Июль 3, 2024 08:43
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити мушкилоти печидае, ки мамлакатҳои минтақа ва дар саросари ҷаҳон рӯбарӯ ҳастанд, кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай барои пешбурди ҳадафу мақсадҳои он якҷоя кор мекунанд. Ҳадафи он ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир ва мусоидат ба амнияти минтақавӣ, шукуфоии иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мебошад. Он на танҳо барои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун як созмони байналмилалӣ арзишманд, балки ҳамчунин дорои потенсиали намунавӣ барои муносибатҳои байни мамлакатҳои ҷаҳон мебошад. Бо ташвиқи ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ, барои пешрафти дастаҷамъӣ ва шукуфоии ҳама шарикон илҳом мебахшад.
Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани пайвандҳои муштараки адабу фарҳангу забону таърих, лоиҳаву барномаҳо дар коркард ва мубодилаи иқтидори фаровони табиӣ ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ мебозанд.
Дар ин зимн, Тоҷикистон аз мамлакатҳоест, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ байни ҳар ду давлат 6 июни 1992 барқарор гардид. Аввалин маротиба соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба соли 1994 ба Покистон сафар намуданд, борҳо барои иштирок дар нишасту ҷаласаҳо ба ин мамлакат сафар карданд, ки ахиран санаи 14-уми декабри соли 2022 вориди ин ҷумҳурӣ шуданд.
Бо даъвати Ҳукумати Покистон, Президенти Тоҷикистон 2 ва 3 июни соли 2021 ба Покистон сафари расмӣ анҷом дода, бо Сарвазир, Президент ва дигар раҳбарияти олии ин мамлакат дидору мулоқот намуданд, ки дар натиҷа 12 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф байни ҳар ду давлат ба имзо расид.
Мавриди ёдоварист, ки дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду мамлакат ба 16,2 миллион расид, ки аз он содирот 6,6 миллион доллар ва воридот 9,6 миллион долларро ташкил медиҳад. Тибқи омори нав, дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду мамлакат то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода, ба 500 миллион доллар расонанд.
Яке аз дигар самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, ин амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ҳамоҳангсозии асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд гуфт, ки мақсаду ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бо амалисозии ин лоиҳа Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин васила равобити минтақавиро боз ҳам бештару хубтар тақвият мебахшад.
Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду мамлакат равобити хуби дипломатиро дар чаҳорчӯбаи созишномаҳо тақвият дода, он рушд меёбад.
Ҳар ду ҷумҳурӣ узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои исломӣ ва дигар форуму ташкилоти минтақавии худ мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳкими муносиботи неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар созмон, инчунин таъмини амнияту субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад».
Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи созмони мазкур на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ низ мебинад.
Созмони ҳамкории Шанхай як созмони сиёсӣ, иқтисодӣ ва байналмилалии Авруосиё аст. Он бузургтарин созмони минтақавӣ дар ҷаҳон аст, ки тақрибан 60 фоизи минтақаи Авруосиё ва 40 фоизи аҳолии ҷаҳонро фаро мегирад. Созмони ҳамкории Шанхай вориси Панҷгонаи Шанхай мебошад, ки соли 1996 байни Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ташкил шудааст. 15 июни соли 2001 раҳбарони ин мамлакатҳо ва Узбекистон дар Шанхай мулоқот карданд, то созмони нави ҳамкориҳои амиқи сиёсиву иқтисодиро эълон карданд.
Покистон 9 июни соли 2017 дар ҷаласаи 17-уми Шурои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Остонаи Қазоқистон расман ба узвияти комилҳуқуқи созмон пазируфта шуд. Дохил шудани Покистон як марҳалаи муҳими сиёсати хориҷӣ, таҳкими ҳамкории он бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва имкон додани нақш дар суботи минтақа муҳим арзёбӣ мегардад.
Покистон аз гузашта таҷрибаи хуб дар бахшаҳои саноат, тиҷорату туризм ва ҳарбӣ дошт, ки мисолу намунаҳои онро дар сектору форуму бахшҳои гуногуни созмонҳои ҷаҳон аз ҷумлаи Созмони Милали Муттаҳид метавон мушоҳида кард. Лиҳозо раисии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Покистон барои солҳои 2023-2024 як қадами мусбат дар самти таҳкими суботи минтақа ва шукуфои муштарак байни мардумони он хоҳад буд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд ҳамкории бештари худро дар чаҳорчӯбаи форуму лоиҳаҳои мазкур масири аслии рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва энергетикиро тавсеа бахшида, шароитҳои созгору хуберо барои эҷод ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ фароҳам карда, аз сарватҳои инҷо барои рифоҳи зиндагии мардум истифода хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, ҳар ду ҷумҳурӣ чун аъзои фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай метавонанд дар пешбурди сулҳу субот ва иқтисоду тиҷорату саноату саёҳат саҳми муҳим ва муассир гузоранд.
Мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дурнамои худро дар бораи расидан ба амнияту сулҳи пойдор бо унсуру моделҳои хос, аз ҷумла тарғибу ташфиқи фарҳангӣ, рушду пешрафти иқтисодӣ, фаъолсозии лоиҳаву барномаҳои муассири пазируфташудаи худ, ҳамкории муштарак, пайвастшавӣ ва раҳоӣ аз таҳдиду хатарҳо кору фаъолияти муштарак барқарор намуда, минтақа ва ҷаҳонро ба самти созандагиву сулҳофаринӣ ҳидоят фармуда, дипломатияи мардумиро тавсеаву тақвият бахшанд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,таҳлилгар, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Мусаллам аст, ки ҳама гуна муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигар дар замони Шуравӣ дар доираи равобити Иттиҳоди Шуравӣ бо ин давлатҳо сурат мегирифт ва бештари он алоқаҳо ҷанбаи илмӣ-фархангӣ дошт. Бояд ёдовар шуд, ки равобити Тоҷикистону Покистон бо марҳалаҳои гуногун оғоз шудааст, ки аввалини он шиносои адабӣ ва забонии ин ду сарзамини соҳибфарҳанг дар замони собиқ Шуравӣ бо мавҷуд будани шуъбаҳои урду ва ҳиндии марказҳои илмӣ буд, ки бисёре аз мутахассисони кишвар хадамоти илмиро барои рушди фарҳанг то ба имрӯз ба иҷро расонданд. Пайвандгари адабии Тоҷикистону Покистон омӯзиш ва ҳифзи забони урду мебошад, ки он барои мо мардуми Тоҷикистон чун духтари зебои форси-тоҷикӣ хело аҳамият дошта, таърихи ғании 350 солаи ин забони ошиқона саршор аз адабиёт, фарҳанг, шеъру ғазал ва осори исломист, ки мо онро мавриди омӯзиши илмӣ қарор диҳем, зеро он бо шеваҳои забони форсӣ-тоҷикӣ ҳамвасл ва ҳамнасл буда, дорои манобеъи маҳфузшудаи ғанӣ мебошад.
Мукотибаҳо, навиштаҷот ва робитаҳои адабии Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар бо адибони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва хусусан Покистон ба монанди Аллома Муҳаммад Иқбол (тав. 9-ноябри 1877 ваф. 21 апрели 1938), Ҳофиз Ҷалондари (офарандаи суруди милии Покистон), Мирзо Асадулло Ғолиб (1797-1869), Файз Аҳмад Файз (1911-1984) ва Надим Қосимӣ (тав. 20-ноябр 1916 ваф. 10 июли 2006) шавоҳиди ин марҳалаи таърих мебошад, ки зиёиёни тоҷик онҳоро чун сарчашмаи илмию адабӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Эълони бародаршаҳрии байни Душанбе ва Лоҳур аз солҳои пеш аз даврони истиқлол низ дастовардҳои фарҳангии ин ду сарзамин мебошад, ки то ҳол боқӣ мондааст.Аз рӯи сарчашмаҳои гуногун ва китоби нависандаи Покистон, профессор Муҳаммад Ахтар (1934-1915) дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онон аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон ин ҷоро ватани доимии худ қарор додаанд. Бояд қайд кард, ки бештари гузаштагони сулолаи муғулони инҷо ба касби тиҷорат, сарбозӣ, илму дониш, меъморӣ, дин ва ирфон машғулият доштанд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.
Дар бораи муносибатҳои дуҷонибаи илмӣ-фархангии Покистон ва Тоҷикистон таи солҳои 50-90 дар китоби Қ. Расулиён “Покистон" маълумоти муфассал гирд оварда шудааст. Дар китоби муаррих Қаҳҳор Расулиён “Покистон” таваҷҷӯҳи асоси ба оғози муносибатҳои илмию фарҳангӣ ва вазъи кунуниву дурнамои равобити гуногунҷабҳаи тарафайн равона карда шудааст. Пас аз ба истиқлолият соҳиб шудани кишварҳои собиқ шуравӣ давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба ҷумҳуриҳои нави соҳибихтиёр мароқи зиёд зоҳир намуданд. Яке аз муҳимтарин омилҳое, ки Тоҷикистонро бо Покистон мепайваст ин умумияти таърихӣ, фархангӣ ва динӣ доштани ин халқҳо буд. Ҳамчунин дар як минтақа ҷойгир шудани онҳо ва вобаста ба ин манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақа барои барқарор намудани густариши муносибатҳои ҳамаҷониба заминаи хуб фароҳам оварда буд. Ин буд, ки Покистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда муносибатҳои расмии дипломатӣ барқарор намуд.
Бояд зикр намуд, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи барномаҳои мухталиф шаҳрвандони зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунд. Дар навбати худ имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шумораи зиёди шаҳвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон дар риштаҳои гуногун ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон борҳо эътироф намудаанд, ки кишварҳояшон «якдигарро ҳамчун шарики дарозмуддати худ мешуморанд ва барои истифода аз имкониятҳои фаровоне, ки дар заминаи ҳамкроӣ дар тамоми соҳаҳо доранд, ҳамаи корҳоеро, ки аз дасташон меояд, мекунанд». Хусусан, ки чунин заминаҳо барои суръат бахшидан ва амалӣ гардонидани ҳамкориҳои ҳаматарафа дар соҳаҳои истеҳсоли нерӯи барқ, бунёди корхонаҳои муштарак, дорусозӣ, туризм, роҳсозӣ, тиҷорат, фарҳанг, илм, тарбияи мутахасисон, мубориза барзидди терроризм ва экстремизм ва ғайра мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди гуфтугӯҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Покистон таъкид намуда буданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои худ бо Покистон дар чаҳорчӯбаи робитаҳои дутарафа ва бисёртарафа ҳамчун омили сулҳ ва оромӣ дар минтақа назар мекунад».
Дар самтҳои сиёсӣ, идеологӣ ва дар миқёси байналмилалӣ дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигар Тоҷикистону Покистон ҳамеша мавқеъҳои якдигарро дастгирӣ менамоянд, ки ин аз ҳамоҳангии хуб ва наздик будани мавқеъҳои сиёсӣ ва байналмилалии ҳар ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар минтақаи Осиё кишварҳое ҷойгиранд, ки аз ҷиҳати иҷтимоиаашон пешқадам мебошад. Дар ин радиф Сингапур, Филипин, Корея, Малайзия, Таиланд, Чин, Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистонро, ки аз давлатҳои абарқудрати минтақавӣ ба шумор мераванд, метавон зикр кард. Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва Чин аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Марказӣ, хусусан бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, пайванди сарҳадӣ дошта, минтақаро бо уқёнуси Ҳинд мепайванданд. Мавқеи ҷуғрофӣ ва сиёсии Осиёи Марказӣ барои бозкушоии масирҳои тиҷоратӣ бо манотиқи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Покистон мувофиқанд. Лоиҳаи “Даҳлези иқтисодии Чину Покистон” яке аз барномаҳои муштараки иқтисодии минтақа мебошад, ки таввасути амалисозии он масири тиҷоратии онҳо рушд меёбад. Лоиҳаи мазкур аҳамияти муҳими тиҷоратӣ дошта аз ҷониби роҳбарони ин кишварҳо мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст ва амалисозии он имконияти нави иқтисодиро дар пайвасти роҳи тиҷоратии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин Ӯзбекистон ва Туркманистон фароҳам меорад. Ин даҳлез аз лоиҳаҳои мадди аввали барномаи “Як камарбанд-як роҳ” мебошад. Лоиҳаи Даҳлези иқтисодии Покистон-Чин аз лоиҳаҳоест, ки дар саросари Покистон барномарезӣ шуда, арзиши иқтисодии он ба 55 миллиард доллар расидааст. Лоиҳаи “Даҳлези иқтисодии Чину Покистон” василаи навест, ки таввусути он, хусусан бандари “Гводар”, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фурсати кӯтоҳ моли содиротии худро ба ҷаҳониён расонида метавонад.
Ҳамин тавр, 23 феврали соли 2005 Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз50 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расониданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор дар моҳи марти соли 1994, дертар соли 1996, 2002, 2004, 2005, 2009, 2011, 2015, 2017, 2021 ва 2022 аз Ҷумҳурии исломии Покистон боздиди расмӣ ба амал оварданд, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба саҳифаи тозаро боз намуд. Самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, бунёд ва амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ташаббусгар ва ҳамоҳангсози асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Тибқи сарчашмаҳо лоиҳаи мазкур дорои 3 бахш аст, ки иборат аз сохтани 1,222 км хатти интиқолӣ ва истгоҳҳо, эҷоди кӯмакҳои техникӣ ва молӣ тавассути комиссияҳои муштарак ва рушд ва кӯмак намудани мардуми ҷойгирифтаи масири лоиҳа амалӣ мегардад. Бо амалисозии он кишвари Покистон1300 мегаватт барқдарёфт менамояд, ки бо ин восита ба андозаи кофӣ аз буҳрони масорифи энергетикӣ раҳоӣ меёбад. То ба имрӯз бо барқарории муносибатҳои дипломатӣ зиёда аз50 ширкатҳои хусусии Покистон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Тибқи омор дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари амрикоӣ расида, тарафҳо талош доранд, ки онро афзоиш додато ба 500 миллион доллар расонанд.
Дар аксари Муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон, забони урду барои донишҷуён таълим дода шуда, ҳамзамон маркази омӯзишии Покистон низ фаъолият дорад, ки ба манфиати равобитии таълимиву фарҳангии ҳар ду кишвар кӯмак мерасонад. Устодони ботаҷриба дар ин боргоҳ ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Дар ин зимн, барои таҳкими бештар ва табодули илмию адабӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Аврупо ва Осиёи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаеро ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ таъсис дод, ки ин ҳам аз аҳамият доштани ҳамкории стратегии минтақа шаҳодат медиҳад.
Илова бар ин, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон барои таҳкими адабию фарҳангӣ, сиёсату сайёҳат чун дипломатияи мардумӣ фаъолият дорад.
Бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, муҳтарам Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-15 декабри соли 2022 бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор дошт. Зимни музокирот, Сарони ду давлат роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо бори дигар азми худро ҷиҳати таъмиқи муносибатҳои бародаронаи ду кишвар, ки бар маънои муштаракоти таърихию фарҳангӣ, ҳамбастагии ҷуғрофӣ ва эътиқод асос ёфтаанд, тасдиқ карданд. Сарони давлатҳо аз густариши бемайлони муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ба хулосае омаданд, ки рушди онҳоро ба самти ҳамкории стратегӣ, ки ба нафъи ду кишвар аст, идома диҳанд. Сарвазири Покистон аҳаммияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дар доираи сиёсати "Дидгоҳи Осиёи Марказӣ"-и Покистон, ки бар панҷ рукни ҳамкориҳои дуҷониба, яъне сиёсӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика ва иттисол, амнияту мудофиа ва робитаҳои байнимардумӣ асос ёфтааст, таъкид кард. Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро, ки айни замон ба сатҳи равобити сиёсӣ мувофиқ нест, ба сатҳи зарурӣ афзоиш диҳанд. Сарони давлатҳо ба тадриҷ рушд намудани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои мубориза бо терроризм ва амният қайд карданд. Онҳо бори дигар азми худро барои густариши минбаъдаи фаъолият баҳри рафъи чолишҳои амниятии ду кишвар ва минтақа таъкид карданд. Ҷонибҳо терроризмро дар ҳама шаклу зуҳуроташ маҳкум намуданд. Ҳар ду ҷониб саҳму талошҳои якдигарро дар муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм баланд арзёбӣ карданд. Зарурати таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, савдои одамон ва қочоқи маводи мухаддир таъкид гардид. Ҷонибҳо аз таҳдидҳои нав ва зуҳурёбанда, бинобар афзоиши ҳамлаҳои террористӣ бар асари бегонаситезӣ, табъизи нажодӣ, ифротгароӣ ва дигар шаклҳои таҳаммулнопазирӣ ба хотири дин ё эътиқод изҳори нигаронӣ карданд. Тоҷикистон аз кӯмакҳои доимии башардӯстона ва моддию техникии Покистонро барои рушду равнақи кишвар қадрдонӣ кард. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин бартарият ва таҷрибаи ниҳодҳои Покистон дар самти омӯзонидан ва тайёр кардани мутахассисонро дар соҳаҳои гуногун баланд арзёбӣ гардид. Ҷонибҳо густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маорифро тариқи табодули донишҷӯён ва ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни ҳар ду кишвар тасдиқ карданд. Баъд аз фарҷоми музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.
Бояд таъкид намуд, ки санаи 2 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди Пешвои миллат ва меҳмони воломақом анҷом ёфт.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардида, дар ҳузур ва бо иштироки Пешвои миллат ва Сарвазири Покистон 9 санади муҳим ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, муҳтарам Шаҳбоз Шариф ба Изҳороти муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз натиҷаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо гузоштанд.
Дар зарфи зиёда аз 30 соли охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Покистон дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, натиҷаи самарабахш ба бор овард. Дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба имрузҳо гардиши молу маҳсулот, содироту воридот миёни ду кишвар беш аз пеш зиёд гардидаанд, ки амалишавии онҳо ба таъмини сулҳу амният дар минтақа, баланд бардоштани рушди иқтисодиёт инчунин, тақвияти илму фарҳангии халқҳои ду сарзамин мусоидат хоҳад кард. Ҳамин тариқ, ташаккули робитаҳои гуманитарии Тоҷикистон бо Покистон дар шароити кунунӣ дар ҳоли тағйирёбӣ қарор дорад.
Мирзоев Ҳабибҷон – номзади илмҳои таърих, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(дар ҳошияи сафари расмии Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон 2- 3 июли 2024)
Санаи 2-уми июли соли 2024 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олиқадро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол карданд.Меҳмони олиқадр паз аз дидору мулоқотҳо 3-уми июл аз Тоҷикистон ба Қазоқистон барои иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (минбаъд СҲШ) сафар хоҳад кард. СҲШ як созмони сиёсӣ, иқтисодӣ ва байналмилалии АвруОсиё аст. Он бузургтарин созмони минтақавӣ дар ҷаҳон аст, ки тақрибан 60% минтақаи АвруОсиё ва 40% аҳолии ҷаҳонро фаро мегирад. СҲШ вориси Панҷгонаи Шанхай мебошад, ки соли 1996 миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар 15 июни соли 2001 раҳбарони ин кишварҳо ва Ӯзбекистон дар шаҳри Шанхай мулоқот карданд, то созмони нави ҳамкориҳои амиқи сиёсиву иқтисодиро эълон намоянд.
Покистон 9 июни соли 2017 дар ҷаласаи 17 – уми Шурои сарони давлатҳои СҲШ дар Остонаи Қазоқистон расман ба узвияти комилҳуқуқи СҲШ пазируфта шуд. Дохил шудани Покистон як марҳалаи муҳими сиёсати хориҷӣ, таҳкими ҳамкориҳои он бо кишварҳои узви СҲШ ва имкон додани нақш дар суботи минтақа муҳим арзёбӣ мегардад.
Тибқи барнома Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо Президенти Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, санадҳои зерин ба имзо расид:
— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2025-2026;
— Протоколи нияти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати федералии корҳои баҳрии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар содирот ва воридоти молҳо ва маҳсулоти саноатӣ;
— Cозишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Покистон;
— Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Душанбе, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Панҷоб (Лаҳор, Покистон)
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Шурои крикети Покистон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти Тоҷикистону Покистонро неку самарабахш арзёбӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз байни манотиқи Осиёи Миёна ягона кишваре ҳаст, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дорад.
Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд. Соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд. Тибқи сарчашмаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то кунун ҳафт бор ба Покистон сафар анҷом додаанд. Инчунин, бори охир моҳи марти соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони СҲШ ба Покистон сафар кард.
Бо даъвати Ҳукумати Покистон Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3 июн 2021 ба Покистон сафар намуда бо Сарвазир, Президент ва дигар раҳбарияти олии ин кишвар дидору мулоқот карданд, ки дар натиҷа 12 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф миёни ҳар ду давлат ба имзо расид. Дар ин зинм, санаи 14 декабр соли 2022 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазир сурат гирифт. Ба ифтихори сафари расмӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон қароргоҳи Сарвазири ин кишвар низ бо шукӯҳи хоса омода гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар ба 16,2 млн. мерасид, ки аз он содирот 6,6 млн. доллар ва воридот 9,6 млн. долларро ташкил медиҳад. Тибқи омори нав дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва тарафҳо талош доранд,то онро афзоиш дода ба 500 миллион доллар расонанд.
Кишвари Покистон узви фаъоли СММ, СААРК, СҲИ (ЭКО), Созмони ҳамкории Шанхай ва СТҶ мебошад.
Аз рӯи сарчашмаҳои гуногун дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онон аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон инҷоро ватани доимии худ қарор додаанд. Бояд қайд кард, ки бештари гузаштагони сулолаи муғулони инҷо ба касби тиҷорат, сарбозӣ, илму дониш,меъморӣ, дин ва ирфон машғулият доштанд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.
Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд бо ҳам масири аслии энергетикии хуберо барои эҷоди ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ ба вуҷуд оваранд, ки тавассути он ҳамаи сарзаминҳо аз сарватҳои инҷо истифода хоҳанд кард. Бо эҷоди равобит байни Тоҷикистон ва Покистон метавон масири тиҷоратӣ дар байни дигар манотиқ низ тақвият ёфта, густариш ёбад.
Қобили зикр аст, ки кишвари Покистон кишоварзӣ буда, воҳиди пулиаш руппия, содироти асосии он нафт, чарм, либос, матоъ, пахта, биринҷ, хӯрокворӣ ва молҳои ороишӣ мебошанд. Воридот бошад маҳсулоти мошинсозии ва вазнин ва саноати химия, таҷҳизоти нақлия, сӯзишвориҳо ва равғанҳои молиданӣ ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки баргузории нахустин Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон дар моҳи октябри соли 2002 дар Исломобод муносибатҳо байни тарафайн рушд кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ талош дорад, то бо истифода аз бандари Гводари Покистон дарвозаҳои тиҷоратиашро ба тамоми кишварҳои олам густариш диҳад.
Кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Покистон аз манобеъ ва захираҳои табии кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз умдатарин кишварҳои дорои захираҳои табии ва тавлиди барқ аст, хуб истифода кунад. Дар ин кишвар 8,000 пиряхҳоест, ки истифодаи дурусти онҳо метавонанд ба аҳолии кишвар ва сайёра манфиат бирасонанд. Тоҷикистон 4% иқтидори гидроэнергетикаи ҷаҳонро доро буда, саввумин тавлидкунандаи барқ ба шумор меравад.
Яке аз дигар самтҳое ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, ин амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ҳамоҳангсозии асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 ин тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бо амалисозии ин лоиҳа кишвари Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин васила равобити минтақавиро тақвият мебахшад.
Кишварҳои Тоҷикистон ва Покистон метавонанд дар бахши кишоварзӣ ва саноат низ ҳамкории худро низ рушд ва тақвият диҳанд. Зеро ҳар ду кишвар дорои манобеи хуби кишоварзӣ ва саноатӣ ҳастанд, ки иборат аз киштикартошка, пахта, шолӣ, меваҷот, гугирдсозӣ, семент, либосворӣ, зарфсозӣ, тубсозӣ ва ғайра мебошанд.Тоҷикистон метавонад дар бахши коркарди ғизо ва нассоҷӣ аз таҷриба ва саноати Покистон истифода намояд. Зеро ин кишвар дар тавлид ва коркарди маҳсулоти пахтагин дар ҷаҳон ҷойи саввумро ишғол мекунад.
Аз 1 то 2 июни соли 2021 дар Покистон дуввумин конференсияи умумии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ECO-economic Cooparation Organization) таҳти унвони “Мусоидат ба шарикони парлумони барои ҳамгироии минтақавӣ” баргузор гардид. Дар конференсияи дурӯза роҳбарону намояндагон аз Туркия, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Покистон ширкат варзиданд.
То ибтидои соли 1992 дар чаҳорчубаи СҲИ ҳамкориҳо миёни давлатҳои аъзои Созмони мазкур дар маҷмӯъ шакли дуҷонибаро доштанд. Дертар аз соли 1992 фаъолияти СҲИ бо воридшавии ихтиёрии ҳафт кишвари аъзои нави Созмон, фаъолтар шуд. Тӯли 12 соли охир, кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Коршиносони соҳа ЭКО-ро ба АСЕАН медонанд, зеро он ташкилоте мебошад, ки дорои амалисозии тиҷорат дар байни кишварҳои соҳибихтиёр мебошад.
Мавриди зикр аст, ки 20 декабри соли 2011 дар Покистон ҷаласаи якуми Шурои сарпарастони Бунёди Илмии СҲИ баргузор шуд. Бояд қайд кард, ки моҳи марти соли 2017 сарони давлатҳои аъзо дар Саммити 13-уми худ дар шаҳри Исломободи Покистон шиори «Дидгоҳи СҲИ 2025»-ро, мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ карданд.
Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчубаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ҳоли тағйирёбӣ қарор дошта, сафари роҳбарони ҳарду ҷониб нек арзёбӣ мегардад. Инчунин, ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ҳар ду кишвар дар минтақа дар ҳоли рушд қарор дорад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд ҳамкориҳои бештари худро дар чаҳорчубаи форуму лоиҳаҳои мазкур масири аслии рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва энергетикиро тавсеа бахшида, шароитҳои созгору хуберо барои эҷоди ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ фароҳам созад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳар ду кишвар чун аъзои фаъоли СҲШ метавонанд дар пешбурди сулҳу субот, иқтисод, тиҷорат, саноат ва сайёҳӣ саҳми муҳим ва муассир гузоранд.
Кишварҳои аъзои СҲШ дурнамои худро дар бораи расидан ба амнияту сулҳи пойдор бо унсуру моделҳои хос, аз ҷумла тарғибу ташвиқи фарҳанг, рушду пешрафти иқтисод, фаъолсозии лоиҳаву барномаҳои муассири пазируфташудаи худ, ҳамкории муштарак, пайвастшавӣ ва раҳоӣ аз таҳдиду хатарҳо кору фаъолияти муштарак барқарор намуда, минтақа ва ҷаҳонро ба самти созандагиву сулҳофаринӣ ҳидоят намоянд. Инчунин, дипломатияи мардумиро тавсеаву тақвият бахшанд.
Мирсаид Раҳмонов Ходими илмии шӯъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқ Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Академияи миллли илмҳои Тоҷикистон
Бояд тазаккур дод нахуст, ки ҷашни Тиргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои ориёитаборон маҳсуб меёфтааст. Чанд соли охир Ҷашни Тиргон низ дар феҳристи ҷашнҳои миллӣ сабти ном гардида, ҳама сола онро таҷлил мекунанд.
Дар хусуси пайдоиши ҷашни Тиргон ду ривоят дар кутуби муаррихину донишварон сабт гаридидааст. Нахуст мардум ба ин бовар Тиргонро ҷашн мегирифтанд, ки дар ин рӯз “Тиштар”- фариштаи борон бо “Упуш”- деви хушксолӣ набард мекунад ва бо ёрии Аҳуро ба ин дев пирӯз мешавад. Ва мардум солгарди ин пирӯзиро ҳар сол ҷашн мегирифтанд. Бовари дуввум дар миёни мардум ин будааст, ки солҳои тӯлони миёни Афросиёб- шоҳи Турон ва Манучеҳр- шоҳи Эрон ҷанг будааст ва ин ҷанг мардумро дилгиру афгор карда, дар ин миён Ораши камонгир, ки ҳамчун паҳлавону далеру ғаюр дар он замон дар сарзамини Эрон маъруфу машҳур будааст, барои хатм ҷанг болои куҳи Давоман мебарояд ва барои марзи Турону Эронро муайян кардан бо камон тир партоб мекунад. Чӣ гунае, ки дар ривоятҳо омадааст, Ораш бо тамоми нерӯ камонро гирифта, тирро партоб мекунад, ки худ пора-пора мешавад ва тир омада дар соҳили дарёи Ҷайҳун қарор мегирад, марзи Эрону Турон аз рӯи ин нишона ҷудо мегардад. Мардум барои ин амали накӯи Ораш ин рӯзро ҷашн мегиранд.
Дар баргузории ин ҷашни бостонӣ оинҳои махсус низ иҷро мешавад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба “Обпошӣ, “Фоли Куза”, “дастбанди тиру бод” ва хурдани меваю гандуми пухта ишора кард.
Барои мардуми ориёитабор об муқаддас ва барои покиза нигаҳдоштанаш маконҳои махсусу гуфторҳои таъкидӣ, ки обро покиза бояд нигаҳ дошт, дар об ҳар ифлосиро набояд андохт, обро исроф накун ва амсоли инҳо суханону гуфторҳо ҳаст, ки гувоҳӣ ба муқаддас будани об дар миёни мардуми ориёӣ мебошад. Чунончӣ, дар адабиёти классик низ дар хусуси покиза нигаҳдоштани об зиёд шеъру достонҳо гуфта шудааст, ба мисол:
Зи ҷуе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Дар гузашта ниёгони тоҷикон чор унсурро муқаддасоти зиндагӣ медонистанд, ки онҳо, обу хок ва оташу ҳаво будааст ва аз ин бар меояд, ки ҷашни Тиргон аз ин пиндору кирдор сарчашма мегирад.
Мардум ҷашни Тиргонро бо далели оинҳои болозикр бо номҳои “Обрезгон” ва “Обпошон” низ ном бурдаву таҷлил мекардаанд.
Оини “Обпошон” ба ҳамдигар обпошидан будаву орзуи борон карда ва дури аз хушксолӣ мекардаанд.
Оини дигаре, ки дар ин ҷашн иҷро мешавад, “Фоли куза” буд. Рӯзи пеш аз ҷашн барои баргузории ин оин, духтаре интихоб мешуд, ки кузаи сабзранги даҳонаш кушодаро аз оби чашмаи зулол пур карда, дастмоли абрешимӣ рӯи он меандохтанд ва назди касоне мебурданд, ки орзу ё нияте дар дили худ доштанд. Онҳо низ чизи кучаке аз қабили ангуштар, сикка ва амсоли инҳоро дохили куза меандохтанд ва он духтар дар ниҳоят кузаро зери дарахти ҳамешасабз мебараду мегузорад. Сипас дар рӯзи ҷашн кузаро аз зери дарахт ба миёни ҷамъ гузошта, пиронсолон бо садои баланд шеърхонӣ мекунанд. Дар анҷоми ҳар шеърхонӣ он духтар яке аз он чизҳое, ки дохили куза партофта буданд, берун меорад ва соҳиби чиз ба мазмуни шеър, ки ба нияти ӯ ҳамсон аст, тахмин мезанад, ки хостаи ӯ бароварда карда шудааст. Ин амал фолест, ки дар дигар ҷашнҳои миллӣ низ ба тарзу навъи дигар анҷом дода мешавад.
Оини “Дастбанди тиру бод” бошад дар ин ҷашн чунин иҷро мегардид, дар он мардум дар оғози ҷашн, баъд аз хӯрдани ширинӣ, дастбанде, ки тиру бод номдошт ва аз ҳафт таноби бо ҳафт ранги гуногун бофта шударо ба дасти худ мебастанд ва нуҳ рӯз баъд ба ҷои баланди мерафтанд ва онро ба дасти бод месупурданд ва ба ҳамроҳии он орзуҳои хешро ҳам талаб мекарданд.
Хӯрдани мева ва гандуми пухта аз дигар расмҳои ин оин будааст, ки ин расмро Абурайҳони Берунӣ низ дар китоби “Осор-ул-боқия”-и худ ёд карда, навиштааст, ки ҷиҳати гиромидошти ранҷҳои Манучеҳр дар ҷанги бо Афросиёб, мардум либоси кишоварзонро бар тан карда ва маҳсулотро ба сурати мева ва гандуми пухта масраф мекарданд.
Аз ин бар меояд, ки мардум ҷашни Тиргонро дар гузашта бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мекардаанд ва бо омадани идеалогияи бегона дар замони қуруни вусто таҷлили онро маън карда буданд. Вале оину маросими он дар миёни мардум боқӣ монд ва мардум ҳамасола ба ҳар ном таҷлил мекарданд.
Пас аз истиқлолӣ сиёсӣ Ҳукумати кишвар ва ба хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои эҳёи онҳо иқдом карданд. Ҷашни Тиргон низ дар шумори ҷашнҳои миллӣ, ки чандин аср ба таври иҷборӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шуда буд, вале имрӯз дар кишвар ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад.
Зоҳири САЙФУЛЛО- ходими илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва хуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ибтидои соли 1991 бо эътирофи расмии ҳарду давлат шуруъ шуда, муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 6 июни соли 1992 барқарор гардида, сафорати ҶИП дар Душанбе (с.1993) ва сафорати ҶТ дар Исломобод (с.1994) фаъолиятҳои хешро оғоз намуданд.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн бемайлона рушд меёбанд. Тайи ин солҳо муносибатҳо бо сафарҳои расмӣ ва давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Сарвазирони Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду тақвият меёбанд.
Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон 14-15 декабри соли 2022 баргузор гардид, ки дар рафти он як қатор санадҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд.
Таҳдоби ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 20 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳанд. Раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди ду кишвар бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимод ба ҳамдигар ва муколамаи байнидавлатии ҷонибҳо қарор доранд. Миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. 2 июли соли 2019 ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ дар Душанбе баргузор гардида буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои минтақа равобити тиҷорaтӣ-иқтиcодии xyдро ривоҷ дода иcгодaacт, ки дар ин caмт Ҷумҳурии Иcломии Покистон мавқеи xоc дорад. Покистон дaвлaти муҳимми минтақа мебошад ва метавонад ба ҳайси кишвари дӯсту ҳамсояи мо яке аз сapмоягузоpонu асосӣ ба иқтисодиëти Тоҷикистон гардад. Гардиши мол миёни кишвар беш аз 50 млн долл.-ро ташкил медихад, ки нисбат ба соли 2022 6% афзоиш ёфтааст. Аз Тоҷикистон ба ҳамсоякишвари Покистон мaҳcyлоти боѓдорӣ, нaxи пaxтa ва аз Покистон ба Тоҷикистон мaҳcyлоти caноати caбyк ва кишоварзӣ ворид мегардад.
Яке аз caмтҳои ояндадори ҳамкориҳои Тоҷикиcтон бо Покиcтон рушди корxонaи нерӯи барқ ва интиқоли он ба кишварҳои минтақа мебошад. Иншооти бузурги cтрaтегӣ дар ин минтақа рушди xaти интиқоли нерӯи барқ бо унвони «CASA-1000» мебошад, ки соли 2015 cоxтмони он оғоз ëфтa, тaвaccyти он нерӯи барқи арзон аз Қирѓизистон ва Тоҷикистон ба Афѓониcтон ва Покиcтон интиқол дода хоҳад шуд. Ин тарҳ норасоии барқро коҳиш дода, дар ташаккули бозори энергетикӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳои шарик, тавсеаи ҷойҳои корӣ бо дарназардошти як қатор манфиатҳои иқтиcодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҳиccaгyзор xоҳaд буд.
Яке аз мухимтарин омиле, ки Точикистонро бо Покистон мепайвандад, умумияти таърихӣ ва фарҳангии халқҳои ҳарду кишвар мебошад. Густариши забон ва адабиёти форсии дарӣ дар сарзамини зебои Кашмир дар асри XVI оѓоз ёфта, дар нимаи дувуми асри XIX ва асри XX намояндагони барчастаи назми форсии Покистон Аллома Муҳаммад Иқбол, Файз Аҳмад Файз ва дигарон осори хешро ба ин забон навиштаанд. Бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷонибаи сафорати Покистон дар Душанбе Анҷумани Иқбол таъсис ёфт. Фаъолияти Анҷумани Иқбол аз ҳар ҷихат боиси дастгирӣ ва сазовори таҳсин аст, зеро он дар рушду инкишофи равобити илмиву фарҳангии ду кишвар саҳми арзанда мегузорад. Ҳадафи аслии он натанҳо омӯзиш, таҳия ва табъу нашри осори Иқбол, балки ошно сохтани мардуми тоҷик бо симоҳои барҷастаи адабиёти Покистон, тарҷума ва табъу нашри осори онҳо, гузаронидани ҳар гуна шабнишиниҳо ва чорабиниҳои дигари илмиву фарҳангӣ мебошад.
Ҳамкориҳои бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай сурат мегирад.
Дар самти сиёсӣ ва миқёси байналмилалӣ дар чорчубаи созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистону Покистон ҳамеша мавкеъҳои якдигарро дастгирӣ менамоянд, ки ин аз ҳамоҳангии хуб ва наздик будани мавқеъхои сиёсӣ ва байналмилалии харду кишвар шаҳодат медиҳад.
Таври мисол, 15 сентябри 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот анҷом доданд.
13 октябри 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
8 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот карданд.
Рӯзи 28 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшод Мирзоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ мулоқот намуд.
Ҳамзамон ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле феъол мебошад. Ба туфайли муколамаи доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар ҳама самтҳо мазмуни нав пайдо намуда, дар оянда соҳаҳои зиёди манфиатҳои тарафҳоро фаро мегиранд.
28 июли соли 2022 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳуто Зардарӣ баргузор гардид.
23 январи соли 2023 дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳутто Зардарӣ вохӯрӣ анҷом дод.
13 апрели соли 2023 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи 4-умин Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон хонум Ҳина Раббонӣ Кхар баргузор гардид.
Ба муносибати солгараи барқарории муносибатҳои дипломатии Точикистон ва Покистон миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт. Дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ қайд намуданд, ки тайи ин солҳо ҳамкориҳои судманд ва муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳои мо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба таври назаррас густариш ёфта, сатҳ ва мазмуни тозаро касб кардаанд ва изҳори итминон намуданд, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду ҷониб муносибатҳои шарикӣ дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар бо суръати бештар рушду тавсеаи пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин равобит саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф низ таъкид намуданд, ки кишварҳои моро робитаҳои неки таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ мепайванданд. Покистон дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, энергетика ва мудофиа манфиатдор аст. Покистон ҳамеша тарафдори сулҳу субот, равобити судманд ва ҳамгироӣ дар минтақа мебошад. Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Иcломии Покиcтон аз зумраи он кишвархоеcт, ки дар гуфтушуниди cyлхи тоҷикон ҳамчун кишвари кафил баромад карда, дар раванди дастёбӣ ба cyлҳ дар Тоҷикиcтон caҳми нaзaррac гyзоштaacт.
Дар тули ин муддат робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи олӣ ҷараён доранд, ташаббусҳои фаъоли тиҷоратӣ, қадамҳои мушаххаси байни кишварҳоямон дар соҳаҳои мухталиф, бо натиҷаҳои мушаххас, фаҳмиши дақиқ ва манфиатҳои тарафайн дар муносибатҳои дуҷониба пеш мераванд. Кӯшишҳои дастаҷамъии ҳарду кишвар дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳадафҳои матлуб кумак хоҳанд кард. Имрӯз Тоҷикистон робитаҳои байналмилалии худро бо кишвари дӯсти Ҷумҳурии Исломии Покистон бо пайгирӣ аз сиёсати «дарҳои боз» муваффақона пеш мебарад.
Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Таърихи бостонии тоҷик аз ҷашну маросими рангин бой буда ҳар яке аз онҳо натанҳо ҳовии хотираи таърихии арҷгузорӣ ба беҳратин арзишҳои миллӣ, балки пайвандгари имрузу фардои миллат ба шумор меравад. Он таърихан бо чунин ҷашнҳои тақвимӣ монанди Навруз, Меҳргон ва Сада тавъам буда мазмунан дар ҳошияи онҳо таҷлил мегардад.
Аз мутафаккирони барҷастае, ки баъди асрҳо ҷашни Тиргонро зинда ва ба таври илмӣ онро таҳлилу баррасӣ намуд Абурайҳони Берунӣ мебошад, ки дар китоби худ “Осорул боқия” ба таври муфассал онро эҳоё кардааст. “Осор – ул – боқия” – и олим, мутафаккир ва ҳакими барҷаста Абураҳайҳон Муҳаммади Берунӣ шоҳкори афкори илмии асрҳои X – XI ба шумор меравад, ки дар он таҳлили ташаккули шаклҳои мухталифи фарҳанги инсонӣ, сабабҳои пайдоиши ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ ва мубориза байни онҳоро омузиш ёфта, афкори мутафаккирони гузашта ва муосир нисбат ба онҳо муайян гардидааст. Берунӣ дар асари худ оид ба идҳои даврони Ҷамшед сухан карда Тиргонро тавсиф карда аст. Ӯ мегуяд, ки Тиргон рузи сездаҳуми моҳи Тиргон аст ва он ду номро бо ҳам пайваста аст. Зеро Афросиёб, ки ба кишвари Эрон ғалаба кард, Манучеҳрро ба Табаиристон ба муҳосира гирифт. Манучеҳр аз Афросиёб хост, ки аз кишвари Эрон ба андозаи партоби як тир дар худ ба ӯ бидиҳад. Фаришта Исфандормуз ҳозир шуда ӯро амр кард, ки тиру камон бигирад ва Орашро ба партоб кардани ин тир супориш дод. Ораш барпо хосту бараҳна шуд ва гуфт: “Эй подшоҳ ва эй мардум, бадани маро бубинед, ки комилан аз чароҳату захм солим аст. Аммо яқин дорам, ки чун ин тирро аз камон биандозам, пора пора хоҳам шуд вале ман худро қурбони мардум хоҳам кард”. Ва чун камонро кашиду тир андохт, пора пора шуд. Бо амри худованд тири ӯ аз куҳи Руён то ба ақсои Хуросон, яъне то байни Фарғонаву Табаристон расид. Он тир ба танаи чормағзи азиме расид ва баъзеҳо гуфтанд, ки ин тир беш аз ҳазор фарсахро тай кардааст. Манучеҳру Афросиёб ба чунин миқдор замин бо ҳам сулҳ карданд. Ба ин сабаб дар ин руз ид карданд. Дар рузи чордаҳи Тир ба хотири аз Афросиёб раҳои ёфтан мардум асбоби табху танурро мешикастанд. Бинобар он, ки қаҳти фаро гирифта буду мардум гандуму мевафи пухтаро надоштанд, ки бихуранд, дар ин руз пухтани меваву гандум расм шудааст. Дигар ин ки ба хотири пос доштани иморати дунё ва зироату қисмати он, инчунин касби котибӣ, ки ситораи онон Уторид аст, мардум либоси котибӣ ва деҳқонӣ мепушиданд. Инчунин расми ғусл кардан дар ин руз мавҷуд аст. Зеро дар ин руз Кайхусрав дар чашмае фариштаеро дида беҳуд шуд ва ба руи ӯ Бежан чанд қатра об пошида ба худ овард. Бо ин сабаб расми ғусл кардан дар обҳои чашмаву рудҳо аз роҳи табаррук ҷорӣ гардид. Берунӣ меафзояд, ки дар ин руз аҳли Омул ба дарёи Хазар мераванд ва тамоми руз оббозӣ мекунанд.
Дар асотири Эрон бошад, Ҷашни Тиргонро чун яке аз ҷашнҳои мавсимии таърихиву бостонии мо аз он маросимҳои неки мардумӣ меноманд, ки тавъам бо ҳисси ягонагӣ бо табиат ва бо ҳам пайвастани мардум дар пешруи кору пайкори оянда будааст. Он бо тақвими бостонӣ ба 13 Тир ё 1 ми июл рост меомад, ки дар ин рӯз Ораши камонвар ба қуллаи куҳи Дамованд баромада аз камони худ тире партоб кардааст. Ҷашни Тиргонро ҳоло ҳам дар Эрону кишварҳои форсзабон, инчунин дар Тоҷикистон низ ҷашн мегиранд. Ин ҷашн ҳоло ба унвони мероси маънавии кишвар дар феҳристи миллии Эрон ба сабт расидааст.
Аз ҷумлаи оинҳои ин ҷашн обпошӣ, фоли куза, дастбанди тиру бод ва хурдани мева ва гандум, ба намоиш гузоштани ин маҳсулот ва маҳсулоти дигари деҳқонӣ, намоиши китоб ва нигораҳо, афрухтани машъалу оташ ва амсоли ин мавҷуданд.
Бо ҷашни Тиргон асосан ду навъ достонҳо мавҷуданд. Яке аз онҳо марбути бузургдошти Тиштар-ситораи бороновар буда дигар-бузургдошти Ораши камонвар мебошад. Тиштар дар ривояте фариштаи об аст, ки дар набарди ҳамешагии некиву бадӣ ширкат дорад. Ӯ бар зидди Опус, ки деви хушксолӣ аст. Тиштар ҳар даҳ рузи моҳ аввал сурати ҷавони 15 сола, баъд сурати гови нар ва баъд сурати аспро ба худ мегирад. Тиштар ба сурати аспи сафеди зебое дар набард бо Опус ворид гардида дар дарёи кайҳонӣ фуру рафт. Дар тарафи дигари маҷро Опус низ ба сурати аспи сиёҳе даромада буд, ки ёлу думи дарози сиёҳи бадҳайбате дошт. Дар набарди аввал Тиштар аз Опус шикас мехурад ва ба ёрии парвардигор Аҳуро ниёзманд мешавад. Дар набарди баъдӣ бо кумаки Аҳуро Тиштар метавонад дар ин ҷанг пируз шавад. Баъд аз пирузӣ даврони хушксолӣ ба поён мерасад ва дубора об ба тамоми мазореъ ва заминҳо ҷорӣ мешавад. Аз он даврон то ба имруз мардум пирузӣ ба хушксолӣ ва дубора зинда шудани заминҳояшонро ҷашн мегиранд.
Қисаи дигар – Ораши камонвар дар бораи он аст, ки дар афсонаҳо ӯ марзи Эрони бостонро буда бо камони худ аз фарози Дамованд муайян кард. Моҷаро байни сипоҳи Афросиёб- турониён ва Манучеҳр-сипоҳи эрониён буда ин зиддият солҳо тул мекашад. Сипоҳи эрониён дар рузи Тир аз сипоҳи турониён шикаст мехурад. Бо ин сабаб сипоҳи эрониён дар Мозандарон ба сахтӣ меафтад ва азият мекашад.
Баъди солҳои ҷангу набард ду тараф тасмими сулҳро мегиранд ва азм мекунанд, ки аз Мозандарон ба суи Ховар тир андохта марзи ду тарафро муайян созанд. Орашро ба ин кор интихоб мекунанд, зеро ӯ аз ҳама пурқувват ва дар камонварӣ чирадаст буд. Ӯ бо фармони фариштаи замин ин масъулиятро қабул кард. Баъди дар қуллаи Дамованд партофтани тир ба самти Ховар ӯ ҷонашро аз даст дод. Бо дастури ходованд, бод тири Орашро ба дуриҳо овард. Он тир аз бомдод то нимруз дар ҳаракат буда дар ниҳоят ба дарахти чормағз дар канори руди Ҷайҳун фуруд омад. Ин дарахт ба унвони марзи Турону Эрон маъруф гардид. Ҳамин тавр ин ҷашн рузи ёдовард аз фидокорӣ ва ватанпарастии Ораш мебошад. Ва дар ин маврид шеъре низ боқӣ мондааст:
Аз он хонанд Орашро камонгир,
Ки аз Мавр ба Омул андохт як тир.
Дар адабиёти мардумшиносӣ оид ба оинҳои Тиргон гуфта мешавад, ки он ба хотири одоб ва русуми махсусаш зебост. Дар ин ҷашн бозиҳо ва обпошӣ мекунанд. Яъне об дар ин ҷашн мақоми муҳиме дорад. Дар даврони бостон Тиргонро дар канори чашма, рудхона ё наҳре баргузор мекардаанд ва ба руи ҳамдигар об мепошидаанд, то гармии Тирмоҳро барҳам зананд. Дигар расме, ки дар ин давра аз даворони бостон анҷом дода мешудааст, фолбинии куза мебошад. Дар ин руз бокирае кузаи сабз дар даст, онро бо оби софтарини чашма пур карда бо порчаи абрешимӣ даҳони онро мебандад. Ҳар касе, ки орзуе дорад, танга, сузанак, ангуштарӣ ё ягон чизи хурдеро ба куза мепартояд. Баъди гузаштани чашн, занони солхурда шеърҳо мехонанд ва духтар аз куза чизеро берун мекунад. Аз пораи шеъри шунида соҳиби чиз маъноеро бардошта онро бо орзуи худ вобаста мекунад.
Расми дастбандбандӣ низ хоси Тиргон аст. Дар ин руз баъди хурдани ширинӣ одамон ба дасти худ дастбанди тиру бодро мебанданд, ки ба хотири аз байн бурдани банду уқдаҳо баста мешавад. Дастбанд аз ҳафт ранг порчаи ресмони ранга бофта мешавад. Пагоҳи рузи ҷашн дастбанд дар болои бом кушода шуда ба бод дода мешавад, то ин ки бод орзуҳояшонро бо худ бубарад. Дигар оин ин будааст, ки тамоми оила ба ҳам омада дар атрофи хони идона муттаҳид мешудаанд ва он рузи шабро ҳамроҳ мегузаронидаанд. Он шабнишинӣ ва ҷамъ шудани бузургони оила ном доштааст, модаркалон ва бобоҳои оила дар канори набераву аберагони худ мебуданд. Навҷавонони номзадшуда ба номзадони худ ҳадя мебурдаанд, ки иборат аз ҳадяҳои мухталиф монанди себ, анор, санҷид, ангур, апелсин ва ғайра, инчунин як ҷуфт кафш, пораи матоъ барои арус будааст.
Мардум дар кучаҳо суруду мусиқӣ, шодиву хурсандӣ мекарданд ва дар бегоҳӣ машъалҳо меафрухтаанд. Кишоварзон мекушиданд ҳамаи корҳои саҳроии худро ба охир расонанд ва ба истиқболи ҷашни Тиргон бо хотири ҷамъ омада дар он шодиву хурсандӣ ва истироҳат кунанд.
Дигар оини ин ҷашн – руймолеро ба оинаи хонаҳо партофтани ҷавонон ва онро бо шириниҳо пур кардани соҳибхона мебошад. Зимнан, ин расм дар Бадахшон, дар рузҳои Навруз анҷом дода мешавад.
Ҳамин тавр, ҷашнҳои бостонии мо аз даврони қадим то ба имруз зиндаанд ва хусусиятҳои этникӣ-равонии миллатро бозгу менамоянд. Онҳо пайванди воқеии наслу асрҳо мебошанд, ки аз даври таърихӣ то ба имруз мавҷуданд ва дар ташаккул додани ҳувияти миллӣ нақши худро мебозанд. Дар муроҷиат ба онҳо мо ояндаи миллатро эъмор менамоем, зеро онҳо барандаву ҳовии арзишҳои муҳими маънавианд, ки ҳаёти онро мазмун мебахшанд. Ҷашну оинҳои бостонӣ аз ояндаи миллат дарак медиҳанд, зеро аз умқи асрҳо ба имруз расидаанд ва неруи созандаи фардо мебошанд.
Маҳмадҷонова М.Т.,
сарходими илмии Шуъбаи таърихи
фалсафаи ИФСҲ АМИТ
Тиргон баробари ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷику форси бостон аст ба шукронаи раҳоӣ аз хушксолӣ ва ҳифозати марзҳо, ки ҷашни он дар сездаҳуми моҳи тир (якуми июл) баргузор мегардад.
Дар кишвари мо ҳам, бо ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, бо ташаббусу заҳматҳои раҳбари давлатамон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашнҳои таърихиву бостонии тоҷикон ба мисли Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз нав эҳё шуданд ва истиқболу ҷашнгирии ин маросимҳои ҷашнии арзишманди гузаштагонамон аз нав муяссар гардид, ки ин дар худшиносии миллии мардуми кишварамон низ нақши босазое хоҳад дошт.
Дар боби ба вуҷуд омадани ҷашни Тиргон чанд ривояте зикр шудааст, ки инҷо ба яке аз он ривоятҳо ишора мекунем. Тиргон дар гиромидошти ситораи Тиштар, ки бо унвони ситораи бороновар дар сарчашма ва фарҳанги тоҷику форси даврони бостон машҳур буд, гузаронида мешуд. Дар ойини Меҳр ва ё митроизм, зардуштия ва сарчашмаҳои таърихӣ «Бундаҳишн», «Динкард» ва ҳамчунин дар «Авесто» дар бораи Тиштар ва мавқеияту иртиботи вай бо олами ҳастии заминӣ ва дигар ахтарони осмонӣ ривояту матнҳои зиёде вуҷуд дорад.
Ҷашни Тиргон дар фарҳанги бостонии тоҷикон ҷашни тобистонии табиат мебошад ва чунонки дар боло зикр гардид, дар ибтидои моҳи июл, ки ба 13-уми тирмоҳ мутобиқат мекунад, оғоз мегардад. Ин ҷашн дар шаҳру вилоятҳои Эрон дар канори дарёчаҳо ва чашмаҳо, ҳамроҳ бо базмҳои вобаста бо обу обпошӣ ва орзуи боридани борону покии дарахту гиёҳони рӯи замин, бо нияти аз байни бурдани касофату разолатҳо ва монанди инҳо гузаронида мешавад. Дар айни ҳол мардум дар ин маросим бо пошидани об ба якдигар орзӯи боридани борон, баракати осмонӣ ва наҷот ёфтан аз хушксолию неруҳои бад мекунанд.
Дар бисёр сомону бумсорҳо ва маҳалҳои тоҷику форснишин садҳо сол аст, ки ин маросими ҷашнӣ бо равиши бошукуҳ дар оғози тирмоҳ баргузор мегардад, ки маросими об пошидан ба якдигар бо дуо ва дархости дар давоми сол бориши борони матлуб ва дур будан аз хушксолӣ, аз муҳимтарин саҳнаҳои ин ҷашн ба ҳисоб меояд.
Дар байни мардум ва сарчашмаҳои таърихӣ ривояте дар робита бо ситораи Тиштар, ки «фаришта»-и боронаш мегӯянд ва он рамзи муборизаи неруи некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар зулмот, ростӣ бар дуруғ аст, вуҷуд дорад. Аз ин ҷо, Тир исми изади борон дар асотири тоҷику форси бостон аст. Махсусан дар «Авесто» бахши «Тир Йашт» пурра дар бораи сифату хусусиятҳо ва нақши ситораи Тиштар дар ҳастии ҳаёт дар рӯи замин ва наҷоти он аз офату бадбахтиҳои пешомади аҳриманӣ бахшида шудааст. Албатта дар ин ҷо, агар қисса каме ба шакли устуравӣ бошад ҳам, вале донишмандони дунёи бостон, дар шахси Зардушт ва пайравони ӯ тавонистаанд, иртиботу ҳамоҳангии кайҳони осмонӣ – ахтарон ва саёраҳои онро бо олами заминӣ – маъданӣ, наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ хуб муаррифӣ кунанд. Аз ин ҷо, бар меояд, ки онҳо худро аз хурофот канор гирифта, дар паи кашфи воқеият ва беохирии дунёи ҳастӣ қарор додаанд.
Дар «Авесто» дар кардаи якуми бахши «Тир Йашт» дар бораи сифату хусусиятҳо ва нақши ситораи Тиштар омадааст, ки Тиштар – ситораи ройуманди фароманд ва Сатависи обрасони тавоно… Тиштар – ситораи бахшанда, фурри сафедафшони дурахшони дармонбахши тезпарвози тобону рушноии покафшон… Тиштар – ситораи ройуманди фарраманд, ки тухмаи об дар ӯст. Аз ин рӯ, Тиштар – ҳаётбахшанда аз осмон ба замину хок ва обу гиёҳу чашмаҳои об ва кулли ҳастии рӯи замин ва оварандаи соли хушу хушбахтиҳо барои тамоми мавҷудоти заминӣ ва аз он ҷумла инсонҳо мебошад.
Бо ин навиштаи мухтасар дар бораи ҷашни Тиргон умедворем, ки мардуми сарзамини мо дар оянда бо огоҳӣ ин маросими ҷашнии баракату раҳмати ҳаётбахшро бо хушнудӣ ва тантана пешвоз мегиранд ва аз заҳмату талошҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ин фарҳангҳои бостонӣ, ки аз ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ доштани мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад, қадрдонӣ мекунанд.
Муродова Тоҷинисо – н.и. фал., ходими пешбари илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
«Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ мо кӯшиш кардем, ки дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии худро эҳё намоем, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд»
Эмомалӣ Раҳмон
Маънои аслии вожаи ҷашн (авестоӣ: ясна) ин парастишу ситоишу шодмонӣ ва ид кардан аст. Ниёгони мо аз замонҳои бостон тамоми корҳо ва рӯзҳои неки зиндагиро якҷо, дастаҷамъона бо шодиву сурур, яъне бо ҷашн анҷом медоданд. Ҷашн ин наздикии гурӯҳи одамон, ҷашн иттиҳоди неру, ҷашн дар якҷоягӣ бартараф намудани мушкилиҳо, ҷашн ба якдигар ёрӣ расонидан, ҷашн иттифоқ аст. Ҷашнҳоро тибқи гоҳшумории замони бостон ба воситаи гардиши хуршед дар раванди корҳои нек таҷлил менамуданд. Дар даврони бостон, тахминан 5-6 ҳазор сол пеш ниёгони мо дар чор фасли сол чор ҷашни муҳим доштанд. Дар баҳор – Наврӯз, дар тобистон – Тиргон, дар тирамоҳ – Меҳргон, дар зимистон – Сада.
Ҷашни Тиргон низ ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон вобаста ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён буда, то густариши мардуми ориёитабор вуҷуд дошт. Баъдан дар даврони паҳн шудани тамаддуни ориёиҳо ниёгони мо ин ҷашнҳоро ба диду салиқаи нав устувортар намуда, онҳоро ба шодию нишот баргузор менамуданд.
Пас аз Наврӯз, зери таъсири фурӯғи хуршед ҳаво гармтар мешавад. Пас чанд моҳ, дар мои Тир ҷашни Тиргон меравад. Моҳи Тир (ё Тирмоҳ, баробари 21 июн - 21 июл) дар фасли гармо, дар Тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёде мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рехтаи ғаллакорон оғоз мешавад. Барои идомаи кишту кор дар ин айём об аҳамияти вижае дошт. Ба ин ҷиҳат дар пайвастагии гардиши офтоб, таҷлил ҷашни Тиргон муҳим буд. Аз тариқи он мардум бо иҷрои оинҳо ва шодиву нишот ва бо ниёиш аз Эзадони худ талаб менамуданд, ки кишварро аз хушксолӣ эмин нигоҳ доранд. Мувофиқи ҳамон суннати гоҳшумории ниёгон Тиргон дар рӯзи сездаҳуми моҳи Тир (Тирмоҳ) ҷашн гирифта мешуд, ки ин рӯз тибқи солшумории мелодӣ баробари 3-ум, гоҳе 4-уми июл мебошад.
Пас аз он ки оини зардуштӣ густариш пайдо намуд, ҷашни тиргон ба гиромидошти Эзади (Худои) Тиштар марбут гашт, ки дар «Авесто» аз он ёд шудааст. Дар фарҳанги суннатии мардуми ориёитабор Тиштар номи Эзад ва ситораи бороновар аст. Аз ҳамин назар ин ҷашн мувофиқи анъанаи ниёгон дар рӯзи тир, яъне рӯзи сездаҳуми тирмоҳ барпо мешуд. Дар бораи Эзади Тиштар дар яке аз яштҳои Авесто «Тир-яшт» низ бо муҳаббат ёд шудааст. Устураи машҳуртарини ин Яшт дар бораи Тиштар буда, он вобастаи борон аст. Тиштар ҳамеша дар миёни некӣ ва бадӣ қарор дошта, дар «Тир-яшт»-и Авесто бо некӣ ёд мегардад. Ин Эзади борон дар 10 рӯзи аввали моҳ чеҳраи ҷавони 15-соларо; дар 10 рӯзи дуюм чеҳраи говро бо шохҳои заррин; дар 10 рӯзи сеюм чеҳраи аспи сафеду зеборо бо гӯшҳои заррин мегирифт.
Ҳанӯз соли 2006 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» зимни пажӯҳиши хеш ба ин Эзад таваҷҷуҳ намудаанд. Дар байни мардум ба мисли дигар эзадҳо оид ба Тиштар низ ақидаҳое вуҷуд доштанд; рафтору амалҳои Тиштарро низ мувофиқи оинҳои бостонӣ аз насл ба насл ҳикоят менамуданд. Ҳар соле, ки ҷилави абрҳоро неруҳи аҳриманӣ мегирифтанд бо мадади Аҳурамаздо Эзади Тиштар ба ёрии онҳо мешитофт. Дар ин бора Пешвои миллат чунин ёдовар шудаанд:
«Дар тасаввури онҳо Тиштарйа – фариштаи раъду барқ, борон, фаровонҳосилӣ ва ризқу рӯзӣ дар паи ҷустуҷӯи нозу неъмати одамон бо деви Апауша, ки душмани инсон, фарвонӣ ва ҳабскунандаи борон мебошад, ҳамеша дар набард ва мубориза мебошад… Моҷарои набарду пирӯзии Тиштарйа бар Апауша – деви хушкӣ тамсиле аз фасли тобистон, хушкию камобии даштҳои беканори Осиёи Марказӣ ва кӯшишҳои асотирие, ки омехта бо эътиқодҳои оммавӣ ҷиҳати тавлиди борон мебошад. Ориёиён чунин мепиндоштанд, ки Тиштарйа ситораи падидоварандаи боронҳои судманд дар тобистон ва бавуҷудоварандаи обҳои зинда мебошад. Мувофиқи ин устура, Апауша – деви палиди хушкӣ обҳоро зиндонӣ сохта, ба замин намедод ва аз ӯҳдаи раҳоию кушодани обҳо ғайр аз Тиштарйа каси дигар намебаромад…»
Тиштар ба Апауша пирӯз мешаваду обу борон ба киштзорҳо мерезанду зиндагии нав идома меёбад. Ин аст, ки пирӯзии Тиштар ба Апауша ҷашн гирифта мешавад. Ба гуфти муҳаққиқон ҷашни Тиргон ҷашни ҳамин пирӯзӣ мебошад.
Ба монанди ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон дар бораи ҷашни Тиргон низ устура ва ривоятҳое ба вуҷуд омадааст, ки аз тариқи осори навишторӣ то имрӯз расидааст. Чанде аз онро ёдовар мешавем:
Тиргон ҷашни сулҳ. Манучеҳр шоҳи Эронзамин мехоҳад бо шоҳи Тӯронзамин Афросиёб сулҳ намояд. Ҳар ду шоҳ ба чунин натиҷа мерасанд, ки камонваре тире раҳо намояд ва он тир дар ҳар ҷое, ки афтад марзи Эрону Тӯрон таин шавад. Манучеҳр аз паҳлавони ватандӯсти номдор Ораши поку озодаву тандуруст хоҳиш менамояд, ки маҳорати худро нишон диҳад. Ба гуфти Берунӣ: «Ораши бараҳна ва бо қуввату неруи худованд камонро то баногӯш кашида раҳо кард. Худованд бодро амр кард, ки тири ӯро аз кӯҳи Рӯён ба марзи Хуросон, ки миёни Фарғона ва Табаристон аст, партоб кунад». Бо ёрии эзид фариштаи Бод тирро то канори рӯди Ҷайҳун мебарад. Тир ба танаи калонтарин дарахати чормағзе бармехӯрад. Марзи Эрон ва Тӯрон таин мешавад ва сулҳ барқарор мегардад. Ин рӯз, ки дар моҳи тир ва рӯзи тир буд ҷашн гирифта шуд ва онро Тиргон гуфтанд.
Тиргон ҳамномии моҳ ва рӯз. Дар замонҳои қадим номҳои моҳҳо 30 рӯз буда ҳар рӯз номе дошт. Бо гардиши офтобу солу моҳ, он рӯзе, ки бо номи ҳамон моҳ дар як рӯз баробар ояд, онро ҷашн мегирифтанд. Дар моҳи Тир рӯзи тир 13-ум (3 июл, гоҳе 4-ум) аст, ки ба ин муносибат дар тобистон ҷашни Тиргон баргузор мешуд.
Тиргон ҷашни борону об бар зидди хушксолӣ. Дар устураи дигаре омадааст, ки ситораи Тиштар, ки онро Эзаду фариштаи борон низ мегӯянд, дар қиёфаи аспи сафед ба дарё фурӯ меравад. Дар он ҷо бо деви хушксолӣ Апауш, ки ба қиёфаи аспи сиёҳ аст, чанд рӯз набард мекунаду шикаст мехӯрад. Дар набардҳои баъдӣ вай бо ёрии Аҳрумаздо бар он деви хушксолӣ пирӯз мешавад. Сипас обҳо ба киштзорҳо ҷорӣ мешаванд. Бод боронҳои зиндагибахшро бар ҳафт кишвар мерезад, он рӯз 13-уми моҳи тир буд. Ривоят мекунанд, ки ба умеди боридани борон мардум дар солҳои хушксолӣ, дар моҳи тир, дар рӯзи тир ҷашне баргузор намуда, дар боғу роғ, дашту даман, доманаи дараву кӯҳҳо шодиву сурур, рақсу бозӣ, обпошиву оббозӣ мекарданд. Номи ин ҷашнро Тиргон гуфтанд.
Тиргон оини обпошон. Шоҳи Эронзамин Кайхусрав дар чашмае танашро шуста, фариштаеро мебинаду беҳуш мешавад. Ба рӯяш об мепошанд. Ба ҳуш меояд. Барояш мегӯянд, ки «маяндеш», ҳамаш хуб аст. Баъд дар он ҷо деҳае сохта номи онро «Майяндеш» мегузоранд ва бо гузашти замон номи он деҳа «Андеш» мешавад. Ба гуфти Берунӣ ва Гардезӣ дар ин моҳ обпошӣ ва оббозӣ кардан ба ёди ҳамон чашмаю фаришта бар муқобили хушксолӣ чун оин боқӣ монд. Дар ин рӯзи Тиргон мардум ба шодиву сурур, ҷашни обпошон (обрезгон, саршурон)-ро баргузор намуда, аз Эзади борон мехостанд, ки боронро фаровон созаду хушксолӣ нашавад.
Тиргон ва ситораи Тиштар (Суҳайл). Дар қисми ҷануби осмон дар фасли тобистон ситораи дурахшоне пайдо мешавад, ки онро «Суҳайл», «Суҳайли Яман», «Суҳайли Ямонӣ» мегӯянд. Ин ҳамон ситораи Тиштар буда, маъмулан дар чиллаи тобистон намоён мешавад. Ҳанӯз ҳам, дар байни тоҷикон, дар рӯзҳои чиллаи Тобистон, гоҳе калонсолон дурахшиши ситораи Суҳайлро ба некӣ ба ёд меоранд ва хушнуд мешаванд. Дар баъзе ҷойҳо занҳои тоҷик ҳоло ҳам баробари дидани моҳи аввал ва ситораи дурахшони Суҳайл бо шодмонӣ ҳафт маротиба аз ҷои худ «боло-боло» ҷаҳида мегӯянд: «шодӣ, шодӣ, худо баракат диҳад, серию пурӣ шавад». Шояд ин яке аз нишонае аз ҷашни Тиргон аст, ки дар ёдҳо мондааст.
Тиргон ва пухтани меваю гандум. Ба гуфти Берунӣ пас аз он ки Афросиёб заминҳои Эронро ишғол карда, то тангие рафт, аҳволи мардум сахт шуд. Ватанро дифоъ карда, ҳатто барои орд кардани гандум ва пухтани нон фурсат намеёфтанд. Аз гуруснагӣ ва ночорӣ гандум ва меваҳои норсидаро мепухтанд. Пас аз сулҳу оромиш оини пухтани меваю ганду бо шодмонӣ ва ҷашну сурур дар рӯзи тири моҳи тир расм шуд.
Тиргон – ситораи нависандагон. Ниёгони мо дар канори фарҳанги гуфторӣ, ба осори навишторӣ низ эҳтиром доранд. Аз сарчашмаҳо мебинем, ки дар фарҳанги гузаштаи мо қадри адабиёт ва нависанда баланд аст. Ин аст, ки дар замонҳои пеш Тиргон рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст. Воқеа ва ҳодисаҳои дунёро нависандагону котибон дар китобҳо сабт менамоянд. Ба гуфти Берунӣ ҳифзи дунё, яъне «даҳуфазия», бо деҳқонию зироат ва китобат намудан бо ҳам наздик мебошанд: «Ва китобат дар пайравии он аз Ҳушанг содир шуд ва деҳқанатро бародари ӯ Вигард расм намуд. Номи ҳамон рӯз Тир аст, ки онро Уторид низ мегӯянд, ки он ситораи нависандагон аст… Деҳқанату китобат як чиз аст... Ва ин рӯзро аз роҳи ҷалолият ид карданд. Дар ин рӯз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипӯшанд. Ва деҳқононро низ бар ҳамин кор амр кард. Дар ин рӯз мулуку деҳқонону мӯбадон ва ғайри эшон ин либосро пӯшиданд… То рӯзгори Гуштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расмбоқӣ монд». Ба ин ҷиҳат ҷашни Тиргон дар гузашта рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст.
Тиргони кӯчак ва Тиргони бузург. Ба мисли Наврӯзу Меҳргон ҷашни Тиргон низ хурду бузург доштааст. Берунӣ гуфтааст: «Рӯзи партоб кардани тир рӯзи тир мебошад, ки он тиргони кӯчак аст. Ва рӯзи чордаҳуми он ки шаш рӯз аст, тиргони бузург бошад. Дар ин рӯз хабар оварданд, ки тир ба куҷо афтодааст. Ва дар ин рӯз мардум олоти табҳу танӯрҳоро мешикананд, зеро дар ин рӯз буд, ки онҳо аз Афросиёб раҳоӣ ёфтанд. Ва ҳар як ба кори худ машғул шуданд».
Оинҳои тиргонӣ. Ҳамин тавр ҷашни Тиргон дар байни ниёгони мо шуҳрат доштаст, ки шодмониҳо ва баъзе аз нишонаҳои вобаста ба он то имрӯз дар ёди калонсолон мондааст. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз ҷуфтронони деҳқонон, ки «одатан дар шабҳои тобистон» будааст, ёд намуда гуфтаанд, ки «дар ин гуна вақтҳо ягона тасаллибахши он ҷуфтронон, ки бо маҷбурияти зиндагӣ хоби ширинро тарк карда дар шаби тор кор мекарданд, сурудхонӣ буд». Сурудхонии деҳқонон ҳамон нишонаи шодиву сурури тиргонӣ аз замонҳои бостон аст, ки то имрӯз расидааст.
То охири асри ХХ кишоварзони тоҷик ғалларо дар фасли тобистон дар шаб дарав мекарданд, ки онро «шабдарав» мегуфтанд. «Шабдарав» бо шодиву суруду тарона мегузашт, яъне кор ва ҷашн бо якҷо буд, ки ин нишоти тиргонӣ то солҳои наздик дар тамоми минтақаҳои кӯҳистони тоҷикнишини Осиёи Миёна вуҷуд дошт. Дар тобистон, дар моҳи тир ҳангоми дарави ғалла кишоварзони тоҷик барои сабук намудани кори худ сурудҳои «Ман доғ», «Яккафарёд», «Анталҳо», «Ёзӣ», «Майдаё», «Ё аллоҳ» ва ғайраро месароиданд. Дар баъзе ҷойҳо оинҳои «Досбагардан» (Гардандосӣ), «Чошбаророн» бозии «Дарзапартояк» баргузор мешуд. Ҳамаи ин амалҳо нишоннаҳои ҷашни Тиргон буда, аз ҳамон рӯзгорони дур то имрӯз расидааст.
Нишонаҳои ҷашни Тиргонро дар пайвастагии оинҳои фасли тобистон дар байни тоҷикон ва ориёитаборонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки дар домани фарҳанги мардуми эронитабор парвариш ёфтаанд, метавон ҷуст. Аз ҷумла тавре ки дар байни тоҷикон калонсолон ёд мекунанд баромади ситораи Суҳайл (Тиштар) ба рӯзи чиллаи тобистон, мувофиқ аст. Аз намоён шудани он мардум шодмонӣ мекунанд ва хушҳол мешаванд, ки зиндагиашон бобаракат мешавад. Яъне баромади Суҳайл (Тиштар) ин ҳамон нишонаи ҷашни Тиргон аст.
Яке аз оинҳои ҷашни Тиргон ин «Фоли кӯза» аст, ки дар гузаштаҳо маъмул буд. Дар ин оин бештар духтарони болиғ иштирок менамоянд. Тарзи баргузории «Фоли кӯза» чунин аст: як рӯз пеш аз ҷашн аз байни духтарони дӯшиза якеро интихоб намуда, ба вай як кӯзаи сафоли сабзранги даҳонаш кушода медиҳанд. Духтар кӯзаро бо оби покиза пур намуда даҳони онро бо як рӯймоли сабзи абрешимӣ мепӯшонад. Сипас кӯзаро духтаре ба навбат ба назди духтароне мебарад, ки дар дил орзуе доранд. Ҳар нафари ширкаткунанда, чизеро ба дохили кӯза меандозанд. Мисол: гӯшвора, ангуштарӣ, сикка, гиреҳбанди мӯй ва ғайра. Баъди ин амал кӯзаро ба таги дарахти сабзе ба мисли арча ва ё сарв мегузоранд. Рӯзи дигар ҷашн оғоз мешавад. Мардум зимни шодмонӣ ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд. Ҳамон духтароне, ки ба оини «Фоли кӯза» ширкат кардан хоста ба кӯза чизе андохта буданд, ба маконе ҷамъ меоянд. Баъдан он духтаре, ки кӯзаро дар таги дарахт гузошта буд, онро меорад. Занҳо рафтори духтаронро тамошо мекунанд ва барояшон шеър мехонанд. Пас аз шеър дӯшизаи посбони кӯза дасташро бар даруни он андохта яке аз чизҳоро берун мебарорад ва шеъри хондашударо марбути вай медонанд. Занҳои калонсол мазумин шеърро шарҳ медиҳанд ва зимнан орзуву омоли он духтарро мепурсанд. Дар аксари маврид мазмуни шеър ба орзуву нияти соҳиби он чиз мувофиқ меояд. Ин оин дар Бухоро, баъзе минтақаҳои Эрон ва Афғонистон низ вуҷуд дошт.
Оини дигаре, ки вижаи ҷашни Тиргон аст, оини «Дастбанди тир ва бод» мебошад, ки ҳоло ҳам дар байни зардуштиёни Киромон маъмул аст. Мардуме, ки ба ҷашн ширкат доранд ҳама хурду калон дар аввали ҷашн пас аз хӯрдани шириниҳо бандеро, ки аз ҳафт тор риштаи ҳафтранги мисли тиру камон аст, ба дасти худ мебанданд. Номи ин бандро «Тир ва бод» низ мегӯянд. Ин риштаи ҳафтранги дар банди даст бастаро то 9-10 рӯз, яъне то рӯзи бод, нигоҳ медоранд. Баъди гузаштани 10 рӯз, гӯё рӯзи бод мерасад. Дар рӯзи бод мардум гурӯҳ-гурӯҳ, ё чанднафарӣ ба баландие мебароянд, ки маъмулан дар он ҷо вазиши бод аст. Маслан, ба тепа, тал, болои бом, кӯҳ баромада он бандро аз банди дастони худ кушода ба бод, ба ҳаво, сар медиҳанд. Дар ин амал чанд эътиқоде нуҳуфта аст: яке ҳар орзуе, ки дар дил доранд аз эзид таманно мекунанд, ки иҷро шавад; дигаре он аст, ки бо ёрии эзиди бод аз ҳаво гузаштани тири Орашро ба ёд меоранд. Ҳанӯз ҳам дар байни мардуми Язду Кирмон ҳангоми ба бод супоридани дастбанди ҳафтранг хурдсолон ва наврасон таронаи зеринро месароянд, ки нависандаи ин сатрҳо онро шунида, дар ҳамин шакл аз зардуштиёни Язд сабт намудааст:
Тир буру бод биё,
Ғам буру шод биё,
Меҳнат буру рӯзӣ биё,
Хӯшаи марворӣ биё.
Дар ин порчаи манзуми хурди содаю самимӣ, ки пажӯҳандагони дигар ҳам сабт кардаанд, аз як тараф тиру камони Ораши Камогир ёд шуда, аз равиши тир омадани боди форам, аз рафтани ғам, омадани шодмонӣ ёд гардад; аз тарафи дигар заҳмати кишоварзон пас аз меҳнати ба даст овардани ризқу рӯзӣ, ки он дар дарав намудани ғаллаи гандум, яъне «хӯшаи марворӣ» аст, ёдоварӣ гардидааст. Ин оинҳо дар моҳи Тир (21 июн - 21 июл) рух дода, идомаи ҳамон гоҳшумории ниёгонамон аст. Яъне ҷашни Тиргон ҷашни расиши гандуми заррини кишоварзон низ аст, ки ризқу рӯзии инсон дар тамоми сол ба он пайваста мебошад.
Ҳоло ҷашни Тиргон ҳар сол дар байн мардуми Дамованд, дар Омул ва ҳамчунин дар миёни зардуштиёни Язд, Кирмон, Караҷ, Теҳрон, Ардакон, Бам, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар байни зардуштиёни Аврупо, Канада, Амрико, Ҳиндустон, Австралия таҷлил мешавад. Маъмулан ҷашни Тиргон дар баъзе ҷойҳо аввали моҳи Тир (21 июн), дар баъзе ҷойҳо 10-уми Тир, дар баъзе ҷойҳо 13 Тир барпо мегардад. Гоҳе чунин мешавад, ки дӯстдорони ҷашни Тиргон онро дар наздиктарин рӯз таътили моҳи Тир (бештар нимаи аввали июл) барпо менамоянд.
Чи нек аст, ки Пешвои азизи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ин ҷашни ниёгон дар Тоҷикистон талош доранд. Инак, ҷашни Тиргон – ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни Ораши сулҳофари Ватанро посбон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни нависандагон, ҷашни тобистон, ҷашни ҷавонмардии хуршеди тобон, ки эҳёгари он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба тамоми мардуми шарифи тоҷик, форсизабони ҷаҳон ва ориёитаборон муборак бошад!
Равшан Раҳмонӣ сарходими илмии шуъбаи фолклори
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои бостонии бузурги миллии мо, монанди Наврӯз, Меҳргон, Сада ва амсоли инҳо ҷойгоҳи хоссае дошт. Тавре гуфта шудааст, ин Ҷашн дар рӯзи13-уми тирмоҳ, ки онро дар солшумории порсӣ “тиррӯз” меноманд, баргузор мешавад. Вале қайд гардидааст, ки дар муқоиса бо Наврӯзу Меҳргон дар бораи Тиргон маълумот кам мавҷуд аст, пас аз асрҳоиXIV-XV роҷеъ ба баргузории Ҷашни мазкур дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре оварда нашудааст.
Агар Ҷашни Сада марбут ба зимистон Наврӯз ба баҳору Меҳргон ба тирамоҳ бошад пас, Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони орёӣ аст, ки мутобиқи тақвими григорианӣ рӯзи баргузориаш ба1-ум июл рост меояд.Дар солшумории ниёгони мо рӯзҳову моҳҳо номҳои худро доштанд ва як қатор ҷашнҳо мутобиқ ба ин тақвим дар рӯзҳои махсус баргузор мегардиданд.
Дар таърих Тиргон ҳамчун ҷашн рӯзи камон кашидани Ораш эътироф шудааст. Ҳамчунин, Ҷашни Тиргон ба ривояти Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” рӯзи бузургдошти нависандагон дар Эрони бостон будааст. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ ба мо маълум гардид, дар Ҷашни Тиргон амалҳои гуногун, аз қабили “обпошӣ”, “фоли кӯза”, “дастбанди тиру бод” иҷро мешудааст. Дар ин Ҷашн мардумони мо даруну беруни хонаро об пошида мерӯфтанд ва либоси тоза ба бар мекарданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва онро “Тиру бод” меномиданд. Баъди даҳ рӯз дар рӯзи бод онро кушода ба бод медоданд. Дар ин рӯз мардумони эронӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд, ки то ҳол он дар бархе минтақаҳои эронинишин бо баъзе тағйирот.
Гуфта мешавад, ки дар Мозандарон ҳоло ҳам расми “Сенздаҳ шаби тирмоҳ” мавҷуд мебошад, ки идомаи Ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз рӯбучини хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хӯришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хӯрок бо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, дар кӯчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо ба ин хотир, меваю ширинӣ медиҳанд.
Аслан, Ҷашни Тиргон ба фарорасии рӯзҳои гарми тобистон Гармиҳои тобистон акнун шуруъ мегарданд. Гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҷав, гандум ва ангури пешпазак ҳосил медиҳанд. Тут, гелос, зардолу ва дигар намуди меваҷот мепазанд. Мо бояд ин ҷашнҳоро ба ягон дин мансуб надониста, ҳамчун ҷашнҳои миллии хеш таҷлил намоем. Чуноне ки Пешвои миллат Президенти кишвар гуфтаанд: “Ин оинҳои бостонии ориётаборон бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд”.
Парастиши об ва муқаддас донистани он дар байни мардуми тоҷик, ба андешаи мо, решаи ниҳоят амиқ дорад. Мардум дар оғози Соли Нав – Наврӯз маросимҳои баҳорӣ ва соли навро бештар дар назди чашмаҳо, рӯдҳо ва ҷойҳои обшор созмон медиҳанд. Ҳангоми баргузории маросимҳо дар назди чашмаҳо ё дар сояи дарахтоне, ки дар соҳили рӯдҳо сабзидаанд ва манзараи дилрабо доранд, мол кушта, хун мебароранд ва таъомҳои маросимӣ пухта, хушнудӣ менамоянд. Ва агар баҳор камбориш ояд, мутобиқи суннатҳои қадимӣ мардум дуохонда ба ҳамдигар об мепошанд ва бо либосҳояшон ба рӯд даромада обпошӣ карда, ҳамдигарро ба об мепартоянд. Чунин вонамуд менамоянд, ки гӯё борон борида онҳоро тар кардааст. Ин маросим дар бисёр маҳалҳои Хуросон «Обпошон» унвон дорад.
Дар ҳавзаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ва шаҳрҳои қадимаи Самарқанду Бухоро, Кешу Насаф, Хуҷанду Истиравшан, Тирмизу Деҳнав, Ҳисору Кӯлоб ва водиҳои Рашт ва Бадахшон обро поку муҷаддас медонистанд.
Аз ин рӯ, аз даврони кӯҳан гузаштагони мо ин маҳзари муқаддаси офаридаи худовандиро эҳтиёт менамоянд, обро муқаддас мешуморанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”, ки 21-23-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузоргардида буд, зимни баромади хеш таъкид намудаанд, ки “Мо, мардум тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисобрафта, таърихи боз ҳам қадимтар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд. Ин ойинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд”.
Мо бар он итминон мебандем, ки дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада Тиргон ва дигар ҷашнҳои фаромӯшшуда эҳё гардида ва дар сатҳи хуб таҷлил карда шаванд.
Мажнунов Абдуламин - мудири шуъбаи фолклор номзади илми филология
Яке аз барҷастатарин хусусиятҳои замони муосир ин беш аз пеш қувват гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ мебошад. Ҷаҳонишавие, ки баробар кардани сатҳи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакатҳои дунё ва дар ин замина муттаҳиду махлут кардани онҳо дар ҷомеаи ягонаи ҷаҳонӣ ҳадафи асосии он мебошад.
Барои ба даст овардани ин мақсад заминаҳои боэтимоди воқеӣ низ фароҳам оварда шудаанд. Муҳимтарини онҳо ин ба низоми ягонаи ҷаҳонӣ ворид шудани иқтисодиёти мамлакатҳои дунё, ташаккули бозори ягонаи молу хизматрасонӣ, ба селаҳои асъори ҷаҳонӣ фаро гирифта шудани тамоми субъектҳои хоҷагидории мамолики дунё ташаккули муҳити ягонаи иқтисодӣ, ки дар ниҳояти кор ба интиқоли озоди молу сармоя ва аз байн бурдани монеаҳои иқтисодию гумрукии давлатҳо оварда мерасонад, муқаррар гардидани тартиботи умумӣ барои ҳамаи давлатҳои аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ ва забони умумии муошират мебошанд.
Мафҳумҳои “низоми ҷаҳонӣ”, “ҷомеаи ҷаҳонӣ”, “фазои ҷаҳонӣ” ва “умумияти ҷаҳонӣ” ифодакунандаи пешомади ҳамин тағйиротҳо ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон зикр бояд кард, ки созмонҳои байналхалқӣ, ташкилотҳои минтақаҳои бузург, ширкатҳои фаромиллӣ ва давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ҳамчун субъектҳои асосӣ раванди ҷаҳонишавиро на фақат вусъат мебахшанд, балки самаранокӣ ва боэътимодии онро таъмин менамоянд.
Маҳз ҳамин субъектҳо бозингарони асосӣ дар арсаи байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд, ки тавассути тақвият додани ҷаҳонишавии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ба ҳаёти сиёсии онҳо таъсири ҳалкунанда расонида, фазои нави сиёсати ҷаҳонӣ ва тартиби нави ҷаҳонӣ (“тартиботи ҷаҳонӣ”) – ро ташаккул дода, лоиҳаҳои ташкили давлати ҷаҳонӣ, ҳукумати ҷаҳонӣ ва идоранамоии ҷаҳониро, бидуни чунин ҳукумат, амалӣ мегардонанд.
Дар ин асос метавон гуфт, ки ҷаҳонишавии иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳангу иттилоот онро ба раванди бебозгашти таърихӣ табдил додааст. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи мураккаб ва ҳамафарогиранда метавонад ба тақдири ояндаи инсоният ё таъсири мусбат (фаровонӣ, баробаршавии сатҳи зиндагӣ) ва ё манфӣ (махлутшавӣ, якхела шудан) расонад.
Дар нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки ҷаҳонишавӣ барои инсоният ва мамлакатҳои гуногун ин файзи осмонӣ аст. Чунки ба туфайли он мардуми рӯи замин сатҳи якхелаи рушд, некӯаҳволӣ ва фароғатро пайдо мекунанд.
Алалхусус мамлакатҳои ақибмонда ва дар ҳоли рушд қарордошта имкон пайдо мекунанд, ки тавассути дастовардҳои техникию технологӣ, интиқоли озоди молу сармоя, қувваи корӣ ва аз байн рафтани монеаҳои иқтисодию гумрукӣ сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию иттилоотии худро ба маротиба боло баранд.
Вале чун нек назар намоем, вазъият ва оқибатҳои кор тамоман дигар аст. Чуноне ки дар урфият мегӯянд, ҷаҳонишавӣ ба зоти худ айбе надорад ва ҳар айбе бошад ҳам, дар ҳадафҳои назарияпардозон ва бастакорону бозингаронӣ он мебошад.
Гап дар баёни он аст, ки имрӯз ду роҳи имконпазири ба даст овардани ҳамгироии мамлакатҳои дунё вуҷуд дорад. Ё дар пояи густариши арзишҳои тамаддунӣ ва фарҳангии ҳаёти мамолики Ғарб ва ё дар асоси гуногунии тамаддунҳо ва фарҳангҳо миллии давлатҳо.
Бадии кор дар он аст, ки имрӯз роҳи якум интихоб карда шудааст. Интихоби роҳи мазкурро бошад, бо зарурати таъмин кардани баробарии мамлакатҳо дар низоми ҷаҳонии истеҳсолот ва истеъмолот алоқаманд менамоянд. Вале таҷриба акси онро нишон медиҳад. Ба ҷойи ба даст овардани баробарии мамлакатҳо дар ин ҷода, тамоили дигар, амиқтарин тафриқаи сохтории ҳаёти халқҳо қувват гирифта истодааст ва дар он мафҳуми “адолат” аз диди назари арзишҳои ғарбӣ шарҳу эҳзоҳ дода шуда, рукни асосии ташкили ҳаёти ҷомеаро, бидуни тафовутҳои динию миллӣ, манфиатҷӯии моҳити ғарбидошта ташкил медиҳад.
Пӯшида нест, ки монеаи асосӣ дар роҳи махлут сохтани фарҳангу арзишҳои халқҳо ин давлатҳои миллӣ мебошад. Зеро ки низоми нави умумии иқтисодӣ, ки дар пояи арзишҳои либералӣ ташаккул дода мешавад, ташаккули чунин низоми ягонаи сиёсию фарҳангиро тақозо менамояд. Фазои ҷаҳонӣ, ки аз маҷмӯи фазоҳои алоҳида таркиб ёфтааст, аз дигар сӯ, тафовутҳои миллӣ, динӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва расму русумро намепазирад. Ҳақ ба ҷониби файласуфи рус А.С Капто аст, ки таькид намудааст: “Ҷаҳонишавӣ (аз калимаи лотинии globus - кура, франсавии Global -умумӣ) ин раванди объективии ташаккул, бунёд, фаъолият ва рушди низоми комилан нав, умумиҷаҳонӣ ва глобалӣ дар асоси робита ва вобастагии тарафайн дар ҳамаи соҳаҳои иттиҳоди байналхалқӣ мебошад” [2, (санаи муроҷиат: 23.03.2022) ].
Дар ин қария ҳадафи асосии акторҳои ҷаҳонишавӣ ин коҳиш додани нуфӯзи давалатҳои мииллӣ мебошад. Чуноне ки С. Хангтингтон гуфтааст, давлатҳои миллӣ дар давоми чандин садсолаҳо ҳомии асолати миллӣ, фарҳанги миллӣ ва забон, анъанаҳою маросимҳои мардумӣ буд ва имрӯз ҳам дар шароити ҷаҳонишавӣ боқӣ хоҳад монд.
Бо дарназардошти зарурати ба инобат гирифтани ҳамин нукта ва рушди нобаробари иқтисодӣ ва технологии давлатҳои ҷаҳон, инчунин қувват гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки имрӯз арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва дигар хусусиятҳои зеҳнию равонии миллӣ ба даст гирии ҷиддии давлат ниёз доранд. “Зеро дар сурати заиф шудани ин арзишҳои ба амал овардаи милат, ваҳдати миллии рахна ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва суботу аминияти миллӣ мо суст мегардад ” [1, С.430].
Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳи фавқузикри пешгирифтаи бозингаронӣ асосии ҷаҳонишавӣ бармеояд ки ҷаҳонишавии иқтисодиёт ногузир ба ҷаҳонишавии саросари сиёсат оварда мерасонад, ки ба ҳаёти сиёсии мамлакатҳои дар ҳоли рушд қарордошта ва пешомади давлатҳои миллӣ, махсусан истиқлолияти сиёсии онҳо хатар эҷод менамояд.
Пас саволе ба миён меояд, ки пайомадҳои ҷаҳонишавии сиёсат барои давлатҳои миллӣ дар чӣ ифода меёбад?
Дар натиҷаи иқтисодиёти миллиро иваз кардани иқтисодиёти ҷаҳонӣ имконияти давлатҳои миллӣ ҷиҳати назорат аз болои он ва танзими муносибатҳои вобаста ба иқтисодиёти ҷаҳониро ба таври ҷиддӣ маҳдуд мегардад. Дар сурати чунин ранг гирифтани кор давлатҳои миллӣ аз имконияти мувофиқи табъ ва салоҳдиди худ ба роҳ мондани раванди иқтисодиёти ватанӣ ва ё соҳаҳои зарурии он маҳрум гашта, аз ноилоҷӣ маҷбур мешаванд, ки ин корро бо дарназардошти талаботи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба роҳ монданд. “Шуста шудани” сарҳадҳо дар байни иқтисодиёти миллӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ заминаҳои воқеиро барои ҷаҳонишавии сиёсат, иҷтимоиёт ва фарҳангҳои миллӣ фароҳам меоварад. Зеро ки кайфияти ин соҳаҳо бевосита аз чигунагии моҳияти иқтисодиёти мавҷуда вобаста аст.
Дар ин асос масъалаҳои дохилии кишварҳои алоҳида аҳамияти байналмилалӣ пайдо менамоянд. Нақши сиёсати дохилии давлатҳо, ки кафолати самаранокии сиёсати хориҷии онҳо ба ҳисоб меравад, ба таври назаррас коҳиш меёбад ва нақши сиёсати хориҷӣ дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои сиёсати дохилӣ авлавият пайдо менамояд. Дар натиҷа сиёсати ҷаҳонӣ тасаввуроти анъанавиро дар бораи истиқлолияти иқтисодӣ ҳамчун шарти зарурии истиқлолияти сиёсӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, дохилидавлатию хориҷӣ ва ҳудудию ғайриҳудудӣ тағйир медиҳад. Масъалаи сарҳади муайян гузоштан дар байни сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳои миллӣ ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешавад. Дар натиҷа хавфи ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ баромад кардани давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ афзуда, дар ниҳояти кор, онҳо аз воҳидҳои мустақилу ваколатдори созмонҳои сиёсию иқтисодӣ ба яке аз қисмҳои таркибии онҳо табдил меёбад.
Тартиботи нави ҷаҳони муосир шаклҳои анъанавии давлатдории миллӣ ва муносибатҳои сиёсии байналхалқиро тағйир медиҳад. Давлатҳои миллӣ маҷбур мешаванд, ки на фақат дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ, балки дар баррасию қабули қисме аз қарорҳои сиёсии худ раъй ва майлу хоҳиши созмонҳои ҷаҳониро ба инобат гиранд. Чунин ранг гирифтани кор аз он далолат мекунад, ки давлатҳои миллӣ минбаъд дар амалигардонии ваколатҳои таърихии истиқлолият, махсусан соҳиби ҳокимияти олии сиёсӣ будан, назорат кардани сарҳадҳои худ, мухторият ва озод будан аз дахолати қувваҳои беруна ба маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Тақсимоти ҷаҳонии меҳнат, ҳиҷрати иҷборию озоди аҳолӣ, захираҳои инсонию истеҳсолӣ, алалхусус қолабигардонии қонунгузорӣ ва равандҳои иқтисодию технологӣ вобастагӣ ва дастнигарии давлатҳои миллиро қувват мебахшад.
Ҷаҳонишавии бозори сиёсӣ тавассути васеъшавии доираи фаъолият ва афзудани нуфӯзи субъектҳои иқтисодӣ, махсусан ширкатҳои фаромиллӣ ва ҳафтгонаи пасосаноатӣ, ки 80,4% техникаи компютерӣ, 90,5% истеҳсолоти баландпояи технологӣ ва 87 % тамоми патентҳои дар олам бақайдгирифтаро соҳибӣ мекунад ва ҳар сол ба ҳисоби миёна 400 млрд доллари амрикоӣ барои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва озмоишию конструкторӣ сарф менамояд, ҷараён мегирад [5, с. 35]. Дар натиҷа, ҳукуматҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ маҷбур мешаванд, ки дар раванди пиёда гардонидани ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии худ манфиатҳои онҳоро ба инобат гиранд.
Бар ҷурми ин тамоил имрӯз дар бораи соф “ миллӣ” ё “ҳудудӣ” будани мансубияти субъектҳои иқтисодӣ ҳукм кардан душвор аст. Доираи таъсири субъектҳои бозори сиёсӣ, ки такягоҳи асосии дастгирии сиёсӣ ва иқтисодию молиявии ҳукуматҳои миллӣ мебошанд, ба қабули қарорҳои сиёсии ҳукуматҳо ва созмонҳои байналхалқӣ афзуда, арзишҳои иқтисодиёти озоди ҷаҳонӣ ва манфиатҳои хусусии худро ҳифз менамоянд.
Аҷоиботаш дар он аст, ки “Нахустин давлатҳои ҷаҳонӣ” бар хилофи “давлатҳои ҷаҳони пешина” на бо роҳи зӯрӣ ва забт карда гирифтани давлатҳои дигар, балки дар заминаи бастани созишномаю қарордодҳои байнидавлатӣ ба вуҷуд меоянд ва манфиатҳои дуру наздики сиёсии худро амалӣ менамоянд.
Равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ба ду роҳи “супоридани” ҳокимият – ихтиёрӣ ва ё маҷбурӣ мусоидат мекунанд. Дар натиҷа “супоридани” ҳокимият ба ниҳодҳои байналмилалӣ ба таври амудӣ (вертикалӣ) ва “супоридани ҳокимият” ба қувваҳои иқтисодиёти бозаргонӣ бо тариқи уфуқӣ (гаризонталӣ) сурат мегирад.
Бар асари тавассути технологияҳои робитавӣ рӯз аз рӯз афзудани таъсири ҷомеаи иттилоотӣ ва селаҳои иттилооти ҷаҳонӣ қарорҳо ва амалҳое, ки дар як қисмат ва ё гӯшаи дурдасти ҷаҳон ба вуқуъ меоянд, фавран ба тамоми олам таъсир мерасонанд. Ба туфайли воситаҳои муосири робитавию иттилоотӣ марказҳои қабули қарорҳо ва содир кардани амалҳо ба низоми мураккаби дар якҷоягӣ қабул кардани чунин санадҳо ва таъсири тарафайни онҳо табдил меёбад.
Дар натиҷа давлатҳои миллӣ аз ноилоҷӣ маҷбур мешаванд, ки худро аз ҳалли бисёр масъалаҳои ҳаёти кишварашон дар канор гиранд ё иҷрои вазифаҳои ҷонии худро маҳдуд намоянд. Ҳамзамон бо сабаби коҳиш ёфтани салоҳияти мақомотҳои роҳбарӣ ва дастнигар шудани онҳо аз дигарон, махсусан аз давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои миллӣ бо роҳҳи ихтиёрӣ аз иҷрои вазифаҳои худ даст мекашанд. Инро махсусан дар масъалаи худро аз масъулияти додани маблағи кӯмакпулиҳо, суғуртаи иҷтимоӣ, таҳсилот, ҳангоми кушода шудани сарҳадҳо бо инфрасохтори дигар давлатҳо якҷоя кардани инфрасохтори худ, ҳамроҳ шудан, розигӣ додан ба давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати дар қаламрави он ҷойгир кардани пойгоҳҳои ҳарбӣ ва итоат кардан ба қоидаҳое, ки онҳо муқаррар мекунанд, равшан эҳсос кардан мумкин аст.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки дар партави ҷаҳонишавӣ авлавият пайдо кардани манфиатҳои олигархияи ҷаҳонӣ тобиши сиёсии ин равандро қувват дода, дар ниҳояти кор боиси маҳдуд гардидани истиқлолияти миллии давлатҳо, вобастагии онҳо аз ширкатҳои фаромиллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаҳои худ мегардад. Дар ин асос ҳамчунин ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҷаҳонишавӣ барои халқҳое, ки дар саргаҳи он истодаанд ва ё ба гирдоби он кашида шуданд, неъмат ва барои он мамлакатҳое, ки аз ин гирдоб берун мондаанд, хатар аст. Зеро ки ҷаҳонишавӣ ҳуқуқу имкониятҳои як қатор мамлакатҳоро маҳдуд карда, иқтидору имкониятҳои дигар давлатҳоро афзӯн мегардонад.
Ҷаҳонишавии сиёсат робитаҳои дохилию хориҷӣ ва сарҳадҳои давлатҳои аз ҷиҳати ҳудудӣ мустақилро вайрон карда, фарҳангҳои миллӣ, анъана ва ҷашну маросимҳои онҳоро ба таври ҷиддӣ ба “низом” меоварад. Пӯшида нест, ки чунин “банизомоварӣ” ҳам дар пояи арзишҳои тамаддунӣ ва фарҳангии мамлакатҳои ғарбӣ ба амал бароварда мешавад, ки ин худ маънои аз байн рафтани асолати миллатҳо ва хароб гардидани рангорангии арзишҳои маънавии онҳоро дорад. Дар натиҷа, чуноне ки В.П.Шалаев мегӯяд, фарҳангҳои миллӣ ба фолклор ва миллатҳо ба маводи этнографӣ барои он давлатҳое, ки қобилияти бомаром ташкил кардани ҳаёти ҷамъиятию давлатии миллати худро доранд, табдил меёбад [4, С.87]. Ҳол он ки фарҳанг, анъанаҳо ва маросимҳо ҷавҳари ҳуввият ва худшиносии миллии ҳар як қавму миллатро ташкил медиҳад. Махлутшавии фарҳангҳо дар доираи қолаби ғарбӣ ва ба соҳаи ҳаёти маънавии қавму миллатҳои давлатҳои соҳибистиқлол роҳ ёфтани фарҳанги авомӣ онҳоро якранг мекунад ва ба бенавоёни маънавии ба осонӣ идорашаванда табдил медиҳад.
Вобаста ба ин масъала як нуктаро таъкид кардан бамаврид аст, ки дар таҳқиқу баррасии раванди ҷаҳонишавӣ муносибати иқтисодмарказӣ ҷойи асосиро ишғол менамояд. Ҳол он ки мувофиқи ақидаи муҳақиқи рус Э. Кочетов, доир ба дарки олами ҷаҳонишуда ва бунёди тарҳи бутуни он се диди назари асосӣ вуҷуд дарод. “Аввалан. Ҷаҳон дорои умумият, ягонагӣ ва бутунӣ мебошад, ки ба дарки ҷаҳонии он оварда мерасонад. Баъдан. Ба олам гуногунрангӣ хос аст. Сониян. Гуногунрангӣ дар он ифода меёбад, ки олам тағйир меёбад, шакл иваз мекунад, сохторашро дигар менамояд” [3, С.627].
Зикр бояд кард, ки чунин муносибат ба раванди ҷаҳонишавӣ ҳам сабабҳои объективӣ ва ҳам субъективии худро дорад. Тавофутҳои амиқтарини тамадунҳо, хусусиятҳои фарҳангҳои миллатҳои ҷаҳон, қувват гирифтани минтақагароии иқтисодӣ дар доираи як тамаддун ва афзӯдани таъсири динҳо ҳамчун муҳимтарин омили ҳувияти тамаддунӣ бархе аз он сабабҳое мебошанд, ки имрӯз дар баробари афзӯдани шумораи тарафдорони ҷаҳонишавӣ, шумораи рақибони онро ҳам зиёд намудаанд.
Мусаллам аст, ки роҳи гурез аз таъсири ҷаҳонишавӣ нест. Вале барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, асолати миллӣ ва арзишҳои волои ниёгон кӯшиш кардан, ин қарзи ватандории ҳар як қавму миллат аст. Бо ҳамин сабаб давлатҳои миллии ҷаҳони муосир низ ҷустуҷӯи роҳу воситаҳоеро мақсади худ қарор доданд, ки ба мутобиқшавии шаклу мундараҷаи давлатҳои онҳо ба талаботи ҷаҳонишавӣ, алалхусус ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, мустақилона ва мувофиқи салоҳдиди худ ташкилу амалӣ гардонидани ҳокимияти олӣ ва принсипҳои сохтори давлатию ҳудудӣ мусоидат карда метавонанд.
Дар роҳи ба даст овардани ин ҳадафҳо, ки ҳаёту мамоти ояндаи давлатдории мо аз онҳо сахт вобаста аст, ташаккули шуури худшиносии миллӣ нақши калидӣ доранд. Зеро ки шуури худшиносии миллӣ ба он “лангаре” шабоҳат дорад, ки аз як сӯ, киштии ҷомеа ва давлатро аз хавфи ғарқшавӣ эмин медарорад ва аз дигар сӯ, ба сифати кафолати пойдории арзишҳои маънавӣ ва омили ҳифз намудани ҳастии миллат ва асолати миллӣ баромад мекунад. Ҳамазамон зикр бояд кард, ки маҳз ҳамин арзишҳои миллӣ меъери асосии фарқ гузоштан дар байни давлатҳои миллӣ мебошад. Бештар аз ин “меъмор”-и ташаккули худшиносии миллӣ худи элитаи сиёсӣ, ки ба бақо ва шукуфоии давлатҳои миллӣ сидқан ғамхоранд, сари ин мушкилот бештар андеша менамоянд. Чунки шуури худшиносии миллӣ танҳо дар сатҳи ниҳодҳои сиёсии давлатӣ ташаккул ёфта метавонад ва танҳо он қодир аст, ки давлатҳои миллиро аз махлут шудан бо дигар низомҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад.
Солҳои охир роҷеъ ба масъалаи зарурати ташаккули шуури худшиносии миллӣ китобу мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавии зиёде навишта ва нашр карда шудаанд. Вале боиси афсӯс аст, ки аксари онҳо сатҳӣ ва яктарафа мебошанд. Зеро ки дар онҳо яке аз пояҳои шуури худшиносии миллӣ ҳамчун замина ва ё шарти зарурии ташаккули он қаламдод карда мешавад. Ҳол он ки шуури худшиносии миллӣ танҳо дар сурати таъмин намудани таносуби се омил – фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ташаккул ёфтанаш мумкин аст.
Дар ин таносуб фарҳанг ҳамчун реша, иқтисодиёт ҳамчун тана ва сиёсат ҳамчун меваи шуури худшиносии миллӣ иҷрои вазифа ва ҳамаи онҳо аз якдигар вобастаанд ва якдигарро пурра менамоянд. Авлавият додан ба яке аз онҳо метавонад раванди ташаккули шуури худшиносии миллиро ба кӯчаи сарбастаи қавмгароӣ (фарҳанг), манфиатҷӯии субъективӣ ва ё фаромиллӣ (иқтисодиёт) ва ё ормонҳои ношикаста (сиёсат) оварда расонад.
Зеро ки шуури худшиносии миллӣ ин шакли олии дарки манфиатҳои миллӣ дар сатҳи намояндагони қавму миллатҳои Тоҷикистон ҷиҳати умумӣ будани решаҳои таърихию фарҳангӣ ва манфиату орзӯҳои онҳо мебошад.
Дар шароити қувват гирифтани раванди бебозгашти ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллӣ дар баробари ташаккули шуури худшиносии миллӣ аз як қатор омилҳои дигар низ вобаста аст, ки муҳимтаринашон инҳоянд:
- Боз ҳам мустаҳкам кардани Ваҳдати миллӣ ва ризояти ҷомеа, ки маҳз ба туфайли он Тоҷикистон аз вартаи нобудшавӣ ва миллат аз хавфи парокандагӣ раҳоӣ ёфтааст. Ваҳдате, ки рамзи ифтихор, якдилӣ ва фарҳанги баланди сулҳофарии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Ваҳдате, ки гарави рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар мебошад.
- Ба даст овардани истиқлолияти воқеии иқтисодии мамлакат, ки дар пояи истеҳсоли техникаю технологияи ватанӣ, аз содиркунандаи ашёи хом ба кишвари тавлиди маҳсулоти тайёр табдил додани ҷумҳурӣ, зиёд намудани истеҳсоли номгӯи молҳои воридивазкунанда, ба ҷойи кор ва маоши арзанда таъмин кардани аҳолӣ амри воқеӣ шуданаш мумкин аст. Ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо кардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва махсусан саноатикунонии босуръати кишвар низ ба ҳалли ҳамин масъала нигаронида шудаанд.
- Тарбияи насли наврас дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, миллат, анъанаҳо ва расму русуми миллӣ, эҷоди маориф, илму фарҳанг, асарҳои бадеӣ, намоишҳои саҳнавӣ ва наворҳои синамоӣ, ки ба ташаккули ҳувияти миллӣ, ифтихор аз миллат будану давлат доштан, ватандорӣ ва рафъи шуури дастнигарии қишрҳои муайяни ҷомеа ва бегонапарастию қавмгароӣ мусоидат мекунад.
- Таъмини волоияти қонун, ки яке аз шартҳои муҳимтарини ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баробарии воқеии одамон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт ва дастраси ҳама будани сарватҳои моддию маънавӣ ва масъулиятшиносии онҳо дар назди ватану миллат мебошад.
- Ташаккули сатҳи зарурии фарҳанги сиёсӣ дар шаҳрвандон, ки шарти зарурии аз ҷиҳати сиёсӣ босалоҳият шудан ва маҳорату қобилияти мустақилона таҳлил кардан ва баҳо додан ба моҳияти аслии ҳодисаю воқеаҳои сиёсиро пайдо кардани онҳо мебошад. Аз ҳама муҳимаш дар он аст, ки доштани чунин сатҳи фарҳанги сиёсӣ на фақат барои истифодаи принсипҳои муосири тафаккур дар таҳлили равандҳои сиёсӣ ва муайян кардани мавқеи шаҳрвандӣ дар сиёсат имконият медиҳад, балки омили муҳимтарини демократикунонии ҷомеа ҳам мебошад.
- Тарбияи аҳолӣ дар руҳияи оштинопазир будан ба зуҳури ҳамагуна ҳаракатҳои динию сиёсии ифротӣ, аз қабили экстремизм, терроризм, ҷинояткории мутташакили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, ҷиноятҳои кибернетикӣ, руҳияи ҷудохоҳӣ, маҳалгароию миллатгароӣ.
Чунинанд бархе аз он масъалаҳои муҳим, ки давлатҳои миллӣ дар заминаи онҳо метавонанд асолати миллӣ ва истиқлолияти худро нигоҳ дошта, ҳамчун субъекти мустақил ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолият намоянд.
Ҷононов Сайдамир доктори илмҳои фалсафа, профессор
Адабиёт
1. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои истиқлолият. – Душанбе: “Ирфон”, 2020. – саҳ. 430.
2. Капто А.С. Глобализация. [ Электроный ресурс ]. URL: www. Ispz. Zu. /CONFER/ confeze – i. bitme (саннаи муроҷиат: 23.03.2022).
3. Кочетов Э. Глобалистика: теория, методология, практика. – М.: Изд-во НОРМА, 2002. – С.672.
4. Шалаев В.П. Актуальная синергетика: человек и общество в эпоху глобализационных информаций. – Ойшкар – Ола, 2013. – С.87.
5. Хайдаров Р. Таджикистан в условиях глобализации: социально – философский анализ. – Душанбе: «Маориф», 2020. – С. 8-37
Ҷашн – маънои сутудан, парастидан, ниёиш, анҷоми расму ойинҳои динӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсонҳо хурсандӣ, шодиву тараб меоварад, ифода мекунад. Дар фарҳанги зиндагиситои мардуми тоҷику форс ҷашнҳо як василаи мубориза алайҳи неруи аҳриманӣ, бадию торикӣ ва талқини некӣ ва накуандешӣ, амалҳои хайр буда, вижагиҳои баргузории худро доштанд. Аввалан, ҷашнҳои миллии тоҷикон, асосан аз номи моҳҳо гирифта мешуданд.
Масалан, ҷашни фарвардингон – ба моҳи фарвардин рабт дошта, ҷашни гиромидошти некон, поси хотири бузургон ба ҳисоб мерафт, урдубиҳиштгон – дар моҳи урдубиҳишт таҷлил карда мешуд ва бинобар ин номи урдубиҳиштгонро дошт ва онро ба хотири гиромидошти ростӣ баргузор мекарданд ва ғайра. Онҳоро ҷашнҳои моҳона меномиданд. Дуюм, ҷашнҳое буданд, ки дар чор фасли сол баргузор карда шуда, ҳар кадом мазмун ва тамоилгирии худро доштанд. Ба онҳо шомил буданд: Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон. Онҳоро месазад ҷашнҳои мавсимӣ унвон дод. Аз ҷумла, Сада – омодагӣ ба корҳои деҳқонӣ ва кишоварзӣ (марбут ба зимистон), Наврӯз – пайки баҳор, Меҳргон – ҷашни ҳосилот, ки мардум дар тирамоҳ аз ғун кардани он фараҳу шодмонӣ мекунанд.
Тиргон – ҷашни тобистонаи эронитаборон маҳсуб меёфт. Дигар ин, ки аз ҷанбаи фалсафӣ дар ҳар як ҷашн мардум як унсури хоссаро меҳварӣ мешумориданд. Дар ҷашни Сада – оташ, дар Наврӯз – хок, дар Тиргон – об ва дар Меҳргон - ҳаво. Ин вижагирӣ аз он далолат мекунад, ки чор унсур асоси пайдоиши ҳаёт ва пайвандгари силсилабандии фаслҳои сол, фаровонгардонии неъматҳо барои инсонҳо мебошад.
Тиргон аз зумраи ҷашнҳои куҳани мавсимии мардумони ориёитабор ба шумор меравад. Аз аҳди қадим бо тамоилгириҳои хосси худ ҷашн гирифта мешуд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ дар бораи ин ҷашн маълумотҳо асосан, ба тариқи устура, нақл мавҷуд мебошанд. Хусусан, тибқи солшумории куҳан гузаштагонамон рӯзи сездаҳуми ҳар моҳро «тир» меномиданд ва ҳар вақт, ки номи рӯз бо номи моҳ баробар мегашт он рӯзро ҷашн гирифта, шодию хурсандӣ менамуданд. Чун рӯзи сездаҳум дар моҳи тир ба ҳам созвор омададанд, онҳо ин ҷашнро «Тиргон» номиданд ва нӯҳ рӯз онро ҷашн мегирифтанд.
Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия», дар қисмати «Гуфтор дар бораи моҳҳои эронӣ», бандҳои 29 то 32, дар бораи ҷашни Тиргон маълумот дода, зикр дошта буд, ки «рӯзи сездаҳуми он, ҳамоно рӯзи «Тир», ҷашн аст, ки боз аз барои созвории ду ном «Тиргон» номида шуд. Ё худ ин ҷашнро марбут ба фариштаи «Тир» ё «Тиштар» медонанд, ки ба боридани борон ёрӣ мерасонад ва рӯзи гиромидошти дабирон аст. Бар замми ин, достони Ораши камонгир, ки дар ин рӯз рӯй додааст ва он рӯзро - рӯзи посдорӣ аз марзҳои Эронзамин дар баробари душманони туронӣ (Афросиёб) мешуморанд, далели дигари ҷашни Тиргон ном гирифтани ин ҷашн гаштааст. (Ораш аз зумраи камонварони варзида буд, ки бо фармони фариштаи замин Исфандаромӯз аз Мозандарон тирро аз камон раҳо мекунад, ки то ба Ҷайҳун омада мерасад ва аз он вақт бо фармони Ҳурмуз он ҷо марзи Эрону Турон мушаххас карда мешавад).
Мувофиқ ба маълумоти устураҳо бошад, эрониён дар ин рӯз ба ситоиши фариштаи Тир ё Тиштар мепардохтанд ва барои пирӯзӣ ёфтан аз набарди деви хушксолӣ (Апӯш), ки парваридаи Аҳриман аст ва бо вазонидани боди гарм замину чашмаҳоро хушк ва гулу гиёҳҳоро пажмурда мегардонад аз ӯ ёрӣ металабиданд то сарзаминашонро сабзу хуррам гардонад. Ин таомул имрӯз низ вижагии худро аз даст надода, аз ҷониби мардум иҷро карда мешавад. Хусусан, мардум дар ин рӯз ба боғу бустонҳо, доманаи даштҳо, канори рӯдҳо ва ҷӯйборҳо рафта ин ҷашнро бо шодӣ ва фараҳ таҷлил мекунанд ва барои соли серҳосил, пурборон омадан орзу мекунанд.
Донишмани эронӣ Баҳром Фраҳвашӣ дар китоби «Ҷаҳони фарварӣ»-и худ, дар мавриди ойинҳои Сездаҳбадар ибрози андеша карда, оид ба вижагиҳои баргузории ин ҷашни бостонии ниёкон менависад, ки «Ҳамаи мардуми рустоҳо, аз хурд то калон ва бештари мардуми шаҳрҳо, аз бомдод то шомгоҳ, ба саҳро ва киштзорҳо рӯй меоваранд ва дар канори чашмаҳо ва рӯдҳо ва ҷӯйборҳо ба шодӣ ва бозӣ ва ромиш мепардозанд. Аз русуми дигари сездаҳ, гиреҳ задани сабза барои бозшудани бахти дӯшизагон аст … Гиреҳ задани ду шоха сабза дар рӯзҳои поёнии зоиши геҳонӣ, тамсилист аз пайванди як мард ва зан, ки мебоистӣ ба ҳам бипайванданд то тасалсули таваллуд барқарор гардад ва орзуи гиреҳзананда, ки толиби ҳамсар аст, бароварда шавад. Бозиҳои гуногун ва охирин сурудхонӣ ва дастафшонии пайки наврӯзӣ дар рӯзи сездаҳ ёдгоре аз охирин маросими корноволии даврони куҳан аст ва ба вежа асбрақсон… нишонае аз шодии эзади Тир дар пирӯзӣ бар деви хушксолӣ аст. Ва расми бозиҳои бурду бохтӣ, ки дар рӯзи сездаҳ маъмул аст ва дар онҳо як нафар ё гурӯҳе баранда мешаванд, ба вижа мусобиқаи аспдавонӣ, ки дар бархе аз рустоҳо маъмул аст, ёдовари кашмакаши байни эзади борон ва деви хушксолӣ аст ва пирӯзии як асп дар мусобиқа ҳамонанди пирӯзии аспи эзади борон ва шодиҳо ва рақсҳо боқимондае аз маросими татҳири дарунӣ дар соли нав аст».
Дигар сабаби ба ҷашни хоссаи ниёкон табдил ёфтани «Тиргон» он аст, ки дар аҳди давлатдории Сосониён, давраи прдшоҳии Пирӯз дар Эрон ҳафт сол борон наборид ва хушксолӣ бедодӣ мекард. Дар ин рӯзҳо мардум рӯй ба биёбон оварда, бо ниёиши худ аз парваргор орзуи боридани борон мекарданд ва пас аз он бориши борон оғоз шуд ва дар чунин рӯзи фараҳ онҳо бо шодӣ ба якдигар об мепошиданд, хурсандӣ мекарданд. То кунун ин рӯз ҳамчун рӯзи «Обрезгон» ёд карда мешавад ва ҳар сол онро ҷашн мегиранд.
Умуман, таърихан расми баргузории ин ҷашн чунин оғоз мегашт, ки чанд рӯз пеш аз ҷашни Тиргон мардум хонаро покиза мекарданд ва бомдоди рӯзи ҷашн ҳама обтанӣ карда ҷомаи нав мепӯшиданд. Таомули дигари хоссаи ин ҷашн он буд, ки мардум тори нозуке аз абрешими ҳафтранг ва сими нозук ба ҳам мебофанд, ки шабеҳ ба «Тиру бод» ва далолат аз нишонаи рангҳои рангинкамон дар осмон ва намоде аз камони Ораш мекард.
Дар маҷмуъ, таҷлили ҷашнҳои куҳан ва эҳёи расму анъанаҳо ва такмил додани онҳо як ҷузъи гусастанопазири фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, барои мустаҳкамшавии хотираи таърихӣ ва баланд шудани ҳисси худшиносии мардум, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳанги ғании ниёкон ва ғайра нақши муҳим мебозанд. Хусусан, об, борон, ки фаровонии онро мардум асоси сарсабзгардонӣ, хуррамӣ ва ҳосили баланд, тиру камонро рамзи пирӯзӣ бар душман ва ҳимояи якпорчагии марзу бум мепиндоранд ва ба расму анъанаҳои ҷашни Тиргон иртиботи зич доранд, дар ҷомеаи муосир тақозо аз он мекунанд, ки барои такмилу густариши онҳо миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ баргузор кардани мусобиқаҳои намудҳои варзишӣ дар об, тирпарронӣ аз камон ба мақсад мувофиқ аст.
Вусъат додани суннати обпошӣ бошад, вуҷуди инсонҳоро аз кинаву кудурат, аз ғаму андӯҳ озод мекунад, баданро пок менамояд, тарсро ҳангоми ба бадан расидани об (вобаста ба ҳарорат) аз ҷисм берун мекунад. Ба рӯҳу равони мардум шодию фараҳ зам менамояд. Маросими фолу кӯза бошад, маҳорати шеърхонию шеърдӯстӣ, ҳозирҷавобӣ, шавқу ҳаваси мардумро ба зиндагии шоиста тақвият мебахшад ва онҳоро барои расидан ба орзуҳои нек муваффақ мегардонад. Меҳру муҳаббат ва самимиятро байнашон афзун мегардонад.
Инчунин, мардуми ориёитабор зимни ҷашни тиргон дар баробари иҷрои суннатҳои зикршуда, ба ситоиш гандум, ки бо ранҷ, захми дасти деҳқон парвариш карда мешавад, таваҷҷуҳи хосса медиҳанд. Зеро ҳосили фаровон аз мавҷудияти об ва бориши борон вобастагӣ дорад. Агар об фаровон набошад, бориши борон сурат нагирад, гандумзор аз таъсири гармӣ хазон гардад, ҳосил ба даст наояд ва мардум ба хушксолӣ дучор шаванд. Аз ин рӯ, деҳқонӣ шуғли бобаракат аст ва деҳқон таъминкунандаи мардум бо эҳтиёҷоти ниёзи аввал.
Маҳмадизода Н.Д. Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Самиев Бобоҷон – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Инсони ҳушманд аз тариқи ба кор андохтани барномаҳои зеҳнию ақлонӣ ҳамеша худро дар баробари таҳдидоти дохилӣ, таҳоҷумоти берунӣ ва хатароти эҳтимолӣ муқовим сохта, бад-он талош меварзад, ки дар набарди зиндагӣ на бозанда, балки пирӯз бошад. Пирӯзӣ ва бозандагии инсон ҳам ба кайфият ва чигунагии тадбиру тасмимоти ақлонии ӯ бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ, инсон аз рӯзе ки худро дар баробари ҳастию вуҷуд шинохт ва ба сатҳи огоҳии ибтидоӣ расид, аз рӯйи тавону қудрат тариқи илму ҳунару эҷод ба зиндагӣ маъно бахшида, замон ба замон, давра ба давра ва марҳила ба марҳила дастовардҳои моддию маънавӣ офарид, ки ҳамагӣ дар мафҳуми фарҳанг мунсаҷим мешаванд. Минбаъд, чун имконоти моддию маънавии инсонӣ бартар шуд ва шаҳди қудрату тавони физикӣ-ҷисмониро чашид, тасмим гирифт, ки хосту ғаризаҳояшро болои мардум ва ҷомеаи камзарфият ва камқувват таҳмил созад. Аз ин ҷо раванди таҳоҷуми маънавӣ ва фишори равонӣ болои ақвому милали заиф дар таърихи башарӣ машруият пайдо намуда, фазосозии сиёсӣ, мафкуравӣ-идеологӣ, зеҳнӣ ва фарҳангӣ дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ шакл гирифт. Бад-ин минвол, ҳаракати мафкураи бегона дар масири зиндагии ақвому миллиятҳо оғоз шуда, дар бофтҳои иҷтимоӣ ҷо гирифта, бегонашавӣ ва бегонасолорӣ миёни ҷомеаҳо густариш ёфт. Ин гуна таҳмилсозӣ ва таҳоҷуми фарҳангию сиёсӣ ва мафкуравӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо (замони муосир дар назар аст) вусъати тоза касб кардааст.
Бархурд ва муколимаи тамаддунҳо собиқаи тулонии таърихӣ дошта, дар масири таърихи миллӣ ҳанӯз аз давраи истилои Искандари Мақдунӣ шуруъ шудааст ва то имрӯз идома дорад (ниг.: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007. –С.47). Дар шароит ва марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ, ба қавли ҷомашиноси муосир ва муаллифи китоби машҳури “Бархӯрди тамаддунҳо” Самюэл Хантингтон, сиёсати глобалӣ сиёсати тамаддунҳоро ташкил медиҳад ва бар мабнои ин, рақобати давлатҳои абарқудрат дар пояи бархӯрди тамаддунҳо сурат мегирад (ниг.:Хантингтон Самюэль. Столкновение цивилизаций. –Москва: АСТ, 2006. –С. 7). Дар ин давра бархӯрдҳо шаклу намудҳои гуногунро ба худ мегиранд. Муҳаррикони асосии ин раванд миллату нажодҳо ва дину идеологияҳо мебошанд. Ин аст, ки мо дар вазъияти хеле ҳассоси сиёсӣ ва мафкуравӣ қарор дорем. Муҳимтар аз ин, қудрат ва бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа Шарқи мусулмониро дар қолаби бовару иттилооти дурӯғин қарор дода, ба ин васила онҳоро дар ҳолати бемориии музмини дурударози ноогоҳӣ, ҷаҳолат, таассуб, хурофот, печидагӣ, нофаҳмӣ, дарҳамбарҳамӣ, бегонасолорӣ, дурӯғбофӣ ва хурофапарастӣ нигоҳ доранд. Мутаассифона, ин гуна бозиҳои геополитикӣ ба минтақаи мо ҳам бетаъсир намемонанд ва дар ҳамаи самту сатҳҳои зиндагӣ хавфу хатарҳоро ба дунбол доранд. Дар зимн, тайи даҳ-понздаҳ соли ахир миёни табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва махсусан, насли ҷавони ҷомеа ба таври тадриҷӣ афзудани нуфузу тасаллути хурофоту таассуби мазҳабӣ, ки аз мафкураи аҷнабӣ реша мегиранд, нигарониҳои ҷиддиро ба вуҷуд овардааст. Дар ин миён камогоҳӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории қишри зиёӣ ва фарҳангии ҷомеа, ки дар ҳамаи давру замон пешсафи мубориза алайҳи хурофоту ҷаҳолат маҳсуб меёфтанду меёбанд, корро хеле мушкил кардааст. Муҳимтар аз ин, як идда зиёиёну фарҳангиёни ватанӣ худ побанди хурофоти мазҳабӣ гардида, дар хидмати артиши хурофапароканони дохилию хориҷӣ қарор гирифтаанд. Ҳарчанд ки ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва мақомоти қудратӣ дар самти коҳиш додани нуфузи сардамдорони хурофаю таассуби мазҳабӣ саъю талоши фаровон меварзанд, институтҳои иҷтимоӣ ва маданӣ фаъол нестанд. Аз ин ҳолат, ки ғолибан бар асари сукуту хомӯшӣ ва бетарафию саҳлангории артиши фарҳангиёну зиёиён иттифоқ афтодааст (албатта, талошҳои иддаи ангуштшумори зиёиёни миллӣ ва фарҳангиёни ватаниро, ки ҳамеша бар зидди хурофоту ҷаҳолат мубориза мебаранд, нодида набояд гирифт ва кору пайкори онҳо дар ин вазъи ҳассоси сиёсию геополитикӣ сазовори таҳсину офарин аст), ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаройи зиддимиллӣ истифода мебаранд ва ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, авомро таҳти таъсир ва тасаллут қарор медиҳанд.
Гузашта аз ин, гурӯҳу созмонҳои ифротгаройи динию мазҳабии хориҷӣ, аз як тараф ва рӯҳониёни мутаассиби дохилӣ, аз тарафи дигар, ҷомеаро дар инҳисори ақидатию сиёсӣ қарор додаанд. Афзун бар ин, таҳоҷуми фикрию равонӣ ва иттилоотӣ, ки дар қолиби барномарезиҳои вежа пайваста аз тариқи расонаю сомонаҳои мустақили дохилию хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ роҳандозӣ мешаванд, воқеияти дигарест, ки моро дар ҳолати таҳдиду чолиш қарор медиҳад. Ин аст, ки фарҳангиёну зиёиён бояд ҳассосиёти замонро қабл аз дигарон дарк намоянд ва дар баробари таҳоҷумоти сиёсӣ-мафкуравии аҷнабӣ вокуниш нишон бидиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷаҳон ба майдони набарди қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар заминаи бархӯрди манофеи сиёсию геополитикӣ ҳар лаҳза тағйир ёфтани авзоъ имконпазир аст. Бархӯрди манофеи геополитикӣ дар ин авохир то ба ҳадде чолишзо шудааст, ки мавҷудияти ҷаҳон ва сайёраи инсониро ҳам ба хатар мувоҷеҳ месозад. Аз ин ҷост, ки донишманди муосир Гейр Лундестад вазъи мавҷудаи сиёсии ҷаҳонро мавриди омӯзиш қарор дода, ба натиҷаи зайл расидааст: “Дар ҳоли ҳозир мо қудрати бузург ва рақобати мутақобили қудратҳои бузургро мебинем, ки дар як дақиқа вуҷуди насли инсониро зери суол ва ба нестӣ бубаранд” (ниг.: Лундестад Г. Восток, Запад, Север, Юг. Основные направления международной политики. – Москва: Издательство «Весь мир», 2002. -С. 12). Дар ин раванди хатарзо чӣ гуна метавон фарҳанги миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва инсониро, ки тайи таърихи тӯлонӣ дар зеҳну ҳувияти мардуми як қаламрав шакл гирифта, ба аносири ҳувиятӣ бадал шудаанд, ҳифзу нигаҳдорӣ кард? Ба назари мо, дар ин вазъияти ҳассоси сиёсию геополитикӣ ба назар гирифтани иқдомоти зайл ба манфиати кор аст:
а) омӯзиш ва шинохти муназзам ва систематик аз ҳаводис ва воқеиёти рӯзи минтақаву ҷаҳон ва дар ин замина, мутолеоти ҷиддии мероси илмию адабию фарҳангии бумӣ;
б) таваҷҷуҳ ба асли дунёмадорӣ (секулоризм) дар фарҳанги миллӣ ва пуштибонӣ аз раванди озодандешӣ;
в) андӯхтани таҷрибаҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию мафкуравии ғарбӣ дар заминаи муносибат ва бархӯрд бо фарҳангу тамаддунҳои бегона, ки решаи таҳоҷумӣ ва истибдодӣ доранд;
г) пур кардани кӯлвори донишҳои муосири сиёсӣ ва фалсафӣ тавассути мутолеоти густурдаи адабиёти илмӣ-таҳқиқии ватанию хориҷӣ, аз ҷумла осори ба мавзуоти муҳими ояндабинӣ (футурологӣ), геополитикӣ ва геостратегӣ бахшидашудаи Ҳангтингтон, Бжезинский, Фукуяма, Комский, Тоффлер ва дигарон;
ғ) шинохти илмии адёну мазоҳиби ҷаҳонӣ, минҷумла боварҳои сомӣ ва қиёси тафаккуроти динӣ-мазҳабӣ бо мантиқи илмӣ-фалсафӣ;
д) омӯзиш ва истифодаи усулу методҳои улуми табиӣ-риёзӣ дар ташхиси падидаҳои табиӣ ва ҳаводиси иҷтимоӣ;
е) ҷустани роҳу механизмҳои гузинавӣ-алтернативии муқовимат ва мубориза алайҳи таҳоҷумоти сиёсӣ-мафкуравӣ;
ё) ҳамиштирокӣ ва ҳамшарикии миллию мардумӣ дар муқовимату мубориза бо мафкураи ҳувиятшикани аҷнабӣ, ки аз хурофоти динӣ-мазҳабӣ таркиб ёфтааст.
Банди ахири иқдому тадбирҳо – ҳамшарикии миллию мардумӣ дар раванди муқовимат бо мафкураи ҳувиятшикани бегона марҳилаи ҷамъбастии мубориза маҳсуб меёбад. То он даме ки ҷомеа ва фарҳангиёни миллӣ ба ин марҳила нарасанд (расидан ба ин марҳилаи ниҳоӣ ба сатҳи баланди огоҳиҳои иҷтимоӣ ва тафаккури миллӣ вобаста аст), гуфтугузор дар мавриди ҳувият ва асолати миллӣ бенатиҷа мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва шинохти арзишҳои миллӣ ва суннатҳои неки ниёгон дар марҳилаи аввал зарурат дорад.
Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги миллӣ, ки бар мабнои бовардоштҳои қадимӣ ва асотири бостонӣ устувор шудааст, решаи на таҳоҷумию бедодгарӣ, балки мардумсолорию фарҳанггустарӣ дорад. Фарҳанги миллӣ зоидаи зеҳн ва тафаккури кушоду реалистии миллат мебошад. Ба назари муҳаққиқон, фарҳанги ҳар ҷомеа (қавм, тоифа ё миллат) натиҷаи фаъолиятҳои фикрӣ ва зеҳнии ҷомеа аст. Миллатҳо, ақвом ва тоифаҳо бо фарҳангашон аз якдигар фарқ мекунанд ва ҳувияташон дар фарҳанг нуҳуфтааст. Ин аст, ки фарҳанг ба унвони унсури калидии ҳувиятсозӣ ва механизми мафкураороӣ дар баробари таҳоҷумоти аҷнабӣ хидмат мекунад. Мутмаинан, фарҳанги миллӣ имкони муқовимат бо идеология ва таҳоҷумоти сиёсию мафкуравии аҷнабиро дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷо додани арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ дар зеҳни насли наврас ва ҷавон кори мунтазам ва мудавоми фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ мебошад ва ҷараёни зеҳнсозии миллӣ аз марзи хонавода шурӯъ шуда, то ба ҳадди ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ (боғчаву мактаб, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, муассисоти фарҳангӣ-фароғатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо) мерасад. Тарбияи зеҳнӣ ва фарҳангӣ, қабл аз ҳама, дар марҳилаи ҷанинии ташаккул ва рушди насли наврасу ҷавони ҷомеа корсозтар аст. Агар фазои марҳилаи ҷанинӣ бо андешаи солими бумӣ ва арзишҳои инсонсози миллӣ комил гардад, таҳдиди буҳрони беҳувиятӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ коҳиш ёфта, масири ҳувиятшиносии миллӣ боз мегардад. Бинобар ин, аз ин марҳила – аз замони туфулият мебояд шурӯъ кард, то насли хурдсол ва навраси мо бо шинохти арзишҳои миллӣ ва бумӣ ба воя расида, бо онҳо хӯ гирифта, бузург шавад ва минбаъд ҷилави вуруду таҳдиду фишори фарҳанги хирадситезу ҷаҳолатмаоби аҷнабиро худ, бидуни кумаки дигарон бигирад.
Н. Нуров - корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон