Skip to main content
Имрӯз ман метавонам расман хабар диҳам, ки мо як даҳсолаи гармои марговарро аз сар гузаронидаем. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар паёми соли нави худ гуфт, даҳсоли гармтарин дар таърихи сабтшуда дар даҳ соли охир, аз ҷумла соли 2024, рух додааст.

Дар соли 2025 кишварҳо бояд тавассути коҳиши якбораи партовҳо ва пуштибонӣ аз гузариш ба ояндаи таҷдидшаванда ҷаҳонро ба роҳи амнтар гузаранд ”гуфт ӯ.

Гузориши Ташкилоти Умумиҷаҳонии Метеорологӣ (ТУМ) дар бораи вазъи иқлим дар соли 2024 гармтарин соли рекордӣ буд, хати ҳушдории сурхро барои босуръати тағйирёбии иқлим, ки дар натиҷаи афзоиши пайвастаи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера ба вуҷуд омадааст ҳушдорӣ менамояд.

Солҳои 2015-2024 даҳсоли гармтарин бесобиқаи сабтшуда буд. Обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи баҳр ва гарм шудани уқёнусҳо суръат гирифта ва обу ҳавои шадид ба ҷомеаҳо ва иқтисодҳои саросари ҷаҳон зарар расонид.

Таъсири тағирёбии иқлим дар соли 2024 тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, боиси таъсироти пай дар пай аз қуллаҳои кӯҳҳо то қаъри уқёнусҳо ба ҷомеаҳо, иқтисод ва муҳити зист гардид.

Гармои тӯлонӣ ва шадид бори дигар зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба пайомадҳои он таъкид мекунад. Бо ақидаи олимон, «танҳо мутобиқшавӣ ба иқлим кофӣ нест. Мо бояд сабаби аслии онро пайдо ва нисбат ба коҳиш додани сатҳи рекордии партовҳои газҳои гулхонаӣ муносибати ҷиддӣ кунем».

Аз ин рӯ, самараноктарин роҳи ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ин рушди «иқтисоди сабз» мебошад, ки истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз»-ро дар бар мегирад. Бо ин мақсад, Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул гардид. Нуктаҳои асосии Стратегия сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ ва офтобӣ мебошад, ки ба туфайли онҳо мамлакат ба калонтарин таъминкунандаи неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад ёфт. Инчунин, татбиқи «иқтисоди сабз» дар саноатикунонии кишвар, ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи кишоварзӣ, рушди «нақлиёти сабз» ва инфрасохтори ба он мутобиқ, амалисозии принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Яъне, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» то соли 2037, воқеан, ба «кишвари сабз» табдил меёбад.

М.Сафаров “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон