Skip to main content

Агарчанде исми поки модар ҳамеша дар зеҳну хаёламон асту, ҳама кору фаъолиятамон бо дуои модар маншаъ мегирад, таҷлили “Рӯзи Модар” фурсате аст барои изҳори сипосгузорӣ ба хизмату фидокориҳои беназири модари бузург, сари таъзими фарзандӣ фуруд овардан ба ҷоннисорию меҳру муҳаббати модаронааш.

Дар мадҳияву тарона модар гӯем,

Дар умр ба ҳар баҳона модар гӯем.

Пирем ё ҷавон, вале дар ҳама ҳол,

Бо шеваи кӯдакона модар гӯем.

Модар! Ин вожаи муқаддас ва пурэҳсос аст, ки дар қалби ҳар шахс ҷойгоҳи беҳамто дорад. Модар рамзи муҳаббат, меҳрубонӣ ва фидокорӣ аст. Модар нахустин омӯзгор, дӯсти беҳтарин, маслиҳатчӣ, омодаи шунидани арзу дод ва ҳамеша пуштибони фарзанд дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ мебошад. Модар аст, ки бо меҳрубонӣ, дониш ва сабру тоқати худ фарзандонро барои зиндагии шоиста омода мекунад. Модар бо наздикии ҳиссӣ бо фарзанд беҳтар аз ҳар каси дигар эҳтиёҷоти ӯро дарк мекунад ва барои таъмини рушди муназзаму солими фарзанд саҳми беназир мегузорад. Тарбия ва муваффақияти фарзандон бо меҳнати хастанопазири шабонарӯзии модар пайваста аст.

Нақши модар дар рушди ҷомеа танҳо дар доираи оила маҳдуд нагаштааст. Шаклгирии шахсияти ҳар як фард ва ташаккули маънавияти ӯ ғолибан бо аввалин талқинҳои модар дар ахлоқу тарвиҷи арзишҳои инсонӣ вобаста аст. Ин тарбия ба шахсияти кӯдак таъсири амиқ гузошта, онро ҳамчун шахси бомаърифату арзишманд ба ҷомеа ворид месозад. Ӯ ба фарзандон на танҳо донишҳои аввалинро меомӯзад, балки меҳру муҳаббат, сабр ва адолатро ҳамчун арзишҳои асосии ҳаёт ба онҳо интиқол медиҳад. Модар на танҳо бо шири ҷон ғизои чисмонии фарзандро таъмин мекунаду ҳастиашро сабаб аст, балки бо аллаю суруду бозиҳояш аз рӯзҳои аввал ба ӯ қонуну қоидаҳои ҳаёт, арзишҳои иҷтимоӣ ва маънавиятро меомӯзонад.

Модар меҳвари асосии оила буда, бо меҳрубонию ғамхорию сарсупурдагиаш фазои орому осударо фароҳам меорад. Ҳамин аст ки модарро сутуни оила ва гармидиҳандаи хонавода мегӯем. Чӣ хуш аст, ки дар ин рӯз бо гулу туҳфа ва суханпардозиҳои самимӣ бори дигар модарони бузургро қадрдонӣ мекунему эҳтиромашонро ба ҷо меорем.

Ин ҳама рӯзе, ки рӯзи мост рӯзи модар аст

Оташи Наврӯз ҳам як шуъласӯзи модар аст

Модари азиз! Ҳарчанд бо сухан эҳсоси дилро бароят баён карда намешавад, мехоҳам бо ин сатрҳо каме бузургиатро васф созам. Модар, ту чашмаи ҷӯшони меҳрубонӣ ҳастӣ, ки ҳамеша бо муҳаббати бепоёнат дилҳои моро шод мегардонӣ. Модар, ту офтоби дурахшон ҳастӣ, ки бо нурҳои гарми худ зиндагии моро равшан месозӣ. Ту моҳи тобон ҳастӣ, ки бо зебоии беҳамтоят шабҳои моро мунаввар мегардонӣ. Ту мисли ситораҳои дурахшон ҳастӣ, ки бо нури умедбахши худ роҳи торики зиндагии моро равшан месозӣ. Ту мисли баҳори нозанин ҳастӣ, ки бо накҳати форамат дилҳои моро шод мегардонӣ. Модар, ту чун чамани пур аз гулҳои рангорангӣ, ки бо бӯи муҳаббатат ҳаворо муаттар месозӣ ва бо ҳар нафасат зебоии зиндагиро ба мо ҳадя мегардонӣ. Ту мисли дарёи пуртуғён ҳастӣ, ки бо мавҷҳои иродаат монеаҳои зиндагиро аз сари роҳи мо дур месозӣ. Ту омӯзгори донишманд ҳастӣ, ки бо суханони ҳикматомезат ба мо роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳӣ. Ту дӯсти вафодор, аз дили мо огоҳ ҳастӣ ва дар лаҳзаҳои душвор ҳамеша дар паҳлӯи мо қарор дорӣ. Чашмонат мисли осмони кабуди бепоён пур аз умед ва нурест, ки роҳи торики рӯзгорамонро равшан мекунад. Садоят, чун навои ҷӯйбори форам дар фасли баҳор, қалбамонро таскин медиҳад ва рӯҳамонро аз гармии муҳаббатат сероб мегардонад. Дастонат, чун шохаҳои дарахти пурсамари зиндагӣ, моро дар оғӯш гирифта, аз боди сарди рӯзгор ҳифз кардааст ва меваҳои ширини фидокориат зиндагиамонро ширин сохтааст.

Модарҷон, ту лаҳзаҳои ширини ҳаётро барои мо фидо кардӣ! Ҳар як хидмат, ҳар як нигоҳи пурмуҳаббати, ҳар як дуо ва ниёзи ту бароям ҳамчун гавҳари нодир аст.

Идат муборак, модарҷони азиз!

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон.

Бо ифтихор гуфтан лозим аст, ки дар фарорасии фасли зебо, пурнакҳату муаттари фасли баҳор таҷлил гардидани Рӯзи Модар ба қалбҳо суруру хурсандӣ бахшида, бори дигар амиқ мегардад, ки модар ва баҳор тавъаманданд, чунки модарон баҳри офаридани инсон ва баҳор барои эҳёи табиат мебошанд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар таъкид менамоянд: «Бовар дорам, ки модарону бонувони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бо истифода аз рисолати пурмаҳсули хеш барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпараст, инчунин, риояи муқаррароти қонунҳои миллиамон – «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳми арзандаи худро мегузоранд».

Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши занон-бонувон дар таҳкими давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии занону духтарон ва боло бурдани сатҳи донишу маърифати онҳо, яке аз дастгирии Ҳукумати мамлакат ва хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Таваҷҷуҳи манфиатбахши Роҳбари давлат дар ин самт давра ба давра иштироки фаъолияти бонувонро дар умури давлатдорӣ таъмин намуда, саҳми онҳоро дар пешбурди ҷомеа чашмрас намуд.

Дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди повиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, геолог, мураббии наслҳо, ҳашираи меҳрӯбонро дидан мумкин аст, ки ин мояи ҳар яки мову шумо мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози Истиқлоли кишвар вобаста ба таҳким мақому манзалат ва таъмини риояи ҳукуки конститутсионии занон – духтарон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро дар асоси меъёрҳои ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона амалӣменамояд.

Бояд иброз намуд, ки зани тоҷик имрӯз осуда аст, зеро бонувони кишвар дар фазои оромӣ фаъолият намуда, баробари иҷро намудани кору вазифаи мақоми давлатӣ рисолати модариро иҷро менамоянд. Хушбахтона, бонувони озоди кишвар дар корхонаҳои саноатӣ, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо мардон паҳлу ба паҳлу истода вазифаи хешро адо месозанд, сиёсати имрӯзаи давлат барномаи кории онҳо буда, ҷиҳати иҷрои кор саъю талош меварзанд.

Бо ибтикори Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки онҳо дар баланд бардоштани мақому манзалати занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Аз ҷумла, соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон «Нақши миллии тадбирҳои Чумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид. Санади муҳими дигар дар ин самт Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки ҳанӯз соли 1999 ба имзо расида буд ва он бори дигар дунявӣ будани ҷомеаи кишварро таъкид месозад. Ҳамзамон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” тасдиқ гардид.

Мақсад аз қабул намудани ин санадҳо, дар навбати аввал арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, тавсеаи нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон аст. Сиёсати Ҳукумати кишвар, Сарвари давлат нисбат ба дастгирии занону духтарон созанда буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки мунтазам онҳо дар рушди мамлакат ҳиссаи аз ин ҳам волотар мегузоранд.

Бояд зикр намуд, ки шинохти модар, муаррифии бузургманишии ӯ дар ҳама давру замон аз масоили муҳимми мутафаккирону донишмандон, сиёсатмадорону дигар андешамандон қарор дошт. Махсусан, агар ба саҳифаҳои дурахшони таърих чашм андӯзем ҳазорҳо ҳикматҳои ноб, гуворо ва арзишманд нисбати ин олиҳаи зебоӣ дидаҳоро нуронӣменамоянд. Мазмуни ҳар як сухан, ҳар як ҳикмат як ҷаҳон маъноро дар худ таҷассум медорад. Аз ҷумла, Наполеон барҳақ зикр дошта буд, ки “Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад”.

Зан дар адабиёти ҳама миллатҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунад.

Дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ шоҳкори бузурги мо, тоҷикон, ки реша дар тамаддуни ориёӣ дорад ва сарчашмаи худшиносӣ ва ифтихори миллии мо маҳсуб мешавад, мақоми Зан ҷойи хосаеро ишғол менамояд. Занони «Шоҳнома» аз ҷумлаи беҳтарин қаҳрамонони асар ҳисоб ёфта, ҷасорату мардонагии онҳо дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ зоҳир мегардад.

Бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки «Шоҳнома» нашр ва дастраси хонаводаи ҳар тоҷикистонӣ гардонида шавад. Ин иқдом ниҳояти фазилати фарҳангсолорӣ, хирадварзӣ ва китобдӯстии Пешвои миллат мебошанд.

Фирдавсӣ пеш аз ҳама занҳоро ҳамчун асоси зиндагӣ тасвир намуда, беҳтарин хислату малакаи зиндагӣ, тарбияи фарзанду пешравии оиладориро ба онҳо нисбат медиҳад ва қаҳрамонии онҳо дар корзор тасхиркунанда аст.

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бузургтарин ҳамоса мебошад, ки ҳар як ҳаҳрамону паҳлавон офаридаи Зан-модар буда, дар оилаю ва муҳити созгор тарбия гирифтааст. Ин ҳама ба қисмату рафтору кирдори ояндаи қаҳрамон нақше мегузорад. Шоир дар ин ҷо ҳам кору пайкор, маҳорату қобилияти занро аввал мегузорад.

Имрӯзҳо мақому манзалати занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозад, ки Роҳбарияти олии кишвар пайваста дар ин самт иқдомҳои некро роҳандозӣ менамояд. Сиёсати пешгирифта нисбат ба дастгирии занону духтарон созанда буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки мунтазам онҳо дар рушди мамлакат ҳиссаи аз ин ҳам волотар мегузоранд.

Махсусан, саҳми олимаҳои тоҷик ба илми ҷаҳонӣ кам нест, ки пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимаҳо дар ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷолиби диққат мебошанд. Нақши онҳо дар рушди илм ва ҷорӣ намудани технология муосир, тарбияи кадрҳои баландихтисос, тадбиқи қорҳои амалӣ ва табобати беморон чораҳои зиёде роҳандозӣ шуда истодааст.

Таҳқиқоти олимаҳои мо дар самтҳои гуногуни илми тиб қарор гирифтанд, ки иҷроиши дурусти онҳо дар самтҳои гастроэнтерология, ҷарроҳии дилу раг, осебшиношӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, пайвандсозӣ ва бофтаҳои инсон ва ғайра нуфузи илмро боло мебардорад.

Дар солҳои охир саҳми онҳо дар рушди илм боло рафта, сазовори қадрдонӣ мегарданд. Мисоли равшани он узви вобастаи АМИТ, д.и.т., профессор, раиси Комиссияи проблемавии фанҳои терапевтии МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шукурова Сурайё мебошад, ки соли 2024 бо “Мукофоти Лигаи Ассотсиатсияи ревматологҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (Сингапур)” қадрдонӣ гардид.

Таҳлили ҳамасолаи корҳои илмӣ ва мақолаҳои илмӣ нишон медиҳад, ки олимаҳову занони ихтироъкори тоҷик бо истифода аз техникавутехнология ва воситаҳои пешқадами таҳқиқоти илмӣ пайваста барои такмил додани сатҳу савияи дониш ва пажӯҳиши илмии худ кӯшиш намуда, тамоми нерӯи худро барои афзудани обрӯву эътибори илми тоҷик, фарҳанг ва маънавиёт, таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза бо таассубу хурофот, ифротгароиву мафкураи иртиҷоӣ равона менамоянд.

Имрӯз бонувону занон ва духтарон дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ намудани бегонапарастӣ, аз ҷумла сарулибос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти илм ва ободии Ватан, минбаъд низ саҳми худро мегузоранд.

Ҳамаи Модарон, аз ҷумла олимаҳои тоҷикро ба ифтихори Ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи Модар самимона табрик намуда, хушбахтиву саодатмандӣ, тансиҳатӣ, барори кор, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва рӯзгори тинҷу осударо таманно дорем.

Ибодзода С. Т., Ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор,

Каримов Ш.Қ., сармутахассис

Ҳангоми ба забон овардани вожаи муқаддаси модар ҳар яки мо беихтиер ба фикр фуру меравем ва дар пеши назари худ чеҳраи зебою равшан, табассумҳои дилнишин, меҳрубониҳои беҳамто, чашмони равшани пурасрор ва дигар сифатҳои модари хешро пеши назр меорем. Ҳамаи сифатҳои модар ба мо рӯҳи тоза, қувваю қудрати навин ато намуда моро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар роҳи зиндагӣ, кору фаъолияти касбӣ ва хушбахтӣ дар ҳаёти шахсӣ наздик меорад. Пас модар кист? Модар сарчашмаи ҳёти башар аст. Модар офаридгори мост. Модар моро ба дунё меорад ва ба мо тозатарин гуҳари олам - шири сафеди худро мехӯронад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сӯханронии худ дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат аз 6 ӯми марти соли 2007 шири сафеди модарро неъмати азизтарину бузургтарини ҳаёти инсонӣ номида, чунин гуфтаанд: «Ба хотири тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷик дар баробари як қатор муқаддасот ман маҳз ба шири сафеди модар, ки неъмати азизтарину бузургтарини ҳаёти инсонист, қасам ёд карда, масъулияти азимро ба зиммаи худ гирифтаам». Дар ҳақиқат дар баробари мавҷудияти миқдори зиёде аз муқаддасот дар ҳаёти башар шири сафеди модар барои мо инсонҳо муқаддастарнин арзишест, ки аз вуҷуди модар сарчашма мегирад.

Дар баробари ин модар моро мехуронад, парвариш мекунад, худ шабҳо нахуфта моро калон карда ба олами замони худ раҳсипор менамояд. Мисраҳои шоири шинохтаи Эрон Эраҷ Мирзо гувоҳи ин гуфтаҳост:

Гӯянд маро чу зод модар

Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт,

Шабҳо бари гаҳвораи ман

Бедор нишасту хуфтан омӯхт...

Сифатҳои модар бешуморанд ва ин сифатҳо нишонаҳои бузургии модар аст. Модар бузург аст. Аввалин садои дилнишинро аз забони модар мешунавем, аввалин силаи нармро аз дастони модар ҳис мекунем. Аввалин ҳарф ва аввалин калимаро аз модар ёд мегирем. Дониши аввалинро ба мо модар медиҳад. Модар устоди аввалини мост. Шоири шиноҳтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ дар маҷмӯъаи «Модарнома» дар васми модар чунин гуфтааст:

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,

Сафои бомдоди ман ту будӣ.

Аё модар, ба он сон бесафодӣ,

Нахустин устоди ман ту будӣ...

Хиссаи модар дар ҳаёти инсоният беандоза бузург аст. Модар буд, ки инсон арзи вуҷуд кард. Модар буд, ки инсон дорои дониш ва шуурнокӣ шуд. Модар буд, ки тифлони ба дунё овардаи ӯ на танҳо калон шуда, ба камол расиданд, балки дар ҷомеа шахсони шинохта гардиданд, зеро олимон, донишмандон, устодон, сиёсатмадорон ва дигар шахсони шинохта аз модар ба дунё омада, чунон, ки дар боло зикр кардем авалин ҳарф ва аввалин калимаро аз модар омӯхтаанд. Маҳз аз ҳамин ҷо забони ҳар миллатро забони модарӣ меноманд.

Агар ба таърихи гузаштаи миллати хеш нигарем, дар ҳол мебинем, ки дар гузаштаи мо низ модарони бузург кам набуданд. Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, н.и.ф.м., дотсент Ҷӯраева Г. Х. дар мақолаи худ «Меҳри модар» овардааст: «Дар асл, гузаштаи мо низ модарони бузурги хешро дошт, амсоли занҳои оқилаи таърихӣ Тахмина, Гурдофарид, Робия, Маҳастӣ, Дилшоди Барно ва ғайраҳо. Мо инро наметавонем ба забон нагирем, зеро бегузашта имрӯзу бе имрӯз оянда нест». Чи тавре, ки мебинем дар васфи модар асарҳои зиёди илмӣ, бадеӣ, илмӣ-омавӣ ва ғайра офарида шудаанд ки ин аз бузургии модар гувоҳи медиҳанд. Дар ин маъни мисраҳои устод Мирзо Турсунзодаро, ки моҳияти беандоза доранд ба забон овардан ба маврид аст:

Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,

Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки бешубҳа модар бузург аст, зеро бузургонро худи модар офарида ба ин мартаба мерасонад.

Гулов С.А. - ходими калони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

Модар шахсест, ки аз Одам то ба ин дам, ҳамеша ситоишаш мекунем ва ҳамду санояш мехонем, зеро воқеан, шахси азизу меҳрубону такрорнашаванда ва сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар аст.

Муаллими аввалинамон модар асту мактаби аввалинамон домони ӯ. Агар ба таърихи ниёгонамон назар афканем, зани тоҷик маҳдудиятҳои зиёд дошт, хоса дар замони пешазинқилобӣ. Таъсири он маҳдудиятҳо, ҳатто баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ боқӣ монда буд. Дар макотиби олӣ духтаракони манотиқи дурдаст кам таҳсил мекарданд. Якеро падару модар иҷозат намедоданду дигареро бизоат монеа мегашт. Ба ақидаи ҷоҳилонаи бархе аз ашхоси он замон таҳсил кардани духтарон гӯё ба шаъну шарафи волидайн ё ҳатто авлод нуқсон мегузошт. Тафаккури мардум чунон маҳдуд буд, ки ба ақидаи онҳо зани тоҷик бояд хонанишин бошад, таҳсил накунад, кору фаъолият низ нанамояд.

Мутаассифона, ҳуқуқи зан поймол буд. Албатта, чунин мафкураҳо аз таъсири ақидаҳои ғалати динии онвақта пайдо мешуданд. Аз ин рӯ, духтарон ҳуқуқи таҳсил надоштанду бонувон ҳуқуқи дар ҷамъият фаъолият намуданро. Хулоса, мақоми зан-модар дар ҷомеа аҳамияте надошт. Чунин фикрҳои иштибоҳангез оҳиста-оҳиста аз байн рафтанд. Месазад қайд намоем, ки мафкураи мазкур хонаводаи қаҳрамони моро фаро нагирифта буд. Лек то он дараҷае, ки кунун занони тоҷик дар ҷомеа мақоми баланд доранд, дар ягон давру замон надоштанд. Модари босавод метавонад фарзандони босаводро ба воя расонад, оилаи солимро ба вуҷуд орад. Оила солим бошад, насли оянда низ солим мешавад.

Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан-модар дар ҷомеа мақоми хоса пайдо намуд, ки ин иқдом ба модарону хоҳарони мо барои рушду нумуъ ва барои пайдо кардани мақомашон дар ҷомеа имконияти беҳамто дод.

Боиси ифтихор аст, ки ба илми тоҷик, хоса, илми иқтисод саҳми зан-модар беҳамтост. Зани тоҷик бо назардошти оне, ки зан, модар ва хоҳар аст, метавонад вақти худро пурсамар тақсим намуда, дар ҷомеа фаъолона кор кунад ва саҳми боризи хешро гузорад. Имрӯз дар илми иқтисодшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаққиқон аз зумраи занҳо кам нестанд. Соҳибназарова Саодатсултон яке аз олимаҳои тоҷик мебошад, ки номаш дар вирди забони шогирдон ва ҳамкорон бо як меҳру муҳаббати хоса оварда мешавад, бо некӣ ёд мекунанд...

Азбаски Саодатсултони мо ҷавондухтари босаводу доно, масъулиятнок ба воя расид, омӯхтанро дӯст медошту ҳамеша орзу мекард, ки дар оянда дар мактаби олӣ таҳсил намояду соҳибкасб шавад. Гарчанд падару модари Саодатсултон деҳқон бошанд ҳам, аз аҳли фаҳм, ориф, дӯстдори илму дониш ва дорои фарҳанги воло буданд. Волидайни соҳибназари Саодатсултон барои амалишавии орзуҳои фарзандашон саъй мекарданду дастгирӣ менамуданд. Ҳамин тавр, бо дастгирии падару модар ва саъю кӯшиши худ як духтараки тоҷик аз минтақаи дурдаст, аз Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Соҳибназарова Саодатсултон, соли 1958 мактаби миёнаро хатм намуда, ба техникуми хоҷагии қишлоқи ш. Ленинобод дохил шуд. Соли 1962, баъди хатми техникуми мазкур, бо роҳхати Вазорати хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон ба Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи Тимирязеви ш. Москва, факултети иқтисодӣ фиристода шуда, онро соли 1967 хатм намуд. Дар он давра барои духтараки музофотӣ таҳсил кардан дар хориҷи кишвар як инқилоб буд. Яъне бо амри тақдир ахтари Саодатсултон дар осмони илм ҷило намуд.

Духтараки донишандӯзу илмҷӯй бағоят кунҷков буд, майл ба пажӯҳиш дошт. Дар назди худ мақсад гузошт, ки мавзӯи муҳимеро таҳқиқ намояд, то ки саҳми сазовору арзандаи худро барои ривоҷу равнақи илми Ватан гузорад. Ҳамин ҳақиқатҷӯйиву омӯзиши амиқи илм ӯро ба мақсади гузошташуда расонд. Хушбахтона, дар натиҷаи заҳмату талошҳои зиёд соли 1974 дар Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи Тимирязеви ш. Москва рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифоъ намуд.

Соҳибназарова Саодатсултон, олиме мебошад, ки дар илми тоҷик саҳми арзандаву назарраси худро гузоштааст.

Дар давоми зиёда аз 50-соли фаъолияти илмиаш ба масъалаи коркард ва ҷорӣ намудани ташаккулёбии механизми хоҷагидорӣ, гузарондани ислоҳоти иқтисодӣ, шаклҳои нави хоҷагидорӣ, коркарди рушди устувори хоҷагии қишлоқ, танзими бахши аграрӣ аз ҷониби давлат, ҳаллу фасли қарзҳои пахтакорӣ, таъмини рушди босифати иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ва ҳаллу фасли проблемаҳои амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла, ҳалли масъалаи худтаъминкунии аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи озуқаи истеҳсоли худӣ, машғул буд.

Бори нахуст аз ҷониби Соҳибназарова Саодатсултон дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ падидаҳои муносибатҳои бозорӣ (иҷора, системаи чекӣ ва пулии назорат аз болои хароҷот ва баробаркунии ҳисоб, пардохти музди меҳнат тибқи даромади умумӣ) ҷорӣ шудаанд (солҳои 1986-1990). Ҷоиз ба қайд аст, ки муаллима дар таҳияи Барномаи тараққиёти иқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои 1996-2000, дар таҳияи Барномаи амнияти озуқаворӣ барои давраи то с.2015, дар таҳияи Барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ барои солҳои 2013-2015, дар ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои соҳаи пахтакорӣ соли 2008 ва ҳатто солҳои 2004-2012 ба сифати аъзои гурӯҳи корӣ бо Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар масъалаи таъмини аҳолии кишвар бо озуқавории истеҳсоли ватанӣ ҳамкорӣ намудааст.

Соҳибназарова Саодатсултон зиёда аз 60 адад мақолаи илмӣ навишта, китобчаҳо ва тавсияномаҳо ироа намудааст, ки дар маҷаллаҳои илмии ватаниву хориҷӣ мунташир гаштаанд.

Дар давраи аввали бозсозӣ ва мутобиқи Қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бартараф кардани зарароварии хоҷагиҳои минтақаи кӯҳистон», аз соли 1986 оғоз карда, аз ҷониби Соҳибназарова, бори аввал дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ падидаҳои муносибатҳои бозоргонӣ ҷорӣ карда шудаанд, ки мақсади онҳо баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва аз ҷиҳати моддӣ ҳавасмандгардонии деҳқонон, барои натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолот буд. Мақсади мазкур дар натиҷаи ба пуррагӣ такмил додани соҳаи идоракунӣ ва барҳам додани усулҳои экстенсивии хоҷагидорӣ пурра ба даст омад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 1988 ин таҷрибаҳоро дида, ба онҳо баҳои баландро сазовор донист ва барои ҷорӣ кардан дар тамоми хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тавсия дод. Масалан, таҷрибаи совхози Қалъаи Дашти н. Файзобод доир ба ҷорӣ намудани шаклҳои пешқадами хоҷагидорӣ 30 августи с.1988 дар ҷаласаи клуби корҳои амалӣ КМ ПК Тоҷикистон баҳои баланд гирифт. Инчунин, 22 феврали с. 1989 котиби якуми ПК Тоҷикистон Махкамов Қ.М., таҷрибаи кории ӯро дар колхози «Россия», н.Рӯдакӣ шахсан тасдиқ ва ба Бюрои КМ ПК Тоҷикистон пешниҳод намуд. Мутобиқи таҷрибаҳои мазкур, мунтазам семинарҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва конфронсҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд. Соҳибназарова ба теъдоди зиёди мутахассисон ин таҷрибаро омӯзонидааст. Комёбиҳои муҳаққиқи мо дар рӯзномаву маҷаллаҳо мунташир шуда, дар радиову телевизион, аз ҷумла, тариқи Телевизиони марказии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ барномаҳо баргузор гашта буданд. Таҷрибаҳои пурғановати Саодатсултон Соҳибназарова тариқи васоити ахбори қаблан номбурда тавсия шуданд. Инчунин, дар давоми зиёда аз 10 сол бо Институти Умумииттифоқии иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ҳамкорӣ намуда, дар кори чандин конфронсҳои умумииттифоқӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок кардааст. Дар давраи гузариш низ дар зиёда аз 50 мизҳои мудаввар, семинару конфронси ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок ва суханронӣ кардааст.

Муаллима соли 1995 савияи дониши худро дар Амрико, дар штати Техас такмил дода, курси «Озод намудани хоҷагии қишлоқ»-ро хатм намуд, ки яке аз муваффақиятҳои ӯ ба шумор меравад.

Воқеан, зан метавонад бо як даст гаҳвораро ҷумбонаду бо дасти дигар сайёраро такон бидиҳад. Гуфтаҳои Наполеон ба Соҳибназарова Саодатсултон барин зан, модар ва устод низ рабт дорад. Ӯ ҳамчун раҳнамои илмӣ низ бағоят устоди беҳамто буд. Пайваста ба унвонҷӯён, хоса занҳо кумаки методӣ мерасонд ва вақти қимати худро баҳри ин кор дареғ намедошт.

Барои зан дифои рисолаи илмӣ, чӣ номзадӣ бошад ва чӣ докторӣ кори басо мураккаб аст. Зеро бештари занони муҳаққиқ модар низ ҳастанд. Ҳам модар будану ҳам муҳаққиқ, аз зан матонату заҳмати зиёдро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, дифои рисолаи илмӣ барои модари тоҷик ин худ як қаҳрамонист. Саодатсултони саодатмандамон дар баробари муҳаққиқи беҳамто дар соҳаи хосаи худ буданаш, модари ҳалиму меҳрубон, сахтгиру масъулиятнок, модари покзуриёт, билохира, инсони ба маънои томаш комил буд. Ин модари ҳалиму меҳрубон фарзандони солеҳу муваффақро тарбия намуда, ба воя расондааст, ки барои ҳар як модар аз ин беш хубахтӣ вуҷуд надорад.

Бузурге фармуда: «Биҳишт зери қудуми модарон аст». Чӣ қадр олӣ гуфта… Маҳз ин гуфтаҳо ба дурдонаи илми иқтисод, ба Саодатсултони соҳибназари мо гуфта…

Дурдонаи илми иқтисод, Саодатсултони саодатманд, дар қаъри баҳри бекарони илм, яъне чун ганҷи бебаҳо то абад боқӣ хоҳад монд.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣнакуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Саъдӣ

Шарафиддинова Г.Ё. - ходими калони илмии Шуъбаи таҳқиқоти институтсионалии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Эмомалӣ Раҳмон

Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.

Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.

Модар офарандаи ҳаёту мамот буда аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмондана нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.

Муҳаббат ва ғамхорӣ, ки модар ба фарзанд медиҳад, манбаи ягона ва беминнат аст. Модар на танҳо як шахсияти муҳаббатӣ аст, балки рамзи қудрат ва устуворӣ низ мебошад. Ӯ бо вуҷуди мушкилот ва дардҳои рӯзгор қобилияти дастгирӣ ва нигоҳ доштани оила дар ҳолатҳои гуногунро дорад.

Модарам, эй модари ҷонпарварам,
Пеши поят сар ниҳам, эй сарварам!
Кӯдакам ман дар нигоҳат то ҳанӯз,
Мегузорӣ дасти шавқат бар сарам

Модар — рамзи муҳаббат, ғамхорӣ, қудрат ва устуворӣ аст. Вай барои фарзандон ва оила манбаи бебозгашти муҳаббат ва амонат аст. Нақши зан — модар, ҳам дар хонавода ва ҳам дар ҷомеа, ба таври бебозгашт муҳим аст, зеро онҳо на танҳо шахсиятҳои муҳаббатӣ, балки кормандони фаъоли ояндасоз мебошанд. Ба ҳамин маъно, модарон бояд эҳтиром ва қадрдонӣ карда шаванд, зеро онҳо шомили яке аз қудратмандиҳои аслии ҷомеа мебошанд.

МОДАР!- бонуи ҳар як хонадону ҳуснбахши замину нусратбахши тамоми руҳи инсон ҳастӣ.

Саидмуродзода Некруз - ходими илмии ИБФваГР АМИТ

Ҳар сол иди занон ҳамчун рӯзи модар дар оғози баҳори оламоро таҷлил мегардад, ки ин бе ҳикмат нест, зеро зан бо таровату малоҳати худ, ҷаҳонороӣ ва офариниш ба баҳори саршор аз атри гулҳо шабоҳат дорад.

Аз ин ҷост, ки ҳама бузургмардони олам зан-модарро пеши пояш сари таъзим оварда, ситоиш мекунанд.

123123Зани зишт дар дунё вуҷуд надорад, ҷуз бархе аз занон, ки наметавонад худро зебо намоиш диҳанд.

Ҳар чизе, ки дар зиндагии ман ёфт мешавад натиҷаи самимият ва ҳамкории зани ман аст ,фармудааст файласуф ва адиби оламшумул Кофес Юсю

Актёри маъруф Чарли Чаплин миннатдории худро аз ҳамсари меҳрубонаш чунин баён кардааст: “Ҳамсарам маро ба сӯи муваффақият роҳбарӣ кард”.

Чароғи афрӯзи чашми мо насими зулфи хубон аст,

Мабод ин қавмро ё раб ғам аз боди парешонӣ.

Чунин аст дуои неки Хоҷа Ҳофиз нисбати занон, ки сарчашмаи хушкнашаванда аст, зан-модар!

Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми соҳаҳо рӯ ба рушд ниҳодаанд. Ин замон назар ба дигар соҳаҳо занону ҷавондухтарон дар соҳаи илму маориф бештар кору фаъолият мекунанд. Онҳо насли ояндасози кишварро ба камол мерасонанд . Имрӯз дар мамлакати мо бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзалат мақоми иҷтимоии муаллим то ба ҳаддест, ки аз он аҳли ҷомеа ва ҳам омӯзгор манфиатдор ва қаноатманд мебошад.

Барои пешрафти соҳаи ҳаётан муҳим Пешвои миллат таваҷҷуҳи аҳли маориф пеш аз ҳама омӯзгорони кишварро ба масъалаи афзалияти бештар доданд ба таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати он дар тамоми зинаҳои таҳсилот, истифодаи тамоми имкониятҳо дар таълиму тарбияи насли наврас,таҳкими заминаи шодиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва самаранокии фаъолияти онҳо ҷалб намудаанд.

Сиёсати соҳаи маориф, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили боэътимод қарор дорад, тавре оқилона тарҳрезӣ шудааст, ки дар раванди татбиқи он ҷомеаи мо зина ба зина дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас беш аз пеш ноил мегардад.

Зеро пешрафти тамоми соҳаҳо маҳз дар ҳамин муҳаррики асосӣ-илму маориф вобастагии қавӣ дорад ва меҳвари асосии ин муҳаррик ҳамоно омӯзгор аст.

Пешвои миллат дар тамоми мулоқоту суханрониҳо бо аҳли зиёи мамлакат аз ҷумла бо кормандони соҳаи илму маориф ва фарҳанг пайваста аз нақши калидӣ ва созандаи омӯзгор дар рушди ҷомеаи муосир ёдовар шуда, таъкид менамоянд “Миллате, ки омӯзгори асил надорад ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад ва омӯзгори дилсӯзу ғамхор, бомаърифат ва ба тарбияи инсон содиқ чароғи маърифат ва боигарии миллат аст” Рушди босифати илм дар асри ХХI ба ташаккули зинаи нави пешрафти ҷомеа мусоидат намуд.

Дар назди омӯзгор ҳамчун тарбиягари вафодори башар вазифаҳои бағоят зиёду пурмасъулиятро вогузор намуд. Дар асл бақову фано ё рушди он дар зинаҳои қаблии таърихи башарият аз сатҳи ақлу заковат, донишу хирад ва дурандешии инсонҳо манша мегирад. Бешубҳа дар тарбияи чунин хислатҳои волои инсонӣ омӯзгор нақши калиди мебозад.

Дар ҳақиқат дар чунин шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое ба пешрафту рушд ва рақобатпазирӣ умед баста метавонанд, ки дар сиёсати хеш ба соҳаи илму маориф афзалияти бештар дода ба омӯзгору меҳнати пурмашаққати ӯ арҷ мегузоранд. Зеро маҳз зимни татбиқи сиёсати афзалиятноки маориф имконият ва шароитҳое фарҳам меорад, ки барои афзунгардонии неруи инсонӣ дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Маҳз ҳамин муносибати ғамхорона нисбати кормандони соҳаи маориф бахусус омӯзгор аст, ки сатҳи сифати таълиму тарбия дар мактабҳо коллеҷу донишкадаву донишгоҳҳо хеле боло рафта, савияи донишомӯзӣ, маърифатнокӣ, ҷаҳонбинии толибилмон назар ба чанд соли пеш аз замин то осмон фарқ мекунд. Ҳамчунин сол то сол зиёд гаштан маоши кормандони соҳаи маориф ба кормандони соҳа рӯҳу илҳоми тоза бахшида, онҳо нисбати касби мушкилу пуршарафи худ масъулияти бештар дарк мекунанд ва дар ин самт саҳми бонувони омӯзгор бараъло ба назар мерасад. Имрӯз мамлакат бо чунин омӯзгорон ифтихор мекунанд.

Тавре Пешвои муаззами миллат, ки эҳтироми беандоза ба зан-модар дорад. дар Паёмҳои худ борҳо қайд намудаанд: “Мо ифтихори мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо ифату шараф идома мебахшад”.

Бахшида ба Рӯзи модар тамоми бонувонро табрику таҳният гуфта, аз забони шоир мегӯям.

Ид муборак модарони арҷманд ,

Соҳибони бахшу иқболи баланд.

Ид муборак хоҳарони мулки ман,

Тозагулҳои дабистони чаман.

Ходими калони илмии шубаи муодилахои дифференсиали н.и.ф.м. Рахмонов Бахтовар Абдуганиевич

Воқеан модар калимаест, ки ҳамеша аз забони ҳар яки мо садо медиҳад. Як модар муҳимтарин инсон дар зиндагӣ ҳар шахс ба ҳисоб меравад. Меҳри модар ба фарзандаш бо ҳеҷ чизе қобили муқоиса нест. Ҳама модарон қалби бахшанда ва меҳрубон доранд. Як модар қодир аст ҳар гуноҳеро бубахшад. Модар, муҳимтарин зан дар зиндагии ҳар инсон мебошад. Ӯ дар зиндагӣ, тамоми ҳастии худро баҳри шодиву хурсандии фарзандонаш фидо менамояд. Ҳеҷ кас наметавонад, ба андозаи модар аз фарзандони худ муроқибат кунад. Модар як сарчашмаи муҳаббат аст, ки мо тавоноӣ ва азамати уро бо суханҳоямон пурра таҷассум намудан наметавонем. Агарчӣ дар як хонавода барои ин ки фарзандон ба сурати дуруст тарбият ёбанд, мавҷудиятипадару модар дар канори ҳам бисёр муҳим ва зарурӣ аст. Аммо модарон нисбат ба падарон нақши пуррангтару муассиртаре дар заминаи тарбияти кӯдакон бар уҳда доранд. Чунки маъмулан фарзандон дар тули руз вақти бештари худро бо модарони худ сипарӣ мекунанд ва ин модарон ҳастанд, ки бо ёд додани усули кулли зиндагиву омузиши он ба кудаконашон, заминаро барои шаклгирии шахсияти фарзандон ба вуҷуд меоваранд. Аз тарафи дигар ин модар аст, ки аз рузи таваллуди фарзанд ӯро дар оғӯш мегирад ва солимии ҷисмиву равонии кудак дар дасти модар қарор дорад. Бинобар ин рафтори модарон нисбати фарзандон дар шаклгирии сохтори шахсияти онҳо таъсири муҳим дорад. Агар бигуем, ки модарон, меъморҳои воқеӣ ва беназири тарбияти фарзандон ҳастанд, иштибоҳ намекунем. Агар нигоҳе ба зиндагии як модар биандозем чунин ба назар мерасад, ки аз лаҳзаи бордорӣ, ӯ муроқибат намудан аз тифли худро шуруъ мекунад. Дар муддати нуҳ моҳ аз фарзандаш мувозибат мекунаду баъд аз таваллуди навзод низ, масъулияту вазифаҳои ӯ бештар шуда ва доимо дар талоши он аст, то ниёзҳои кӯдакашро бароварда кунад. Илова бар ин ӯ дар заминаи тарбияти фарзанд саъю талош намуда, маҳоратҳои мухталифро ба фарзандаш меомузад то ӯ омодагии лозим барои ҳузур дар ҷомеаро дошта бошад. Ва ҳамин далел аст, ки нақши модар дар тарбияти фарзандон, бисёр муҳим ва пурмасъулият аст.

Мавриди зикр аст, ки дар сурати дигар, як модар ҳамвора ба унвони мураббӣ ва омӯзишдиҳандаи аслӣ дар хонавода ба шумор меравад, ки таъсири бисёре бар шаклгирии шахсияти кӯдак дорад. Чунки ин модарон ҳастанд, ки дар бораи хусусиятҳову вижагиҳои кӯдаконашон ҳамаи чизро медонанд ва аз рафторҳои фарзандонашон бохабаранд. Аз ин сабаб метавон гуфт, ки нақши модар дар тарбияти фарзандон бисёр муҳим ва зарурӣ буда, аз даврони бордорӣ шуруъ шуда то поёни замони рушди кӯдак ва комил шудани марҳилаҳоитарбияти ӯ идома пайдо мекунад. Воқеан, набояд ин масъаларо нодида бигирем, ки модар шудан, вазифаи бисёр сангине аст. Чаро ки модарон дар қиболи ҳамсар, фарзандон, ҷомеа ва ғайра масъулияти бузурге доранд. Чигунае, ки қаблан гуфта шуд, баъд аз таваллуди фарзанд, дар зиндагии падару модар, тағироти муҳим ба вуҷуд меояд, чун ба маротиб масъулиятҳои модар шуруъ мешаванд. Модар бояд пайваста муроқиби фарзандон бошад, ба ниёзҳои ҷисмиву равонии онҳо расидагӣ кунад, маҳоратҳои мухталифро ба онҳо биомузад. Модарон бо тавваҷуҳи дақиқ ба рафторҳои кӯдаконашон ва ҳамчунин гӯш додан ба суханҳои онҳо, метавонанд ба хубӣ бифаҳманд, то ин ки дар афкори фарзандонашон чи мегузарад ва онҳо чи хостаҳову ниёзҳое доранд.

Хулоса, бояд гуфт, ки як модар ба фарзандон на танҳо дар даврони хурдсолӣ ва кӯдакӣ, балки пас аз бузург шуданашон низ метавонад дар рушду такомули шахсияти онҳо таъсири доимӣ дошта бошад.

Беков Дидавар ходими илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

(ибрози андеша оид ба бузургии модар)

«Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир мо маъсул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷгузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем»

ЭмомалӣРаҳмон

Зан-Модар азизтарин ва меҳрубонтарин мавҷуди рӯи замин ва чароғи рӯшани ҳар як хонадон аст, ки ибтидои ҳар зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад.

Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоии зиндагию хонадон, рамзи ишқи ҷовидонии башарият, нахустин мураббӣва муаллими фарзандон мебошад, зеро роҳи тайнамудаи ҳар яки мо аз риштаи меҳру садоқату вафои модарон бофта шудааст. Худованд ба зан -модар қудрате ато намудааст, ки зиндагӣ меофарад ва дар набарди ҷовидонии ҳаёту марг зиндагиро зинда медорад.

Мақом ва манзалати зан дар оинаи таърихи башарият бағоят бузург аст, зеро ин офарандаи беҳамто, фариштаи заминӣ бо исми «модар» бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунеро такон медиҳад. Калимаи «модар» дар ҷомеаҳои гуногун маънои амиқи эҳсосотӣ ва фарҳангӣдорад. Ба маънои аслии худ «модар» ба зане, ки фарзанд таваллуд ва тарбия мекунад, ишора менамояд. Истилоҳ дар аксар маврид бо ғамхории фидокорона, муҳаббат ва қурбониҳо алоқаманд аст, ки эҳсоси беназири модариро инъикос мекунад. Дар илми равоншиносӣ «модар» ҳамчун шахсияти аввалин барои кӯдак ишора мешавад. Нақши он дар ташаккули фазои фарҳангӣва иҷтимоии кӯдакон беназир аст.

Дар заминаи динӣ бошад «модар» дар аксар маврид ҳамчун рамзи ғамхорӣ ва муҳофизат қабул карда мешавад. Ҳамин тариқ, «модар» на танҳо як воқеияти биологӣ, балки иҷтимоӣ-фарҳангист, ки муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти инсон, аз ҷумла муҳаббат, ғамхорӣ, фидокорӣ ва пайванди наслҳоро таҷассум мекунад. Муҳаббати модар аксар вақт бо садоқати беандоза ва омодагӣ ба қурбониҳо барои некӯаҳволӣ ва хушбахтии фарзанд алоқаманд аст. Ғамхории модар на танҳо дар ҷанбаҳои моддӣ, балки дар дастгирии маънавӣ низ зоҳир мешавад. Таваҷҷуҳи беғаразонаи модар, гармӣ ва ҳузури модар эҳсоси амният ва муҳаббатро нисбат ба фарзанд эҷод мекунад. Қобилияти модар дар лаҳзаҳои душвор дар он ҷо будан ва гӯш кардан, бешубҳа, робитаи байни ӯ ва фарзандро мустаҳкам мекунад. Ҷанбаи дигари муҳими меҳри модар, бе шартии он аст. Яъне модарон омодаанд фарзандони худро сарфи назар аз муваффақият, хатогиҳо ва камбудиҳояшон дастгирӣ намуда, дӯст доранд. Ин ба кӯдак боварӣ мебахшад, ки новобаста аз вазъият ӯро қадр мекунад ва дӯст медоранд.

Модар дар ҳаёти мо нақши калидӣ мебозад ва ба мо дарсу арзишҳоеро меомӯзад, ки ба чигунагии дарк намудани ҷаҳони атроф ва рафтори мо таъсири амиқдоранд. Ғамхорӣ ва қурбониҳои ӯяк муҳаббати хоса ва бечунучаро эҷод намуда, ҷаҳонбинии моро ба бисёр ҷанбаҳои ҳаёт тағйир медиҳад.

Модарон барои мо намунаи меҳнатдӯстӣ ва фидокорӣ мебошанд. Саъю кӯшиш ва омодагии онҳо барои фидо кардани вақту қувваи худ барои мо манбаи илҳом аст. Ин мисол метавонад моро ба кӯшиш ва рушди худ ташвиқкунад. Ғайр аз ин модар ба мо таълим медиҳад, ки робитаҳои оилавӣ то чӣ андоза муҳиманд. Ғамхории ӯ барои ташаккули пайвандҳои мустаҳками оилавӣ замина фароҳам меорад ва мо арзиши дастгирӣ ва муҳаббатро дар дохили оила меомӯзем. Фаромӯш набояд сохт, ки арзишҳои ахлоқиро дар вуҷуди ҳар яки мо модар тарбия намудааст ва мо рост ва ботилро аз ҳам фарқ намуда, нисбат ба дигарон ростқавлу ҳамдардӣ зоҳир менамоем.

Кулли арзишҳои беҳтаринро дар вуҷуди мо модар тарбия мекунад, ки онҳо дар қабули қарорҳо ва амалҳои мо дар тӯли ҳаёт таъсири амиқ доранд, хислати моро ташаккул медиҳанд, афзалиятҳоро муайян мекунанд ва ба муносибатҳои мо бо одамони дигар таъсир мерасонанд. Ба шарофати тарбияи модар мо муносибатҳоро бар асоси муҳаббат, ғамхорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣбунёд менамоем. Тарбияи модар дар хислат, арзиш ва рафтори мо осори амиқ мегузорад.

Дар вуҷуди ҳар як фард калимаи «модар» муҳаббати махсус ва бечунучаро эҷод менамояд. Модарон одатан дар вазъиятҳои мукаммал устуворӣва қатъият нишон медиҳанд. Қобилияти онҳо дар бартараф кардани мушкилиҳо ва қабули қарорҳои душвор барои фарзандон намунаи ибрат, қувват ва матонат мегардад. Аз ин лиҳоз меҳри модар лаҳзаҳои ҷовидона, анъанаҳо ва хотиротҳоеро ба вуҷуд меоварад, ки на танҳо зиндагии моро ғанӣмегардонад, балки моро бо наслҳои гузашта бо идомаи гарму пурмуҳаббати таърихи оила мепайвандад.

Метавон оид ба некиҳои модарони гиромиқадр ва дӯстдоштанӣ соатҳо сухан гуфт, аммо бояд донист, ки зиндагӣ аз зан барои модар шудан чӣ фидокориҳоро талаб менамояд. Дар умум метавон гуфт, модар будан таҷрибаи мураккаб ва гуногунҷанба буда, ҷанбаҳои ҷисмонӣ, эҳсосӣ ва иҷтимоии ҳаёти занро дар бар мегирад.Модарон фидокории беандоза нишон дода, вақт, қувва ва манфиати шахсии худро барои беҳбудии оилаи худ фидо мекунанд. Онҳо анъанаҳо, хотираҳо эҷод мекунанд ва дар хона фазои махсуси роҳатро фароҳам меоваранд. Мушкилоте ба мисли тағйироти ҷисмонӣ, вақти маҳдуд, мушкилоти эҳсосотӣ ва масъулиятҳои зиёди дигар тамоми модаронро водор месозанд, ки аз баҳри худ гузашта, танҳо дар фикри насл ва зиндагӣ бошанд. Модар ба ҳаёт маънӣ бахшида, дар оила сарчашмаи дастгириву муҳаббат мегардад.

Шумо, модарон меҳваре ҳастед, ки чархи оила дар атрофи он гардиш мекунад. Ғамхории Шумо насли ояндаро ташаккул медиҳад. Рузи модарон имкониятест барои қадр кардани меҳнат ва муҳаббати беандозаи Шумо. Аз фурсати муносиб истифода бурда, модарони меҳрубони кишварро ба ин рузи саид, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрику таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, иқболи нек, умри дароз ва хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигузор дили Шумо Модарон ҳамеша монанди чашмаҳои куҳистони диёрамон, поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешасабзи Тоҷикистон зебову муҷалло бошад!

Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна ходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа,сиёсатшиносӣва ҳуқуқи АМИТ

Гумон мекунам, ки тавъам омадани ҷашни ин ду офаридгор бесабаб ва бе ҳикмат нест, чун яке гардонандаи зиндагиву дигаре барои бақои инсоният ҳастанд. Яке ғизои маънавиву дигаре моддӣ бар мо мебахшанд.

Аз ин рӯ, қисмат барои одамон ду туҳфаи арзандае инъом кардааст, ки он ҳам яке модар асту дигаре табиат ва бояд мо натанҳо имрӯзу чанд рӯзи дигар дар васфи махсусан модар суханҳои неку ситоишӣ бигӯем, балки ҳар дақиқаву ҳар соат арҷгузор ва дӯстдори модар бошем ва бад-ин васила, шахси худро ҳам хоҳем шинохту донист, ки мо чӣ касем.

Ростӣ, зидди он суханҳое ҳастам, ки махсус дар як рӯзи муқарраргардида бар модар гуфта мешавад, чун бовар дорам, ки модар бо ҳама бузургӣ ниёзе ба ҳарфҳои ҷаълӣ, ки аз тарафи дигарон гуфта мешавад, надорад. Модар муҳаббат аст, модар синаи шафқат аст, модар ганҷинаи бидуни тиҷорат аст, модар ягона ва беназир фардест, ки ишқу садоқатро бар мо бахшидааст, модар маънии зиндагии дирӯзу имрӯзу фардои мост!

Модар маҳбубтарин шахс дар назди Парвардигор аст.

Ва агар ҳолиё шахсияти модарро бо ақл андозагирӣ намоем, ҳама чизу ҳама кас ибтидо мегирад аз модар. Бинобар ҳамин, чанд сухани дар боло гуфташуда қатрае аз баҳри бепаҳнои модар аст. Ҳасад бар касоне мебарам, ки дар қалби худ ҳамеша меҳру муҳаббати модарро доранд ва бузургиашро кашф кардаанд, вале ягон ҳарфе бозгӯкунандаи дарди дили онҳо набошад. Ҳар чизе, ки бузургони мо дар васфи зану модар гуфтаанд, албатта, бисёр суханҳои эшон баланд гуфта шуда, аммо худи онҳо боз мегӯянд, ки «он чизе, ки ман дар дил дорам, то ҳол сухане наёфтам, ки бори маъниашро бардорад ва ман онро гуфта бошам».

Дар воқеъ, он шахсе дар ҳаққи модар сухани воло гуфта метавонад, ки вуҷудаш аз меҳри модар пур ва меҳраш софу беолоиш аст. Аз ин лиҳоз, муҳаббат ва меҳре, ки дар дил нисбати шумо – модарон дорам, пеш аз ҳама ҳамешагист ва дигар онро бо сухан баён кардан имкон надорад.

Кош ин пиндору гуфтор ифтихори пуч набошад, аммо воқеият ин аст, ки мо парвардаи фарҳангу асолати холис ҳастем, дар гузаштаҳои дур, ки ҳеч олиму паджуҳишгаре макону замони ҷашни бузургдошти Зан ва Заминро, ки бо номи “Исфандагонмурз” гузаштагонамон ҷашн мегирифтаанд, дақиқ накардааст. Таърихи пайдоиши ҷашни “Модарон” ё худ “Бонувон”-ро, ки 8-уми март ихтисос ёфтааст, ҳамагон медонанд ва маълум, дар сар то сари дунё ҷашн гирифта мешавад, вале нуктаи таассуф ин аст, ки мо тоҷикон бо таҳаввулоти иҷтимоиву сиёсӣ аз гузаштаи худ дур афтодем, арзишҳову пайвандҳои маънавию фарҳангии худро то андозае аз ёд бурдем. Вагарна чӣ тур метавон ҷашни бузургдошти Зан ва Замин, ки гузаштагонамон бо шукӯҳи хоссе таҷлил мекарданд, аз ёд бурд? Ҳоло агар аз вуҷуди чунин ҷашне аз пиру барно пурсон шавем, яқин дорам, беш аз навад дарсад изҳори бехабарӣ мекунанд... Пас ин истидлоли дур уфтодан аз асли худ нест? Пас аз истиқлол Ҳукумати кишвар чандин ҷашну маросими ниёгонамонро эҳё кард, ки воқеан барои худшиносии миллӣ заминаи назаррасе буду ҳаст, аммо миллат низ бояд дар ин росто бетарафу фориғбол бошад, барои омӯзишу аз гузаштаи худро огоҳ гардидан даст ба кор бишавад. Ба мисол, бояд миллати тоҷик донад, ки он ҳама ҷашну оинҳои гузаштаи мо дар маҳдудаи ҷашнидану рақсу бозӣ кардан набудааст, балки фаротар аз ин пиндору ҳатто фаромиллист, яъне барои башарият хидматгузор будан аст ва он ҷашнҳо характери илмиву худшиносиву барномарезии дурусти зиндагист, ки ҳар фард боястӣ барои зиндагии дуруст бароҳ мондан аз ақлу дониш кор бигираду бунёди зистани боистаро роҳандозӣ бикунад. Гузаштагони мо бар ин бовар будаанд, ки ҳар ончи аз илму дониш сарчашма мегирад, он инсонро дар зиндагӣ хушвақту хушрӯзгор мегардонад, далелаш ҳам ин аст, ки ҳар чи аз гузаштагон ба мо мерос мондааст, баргирифта аз илму хирад будааст ва то имрӯз дархӯри ҳаёти мост.

Далелҳо барои ин пиндору гуфтор фавҷ-фавҷ аст, бигирем ҳамин ҷашни “Рӯзи бузургдошти Зан ва Замин”-ро, чунончи аллома Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ “Осор-ул-боқия” менависад:

«Исфандормуз» эзади муаккал бар Замин ва эзад, ҳомӣ ва нигоҳбони занони шавҳардӯст ва порсо ва дурусткор буда”.

Ба ҳамин муносибат ин рӯз, иди занон ба шумор мерафт.

Мардум ба ҷиҳати гиромидошт, ба онон ҳадя дода ва бахшиш мекарданд.

Занон на танҳо аз ҳадоё ва деҳишҳое бархурдор мешуданд, балки ба навъе дар ин рӯз фармонравоӣ мекарданд ва мардон бояд, ки аз онон фармон мебурданд.

Сипиндормузд нигаҳбони Замин аст ва аз онҷо, ки Замин монанди занон дар зиндагии инсон нақши борварӣ ва бордеҳӣ дорад, ҷашни исфандгон (испандгон) барои гиромидошти занони некӯкор баргузор мегардад.

Эрониён аз дер боз ин рӯзро рӯзи зан ва рӯзи модар меномиданд.

Яъне ин ҷашн ба унвони рӯзи гиромидошти зан ва замин маҳсуб меёфт...

Ин иборатро Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» ба таври андаке дигар овардааст: Аз ин ҷиҳат ҷашнро «мардгирон» мегуфтанд ва занон ба ихтиёри хеш ва бо озодӣ шӯй ва марди зиндагии худро бармегузинанд. Бинобар ин, дар рӯзи панҷуми моҳи исфанд ҷашни занонаи «мардгирон» ё «маждгирон», ки ба занон ихтисос доштааст, баргузор мешудааст.

Аз гуфтаи Гардезӣ метавон чунин бардошт кард, ки гузаштагони мо озодӣ, соҳибихёрӣ ва интихоби занро арҷ мегузоштаанду ба занҳо чунин имкониятро фароҳам меовардаанд, пас аз ин волотару беҳтар қадршиносиву эҳтиромгузорӣ ба шахси зан-модар буда метавонад?

Гузашта аз ин, гузаштагони мо Зан ва Заминро эҳтироми хоса мекардаанд ва ба ин бовар будаанд, ки Зан ва Замин ду халлоқ ё офаридгоре ҳастанд, ки ҷовидонагиву пойдории инсон аз онҳо иртиботи ногусастанӣ дорад ва ин ду офаридгор яке идомадиҳандаи зиндагӣ ва дигаре рисқдиҳандаи зиндагӣ маҳсуб меёфтаанд. Суоли матраҳ инҷост, ки имрӯз ҳам ин ду халлоқ аз шинохти ақли чунин хидматро анҷом намедиҳанд? Гузаштагонамонро бубинед аз замонҳои дури торихӣ ба нуктаи борик фаҳм кардаанд, дар ҳоле халқиятҳои дигар дар ҷангалу ғорҳо зиндагии ваҳшиёнаро пушти сар мекарданд. Аммо илму фарҳанги гузаштагони мо нуктаҳоеро дарку фаҳм карда, ки то имрӯз қобили қабул буда ва беш аз пеш инсоният имрӯз ниёз ба он дорад.

Ин ҳама фарҳангу дониши бузурги бузургони гузаштаамон ифтихорзо нест? Аз он чи тур бояд ифтихор кард? Тутивор на, эҳсосӣ на, бояд ифтихор чун чормағзи сиҳат бошаду мо ҳар кадомоман бевосита осори гузаштаро хонему донем, ки аз куҷо омадему ба куҷо меравем...

Инсон бояд арзишҳои гузаштаи худро дар тарозуи илму дониши худ баркашад ва бидонад, ки решапайванди ӯ аз чӣ хоку обе ғизо гирифтааст ва бори масъулияташ дар чӣ поя буда бошад. Ин аст қарзи фарзандӣ, агар ин нуктаҳоро сарфи назар кардем, бе ҳеч гумон фардо баҳрамон хоҳанд гуфт:

Намедонем асли нодири худ,

Намедонем шеъру шоири худ.

Гаҳе он қадр бефарҳангу кӯрем,

Ки бошем ошкоро мункири худ.

Адабиёт ва осори гузаштагони моро имрӯз ҷаҳониён азхуд мекунанд ва дар зиндагии худ чун дастур истифода мебаранд, беинсофист, ки мо соҳиби сарчашма бошем, аммо ташналаб биншинем...

Нуктаи қобили ҳам андешидану ҳам дарк кардан дар мафҳуми Ватан- Модар дар оини “Рӯзи бузургдошти Зан ва Замин” ифода гардидааст ва оё боре андешидаем, ки чаро Ватан-Модар тавъаму яксон хонда мешаванд? Бубинед гузаштагони мо бар ин андеша будаанд, ки Замин- яъне Ватан дар баробари Зан- Модар барои инсон арзишманд аст, зеро ин ду муқаддасот ба зоти худ як хидматро анҷом медиҳанд- рӯзиовару рӯзидеҳ. Модар рӯзиовар ба маъноест, ки моро ба дунё меовард ва мо аз паси рӯзӣ талош мекунем ва Ватан- Замин ба мо рӯзидеҳ аст, пас ин ду халлоқ сабабгори будану зистан ҳастанд ва беҳуда ин ду вожаи ҳумоюн дар канори ҳам қарор нагирфитаанд. Бояд ба маънии Ватан-Модар ба ин маънӣ фаҳм карда бошем.

Осори беш аз ҳазорсолаи мо, ки ғолибан то ба мо омада расидааст, бештар аз осори пешиниён сарчашма мегирад ва чи гунае, ки осори гузаштаи мо дар китобҳои Рӯдакӣ, Пури Сино, Абурайҳони Берунӣ, Гардезӣ, Хайём, Ҳофиз ва амсоли инҳо инъикос гардидааст, ифодагарӣ миллати фарҳангофару донишвар будани мост.

Чӣ тавре дар оғоз зикр кардем, қадрдонии Зан-Модарро набояд ба як рӯз ихтисос доду бо ҳамин хатм кард, балки моро зарур аст, ки баҳри пойдориву ояндаи дурахшон занҳоро на дар зери дидгоҳи танги худхоҳиву мардсолорӣ нигаҳ дорем, балки иззаташонро ба ҷо биёрем ва тамоми шароитро барои соҳибилму соҳибандеша гаридани занҳо фароҳам оварем, то миллат наслҳои бохираду андешаманду донишварро бештар доро гардад. Чун таҷрибаҳои гузашта нишон медиҳанд, ки ҷомеае, ки зан дар он соҳибэҳтирому донишманд ҳаст, он ҷомеа ба тамоми комёбиву дурахшандагӣ дастёб мегардад.

Модар рисолати бузург дорад ва бояд мо ба қадри рисолаташ бирасем, чунончи шоир ин нуктаро дарк карда, фармудааст:

Аё модар, пиҳил кун шири покат, ки то ҳастам,

Ҳама сӯи Худо ноланд, ман сӯи ту менолам.

Ҷашни бузургдошти модарон бар ҳама фархунда ва хуҷаста бод!

Зоҳири Сайфулло - ходими илмии Шуъбаи фалсафаи Фарҳанг ИФСҲ. АМИТ

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаи нақши занон ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ барои кишварҳое, ки дорои арзишҳои анъанавӣ мебошанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, бисёр муҳим аст. Дар ҷаҳони муосир занон на танҳо асоси оила ҳастанд, балки дар равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ низ фаъолона ширкат меварзанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад, ки аҳамияти бузурги модарону оиладориро дар фарҳанги миллии мо таъкид мекунад.

Бо вуҷуди ин, дар солҳои охир тамоюли мусбат дар рушди соҳибкории занон ба назар мерасад, ки ин нишонаи афзоиши фаъолнокии иҷтимоӣ ва мустақилияти иқтисодии занон мебошад. Барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкории хурду миёна заминаи мусоидро барои фаъолияти занон фароҳам меоранд, аммо масъалаҳое ба монанди дастрасӣ ба сарчашмаҳои молиявӣ ва барномаҳои омӯзишӣ ҳанӯз ниёз ба ҳалли фарогир доранд.

Яке аз омилҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии занон сатҳи таҳсилоти онҳост. Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ҷавондухтарони соҳиби маълумоти олӣ афзоиш ёфтааст. Аммо, мушкилоте ба мисли қатъи таҳсилоти духтарон бар асари издивоҷи барвақт, фишори иҷтимоӣ ва набудани ангезаи рушд ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд.

Сиёсати давлатии соҳаи маориф ба васеъ намудани имкониятҳои занон равона шудааст, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, тағйири тасаввуроти қолабӣ дар бораи нақши зан дар ҷомеа ва рушди барномаҳои касбии омӯзиширо дар бар гиранд.

Ҷашнгирии 8 март ҳамчун Рӯзи модар дар кишвари азизамон нақши модариро дар фарҳанги миллӣ таъкид мекунад. Аммо яке аз мушкилоти муҳим сатҳи солимии репродуктивии занон мебошад, махсусан дар минтақаҳои дурдаст.

Барои ҳалли ин масъалаҳо, чораҳои фарогири давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба солимии занон ва таъмини баробарии дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ заруранд.

Дар ҷомеаи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон занон на танҳо модар ва тарбиятгарони насли оянда мебошанд, балки нақши муҳимро дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ мебозанд.

Рӯзи 8 март – Рӯзи модар як рамзи эҳтиром ба занон ва арҷгузорӣ ба нақши онҳо дар ҷомеа мебошад. Аммо муҳим аст, ки ин арҷгузорӣ на танҳо ба як рӯз маҳдуд шавад, балки дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт татбиқ гардад.

Занон ояндаи миллатанд, ва рушди устувори ҷомеа танҳо бо иштироки фаъолонаи онҳо имконпазир хоҳад буд.

Модар, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдориҳо мебошад, зеро ӯ сарчашмаи ҳаёт, равшангари бахту саодат, мунису ғамхор, меҳрубону боиззат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандусту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда мебошад. Бо меҳрубониҳояш ба зиндагӣ таровату ҳусни нотакрор мебахшад.

Дар охир ҳамаи модарону бонувони кишвари азизамонро ба Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, баҳрашон беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Раҳимова Шукрона Абдуллоевна корманди шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки модар таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дорад (б. 1 моддаи 34). Аз ин рӯ, сиёсати ҷорӣ дар самти таҳкими оила, таъмини ҳифзи манфиатҳои модар ба қонуни асосии мамлакат асос ёфта, баҳри ташаккули ҷомеаи солим ва таҳкими арзишҳои оилавӣ равона гардидааст.

Дар айни замон фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳбудии вазъи моддии оилаҳо, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таваллуди кӯдакон ва ғайра нигаронида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон аз 28 декабри соди 2024 чунин қайд намуданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”.

Баҳри ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои модар давлат аз як қатор механизмҳои махсус истифода мебарад.

Механизми давлатии ҳимояи модар маҷмӯи тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷиҳати мазмун, мақсад, муҳлат гуногунанд. Ҳамаи онҳо иҷрои уҳдадории конститутионии давлатро оид ба ҳимояи модар таъмин мекунанд.

Зери истилоҳи"ҳимоя" инҳо фаҳмида мешаванд:

тадбирҳое, ки ба рафъи ҳуқуқвайронкуниҳо нигаронида шудаанд;

чораҳои пешгирии вайронкуниҳо;

кафолати амалишавии ҳуқуқҳои модар.

Дар шакли умумиаш «ҳимоя» муқовимат ба амалҳои ғайриқонунӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин рӯёнидани ҷуброни зарарро дар бар мегирад.

Механизми давлатии ҳимояи модар ҳамчун маҷмӯи тадбирҳои мақсаднок баҳри ҳавасмандгардонии модарӣ, кафолати ҳифзи манфиатҳои модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоидтарин барои инкишофи ҳаматарафаи кӯдак нигаронида шудаанд.

Мафҳуми «модар» дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва фаъолияти амалии инсон истифода мегардад. Қонунгузор истилоҳи модарро васеъ истифода бурда, аммо мафҳуми онро надодааст. Аз ин хотир, мо зарур мешуморем, ки ба адабиёти ҳуқуқӣ рӯ оварем.

Дар энсиклопедияи озоди Википедия модар – ин зан дар муносибат бо фарзандони худ маънидод мегардад. Дар луғати Д.Н. Ушаков бошад, модарӣ ҳамчун муносибатҳои оилавии байни модар ва фарзандон муайян карда шудааст. Луғати С.И. Ожегов ва Н.Ю. Шведов модарро ҳамчун ҳолати махсуси зан — модар (асосан дар давраи ҳомиладорӣ ва кӯдакӣ) муайян мекунад.

Ба ақидаи мо модар аз нигоҳи иҷтимоӣ падидаи мураккабе мебошад, ки аз ҷониби давлат тавассути муқаррар намудани кафолатҳои ҳуқуқӣ ҳифз карда мешавад ва робитаи оилавии зан-модар ва кӯдаки ӯро дар бар мегирад. Модарӣ аз лаҳзаи ҳомиладорӣ оғоз меёбад, зеро аллакай дар ин вақт зан аз ҳуқуқҳои модарӣ истифода бурда метавонад.

Саволе ба миён меояд, ки модар танҳо зане ҳаст, ки кӯдакро таваллуд кардааст ё дигар шахс, ки кӯдакро зери парастории худ гирифтааст(модархонд, модарандар) модар буда метавонад? Ҳолатҳое ҳастанд, ки зан кӯдакро таваллуд мекунаду, аммо аз фарзандаш даст мекашад, ё ин ки аз сабаби мунтазам содир намудани кирдорҳои ношоям суд занро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум мекунад. Аммо ба ақидаи мо модарӣ на танҳо муносибати иҷтимоии байни зан ва фарзандонаш мебошад, ки дар тарбияи ӯ қарор дорад, балки функсияи асосии биологӣ мебошад, ки ба бардошта гаштан, таваллуд ва ширдиҳии кӯдак вобаста аст. Зани дигар, ки бо сабабҳои муайян нисбати кӯдак ҳуқуқу уҳдадориҳои модариро пайдо мекунад, модарандар ё модархонд ҳисобида мешавад.

Дар муносибатҳои оилавӣ модар мақоми махсусро соҳиб аст. Дар оила зан ва мард баробарҳуқуқ буда, модар дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва ғайра бо падар мавқеи баробар доранд.

Тибқи моддаи 49 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аслу насаби кӯдакро аз модар (модарӣ) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кӯдакро дар муассисаи тиббӣ таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бошад, дар асоси асноди тиббӣ, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.

Боби 12 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуқуқу уҳдадориҳои модарро нисбат ба фарзанд муқаррар менамояд, аз ҷумла:

- модари кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак мустақилона зиндагӣ кунад ва дар тарбияи ӯ иштирок намояд;

- модари кӯдаки ноболиғ, ки бо падари кӯдак ақди никоҳ набастааст, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд.

То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиғ ба кӯдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад;

- модари кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ дорад бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдаҳ ӯ ба тартиби муқаррарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарӣ ва модариро нисбати фарзандаш дорад;

- падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу уҳдадорӣ мебошанд;

- падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд;

- падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ, ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд;

- падару модар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғи худро ба роҳ мемонанд;

- падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда ҳуқуқуманфиатҳои онҳоро бе ваколатҳои махсус дар муносибат бо ҳамагуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар судҳо ҳимоя менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳуқуқҳои модарӣ ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолагӣ (синни балоғат) расидани кӯдакон, инчунин ҳангоми ақди никоҳ бастани кӯдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз ҷониби кӯдакон то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани қобилияти пурраи амал, қатъ мегардад.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мавҷудияти асосҳои зерин ба тариқи судӣ маҳрум кардан аз ҳуқуқи модариро пешбинӣ менамояд:

- аз иҷрои уҳдадориҳои модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунад;

- бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона(таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он гирифтани фарзанди худро рад намояд;

- аз ҳуқуқи модарии худ сӯистифода намояд;

- ба фарзандон муносибати бераҳмона кунад, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинад, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намояд;

- майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошад;

- бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошад (м. 69).

Аммо набояд фаромӯш кард, ки маҳрум кардани модар аз ҳуқуқи модарӣ ӯро аз вазифаи таъмин кардани фарзандаш озод намекунад.

Ҳолати барқарор намудани ҳуқуқи модариро низ қонун пешбинӣ намудааст.

Давлат нисбати модарони ғайри қобили меҳнат, аз ҷумла куҳансол, маъюб эътибори ҷиддӣ медиҳад. Аз ҷумла, дар банди 2 м. 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ки фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Чунин меъёр дар моддаи 88 Кодекси оила низ омадааст. Аз ин рӯ, дар ҳолати саркашӣ намудани фарзанд аз нигоҳубин ва таъминоти модараш ба тариқи судӣ алимент муқаррар карда мешавад.

Занон субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои меҳнатӣ буда, бо мардон ҳуқуқу уҳдадориҳои баробари меҳнатӣ доранд. Аммо аз ҳисоби модар буданашон дорои як қатор ҳуқуқҳои махсус мебошанд.

Акнун, ҳуқуқу уҳдадориҳоеро номбар мекунем, ки дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд аз сабаби зан ё модар буданаш онҳоро амалӣ ва ё иҷро менамояд:

- манъи табъиз, меҳнатимаҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок ҳамчун принсипи мустақили қонунгузорӣ оид ба меҳнат эътироф гардидааст(м. 4). Ин ҷо, манъ будани истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок маънои онро надорад, ки нисбати занон табъиз ҷой дорад. Маълум аст, занон дар баробари мардон иқтидори калон ва қобилияти кор кардан дар ҳама корро доранд. Ё ин ки меъёри мазкур табъиз нисбати мардҳоро ифода намекунад(чаро мардҳо корҳои вазнину хатарнок кунанду, занҳо не?). Ин меъёр танҳо ба он хотир қабул шудааст, ки зан қобилияти таваллуди кӯдакро дорад ва модарии ӯ ба назар гирифта мешавад;

- ба кор қабул накардани занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то сесола доранд, бо сабаби ҳомила ва ё кӯдак доштани онҳо ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад(м. 23);

- падар ва модаре, ки фарзандашон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанду, дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ва иҷрои вазифаи(мансаби) хизматӣ ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар ҷанг ва муқовиматҳои сиёсӣ фавтидаанд- ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқи баромадан ба рухсатии бемузди меҳнатро доранд (қ. 2 м. 116);

- ҳуқуқи талаб кардани қатъи шартномаи меҳнатии фарзанди ноболиғи худ. Агар идома додани кор ба саломатии кормандони аз синни ҳаждаҳ хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, падару модар, васӣ(парастор) ё мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб намоянд(м. 209);

- танаффус барои ғизодиҳии кӯдак. Ба ғайр аз танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хӯрок, танаффусҳои байнибастӣ ва махсус, ба занон, ки кӯдаки то яксолу шашмоҳа доранд, падар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки то яксолу шашмоҳаро бе модар тарбия мекунанд, барои ғизо додани кӯдак баъди ҳар се соати кор танаффус дода мешавад. Давомнокии танаффус: барои як кӯдак - ҳар як танаффус на кам аз сӣ дақиқа; барои ду ё зиёда кӯдак бошад, - ҳар як танаффус на кам аз як соат (м. 218);

- корфармо дар асоси хулосаи тиббӣ уҳдадор аст, зани ҳомиларо бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ба дигар кор гузаронида, таъсири омилҳои истеҳсолии зарарнок ва хавфнокро истисно намояд (қисми1 модда 221);

- занони кӯдаконашон то як солу шашмоҳа дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кӯдакашон ширмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмаконӣ имкон намедиҳад, то ба синни як солу шашмоҳа расидани кӯдакашон ба кори дигар гузаронида шуда, моҳонаи миёнаашон аз рӯи кори пештараи онҳо дода мешавад(қисми3 модда 221);

- ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳо ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад (қ.2 м. 222);

- ҳуқуқи баромадан ба рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак (м. 224).

Қонуни ҷиноятӣ низ манфиатҳои модарро ҳифз мекунад. Масалан, тибқи моддаи 155 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зан бинобар ҳомиладорӣ, ҳамчунин беасос саркашӣ намудан аз қабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдӯш намудани зане, ки кӯдаки то сесола дорад, бо ҷарима ба андозаи аз сесад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Қонуни ҷиноятӣ таъини ҷазои корҳои ҳатмиро нисбати занони ҳомила манъ мекунад(б. “в”, қ. 2 м. 48 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Корҳои ислоҳӣ низ нисбати занҳои ҳомила таъин карда намешавад(б. “г”, қ. 4 м. 52 КҶ ҶТ).

Таъини ҷазои маҳдуд кардани озодӣ барои занони ҳомила ва модароне, ки бо сабаби нигоҳубини кӯдак дар рухсатӣ мебошанд, манъ карда шудааст(б. “в”, “г” қ. 4 м. 54);

Ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ва ҷазои қатл нисбат ба занон таъин карда намешаванд (қ. 2 м. 58 (1) ва қ. 2 м. 59).

Модар будан ҳангоми таъини ҷазои ҷиноятӣ ба инобат гирифта мешавад. Масалан, ҳомиладор будани зан ё кӯдаки хурдсол доштани ӯ ҳамчун ҳолати саббуккунандаи ҷазо ҳисобида мешаванд(б. “в” ва “г” м. 61 КҶ ҶТ).

Баръакс, дидаю дониста аз тарафи гунаҳгор содир намудани ҷиноят нисбати зани ҳомиладор ҳолати вазнинкунандаи ҷазо ҳисобида мешавад(б. “ж”, м. 62 КҶ ҶТ).

Занони ҳомилаи маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни ҳаштсоларо ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, суд метавонад то ҳаштсола шудани кӯдак адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад(қ. 1 м. 78 КҶ ҶТ). Инҷо, албатта розигии оила ё хешовандонаш барои якҷоя бо ин зан зиндагӣ кардан лозим аст ё барои мустақилона таъмин намудани шароити лозимаи тарбияи кӯдак имконият мавҷуд аст.

Ин ҳолат аз хислати инсондӯстона доштани қонуни ҷиноятии мамлакатамон гувоҳӣ медиҳад, зеро қонунгузор масъалаи тарбияи кӯдак, ташкили оилаи солимро дар мадди аввал гузошта, ҳатто ба воқеан татбиқ накардани ҷазо розигӣ медиҳад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти иҷтимоӣ нисбати модар имтиёзҳои махсус пешбинӣ намудааст. Ин ҷо мо танҳо он кафолату имтиёзҳоеро номбар мекунем, ки ба модар будани зан дахл дошта бошанд. Заноне, ки панҷ ва беш аз ин кӯдак таваллуд карда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кӯдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, бо назардошти мӯҳлати нигоҳубини кӯдакон ё дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти мӯҳлати зикргардидаи нигоҳубини кӯдакон ба нафақа ҳуқуқ доранд (б. “в”, м. 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”).

Ба собиқаи кории умумӣ вақти нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кӯдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол дохил карда мешавад.

Ба модароне, ки 10 ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия намудаанд, нафақаи иҷтимоӣ дар ҳар кадом ҳолат ба андозаи на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол таъин карда мешавад(м. 110 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”).

Ҳамин тариқ, мардону занон дар тамоми муносибатҳои ҳуқуқӣ баробарҳуқуқ бошанд ҳам, аммо давлат нисбати зан-модар ғамхории махсус зоҳир менамояд.

Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 2 августи соли 2011 8 март - Рӯзи Модар эълон гардида, рӯзи иди ғайрикорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷабборов Ф.Н. - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар соли1997-ум иброз дошта буданд: “Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаихудаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан-Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.

Модар…. чӣ хел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте, ки Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем.

Модар ба мисли замин якто аст ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст.

Як шаба ранҷе, ки Модар кашид
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст.

Бале Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хело гарон аст;

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде,ки қадру қиммати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар
Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занад сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои Модар,

Зиҳӣ, Модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд…

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.

Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Мехостам, ҳамаи модарону хоҳарони гиромиро бо фарорасии Иди 8-уми Март самимона табрик намоям!

Саидзода Ҳалим Азиз, доктори илми филология, профессор мудири кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Subscribe to Мақолаҳо