Skip to main content

Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаи таҳсилоти миёна ва ё олии касбии кишвар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор мегардад. ки он ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи бузургдошти илму маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ба остонаи боргоҳҳои илму маърифат қадам мегузоранд ва дар дарси нахустин оид ба моҳияти илму дониш ва аҳамияти сулҳу субот маълумот гирифта, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват мешаванд. Дар арафаи соли нави таҳсил бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Имрӯз, 30 август Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд. Дарси Сулҳ, ки ҳусни оғози соли нави таҳсил аст, дар таълимгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд ва ҳамбаста бо ифтихору ҳувияти миллӣ баргузор шуд. Дар ин дарс ба шогирдон дар хусуси моҳияту аҳамияти сулҳ, марҳалаҳои расидани халқи тоҷик ба сулҳи комил, фидокориҳои Пешвои миллат баҳри тантанаи сулҳ ва масъулияти ҳамагонӣ дар посдории сулҳу ваҳдат ба таври муассир нақл карда мешавад.

Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои навбатии Сарвари мамалакат андешаронӣ намуда, қайд менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ пайваста аз дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, мушкилоти дар низоми иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда ва нисбат ба бурду бохти соҳаи илму маориф ҳамчун самти ояндасози давлат ва ҳалли масъалаҳои соҳа ёдовар шуда, насли ҷавонро ба илмомӯзӣ ва омӯзгоронро ба тарбияи дурусти насли ҷавону наврас ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳамияти бо Дарси сулҳ оғоз намудани соли таҳсил андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.

Пешвои маорифпарвари миллат иброз доштанд, донишҷӯён ба омӯзгорону ва хонандагони бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудаанд, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба таъкиди Сарвари давлат ҳар коре, ки Ҳукумати кишвар ба анҷом мерасонад, фақат ба хотири имрӯзу фардои босаодати насли оянда мебошад. Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» гузаронида мешавад. Барои баргузории озмуни мазкур Пешвои миллат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки ин озмун дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд. Инчунин, дастур дода шуд, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии хеш иброз доштанд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бо маром идома дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст. Дар ин давра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 202 ба 8 миллиарду 431 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,8 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид.

Дар баробари ин, қайд карда шуд, ки имрӯз аз кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд. Дар иртибот ба ин, қайд намуданд, ки ҳалли ин масъала на танҳо ба маблағгузории соҳа, балки ба сатҳи масъулиятшиносӣ, савияи донишу касбияти баланд, нангу номус, ҳисси миллӣ, иродаву виҷдон ва эҳсоси ватандӯстии роҳбарону кормандони соҳаи илму маориф, олимону омӯзгорон, аҳли зиё, падару модарон ва фаъолони ҷомеа иртиботи мустақим дорад.

Барои табъу нашр ва китобҳои дарсӣ ба олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар устодон супориш доданд, ки аз нав китобҳоро таҳлил намоянд. Пас аз тайёр намудани китобҳои дарсӣ олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муваззаф бар он ҳастанд, ки ин китобҳоро таҳлил намоянд. Имруз боиси ифтихор ва шарафмандии тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки аз тарафи маҷмааи байналмиллалии Созмони миллали муттаҳид то кунун 6 пешниҳоди пешвои тамоми тоҷикони рӯйи дунё қабул гардидааст.

Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки бо ғамхорию тадбирҷӯӣ ва роҳнамоию дастгирии ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф марҳала ба марҳала пеш меравад, мақоми омӯзгор меафзояд, музди кори кормандони соҳа зиёд мешавад ва ба онҳо имтиёзҳои бештар муқаррар мегардад, ислоҳоти соҳаи маориф боз ҳам вусъат меёбад. Ҷавобан ба ғамхории ҳамешагӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли маорифи кишвар имсол низ соли нави таҳсилро бо омодагии комил, азму иродаи қавӣ ва бо шукргузорӣ аз Истиқлолу Ваҳдати миллӣ истиқбол гирифтанд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳову дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон ва олимону омӯзгорон бояд ба тарбияи насли наврас муваззаф шуда, сидқан дар пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем ва дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир ба бозори ҷаҳониро фароҳам орем. Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон гаштаву баргашта таъкид бар он мекунанд, ки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст, ояндаи миллат маҳз аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Ин ҳама ки Пешвои миллат дар паёмҳояшон ишора ба ҷавонон мекунанд ин бесабаб нест, ба он хотир ки ҷавонон ҳисси ватандӯстиашон, меҳру муҳабат нисбати Ватан зиёд шавад ва барои пешрафти ватани азизи худ ҳамаҷиҳата дар тамони намуди соҳаҳо саъю кушиш. Талош ва ҳаракат карда саҳмгузор бошанд.

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,

Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам.

Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист,

Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам.

Хасисон низ мебахшанд баҳри ҳифзи меҳан ҷон,

Ватан касро кунад ҳотам, ватан дорам, ватан дорам...

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,

Садоям бишнавад олам, ватан дорам, ватан дорам.

Муҳаммад Ғоиб, Шоири Халқии Тоҷикистон.

Номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”, Котиби илмии Институти кимиёи

ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои тоҷикистон Худойбердизода Саидмири Убайдулло

РАВШАНИ ЗИНДАГӢ

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола «Рӯзи дониш» ҳамчун иди илму маърифат ва дониш таљлил карда мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки дар ҷаҳони муосир илм ва дониш ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти ҷомеа аҳаммияти бештар пайдо мекунанд. Эҳтироми бузурги давлату Ҳукумат ба сулҳу субот, суботи сиёсии ҷомеа, мақоми илму маориф, меҳнати пурмашаққати омӯзгорон ва талошҳои хонандагону мактаббачагон - насли ояндаи миллат, шаҳодати равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибитикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити таълим ба хонандагону донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуда, дар тамоми гӯшаҳои мамлакат садҳо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳо бо китобхонаҳои электронӣ ва шароити мусоид барои таҳсил таъсис дода мешавад. Дар арафаи Рўзи дониш ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон далели гуфтаҳои боло мебошад.

Таъсиси чунин як маркази таълимӣ барои таъмини идоракунии самтҳои мухталиф, ҳамгироии самтҳои гуногуни фаъолият ва муосирсозии раванди таълим дар донишгоҳи мазкур нақши муҳим хоҳад гузошт.

Арзиши дониш ва нақши он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим арзёбї гардида, дониш заминаи асосии рушд, пешрафт ва зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир махзани илму маърифат ва технология калиди муваффақияти шахс ва давлат ба шумор рафта, дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба фармудаҳои бузургони миллати тоҷик, донишро ҳамчун «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» арзёбӣ намуданд.

Маориф ва сулҳ - ду пояи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, сулҳ ва ваҳдати миллӣ асоси ҳаёти осоишта ва шарти пешрафти ҳама соҳаҳо, бахусус илм ва маориф мебошад. Тарбияи насли наврас дар руҳияи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Талқини маърифати сулҳпарварӣ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасон ва ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи кишвар, илму маориф ва ватани аҷдодӣ тарбия менамояд.

Ҷустуҷӯи роҳҳои такмили сифати таҳсилот, таъсиси стандартҳои нав, таҷдиди Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ бо ҷалби олимони соҳибтахассус амри зарурӣ шуморида шуда, дар ин замина яке аз масъалаҳои муҳими зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар умум соҳаи маориф таълифи китобҳои дарсии насли нав арзёбӣ мегардад.

Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳияи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронидани онҳо, масъулияти олимони соҳаро боз ҳам дучанд гардонида, заҳмату талошҳои бештарро дар ин самт тақозо менамояд.

Қадамзода Дилшод Саттор - директори Институти зоология ва

паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ

Зимни иштирок дар вохӯрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф бахшида ба Рӯзи дониш, ман, шахсан барои худ чанд масъалаи муҳимро бардоштам. Суханронии Пешвои миллат дар бораи зарурати зиёд намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҷумҳурӣ басо муҳим арзёбӣ гардид, зеро ин иқдом метавонад барои рушди касбомӯзии ҷавонон такони ҷиддӣ бахшад.

Имрӯзҳо шоҳид ҳастем, ки дар бисёре аз донишгоҳҳои кишвар барои ихтисосманд намудани ҷавонон ба омӯзиши касб таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Яъне, касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ метавонад мушкилоти мавҷударо тадриҷан бартараф намояд.

Дар бархе аз ташкилотҳои кишварҳои аврупоӣ истилоҳи "корманди соҳибтахассус" истифода мешавад, ки мувофиқи дараҷаи касбӣ, на танҳо бо такя ба ихтисосе, ки дар донишгоҳ ё донишкада гирифтааст, балки дар заминаи донишҳои аз илмҳои ҳамҷавори соҳа андӯхтааш, шахсро ба кор қабул мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки дар донишгоҳҳо, илова бар омӯзиши фанҳо аз рӯи ихтисоси интихобкардаи донишҷӯ, роҳандозии таълими касбомӯзӣ низ метавонад ҷавононро дар бозори меҳнат рақобатпазир гардонад.

Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат ишора намуданд, ин гузариш ба таҳсили 12-солаи мактабҳои миёна мебошад. Чунин таҷриба дар бисёр давлатҳои мутараққӣ ҷорӣ шудааст. Имрӯз мо аз забони баъзе падару модарон мешунавем, ки фарзандони онҳо дар синни 6-солагӣ қобилияти хондан ва навиштанро доранд. Бинобар ин, волидон мехоҳанд чунин кӯдаконро аз синни 6-солагӣ ба мактаб равона созанд, аммо санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ чунин пешниҳодро иҷозат намедиҳанд.

Дар ин замина, аксар кӯдакон дар баробари таҳсил дар боғчаҳо ба омодагӣ ба синфи якум машғул мешаванд, ки онро “синфи омодагӣ” (ё «нулевой класс») меноманд. Ин нишон медиҳад, ки қобилияти хондану навиштан дар кӯдакон дар синни 6-солагӣ ташаккул меёбад. Имрӯзҳо талабот ба “синфи омодагӣ” рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин рӯ, гузариш ба таҳсили 12-сола саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ мешавад. Зеро дар синни 7-солагӣ кӯдак аллакай хондану навиштанро ба таври пурра аз худ менамояд ва дар синфи ибтидоӣ тақрибан донишҳои аз боғча омӯхтаашро такрор мекунад.

Дар баробари ин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба масъалаи омода намудани кадрҳо дар самти зеҳни сунъӣ ибрози назар намуданд, ки то ҳол шумораи мутахассисон дар ин соҳа кофӣ нест. Маврид ба зикр аст, ки ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар таърихи 25 июли соли 2025 бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид ва иқдоми мазкур мо, олимонро водор месозад, ки дар омода намудани мутахассисон ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешем. Маҳз бо мақсади татбиқи амалии ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки дар назди Академия Маркази зеҳни сунъиро таъсис диҳад ва дар ин замина роҳбарияти ин ниҳоди бонуфузи илмии ватанӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ гуфтушунидҳоро ба роҳ мондааст. Зеро таъсиси чунин марказҳо барои омода намудани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи биноҳои нави Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи сайёҳӣ равона сохтанд. Дар воқеъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои бузург дошта, дар муқоиса ба дигар кишварҳои минтақа дорои нишондиҳандаи балантарин имконоти рушди сайёҳӣ ва захираҳои рекреатсионӣ мебошад. Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар ин замина, барои омода намудани кадрҳои соҳибунвони соҳаи сайёҳӣ, донишҷӯёни дараҷаи магистриро аз рӯйи ихтисоси «Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат» омода месозад. Раванди мазкур нишон медиҳад, ки талабот ба ихтисоси мазкур сол то сол меафзояд.

Рушди сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба яке аз самтҳои сердаромад мубаддал гардад, зеро бозори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ пас аз соҳаҳои нафт ва саноат дар ҷойи сеюм, вале аз лиҳози таъсироти мусбии экологӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун боргоҳи муҳимми илми ватанӣ барои пешбурди ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамчунин, дар ҷараёни суханронии хеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар заминаи донишкадаи сайёҳии донишгоҳи мазкур Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шавад. Бо таъсиси Академияи сайёҳӣ имкониятҳои васеъ барои пешбурди таҳқиқот дар соҳаи мазкур фароҳам гардида, шумораи донишҷӯёну унвонҷӯёни хориҷӣ низ афзоиш хоҳад ёфт.

Воқеан бо дастгирию пуштибонии ҳамешагии Пешвои миллат, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ шароити ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ муҳайё гардидааст. Аз ин рӯ, мо итминони комил дорем, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат соҳаи сайёҳӣ дар оянда ба яке аз самтҳои сердаромади кишвар табдил хоҳад ёфт. Мо, олимон низ барои омода намудани мутахассисони соҳа тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

Ҳамвора ба ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки китобҳои дарсӣ бояд пеш аз нашр аз санҷиши олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида шаванд. Ин пешниҳоди Пешвои миллат оид ба санҷиши китобҳои дарсӣ пеш аз чоп далели эътимод ва нақши муҳим доштани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Мо, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар баробари эътимоду боварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми кӯшиши худро ба он равона месозем, ки ба ин боварӣ сазовор бошем ва барои пешбурди соҳаи илми тоҷик содиқона хизмат намоем.

Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат дар бораи мақому манзалати омӯзгор анедашаҳои арзишманд иброз намуда, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро нишонаи олии эҳтиром ва қадршиносии омӯзгор аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Бинобар ин, мо итминони комил дорем, ки Қонуни мазкур метавонад дар баробари боло бурдани шаъну шарафи омӯзгор, инчунин дар баланд бардоштани сифати таълими хонандагони кишвар такони ҷиддӣ бахшад.

Ҳамин тавр, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар анҷоми суханронии хеш, чун ҳамеша бо насиҳатҳои падарона иброз доштанд, ки ҳама якҷо пайваста заҳмат кашем ва обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Директори Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои техникӣ

Аминҷон Гулаҳмадзода

Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам!

Эмомалӣ Раҳмон

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дасри сулҳ )

Дар давраи начандон тӯлонӣ соҳаи иҷтимоии мамлакат, хусусан соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ рушд карда, таи зиёда аз се даҳсола беш аз 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тамоми шароити ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шудааст. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Дар соли 2024 шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти илму маорифро самтҳои афзалиятнок ҳисобида, ҷавонони бомаърифатро давомдиҳандаи наслҳои миллати тоҷик арзёбӣ намудаанд.

Маҳз самараи соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Ин ҳама пешравӣ дар кишвари мо таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоиро ба амал оварда, татбиқи омилҳои рақамикунонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маорифро замина гузошт.

Дар шароити муосир дар раванди таълим якчанд заминаҳои моддиву техникӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои муассир гузошта шуда, дар кишвар низоми рақамикунонии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Ин омили низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф, барномаи иттилоотии «eDonish» буда, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020, №409 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” тасдиқ гардидааст.

Ҳадафи асосии рақамикунонии соҳаи маорифи кишвар, ин баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, ки яке аз оимлҳои мусбати ин барнома, назорати волидайн тариқи рӯзномаи электронии хонанда огаҳӣ ёфтан мебошад. Инчунин, имкониятҳои барномаи «eDonish» ба хонандагон ва омӯзгорон барои беҳтар намудани шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, тариқи ин барнома: ҷадвали дарсӣ дар шакли электронӣ, хабарнома аз омӯзгор, рӯзномаи электронии хонанда, мавзӯи дарс, вазифаи хонагӣ, баҳо ва ҳозиру ғоиби хонанда, пешрафти хонанда, муқоисаи хонандагон дар синф инчунин муқоисаи хонандагон дар мактаб аз тарафи волидайн ва ҳам аз тарафи омӯзгорон назорат карда мешавад.

Ҳадафи дигари рақамикунонии соҳаи маориф, ин муомилоти ҳуҷҷатҳо яъне истифодаи интиқолдиҳандаҳои иттилоотии коғазӣ коҳиш ёфта, ба ин васила нигоҳ доштан ва ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла буридани дарахтон сарфа карда мешавад. Инчунин, таъсири мусбии рақамикунонии соҳаи маориф дар он аст, ки маълумоти тарбиятгирандагон ва хонандагони тамоми муассисаҳо дар барномаи «eDonish» сабт гардида, бо ин усул мутахассисони соҳа метавонанд, вобаста ба савияи дониши толибилм, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ равона созанд.

Маҳз дастовардҳои мазкур дар соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, имрӯз дар кишвар 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 4037 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шароити ба талаботи муосир ҷавобгӯ фаъолият намуда, ҳамаи муассисаҳо бо технологияҳои муосири замонавӣ ва бо китобхонаҳои электронӣ таъмин мебошад.

Ҳамин тариқ, низоми рақамикунонии соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, ба дастовардҳои назарраси иқтисодиёт мушарраф гардидааст. Инчунин, ин дастовардҳо ба ташаккули “ҳукумати электронӣ”, “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз”, “иқтисоди рақамӣ”, ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ замина гузошта истодааст.

Сарчашмаҳо:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28.12.2024 https://president.tj

2. Рақамҳои оморӣ аз https://www.maorif.tj

Муҳаммадализода П.М. – н.и.и., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дасри сулҳ )

Чароғи ақли инсон аст дониш,

Бақои илму ирфон аст дониш.

Туро ҳам раҳнамо, роҳатрасон аст,

Камоли умру имон аст дониш.

Дар ҷаҳони муосир, ки бо пешрафтҳои илмӣ-техникӣ ва тағйироти босуръат ҳамроҳ аст, дониш ҳамчун унсури асосӣ дар ташаккули ақли инсонӣ нақши муҳим мебозад. 1 сентябр, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҳамчун Рӯзи Дониш ҷашн гирифта мешавад, имкони хубест барои таъкид кардани аҳамияти дониш дар ҳаёти инсон. Ин рӯз на танҳо оғози соли нави таҳсил аст, балки рамзи ташаккули шахсият ва ақл аст.

Таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки дониш ва ақл бо ҳамдигар алоқаи зич доранд. Мувофиқи таърифҳо, дониш ҳамчун огоҳӣ аз далелҳо, шиносоӣ бо ҳолатҳо ва малакаҳои амалӣ маънидод мешавад. Дар ҳамин ҳол, ақл ҳамчун қобилияти омӯзиш, ҳалли мушкилот ва татбиқи донишҳо фаҳмида мешавад.

Дар таҳқиқотҳои психологӣ, аз ҷумла корҳои илмӣ дар бораи ҳикмат ва ақл гуфта мешавад, ки ақл ба ҳалли вазифаҳои ҳаётӣ равона шудааст, дар ҳоле ки дониш заминаи онро ташкил медиҳад. Масалан, дар мақолаҳои илмӣ дар бораи омӯзиши малакаҳо зикр шудааст, ки омӯзиш – ин раванди ҳосил кардани дониш аст, ки ба инсон имкон медиҳад, ки ба муҳити атроф мутобиқ шавад ва онро тағйир диҳад. Ҳамчунин, таҳқиқотҳо дар соҳаи неврологияи маърифатӣ нишон медиҳанд, ки дастрасӣ ба иттилоот ҳисси фаҳмишро афзун мегардонад ва ба ташаккули ақл мусоидат мекунад.

Дар асоси корҳои илмӣ дар бораи дониш ва ақл, муаллифон таъкид мекунанд, ки дониш ҳамчун сармояи ақлӣ амал мекунад, ки қобилияти қабули қарорҳо ва пешгӯиро беҳтар месозад. Инчунин, таҳқиқотҳо дар бораи ҳуммияти зеҳнӣ (intellectual humility) нишон медиҳанд, ки қобилияти ҳосил кардани дониши нав барои рушди ақл зарур аст. Дар маҷмӯъ, адабиётҳо тасдиқ мекунанд, ки бе дониш, ақл наметавонад пурра ташаккул ёбад.

Ҷавониро ба ҷуз дониш набахшӣ,

Бақои ақл бе хоҳиш набахшӣ.

Заковатро барои хеш фармо,

Ки бе илму амал созиш набахшӣ.

Дониш ҳамчун заминаи ақли инсонӣ амал мекунад, зеро он қобилиятҳои маърифатиро рушд медиҳад. Масалан, дар раванди таҳсил, кӯдакон на танҳо далелҳоро аз бар мекунанд, балки малакаҳои таҳлилӣ ва эҷодиро ҳосил мекунанд. Дар Тоҷикистон, ки таълим ҳамчун арзиши миллӣ эътироф шудааст, Рӯзи Дониш имконият медиҳад, ки ҷавононро ба омӯзиши доимӣ ҳавасманд кунем.

Аз нуқтаи назари илмӣ, дониш ҳаҷми хотираи дарозмуддатро афзун мегардонад, ки барои ҳалли мушкилоти мураккаб зарур аст. Дар замони зеҳни сунъӣ, аҳамияти дониш ҳанӯз ҳам баланд аст, чунки он ба инсон имкон медиҳад, ки иттилоотро таҳлил кунад ва қарорҳои мустақил қабул намояд. Масалан, дар таҳқиқотҳо гуфта мешавад, ки дониш қобилияти пешбинӣ ва маслиҳатдиҳиро тақвият медиҳад.

Инчунин, дониш тафаккури интиқодиро рушд медиҳад. Дар ҳаёти ҳаррӯза, шахсоне, ки дониши васеъ доранд, метавонанд мушкилотро аз нуқтаҳои гуногун дида бароянд ва натиҷаҳои нав ба даст оранд. Дар мисоли Тоҷикистон, омӯзиши илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки ақли худро ташаккул диҳанд ва ба рушди ҷомеа саҳм гузоранд.

Ба ғайр аз ин, дониш ба мутобиқшавӣ мусоидат мекунад. Дар таҳқиқотҳои илмӣ, омӯзиш ҳамчун раванди мутобиқшавӣ ба муҳит тавсиф шудааст. Дар шароити Тоҷикистони муосир, ки бо тағйироти иқлимӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, дониш воситаи асосии мутобиқшавӣ аст.

Дар фарҷом қайд намудан муҳим аст, ки дониш ҳамчун замина ва ташаккулдиҳандаи ақли инсон нақши ҳалкунанда дорад. Дар Рӯзи Дониш, мо бояд ба омӯзиши доимӣ ҳавасмандӣ кунем, зеро он калиди рушди шахсӣ ва ҷомеа аст. Таҳқиқотҳо тасдиқ мекунанд, ки бе дониш, ақл наметавонад пурра рушд кунад.

Одамиро илму дониш зебу фар,

Зарфи холӣ мекунад гӯши ту кар.

Ҳар ки донишвар бувад, ӯ қодир аст,

Обрӯи ӯ бувад илму ҳунар.

Шарифзода Сурайё – сармутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони

Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар назди Раёсати АМИТ

(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)

123Ҳамасола дар Рӯзи дониш мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи мамлакат доир мегардад, ки фурсати хубе барои масъалагузорӣ ҷиҳати тақвияти илму маорифи мамлакат мебошад. Як василаи хуби ҳалли мушкилоти соҳа ва муайяннамои дурнамои маорифи мамлакат ҳамчун соҳаи калидӣ маҳз дар ин рӯз мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Иштироки бевоситаи Пешвои миллат ва суханронӣ дар доираи Рӯзи дониш як такони ҷиддиест, ки метавонад мушкилотҳои зиёдеро ҳаллу фасл намояд.

Суханронии Пешвои миллат ҳама самтҳои соҳаро фаро гирифта, аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф ва мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ёдовар гардид. Мусаллам аст, ки дар рушди соҳаи маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир дар даврони Истиқлол ноил гардид. Чуноне ки иброз гардид: "дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд. Ҳамзамон, тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст."

Нишондодҳои зикршуда саъю талоши бесобиқаи роҳбарияти олии мамлакатро нишон медиҳад, ки боиси хушнудии ҳар шаҳрванди мамлакат ва баракати Истиқлол аст.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва саривақтие ки Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳ намуданд ин рушди педагогикаи миллӣ дар ҳамбастагӣ бо технологияи муосири таълимӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: "Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо педагогикаи миллии худро бо истифода аз дастоварду навгониҳои замони муосир ташаккул диҳем ва анҷом додани ин кор, пеш аз ҳама, вазифаи олимони соҳаи педагогика мебошад".

Воқеан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илм ва технология, масъалаи ташаккули педагогикаи миллӣ бо истифода аз дастовардҳои замони муосир беш аз ҳарвақта аҳамияти муҳим пайдо дорад. Таъкиди Пешвои муаззами миллат низ маҳз аз ин тақозои замон бармеояд.

Педагогикаи миллии мо бояд асоси фарҳангӣ, арзишҳо ва забони миллӣ бошад. Ҳамзамон бо риояи меъёрҳои муосири таълимӣ ҳамоҳангӣ пайдо кунад. Ба ин васила, насли наврас на танҳо дониши мукаммал мегирад, балки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва меҳнати созанда парвариш меёбад.

Ҳамчун олимони соҳаи педагогика, масъулияти мо аст, ки илму таълимро бо таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ муттаҳид намуда, барои таҳкими педагогикаи миллии кишвар саҳмгузор бошем. Ин раванд метавонад заминаи рушди устувори таълим, рушди инсоният ва таъмини ояндаи дурахшони миллат бошад.

Маврид ба зикр аст, ки Педагогикаи миллӣ на танҳо илм аст, балки калиди пешрафти ҷомеа ва кафили ҳифзи ҳастии фарҳанг ва арзишҳои миллист. Барои ин, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи навгониҳои илмӣ ва технологияҳои нав дар соҳаи таълим бошем ва онҳоро роҳандозӣ намоем.

Муҳити таълимӣ бояд на танҳо бо маводҳои нав, усулҳои интерактивӣ ва технологияҳои рақамӣ таъмин гардад, балки таълим ва тарбияи кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ тақвият бахшад. Педагогикаи миллӣ бояд нақши асосиро дар тарбияи шахсиятҳои босавод, комил ва фаъол дар ҷомеа бозад.

Ҳамин тариқ, олимон ва мутахассисони соҳаи педагогика вазифадоранд, ки бо истифода аз методологияҳои муосир ва таҳқиқоти илмӣ ба такмили низоми таълимӣ саҳми арзанда гузоранд. Инчунин, онҳо бояд ба омӯзгорон ва мураббиён воситаҳои нави таълимӣ ва усулҳои муосири педагогиро омӯзонанд, то ки раванди таълим боз ҳам самаранок ва ҷолиб гардад.

Пешрафти педагогикаи миллӣ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таълими пешқадам дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад ва насли наврасро барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ омода намояд. Аз ин рӯ, рушди педагогикаи миллӣ бо истифода аз дастовардҳои замони муосир на танҳо вазифаи илмӣ, балки қарзи миллӣ ва фарҳангист.

Ҳаминтавр, ин таъкиди Пешвои муаззами миллатро метавон як роҳ ва стратегияи миллӣ барои расидан ба ояндаи дурахшон арзёбӣ намуд. Итминони комил дорам, ки бардошт аз ин суханронӣ барои мо муҳаққиқони соҳаи педагогика як дастури ояндадорест, ки бо саъю талош дар ҳалли масъалаҳои соҳа метавон саҳмгузор буд.

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, Номзади илмҳои педагогӣ

Санаи 30 августи соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ суханронии пурмазмун ва саршор аз андешаҳои роҳнамоӣ ироа намуданд. Ин суханронӣ барои ман ва кулли ҷавонони кишвар як дарси бузурги ҳаётӣ, як рамзи худшиносӣ ва як сабақи ватандӯстӣ гардид.

Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат аҳаммияти таърихии 1-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи муқаддаси дониш таъкид намуда, нақши илм, маориф ва маърифатро дар зиндагии ҷомеа ва ояндаи давлат равшан баён карданд. Ин ҷашн на танҳо оғози соли нави таҳсил аст, балки рамзи рӯ ба илму маърифат овардани наслҳои нав ва такмил додани фарҳангу худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Ман ҳамчун магистранти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихор эҳсос кардам, ки давлату Ҳукумат маорифро дар маркази сиёсати миллӣ қарор додаанд.

Дар суханрониашон Пешвои муаззами миллат махсус таъкид карданд, ки ҷавонон бояд бо донишҳои муосир мусаллаҳ бошанд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, ба техникаву технологияҳои нав шинос бошанд ва аз фарҳангу таърихи миллати худ бохабар бошанд. Ин суханон ба ман неру бахшид, зеро масъулияти ҳар як ҷавон на танҳо таҳсил кардан, балки ба як шахсияти комил табдил ёфтан ва дар рушди Ватани азизу маҳбуби хеш саҳмгузор будан аст.

Яке аз қисматҳои асосӣ ва таъсирбахши суханронӣ ба масъалаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ бахшида шуд. Пешвои муаззами миллат бо хотиррасон кардани давраҳои душвори солҳои 90- уми асри гузашта таъкид намуданд, ки сулҳ ва оромии кишвар бо талошҳои зиёд ба даст омадааст ва онро бояд мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем. Ман аз ин суханҳо дарк намудам, ки сулҳ танҳо як неъмати оддӣ нест, балки заминаи рушди маориф, иқтисод, фарҳанг ва умуман тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад. Агар сулҳ намебуд, мо имрӯз имкони таҳсил, пешрафт ва созандагӣ намедоштем.

Ҳангоми шунидани ин суханҳо эҳсоси ифтихор дар қалби ман дучанд гардид, зеро насли ҷавон имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат таҳсил мекунад ва имкони омӯзиши илмҳои муосирро дорад. Ман масъулияти худро дар назди Ватан бештар эҳсос кардам: бояд ин неъмати бузургро ҳифз намоям, ба ҳар гуна таҳдид ва ғаразҳои бегона дода нашавам ва ҳамеша ба ваҳдату субот содиқ бошам.

Суханронии Пешвои муаззами миллат дорои паёми амиқи маънавию ахлоқӣ низ буд. Мо ҷавононро ба худшиносӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки ҳар шахс бояд пеш аз ҳама шахсияти худро такмил диҳад ва барои ҷомеа шахси муфид бошад. Ин андешаҳо маро водор карданд, ки дар баробари омӯхтани фанҳои тахассусӣ, бояд ба тарбияи ахлоқӣ ва худогоҳии миллӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоям.

Дар суханронӣ инчунин масъалаҳои ободонӣ, илму техника, рушди забони давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки илму маориф меҳвари рушди ҳар як давлат аст ва бе дониш ҷомеа ба пешрафт ноил намешавад. Ман аз ин суханҳо барои худ як ҳадафи муҳим гирифтам: бояд пайваста омӯзам, саъй кунам ва илму донишро ба манфиати Ватани азизи хеш истифода барам.

Дар маҷмӯъ, суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ барои ман на танҳо як маърузаи расмӣ буд, балки як дарси зиндагӣ ва як роҳнамо барои ояндаи равшан. Ман ҳис кардам, ки ҳар як сухани Пешвои муаззами миллат аз дили пурмеҳр ва аз масъулияти бузурги падаронаи эшон нисбат ба миллат сарчашма мегирад.

Ҳар як ҷавонони кишвар бояд ин суханонро бо масъулият қабул карда, роҳи донишандӯзӣ, худшиносӣ ва ватандӯстиро пеш гиранд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо илму маърифат, бо фарҳанг ва бо сулҳу ваҳдат муаррифӣ намоем.

Хулоса, барои ман суханронии Пешвои миллат дар рӯзи муқаддаси дониш ва дарси сулҳ як ҳодисаи таърихӣ ва як сарчашмаи рӯҳбаландӣ буд. Ман қавл медиҳам, ки бо пайравӣ аз ин андешаҳои роҳнамо, ҳамеша барои рушди Тоҷикистони азизам, ҳифзи сулҳу субот ва баланд бардоштани сатҳи дониш кӯшиш менамоям.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Таассурот ва бардошт аз иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаи таҳсилоти миёна ва ё олии касбии кишвар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор мегардад, ки он ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи бузургдошти илму маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ба остонаи боргоҳҳои илму маърифат қадам мегузоранд ва дар дарси нахустин оид ба моҳияти илму дониш ва аҳамияти сулҳу субот маълумот гирифта, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват мешаванд. Дар арафаи соли нави таҳсил бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ Рӯзи дониш ва Дарс сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинову иншооти нав дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намуданд. Дарси Сулҳ, ки ҳусни оғози соли нави таҳсил аст, дар таълимгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд ва ҳамбаста бо ифтихору ҳувияти миллӣ баргузор мегардад. Дар ин дарс ба шогирдон дар хусуси моҳияту аҳамияти сулҳ, марҳалаҳои расидани халқи тоҷик ба сулҳи комил, фидокориҳои Пешвои миллат баҳри тантанаи сулҳ ва масъулияти ҳамагонӣ дар посдории сулҳу ваҳдат ба таври муассир нақл карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро фурсати хубе барои таҳлилу баррасии вазъи соҳаи ҳаётан муҳим – маориф арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешрафту дастовардҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро сари баланду қомати болои мардум, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди ташаббуси навбатии Тоҷикистон доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ номиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки мо бояд бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, бо ҳисси баланди миллӣ тамоми тавону неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем

Директори Институти иқтисодиёт

ва демографияи АМИТ, д.и.и.Бобозода К.О.

Рӯзи дониш, ки ҳар сол санаи 1-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун рамзи оғози соли нави таълимӣ ва арҷгузорӣ ба илму маърифат дар бисёр кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъруф аст. Ин рӯз на танҳо ҳамчун иди мактаббачагон, балки ҳамчун фурсате барои бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва аҳамияти дониш дар рушди ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.

Анъанаи таҷлили "Рӯзи дониш" ба давраи Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд, ки он соли 1935, бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Шӯравӣ (ИҶШС), дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 1-уми сентябр ҳамчун рӯзи оғози соли таҳсил муқаррар гардида буд. Тасмими мазкур бо мақсади ягонасозии низоми таълим дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардида, соли 1984, ин сана расман ҳамчун "Рӯзи дониш" эълон гардид.

Баъд аз соли 1991, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, Рӯзи дониш бо ба роҳ мондани "Дарси сулҳ" тақвият ёфта, он ба рамзи Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва маърифат мубаддал гардид.

Рӯзи дониш дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 21 июли соли 2011, №201 ва бо тағиротҳои минбаъдаи соли 2016, ҳамчун яке аз рӯзҳои ид, расман инъикос ёфтааст.

Таърих нишон медиҳад, ки дониш ҳамеша яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа мебошад.

Дар ҷомеаи муосир, дониш яке аз унсурҳои муҳими ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ гардидааст. Рӯзи дониш на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки фурсате барои таъкид ба аҳамияти илму маърифат буда, дар таҳкими сулҳу субот низ нақши муҳимро мебозад. Ба гуфтаи муҳаққиқон бошад, дониш дар раванди ҷаҳонишавӣ омили асосии рақобатпазирии миллатҳо гардидааст.

Дар асри XXI, дониш, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ омилҳои асосии пешрафти ҷомеа гардида, ин ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ба омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ рӯ оваранд, то ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд.

Инчунин, Рӯзи дониш ба омӯзгорону донишҷӯён ва падару модарон имконият медиҳад, ки аҳамияти таълимро амиқ дарк намоянд. Ин рӯз на танҳо ба маърифат, балки ба тарбияи ахлоқӣ ва ҳувияти миллӣ низ саҳмгузор мебошад. Ба гуфтаи дигар муҳаққиқон, маориф яке аз рукнҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.

Ҳамин тавр, рӯзи дониш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун иди оғози соли нави таҳсил, балки ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдати миллӣ ва маърифат аҳамияти хоса дорад. Таърихи он аз давраи Шӯравӣ сарчашма гирифта, дар шароити муосири Тоҷикистон ба воситаи пешбарандаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфтааст. Бо такя ба адабиёт ва манбаъҳои муътбар, метавон гуфт, ки Рӯзи дониш дар ташаккули ватандӯстию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллию масъулияти хизматӣ нақши калидиро бозида, он ҳамчун илҳомбахши ҷавонон барои баланд бардоштани илму маърифат ва донишу малакаи онҳо боқӣ мемонад.

Адабиёт:

1. Аҳмадов, Ф. (2021). Таълим ва глобализатсия: Нақши дониш дар рушди ҷомеа. Душанбе: Нашриёти ДДТ.

2. Мирзоев, А. (2010). Таърихи маорифи Тоҷикистон дар асри XX. Душанбе: Ирфон.

3. Нурматов, Ш. (2018). Маориф ва пешрафти ҷомеа. Маҷаллаи "Илм ва Ҷомеа", №3, саҳ. 45–50.

4. Қосимов, Р. (2015). Таърихи ташаккули низоми маориф дар ИҶШС. Хуҷанд: Нашриёти Донишгоҳи Хуҷанд.

5. Саидов, Ҳ. (2019). Технология ва маориф: Роҳи пешрафти Тоҷикистон. Душанбе: Нашриёти "Илм".

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", аз 21 июли соли 2011, №201.

Олимҷон Азизов - мудири шӯъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи

Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ.

Элбек Замиров - нозири калони шӯъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи

Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Бувад фархунда истиқлолат, эй дӯст,
Шавад пояндатар иқболат, эй дӯст.
Расидӣ бар муродат миллати ман,
Муборак, ин мубораксолат, эй дӯст!

123Истиқлолият аз ҷумлаи арзишҳои олӣ ва неъмати бебаҳоест, ки ҳар як миллат барои ба даст овардан ва ҳифзи он садсолаҳо мубориза мебарад. Барои мардуми тоҷик 9 -уми сентябри соли 1991 рӯзи тақдирсоз ва сарнавиштсоз ба шумор меравад. Дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ҳамчун давлати мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ, балки пояи асосии ташаккулёбии давлатдории навин, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. То ба даст овардани истиқлолият халқи тоҷик роҳи пурмашаққатеро тай намудааст: аз асорату истибдоди хориҷӣ то давраи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва эҳёи давлати миллӣ. Аммо солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон озмоиши сахт буданд. Бӯҳрони иқтисодӣ, нооромии сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ таҳдиди ҷиддӣ ба бақои давлат ва миллат гардиданд.

Бо вуҷуди ин, мардуми тоҷик бо иродаи қавӣ ва роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи ҷанг баромаданд. Ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофарини Сарвари давлати Тоҷикистон роҳи рушд, субот ва тараққиётро пеш гирифт.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо кардааст. Пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва робитаҳои байналмилалӣ далели равшани имкониятҳои истиқлолият мебошанд. Хусусан ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлати дунявӣ аз дастовардҳои бузурги мардуми тоҷик ба шумор мераванд.

9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳар як тоҷик бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад, истиқлолиятро пос дорад ва барои ободиву пешрафти давлати соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи озодӣ, балки ибтидои як давраи нави давлатдорӣ, худшиносӣ ва ваҳдат мебошад. Он моро водор месозад, ки аз гузашта сабақ гирем, имрӯзро бо масъулият сипарӣ намоем ва барои фардои дурахшон талош варзем. Барои наслҳои оянда нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолият қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

"Бо ҳамбастагӣ ва меҳнат истиқлолиятро пос дорем – барои фардои ободу дурахшон!"

Лашкарбекова Оиша - докторанти PHD-и соли дуюми таҳсили Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳим ва таърихии халқи тоҷик мебошад. 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман истиқлолияти худро эълон кард ва ба сафи давлатҳои мустақил ворид шуд. Ин сана барои тамоми шаҳрвандон рамзи озодӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ гаштааст. Имсол кишвари мо 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунад, ки ин нишонаи қадами устувори давлат ва ҷомеаи тоҷик дар роҳи пешрафт ва шукуфоист.

11Солҳои 1990–ум барои Тоҷикистон солҳои пурташвиш буданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишвар бо мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ гардид. Солҳои аввали истиқлолият давраи озмоишҳои ҷиддӣ буд. Аммо, бо иродаи мардуми кишвар ва раҳбарияти оқилона, Тоҷикистон тавонист аз ин мушкилот гузарад ва ба роҳи сулҳ ва пешрафт қадам гузорад.

Истиқлолият на танҳо озодӣ аз вобастагии сиёсӣ буд, балки имконият дод, ки халқи тоҷик сарнавишти худро мустақилона муайян кунад, арзишҳои миллиро эҳё намояд ва сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона пеш барад.

Дар таърихи Тоҷикистон як рӯйдоди бузург — Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 имзо шуд, ки боиси хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи сулҳ гардид. Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар аз вартаи нооромиҳо раҳо ёфт ва давраи нав оғоз шуд.

Дар 34 соли истиқлолият Тоҷикистон дар ҳама самтҳо пешрафтҳои назаррас ба даст овард:

  • Бунёди роҳҳои байналмилалӣ ва пулҳои стратегӣ;

  • Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО «Роғун»;

  • Тавсеаи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ;

  • Боло бурдани сатҳи зиндагии мардум;

  • Муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ шинохта шудааст.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик рамзи ваҳдат ва худшиносист. Таърих исбот мекунад, ки миллатҳое, ки истиқлолияти худро қадр мекунанд, ба дастовардҳои бузург ноил мешаванд. Дар Тоҷикистон сиёсати давлатсозӣ ба рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ ва ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ равона шудааст.

Ҷашни 34-солагии истиқлолият на танҳо таҷлили санаи муҳим аст, балки имкони таҳлили дастовардҳо ва муайян кардани ҳадафҳои нав барои оянда мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳис кунад, ки соҳибистиқлолӣ неъмати бузургест ва барои ҳифзу тақвияти он саъю кӯшиш намояд.

Имрӯз Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созанда ба сӯи шукуфоӣ қадам мегузорад. 34 соли истиқлолият гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик қодир аст ҳама мушкилотро паси сар карда, давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ созад. Ҷашни истиқлолият моро водор месозад, ки таърихи пурифтихори худро гиромӣ дорем ва барои ояндаи дурахшон талош намоем.

Достонҷон Раҳмонов - ходими илмии Институти

математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ

Истиқлолият беназиртарин неъмат барои мардуми шарафманди кишвари азизамон аст. Он рамзи сулҳу ваҳдат, оромӣ ва осудагии ҷомеа буда, барои миллати заҳматкашу фарҳангсолори тоҷик имкониятҳои нав барои рушду пешрафт фароҳам овард.

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз дар остонаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор дорад, ҳамчун давлати муосир ва демократӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор касб намудааст. Дастовардҳои назарраси кишвар дар давоми солҳои Истиқлол ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар миёни давлатҳои ҷаҳон таъмин кардаанд.

Сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа, бешубҳа, бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд доранд.

Дар замони Истиқлол, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, арзишҳои волои аҷдодӣ ва суннатҳои давлатдории миллӣ эҳё гардиданд. Ҳамзамон, омӯзишу таҳқиқи таърихи пурғановати халқи тоҷик вусъати тоза пайдо кард.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, ки ба мустақил шудани ҷамоҳири ҳайати он мусоидат намуд, мо ба давраи нави давлатдории хеш - давраи соҳибихтиёрӣ оғоз намудем.

Дар замони истиқлол миллӣ дар самти сиёсати хориҷии хеш Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошт. Аз соли 1990 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ баромад мекунад, ки он дар Изҳорот оид ба истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар сессияи дуюми Шӯрои Олӣ ва ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 қабулшуда чунин дарҷ гардидааст: “ҶШС Тоҷикистон муносибатҳои мустақимро бо давлатҳои хориҷӣ ба татбиқ расонида, бо онҳо шартномаҳои хусусияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ дошта мебандад, мубодилаи мушовирони дипломатӣ, консулӣ, намояндагиҳои тиҷоратиро анҷом медиҳад, дар ҳолати зарурӣ дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок менамояд.

Зимнан ба назар гирифтан зарур аст, ки раванди ташаккулёбии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин давра дар вазъияти бӯҳрони тезутундшавии иҷтимоию сиёсӣ сурат мегирад: шароити торафт мураккабшавандаи иқтисодӣ якҷоя бо тезутундшавии ихтилофоти иҷтимоӣ, қавмию ҳудудӣ шиддат меёбад.

Дар ин давра сохтмони низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо мушкилот ва душвориҳо дучор шуд, ки бар ҳар яке аз ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ хос буд. Ба онҳо, дар навбати аввал, мавҷуд набудани доктринаи мустақили сиёсати хориҷӣ; норасоии шадиди муассисаҳои хориҷӣ (сафоратхонаҳо, консулигариҳо, намояндаҳои тиҷоратӣ) шомил буданд.

Марҳалаи нав дар таърихи фаъолияти байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 оғоз меёбад. Асосҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Баённома оид ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст: “Дар муносибатҳои байналхалқӣ ба ҳайси субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ баромад карда, дар фаъолияти худ барои ба даст овардани сулҳи пойдор, маҳв кардани яроқи зарраӣ, роҳ надодан ба истифодаи неруи ҳастаӣ дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофот дар байни давлатҳои соҳибистиқлол, ҳамкориро дар байни онҳо барои ҳалли масоили ҷаҳонӣ, ки дар назди инсоният истодааанд, инкишоф медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон худро барои ба имзорасонии мустақими тавофуқномаҳо ва шартномаҳои дуҷониба ва ҳамаҷонибаи баробарҳуқуқ ва ба манфиати тарафайн, ки манфиатҳои ягон давлатҳои соҳибистиқлолро халалдор намесозад, бо кулли шарикон бе ҳеҷ гуна шарту шароити қаблӣ кушода эълон мекунад”.

Дар охири соли 1991 ва аввали соли 1992 раванди эътирофи расмии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон сурат гирифта, ирӯз Тоҷикистон аз ҷониби зиёда аз 160 давлати ҷаҳон эътироф карда шудааст. Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, узви аксари ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ, созмонҳои минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили глобалӣ фаъолона ширкат менамояд.

Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рӯбарӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад.

Мо имрӯз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.

Дар ин росто, мо тавсеаи муносибатҳои созанда ва гуногунҷанбаи худро бо шарикони анъанавиамон идома дода, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири ду кишварро тақвият ва таҳким хоҳем бахшид.

Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад.

Ҳамаи хатарҳо ба сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бояд бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони глобалии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ, бартараф карда шаванд.

Ҳамин тариқ, ҳамкории байналхалқии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ҳамкорињои дуљониба ва серҷониба дар низоми робитаҳои хориҷии кишвар дар давраи истиқлолият нақши муҳимро бозидааст.

Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.

Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолият тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳоеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад.

Ҷавонони мо фарзандони истиқлолият мебошанд, зеро онҳо дар канори истиқлолият ва ҳамроҳ бо озодиву соҳибихтиёрии ватанамон ба камол расидаанд.

Эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми шарифу ҳимматбаланди кишварамон мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, ниятҳои неки оғозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои сокинони мамлакат зиндагии боз ҳам беҳтару шоистаро таъмин менамоем.

Бовар дорам, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд ва моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату илҳоми тоза мебахшанд.

Хусусан, имсол, ки истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбуби мо 34-сол мешавад, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири ин Ватани азиз, ин марзу буми муқаддас, пойдории озодиву соҳибихтиёрӣ ва ободиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳон боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Яъне тамоми кӯшишу ғайрати мо ва ҳар рӯзи фаъолияти кории кулли фарзандони ватандӯст ва бонангу номуси миллат ба номи истиқлол, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвари азизамон – Тоҷикистон сафарбар карда шавад.

Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – Ив Мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Маликов Тавакал Саидович - Сармутахассиси Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти АМИТ

Имом Мираҳмади Шарофиддин-Сармутахассиси Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти АМИТ