Skip to main content
Ҳамасола 9-уми сентябр мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин сана марҳалаи таърихии хеле муҳим буда, рамзи озодӣ, худшиносӣ ва бақои миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо талошу заҳмати фарзандони шуҷои кишвар давлатдории миллӣ барқарор гардида, замина барои рушди иқтисод, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо фароҳам омад. Хушбахтона, дар солҳои 90-уми асри ХХ орзую ормони ҳазорсолаи ниёгони тоҷик амалӣ гардид ва миллати мо соҳиби давлати мустақилу соҳибихтиёр шуд, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда дорад.

9-уми сентябри соли 1991 бо қабули Декларатсия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ пояи давлатдории навини Тоҷикистон гузошта шуд. Ин давра дар шароити бисёр душвори пасошӯравӣ ва дигаргуниҳои ҷиддии ҷаҳонӣ сурат гирифт. Ҳамзамон кишвар ба буҳрони сиёсиву ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуд, ки хатари аз даст рафтани истиқлолиятро ба миён овард. Дар ҳамин шароит роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги таърихиро ба зимма гирифта, мардумро ба сулҳу ваҳдат ва созиш даъват намуд. Сиёсати оқилона ва сулҳҷӯёнаи ӯ имкон дод, ки субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор гардад.

Баъди Истиқлолият Тоҷикистон узви як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, моҳи декабри соли 1991 кишвари мо ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайваст. Дар соли 1992 бошад, Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ҳамроҳ шуд. Ин ҳама имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намояд.

Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки имконияти воқеии ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амният ва рушди устувори давлат аст. Тоҷикистон дар тӯли 34 соли Истиқлолият ҳамчун субъекти мустақили сиёсати ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд. Аммо пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвари мо тавонист мавқеи худро дар ҷомеаи байналмилалӣ устувор гардонад.

Мардуми тоҷик дар тӯли таърих аз таҷрибаи давлатдории пешрафтаи ҷаҳонӣ ва анъанаҳои миллӣ баҳра гирифтааст. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, рамзҳои муқаддаси миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул гардиданд. Ҳамзамон, барои ҳифзи сарҳадот ва амнияти кишвар Артиши миллӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд. Тоҷикистон бо такя ба манфиатҳои миллӣ ва ормонҳои мардум роҳи созмондиҳии давлати ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифт.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ асоси қуввату нерӯи Тоҷикистони навин ба ҳисоб мераванд. Ҳамин омилҳо заминаи сулҳу субот, рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро фароҳам оварданд. Пешрафти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ бо заҳмати халқи бошуур ва роҳнамоии оқилонаи Пешвои миллат ба даст омада, имрӯз ба воқеият табдил ёфтааст.

Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор ташаббусҳои муҳим ва дорои аҳамияти ҷаҳониро дар самти ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об пешбарӣ намуда, мавқеи худро ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам кард.

Соли байналмилалии оби тоза (2003)

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005–2015)

Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018–2028)

Ташаббуси байналмилалӣ оид ба эълон намудани Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Ин ташаббусҳо аҳамияти бузурги Тоҷикистонро дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо собит намуданд.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо такя ба Истиқлолият ва ҳидояти оқилонаи роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон дар роҳи тараққӣ, шукуфоӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ устуворона қадам мегузорад. Фардои дурахшон ва саодати миллат танҳо дар ҳифзу таҳкими истиқлолият ва ваҳдат аст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо масъули он ҳастем, ки ин неъмати бузургро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем, барои пешрафти кишвар саҳм гузорем ва Тоҷикистонро ба ояндаи нуронӣ ва обод расонем.

Боқиев Мулобарот - ходими хурди илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва

тадқиқоти саҳроии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

Истиқлолият — ин калима барои ҳар як тоҷик маънои амиқи таърихӣ ва миллиро дорад. 9 сентябри соли 1991, вақте ки Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард, ин сана на танҳо як рӯзи оддӣ дар тақвим, балки як гардиши куллӣ дар сарнавишти халқи тоҷик гардид. Ин рӯз баёнгари ормонҳои чандинасраи миллати соҳиби тамаддуну фарҳанг буд, ки акнун роҳи ояндаи худро мустақилона муайян мекард.

Таърихи миллати тоҷик тӯли ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, ки дар ин муддат тоҷикон борҳо шоҳиди бунёди давлатҳои бузург ва ҳамчунин, шикасти онҳо шудаанд. Дар асрҳои миёна, давлатдории тоҷикон бо империяи Сомониён ба авҷи худ расид, ки ин ҳам барои мо як намунаи давлатдории миллист. Аммо баъд аз суқути он, миллати мо то даврони Шӯравӣ давлати мутамаркази худро аз даст дод.

Дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба унвони Ҷумҳурии сотсиалистӣ дар доираи низоми сиёсии марказӣ қарор дошт. Дар ин давра, гарчанде ки саноат, маориф ва илм пешрафт карданд, маҳдудиятҳои зиёде барои рушди забон, фарҳанг ва ташаккули давлатдории миллӣ вуҷуд доштанд.

Эълони истиқлолият як ҳодисаи таърихӣ буд, ки дар он лаҳза барои мардуми мо умеди фардои дурахшонро бахшид. Аммо мутаассифона, ин хурсандӣ дер давом накард. Баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, Тоҷикистон ба мушкилоти сахте рӯ ба рӯ шуд. Бар асари таҳмили идеологияҳои бегона ва манфиатҳои гурӯҳӣ, кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанги таҳмиллӣ, ки солҳои 1992-1997 идома ёфт, ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги кишвар хисороти ҷиддӣ расонид. Ҳазорон нафар қурбон шуданд, модарон бе фарзанд, занон бе шавҳар, кӯдакон ятим гашта, миллионҳо нафар гуреза шуда, дар хоки давлати ҳамсоя умр ба сар мебурданд. Мардум паси сангарҳои гуногун нишаста буданд, сохторҳои давлатдорӣ фалаҷ гашта, хонаҳои холию, сухтаю валангори мардуми тоҷик як манзараи дахшатборро мемонд.

Ин давраи пурмашаққат барои мардуми тоҷик як имтиҳони ҷиддӣ буд. Вале дар лаҳзаҳои душвортарин, хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳдӯстии миллат тавонист, давлати тоҷиконро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин сана на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши муқаддас ва бунёди давлати навини тоҷикон эълон кард.Тамоми гурезагон ба ватан баргаштанд, мардум ба ҳаёти осоишта ва маҷрои муқаррарии зиндагӣ баргаштанд, тарсу ҳарос ах дили мардум берун рафт.

Мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътироф шуд.

Баъди барқарории сулҳ ва ваҳдат, ки ба бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият табдил ёфт, Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии худ шурӯъ кард, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муайян шудаанд. Ин ҳадафҳо асоси рушди устувори кишварро ташкил доданд:

-Амнияти энергетикӣ: Бо дарки вобастагӣ ба манбаъҳои беруна, Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз захираҳои обии худ ба таври самаранок истифода барад. Бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ, махсусан Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", ба кишвар имкон дод, ки аз бӯҳрони энергетикӣ раҳо ёбад ва ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёбад.

-Баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ: Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро дар роҳи рушди иқтисодӣ ба вуҷуд меовард. Бунёди шоҳроҳҳо, нақбҳо ва пулҳои муосир, ки кишварро бо роҳҳои байналмилалӣ мепайванданд, имкон дод, ки Тоҷикистон ба як кишвари транзитӣ табдил ёбад. Нақбҳои "Истиқлол" ва "Шаҳристон" имрӯз на танҳо алоқаи байни минтақаҳоро осон карданд, балки рамзи интихоби дурусти стратегӣ гардиданд.

- Амнияти озуқаворӣ: Бо мақсади коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ, Ҳукумат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир таваҷҷуҳи хосса дод.

- Саноатикунонии босуръати кишвар: Ҳадафи чоруми стратегӣ, ки ба наздикӣ эълон шуд, барои диверсификатсияи иқтисодиёт ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

Эҳёи фарҳанг ва забони миллӣ: Даврони истиқлолият ба забон ва фарҳанги тоҷикӣ имкони эҳё ва густаришро бахшид. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра, расман эътироф ва ҷашн гирифта шуданд. Ин дастовардҳо ба худшиносии миллӣ мусоидат карданд ва миллати тоҷикро бо таъриху фарҳанги бузурги худ аз нав пайваст намуд.

Дар давраи истиқлолият Тоҷикистон на танҳо ба масъалаҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, балки дар сиёсати хориҷӣ низ мавқеи фаъолро ишғол намуд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.Тоҷикистон ҳамчун пешвои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф шудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтанд, ба баланд бардоштани об ҳамчун як масъалаи ҷиддии глобалӣ мусоидат карданд.

Ҳамин тариқ истиқлолият — ин рамзи озодӣ, ифтихор ва ояндаи ободи Ватан аст. Ин дастоварди бузург ба миллат имкон дод, ки бори дигар худшиносии миллии худро эҳё кунад, ба фарҳанг ва забони аслии худ арҷ гузорад ва дар роҳи созандагӣ ва рушд қадамҳои устувор гузорад. Вазифаи мо, ҳифзи ин дастоварди муқаддас ва таҳкими он буда, дар ин давраи пурҳассос ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, нагузорем, ки душманони миллат теша бар пояи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ зананд.

Саидзода Муҳаббат Шералӣ - ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшинос

Дар қиёс бо низоми давлатдории Ҳукумати Шӯравӣ замони Истиқлол барои миллати тоҷик нигоҳи нав, тафаккури нави созанда ва рисолати ояндабинона доштанро нисбат ба дарки моҳияти худ, ташаккули андешаи миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ, назму тартиби давлатдорӣ ва ғайра пешорӯ гузошт. Махсусан, Истиқлол тарҳи нави давлатдории миллиро бозтобӣ дошта, фазои мустақилияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бароямон фароҳам овард, то дар асоси такя намудан ба арзишҳои волои фарҳанги гузашта, омезиш додани элементҳои муҳимми он ба бозёфтҳои фарҳангии тамаддуни муосир ҷомеаро пешрафта гардонида, шароити мусоидро барои зиндагии шоистаи мардум таъмин намоем.

Дар робита бо ин, мебояд таъкид намуд, ки Истиқлол барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон пеш аз ҳама як раванд аст. Равандест, ки ташаккул ва комилшавии шуурнокӣ, таҳаввули ҳувияти миллиро тақозо медорад. Аз ҷанбаи равонӣ-фарҳангӣ ифодакунандаи падидаи худшиносист, ки шаҳрвандонро ҳушдор кард, ки асли хешро шиносанд, ҳифзкунанда ва такмилдиҳандаи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи бархурди тамаддунҳо бошанд.

Хоссатан, тафаккур иҷтимоӣ аз рукнҳои асосии падидаи Истиқлол буда, таҳаввули он ҳамаҷиҳата барои ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Аз ин фаҳмиш ҷавҳари асосии Истиқлолро озодии шахс ташкил медиҳад. Танҳо ҳамин фаҳмиш инсонро ба олами эҷодкорӣ, офаридани арзишҳои асили сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра водор менамояд.

Ҳамин тавр, даҳсолаи охири асри XX барои миллати тоҷик саҳифаи дурахшону тобнок - соҳиб гардидан ба истиқлоли давлатӣ ва ба ихтиёри худ гирифтани зимоми давлатдории миллиро арзонӣ дошт. Ҳамчун неъмати бебаҳо, падидаи муттаҳидкунанда, устувор нигоҳдорандаи ягонагии марзии давлатдории миллӣ, падидаи наҷотбахши миллат, ҳидоятгари мероси ниёгон, бахусус, расму анъанаҳои аҷдодӣ, суннатҳои решагӣ, маншаи ташаккулёбии ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва дастёб шудан ба мустақилияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар нақш бозид ва имрӯз ҳам бозида истодааст.

Истиқлоли давлатӣ пеш аз ҳама андеша, тафаккури даврони шӯравии аҳли ҷомеаро нисбати анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, ба вижа тарзи гӯишу савтиёти забониро тағйир дод, мардумро барои ба таври интиқодӣ муносибат кардан ба арзишҳои бадеии фарҳанги гузашта, ки вобаста ба талаботи замон такмилро талаб мекарданд, ҳидоят кард. Хусусан, дар даврони шӯравӣ забони ноби тоҷикӣ ба ҳукми забони хонагӣ, муносибатҳои байнихонаводагӣ даромада, барои бештари шаҳрвандон, аз ҷумла, аҳли зиё, олимону муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва тиб ҷиҳати таълиф намудани китобҳои дарсиву асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муошират қобили қабул дониста намешуд. Ҳатто дар маҷлису ҷамъомадҳо аз сухан гуфтан ба забони модарӣ худдорӣ мекарданд. Идеологияи шӯравӣ мағзи онҳоро дар ин самт то он ҳад мойили худ карда буд, ки ҳарф задан бо забони тоҷикиро дар маҷлису баҳсҳои илмӣ ё аз тарс бошад, ё аз сабаби аз мақом барканор нашудан ё иллатҳои зиёди дигар бар худ ор медонистанд. Танҳо посдорандагон, ҳимоятгарони ин забони ноб дар он арсаи вақт донишмандони риштаи илмҳои филологӣ, аз ҷумла забоншиносӣ, рӯзноманигорон, ихлосмандон ва омӯзгорони фанни забони модарӣ, мардуми оддии меҳанткаш, ки дар муҳити хонаводагӣ, ҳангоми кор дар саҳро ва маъракаву таҷлили ҷашнҳо бо забони ноби модарӣ ба ҳам суҳбат меоростанд, ба ҳисоб мерафтанд.

Истиқлол андешаи миллиро ба сифати рукни асосии давлатдории миллӣ ва забони ноби тоҷикиро ба сифати забони давлатӣ, расмӣ-ҳуҷҷатгузорӣ, забони таълиму тадрис табдил дод, ки ин дастоварди бегазанд дар марҳилаҳои баъдинаи рушди давлатдории миллӣ такмилу таҳаввул ёфта, ҳамчун унсури асосии фарҳанги миллӣ мақоми худро устувор кард.

Ҳамин тавр, аз эълони Эъломияи Истиқлол то имрӯз дар кишвар таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа рух доданд, ки вобаста ба давраҳои рушди давлатдории миллӣ дастовардҳои назарраси нойилшударо метавон ба шакли зайл бозтобӣ дошт:

Давраи якумро панҷсолаи аввали давраи Истиқлоли давлатӣ ташкил медиҳад (1991-1996). Ин марҳиларо бе ягон шак метавон марҳилаи наҷоти миллат номид. Дастоварди назарраси ин давра, ки кишвар ба он шарафёб гашт - ин пирӯзии ақли солим ва хиради азалии халқи тоҷикӣ мебошад, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо баргузор кардани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро боздошта, тарҳи фарҳанги сулҳро кашид.

Ба мазмуни дигар, дар ин давраи тақдирсоз бедориву ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсӣ, фарҳанги таҳаммулпазирию бахшидани гуноҳи гурӯҳҳои низоъангез Тоҷикистонро аз нестӣ раҳойӣ бахшид, онҳоро ба созиш, якдигарфаҳмӣ, дарк кардани ҳадафи барномарезиҳои сиёсии хоҷагони хориҷӣ ва расидан ба ваҳдат ва сулҳи саросарӣ талқин намуд.

Давраи дуюмро ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таъмини сулҳи саросариро дар кишвар (солҳои 1997-1999) дар бар мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра бо ҷаҳду талош, ҷоннисорӣ ташаббускори асосии ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ ва модели сулҳофарӣ муаррифӣ гардиданд. Зеро дар ягон кишвар бе таъмини сулҳу салоҳ, осоиши мардум ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ иқдом гирифтан ногузир аст.

Давраи сеюм: марҳилаи созандагӣ маҳсуб ёфта, солҳои 2000-2003 – ро дар бар мегирад. Бозёфтҳои назарраси ин марҳилаи рушд ифтитоҳи шоҳроҳи Кӯлоб Қалъаи Хумб, ифтитоҳи нақби Анзоб ва бо ин васила раҳойӣ намудани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ маҳсуб меёбад.

Бар замми ин, дар ин давра ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об, таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокӣ, ки ҳамагӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, хусусияти байналмилалӣ касб карда буданданд, аз дастовардҳои нодир ба ҳисоб мерафтанд. Инчунин, соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид ва минбаъд оромию амният ва суботи кишвар боис шуд, ки он ба макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангии сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфта, шаҳру навоҳии дигари кишвар ба макони сайру сайёҳат ва истироҳати сайёҳони дохилу хориҷӣ табдил дода шаванд.

Давраи чаҳорум ба соли 2004 бевосита рабт дорад. Дар ин сол назар ба солҳои қаблӣ сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ гашт. Сафари расмии Президенти Россия ба Тоҷикистон, имзои созишномаҳо бо 25 давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ғайра аз муваффақиятҳои паиҳамӣ ин сол маҳсуб меёбанд.

Давраи панҷум солҳои 2005-2006-ро дар бар мегирад, ки ин давраро метавон давраи фарҳанги оламгир унвон дод, зеро баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, Юнеско, пазируфта шудани Стратегияи рушди милии Тоҷикистон дар Созмони милали Муттаҳид, оғози сохтмони нерӯгоҳи барқаи обии Роғун ва ғайра аз ҷумлаи корҳои мондагори ин марҳилаи рушд мебошанд.

Давраи шашум иртибот дорад ба солҳои 2007-2008, ки онро бешакк месазад оғози марҳилаи нав - оғози сохтмони неругоҳи Сангтӯда 1 ва 2, ба истифода додани роҳи мошингарди Душанбе, Бӯстон ва Чаноқ, нақби Шаҳристон ва ғайра, ки ба сарҷамъшавии аҳолии кишвар мусоидат карда, монеаҳои табиию сунъии эҷодшударо рафъ карданд, муаррифӣ намуд.

Давраи ҳафтумро эълони соли 2009 соли Имоми Аъзам ташкил медиҳад. Ҳадаф аз эълони соли Имоми Аъзам ва таҷлили он ташаккул додани шуури диннии шаҳрвандон, шинос намудан онҳо ба ҳикмати таҳаммулпазиронаи Имоми Аъзам, ки пайрави содиқи мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, маҳсуб меёфт.

Давраи ҳаштумро соли 2010 дар бар мегирад, ки ин марҳиларо соли маориф ва фарҳанги техникӣ унвон додаанд. Дар ин давраи рушди давлатдории миллӣ бо шарофатии истиқлол Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳаи маориф ва фарҳанги техникӣ дод. Бунёди зиёди мактабҳои ҳозиразамон, таъмири капиталии мактабҳои солҳои тӯлонӣ рӯйи таъмирро надидаи шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар, таъсиси муассисаҳои ҳозиразамони томактабӣ ва мактабҳои типпи нав, таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои навини техникӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, аз рӯйи ихтисосҳои барои кишвар муҳим сафарбар кардани ҷавонон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, аз ҷумла тавассути стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, баланд бардоштани сифати таҳсилот, забономӯзӣ ташаккули тафаккури техникӣ ва ба корҳои лоиҳакашӣ ва ихтиръкори ҷалб кардани наврасону ҷавонон ва ғайра бозтобӣ онро дорад, ки мавқеи ҳукумат, дидгоҳи масъулини соҳа бо ба эътибор гирифтани арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷомеаи башарӣ нисбати соҳа тағйир ёфтааст. Зеро маориф барои Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок ва заминаи рушди дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Давраи нуҳум барои кишвар ин марҳилаи расидан ба натиҷаҳои назаррасӣ ҳадафҳои Стратегии кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар, бахусус, таъсиси ҳукумати электронӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмин амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар ба ҳисоб меравад, ки солҳои 2011-2025 дар бар мегирад, ки тавсифи дастовардҳои ҳар як соли сипаришуда вобаста ба соҳа ин худ таҳияи якчанд тадқиқотро талаб мекунад. Аммо як нуктаро месазад ба эътибор гирем, ки маҳз дар ин давра мутобиқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қонуни махсус ба имзо расид, ки аз он вақт ин ҷониб Президенти кишвар ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд.

Давраи даҳум солҳои 2026-2030 –ро дар бар мегирад, ки ин давраро дар ин саҳифаи таърих ҳамчун марҳалаи ба ҷомеаи саноатӣ табдил додани Тоҷикистон, татбиқи “Стратегияи рушди Тоҷикистон барои то соли 2030” мешиносем.

Хушбахтона, саъйу талошҳо дар ҷодаи таҳким бахшидани рушди давлатдории миллӣ ба он боис гардид, ки то имрӯз зиёда аз 193 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 56 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Самиев Бобо Ҷураевич – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Назарзода Саъдуллоҳ Турахон- номзади илмҳои фалсафа, ходими илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

26 август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқоти хосаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Қазоқистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос карда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба сатҳи баланди дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷониба бо Қазоқистон таъкид доштанд.

Ҷонибҳо аз тамоюли мусбати муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми боризи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаевро дар тақвияти ин раванд баланд арзёбӣ карданд.

Аҳамияти таърихии имзои Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар таърихи ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав боз намуд, зикр карда шуд.

Робитаҳои байнипарламентӣ яке аз самтҳои калидии маҷмӯи муносибатҳои байни ду кишвар номида шуд.

Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент ҳамкории мутақобилан судманди худро пайваста ва дар сатҳи сифатан баланд роҳандозӣ намуда, дар таҳкими муносибатҳои боэътимоди байни давлатҳо нақши рӯзафзун доранд.

Аз рушди муназзами муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илмию техникӣ ва ҳарбию техникӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба густариши пайвастаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Бахшҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва кимиё, металлургияи ранга, дорусозӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон номида шуданд.

Рақамикунонии иқтисодиёт аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод гардид.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дар баррасии масъалаҳои обу иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии минтақа ҳамкории самарабахш ба роҳ мондаанд.

Дар идома ҷонибҳо ба масоили вобаста ба тавсеа ва густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус, маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва ташкили ҳамоишҳои муштараки илмию амалӣ ва фарҳангӣ муҳим арзёбӣ шуд.

Вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфта, ҷонибҳо аз идомаи ҳамкории созандаи ду давлат дар самти таҳкими сарҳадот ва муқовимати муштарак алайҳи таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, ҷонибдорӣ карданд.

www.majmilli.tj

 

ЮСУФЗОДА МУҲАММАДҶОН - ХОДИМИ ХУРДИ ИЛМИИ ОСОРХОНАИ БОСТОНИИ

ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А. ДОНИШИ АМИТ

«Оғози ҳастии арзишманди ҳар зуҳуроти зинда вуҷуди иродаи озод аст. Вуҷуди иродаи озод калиди мураккаби ҳамоиши мавзуни низоми умум, низоми саодатовару равиши устувори татбиқи адли умум аст. Инсон дар ҳар шакли зиндагиаш бидуни озодии ихтиёр саодатманд буда намета­вонад, маҳз озодии ихтиёр ба ӯ истиқлолияти фикрӣ ва мустақилияти зиндагиро фароҳам меорад. Соҳибихтиёрии иттиҳоди сиёсӣ аз соҳиб­ихтиёрии субъектони он манша мегирад».

Аксиомаи ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар остонаи ҳазораи се бо роҳҳои мураккабу печида инсониятро ба сӯйи ояндаи номуайян ҳидоят менамояд, ки шинохту пешбинии ҳоди­соти он ба беҳтарин ва баргузидатарин ашхоси илмии даврони нав осон ба даст намеояд. Ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсилаи пошхӯриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлоли давлатҳои миллӣ тавлидгари як сиёсату як мафкура буда, пошхӯрию парокандашавиро барои қисмате аз кишварҳо ва муттаҳидию ваҳдатро ба иддаи дигари давлатҳо чун ҳоди­соти таззод рӯйи харитаи ҷаҳон овард. Барҳамхӯрии давлати шуроҳою муттаҳидии миллати олмон, пошхӯрии давлатҳои мураккаби Аврупои Шарқию муттаҳидии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ идомаи мантиқии як сиёсати ҷаҳонӣ буд. Сиёсате, ки оқибатҳои мухталифро ба сиёсати ояндаи халқу миллатҳо инъом кард.

Азбайнравии таззоди мафкуравӣ ва тавлиди таззоди усулӣ ба зоҳирёбии манфиати кишварҳо таъсир расонида, наққошони ояндаи авзои сиёсии инсониятро (архи­тек­торҳои ояндаи олам) ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ кард. Назарияи интиҳои таъриху одами ниҳоӣ (Ф. Фукуяма) ба муш­килиҳои таърихие рӯ ба рӯ шуд, ки нишона аз интиҳои таъ­рих надошта, хабар аз ибтидои даврони нав менамуд. Андешаи машҳуру дилфиреби ҷаҳони сармоядории муноқишаи тамад­дунҳо (С. Хантингтон) бо мафкураи гуфтугӯи тамад­дунҳо (Хотамӣ) бархурд, консепсияи тахтаи бузурги шоҳ­моти ҷа­ҳонӣ (З. Бжезинский) воситаи паҳнгардии ғояҳои ин­қи­лоб­ҳои рангоранг гашт. Шинохти таърих аз даричаи фор­мат­сионӣ (марксизм), дарки инкишоф аз назари фавворавӣ (флуктуатсионӣ – назарияи П. Сорокин), биниши ҷомеаи ин­сон­ҳо аз назари тамаддунӣ (А. Тойнби) бо асрору муш­килиҳои нав ба нав рӯ ба рӯ шуд, ки назири онро ҷомеаи ин­сонӣ ёд надошт.

Ин ҳама дар назари мо асирони воқеии муаммоҳои имрӯз чун қонунияти зиндагӣ ногузир ва муътадил менамояд. Ҳар нафаре, ки аз рӯзгори гузаштагон хуб огоҳӣ дорад, ба осонӣ пай мебарад, ки таърих дар ояндаи наздику дур нисбат ба ин даврон хеле баланд ва ҷиддӣ ҳарф хоҳад зад. Ин давронест, ки бо ҳама мушкилиҳояш чунин муносибатро арзанда аст, зеро маҷмуи ҳодисоту лапишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисо­дию ҳуқуқии он то он дараҷа тақдирсозу тағйирпазиранд, ки садоҳои он ба умқи садсолаҳои оянда ба ҳайси як даврони гардиши куллӣ бидуни мушкилӣ хоҳад расид. Ин даврон бо вуҷуди он ки бисёре аз равандҳои пошхӯрию бархурдҳоро дорост, ба ҳар халқ ва ҳар кишваре чизе дода, инъоме бахшидааст. Барои мо тоҷикон соҳибистиқлол шудан бузургтарин неъмат буд.

Яке аз рукнҳои муҳимми бунёди давлат истиқлоли давлатист. Истиқ­лол танҳо бо эълон намудану қабули санади соҳибихтиёрӣ ва Эъломия анҷом наёфта, ҳуқуқи халқу миллатро ба таъсиси ҳокимияти давлатии мустақил дар дохили кишвар амалӣ намудану онро чун субъекти соҳиб­ихтиёр ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва майдони муборизаи ҳастӣ ворид сохтан аст. Аз дидгоҳи ҳуқуқи конститутсионии муосир истиқлоли давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибих­тиёрии давлатӣ мегирад. Соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумист. Соҳибихтиёрӣ усулан ба се навъ тақсим мешавад: халқӣ, миллӣ ва давлатӣ[1].

Соҳибихтиёрии халқӣ дар ифодаи иродаи халқ ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад, яъне халқ сарчашмаи ягонаи ҳоки­мияти давлатист. Барои соҳибихтиёрии халқӣ демократия ва институтҳои демократӣ, қонуният ва низоми интихоботи озод, пинҳонӣ ва шаффоф хизмат мекунанд. Ба як маънӣ халқ дар муайян намудани тарзи зиндагӣ, шакли идора ва низоми иқтисодию иҷтимоӣ соҳибихтиёр аст. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат мустақиман бе дахолати дигар миллатҳо ҳуқуқи худро дар муттаҳид шудан, таъсис додани давлати мустақил ва муайянкунии мақоми сиёсии худ фаҳмида мешавад.

Натиҷаи амалӣ шудани соҳибихтиёрии миллӣ таъсиси давлати миллист ва ҳамроҳшавӣ ба он ташаккули соҳибихтиёрии халқӣ ба табиати давлати миллӣ аломати мардумсолорӣ демократияро зам менамояд. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунии миллист. Соҳиб­ихтиёрии халқӣ ҳуқуқи истисноии мардум ба соҳибихтиёрии сиёсӣ ва давлатист. Одатан дар давлатҳои федеративӣ ҷумҳуриҳои аъзои он соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро доранд, аммо соҳибихтиёрии давлатиро, ки мустақилияти давлатро ҳамчун соҳибихтиёрии сиёсӣ дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд, доро нестанд. Чунин ҳуқуқ ба аъзои федератсия ва ё штатҳо дар баъзе аз кишварҳо ба тариқи маҳдуд пешниҳод шудааст. Умуман соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлолияти давлатӣ анҷом мепазирад, зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти дав­латро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Ба қавли устод Ашурбой Имомов «Соҳибихтиёрии давлатӣ волоият ва мустақилияти ҳокимияти давлатӣ дар дохил ва муносибатҳои хориҷи кишвар аст. Соҳибихтиёрии давлатӣ дар конститутсияҳо муаррифӣ гардида, нишонаи муҳимми дав­лат аст. Танҳо давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи дар муноси­батҳои байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карданро дорад»[2]. Соҳибихтиёрии давлатӣ ба соҳибихтиёрии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дохилию хориҷӣ тақсим мешавад, ки, дар маҷмуъ, мустақилии давлатӣ ва ё истиқлоли онро мефаҳмонад. Соҳибихтиёрии сиёсӣ ҳокимияти ягонаи дав­латӣ дар ҳудуди муайян, ҳуқуқӣ – низоми ягонаи сарчаш­маҳои ҳуқуқӣ, қонунҳои ягона ва тартиботи якхеларо баён мекунад. Ҳамин тавр соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқ­лоли комили давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ анҷом меёбад, давлатро ҳамчун падидаи томи комилҳуқуқ муаррифӣ кардан аст.

Ба андешаи ҳуқуқшиноси шинохтаи ватанӣ, профессор А. Имомов, соҳибихтиёрии Тоҷикистон хусусияти хоси он буда, ҳокимияти олии ягона ва истиқлоли ӯро ифода мекунад[3]. Ба андешаи устод А. Имомов, соҳиб­ихтиёрии дав­латӣ дар заминаи соҳиб­ихтиёрии халқ амалӣ мегардад ва яке аз шаклҳои ифодаи соҳибихтиёрии халқ соҳиб­ихтиёрии миллӣ мебо­шад[4]. Ҳамин тавр, мо алоқамандии устувори соҳиб­ихтиёрии давлатӣ, халқӣ ва миллиро мушоҳида мекунем, ки он бо рукнҳои асосии васлкунанда ҳокимияти олии давлатӣ, ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ[5], ягонагӣ ва умумияти худро ҳифз менамояд.

Дар илми конститутсияшиносӣ ва давлатшиносии муосир ду наза­рияи созишномавии қудрати соҳибихтиёрии миллат ва халқ вуҷуд дорад. Яке назарияи суверенитети муассисӣ ва дуюм назарияи сувере­нитети созишномавӣ ё шартномавӣ. Ба назари Бернард Як, назарияи суверенитети муаассисӣ, ки ҷонибдорони он Ҷ. Лок, Т. Пейн ва дигарон мебошанд, миллат ва халқ хамчун сарчашмаи ташаккули соҳибихтиёрӣ ва қудрат ҳуқуқҳои номаҳдудро аз таъсиси қудрати сиёсӣ то парокандагии он дар даст дорад[6]. Аммо дар назарияи суверениттети шартномавӣ миллат ва халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда, ҷиҳати риояи созиш пайваста ва мудом кӯшиш менамояд ва ҳуқуқҳои пароканданамоии қудрати қонуниро дар даст надорад.

Таҷрибаи солҳои охир суиистифода ва норасоиҳои назарияи сувере­нитети муассисиро аз бисёр ҷиҳат бар зарари давлатҳои миллӣ собит кард. Назари Г. Гегел доир ба дигар сифатҳои халқ ба сони абстраксияи номуайян, тасаввуроти бешаклӣ, беқудратӣ, бе ниҳодҳои идоравӣ[7] ва озодманиши вайронкунанда дар шароити нави давлатҳои демократӣ аз худ на танҳо ҷиддӣ хабар доданд, балки ҳамчун кашишҳои популистӣ дар муқобили дигар рақибони анъанавиаш, ҳуқуқ ба сарчашмаи қудрати қонунӣ будани худро дар кишварҳои рушдкардаи демократӣ низ ба тарзҳои ғайриҳуқуқӣ муаррифӣ намуд. Сазовор ба қайд аст, ки эътирофи ғояи шартномавии таъсиси қудрат ва идораи ҷомеа ҳамчн усули намуна ва одилона дар таҷрибаи динҳои ҷаҳонии зардуштия ва баъдан яккахудоии яҳудия, насрония ва ислом[8] низ ба назар мерасад.

Ба хотири муттаҳид шудан ба ташкилотҳои байнидавлатӣ ва иҷрои ҳадафҳои боз ҳам васеътар мумкин аст, ки давлатҳо баъзе аз рукнҳои соҳибихтиёрии худро маҳдуд кунанд ва ё ба маслиҳати якдигар вогузор намоянд. Маълум мешавад, ки ҳар як навъи соҳибихтиёрӣ чӣ қадар қимати бузургу беандозаро барои халқу миллатҳо дорост. Тоҷикистон то пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро нисбатан дошт, аммо пас аз пош хӯрдани Иттиҳод, ки дар асоси шартнома ҳуқуқҳо маҳдуд шуда буданд, ҳуқуқҳои соҳиб­ихтиёрӣ то соҳибихтиёрии давлатӣ ба Тоҷикистон насиб гашт. Ба кишвари мо зарур буд, ки ба мафҳум ва аҳаммияти ин неъматҳои олӣ дуруст сарфаҳм рафта, онро ба манфиати умум истифода намояд.

Истиқлоли миллӣ ва мушкилиҳои сиёсати ҷаҳонӣ

Эълон намудани истиқлоли кишвар, аз роҳи вазнину ноҳамвор ҳифз намудани он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва баромад ба низоми давлатҳои ҷаҳонӣ бо мақсади эътирофи миллати соҳибдавлат дар назди мардуми Тоҷикистон тайи беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ вазифа ва муаммоҳои мухталифи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисо­диро пеш гузошта истодааст. Дар сарҳади ду тамаддуни аз назари иқтисод тафовутдошта (капитализм ва сотсиализм), ду идеологияи таърихан ноошно (дунявият ва ислом) ва гуруҳи забонҳои аз қадим дар рақобат буда (забонҳои форсӣ ва туркӣ), давлати Тоҷикистон қарор гирифта, баъд аз пош­хӯрии низоми давлати шуравӣ нуктаи ниҳоят дарднок ва осонгирро мемонд. Аз ин ҷост, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, ки аз қадим нисбат ба ҳавзаи Осиёи Миёна иштиҳои хуб доштанд, пас аз озодшавии мулкҳои Осиёи Миёна нақшаҳои стратегии худро нисбат ба ин минтақа тарҳрезӣ намуда, бо ҳар роҳу восита кӯшиши ба ҷониби худ кашидани онҳо ва гирифтани фоидаҳои муайянро аз минтақа ҷустуҷӯ менамуданд. Ба ин минтақа ҳам он давлатҳое, ки замоне дар ин сарзаминҳо империяи бузургро таъсис дода буданд…, онҳое, ки дар замони нав ба ин минтақаҳо роҳ ёфта буданд… ва ҳам онҳое, ки аз тақсимоти таърих дар ибтидои асрҳои миёна ва замони мустам­ликадории даврони навини асри ХIХ аз ин ҳудуд маҳрум монда буданд…, лекин ҳанӯз ҳисобу китоби худро бо онҳое, ки дар ин минтақа нуфуз доштанд, баробар кардан мехостанд (Германия, Фаронса, Британияи Кабир[9]), дастдарозӣ намуда, имконияти фурӯ бурдани луқмаи навбатии омодагардидаро дар даст доштанд…

Ба қавли идеологи стратегии ШМА – Збигнев Бжезинский, ки оламро чун тахтаи шоҳмоти ҷаҳонӣ байни қудратҳо тақсим намуда, вазифаи шоҳиро ба амрикоиҳо додааст, ба ин сар­заминҳо ба ҷуз аз давлатҳои номбаршуда чанд кишварҳои бузурги дигари минтақа низ метавонанд дастдарозӣ намоянд[10]. Осиёи Марказӣ аз назари манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ тайи се сад соли охир аз нуктаҳои ҳассосу диққатҷалбкунанда барои абарқўдратони олам аст. Ин ҳолат вазъи ўро дар ҳама лаҳзаҳои ҷунбишҳои иҷтимоӣ ва ҳарбьӣ ба маротиб ноором менамуд .

Чунин нооромӣ ва ғаразҳои геополитикӣ зери пардаи ҳама муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо дар ҳавзаи Осиёи Миёна пас аз пошхӯрии низоми Шуравӣ аз нав лапишхои тоза касб кард. Воқеият нишон дод, ки ҳамаи ин кўшишу ѓиромиҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ дар назди иродаи қавии халқу миллатҳо, ки роҳи бебозгашти хешро ба сохибихтиёрию истиқ­лолият муайян намудаанду ҳамдигар­фаҳмию ваҳдатро аз ҳама неъматҳо боло медонанд ва пайравии худро бо Пешвои содиқу ватанправараш устуовр нигноҳ медоанд, ҳеҷ аст ва ҳеҷ мемонад…

Барои ин, мардуми ин кишварҳо ва давлатҳои тозаистиқлол, чи тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар роҳи муттаҳид сохтани қишр­ҳои мухталифи ҷомеа дар атрофи арзишҳои олии давлат саҳм­гузор бошанд. Онҳо бояд ба таҳкими давлатдорие даст зананд, ки он аз таҷрибаи хуби пешқадами ҷаҳонӣ, аз решаҳои фар­ҳанги миллӣ ва дастовардҳои ҷаҳонӣ истифода намуда, дар асоси ақли созанда ва хиради тамизкунандаи неку бад ба бинои давлати миллӣ иқдом намоянд. А. Имомов дуруст қайд менамояд, ки соҳиб­ихтиёрии давлатии Тоҷикистон неъмати бузургест, ки миллати тоҷик ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ ба он комёб шудааст. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрии ҷумҳуриро қадр кардан, пойдории онро устувор гардонидан ва ҳифзи онро таъмин намудан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди он мебошад[11].

Воситаҳои ҳуқуқӣ ва маънави ҳимояи истиқлоли сиёсӣ

Яке аз омилҳои муҳимми ҳимояи истиқлол дар кишварҳои тозаистиқлол ташаккули амалии андешаи давлати миллӣ, ҳуқуқи миллӣ ва ҷорӣ намудани реҷаи шоистасолорӣ дар онҳо аст. Идеяи соҳибихтиёрӣ, ки дар ибтидои мустақилгардии давлатҳои собиқ шуравӣ ба якчанд омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ такя менамуд, тадриҷан дар байни ин омилҳо ҷавҳари аслии истиқлолиятро ҳамчун омили муҳимми идеологӣ ҷустуҷӯ менамояд. Ин хеле воситаи муҳим буд, зеро шакли сохтори федеративӣ, ташкили принсип ва арзишҳои идора ва ҳуқуқэҷодкунии интернатсионалӣ, имкони ташаккули ғояи миллати ҷудогонаро тадриҷан заиф мегардонд. Интернатсионализм, махлут­гардии беҷо баъзан сунъӣ ва ассимилатсияи сохта зина ба зина ба шаклҳои зоҳирёбии ягонагии миллатҳои ҷудогона таъсири манфӣ мерасонд. Таърихи начандон тӯлонӣ шаҳодати он аст, ки чунин маҳак ва ҷавҳари асосии мафкуравии давлатҳои соҳибистиқлолро идеяи (ғояи) давлати миллӣ бар дӯши худ мегирад. Акнун давлатҳо воситаи муҳимми ҳимояи истиқлолияти худро дар ҷавҳари аслии худ – мафкураи давлати миллӣ, мебинанд. Аҷиб он аст, ки агар дар зинаи ибтидои истиқлол, мустақилгардӣ дар давлатҳои сермиллат мафкураи миллӣ омили муҳимми такондиҳанда набошад ҳам, вале баъдан вай ба чунин як унсури такондиҳанда табдил меёбад. Соҳибихтиёрии миллӣ аз зинаи амали воқеии худ убур намуда, то ба соҳибихтиёрии давлатӣ хидмат мекунад. Давлати соҳибистиқлол ба зинаҳои баландтари муносибатҳо ворид мешавад.

Оид ба сарҳади соҳибихтиёрии миллӣ ва ғояи давлатдории миллии демократӣ

Аҷоиби дигар он аст, ки агар дар ибтидо мақсади он давлатҳое, ки парокандагии империяҳои бузургро, ки дар асоси миллатҳои мухталиф бунёд ёфта буд, ба нақша гирифта, омили баланд бардоштани худшиносии миллии ин халқҳоро бисёр мехостанд, зеро он такондиҳандаи парокандашавии империяҳои сермиллат буд (ИҶШС, Чехословакия, Югославия ва ғ.), вале баъд аз ноил шудан ба чунин мақсад бо ҳар роҳу восита садди роҳи баланд рафтани чунин унсур­ҳои худшиносӣ дар ин давлатҳои тозаистиқлол гаштанд. Маълум буд, ки дигар мустаҳкамгардии истиқлолияти онҳо ба манфиати ин даллолони таърихӣ, ки воридсозии давлатҳои кӯчакро ба фазои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодии худ ба нақша доштанд, мусоидат намекард. Вале онҳо қонунияти то кунун кашфшудаи андешаи давлати миллиро ҳамчун воситаи муҳимми муқобилияти онҳо дар набардҳои байналмилалӣ аз мадди назар дур карда буданд.

Андешаи давлати миллӣ ва ё ҳуқуқи миллӣ дар аксари давлатҳои рӯ ба инкишоф ва давлатҳои мутараққӣ дар даврони ҳассоси ҳифзи истиқлолият хамчун воситаи муҳимми муҳофизати истиқлолият хидмат менамуд ва дар оянда низ хоҳад кард. Муҳаққиқ Ф. Фукуяма баланд рафтани худшиносии миллиро дар чунин ҳолатҳо дуруст таъкид намудааст: «Миллатчигӣ айни ҳол дар Аврупои Шарқӣ ва ИҶШС, ки дергоҳ ба худшиносии миллии халқиятҳои онҳо монеъ мешуданд, хеле боло рафтааст. Миллатгароӣ ҳамчунин дар давлатҳои куҳна ва устувори миллӣ низ вақтҳои охир ба тағйирпазирӣ рӯ овардааст. Даъвати худшиносии миллӣ дар Аврупои Ғарбӣ ба худшиносии универсалӣ табдил ёфтааст, ки аз бисёр ҷиҳат ба даврони се чор қарни пеш, ки бо созиши дин рӯйи кор омада буд, мувофиқат дорад».[12] Яъне миллатгароӣ ва худшиносии миллӣ дар даврони навтарин аз сари нав нақш ва нуфузи худро дар ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатӣ тақозо дорад. Давроне, ки пешгӯии анҷомёбии таърих бо ғалабаи пурраи демократияи либералӣ дар интиҳои асри ХХ рух надод, давроне, ки назарияи «мубориза барои эътирофнамоӣ»-и Гегель, Маркс ва Фукуяма ҳамчун воситаи муҳимми инкишофи таърих аҳаммияти худро ҳамчун маҳаки пешбаранда гум кард, таърих ба анҷом нарасида, баръакс, унсурҳои дар назар архаистию куҳнашудаи идеологӣ чун миллатгароӣ, тобеияти динӣ ва ғ. аз сари нав дар раванди инкишофи давлатҳои мутамаддин садо баланд намуда истодаанд, пешгӯии ояндаи наздик барои аҳли илми ҷамъиятшиносӣ мубрам аст. Таҳлили ҳамин омилҳои вусъатгирифта риштаест, ки ба кушоиши роҳи ояндаи инкишофи давлатҳои дар паҳнои он қоматафрохта мусоидат хоҳад кард.

Сиёсати дарҳои боз маънии кандани дарҳоро надорад\

Дар солҳои аввали истиқлолият мардуми таҳҷоӣ ва ҳукуматҳои тозаистиқлол ба хотири он, ки бародарҳои нав ва миллатҳои соҳибдавлат онҳоро бо дӯстию меҳру муҳаббат ба оғӯш гирифта, мавқеи онҳоро тавассути созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаҳони нав муаррифӣ менамоянд, озодона манфиатҳои давлатии худро бо оғуши кушод ба дӯстони гирду атроф боз менамуданд… Онҳо ҳанӯз намедонистанд, ки ин ҳама дӯстию оғушбозкуниҳо решаҳои ғализи ҳақталабию нусратёбиҳои зиёдро дорад, ки на ҳамеша ба манфиати давлатҳои тозаистиқлол буданд. Ҳамин тавр, вазъияти дар назар ором ва дар асл ноором буда, ҷараёнҳои мухталифу мавҷҳои ноаёнро дар ботин нигоҳ дошт, ки ҳар лаҳза имкони киштии тозаистиқлоли давлатҳои ин минтақаро чаппа кардан доштанд.

Давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна, ки саргарми истиқлолияти ба осонӣ бадастомада буданд, имкони таҳлили чунин иштиҳои бениҳоят вазнини атрофиёнро надоштанд, зеро вақт ва таҷрибаи кофӣ надоштан ба онҳо чунин имконро фароҳам наоварда буд. Ин буд, ки аввалин шуда мардуми Тоҷикистон ба ин гирудорҳо фурӯ рафт. Неъмати бузург он аст, ки аз ин вазъият мар­думи Тоҷикистон ва Ҳукумати он сари вақт бо ҳамгироӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат берун баромаданд.

Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи соли 1994 чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона роҳи кишвардорию сохтори давлатӣ, табиати қудратофарию реҷаи сиёсии ояндаи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Интихоби ҳар яке аз ин роҳҳо бо таҳлили чуқури авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон сурат гирифта, дар ҳамон даврон роҳи ягона ва асосии халосии миллат ва халқиятҳои минтақа буд, ки ягонагии мардумро дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақили Тоҷи­кистон муаррифӣ карда метавонист.

Аммо проблемаҳо, душвориҳо ва масъалаҳои ҳалталабе, ки ҳар як давлати моро дар пешорӯйи буҳронҳои вазнини сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ қарор медод, мавҷуд буданд ва аз ҳар сӯ пайдо шуда ҳалли худро талаб намуда, ба мазмуни давлатдорию ҳуқуқи мо махсусиятҳою аломатҳои фарқкунандаро ворид менамуданд. Ҳамагӣ ин масъалаҳо собит менамуданд, ки ҳанӯз роҳ дар бунёди давлати ободу зебо ба пуррагӣ ҳалли худро наёфта, қонуниятҳою унсурҳои нонавиштае, ки ҳар як метавонад бо тақдири миллат ва давлат ба осонӣ бозӣ намуда, ҳама кӯшишу ормонҳои моро дар як замон барбод ди­ҳад, ҳанӯз зиёданд.

Яъне мо роҳро муайян кардаем, вале усули ҳаракати мошинаи дав­латиро, ки қудрати пеш бурдани бори вазнини миллат ва халқи Тоҷи­кистонро бар дӯш дорад, бо суръати ҳаракати тағйирёбандаю унсури нигоҳ ва боздорандаи он дар ҳолатҳои болоравию фурӯравии роҳ ба пуррагӣ дар назар нагирифтаем. Ҳамагӣ таҳлили амиқи илмиро аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ талаб намуда, ҳамзамон инқилоби илмии фанҳои дақиқро хостор аст. Барои ин аз чӣ бояд сар кард? Ба чӣ бояд диққат дод? Махсусияти давлатдории тоҷиконро имрӯз аз чӣ бояд донист? Кадом унсурҳо аломатҳои ҳатмии ин равандро таҷассум менамоянд? ва дигар саволҳои муҳим ҳамагонро ба ташвиш оварда буд. Дар ин маҷро муайян намудани мафҳуми давлатдории тоҷикон ҳамчун ҷараёни пайдоиш, инкишоф, шаклдигаркунии давлат ва ҳуқуқ дар давраҳои муайяни таърихӣ, меросият ва тағйирпазирии сиёсӣ, ҳудудӣ ва ҳуқуқии ҷамъият ва умуман раванди дурударози таърихии давлатӣ-ҳуқуқии халқи тоҷик аҳаммияти боризро дороанд.

Эҳёи ватандӯстӣ ва ташаккули садоқат ба принсипҳои бунёдии адолат

Охирҳои садаи ХХ ва ибтидои ҳазораи се бо тағйирёбии низоми идорӣ ва ҳуқуқии собиқ давлатҳои шуравӣ дар звенои татбиқи ҳуқуқ проблемаҳо ва душвориҳои назаррасе ба миён омаданд, ки олимони назариявӣ ва соҳавӣ дунболи ҳалли онҳо ба роҳҳои мухталифи илми ҳуқуқ ворид гардида, бо пешниҳод намудани ҷараёну назарияҳои мухталифи ҳуқуқӣ ба даъвати навбатии таърих ҷавоб меҷустанд. Дар баробари ин раванди васеъгардии олами илми ҳуқуқ мушоҳида мешуд. Баҳси асосӣ сари масъалаи боздоштани ҷараёни то рафт қувват гирифтаистодаи девал­ватсияи ҳуқуқ ва нигилизми ҳуқуқӣ меистод, ки майдони васеи сабзиши худро дар равандҳои озодигардии афкори умум аз назария ва идеологияи ҳокими коммунистӣ, аз як сӯ ва дар ноустувории низоми идории кишварҳои истиқлолият касбкарда, аз сӯйи дигар, ёфта буд. Дар асл ин раванд ногузир ва интизорӣ буд. Зеро дар харобаи империяи бузурги ҷаҳонӣ сабзиши истиқлолиятҳои нави сиёсӣ бо қудрату ҳашамат ва мақому мартабаи қаблӣ аз ҳар ҷиҳат номумкин буд. Воқеан, истиқлолияти ба тозагӣ касбкардаи ҷумҳуриҳои шуравӣ ба истиқлолияти ҳуқуқии онҳо дар ибтидо комилан дар шакли идеологияи қаблӣ мусоидат накард.

Гузариш ба низоми ҳокимият майдони мувофиқи ҳуқуқиро талаб мекард, аммо, мутаассифона, муҳайё намудани ин майдон кори саҳл набуд. Таҷриба нишон дод, ки мақоме, ки бояд ба бунёди роҳи ҳуқуқии ҷомеаи озоду истиқлол кӯшиш менамуд, зери таъсири манфиатҳои мухталиф ба нуқтаи марказии майдони муборизаи манфиатҳо табдил ёфт

Ба ҳар ҳол раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ, ҳокимият­хоҳии миллат, муборизаи сиёсии халқ ҳамчун унсурҳои муҳимми худшиносии миллӣ зина ба зина эҳё шуда, дар қа­тори дигар кишварҳои тозаистиқлол давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар ҳолат­ҳои вазнин барои якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллати сиёсӣ мубориза бурда, номи тоҷику давлати Тоҷикистонро ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид намуд. Ин амал пас аз таърихи ҳазорсолаи суқути давлати Сомониён, воқеан, ҳодисаи наҷиб ва таърихие буд.

Миллат ва халқе, ки анқариб ҳазор сол тақдири вазнини бедавлатиро бар дӯш дошта, донишмандону шоирону равшанфикронаш пояи давлатдорию низоми ҳуқуқии халқҳои ғосибро ташаккул дода, дар ҷаҳонгардии нуфузи халқиятҳои саҳронишину бодиянишин саҳмгузорӣ намуд, бо қаҳра­мо­нию далерӣ ва қавииродагии хеш тайи ин муддат забон, адаб ва илми хешро маҳфуз дошта, то ба ин дами умед – субҳи давлатдории навин расид. Умед аст, ки ин субҳи ҷови­донагии давлатдории тоҷикон абадӣ буда, дигар камбудиҳои гузаштагонро такрор нанамуда, ин неъмати бебаҳо – истиқлолият ва озодиро аз даст нахоҳем дод. Дар ин самт зарур аст, ки ба чанд масъалаҳо афзалиятҳо бахшем.

Пеш аз ҳама, дар шинохти воқеияту манфиати халқу миллат ба хатоӣ роҳ надода, вазифаи муқаддаси худро дар назди гузаштагон, имрӯзиён ва ояндагон бояд аз ёд набарорем. Дўст доштани Ватан, муҳаббат ба низоми идора ва соҳибони фармонро тибқи эътиқодамон ҳифз кунем, ифтихор аз давлату соҳибихтиёриро бояд дар қалбамон ҳамчун инсони соленҳи замону макон дошта бошем.

Онҳое, ки аз шаббодаи озодиҳои либералӣ мадҳуш мешаванд, аққалан ба осори бунёдгузорони таълимоти озодихоҳону адлгустарони замони нав, бояд назари таҳлилӣ дошта бошанд. Шарл Луи Монтескё – бузургтарин озодипараст ва донандаи асрори ҳуқуқ бо эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихор аз давлати буржуазии Фаронса, дар ибтидои китоби «Руҳул қавонин» навишта буд: «Агар дар байни мавзуъҳои беохири гуногуне, ки дар ин китоб гуфта шудаанд, чизе бошад, ки бар хилофи интизориҳои ман метавонад касеро ранҷонад, (пас бояд донист, ки) дар он чизе ҳадди ақал бо нияти бад гуфта нашудааст. Ақли ман табиатан ба танбеҳ майл надорад. Афлотун ба осмон ташаккур гуфт, ки дар замони Суқрот таваллуд шудааст, аммо ман осмонро шукр мегӯям, ки тақдир маро ба даврони ҳукумате тавлид кунонд, ки ман дар итоати он зиндагӣ мекунам, ба ман супориш шудааст ба онҳое, ки муҳаббат ба онҳо дорам, итоат кунам»[13].

Дигар ин ки ҳар як соҳаи ҳаёт бо назардошти талаботи воқеӣ ба манфиати ҷамъият ва давлат бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки арзиши муайянкунанда, тақдирсоз ва умумиятдоштаи одамият – ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ба таври зарурӣ ҳаддал­имкон мадди назар гирифта шаванд.

Садаи ХХ ва ХХI ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун маҳаки муҳимму марказии инкишоф ва баҳодиҳии воқеияти давлату давлатдорӣ муайян кардааст. Ба ин хотир ҳама арзишҳои дигар бояд баҳри амалишавии он нигаронида шуда, дар хизмати он гузошта шаванд. Давлат, сиёсат ва ҳама гуна манфиат, ба қавли И.Кант, бояд назди ҳуқуқи инсон сари таъзим фуруд оранд. Ба назари мо, роҳи ягона ва асосии баромад ва инкишофи ояндаи давлатдории мо маҳз дар ҳамин арзиши марказӣ, ки моддаи 5 Констутсияи кишвар аз соли 1999 онро ҳадаф ва арзиши олӣ ҳисоб кардааст, нуҳуфта шудааст.

Ба инобат бояд гирифт, ки ҳуқуқи инсон, аз як ҷониб, дар алоҳидагӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ дар қатори дигар арзишҳои ҳуқуқӣ неъмати ҳуқуқии хоса аст, аз ҷониби дигар, ҳар як ҳуқуқу озодиҳо дар алоҳидагӣ ва ё дар шакли дастаҷамъӣ – наслҳои ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши муттахидшуда дар шакли муфрад низ баромад менамоянд. Масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, озодии ҳаракат, озодии виҷдон, эътиқод, меҳнат ва ғ. дар алоҳидагӣ чунин нақшро иҷро мекунанд.

Гузашта аз он, арзишҳои ҳуқуқӣ дар шаклҳои мақсадҳо, принсипҳо, қоидаҳо, усули ҳалли баҳсҳо, расмиёти баррасии парвандаҳо ва ғайра дар иртибот бо васлияти ҳаводиси таърихии гузаштаю имрӯза ва оянда баромад карданашон мумкин аст, ки ҳар яке дар мавқеи худ муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ мегардад. Барои ин зарур аст, ки илми ҳуқуқ­шиносӣ ва раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бо таҳлилҳои устувори мантиқӣ, аналитикӣ, дастрасии дастовардҳои ҷаҳонӣ ва таъ­рихӣ ҳама гуна арзиш, манфиат, принсип ва усулҳои ҳуқу­қиро дар мизони адл тарзе ҷо ба ҷо гузорад, ки ҳақиқат, озодӣ, адолат ва баробарии инсонҳо зарар наёбанд.

Холиқзода А.Ғ. – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

[1]Конституция Российской федерации: научно-практический комментарий // Под ред. академика Топорнина. – М., 2003. – С. 97.

[2]Арутюнян Г.Г., М.В. Баглай. Конституционное право. Энциклопедический словарь. – М.: 2006. – С. 471.

[3]Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2004. – С. 195.

[4]Имомов А. Асари номбаршуда. – С. 196-197.

[5]Ҳамон ҷо. – С. 197.

[6]Бернард Як. Национализм и моральная психология сообщества / Пер. англ. К. Бандуровского. – М.: Издательство Института Гайдара, 2017. – С. 176.

[7]Гегель Г.Г.В. Философия права. – С. 320-321.

[8] Ниг.: Ҷомеу-л-мутун. Панҷ ганҷи эътиқодии ҳар муъмин. Мураттиб ва мутарҷим: Суннатуллоҳи Яъқуб. Душанбе 2014. -102с.

[9]Бжезинский З. Великая шахматная доска. Господство Америки и его геостратегические императивы. – М., 2006. – С. 163.

[10]Бжезинский З. Великая шахматная доска. Господство Америки и его геостратегические императивы. – М., 2006. – С. 163.

[11]Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2004. – С. 195.

[12]Фукуяма Ф. Конец истории и последний человек. – М., 2005. – С. 21.

[13]Шарль Луи Монтескье. О духе законов. Предисловие. – М.: РИПОЛ классик, 2018.
-С. 3.

1321«...аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем»

(аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2024).

Ҳамагӣ як сол мондаст, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон 35-умин солгарди яке аз муҳимтарин арзишҳои миллии хеш, яъне Истиқлолияти миллӣ ва давлатиашро таҷлил месозад. Тамоми фаъолияти вазоратҳо ва кумитаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва кулли мардуми тоҷик дар гирдди Пешвои хеш ҷамъ омада, ба ин ҷашн омодагии ҳаматарафа дида истодааст. Пас аз чанд рӯз ҷашни 34-солагии истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунем ва ба пешвозгирри санаи муҳим қадам мегузорем. Истиқлолият як марҳилаи муҳим дар таърихи миллате, ки роҳи озодӣ, худшиносӣ ва рушди устуворро интихоб кардааст, маҳсуб мегардад.

Истиқлолият барои мо на танҳо рамзи озодӣ, балки оғози масъулияти нав дар ҳифзи тамоми арзишҳои маънавии ва модии миллат аст. Азбаски фаъолияти ман бевосита ба муҳити зист ва экология иртибот дорад, ман ҳифзи ҳаматарафаи муҳити зисти Ватанро яке аз вазифаҳои муҳим ва ҳамчун масъулият волои худ ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурӣ меҳисобам. Истиқлолият миллӣ барои иҷрои ин вазифа имконияти ҳамаҷонибаро барои мо фароҳам овардааст. Дар шароити тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои табиӣ ва афзоиши фишорҳои антропогенӣ, нақши экологҳо беш аз пеш муҳим мегардад.

Бо эълони истиқлолият 9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон имкони ташаккули сиёсати мустақили экологиро ба даст овард. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки табиатро ҳамчун амонати миллӣ эҳтиром намоем, ва ҳифзи он ба як қисми сиёсати давлатӣ табдил ёбад.

Тоҷикистон бо табиати нодир ва гуногунрангаш - аз пиряхҳои Помир то алафзорҳои баландкӯҳ - як ганҷи экологии минтақа ба шумор меравад. Захираҳои обии кишвар, ки аз пиряхҳо ва дарёҳои кӯҳӣ сарчашма мегиранд, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ҳифзи ин захираҳо, нигоҳдории биогуногунӣ ва танзими истифодаи замин, вазифаҳои муҳими экологӣ дар даврони истиқлол мебошанд.

Дар тӯли 34 сол, мутахассисони муҳити зист дар Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил шуданд. Татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла сенсори дурдаст (remote sensing), таҳлили биомасса ва моделсозии сохторӣ (SEM) ба мо имкон доданд, ки равандҳои экосистемавиро дақиқтар омӯзем. Лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ ва ҳамкорӣ бо барномаҳои иқлимӣ, саҳми Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ нишон медиҳанд.

Ман ҳамчун эколог, дар таҳқиқи алафзорҳои баландкӯҳ, арзёбии биогуногунӣ ва таҳлили истеҳсолоти биомасса саҳмгузорь дорам. Ин тадқиқотҳо на танҳо барои илм, балки барои сиёсати истифодаи замин ва ҳифзи табиат аҳаммияти амалӣ доранд.

Бо вуҷуди дастовардҳо, Тоҷикистон дар ин самт бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст, чунончи: тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои обӣ, шӯршавии заминҳо ва фишори афзояндаи инсон ба табиат. Барои посух додан ба ин чолишҳо зарур аст, ки ҳамкорӣ миёни экологҳо, ҷомеа, муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тақвият ёбад.

Рушди маориф ва маърифат дар соҳаи муҳити зист, ҷалби ҷавонон ба илм ва ташаккули фарҳанги экологӣ - ин ҳама шохаҳои муҳими рушди устувор мебошанд.

Истиқлолият ба мо на танҳо озодӣ, балки масъулият низ ато кардаст, ки ҳифзи табиат, захираҳои обӣ ва биогуногунӣ ва интиқоли безарари онҳо барои наслҳои оянда аз ҷумлаи ин масъулиятҳо мебошанд. Муҳити зист - амонати муқаддасест, ки бе он на озодӣ, на зиндагии солим имконпазир нест. Дар ин рӯзи ҷашн, мо бояд на танҳо истиқлолиятро таҷлил кунем, балки ба худ савол диҳем: ман барои ҳифзи арзишҳои моддӣ ва маънавии Ватанам чӣ кор кардаам?

Ҳамчун эколог, ман бовар дорам, ки ҳар як қадам дар роҳи ҳифзи табиат - як қадами устувор дар роҳи истиқлолияти воқеӣ аст.

Меҳровар Охонниёзов, - доктори илмҳои экологӣ (PhD), мутахассиси муҳити зист дар Маркази илмӣ- таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и АМИТ.

Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 34 сол ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.

212Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо, инчунин эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ аз ҷумлаи ин дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва мазҳаби ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат боиси баланд шудани сатҳи маърифати аҳолӣ гардида, дар пешгирии гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона мусоидат намуд.

Ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзори кишвар, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 2,5 маротиба зиёд мебошад, дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, ќариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ комёбиҳои назаррасӣ кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Агар маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2003 ҳамагӣ 45 сомонӣ буд, пас он дар соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш ёфт. Аз моҳи июли соли 2024 бошад, дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40%-и дигар зиёд карда шуд, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф дарак медиҳад.

Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳро таъмин хоҳад намуд ва ин боис мегардад то алайҳи ҳама гуна буҳронҳои ҷаҳони муосир рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошем. Чуноне ки Фирдавсии бузург мефармояд: «Тавоно бувад ҳар ки доно бувад».

Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи

АМИТ Иброҳимзода Беҳруз Иброҳим

Бояд гуфт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо фазои ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ, тинҷиву осоиштагӣ эҷод гардид. Мамлакати мо рӯз ба рӯз ободу тараққӣ ёфта, ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст. Инчунин Истиқлолият ба ҷавонон барои соҳибкасб шудану пешрафт кардан шароитҳо фароҳам овард. Истиқлолият ва ташаббусҳои созандаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боиси он гардид, ки Тоҷикистон бо ҷаҳон ва ҷаҳон бо Тоҷикистон пайвандҳои дустиву рафиқиро барқарор намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба лаҳзаҳои мудҳишу пурхатар нигоҳ накарда, баҳри сулҳу субот ва ободии кишвар чун куҳҳои сарбаланди ватан устувору қавӣ қадам мениҳод. Ин матонату ҷасорати Пешвои Миллат барои мо ҷавонон омӯзанда аст.

Дар даврони Истиқлолият як қатор соҳаҳо аз ҷумла маориф ва илм рушд ёфта, дар ин самти афзалиятноки ҷомеа донишмандони тоҷик садҳо китобу мақола ба табъ расонидаанд. Қодири Қосим дар китоби худ: «Пешвои сангаршикани миллатсоз» барҳақ қайд менамояд,ки,“агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин миллати бостони сарварӣ намекард, давлати навистиқлоли тоҷикон низ, ба монанди фоҷиабори империяи Сомониён ба нобуди мерафт.”

Мо ҷавонон ҳамеша аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат сарфарозему шукрона мекунем,ки дар чунин кишвари ободу зебо кору фаъолият менамоем. Истиқлолияти давлатӣ давлати аз байнрафтаи тоҷикон – Сомониёнро аз нав эҳё сохт ва дар таърихи навини давлатдориии тоҷикон саҳифаи нав боз шуд.

Яке аз донишмандони тоҷик Зафар Сайидзода роҷеъ ба кору фаъолияти Пешвои Миллат чунин иброз намудаанд : “ Оре, ин фарзанди диловару шуҷои халқ ба ҳукми сиришти поки миллӣ ва ғайрати инсонии хеш барои ҳифзи обу хок ва шарофати сарзамини аҷдодӣ аз худ қаҳрамонӣ нишон дод. Қаҳрамоние, ки назирашро баъд аз амирони Сомонӣ касе нишон надода буд.”

Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолияту озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Пас биёед, ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоему барои пойдории он саҳмгузор бошем.

Махмедов Муҳаммадҷон - ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои

Институти Оӯзиши Масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои - АМИТ

Яке аз шартҳои истиқлолияти воқеии ҳар давлат эътироф гардидан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат пояи ҳастӣ ва омили асосии пешрафт ба шумор меравад. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз ба вуқӯъ пайваст - Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуда, ба ҳайси давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳонӣ гардид. Аз ҳамин давра сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷузъи муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва кафолати ҳифзи истиқлолият ташаккул ёфт.

Истиқлолият ба Тоҷикистон на танҳо имкони соҳибихтиёрӣ дод, балки шароити заруриро барои ташкили низоми сиёсати хориҷии мустақил фароҳам овард. Бояд таъкид кард, ки дар оғози истиқлол кишвар аз ниҳодҳои мукаммали сиёсати хориҷӣ маҳрум буд. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки ҳам сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати корҳои хориҷӣ зодаи ҳақиқии истиқлолият буда, бо заҳматҳои пайгирона ва талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як дастгоҳи муассир табдил ёфтаанд.

Самтҳои асосии ташаккули сиёсати хориҷӣ

Таъмини амният ва суботи миллӣ

Яке аз аввалин вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол ҳифзи сулҳу субот буд. Бо кӯшишҳои пайгирона ва роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон тавонист бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои минтақа ба низои дохилӣ хотима бахшад ва соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳодиса ҳамчун дастоварди барҷастаи дипломатияи тоҷик дар таърих сабт гардид.

Эътирофи байналмилалӣ ва густариши робитаҳо

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии муайянкунандаи усулҳо ва ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ таҳия ва тасвиб гардиданд. Дар натиҷа, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби 192 кишвари ҷаҳон эътироф шуда, бо 186 давлат робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Ҳамзамон, кишвар бо беш аз 70 созмони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои фаъоли судмандро роҳандозӣ кардааст.

Боиси зикри махсус аст, ки дар заминаи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, аз солҳои 1993-1996 намояндагиҳои як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ХБА ва дигарон - дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, фаъолияташонро оғоз намуданд.

Сиёсати «дарҳои кушода»

Яке аз хусусиятҳои барҷастаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода» мебошад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат эълон ва пайгирона татбиқ мегардад. Ин усул имкон дод, ки кишвар робитаҳои созандаро бо тамоми давлатҳои ҷаҳон барқарор намояд, узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ гардад ва дар арсаи ҷаҳонӣ симои хоси худро ҳамчун давлати сулҳҷӯ ва ташаббускор муаррифӣ намояд.

Тоҷикистон дар ин замина то кунун беш аз 1300 ҳуҷҷати ҳамкориҳои дуҷонибаро бо кишварҳои гуногун ба имзо расондааст, ки соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва башардӯстонаро фаро мегиранд. Ҳамчунин, теъдоди зиёди санадҳо дар доираи СММ, САҲА, СҲШ, СААД, СҲИ ва дигар сохторҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба тасвиб расидаанд.

Ибтикороти байналмилалӣ

Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама бо ташаббусҳои глобалии худ дар масоили обу экология шинохта шудааст. Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об - «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 доир ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардид, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузоштаанд.

Ин ташаббусҳо бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ шуда, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ таҳким бахшиданд. Ҳамзамон, мавқеи кишвар дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳалли мушкилоти Афғонистон аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Дастовардҳои ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва минтақа

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя равона шудааст. Далели равшан - мулоқоти таърихии сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд (31 марти 2025), ки бо имзои Шартнома оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ анҷом ёфт. Ин дастовард ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ ва муваффақияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона

Бо дарёфти Истиқлолияти давлатӣ дипломатияи фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Мақсади асосии он ҳифз ва густариши арзишҳои миллӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги бостонӣ ва дар айни замон давлати муосир мебошад.

Бо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои миллӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти умумибашарӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил гардиданд. Аз ҷумла, 1100-солагии давлати Сомониён, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Соли тамаддуни ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 2700-солагии «Авесто», ҷашни бошукӯҳи 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва дигар санаҳои муҳим дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ таҷлил шуданд.

Дар ин замина, барқарор гардидани номҳои таърихии бархе шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳамчунин бо фармони Президент сарфароз гардонидани фарзандони баруманди миллат – устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, шоир Мирзо Турсунзода, арбобони давлатӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон – аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки ғояҳои асили миллиро тарғиб карда, дар таҳкими ҳуввияти миллӣ ва худшиносии тоҷикон саҳми назаррас гузоштанд.

Дипломатияи фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ низ самаранок ба роҳ монда шуд. Натиҷаи муҳимми он ворид гардидани беш аз 100 номгӯйи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии тоҷикон ба Феҳристи созмони байналмилалии ЮНЕСКО мебошад. Ин дастовард на танҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои таъриху фарҳанги бой муаррифӣ намуд, балки нуфузи байналмилалии онро низ афзун сохт.

Хулоса

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бори дигар имкони таърихӣ дод, ки бо такя ба он ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифтааст, ба таҳкими сулҳу субот, эътирофи арзишҳои ҷаҳонӣ, густариши ҳамкориҳо ва пешбурди ташаббусҳои глобалӣ мусоидат намуд.

Дар арафаи таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ метавон бо итминон хулоса кард, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як омили асосии таҳкими истиқлолият ва муаррифии шоистаи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва ҳамчун омили калидӣ дар ҳифз ва таҳкими истиқлолият ҷойгоҳи худро собит намудааст.

Неъматов Икромиддин, номзади илмҳои таърих, дотсент,

ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи навтарин

Феҳристи адабиёт ва сарчашмаҳо:

1. Раҳмон, Э. Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2022). Душанбе., 2022.

2. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон. - Душанбе, 1997.

3. Сайидзода Зафар Шералї (Саидов Зафар Шералиевич). Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалї Рањмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷањонї: Монография. – Душанбе, 2016.

4. Ҳисоботи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ (солҳои 1991-2024). Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – www.mfa.tj

5. United Nations Official Documents on Water Initiatives by Tajikistan. – New York, UN, 2003-2023.

6. Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Мураттиб-муаллифи пешгуфтор Зафар Шералӣ Сайидзода. – Душанбе, 2019.

7. Сайидзода Зафар Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. - Нашри дуюми иловадор. – Душанбе, 2020.

Истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991 як марҳилаи навро дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм ва пажӯҳиш, кушод. Аз он солҳо, кишвар бо ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва ҷалби занон ба соҳаҳои пажӯҳишӣ пешрафтҳои назаррасро мушоҳида кард. Ҳукумат ва шарикони байналмилалӣ тадбирҳои муҳим барои боло бурдани мақоми занонро роҳандозӣ карданд, ки ба илм низ паҳн шуданд ва ба афзоиши ҳузури онҳо дар муассисаҳои илмӣ мусоидат намуданд.

212Ин пешрафтҳо Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақияти гендерӣ дар минтақа муаррифӣ карданд. Дар давраи истиқлол, ҳукумат ба рушди илм таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард, ки ин ба занон имкониятҳои нав барои иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои илмӣ фароҳам овард. Масалан, афзоиши шумораи занони муҳаққиқ дар аспирантура ва докторантура нишонаи равшани ин пешрафт аст.

Пас аз истиқлол, Тоҷикистон ба рушди илм ва маориф таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кард, ки ин ба афзоиши ҳузури занон дар соҳаҳои илмӣ мусоидат намуд. Аз соли 2000 пешрафтҳои назаррас оғоз шуданд, ки ба сиёсатҳои давлатӣ ва кӯмакҳои хориҷӣ вобаста буданд. Ин тадбирҳо ба занон имкониятҳои нав барои таҳсил ва пажӯҳиш фароҳам оварданд, ва ҳузури онҳо дар муассисаҳои илмӣ афзуд. Масалан, дар солҳои аввали истиқлол, ҳукумат барномаҳои ҳавасмандгардонӣ барои занонро ҷорӣ кард, ки ба афзоиши шумораи онҳо дар соҳаҳои илмӣ оварда расонд. Ин пешрафтҳо Тоҷикистонро дар минтақа ҳамчун кишвари пешқадам дар тавонмандсозии занон муаррифӣ карданд. Ҳамчунин, ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ба монанди UNESCO ва Бонки Осиёии Рушд ба рушди илмии занон мусоидат карданд, ва лоиҳаҳои зиёде барои омӯзиш ва пажӯҳишҳои онҳо маблағгузорӣ шуданд. Ин ҳама ба афзоиши дастовардҳои илмӣ ва байналмилалии занони тоҷик оварда расонд.

Дар солҳои пас аз истиқлол, ҳукумат ба рушди инфрасохтори илмӣ сармоягузорӣ кард, ки ин ба занон имкониятҳои нав барои фаъолият дар лабораторияҳо ва марказҳои пажӯҳишӣ фароҳам овард. Масалан, таъсиси марказҳои нав дар Душанбе ва минтақаҳо ба афзоиши шумораи занони муҳаққиқ мусоидат кард. Ин пешрафтҳо на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуданд, ва занони тоҷик дар конфронсҳои ҷаҳонӣ ширкат варзида, дастовардҳои худро муаррифӣ карданд.

Пас аз истиқлол, мақоми занони муҳаққиқ бо пешрафтҳои назаррас ҳамроҳ буд, ва аз соли 2000 рушдҳои бузург мушоҳида мешаванд. Масалан, дар солҳои 1994-1995 дар аспирантура 23 зан таҳсил мекард, аммо ба соли 2006 ин шумора ба 329 нафар афзуд. Ба соли 2018, фоизи занони муҳаққиқ ба 37,5% расид, ва ба соли 2020 – 38,6%, ки ин аз миёнаи ҷаҳонӣ (33,3%) болотар аст. Ин рушд бо ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои давлатӣ марбут аст, ки ба занон имкониятҳои нав фароҳам оварданд. Дар солҳои охир, занон дар соҳаҳои тиб, кишоварзӣ ва муҳити зист дастовардҳои бузург ба даст оварданд, ва шумораи мақолаҳои илмии онҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ афзуд.

Дар давраи истиқлол, занон ба мансабҳои баланд дар муассисаҳои илмӣ пешбарӣ шуданд, ва намунаҳои зиёди муваффақиятҳо мушоҳида мешаванд. Масалан, занони муҳаққиқ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолиятҳои пурсамар мебаранд, ва лоиҳаҳои онҳо ба рушди иқтисодии кишвар саҳм мегузоранд. Ин пешрафтҳо ба занон имконият медиҳанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шаванд ва ҳамкориҳои байналмилалиро тавсеа диҳанд.

Ба соли 2025, пешбинӣ мешавад, ки фоизи занони муҳаққиқ боз ҳам афзояд, ва Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ барои занон дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ шавад. Ин рушдҳо бо сиёсатҳои ҳавасмандгардонӣ ва маблағгузории давлатӣ марбутанд, ки ба занон имкониятҳои омӯзиш ва пажӯҳишҳои нав медиҳанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат дар пешбурди баробарии гендерӣ ва ҳавасмандгардонии занон дар илм саҳми бузург гузоштааст. Дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ ва мулоқотҳо бо занони фаъол, ӯ ҳамеша ба боло бурдани мақоми занон таъкид карда, сиёсатҳои давлатиро барои ҷалби онҳо ба пажӯҳишҳо ҳавасманд гардонидааст. Зери роҳбарии ӯ, квотаҳо барои духтарон дар донишгоҳҳо ҷорӣ шуданд, ки ба афзоиши шумораи занони муҳаққиқ мусоидат кард. Ҳамчунин, дар солҳои гуногун ба занони олим унвонҳои фахрӣ дода шуд ва дар форумҳои байналмилалӣ, аз қабили "Занони ихтироъкор-2025", ташаббусҳои рушди илмӣ барои занон пеш бурда шуданд. Нақши ӯ дар тавонмандсозии занон барои саҳмгузорӣ дар илм ва рушди устувори кишвар ҳалкунанда аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳои зиёд бо занони олим ва муҳаққиқон таъкид кардааст, ки занон ҳамчун қувваи пешбарандаи илм ва инноватсияҳо ҳастанд. Зери роҳбарии ӯ, барномаҳои омӯзишӣ барои занон дар соҳаҳои STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика) роҳандозӣ шуданд, ки ба афзоиши ҳузури онҳо дар пажӯҳишгоҳҳо оварда расонд. Масалан, дар соли 1994 ӯ ба занони олим унвонҳои фахрӣ дод, ва ин таҷриба солҳои минбаъда идома ёфт. Дар паёмҳои солонаи худ, ӯ ба рушди илм ва маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, занонро ҳамчун намунаи муваффақиятҳо муаррифӣ мекунад.

Нақши Пешвои миллат дар ҳамкориҳои байналмилалӣ низ муҳим аст. Ӯ дар форумҳои ҷаҳонӣ, ба монанди конфронсҳои UNESCO, ташаббусҳои Тоҷикистонро барои тавонмандсозии занон дар илм пешбарӣ кардааст. Ин кӯшишҳо ба афзоиши грантҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ барои занони тоҷик оварда расонданд. Ба шарофати ин сиёсатҳо, занон дар соҳаҳои муҳити зист, тиб ва кишоварзӣ дастовардҳои бузург ба даст оварданд, ва Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ ҷои баландро ишғол мекунад.

Дар соли 2025, зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон форуми байналмилалии "Занони ихтироъкор-2025"-ро баргузор кард, ки дар он занони муҳаққиқ аз ҳамаи қитъаҳо ширкат варзиданд. Ин чорабинӣ нишонаи равшани саҳми ӯ дар баланд бардоштани мақоми занон дар илм аст ва ба ҳамкориҳои нав мусоидат кард.

Аз соли 1991, Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии зиёдеро қабул кард, аз ҷумла Қонуни "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои мардон ва занон" (2005) ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон (2010-2020). Ин чораҳо ба афзоиши ҳузури занон дар илм мусоидат карданд ва ба онҳо имкониятҳои омӯзиш ва пажӯҳишҳои нав фароҳам оварданд. Созмонҳои байналмилалӣ, чун Бонки Осиёии Рушд ва СММ, лоиҳаҳои тавонмандсозии занонро дар соҳаҳои илмӣ маблағгузорӣ намуданд. Кумитаи корҳои занон ва оила (аз 1996) ин ташаббусҳоро ҳамоҳанг месозад ва ба занон кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ мерасонад.

Дар маориф, квотаҳо барои духтарон ҷорӣ шуданд, ки ба афзоиши шумораи онҳо дар донишгоҳҳо оварда расонд. Дар соли 2019, занон ҳудуди 30% донишҷӯёни донишгоҳҳоро ташкил медоданд, ва ин нишондиҳанда дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ низ афзудааст. Ин сиёсатҳо ба занон имконият медиҳанд, ки дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ширкат варзанд ва дастовардҳои нав ба даст оранд.

Ба ғайр аз ин, ҳукумат барномаҳои омӯзишӣ барои занон дар соҳаҳои STEM роҳандозӣ кард, ки ба афзоиши ҳузури онҳо дар пажӯҳишгоҳҳо мусоидат намуд. Масалан, ҳамкориҳо бо UNESCO ба таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои занон оварда расонд, ва ин марказҳо ҳазорҳо занонро омӯзониданд. Ин тадбирҳо ба рушди илмии кишвар саҳм гузоштанд ва Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақияти гендерӣ муаррифӣ карданд.

Дар солҳои охир, стратегияҳои нав барои 2021-2030 қабул шуданд, ки ба тавонмандсозии занон дар илм таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд. Ин стратегияҳо ба афзоиши грантҳо ва стипендияҳо барои занони муҳаққиқ оварда расонданд, ва онҳо дар конфронсҳои ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Барои фаҳмиши беҳтари пешрафтҳои Тоҷикистон, муқоиса бо кишварҳои Осиё (Ҳиндустон, Япония), Аврупо (Олмон, Британияи Кабир) ва Амрико (ИМА, Канада) аз соли 1991 то 2025 муфид аст. Ин муқоисаҳо бар асоси оморҳои UNESCO ва пажӯҳишҳои байналмилалӣ сурат гирифта, таъкид бар дастовардҳои Тоҷикистон мекунанд.

Дар Осиё, Ҳиндустон аз соли 1991 то 2025 рушди номутаносиб нишон медиҳад: дар соли 2013 фоизи занони муҳаққиқ 14% буд, аммо ба соли 2022 ин рақам дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Ғарбӣ ба 33,6% расид. Япония бошад, аз 15% дар соли 2013 ба 18,3% дар 2022 афзуд, ки ин бо сиёсатҳои тавонмандсозии занон марбут аст. Дар муқоиса, Тоҷикистон аз 30,3% дар 2013 ба 38,6% дар 2020 расид, ки ин аз Ҳиндустон ва Япония болотар аст ва нишонаи сиёсатҳои муваффақи гендерӣ мебошад.

Дар Аврупо, Олмон аз 25% дар соли 2013 ба 29,4% дар 2021 афзуд, ки ин бо барномаҳои ҳавасмандгардонӣ марбут аст. Британияи Кабир бошад, аз 43,8% дар 2013 ба 41,6% дар 2017 кам шуд, аммо то соли 2025 пешрафтҳои навро интизор аст. Тоҷикистон бо 38,6% дар 2020 аз Олмон болотар аст ва ба сатҳи Британия наздик мешавад, ки ин бо назардошти рушди тез дастоварди бузург аст.

Дар Амрико, ИМА фоизи занони муҳаққиқ ҳудуди 40% (2012) аст, ва Канада дар соҳаҳои муҳандисӣ 19% (2013) дорад, аммо то 2025 ба 30-35% мерасад. Тоҷикистон бо 38,6% ба сатҳи ИМА наздик аст ва аз Канада болотар, ки ин нишонаи пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои STEM мебошад.

Ин муқоисаҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ҳолати ҳаракати мусбат қарор дорад ва дар баъзе нишондиҳандаҳо аз кишварҳои пешрафта пеш мегузарад. Ин дастовардҳо бо сиёсатҳои устувор ва ҳавасмандгардонии давлатӣ марбутанд.

Дар Осиё, Тоҷикистон ҳамчун намунаи муваффақият дар тавонмандсозии занон дар илм эътироф шудааст, ва фоизи баланди занони муҳаққиқ аз Япония ва Ҳиндустон болотар аст. Дар Аврупо, Тоҷикистон ба сатҳи Олмон ва Британия наздик мешавад, ва дар Амрико – ба ИМА. Ин пешрафтҳо ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сиёсатҳои гендерӣ марбутанд.

Оморҳо аз афзоиши ҳузури занон шаҳодат медиҳанд. Дар солҳои 1994-1995 шумораи занони муҳаққиқ дар аспирантура 23 нафар буд, ки ба 329 нафар дар 2006 расид. Дар соли 2018 дар Тоҷикистон 37,5% муҳаққиқон занон буданд, ва ба соли 2020 ин фоиз ба 38,6% афзуд. Дар соли 2018, шумораи умумии муҳаққиқон дар R&D 292 нафар барои ҳар миллион аҳолӣ буд, ки аз онҳо ҳудуди 109 нафар (барои ҳар миллион) занонро ташкил медоданд. Бо ҳисоби аҳолии тақрибан 9,1 миллион дар 2018, шумораи умумии занони муҳаққиқ ҳудуди 996 нафарро ташкил медод.

Зиёда аз 1000 зани муҳаққиқ дар муассисаҳои пажӯҳишии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ва барномаҳои байналмилалӣ чун UNESCO ба онҳо кӯмак мерасонанд. Намунаҳо: Занони олим дар бахшҳои тиб, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист натиҷаҳои муҳим ба даст овардаанд. Масалан, ассотсиатсияи занони гласологҳо дар пажӯҳишҳои пиряхҳо дастовардҳои бузург дорад, ва ин лоиҳаҳо ба ҳифзи муҳити зист саҳм мегузоранд.

Дар соҳаи тиб, занони муҳаққиқ лоиҳаҳои нав барои беҳтар кардани саломатии аҳолӣ роҳандозӣ карданд, ва дар кишоварзӣ – усулҳои нав барои афзоиши ҳосил. Ин дастовардҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ нашр шуданд ва эътирофи ҷаҳонӣ гирифтанд.

Ба ғайр аз ин, занон дар соҳаи муҳити зист пажӯҳишҳои муҳим барои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ гузарониданд, ки ин ба рушди устувори кишвар саҳм мегузоранд. Масалан, дар соли 2025, занони муҳаққиқ дар конфронсҳои байналмилалӣ дастовардҳои худро муаррифӣ карданд ва грантҳои нав гирифтанд.

Дар соҳаи тиб, занони тоҷик дастовардҳои бузург ба даст оварданд. Масалан, пажӯҳишҳои онҳо дар бораи бемориҳои сироятӣ ва саломатии модарон ба беҳтар шудани системаи тандурустӣ мусоидат карданд. Ин лоиҳаҳо бо ҳамкории байналмилалӣ амалӣ шуданд ва ба ҳазорҳо одамон кӯмак расонданд.

Дар кишоварзӣ, занон усулҳои нав барои афзоиши ҳосил ва ҳифзи заминҳо пешниҳод карданд, ки ин ба амнияти озуқавории кишвар саҳм гузошт. Ин дастовардҳо дар минтақа эътироф шуданд ва ба ҳамкориҳои нав оварда расонданд.

Дар муҳити зист, ассотсиатсияи занони гласологҳо пажӯҳишҳои муҳим барои омӯзиши пиряхҳо гузаронид, ки ин ба ҳифзи захираҳои обӣ мусоидат кард. Ин лоиҳаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуданд ва ба Тоҷикистон ҳамчун пешқадам дар ин соҳа муаррифӣ карданд.

Дар соҳаҳои технология ва муҳандисӣ, занон лоиҳаҳои инноватсионӣ роҳандозӣ карданд, ки ба рушди иқтисодӣ саҳм гузоштанд. Масалан, ихтироъҳои онҳо дар соҳаи энергияи барқароршаванда дастовардҳои бузург ба даст оварданд.

Дар давраи истиқлол, Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро бо UNESCO, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо тавсеа дод, ки ин ба занони муҳаққиқ имкониятҳои нав фароҳам овард. Масалан, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи муҳити зист ва тиб ба дастовардҳои бузург оварда расонданд.

Ин ҳамкориҳо ба афзоиши мақолаҳои илмӣ ва патентҳои занони тоҷик оварда расонданд, ва онҳо дар конфронсҳои ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ба соли 2025, Тоҷикистон ҳамчун маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ барои занон дар илм муаррифӣ шуд.

То соли 2025, пешрафтҳои Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақоми занони муҳаққиқ идома меёбад. Ҳукумат барномаҳои нав барои афзоиши фоизи занон дар илм роҳандозӣ кард, ва пешбинӣ мешавад, ки ин фоиз ба 45% расад. Ин тадбирҳо ба рушди илмии кишвар саҳм мегузоранд ва Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақият муаррифӣ мекунанд.

Дар оянда, ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа меёбанд, ва занони тоҷик дар лоиҳаҳои глобалӣ ширкат меварзанд. Ин пешрафтҳо ба рушди устувори кишвар мусоидат мекунанд ва мақоми занонро боз ҳам боло мебардоранд.

Истиқлолият барои занони муҳаққиқ имкониятҳои бузург эҷод кард. Тавассути сиёсатҳои самаранок ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, мақоми онҳо боло рафт, ва дастовардҳои зиёде ба даст омаданд. Ин барои пешрафти илмии Тоҷикистон ҳаётӣ мебошад ва ояндаи дурахшонро ваъда медиҳад.

Шарифзода Сурайё - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббагони

Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар назди Раёсати АМИТ

Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои олӣ ва муқаддас барои ҳар як миллат ва давлат ба шумор меравад. Он рамзи озодӣ, худшиносӣ ва худмуайянкунии миллат дар арсаи сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсолаи давлатдорӣ ва фарҳанги ғанӣ дорад, истиқлолият на танҳо падидаи сиёсӣ, балки рӯйдоди бузурги таърихӣ аст, ки сарнавишти минбаъдаи онро дигаргун сохт. 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин қадами таърихӣ марҳалаи нави давлатдорӣ ва рушди миллӣ оғоз гардид.

Истиқлолият ба тоҷикон имконият дод, ки ҳамчун миллати озод тақдири сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян намоянд. Аз ҳамин рӯ, омӯзиши моҳият, аҳамият ва дурнамои истиқлолият барои ҷомеаи имрӯза аҳамияти назаррас дорад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонӣ борҳо давлати мустақили худро бунёд карда буд. Давраи Сомониён (асрҳои IX–X) авҷи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад, ки дар он на танҳо пояҳои сиёсӣ, балки фарҳанг ва илм низ ба сатҳи баланди рушд расида буданд. Аммо пас аз фурӯпошии Сомониён, сарзамини тоҷикон зери нуфузи қудратҳои гуногун қарор гирифт ва тоҷикон муддати тӯлонӣ аз имконияти соҳибистиқлолӣ маҳрум шуданд.

Дар асри XX, баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон (1929), тоҷикон имкони муайян барои рушди миллӣ ба даст оварданд, аммо соҳибистиқлолии воқеӣ вуҷуд надошт, зеро сиёсат ва иқтисод комилан вобаста аз маркази Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Танҳо дар натиҷаи фурӯпошии Иттиҳод ва равандҳои ҷаҳонии солҳои 90-уми асри гузашта шароити воқеӣ барои эълони истиқлолият фароҳам омад.

9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ин рӯз ҳамчун оғози марҳалаи нави таърихии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Давраи аввали истиқлолият барои Тоҷикистон хеле душвор буд. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ оварда расонд. Инқилобҳои сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ боиси ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 гардиданд, ки кишварро ба буҳрони амиқ гирифтор сохт.

Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо ҳазорҳо қурбонӣ гирифт, балки иқтисодро суст, корхонаҳоро хароб ва ҳамбастагии миллӣ ва иҷтимоиро вайрон кард. Маҳз дар чунин шароити вазнин зарурати роҳбарии сиёсӣ ва иродаи қавии миллӣ пеш омад. Дар ҳамин давра бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди сулҳу оштӣ оғоз ёфт ва дар соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанг хотима дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавони соҳибистиқлол баъд аз барқарор гардидани сулҳи сартосарӣ ба дастовардҳои муҳим дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Ин комёбиҳо дар заминаи ваҳдати миллӣ ва сиёсати босамари давлатӣ амалӣ шуданд ва имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои дурнамои равшан муаррифӣ месозанд.

Дар соҳаи сиёсӣ дастовардҳои зиёде ба назар мерасанд. Аз ҷумла, қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ пояи устувори давлатдорӣ ва низоми демократиро ташкил дод. Бо шарофати он сохтори давлатдорӣ бо се шохаи ҳокимият — қонунгузор, иҷроия ва судӣ — ба вуҷуд омад. Барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ имконият фароҳам овард, ки ҷомеа ба сӯи рушди устувор роҳ гирад. Тоҷикистон ҳамчунин ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ нақши созандаро дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, мебозад.

Дар бахши иқтисодӣ Тоҷикистон тавонист сиёсати миллии рушдро ба роҳ монад. Яке аз муҳимтарин самтҳо ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо талошҳои пайгиронаи давлат ва дастгирии мардум, сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” оғоз ва марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст. Иншооти мазкур рамзи қудрати иқтисодӣ ва истиқлолияти энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Имрӯз Тоҷикистон ба яке аз истеҳсолкунандагони асосии нерӯи барқи обӣ дар минтақа табдил ёфтааст ва имконияти содироти нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва Узбекистон дорад. Барномаҳои минтақавии CASA-1000 ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ Тоҷикистонро ба маркази муҳими энергетикии Осиёи Марказӣ табдил медиҳанд.

Дар соҳаи бонкдорӣ низ қадамҳои назаррас гузошта шудаанд. Баъди истиқлолият низоми бонкдории миллӣ ташаккул ёфт ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи марказии молиявӣ фаъолиятро ба роҳ монд. Дар заминаи он бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ таъсис ёфтанд, ки имрӯз дар пешбурди иқтисоди миллӣ нақши муҳим мебозанд. Низоми бонкӣ имконият медиҳад, ки сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шаванд, фаъолияти соҳибкорон рушд ёбад ва муомилоти молиявӣ шаффофу муосир гардад. Истифодаи технологияҳои нави бонкдорӣ, ба монанди пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии онлайнӣ ва корти бонкӣ, марҳилаи сифатан навро дар иқтисоди Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.

Иқтисоди кишвар ҳамчунин дар дигар бахшҳо пешрафт намудааст. Соҳаи кишоварзӣ бо татбиқи барномаҳои давлатии озуқаворӣ рушд карда, имрӯз Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Саноат низ тадриҷан тавсеа ёфта, корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва коркарди ашёи хом бунёд шуданд. Тоҷикистон бо барқарории роҳҳои байналмилалӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардид, ки ин ба рушди савдо ва сайёҳӣ заминаи нав гузошт.

Дастовардҳои иқтисодӣ на танҳо шароити зиндагии мардумро беҳтар карданд, балки нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурданд. Лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва молиявӣ имрӯз Тоҷикистонро ба кишвари дорои нақши калидӣ дар минтақа табдил медиҳанд ва заминаи рушди устуворро барои наслҳои оянда фароҳам месозанд.

Дар соҳаи фарҳанг низ дастовардҳои назаррас ба назар мерасанд. Эҳёи анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои фарҳангӣ, таҷлил ва ба расмият шинохтани ҷашнҳои миллӣ, ба мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада, нақши муҳим дар таҳкими худшиносии миллӣ доштанд. Забони тоҷикӣ мақоми арзандаи худро ҳамчун забони давлатӣ пайдо кард ва барномаҳои давлатӣ барои рушди он амалӣ шуданд. Дар баробари ин, мероси фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд, аз ҷумла шомил гардидани Наврӯз ва Шашмақом ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО. Дар давраи соҳибистиқлолӣ фарҳанг, санъат ва илм рушд ёфта, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ густариш ёфтанд ва имкониятҳои нави ҳамкории байналмилалӣ фароҳам оварда шуданд.

Ҳамин тавр, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият на танҳо пояи давлатдорӣ ва рушди устувори кишварро таъмин карданд, балки обрӯву нуфузи онро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд. Пешрафти соҳаҳои гуногун далели он аст, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи ҷомеаи пешрафта ва шукуфон равона шудааст ва ояндаи равшанро барои наслҳои оянда таъмин хоҳад кард.

Имрӯз истиқлолият ҳамчун пояи асосии амният, сулҳ ва рушди устувор арзёбӣ мешавад. Давлат сиёсати худро ба таҳкими ваҳдат, рушди иқтисоди бозорӣ, ҷалби сармоя, густариши инфрасохтор ва рушди соҳаи сайёҳӣ равона намудааст.

Тоҷикистон инчунин дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, нақши фаъол мебозад. Пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузург ва бебаҳоест, ки сарнавишти миллатро дигаргун сохт. Он имконият дод, ки тоҷикон ҳамчун миллати озод ва соҳибдавлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кунанд. Барои ҳифз ва таҳкими истиқлолият, ҳар як шаҳрванд масъулият дорад.

Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки пояи рушди устувор, сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид, имрӯз он бо қадамҳои устувор ба сӯи рушду шукуфоӣ равона шудааст. Ояндаи Тоҷикистон танҳо дар сурати ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдат ва меҳнати созандаи мардум дурахшон хоҳад буд.

РАСУЛЗОДА Аслам Зафар, - ходими калони илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ