Ба истиқболи 33-умин солгарди
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамасола замоне, ки нуҳуми сентябр наздик мешавад, мову шуморо шодкомиву шодобиҳое фаро мегирад, ки дар бораи аҳамияти ин санаи таърихиву тақдирсози миллӣ бештар андеша кард. Санаи 9-уми сентябр ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон таҷлил гардида, тавассути роҳбарону олимону ходимони дилсӯзу миллату мардумони бохиради кишвар аз дастоварду пешрафтҳои он натиҷагирӣ менамоянд.
Дар соли 2024 Тоҷикистон 33-солагии ҷашни Истиқлолро бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегирад. Ин санаи таърихӣ ба мову шумо сарвати моддӣ ва маънавӣ ё ба ибораи дигар неъматҳои фаровонеро фароҳам овард, то тавонем худшиносии миллиро бештар дарк карда, моҳияту аслияти онро дар ҷомеа рушд дода, пайваста дар партави донишу хирад ва ватандӯстиву ватансозӣ дар партави мактаби сулҳофаринӣ Ватану диёрамонро хурраму зеботар гардонем.
Аз гузаштаи қадим мо тоҷикон бо бузургони илму адабу сиёсату таърих чун А.Рӯдакӣ, С.Айнӣ, Б.Ғафуров, М.Турсунзода мардуми бо маърифату маданият будем ва то имрӯз дар байни халқҳои олам маъруфият дорем. Чунин фаросату каромату шаҳомат ва ҷасорату матонати ин бузургону пайравони онҳо дар даврони истиқлоли кишвар дубора эҳё гардид ва заминаҳои асосии он дар натиҷаи эҷоди ҳамгироиву сулҳу ваҳдат ба вуҷуд омад. Бо ҳамин роҳ ин миллат тавонист дар партави мактаби сулҳу созандагӣ аз худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, ба сӯи қуллаҳои олӣ роҳашро идома диҳад.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари дилсӯзу меҳрубон ва мардони баномусу нанги миллат, сокинони кишвар дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебаранд ва ифтихор менамоянд, ки диёри Тоҷикистон бо иқлими зебову обҳои мусаффояш дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон шомил гардид. Ин талошу муборизаҳо сабаби равобити ҳасанаи кишвар бо ҳамаи мамлакатҳои дунё ҳамчун давлати комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта, ҳамкорӣ намуда, лоиҳаву барномаҳояшро таҳкиму тавсеа мебахшад.
Ин санаи таърихӣ (эъломияи Истиқлол) вақти эҳтироми усулу арзишҳое мебошад, ки миллати моро дар мақоми бозҳам бузургтару олитар қарор медиҳад.
Дар ҳақиқат Истиқлол неъмати бебаҳоест, ки ҳар қавму миллат барои дарёфти он аз равишу роҳҳои дурусту муносиб, муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо ва ватандӯстиву ватансозӣ истифода карда, саҳм мегузоранд. Нуктаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ин доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозад. Тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи ин ё он шахси соҳибмаърифат қавм ё миллат дар таърих номи худро боқӣ мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки рӯзи Истиқлоли давлатӣ солгарди қабули Эъломияи истиқлол дар соли 1991 аст.Дар он солҳо кишварҳои собиқ Шӯравӣ мустақилияти худро аз ҳукмронии ИҶШС эълон карданд. Ин иқдому талоши ҷасуронаи мардумони кишварҳо ба суи худшиносиву худидоракунӣ равона буд, ки барои эҳёи қавму миллату тамаддунофари худ дар асоси усулу арзишҳои озодӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ заминаҳо гузошта, мақому ҷойгоҳи таъриху маданияти миллиашонро бештару хубтар муаррифӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, бо фарорасии ин санаи таърихӣ мову шумо Истиқлолро ҷашнмегирем, ки мақомумартабаи миллати бузургу соҳибмактабиморо муайян мекунад. Дар ин санаи таърихӣ аз саҳми бузургону шахсиятҳое, ки ба рушди фарҳангу таъриху тамаддуни тоҷикон нақш доштанд, ёдоварӣ мешавад.
Зимнан, санаи бузургдошти таҷлили Истиқлол ба мову шумо имконият медиҳад, ки як бори дигар ба мардону занон, шаҳрвандони шуҷоъу далери кишвар, ки барои эҳёи рушду фарҳангу тамаддуни миллӣ мубориза бурданду мебаранд, эҳтиром гузорем. Мо аз қаҳрамонону бузургони миллат cap карда, то олимону ходимону хизматчиён давлатӣ ва мардону занони содиқи қувваҳои мусаллаҳ, барои садоқату самимии бепоёнашон дар муҳофизати Ватану сокинон дар фазои озоду орому обод масъулу мақрузем.
Дар ҳоле ки санаи нуҳуми сентябр озодии фардии моро ифода мекунад, он инчунин ба мо аз неруву қуввате, ки барои мо сарчашмаи худшиносиву ваҳдати миллӣ аст, ёдоварӣ карда, моро ба пешрафту созанандагии баҳри Ватану диёр ҳидоят мекунад. Ин санаи таърихсоз моро огоҳу ҳушдор медиҳад, ки кашмакашу ихтилофотро як сӯ гузошта, дар сояи мактаби сулҳу созандагӣ ва Ваҳдат чун миллату қавми мунсаҷиму муттаҳид боқӣ монда, робитаву муносибату пайвандро мустаҳкаму маҳкамтар нигоҳ дорем.
Ҳаминтавр, вақте ки мо ин санаи таърихиро ҷашн мегирем, пайваста бояд кӯшиш намоем, то нафрату мағзшуиҳоеро ки ба муқобили Ватану миллат дасисасозӣ мешаванд, бо истифода аз зиракиву ҳушёрӣ маҳву решакан намуда, якдилу якҷову яксон дар фазои ҳамдиливу ҳамзабониву ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар барем, барои ояндаи дурахшонтару фарогиртари некуаҳволии мардумони миллату диёри худ кору фаъолият намуда, саҳмгузор бошем.
Дар ин ҷашни таърихии миллӣ, ки заминаи ватандӯстиву ватансозии мост, барои ҳар як фарди бо нангу номусро ҳам фарзу ҳам қарз аст, то дар бораи Ватану диёр ва ободиву оромии он таваҷҷӯҳи бештар намуда, тавассути донишу малака, меҳнати ҳалол, ҷиддият ва имкониятҳои баробаронаву бародарона ба ҳадафҳо ва орзуҳои хубу олии худ сазовор гардад. Мову шумо ва ҳар фарди бо нангу номусро зарур аст, то ба соҳибдилону соҳибкорон, навоварону эҷодкорон ва шаҳрвандони меҳнатдӯсту ватандӯст, ки дар муаррифиву инкишофу пешрафти Ватану диёри зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” кору фаъолият мекунад, салому ташаккур бояд гуфта, қадрдонӣ кард.
Мову шуморо зарур аст, то замони омодагӣ ба ҷашни Истиқлол, муҳимияту мубрамият ва асолати ин рӯзро дар таърихи миллатамон ба ёд орем. Зеро ин санаи таърихӣ як фурсату имкониятест, ки мухтору мустақил будани худро қадр намуда, мероси ғании фарҳангу тамаддуни худро хубтару бештар эҳё карда, ба нақши қаҳрамонони Ватану диёри худро эҳтиром гузошта, ба сӯи ояндаи неку дурахшон муштаракона кору фаъолият кунем. Бигзорем то рӯҳи озодиву истиқлолу ваҳдати миллӣ ва саҳми роҳбарону сокинони бо нангу номуси миллат минбаъд низ ҳамаи мову шуморо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ роҳнамоӣ намуда, дар ободиву оромии Ватану миллату диёри худ илҳоми хубтару олитар бахшад.
Тоҷикистон талош кард то бо бунёди мактаби сулҳу созандагӣ дар даврони 33 соли Истиқлол ба Озодӣ, Оромӣ ва Ободӣ дастрас шавад ва бо ташшаббусҳои созандаи худ дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи хешро пайдо намуда, мавриди эътирофу эҳтиром қарор гирифта, дар ин ё он масоили байналмилалӣ нақши калидӣ бозад.
Имрӯз мо тоҷикон бояд аз ин истиқлолу истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ шукрона карда аз дастовардҳову сарватҳои маънавию моддии Ватан оқилона истифода намуда, хештаншиносиро пойдор ва таҳким бахшем, то дубора ба чоҳи зулмату ваҳшату даҳшат наяфтем. Ва ба қавли Президент кишвар ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне Истиқлолу Ваҳдати миллӣ газанд ёбад".
Бояд зикр кард, ки барои дубора ба даст овардани ин ганҷҳои пурарзишу бебаҳо, мардуми бонангу номуси тоҷик дар солҳои мушкилтарин аз ақли солим кор гирифта, бо роҳнамоиҳову ҷонфидоиҳои роҳбари кишвар, ватану миллатро дар роҳи дарёфти сулҳу салоҳ ва озодии меҳан ҷонгусорӣ ва фидокорӣ нишон дода, шаъну шарафи ҳуввияти миллии хешро дар байни ҷаҳониён ҳифз карда, аввалин мактаби сулҳофаринӣ, созандагӣ ва соҳибихтиёри даврони истиқлолро поягузорӣ кунанд.
Бо чунин ташаббусу тадаббур мо тоҷикон мактаби сулҳофариниро бунёд кардем, ки чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шуда, ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии СММ аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст.
Дар натиҷа метавон чунин қайд кард, ки истиқлол заминагузори худшиносии миллӣ буда, паёмрасони хайру баракат, рушду саодат, ҳамеша моро ба сӯи созандагӣ, ободӣ, оромӣ ва амонии кишвар роҳнамоӣ менамояд ва чун як армуғон ё тӯҳфаи арзишманд, наслҳои ояндаро ба суи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.
Ҷашни Истиқлоли миллӣ барои ҳамватанон муборакбод бошад!
Мирсаид Раҳмонов, - ходими калони Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмии Тоҷикистон
Дар ҳар як марҳилаи таърихии тақдирсози халқи тоҷик мутафаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон барои бақои миллат, маърифатноку худогоҳ кардани неруи зеҳнӣ, тақвият бахшидани ифтихори ватандорӣ, расидан ба қадри ваҳдат ва ғайра талош варзида, идеяҳои ақлонию созандаро тарғиб менамуданд. Яъне аз як тараф, барои худогоҳ ва худшинос гаштани мардум омилҳои асосиро нишон дода, аз тарафи дигар, саъй медоштанд, ки бо асарҳои пурмазмуну нодири худ арзиш ва анъанаҳои миллиро зинда дошта, аз насл ба насл интиқол диҳанд. То насли баъдина ифтихор аз нобиғаҳо, чеҳраҳои мондагор, аз анъанаву арзишҳои миллӣ карда, дар тинати худ ҳисси ватандориро бедор намоянд, ҳикматҳои онҳоро сарманшаи такмили маърифатнокӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа созанд.
Табиатан, тоҷикон мардуми фарҳангофар, тамаддунсоз мебошанд. Аз қадим хонадонҳои он ҳар кадоме барои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштанд. Бо вуҷуди аз даст додани низоми давлатдорӣ фарҳанги худро аз бегонашавӣ ҳифз карданд, давра ба давра такмилу сайқал доданд. Бахусус, баъди сарнагун гаштани давлати Сомониён тӯли қариб ҳазор сол, ки ин мардуми таҳҷоӣ зери зулм ва таъкибҳои қабилаҳои саҳроии турк ранҷу машаққат кашид, хушбахтона фарҳанг, маҳз забони ноб ва осори бо он навиштаи бузургонаш нагузошт, ки номи худро аз саҳифаи таърих рабуда созад.
Бавижа, чун дигар марҳилоти таърихӣ дар асри XIX ва ибтидои қарни XX низ рӯшанбинон ва мутафаккирони тоҷик кӯшиданд, ки бо вуҷуди ҳама гуна нобасомониҳо, беадолатиҳо, хиёнатҳо халқи худ ва таърихи пурарзишашонро ҳимоя намоянд. Барои расидан ба истиқлолияти миллӣ муваффақ шаванд, вале саҳифаи таърихи ин марҳилаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди ҷаҳду талошҳо ва ҷоннисориҳо эшон натавонистанд зимоми давлатдориро ба ихтиёри худ гирифта, соҳиби давлати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ гарданд.
Хушбахтона ибтидои даҳсолаи охири асри XX дар лавҳи хотираи фарҳангпарваронаи мардуми тоҷик саҳифаи дурахшону тобнок - соҳиб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ ва ба ихтиёри худ гирифтани зимоми давлатдории миллӣ боқӣ монда, ҳамчун рӯйдоди нодир эътирофи умум пайдо кард. Яъне истиқлолияти давлатӣ барои ин мардуми таҳаммулгарову тамаддунсоз ва фарҳангсолор неъмати бебаҳо, падидаи муттаҳидкунанда, устувор нигоҳдорандаи ягонагии марзии давлатдории миллӣ дар рӯёрӯи харитаи сиёсии ҷаҳони башарӣ гардид.
Бояд зикр дошт, ки Истиқлолияти миллӣ ҳидоятгари аҳли ҷомеа ҷиҳати арҷ гузоштан ба мероси ниёгон, бахусус, анъанаву расму русуми аҷдодӣ, суннатҳои решагӣ ва эҳтиром доштани муқаддасоти миллӣ гашт.
Маншаи ташаккулёбии ҳуввияти миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва дастёб шудан ба мустақилияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар маҳсуб ёфт.
Аз ин нуқтаи назар ин ҷо метавон натиҷа бардошт, ки истиқлолияти давлатӣ пеш аз ҳама андеша, тафаккури даврони шӯравии аҳли ҷомеаро нисбати анъанаву суннатҳои аҷдодӣ ба вижа тарзи гӯишу савтиёти забонӣ тағйир дод. Хусусан, дар даврони шӯравӣ забони ноби тоҷикӣ ба ҳукми забони хонагӣ, муносибатҳои байнихонаводагӣ даромада, барои бештари шаҳрвандон, аз ҷумла, аҳли зиё, олимону муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва тиб ҷиҳати таълиф намудани китобҳои дарсиву асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ қобили қабул дониста намешуд. Ҳатто дар маҷлису ҷамъомадҳо аз истифодаи ин забон худдорӣ мекарданд. Танҳо ҳимоятгарони ин забони ноб дар он арсаи вақт донишмандони соҳаи забоншиносӣ, ихлосмандон ва омӯзгорони фанни забони модарӣ буданд.
Истиқлолият андешаи миллиро ба сифати рукни асосии давлатдории миллӣ ва забони ноби тоҷикиро ба сифати забони давлатӣ, расмӣ-ҳуҷҷатгузорӣ табдил дод, ки ин дастоварди бегазанд минбаъд дар марҳилаҳои баъдинаи рушди давлатдории миллӣ мондагор мемонад.
Ин марҳилаҳоро метавон чунин гурӯҳбандӣ намуд:
- миллатро аз нестӣ, Ватанро аз нобудшавӣ ва марзу буми муқаддасро аз тобеи давлатҳои абарқудрат мондан, раҳонид. Ин марҳиларо месазад наҷоти миллат номид (солҳои 1991-1996);
- бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат ва пирӯз омадани ақли солим расидан ба сулҳи саросарӣ ва ризоияти миллӣ (солҳои 1997-1999);
- марҳилаи созандагӣ (солҳои 2000-2003) – ифтитоҳи шоҳроҳи Кӯлоб Қалъаи Хумб, ифтитоҳи нақби Анзоб ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар;
- муаррифии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон, мақому манзалати он дар сатҳи ҷомеаи башарӣ (2004) – сафари расмии Президенти Россия ба Тоҷикистон, имзои созишномаҳо бо 25 давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо;
- соли фарҳанги оламгир (солҳои 2005-2006) – баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, Юнеско, пазируфта шудани Стратегияи рушди милии Тоҷикистон дар Созмони милали Муттаҳид, оғози сохтмони нерӯгоҳи барқаи обии Роғун ва ғайра;
- оғози марҳилаи нав (солҳои 2007-2008) - оғози сохтмони неругоҳи Сангтӯда 1 ва 2, роҳи мошингарди Душанбе, Бӯстон ва Чаноқ, нақби Шаҳристон ва ғайра;
- соли Имоми Аъзам (2009), ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳанги таҳаммулгароӣ;
- соли маориф ва фарҳанги техникӣ (2010) – вобаста ба талаботи ҷомеаи муосир ва низоми таҳсилот ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар низоми маорифи кишвар;
- марҳилаи расидан ба натиҷаҳои назаррасӣ ҳадафҳои Стратегии кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар, бахусус, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмин амнияти озуқаворӣ (солҳои 2011-2015);
- марҳилаи талош варзидан ба зиндагии шоиста дар заминаи татбиқи Стратегияи рушдии миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ғайра.
Марҳилаи аввал - марҳилаи тақдирсоз, талош варзидан барои бақои миллат, аз нестшавӣ раҳоӣ бахшидани он мебошад. Зеро ҷанги таҳмилие, ки дар кишвар оташи худро фурузон кард ва бо фирефтаи татбиқи барномаҳои сиёсии хоҷагони хориҷӣ мардуми кишварро ба гурӯҳҳои мухолифи ҳам ҷудо намуд ба истиқлолияти давлатӣ ва рушд додани давлатдории миллӣ монеъаҳо эҷод кард.
Бо вуҷуди ин, дар ин марҳилаи сарнавиштсоз, ҳассос, парешонӣ, низоъҳои сиёсӣ, харобшавии ниҳодҳои давлатдорӣ мардуми шарифи кишвар ба хотири азиз ва муқаддас шуморидани андешаи миллӣ роҳи дурустро пайдо намуданд, ки дар ин ҷода нақши меҳвариро талошҳои мудаввоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бозид. Зеро таъкидҳои Президенти кишвар – бедориву ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирии мардум Тоҷикистонро аз нестӣ раҳоӣ мебахшад, самара дод ва гурӯҳҳои даргир ва низоъангезро рӯз ба рӯз ба созиш, якдигарфаҳмӣ, дарк кардани барномарезиҳои сиёсии хоҷагони хориҷӣ ва расидан ба ваҳдат ва сулҳи саросарӣ талқин намуд.
Чӣ тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъкид доштанд ҷиҳати дастёб шудан ба сулҳи саросарӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ Тоҷикистон «аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад».
Аз ин нуқтаи назар шукрона аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсии ҷомеа ва пойдориву устувории ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳофар ва созандаи Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки ба хонаводаи ҳар як фарди баорӯ номуси тоҷикистонӣ амну осоиш, хушбахтиву саодатмандӣ, умед ба фардои зиндагиро оварда, аҳли кишварро барои пешрафту ободии Ватани азизамон фаъолият намудан, ҳидоят кард. Бинобар ин, ҳар як фарзанди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвари тоҷик бояд иродатмандона ва содиқона ин дастоварди арзишманду дар ёди таърихии мардум ҷовидона сабтёфта, яъне ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм, ҷони азизи худ ҳифз намояд. Зеро, тибқи таъкиди бевоситаи Президенти кишвар «Ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати кӯҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузорад».
Воқеан, арсаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳассосият, мавҷи нооромӣ, қатлу куштор, ваҳшонияту ҷаҳолат, ихтилофи назарҳо, ҳамдигарбадбинӣ, бо ҳамдигар эътимод надоштан, нобовариро миёни мардуми сайёра, хусусан аҳолии кишварҳои мусулмоннишин ба вуҷуд овард. Ва абарқудратону сомондиҳандагони ин мавҷи нооромиҳо барои содир кардани қатлу куштор, хароб намудан ҷойҳои муқаддас, аз байн бурдани арзишҳои фарҳангӣ нерӯи қувватбахш ҷавонон, нафароне, ки синни 18 то 35 соларо доранд ва шомил ба беш аз 100 давлатанд, сафарбар намуда истодаанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонони ноогоҳ, гумроҳ, ки хиёнат ба модар, хоки муқаддаси Ватани маҳбуб, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллиро бар худ афзал шуморидаанд аз беиродагӣ ва қонеъ кардани нафси ҳайвонии хеш фирефтаи хоҷагони хориҷӣ шуда, ба ин мавҷи нооромиҳо пайваст гардиданд.
Пеш аз ҳама ҷавонони худогоҳу худшинос, солеҳу содиқ ва ояндасози Тоҷикистони маҳбуб бояд ба чунин паҳлуҳои масъалаҳои ҳадафнок ва тақдирсози сиёсати сулҳофари Ҷаноби Олӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри амалӣ кардани онҳо пайваста талош варзанд. Ба хусус:
- ҷиҳати таҳким ва устувории ваҳдати миллӣ, ки халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшид ва барои муттаҳидии ҳамагони мо замина фароҳам овард, пайваста саҳмгузорӣ намоянд;
- барои андешаи сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодири халқамон, инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо муаррифӣ намудан миёни мардуми кишвар ва ҷомеаи башарӣ нерӯи худро сарф намоянд то он ба ҳайси унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ, ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ густариш пайдо намояд;
- донанд ва эҳтиром гузоранд, ки сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ рушди ҷомеа ва умеду орзӯи мо танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ мегардад;
- бо мақсади таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми «шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ» - ро бар худ муҳим шуморанд;
- фаромӯш набояд кунанд, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла, торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад. Зеро, худ шоҳиди ҳол ҳастед, ки имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардааст;
- эҳсос кунанд, ки ҷавонони содиқ насли ояндасози давлат ва миллатанд, ояндаи кишвар бо дасти онҳо бунёд хоҳад шуд. Бинобар ин, бояд ин Ватанро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст доранд, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо оранд, онро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кунанд.
- истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва мубодилаи иттилоот ҳарчанд ба рушди зеҳният ва ташаккули тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба таври мусбат мусоидат менамояд, вале аз тарафи дигар, маншаи пайвастани ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба созмонҳои ифротӣ мебошад. Бинобар ин, ҳангоми истифодаи маълумоти интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ҷавонон ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоянд, тафааккури хешро рахнаи гароиш ба ҳар гуна дасисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок накунанд, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала машварат намоянд, зеро онҳо беҳтарин маслиҳатгар дар зиндагии ҳар як ҷавони тоҷик мебошанд. Вале фарзанде, ки аз иродаи падару модари худ саркашӣ мекунад, ба маслиҳатҳои муфиди ӯ аҳамият надода, ихтиёран ба ҳар гуна созмонҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ мешавад бешак ба сархамиву хиҷолати волидайн меорад ва он фарзанд аз зиндагии худ ҳеҷ гоҳ баракат намеёбад. Ҳамзамон падару модарон бояд аз таҳсили ғайрирасмии фарзандони худ дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар эҳтиёткор бошанд, зеро сарманшаи дигаре, ки ба густариши мафкураи экстремистӣ мусоидат мекунад, маҳз таҳсили ҷавонон дар чунин муассисаҳои таълимӣ мебошад ва ғайра.
> Nozim Mahmadiev: Ниҳоят, мувофиқ ба таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем… бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон кору фаъолият намоем».
Ҳамин тавр, ваҳдат рамзи воқеии сулҳофарӣ, таҳаммулпазирӣ ва қадр кардани асолати инсонӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Истиқлолият ифодакунандаи як мактаби зиндагӣ, як таҷрибаи рӯзгор аст, ки шахси худогоҳу ҷавони солеҳ ва соҳибватан метавонанд аз он оини ватандорӣ ва содиқ будан ба Ватан, тарҳрезӣ кардани нақшаи фарҳанги сулҳофарию ҳалли низоъ, эҳтиром кардан ва арҷ гузоштан ба арзиш ва суннатҳои мардумӣ, муқаддасоти миллӣ, муваффақ шудан ба орзуву умед ва ғайраро омӯзад.
Самиев Бобоҷон – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.
Илҳом Қурбоншоев - мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.
Муосирини мо воқифанд, ки академик Кароматулло Олимов дар рушди илм чӣ нақше боқӣ гузоштааст, чунки мавсуф дар баробари пажӯҳиши самтҳои гуногуни илм, боз дар маснадҳои мухталифи давлатӣ раҳбарӣ доштанд. Гузашта аз ин, фаъолият дар Комиссияи оштии миллӣ номбурдаро машҳур сохт. То кунун андешаҳои Кароматулло Олимов дар мавриди сулҳ аҳамияти таърихии хешро гум накардаанд. Дар як очерке, ки ба ин масъала бахшида мешавад, олими тоҷик майли тоҷиконро барои ба даст овардани сулҳ иқрор намудааст. Воқеъан, ҷанги таҳмилӣ кишвари моро даҳсолаҳо аз рушду тараққӣ боздошта буд: “Ҷумҳурии мо то июни соли 1997, яъне то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳолати таҳдиди хатарҳои гуманитарӣ қарор дошт. Имзои Созишнома ба халқи зарардида ҳамчун чароғи равшани раҳнамо ва умеди тоза гардид. Бояд махсус зикр кард, ки то имзои Созишнома чандин даври музокироти ҷонибҳо доир шуда буданд, ки бисёр вақт бенатиҷа мемонданд. Вале музокирот бо душворӣ, марҳала ба марҳала ҷонибҳои мухолифи ҳамдигарро ба мақсади асосӣ наздик мекарданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдидҳо наҳаросида барои мулоқот бо мухолифони ҳукумат ба маҳалҳои хатарнок сафар мекард, то боварии ҷониби дигарро ба воқеӣ будани пешниҳодҳо ва зарурати ваҳдати миллӣ ба вуҷуд орад”[1].
Новобаста аз таҳқиқу пажӯҳиши пайваста олими шинохтаи тоҷик дар мансабҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа намуда, имрӯз бо сарбаландӣ дар назди миллату давлат рӯ ба рӯст, чунки инсони комилро вазифаҳо аз хеш бехабар намесозанд ва дар ӯ кибру ғурури омиёнаро эҷод намекунанд. Кароматулло Олимов ҳамеша ба инсон чун шаҳрванд бо арзи салом муроҷиат мекунад ва ҳангоми баррасии мавзӯъ ҳеҷ гоҳ тундгӯиро пеша накардааст. Ӯ Вазири фарҳанг буд, муддати се сол дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хидмат намуд, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинов, ҳамчунин директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ будааст. Илова бар он ноиби президенти АМИТ буду ҳамеша барои афроди муроҷиаткунанда вақт меёфт ва ба суолҳояшон посухҳои қонеъкунанда медод, аммо номбурда бо вуҷуди масъулият эҳсос кардан шарти асосии ҳастиро, ки одамгарист, фаромӯш намекард. Шояд ҳамин омил буд, ки пиру барно имрӯз ҳам ба истиқболи ӯ мешитобанд ва бо унвони “домулло” бо ӯ суҳбат менамоянд.
Яке аз мавзӯҳое, ки мавсуф ба пажӯҳиши он даст бурдааст, ин сатҳи худшиносии миллӣ маҳсуб мешавад. Аз назари ӯ худшиносии миллии тоҷикон тӯли замони асримиёнагӣ дар натиҷаи истеъмор коста шудааст ва алҳол бо пайдо шудани истиқлолияти давлатӣ сатҳи худшиносии миллӣ дар миёни тоҷикон рушд мекунад: “Худшиносии миллати мо дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар натиҷаи қатлу ғорати оммавӣ ва истеъмори истилогарони аҷнабӣ ва парокандагии иҷборӣ коста гардида буд”[2].
Олими шинохта косташавии сатҳи худшиносии миллиро дар миёни тоҷикон дар гумроҳии гурӯҳе аз иҷтимоъ бо номи рӯҳониёни дин медонад, ки бо истифода аз камхабарии омма давлатро танҳо аз хотири манфиатҷӯӣ истифода кардаанд.Тибқи андешаи мавсуф бинобар равнақ пазируфтани маорифпарварӣ дар нимаи дувуми садаи XIX густариши худшиносии динӣ мушоҳида шуда, тааллуқи динии инсонҳо дар қиёс бо мансубияти миллӣ бартарӣ пайдо мекунад. Дар замони Шӯравӣ бартарии маҳаллии тоҷик аз ҳувияти миллӣ болотар рафта, ҳар фарде аз зумраи тоҷикон мансубияти маҳаллии хешро авлотар медонист. Дар чунин муҳит бегонагироӣ рушд карду инсонҳои андаке аз ҷомеасозӣ бохабар забони бегонаро аз забони миллӣ бартарӣ доданд ва дар муҳити шаҳрҳо лаҳни аҷнабӣ бар лафзи миллат ғолиб омад.
Яке аз масоили умда дар осори таҳқиқии Кароматулло Олимов рӯоварии ӯ ба тасаввуфи Хуросон ва иртиботи он ба ҳикмати Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит аст. Ин масъала аз таҳқиқи олами андешаҳои ҳаким Саноӣ оғоз мегардад, ки бинобар дар Хуросон иқомат доштанаш ба зумраи мутасаввифаи хуросонӣ шомил шудааст. Донишманди илми фалсафа ҳаким Саноиро дар як сатри бағоят кӯтоҳе муаррифӣ намудааст: “Саноӣ гоҳо як шахсест комилан муташарреъ, гоҳо лоуболи маломатӣ, гоҳо гӯшанишин, гоҳо сӯфии сукрпешаи пайрави Боязид ва Мансур ва гоҳо шахси маъюсу бепарво ҷилвагар мегардад. Вале ӯ орифест мутафаккир, ҳақиқатҷӯ ва адолатхоҳ”[3].
Саноӣ зимни илҳом гирифтан аз сухани имом Абӯҳанифа ин мисраъҳоро эҷод мекунад, ки дар замони муосир низ аз бузургтарин масоили ҷомеаҳои шаҳрвандӣ боқӣ мондаанд:
Илм хондӣ нагаштӣ аҳли амал,
Ҷаҳл аз ин илми ту басе беҳтар.
Илм бо кор судманд бувад,
Илми бекор пойбанд бувад.
Дунболи Саноӣ шайх Абӯсаиди Абулхайр, Боязиди Бистомӣ, Абулҳасани Ҳарақонӣ, Абдураҳмони Сулламӣ, Абулқосими Қушайрӣ ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳаққиқи ирфон нигоҳи навро ба тасаввуфи исломӣ пешниҳод менамояд, аммо академик Кароматулло Олимов новобаста аз дигаргуниҳои куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ яке аз ҳаводорони таълимоти Маркс ва пайравонаш боқӣ мемонад.
Дигар паҳлуҳои фаъолият дар зиндагиномаи Кароматулло Олимов шуғли шеърнависӣ мебошад. Ду байти зайл, ки ба қалами олими шинохта тааллуқ дорад, тасвири аҷибест, ки маҳорати шоирии ӯро гувоҳӣ медиҳад:
Аз давлати пояндаи худ фахр намоям,
Аз миллати созандаи худ фахр намоям.
Имрӯз Ватан гашт гулистони саодат,
Бо кишвари ояндаи худ фахр намоям.
Ба наздикӣ китоби нави академик Олимов ба табъ расид, ки “Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат” ном дорад. Дар ин китоб муаллиф кӯшидааст, ки паҳлӯҳои гуногуни фаъолият ва андешаронии Сарвари давлатро баррасӣ карда, ба баъзе пурсишҳо посух диҳад, ки аз авомили асосии таъмин намукдани рушди ҳамаҷонибаи кишвар ихтиёр доштани раҳбар аст. Дар ин китоб мо ҷонибҳои гуногуни фаъолияти сарварро мехонем ва мушоҳида менамоем. Масалан, таваҷҷуҳ ба илм: “Яке аз корҳои муҳим ва ватанпарастонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса ва ғамхорӣ ба илм аст. Маорифпарвари тоҷик Мирзо Сироҷи Бухороӣ як сабаби ақибмонӣ ва заволи аморати Бухороро дар хор кардани илм аз тарафи амир ва умарои он кишвар медонист. Маҳз ба шарофати пуштибонии Пешвои миллат дар ҷумҳуриамон Академияи илмҳо боқӣ монд, ҳарчанд вобаста ба талаботи замон таъминоти илм хеле беҳбудӣ мехоҳад. Имрӯз таҳқиқи масъалаҳои муҳими илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносиву гуманитарӣ дар Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои соҳавӣ ва марказҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии ҷумҳуриамон идома дорад, ки гувоҳи дастгирии Сарвар ва давлати соҳибистиқлол мебошад”[4].
Нақши Пешвои миллат тибқи андешаи мусанниф дар рушду такомули фарҳанги миллӣ бағоят бузург аст. Дар ин маврид Кароматулло Олимов таҷрибаи ҷаҳониёнро мисол оварда, ба хулосае меояд, ки иктифо ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва наомӯхтани фарҳангҳо ва тамаддунҳо ҳанӯз рушд намебошад: “Афзалияти бузург дар ҷаҳони ҳамвор он кишваре дорад, ки фарҳангаш табиатан ба глокализатсия майл дорад, яъне идеяҳои беҳтарини хориҷӣ, дастовардҳо ва методҳои кориро аз худ намуда, бо анъанаҳои худ мудғам месозад. Ин масъала барои таърихи навини Тоҷикистон, хусусан барои эҷоди ҷомеаи демократӣ ва озод хеле муҳим аст. Чунки, тавре таҷрубаи солҳои нооромӣ нишон дод, гурӯҳе ки давлатро исломӣ кардан мехостанд ва барои амалӣ кардани ин ҳадаф ҷангро василаи асосӣ медонистанд, ва муваффақ ҳам шуданд, ки ҷангро бо силоҳҳои оташфишон доман зананд, танҳо фарҳанги исломиро мехостанд мутлақан ҷорӣ кунанд ва ҳатто онро ба фарҳангҳои дигари пешрафтаи ҷаҳонӣ муқобил гузоранд, осори тоисломиро низ аз байн баранд. Амалӣ шудани ин ақидаро дар мисоли рафтори “Толибон” дар Афғонистон мебинем, ки бист сол пеш муҷассамаҳои Буддои 53 ва 35 метраро ба воситаи динамитҳо тарконда, нобуд карданд”[5].
Маротиби аввал ҳамон солҳои навадум буд, ки гурӯҳи бехабар аз сиёсати вақт ҳолу аҳволи миллатро анқариб ба нестӣ расониданд ва чун диданд, ки авзоро баргардонида наметавонанд, шармандавор аз марзи кишвар фирор намуданд. Алъон боз ҳамин гурӯҳ бо маблағҳои аҷнабӣ сайъ дорад то Тоҷикистонро аз рушду тараққӣ боздоранд. Фаҳши сиёсие, ки дар он олудаед, бар миллати хеш таҳмил насозед, лек ҳазорон афсус, ки маънии муқаддаси миллат барои шумо ва амсолатон риддакҳои аҷнабӣ ноошност. Пас аз истиқрори сулҳ ба Ватан бозгаштед ва чӣ амале бар манофеи миллату Меҳан анҷом додед? Ғайр аз азхудкунии кӯмакҳое, ки аз хотири шаҳидон мегирифтед, магар корхонае сохтед, ки дар он ҳаммеҳанони шумо бо ҷои кор таъмин гарданд? Магар ҷиҳоде, ки шумо мефаҳмед, пайгирӣ аз аҷнабӣ нест? Агар чунин набошад, чаро дунболи аҷнабӣ қарор доштеду доред? Чун бозичаи дасти афроди қудратманд гардидед, пас аз адами нангу номус дар Эъломия даъво мекунед, ки башар аз модар озод таваллуд мешавад, пас чаро бидуни кӯмакҳо ва дастгирии дигарон ба фаъолияти густурда камар намебандеду ҳамеша чун сояи аҷнабӣ падид меоед?
Агар ба тарзи тафаккур ва фарзияҳои илмии Олимов аз наздик ошно бошед, дер ё зуд пай мебаред, ки номбурда ба ҳайси воқеанигор ҳақиқатгӯст ва шояд ҳамин омил боис шудааст, ки файласуф пайравони зиёде пайдо кардааст. Дар яке аз таҳқиқҳояш мефармояд: “Омӯхтани таърихи илму адабиёт ва маориф, дину ирфони тоҷик нишон медиҳад, ки дар нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои асри XX сарнавишти бисёр шахсиятҳои соҳибистеъдоду миллатдӯсти тоҷик мураккаб ва фоҷеабор будааст[6].
Дар шароити ҷаҳонишавӣ муколама аз доираи фарҳангу воқеият (фазои фарҳангӣ) берун рафта, дар фазои худ афроди дорои ҷаҳонбиниидинӣ ва муносибатҳои сиёсии гуногунро фаро мегирад ва онҳо ба мақсад мувофиқ ва зарурӣ буда, барои ҳалли масъала муттаҳид мешаванд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ муколамаи фарҳангҳо рисолати созиши некиро иҷро мекунад, ки фазои муколамаи байни тамаддуни фарҳангҳоро тавассути шаклҳои муташаккили институтсионалии ассотсиатсияҳо, марказҳо, ҷамъиятҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ташкил медиҳад. Раванди љањонишавии муосир як навъи махсуси муколамаи фарњангњоро актуалї мегардонад, ки бо самти созанда ба амал – муколамаи сиёсї фарќ мекунад. Таҷассуми аслии он Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки асоси идеологии он ба истилоҳ “Рӯҳи Шанхай” ҳамчун ифодаи ниятҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироии фарҳангӣ мебошад. Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамчун як консенсуси кишварҳои баробарҳуқуқ намунаи муколамаи Шарқу Ғарбро муаррифӣ мекунад, ки дар он ратсионализми аврупоӣ (дар қабули қарор) ва прагматизми шарқӣ (дар иҷрои қарорҳо) таҷассум ёфтааст. Кароматулло Олимов ҷиҳати пажӯҳиши “Гуфтугӯи фарҳангҳо” нигоҳи мусбат дошта, зимни иштирок дар хонишҳои илмии Лихачёвӣ, ки 13-14-уми майи соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербургбаргузор гардид, таҳқиқоте анҷом дода, диди амиқе бобати баррасии “фарҳанги ҷаҳонӣ” изҳорнамудааст: “Лозим аст доманаи мафҳуми“фарҳанги ҷаҳонӣ” мушаххас шавад. Оё нишондиҳанда маҷмӯи фарҳангҳои мардуми ҷаҳон аст ё фарҳанги кишварҳои тавсеаёфта? Оё ин фарҳанг равобити байни давлатҳо ва ниҳодҳои ҷаҳонии фаромиллӣ аст, ки муҳтавоисиёсӣ дорандуаз лиҳози мундариҷа бештар аз он маҳсуб мешаванд? Барои ҷилавгирӣ аз талаққии фарҳанги ҷаҳонӣ ба унвони аъҷубае(монстр), ки фарҳангҳои дигарро фуру хоҳад бурд, лозим аст усули ахлоқии тавсеаёфта тавассути талошҳои ҷаҳонии бештар ба унвони маъқулаи аслии ин фарҳанг таъин шавад”[7].
Синтези фарҳангҳо бо нигоҳ доштани гуногунии фарҳангҳо аз аҳдофе маҳсуб мешавад, ки раванди ҷаҳонишавӣ онро роҳандозӣ мекунад, аммо аксуламали ҷаҳонисозӣ низ дар тақвияти ҳадафҳое саъй мекунад, ки такмили гуногунии фарҳангҳоро дар замони муосир пайгирӣ хоҳад кард.
Аз омилҳои таърихии ташаккул ва тақвият ёфтани ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир вижагиҳои бархурд ва баҳамоии аносири фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Масалан, бинобар қавли ҷомеашиноси муосири амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон, агар асоси ҳувияти фарҳангии амрикоӣ“протестантизми бритонӣ” бошад, бегуфтугӯ пояҳои асосии ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии ориёӣ ва махлутшавии он бо андешаи исломӣ аст, ки алҳол дар анъана ва ҷашну маросими тоҷикон мушоҳида мешаванд. Гузашта аз ин, тамаддуни ориёӣ (эронӣ), ки дар номгӯи А. Тойнби ҷиҳати баррасии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ворид гардидааст, майли гуфтугӯ бо ғайр ва баҳамоии тамаддунҳоро инкор намекунад ва чунонки ҳаким Фирдавсии Тусӣ дар “Шоҳнома”, дар бахши “Достони дувоздаҳ рух” дар мисоли Пиррони Виса мутазаккир мешавад, ориёиҳо агарчи дар ғасби сарзаминҳои нав мушорикат доштанд, аммо суботи ҷомеаро авлотар шуморида, “баҳамоварӣ” – ро рукни ба ҳадаф мувофиқ медонистанд. Бинобар ин, афкори ориёӣ дар замони хилофати араб ва пасон низ ҳукумат мекард, агарчи араб бинобар кинварзӣ ба ориёиҳо ҳамаи вижагиҳои фарҳангии онҳоро аз номи худ матраҳ намуда, сохти давлатдории мансуб ба ориёиҳоро бардурӯғтаҳриф менамуданд. Мисоли ин гуна таҳрифсозиҳо “никоҳи маҳорим” ва “умумӣ будани занон” дар бовариҳои динии ориёҳост, аммо таърихи ниёкони мо гувоҳ аст, ки онҳо маслакҳои мухталифе эҷод кардаанд ва дар баробари тавҳид, гурӯҳе аз онҳо ба бутпарастӣ дар марзи Бохтари қадим машғул будаанд. Яъне, на фақат таърих ва бостоншиносӣ, балки хусусиятҳои фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон гувоҳӣмедиҳад, ки новобаста ба таҳмилшавии ислом феълан анъанаҳои гуногуне ва мансуб ба фарҳангҳои мухталиф мавҷуданд ва агар онҳоро қудрати исломӣ дар таърихи 1400 – солаи худ маҳв накардааст, пас чӣ гуна метавон гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ ғалабаи ҳувияти амрикоиро бар соири ҳувиятҳо таъмин намудааст? Лекин ҷомеаи Тоҷикистон дар замони муосир ба таҳмили афкори зиддимиллӣ дучор гардида, пояҳои асосии фарҳанги миллӣ дигаргуна баррасӣ мешаванд. Масалан, чун ҳукумати Тоҷикистон иқдом намуд, ки озмуне ҷиҳати баррасии китоби академик Бобоҷон Ғафуров бо унвони “Тоҷикон” роҳандозӣ хоҳад кард, ҳатман дар васоити ахбори коммуникатсионӣ аз забони олимони Ғарб ин андешаи номақбуле расонаӣ шуд, ки ниёкони мо ҷиҳати ҷалби сайёҳӣ ва тиҷорат ба бутсозӣ машғул мегардидаанд, дар ҳоле ки омили асосии интишори ин ақида, ки бо таърих моҷаро дорад, аслан бартараф сохтани таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар ба китоби “Тоҷикон” аст.
Кароматулло Олимов низ дар як мақолаашон таҳти унвони “Давлатҳои миллӣ ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ: таамул дар роҳҳои шаклгирии фарҳанги ҷаҳонӣ” чунин менависанд: “Ҷиддитаринтаззодҳо, ки байни ҷаҳонбинӣ ва идеология шомил мебошанд, динӣ ва дунявӣ ҳастанд. Ба таври мутаноқиз дар шароити ҷаҳонишавӣ дин гоҳе ба унвони механизме барои ҳифозат аз фарҳанги миллӣ амал мекунад ва ин муддат омили ташкили ҳувияти миллӣ хоҳад буд”[8].
Лозим ба ёдоварист, ки вижагиҳои фарҳанги ориёӣ дар зиндагии рӯзмарраи тоҷикони муосир маҳфуз мондаанд ва тавассути онҳо умр ба сар мебаранд. Масалан, ҳунари гулдӯзӣ дар шаклу рақам ва дар тасвири худ тафаккури ориёиро баён дошта, ғолибан муҳтавои мобаъдуттабиӣ доранд. Гузашта аз ин, дар баъзе манотиқи кишвар рангҳое мисли сафеду сурх то кунун дар пӯшишҳои миллӣ нақшандозӣ мегарданд, ки бори дигар иртиботи имрӯзиёнро бо фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ муаррифӣ мекунад, чунки ақвоми ориёӣ рангҳои мазкурро мунтахаб медонистанд. Дигар аз аносири фарҳанги замони ҷаҳонишавӣ бештар татбиқшавии андешаҳои утопиявӣ аст, ки чунин иқдоми башар таърихи дуру дароз дошта, вазъи нави ҷомеаро қудрат дорад баррасӣ кунад. О. Шпенглер нишон медиҳад, ки навъҳои шахсият ва навъҳои фарҳанг ба ҳамдигар вобастаанд. Ҳар як фарҳанг афсонаҳои худро дар бораи худ эҷод мекунад ва хусусияти вобаста ба давра, мавҷудият ё набудани буҳрон ва ғайра, ки дар фарҳангҳои гуногун вуҷуд доранд, падидаҳои табиатро шарҳ медиҳанд. Кумак ба бунёди муносибатҳо, меъёрҳои ахлоқӣ, кумак ба зинда мондан навъе аз вижагиҳои фарҳангист. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки худшиносии инсон вобаста ба заминаи фарҳангӣ ва таърихӣ, зерфарҳангӣ ва дар айни замон, афсонасозӣ зарур аст. Худи ҳаёт як ҳикоя аст, аммо дар умқи ҳар як шахс пинҳон аст, зеро тасвири ҷомеа дар рӯйи замин нест. Таҳлили чунин вазъият моро нохост ба хулосае меорад, ки мо бар асоси экзистенсиализми муосир ирфонӣ сухан меронем ва тамоили бозгаштан ба замони бостон мекунем, чунки нодонӣ ва хурофот дар ҳар як утопия мавҷуд аст. Бинобар ин, аз вижагиҳои таҳқиқу баррасии ҳувияти фарҳангии дилхоҳ ҷомеа зеҳнияти ҳамон миллат нақши калидӣ дорад, ки низоми давлатӣ дар дасти ӯст ва истилоҳи менталитет – (аз вожаи лотинии мentalis – равонӣ) – тарзи тафаккур, маҷмӯаи маҳоратҳои равонӣ, муносибатҳои равонӣ ва анъанаҳои фарҳангии хоси шахсият ё ҷомеаи инсонӣ маҳсуб мешавад. Истилоҳи «менталитет»-ро файласуфи амрикоӣ Р. Эммерсон (1856) ҳамчун истилоҳи илмӣ ворид кардааст. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки менталитет як намуди мушаххаси тафаккур аст ва сатҳи шуури фардӣ ва коллективиро инъикос мекунад. Он дар зери шуур таваллуд мешавад, аммо тадриҷан умумиятеро, ки аз маълумоти табиӣ ва унсурҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ асоснокшуда иборат аст ва дар ниҳоят дар ғояи ҳаёт ва ҷаҳони атроф ифода ёфтааст, азхуд мекунад. Баръакси муносибатҳои зудтағйирёбандаи идеологӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ, менталитет бештар табиати доимӣ дорад, зеро дар он одатҳои устувор, одоб ва шаклҳои рафтор инъикос меёбад. Бинобар ин, тоҷикон менталитети хоси худро доранд, ки онро аз ниёи худ мерос гирифтаанд ва вижагии он ба ҳайси зеҳнияти такмилёфта дар гузашта ва имрӯз пазироии дунё алайҳи дунёбезории сомӣ мебошад. Агар ба вижагиҳои зиндагӣ ва тарзи тафаккури тоҷикон таваҷҷуҳ кунем, дер ё зуд дармеёбем, ки онҳо бинобар иқрори лафзии пайрави ислом буданшон, боз аз падидаҳое дастгирӣ мекунанд, ки хоси ориёиҳои қадим мебошанд. Асолати миллӣ ҷиҳати баён доштани тарзи тафаккур дар тоҷикон вижагиҳои дунявӣ дорад, чунки осори гаронқадри ориёӣ ва адабиёти паҳлавӣ гетиороиро чун падидаи аслии созвораи иҷтимоӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо андешаи марбут ба исломгароӣ ва пазироии ақидаи аҷнабӣ тоҷиконро дар созишу иртиқои дугунае ба унвони ҳамоҳангии дунявият бо хиради раҳбонӣ, ки маҳсули тафаккури сомӣ мебошад, олуда сохтааст. Ирқан тоҷикон ориёӣ ҳастанд ва лаҳни онҳо ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ворид мегардад, аммо бовариҳои динӣ онҳоро бо ақвоми бадавии нимҷазираи Арабистон ва соири тангчашмони қитъаи Осиё наздик кардааст. Бинобар ин, ҳувияти фарҳангии тоҷикӣ вижагиҳое махлут дар заминаи олудагии ду навъи тафаккур (дунявӣ ва раҳбонӣ, ориёӣ ва сомӣ) аст ва таҳқиқи чунин вижагиҳо аз ҳадафҳои аслии нигоранда маҳсуб мешавад.
Кароматулло Олимов ягона ҷомеашинос аз Ховари Марказӣ буд, ки дар хонишҳои лихачёвии шаҳри Санкт-Петербург иштирок карда, назари хешро оид ба баҳамоии фарҳангҳо ва ғамшарикии тамаддунҳо сароҳатан изҳорнамуда, вазъи чунин гуфтугуро дар минтақа баррасӣ намудааст. Бинобар ин, дар дилхоҳ давлатҳои пасошӯравӣ агар суҳбат аз ҷомеашиносии муосир равад, уламои Россия ҳатман исми К. Олимовро бар забон меоранд. Ин эҳтиром ба донишманди тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки номбурда ҷиҳатибаррасӣ ва пажӯҳиши вижагиҳои раванди ҷаҳонишавӣ бо дарназардошти ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосирва гирифтории он ба буҳрон талош доштааст.
Ширин Қурбонова муовини Раиси КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илми таърих
[1] Олимов К. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ, Душанбе, 2014, саҳ. 219.
[2] Олимов К. Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ, Душанбе, Эр-граф, 2013, саҳ. 6.
[3] Олимов К. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ, саҳ. 59.
[4] Олимов К. Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат, Душанбе, - 2021, саҳ. 39.
[5] Ҳамон ҷо, саҳ. 96.
[6] Олимов К. Ҷусторе дар аҳвол, осор ва ҷаҳонбинии Ҷавҳарии Истаравшанӣ, Душанбе, - 2020, саҳ. 6.
[7]Диалог культур и партнерство цивилизаций: становление глобальной культуры, Санкт Петербург, - 2010, с. 284.
[8] Там же, с. 285.
Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб мерафт. Зеро мутобиқ ба муқаррароти « Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 августи соли 1990, ки аз тарафи сессияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти худро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон намуда буд.
Баъдан истилоҳи « давлати ҳуқуқбунёд» дар баробари соҳибихтиёрию, демократӣ ва дунявӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз тарафи мардуми кишвар қабул гардид, дар моддаи 1 пешбинӣ гардид, ки муқаррароти мазкур ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқӣ, василаи нисбатан навро дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд инъикос намуд. Пешбинӣ гардидани муқаррарот вобаста ба давлати ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ду санади муҳими давлатӣ шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёду демократиро интихоб намудааст.
Ба ақидаи олими ватанӣ Буризода Эмомалӣ Бозор андеша ва назарияи давлати ҳуқуқбунёд таърихи қадима дошта, тӯли ҳазорсолаҳо мутафаккирон кӯшиш намуданд, ки роҳҳои волоияти қонун, ташкили ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, таъмини озодӣ ва ҳуқуқҳои инсонро дар давлат муайян намояд.Муҳаққиқ муайян намуд, ки давлати ҳуқуқбунёд на танҳо яке аз дастовардҳои иҷтимоӣ, балқи падидаи амалӣ барои таҳким ва ҳифзи озодӣ, шарафи шахсият, мубориза бо миллатгароӣ, маҳалгароӣ ва бурократизм аст.
Президенти мамлакатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми худ аз 30 апрели соли 2004 қайд намуданд, ки бунёди нави давлати тоҷикон, ки барои халқамон бесобиқа аст, кори танҳо Президент, Ҳукумат ва Маҷлиси Олӣ нест, балки дар маҷмӯъ вазифаи асосии тамоми ҷомеа мебошад.[3.] Ҳадафҳои муҳимтарини ҷомеаи шаҳрванди ва мардуми тоҷик, фарҳанги ягонагӣ, фарҳанги сулҳу субот ва созандагӣ, таҳаммул ва инсондустӣ, фарҳанги таъмини волоияти қонун, эҳтирому риояи ҳуқуқҳои инсон ва хулоса фарҳанги демократия мебошад. Вобаста ба ҳамин масъала Пешвои Муаззами Миллат дар Паёми имсолаи худ тамоми сохтору мақомотҳои давлат, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муваззаф намудааст, ки ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикришуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.Бинобар ҳамин ба хотири ин санаи бузургдошти таърихӣ Пешвои Муаззами Миллат соли 2024-ро « Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Ба андешаи мо дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари маъсулияти тарафайни давлат ва шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шарҳрвандӣ, ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад.Вазифаи мазкур бошад тавассути ҳокимияти олии қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ва фаъолияти дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муасиссаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст.Дар сатҳи Конститутсия ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама маънои тобеъ будани фаъолият ва рафтори ҳама мақомотҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва шаҳрвандон ба ҳуқуқро дорад.Аз ин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат, ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро баҳри риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ вазифадор намудааст.
Дар асоси меъёрҳои заминавии Конститутсия бошад дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи давлату ҳукумати кишварамон бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид.
Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691 « Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бомаврид, саривақтӣ ва назаррас ба ҳисоб мерафт. Зеро худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 « Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид, ки он вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони иттиҳодияҳо корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриро ҷиҳати таъмин намудани бахшҳои ҳуқуқии дастгоҳо бо кормандони ихтисосманд, таъсиси чунин бахшҳо дар сурати набудани онҳо, пай дар пай ташкил ва гузаронидани лексияҳо, суҳбатҳо ва дигар шаклҳои тарғибу ташвиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бо ҷалби ҳуқуқшиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, судяҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда, инчунин баррасии вазъи риояи қонуниятро дар фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва умуман дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо, корхонаҳо ташкилотҳои ҳудуди минтақаи дахлдор вазифадор намуд.Инчунин қарори мазкур тасдиқ ва қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эътиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, таёрии ҳуқуқии кормандони роҳбарикунанда пешбинӣ намуд.
Дар қисми ибтидои Барномаи мазкур муқаррар гардида буд, ки мақсади асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти риояи бечунучарои қонунгузории кишвар имконпазир аст.
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва инкишоф дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмӯи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд.
Маърифати ҳуқуқӣ аз намудҳои дигари маърифат ба куллӣ фарқият дорад, зеро он ба ин васила маҷмӯи хоси ҷузъи моддӣ ва маънавиро ташкил менамояд. Пажуҳишҳо собит намудаанд, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва лаёқати инсон, муносибати байниҳамдигарии бошандагони ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда ифода менамояд. Маърифати ҳуқуқии инсон, қисми таркибии маданияти маънавӣ ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, муайянияти арзишӣ, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин дорои малака ва тавоноӣ мавриди амалисозӣ ва ҳимоя дар муносибатҳо роҳандозӣ мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир меёбад.
Маърифати баланди ҳуқуқӣ - асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти системаи ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири фаъоле дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони муосир аҳамияти хосса пайдо менамояд. Давоми солҳои охир болоравии салоҳиятноки ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида ва огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус эҳтиром нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегардад. Мавҷуд будани омилҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва танфурӯшӣ ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунанд. Дар ин робита маърифати ҳуқуқӣ дар пешгирӣ кардани ҳодиса ва рафторҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ нақши ҳалкунанда мебозад.
Омӯзиш ва мушоҳидаҳо нишон дода истодааст, ки ҳадафи асосии фаъолияти давлату ҳукумати кишвар заминагузори баҳри ташаккул ва таҳкими давлати ҳуқуқӣ равона гардида истодааст.Яъне бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул карда шуданд.
Қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 №253 оиди « Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 -ро мисол овардан ба маврид аст, ки мақсади асосии он аз баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси маъсулиятшиносӣ, ватандустӣ, эътиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амаликунандаи кишвар, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ иборат буда, расидан ба ҳадафҳои зерин аз қабили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён инчунин баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони корхонаҳо, муасиссаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, истифодаи самараноки васоити ахбори умум ва амоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҳуқуқӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, мусоидат ба аҳолӣ бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ дар ҳамбастагӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, фароҳам овардани шароити мусоиди ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои аҳолӣ, мукаммал намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ, ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо дарназардошти синну сол, касб ва дигар хусусиятҳо дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ ва коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати амалӣ пешбинӣ намуд.
Бо ба итмом расидани муҳлати амали Барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст, аз 27 ноябри соли 2019, №599 бори севвум « Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020 – 2030» бо қарори Ҳукумат қабул ва мавриди амал қарор дод, ки мақсади асосии қабул ва татбиқ гардидаи он аз вазифаҳои зерин иборат мебошад;
- риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Чумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси маъсулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
- таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- мустаҳкам намудани иститути ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он
- байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ;
- баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- ташкил намудани механизми самаранокии ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;
- ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа.
Ҳукумати кишвар ба ғайр аз барномаҳои махсуси соҳавии қабулгардида инчунин барномаҳои дигарро низ дар самти мазкур қабул намудааст, ки мақсаду моҳияти онҳо низ ба масъалаи тақвияти ҳуқуқии аҳолии кишвар равона гардидааст. Масъалан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 қабул гардидани «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки амалишавии татбиқи он баҳри расидан ба ҳадафҳои зерин аз қабили эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон ва дигар ҳолатҳои зарурӣ дар ин самт равона гардидааст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд бе робитаи устувори шаҳрвандони он дар самти риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон низ хело муҳим аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонанд ва вазифаҳои худро чӣ тавр иҷро мекунанд. Аммо, мутаасифона, мо имрузҳо шоҳиди иттилооту ҳодисаҳое низ мегардем, ки шаҳрвандони ҷумҳурии мо бахусус ҷавонони кишвар, ки ояндасози давлату миллатанд, дидаю дониста даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо зада қонуният ва тартиботу ҳуқуқию ҷамъиятиро дағалона вайрон менамояд, ки яке аз омилҳои асосии нишон додани маърифати пасти ҳуқуқии онҳоро ифода мекунад.
Бо такя ба андешаҳои баёншуда ба назари мо, дар ҳоли ҳозир маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд ба татбиқи маҷмуи ҳадафҳое равона карда шавад, ки дар санадҳои болозикр инъикос ёфтаанд. Санадҳои зикршуда, моҳиятан тарзе амалӣ карда мешаванд, ки аксарияти мутлақи ҷавонон ба рафтори фаъоли иҷтимоӣ мутамоил гардида, рафторе, ки ба дарки амиқи асоснокӣ, адолатнокӣ ва мувофиқи мақсад будани меъёрҳои ҳуқуқ асос ёфтааст ва фаъолияти шахсро баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар назар дорад, нигаронида шудаанд.
Бо шиносоӣ намудан ба мафҳум, мақсад ва аломатҳои маърифати ҳуқуқӣ муайян мегардад, ки маърифати ҳуқуқӣ ба давлат, ҷомеа ва инсоният аҳамияти басо муҳим дорад. Барои ташкил намудани ҷомеаи устувор ва дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ шаҳрвандонро зарур аст, ки донишҳои ҳуқуқии худро сайқал диҳанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мушкилоти зиёде мавҷуданд, аммо танҳо бо кумак ва талошҳои муштараки ҷомеа ва давлат метавон фарҳанги муътадили ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандонро ташаккул намуд.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли наврасу ҷавони солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна – ходими илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А,Баҳоваддинови АМИТ.
(Бахшида ба зодрӯзи камолоти академик Кароматулло Олимов)
Кароматулло Олимов олими намоён, ходими давлатӣ ва сиёсатмадор, доктори илмҳои фалсафа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муҳаққиқи шинохтаи таърихи фалсафаи тоҷик буда, дар байни аҳли илму адаби тоҷик ва бисёр кишварҳои хориҷӣ ҳамчун як шахсияти бонуфузу хирадманду тавоно маълуму машҳур аст. Кароматулло Олимов дар оилаи зиёӣ дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, айёми кудакию навҷавонии хешро дар ҳамон ҷо гузаронидаанд. Падарашон ба унвони табиби анъанавӣ-мардумӣ ба табобати мардуми диёри хеш машғул буданд. Модари бузургвори Кароматулло Олимов фарзанди мударриси шинохтаи ибтидои асри ХХ Киромии Истаравшанӣ буда, аз занҳои босаводу донишманд ва донандаи шеъру адаб буданд. (Ёдашон ба хайру рӯҳашон шод бошад). Устод Кароматулло тарбияи чунин падару модарро гирифтаанд, ки ҳамчун як шахсияти комилу солим ва дорои фазилатҳои хосеанд, ки ифтихори мардуму миллатамон мебошанд. Аз ин ҷо, «Кароматулло Олимов инсони комиланд – барои дӯстон беҳтарин рафиқу ҳамсафар, барои шогирдон – накутарин устоду мураббӣ ва барои фарзандону наберагон – мушфиқтарини падару бобоянд. Ин хислатҳои эшон мерос аз волидайни зиёӣ, самараи тарбият дар оилаи фарҳангӣ… аст». Кароматулло Олимов соли 1964 шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллӣ)-ро хатм намуда, ҳамон сол ба аспирантураи Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ дохил мешаванд. Соли 1971 дар мавзӯи «Ҷаҳонбинии Саноии Ғазнавӣ» рисолаи номзадӣ ва соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Фалсафаи Хуросон» (Таҳлили таърихӣ-фалсафӣ) дар шаҳри Тошканд бо муваффақият дифо намуданд. Кароматулло Олимов аз соли 1967 то соли1969 бо унвонҳои ходими хурд, ходими калон, ходими пешбари илмӣ ва мудири сектори таърихи фалсафа дар «Шуъбаи Фалсафа» (ҳозира ИФСҲ)-и АМИТ фаъолият ва мудирият кардаанд.
Зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти академик Кароматулло Олимов гуногунҷанба аст. Ӯ солҳои 1974-1977 ба ҳайси сартарҷумон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон иҷрои вазифа намудаанд. Баъдан дар солҳои 1980-1984 дар шаҳри Кобул ба унвони роҳбари гуруҳи мутарҷимонҳои Мушовирони ҲК дар КМ ҲХДА ва тарҷумон маслиҳатчии мушовири махсуси КМ ҲКИШ дар назди котиби генералии ҲХДА Бабрак Кормал (ш.Кобул) ва ҳамчунин котиби дуюми сафорати Иттиҳоди Шуравӣ адои вазифа намудаанд. Академик Кароматулло Олимов дар бахшҳо ва соҳаҳои гуногун фаъолияту роҳбарият намудаанд, аз ҷумла: мудири бахши Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1985-1990); Мушовири идеологии КМ ҲКТ (1990-1991); мудири кафедраи фалсафаи АИ ҶТ (1992-2000); котиби якуми Кумитаи щаҳри Душанбеи ПК Тоҷикистон (1996-2000); узви комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2000); намояндаи Маҷлиси шаҳри Душанбе (1996-2000); Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2004); Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа (2004-2007); Раиси комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои ЮНЕСКО (2001-2012); Директори Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2008); Директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «2008-2010); Ноиби Президенти Академияи илмҳои ҶТ, - Раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ (2010-2016); узви Раёсати Академияи илмҳои ҶТ (2010-2016) ва дар феъли ҳозир сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ шуда кор мекунанд.
Таҳти роҳбарии академик Кароматулло Олимов аспирант ва докторантҳои зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Аз ҷумла Содиқова Н.Н.-доктори илмҳои фалсафа, Зиёев Х.-доктори илмҳои фалсафа, Зиёев И.-доктори илмҳои фалсафа, Мирзоев Ғ.-номзади илмҳои фалсафа, Диноршоева З.-номзади илмҳои фалсафа (ҳоло доктори илмҳои фалсафа), Муҳаммадхоҷаева П.-номзади илмҳои фалсафа, Асрорӣ М.-номзади илмҳои фалсафа, Муллобоева Д.-номзади илмҳои фалсафа, Иброҳимов Фурқат – номзади илмҳои фалсафа ва гуруҳи унвонҷӯёни Эронӣ – Ашрофӣ, Зиёи Сейед Абдолхамид Сейед Насроллаҳ, Дехешкаргоне Фарахани Махиналсада, Маъсума Махдавӣ, Доизода Ҷилодор Амин Шукруллоҳ рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуда, унвони номзади илмҳои фалсафаро гирифтанд.
Чунонки мебинем академик Кароматулло Олимов як шахсияти ҳаматарафа дар соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг, иҷтимову сиёсат, роҳбарияту ҳидоят ва ҳамчунин тарбияи шогирдону кадрҳои илмӣ ҳамчун як олиму муҳаққиқи таърихи фалсафаву ирфон, шарқшинос, сиёсатшинос кору фаъолият намуданд. Аз он ҷумла дар таҳқиқи афкори фалсафаи ниёгон саҳми арзандае гузошта, паҳлуҳои мухталифи ҷаҳонбинии Абулмаҷди Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайр, Мустамлии Бухороӣ, Абдураҳмони Суламӣ, Абдулкарими Қушайрӣ, Ҷуллобии Ҳуҷвирӣ, Носири Хусрав ва дигар мутафаккиронро ҳаматарафа баррасӣ намуда, дар шакли китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ дастраси аҳли илму адаб ва хонандагон намуданд. Устод Кароматулло Олимов шахси ҷӯяндаву омӯзанда буда, ҳикмати Абуалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар мутафаккирону донишмандонро омӯхта, таълимот ва равишҳои пешгирифтаи онҳоро баррасӣ намуда, ҷавҳари онро ба худ гирифтанд.
Академик Кароматулло Олимов зиёда аз чорсад китобу мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ навиштаанд, ки метавонем чанде аз китобҳои муаллифро ном бибарем: «Ҷаҳонбинии Ҳаким Саноӣ» (Душанбе,1973), «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ» (1988), «Тасаввуфи Хуросон» (таҳлили таърихӣ-фалсафӣ, ба забони русӣ), (Душанбе,1994), «Бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ» (Душанбе,1995), «Баррасиҳо дар тасаввуф» (Душанбе,1999), тарҷумаи китоби «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Алишер Навоӣ ба100-умин солгарди академик А.Баҳоваддинов) (Душанбе,2011), «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» (Душанбе, 2013), «Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ» (Душанбе,2014), «Олами ирфон» («Мир суфизма»), (Душанбе,2014.-670с.), «Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-Х11 (Душанбе, 2019), «Машъалафрузони хирад» (Душанбе,2021), «Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ» (Душанбе, 2024), «Таърихи фалсафаи тоҷик» (ба забони тоҷикӣ - муҳаррир ва ҳаммуаллиф, панҷ ҷилд, ҷамъан ҳафт китоб ), силсилаи мақолаҳо дар бораи таърихи фалсафа, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, проблемаҳои мубрами фарҳангию сиёсии дохилӣ ва дунёи муосир арзиши муҳиме доранд. Бо саъю талоши ӯ аввалин бор «Таърихи фалсафаи тоҷик» дар се ҷилд ба забони русӣ («История таджикской философии с древнейших времён до ХУ века», т.1,2,3) ба нашр расид. Ҳамчунин муаллиф дар таҳия ва нашри осори Абуалӣ ибни Сино ва тарҷумаи асарҳои ӯ ба забони русӣ саҳми арзандае доранд. Аз он ҷумла китоби Абуалӣ ибни Сино «Мабдаъ ва маод» ва рисолаи «Азҳавия»-ро ба забони русӣ аввалин бор тарҷума намуда, дастраси аҳли илму адаб намудаанд. Ҳамчунин китоби «Ишорот ва танбеҳот»-и Абуалӣ ибни Синоро (бо ҳамкории Кишвар Аскардаев ва Оля Зиёваддинова) аз форсӣ ба тоҷикии кириллӣ баргардониданд. Дар баробари инҳо «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Алишер Навоиро аз ӯзбакӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудаанд.
Кароматулло Олимов мақолаҳои зиёде доир ба ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ навиштанд, ки дар онҳо мақом ва ҷои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин дастовардҳо бузург медонанд.
Нақши академик Кароматулло Олимов дар ҳифзи мероси ниёгон, мероси фарҳангӣ, маданӣ-тамаддунии кишварамон ниҳоят бузург мебошад, ки далели ин фикр мақолаи ӯ «Защита культурного наследия во время вооружённых конфликтов» шуда метавонад. Дар ҳамин маҷалла мақолаи муаллиф бо унвони «Дастур-ул-мулук»-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ ва аҳамияти он дар омӯхтани шеваи давлатдорӣ ва роҳбарӣ» (саҳ.106-107) чоп шудааст, дорои аҳамияти актуалӣ буда, хидмати Хоҷа Самандари Тирмизиро дар роҳу равиши давлатдорӣ баррасӣ намуданд, ки барои замони муосир низ аз аҳамият холӣ нест.
Кароматулло Олимов муҳаббату завқ ба шеъру адабро аз волидайни худ, махсусан модари гиромиашон мерос гирифтаанд. «Анвори меҳр» (Маҷмуаи шеърҳо.-Душанбе,2021), «Паёми садоқат» (Душанбе, наш.: «Адиб», 2014.-194с.) маҷмӯаи шеърҳои он кас мебошад, ки мавзӯҳои гуногуни замону ҳаёти шахсии худи шоиру муҳаққиқи фалсафаву тасаввуфро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки зери назари устод Кароматулло Олимов бисёр маҷмуа, рисолаҳои илмӣ ва адабию маълумотӣ ба чоп расиданд ва дар айни ҳол муқарризи китобҳои зиёде буданд.
Хизмати академик Кароматулло Олимов аз ҳама бештар дар соҳаи таърихи фалсафаи тоҷик бузург аст. Ӯ дар осори худ исбот карданд, ки таърихи фалсафаи тоҷик ва таълимоти мутафаккирони он бою ғанӣ буда, пур аз дурдонаҳои илму маърифат, маънавиёту гуманизм, ахлоқу одоби ҳасана ва амсоли инҳо мебошад, ки дар тарбияи насли муосир ва ҳидояти онҳо дар роҳи дуруст нақши босазое мебозанд. Дар айни замон ӯ муҳаққиқи тасаввуфу ирфон мебошад, ки корҳои зиёде анҷом доданд ва исбот намуданд, ки тасаввуфу ирфон ҷанбаҳои муҳими фалсафӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, худшиносии миллӣ дошта, дар тарбияи инсон ва ба камолот расонидани он нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, муҳаққиқ менависад, ки «…халқи тоҷик ба ҷаҳони тамаддун чунин нобиғаҳоеро ба мисли Рудакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Имом Ғаззолӣ, Закариёи Розӣ, Саноӣ, Аттор, Хайём, Ҷомӣ, Биноӣ, Низомулмулк, Байҳақӣ, Наршахӣ, Мавлонои Румӣ (Балхӣ), Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш додааст…». Ва «танҳо номбар кардани ин бузургон ва садҳо адибону олимон, таърихнигорону сиёсатмадорон дар вуҷуди ҳар тоҷики воқеан дорои эҳсосу идроки миллӣ буда бояд ангезаи бузурги ифтихор ва масъулиятро бештар намуда, тааллуқ доштани худро ба ин миллат, ба ин забон, ба ин фарҳанг ҳамчун тӯҳфаи олитарини сарнавишт ва таърих бояд донад». Аз тарафи дигар хизмати бузурги Кароматулло Олимов дар он аст, ки он кас тавонистанд таъриху фарҳанг ва илму тамаддуни мардуми тоҷикро на танҳо ба аҳли илму адаби ватанӣ, балки берун аз кишвар ба дигар миллату кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ намоянд. Иртиботи илмӣ-ҳамкории Кароматулло Олимов бо Институти фалсафаи шаҳри Москва, Донишгоҳи технологӣ ва идораи Москва (филиали Мелеуз – МГУТУ) ва Донишгоҳи педагогии давлатии ба номи Акмуллои Башқордостони ФР ва баромадҳои ӯ дар бораи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик дар назди устодону донишҷӯёни он ҷо мисоли равшани фикри боло шуда метавонад.
«Тасаввуфи Хуросон» аз асарҳои барҷастаи устод Кароматулло Олимов буда, соли 1994 ба табъ расидааст, ки дар он нахустин бор дар илми таърихи фалсафаи тоҷик ҳаёту осор ва таълимоти суфиҳо ва орифони барҷаста ва машҳури Хуросони асрҳои 1Х-Х11 ба таври васеъ ва ҳаматафа мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтанд. Муаллиф масъалаҳои муҳими таълимоти онҳо - ҳастӣ, маърифат, ахлоқ, маънавиёт ва иҷтимоиётро тибқи равиш ва методологияи пешқадами илми муосири фалсафӣ ва ҷаҳонбиниву арзишҳои умумибашарӣ таҳлилу таҳқиқ намудааст. Ҳамчунин таҳқиқоти ӯ дар бораи ҳаким Саноии Ғазнавӣ, ки аз бузургони илму адаби асрмиёнагӣ буд, дорои арзиши воло мебошад. Ва чунонки худи муҳаққиқ қайд мекунанд осори Саноии Ғазнавӣ оинаи равшани муборизаҳои фикрӣ ва тазодҳои феодалии асримиёнагӣ, баёнгари тараққӣ ва вусъати бештари он дар олами исломи он давра мебошад. Мувофиқи навиштаи худи муаллиф ҳаким Саноии Ғазнавӣ маснавиҳои зиёде навиштааст, ки бузургтарин ва муҳимтарин асари ӯ «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа» буда, бештар аз даҳ ҳазор байтро дар бар гирифтааст. Дар он масоили фалсафӣ, ирфонӣ, тиббӣ, ахлоқӣ-иҷтимоӣ, илмӣ ва адабӣ баррасӣ шудааст. Муҳаққиқ ҷаҳонбинии Саноии Ғазнавиро рӯи ин масъалаҳои номбурда ба таври васеъ таҳлилу таҳқиқ намуда, мақоми ӯро дар таърихи илму фарҳанги тоҷик нишон медиҳад. Ин буд, ки 850-умин солгарди Саноии Ғазнавӣ ба феҳристи санаҳои таърихии ЮНЕСКО ворид гардидаст, ки аз бузургии шахсият ва мақоми баланди мероси пурарзиши ӯ дар қатори шоҳкориҳои назми ҷаҳонӣ аст, ки ифтихори муштараки мардуми форсизабонон, махсусан тоҷикон мебошад. Аз ин рӯ, ӯ таъкид менамояд, ки «барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ», солим ва худогоҳии воқеӣ омӯхтани илмҳои ҷомеашиносӣ, фалсафа, ахлоқ, сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ ниҳоят зарур аст.
Асарҳои илмии Кароматулло Олимов дар Эрону Афғонистон, Узбакистон, Олмон, Лаҳистон, ИМА, Руссия ва дигар мамлакатҳои ғарб чоп шуда, арзишу ҳастии илму фарҳанг ва таърихи бою ғанӣ доштани тоҷиконро боз як бори дигар дар байни мардуми берун аз кишвар собит мекунад. Махсусан баромадҳои ӯ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалии илмию фарҳангшиносӣ, ки масоили умдаи илми фалсафа ва таърихи ташаккулёбии онро мавриди баҳсу мунозира қарор додааст, арзишҳои хоси худро дорад.
Осори гаронбаҳои ин олими тавонои тоҷик дар омӯзишу баррасии масъалаҳои мубрами фалсафа, махсусан фалсафаи тоҷик ва дигар риштаҳои илм ҳамчун чароғи ҳидоят барои дӯстдорони илму адаб ва олимони ҷавони кишварамон мебошад.
Академик Кароматулло Олимов дар баробари олиму муҳаққиқ буданашон боз дар замони муосир дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор ва хизмат намудаанд. Аз он ҷумла дар вазифаҳои Вазири фарҳанг ва мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон адои хизмат намудаанд. Ҳамчунин чанд сол ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарвари Шуъбаи илмҳои ҷомеашиносии Академияи илмҳои Ҷумҳуриро низ ба уҳда доштанд.
Кароматулло Олимов солҳои 2001-2012 раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои Юнеско буданд ва дар ин муддат як қатор корҳои муҳимеро барои фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик анҷом доданд. Махсусан ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии Юнеско ворид намудани шоҳасари мусиқии мардуми тоҷик «Шашмақом» (Париж, 2003), ба феҳристи ёдгориҳои таърихии Юнеско дохил намудани Саразм, ба феҳристи ёдгориҳои табиӣ Юнеско дохил шудани «Боғи миллии Тоҷикистон» ва баргузории Рӯзи Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузоштаанд.
Кароматулло Олимов дар тарбияи шогирдони зиёде, аз ҷумла номзадҳои илмҳои фалсафа ва докторҳои илм хидмати босазое намудаанд. Чандин солҳо ба сифати Раиси Шурои диссертатсионии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви шуроҳои дигари диссертатсионӣ ва илмӣ дар тайёр кардани кадрҳои дорои унвонҳои олии илмии номзад ва доктори илмҳои фалсафа масъулияти ҷиддиро ба уҳда доштанд.
Кароматулло Олимов Сармуҳаррири «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010-2016), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳои Ҷумҳуриву хориҷӣ, аз ҷумла «Ахбори ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини Раиси Шурои илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», маҷаллаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии Оренбург «…Инновация. Инвестиция» мебошад. Ҳамчунин Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Покистон, узви Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, узви Раёсати Кумитаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сармуҳаррири «Донишномаи Истаравшан» мебошанд. Бо ташаббуси академик Кароматулло Олимов дар деҳаи Боғи Калони шаҳри Истаравшан ду мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Академик Кароматулло Олимов барои хизматҳои шоистаашон бо орденҳои «Нишони фахрӣ»-и Иттиҳоди Шуравӣ (1982), «Шараф» дараҷаи 1 (2003), бо медалҳои ҷашнии Раёсати Шурои Олии ИҶШС, нуқрагии «Мавлоно» ва «Ибни Сино»-и ЮНЕСКО (2007, 2009), медалҳои Ҷумҳурии Демократии Афғонистон «Аз халқи миннатдори афғон» (1997), бо унвони Сафири сулҳи ҷаҳонӣ (Ню-Йорк. 2003), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), дипломи «Барои саҳми шахсӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ» (СПб, 2013), ҷоизаи байналмилалии Манучеҳри Фарҳангӣ (2016), грамотаҳои фахрии АИ ҶТ ва ғайраҳо мукофотонида шудаанд.
Академик Кароматулло Олимов олим, муҳаққиқ, файласуф, бародару ҳамкор, дӯсти хубу бошахсият ва меҳрубону хоксор мебошанд. Ҳамаи ин сифату хусусиятҳо натиҷаи тарбияи хонаводаи дорандаи ахлоқи ҳасанаву фарҳанги воло мебошад. Муҳтарам Кароматулло Олимов ҳамин анъанаи хонаводагии хешро давом дода, фарзандонашонро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ, худшиносӣ, хоксориву одамгарӣ тарбия намуда, соҳиби касбу ҳунар намудаанд. Албатта, дар ин ҷо саҳми оилаи он кас кам нест, зеро ки танҳо модар аст, ки пастиву баландӣ ва мушкилиҳои зиндагиро бар души худ мегирад, ки чаҳор фарзанди хешро дар якҷоягӣ бо ҳамсари меҳрубону ғамхори худ тарбия намуда, соҳиби касбу кор намудаанд. Фарида – духтур дар таваллудхонаи рақами яки ш. Душанбе кор мекунанд; Фаррух дар кумитаи дин адои вазифа менамояд, Фаросат – мудири кафедраи забонҳои Коллеҷи омӯзгорӣ ва писари хурдии он кас Ғуфрон дар шаҳри Москва машғули корранд. Дар охир мехоҳам устод ва бародари муҳтарамамон Кароматулло Олимов бо аҳли хонаводаашон ҳамеша тансиҳату шодоб ва хушбахту рӯҳбаланд бошанд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки бигзор нури илму ахлоқи ирфонӣ зиндагии он касро саршор аз маърифату заковат ва паймонаашонро пур аз бодаи хиради оламафрӯз намояд.
МуродоваТоҷинисо - н.и.фал., дотсент, ходими пешбари ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Ба истиқболи 33-умин солгарди
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз мо бо дастовардҳои олимони тоҷик дар давраи Истиқлоли давлатӣ дар бисёр самтҳо фахр менамоем. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки барои рушди илму маориф дар ҷомеаи тоҷик, хусусан дар самти аз худ намудани донишҳо ва технологияҳои замонавӣ, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон иқдоми назаррас амалӣ шудаанд. Дар замони Истиқлоли давлатӣ барои фаъол гардонидани табодули таҷрибаи олимони мамлакат ва таҳқиқоти онҳо бо олимону марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ, аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ бо давлатҳои пешқадами дунё — ИМА, Германия, Япония, Чин, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Франсия ва дигарон созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи илму маориф имзо гаштанд, ки он ба муҳаққиқони варзидаю ҷавони тоҷик барои сайқал додани дониш ва давом додани пажуҳиш дар марказҳои пешқадами илмии давлатҳои мазкур имконият фароҳам овард. Ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар даврони Истиқлол принсипи ҳамбастагии наслҳои муҳаққиқонро дар соҳаи илми миллати тоҷик таъмин намуд ва он аз дастовардҳои илми ҷаҳонӣ, хусусан дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ баҳрабардор гардид. Соҳаи илм дар кишвари мо дар давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ бо сиёсати олимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумуъ карда истодааст. Сарвари давлат ба ҳамин хотир гуфтанд, ки “дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад”.
Президенти мамлакат зимни суханрониашон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2020 барҳақ зикр намуданд, “асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.
Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.”
Боиси ёдоварист, ки дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол ба махзани илмҳои бунёдӣ ва макони олимони тавоно мубаддал гардид.
Дар ҳифзу таҳкими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хизмати Пешвои миллати тоҷик беназир аст. Ҳарчанд ки дар давраи баъд аз низои шаҳрвандӣ вазъи иқтисодӣ ва молиявии мамлакат дар ҳолати номуътадил қарор дошт, Пешвои миллат тамоми кӯшишҳои худро барои наҷот ва ҳифзи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равона намуданд. Сарвари давлат бо хислати олимпарваронаи худ дарк карда буданд, ки аз байн рафтани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба пойдевори давлати ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷик зарбаи ҷонкоҳ зада мешавад. Наҷот ва таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва инфрасохтории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва умуман соҳаи илму маорифи мамлакат масаъалаи ҳаётан муҳими нахустин давлати дунявии тоҷикон буд ва мо, насли муосири олимони тоҷик ин амали Пешвои миллатро ҳамчун қаҳрамонӣ баҳри боқӣ мондани миллати тоҷик, забону номи тоҷик ва илму фарҳанги миллии тоҷик эътироф менамоем.
Дар ҳақиқат миллати тоҷик, ки бо тамаддунофариаш дар ҷаҳон ном баровардааст, дар таърихи инсоният маҳз бо дастовардҳои илмӣ ва зеҳнӣ, асарҳои бадеӣ, мусиқӣ ва наққошии худ муаррифӣ шудааст. Миллати озодандеши тоҷик давоми таърихи худ маҳз аз ҳисоби фарҳангсолориаш ҳамчун миллат боқӣ мондаасту истилогарони сарзамини аҷдодони мо маҷбур мешуданд ба воситаи ассимилятсияи фарҳангӣ фарҳангу забони моро аз худ намоянд. Ман итминони комил дорам, то он замоне, ки мо, яъне насли имрӯзаи тоҷикон ном ва эҷодиёти гузаштагони худ- анаъанаи шаҳрсозии Саразми Панҷакент, “Шашмақом”, ашъори бо забони ноби тоҷикӣ эҷодшудаи Рӯдакӣ, “Ёддоштҳо”-и Айнӣ С., “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров, ашъори ватандорӣ ва ё “Ватаннома”-и М.Турсунзода ва эҷодиёти ҳазорон олимону зиёиёни миллатамонро ҳифзу таблиғ менамоем ва то он даме, ки ҷашни Наврӯз як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии миллати тоҷик асту боқӣ мемонад, мо ҳамчун тоҷик — миллати куҳанбунёд, тамаддунофар ва фарҳангсолор ҷовидон ҳастем ва хоҳем монд.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат зикр менамоянд, ки “имрӯз рисолати олимони ҷамъиятшинос аз он иборат аст, ки парчамбардорони омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон бошанд, аз арзишҳои миллӣ, ки аслу асоси давлатдории миллии дунявии мо маҳсуб мешаванд, бо нангу номуси ватандорӣ дифоъ кунанд ва дар амри густариши худшиносии милливу таърихии насли ҷавон бо кору пайкори худ намунаи ибрат гарданд”.
Алъон ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати дигаргуншавии доимӣ қарор ёфта, таҳдид ва чолишҳои нав эҷод менамояд, ки ин раванд аз мо, олимони тоҷик, таҳлилу таҳқиқ ва вокунишҳои илман асоснокшударо ба ин зуҳурот тақозо менамояд.
Ба назари мо, рисолати олимони тоҷик имрӯз аз омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои инсондӯстонаи илму фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои зеҳнии аҷдодони мо дар арсаи ҷаҳон ва интиқоли ин донишу арзишҳо ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик бояд иборат бошад.Тамаддунофарӣ, фарҳангсолорӣ ва илмпарварии тоҷикон бояд ҳамчун хислатномаи миллати мо дар ояндаи дуру наздик дар зеҳни ҷаҳониён таҷассум гардад.
Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа
Доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов 27 июли соли 1944 дар деҳаи Боғикалони шаҳри Истаравшан дар оилаи зиёиён - Олимхони Эшонтура ва Макраматхон, ки бо тахаллуси Махфӣ Киромизода ба шеъру шоирӣ машғул буданд, ба дунё омадаандт. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба шуъбаи забони форсии факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил гаштанд. Баъди хатми ин муассисаи таълимӣ ҳамроҳи чанд ҳамсабақони хеш барои идомаи таҳсил ба аспирантураи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба ихтисоси фалсафа шомил гардиданд. Академик Алоуддин Баҳоуддинов, ки он замон дар сафи пеши файласуфони тоҷик қарор доштанд, Кароматулло Олимовро ба шогирдӣ қабул карданд ва эшон дар соли 1971 рисолаи номзадиашонро дар мавзӯи «Ақидаҳои фалсафию ахлоқии Абулмаҷди Саноӣ» бомуваффақият дифоъ намуданд. Баъдан Кароматулло Олимов фаъолияташонро дар Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (ҳоло - Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Алоуддин Баҳоваддинов) ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, сарходими илмӣ ва мудири бахши таърихи фалсафа идома доданд. Дар ин мобайн ду бор сафари тулонии хизматӣ ба Афғонистон дошта, дар сафари дуюм ҳамчун сарвари гурӯҳи тарҷумонҳо ва котиби дуюми сафорати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин кишвар ифои вазифа намуданд. Баъди бозгашт аз Афғонистон боз ҳамчун мудири бахши таърихи фалсафаи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолиятро идома доданд.
Фаъолияти сиёсии Кароматулло Олимов низ хеле рангин аст. Эшон дар ин самт аз кор дар гурӯҳи мушовирони ҳизбӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон шуруъ карда, баъдан дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба ҳайси мушовири шуъбаи идеология кор кардаанд. Баъди барҳам хӯрдани ҳизб аз нав ба Академияи илмҳо баргашта, мудири кафедраи фалсафа таъйин шуданд.
Ҳангоме ки дар соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эшонро узви Комиссияи оштии миллӣ таъйин намуданд. Кароматулло Олимов дар зеркомиссияи муҳоҷирон фаъолият мекарданд. Баъдан аз ҷониби Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, то моҳи октябри соли 2001 вакили мардумӣ буданд. Худи ҳамин сол бо фармони Президенти мамлакат ба мансаби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд. Ҳамзамон, ҳамчун раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Тоҷикистон фаъолият доштанд. Аз соли 2004 то соли 2007 бошад, дар мансаби пурмасъулияти Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа хизмат намуданд. Дар ин давра фаъолияти Кароматулло Олимов ҳамчун сиёсатмадор ва шахсияти фарҳангӣ бештар зоҳир гардид. Саҳми ӯ дар ворид шудани мусиқии классикиии тоҷик «Шашмақом» ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддӣ ва Саразм ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО, баргузории Рӯзи Тоҷикистон бо иштироки Президент дар Юнеско, таъсиси Консерваторияи миллӣ, эҳёи балети тоҷик ба воситаи таъсиси студияи балети тоҷик дар шаҳри Перми Федератсияи Россия, колеҷи хореографӣ, ташкили фестивали театрҳои кишвар баъд аз солҳои муноқиша, тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ бо вазоратҳои марбутаи Хитой, Россия, Эрон ва ғайра хеле назаррас мебошад.
Минбаъд Кароматулло Олимов дар Академияи илмҳо директори Пажуҳишгоҳи фалсафа ва чанде дертар директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ таъйин шуданд. Баъдан ба ҳайси ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии ин муассиса фаъолият доштанд. Ҳоло сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ мебошанд.
Кароматулло Олимов файласуфи донишманд, доктори илм, профессор, академики АМИТ ва арбоби маъруфи сиёсиву ҷамъиятӣ мебошанд. Ҳамчун муҳаққиқи осори ирфонии донишмандони тоҷик дар муаррифии мероси пурғановати эшон ба мардуми Тоҷикистон ва хориҷ аз он хидмати шоистаеро анҷом додаанд. Ӯ сазовори унвони пурифтихори Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино буда, беш аз чорсад мақолаву асарҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таълиф кардаанд. Эшон муҳимтарин осори Саноӣ ва мутафаккирони дигарро ба чоп омода кардаанд. Шогирдони зиёди устод унвону дараҷаҳои илмии номзаду доктори илм, дотсенту профессор дошта, анъанаҳои устоди хешро дар таҳқиқи илмӣ ва тарбияи шогирдон бо ҳам мебинанд.
Нахустин монографияи илмии устод Кароматулло Олимов бо номи «Ҷаҳонбинии Саноӣ» дар соли 1973 ба табъ расида буд. Ин асарро арзёбӣ намуда, профессор А. Шамолов зикр намудаанд: «Омӯзиши эҷодиёти Саноӣ на танҳо барои муайян кардани паҳлӯҳои мухталифи низоми ҷаҳонбинии мутафаккир, балки ҷиҳати ҳарчи бештар равшан сохтани самту хусусиятҳои инкишофи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии халқҳои тоҷику форс дар асрҳои XI-XII аз аҳамият холӣ нест. Зеро намоёнтарин шоирон ва мутафаккирони асрҳои баъдина ба монанди Хоқонӣ, Низомӣ, Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Низорӣ ва бисёр дигарон таҳти таъсири ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои Саноӣ қарор гирифта буданд. Муаллиф бо далелу бурҳони илмӣ ва дар доираи методологияи диалектикӣ дар ин рисола исбот сохтааст, ки афкори фалсафӣ ва ирфонии Саноӣ дар инкишофи озодандешии халқҳои форсизабон хидмати арзандаеро анҷом додааст. Мутафаккир нақши ақлро дар ҷараёни маърифати инсонӣ хеле баланд бардошта, алорағми суфиёни шатҳиётгӯ таъкид кардааст, ки ақли инсонӣ қобилияти волои маърифатӣ дорад. Дар робита ба ин гуфтаҳои Саноӣ муаллиф ба хулосае меояд, ки таълимоти вай хусусияти ратсионалистӣ (ақлгароӣ) дорад. Ҳамчунин Саноӣ яке аз поягузорони асарҳои фалсафӣ-дидактикӣ мебошад, чунки вай зери таъсири мактаби ал-Ҷоҳиз ва Ибни Муқаффаъ ин жанри нави адабӣ-фалсафиро дар асри худ идома бахшидааст».
Дар монографияи дигар «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ» устод Кароматулло Олимов «воқеъбинона таъкид кардааст, ки ҷавҳари низоми ақидатии Абдуллоҳи Ансориро фазилатҳои инсонпарварӣ ва озодманишӣ, нисбат ба одамони оддӣ мушфиқу ғамхор будан, адолатпарварӣ, тарбияи фарзандону шогирдон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳру садоқат, ростию рафоқат ва монанди инҳо ташкил медиҳанд» (А. Шамолов). Асари устод Кароматулло Олимов бо номи «Тасаввуфи Хуросон» солҳои 1993 ва 2014 ба табъ расида, он, ба андешаи А. Шамолов «ба масъалаҳои таърихи фалсафӣ ва тасаввуфи асрҳои X-XII-и Хуросон бахшида шуда, дар он осор, таълифот ва таълимоти мутафаккирони бузурги асрҳои X-XII, аз қабили Мустамаллӣ, Ансорӣ, Абӯсаид, Аббадӣ, Хуҷирӣ ва ғайра мавриди таҳлил ва интиқоди илмӣ қарор гирифтааст». Монографияи Кароматулло Олимов, ки унвони «Тасаввуф дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-Х11»-ро дорад, соли 2020 ба нашр расидааст. Дар монографияи мазкур, чунонки аз номаш бармеояд, тасаввуф ва ирфони тоҷикон дар як давраи рушди васеи ин мактаби фалсафӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Бо ин мақсад муаллифи монография дар ибтидо манбаъҳо ва ташаккули тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳрро баррасӣ намуда, зимни он заминаҳои умумии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии пайдоиш ва рушди мактаби тасаввуф, сарчашмаҳои пайдоиш ва назариёти онро ба хонандагон маълум сохтааст. Ҳамзамон, дар ин қисмати монография сарчашмаҳои асосӣ оид ба тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X-ХII кушода шуда, оид ба намояндагони асосии тасаввуфи халқи тоҷик дар ин даврон маълумоти гаронарзише оварда шудааст. Инҳо Ҳаким Тирмизӣ, Абу Насри Сарроҷ, Абу Абдурраҳмони Сулламӣ, Абул Ҳасани Хараконӣ, Абусаиди Абул Хайр, Абдуллоҳи Ансорӣ ва дигарон мебошанд. Аз миёни онҳо зикри номи Аҳмади Ҷом Жандапил муҳим аст, ки бо озодфикрӣ ва мубориза бар зидди беадолатии замони худ машҳур буда, ҳаёт, мерос ва ҷаҳонбинии ӯ дар Тоҷикистон то кунун қариб, ки омӯхта нашудааст.
Дар боби дуюми монография масъалаҳои фалсафӣ дар таълимоти суфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Дар робита бо ин муаллиф ба масъалаи фалсафаи ҳастӣ дар таълимоти суфиёни ин минтақа, мушкилоти ақл, нафс ва ҷисм, таснифоти илмҳо ва проблемаҳои идроки ирфонӣ, инчунин масъалаҳои маърифат таваҷҷуҳи хосса намудааст. Дар ин зимн дар монография таъкид гардидааст, ки тасаввуфи Хуросон таълимоти сирф динӣ набуда, дар рушди озодфикрӣ нақши муҳим бозидааст ва бо воситаҳои возеҳи рағбатангез фалсафаро ғанӣ гардонида, барои озодии инсон аз бадӣ ва таҳқир андешаҳои асил баён доштааст. Қобли зикр аст, ки дар он замона ин ягона роҳе буд дар нигоҳ доштани афкори фалсафӣ.
Таълимот дар бораи амалияи ирфонӣ дар боби сеюми монография мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Дар ин қисмат муаллиф мақулаҳои (категорияҳои) асосии амалияи тасаввуфӣ, масъалаи муносибатҳои шайх ва мурид ё роҳнамоии маънавӣ, зикр, самоъ ва амсоли онро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид месозад, ки масъалаҳои асосии амалияи ирфонии мактабҳои алоҳидаи тасаввуф аз дидгоҳи методологияи муосир таҳқиқ нашудаанд. Аз ин рӯ муайян намудани доираи масъалаҳои ин амалия дониши моро дар бораи таълимоти равоншиносии бузургони тасаввуф комил хоҳад кард.
Таҳқиқи таълимоти иҷтимоию ахлоқии суфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII як қисмати бузурги монографияи донишманди варзида Кароматулло Олимовро ташкил дода, боби чоруми рисолаи мазкур ба пуррагӣ ба ин мавзуъ бахшида шудааст. Дар ин росто муайян сохтани асосҳои фалсафии таълимоти иҷтимоию ахлоқии тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр, таҳлили ақидаҳои иҷтимоию сиёсии намояндагони бузурги ин мактаб, таълимоти ахлоқии онҳо ва масъалаҳои дигари ба ҳаёти иҷтимоии инсон алоқаманд муҳим ҳисобида шудаанд. Муаллиф дар ин самт барҳақ таъкид доштааст, ки аз нуқтаи назари суфиёни тоҷик фоҷиаи ҷамъият ва инсони алоҳида натиҷаи ҳукмронии моддиёт бар маънавиёт буда, бо роҳи озодшавӣ аз ҳама амалҳои паст, хоҳишҳои даргузари моддӣ метавон чунин офатҳоро пешгирӣ намуд. Бо дарназардошти ин маънӣ, суфиёни тоҷик назарияи маърифатро дар бораи роҳҳои идрок ва худшиносӣ, имконпазирии камолоти инсон таҳия намудаанд, ки то ҳол аҳаммияти амалии худро аз даст надодааст.
Масъалаҳои зиёди алоқаманд ба манбаъҳо ва ташаккули тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр, масъалаҳои фалсафӣ дар таълимоти суфиёни минтақа, амалияи ирфонии онҳо, инчунин таълимоти иҷтимоию ахлоқии ин мутафаккиронро таҳқиқ намуда, муҳаққиқи шинохта Кароматулло Олимов ба чунин натиҷа расидааст, ки намояндагони бузурги ин мактаб бо ақидаҳои озодфикронаи худ бар зидди таассуб, хушунат, таҳқири инсон мубориза бурдаанд. Онҳо мақому мартабаи инсонро, қатъи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, табақавӣ хостаанд баланд бардоранд, таҳаммул ва зиндагии шарофатмандонаро таблиғ намоянд. Аз ин рӯ суфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳр бо осори гаронбаҳои худ дар пешрафти афкори ахлоқӣ ва эстетикии тоҷикон ва халқҳои ҳамҷавор хидмати намоёнро анҷом додаанд.
Дар маҷмуъ, қобили таъкид аст, ки монографияи Кароматулло Олимов «Тасаввуф дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII» дар асоси дастовардҳои навтарини илмӣ дар ин самт, бо истифода аз методологияи муосири таҳқиқоти илмӣ таълиф гардида, як нигоҳи тозае ба тасаввуфи минтақа ва умуман ба таълимоти ирфонӣ дар Шарқ мебошад. Муаллиф дар рисолаи хеш асосан он ҷанбаҳои тасаввуфро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки дархӯри талаботи замони муосир мебошанд. Ҷанбаҳои манфии ин таълимоти фалсафию диниро низ муаллифи рисола ба хубӣ дарк мекунад ва аз ин рӯ изҳор доштааст, ки “ривоятҳову афсонапардозиҳои иғроқомез ва даъватҳо ба ҳаёти ғайрифаъол ва таваккули аз ҳад зиёд, ки дар мероси тасаввуфӣ ҷой доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ дархурди имрӯз намебошанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фаъол мусоидат намекунанд”. Аз ин рӯ “мероси ирфонӣ барои тамаддуни муосир бо ақидаҳои сулҳофаринӣ, таҳаммулгароӣ ва бузургдошти қадру шарафи инсонӣ, қатъи назар аз мақоми иҷтимоӣ ва манзалати ӯ, дорои аҳамият ва қобили истифода мебошад”.
Дар китоби дигари устод Кароматулло Олимов – “Дар қаламрави фалсафа сиёсат” (соли нашр 2023) мақолаҳои муаллиф, ки дар солҳои гуногун оид ба масъалаҳои фалсафа, илм, методология, андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии шоирони мутафаккир, сиёсат, замон ва шахсият таълиф гардидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд. Мақолаҳо ба се доираи масъалаҳои мубрам бахшида шудаанд.
Дар фасли аввали китоб мулоҳизаҳои муаллиф оид ба масъалаҳои методологияи таҳқиқоти фалсафӣ ва рушди илм оварда шуда, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки яке аз вазифаҳои таърихи фалсафа ин аст, ки бо истифода аз усул ва методологияи илмӣ мероси гузашта, осори шахсиятҳою мутафаккирони бузург, ақидаҳои озодандешона ва инсонпарваронаи онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Барои расидан ба ин мақсад ва барои эҷоди тафаккури солим ва ифтихори миллии ба ҳақиқат ва воқеият созгор, инчунин ташаккули худшиносӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик таҳқиқи таърихи фалсафаи ниёгон бояд ҳатман бо баррасиҳои интиқодӣ, бо истифода аз методологияи илмӣ, методҳое чун диалектикӣ, дедуктивӣ-мантиқӣ, ретроспективӣ, интерполятсия ва амсоли он, инчунин бо дарназардошти воқеияти ҷомеаи муосир сурат гирад.
Аз ин рӯ, дар мақолаҳои ин маҷмуа ба масъалаҳои методологии таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик, методологияи таҳқиқи андешаҳои фалсафӣ дар адабиёт, дастоварди муҳим дар методологияи таҳқиқи фалсафӣ ва илмҳои ҷомеашиносӣ дар мисоли “Асарҳо”-и С.Ятимов таваҷҷуҳ карда шуда, мулоҳизаҳои муаллиф перомуни баҳси дунявӣ ва динӣ, нақши илмҳои ҷомеашиносӣ дар давлати соҳибистиқлол, дастовардҳои олимони ҷомеашиноси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бист соли Истиқлолият ва ғайра баён гардидаанд.
Доираи дигари мақолаҳои маҷмуа ба андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии шоирони мутафаккир бахшида шудааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки ҳисси кунҷковӣ ва зарурати зиндагӣ инсонро ҳамеша маҷбур мекунад, ки аз паи ҳалли муаммоҳои ҳастӣ шавад, сабаби ҳодисаҳоро пайдо намояд. Аз ин рӯ, на танҳо файласуфони касбӣ, балки шоирон ва адибон низ аз ин раванди ҷустуҷӯ ва инкишофи тафаккур дар канор намонда, назари худро доир ба масъалаҳои моҳияти оламу инсон баён кардаанд. Дар ин росто К. Олимов андешаҳои фалсафӣ дар адабиёти тоҷикии форсӣ, ҷаҳонбинии Амир Хусрави Деҳлавӣ, Хоқонии Шарвонӣ, мероси Мавлоно ҳамчун васлгари фарҳангҳо, ашъори Сайидо, Ҷавҳарӣ, Туғрали Аҳрорӣ ва амсоли онро аз нигоҳи фалсафӣ ба риштаи таҳқиқ кашидаанд. Дар маҷмуа масъалаҳои сиёсат, замон, фарҳанг ва шахсият ҷойгоҳи махсус дошта, муаллиф дар он ба тари возеҳ қайд мекунанд, ки дар ҷомеа вуҷуди элитаи сиёсӣ ҳатмӣ буда, он бояд сарвари сиёсиро ба вуҷуд орад, то ки манфиатҳои худро ба воситаи ӯ таҳаққуқ бахшад. Устод Кароматулло Олимов одилона таъкид доштаанд, ки агар аз нуқтаи назари ба вуҷуд омадани элитаи сиёсӣ ва сарвари сиёсӣ таърих ва роҳи тай кардаи халқи тоҷикро пайгирӣ намоем, пас маълум мешавад, ки он басо душвор ва пур аз фоҷиаҳо буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳар давлату миллат ҳамеша ба Пешво ниёз дошта, дар даврони навини таърихи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мақомро сарбаландона ба дӯш доранд. Аз ин рӯ, муаллиф Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти бузурги миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намуда, нақши эшонро дар эъмори ваҳдат ва таҳкими истиқлоли давлатӣ кушодаанд. Дар ин қисмати маҷмуа оид ба шахсияти Бобоҷон Ғафуров, академик А.М.Баҳоваддинов низ сухан рафтааст. Устод Кароматулло Олимов моҳияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, масъалаи марксизм ва раванди тамаддуни муосир ва дигар мавзуъҳои мубрамро низ дар таълифоти ба ин китоб воришудаашон баррасӣ намудаанд.
Эътимоду боварии комил дорем, ки номгӯи монография, мақола ва асрҳои дар ин маҷмуа ҷамъоваришуда ба муҳаққиқони фалсафа, сиёсатшиносӣ, адабиёт, фарҳанг ва тамоми дӯстдорони илму ҳикмат имкон медиҳанд, ки бо шахсият ва асарҳои илмии доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов боз ҳам наздиктар ошноии пурра пайдо кунанд.
Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агар ба масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир намоем, давоми 32-сол дар асоси шартномаҳои ҳуқуқӣ муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро беҳтару хубтар намуда, зиёда аз 100 санадро ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳоисиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маориф, саноат ва дигар соҳаҳоро дар бар гирифта, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.
Дар асоси ҳуҷҷатҳои мукаммал байни ду давлат дар соҳаи илм ва маориф робитаҳои зич барқарор шудаанд. Ҳуҷҷати аввал ва бунёдӣ ин Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон аз 13 январи соли 1993 мебошад. Дар моддаи 3-юми ин Созишнома таъкид шудааст, ки ҳарду давлат саъю кӯшиши худро барои “мусоидат ба рушд ва таҳкими ҳамкории илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона” равона мекунанд. Тоҷикистон ва Қазоқистон барои рушд ва густариши ин муносибатҳо ният доранд, ки байни созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ ҳамкори зич намоянд. Бояд қайд намуд, ки барои кормандони соҳаи илм робитаи илмӣ байни муассисаҳои академияи Тоҷикистону Қазоқистон аҳамияти хоса зоҳир гардад. 13 феврали соли 2000 дар шаҳри Душанбе созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, техника, саноат ва иттилоот ба имзо расида буд ва дар асоси ин созишнома аз 13-июни соли 2000 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тайёр кардан ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии дорои тахассуси олӣ ба имзо расид.
Дар чаҳорчӯбаи санадҳои мазкур байни муассиаҳои илмӣ-таҳқиқотии ду кишвар гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва амалӣ, ташкил намудани намоишҳои илмӣ ва саноатӣ аз тарафи ҳарду кишвар ба роҳ монда шудааст. Ин намоишҳо барои пешрафти ҳар ду кишвари ба ҳам дусту бародар хело муҳим мебошад. Пас аз гузариши ин чорабиниҳо мардум ба худ як маънии нав ва илҳоми тоза барои пешрафт ва гулгулшукуфоии ватани азизамон як ғизои маънавӣ ва илмӣ ба худ мегиранд.
Дар солҳои 2006-2007 - 100 донишҷӯи курси аввал аз Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон муаррифӣ шуданд. Ин квотаҳо ба Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон аз 4 то 6 майи соли 2006 дода шуда буданд. Инчунин, дар ҷараёни ин сафар дар бораи зарурати эҷоди фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ташкили мулоқоти мунтазами олимон, намояндагони соҳаи адабиёт ва санъати ду кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар доираи таҷлили 550-умин солгарди таъсиси хонигарии Қазоқ, 27 ноябри соли 2015 дар Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби муаррихи асри 16 Муҳаммад Ҳайдар Дулати “Таърихи Рашидӣ” ба забони қазоқӣ сурат гирифт. Маҳз ин асар аввалин сарчашмаи хаттӣ дар бораи муносибатҳои байни қабилаҳои қазоқ ва халқҳои Муғулистон ва дар бораи вазъи таърихии Ҳафтрӯд (Семиречие), инчунин дар бораи замони таъсиси хонигарии қазоқ мебошад. Тарҷумаи китоб аз забони форсӣ, аз ҷониби профессор А.Нуралиев, ки бо забони қазоқӣ ҳарф мезанад ва нависандаи қазоқ, дулатшинос Мухтар Қазибек анҷом дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар Қазоқистон ҳафт мактаби миёна вуҷуд дорад, ки дар онҳо таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Вале дар назди толибилмони тоҷикзабон масъалаи таъмин бо китобҳои дарсӣ ба миён омад. Вазорати маориф ва илмӣ кишвар дар назди сафорати Тоҷикистон чунин шарт гузошт, ки агар Тоҷикистон мактабҳои мазкурро бо китобҳои дарсӣ таъмин кунад, он гоҳ ин мактабҳо фаъолият менамоянд, дар акси ҳол мактабҳои мазкур баста хоҳанд шуд ва таълим ба забони қазоқӣ сурат хоҳад гирифт. Дар чунин вазъият сафорати Тоҷикистон аз амборҳои “Тоҷикматлубот” китобҳои солҳои пешин чопшударо ба Қазоқистон оварда тавонист, ки мактабҳои зикршударо аз баста шудан боздорад. Бино ба маълумоти собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон А.Искандаров барои дар оянда баста нашудани мактабҳои тоҷикӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Пас аз муроҷиати сафорати Тоҷикистон Раиси Ҷумҳур бо ҳавопаймо ҳамроҳи худ барои мактабҳои тоҷикии Қазоқистон китобҳои дарсӣ, асбобҳои мусиқӣ, сарулибоси миллии тоҷикиро барои 9 ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ҳамчун ҳадя оварданд.
Олимони тоҷик, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти муътадили соҳаи мазкур, корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ саъю талош меварзиданд. Чун робитаҳои илмӣ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия ҳанўз канда нашуда буданд, олимони тоҷик барои ҷамъбасти тадқиқотҳои илмии худ, аз ҷумла ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ, ба ҳамкорони хориҷии худ, хусусан ба ҳамкасбони руссиягӣ муроҷиат мекарданд ва дастовардҳои илмии худро муаррифӣ менамуданд.
Дар асоси ин ҳамкориҳои дучониба соли 2023 бо дастгирии президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар Қазоқистон рӯзҳои фарҳангӣ ва ҳамоиши дастовардҳои мардуми тоҷик аз ҷумла дар саноат, илм, фарҳанги либоспӯшӣ, нишон додани маҳсулоти кишоварзӣ. Пас аз гураши ин чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе ба хотири ташрифи президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев шоми дӯстӣ дар сатҳи олӣ гузаронда шуд.
Саидмири Убайдулло - номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Худойбердизода
Мулоҳизаҳо ҷиҳати баррасии илм ва тавзеҳи навтарини дин тибқи хостаҳои бозигарони қудратҳои ҷаҳонӣ дар ҳошияи китобҳои Саймумин Ятимов...
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар садаи XXI бо сатҳу сифати ҳувияти миллӣ баррасӣ шуда, инсон дар он гаронтарин армуғон шинохта мешавад. Дар ҷомеаҳои рушдкунанда тибқи меъёрҳои илмиву ақлӣ ба ҳар инсоне баҳогузорӣ шуда, фаъолияти ӯ бо дарназардошти сифати ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти марзӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд. Бешубҳа, кишварҳои мутараққӣ ҷиҳати роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геополитикии хеш дигар миллатҳову кишварҳоро омӯхта, бинобар ҷалб намудани гурӯҳе аз дохили давлатҳо бо истифода аз тахрибкорӣ ба ноором кардани низоми сиёсии он давлат иқдом мекунанд.
Махсусан, хатари тағйир додани низоми сиёсӣ бо истифода аз инқилоб ва дигар навъҳои табаддулоти давлатӣ тавассути афроди зархарид ба кишварҳои нав истиқлолёфта таҳдид мекунад. Бинобар ин, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарурати таъмин намудани амнияти шаҳрвандон дар фазои орому осоиштаи Ватан пеш омада, нақши зиёиён дар таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ дучанд меафзояд, чунки таҳиякунандагони кирдорҳои экстремистӣ кишвари мавриди назарро аз лиҳози пойбандии аҳолӣ ба андешаҳои динӣ баррасӣ мекунанд ва бо роҳҳои таҳмил сохтани ақидаҳои динии родикалӣ барои аз байн бурдани давлате ва кишваре ҷаҳд менамоянд. Ин матлаб дар китоби “Илм ва амният”, ки муаллифи он С. Ятимов мебошад, хеле сода ва бамаврид таҳлил ёфтааст. Аз ҷумла, номбурда меоварад: “Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст”[1].
Субъектҳое, ки ба онҳо андешаҳои фасодкорӣ таҳмил мешаванд, дар аксар маврид аҳли зиё мебошанд ва аҷнабӣ бо онҳо тавассути “хайрия, “грант” ва дигар шаклҳои иртиботҷӯӣ ҳамоҳанг мешаванд. Ин масъаларо метавон дар мисоли бархе аз олимон ва пайвастани онҳо ба созмони террористии “Ихвонулмуслимин” баррасӣ кард. Чаро олим дидаву дониста аз гурӯҳе пайравӣ мекунад, ки ба тахрибкорӣ муваззаф шудааст? Гузашта аз ин, мутахассисони забони арабӣ дар Донишгоҳҳову Донишкадаҳои ҷумҳуриамон, яъне ашхосе, ки аз дин огаҳии комил доранду онҳоро фирефтан ғайриимкон мебошад. Пас ин гурӯҳи худогоҳ ва воқиф аз Қуръону ҳадис дар пояи кадом омил ба худфиребӣ олуда гаштаанд? Посухашро дар китоби “Илм ва амният” меҷӯем: “Бадбахтии мухолифони манфиатҳои миллии мо иборат аз он аст, ки онҳо “ҳақиқат” – и худро доранд. Дурустар ифода гардад, “ҳақиқат”-е, ки тавассути “хайрия”, “”грант”, пулу моли аҷнабиён дар майнаи онҳо ҷо кунонида шудааст”[2].
Омили асосии ба тахрибкорӣ рӯоварии гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвар пойбандии онҳо ба бовариҳои динӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто бартарӣ доштани ҷаҳонбинии динӣ бар ҷаҳонбинии илмӣ баъзе аз зиёиёни кишварро субъекти таҳмилҳои аҷнабӣ кардааст. Далели ин гуфтаҳо шабакаҳои иртиботӣ ҳастанд, ки он ҷо орифу оммӣ ва хурду бузурги миллат парастиши “рӯзи ҷумъа”-ро ихтироъ намудаанд. Гузашта аз ин, масъалаи бартарии дини ислом аз дигар динҳою мазҳабҳо ва рӯоварии шахсиятҳо ба ин дин ҳамарӯза баррасӣ шуда, андешаҳои пук он ҷо корида мешаванд. Вале бархе аз уламо вазифадор шудаанд, ки бартарии динро аз илм тавассути табъу нашри мақолаҳои оммавӣ исбот намуда, дар мағзи хонанда розҷӯии диниро таҳмил кунанд. Бинобар ин, шабакаҳои иртиботӣ дар қиёс бо рисолати олимони зархарид ончунон масъул намебошанд, чунки тағйир додани матни донишмандон ва онҳоро дигаргуна муаррифӣ намудани олими муосир барои таҳиякунандагони партовҳои таҳмилӣ арзиши ҳангуфте дорад.
Шояд ҳамин омил С. Ятимовро водор кард, ки “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковусро аз диди нав баҳогузорӣ кунад ва исбот намояд, ки номбурда зимни тадвини асар манфиатҳои миллиро аз ҳама муқаддам мегузорад: “Қобуснома китобест ҷамъ аз донишҳое, ки дар самтҳои муайяни фаъолияти инсонӣ андухта шудаанд. Ҷойи тааҷҷуб нест, дар тамоми даврони инкишоф дар ҷомеа неруҳое мавҷуданд, ки ба илму маориф мухолифат ва душманӣ меварзанд. Ва ин амали онҳо қасдан сурат мегирад. Дониш, қазовати дуруст, аксуламали муносибу баробар ба воқеияти мавҷуди табиат, ҷомеа ва тафаккур наметавонад барои тамоми қишрҳои иҷтимоӣ судманд бошад. Тавоноии инсон баробарвазн ва ҳамрадифи доноии ӯст. Фалсафаи Шарқ зиёда аз ду ҳазор сол қабл ба оламиён ҳушдор медиҳад: "дониш он аст, ки ҳақиқатро тасдиқ ва дурӯғро инкор мекунад, бесаводӣ он аст, ки ҳақиқатро инкор ва дурӯғро ҷонибдорӣ менамояд”[3].
Дар мавриди “геополитика” таваққуф намудани С. Ятимов дар аксар китобҳояш гувоҳӣ медиҳад, ки хатари асосӣ аз хориҷи мамлакат таҳия шуда, тавассути ашхоси зархарид таҳмил мегардад. Аз ҳамин хотир, омӯхтани таърихи сиёсии миллат ва баррасӣ кардани руйдодҳои таърихӣ, ки ғолибан, авомили динӣ доштанд, барои муосирин зурурат дошта, вокуниши ҳамватанонро нисбат ба хатарҳои навбатии эҷодгардида илқо менамояд. Чунончӣ: “Дар чаҳорчӯбаи нақшаҳои геополитикӣ, дин воситаи таъмини манфиатҳои сирф ғаразҷӯёна, ба хотири даст доштан дар сиёсати глобалӣ ва минтақавӣ, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои мавриди ҳадаф қароргирифта, азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми стратегӣ, ноором сохтани вазъи дохилии мамлакатҳо барои тағйири масири роҳҳои транзитии нақлиёт, газ, нафт ба манфиати хеш, эҷоди мушкил ба рақибони стратегии худ ва монанди инҳо хизмат мекунад. Ба хун оғушта кардан, бехонумон, сарсону саргардон намудани миллионҳо одамони бегуноҳ барои ин бозигарон касб, кори ҳаррӯза, чизи одӣ, маъмулист. Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд”[4].
Ҳақиқати таърихие, ки ҷиҳати таҳмили андешаҳои аҷнабиён мусоидат мекунад, бегонапарастист ва шояд барои нафароне, ки субъекти ақоиди таҳмилӣ қарор гирифтаанду хориҷ аз давлати тоҷикон ба сангпартоӣ машғуланд, ватангадоӣ хос асту ҳисси беватанӣ дар ниҳодашон ғолиб омадааст. Ба ин матни иқтибосӣ таваҷҷуҳ кунед: “Бозиҳои геополитикии муосир ҷанбаҳои гуногун дорад. Мақсадҳои асосии ин раванди фарогири муносиботи субъектҳои байналмилалӣ, ки ҳам дар шакли глобалӣ ва ҳам дар шакли минтақавӣ амал мекунанд, худро ба ҳайси қудрати ҷаҳонӣ ё минтақавӣ муаррифӣ намудан ва дар қаламрави кишварҳои мавриди назар рӯҳияи бегонапарастиро талқин кардан мебошад. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки мардум, махсусан, ҷавонон ва наврасонро аз нангу номуси ватандорӣ, забони модарӣ, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ дур созанд. Зери эҳсосоти дурӯғин, махсусан таҳти пӯшиш ва баҳонаи авомфиребонаи дину мазҳаб дар замири онҳо нисбат ба давлати худ, ки номи миллати ӯро дорад ва макони зисти миллати ӯст, ҳисси бадбинӣ бедор кунанд. Дар воқеъ, миллат бе давлат вуҷуд дошта наметавонад. Ҳақиқати космополитиро (ҳисси беватанӣ, сарфи назар кардани сарзамини мушаххас ҳамчун макони таваллуд ва зист, бегонапарастӣ, ватангадоӣ таҳти шиору баҳонаҳои гуногун) маъруфтарин донишмандони дунё маҳкум кардаанд ва чунин ҳолатро ҳатто ваҳшоният шумурдаанд”[5].
Ба ин таҳлилҳо қонеъ нашуда, Саймумин Ятимов дар китоби дигар чунин ваҳшониятро аз нигоҳи файласуфи олмонӣ Иммануил Кант муаррифӣ карда, ба хулосаи дақиқ меояд, ки инсонҳо дар натиҷаи коркард қарор доштан аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ метавонанд ба ҳамон асли ваҳшигӣ баргарданд: “Хатари бозгашт ба ҳолати ваҳшоният И. Кантро доим хавотир мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир ӯ таъкид менамояд, ки дар ҷавҳари инсон табиати ваҳшигӣ доимо боқӣ мемонад, аммо “интизом намегузорад, ки одам аз таъйиноти худ, ҳамчун инсон, ба он ҳолат бозгардад””[6].
Ваҳшоният дар таърихи тамаддуни башар хос ва аз зумраи дастовардҳои ақвоми бадавӣ маҳсуб мешавад. Вайрону валангор кардани минтақаи обод, сарсону саргардон намудани инсонҳо, қатли ом кардани онҳо, овехтану аз ҷисмашон сохтани калламанораҳо аз саҳифаҳои ториктарини таърихи инсоният аст ва ҳар касе, ки бо фарҳанг ошност, ин ваҳшигариро маҳкум менамояд. Лекин таърихро касе месозад, ки ғолиб бошад ва дар назди миллати созандаи тоҷик низ масъулияте меистад, ки дар ҳеҷ сурат аз ваҳшоният ва афроди девсирати тамаҷҷӯй пайравӣ накарда, ба тантанаи ҷабру зулм мусоидат накунанд. Дар гузашта ниёгони мо дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз бо пайравӣ аз тудаи дар ғафлати сиёсӣ қарордоштаи рӯҳониёни динӣ теша ба решаи худ зада, имкон фароҳам оварданд, ки қудрати сиёсиро аҷнабӣ дар мулки мо соҳиб шаванд ва ин иштибоҳ то кунун давом мепазирад. Чунки муллову мударрису муаззину муттаввалӣ имрӯз ҳам амалан ба касе майл доранд, ки аз ӯ манфиат мебинанд. Аммо манфиатҷӯйӣ роҳи ҳифзи давлату миллат набуд, нест ва намебошад. Фикр мекунам, ки бо роҳи қироати Қуръон тороҷ кардани ҳаммеҳанони худ ва аз ҳисоби буҷаи оилавии онҳо зистану мавқеъ ёфтан ҳанӯз касб нест ва бекасбӣ, бетахассусӣ чун бекорӣ инсонро новобаста аз сатҳи ҷаҳонбинӣ муҳтоҷ месозад. Ҳофиз низ садсолаҳо пештар ёдрас намудааст: “Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро”. Аммо ҳамаи мо ба дигарон ниёз дорем, ба лутфу суханҳои ширин эҳтиёҷ дорем, лекин чунин ниёзҳо моро ба соилӣ водор накардааст. Пас луриён ба гадоӣ шуғл меварзанд на аз хотири эҳтиёҷ доштан, балки ин машғулиятро агар надошта бошанд, онҳоро касе лурӣ намехонад. Беш аз ҳазор сол касе ин рӯҳониёнро эрод нагирифтааст, касе ҳақиқати ҳоли онҳоро муаррифӣ нанамудааст, касе алайҳи амр ба маъруфашон вокуниш нишон надодааст. Пас агар амалҳои хубу зишти шуморо баррасӣ накунанд, беихтиёр фикр мекунед, ки барои ҷомеа зишту хуб ҳамоҳанг аст. Саймумин Ятимов зимни таҳлили осори Иммануил Кант низоми ба ваҳшӣ табдил ёфтани шахси аз ҷониби дигарон мавриди интиқод қарорнаёфтаро бамаврид инъикос намудааст: “Надонистани ҳудуд, салоҳияти маънавӣ ва риоя накардани он дар муносибатҳо мушкилӣ ва бадбахтиҳо ба бор меорад. Ба ақидаи ӯ (яъне Иммануил Кант-Ш.Қ), зиндагии воқеӣ қонуният ва равандҳои худро дорад. Дар олами атроф на ҳама чиз ба хостаҳои фард сохта шудааст. Чунин шароит, мушкили рӯзгор як умр одамро таъқиб мекунад. И. Кант ба ҳамин муносибат таъкид месозад: “Агар дар овони ҷавонӣ ҳама чиз ба хоҳиши одам ранг бигирад, амалӣ шавад, ба ӯ ягон муқобилат, эътироз ва вокуниши донистани ҳад омӯзонида нашавад, он вақт дар инсон як навъ хислати ваҳшигӣ боқӣ мемонад. Чунин ҳолати рӯҳӣ тамоми умр ӯро дунболагирӣ мекунад””[7].
Аксар маврид, ки мо ба шахсиятҳои донишманди Ғарб чун Гегелу Кант, Гобсу Ничче, Марксу Гёте ниёз пайдо мекунем, беихтиёр ба мақолаҳои Саймумин Ятимов рӯ меорему ормонҳоямонро тавассути андешаҳои ӯ мебарорем. Мехоҳем бо андешаҳои мутафаккирони Шарқ ошно шавем ва ин хоҳиш моро ба навиштаҳои фарди тазаккурёфта мебарад. Пас аз мутолиа мо эҳсос мекунем, ки каме ҳам бошад худро такмил кардаем ва минбаъд метавонем озодона баъзе паҳлуҳои сиёсати имрӯзро баррасӣ диҳем ва дигаронро низ кӯмак кунем то онҳо зиндагии хешро дар пояи тафаккури худшиносӣ бунёд намоянд. Азбаски мавсуф доктори илмҳои фалсафа ҳастанд, зимни баррасии дилхоҳ мавзӯъ таҳлилҳои амиқу назаррас дошта, ба хонанда нигоҳи навро тақдим медоранд. Чунки дар замони муосир бехабар будан аз бозиҳои сиёсии кишварҳои манфиатҷӯ ва ҳадафҳои геосиёсии дували абарқудрат он маъниро дорад, ки мулки шуморо бо роҳҳои найранг истифода мекунанд.
Рисолае, ки “Идеология ва манфиатҳои миллӣ” номгузорӣ шуда, ба қалами Саймумин Ятимов тааллуқ дорад, давлатсозии миллиро дар шароити таҳоҷуми хабарӣ ва татбиқсозии нақшаҳои геополитикӣ муаррифӣ мекунад, чунки бузургтарин арзиш дар гузашта, имрӯз ва дар оянда ин ҷаҳонбинӣ буду ҳаст ва мемонад. Бинобар ин, лаҳзае дар ғафлат қарор доштан маънии истиқбол аз бегонагироӣ буда, бо ду дасти адаб вогузор намудани мулки хеш дар ихтиёри аҷнабӣ маҳсуб мешавад. Муаллифи китоби мазкур ин мушкилии ҳамагониро ба таври зайл баён намудааст: “Дар ҷое, ки манфиат ҳаст, он ҷо идеология пайдо мешавад. Дар ҷое, ки идеология ҳаст, он ҷо манфиат вуҷуд дорад. Шарт нест, ки дар ҳамаи тасаввуроти идеологӣ тафсирҳои илмӣ вуҷуд дошта бошанд. Тавре дар боло ишора шуд, пайгирии назариявии масъалаи идеология, дар замонҳои баъдӣ оғоз гардидааст. Мафҳуми идеология агар он илмӣ бошад, бо мафҳуми ҳақиқат пайвастагии зич дорад. Умуман, идеологияе, ки даъвогари ҳақиқат дар ҷаҳон набошад, умуман вуҷуд надорад”[8].
Аммо дар замони муосир дахолатварзӣ дар умури дохилии кишварҳо низ тарҳи ҷадид касб намуда, аввалан, гурӯҳи мухолиф дар дохили давлати муайян аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд, чунки иқдоми аз дохил фалаҷ сохтани низоми сиёсии кишваре тавассути шаҳрвандони норозии он осонтар аз иқдомҳои глобалӣ мебошад. Дар ин маврид С. Ятимов дар ҳамон китоби зикршуда чунин андешаронӣ мекунад: “Барои ҳар миллат, он ҳолатеро метавон фоҷиабор ҳисобид, вақте ки манфиатҳои бозигарони минтақавӣ ва ё геополитикӣ бо мақсадҳои ғаразноки шахсиятҳо ва гурӯҳҳои дохилидавлатӣ мувофиқ омада, охиринҳо мекӯшанд манфиатҳои нопок ва худхоҳонаашонро ҳамчун ормонҳои миллӣ вонамуд созанд...Табиист, ки дар чунин ҳолатҳо тарафи маблағгузор ташаккулёбии идея, назария, ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи барояш заруриро фармоиш медиҳад. Ҳамин тариқ, амалҳое тақозо мешаванд, ки ба таври куллӣ ба манфиатҳои амнияти идеологӣ ва фарҳангии давлати миллӣ мухолиф мебошанд”[9].
Ҷоиз ба ёдоварист, ки ҳама гуна партовҳои таҳмилӣ, ки Урупо дар таҷрибаи худ ташхис намуда, онро дар тӯли таърихи кишварҳои ин минтақа аз нигоҳи манфӣ хулосабарорӣ намудаанд, дар замони муосир онҳоро барои ғайри худшон таҳмил менамоянд. Нахустин ва асоситарин партови идеологӣ барои Ғарб маҳкуми дунё ва дунявӣ буданидавлат дар либоси дини ислом мебошад. Тамаддуни Ғарб танҳо дар сурате рушди тасаввурнопазир кард, вақте ки уламои дину дунё ҷудо намудани динро аз давлат талаб намуданд. Мо бошем, андешаеро таблиғ менамоем, ки тибқи меъёрҳои он дину давлат якест ва ҳамоҳангии онҳо ҷудонопазир мебошад. Ҳеҷ зарурате намемонад, ки шаҳрванд парчами сафед бардошта дар инқилоби исломӣ ширкат намояд, чунки интиқолдиҳандагони инқилобҳо аз зумраи ашхоси зархариде маҳсуб мешаванд, ки бо дастури аҷнабӣ дар дохили кишвари хеш идеологияи таҳмилии бегонагонро роҳандозӣ мекунад. С. Ятимов аз зумраи ашхоси бохабарест, ки найранги асосии мубаллиғини Ғарбро баррасӣ намудааст. Аз ҷумла дар китоби зикргардида ин гуфтаҳоро вомехӯрем: “Нисбати халқиятҳое, ки пайрави ислом мебошанд, бозигарони геополитикӣ маҳз аз ҳамин омили дин, истифода мекунанд. Аниқтараш на худи дин, балки сиёсӣ намудани аҳкоми он. Бо тағйир додани хислатҳои транссендентӣ он ба олоти бозигарони геополитикӣ мубаддал мегардад. Барои паҳнсозӣ ва амиқгардонии ин ақида, ҳамасола миллиардҳо доллар харҷ мешавад. Аҷоиботаш дар он аст, ки худи Ғарб аз ин пушаймон нашуд. Барои он ки имрӯз пурра аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур шудааст, чунин ҳолат ба диндорони одӣ ҳам хеле писанд аст. Захираҳои давлатӣ ба самти рушди иқтисодӣ-иҷтимоии худи миллат равона мегардад, на ин ки ба муҳофизат аз терроризм, экстремизм ва идеологияю таълимоти онҳо. Ғарб инро озмуда, боварӣ ҳосил кард ва имрӯзҳо шаклу принсипҳои дунявии давлатдориро пурра татбиқ менамояд”[10].
Воқеъан, бо истифода аз сиёсисозии дин ва аҳкоми он манфиатҳо дар дилхоҳ манотиқ роҳандозӣ мешаванд, аммо масъалаи дунявият хоси мусалмонон буда, афкори дунёбадбинӣ дар заминаи тафаккури тасаввуфи исломӣ таҳмил меёбанд. Бинобар ин, онҳое ки таҳмилгаро ҳастанд, аз таҷрибаи таърихии хеш воқиф ҳастанд, ки дунёбезорӣ тавассути қудрати дин бар давлат инҳитот буда, ҷомеаи шаҳрвандиро аз рушду тараққӣ бозмедорад. Маҳз бо ҳамин сабаб онҳо барои ғалабаи ҳувияти динӣ бар ҳувияти миллӣ дар ҷомеаҳои исломӣ талош варзида, ҳатто маблағҳои гушношунидро сарфи назар мекунанд то ба мақсадҳояшон расанд. Дар сурати заъфи ҳувияти миллӣ мусалмонон, ба вижа тоҷикон низ дар хурофот мепечанд ва баҳсҳои дунявӣ сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз байн меравад. Бинобар ин, камина тасмим гирифтам, матни ба мавзӯи фавқ бахшидашудаи ҷомеашиноси рус А. В. Смирновро, ки ҷиҳати ҳувияти миллӣ- фарҳангӣ ва таносуби он бо ислом маҳсуб мешавад, аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷима намоям ва он мазмун ба сурати зайл мебошад: «Ислом, ки таърихан аз ҷониби намояндагони милали мухталиф пазируфта шуда, дар ҳама ҳолат василаи рафъи мушкилӣ ва масоили гуногуне маҳсуб мешавад, ғолибан чун нишонаи ҳувияти этникӣ пазируфта шуда, тибқи анъанаи мушаххас якмаром баррасӣ меёбад. Масалан, тотор, яъне мусалмон ва ба ибораи дигар қавми исломовар шинохта мешавад. Барои муслимин роҳи асосии худшиносӣ буда, ислом имкони хеле хуби вуруд ба ин фазои ҳувияти миллии сохташударо дорад. Ва ин ҷо, албатта, хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ва дар ниҳоят, гуногунии фарҳангии исломӣ. Ислом на танҳо як эътиқод ва фарҳанг, балки тамаддун аст ва тавре ки мо хуб медонем, ҳеҷ фарҳанге ва тамаддуне ҷанг намекунанд. Эътиқодҳо наметавонанд дар мубориза барои ақл ва қалби одамон рақобат кунанд, зеро ҳар эътиқод мехоҳад исбот кунад, ки он ва танҳо он ҳақ аст. Дар акси ҳол, ин эътиқод нест. Дар мавриди фарҳангҳо онҳо рақобат намекунанд, балки ҳамкорӣ мекунанд. Ҳатто агар онҳо ҷанг кунанд ҳам, ин мубориза сулҳомез аст”.
Табдил додани тамаддуне ба ҷангномае маҳсули афкор ва идеологияе мебошад, ки барои тасхири кишваре ва тасарруфи минтақае таҳия гардидааст. Аммо барои татбиқи чунин афкор ва назарияҳои таҳмилӣ гурӯҳҳои иҷтимоие зарур мебошанд, ки дар дохили ин ё он кишвар нуфуз доранд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли гурӯҳҳои зикргардида уламои илму дин маҳсуб мешаванд, ки яке дар замони муосир зиёӣ мебошанд ва дигаре дар гузашта аҳли зиёи миллат дониста мешуданд. Маҳз гурӯҳи мутазаккир шогирдону пайравони зиёде аз миёни ҷавонони донишандӯз доранд ва таълимоти таҳмилии онҳо метавонад дар муддати кӯтоҳтарин фасоди маънавиро дар ҷомеаи шаҳрвандӣба вуҷуд оварад. С. Ятимов онҳоро дар рисолаи хеш “ҷараёнҳои сиёсӣ” ном бурдааст: “Аз ин хотир, ин қабил ҷараёнҳои сиёсӣ идеологияи худро аз шаклҳои хурофотӣ (сакралӣ) ва транссендентии шуури ҷамъиятӣ иқтибос мекунанд”[11].
Ҷаҳонбинӣниз дар шароити таҳоҷуми нави иттилоотӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ бояд нав гардад, чунки дар мубориза бо стратегияҳо ва идеологияҳои нави таҳмилӣ он ҷаҳонбинии динии қаблан мавҷудбуда кифоягӣ намекунад. Моро зарур аст, ки арзишҳои замони муосирро омӯзем, таҳқиқ кунем ва хулосаи даркории судмандро мутобиқи меъёрҳои манфиати миллӣ барорем. Ҷаҳони муосир иборат аз тасодуми афкор аст ва дар чунин вазъ таъмин намудани идомаи ҳастии миллату давлат ба идеяҳои нави дорои аҳамияти миллӣ ниёз дорад. Танҳо ҷаҳонбинии илмие моро аз ин бархурдо раҳо карда, аз нестшавӣ эмин медорад, ки бо манфиатҳои миллӣ ҳамоҳангӣ кунад.
Дар анҷом, вазифадор медонам тазаккур диҳам, ки бинобар заҳматҳои шабонарӯзӣ ва масъулиятшиносии С. С. Ятимов дар шароити муосири таҳоҷуми хабарӣ ва бархурдҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ моро умедбахш бар таъмини амнияти минтақа месозад ва бинобар ин, ба муҳофизи Ватан хотири ҷамъ, муваффақият дар умури тахассусӣ ва осудагию осоиштагӣ дар низоми хонаводагӣ таманно дорам.
Қалб дар осор ва сангнабиштаҳои аҳди бостон баррасӣ шуда, омили мартаба ва нуфузи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии рушди башарро бо дарназардошти таҳияи марказ ҷиҳати аз лиҳози сиёсӣ идора намудани дилхоҳ ҷомеа инъикос мекунанд. Дар замони муосир бошад, таваҷҷуҳ ба марказ ва рӯоварии аксар шаҳрвандони кишварҳо ба пойтахт аз вижагиҳои густариши ҳувияти фарҳангӣ шаҳодат медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки замони постмодерн бинобар кӯчиши ҳангуфти аҳолӣ аз рустоҳо ба пойтахти давлатҳо муаррифӣ шуда, вижагиҳои ҳувиятифарҳангии миллатҳои муосирро ошкор месозад. Ба ибораи дигар муҳоҷирати аҳолӣ аз як мавзеъ ба мавзеи дигар ва хосатан аз русто ба шаҳр натиҷаи раванди тағйирёбии ҳувияти фарҳангист, ки дар навбати аввал вижагиҳои диалектикиро дар бар мегирад. Агар ин раванд боиси густариши ҳувияти фарҳангӣ намебуд, дар ҳеҷ сурат ҷомеашиноси машҳури амрикоӣ С. Ҳантингтонмакони густариши ҳувиятҳоро ба шаҳр ва муҳити шаҳрӣ мансуб намедонист. Постмодерн тавассути раванде муаррифӣ мешавад, ки хусусияти аслии он ҳиҷрат аст ва сафарномаҳое, ки ниёкони мо, тоҷикон ҳазор сол муқаддам офаридаанд, ҳамин вижагиҳои ҳувияти фарҳангии дилхоҳ миллату кишвареро инъикос намудаанд. Ин натиҷа паҳлуи якҷонибаи масъала аст, аммо паҳлуи дигари масоилро бархурд ва баҳамоии тамаддунҳо ва фарҳангҳо дар бар мегиранд. Бо навъи дигари ҳунари суханварӣ ин хусусиятро метавон ҷаҳонсозӣ гуфт, ки муосирин онро раванди ҷаҳонишавӣ муаррифӣ мекунанд. Инсон, ки дар муҳити русто ва шаҳр маскун мебошад, тибқи қонунҳои муҳит аз фарҳанг ва тамаддун бархурдор аст ва чун миллатҳое, ки аз фарҳангу тамаддунҳои миллӣ маҳрум мондаанд, ночор ба фарҳанграбоӣ муроҷиат мекунанд. Агар муҳити шаҳру русторо муқоиса кунем, дер ё зуд дармеёбем, ки дар он фарҳанги ғолиб маҳз он фарҳанге маҳсуб мешавад, ки дар шаҳр густариш ёфтааст. Ё худ рустоии бофарҳанг ба шаҳр ворид шуда, баъзан ба баъзе вижагиҳои он бархурд мекунад. Пас ба ин масъала диққат диҳед, ки шаҳрҳои асримиёнагӣ макони синтезу баҳамоии фарҳангҳо ва гуфтугӯйитамаддунҳо будаанд, яъне ҷаҳонишавӣ чун падидаи иҷтимоӣ баробар бо пайдоиши нахусттамаддуни башар зуҳур карда, бо мурури замон тақвият ёфтааст. Ҷомеашинос Саймумин Ятимов ин хусусиятро дар китобе, ки ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳриДушанбе ихтисос додааст, аз инкишофи табии ҷомеа ном мебарад ва зимни баррасии ин масъала зикр менамояд, ки: “Соҳиб шудан ба давлати миллӣ – натиҷаи муборизаҳои ҷоннисорона барои истиқлоли миллӣ мебошад. Ва бидуни ташкилоти сиёсии марказонидашуда, устувор мондан, ҳифз кардани абадияти миллат, ҳамчунон нишонаҳои асосии он — забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллӣ ғайриимкон аст. Миллат зуҳуроти сирф диалектикист. Давраҳои пайдоиш, рушд ва камолот дорад. Инкишофи миллатҳо аз хосияти этникӣ, характер, анъана, урфу одат, рӯҳ ва мафкураи миллӣ, захираҳои табиӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, релйеф, таносуб ва муносибатҳои геополитикӣ вобаста мебошад”[12].
Ҳувияти фарҳангӣ тибқи баҳогузории муосир сатҳи олии шинохти вижагиҳои фарҳангӣ аст, ки бо номи шумо мавриди таҳқиқ ва пажӯҳиши илмӣ қарор мегирад. Бинобар ин, чун мо ба таҳлили муҳити шаҳрнишинӣ иқдом мекунем, хоҳ-нохоҳ он анъана ва хосиятҳои хоси фарҳанги ориёии мансуб ба гузаштагонамон пеши назар меоянд, ки на фақат барои мо, балки барои дигарон низ мояи фарҳангсолорӣ гардидаанд. Ҷомеашиносон ҳануз дар замони Шӯравӣ ин ақидаро иброз доштаанд, ки шаҳри Душанбе осорхонаи таърихи аҳди бостон буда, ҳануз дар асри XVIII барои сокинонаш чандин тамаддун ва фарҳангҳои мухталиф омехта шудаанд, чунки дар миёни афроде, ки дар Душанбе он айём сукно доштанд, ғайр аз муслимин, пайравони яҳудият ва масеҳият низ будаанд ва новобаста аз тафаккур гуфтугӯи онҳо оғоз гардидааст. Душанбе чун маркази маъмурӣ ва аз лиҳози ҳарорат мутобиқ ҷиҳати иқомат ва маскуншавӣ ғайр аз тоҷикони соҳибфарҳанг боз миллали мутамаддинро низ ба худ мутаваҷҷеҳ сохтааст. Ҳануз дар садаи XVIII яҳудиёни Бухоро назди амири манғит арз карданд, ки мехоҳанд ғайр аз маркази Аморат, боз дар мавзеи Душанбе бобати раҳли иқоматгузинии абадӣ иҷозат бигиранд. Он овон дар ин мавзеъ, ки дар манобеъи русӣ "Бухорои Шарқӣ" номгузорӣ шудааст, масеҳиён низ сукунат доштанд ва коршиносони Русияи подшоҳӣ, ки ғолибан, яҳудитабор буданд, ин маконро беҳтарин ва мусоидтарин пиндошта, азм намуданд то мавзеи мазкурро аз марказҳои асосии имперотурии Русия дар Ховари Марказӣ табдил диҳанд. Чунонки С. Ятимов дар китоби зикршуда қайд мекунад, пойтахт ҷойи рушд кардани касбомӯзӣ ва камол ёфтани шахсиятҳо буда, ба фарди ҷомеа имкон фароҳам меорад, ки худогоҳии миллии хешро такмил диҳад: “...бояд эътироф намуд, ки элитаи сиёсӣ, илмӣ ва беҳтарин мутахассисони миллӣ дар пойтахт касб омӯхтаанд. Кишварро рушду нумуъ бахшидаанд. Ва ҳоло онро сарварӣ мекунанд... ҳар иқдоме, ки аз пойтахт, аз шаҳри Душанбе бармеояд, ташаббуси давлатмардонест, ки мардуми Тоҷикистон сарнавишти худро маҳз ба онҳо бовар кардааст”.
Муҳаққиқони муосир ғолибан ба назми Рӯдакӣ ҷиҳати иштиёқи амир ба Бухоро иктифо карда, ин тасвири шоири бузургро то кунун дар ҳар шакле изҳор менамоянд. Воқеан, ғазали мазкур, ки матлаи аввали он “Бӯйи ҷӯйи Муллиён” аст, вижагиҳои ташаккули ҳувияти фарҳангиро моҳирона ба қалам оварда, дар мисоли амир исбот мекунад, ки яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва фарҳангофаринӣ эҳтироми мавзеъест, ки он ҷо давлат идора карда мешавад.
Саймумин Ятимов дар мақолае, ки “Пойтахт – оинаи суботи мамлакат” унвонгузорӣ шудааст, бобати мартабаи маркази давлат чунин мегӯяд: “Пойтахти давлат – гаҳвораи тақдири миллат аст. Он таҳаввулоти инқилобие, ки дар навсозии шаҳр, мисли ҷаҳони нав дида мешавад, мебояд дар ботини сокинони пойтахт, махсусан, ҷавонон, дидгоҳ ва ҷаҳонбинии нав тавлид намояд”[13].
Лозим ба ёдоварист, ки зимни пажӯҳиши илмӣ бобати нахустин шарти давлатсозӣ дар таҳияи марказ ҷомеашиносон бисёр навиштаанд, аммо ин нукта бебаҳс аст, ки маҳз пойтахти кишвар густариши ҳувияти фарҳангии ҷомеаро таъин менамояд ва барои тақвият пазируфтани вижагиҳои он мусоидат мекунад.
Ширин Қурбонова муовини Раиси КИИ "Хирадмандон"- и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих
[1] Ятимов С.С. Илм ва амният. Душанбе, 2019, саҳ. 10.
[2] Ҳамон ҷо, саҳ. 14.
[3] Ятимов С.С. Унсуралмаолии Кайковус дар бораи хирад. Душанбе, 2015, саҳ. 33.
[4] Ятимов С.С. Илм ва амният, саҳ. 26.
[5] Ятимов С.С. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. Душанбе, 2019, саҳ. 24.
[6] Ятимов С.С. Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ. Душанбе, 2019, саҳ. 23.
[7] Ҳамон ҷо, саҳ. 30.
[8] Ятимов С.С. Идеология ва манфиатҳои илмӣ, Душанбе, 2015, саҳ. 15.
[9] Ҳамон ҷо, саҳ. 20.
[10] Ҳамон ҷо, саҳ. 21.
[11] Ятимов С.С. Идеология ва манфиатҳои миллӣ, саҳ. 26.
[12] Ятимов С. Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат, “Илм ва ҷомеа”, №5 (27), - 2021.
[13] Ятимов С. Пойтахт – оинаи суботи мамлакат”, дар китоби “Душанбе қалби Тоҷикистон, ҷилди 3, Душанбе, -2021, 344 с., саҳ. 32.
Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ барои ҳар як халқу миллати ҷаҳон неъмати беҳтарин ва гаронмоя арзёбӣ шудааст. Расидан ба истиқлолият орзуи деринаи миллатҳои озодандеш, хосса тоҷикон буд. Истиқлолият калиди бахткушои миллат, иди пирӯзиҳои он аст. Инак, 33 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол аст. Дастовардҳое, ки миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ноил гардид, хеле бузург аст.
Бояд зикр кард, ки қабули «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон» 24 августи соли 1990, «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон» 9 сентябри соли 1991 ва дар ин замина таъсисёбии давлати миллӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мамлакату миллатро ба ҳайси субъекти муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ кард, аз ҷумлаи санадҳои муҳимми меъёрӣ-ҳуқуқии мамлакати мо ба ҳисоб мераванд.
Ҳар як миллату давлат барои соҳибистиқлолии худ мубориза мебарад, зеро истиқлолият мояи ифтихор, кафолати амнияти кишвар, заминаи пешрафтҳо мебошад. Дар баробари ин, ба даст овардани соҳибистиқлолӣ таърих дорад, ки амалигардии ормонҳои деринаи миллатро инъикос мекунад.
Рӯзи 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад ҷомеаи озодандеши моро бедортар намуда, сарнавишти миллати тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Ба арсаи байналмилалӣ баромадани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд.
Ҳамзамон, эълони истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Фақат дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Алҳол пояи ҳуқуқию меъёрии пурмазмун таҳия гардида, механизми ҳамкориҳо бо ин давлатҳо роҳандозӣ шудааст. Ба туфайли сиёсати созанда ва муваффақи хориҷӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 190 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад ва аъзои қариб ҳамаи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳамин тавр, сиёсати оқилона, озмудашуда ва мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар замони Истиқлолият самараи нек ба бор овард.
Мутаассифона, дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба раванди бунёдкорӣ ва давлатсозӣ дар ҷумҳурии тозабунёди мо бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ монеа гардид. Ин ҷанги таҳмилӣ ба сари миллати мо мусибати гарон овард, боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии шаҳрвандон шуда, давлати тозабунёди моро ба вартаи ҳалокат кашид. Ин барои миллати мо на танҳо доғи таърихӣ, балки фоҷиа буд.
Маҳз ҷаҳди солимфикрон, арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, иқдомҳои оқилонаи Сардори давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдастии кишварҳои дӯст буд, ки давлату миллати мо аз фалокат наҷот ёфт. Ҳукумати навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аркони давлатдории миллиро эҳё намуда, ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарорсозӣ, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон оғоз бахшад.
Саҳифаҳои таърихи навини кишвар, рушди љомеаи мо тасдиќи он аст, ки соњибистиќлолии давлатї ифтихори миллати тољик, сарбаландии шањрвандони мамлакат аст. Ба шарофати Истиқлолият, мо ба давраи нави таърихамон ворид шудаем, ки ҳамчун давраи рушди босуботу бемайлони иқтисоду сиёсат, илму маориф ва фарҳанги миллӣ муаррифӣ мешавад. Ба туфайли кӯшишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон услуби нави миллии идоракунии давлатӣ такмил ёфта, дар меҳвари он модели нави давлатдории миллии тоҷикон бунёд карда шуд. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар ин марҳилаи ҳассос Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуд. Ҳамзамон Ҳукумати мамлакат стратегияҳои ҳадафноки миллиро, ба мисли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар, баҳри муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат зина ба зина амалӣ мегардонад.
Дар ин давраи таърихӣ пешрафти илм ва маориф низ хеле назаррас аст, ки натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Маҳз дар замони Истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидӣ эълон гардид. Ба туфайли таваҷҷуҳу ғамхориҳо сол аз сол некӯаҳволии кормандони соҳа, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ афзуда, сифати таълим рӯ ба беҳбудӣ овард ва илму маърифат боло рафт. Афзалиятнок, калидӣ ва омили амнияти миллӣ номбар шудани маориф аз нигоҳи давлат дар замони имрӯза моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ боз ҳам масъулияти бештар эҳсос намоем.Чунин баҳогузорӣ далели он аст, ки маориф ва илм ҳақиқатан дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва Истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозад.
Назар Муъмин Абдуҷалол – доктори илмҳои фалсафа, дотсент, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Қазоқистон яке аз давлатҳои бузурги Осиёи Марказӣ буда, яке аз кишварҳои тезрушдкунанда ба шумор меравад. Бинобар маълумотҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар даҳсолаи аввали асри XXI дар руйхати 25 давлати тезрушдкунанда дохил шуда, баъди Чин ва Қатар дар ҷойи сеюм қарор дорад. Дар миёни давлатҳои Ташкилоти Давлатҳои Туркӣ аз рӯйи масоҳат дар ҷойи аввал, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҷойи аввалро касб менамояд. Инчунин дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойи дуюм пас аз Русия қарор дорад. Дар ҷаҳон бошад аз руйи масоҳат дар ҷойи нуҳум қарор аст. Яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки баромади мустақим ба баҳр надорад ва ягона давлати бузурге ба шумор меравад, ки чунин хусусиятро дорад. Ин омил дар шаклгирии инфрасохтори ҳозираи он заминаи мусоид фароҳам оварда, онро миёни кишварҳои бузург ҳамчун як камарбанди иқтисодӣ шакл додааст. Аз руйи тақсимоти маъмурӣ ба 14 вилоят тақсим шуда, ҳамзамон дорои се шаҳри аҳамияти стартегӣ дошта тақсим мешавад – Астана, Алмаато ва Чимкент. Тибқи маълумотҳои соли 2021 аҳолии мамлакат 19 млн нафарро ташкил медиҳад, ки дар ҷаҳон аз руйи шумораи аҳолӣ дар ҷойи 64 қарор дорад ва зиччи аҳолӣ дар як км² 6,94 нафарро ташкил медиҳад. Саҳми иқтисодиёти Қазоқистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ беандоза буда, он 60% - и ММД – минтақаро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобу китобҳои соли 2019 аз руйи ММД дар ҷаҳон миёни кишварҳо ҷойи 42 – ро касб кардааст. Қазоқистон яке аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравие ба шумор меравад, қарзи худро дар назди Хазинаи байналмилалии асъор 7 сол пеш аз муҳлат пӯшидааст. Соли 2015 ба Созмони ҷаҳонии савдо пайваст гардидааст. Инчунин аъзои комилҳуқуқи созмонҳои СММ, ИДМ, СААД, СДТ ва СҲШ ба шумор меравад. Баъд аз истиқлолият ба даст даровардан дар соли 1991 сиёсати хориҷии бисёрсамтаро пеш гирифтааст. Муносибатҳои дӯстонаро бо ду ҳамсояҳои бузурги худ – Русия ва Хитой, инчунин бо ҷаҳони Ғарб ва Амрико то имрӯз нигоҳ дошта омада истодааст.
Қазоқистон дар радифи Тоҷикистон яке аз ташаббускорони калидӣ дар равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИДМ ва инчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, соли 1993 дар Ишқобод ва Тошкент аввалин кӯшишҳои ба вуҷуд овардани ҳамгироӣ миёни кишварҳои минтақа шурӯъ шудааст. Президенти собиқи Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев борҳо кишварҳои Осиёи Марказиро даъват кардааст, ки захираҳои худро муттаҳид созанд, иқтисодҳои муассир ва ба ҳам алоқамандро эҷод кунанд, ки иқтидор ва натиҷаҳои якҷояашон дар иқтисоди ҷаҳонӣ эътироф карда шаванд ва сифати баланди зиндагии мардумро таъмин кунанд. Ташаббуси Қазоқистон оид ба таъсис ва татбиқи ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шартҳои бунёдӣ – муштаракоти таърихӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динии минтақа асос ёфтааст. 29 июли соли 1993 Созишномаи байниҳукуматии Алмаато дар бораи чораҳои умқи ҳамгироии иқтисодӣ байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид, ки баъдан Қирғизистон ба он ҳамроҳ гардид. 30 апрели соли 1994 байни Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон Аҳдномаи таъсиси Фазои ягонаи иқтисодӣ ба имзо расид, ки ба оғози Ҳамкории Осиёи Марказӣ (ЦАС) замина гузошт. Вале аз соли 1995 Туркманистон сиёсати бетарафиро интихоб карда аз равандҳои минтақавӣ дар канор монд
Соли 1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмон ҳамроҳ шуда, номи созмон ба – Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАЭС) табдил ёфт. Дар маҷмӯъ, дар чаҳорчӯбаи он 50 лоиҳаи иқтисодӣ тасдиқ гардида, 160 ҳуҷҷат ба имзо расид.
Бо назардошти афзудани таъсири хатарҳои муосир ва болоравии нақши амният соли 2001 созмон дар мулоқоти Тошканд ба Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ (ОЦАС) тағйири ном кард. Таваҷуҳи асосӣ аз масоили иқтисодӣ ва мушкилоти амниятӣ – сиёсӣ равона гардид. Бо назардошти узвияти Россия соли 2005 Созмон бо Ҷомеаи иқтисодии Авру-Осиё (ЕврАзЭС) пайваст шуда, фаъолияташро қатъ намуд.
Вақте ки ҳамгироии иқтисодӣ ба вуҷуд ояд, пас ҳатман ҳамгироии сиёсӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Тавонмандии иқтисодии кишварҳои минтақа барои ба вуҷуд овардани ҳамгироии иқтисодӣ басанда буда, танҳо механизмҳои ҳуқуқӣ ва идорӣ бояд коркард карда шаванд. Таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо чунин буд, ки аввал онҳо ҳамгироии иқтисодӣ ба вуҷуд овардан ва минбаъдан дар заминаи он ҳамгироии сиёӣ ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, дар соли 2024 суръат гирифтани раванди ҳамгироии минтақавӣ имкони васеъ барои фароҳам овардани ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақаро тавлид намуд. Бо бовари метавон қайд намуд, ки раванди ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ суръат пайдо кардааст. Буҳрон дар Аврупои Шарқӣ, Ховари Миёна ва мушкилиҳо дар самти ҳамлу нақли молу коло тариқи киштиҳо ва коҳиш ёфтани истифодабарии роҳҳои байналмилалии баҳрӣ имкони ба вуҷуд овардани роҳҳои алтернативӣ тариқи минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст ва диққати қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонро рӯ ба минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронидааст. Аз ин имконият истифода бурдани кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамгироии иқтисодиро миёни кишварҳо таъмин мекунад.
Мақсади асосии стратегии иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ, минтақаи ягонаи тиҷоратӣ ва гумрукӣ, иттиҳоди ягонаи асъор ва стратегияи ягонаи иқтисодӣ мебошад. Ба гуфтаи коршиносони қазоқистонӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таҷрибаи муштараки таърихии худ зарфияти як минтақаи тавоно ва мустақил шуданро доранд ва дар солшоии охир ин минтақа барои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти стратегӣ пайдо кардааст. Осиёи Марказӣ бозори ҷаҳониро бо молҳои пурқиммат, нефту газ, маъдан ва ашёи хоми хоҷагии қишлоқ таъмин менамояд. Ба эътиқоди коршиносон, ҳамгироӣ дар ин минтақа дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза самараноктарин роҳи истиқлолияти ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Шарифов И.И. - ходими илмии Шуъбаи ИДМ -и Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ҳангоме, ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард.Тоҷикистон Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобад. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар таъмини суботу амнияти глобалӣ нақши созанда дорад.
Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд. Агар мо ба таърихи муосири ин муносибат назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли соли 1992 барқарор гардидаст, ки аз ин сана зиёда аз 32 сол сипарӣ гардид.
«Бо барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ 32 сол қабл Чин ва Тоҷикистон дар таърихи бисёрасраи дӯстӣ саҳифаи нав боз намуданд. Аз он давра дар муддати 32 сол муносибатҳои Чину Тоҷикистон аз ин имтиҳон дар айёми мураккаби байналмилалӣ гузашта, торафт мустаҳкам мешаванд ва аз ҳамсоягии нек ба шарикии беназири стратегӣ табдил меёбанд.
Мо шарикони содиқ будему ҳастем, якдигарро эҳтиром мекунем ва ба якдигар эътимод дорем. Ду кишвар дар масъалаҳое, ки манфиатҳои куллии онҳоро фаро мегиранд, дар навбати аввал соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва тамомияти арзиро ҷонибдорӣ карда, роҳи интихобкардаи рушдро мутобиқи воқеияти миллӣ эҳтиром менамоянд ва ба ҳар кушиши аз берун бо ягон баҳона дахолат намудан ба корҳои дохилӣ, қатъиян зид мебароянд. Мо ҳамеша оид ба масоиле, ки боиси ташвиш ҳастанд, якдигарро мефаҳмем ва дастгирӣ менамоем, аз рушди мунтазами ду кишвар дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем. Унсурҳои бунёдии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок омили муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба гардидаанд. Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдаам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат менамоянд» Чунин изҳор намудааст Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.
Ҳамкорӣ ва дўстии Тоҷикистону Чин бо тамоюли зичи робитаҳо дар сатҳи баланд ва заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ тавсифёбӣ мешавад. Заминаи ҳуқуқии робитаҳои дуҷониба зиёда аз 200 шартномаву созишномаҳои соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои асосӣ ин Эъломияи муштарак оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (ш. Пекин, 9 марти соли 1993), Созишнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ (ш. Пекин, 15 январи соли 2007) ва Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ (ш. Пекин, 20.05.2013) ба шумор мераванд.
Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии давлатҳоро ҳамсарҳад будани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва доштани иқтидори фаровони захираҳои табиӣ ба ҳам наздик мекунад.
Ҳамчунин Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои коммуникатсионӣ ва истиқлоли энергетикӣ мебошад. Дар ин замина дар асоси робитаҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди тарафҳо даҳҳо лоиҳаҳои вобаста ба роҳу нақлиёт ва энергетикӣ татбиқ карда шудааст. Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қашғар нишона аз рушди муносибатҳои дуҷониба дар фазои ҳамгироии нақлиётии минтақа гардид. Роҳи мазкур барои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, Чинро бо Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро бо Чину Покистон ва Ҳиндустон пайваст мекунад. Дар расидан ба истиқлоли энергетикӣ низ Чин ҳамкории густурдаро бо Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 кв-и «Ҷануб-Шимол» ҳамкории энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба системаи ягона пайваст карда шуд.
Таҳлили равобити дуҷониба нишон дод, ки муносибатҳои иқтисодии ду давлат дар ҳоли рушд қарор доранд. Чуноне, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ќайд намуд «Муҳим аст, ки ҳамкории амалӣ густариш дода шавад ва заминаи мустаҳками моддии муносибатҳои Чину Тоҷикистон фароҳам гардад. Ҷониби Чин муштаракан бо ҷониби Тоҷикистон бо мақсади рушди бештар ва эҳёи ду кишвар нақшаи пешбурди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро дорад. Тарҳрезии тадбирҳои нав ҷиҳати дар оянда афзун намудани ҳаҷми тиҷорат, суръат бахшидан ба сохтмони қитъаҳои асосии роҳи мошингарди «Чин -Тоҷикистон», зиёд намудани шумораи парвозҳои мустақим бо назардошти талаботи ду ҷониб, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои муосир ва олӣ, аз ҷумла мошинҳо бо истифодаи неруи алтернативӣ, манбаҳои барқи офтобӣ ва телекоммуникатсияи кайҳонӣ низ муҳим аст. Мо барои аз Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавасманд гардонидани корхонаҳои бонуфузи Чин барои афзун намудани ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба бунёди низоми муосири саноатӣ дар Тоҷикистон омода мебошем».
Фарҳанг ва илм низ яке аз воситаҳои асосии рушди дипломатияи мардумӣ ба ҳисоб рафта, рушди он заминаро барои ҳамкории саҳаҳои гуногун фароҳам меоварад.
Тоҷикистон ва Чин – кишварҳои мероси бузурги фарҳангӣ мебошанд ва маҳз ин омили заминавӣ бояд барои наздикшавии минбаъда мусоидат намояд.
Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забони чинӣ, фарҳангу санъат ва театру кинои Чин рўз аз рўз афзун гардида истодааст. Чунончи омӯзиши забони чинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин тамоюл ҳамчунин дар Чин дар самти омӯзиши забони тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик мушоҳида мегардад. Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Пекин ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхай омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Донишгоҳи омӯзгории Синтзян Маркази омӯзиши Рӯдакӣ, дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнсӣ Маркази тадқиқотии омӯзиши таърихи Тоҷикистон ва дар назди Донишкадаи саноатии касбӣ-техникии Чанҷоу Маркази тадқиқоти Тоҷикистон амал менамояд.
Бояд ёдовар гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мустақиман тариқи онлайн дар барномаҳои бурсиявии гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин сабти ном ва имтиҳон супорида, соҳиби роҳхати идомаи таҳсил дар ин донишгоҳҳо мегарданд. Инчунин тариқи шартномавӣ низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва ин ба олимону аҳли зиёи кишварамон имконият медиҳад, ки равобити илмиро бо ин кишвари дусту бародар боз ҳам тақвият бахшанд. Дар асоси ҳамин ҳамкориҳо Институти астрофизикаи АМИТ робитаи хешро бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин пурзур намуда, як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла дар соли 2023 бо ташабуси Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И ва Амри Президенти АМИТ олимони љавони Институи астрофизикаи АМИТ дар Семинари илмӣ дар мавзӯи “Астрономияи радиогӣ” дар Расадхонаи астрономии Синтсзяни Академияи илмњои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сафари хизматӣ қарор доштанд. Инчунин бо Амри Президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, Узви вобастаи АМИТ, професор Хушвақтзода Қобилҷон Хушвақт ва бо роҳбарию талошҳои бевоситаи Узви вобастаи АМИТ мудири ШҶБ-и Институти астрофизикаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И. ва ходими калони илмии ШҶБ-и Институти астрофизикаи АМИТ Раҳматуллоева Ф.Ҷ. магистранти Институт Нормаҳмедов Н.О. барои идомаи додани омўзиш дар соҳаи астрономия ва астрофизика ба Расадхонаи баландкӯҳи Пурпуи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шудааст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Чин метавонад иқтидори иқтисодии Тоҷикистонро тақвият бахшад. Аз нигоҳи амниятӣ ҳар ду давлат ба таҳкими суботу амнияти минтақа манфиатдор мебошанд. Ҳамчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Лаборанти калони ШҶБ Назарова З.К.