Skip to main content

Ба истиқболи 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асри мо асри мушкилоти азим аст, зеро аз як тараф, афзоиши рақобатҳои қудратҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз сӯйи дигар фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористию тундгаро ва равияҳои ифротии динӣ ба ҷомеа таъсири манфӣ доранд.

difДар чунин шароити душвор мо бояд Истиқлоли Ватанамон, ваҳдату ҳамдилии миллат ва суботу оромиро ҳифз карда тавонем.

Тавре маълум аст, ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба таври куллӣ тағйир дод ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ барои кишварамон гардид.

Замони соҳибистиқлолӣ дар назди Роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи ниҳоят мушкилу масъулиятноки таърихӣ, яъне бунёди давлати навини миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва таъмини амнияти кишварро ба миён гузошт.

Боиси хурсандист, ки дар оғози замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва бо азму иродаи қавӣ ва дастгирии мардуми шарифамон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои мазкур баромаданд.

Зимни татбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Сарвари давлат ва заҳмати софдилонаи мардуми арҷманди кишварамон мо дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, роҳбарияти давлат дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсиро амалӣ намуда, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ шароити мусоидро фароҳам овард.

Дар давраи нав соҳаҳои муҳимми иқтисоди кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, сохтмону нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайра рушд ёфта, дар ин самтҳо давлатамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоту ислоҳот ба амал оварда шуда, инкишофи онҳо таъмин карда шуд.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу мустақил ва аъзои комилҳуқуқи СММ дар арсаи байналхалқӣ мавқеи шоистаи худро ишғол кард ва миллати мо ҳамчун миллати тамаддунсозу соҳибватан ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки замони истиқлол ва хусусан солҳои аввали он барои давлати навбунёди мо давраи ниҳоят вазнину душвор буд. Дар Тоҷикистон он замон дар натиҷаи амалҳои ғаразнок ва фитнаи қувваҳои бадхоҳ ҷанги таҳмилии дохилӣ сар зада, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони мо ва пароканда гардидани миллатамон ҳамчун воқеияти талху даҳшатнок таҳдид мекард. Лекин мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати сулҳоваронаю созандаи Пешвои худ муттаҳид гардида, бо саъю талоши ватандӯстонаву ҷонфидоёна истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ҳифз карда тавонист ва ин имтиҳони сахту сангини таърихро гузашт.

Миллати тоҷик бо роҳбарии Сарвари давлат ҳамчун миллати созанда дар як муддати кӯтоҳ на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар кишвар барқарор сохт, балки рушду пешрафти мамлакат ва бунёди ҷомеаи солимро таъмин кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ тараққӣ мекунад ва мардум ҳаёти осудаю хушбахтона доранд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки тамоми корҳои бузургу азими созандагиро, ки то имрӯз бо роҳбарии Пешвои миллат дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлол барои мардуми мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.

Имрӯз Истиқлол ифтихори мио, тантанаи хирадмандӣ ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми ободкору ватандӯсти мо, воситаи муҳимтарини ҳифзи ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Шаҳрвандони шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар замони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзу нигоҳдории давлати нави миллӣ, пешрафту ободии ин сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва аз нав эҳё намудану гиромӣ доштани арзишу суннатҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар талош варзид ва ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид.

Даврони Истиқлол дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик ва ҳатто аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир давраи чандон тӯлонӣ нест. Аммо дар ин муддати кутоҳ, бо вуҷуди мавҷудияти мушкилоту монеаҳои зиёд, ақлу заковат ва азму иродаи қавӣ ва заҳмати софдилонаи мардуми сарбаландамон имкон дод, ки дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта шавад.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва хусусан илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Бо назардошти он, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлатдорӣ, пешрафти миллат, ҳифз ва афзун кардани дастовардҳои истиқлол аз сатҳи донишу омодагии наврасону ҷавонон вобаста мебошад, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат қарор дода шудааст.

Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон дарк кардаанд, ки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бе рушди сармояи инсонӣ, яъне бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба самти мазкур диққати бештар дода мешавад.

Шубҳае нест, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург аст, аммо ҳифзу таҳкими он масъулияти азим дошта, заҳмату ҷонфидоиҳоро талаб менамояд. Бешубҳа, аз асоситарин омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург, яъне соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Боиси хурсандист, ки солҳои охир ба шарофати истиқлолият худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии мардуми мо боло рафтааст. Қавӣ гардидани Артиши миллӣ ва умуман иқтидори мудофиавии давлат, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафта хизмат кардану барои ҳифзи Ватан омода будани ҷавонони кишварамон исботи гуфтаҳои болост.

Айни замон ҷаҳон бо хатарҳои даҳшатнок, аз ҷумла зуҳуроти номатлуби экстремизму терроризм дучор гардидааст. Мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари шиддати бесобиқа пайдо кардани бархурди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ амнияту суботи баъзе давлатҳои як вақтҳо ором аз байн рафтааст. Дар чунин шароит ҳифзи истиқлолият ва оромию суботи кишвар масъулияту заҳмати бештарро талаб мекунад.

Тоҷикистони азизи мо аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва бо дарназардошти вазъи минтақа дар чорсӯйи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Вобаста ба таҳдидҳо ва вазъи ноорому хатарзои ҷаҳони муосир ва бо мақсади таъмин намудани амнияту тараққии кишварамон, имрӯз вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди ҷомеаи мо ҳифзи истиқлоли давлатӣ, суботу оромии комили ҷомеа ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишварамон аст.

Барои ҳалли ин вазифаҳо зарур аст, ки ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид бошанд ва дар татбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумат бо воситаи меҳнату заҳмати софдилонаи худ фаъолона ширкат намоянд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд қиммату арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро ба таври дурусту амиқ дарк намояд ва аз ин имконият, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, яъне соҳибистиқлолӣ пурсамар истифода барад. Фаромуш набояд кард, ки мо танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани озоду соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафтаи мутамаддин метавонем дар ҷаҳони муосир мақоми арзанда дошта бошем ва ҳамчун миллат соҳибэҳтиром бошем.

Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо дар сурати доштани ваҳдату сарҷамъӣ ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишварамон метавонем истиқлоли Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намуда, миллати хушбахт бошем.

Сурайё Шарифзода, ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи навини худро боз намуд ва бо зуҳури ин руйдоди нодири таърихи ормони ҳазорсолаи халқи тамаддунофари тоҷик амалӣ гашт.

dsas9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқӯъ омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ҳамватанони азиз Шуморо аз самими қалб бо ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, шукр аз он менамоем, ки Тоҷикистони азизамон ва миллати тоҷик, дар ободии ватан пайваста саҳмгузорӣ менамояд.

Баъди ба даст овардани истиқлолият миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии давлат ва ваҳдати миллӣ дар ҳадафи асосии миллат, яъне ватанпарварӣ натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Дар ин замина тарбияи маънавӣ ва ахлоқии насли наврас яке аз вазифаҳои муҳими устоду омӯзгорон мебошад, ки аз он ҳам давлат ва ҳам ҷомеа баҳраманд мегардад. Хушбахтона, имрӯз халқи тоҷик тамоми он барномаҳоеро, ки Сарвари давлат пешниҳод намуда буданд ва пешниҳод менамоянд, бо ҷидду ҷаҳди ватанпарастона амалӣ месозад.

Нишонаи фаъолияти пурсамар ва босуботи имрӯзаи Тоҷикистон ин Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.

Дар ҳар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои муҳимми таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд, ки бешубҳа амалӣ мегарданд.

Таҳкими пайвастаи истиқлолият, якпорчагии давлат, сохтани иншооти калони стратегӣ, барпо намудани ҷойҳои кори нав, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва сатҳи донишу маърифати ҷавонон, ҳамзамон сохтмони иншооти бузург, биноҳои баландошёна, роҳҳои васеъ ва мумфарш, мактабҳо, муассисаҳои фароғатӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имконияти халқ беҳтар шудааст, яъне рушди босуботи ҷомеа имкон медиҳад, ки ҳар фарди ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии на танҳо худ ғайрат намояд, балки низ, барои рушди кишвари маҳбубамон саҳм гузорад.

Амалӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳимми ҳалли душвориҳои иқтисодию иҷтимоии ҳар як мамлакати рӯ ба рушд ниҳода мебошад. Бахусус таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи илму маориф хеле зиёд гардида, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятноки кишварамон гардидаанд.

Бояд хотиррасон намуд, ки имрӯз ҳар як фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳуриамон, балки низ берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури давлатҳои пешрафтаи муосир дониш омӯхта, соҳиби касбу ихтисоси замонавӣ гардад.

Зеро новобаста аз шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, буҳрони иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки тамоми минтақаҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, давлати мо тавонист нақшаҳои гуногуни худро дар соҳаҳои мухталиф дар сатҳи устувори инкишоф нигоҳ дорад.

Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ин такя ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани ойину анъанаҳои неки миллӣ, ташвиқу тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон мебошад, чунки маҳз ба ҳамин васила мо метавонем гузаштаи худро дуруст дарк намуда, ҳисси ватандустиро ба қалби насли наврас ҷо намоем.

Президенти Ҷумҳурӣ дар паёмҳо доимо оид ба мавқеи илм ва баланд бардоштани обрӯи онро дар ҷомеа таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2023 дарҷ шудааст, ки «Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад ва рушди илму маориф дар навбати худ калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо шуда, омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад».

Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони пеш куллан фарқ менамояд, чунки дар роҳи давлати ҳуқуқбунёди демокративу рушдёбанда бо қадамҳои устувор пеш рафта, заминаи он сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, фаъолияти пурсамараи босубот ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад.

Хоҷаев М.А. Котиби илмии Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ.

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Ҳиким Фирдавсии Тӯсӣ

Башарият аз замонҳои қадим арзиши маориф ва нақши муҳиммеро, ки таълим дар ҳаёти мо мебозад, дарк кардааст. Демокрит, ки ба масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳ карда буд, чунин хулосаро ба мо ҳидоят мекунад: “На ҳунар ба даст меояду на ҳикмат, агар омӯхта нашаванд”.

Ба қавли К. Хуммел, низоми донишандузии дилхоҳ кишвар ояндаи миллатро густариш дода, айни замон умеди даврон мебошад. Маориф дари фардои моро мекушояд, бинобар ин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати он, лоиҳаҳои гуногуни ислоҳот дар ин соҳа ногузиранд.

Дар давраи бунёди ҷомеаи иттилоотӣ саводнокии компютерӣ ва донистани иттилоот шарти зарурии болоравии касбии корманди ҳар як ташкилот гардид. Ба ҳар ҳол, вазъ дар соҳаи маориф бештар аз рӯйи чунин омилҳо, ба монанди мақсадҳо муайян карда мешавад, ки ноил шудан ба онҳо дар сатҳи давлатӣ ҳамчун шарти зарурии фаъолияти системаи маориф эълон карда мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла мазмуни нақшаҳои таълимӣ, сатҳи омӯхташавии дарс ва сифати маводи таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бигиранд. Сиёсати миллии маориф барои ҷавоб додан ба бисёре аз ин масъалаҳо пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли бештар аз 30 сол мешавад, ки ба соҳаи маориф коста нагардида, баръакс тақвият меёбад. Сарвари давлат дар санаи 1 сентябри соли 2024 ба самти сифати таҳсилу тадрис ва барномаҳои таълимӣ дахолат карда, таълифи китобҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосирро таъкид намуданд: “Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст”.

Миқдори зиёди ислоҳоти соҳаи маориф, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида мешаванд, хеле бомуваффақият анҷом ёфтаанд. Биёед сатҳи татбиқшавиро аз кишварҳои хориҷӣ таҳқиқ кунем. Масалан, то соли 1970 дар Арабистони Суудӣ таносуби аҳолии саводноку камсавод 10 бар 90 фоизро ташкил медод, аммо пас аз 30 сол 95 фоизи аҳолии ин кишвар ҳадди аққал маълумоти миёна доштанд. Дар Олмон аз аввали солҳои 2000-ум як қатор барномаҳо амалӣ карда мешаванд, ки ба ҳамаи пиронсолон имкон медиҳад аз бозомӯзии касбӣ гузаранд.

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ниёгони мо аз дерзамон ба масъалаи донишомӯзӣ рағбат дошта, дар таърих чун миллати саҳмгузор дар таҳияи донишҳои фундаменталӣ маъруфанд. Мо ин андешаро бо далелҳои қавӣ исбот хоҳем кард, ки аҷдодамон дар гузашта ва имрӯз дар такмил ёфтани сатҳи донишҳои башарӣ нақши боризе аз худ боқӣ гузоштаанд. Ҳанӯз Рӯдакӣ бобати гиромидошти дониш ва дар сангнабиштаҳо маҳфуз доштани он ашъор сурудааст. Қабл аз ӯ, майли бесарҳад доштани тоҷикон ба фаро гирифтани илму дониш дар маохизи таърихӣ ба мушоҳида мерасад. Аммо ҳадаф аз нигоштани ин мақола вазъи маорифи муосир аст ва бо такя бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат дар соҳаи маориф метавон гуфт, ки на танҳо таваҷҷуҳ, балки бартарӣ додани маорифу илм бар соири самтҳои фаъолият натиҷаи сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад. Масалан, Роҳбари давлат зимни суханронӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бобати иртиботи наслҳо таъкид намуданд: “Мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд. Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем. Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем”.

Агар хонандагон барои гирифтани донишҳои нав ҳавасманд набошанд, хоҳишу кӯшишҳои омӯзгору волидайн натиҷа нахоҳанд дод. Ҳамзамон, баъзе волидайн, ки аз дарсҳои ояндаи фарзандонашон нигарон ҳастанд, мекӯшанд, ки онҳоро то ҳадди имкон ба мактаб омода созанд ва аз тақрибан сесолагӣ хониши равон ва арифметикаро талаб мекунанд. Модару падарони дигар, ки орзую умедҳояшон баланд аст, мекӯшанд, ки фарзандонро аз гаҳвора ба воя расонанд ва масалан, ҳатто пеш аз он ки онҳо бо забони модариашон озодона ҳарф зананд, ба таълим додани забонҳои хориҷӣ шуруъ мекунанд. Норасоии китобҳои дарсӣ дигар мушкили ташвишовари соҳа ва яке аз сабабҳои дар сатҳи зарурӣ аз худ накардани барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва паст гардидани сифати таҳсилот мебошад. Ҳамаи ин омилҳоро ба инобат гирифта, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво бахшида ба таҷлили Рӯзи Дониш дар санаи 1 сентябри соли 2024 татбиқи озмуни “Шоҳномахонӣ”-ро пешниҳод карда, пасон дастур доданд, ки озмунҳои дигар аз лиҳози ҳаҷми мукофотпулӣ дар ҳаҷми 100 фоиз боло бурда шавад: “Бар замми ин, пешниҳод менамоям, ки дар кишвар барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардида, дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда шавад ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд. Инчунин, дастур дода мешавад, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад”.

Омӯзгор тавассути таълим ва интиқоли таҷриба дар ташаккули арзишҳо, муносибатҳо, меъёрҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии шахсият саҳм мегузорад. Ба рӯйи насли наврас дари ҳаёти ҷомеаи пайваста рушдёбандаро мекӯшояд. Маҳз ҳамин тавр ҷавонон ба замони муосир ворид шуда, тадриҷан аз равандҳои рушди тамоми ниҳодҳои асосии ҷомеа ва давлат бохабар мегарданд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки омӯзгор дар ташаккули ҷамъияти оянда, қувваҳои истеҳсолкунанда, илму фарҳанг ходими фаъол мебошад.

Ҷаҳони муосир бо суръат тағйир меёбад, волидон, омӯзгорон, кӯдакон, ҷомеа дигар мешаванд. Усулҳои нави таълими насли наврас кор карда баромада мешаванд. Аммо рисолати асосии иҷтимоии омӯзгор ба насли наврас расонидани ҳаҷми неъматҳои ҷамъиятие, ки ба онҳо дар шакли дониши муфид, меъёрҳои ахлоқӣ ва таҷрибаи зиндагӣ дастрас аст, иборат мебошад. Омӯзгор ҳамчун посбон ва барандаи неъматҳои гуногуни ҷамъиятии тамоми мардум, арзишҳои рӯзмарра, фарҳангӣ, ахлоқӣ, фикрӣ ва маънавии онҳо баромад мекунад. Ӯ ин арзишҳоро дар дохили худ ҷамъоварӣ ва азхуд карда, ба қадри имкон ба насли наврас мебахшад. Дар натиҷа, фарзандони мо бояд малакаҳои муносибатҳои солимро омӯзанд. Қобилият дар ин муносибатҳо барои дифоъ аз эътиқод ва арзишҳои худ ҳам дар сухан ва ҳам дар амал хеле муҳим ба назар мерасад. Омӯзгор на танҳо омӯзгор, балки дар масъалаҳои тарбияи фарҳангию ахлоқию маънавии насли наврас мураббӣ мебошад. Омӯзгор тавассути талқини андешаҳои ҷавонон дар бораи арзишҳои фарҳанги миллии худ ҷавононро таълим медиҳад, ки рафтори худро мувофиқи ин арзишҳо танзим кунанд, дар асоси принсипҳои некӣ, эҳтиром ва инсондӯстӣ нисбат ба дигарон зиндагӣ кунанд. Мо ҷомеаи муосир ҳастем ва дарк мекунем, ки омӯзгор симои асосии ташаккули ояндаи мост, мо бояд ба вазъи иҷтимоӣ, маънавӣ ва моддии шахсе, ки ояндаи худро ба ӯ бовар дорем, дастгирӣ намоем. Чунонки дар ин маврид Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи Дониш қайд намуданд: “Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад”.

Новобаста аз таассуроту сатҳи тафаккури иҷтимоӣ омӯзгор дар рушди ҷомеа нақши мусбат ва калидӣ дорад. Чунки дар ҳавасмандӣ, сатҳи омӯзиши мавзуъ ва ошкоргардии қобилиятҳо саҳми омӯзгор низ мушоҳида мешавад. Бояд мутазаккир шуд, ки омӯзгор дар дилхоҳ давлат таҳиягару интиқолдиҳандаи ғизои маънавӣ аст ва ин масъулиятро на ҳар кас бар хеш муносиб ё қобилияти дарк кардани онро дорад. Бинобар ин, ҳеҷ каси мо бе кумаку раҳнамоии омӯзгорон ба ҳоли кунунии худ нарасидаем ва дар густариши эҳсоси ҳувиятхоҳиамон нақши омӯзгор низ ҳаст. Чунонки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Чунин иқтибосҳоро аз осори барҷомондаи мутафаккирони тоҷик метавон пайҳам овард, аммо ҳадафи мо таваҷҷуҳу ташаббуси Пешвои миллат ба соҳаи илму маорифи кишвар аст, чунки дар воқеъ, Сарвари давлат дар ҳар як таълифоти хеш соҳаи мазкурро баррасӣ карда, роҳҳои бозомӯзии онро таҳқиқ намудаанд. Мо инро ҳам дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” мебинем ва ҳам дар ҳар суханронии Пешвои миллат бартарии илму маорифи кишварро дар таҳия ва рушди давлатдории миллӣ эҳсос мекунем. Масалан, зимни суханронии худ бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таҳсили миёнаи умумӣ бар ҳар як ҷавон ҳатмӣ буда, ҷиҳати афзудани таҳсилоти томактабӣ чораҳои зарурӣ дида шавад: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад. Инчунин, ба ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои қобилияти баланди омӯзгорӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, мушкилоти норасоии омӯзгорон ва ғайритахассус кор кардани онҳоро дар самти технологияҳои иттилоотӣ дар муддати ду сол бартараф созад”.

Дар замони шуравӣ омӯзгорро як ҷузъи зиёиён медонистанд. Дар баробари ин, вазифаи омӯзгорӣ чун тарбиявӣ фаҳмида мешуд, ки бо тарбияи шаҳрвандон, на танҳо кӯдакон, балки волидони онҳо низ алоқаманд аст. Дар давраи дигаргунсозии пасошӯравии ҷомеа омӯзгорон ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҷомеасозӣ амал мекунанд, ки онро бештар тамоюлҳои арзишӣ, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии насли наврас муайян менамояд. Аммо дар айни замон бо сабаби равандҳои дар соҳаи маорифи ҷаҳонӣ ба амал омада, омӯзгорон аз зумраи гурӯҳи иҷтимоӣ-касбӣ шинохта шудаанд.

Вазифаи асосӣ ва иҷтимоии омӯзгор тарбияи ҷавонон, инкишофи неруи зеҳнию ахлоқии ҷомеа мебошад. Сатҳи маърифатнокии наслҳои минбаъда ва арзишҳои дар ҷомеа ҷойдошта аз омӯзгор вобаста аст. Фаъолияти омӯзгор дар ҳаёти ҷамъият дар ҳамаи марҳалаҳои тараққиёти таърихии он аҳаммияти калон дорад. Дар баробари ин, мақоми омӯзгор бо мурури замон тағйир меёбад, зеро низоми маориф ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ низ ҳамеша дар тамоюли ивазшавӣ қарор доранд.

Ширин ҚУРБОНОВА, доктори илмҳои таърих, Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ

269Бояд қайд намуд, ки 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард. Имсол аз таърихи қабули ин ҳуҷҷати тақдирсози кишварамон 33 сол пур мешавад. Дар ин мудати начандон тӯлонии таърихӣ халқи меҳнатқарини тоҷик зери Парчами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами милат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст, ки роҳи беш аз садсолаҳоро пушти сар кунад. Кас аз ин ободию рӯз аз рӯз хӯрраму зебо гардидани саросари Тоҷикистони азизамон, Ватани ягонаи тоҷикони дунё ба ваҷд меояд ва суханҳои ҳидоятсози Ҷаноби Олӣ «Тоҷикистон ба пешр»-ро гаштаю баргашта зам-зама менамояд!

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илми тоҷик низ ба дастовардҳои олмшумули таърихӣ соҳиб гардид, ки ин пеш аз ҳама ба талошу ғамхориҳои падаронаи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди илми тоҷик вобастагии калон дорад. Масалан, олимони Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиш ва таҳқиқоти набототу ҳайвоноти нодири кишварамон натиҷаҳои арзишманди илмиро ба даст овардаанд.

Месазад ёдовар гашт, ки дар натиҷаи ҷоннок намудани корҳои таҳқиқотӣ дар бахшҳои чунин соҳаҳои муосири илм, ба монанди генетика, селексия ва биотехнология дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бештар аз 10 навъҳои серҳосилу ба касалиҳои тобовари зироатҳои кишоварзӣ ба даст оварда шудаанд, ки онҳо ҳоло дар майдони бештар аз 10 ҳазор гектар кишт карда мешавад. Олимони ин махзани илм тавассути ба даст овардани чунин навъу намунаҳои нодири зироатҳои кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, ки яке аз Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишварамон ба шумор меравад, саҳми арзандаи хешро мегузорнад. Чунин дастовардҳои самараноки илмӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар муассисаҳои илмии зертобеъи АМИТ низ ба даст оварда шудаанд, ки онҳо дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши калон мебозанд.

Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар арафаи ҷашнигирии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнату натиҷаҳои ба даст овардаи олимони тоҷикро қадр намуда, онҳоро бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз мегардонанд, ки ин ба кушишу ғайрати олимони тоҷик қувва ва илҳоми нав мебахшад. Имсол ҳам дар рафаи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 20 нафар олимони АМИТ мукофотҳои давлатӣ, аз қабили «Корманди шоистаи илм» ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида, ки аз онҳо шаш нафарашон аз Шуъбаи илмҳои биология мебошанд.

Мо олимони тоҷик аз ин ғамхорӣ ва дастгирии падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан сипогузорем ва минбаъд ҳам тамоми қувваю нерӯи илмиамонро боз ҳам баҳри баланд ва самаранок гардидани натиҷаҳои илмӣ сарф намуда, дар рушди иқтисодиёти кишвари азизамон саҳми хешро хоҳем гузошт.

Мирзораҳимзода А.К. - ноиби президент, раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор, дорандаи унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» дар соли 2024.

Партоев Қ. - мудири Озмоишгоҳи генетика ва селексияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, дорандаи медали «Хизмати шоиста» дар соли 2024.

Оре, Истиқлолият ин неъмати бебаҳо, соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ, мустақилият муваффақият, музаффарият арзи ҳастӣ кардан ва арзишмандтарин муъҷиза аст, ки ба ҳар миллат муяссар намешавад. Давлате, ки арзи ҳастӣ кардан мехоҳад, онро зарур аст, ки дорои Истиқлолияти пойбарҷову комили хеш бошад, чун ки ягона ин Истиқлолият аст, ки барои халқ имкон фароҳам мешавад, ки осудаҳолона зиндагӣ дошта бошанд.

Вақте ки вожаи пурмаъною пурарзиши Истиқлолиятро ба забон меорем оромӣ, ободӣ, осоиштагии ватани азизамон ва қаҳрамониҳои Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон пеши назарҳо ҷилвагар шуда, рӯҳу равони моро ҳиссиёти шодию нишот ва раҳоӣ аз зулму ситам, умед ба фардои дурахшон фаро мегирад ва шунидани ин калимаҳо дили сардгаштаи мардуми ҷафодидаро дубора ба зиндагӣ гарм мекунад, лекин рӯзҳои сахту сангину нангини воқеаҳои солҳои 90 – уми асри гузашта, ки душманони миллату давлат аз он рӯзҳо истифода намуда, ҳоли мардумро табоҳ кардаву бедодгариҳову беадолатиҳоро ба мардум раво медиданд, ҳаргиз аз ёдҳо намеравад. Хоинони давлату миллат чунон вазъиятро ноором карда буданд, ки ҳатто вазифаи роҳбарии давлатро касе аз тарс ба уҳда намегирифт, дар як муддати кӯтоҳ чандин нафарон ба вазифаи роҳбари давлат таъин гардида дар кӯтоҳтарин муҳлат тарки вазифа карда, ҳатто фирор карданд. Нолаву фиғон, ғаму андуҳи падару модарон ки фарзандону наздиконашонро аз даст дода буданд, дили инсонҳоро решу умеди онҳоро аз зиндагӣ канда мекард. Касе дар бораи оянда фикрҳам намекард, фикри мардум танҳо ҷон ба саломат бурдан буду дарёфти як луқма нон барои фарзандон буду халос.

Ҳар лаҳза хатари аз байн рафтани давлату пароканда шудани миллат ва ноумедиҳои зиёд рӯҳафтадашавии халқро афзун мекард ва халқ чорае надошт, рӯз то рӯз вазъият дар кишвар ноором мегашт, душманон даст ба таҷовузкориҳо мезаданд, корхонаҳо ва хонаҳои истиқоматиро сӯзонида валангор мекарданд, халқи бегуноҳро бераҳмона мекуштанд, халқ аз даргириҳои босуръати душманон ба сарашон оварда тоб наоварда, гуреза шуда ба давлатҳои ҳамсоя мерафтанд. Аз тарафи дигар гуруснагӣ халқро таҳдид мекард ва аз гуруснагию аз истеъмоли хурокаи ҳайвонҳо аз қабили (кунҷора, ҷуворӣ, ҷав,) ҳатто ғураи ҷоруб ва ғайраҳо чандин нафарон ба ҳалокат расиданд, аз он ҷумла кӯдакон.

Хушбахтона бо шарофати сиёсатмадори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 сол қабл ба бахти миллати тоҷик баъди бесаросомониҳои зиёд, офтоб дубора ба рӯи миллати тоҷик нурпошӣ намуду тоҷикон Истиқлолият ба даст оварда, хатари аз байн рафтани давлат ва парешон гаштани миллатро тавонист Эмомалӣ Раҳмони ҷавон бартараф намояд. Дар дунё ҳастанд миллатҳое, ки аз аҳолии давлати мо дида ду се баробар зиёданд, вале соҳиби давлати муксақили хеш нестанд ва дар дигар давлатҳо умр ба сар мебаранд.

Бале таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон кӯҳантарин мардуми Осёи Миёна буда, бо гузашти вақт чандин маротиба бо амри тақдир бо ҳамлаи душманон рӯ ба рӯ шуда, бар муборизаҳои беамони душманон муқовимат нишон дода, дар натиҷа миллати тамаддундору муваффақи мо дар ҳамбастагӣ дастаҷамъона бар душман ғолиб омада душманро мағлуб менамуданд. Дар лаҳзаҳои душвори воқеаҳои солҳои 90 – уми асри гузашта аъзоёни Шурои Олии ҷумҳурӣ ба хулосае омаданд, ки нафари арзандаеро интихоб намуда, ин вазифаи дорои масъулияти вазнин роҳбарии давлатро ба уҳдааш гузоранду чораҳо ҷуста вазъи ҷумҳуриро ором намояд ва бо ин мақсад дар толори Қасри Арбоб Шурои Олӣ баргузор шуд, ки дар ин иҷлосия вакили ҷавон аъзои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд ва аз ҷониби интихобкунандагон овози зиёдеро соҳиб гашт ва дар нахустин суханоне, ки дар лаҳзаи нав Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқ иброз доштанд, ин сухан буд: “Ман ба шумо сулҳ меорам” Дар асл ба ҳамаи ваъдаҳояш Президенти маҳбубамон вафо намуданд. Сулҳро дар кишвар танинандоз намуд. Миллатро аз парешоншавӣ ҳифз намуд ва дар як ҳолати вазнин аз рақибон наҳаросида ба давлати ҳамсоя Афғонистон сафар намуда, фирориёнро ба давлат ба хонаҳояшон бар гардонд, хизмати бузургтаринашон ин ҳуқуқу озодиҳои халқро ҳифз намуда, Конститутсия – и навро барои пойдории давлати дуняви демократӣ ҳуқуқбунёд қабул намуд, барои рушди илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд, беҳтарин шароитҳоро дар пешбурди илми тоҷик ба олимону академикон муҳаё намуда, барои аз байн нарафтани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуд, маорифро соҳаи калидӣ дар кишвар эълон дошт, зина ба зина барои рушди ин соҳа вазъи иҷтимоии омӯзгорону кормандони ин соҳаро беҳ намуд.

Барои ёфтани чеҳраҳои муваффақу пешрафта озмунҳоро дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуд, баҳри дар арсаи байналмилал шинохта шудани тоҷикон ҳамкориҳоро да самти корҳои байналмилалӣ равнақ дода, сиёсати дарҳои бозро пеш гирифт. Давлатҳои абарқудрати дунё аз сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибистиқлол гардидани кишвари мо бохабар гашта, дар нахустин пешниҳодҳо давлати моро ҳамчун давлати воҳид ба расмият шинохтанд, ки ин иқдоми Президенти сулҳпарварамон Эмомалӣ Раҳмон тавонист барои таҳсил, варзиш, соҳибкорӣ ва дигар самтҳо дар хориҷи кишвар шароит фароҳам овард. Ба ҳамагонмаълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохил, балки дар тамоми дунё ҳамчу ҳомии сулҳ ва бадастоварандаи Истиқлолият дар Тоҷикистон аст.

Алишер Саидов – корманди АМИТ

Сентябрь 6, 2024 09:38

asdasdДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз заминаҳои асосии ҳувияти миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилият ва озодӣ буда, фарзандони бонанги ӯ дар тамоми уфуқҳои мавҷудият барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд. Таърихи давлатдории тоҷикон нишони он аст, ки давоми таърихи гузаштаи худ ин сарзамин бо ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи душманон рӯ ба рӯ шуда, ҳамеша мардони бошараф намегузоштанд, ки миллат дар тобеият ва дастнигарии душманон қарор гирад.

Воқеан ҳам дар замони муосир истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосии мавҷудияти давлат буда, метавонад сабаби пешрафти чашмгири тамоми паҳлуҳои зиндагии иҷтимоӣ шавад. Аз ин рӯ барои ҳар фарди ватанпарвари тоҷик дарку фаҳмиши моҳияти истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ишора намудаанд, «ҳар сокини мамлакат бояд ба қадри истиқлолият бирасад ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз намояд».

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузург аст. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. 9 сентябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иди расмии давлатӣ табдил ёфт, ки он ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Давлатҳои гуногуни ҷаҳон марҳила ба марҳила Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Конститутсияи нави соли 1994 қабулгардида сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро эълон намуд. Вале, бадхоҳони миллат давлатеро, ки тоза соҳиби истиқлол шуда буд, ба ҷанги шаҳрвандии бародаркуш кашиданд, ки ин ҷанг аз соли 1992 то 1997 идома ёфт. Аммо фарзандони баору номуси миллат зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷанг хотима бахшиданд ва миллати тоҷик дубора ба ризоияти миллӣ ва ваҳдати саросарӣ расид.

Хатари нобудшавии давлати тоҷикон пешгирӣ карда шуд. Дар ин хусус Президенти Тоҷикистон чунин гуфта буданд: «Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол расман шинохта шудааст.

Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими мамлакат боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонида, ҳар сокини Тоҷикистон аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби Ватани озод ва давлати мустақил аст. Ин на ба ҳама халқҳо муяссар мешавад.

Пешвои миллат соҳиби давлат будан ва доштани истиқлолиятро барои тоҷикон «рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз» дониста, чунин гуфтаанд: «Халқи тоҷик тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад ва аз саодати бузурге бархурдор аст. Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст».

Ҳикматулло ХОҶАЕВ, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(Бардошт аз суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рузи дониш ва Дарси сулҳ)

Ҳамасола 1 сентябрро ҳамчун «Рӯзи дониш» бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта, дарси аввали соли хонишро аз дарси сулҳ оғоз менамоем. Дарси сулҳ - дарси ватандӯстӣ ва шинохти таърих ва фарҳанги миллӣ ба хотири фардои ободии кишвари азизамон мебошад.

Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан барои сокинони кишвари азизамон Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо таҳаммул кардани машаққату душвориҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овардаанд. Гузаронидани дарсҳои сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасон ва ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, пос доштани сулҳу суботи кишвар ва ҳимояи ватани аҷдодиамон тарбия менамояд. Зеро бидуни ташаккули зеҳнии ҷавонони боистеъдод ва бидуни омӯзиши донишҳои муосир, омӯзиши электронӣ, ташкили лабораторияҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, мо наметавонем ба ҳадафҳои умедбахши худ расида, рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар кишвар таъмин намоем. Мо набояд фаромӯш созем, ки ояндаи неки давлату миллати аҷдодии мо бештар аз омӯзиши илми наврасону ҷавонон вобастагӣ дорад.

Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санаи фархунда дар баромадашон зикр намуданд, ки рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир, нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем.

Мавриди зикр аст, ки бо талошу заҳматҳои кашидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар замони истиқлоли давлатӣ шаклҳои нави муассисаҳои таълимиро ҷорӣ намуда, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби Президентӣ, 75 гимназия ва 71 литсей таъсис дода шуд. Маҳз, самараи истиқлолияти давлатӣ аст, ки ҳар сол қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президентӣ зиёд гардида, ба ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар зарурӣ талош меварзанд.

Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри заҳматҳои кашидаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, дар байни ҷомеа алалхусус ба наврасону ҷавонон дар раванди омӯхтани илмҳои дақиқбештар тарғиб намоем.

Дар охир ба ҷавонони бо нангу номуси кишвари азизамон гуфтаниям, ҳамеша баҳри оштию ҳамдилӣ кушиш намоем, ватани худро ободу зебо гардонем, бикӯшем, ки барои наслҳои оянда макони зебову дилнишинро боқӣ гузорем, нагузорем, ки ашк аз чашмони модарон бирезад, хандаҳои кӯдакон ба гиряҳо мубаддал гардад. Бигзор зери осмони софу мусаффо мардуми кишвари азизам зиндагии осуда дошта бошанд.

Махмедов Муҳаммадҷон - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2123Дар саҳифаҳоидурахшони таърихи кишвар санаҳои тақдирсоз ва муҳиме ҳастанд, ки мояи ифтихору сарфарозии ҳаряки мо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумлаи чунин санаҳои барчаста9 сентябри соли 1991- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар интиҳои асри 20 миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки имрӯз мо дар арафаи 33-солагии ин дастоварди бузурги таърихӣ қарор дорем.

Чи гунае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд “Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад”.

Дар ҳақиқат истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳуввияти мо будааст. Абармардони миллати куҳанбунёди мо тавонистанд, ки ҳанӯз дар асри 10-ум соҳиби давлати миллӣ буданд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳони бо номи давлати Сомониён шӯҳрат ёфтааст. Маҳз ҳамин андешаи истиқлол буд, ки баъди сукути давлати Сомониён низ, миллати тоҷик аз озмоишҳои сахту сангин бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ, худогоҳи ва худшиносии миллиро то ба замони мо оварда расониданд.

Бояд қайд намуд, ки раванди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурии мо дар охири асри ХХ назар ба дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар ин вазъ кишвар ба буҳрони шадиди ақидативу идеологӣ ва иқтисодиву сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

Чуноне, ки Пешвои миллат иброз намуданд: «Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид».

Хушбахтона, фарҳанги бузурги миллӣ ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз гуноҳи якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт, сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Рушди маънавиёти миллат ва пойдориву шукуфоии давлати мо дар тӯли зиёда аз 30 соли давраи истиқлолият хело вусъат ёфт. Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Наврузи бостонӣ, Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ҷашнҳои умумихалқӣ табдил ёфтанд.Инчунин соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, пули миллӣва узви комилҳуқуқи СММ, Созмони амният ва ҳамкори дар аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва аъзои даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ молиявӣ гардидани Тоҷикистон аз дастовардҳо ва арзишҳои мукаддаси даврони истиқлолият буда, рамзи тантани давлатдории миллӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари азизи мо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҳаллу фасли проблемаҳои экологии арсаи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад. Дар давоми ду даҳсолаи охир сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои мубрами вобаста ба обу иклим, ки аҳаммияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд нигаронида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки маҳз самараи истиқлол ва кӯшишҳои хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллати тоҷикон буд, ки имрӯз Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Иқдомхои бузурги масъалаҳои обу иқлим: «Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»(2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (2018-2028), Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва эълони 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки ташаббускори онҳо Пешвои миллати тоҷикон мебошанд, дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонии марбут ба об муҳим ба шумор мераванд.

Пазируфта шудани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фаслу проблемаҳои марбут ба об нуфузи эътибори байналмилалии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин масоили ҳаётан муҳим боло бурд.

Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони кишварҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони салоҳиятдор, марказҳои илмии бонуфуз ва созмонҳои ғайридавлатиро дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об муттаҳид намуд.

Имрӯз мо ахли маориф ва илм низ бояд барои таҳкими рушду нумӯъ ва ифтихори миллӣ эҳтиёҷмандии хеш ва ҷомеаро ба идеяҳои нав ба нави миллӣ таъмин намоем. Барои ба ҷо овардани ҳамаи ин корҳо дониши ва сатҳи ҷаҳонбинии хуб доштан лозим аст, ки роҳбари давлатамон нисбати ин масъала сол то сол чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлолу ваҳдатофар нашиносад. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни Истиклолияти давлати ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта мекӯшад. Дар ин масир ин масъулият ба души кормандони соҳаи илму маориф зиёдтар аст ва ин масъулияти баландро чунон, ки Пешвои миллат таъкид кардаанд, ҳар шаҳрванди кишвар бояд амиқ дарк намояд. Бигузор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон поянда ва абадӣ бошад.

Мирзоев Нуриддин Маҳмадович - мудири шуъбаи ихтиология ва гидробиологияи Институти зооология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИТ

2123ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши илмро дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ба таври возеҳ муайян сохта, давоми зиёда аз сӣ соли охир нисбат ба ин соҳаи сарнавиштсози миллату давлат ғамхории зиёд зоҳир намуданд. Аз ҷумла, дар даврони Истиқлоли давлатӣ Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мақоми ниҳоди илмии миллиро гирифта, дар баробари ин академияҳои соҳавӣ дар самти таҳсил ва кишоварзӣ таъсис ёфтанд, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қариб чор маротиба афзуда, барои рушди илми донишгоҳӣ низ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

— Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо таъсис дода шуда, якшанбеи сеюми моҳи апрел дар қонунгузории ҷумҳурӣ расман «Рӯзи илми тоҷик» эълон гардид. Вобаста ба ин тамоми ниҳодҳои ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ то ҳадди имкон дар рушди илм ва мутаносибан, ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа саҳм гузоштанд.

Барои намуна метавон мисол овард, ки дар ин давра танҳо дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, ки ҷузъи сохтории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, зиёда аз 350 монографияи илмӣ дар соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба нашр расида, ҳамасола то 250 мақолаи илмӣ, зиёда аз 200 мақолаи илмию оммавӣ оид ба масъалаҳои сиёсати давлат ва тарғибу ташвиқи он чоп мешаванд.

Дар даврони истиқлолият зиёда аз 40 осори мутафаккирони тоҷик аз хатти ниёгон баргардон ё аз забони арабӣ тарҷума шуда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда шуданд. Аз ҷумла, осори Ибни Сино бо забони тоҷикӣ дар 15 ҷилд, бо забони русӣ дар 8 ҷилд, асарҳои Абунасри Форобӣ, Абубакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва ғайра. Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ дар маҷмуъ 60 мавзуи фармоишии илмӣ иҷро гардидааст.

Қонунгузории ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илм арзи ҳастӣ намуда, даҳҳо консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ дар самти илм ва инноватсия қабул ва амалӣ шуданд. Аз ҷумлаи чунин санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии созанда метавон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», инчунин Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028, Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 ва ғайраро номбар намуд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат арҷгузорӣ ба шахсияти олимро ба сатҳи олӣ бардоштанд. Бо ин мақсад бо иқдоми шахсии Сарвари давлат бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, чун Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар баргузор гашта, осори илмии онҳо ба нашр расид. Барои олимони муосир дар ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои миллат мукофоти давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илму техника: ба номи академик С.У.Умаров – дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ, ба номи академик Е.Н.Павловский – дар соҳаи илмҳои биологӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ, ба номи академик М.С.Осимӣ–дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ, ба номи академик Ҳ.Ҳ. Мансуров – дар соҳаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров — дар самти таърих ва шарқшиносӣ муқаррар карда шуданд.

Маблағгузории соҳаи илм ва маориф таҳти назорати шахсии Президенти Тоҷикистон қарор дошта, пайваста меафзояд. Аз ҷумла, соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида буд ва дар буҷети соли 2024 барои ин зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки қариб 4 ҳазор маротиба зиёд мебошад.

Дар баробари ин, Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30 майи имсол ба сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки барои татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро бо мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, ки эътимоду боварии мардуми моро ба рушди минбаъдаи мамлакат бо такя ба илм тақвият мебахшанд ва имкон медиҳанд, ки ба ояндаи дурахшони миллату давлати соҳибистиқлоли хеш хушбинона умед бандем, олимони ҷумҳурии мо кӯшиш доранд, ки дар рушди илм саҳми бештар гузоранд. Бо ин мақсад, аз нигоҳи мо, фаъолсозии минбаъдаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар тамоми соҳаҳои илм аз ҳар олим ва ниҳоди илмӣ тақозо карда мешавад.

Ба масъалаҳои илм ва ҷаҳонбинии илмӣ таваҷҷуҳ намуда, дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат 30 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «дар ҷаҳони муосир танҳо мамлакатҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз намуда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд». Аз ин рӯ, амалисозии ин дастур на танҳо ба рушди илми тоҷик, балки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд.

Хуршед ЗИЁӢ, - муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор

«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд»

Эмомалӣ Раҳмон

Иқтибоси дар боло овардашуда аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перзиденти муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтавои асосии истиқлоли ҳар кишвари соҳибистиқлолро бо ҳифзи якпорчагии он ва пойбарҷо кардани абадияти миллат, ҳамчунин нишонаҳои асосии он - забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллиро ифода мекунад. Яъне истиқлол ҳамчун нишона ё вижагиии ҳар миллат, кишвар ё давлатест, ки дар он сокинон ва аҳолӣ бо доштани ҳокимияти худидоракунӣ ва соҳибихтиёр дар қаламрави он амал мекунанд фаҳмида мешавад. Баръакси фаҳмиши истиқлол мақоми як қаламрав ё колонияи вобаста ба ҳокимияти дигар давлат мебошад, ки масири зиндагии ӯро дигарон муайян месозад.

Таҷлили рӯзи истиқлоли як кишвар ё миллат замоне ҷашн гирифта мешавад, ки кишвар аз ҳама шаклҳои мустамликадорӣ озод аст ва озодона барои сохтани кишвар ё миллат бе ягон дахолати дигар миллатҳо иродаи мардум ё ормонҳои хешро метавонад воқеият бахшад.

Ин таърифи истиқлолият гарчанде куллӣ ва умумиятшудаи таҷрибаҳои истиқлолиятхоҳӣ дар тамоми ҷаҳон бошад ҳам, аз ҷониби дигар таҷрибаи талошҳои миллати моро дар ба даст овардани он ифода карда, ҳамеша ифодагари озодихоҳӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар масири шебу фарозҳои давлатдорию миллатсозии мо тоҷикон мебошад. Албатта масири давлатсозию миллатсозии мо таърихи чандинҳазорсоларо дар бар мегирад, ки наметавон онро дар матни як мақола ё китоб ғунҷонид. Аммо барои худогоҳӣ ва бедории миллат сабақҳои андухтаамонро аз кору пайкори сиёсатмадори маъруфи сатҳи ҷаҳонии мо, ки Пешвои миллат, Президенти имрӯзи кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар ҳассостарин рӯзҳои сахтии кишварамон миллатро аз вартаи нокомӣ наҷот додаанд, қобили зикр ва ёдоварист.

Бо таҳаввули сиёсию иҷтимоии даҳаи охири асри XX тақдири миллати тоҷик боз ба гирдоби бозиҳои геоплитикӣ бо дасти гуруҳбозону фурсатталабони ҷоҳталаби дохилӣ афтода, бедории миллиро бо даҳшати маргбори гурӯҳҳои либерализими демократимаоби анархист ва исломи сиёсишудаи даҳшатафкану ифротие, ки таҷрибаҳои инқилобии худро дар Шарқи Миёна ва Наздик озмоиш карда буд, афтод ва долони Осиёи Марказиро, ки Тоҷикистон мебошад, ба ошуб оварда, ба гуфтаи мардумӣ “обро лой карда мехостанд моҳии тиллоии худро ” ба даст оваранд.

Гарчанде бедории мо низ як бедории тақлидӣ ва куркуронаю шиорӣ буд, бо вуҷуди он мардум бовар доштанд дар меъмори давлати миллии худ метавонанд ормонҳои миллии худро дар баробари дастовардҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ татбиқ намоянд. Аммо ин як саробе буд, ки миллати порапоргаштаи моро фиребид. Яъне бозиҳо ва манфиатҷӯии гурӯҳҳои ҷоҳталаб кишварро ба вартаи бесарусомонӣ ва носуботии бардавом оғушта карда, мавҷудияти низоми сиёсии онро фалаҷ ва бекора сохт. Дар баробари пошхӯрии низоми шӯравӣ низоми дохилии мо низ вайрон гардида, ҳокимияти мавҷуда фаъолияти худро аз даст дод.

Таърихи куҳандиёри тоҷикон, ки ҳавзаи фарҳангии он минтақаи имрӯзи Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва қисмати зиёди Шарқи Миёна ва Наздикро дар бар мегирад саршор аз чунин таҳаввулоти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти гузашта ва имрӯзаи халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон, дастёбӣ ба истиқлоли давлатист. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12 ғайринавбатии Шӯрои олӣ Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Аммо рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, ки моҳи майи соли 1992 шурӯъ шуда буд, рӯзгори мардумро печидатар карда, харобаҳои гӯшношунидро ба бор овард.

Сад шукр, ки Сессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII (аз 16.XI. то 2.XII. соли 1992) дар қасри «Арбоб»-и ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Б. Ғафуров) бо интихоби Раиси созанда ва наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин бесарусомониҳо хотима бахшид.

Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Бозшинохти ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо оғоз ёфт. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати соҳибтамаддуни мо падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар аз нав арзишгузорӣ намоем.

Роҳи таърихие, ки мову шумо дар масири истиқлол тай кардем, шоҳроҳи ҳамвор набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри маҳол менамуд.
Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мову шумо – хуб огоҳем, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мамониату маҳрумият ва мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем.

Аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмӯъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳарашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бархилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.

Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд ва роҳбари ояндаи миллати тоҷик интихоб гардид, ки тамоми мушкилот ва масъулияти сангинтарини кишвари порапорагаштаро бар уҳда гирифт, ки президенти имрӯзаи кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз бо гузашти сиюсе сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд. Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд.
Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбари тозаинтихоби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид бо мухолифин ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ оғоз гардид. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфтанд, ба мо муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи худ 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расонем.

Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Дар чаҳоряки асри XXI мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, бо дар назардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем.
Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6-ноябри соли 1994, Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуданд.

Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ин муддат ҷумҳурии мо аз тарафи 193 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Истиқлолияти давлатӣ заминаи мусоидро барои шомилшавӣ ба ниҳодҳо ва созмонҳои байналхалқӣ фароҳам сохт. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба чандин ниҳодҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ шомил гардида, дар онҳо фаъолияти пурсамари судмандро ба роҳ андохтааст.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣмебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Маҳз дар ҳамин давра мо ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамоми халқу миллатҳои мутамаддин барои эъмори он талош меварзанд, шурӯъ намудем. Имрӯз аз ҷониби ҳукумати кишвар барои рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.

Бо дарназардошти роҳи пуршебу фарози дар тӯли ин солҳо тайшуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид месозанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.

Мо вазифадорем, ки барои тақвият ва таҳкими бештари мавқеи минтақавӣ ва байналмилалии Ватани маҳбуби худ, бо дастгирии сиёсати созанда ва ваҳдатофарини Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки талошҳо ва ташаббусҳояшон ҳамасола дар сатҳи байналмилалию минтақавӣ амалӣ мешаванд - пайгирона ва муназзаму хастанопазир талош намоем.

Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, - доктори илмҳои фалсафа, сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Рӯзи якуми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш чун анъана суханронии пурмуҳтаво карданд. Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат ба шумор меравад ва дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор гардид. Азбаси мардуми Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта даҳшату воҷеаҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, медонанд, ки сулҳу субот ва амнияту оромӣ барои ҳар як шахс ва ҳар як оила чӣ қадру манзалат ва арзишу аҳамаият дорад.

Зимни суханрониашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки вақтҳои охир дар дунё бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва «ҷанги сард» роҳандозӣ гардидааст, рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст. Имрӯзҳо мову шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки дар дигар нуқтаҳои даргири олам низ ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд. Дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Зимни суханронӣ Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки мо бояд ба қадри Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ ба қимати ҷони ҳазорон ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем, дар шароити дар шароити имрӯз бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.

Ногуфта намонад, ки мо бояд ба таълиму тарбияи фарзанд ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро диққат дода, мардумамонро аз хавфу хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ дорем, то онҳо дигарбора ба доми фиреби хоинони Ватану миллат гирифтор нашаванд.

Бинобар ин мо бояд имрӯз дар атрофи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешваои муаззами миллат сарҷамъ шуда, барои ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон талош варзида, илми тоҷикро ҳаматарафа ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда саҳми босазои хешро гузорем.

Санавбарбону Воҳидова, мудири шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор

 

«Пешрафти давлат ба ривоҷи илм ва натиҷаҳои он вобаста аст»

Э. Раҳмон.

«Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро мустақилона пеш мебарад».

Ҳар як халқу миллат таърихи худро дорад, ки пешравию тараққиёт, озодию ободонӣ, гулгулшукуфию сарсабзиҳо, таназзулу пошхӯрӣ ва мутаҳидии сарзамини аҷдодӣ дар он сабт гардидааст.

Дастовардҳои илму техникаи муосир дар шароити кунунӣ, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳаввулоти куллиро ба миён овард. Маҳз самараи истиқлолият буд, ки ҳайати кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” баҳри таъмини фаъолияти босамар тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони марказро водор менамояд, ки дастовардҳои ҳаётан муҳим ва ҷавобгӯйи талаботи давру замон ба даст оварда шаванд.

Яке аз дастоварҳои Марказ дар даврони истиқлолият ин ба экпедитсияҳо сафарбар намудани ҷавонон ва бонувони болаёқату кордон мебошад, ки ҷиҳати гузаронидани корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ кушишу ғайрати худро дареғ намедоранд.

Ногуфта намонад, ки агар соли гузашта теъдоди экспедитсияҳои 20 адад-ро ташкил дода бошад соли 2024 шумораи онҳо ба 30 адад расид, ки нисбати соли гузашта 1,5 баробар зиёд аст.

Роҳбарияти Марказ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони ҷавони Марказ онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд. Ин онҳоро водор менамояд, ки минбаъд содиқонаву аҳлона ва бо масъулияти баланди ватандориву ватансозӣ, меҳнатдӯстиву меҳанпарастӣ меҳнат карда, заҳмат кашанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони Марказ ва аҳли ҷомеаро бо рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, саодатмандӣ, хонаободӣ, осмони софу беғубор, сулҳу салоҳ, осоиштагӣ ва ба корҳояшон фаъолияти пурсамарро таманно дорам.

Майсара Абдуллоева - корманди МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”

Subscribe to Мақолаҳо