Skip to main content

21(Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз муассисаи бузурги илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар назди муассисаҳои зерсохтори он 9 шурои диссертатсионии миллӣ амал мекунад, ки фаъолияти онҳо тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, инчунин Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва Низомномаи шуроҳои диссертатсионӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267 бо тағйиру илова аз 26 июни соли 2023, №295) ба роҳ монда шудааст.

Аз теъдоди 9 адад шурои диссертатсионӣ 2 адад Шурои муштарак бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 1 шурои муштарак бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ таъсис додашуда, 4 шурои диссертатсионӣ ваколати баррасии диссертатсияҳои докториро доранд ва дар маҷмуъ аз рӯйи 25 ихтисос диссертатсияҳоро қабул ва баррасӣ менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии Шуроҳои диссертатсионии амалкунандаи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ фаъолияти 6 ададаш ба самти илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ рабт дошта, дар шаш моҳи соли равон 15 диссертатсия аз рӯйи самтҳои болозикр ва 25 диссертатсия аз рӯйи самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ҳимоя гардиданд, ки ба татбиқи амалии ташаббуси наҷиби аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мусоиддат мекунад.

Маврид ба зикри хос аст, ки санаи 30-юми майи соли 2024 дар мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пешвои миллат ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ таваҷҷӯҳи махсус равона карда, зикр намуданд, ки дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи баъзе ихтисосҳо ҷавобгӯй намебошад ва ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем.

Барои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ танҳо дар моҳҳои июн ва июли соли 2024 лоиҳаи ду дархост оид ба таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D060600 – Химия (6D060606 – Химияи фаромолекулӣ ва 6D060609 – Химияи биоорганикӣ), 6D071000 – Маводшиносӣ ва технологияи моддаҳои навин (6D071001.01 – Маводшиносӣ (саноати металлургия)), 6D072000 – Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ (6D072003 – Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия), барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 02.00.00 – Химия (02.00.06 – Химияи фаромолекулӣ ва 02.00.10 – Химияи биоорганикӣ ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ ва доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 05.17.03 – Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия, 05.02.01.01 – Маводшиносӣ (саноати металлургия) омода гардид.

Таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои болозикр имкон медиҳад, ки пойгоҳи асосии саноати дорусозӣ ва саноати металлургияи муосирро дар мамлакат роҳандозӣ намуда, ба саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи стратегии мамлакат ба шумор меравад, мусоиддат намояд.

Ҳамчунин, ҷиҳати бартараф намудани эродҳои гирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, диссертатсияҳо, арзёбии диссертатсияҳо аз ҷониби муассисаҳои пешбар ва муқарризони расмӣ, бо масъулини шуроҳои диссертатсионӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохуриҳо баргузор гардиданд.

Омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ барои рушди мамлакат масъалаи хеле муҳим маҳсуб меёбад. Бинобар ин, аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ, таъсис додани шуроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои нодир дар назди муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамарӯза тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Сармутахассиси Раёсати магистратура,

аспирантура ва докторантураи (PhD) – и

назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аҳмадов Ф.М.

«Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Эмомалӣ Раҳмон

Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик истиқлоли давлатӣ мебошад. Маҳз истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду соҳибмаърифати тоҷик имкон фароҳам овард то ба ормони деринаи хеш сазовор гардад. Расидан ба Истиқлол дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди давлати навини мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эљоди аркони давлатдории муосирро гузошт.

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳалли масъалаи энергетика ва таъмини кишвар бо неруи барқ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин замина бояд тазаккур дод, ки имрӯз бунёди НБО Роғун шарафу номуси миллати куҳанбунёду тамадунпарвари тоҷик буда, аз сифати созандагии тоҷикон дарак медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи бунёди ин иншооти бузурги қарн далеронаю хирадмандона қадам ниҳоданд.

Оғози ба кор андохтани НБО-и Роғун муҳимтарин рӯйдоди таърихи нави давлатдории халқи тоҷик буда, дар солномаҳои таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.

Ёдовар мешавем, ки тарҳи НБО-и Роғун ҳанӯз дар ибтидои солҳои 70 - уми асри XX ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонии он соли 1976 оғоз гардидааст. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, корҳои омӯзишӣ дар ин ҷо солҳои 1933 ва 1938 сурат гирифта, аз рӯйи ташхиси олимон муайян гардидааст, ки мавзеи мазкур барои сохтмони нерӯгоҳи пуриқтидор хело мусоид мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки дар солҳои 50-70-уми асри ХХ роҳбарияти давлати шуравӣ аз ҳар ҷиҳат барои сохтмони неругоҳҳои истеҳсоли барқ таваҷҷуҳ зоҳир менамуд, зеро барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди хоҷагии халқ аҳамияти калон дошт[1].

НБО-и Роғун сохтмони бузурги аср ба ҳисоб рафта, бо 335 метр баландӣ яке аз баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Аммо бо сабабҳои маълум сохтмони НБО-и Роғун дар ибтидои солҳои 90 -ум боздошта шуда буд. Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир ва стандартҳои бехатарӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Барои корҳои барқарорсозӣ, сохтмону васлкунии неругоҳи барқи обии Роғун аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои мушаххаси амалӣ меандешад.

16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва корпуси дипломатӣ аввалин агрегати НБО-и Роғун ба истифода дода шуд.

Боиси ифтихормандии бузург аст, ки дар рӯзи ҷашни 28-умин солгарди истиқлоли давлатии кишварамон, 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми НБО Роғун мавриди истифода қарор гирифт. Дар назар аст, ки агрегати сеюми НБО Роғун соли 2025 ба кор дароварда мешавад [2].

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бори дигар рӯ овардану ҷон бахшидан ба ин иншооти бузурги аср тақозои замон мебошад. Ҳар як фарди худшиносу худогоҳу ҳувиятсози миллат аз бунёди чунин иншоот ифтихорманд буда, сохмони НБО-и Роғунро нишон аз созандании миллат ва фарҳанги қадимаи тоҷикони худогоҳ мешуморад.

Дар ҳақиқат НБО-и Роғун иншооти тақдирсози миллати тоҷик буда, омили некуаҳволӣ маҳсуб меёбад. Чунки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда талаботи аҳолиро ​​пурра таъмин карда, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ медиҳад. Рушди соҳаи энергетика дар тараққии устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ва махсусан барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - индустрикунонии босуръати кишвар нақши асосӣ дорад.

НБО Роғун ҳаҷми истеҳсоли неруи барқро баланд мебардорад ва барои рушди истеҳсолот муфид аст. Инчунин аҳолиро бо қувваи барқ таъмин менамояд. Дар навбати худ шаъну эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.

Бояд гуфт, ки ба пуррагӣ бунёд намудану ба истифода додани НБО-и Роғун барои расидан ба истиқлоли комили энергетикии кишвар шароит фароҳам меорад ва барои захира намудани манбаи бузурги оби нушокӣ имконият медиҳад. Ҳамзамон, қувваи барқи истеҳсолшавандаи НБО Роғун барои кишварҳои дигар бо нархи арзон дастрас мегардад. Пушида нест, ки обанбори ин неругоҳ дорои имконияти нигоҳ доштани захираҳои бузурги об аст.

Тоҷикистон кишварест, ки ягон ҳамсояро бе об намегузорад, ин нуқтаро борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, БРИКС ва дигарон иброз намудааст.

НОБ Роғун ифтихори миллати созандаи тоҷик буда, бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки ҳангоми ба пурагӣ ба истифода додани ин неругоҳ миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ бурун гашта, зиндагии мардум маҷрои навро мегирад. Бо ба итмом расидани бунёди ин неругоҳи бузург манфиати он натанҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки ба дигар давлатҳои минтақа низ мерасад.

Ин неругоҳ ифтихори миллати тоҷик мебошад, чунки дар тӯли солҳои истиқлоли давлатӣ сохта шуда, имрӯзҳо давра ба давра ба истифода дода мешавад. Ҳангоми истифодабарӣ аз ин иншооти муҳташами аср, ҳатман миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ мебарояд. Зиндагии сокинони кишвар боз ҳам беҳтару ободтар ва деҳоту ноҳияҳову шаҳрҳои Тоҷикистони азизамон чароғонтар мешавад.

Тибқи маълумоти мутахассисон, баъди ба кор андохтани ҳамаи шаш агрегати Роғун соле 13-17 миллиард киловатт-соат кувваи барқ ҳосил карда мешавад. Ин қариб баробар ба маҳсулоти солонаи ҳамаи неругоҳҳои барқи- обии дар Тоҷикистон мавҷудбуда аст.

НОБ Роғун як навъ роҳи абрешим барои неруи барқ ​​аст, ки Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро мепайвандад. Ҳамзамон, вазифаи дигари он танзими ҷараёни об мебошад. Бе иштибоҳ метавон гуфт, ки Роғун мактаби бузурге мебошад, ки ба мутахассисони маҳаллӣ имкон медиҳад, то дар ин соҳа малакаю маҳорати худро қавӣ намуда, соҳибкасб гардида, мутахассис шаванд ва дар оянда ин таҷрибаро дар дигар кишварҳои ҷаҳон истифода баранд.

Тавре, ки маълум аст, сохтмон ба ду марҳила тақсим мешавад. Якум сохтмони сарбанди 1110 метрро дар бар мегирад, ки ду агрегати 200 МВт ба кор медароянд, ки ин 16 ноябри соли 2018 ба вуқуъ пайваст. Марҳилаи дуюм то 1300 метр баланд бардоштани сарбанд аст, сипас тадриҷан то соли 2028 боз чаҳор турбинаи иқтидори ҳар кадом 600 МВт ба кор андохта, ду турбинаи аввал то 600 МВт зиёд карда мешавад. Ҳамин тариқ, иқтидори умумии НБО-и Роғун то анҷоми сохтмон 3600 МВт хоҳад буд. Таҷҳизоти НБО-и Норак, ки дар поёноби Вахш воқеъ аст, тадриҷан фарсуда шуда, барқароркуниро талаб мекунад. Дар сурати боздоштани кори як агрегат дар он ҷо, ки 200 МВт аз даст додани неруи барқро ташкил медиҳад. Ин хароҷоти Роғунро мепӯшонад. Ҷанбаи дигари муҳим ин идоракунии таҳшинҳо (шағалҳо, қумҳо, сангҳо), ки тавассути дарёи Вахш мебурд, мебошад. Ин дар як сол тақрибан 80 миллион мукааб метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи сарбанди НОБ Роғун аз ин таҳшинҳо муҳофизат карда, бо ҳамин муҳлати кори НОБ Норакро дароз мекунад. Ӯзбекистон сарфи назар аз мавсим ба қадри зарурӣ об хоҳад дошт. Ин дар шартномаи НБО Роғун, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба имзо расида, баъд аз он ҳамаи тарафҳои манфиатдор тасдиқ кардаанд, дохил карда шудааст. Мо ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин сохтем, ки Роғун як макони амн аст ва ба ҳамаи кишварҳои поёноб фоида меорад. Ҳама уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон дар робита ба неругоҳи Роғун гирифтааст, пурра иҷро мешаванд.

Сохтмони сарбанди 335-метраи сангреза НОБ-и Роғунро ба баландтарин неругоҳи барқии обии ҷаҳон табдил медиҳад. Ва иқтидори он 3600 МВт бузургтарин дар Осиёи Марказӣ аст. Шароити мураккаби табиӣ низ лоиҳаро беназир мегардонад. Зилзила, дараи танги кӯҳӣ, хавфи сел, қабати намаки санг, ки дар пояи сарбанд хобидааст, ҳамаи ин усулҳои махсуси лоиҳакашӣ ва техникиро талаб мекард. Масалан, маҳлуле ёфт шуд, ки аз ҳал шудани намак пешгирӣ карда, бехатарии тамоми сохторро таъмин мекунад. Чунин ҳодиса дар ягон ҷойи ҷаҳон рӯй надодааст.

Муҳим он аст, ки неругоҳи барқи обии Роғун метавонад Тоҷикистонро дар содироти неруи барқ нисбат ​​ба кишварҳои ҳамсоя пешсаф гардонад. НБО Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд кунад.

Дар назар аст, ки 50 дарсади иқтидори НБО Роғун дар дохили кишвар истифода шуда, 50 дарсад ба хориҷ содирот мешавад. Нархи як киловатт-соат барқи НБО Роғун 1,5-2 дирам мешавад. Барои муқоиса нархи неруи барқи стансияҳои электрикии аловӣ ин рақам 4-5 дирам, дар стансияҳои электрикии атомӣ 5-6 сентро ташкил медиҳад. Бешубҳа, неругоҳи барқи- обии Роғун дар муқоиса бо дигар навъҳои тавлидкунандаи неру бештар фоидаовар аст.

Бисёриҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа татбиқи ин тарҳро ғайриимкон меҳисобиданд. Ва инак, мо ин кори бузургро анҷом додем. Албатта, ҳисси ифтихори бузург - ҳам барои худам ва ҳам барои ҳамкасбонам, он тоҷиконе, ки дар ин сохтмон бо онҳо бародарӣ кардаам. Бе ин гуна бародарӣ душвориҳоеро, ки дар ин сохтмони нодир ба мо пеш омад, бартараф кардан мумкин набуд, иброз намудаст дар сӯҳбат бо Шариф Ҳамдампур сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», Жан-Франсуа Норманд, сармуҳандиси консорсиуми «Трактебель-Электроконсалт», (Consortium “Tractebel-Electroconsult) масъули марҳилаи ниҳоии сохтмони нерӯгоҳи Роғун [3].

Дар баробари гуфтаҳои боло, метавон иброз дошт, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи миллатамон пирўзии бузург маҳсуб меёбад. Истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хоси рушди кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем. Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлол кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳояш кори аз он ҳам душвортар аст[4].

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа

Сарчашма:

1. Наҷмуддинов Т. А., Роғун - сарчашмаи нур. Манбаи электронӣ:

ttps://tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=4019:2023-01-19-08-53-22&catid=101:pajuhish&lang=tj&Itemid=. Санаи муроҷиат: 09.04.2024с.

2. https://sputnik.tj/.../Malum-shud-agregati-seyumi-NBO.... Санаи муроҷиат: 08.04.2024с.

3. Рогунская ГЭС - новая сила Таджикистана. Манбаи электронӣ: https://pressa.tj/rogunskaya-ges-novaya-sila-tadzhikistana/. Санаи муроҷиат: 02.05.2024с.

4. Сайидзода З. Ш. Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. - 464 саҳ.

 Аз табобати тоҷикон то таъсиси Академияи илмҳои Бознашр: Аз нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” Тоҷикистон

Бознашр: Аз нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Табиби ҳозиқ Евгений Никанорович Павловский яке аз шахсиятҳои барои тоҷикон наздик ва хидматкарда мебошад, зеро солҳои бистуми асри XX Осиёи Марказӣ, бавижа водии Зарафшонро бемориҳои вабову вараҷа фаро гирифта буду Павловский пайи ҷустани сарчашмаи беморӣ ва табобати мардум мегашт. Дар ин раванд бо мардуми мо унс гирифт ва ин меҳру муҳаббатро то вопасин нафас пос дошт. Дар таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон саҳм гирифт ва аз дӯстону табибони наздики устод Садриддин Айнӣ ба шумор мерафт.

ЧАРОҒИ РОБИТА

Евгений Павловский 5-уми марти соли 1884 дар вилояти Воронежи Русия, дар оилаи омӯзгор, чашм ба дунё кушодааст. У соҳиби зеҳну хотираи қавӣ ва ис- теъдоди нодир буд. Соли 1903 гимназияро бо медали тилло хатм намуда, то соли 1908 дар Академияи ҳарбӣ- тиббии Петербург таҳсил кард.
Ҳамон сол дар ҳайати гурӯҳи пажӯҳишӣ аввалин бор ба сарзамини тоҷикон - Варорӯд омад. Он солҳо мардум аз бемориҳои гуногун, ки паҳнкунандаи онҳо ҳашароту ҳайвонот буданд, ранҷ мекашиданд.

Павловский ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ масъалаи омӯзиш ва роҳҳои рафъи таъсири ҳашароту ҳаӣвоноти хунмаку заҳрдор ва паҳнкунандагони бемориҳои сиро- ятиро ҳадафи асосии кори хеш қарор дод. Дар роҳи ҳифзи саломатии инсонҳо умри худро бахшид. Баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳояш, ба бисёр минтақаҳо, аз ҷумла кишвари мо, сафарҳои пажӯҳишӣ ташкил намуд.

САФАР БА ВОДИИ ЗАРАФШОН

Павловский соли 1928 аввалин экспедитсияи зидди ҳашароти ба инсон зарароварро ташкил карда, барои мубориза бо онҳо ва мадад ба аҳолӣ, ба Тоҷикистон омад. Сокинони ин минтақа аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, бахусус аз вараҷа, азият доштанд.

Соли 1932 бо ташаббуси ӯ дар Душанбе бунгоҳи таҳқиқоту омӯзиШ ва мубориза бо ҳайвоноту ҳашароти зараровар (стансияи паразитологӣ) таъсис ёфт, ки соли 1934 ба шуъба ва минбаъд ба пажӯҳишгоҳ табдил ёфт. Маҳз ба эҳтимом ва роҳбарии Павловский гурӯҳи мута- хассисон бемории вараҷаро дар Тоҷикистон рафъ сохтанд ва аҳолӣ аз сирояти он ҷон ба саломат бурд. Ин хидмати бузурги ӯ кофист, ки ному осорашро ба некӣ ёд кунем.

Мавсуф бо таълифи асарҳои «Животные паразиты и некоторые паразитарные болезни человека в Таджикистане», «Звери Таджикистана» (1935), «Рыбы Таджикистана» (1938), «Птицы Таджикистана» (1940), «Малярийные комары Таджикистана и меры борьбы с ними» (1943) на танҳо олами ҷонварону ҳашароти моро илман омӯхт, балки табиати рангини кишвари моро муаррифӣ ҳам кард. Рисолаи «Ҳайвоноти заҳрдор»-и ӯ машҳури ҷаҳон аст.

ТАЪСИСИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Соли 1940 стансияи паразитологи ба тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди табдил ёфт. Ин ибтикор қадами муҳиме дар
Академияи илмҳои Тоҷикистон дар соли 1951 гашт ва Павловский аз ҷумлаи нахустин академикҳои инти- хобгардидаи он буд. Қобили зикр аст, ки Евгений Павловский дар тантанаи бозшавии Академияи илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҳозирин аввалин президенти ин боргоҳи илмй Садриддин Айниро муаррифӣ мекунад.


Бино ба маълумоти таърихнигор Усмон Эшонзода, соли 1942 Пажӯҳишгоҳи зистшиносии Академияи илмҳои ИҶШС, ки сарвараш Павловский буд, ба ақибгоҳ - шаҳри Душанбе кӯчонда шуд ва хидмати ин олими бузург бармало эҳсос мешавад. Кормандони ин Пажӯҳишгоҳ дар омӯзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва рушди он хидмати назаррас кардаанд.

Академик Евгений Павловский дорои истеъдоди нодир, қобилияти баланди ташкилӣ, инсони хоксору меҳрубон ва ҳамеша сӯйи мақсадҳои воло равон буд. Агар мухтасар гӯем, фаъолияти ӯ саропо моломоли ҳифзи саломативу хушбахтии инсонҳост.

Соли 1954 ба муносибати 70-солагии Павловский Пажӯҳишгоҳи зистшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва МТМУ № 8 ба номи ӯ гузошта шуданд.


Моҳи майи соли 1965 дар шаҳри Ленинград дили ин марди бузург аз тапидан бозмонд. Вале номи неку хизматҳояш дар хотири мардуми мо абадист. Ин марди наҷибзода Соли 1964 Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардид ва Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон низ ҳаст. У қариб ҳамаи ҷоизаву унвон ва медалу орденҳои замони хешро гирифта буд ва дар ватанаш низ ҳамчун табиб ва асосгузори зоологияву паразитология эъти- роф шудааст. Нимпайкараҳои ӯ дар шаҳрҳои Душанбе, Хабаровск ва дар пахдуи хона-музеяш дар Борисоглеб- ски Воронеж қомат афрохтаанд. Дар зери пайкараи дар шаҳри Душанбе будаи ӯ чунин навиштаанд: «Академику Е. Н. Павловскому от благодарного таджикского народа».

Имсол дар АМИТ 140-солагии академик Павлов- скийро ҷашн гирифтанд ва зери нимпайкараи ӯ гул- чанбар гузоштанд. Чароги ёду ёдгори чунин мардони фозил ва дӯстдорони мардум ва табиати тоҷик ҳамеша фурӯзон аст!

Бузургмеҳри БАҲОДДУР, “Ҷумҳурият”

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гӯлдузии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад.

Ҳар як ҷузъи либоси миллӣ дорои маънии махсус аст. Нақшҳои гулдӯзӣ, ки дар либосҳои миллӣ истифода мешаванд, рамзи табиат, муҳаббат, зиндагӣ ва фарҳанги мардумиро инъикос мекунанд. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум зиёд гардидааст.

Либоси миллӣ дар ҷашнҳо ва маросимҳои милли нақши муҳим мебозад. Дар ҷашни Наврӯз, ки яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки мардуми тоҷик бо либосҳои рангоранг ва зебо ба куча мебароянд ва дар рақсҳо ва сурудҳои анъанавӣ иштирок мекунанд. Ҳангоми туйҳо ва дигар маросимҳои муҳим либоси миллӣ ҳамчун рамзи ифтихор ва ҳувият истифода бурда мешавад.

Либоси миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ маъруфият пайдо мекунад. Барномаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои мӯд ва фестивалҳои байналмилалӣ, ки дар дар кишварҳои гуногун баргузор мешаванд, имконият медиҳанд, ки либоси миллии тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад. Ин намоишҳо на танҳо зебоии либоси миллиро нишон медиҳад балки фарҳанг ва таърихи бою пурғановати тоҷиконро низ таҷассум мекунанд.

Мутаасифона, имрӯзҳо мавзуи либоси миллӣ ва симои миллӣ бештар аз дигар мавзуъҳо мавриди гуфтугӯву баҳс қарор гирифтааст. Ва ин бесабаб нест. Зеро либоси миллии мо, ки баландтарин фарҳанги ҳадафноки миллиро таҷассум кардаасту дар дунё шабеҳ надорад, дар қатори бисёр дастовардҳои дигари миллии мо дар ин замони ҷаҳонишавӣ мавриди таҳдиду коҳиши бемавриду бемаъно қарор гирифтааст. Дар чанд соли охир аз ҷониби мардуми мо пӯшидани либосҳои миллати бегона ба расму одат даромад. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунад. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.

Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рўзи модарон чунин таъкид карданд:

“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва бафарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Лаборанти калони ШФКА Институти астрофизикаи АМИТ

Назарова Шукрона

Т33авре ҳамагон хуб медонем, маҳз дар замони ҷаҳонишавии босуръати бархурди тамаддунҳо ва инчунин рушди босуръати техникаву технологияи муосир дигаргуниҳои ҷамъиятӣ рӯз ба рӯз кулли муносибатҳои байниҳамдигарии одамонро тағйир медиҳанд. Илова ба ин гуфтаҳо оила низ ҳамчун ячейкаҳои ибтидоии ҷамъият дар ин раванд давраҳои мухталифи инкишофро аз сар гузаронида истодааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки ин гуна равандҳои босуръати давраи дигаргуншавӣ аз як нигоҳ ҳам тарафи мусбӣ ва ҳам тарафи манфии худро дорад. Зеро пеш аз ҳама ин гуна падидаҳои носолими ҷомеа дар самти таълиму тарбия таъсир ва халали бештари худро мерасонанд.

Бар замми ин гуфтаҳо дар аксар мавридҳо муноқишаҳои оилавӣ ва мушкилиҳои ҷавонону наврасон низ рӯз аз рӯз ва бо мурури замону тақозои айём аз пештар дида боз ҳам бештар афзунтар мешаванд. Бинобар ин, талабагонро бо донишҳои психологию педагогӣ мусаллаҳ намудан ба мақсад мувофиқ аст. Чунки тарбияи дурусти оилавӣ ҷиҳати пойбарҷо мондани оила ва ҳамзамон беҳтару хубтар ба роҳ мондани аксарияти муносибатҳои байнишахсӣ дар ташакули ҷомеаи солим ва инчунин хеле соҳибмаърифату хушахлоқ будани шахсият нақши калидии худро мебозад.

Аз нигоҳи мо оила ҳамчун ячейка ё худ як рукни ибтидоии ҷомеа дараҷаҳои мухталифи тараққиётро аз сар гузаронидаву ҳамзамон бо мурури замон комилан тағйир ёфта истодааст гӯем ҳам ҳеҷ як иштибоҳе нахоҳем кард. Чунки ҳар як сохти ҷамъиятӣ бо мурури замон ба оила талаботи муайяни худро пешниҳод менамояд. Чунки оилаи тоҷик 25-26 сол муқаддам вобаста ба тағйироти сохти давлатдорӣ ва инчунин ба вуқӯъ пайвастани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буҳрони гарони психологию педагогиро паси сар намуда, ҳамзамон ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардида буд.

Бинобар ин, бо дарназардошти ин омилҳо ва бархе аз рӯйдодҳо, кӯдаконе, ки ҳанӯз 25-30 сол пеш ба дунё омада буданд, маҳз дар даврае таваллуд шуда буданд, ки дар рӯҳияи волидайни онҳо ҷангитаҳмилии шаҳрвандӣ таъсири калон гузошта буд. Чунки волидайни онҳо дар он даврон дар ҳолати стресс қарор доштанд. Яъне, таъсири вазъи ҷомеа низ ба муҳити оилавӣ ва тарбияи атфол низ монеа эҷод менамуд.

Беҳтараш агар ба ибораи муҳаққиқи масоили омӯзиши оила Ф. Адлер рӯ оварем, он гоҳ оила ниҳоде мебошад, ки амнияти ҷамъияти инсонӣ аз он вобастагии зиёди худро низ дорад.

Зеро тибқи таҷрибаҳои ҳаётӣ масоили муносибатҳои бенизоъ сутуни асосӣ баҳри пойдории оила маҳсуб меёбад. Аз ҷониби дигар, аксарияти муносибатҳои бенизоъ шарти солимгардонии оила ба шумор меравад.

Ба пиндори шахсии мо олимон муносибати солими ҷомеа ва аҳли байт бо ҳамдигар ва инчунин бе мушкилоту низоъ ва хушгузаронии зиндагонӣ ва дигар омилҳои ҳаётии аҳли оила боиси мавҷудият ва бунёди оилаи солим буда метавонанд.

Барои он ки оила тифоқу солим бошад ва хоҳем, ки он пароканда нагардад, бояд дар оилаҳо пеш аз ҳама ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқат, сабру таҳаммул ва ҳамзамон муносибатҳои бенизоъ, рақобати солим, муросо намудан, гузашт кардан, дурӣ ҷустан аз низоъмавҷуд бошанд. Ба ифодаи олими маъруф Ф. Бекон: “Дониш қудрат аст!”.

Алишер РАҲИМЗОДА, номзади илмҳои физикаю математика, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Либоси миллӣ яке аз зуҳуроти маданияти моддӣ мебошад. Дар он анъанаҳое, ки аз таърихи этникӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва баъзе унсурҳои идеология — эътиқод, меъёрҳои эстетикӣ реша доранд, инъикос меёбанд. Аз ин рӯ, либоси мардумӣ бояд яке аз сарчашмаҳои омӯзиши таърихи этникии ин ё он халқ, фарҳанг ва иртиботи он бо дигар халқҳо дониста шавад. Дар асоси маълумот ва таҳлили муқоисавӣ, аз як тараф, шаклҳои қадимии либос, ки ба шаклҳои аслӣ наздиканд, аз тарафи дигар, шаклҳое, ки баъдтар пайдо шудаанд, хеле барои омӯзиши либос муҳим мебошанд. Танҳо бо дарки таҳаввули шаклҳои либос ва таърихи тағйирёбии онро дар давраҳои муайяни таърихӣ метавон робитаи либос ва таърихи этникии мардумро ошкор намуд.

Тадқиқотҳои этнографӣ нишон доданд, ки либоси мардумӣ - ҳатто дар шакли анъанавии худ бетағйир намондааст. Омӯзиши масъалаи либоси миллӣ бояд мунтазам ба роҳ монда шавад, зеро бо ивазшавии наслҳо анъанаи либоспӯшии миллӣ низ аз байн рафта истодааст.

Даврае, ки дар асоси маълумотхои этнографӣ таҳқиқ бурда шудааст, яъне охири асри XIX — ибтидои асри XX – ин давраи гардишҳои шадид мебошад. Ба Россия ҳамроҳ шудан Осиёи Миёнаро аз бунбасти чандинасра ва рукуд бароварда, барои инкишофи минбаъдаи иқтисодиётӣ тиҷоратӣ ва дар ин асос ба вуҷуд омадани муносибатҳои капиталистӣ шароит фароҳам овард,ва ба дигаргуниҳо, хусусан маданияти моддӣ роҳ кушод. Инқилоби Октябр ба тамоми тарафҳои ҳаёти халқ боз ҳам бештар таъсир расонд. Вай тарзи ҳаёти оммаро ба куллӣ тағйир дод, ба қашшокии абадии онҳо, аз ҳаёти ҷамъиятӣ ва меҳнати дур шудани онҳо хотима дод. Ҳамаи ин тағиротҳо ба либоси миллӣ бе таъсир буда наметавонист. Ba дар ҳаёти мардум, ки ба сарнавишти минбаъдаи фарҳангҳои миллӣ таъсири амиқ гузошт ва дар либос низ инъикос ёфт.

Дар таърихи либоспӯшии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ин давраро ба марҳилаҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки моҳияти он бо хусусияти шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва таърихии инкишофёфта пурра муайян карда шудааст. Давраи якум ин нимаи дуюми асри Х1Х мебошад (то солхои 90-ум) — ки он вақт ҳукмронии муносибатҳои феодалӣ дар иктисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ, нигоҳ доштани тамоми унсурҳои ба феодализм хос дар тарзи зиндагӣ низ таъсири хос расонида буд. Аз ҷиҳати либос ин марҳила бо бартарии шаклҳои анъанавӣ- либоси яққадбуридашуда (тарзи қадимаи либоси миллии тоҷикон) фарк мекард. Ҳанӯз гуфтан ғайриимкон аст, ки кай ин либоси қадимӣ бо тамоми унсурҳояш шакл гирифтааст. Аммо хусусиятҳои архаикии он дар нақшу нигор аз пайдоиши хеле қадимаи он шаҳодат медиҳад.

Бо вуҷуди ин, он асрҳои аср бетағйир монда, то замони мо омада расидааст. Далелҳои муайяне вуҷуд доранд,ки тағйироти либос дар давраҳои гуногуни ҳаёти инсон доим ба амал меомад. Аммо дар давраи феодалӣ тағйиротҳо дар либос хело суст буданд ва дар шаклҳои анъанавӣ маҳдуд буданд.

Хусусиятҳои дигари ҳаёти ҳалқӣ тоҷик дар давраи баъд аз ҳамроҳ шудан ба Россия тавсиф карданд мумкин аст. Самти тағйироти либосро таъсири халқҳои Русия, бахусус тоторҳо ҳаммазҳаби халқҳои Осиёи Миёна муайян мекарданд. Намудҳо ва шаклҳои нави либос- куртаи пешакдор, ки ҳоло онро бонувони тоҷик аз бар менамоянд, пайдо шуданд, либоси анъанавии кӯҳна- яққадбуридашуда торафт бештар ба либоси пиронсолон ё маросимӣ табдил ёфт.

Тақсимоти навъҳои нави либос дар шаҳрҳо ва деҳот нобаробар буд. Пеш аз инқилоб тағйири либос асосан дар байни аҳолии шаҳрҳои калон ва деҳаҳои гирду атрофи он вуҷуд дошт. Танҳо дар замони шӯравӣ, махсусан баъд аз ҶБВ (1941-1945), он дар ҳама ҷо ба ҳаёти рӯзмарра ворид шуд, аммо дар солҳои минбаъда тағйироти куллӣ ба намудҳои гуногуни либоси ҳам мардона, ва ҳам занона ҳатто дар маҳалҳо ба амал омад. Ҳоло қисмати зиёди аҳолӣ, махсусан аҳолии шаҳр ба пушидани либоси аврупои гузаштаанд, вале ба он унсурхои муайяни миллӣ –тоҷикӣ (матоҳои атласу адрас, чакандӯзӣ) аксаран дохил мешаванд ва ин яке аз марҳалаҳои тағйири либоси миллии тоҷикон ҳисобида мешавад.

Либоси муосири аҳолии Тоҷикистон ниҳоят гуногунранг аст. Ҷавонони шаҳрӣ ва қисман деҳот, махсусан дар байни зиёиён, бо мӯди навтарини аврупои ва миллӣ либос ба бар менамоянд; занҳои миёнасол бештар либоси миллиро авлотар медонанд; пиронсолон, бахусус занони деҳоти дурдаст, либосҳои кӯҳнаи анъанавиро нигоҳ медоранд, аммо ҳоло ба либоси онҳо низ унсурҳои алоҳидаи либоси бегона, хусусан либосӣ болопӯш (ба ҷойи ҷомаю камзул - жемпер, пальто, рӯймоли пашмӣ), яъне «аврупоӣ» мавриди истифода қарор гирифтааст. Аммо дар маросимҳои тую азодорӣ қисми зиёде одамон либосҳои анъанавиро аз бар мекунанд.Ва либосҳое, ки ҳоло пиронсолон мепӯшанд, қаблан ҳама аз рӯи рангҳо ва матоҳо низ фарқ мекарданд. Ҳамзамон мавҷудияти либосҳои хоси марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ба мо имконияти бебаҳо барои мушоҳидаи бевоситаи либосҳои мардумии давраҳои гуногуни таърихиро фароҳам оварда, омӯзиш ва тарғиби либоси миллиро дар замони муосир ба роҳ мондан зарур аст.

Тағйирот дар либоси аҳолии шаҳр ва деҳот ба таври гуногун сурат мегирифт. Аҳолии деҳот намуди анъанавии либоси худро нигоҳ медоранд ва хусусиятҳои либоси қадимиро ҳатто имрӯз дар онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Дар шаҳрҳо, чунин намуди анъанавӣ аз байн рафта истодааст, ки мавҷудияти он дар гузашта танҳо аз хотираҳои пиронсолон омӯхта мешавад. Бо вуҷуди ин, аҳамияти тадқиқоти намудҳои либоси аҳолии кишварро нодида гирифтан мумкин нест. Бояд қайд кард, ки намунахои олитарини либоси миллӣ дар шаҳрҳои қадимаи тоҷикон - Бухорову Самарқанд офарида шудаанд. Ҳолон аз замонҳои қадим намудҳои либосҳои мардумӣ маҳз дар шаҳр инкишоф ёфта, баъдан дар деҳот паҳн шуданд.

Гузаронидани як катор чорабиниҳо бо мақсади барқарор намудани матоҳои миллии истеҳсоли ватанӣ – атласу адрас, чакан ва матоҳои пахтагини мавсимии либоси миллӣ дар саросари кишварамон, хеле бамаврид мебошад. Фурӯши матоҳо ва тарроҳии ғайри миллӣ аз байн бурда шавад.

Шовалиева М-мардумшинос, н.и.т., ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Сафоева Б.-лаборанти калони Институт

30 июли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Зикр гардид, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро ташкил медиҳанд. Зимнан аз раванди таҳкиму густариши робитаҳои парлумонӣ ва фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноат карда шуд. Таъкид гардид, ки робитаҳои мақомоти қонунгузор дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат нақши муҳим доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи муколамаи созандаи байни манфиатовар арзёбӣ намуда, аз Муҳаммад Боқири Қолибоф даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб ташриф биёранд.

Дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод. Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муштаракоти таърихию фарҳангии мардумони дӯсту бародари ду кишвар ва алоқамандии ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ ёдовар шуда, “азму иродаи устувори ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи ин раванд” таъкид доштанд. Бо ибрози қаноатмандӣ аз густариши бемайлони робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, бахусус тайи солҳои ахир, ҳарду ҷониб изҳори умед намуданд, ки ин раванди самарабахш минбаъд ҳам идома хоҳад дошт. Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба як зумра масоили байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи андеша сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро ба муносибати оғози фаъолияташон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, ба он кас хоҳони комёбиҳо шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчунин, аз Масъуди Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон бо боздиди расмӣ ташриф биёранд.Инчунин Пешвои муаззами миллат дар маросими савгандёдкунии иштироки бевосита доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки кишварҳои мо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро минбаъд ҳам густариш хоҳанд дод.

Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад.

Ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар номида шуд.

Дар ин робита таъмини фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва истифодаи муассир аз Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар зарур дониста шуд.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, нафту газ, технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя ба ин самтҳо алоқамандӣ зоҳир намуданд.

Ҷониби мо ба истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳор барои ҳамлу нақли молу маҳсулоти Тоҷикистон изҳори манфиатдорӣ намуд.

Ҳарду ҷониб иқдоми лағви низоми раводидро барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим номида, изҳори бовар намуданд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад дошт.

Таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва киберӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.

Мавриди зикр аст, ки ду давлатро ҳамзабонӣ, ҳамфарҳангӣ, тамаддуни муштарак ва мероси ғании пешина, новобаста аз вазъи сиёсии дохилию хориҷии кишварҳо ду миллатро ба ҳам мепайвандад. Ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон ҳанӯз дар охирҳои асри XX оғоз гардидааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон бори нахуст истиқлоли Тоҷикистонро пазируфта, 9-уми январи соли 1992 марҳилаи нави муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.

Воқеъаҳои муҳимми таърихи байни кишварҳо ин аст, ки сафари охири собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон шодравон Иброҳим Раиси ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ташриф оварда ҳамкориҳо дар заминаи саноат, маъдан, фанновариҳои ҷадид, транзит ва нафт густариш ёфтанд. Зиёда аз ин, ҳамкориҳои дуҷониба дар байни Тоҷикистону Эрон дар самтҳои улуми дақиқу техникӣ, аз қабили нано, биотехнология, тавлидоти петрокимиё, тавлиди доруҳои нав барои муолиҷаи беморони саратонӣ, таҷҳизоти пизишкии пешрафта ҷиҳати амали ҷарроҳии магз, доруҳои кимиёвӣ ва мукаммилҳои рушди тавлидоти кишоварзӣ тавсеа дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки рушди ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои хориҷӣ, дар асоси моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», яъне ташкили ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ, барқарор намудани робитаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг ба роҳ монда шуда, равобити фарҳангию адабӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи баланд қарор доранд. Зеро густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба дар байни Тоҷикистону Эрон бар шарикии табиии стратегӣ асос ёфтаанд.

Ногуфта намонад, ки аз 11 то 13 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе симпозиюми бахшида ба “Шашмақом” баргузор гардид, ки дар он ҳунармандон аз кишварҳои Эрон, Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ширкати фаъолона намуданд.

Дар ҳамин радиф намояндагони Вазорати фарҳанг аз 8 то 18 майи соли ҷорӣ дар 35-умин Намоишгоҳи китоби Теҳрон ширкат намуда, зиёда аз 150 номгӯи китобҳои илмӣ, бадеӣ, таърихи ва донишномаиро ба намоиш гузоштанд. Аз тарафи хонандагони Теҳрон китобҳои тозаи тоҷикӣ хело хуб пазируфта шуданд.

Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Эрон беш аз пеш густариш ёфта, миёни ду кишвар Комиссияи муштараки байнидавлатии иқтисодиву тиҷоратӣ амал мекунад, ки фаъолияти назаррасе дорад. Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои миёни идораву муассиса ва созмону ширкатҳои ду кишвар мушаххас карда шуданд, дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон бузург мебошад. То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 15 ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуда, дар ин замина айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 150 ширкати эронӣ фаъолият мекунанд.

Яке аз самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷиикистону Эрон дар соҳаи энергетика буда, татбиқи протокол оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» мебошад, ки соли 1995 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидаст. миёна дар ҳавзаи дарёи Варзоб дар мадди назари ҷонибҳо қарор доранд.

Дар соҳаи нақлиёту роҳсозӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар бунёди нақби «Истиқлол» («Анзоб») ва лоиҳакашии нақби «Хатлон» («Чормагзак») ва сохтмони марҳилаи дуввуми роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар ба чашм мерасад ба охир расидааст. Дар замони Истиқлол масоили муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида ва ҳамзамон санадҳои муфиди ҳамкориҳои соҳавӣ оид ба маориф, мудофиа, саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва гайра ба имзо расиданд. Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ низ назаррас аст. Мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон санадҳои дуҷониба ба имзо расонида, афзоиши табодули толибилмони ҷонибҳо пайваста мушоҳида мешавад.

Тоҷикистону Эрон ҳамчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, нозири Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай фаъолиятҳои муштарак доранд ва пайваста аз мавқеи ҳамдигар дар ин созмонҳо дифоъ мекунанд. Иҷрои бархе аз тарҳҳои иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон дар чорчӯби барномаҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) сурат мегиранд.

Марҳилаҳои таърихие ки дар муносибатҳо таъсир гузошт ва ба рушди ҳамкориҳои бисёрсамтаи ду кишвар мусоидат кард, ки чунин давраҳо дар бар мегирад:

-Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишваре мебошад, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳанӯз соли 1992 ба расмият шинохт;

-муносиботи дипломатӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг моҳи январи соли 1992 барқарор шуд.

-дар Душанбе сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки нахустин сафорати давлати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

-18 июли соли 1995 тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати кишвари дар шаҳри Теҳрон ифтитоҳ гардид.

-июли соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон сафари расмӣ анҷом доданд, ки зимни ин сафар «Ёддошти тафоҳум перомуни густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон» ба имзо расид

Ногуфта намонад, ки дар тӯли 33 соли истиқлолият Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон 15 бор сафари давлатӣ, расмӣ ва корӣ доштанд. Сафарҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар сатҳои олӣ буд, ки сатҳи робитаҳои гуногунҷабҳаи ду давлатро ба вуҷуд оварданд. Дар ин муддат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумзурии Исломии Эрон санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илм-маориф ба имзо расид. Айни замон тибқи маълумотҳои зиёда аз 180 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Шартномаҳои байни кишварҳо дар бунёди асосҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нақши ҳалкунандаро иҷро истодааст. Бояд қайд кард, ки санадҳои имзошуда ба таҳкими робитаҳои дарозмуддат мусоид карда, амалишавии онро ба тариқи лоиҳаҳо инъкос мекунем.

Дар тули Истиқлоли Тоҷикистон муносибатҳои Эрону Тоҷикистон на ҳама вақт ҳамвор буд лекин тафаккури солиму ҳамдигар фаҳми байни ду кишвар ниҳоят ғалаба кард. Нақши шодравон собиқ Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раиси дар ин раванд хело назаррас буда. Ҳангоми сафарашон чунин ибрози ақида намуда буданд: “Амнияти Тоҷикистон, амнияти Эрон аст. Боварии мо ин аст, ки ҳар гоме, ки дар ҷиҳати пешрафт дар кишвари Тоҷикистон бардошта мешавад. иззати ҳамаи мост. Дар ин ҷиҳат аз ҳеҷ ҳамкорие дареғ нахоҳем дошт.”

Ногуфта намонад, низоми раводид барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар ин иқдоми нек инчунин такони бузурге аст. Бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки дар оянда самтҳои афзалиятнок барои ҳарду кишвар, дӯстию бародари ҳамдигарфаҳмӣ дар ояндаи наздик дар соҳаҳои муҳими байнидавлатӣ ва байни ду халқҳои куҳантамаддун саҳифаи беназири муносибатҳо арзёбӣ мешаванд.

Санавбарбону Воҳидова, - мудири шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор

“Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ватаъмин намудани волоияти қонун мебошад”.

ЭмомалӣРАҲМОН

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳоипурмуҳтавои худ иброз доштаанд: “Тарбияи ҳуқуқӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат дар шароити амалишавии ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Он қисми таркибии тарбияи ахлоқию маънавии шахс, воситаи наздик гардонидани ҳар як узви ҷомеа бо арзишҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътирофшуда ба ҳисоб меравад”.

Аз ин лиҳоз, тарбияи ҳуқуқӣ омили муҳими рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Чунки дар Ҷумҳурии соҳибистиқлолу демократии Тоҷикистон тағйироти амиқ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 бараъло мушоҳида мегардад. Бемуҳобот метавон гуфт, ки маҳз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои зарурии бунёди сиёсати ҳуқуқӣ гузошта шуда, ҳамзамон ба ин васила дар давраи баъдиҷангӣ (соли 1997, ибтидои солҳои 2000) ҷиҳати татбиқи сиёсати нав дар соҳаи тарбияи ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва ватандӯстӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд, ки боиси ифтихор аст.

Бояд қайдкард, ки дарки зарурияти маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ҳамзамон афзун гардонидани нақши он дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди ҷомеаи инсонӣ, аз зумраи қонуншиканиҳо дар иҷрои Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, аз санаи 9-уми апрели соли1997 таҳти № 691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азсанаи 27-уми августи соли 1997 таҳти № 883 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва фаъолияти ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” дарҷ гардидааст.

Ҳамзамон дар ин замина шуруъ аз ибтидои солҳои2000-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозии сиёсати тарбияи ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа, махсусан соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табодули амиқеро ба вуҷуд овард.

Зеро ташаккули маърифат ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ масъалаи калидии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса равона карда шуда, инчунин дар ин замина як қатор санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки дар маҷмуъ яке аз тадбирҳои муҳиму судманд ва дархури ниёзҳои ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбанд.

Бемуҳоботметавон гуфт, ки таҷдиди шаклу усулҳои тарбияи ҳуқуқӣ дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ пеш аз ҳама, васеъ намудани имкониятҳои технологияҳоииттилоотию коммуникатсиониро тақозо менамояд. Рушду инкишофи ҷомеа, ҷустуҷӯи технология восита ва усулҳои навтарини тарбия ва таълимро талаб мекунад.

Мусаллам аст, ки дар ин замина омодагии шахс ба шароити нави иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва пайдо намудани решаҳои ташаккули ҷаҳонбинии он дар таносуб бо арзишҳои нави ҳуқуқӣ, ки имрӯз бо мушкилоти бештаре мувоҷеҳ шудааст, нақши таълиму тарбия ва ҳиссибаланди масъулиятшиносиро дар тамоми сатҳи ҷомеа афзун менамояд. Чунки тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбунёдва дунявӣ хидмат менамояд. Аз нигоҳи дигар, он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва вуруд шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ ва ҳуқуқбунёд равона карда мешавад.

Хулоса, метавон гуфт, ки нақши тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун омили муҳими пешрафти ҷомеаи навин дар тағйир ва ташаккули тафаккури шахс, эътирофи арзишҳои нави ҳуқуқӣ афзалиятнок буда, дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо мавқеи сазовори худро пайдо кардааст.

Алишер РАҲИМЗОДА н.и. ф.м, директори Институти математикаи АМИТ

Дар ҷомеаи муосир оилаҳо барои беҳтар намудани шароити зиндагии худ аз стратегияҳои гуногуни мутобиқшавӣ ба муҳити тағйирёбандаи ҷомеа истифода мебаранд. Яке аз чунин стратегияҳо танзими меъёрҳои иҷтимоӣ, махсусан, танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо мебошад.

Меъёрҳои иҷтимоӣ, мисли урфу одат, расму русум, анъанаҳо, маросимҳо аз замонҳои қадим муносибатҳои иҷтимоии одамонро ба танзим дароварда, бо ин восита тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамуданд. То асри ХХ ин меъёрҳои иҷтимоӣ ягона воситаи коммуникатсия ва ҳамгироии иҷтимоии одамон ба ҳисоб мерафтанд.

Албатта, ҳоло ҳам нақши анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар ваҳдату худшиносии миллӣ, якдигарфаҳмӣ, иттиҳоди мардум аҳамияти зиёди маънавию тарбиявӣ доранд, аммо дар тӯли асрҳо ба расму оинҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа моҳияти иҷтимоию маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мураккабу исрофкорӣ ва худнамошдиҳию хароҷотҳои беҳуда табдил ёфтаанд.

Анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар инкишофи ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстиву рафоқат, якдигарфаҳмӣ, меҳмонпазириву рӯзгордорӣ, ғамхориву шавқат ба ҳамдигар аҳамияти зиёди маънавию тарбиявӣ доранд. Вале чи тавре, ки нишондодҳо ва зиндагии имрӯзаи мо собит намуд, як зумра шаҳрвандон аз суннатҳои мардумиву миллӣ сӯистифода намуда, онҳоро чун воситаи худнамоӣ, шуҳратпарастӣ, ба даст овардани обрӯ ва ҳатто мартабаву мақом истифода менамоянд.

Исрофкорӣ ва афзудани ҳирси ман-манӣ боиси пастравии сатҳи маънавиёту зиндагии қисми зиёди мардуми камбизоат гардида, монеи пешравии ҷамъият ва давлат ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ, сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мегардад. Ягон ҷашну маросим аз маъракаҳои азодориву идҳо, балки ҷашни домодиву арӯсӣ ва хатнасуру зодрӯз қайдкуниҳои мардум низ рабту низом надоштанд ва ҳар кадоми он хисороти бузургеро ба буҷаи ҳар як хонавода ворид месохтанд. Баъдан, бо пешрафти илму техника, воситаҳои нави коммуникатсионӣ, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз 28 ин меъёрҳои иҷтимоӣ моҳияти худро гум кардаанд ва ниёз ба танзим доранд.

Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандон анъана ва ҷашну маросимҳоро воситаи худнамоӣ, шуҳратпарастӣ, ба даст овардани мақоми иҷтимоӣ истифода намуда, ба исрофкорӣ ва худнамоишдиҳӣ даст мезананд. Ин ҳолат, дар мадди аввал ба табақаи камбизоат паёмадҳои ногуворро ба бор меорад.

Мардуми ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо пурра хабардор нестанд, аз ҳад зиёд сермасраф гардидани баргузории ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Тақлидкорӣ ва рақобати бемаънӣ дар гузаронидани тӯю маъракаҳо боиси хароҷотҳо ва исрофкориҳои зиёд шуда, сабаби аз байн рафтани буҷети оилавӣ ва гирифторӣ ба қарзҳои вазнин мегардиданд. Аз сабаби паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфтанд.

Албатта, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош дорад, ки барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии шоистаро муҳайё созад. Бо ин сабаб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини зиндагии осудаи мардум бо аҳли зиё ва уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчи зудтар халос кардани мардум аз ин вазниниҳои сохта қабули қонун аст.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ‚Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 8 июни соли 2007 қабул гардид. Мақсади асосии қабули Қонун: паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани шарту шароити зиндагӣ ва рушди ҷомеа; ба талаботи замон мувофиқ сохтани анъанаҳои фарҳангӣ ва расму ойинҳои халқӣ; муҳофизат ва покиза нигоҳ доштани ҷашну маросимҳои анъанавии халқи тоҷик аз олудашавӣ бо унсурҳои ҷашниву маросимҳои бегона; ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми кишварамон; ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ, исрофкорӣ; расидан ба зиндагии шоиста; харҷи дурусти маблағҳои пулӣ ва мувофиқи мақсад масраф намудани он; аз байн бурдани хурофот ва ҳарзагӯиҳои ношоистаи иддае аз мардуми тангназар; ба як низоми муайяну муносиб муназзам сохтани танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва умумибашарӣ; ҳимояи ҳуқуқҳои иқтисодии шаҳрвандон аз харҷи беҳуда ва бемантиқ ва ғ.

Соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ‚баҳри баланд бардоштани масъулиятшиносии ҳар як узви ҷомеа, аз ҷумла шахсони мансабдори давлатӣ, роҳбарони муасисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҷиҳати бемайлон ва якхела иҷро намудани қонунҳо, мустаҳкам намудани интизом ва таъмини кафолати иҷрои амалигардонии талаботи қонуни мазкур нигаронида шуда, тағйиру иловаҳои зикршуда ба хотири таъмини амнияту суботи ҷомеъ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии қишрҳои гуногуни ҷомеа, сарфаву сариштакорӣ, мустаҳкам намудани интизоми иҷрокунандагӣ, аз ҷумла интизоми таълиму тарбия, баланд бардоштани масъулияти субъектони раванди таълиму тарбия ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шудааст. Ба ифодаи дигар, иҷрои қонуни танзими ҷашну маросим – усули устуворгардонии ин- тизоми давлатӣ ва суботи ҷомеъ аст.

Айни замон аз қабули Қонун 15 сол сипарӣ мешавад ва ин қонун ба ҷомеаи Тоҷикистон чи манфиатҳо овард. Пеш аз ҳама: расму оинҳои нолозиму хурофотпарастонаи зараровар тадриҷан аз байн рафта, шаҳрвандон имкон пайдо карданд, ки бештар ба масъалаҳои беҳтар намудани саломатӣ, шароити муносиби зист барои оила ва тарбияи фарзандон аҳамият диҳанд. Аз 70 номгӯй анъана ва ҷашну маросимҳо 55 номгӯй ихтисор гардида, имрӯз танҳо 15 номгӯи онҳо боқӣ мондааст. танҳо аз танзими дар маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра миллиардҳо сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст; бо амалӣ шудани Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, харҷи бисёре аз хонаводаҳо коҳиш ёфтааст; аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида барои садҳо нафар навхонадорон манзили истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо нафар шароити рӯзгори худро беҳтар намуд; хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули қонун се маротиба кам гардид. Мардум тавонистанд, маблағҳои зиёде ба пешбурди рӯзгорашон амонатгузорӣ намоянд; ба шарофати амали ҳамин қонун Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ татбиқ гардид ва сатҳи некуаҳволӣ баланд шуд.

Ба шарофати қабули ин қонун сатҳи камбизоатӣ аз 53%-и аҳолии соли 2007 ба 26,3%-и аҳолии соли 2019 омада расид; қабули қонуни мазкур тафриқаи иҷтимоиро низ кам намуд ва шумораи синфи миёна зиёд гардид; ҳамчунин, амали қонун барои кам гардидани забҳи чорвои калон ва хурд шароит фароҳам оварда, барои нигаҳ доштани чорвои наслдеҳ мусоидат намуда ба амнияти озуқаворӣ мусоидат намуд; ин қонун аҳамияти равонӣ низ дорад, зеро акнун ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи мо имкон пайдо намуд, ки ба муқаррароти Қонун такя намуда, маъракаашро бо хоҳиши худ бе истиҳола ва хиҷолатмандӣ гузаронад. Инчунин бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дасти давлат дар танзими маъмурӣ-ҳуқуқии ҷашну маросимҳои мардумӣ боз шуда, мақомоти идоракунии давлатӣ бо истифода аз усулҳои маъмурӣ тавонист шаҳрвандони худпараст, зиёдахоҳ, тақлидкорро тобеъ созад.

Тобеъсозӣ ин мафҳуми сирф мутеъ кардан, ғулом намудан набуда, ин имконияти ҳуқуқӣ ва воситаи (усули) таъсиррасонии субъекти махсус (мақомоти ҳокимияти давлатӣ) мебошад. Давлат тавасути мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад бо усул ва воситаҳои таъсиррасонии маъмурӣ иродаи қонунро ҳукмрон гардонад, ашхоси ҳуқуқваронкунандаро ҷазо диҳад ва дар ҳолатҳои муайян ҳуқуқвайронкуниро пешгирӣ намояд. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар замони қабл аз қабули қонун барои баргузории ҳамин миқдор маърака беш аз 1 миллиарду 203 миллиону 912 ҳазор сомонӣ маблағ лозим меомад. Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 692 миллиону 559 ҳазору 379 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида барои садҳо нафар навхонадорон манзили истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо нафар шароити рӯзгори худро беҳтар намуд. Ба шарофати амали ҳамин қонун гузариш ва гардиши сифатан нав «аз татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба татбиқи стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ имконпазир гардида истодаст.

Ҳамзамон, имрӯз аксарияти шаҳрвандон муносибати худро ба муқаррароти қонунгузорӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҷиддӣ намуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол зиёдаравию исрофкориҳо дар таҷлили ҷашну маросимҳо шаҳрвандон паст гардида истодааст. Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи 30 домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 692 миллиону 559 ҳазору 379 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида барои садҳо нафар навхонадорон манзили истиқоматӣ бунёд ёфта, садҳо нафар шароити рӯзгори худро беҳтар намуд. Дар воқеъ амали қонуни мазкур бо коҳиш додани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатиро дар байни 11 сол (солҳои 2007-2018) аз 53 дарсад то 30 дарсад кам кард. Ба шарофати амали ҳамин қонун гузариш ва гардиши сифатан нав аз татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба татбиқи стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ имконпазир гардида истодаст. Қонуни миллии ‚Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо‛ аз дастовардҳои ҳуқуқии даврони истиқлолият мебошад. Ба гузориши сомонаи Кумитаи дини Тоҷикистон дар пурсиши сотиологии ин мақомот дар соли 2021, ки 10 ҳазор нафар аз тоҷикистониҳо иштирок кардаанд, ‚наздик ба 92%-и аз ин афрод аз Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ҳимоят ва танҳо 3,4 дарсади афроди ширкаткунанда дар ин назарсанҷӣ бо ин қонун мухолифат карданд.

Мувофиқи ин пурсиши сотсиологии Кумитаи дини Тоҷикистон вобаста ба таъсири Қонуни мазкур ба буҷаи хонаводаҳо пурсидашудагон аксаран нақши онро мусбат арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла, 55,53% таъсири мусбат ба сатҳи зиндагии мардум гузоштани онро зикр намуда, 26,87% беҳтар гардидани имкони пасандози шаҳрвандонро интихоб намуда, 11,20% нақши онро дар бобати ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон мусбат дониста, 4,04% мусоҳибон ба назар нарасидани тағйироти мусбатро дар ин замина қайд карданд ва 2,36% (83 нафар)-и боқимонда фоида надидан ва баръакс бадтар шудани вазъро вобаста ба ин самт баён доштаанд.

Бо вуҷуди пешравиҳо, дар самти такмили меъёрии танзими маъмурии ҳуқуқии анъана ва ҷашну маросимҳо таҷриба нишон дод, ки ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа масъалаи мазкурро ба дурустӣ дарнаёфтаанд ва санадҳои мазкурро пурра риоя намекунанд. Аввалан фарҳанги ҳуқуқии як кисмати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад. Дар соли 2020 бар асоси ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон, бо баррасии 609 мавриди нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар додгоҳҳои ин кишвар, афроди мутахаллиф ба пардохти 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуданд.

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон эълом карданд, ки дар соли 2019 бар асоси ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистони 686 нафар ба иттиҳоми нақзи ин қонун маҳкум ба пардохти беш аз 3 миллиону 335 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ шудаанд. Аз натиҷаи таҳқиқоти сотсиологии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сабабҳои иҷро нагардидани Қонуни миллӣ аз ҷониби По х дод во 3% 26,9 11,2 4,0 Таъсири мусбат ба сатҳи зиндагии мардум мкони пасандози аҳрвандон беҳтар гардид арзандон ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта уданд Та йироти мусбат ба назар намерасад оида надорад 31 шаҳрвандон, мусоҳибон фикрҳои гуногуни худро иброз дошта, бештари онҳо надонистани қонуни мазкурро зикр кардаанд. Барои мисол, 51,79% мусоҳибон надонистани талабот ва муҳтавои Қонуни танзимро аз ҷониби шаҳрвандон дар иҷро нагардидани он муҳим арзёбӣ намуда, 13,84%-и дигар кам будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолиро зикр намуда, 12,85% пурсидашудагон риоя нагардидани онро аз ҷониби мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон қайд намуда, 12% амалӣ нашудани онро дар хешутаборбозиву ошнобозӣ дониста, 6,28% омили ҷой доштани фасодкориро зикр кардаанд ва 3,24% бошад дар ин замина назари худро иброз нанамудаанд:

Пешниҳод карда мешавад, ки бо мақсади дарки ҳамаҷонибаи қонунҳои миллӣ, ба хусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамаҷониба аз мазмуну муҳтавои ин қонун аз ҷониби омӯзгорон дар дарсҳои тарбиявӣ мувофиқи мақсад таҳлил карда шавад, мақсади асосии қабули қонун ва ҷиҳатҳои тарбиявии онро ба хонандагон дуруст фаҳмонанд. Дар интиҳо бояд қайд кард, ки қабули қонуни мазкур дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар ҳаёти маънавӣ, иҷтимоиву иқтисодии мардум ва ҳимояи манфиатҳои онҳо такони ҷиддӣ бахшид, итминони комил дорем, ки қабул ва такмили чунин қонунҳои миллӣ барои зиндагии шоиста ва некуаҳволии мардум саҳмгузор аст ва амалишавии функсияи иҷтимоии давлатро ҷоннок менамояд.

Шоисматуллоев Ш. – узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор, мудири шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ АМИТ
Барфиев А.М. – муаллими калони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дар оғози солҳои 80-ум бӯҳрони сохтори низоми коммунистӣ ва созмони давлатии Иттиҳоди Шўравӣ ба авҷи хеш расид ва дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум фурўпошии амалии онҳо сурат гирифт, ки ба навбати хеш сабабгори тағийроти амиқ ва ҳатто бунёди дар сарнавишти таърихии шомили иттиҳод ва низоми равобити байналмилалӣ гардид. Ҳангоме, ки дар бораи омилҳо, ангезаҳо, хислат, мазмун, умқ, ва авоқиби (қабатҳои) раванди таҳавулот ва фурўпошии Иттиҳоди Шӯравӣ диду назарҳо, қаринаҳо ва ақидаҳои мухталиф мавҷуданд пеш аз ҳама чунин таҳавулоти сиёсӣ ба сарнавишти Тоҷикистон таъсири бузург ва аслан хатарнок дошт, беҷиҳат нест. Баъзе «хасоили ҷавҳари» - и низоми сиёсї ва давлатии ИЉШС- ро, ки бо сабабгори аслии заъфи таърихию шикасти он низом маҳсуб мешавад, равшани андозем. Аммо ҷой додани ҳамаи он иттилооту меъёрҳои мавҷудаи он рисола берунаст. Бо вуҷуди ин таҳлил ва баррасии авомили умдатарине, ки асбоби таназзули иттиҳод гардидааст зарур медонем.

Ҷумҳурии Шӯравӣ, ки фарогири халқу миллатҳои гуногун буд, зери як низоми умуми давлатдорӣ пеш мерафт. Месазад бигўем, ки ҳамаи он кишварҳои бо ном бародар, ки худ дорои асолат, суннату анъаноти собит ва сарнавишти хоси таърихӣ буданд; иддае аз онҳо таҷрибаи чандинҳазорсолаи давлатдорӣ, худогоҳии ташакулёфтаи миллӣ ва ҳофизаи бузурги таърихӣ доштанд; ишора ба гуфтаи муаррихон ва ҷомеъашиносон, дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи арзишҳои дар боло зикр шуда истисно буда дар умум гуи миллати умумӣ иттифоқӣ, маҷмуаи миллати сиёси пеш мерафт, ки ин норозиги ашхоси бедордили он миллатҳои этникиро меафзуд.

Аз ин рӯ ИҶШС бо вуҷуди тазоҳури ваҳдат ва таҷалии қудрат зотан заъиф, ғайритабии ва ноустувор буд; ин заъфи бунёдии низом ҳанўз дар солҳои 30- ум дарк гардида буд. Инчунин яке аз омилҳои назаррасе, ки боиси тезонидани чунин таҳавулот гардид ин эъломи сиёсати нав дар иттиҳод маҳсуб меёбад.

Яъне ба сари қудрат омадани М.С. Горбачев ва эълом кардани сиёсати нав, ки «курси суръатафзои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ» унвон дошт, дар маҷмўъ равобит ва таъсири мутақобилаи ин авомили бунёдӣ, асосӣ, ҷузъӣ ва ҷори гардидани бурҳони сохтори низоми коммунистӣ ва созмони умуми иҷтимоии Иттиҳоди Шӯравиро амри қонунманд мусаллам намуда онро дар ниммаи аввали солҳои 80 – ум дар остонаи фурўпоши қарор доданд.

Баъд аз ҳам гусаста гардидани завлонаҳои давлати абарқудрати Шўравӣ, ки зодаи бузургтарин инқилоби иҷтимои асри ХХ ба шумор мерафт ба бунёди давлатҳои миллии соҳибистиқлол асос гузошт. Саъю кушиши мустаҳкам намудани дастовардҳои истиқлолияти сиёсӣ ва ба даст овардани истиқлоляти иқтисодию фарҳангӣ, эҳёи анъана ва одатҳои миллӣ ва дар ин замина баргаштан ба асолати хеш, кӯшиш дар ҷаҳони муосир дар бораи ҷойгоҳи худ иллати дар фазои сиёси собиқ давлати Шўрави сарзадани низоҳои шадиди миллию этникӣ ва минтақавӣ гардид. Тавре дар боло ишора шуд, чунин суръат гирифтани ҷараёни таърих вобаста ба шароити иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, маданию миллӣ давлатҳои тоза истиқлол ба муқобиляти оштинопазири сиёсӣ дар ниҳояти кор задухурдҳои мусаллаҳона ва ба ҷанги шаҳрванди оварда расонд. Роҷеъ ба ин мавзўъ мо дар фаслҳои алоҳидаии мақола маълумот хоҳем дод.

Фоҷеаи таърихӣ, ки халқи тоҷик аз сар гузаронд хеле даҳшатовар ва нангин буд. Албатта охири ҳар амали ношоиста пушаймониву ҳасрат аст. Хисороти моддиву иқтисодии ин ҷангро то ба имрўз кас дақиқ ҳисоб накардааст. Оре дар таърихи чандин ҳазорсолаи тамаддуни тоҷикон ин ҷанг хеле ҳам хунину ва аз он ҳам бештар нангинтар амсоле надоштааст.

Дар ин асно ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷикистониён хеле сангин шуда ахлоқу маданият низ хеле коста гардид. Гуфтан мумкин аст, ки хурдтарин ҳуқуқҳои инсони, ки озоди барои ҳаёт ва пеш бурди зиндагист поймол гардида буд. Аз он тараф миллати тоҷикро хавфи гуруснагӣ ва қашшоқи таҳдид мекард. Аз ҷониби дигар ҳукумати он вақтаро низ чунон бесару сомонӣ ва ноўҳдабароӣ гирифта буд, зеро тамоми дастгоҳҳо ва раванду гурўҳҳои амалкунандаи сиёсӣ ва давлатӣ хароб ва касиф гардида буданд. Дар ин ҳолати басо душвор масъалаи ба эътидол овардани шиорҳои ҷомеа ба миён омад. Ниҳоят баргузории иҷлосияи –XYI - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ба хотимаи он фоҷиаи таърихи нуқта гузошт ва баъди кушишҳо ва талошҳои ҳушдоргўшии миллати соҳибхирад хираду заковат бар кинаву адоват боло гирифта, ҷонибҳо роҳи ҳалли сиёсии ин қазияро ҷўён шуданд. Сулҳи тоҷикон низ бо шеваву усули бадастомаданаш дар таърихи тамаддуни башари ҳамто надоштааст.

Бори нахуст дар кишвари тозаистиқлоли тоҷикон 6-ноябри соли 1994 Кониститутсия (Сарқонун) ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва худи ҳамин рўз интихоботи президентӣ низ баргузор гашт. Бояд тазаккур дод, ки аз ин падидаи фараҳбахш сохт ба рўи мардуми азияткашидаи тоҷик доман густурд, ки чунин шахсияти соҳибтадбиру равшанзамирро чун Эмомалӣ Раҳмон сарвари худ интихоб намуданд.

Кӯшишу заҳматҳои ин марди фозил, ки баҳри ободиву зебоии ватан равона гардида буд самараи нек дод. Бешубҳа баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ, ки 27 – июни 1997 дар шаҳри Маскав ба тасвиб расид, ба Тоҷикистон ва мардуми ин сарзамин нерӯи тоза бахшида рўз аз рўз обод гардид. Аз ваҳдати милли садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омаданд ва роҳҳои замонавӣ, иншооту коргоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, ободиву навсозии бисёр дар ҷанбаҳои зиндагии пешвар ба рўйдодҳои муқарарӣ табдил меёбад. Бо вуҷуди он ки ҳоло ҳама мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ҳал нашудаанд ва масъалаҳое дар ҳаёти сиёсӣ ҷамъиятӣ буданд, ки ҳалли худро пайдо накарданд ва онҳо низ дар навбати худ сарнавиштсоз ва умдатарин буданд. Ҳамкории давалати Тоҷикистон бо бузургтарин давлатҳо, ҳамсоягон, кишварҳое, ки афзалияти ҳамкору равобити бисёрҷонибаро бо ватанамон дарк намудаанд, доираҳои васеъи мавзӯҳо, бахшҳо риштаҳо ва мавзўҳои дигари иқтисодию иҷтимоиро фаро мегирад.

Ваҳдати ҷомеъа барои ҳамагон асоси ифтихори ватандорӣ, шаҳрвандӣ ва фарзанду зодаи ин сарзамини пурфайз будан аст. Чи хуш аст, ки ҳар кору пайкор, ҳар иқдому нияти ҳамватанон ба хотири таҳкими он мебошад.

Тоҷикистон дар даврони бозсозӣ

Чуноне, ки дар боло ишора шуд, охири солҳои 70 –ум ва нимаи аввали солҳои 80 – ум дар мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омада бошад ҳам, вале дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ костагиҳои ҷиддӣ дида мешуд. Ин камбудиҳо дар таърихи давлати шўрави бо номи «карахтӣ» маълуманд. Ҷараёнҳои манфӣ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва ҳаёти маънавӣ вуҷуд доштанд.

Зуҳуроти бештари манфиро на аз сохтори сиёсии мамлакат, балки аз тарзи идоракунии он дида мешуд. Мувофиқи конститутсияи мамлакат, ки Ҳизби Коммунисти идораи сиёсӣ ва пешбарандаи ҷамъият маҳсуб мегардид ба бўҳрон кашида шуд. Сохтори идоракунии ҳизбро бюрократизм фаро гирифта, дар услуби идоракунии он камбудиҳои ҷиддӣ ба амал омаданд.

Масалан, аз идораҳои боло ба ташкилотҳои ибтидоӣ фармон меомад, ки чанд нафар мард ва ё зан ба сафи ҳизби коммунист қабул карда шавад. Азбаски ба вазифаҳои калони ҳизбӣ, давлатӣ, ва хоҷагӣ асосан аъзоёни ҳизб пешбари мешуданд, бинобар ин шахсони белаёқату мансабпараст бо ҳар роҳе ба ҳизб дохил шуда соҳиби мансаб мегаштанд.

Дар роҳбарии ҳизб ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ камбудиҳо дида мешуданд, яъне мустақилии онҳо ба назар гирифта намешуд. Чунончи танҳо баъд аз дар Кумитаи Марказии ҳизб маъқул донистани рўзнома, пленуми КМ ҲК Тоҷикистон баргузор мегардид. Ҳамин тавр мустақили ва фаъоляти ташкилотҳои ҷамъияти маҳдуд карда шуда, раҳбарии ҳизб меафзуд. Дар мамлакат қонуниятҳои сотсиалисти вайрон гардида, гунаҳкорон ба ҷазои ҳизбӣ маҳкум карда мешуданд ва ё ба дигар курсӣ менишастанд. Муаммоҳои миллӣ, аз ҷумла ба ҷои муқимиашон баргардонидани тоторони Қрим, туркҳои месхети ва ғайра вазъият торафт тезу тунд мегардид. Воқеъаҳои охири солҳои 80 – ум дар кишварҳои назди Балтика, Кавказ, Молдова, хусусан ВМК Қарабоғ низ гувоҳӣ медод, ки дар ҳалли муносибатҳои миллӣ чораҳои таъҷилӣ андешидан зарур буд. Дар Тоҷикистон низ соли 1989 дар сарҳади н. Исфара бо Баткенти Қирғизистон дар ҳалли масоили замин мушкилоте рух доданд. Ин воқеаҳо ташкилотҳои давлатию ҳизбиро вазифадор мекунад, ки бо ҳалли масоили миллӣ – этникӣ диққати махсус диҳанд.

Возеҳ аст, ки дар Тоҷикистон шумораи ҷавонон, алалхусус занон зиёд буда, қисми проблемаҳои онҳо солҳои тўлони ҳал нагардидаанд. Хусусан ҷавонони бе ихтисос наметавонанд бо кор таъмин гарданд ва сарҳисоби бекорон сол аз сол зиёд мешуд. Қисми ҷавонзанони маҳаллӣ низ бо ҳамин сабабҳо маҷбуран хонанишин буданд. Ҳамин тавр вазъи бўҳрони дар самтҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ ба амал омад. Вазъи бӯҳрони соҳаи иқтисодиёт дар он намоён шуд, ки аз як тараф идоракунӣ ва назорат аз болои коргоҳҳои истеҳсолкунанда суст шуда аз тарафи дигар дар сари вақт ҷори нагардидани техникаи нав ва технологияи пешқадам, паст шудани ҳосилнокии меҳнат, ҳавасмандии моддӣ, риоя накардан ба низоми истеҳсолӣ ва ғайра ҷой доштанд.

Дар Тоҷикистон сол аз сол барои сохтумонҳои саноатӣ ва маишӣ мабнои ҷудошуда аз худ карда нашуд. Баъзе объектҳои калони истеҳсолӣ аз қабили туннели роҳгузар, ки ҷануби кишварро бо шимоли он бояд мепайвандид аз нақша ба нақша гузаронида шуда, баъд умуман аз рўзнома бардошта шуд. Муносибати хунукназарона нисбат ба моликяти ҷамъиятӣ – давлатӣ зиёд гардида, дуздӣ меафзуд. Чунин вазъият ба сатҳи зиндагии шаҳрвандон таъсир расонида, дар маҳалҳо норозигии гурўҳҳои иҷтимоиро ба амал меовард. Дар соҳаи иҷтимоӣ костагиҳои зерин – паст шудани сатҳи худфаъолияти шаҳрвандон, вайрон кардани адолати иҷтимоӣ, инкишофи тамоили кор накарда аз ҷамъият бештар гирифтан ва ғайра мушоҳида мегардид. Дар бахши маънавият ба корҳои тарбиявӣ мушкилӣ ва камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доштанд. Аз ҷумла, дар ҷумҳури ҷинояткорӣ, ришвахўрӣ, қаллобӣ, маҳалгароӣ, чизпарастӣ, бадмастӣ, нашъамандӣ ва умуман ахлоқи ҷомеъа то андозае паст гардида буд. Инчунин дар тамоми сохтори амалкунандаи сиёсӣ садоқати сухан ба амал дида намешуд. Аз ҷониби дигар ақоиди яккаидеологӣ, синфият, партавият (ҳизбият) имконият намедод, ки гуногунандешӣ амал кунад. Дар соҳаи фарҳанг низ рафтори кӯр –кӯронаи ғарбгароӣ дида мешуд.

Вазъи бӯҳрони ҳаёти сиёсӣ кишварро фаро гирифт. Муҳимтарин масоили давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ аз ҷумла ҳалли ихтилофҳо дар муносибатҳои миллӣ кўшиши аз роҳи ғайридемократи ҳал кардани онҳо, ҷуста мешуд. Вуҷуд надоштани бакорбари дар қабул кардани қарорҳо, риоя накардан бо қонунияти сотсиалистӣ ба сохтори сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонд. Бар хилофи ҳизби коммунистӣ дар кишвар қувваҳои опозитсионӣ тарфи фаъоляти худро зиёд менамуданд. Чунончӣ, дар Тоҷикистон ҳаракати «Растохез» ва «Рӯ ба рӯ», созмону ҳизбҳои гуногун ба амал омаданд, ки онҳо роҳҳои тағйир додани вазъи сиёсиро пешниҳод мекарданд.

Дар сиёсати хориҷӣ низ камбудиҳои ҷиддӣ рух доданд, ки ба обрўи Иттиҳоди Шӯравӣ таъсири манфӣ расонид. Масъалаи дахолат ба корҳои дохилии Афғонистон эътибори Иттиҳоди Шӯравиро дар арсаи байналхалқӣ паст намуд. Омилҳои хориҷӣ таъсири худро инчунин ба вазъи дохилии кишвар мерасонад. Аз ҷумла муносибатҳои иқтисодӣ, илмӣ - техникии Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои ғарб имконият овард, ки ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоии кишварро мутамоил гардонад.

Бозсозӣ дар ҷамъияти шӯравӣ (аз моҳи апрели соли 1985 оғоз ёфтааст) Комитети Маркази таҳти сарварии Котиби Генералии ҲКИШ М.С. Горбачёв қарор кард, ки дар мамлакат азнавсозии ҷамъияти социалистӣ гузаронида шавад. Мақсади бозсозӣ хотима додан ба вазъи бўҳронӣ дар кишвар, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, дар истеҳсолот қонеъ гардонидани талаботи рўзафзуни мардуми шўравӣ, барҳам додани боқимондаҳои сохтори роҳбарии фармонфармоии маъмурӣ ва минбаъд инкишоф додани равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ буд. Бозсозӣ мебоист ҷамъияти сотсиалистиро такмил дода, камбудӣ ва мушкилиҳоеро, ки садди роҳи он меистоданд барҳам медод.

Дар ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ ва давлатӣ зарурати обективии ба амал овардани бозсозӣ исбот гардида, равандҳои асосии он муайян шуданд. Ин ислоҳоти пулӣ мебоист соҳаи сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ, тарбия ва муносибатҳои байналмилалиро дар бар гирад. Яке аз равандҳои сиёсии асосии бозсозӣ ин демократикунонии ҳаёти кишвар буд. Баъд аз ҳар як ҷониб механизми боэътимоде барпо карда мешуд, ки мувофиқи он шаҳрвандон дар ҳалли масоили давлатӣ- ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда тавонанд ва аз тарафи дигар ҳуқуқи инсон поймол нагардида барои онҳо фарҳанги сиёсии умумибашарӣ дастрас гардад. Конфренсияи – ХIХ-уми ҳизб қарорҳоро «Дар бораи демократиккунони ҷомеъаи шўравӣ ва ислоҳоти сохтори сиёсӣ» - ро қабул кард, ки онҳо стратегия ва тактикаи демократикунони ҷамъияти шўравиро муайян мекарданд.

Дар консепсияи демократикунонии ҷомеъа ошкорбаёнӣ мавқеъи муҳимро ишғол мекард. Ошкорбаёнӣ дар чорчўбаи қонун амал карда бояд ба воқеъаҳои ба амал омада холисона баҳо медод. Ба туфайли ошкорбаёнӣ дар коллективҳои меҳнатӣ андешаҳои ҷасурона ба амал меомад. Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани плюрализми сотсиалистӣ оҳиста–оҳиста сохтори бисёрҳизбӣ ва тамоюли худмуайянкунӣ ба миён омад.

Дар мамлакат аз шеваҳои фармонфармоии маъмурӣ даст кашида ба сохтори нави интихобот аз рўи масоили ҳаётан муҳим, райъпурсӣ (референдум) ҷорӣ гардид. Амалӣ гардидани ошкорбаёнӣ имконят дод, ки шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, китобҳо ва филмҳои «махфӣ» шинос шуда ҳақиқатро донанд. Шахсоне, ки солҳои шахспарастӣ ҷазои сиёсӣ дида буданд, номи неки онҳо барқарор гардид. Бозсозӣ инчунин дар ҳалли масоили байналхалқӣ ба амал омад. Мувофиқи афкори нав роҳҳои ба мамлакатҳои капиталистӣ ҳамкорӣ намудан ва мустаҳкам намудани сулҳ пайдо гардиданд.

Анҷумани 20 –уми ҳизби коммунисти Тоҷикистон (январи соли 1986) сиёсати бозсозиро дастгирӣ намуда барнома ва ҳадафҳои амалӣ гардонидани онро муайян кард.

Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва ташкил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиҳлол дар ҷумҳури тадбирҳои мушаххас оид ба барҳам додани бўҳрон ва аз навсозии ҷомеаи нав андешида шуданд.

Тоҷикистон дар оташ

Воқеъаҳои фоҷеавии аввали солҳои 90- уми асри сипари шуда ҳамчун саҳифаи сиёӣ ва даҳшатангез ба авроқи таърихи халқи тоҷик дарҷ гардидааст. Ин воқеъаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу маҷаллаҳо бо чунин номҳо: «ҷанги бародаркуш», «ҷанги шаҳрвандӣ», «ҷанги минтақавӣ», «ҷанги худкушӣ» ва ғайра ифода меёфтанд.

Ҷанги ба вуқӯъ омада сабабҳои обективӣ ва субективии худро дошт. Аввалан дар рафти бозсозӣ, чӣ дар миқёси собиқ шӯравӣ ва чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои иқтисодӣ ба амал омаданд. Аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурўш нарафтани баъзе маҳсулот, сари вақт пардохт нашудани маош ва нафақа, зиёд шудани миқдори бекорон то рафт норозигиро дар минтақа бештар мекард. Дар ибтидои солҳои 80–ум норозигии иҷтимоӣ шиддат гирифт, мардуми баъзе аз ноҳияҳо ба озуқаворӣ, либос, пойафзол ва маҳсулоти дигари талаботи ҳамарӯза муҳтоҷӣ мекашиданд.

Ноҳамвории тараққиёт, сӯистеъмоли аз вазифа ва вайрон кардани қонуният дар маҳалҳо, инкишофи ришвахўрӣ, дуздӣ низ норозигии халқҳоро меафзуд ва ҳамин тавр дар ин заминаҳо ба пухта расидани воқеъаҳои фоҷеавӣ ва сар задани он як шўъла лозим буд. Дар ҷараёни демократикунонии ҷамъият ошкорбаёнии аҳзоби нави сиёсӣ, аз ҷумла демократҳо ва ҳизбҳои дигар ба майдон омаданд, ки аз норозигии ба вуқўъ омада истифода бурдан мехостанд, ки барномаҳои худро тадбиқ кунанд. Пўшида нест, ки ба ин кор як гурўҳ қувваҳои хориҷӣ даст зада, барои ба амал омадан ва авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ҳиссаи худро гузоштанд.

Дар чунин вазъи мураккаби иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ рўзҳои 5-6- феврали соли 1990 дар ш. Душанбе ва атрофи он овозаҳо дар бораи ба Душанбе омадани гурўҳҳои муҳоҷири арман пахш гардид.

Муносибатҳои ҳукуматдорон нисбат ба ин овозаҳо аҷиб ва дар асл ғайримасъулона буд. Ин амали ҳукуматдорон ба овозаҳои дар байни мардум паҳн гашта хислати бештари ақлӣ бахшид ва рўзҳои 9-10- феврал ин овозаҳо фазои шаҳрро чун абри сиёҳ пўшонида гирифтанд ва боиси ба шўр омадани оммаи халқ гардид.

Дар рўзи якшанбе 11-феврали соли 1990 садҳо ҷавонон дар майдони назди бинои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва маълумоти возеҳеро дар мавриди гурезагони арманӣ тақозо доштанд то аз ҷониби ҳукуматдорон шунаванд ва ҳақиқатро донанд. Ба назди онҳо Қаҳҳор Маҳкамов баромад ва изҳор дошт, ки ин овозаҳо асос надоранд. Дар байни ҷамъомадагон ҷавонони хунгарму ифротӣ низ буданд, ки ба унвони Қаҳҳор Маҳкамов суханони дағалу таҳқиромез гуфтанд ва ҳатто ҷониби ӯ калушро партоб намуданд. Ин албатта бисёр нохуб ва хатаромез буд. Қаҳҳор Маҳкамов ин вазъиятро шояд ҷиддӣ дарк кард ва ба ҷамъомадагон ваъда дод, ки барои тафтиши чунин овозаҳо комиссияеро созмон хоҳад дод ва натиҷаи кори ин комиссияро ба онҳо иттилоъ хоҳад дод. Аз ин хотир издиҳоми одамони нигарон пароканда шуданд. Ҳукуматдорон комиссияеро ташкил доданд, ки ба ҳайати он раиси комиҷрояи ш. Душанбе Мақсуд Икромов ва муовини вазири Адлия Халифабобо Ҳомидов шомил буданд.

Аз сабаби бемасъулятии ҳукуматдорон натиҷаи ин тафтишот, ки барои хориҷ кардани муҳоҷирони арманӣ аз ш. Душанбе равона гардида буд, ба тариқи ахбори умумӣ иттилоъ дода нашуд ва чораҳои маҳдудсози майдон низ тарҳрезӣ нагардид.

12-уми феврали соли 1990 дар назди бинои ҷониби муқобили қасри Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон даҳҳо ҷавонон, ки аксарашон 16-18-сола буданд ҷамъ омаданд. Дар майдон ба истиснои як мошини сабукрав касе ва ё чизе набуд. Дар муддати ҳамагӣ 70–дақиқа аз самтҳои гуногун садҳо ҷавонони дигар майдонро нигоштанд ва талаб мекарданд, ки ба наздашон Қ. Маҳкамов барояд, вале аз ў нишоне набуд. Баъди чанд дақиқа аз бинои КМ ҲК Тоҷикистон муовини раиси Шўрои Вазирон Отахон Латифӣ берун омада ба ҷамъомадагон муроҷиат намуд, вале овози ў шунида намешуд ва ў зуд дохили бино гардид. Баъди ин аз дари асосии бино теъдоди нисбатан зиёди милитсанерони сипардор берун гардида талош карданд, то ин ки сафҳои аввали ҷамъомадагонро аз зинаҳои назди дарвозаи марказӣ ба қафо гардонанд. Вале ин амал ки зимни он аз чўбдастҳо истифода шуд, натиҷа надод. Ҳангоме, ки мақомоти қудратӣ пеши роҳи ин ошӯбро гирифта натавонист, пас чӣ гуна тасаввур метавон кард, ки он майдон ба чи ҳол гирифтор буд.

Ҳарчанд ҳукуматдорон бо роҳҳои дигар кўшиш карданд натиҷа надод ва оқибат ба фишори мусаллаҳона ва тирпаронии шадид оварда расонд. Дар ин лаҳза майдон пароканда шуд, вале аввалин талафоти ҷонӣ дар ин майдон оғоз гардид, ки минбаъд дар ҷараёни ин фоҷеъа номи майдони «Шаҳидонро» гирифт.

Шоми 12-уми феврал шоми даҳшатнок буд. Тарсу ҳарос ҳамагиро фаро гирифта буд. Тавассути телевизион раиси Шўрои Вазирон Иззатулло Ҳаёев, вазири корҳои дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов ва муовини вазири адлия Х. Ҳалимов баромад карданд. Онҳо қарори ҳукуматро дар бораи эъломи вазъияти фавқулодда дар шаҳри Душанберо қироат карданд ва изҳор доштанд, ки мақомоти давлати ба муқобили ин амали ғайриқонунӣ фаъолона мубориза хоҳад бурд. Вале вазъият ҳамоно даҳшатнок буд.

Субҳи 13- феврал майдони назди КМ ҲК Тоҷикистон ва гузарҳои атрофи он бо милитсионерон печонида шуда буд. Садои тирпаррони як – як ё гурўҳ – гурўҳ ба гўш мерасид. Худи ҳамон рўз дар майдон заду хӯрдҳои шадид ба амал омад. Дар ин ҳолати басо нангин ҳукумат техникаи вазнинро вориди шаҳр кард. Бенизомиҳо ва аъмоли тахрибгарона вусъат гирифт. Бо истифода аз ин вазъ дастаҳои мутташакилонаи ҷинояткорон ва мафияи савдо ба ғорату оташзании муассисоти тиҷоратӣ ва савдо даст заданд. Хатари табдили ин воқеъот ба фитнаи бузург ва ҳараҷу мараҷи калон миқёси амри тақрибан яқин мешуд. Сардорон, ки қудрату тавони идораи воқеъотро аз даст дода буданд ва ваҳшатзада низ буданд ба амали хатарноктар даст заданд. Дар нимаи рўз Қ. Маҳкамов ва Ғоибназар Паллаев бо ранги парида ва ваҷоаҳати ваҳшатзада аз тариқи телевизион изҳор доштанд, ки онҳо аз идораи воқеъиёт оҷиз монданд ва бетартибӣ миқёси умумӣ мегардад ва мардумро даъват карданд, ки мусаллаҳ шаванд ва худро муҳофизат намоянд. Ин амал ба ҳайсият ва эътибори поиномадаи идораи давлат зарбаи ниҳоят сахт ва тақрибан марговар зад.

Шаби 13-14- феврали соли 1990 шаби даҳшатовар буд. Авзои шаҳр ҳамоно мутташанниҷ боқи мемонд.

Тайёраҳои ғўлпайкари ҳарбӣ пайи ҳам силоҳ, техника, қитаъоти низомиро ворид мекарданд ва садои онҳо шаҳриёнро ба ваҳшат меандохт. Тақрибан дар ҳамон лаҳзаҳо дастаҳои дифои худташкил фаъолияти худро оғоз намуданд. Онҳо падидаҳои мураккаб ва муттаззод буданд.

Субҳи 15- феврали соли 1990 рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» матни протоколи тарафайнро нашр кард, ки барақсо паҳн шуд. Аз соати 8-и субҳ дар чанд нуқтаи шаҳр (майдони Ленин, хиёбони назди бозори «Баракат» ва чорраҳаи назди хонаи матбуот) гурўҳҳои бузурги ҷавонон ва умуми шаҳриён ҷамъ омаданд ва гирдиҳамои оғоз карданд. Ин гирдиҳамомадагон муташакилтар, огаҳтар ва мунтазамтар буданд, вале доир кардани чандин митинг ба таври айни боиси заъфи умумӣ мегардид.

Субҳи 18- уми феврал гурўҳҳои бузурги ҷавонон ба самти майдони Ленин равон шуданд, гурўњњои аввал аз самти љануб њаракат дошт ва дар чорањаи хонаи матбуот ба садди тасхирнопазири низомии мусаллањ ба танкњо рў ба рў шуданд. Гурўҳҳои бузургтар дар назди меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷамъ омада буданд ва пеши роҳи онҳо низ бо техника ва низомиён гирифта шуда буд. Шумораи мардум меафзуд ва вазъ торафт хатарнок мешуд. Дар чунин вазъи ҳасос аз пойгоҳи низомӣ, ки дар оғози ин кўча ҳамаги дар фосилаи 200 -300 метр қарор дошт ҳаракати танкаҳо сар шуд, Онҳо ба сўи гирдиҳамомадагон, ки онҳоро милитсианерон иҳота карда буданд, басуръат ҳаракат карданд ва дохили издиҳом шуданд. Ҷамъомадагон маҷбур шуданд худро ба панҷараҳои Боғи истироҳатии марказӣ фишоранд, дар аксари он зери танк мемонданд. Тақрибан 5-7 дақиқа танкҳо бо ғулғулаи дуди сиёҳи худ ваҳшат меафканданд.

Байни сарнишинҳои танкҳо ва фармондеҳонашон муколимаи шадид ҷараён дошт. Кўчактарин иғвогарӣ ва амали бе андеша боиси қурбонии даҳҳо ва ҳатто садҳо одамон гардида метавонист. Хушбахтона чунин нашуд. Тарафайн розӣ шуданд то гирдиҳамоӣ дар майдони кохи Борбад доир гардад. Мавҷи бузурги одамон мисли рўди хурўшон аз тарафи хиёбони Исмоили Сомонӣ њаракат дошт ва назди кохи Борбад ҷамъ шуд. Дар ин ҷо тақрибан 25 – 30 ҳазор нафар гирд омада буд. Раҳбари ин ҷамъомадагон Д. Худойназаров буд.

Ҷанг ба ҷомеъа ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ зарар расонида талафоти хеле калони инсониро ба амал овард. Дар ин хусус президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин навиштааст: «дар натиҷа садҳо биноҳои маъмурию иқоматӣ, дабистону кўдакистонҳо ва деҳаҳои бутун валангор шуданд. Торафт талаву тороҷ авҷ гирифт. Маҳсули меҳнати солҳо ҷамъ овардаи мардум ба яғмо рафт. Зарари моддии ба ҷумҳури расидаи ҷанг бештар аз 7 милярд доллари амрикоиро ташкил дод».1

Хулоса ин ҷанг сабақи талоши таърихи буда метавонад. Бинобар ин талош варзидан зарур аст, ки ҷумҳури ба он роҳ надиҳад.

Фронти халқии Тоикистон дар якҷояги бо сарбозони ВКД ва комитети амният 10 – декабри соли 1992 пойтахти ҷумњурӣ шаҳри Душанберо зери назорат гирифтанд.

Тавре, ки дар боло ишора шуд дар натиҷаи чунин митингҳо ва гирдиҳамоиҳо кушторҳои пай дар пай ба амал омада ва ба сабабҳои обективию субъективи ҷумҳуриро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид.

Бо мақсади хотима додан ба ин фоҷиаҳо ҳукумати ҷумҳури эътилофӣ (коалисионӣ) ташкил шуд. Чун тазаккур дода будем, ки ҳукумати мазкур аз ўҳдаи хомуш кардани воқеъаҳои сиёсӣ баромада натавонист ва моҳи июни соли 1992 амалиёти ҷанги сар то сари кишварро фаро гирифт. Иғвоҳои сиёсӣ ба он оварда расониданд, ки дар байни шаҳрвандон заду хурд ба амал омад ва одамони бегуноҳ кушта шуданд. Ҳазорон шаҳрвандони республика ҷою макони истиқоматии худро тарк намуда ба давлатҳои Афғонистон, Узбекистон, Туркманистон, Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ фирор карданд. Кас бовар намекунад, ки халқи тоҷик дорои фарҳанги бою қадима ба худкуши роҳ дода бошад.

Ҳамин тариқ воқеаҳои рўзҳои 11-18 уми феврали соли 1990, ки номи «воқеаҳои феврали» ва «фоҷеаи февралиро» ба худ гирифт, дар асл зангўлаи хатари ҷиддӣ ва сароғози бўҳрони тўлонӣ ва баъдан хунин гардид.

Аз инҷост, ки ин бўҳрони сиёсӣ яке аз сабабҳои ҷанги хунин шуда монд ва пас аз ин дар кишвар азҳоби мухталифи сиёсӣ ба фаъолияти ошкоро ва манфиъатгуна шурўъ карданд, мисли ҳизбҳои демократӣ ва ғайра байни шаҳрвандон кори сиёсиро пеш гирифтанд. Онҳо аз 26- уми март то 26 уми майи соли 1992 митинги фавқулодаро ташкил намуданд, ки зери шиорҳои сиёсии зидди ҳукумат ва бо дастгирии Хизби наҳзати ислом мегузашт. Мубориза бо митинг маҳдуд нашуда аъзоёни ҳукумат ва парлумонро гаравгон гирифтанд. Дар ҷавоб моҳи майи соли 1992 дар майдони «Озодӣ» митинг барпо гардид, ки он мавқеъи ҳокимияти конститутсиониро дасгирӣ намуда раиси ҷумҳурро ҳимоя мекард.

Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар тӯли ин фосилаи начандон бузурги таърихӣ, ки дар мамлакат ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барқарору устувор гардидани он лозим ва зарур буд, сабабгори зотиву ҷавҳари ин ниҳоди олӣ - сулҳу субот аз ташабусҳои наҷибона, заҳматҳои ҷонфидоёна ва амалҳои қаҳрамононаи сарвари давлати тозабунёди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва аз иқдомҳои ватанпарастонаи ў сарчашма гирифтанд.

Таърих гувоҳ аст аз ин рўзҳо, ки бар сари миллати азияткашидаи тоҷикон омада дуди оташи ҷанг ва бесару сомониҳо ба фалак расида буд. Ин ҳодиса беҳокимятӣ ва парокандагии миллатро ба вуҷуд овард. Вазъият дар акси нуқоти Тоҷикистон бад ва мутташанниҷ гардида буд. Амнияти халқ ва ҳукуматро ҳеҷ мақомоти давлатӣ таъмин карда наметавонист. Аз ин рӯ ҳеҷ кас аз ашхоси намоён нахост, ки зимоми ҳукуматдориро ба ўҳда бигирад ва онро ба эътидол оварад. Чунин вазъият боиси он гардид, ки дар миёни як сол ивазшавии ду раиси ҷумҳурӣ гардид. Вале дигар он кӯшишҳо торафт аҳволи ҷомеъаро то рафт бад мегардонд. Бинобар ин чунин суръат гирифтани вазъият вакилони мардумиро ба хулосае овард, ки иҷлосияи 16- уми Шўрои Олиро тарҳрезӣ кунанд. Аммо аз сабаби он, ки дар пойтахти кишвар вазъият хеле мураккаб ва ногувор буд гузаронидани иҷлосияи мазкур ба онҳо даст надод. Аз он ҷиҳат оромии нисбӣ, ки дар вилояти Суғд ҳукумфармо буд вакилони мардуми ба қароре омаданд, ки ин иҷлосияро дар ш. Хуҷанд гузаронанд. Ин ҳодиса дар таърихи 16 –ноябри соли 1992 ба вуқўъ пайваст ва дар таърихи халқи тоҷик нақши муҳимеро гузошт. Дар натиҷа шоҳроҳи наве барои миллати тоҷик боз гардида аз миёни вакилони мардуми Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Эмомалӣ Раҳмонов аз оғози фаъолияташ дар ҷаласаи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардида, сипас аз тариқи райпурсии умумихалқӣ ба вазифаи президенти кишвар дастболо шуданд ва масъуляти вазнини идораи ҷумҳуриро ба ўҳда гирифтанд.

Хулосаи он талош ва қабул кардану дар амал татбиқ кардани он самараи нек ба бор овард. Натиҷаи иҷлосияи мазкур зина ба зина аз ҳолати мусаллаҳона рў ба оромӣ нигаронидану ҷамъ намудани ҷомеъа оғоз гардида, тақвият ёфта дар устувор гардидани иттиҳоди тамоми қавму миллатҳои сокини кишвар таъсири мусбат расонида бо назар дошти аҳамияти иҷтимоию сиёсӣ пайдо кардани он ба хусус тафоҳуми байни кишварҳои мухталифи фаъолят дошта таъсири мусбат мерасонад.

Тавре, ки дар боло ишора кардем, дар таърихи миллати тоҷик он фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромушнашудани ва хунангез сабт шудааст, то насли имрўзу фардои миллати тоҷикро сабақи зиндагӣ гардида бошад.

Бешубҳа Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз кард. Маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз ягонагии миллатро таъмин намуда дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеъа мебошад рўи кор овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалии Раҳмон, ҳанўз соли 1993 нақш ва мавқеъи иҷлосияро ба сифати рўйдоди сарнавиштсози миллат муайан кард, зеро он дар кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард.

Дар иҷлосия ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба ўҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Сиёсати хирадмандонаи сардори давлат назми ҷомеъаро ба вуҷуд оварда мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Ҳма пешрафту нумуи давлати феълии Тоҷикистон аз фазлу баракати иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Хулоса давлати навтаъсисе, ки ба миён омад фаъоляти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф ва баргардонидани гурезагон таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид, ки мо роҷеъ ба қарорҳои фавқ дар фасли сони хабар хоҳем дод. Хулоса ҳар рўзе, ки сипарӣ мешавад барои мо як навъ азхудкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеъаи демократию дунявиро даъват мекунад. Вазифаи ҳар фарди ҷомеъа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кул ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистон саҳми худро гузорад зеро:

Одами аз дўстӣ ёбад бахт,

Душмани орад ба мардум рўзи сахт

Ваҳдати миллӣ - шукуфоии Ватан

Хуррамию хушдили дар ин ҷаҳон аз ваҳдат аст,

Хандаю ободии ҳар хонадон аз ваҳдат аст.

Оре, ваҳдат ба инсоният танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дўстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меорад. Пас, ҳамин ваҳдат аст, ки моро барои расидан ба мақсаду орзўҳои дар пешини худ гузоштаамон сабабгор мегардад. Пас ҳамин ваҳдат аст, ки инсониятро бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бибандем. Вале ба даст овардани ваҳдат кори саҳл нест.

Барои ин ақли солим, донишу истеъдод ва ҷидду ҷаҳди ҷасурона лозим аст, ки дурри мақсуд, яъне дўстиву рафоқат ягонагиву ҳамфикрӣ ба даст ояд.

Аз таърихи башарият аён аст, ки бинобар сабаби каҷравиҳою каҷфаҳмиҳо ва мағрурию худписандиҳо зумраи аз шоҳон чӣ қадар шаҳрҳо валангор, чӣ қадар ободиҳо харобазор ва чӣ қадар ашхоси бегуноҳ қурбон гаштанд. Аз «Шоҳнома»- и безаволи устоди сухан - Фирдавсии Тусӣ чунин мисолҳоро хеле зиёд метавон овард, ки барои наслҳои имрўзу фардо сабақи хуби зиндагӣ шуда метавонад.

Ваҳдат, сулҳ чӣ калимаҳои муқадасанд. Хандаи тифлону шодии модарон, тараққиёту пешравӣ ва ободии кишвар маҳз дар зери ҳамин калимаҳо ниҳонанд.

Агар ба солҳои 90-уми асри гузашта назар андозем мебинем, ки маҳз бо кўшишу талошҳои сарвари кишварамон Ҷаноби олӣ Эмомалии Раҳмон мо ба пояи ваҳдати миллӣ дар кишвар асос гузоштем. Кўшишу ғайрат, ҷидду ҷаҳд, саъю кушишҳои президенти ғамхору дурандеши мо бароямон сулҳу ваҳдату шодию фараҳ овард. Борҳо аз барномаю вохўриҳояшон ин суханро шунидем, ки гуфта буданд: «то нафаси охирин аз Ватан маҷбуран гурехташудагонро ба Ватан бар нагардонам, ман худамро ҳамчун Президент ором ҳис намекунам».1

Инак дар сарзамини мо сулҳу ваҳдати комил ҳукумрон аст. Мо шукри ин неъмати ба даст овардаро карда бояд аз сидқи дил хонем, омўзем ва дар пешрафту тарақии ҷамъияту ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми босазое гузошта тавонем.

Оғози гуфтушуниди байни тоҷикон ва марҳилаҳои он

Баъди он, ки бо миёнагарии Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия аввалин бор 5- апрели соли 1994 дар Маскав намояндагони ду тарафи даргир ба хотири ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти Тоҷикон дар рў ба рўи ҳам нишастанд, ба умедеки ҷонибҳо ба тавофуқи ниҳои бирасанд. Дар ин муддат ҳайатҳои музокиракунандаи ду ҷониб 9- даври гуфтушунидро паси сар карданд, ки баъзе аз ин давраҳо 2-3 – марҳилаи алоҳидаро дар бар мегирифт. Ҳафт маротиба раҳбарони олимартабаи ҳарду ҷониб дар лаҳзаҳои душвор тариқи раванди сулҳ хориҷ аз кишвар мулоқотҳо оростанд, то фазои сулҳу оромиро дар кишвар ҳарчи тезтар таъмин намоянд. Махсусан мулоқоти моҳи декабри соли 1996 дар деҳаи Хусти Давлати Исломии Афғонистон барпо шуда хеле муҳим буд. Дар он тарафҳо ба қатъи ҷанг мувофиқа карданд.

Дар масъалаи таъсиси Коммисияи Оштии Миллӣ низ созиш ба даст омад. Ғайр аз мулоқотҳо дар сатҳи олӣ чандин вохуриҳову дидорбиниҳои машварати ҳайатҳои музокиракунанда баргузор гардид. Хулас тибқи оморе, ки дар даст дорем аз 1180 рўзе, ки раванди музокирот таҳти миёнаравии Созмони Милали Муттаҳҳид идома доштааст 208 рўзи онро аз субҳ то шом, баъзан шабона ҳайатҳои музокиракунандаи ду ҷониб дар рў ба рўи ҳам баҳсу мунозира гузоштанд

Акнун месазад, ки роҷеъ ба дигар давраҳо ва марҳилаҳои сулҳи байни тоҷикон ҳарф занем.

Мутаасифона дар давраи аввали гуфтушуниди ёд шуда, ки асосан дар он танҳо масъалаи рўзномаи музокироти байни тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, проблемаи таъсиси чунин як орган ба рўзномаи музокироти тарафайн ворид карда нашуд. Ин масъала дар даври дуюми музокирот ( аз 18 то 26 –уми июни соли 1994 боқи монд) ва мулоқоти машваратии ҳайатҳои музокиракунанда (аз 12 то 17 октябри соли 1994), ки дар Теҳрон барпо гардид мавриди баррасӣ қарор нагирифт.

Дар даври сеюми музокироти байни тоҷикон, ки аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар Исломобод шуда гузашт низ ҷонибҳо ҳалли масъаларо аз мадди назар дур монданд. Зеро баҳси масъалаи таъсиси комиссияи муштарак оид ба тадбиқи созишнома дар бораи оташбаси муваққати ва табодули қувваҳои низомӣ ва маҳбусони сиёсӣ пеш омад ва бадин сурат мубоҳиса дар атрофи масъалаи заруроти таъсиси шўрои оштии милли дар ин даври музокирот баррасӣ нашуд.

Дар ин байн як мулоқоти рў ба рўи муовини аввали ИНОТ Ҳоҷи Акбар Тўраҷонзода бо Президенти Узбекистон И. Каримов аввалҳои апрели соли 1995 дар Ташкент барпо гардид. Раиси Ҷумҳурии Узбекистон пешниҳод намуд, ки барои ҳалли қазияи Тоҷикистон ба фикри ў, бояд форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон даъват карда шавад. Албатта ин пешниҳоди хубе буд, аз ин рў ин пешниҳод аз тарафи мухолифин қобили қабул дониста шуд ва раҳбари ИНОТ онро дар мулоқоти навбатии худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов, ки 19 июли соли 1995 дар Теҳрон барпо гардид матраҳ кард.

Дар изҳороте, ки дар хотимаи ин мулоқот аз ҷониби ду раҳбар ба имзо расид, қайд карда шуд, ки дар мавриди даъвати анҷумани машварати халқҳои Тоҷикистон бо иштироки баробари ҳарду ҷониб ҷиҳати пайдо намудани роҳи ҳалли бўҳрони сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар тавофуқ ҳосил шавад. Инобатан ҳарду раҳбар бо ҳайати музокиракунандаи худ дастур доданд то дар давраи 5-уми музокироти байни тоҷикон масъалаҳои таъини маҳал ва таърихи баргузории анҷуманро ҳал намоянд.

Дар даври панҷуми музокироти байни тоҷикон ҷониби ИНОТ дар баробари таъсиси форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон зарурати Шӯрои Оштии Миллиро бо қатъият ба миён гузоштанд.

Зеро ба қавли ҷониби ИНОТ, агарчи форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон доираи васеъи аҳли ҷамоачигиро ба таҳкими раванди сулҳ ҷалб намояд ҳам, вале чи тавре, ки аз лоиҳаҳои пешниҳод кардаи ҳарду ҷониб пайдост, қарорҳои қабул кардани он аз сабаби характери машваратӣ доштаашон наметавонист ҳукми қонуниро бигиранд ва ба ҳаёт бе чуну чаро татбиқ гарданд.

Дере нагузашта 23 декабри соли 1996 дар мулоқоти навбатии худ раҳбарони олимартабаи ду ҷониб созишномаеро ба тавсиб расониданд, ки дар он аз ҷумла чунин омада буд: «бо дар назардошти он, ки бо имзои ҳамин созишнома дар роҳи сулҳ ва ризояти миллӣ марҳилаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул карданд, ки барои ҳамин давраи гузариш Комиссияи Оштии Миллӣ таъсис намоянд. Раиси ин комиссия намояндаи иттиҳоди мухолифини тоҷик таъин мешавад». Сипас дар худи ҳамин вохурӣ аз ҷониби ду роҳбар протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комисяи Оштии Миллӣ ба имзо расид.

21 феврали соли 1997 дар мулоқоти дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, раҳбарони олимартабаи ҷонибҳо протоколи иловагӣ ба протоколи «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳаои асосии Комиссияи Оштии Миллӣ» ва «Низомномаи Комиссияи Оштии Милли» -ро қабул карданд.

Хулоса дар чунин як кишваре, ки авзои дохилию хориҷиаш мураккаб буд, сулҳи дар рўи қоғаз дарҷгардидаро арзи ҳастӣ бахшидан лозим буд. Ҳамин тариқ музокироти сулҳи тоҷикон агар чанде, ки душвориро паси сар карда бошад ҳам, истиқрори он сулҳ мушкилоти бештареро ба худ ҳамроҳ дошт ва ҳалли ин мушкилот асосан ба зиммаи Комиссияи Оштии Миллӣ вогузор карда шуд, ки мухтасран дар зер онро алоҳида зикр хоҳем кард.

Фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ

Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) - ин бунёдкунандаи муҳити сулҳу субот, оштиву ваҳдати миллӣ, оромиву осоиштагӣ дар кишвар, механизми дар таърихи башарият нодир, ки дар ҳошияи ҷанги шаҳрвандӣ баҳри татбиқи тавофуқоти ба даст омада, миёни ҷонибҳои сулҳкунанда дар Тоҷикистон бо маслиҳати тарафайн ва миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ созмон ёфта буд ва ниҳоятан баъди 999 рўзи фаъолияташ бисёр корҳои самарабахшеро барои ободии Тоҷикистони азиз анҷом дода тавонист.

Солҳо пайи ҳам сипари хоҳад шуд. Дар таърихи кишвар баҳои мунсифонаву арзандаи худро ба кору пайкори ин мақоми муштараки эҷодкори сулҳ хоҳад дод. Вале ҳоло мехоҳем дар фароварди сухани худ аз он хизматҳое, ки ин ниҳод барои миллати тоҷику тамоми Тоҷикистониён кардааст кўтоҳакак ёдовар шавем.

Муҳимтарин корҳое, ки дар аввали фаъоляти КОМ анҷом гирифт ин озод кардани садҳо асирони ҳарбию маҳбусони сиёсӣ буд. Садҳо хонаводаҳои хушбахт шаҳди сулҳу оштиро яке аз аввалинҳо шуда чашиданд. Сухан оҷиз аст, аз тасвири шодиву хурсандиҳои онҳое, ки баъди солҳои дарози фироқу ҷудоӣ азизони худро боз дар оғўши гарми оила пазируфтанд. Айнан ҳамин чизро дар бораи муҳоҷироне, ки баъди беш аз панҷ сол сарсониву саргардонӣ ба итминони комил, ки дигар дар ватан азияте нахоҳанд дид, ба хонаву кошонаи худ баргаштанд.

Теъдоди муҳоҷироне, ки ба ватан дар ин байн баргаштанд даҳҳо ҳазор нафар буд. Аксрияти онҳо ба хонаву кошонаи худ, ки аз ҷониби ашхоси бегона ғасб шуда буданд, бо дахолати КОМ ва мақомоти маҳаллӣ баргардонида гирифтанд.

Мушкилтарин коре, ки дар давраи фаъоляти КОМ анҷом гирифт ин аз Давлати Исломии Афғонистон баргардонидани размандагони ИНОТ ба Тоҷикистон, сабти ном кардани онҳо, ба қайд гирифтани силоҳу муҳимоти ҷангии онҳо, аз муоинаи тиббӣ ва атестатсия гузаронидан ва шомили сохторҳои қудратии ҳукумат кардани нерўҳои мусаллаҳи ИНОТ буд. Дар натиҷа қариб 7000 нафар размандагони ИНОТ бо силоҳу муҳимоташон ё шомили ниҳодҳои қудратии давлатӣ шуданд ё силоҳ ба замин гузоштанду ба кори мулкӣ гузаштанд.

Дар роҳи татбиқи протоколи сиёсӣ низ корҳои муайане анҷом гирифтанд. Тибқи саҳмияи 30% ба намояндагони ИНОТ ба вазифаҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла аз муовини аввали сарвазир сар карда то раисони ҳукуматҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таъин гардиданд. Дар таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои барои миллат сарнавиштсоз, аз ҷумла таҳия ва қабули санадҳои ҳамдигарбахшӣ ба монанди: - таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ»; таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи авфи умумӣ»; таҳияи лоиҳаи «Консепсияи андешаҳо оид ба тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра КОМ саҳми беандоза дорад.

Хулоса дар зарфи 2-солу 8моҳу 25 рўзи фаъоляташ КОМ фазои сиёсиву низомӣ ва иҷтимоии кишварро ба таҳавулоти хеле мусбат дучор гардонид.

Дар фаъолияти пурсамари КОМ наметавонем аз онҳое ном барем, ки дар барқарории сулҳу суббот саҳми беандоза гузоштанд. Борҳо гуфтем ва мегўем, ки самимяту устувории раиси Ҷумҳур Эмомалии Раҳмон буд, ки раванди музокироти байни тоҷикон ва ҷараёни барқарории сулҳу суббот дар кишвар бо муваффақият пеш рафт ва анҷом пазируфт. Агар майлу хоҳиш ва саъйу кушиши бузурги Раиси Ҷумҳур намебуд дар гумон буд сулҳу субот ба ин наздикиҳо дар кишвар барқарор гардад. Ин иқдоми таърихӣ буд аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи барои миллату кишварамон сарнавиштсоз.

Дар баробари Раиси Ҷумҳур аз онҳое ном бибарем, ки дар комиссияи оштии миллӣ фаъолият карда, дар татбиқи созишномаи умумӣ ҳиссаи худро гузоштаанд. Қабл аз ҳама ин раҳбари нерўҳои мухолифин ва дар навбати худ раиси КОМ, марҳум С.А.Нурӣ ва муовини ў А.Достиев мебошад.

Инчунин боиси ифтихори мост, ки як зумра зиёиёни диниву дунявии миллати тоҷик дар фаъоляти КОМ саҳми беандозаи худро гузоштанд, ки дар ин ниҳоди сулҳофарини ҳама чун як тану дӯш ба дӯши ҳам гирифта кўшиш намуданд, ки ҳарчи бештар дар кишвари азияткашидаи мо сулҳу суббот барқарор гардида оштиву ваҳдати миллӣ таҳкиму барқарор гардад. Ба ҷуз шахсиятҳои дар боло зикр шуда нафарҳои зиёде ба ҳайси аъзои комиссияи марказии муштараки атестатсионии коршиносони муштараки тиббӣ кор карданд. Фаъолияти самарабахш ва фидокоронаи онҳо буд, ки дар ҷамъбасти кори комиссияи оштии миллӣ Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аъзоёни КОМ, коршиносону аъзоёни гурўҳҳои кории КОМ ва дигар шахсиятҳоеро, ки дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳм гирифтанд, бо ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ намуд. Аз ҷумла ба 4 нафар ордени «Исмоили Сомонӣ», 11 нафар ордени «Дўстии халқҳо», 11 нафар ордени «Спитамен», ба 14 нафар ордени «Шараф», ба 9 нафар медали «Ҷасорат», ба 8 нафар унвони «Барои хизмати шоиста», ба як нафар унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон», ба 4 нафар «Ифтирхорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор донистанд. Гузашти айём нишон хоҳад дод, ки афроди дар боло зикр ёфта барои миллату кишвари худ ва ҳатто барои ояндаи минтақа ва ҷаҳон чӣ хизмати беандозае карданд. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд КОМ тавонист, ки вазифаи таърихии худро дар назди халқу ватан сарбаландона иҷро намояд.

Хулоса

Муаллифони дигар, ки дар бораи ҷангу сулҳи тоҷикон асар таълиф кардаанд ва ба сабабҳои ин ҷанги бародаркуш ва гунаҳгорони он ибрози ақида намуда, тараферо маҳкум ва ҷониберо ҳимоя мекунанд, мо аз чунин ранг гирифтани тањқиқот даст кашида, ҳар он чизе, ки таърих гувоҳӣ медиҳад муҳақақ баён кардем ва он чунин аст:

Дар ибтидои солҳои 90-уми қарни XX дар натиҷаи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи собиқ ҷумҳуриҳои он сохтори нави давлатдории соҳибихтиёри демократӣ ва озод арзи вуҷуд карданд. Дар назди ин давлатҳои навину озод ва соҳибихтиёр вазифаҳои тақдирсоз ва дар навбати аввал ниҳоят душвору меҳнатталаб меистоданд, ки иборат аз ҳамаҷониба дилпур ва қавӣ кардани соҳибихтиёрии хеш, дар асоси талаботи ҳозиразамон мамолики муттараққи ва муттамаддин, ташаккул додани асосҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ буданд. Ба қатори чунин давлатҳои нави соҳибихтиёр Тоҷикистон низ дохил мешавад, ки он дар саргаҳ ва дарвозаи Шарқи Миёна қарор дорад. Ба ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон муҳим он буд, ки дар асоси махсусиятҳои мавҷудаи худ шакли нави сохтори давлатӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ муайян созад.

Аммо тавре, ки ҳаёт нишон дод, дар Тоҷикстон, нисбати дигар собиқ ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳод, раванди ташаккули сохти нави сиёсӣ, бар асари мавҷуд будани якчанд омилҳои объективӣ ва субъективӣ, ки хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ доштанд, бо душворӣ ва бӯҳронҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт. Дере нагузашта, пеши роҳи ба ҳаёт тадбиқ кардани чунин масъалаҳои ниҳоятан заруру тақдирсозро ҷанги шаҳрвандӣ, бародаркуш ва ниҳоятан бемаънӣ, ки соли 1992 оғоз шуд, фаро гирифт. Ин ҷанг, хосса дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии кишвар, ки ба майдони задухӯрдҳои хунини тарафҳои ба ҳам даргир табдил ёфта буданд, зарару зиёнҳои ниҳоятан азиму сангини моддӣ ва маънавӣ расонидааст ва ба сари халқи тоҷик оқибатҳои ниҳоят вазнинро овардааст.

Пас омили асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ин пеш аз ҳама пош хӯрдани иттиҳод, тайёр набудани ҷомеа ба соҳибистиқлолӣ, бӯҳрони сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва кашмакашҳои дохилӣ мебошад, ки ба он дар навбати худ омилҳои хориҷӣ низ таъсири худро расонидаанд.

Пеш гирифтани роҳи нобудшавии миллати тоҷик ва барҳам задани оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар кишвар ба таври ҳаққонӣ ба оғози Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикстон, ки дар ш.Хуҷанд баргузор гардид ва ба қарорҳои қабул намудаи он вобаста мебошад.

Иҷлосия сарвари давлат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазиронро интихоб намуда, самтҳои тараққиёт ва пешрафти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро муайян намуд. Дар ин Иҷлосия умдатарин масъалаҳо, аз қабили ба эътидол овардани ҳолати нооромии кишвар, раҳонидани ҷомеа аз бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фaрҳангӣ, ба ҳам овардану ба созиш расонидани тарафҳои муқобил мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба ҳар кадоми онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри с.1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», Қарори Иҷлосия «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд» ба тавсиб расид.

Бинобар он бо назардошти аҳамияти бузурги қарорҳо ва паёмадҳои иҷлосия, онро барҳақ метавон ҳодисаи нодиртарин ва тақдирсози таърихи навтарини давлатдории тоҷикон шуморид.

Аҳамияти минтақавии Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки вай тавассути қарорҳо ва паёмадҳои худ барои истиқрори сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ замина омода кард. Агар иҷлосия тавссути қарорҳояш оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон хомӯш намекард, пеши роҳи ҳаракатҳои экстремистиро намегирифт, барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ иқдомҳои қатъӣ барнамегузошт, барпо кардани ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи асосии худ қарор намедод ва бо кишварҳои ҳамсоя робитаҳои хешро барқарор намекард, аз эҳтимол дур набуд, ки оташи ҷанг ва ҳаракати экстремистӣ берун аз Тоҷикистон доман паҳн мекард.

Аҳамияти байналмиллалии иҷлосия дар он буд, ки барои ба ифоқа овардани тарафҳои даргир дар нуқоти гуногуни дунё корбаст шуда метавонад. Ин амр аз тарафи бонуфзтарин созмонҳои байналмиллалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо ва беҳтарин коршиносони байналхалқӣ эътироф гардидааст. Хусусан таҷрибаи ба ҳукумат ворид гардидани намояндагони мухолифин ва пайвасти нерӯҳои мусаллаҳи он ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти қудратии мамлакат, ки дар рафти сулҳи миллии тоҷикон суръат гирифт, нодиртарин таҷриба буда, дар ҳаёти кишварҳои гуногун метавонад тадбиқ шавад.

Ҳамин тавр аҳамияти иҷлосия аз он иборат аст, ки маҳз ҳамин мақом бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дӯш гирифта, пеши хатари нобудшавии онро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит фароҳам овард, заминаи сулҳи миллиро матраҳ сохт, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсионро дар мамлакат амалӣ гардонида, Сарқонуни нави Тоҷикистонро эҷод кард, барои 27-уми июни с.1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт.

Бинобар он метавон гуфт, ки ин иҷлосия оғози ҳама пешрафтҳои ҳозира ва оянда, оғози таърихи навини мост. Аз ин рӯ онро барҳақ метавонем иҷлосияи тақдирсоз номид.

Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон зич вобаста аст. Ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанд баргузор гардида буд, пас аз интихоб гардидан ба ҳайси Раиси он, ӯ ба қатъият изҳор карда буд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат кунам».1

Раванди гуфтушуниди байни тоҷикон зиёда аз 4-солро (аз апрели соли 1994 то охири июни соли1997) дар бар гирифт. Ин роҳ хеле печ дар печ ва ниҳоят душвор буд. Гуфтушунидҳо ҳашт давра ва ҳаждаҳ вохӯриро дар бар гирифтанд ва дар зери назорати СММ ва бо иштироки намояндагони мамолики шоҳид мегузашт. Дар гуфтушунид мамлакатҳои Русия, Афғонистон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон нақши мушоҳидонро иҷро менамуданд. Давраи якум ва охирини гуфтушунидҳои байни тоҷикон дар Федератсияи Русия баргузор шуданд. Федератсияи Русия барои таъмини ризоияти сулҳу амният дар Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст, зеро ба дастоварди мамлакати мо ҳавасманд буд ва ҳам мебошад. Ниҳоят, 27-уми июни с.1997 дар «Президент Отел»-и ш.Москва бо иштироки намояндагони кишварҳои шоҳид аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалии Раҳмон ва роҳбари иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зери назорати намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Г.Д. Меррем Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида ва баста шуд, ки он ҳар соле чун рӯзи Иди Миллии Ваҳдат ҷашн гирифта мешавад.Пас аз бастани Созишнома ҷонибон изҳорот баён карданд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Пас аз 5 соли муқовимати шаҳрвандон, ки дар таърихи бисёр асраи кишвар яке аз саҳифаҳои фоҷианоктарин мебошад, рӯзи умед, боварӣ ба хақл, ки солҳо интизораш будем, фаро расид. Мо, ба марҳилаи нави масъулиянок – дар ҳаёт тадбиқ кардани ҳадафи созишномаи умумӣ қадам гузошта, боз як бор изҳор менамоем, ки ҳар чӣ зудтар сулҳ ва ризоияти миллиро дар кишвар барқарор кардан мехоҳем».(Роҳи сулҳ. С.108-109.).

7. Баъд аз баста шудани Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ давраи нави таърихӣ – давраи дар шароити оромиву осоишта пеш бурдани ҳаёти ҷамъиятӣ оғоз гардид, ки он бевосита ба кордориву фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ), ки наздаш вазифаҳои муқаддас ва ниҳоят масъулиятноку ҳассос дар ин давраи гузариш меистоданд бо пуррагии воқеъии худ вобаста буд.

КОМ – механизми асосии ҷорӣ кардани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буда, пас аз анҷоми босамари музокироти тоҷикон таҳти сарпарастии СММ дар ш.Москва таъсис гардид. КОМ – мақомоти муваққатӣ буда, дар давраи гузариш барои татбиқи ҳаматарафаи Созишномаи умумӣ ташкил гардида буд. КОМ салоҳияти худро баъди даъвати парлумони нав ва ташкили мақомоти роҳбарикунандаи Маҷлиси Олӣ ва гузаронидани интихоботи нави парлумон мебоист қатъ мешуд.

Мувофиқи нишондоди Созишномаи умумӣ вазифаҳои асосии КОМ аз инҳо иборат буданд:

дар амал ҷорӣ намудани созишномаҳое, ки дар давоми музокироти чандинсолаи тоҷикон ба имзо расида буданд;

дар байни тарафҳо ба вуҷуд овардани муҳити боварӣ ва ҳамдигар бахшӣ;

- ба мақсади барқарор ва мустаҳкам намудани ризияти миллӣ дар Тоҷикистон ташкил намудани муколамаи васеъ дар миёни қувваҳои гуногуни сиёсии ҷумҳурӣ.

Дар баробари ин вазифаҳои асосии худ, КОМ дар давраи гузариш инчунин вазифаҳоеро ба мисли андешидани чораҳо барои бозгашти бехавфу хатар ва шарафмандонаи муҳоҷирин ба Ватан, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат, расонидани кӯмак дар баргардон ва барқарорсозии манзилҳои истиқоматии онҳо, барқарор намудани муассисаҳои саноативу кишоварзии харобгардидаро бар дӯши худ гирифта буд. Ба ғайр аз ин масъалаҳои нозуку ниҳоятан зарурии давраи гузариш КОМ инчунин, роҳбарӣ ва назорат дар ҷараёни халъи силоҳ ва ба Ватан баргардонидани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ва ғайраро ҳаллу фасл мекард.

Аз оғози фаъолияти худ то ба охир расидани вазифааш КОМ дар мӯътадил гардонидани вазъият, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, онҳоро бо хонаву ҷой ва мувофиқи имконият бо ҷои кор таъмин кардан ва дар охир ба даст овардани ризоияти миллӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Ҳамин тавр, таҷрибаи таърихии охири асри XX-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон аниқу равшан нишон дод, ки бо ёриву мадади қувваҳои сулҳпарвар ва хайрхоҳ, роҳбарии хирадмандонаи дохилӣ, бо роҳи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ аз тамоми вазъияти душвор баромадан мумкин аст.

Ҳамроев У.Х., н.и.ф.м., Муовини директори Институти астрофизикаи АМИТ оид ба илм ва таълим

Феҳристи адабиёт

Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ. Душанбе, «Ирфон», 1995.

Сомонаи www.oktj.ru

Раҳмонов Э.Ш. Бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Душанбе, «Ирфон», 1997.

Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих. Душанбе, «Ирфон», 1997.

Раҳмонов Э.Ш. Дирӯз ва имрӯзи Тоҷикистон. Душанбе, «Ирфон», 1997.

Раҳмонов Э.Ш. Таджикистан на пороге будущего. Москва, 1997.

Раҳмонов Э.Ш. Ҷавонон – ояндаи миллат. Душанбе, «Ирфон», 1998.

8.Эмомалӣ Рамон. Тоҷикистон: Даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. Душанбе, «Ирфон», 2001, Ҷилди 1.

Абулҳаев Р. Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (1961-2000). Душанбе, 2008. Қисми 3.

Белов Е.В. Исторический опыт переговорного процесса по урегулированию межтаджикского конфликта (1993-1997). Душанбе, 1999.

Дубовицкий В.В. Око тайфуна. Душанбе, 1990.

Комиссияи Оштии Миллӣ – вазифа ва салоҳиятҳои он. Нашри ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон (НСММТ). Душанбе, 1998.

Назария ва методологияи Ваҳдати миллӣ. Душанбе, «Дониш», 2007, Ҷилди 1-3.

Роҳи сулҳ (ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон). Душанбе, 1997.

Сайид Абдуллоҳи Нури. Оштинома. Душанбе, «Нодир», 2001.

Салим Аюбзод. Сад ранги сол. Прага. 2002.

17.Тағоев X. Давлати тоҷикон. Душанбе, «Ирфон», 2000.

Усмонов И. Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол. Хуҷанд, 2003.

Хайдаров Г. История таджикского народа ХХ век. Худжанд, 2001.

Хоки Ватан. Душанбе, 2002, китоби аввал.

«Ҷумҳурият». 30-31 январи 1993.

«Ҷумҳурият». 9-10 феврвли 1993

«Тоҷикистон». 29 январи 1993.

« Садои мардум». 1 декабри 1993.

« Садои мардум». 19 декабри 1993.

Илму фарҳанг ва маърифату адаб асоси ҷомеаи солиманд. Бе илму адаб ва омӯзиши фарҳанги ғанӣ наметавонад давлат пеш биравад, миллат поянда бошад ва одамон соҳибкасбу соҳибифтихор.

Инак илму дониш, фарҳангу маърифат ва омӯзиши он ҳама ба соҳаи маориф шомиланд. Соҳаи маориф пояи бузурги давлатдорист, ки ҳамаи инсонҳоро новобаста аз синну сол, вазъият, муҳит ва шароит ба омӯзишу пешравиҳо ҳидоят мекунад.

Миллати тоҷик аз қадимулайём ба омӯзишу пешравиҳо соҳиб буд, ҳаст ва мемонад. Хушбахтона, соли 2010 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дониста шудааст. Мувофиқи ин фармон ҳар як соҳибилм бояд бо мошинаҳои электронии ҳисоббарор кор ва фаъолият карда тавонад. Саҳми бузурги хешро дар соҳаи маориф гузорад ва соҳибилму соҳибмаърифат бошад, зеро асоси ҳар як миллати пурифтихор пешравии илму маданият ва фарҳангу маърифатии он аст.

«Имрӯз дар ҷаҳон рушди илму технология ва ҷараёни корҳои инноватсионӣ суръати рӯзафзун пайдо карда истодааст. Табиист, ки мо низ аз ин раванди пешрафту тараққиёти ҷаҳони мутамаддин дар канор буда наметавонем»,- гуфтааст Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон.

Воқеан, дар ҳамаи давру замонҳо омӯхтани илму дониш, маърифату хирад ба соҳаи маориф дохил аст. Алалхусус имрӯз яъне ибтидои асри ХХI, ки пешрафти илму техника ва технологияи босуръат ҷараён дорад, ҳар рӯз дар ҳаёти башарият тағйироту таҳаввулот ба мушоҳида мерасад.

Имрӯзҳо дар кишвари азизамон масъалаи раванди омӯзиши илму техникаи ҳозиразамон ва соҳибҳунар гардидани ҷавонони миллат масъалаи асосист. Қариб тамоми мактабҳои миёнаву олии кишвар бо компютеру техникаҳои ҳозиразамон таъмин карда шудаанд. Имрӯзҳо бештари хонандагони мактаб ва толибилмони донишгоҳҳои кишвар бо машинаҳои электронии ҳисоббарор кор карда метавонанд. Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ, ки дар айни шукуфтанҳои даврони истиқлол қарор дорад, ба фарзандони барӯманди миллат ва кормандони хуби ояндасоз ниҳоят ниёзманд аст. Мебояд ҷавонону мактабиёнро дар рӯҳияи баланди маорифпарварӣ ва илму дониши мукаммалу соҳаҳои гуногуни ҳаёт тарбия кард, барои давлату миллат мутахассисони баландпоя тарбият кард, то ин ки давлат дар оянда ба мутахассисони миллати ғайр эҳтиёҷманд нагардад. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмонов дар Паёми ҳаминсолаи парламенти мамлакат қайд кардааст:

«Вазифаи шогирди мактаб пеш аз ҳама омӯхтани илму дониши замонавӣ, забономӯзӣ ва азхуд кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир аст, зеро бидуни илм ягон кишвари дунё пеш намеравад, барҷост, ки гуфтаанд:

Пояи давлат набошад бемаориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Хулоса, иқдоми пешгирифтаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси «Соли Маориф ва фарҳанги техникӣ» номидани соли 2010 такони бузург хоҳад буд. Барои мардуми сарзамини Тоҷикистони азиз, ки гарчанде аз қадимулайём аз илму фарҳанг бархурдор буданд, боз дар соҳаҳои тиб, физика, астрономия, компютер, ки имрӯз ниҳоят пеш мераванд. Ин сол имкон медиҳад ҷиддитар ба омӯзиш машғул мешаванд. Зеро Саъдии бузург фармуда:

Инсон дар иҷрои се амал бояд бисёр кӯшад. Аввал он ки ҳамеша илм омӯзад, дувум: дониши андӯхтаро амалӣ гардонад, савум: ҳамеша аз пайи эҷоди нав кӯшад.

Пас бисёр мебояд кӯшид, то аз илму ирфон ва маърифату хирад баҳравар гашт, зеро замоне фаро расидааст, ки шахсияти аз илму зиндагии хеш дармонда афсурда хоҳад шуд. Вазифаи ҳар як инсони асил ва соҳибистеъдод аз он иборат аст, ки баҳри пешрафту тамаддуни бузуги кишвари хеш саҳмгузор бошад ва дастоварди хешро чун армуғоне ба Соли маориф ва фарҳанги техникии кишвари азизи худ бубахшад.

Ҷавононро, ки ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошанд, бисёр мебояд мулоҳизакор бошанд, рӯ ба фарҳангу маориф оранд, умри азизи хешро дар ҷодаи омӯзишу офариниш гузаронанд, то фардои пурнишоту пурбаракат насибашон гардаду ҷомеаву мардуми он пайваста аз онҳо дар ифтихор бошанд.

Номзади илмҳои техники Наҷибуллоҳи Рузи

Ба истиқболи 33-умин солгарди

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақте ки мо ба давраи нави таърихи Тоҷикистон назар меандозем, мебинем, ки сулҳу суботи дар кишварамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта то ноил гардидан ба Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар он рӯзҳо бенизомиву бетартибӣ ҳукмфармо, меъёрҳои қонунҳои давлат зери по шуда, бесарусомониву ҷинояткорӣ шакли муташаккилонаро гирифта буд. Дар давраи ҷангу нооромиҳо беш аз саду панҷоҳ ҳазор кушта ва шумораи зиёди шаҳрвандон ба дигар кишварҳо фирор намуда буданд.

Вобаста ба ин, Ваҳдати миллиро набояд фаромуш кард ва ба қадри шахсоне, ки дар ин ҷода нақш доштанд, бояд расид. Онҳоро гиромӣ бояд дошт.

Он замон бо вуҷуди мушкилиҳо, мо ба ҳеҷ куҷо фирор накардем, бо тамоми мардуми Тоҷикистон азият кашидем. Яке аз воқеаҳои фромушнашаванда он аст, ки дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе он замон 30 нафар силоҳдорони ниқобпуш, моро мавриди озору фишор қарор дода буданд…

Ман ва шавҳарам даъватнома барои кор дар дигар кишварҳо доштем. Ман ба Донишгоҳи Александри Ҳумболди Олмон ва шаҳварам Тоҳиров Фозил Тоҳирович ба Донишгоҳи Михаил Ломоносови шаҳри Маскави Федератсияи Россия. Аммо нарафтем.

Даст ёфтан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин кори осон набуд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ зиёда 150 ҳазор инсонҳо ҷони худро аз даст додаанд. Кӯдакон бе сарпараст монданд. Дар лаҳзаҳои ҳассос ва солҳои мушкил шахсе лозим буд, ки пеши ин бенизомию қонуншиканиро гирад. Таъсири фалокатбори ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон солиёни дароз боқӣ монда, дарду доғи он дар ҳар як хонадон эҳсос карда мешавад.

Ба бахти миллати тоҷик ҷавони ватандӯсту дурандеш ва меъмори сулҳу субот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни мардум барои хомӯш кардани оташи ҷанг ба саҳнаи сиёсии давлатдории навини тоҷикон ҳамчун чеҳраи мондагори миллат омаданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI сухани таърихии худро иброз доштанд, “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Пешвои миллат зербинои давлатеро гузошт, ки аҳдофаш сулҳу амонӣ ва ваҳдату якдилии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Барои он ки мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ кунем, чи қадар гуфтушунидҳо дар кишварҳои дигар шуда гузаштанд. Дар охир 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд. Ин санади муҳими таърихӣ ва фаромушношуданӣ дар кишвари маҳбуби мо моро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод. Воқеан ин ҳуҷҷат, сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро, дар ин рўзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият пайваст, яъне дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки бо ҳамин ба ҷанги бародаркушӣ хотима гузошта шуд ва сулҳи бебозгашт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Дар сарҷамъ кардани миллат ва иттиҳоду ягонагӣ Пешвои миллат нақши мондагор ва пурарзиш гузоштанд. Саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани гурезагон ниҳоят назаррас ва тақдирсоз мебошад.

Дар натиҷаи фитнаву низоъҳое, ки душманони миллати тоҷик дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд, оташи ҷанг дар кишварамон аланга зад. Мухолифати шадиди мусаллаҳона ба вуҷуд омад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои ҷорӣ поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд.

Дар ин муддат бештар аз бист вохӯрӣ байни ҳайати ҳукуматӣ ва намояндагони мухолифини тоҷик баргузор гардид. Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафт вохӯрӣ бевосита иштирок намуда, бо роҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик масъалаҳои мухталифи вобаста ба Созишномаи сулҳро муҳокима намудаанд.

Имрӯз давлати соҳибистиқлоли азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозоргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.

Вале дар хусуси нақши як санади муҳими ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» махсус бояд қайд кард. Маҳз дар асоси Қонуни зикршуда иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардида, парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар маводи таъқибӣ доир ба онҳо қатъ карда шуданд. Дигар ин, ки бо назардошти аҳамияти масъалаҳои ҳуқуқӣ дар музокироти байни тоҷикон дар сохтори Комиссияи оштии миллӣ бахши махсус – зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он таҳияи механизмҳои амалӣ намудани масъалаҳои ҳуқуқии Созишномаи умумӣ буд.

Тағйироту иловаҳо, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешуданд, таҳия ва мувофиқа гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, тавассути парламенти кишвар ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуданд. Дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда, ҳамзамон интихоботи Президенти мамлакат дар шароити сифатан нав баргузор гардид.

Мувофиқи низоми муосири интихобот, моҳи феврали соли 2000-ум парламенти нави касбӣ интихоб гардид ва ба фаъолият пардохт. Омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ низ дорад, зеро он яке аз мавзуъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё, аз қабили сиёсатшиносон, низоъшиносон ва умуман сиёсатмадорону ҷомеаи башарӣ дар кишварҳои гуногуни олам қарор дорад. Ва чунон, ки эътироф шудааст, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳамчун намуна истифода шуда метавонад. Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, тамоми дастовардҳои Тоҷикистонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста медонем.

Имрӯз фурсате расидааст, ки барои дар замири ҳар фарди кишвар ҷой додани эҳтиром ва ҳифзу гиромидошти Ваҳдати миллӣ корҳои воқеиву доимӣ дар сатҳи арзишманд ба роҳ монда шаванд ва набояд, ки ин амал характери маъракавӣ касб намуда, танҳо дар рӯзҳои таҷлили Ваҳдати миллӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад.

Хулоса, сулҳи ба дастомада бояд ҳамеша дастури амал барои зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ бошад. Имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки Тоҷикистон бо зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд, ки ин бозгӯи татбиқи сиёсати “Дарҳои боз” мебошад.

Стратегияи дастгирии самти илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир ва саривақтӣ аст. Дар ин росто иқдомҳои наҷибу муҳим дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон пеш гирифта шудаанд.

Санавбарбону Воҳидова - мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои таърих

Subscribe to Мақолаҳо