӣ гардид. Ин раванд нишон медиҳад, ки идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, ҳамроҳ бо сиёсати стратегӣ ва дастгирии роҳбарияти кишвар, заминаи рушди устувори соҳаи аграрӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Таҷдиди шабакаҳои обёрӣ, беҳтар намудани идоракунии захираҳои об ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир имкон дод, ки соҳа тадриҷан барқарор шавад.

Таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки суботи сиёсӣ ва ҳамоҳангии идоракунӣ барои рушди устувори соҳаи об аҳамияти ҳалкунанда доранд. Дар шароити имрӯз, бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба об, таҳкими инфрасохтор, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва рушди иқтидори кадрӣ аз самтҳои афзалиятнок боқӣ мемонанд. Тибқи маълумотҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби ҷумҳурии тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, соҳаи об дар Тоҷикистон дар шароити муосир таҳти таъсири маҷмӯи омилҳои иқтисодӣ, демографӣ ва экологӣ қарор дошта, тамоюли афзоиши мушкилот ба таври возеҳ мушоҳида мегардад. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ, афзоиши талабот ба захираҳои об дар натиҷаи рушди аҳолӣ, коҳиши захираҳои табиӣ зери таъсири тағйирёбии иқлим, инчунин зиёдшавии ҳолатҳои фавқулодаи гидрометеорологӣ, урбанизатсия ва биёбоншавӣ, ҳамаи ин ба мураккаб гардидани идоракунии соҳа мусоидат намудаанд. Дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозорӣ низоми идоракунии об ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷорӣ гардидани хизматрасонии пулакии об дар соли 1996 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, №281) қадами муҳим дар самти ислоҳоти иқтисодӣ буд, аммо татбиқи пурраи он то имрӯз мушкил боқӣ мондааст. Махсусан, масъалаи пӯшонидани хароҷоти истифода ва нигоҳдорӣ, самаранокии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва риояи тақсимоти одилонаи об байни истифодабарандагон ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мемонад. Омили дигар ин афзоиши босуръати аҳолӣ мебошад. Ин раванд боиси зиёд шудани талабот ба об, нерӯи барқ ва озуқаворӣ мегардад. Агар соли 1991 ба ҳар як нафар 11963 м³ захираҳои об ва 0,13 га замини обӣ рост меомад, пас то соли 2015 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан то 7711 м³ ва 0,09 га коҳиш ёфтаанд. Ин коҳиш нишон медиҳад, ки фишор ба захираҳои об тадриҷан зиёд шуда, зарурати ҷорӣ намудани идоракунии ҳамгироёна ва истифодаи технологияҳои каммасрафи обро ба миён меорад.

Солҳои охир тағйирёбии иқлим низ ба низоми захираҳои об таъсири амиқ дорад. Тайи ду даҳсолаҳои охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар 0,7-1,9°С баланд гардида, тақрибан ҳазор пиряхҳои хурд аз байн рафтаанд. Бо назардошти он ки пиряхҳо манбаи асосии дарёҳо мебошанд, ин раванд дар дарозмуддат метавонад ба камшавии захираҳои об оварда расонад. Ҳамзамон, афзоиши тағйирпазирии гидрологӣ идоракунии обро, махсусан дар бахши кишоварзӣ, душвортар мегардонад. Офатҳои табиӣ ва техногении вобаста ба об низ яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд. Солона дар кишвар аз 40 то 230 ҳолати сел ва обхезӣ ба қайд гирифта мешавад, ки зарари иқтисодии онҳо аз садҳо ҳазор то даҳҳо миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо зарурати ташкили низоми самараноки пешгирӣ, мониторинг ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро таъкид менамоянд. Дар бахши муҳити зист таъсири фаъолияти инсон ба захираҳои об боз ҳам равшантар мегардад. Афзоиши истеҳсолот ва аҳолӣ боиси олудашавии об, эрозияи хок, паст шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва шӯршавии заминҳо гардидааст. Ин ҳолат зарурати тақвияти назорати сифати об, таҷдиди инфрасохтори корезӣ ва татбиқи механизмҳои устувори идоракунии экологиро ба миён меорад.

Ислоҳоти соҳаи об ва сиёсати стратегӣ зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо инфрасохторро тақвият дод, балки заминаи таъмини устувори амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзиро низ фароҳам овард. Саҳми Пешвои миллат дар рушди барномаҳои миллии соҳаи об хеле муҳим аст. Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 ва тадбирҳои ҳамоҳангшудаи давлатӣ ҷорӣ шуданд, ки самаранокии идоракунии захираҳои обро беҳтар намуда, сатҳи дастрасӣ ба оби босифатро афзоиш доданд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори кишвар мебошад.

Фирдавс Алиев – муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ