«Саломатӣ ганҷест, ки барои он на танҳо вақт, заҳмат, меҳнат ва ҳама гуна неъматҳоро дареғ намедоранд, балки барои он як қисми худи ҳаётро қурбон кардан зарур аст, зеро ҳаёт бе он тоқатнопазир мегардад ва хоркунанда» - гуфта буд нависандаи франсуз М. Монтеннер.
Ба консепсияи «тарзи ҳаёти солим» рафтори иҷтимоӣ ва психологии инсон, шартҳои асосии гигиении ташаккули организми инсон дохил мешаванд. Олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанд, ки инсон метавонад аз лаҳзаҳои тавлид шуданаш 100 сол бидуни беморӣ зиндагӣ намояд. Инсон ҳануз аз даврони ба дунё омаданаш дар худ бо тарзи ҳаёти солим зиндагӣ намуданро ҷой дода, ба қонунҳои табиат ва инсоният риоя намояд. Дар ҳуҷҷати стратегии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ"Саломатӣ барои ҳама дар садсолаи 21-ум" ба масъалаҳои сафарбар намудани ҷомеаҳо ба мустаҳкам намудани саломатӣ тавассути ба одамон ва ҷамъиятҳо фароҳам овардани имконияти баланд бардоштани назорати омилҳои мустаҳкамкунандаи саломатӣ диққати махсус дода мешавад. Вобаста ба ҳамин дар сиёсати имрӯзаи давлати Тоҷикон ташаккули тарзи ҳаёти солим бо иштироки ҷомеаҳо дар ҳалли масъалаҳои бахши тандурустӣ аҳамияти муҳим дода мешавад. Танҳо тавассути сафарбар намудани саъю кӯшиши бахшҳои гуногун ва ҷомеаҳо тарзи солими ҳаётро таъмин ва барои саломатӣ муҳити мусоидро фароҳам овардан мумкин аст. Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест.
Солҳои охир дар тамоми дунё яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбият гирифтор шудани одамонро беморииcактаи дил медонанд. Ин беморӣ ҳар сол беш аз 17 миллион одамонро аз байн мебарад. Сабабҳои асосии ин беморӣ- баландшавии фишори хун, болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, сигор кашидан, вазни зиёд, камҳаракатӣ ва истеъмол накардани ғизои солим мебошанд. Тадқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар вобаста мебошад. Вақте ҳаҷми рагҳо то 70% танг мешавад, норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдор шудани меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад. Норасоии кислород дар бофтаҳо гипоксия ном дорад. Дар илми тиб ин равандро ишемия меноманд. Бемории инфаркт дар натиҷаи қатъ гардидан ё вайроншавии гардиши хун ба амал меояд. Бо мақсади пешгирӣ ва огоҳӣ аз хатари ин беморӣ соли 1999 бо ибтикори Федератсияи байналмилалии дил Рӯзи байналмилалии дил ташкил гардида буд, ки ин иқдомро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО дастгирӣ намуданд. Солҳои аввал ин рӯз якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мегашт. Аз соли 2011 инҷониб ин рӯзро 29 сентябр баргузор менамоянд.
Фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив. Ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд. Меҳвари тарзи ҳаёти солимро, фаъолияти иҷтимоии инсон метавон гуфт. Зеро он ба ташаббускорӣвобаста буда, дар меҳнат, таҳсил ва муомилот ошкор мешавад. Инсон – ин ягонагии ногусастании биологӣ ва иҷтимои мебошад. Шахси фаъол ва мақсаддор намегузорад, ки рӯҳу танаш танбалӣ кунад, муддати дароз ҷавонӣ ва зиндадилиро нигоҳ дошта, ҳатто дар пирӣ низ қувваи созандаи эҷодиашро давом медиҳад. Дар муқобил, беғайратии иҷтимоӣ, даст кашидан аз қуллаҳои мақсад, мурдадилӣ, набудани машғулияти дӯстдошта, бефаъолиятӣ, ба олами ғуссаҳо рафтан, руҳафтодагӣ, афсурдаҳолӣ шахсро ба таназзул оварда мерасонад. Дар ин бора биологи машҳури Канадагӣ, профессор Ганс Селья яке аз асосгузорони назарияи стресс, гуфтааст: «Барои он ки ба зиндагиамон маънӣ бахшем, мо бояд дар назди худ як масъалаи душвор ва дарозмуддат гузорем. Мо бояд чунин ба мақсад расем, ки аз мо кори душворро талаб кунад. Набудани чунин мақсад – яке аз стрессҳои калонест, ки инсонро ба захми меъда, сактаи дил, гипертония ва ё ба ягон хел ҳолати бенишот меоварад. Чи бояд кард, ки фаъолияти иҷтимоии меҳнатиро бештар намуда, барои пешрафти ҷомеа саҳм гузошт.
Энергия дар организм ҳангоми ҳаракат ба вуқуъ меояд. Инсонро табиат барои фаъолияти ҷисмонӣ офаридааст, ки ба он ҳамаи узвҳо ва система бо якдигар мутобиқ карда шудаанд. Зиёда аз ними вазни танро дастгоҳи ҳаракат ташкил медиҳад: скелет ва мушакҳо. Қалб ва хунгарди, системаи нафаскашӣ ва асаб, системаи ҳозима ва ғадудҳои тарашшуҳи дохила – ҳамаи ин тарзе сохта шудааст, ки фаъолияти мунтазами мушакҳоро ба амал меоваранд. Сигналҳое, ки аз мушакҳои ҳаракатдиҳанда ба майнаи сар ворид мешаванд, дар марҳилаҳои муайяни ҳаёти кӯдак, барномаҳои ташшакулёбии ирсии организми ӯро ба миён меорад. Агар ин масъаларо бештар бинем, бояд қайд кард, ки фаъолияти ҳаракат дар инсони даврони ибтидои ҳолати рӯҳиро ба миён оварда, дар инсони замони ҳозира бошад, дар моҳҳо ва солҳои аввали зиндагӣ тараққӣ мекунад. Дар ҳаракат маънои ҳаёт нуҳуфта аст. Организми инсон дар баробари сарф кардани энергия, дар ҳолатҳои гуногун онро аз нав пур мекунад, дар ҳоле, ки агар худи шахс бештар фаъолият намуда талош кунад, ки ғизоҳои энергетикиро истифода намояд. Дар чунин ҳолат энергияи сарфшуда барқарор мегардад. Дар акси ҳол раванди мубодила дарҳол суст шуда, энергия ҷамъ намешавад, инчунин ҳуҷайраҳои мағзи сар ва бадан бо ғизо таъмин нагардида, раванди ташаккулёбии организм рушд намеёбад. Пайваста фаъолияти мунтазам накардан, ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Мушакҳои дилро суст карда, ҳолатҳои фарбеҳшавиро ба амал меоварад ва тонуси мушакҳо, кори фикронӣ ва ҷисмонӣ паст мешаванд, эҳтимолияти сар задани бемориҳои асаб, дилу рагҳо, вайроншавии мубодилаи ғизо ба миён меояд. Зарари гиподинамияро бештар дар шахсоне, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд бештар мушоҳида кардан мумкин аст, зеро шаҳрнишинонро зарур аст, ки дар воситаҳои нақлиёт, нишаста ба кор раванд, ки ин ҳолат ба организми онҳо фишори асабӣ ва мушакиро ба миён меоварад. Бисёре аз касбҳои имрӯза дар ҳолати беҳаракатӣ, бо сарфи минималии қувваи ҷисмонӣ ҳастанд. Дар муддати рӯз, мо аз як курсӣ ба як курсии дигар менишинем, ин амалиётҳоро бо гашту гузор ба бозору мағозаҳо иваз менамоем. Ва ҳамаи ин дар ҳолати норасоии вақт, саросемагӣ, ба қавле “шишта саросемаем”. Ва бо ҳамин тарзи зиндагӣ ба мушакҳоямон имконият медиҳем, ки онҳо муддати дароз беҳаракат ва суст бошанд, дар чунин ҳол рӯҳу асаб– муддати дароз фишор мебинанд. Занҷири маъмулии тарзи ҳаёти камҳаракатро кандан душвор аст. Барои аз чунин мушкилӣ баромадан моро зарур аст, ки бештар ҳаракат кунему ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавем. Бояд қайд кард, ки агар шахс машқҳои ҷисмониро дар табиат ба ҷо оварад, таъсири мусбии он ба организм зиёдтар мешавад. Зеро омилҳои гигиении табиат (офтоб, ҳаво, об) беҳтарин воситаи обутоб ва пешгирии бемориҳост. Дар ҷойҳое, ки сард аст, яъне дар онҷо ҳисси хунукӣ мушоҳида мегардад, ба машқи ҷисмонӣ машғул шудан аз аҳмият холӣ нест. Зеро хунукӣ таъсири хубе ба системаи асаб, дилу рагҳо ва озодона нафас гирифтанро дошта, инчунин мубодилаи ғизоро беҳтар карда, кори узвҳои таносулро дар сатҳи баланд ба танзим медарорад. Омилҳое ҳастанд, ки метавонанд таҳти назорат бошанд ва пешгирӣ шаванд. Аз ҷумла носкашӣ ва тамокукашӣ мебошанд, ки бояд фавран аз он даст кашид. Инчунин шахсе, ки мубталои фишорбаландӣ мебошад, бояд фишори худро дар сатҳи меъёр нигоҳ дорад(120/80), аз вазъи боду ҳаво воқиф бошад, зеро гармои шадид ва тӯфони магнитӣ сабаби баландшавии фишор мешаванд. Ҳамчунин вазни худро дар сатҳи меъёр нигоҳ доштан ва бештар ҳаракат кардану аз ғизои серчарб даст кашидан ҳатмист. «Гирифторони бемориҳои дилро зарур аст, ба ғизои ҳаррӯзаи худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва барои истеъмол хӯрокҳоеро интихоб намоянд, ки дар таркибашон холестерини кам доранд. Ба онҳое, ки дар таркиби хунашон холестерин аз меъёр зиёд аст, лозим нест, ки якбора аз баҳри ҳама хӯроки дӯстдоштаашон бароянд. Дар ин ҳолат танҳо меъёрро бояд риоя кард. Набояд фаромӯш кард, ки бемориҳои дилгузаранда ва одӣ нестанд ва бо онҳо муносибати сар- сарӣ кардан дуруст нест. Яке аз роҳҳои асосии дучор нашудан ба ин бемориҳо - риояи тарзи ҳаёти солим ва гӯш додан ба маслиҳати табибону аз рӯи он амал намудан аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд барномаҳои миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010», «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2017», «Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои солҳои 2012-2020», «Барномаи миллии рушди тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026» қабул гардиданд, ки дар онҳо оидба такмили механизми пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси ҳамкорӣ бо ҷамъият ва баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ ва атрофиён тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуда, инчунин қайд мекунанд, ки «Дар оянда мо бояд ба оммавӣ гардонидани варзиш аҳамияти аввалиндараҷа ва таваҷҷӯҳ ҷиддӣ зоҳир намоем, зеро варзиш, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ ба беҳтар намудани саломатии аъзоёни ҷамъият шароити боз ҳам беҳтар фароҳам меоварад». Ғайр аз ин, дар сатҳи ҳукуматӣ дар ҷумҳурӣ Маркази миллии тарғиби тарзи ҳаёти солим ва Маркази миллии мушкилоти ғизоӣ таъсис дода шуда, самаранок фаъолият доранд. Бо мақсади пешгирии камфаъолиятии ҷисмонӣ (тарзи ҳаёти нишастан), ҳамчун яке аз омилҳои хавфи бемории ишемияи дил ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз26 апрели соли 2006 №1740 «Дар бораи рӯзи дави миллӣ» кабул карда шуд, ки он характери оммавӣ пайдо кардааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз2 октябри соли2019 таҳти № 463 «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва тарғиби ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024»-ро қабул намуд, ки ба беҳдошти саломатии аҳолӣ тавассути тарғиби ғизои солим, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим равона шудааст. Дар ҷараёни иҷрои ин барнома маълум шуд, ки13 дарсади аҳолӣ фарбеҳ ва17 дарсади мардум, бахусус занон, вазни зиёдатӣ доранд. Тибқи пажуҳишҳо, фарбеҳӣ дар солҳои охир аз ҳисоби истеъмоли ками маводи ғизоӣ ва афзоиши истеъмоли ғизоҳои тез-фарбеҳ, содаҳои қанд, қанди одӣ ва намак сабаб шудааст. Инчунин, инҳо натиҷаи таъсири мутақобилаи омилҳои гуногун мебошанд: майлияти генетикӣ, парҳези калориянок, фаъолияти пасти ҷисмонӣ ва стресс.
Мувофиқи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, сатҳи зарурии фаъолияти ҷисмонӣ инҳоянд:
Аввалан, кӯдакон ва наврасони аз5 то 17 сола - машқҳои ҷисмонӣ дар давоми на камтар аз 60 дақиқа дар як рӯз; на камтар аз 2-3 маротиба дар як ҳафта, ин фаъолият бояд ҳаракатҳоеро дар бар гирад, ки ба беҳтар кардани ҳолати системаи устухон, рушди қувва ва чандирии мушакҳо нигаронида шудаанд. Дуюм, калонсолони аз 18 то 64 сола: фаъолияти ҷисмонии мӯътадил дар як ҳафта на камтар аз 150 дақиқа ё машқҳои ҷисмонии шадиди ҷисмонӣ на камтар аз75 дақиқа дар як ҳафта, ё вақтро ба маҷмӯи шабеҳи машқҳои ҷисмонии мӯътадил ва шадид ҷудо мекунанд. Машқҳои қувват, ки гурӯҳҳои асосии мушакҳоро дар бар мегиранд, бояд2 маротиба дар як ҳафта ё бештар аз он анҷом дода шаванд. Барои он ки машқҳо фоидаи иловагии саломатӣ расонанд, калонсолон дар ин синну сол бояд давомнокии машқҳои ҷисмонии мӯътадилро то300 дақиқа дар як ҳафта зиёд кунанд.
Сеюм, калонсолони синнашон аз 65 сола ва калонтар - фаъолияти ҷисмонии мӯътадил дар як ҳафта на камтар аз 150 дақиқа бояд дошта бошанд. Одамони ин гурӯҳи синну соли дорои ҳаракати маҳдуд бояд бо фаъолияти ҷисмонӣ машғул шаванд, то мувозинатро беҳтар созанд ва хатари афтиданро дар як ҳафта се маротиба ё бештар аз он пешгирӣ кунанд. Барои он ки дарсҳо ба таҳкими системаҳои дилу раг ва нафаскашӣ мусоидат кунанд, онҳо бояд ба давраҳои на камтар аз 10 дақиқа тақсим карда шаванд. Фаъолияти ҷисмонӣ барои аксари бемориҳои музмин фоида дорад, ки берун аз пешгирӣ ё маҳдуд кардани пешравии беморӣ барои беҳтар кардани омодагии ҷисмонӣ, қувваи мушакҳо ва сифати зиндагӣ фаротар аст. Ин махсусан барои одамони солхӯрда муҳим аст, зеро машғулияти мунтазами ҷисмонӣ сатҳи мустақилияти онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза баланд мекунад.
Фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ ба пешгирии диабети навъи 2, коҳиш додани хатари умумии варамҳои ашаддӣ, пешгирии остеопороз кӯмак мекунад, раванди таназзули вобаста ба синну соли системаи мушакҳо ва устухонҳоро суст мекунад ва зуҳуроти депрессия, стресс ва изтиробро коҳиш медиҳад. Сатҳи пасти фаъолияти ҷисмонӣ яке аз сабабҳои муҳими афзоиши якбораи фарбеҳӣ мебошад. Бо сатҳи мувофиқи фаъолият, шумо метавонед вазни оптималии баданро нигоҳ доред ва ба аз даст додани вазн ноил шавед.
Табобати диабети қанд на танҳо истифодаи мунтазами доруҳои пасткунандаи глюкоза ё таъини инсулин, балки ислоҳи тарзи зиндагӣ - ғизо, фаъолияти ҷисмонӣ, кор ва истироҳат мебошад. Тарзи ҳаёти солим бо диабети қанд асоси саломатӣ ва пешгирии мушкилиҳои беморӣ мебошад. Барои ҳар як бемори диабети қанд, духтур на танҳо доруҳоеро, ки сатҳи шакарро паст мекунанд, таъин мекунад, балки инчунин дар бораи хусусиятҳои тарзи ҳаёт, ки табобати бомуваффақиятро таъмин мекунанд ва ба пешгирии рушди мушкилиҳои вазнин мусоидат менамоянд, муфассал нақл мекунад. Аксар вақт, дар идораи эндокринолог, бемор брошюра бо тавсифи муфассали парҳез, мунтазами истеъмоли доруҳо ва тавсияҳо оид ба фаъолияти оптималии ҷисмонӣ мегирад.
Ифодаи дӯстдоштаи эндокринологҳо: «Дабети қанд беморӣ не, балки тарзи ҳаёт аст». Дар аввал бодиққат ҳисоб кардани ҳар чизе, ки мехӯрад ва менӯшад, дар якҷоягӣ бо шиддати дақиқ ҳисобшудаи фаъолияти ҷисмонӣ барои бисёр беморон дилгиркунанда менамояд, вале дере нагузашта аксарияти онҳо ба чунин зарурат одат мекунанд ва амалан худро нотавон ва аз лаззатҳои зиндагӣ маҳрум ҳис намекунанд. Дар ҳолати диабети қанд, хӯрок бояд мутавозин ва тақсим карда шавад- на камтар аз5 бор дар як рӯз.
Хулоса хурду хуроки дуруст ва фаъолияти ҷисмонӣ яке аз омилҳои асосии тарзи ҳаёти солим мебошад. Чуноне, ки дар боло қайд намудем, ҳаёти асосии инсон аз фаъолияти иҷтимоӣ, некуаҳволии мардум, ки ба кас муоширати кайфияти руҳӣ медиҳад иборат аст. Тарзи ҳаёти солим барои нигоҳ доштан ва беҳтар кардани сатҳи некӯаҳволӣ ва саломатии инсон мусоидат мекунад. Саломатии инсон арзиши ҳаётан муҳим аст ва он аз бисёр ҷузъҳои ба ҳам алоқаманд иборат аст. Дар хотир доред, ки саломатии шумо ва аз ин рӯ саломатии миллат дар дасти шумост! Тарзи ҳаёти солимро пеш баред ва доим солим бошед.
Шабнами Хуршед - ходими хурди илмии озмоишгоҳи пайвастагиҳои калонмолекулаи Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини АМИТ
Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) бидуни муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад. Бузургии ӯ дар офаридани сухани зебову шевои тоҷикона ба ҳаддест, ки тибқи баъзе ривоёт муҳаққақтарин устодони забони модарии мо, чун шайх Саъдӣ (1184-1291) ҳанӯз дар замони зиндагияш шефтаи сурудаҳои ӯ гаштаанд. Ба ин маънӣ Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ дар «Маноқиб-ул-орифин» ҳикояти ҷолиберо ёдовар шудааст. Хулосаи он ҳикоят ин аст, ки шайх Саъдӣ бо хоҳиши ҳокими Шероз ба ӯ як ғазали Мавлоноро бо матлаъи
Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чаппу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?!
фиристода, дар зимн афзудааст, ки «дар иқлими Рум подшоҳе муборакқадам зуҳур кардааст ва ин нафаҳот мар ӯрост. Аз ин беҳтар ғазале нагуфтаанд ва низ нахоҳанд гуфтан. Маро ҳаваси он аст, ки ба зиёрати он султон ба диёри Рум равам ва рӯмро ба хоки пойи ӯ бимолам…».
Худи Мавлоно низ бо камоли итминон сурудаҳои дилпазири худро дар пайкари забони модарии деринасоли мо оби ҷонбахш ва руҳи нав арзёбӣ кардааст, ки ҳақ ба ҷониби ӯст.
Оби ҳайвон хон, махон инро сухан,
Руҳи нав бин дар тани ҳарфи куҳан [4, 82].
Ба назар чунин мерасад, ки Мавлоно Ҷалолиддин ба зоҳиру ботин нахуст шоир ва донишманди миллӣ ва пас аз он фаромиллист. Муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла забону фарҳанг барои ӯ ҳамчунон азизу маҳбубанд ва Мавлоно ба забону фарҳанги миллӣ дилбастагӣ ва алоқамандии хос дорад. Лаззати табъи сурудани сухани баландро ӯ бегумон аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст:
Порсӣ гӯйем, яъне ин кашиш,
З-он тараф ояд, ки омад он чашиш[4, 38].
Ибораи «забони маҳрамӣ» ба маънии забони ҳамдилӣ ва ягонагию ваҳдат сохтаи табъи шакаррези Мавлоност. Вай ҳарчанд ҳамзабониро давлату сарват ва хешию пайвандӣ медонад, дар сурудаҳои худ забони маҳрамиро бар ҳамзабонӣ тарҷеҳ додааст:
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво…[4, 16].
Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Эй басо ҳиндуву турке ҳамзабон,
Эй басо ду турк чун бегонагон.
Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст[4.с.46].
Вале боз ҳам василаи баёни забони маҳрамии Мавлоно ҳамин забони модарии ӯст, ки садову нидои дили инсонпарвари ӯро бар сари забонҳо андохта, ӯро ба ҷаҳону ҷаҳониён ва ҷаҳону ҷаҳониёнро ба ӯ абадан пайванд додааст. Гузашта аз ин ба фармудаи худи ӯ:
Худ чӣ ҷойи турку тоҷик асту занг?
Фаҳм кардаст ин нидоро чӯбу санг [4, 69]
Шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд, ки устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ «ду силсилаҷунбони маданияти тоҷикон» [9, 7-16] ба қалам додааст, барои мардуми мо ҳамеша азизу муътабаранд ва дар ашъори мондагори Мавлоно низ бо беҳтарин сифатҳо тавсиф шудаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолиддин шаҳри Самарқандро «Самарқанди чу қанд» зикр кардааст, ки ҳамон қавли маъруфи беш аз ҳазорсолаи «Самарқанди кандманд»-и Абулянбағӣ Аббос ибни Тархонро [2, 92] дар тафзили Самарқанд бар Чоч ба ёд меорад:
Набзи ӯ дар ҳоли худ буд бегазанд,
То бипурсид аз Самарқанди чу қанд[4, 20].
Ба замми ин, Мавлоно аз Самарқанд, ки ба андешаи устод Абдулҳусайни Зарринкӯб «ёди маҳалли Сари Пулу кӯйи Ғотифараш барои ӯ ҳамчунон зинда буд» [1, 46] номи ин мавзеъҳоро чун «ёди ёри меҳрбон» ҳамеша дар лавҳи хотир доштааст ва онҳоро дар «Маснавии маънавӣ» ёд кардааст:
Гуфт: «Кӯйи ӯ кадом асту гузар?
Ӯ Сари Пул гуфту кӯйи Ғотифар» [4, 20].
Мавлоно Бухорои шарифро «манбаъи дониш» ва мардуми онро аҳли илму дониш зикр намуда, бо таваҷҷуҳ ба қавли маъруфи «ҳуббулватани мин-ал-имони» ҷони саргардони ошиқро пайваста озими диёри ёри маҳбуб – Бухорои донишпарвар медонад:
Ин Бухоро манбаъи дониш бувад,
Пас, бухороист, ҳар-к онаш бувад…
Гарчи дил чун санги хоро мекунад,
Ҷони ман азми Бухоро мекунад.
Маскани ёр асту шаҳри шоҳи ман,
Пеши ошиқ ин бувад ҳуббулватан[4, 312].
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки хуршеди ҷаҳонтоби ишқу иродат ва муҳаббату самимияти Мавлоно аз Қуния то Самарқанду Бухоро нурпошию шуълафишонӣ кардааст:
То зи Қуния битобад нури ишқ,
То Самарқанду Бухоро соате[3, 1060].
Аз назари мухтасар ба забони баёни осори Мавлоно асосан ду ҷанбаи муҳимми вожашинохтии ин осор ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳар ду ҷанба дар ҳамбастагӣ ба осори ӯ шукӯҳу азамат ва ҳамешагию ҷовидонӣ бахшида, ӯро дар радифи бузургтарин устодони забони тоҷикӣ дар тамоми давраи мавҷудияти он қарор додаанд. Он ду ҷанбаи муҳим инҳоянд:
Якум, истифодаи босамар аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум, бахусус забони тоҷикони рӯзгори муаллиф, ки то ба имрӯз аксари ин вожаву таркибҳо дар забони мо мавриди истифодаву баҳрагирӣ қарор доранд.
Дувум, вожасозӣ ва таркиббандӣ, яъне сохтани вожа ва таркибу ибораҳои нав бо риояи қатъии қоидаҳои вожасозию таркиббандии забони тоҷикӣ.
Дар робита ба истифода аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум метавон гуфт, ки осори Мавлоно дар ин замина беҳтарин ва боризтарин намуна ба ҳисоб меравад ва чунин тарзи корбасти босамар аз вожагони забони адабӣ ва калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ дар осори бузургони дигари забону адаби мо камтар ба мушоҳида мерасад.
Ибораҳои зебову дилпазири барои ҳар кадоми мо аз кӯдакӣ ошно, чун «ёри меҳрбон», «реги Ому», «оби Ҷайҳун»…, ки дар шеъри маъруфи устод Рӯдакӣ истифода шудаанд, дар ашъори Мавлоно умри дубора ёфтаанд:
Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрбон ояд ҳаме [3, 1057].
***
Рӯ ниҳод он ошиқи хунобарез,
Дил тапон, сӯйи Бухоро гарму тез.
Реги Омун пеши ӯ ҳамчун ҳарир,
Оби Ҷайҳун пеши ӯ чун обгир[4, 314].
Чунонки мебинем тавсифи Мавлоно дар бобати азми Бухоро кардани ошиқи маҳҷур бо ҳамон шеъри устод Рӯдакӣ ва аз Бодғис осемасар рӯй ба Бухоро ниҳодани амири сомонӣ - Насри писари Аҳмад (914-943) на танҳо шабоҳати зоҳирӣ, балки пайванди амиқи ботинӣ дорад.
Табъи Мавлоно Ҷалолиддин дар интихоби вожаҳои асили тоҷикӣ ниҳоят салим аст. Масалан, вожаҳои зебову гӯшнавоз назири «користон», «шоҳроҳ», «шишадил», ки дар осори ниёкони мо, пештар аз Мавлоно, дар «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ба назар мерасанд, дар сурудаҳои ӯ бо рангу тобиши тоза ҷилва карда, минбаъд дар осори бузургони дигар доираи корбурди бештар пайдо кардаанд. Мавлоно вожаи хушандоми «користон»-ро ба маънии кору амали бузурги шигифтангез бештар ба маънии ҳикояту саргузашт кор бастааст:
Чи користон, ки дорӣ андар ин дил,
Чи бутҳо менигорӣ андар ин дил.
Баҳор омад, замони кишт омад,
Ки дона то чӣ корӣ андар ин дил [3, 489].
Хоҷа Ҳофиз низ баъдан ин вожаро ба ҳамин маънии ҳикояту саргузашт истифода кардааст:
Хами зулфи ту доми куфру дин аст,
Зи користони ӯ як шамма ин аст [8, 59].
Ё вожаи «шоҳроҳ» дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно ба маънии маъруфи имрӯзаи роҳи васеъи ом ба кор рафтааст:
Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,
Шуд ғуломи он канизак подшоҳ [4, 17].
Аз вожаҳои дар боло ёдшуда вожаи «шишадил» дар сурудаҳои Мавлоно маҷозан ба маънии нозукдил ва нозукмизоҷ истифода шудааст:
Ту чӣ донӣ завқи сабр, эй шишадил,
Хоса сабр аз баҳри он нақши Чигил[4, 196].
Бояд сареҳан таъкид кард, ки дар ашъори Мавлоно калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ, аз қабили «базӯр», яъне бо азобу машаққат («То ту аз боло фуруд ойӣ базӯр» [4, 361]), «бемалол» («Мекунад такрори гуфтан бемалол [4, 476]), «беморпурс» («Зи ранҷурӣ чу дилшодам, ки ту беморпурсойӣ» [3, 1243]), «берӯзӣ» ба маънии бечораву бенаво («Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд» [4, 16]), «бозорча» («Бозорчаи қасабфурӯшон дигар аст» [3, 1341]), «бузбозӣ» ба маънии ҳилаву найранг («Эй, басо шер, ки омӯхтияш бузбозӣ» [3, 1277]), «вақти ош», яъне вақти хӯрок («Бисёр магӯ, ки вақти ош аст» [3, 143]), «вақту бевақт» («Вақту бевақт аз карам ёдам кунӣ!» [4, 626]), «гавора» - шакли гуфтугӯйии гоҳвора («Дар гавора шир бар тифлон фишонд» [4, 679]), «ганда» ба маънии бад, муқобили нағз («Бар мисоли анкабут он зиштхӯ,/ Пардаҳои гандаробарбофад ӯ» [4, 353]), «гап задан» («Ки зи ҳар ношустарӯе гап занӣ,/ Шарм дорӣ в-аз Худои хеш не» [4, 347]), «меҳнати гарданшикан», яъне кори ниҳоят сахту сангин («Боз мегуфт ӯ, ки гар ин бор ман,/ Вораҳам з-ин меҳнатигарданшикан!» [4, 400]), «гилем» («Ба зери пойи азизон гилембош, гилем» [3, 630]), «гоҳу бегоҳ» («Ба ҷон дар кӯйи ҷонон гоҳу бегоҳ,/ Ба ҷавлониву ҷавлонро надонӣ» [3, 1159]), «гоҷ», яъне аблаҳу нодон («Аждаҳо як луқма кард он гоҷро» [4, 242]), «гузар» ба маънии маҳаллаи шаҳр ё деҳ («Гуфт: Кӯйи ӯ кадом асту гузар?» [4, 20]), «гули садбарг» («Гули садбарг дид он рӯйи хубаш» [3, 129]), «гуфтанӣ» ба маънии ҳарфу сухан («Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме» [4, 16]), «гуфтушунид» («Бо лаби ӯ чи хуш бувад гуфтушунидумоҷаро» [3, 22]), «гӯгирд» («Дили оташпарасти ман, ки дар оташ чу гӯгирде» [3, 919]), «дарди бедаво» («Эй ишқ, пеши ҳар касе ному лақаб дорӣ басе,/ Ман дӯш номи дигарат кардам, ки дарди бедаво» [3, 5]), «даркор» («Хокпошии ду олам пеши мо даркорнест» [3, 147]), «деглес» ба маънии пасту фурӯмоя («Рав ба пеши косалес, эй деглесдеглес» [4, 292]), «дина», яъне дирӯз («Имрӯз беҳ аз дина, эй муниси дерина» [3, 229]), «додар» ба маънии бародари хурд («Додари он тоҷи шайхислом буд» [4, 536]), «домод» («Домоди хубон мешавӣ, эй хуби шаҳророи мо» [3, 16]), «дуру дароз» («Ба Худо, к-аз сафари дуру дароз омадаем» [3, 588]), «духтарча» («Ҳай, чӣ бисёред, эй духтарчагон» [4, 603]), «ишками холӣ» ба маънии гурусна («Ишками холӣ бувад зиндони дев» [4, 678]), «калла» («Аз ғубор ар пок дорӣ калларо» [4, 597]), «калон» («На аз инам, на аз онам, ман аз он шаҳри калонам» [3, 583]), «кампир», яъне пиразан («Рӯзи шаҳ дар ҷустуҷӯ бегоҳ шуд,/ Сӯйи он кампиру он хиргоҳ шуд» [4, 128]), «коркун» ба маънии коргар («Коркун дар коргаҳ бошад ниҳон,/ Ту бирав, дар коргаҳ бинаш аён)» [4, 138]), «курта» («Пӯстин гӯйӣ, ки курта(й) Юсуф аст» [4, 530]), «куҳнадӯз» («Куҳнадӯзон ҷумла дар кор омаданд» [3, 295]), «куҳнафурӯш» («Навбати куҳнафурӯшон даргузашт» [3, 156]), «лаби нон» («Чу моҳиед, чаро ошиқи лаби нонед?» [3, 337]), «лаби ҷӯ» («Ман тамошои лаби ҷӯ меравам» [4, 593]), «лаб-лаби ҷӯ» («Лаб-лаби ҷӯ сар барорад ёсамин» [4, 627]) «намози дигар» («То намози дигар он кӯдак гирист» [4, 130]), «намози шом» («Аз намози шом то вақти саҳар» [4, 486]), «нағз» ба маънии хубу нек, муқобили ганда («Зиҳӣ ишқ, зиҳӣ ишқ, ки морост, Худоё,/ Чи нағз асту чи хуб аст, чи зебост, Худоё!» [3, 38]), «нимкора», яъне нотамом («Ин нимкора монду дили ман зи кор шуд» [3, 81]), «нодида» ба маънии ҳарису чашмгурусна («Хор дон онро, ки хурмо дидаӣ,/ З-он ки бас нонкӯру бас нодидаӣ» [4, 65]), «ноёфт», яъне он чиз, ки нодир бошад ва ёфт нашавад («Дар ишқ чун Маҷнун шавад, саргашта чун гардун шавад,/Он, к-ӯ чунин ранҷур шуд, ноёфт шуд доруи ӯ» [4, 774]), «нонпора» («Нонпора зи ман бистон, ҷон пора нахоҳад шуд,/ Овораи ишқи мо овора нахоҳад шуд» [3, 222]), «нонреза» («Чу нонреза кунунам, зи хоки роҳ барчин» [3, 756]), «ношукрӣ» ба маънии носипосию ҳақношиносӣ («Ин чӣ ношукриву чӣ бебокӣ аст?» [4, 457]), «оби дида» («Моему оби дида, дар кунҷи ғам хазида, /Бар оби дидаи мо сад ҷой осиё кун» [3, 739]), «оби чашм» («Баҳри ноне чанд оби чашм рехт» [4, 120]), «оштӣ» («Бо ҷазову адли Ҳақ кун оштӣ» [4, 570]), «савдогар» («Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон» [4, 22]), «саломи гарм» («Пас, саломи гарм карду пеш рафт» [4, 506]), «санбӯса» («Зиҳӣ бӯса, зиҳӣ бӯса, зиҳӣ ҳалвову санбӯса» [3, 673]), «тангҳавсала» («Нест шаву хароби Ҳақ, эй дили тангҳавсала!» [3, 835]), «хавотир» («Хавотир раҳбаронанду чу раҳбар мар туро бор аст» [3, 917]), «хатнасур» («Дар он хона симоъи хатнасур аст» [3, 853]), «хомпаз» ба маънии нимхом («Деги хаёли ишқи дилороми хомпаз» [3, 439]), «ҳамакора» («Ту аз он кор надорӣ, ки шудастӣ ҳамакора» [3, 862]), «ҳамсояи деворбадевор» («Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор» [3, 235]), «ҳаққи модарӣ» («Андаро, модар, ба ҳаққи модарӣ» [4, 36]), «ҳаққи нону намак» («Аё сабо, ба Худову ба ҳаққи нону намак» [3, 421]), «шикастабанд» («Гар ҳаст шикастабанд, он ҳам ишқ аст» [3, 1337]), «ширгарм» («Гуфт: Обаш деҳ, валекин ширгарм!» [4, 125]), «чоруқу потоба» («Чоруқу потобалоиқ мар турост» [4, 161]), «ҷомашӯйӣ» («Ҷомашӯйӣ кард хоҳӣ, эй фалон!,/Рӯ магардон аз маҳалли гозурон!» [4, 114]), «ҷони бобо» («Хез бо мо, ҷони бобо, рӯз шуд!» [3, 295]) ва ғайра мавриди истифодаи густарда қарор гирифтаанд, ки имрӯз низ аксари онҳо бо ҳамон мазмуну маънӣ дар истеъмол қарор доранд.
Дар баробари ин, корбасти фаровон аз ибораҳои рехта ва зарбулмасалу мақол дар ашъори Мавлоно, чун «дам супурдан» ба маънии ҷон додан («Гуфт: Дамам чи медиҳӣ, дам ба ту ман супурдаам, Ман зи ту бехабар наям дар дами дам супурдано!» [3, 24]), «дил мондан», яъне дилсард шудан («Гӯйӣ, ки чӣ гунаам? Хушам ман!/ Гӯям турушам, дилат бимонад!» [3, 259]), «чашм паридан» («Чашм паррад бар умеди сиҳҳатӣ?» [4, 642]), «бо думи шер бозӣ кардан» («Бо думи шере ту бозӣ мекунӣ» [4, 201]), «дар пӯст нагунҷидан» ба маънии беҳад шод будан («Гар дар ғаму дар ранҷам, дар пӯст намегунҷам» [3, 937]), «калларо бар девору дар кӯфтан» ба маънии пушаймон шудан («Калларо мекӯфт бар девору дар» [4, 446]), «кор аз кор хестан» («Гуфт: Маъшуқам ту будастӣ, на он,/ Лек кор аз кор хезад дар ҷаҳон!» [4, 18]), «корд ба устухон расидан» («Бозхар моро аз ин нафси палид, / Кордаш то устухони мо расид» [4, 178]), «кулӯх ба лаб молидан», яъне сукут ихтиёр кардан («Кулӯхе бар лаби худ мол, бо халқ» [3, 794]), «сар ба девор омадан» («То ба девори бало н-ояд сараш,/ Нашнавад панди дил он гӯши караш!» [4, 498]), «ҷон ба лаб расидан» («Аз роҳзанон расида ҷонам то лаб» [3, 1323]), «Аҳмади порина», яъне он ки ҳамеша дар як ҳол бошад («Имрӯз манам Аҳмад, не Аҳмади порина» [3, 1250]), «аз як даст садо барнамехезад» («Ҳеч бонги каф задан н-ояд бадар,/ Аз яке дасти ту бе дасти дигар» [4, 328]), «шунидан кай бувад монанди дидан» («Кай бувад худ дида монанди шунуд!» [4, 548]), «на сих сӯзад, на кабоб» («То аз он на сих сӯзад, на кабоб!!» [4, 58]), «ҳар чӣ мекорӣ, ҳамон медаравӣ» («Ба доси меҳр ҳамон бидравӣ, ки мекорӣ!» [3, 1207]), «ҷӯянда - ёбанда» («Сояи Ҳақ бар сари банда бувад, / Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад!» [4, 337]) ва ғ. барои маҳбубияти зиёд пайдо кардан ва мақбулу писанди хосу ом гардидани сурудаҳои ӯ бештар мусоидат кардаанд.
Ин нукта ҳам, ки Мавлоно мегӯяд:
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар набиштан шеру шир [4, 22]
бастагӣ ба шеваи баёни тоҷикӣ дорад, зеро, «шер»-у «шир» ҳарчанд дар алифбои арабиасос навишти ягона дорад, вале талаффузи ҳар ду ин калима дигаргуна аст.
Ҷанбаи дигари муҳимми вожашиносии осори Мавлоноро вожасозӣ ва ибораороиҳои зебову дилнишин ташкил медиҳад. Ба баёни дигар, дар сурудаҳои ӯ вожаву ибораҳои зиёди зебову шево мавҷуданд, ки ба андешаи ғолиби муҳаққиқон шояд бархе сохтаи завқи салими худи ӯ бошанд, зеро ин калимаву ибораҳо дар осори муаллифони пеш аз вай ба мушоҳида намерасанд. Дар зер чанде аз ин вожаву ибораҳо барои намуна оварда мешавад:
Вожаи «арзонбаҳо» ба маънии камбаҳо, ки имрӯз ҳам ба ҳамин маъно истифода мешавад:
Аё, ҳавои ту дар ҷонҳо, салом алайк!
Ғулом мехарӣ арзонбаҳо, салом алайк! [3, 482].
Вожаи «баркор» (дар муқобили «бекор») ба маънии он ки шуғл дорад ё ба коре машғул аст:
Чашми ман хуфта, дилам бедор дон,
Шакли бекори маро баркор дон [4, 206].
Вожаи «бечорапарвар», яъне он ки дастгири бечорагону мискинон бошад:
Дӣ ёри қаҳрбораву хунхора буд, лек
Имрӯз лутфи мутлақубечорапарвар аст [3, 164].
Вожаи «гумонангез» ба маънии ангезандаи гумон, яъне он чиз, ки ҷойи баҳсу шак дорад:
Он гумонангезро созад яқин,
Меҳрро рӯёнад аз асбоби кин[4, 29].
Вожаи «навкор» ба маънии он ки нав ба иҷрои коре ё шуғле оғоз кардааст:
В-он ошиқи ноқисе, ки навкорнавкор бувад,
Гӯшаш нашавад гарм ба шаб бе болиш [3, 1405].
Вожаи «навмурид» ба маънии он ки нав роҳи иродатро пеш гирифтааст:
Хонае нав сохт рӯзе навмурид,
Пир омад, хонаи ӯро бидид[4, 173].
Вожаи «нағзрӯ» ба маънии хубрӯ, яъне он ки зебо ва соҳибҷамол аст:
Нағзрӯён сӯйи зиштон кай раванд?
Булбул андар гулбунон ояд ҳаме! [3, 1057].
Вожаи «пасрав» (дар баробари «пешрав»), ки маънии муриду фармонбар ва тобеъу мутеъро дорад. Ин вожа дар ашъори Фаридиддини Аттор низ ба мушоҳида мерасад:
Варна бошӣ ҳечи ҳеч аз ҳечиён,
Пасрави ҳар дев бошӣ мустаҳон [5, 82 (дафтари дувум)].
Зимнан дар байти боло вожаи «ҳечиён» ба маънии ҳечону ҳечбудагон сохтаи худи Мавлоност.
Вожаи «пасхурд» ба маънии пасмондаи хӯрок, яъне он чи пас аз хӯрдани хӯрок боқӣ монад:
То ки Луқмон даст сӯйи он барад,
Қосидан, то хоҷа пасхурдаш хурад [4, 156].
Вожаи «ҷисмона» маънии ба таври воқеӣ, ҷисманро ифода мекунад:
Ҷисм ҷисмона тавонад диданат,
Дар хаёл орад ғаму хандиданат [4, 61].
Ибораи «роҳи буруншав» ба маънии роҳи раҳоию растагорӣ корбаст шудааст:
Гар фалак роҳи буруншав дида буд,
Дар назар чун мардумак печида буд [4, 41].
Ибораи дилнишини маҷозии «ҳабси хок» маънии дар зери хок пинҳон буданро дорад:
Шоху барг аз ҳабси хок озод шуд,
Сар бароварду ҳарифи бод шуд [4, 50].
Ибораи «марди кор» ба маънии он мард, ки шоистаи кор ё шуғлу пешаи худ аст:
Эй, Саноӣ гар наёбӣ, ёр, ёри хеш бош,
Дар ҷаҳон ҳар марду коре, марди кори хеш бош! [3, 454].
Ҳамчунин дар ин радиф метавон аз вожаҳои айбчин, айбистон, аввалбин, бимдил, борикҳарф, дамсоз, ғайбистон, зиндасухан, ишқомез, обкӯр (носипос), одамзода, охирандеш, охирбин, охурбин, поймард, суханкаш, суханкуш, суханобод, талхгавҳар, хурдабин, ҳоҷатраво, чоштхӯрд, эминобод, якрӯза, охирбин, охурбин, поймард, суханкаш, суханкуш, суханобод, талхгавҳар, хурдабин, ҳоҷатраво, чоштхӯрд, эминобод, якрӯза ва монанди инҳо ёдовар шуд.
Яке аз вежагиҳои дигари вожагонии ашъори Мавлоно бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи забони гуфтугӯйии тоҷикӣ кор бастани бархе исмҳои ҷамъ, ҷонишинҳои шахсии шумораи ҷамъ ва феълҳои шакли ҷамъ аст. Масалан, дар ашъори ӯ баъзе вожаҳои шакли ҷамъи арабӣ бо аломатҳои ҷамъи тоҷикӣ -ҳо, -он дубора ҷамъбандӣ шудаанд:
Султони салотинон - Шамсулҳақи Табрезӣ,
Эй аз ту машоми ҷон зебо шудаву гӯё [7, 8].
Ҷонишинҳои шахсии шумораи ҷамъ -мо, -шумо ба гунаи -моҳо ва -шумоҳо низ корбаст шудаанд:
Солҳо дафъи балоҳо кардаем,
Ваҳм ҳайрон, з-он чи моҳо моҳо кардаем… [4, 239].
Гуфт султон: «Имтиҳон хоҳам дар ин
К-аз шумоҳо шумоҳо кист дар даъво гузин?» [4, 104].
Дар сурудаҳои Мавлоно шахси 2-юми шумораи ҷамъи феъли замони ҳозира бо анҷомаи -ет(ба ҷойи -ед) низ омадааст:
Чун шавам ғамгин? Ки ғам шуд сарнигун,
Ғам, шумо будет, эй қавми ҳарун… [4, 81].
Худ гирифтам, ки шумо сангин шудет,
Қуфлҳо бар гӯшу бар дил барзадет [4, 290].
Ёдоварӣ мебояд, ки чунин тарзи баён дар куҳантарин дастури забони модарии мо дар сарзамини Чин, ки аз тарафи Муҳаммад ибни Ҳаким ном донишманди самарқандиасл дар соли 1660 таълиф шудааст, ба назар мерасад [6, 47].
Мавлоно баъзе вожаву истилоҳоти иқтибос аз забонҳои дигарро бо маънию мазмуни наву тоза кор бастааст. Масалан, истилоҳи юнониасли «устурлоб», ки аслан ба маънии олати расад кардани ситорагон ва ҷирмҳои мунир аст, дар «Маснавӣ» ба маънии ойинаи таҷаллии асрори илоҳӣ истифода шудааст:
Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,
Ишқ устурлоби асрори Худост [4, 18].
Ҳосили сухан, ҷилваи ҷамоли забони тоҷикӣ бо ҳама шукӯҳу ҷалол ва ғояти камоли худ дар сурудаҳои дилангезу дилпазири Мавлоно ба дид меояд, ки аслан ниёз ба далелу бурҳон ва таърифу тавсиф надорад. Забони баёни ашъори Мавлоно далели равшани шевоию асолат ва қудрату азамати забони тоҷикӣ барои ҳамаи давру замонҳост. Худи ӯ ба ин маънӣ чӣ бас некуфармудааст:
Офтоб омад далели Офтоб,
Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб[4, 19].
Адабиёт:
1. Абдулҳусайни Зарринкӯб. Пилла-пилла то мулоқоти Худо. Теҳрон, 1379.
2. Алиашрафи Содиқӣ. Таквини забони форсӣ. Теҳрон, 1357.
3. Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Тасҳеҳ ва бозбинии дуктур Низомиддини Нурӣ. – Теҳрон, 1388.
4. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Бар асоси матни Р.Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар. – Теҳрон, 1379/2001.
5. Маснавии маънавии Мавлавӣ. – Пешовар (бидуни соли табъ).
6. Султон, Мирзо Ҳасан. Куҳантарин дастури забони форсии тоҷикӣ дар сарзамини Чин. – Душанбе: Бухоро, 2018.
7. Султон, Ҳасан. Мухтасари зиндагиномаи Шамси Табрезӣ. – Душанбе, 2006.
8. Фолномаи комили Ҳофиз бо маънӣ. Ба кӯшиши Нарҷиси Зандӣ. – Теҳрон, 1388.
9. Шукуров М. Забони мо ҳастии мост. – Душанбе: Маориф, 1991.
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Нигоҳе ба авзои адабии Афғонистон дар 20 соли гузашта)
Адабиёт ҳамчун ойина инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии як миллат аст. Сайри таърихии ҳар миллатеро метавон дар саҳифаҳои адабиёти он ба роҳати кашф кард. Дар миёни анвои адабӣ шеър бештар аз ҳама жанрҳо ҳамқадаму ҳамрози бани башар будааст. Зарфияти вокуниши ҳамзамон, сароҳати баён, таҳрики эҳсосот ва отифаи башарӣ ҷузъи вижагиҳои хос ва мумтози шеър аст, ки дар дигар анвои адабӣ камтар дида мешавад. Аз ин рӯ, шеър яке аз маҳбубтарин жанрҳои адабӣ дар миёни башар буда, аз оғози таърих то кунун ин рисолати хешро ба хубӣ анҷом медиҳад ва мавриди истиқболи гарми мардумӣ қарор дорад. Ба қавли Ҷорҷ Сампрун: “аз миёни ҳамаи фаъолиятҳои адабӣ, шеър дигаргуниҳои иҷтимоиро зудтар дармеёбад ва ҳатто гоҳе пешопеши онҳо гом бармедорад”. Барои мисол, тамоми масоили сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон, ки муҳаққиқону коршиносони сиёсӣ бар он ишора мекунанд, дар шеъри имрӯзи Афғонистон низ инъикос пайдо кардааст. Афғонистон беш аз чаҳор даҳа аст, ки аз дасти таҷовузи хориҷӣ, таҳаҷҷури дохилӣ, ҷангу хушунат ва тероризму ифротгароӣ ранҷ мекашад. Мардуми бечораи ин кишвар ҳамарӯза зери бомбаборони неруҳои хориҷӣ, гулула ва хумпораҳои мухолифони дохилӣ, ҳамлаҳои терористӣ, инфиҷорҳои интиҳорӣ ва ханҷари таассубу ифротгароӣ кушта мешаванд. Ин хитта имрӯза ба майдони набарди қудратҳои хурду бузурги минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, шабакаҳои байналмиллалии қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, созмонҳои фаромиллии ҷиноӣ ва аҳзобу танзимҳои дохилӣ, табдил шудааст. Зиндагӣ барои мардуми Афғонистон он қадар тираву тор шудааст, ки шояд ин байт мисдоқи воқеияти имрӯзи ин кишвар бошад:
Куҳандиёро, диёри ёро, дил аз ту кандам вале надонам,
Агар гурезам куҷо гурезам, в-агар бимонам куҷо бимонам!
Аз замони ҳамлаи Шуравӣ ба Афғонистон адабиёти ин кишвар низ аз назари идеологӣ ба ду даста тақсим шуд; адибони пайрави мактаби марксизм ва адибони суннатгаро ва ҳофизи арзишҳои таърихӣ. Бо зуҳури ҷунбиши Толибон дар ин кишвар адабиёти муқовимат шакл гирифт, ки меҳвари онро маҳкумияти ҷаҳлу таассуб ва хурофоту ақибмондагӣ ташкил медод. Пас аз суқути режими Толибон ва мустақар шудани неруҳои байналмиллалӣ дар ин кишвар низ дарду ранҷи мардуми Афғонистон камтар нашуд, балки бештар низ шудааст. Қудрат гирифтани созмонҳои терористӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар ин кишвар буҳрони Афғонистонро вориди марҳалаи дигаре кардааст. Ҳоло баҳсу чолишҳо дар Афғонистон ҷанбаи идеологии камтаре дошта,бештар гаройиши қавмӣ ва фароқавмӣ касб кардааст. Ин раванд дар адабиёти имрӯзи Афғонистон ҳам бетаъсир набудааст. Тулонӣ шудани ҷанг, афзойиши хушунат, нокомии ҳукумати марказӣ дар таъмини амнияти мардум ва беамалии неруҳои байналмилалӣ дар ин амр, мардуми Афғонистонро ба ояндаи равшан комилан ноумед кардааст. Мардуми афғон дар ҳоли ҳозир на ба неруҳои байналмилалӣ, на ба ҳукумати марказӣ, на ба мухолифони мусаллаҳ ва на ба ҳизбу танзимҳои ҷиҳодӣ, эътимоде надоранд.
Чун таҷриба нишон додааст, ки ба ҳар тарафе, ки рӯ овардаанд, аз он ҷониб силӣ хӯрдаанд. Ин вазъи асафбор дар шеъри имрӯзи Афғонистон ба хубӣ мунъакис ёфтааст. Азбаски ҳаводиси ҷонхарош дар Афғонистон зиёд рух медиҳад, мо ба ночор бо номбар кардани бархе аз ин ҳаводис ва шарҳи бозтоби онҳо дар шеъри имрӯз, қаноат мекунем. Ҳаводисе, ки тайи солҳои ахир қалби мардуми Афғонистонро доғдору ноумед кардааст, аз ин қабил аст: Нокомии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар ҷиҳати таъмини сулҳ ва амнияти кишвар, қатли фоҷеаомези Фархунда, гаравгонгирии мардуми мусофир бо ангезаи қавмӣ ва таассуби мазҳабӣ, инфиҷорҳои интиҳории пурқурбонӣ, бахусус, дар Кобул пойтахти мамлакат, зуҳури ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро дар қаламрави Афғонистон, фасоди идорӣ ва беадолатии иҷтимоӣ, афзойиши хушунат алайҳи занону духтарон ва беэътимодӣ ба ояндаи сиёсии кишвар. Аз миёни ин ҳама ҳаводис қатли Фархунда бузургтарин трагедияи инсонӣ буд, ки дар Кобул рух дод. Гарчанде ҳамарӯза дар Афғонистон бар асари ҳаводис даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо марги Фархунда бо таваҷҷуҳ ба ҳадаф ва ангезаи қатл, фоҷеаи бисёр дардноку мусибатборе буд. Шеваи қатли Фархунда виҷдони бедори башариятро такон дод. Шоирони Афғонистон низ барои ин мусибат осори эътирозии худро падид оварданд. Ҳумайро Накҳат Дастгирзода ин мусибати калонро чунин ба тасвир кашидааст:
Чи рӯзи талху сиёҳе ба чашми дунё буд,
Чи ошкор дили шаҳр зери поҳо буд.
Диле, ки нола баровард санги хоро буд,
Зане, ки сӯхт дар оташ миёни дарё буд.
Ё худ,
Ваҳҳоб Муҷир дар сӯги Фархунда ғазале суруда, ки дар он бо калимаву ибораҳои дардманд ба як мизон аз холиқу махлуқ шикоят мекунад:
Он ҷисми пок лоиқи ин захмҳо набуд,
Фарёд мезадиву дигар эътино набуд.
Дар он миёна ҳеч касе меҳрубон нашуд,
Дар он миёна ҳеч касе ошно набуд.
Вақте ки мезаданд саратро ба санги ҷаҳл,
Дар осмони шаҳр, Худо буд ё набуд?
Он чи марги Фархундаро дардноку фоҷеабор кардааст, ҳиси бегуноҳӣ, танҳоӣ ва мазлумияти як инсон, як зани бепаноҳ дар миёни тудаи маст аз шароби ҷаҳлу таассуб аст. Ҳамон девонагие, ки ҳатто ҳаққи Худоро зери по мегузоранд ва бар асоси хости худ ҳукм содир менамоянд. Мавзуи дигаре, ки дар шеъри имрӯзи Афғонистон инъикос пайдо кардааст, нокомии ҳукумати ваҳдати миллӣ ва сардаргумӣ дар тасмимоте аст, ки аз ду маркази қудрат дар бораи масоили ин ин кишвар содир мешавад. Ин нотавонӣ бахусус, дар ҳаводиси қатли ом ё худ салохии сарбозони лашкари “Шоҳин” дар Балх ва ҳамла ба марказҳои муҳими амниятӣ дар Кобул бештар ошкор мешавад. Ҳисси норизоятӣ ва бознамоии мавқеиятҳои сиёсӣ дар ин дубайтии Самеъ Ҳомид ин гуна ба тасвир кашида шудааст:
Ду раҳбар хуфта дар байни ду бистар,
Ду аскар хаста дар байни ду сангар.
Ду раҳбар пушти мизи сулҳ хандон,
Ду байрақ бар сари гури ду аскар.
Беадолатӣ ва фасоди моливу идорӣ аз дигар мушкилотест, ки дар баробари ҷангу хушунат мардуми афғон аз ноҳияи он дар ранҷу машаққат афтодаанд. Ин падидаҳо этимоди мардум ба намояндагони худ дар ҳукумат ва порлумонро рӯз то рӯз камтар мекунад. Тақсими ноодилонаи сарвату қудрати миллӣ ва ҳатто кумакҳои башардӯстона дар ҷомеа садои эътирози Маҳбуба Иброҳимӣ шоираи ҷавони Афғонистониро ба сӯи осмон кашидааст. Шоир аз ин беадолатӣ садои додхоҳии худро ба даргоҳи Худой баланд мекунад ва аз махлуқи ӯ шикоят мебарад:
Офаридгоро!
Куҷоӣ ту?
Худатро нишон бидеҳ.
Бузург,
на мисли буҷиҳои гандуми эҳдоӣ,
Меҳрубон,
на чун қутиҳои равғани хайротӣ.
Худовандгоро! Худатро нишон бидеҳ,
В-агарна
Бовар мекунам,
Ту ҳамдаст бо ин Раиси ҷумҳури саҳлангор,
Кумакҳои ҷаҳониро,
Байни хешовандонат тақсим мекунӣ!
Ихтилофоти мазҳабию қавмӣ бемории дигари ҷомеаи Афғонистони кунуни аст, ки бо доман задан ба ин зиддиятҳо, бархе қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ аз он суди сиёсӣ касб мекунанд, аммо ранҷу мусибати онро мардуми одии афғон мекашанд. Ҳоруни Роъун зимни маҳкум кардани тақсимбандии шаҳрвандони як кишвар бар асоси тааллуқоти қавмию нажодӣ, ин гуна нигаришро бархоста аз инҷимоди фикрӣ ва таассуби мазҳабӣ медонад:
Гум гашта мусофирони маҳбуси шумо,
Фарҳанги ҷаҳолат аст қомуси шумо.
Яъне, ки ҳазора будан ин ҷо ҷурм аст,
Эй хок ба андешаи манҳуси шумо.
Мусибати аз ин ҳам калонтар, ки дар ҷомеаи Афғонистон ривоҷ пайдо кардааст, ҳамлаҳои кури интиҳорӣ аз сӯи гурӯҳи Толибон ва Доиш ба масҷидҳо, марказҳои фарҳангӣ, бархе ниҳодҳои муҳими давлатӣ ва кӯчаю хиёбони шаҳрҳои калон аст, ки дар ин гуна ҳамлаҳо умдатан мардуми ғайринизомӣ ва занону кӯдакони бегуноҳ қурбонӣ мешаванд. Ҳоруни Роъун дар ин бора месарояд:
Маҷмуаи ғунчаҳо, ки бетақсиранд,
Бо атсаи интиҳор дармегиранд.
Гулҳову парандаҳо дар ин боғистон,
Ҳар рӯз яке, яке, яке мемиранд.
Ин гуна марги ваҳшатнок садои эътирозро дар шеъри имрӯзи Афғонистон то осмонҳо кашонидааст. Бозтобӣ харобӣ ва вайрониҳои ҷангро дар аксари осори шоирони муосири Афғонистон метавон мушоҳида кард. Аз ин ҷиҳат шеъри имрӯз дар ин кишвар барои худ чеҳраи ғамгине касб кардааст. Амвоҷи ғаму андӯҳ ҳатто дар ашъори ошиқонаи шоирон низ ба чашм мехӯрад. Барои мисол, Илёси Алавӣ тарсу ваҳшати худро аз ҳамлаи интиҳорӣ бо маъшуқи хеш ин гуна дар миён мегузорад:
Маҳбубам,
Агар марг ба суроғат меояд,
Кош ба ҳайати сел биёяд,
Ба ҳайати сармо,
На ҳамлаи интиҳорӣ.
Бояд вақт дошта бошӣ,
Муруре кунӣ хотиротатро,
Танатро,
рафтанатро,
На ин, ки бо поҳои худат аз хона бароӣ,
Ва танҳо кафшҳоятро биёбам дар бозор,
Ва дастҳоятро пайдо натавонам...
Қобили зикр аст, ки ҷанг падидаи ваҳшатнокест, ки оқибатҳои он танҳо бо вайронии сохтмонҳо, роҳҳо ва пулҳо хатм намешавад, балки аслитарин паёмади он вайрониҳое аст, ки дар ботини як ҷомеа ва руҳу равони инсонҳо бар ҷой мегузорад. Сохтмони валангорро мешавад дубора бо хишту симон таъмир кард, аммо бо қалби шикаста ва равони аз ҳам гусастаи мардум чӣ метавон кард? Наҷиби Борвар орзуҳои мардуми худро дар ғазале намодин ва дар қиёс бо маросими қурбонӣ, ин гуна ба саройиш гирифтааст:
Кошки мафҳуми қурбонӣ фақат куштан набуд,
Кош дар қомусамон ин расмҳо аслан набуд.
Кош ҷои ин ки мекуштем гову мешро,
Нафси худро кушта будему касе душман набуд.
Кош хунеро, ки мерезем аз инсонҳо,
Бештар аз хуни ҳайвоноти ин барзан набуд.
Кош мешустем аз олудагӣ дастонамон,
Лаккаҳои барбарият ҳеч дар доман набуд...
Аммо ба назар мерасад, ки фарёди эътирози мардуми бегуноҳ ва дармондаи Афғонистон на ба гӯши одамиён мерасад ва на гӯши худои оламиён. Ангор ҳама ба мусибати мардумони ин диёр чашм пӯшидаанд ва дарду ранҷи ононро нодида мегиранд. Ин аст, ки шоир Ризо Муҳаммадӣ ноумед аз ҳамнавъони худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ангушти эътирози худро ба сӯи Худо ба осмон бармедорад:
Норозиам ба ҳадди тамоми ғами замин,
Аз он чи хостему ба мо осмон надод.
Тақсимгар ба халқи дигар ҳар чиро, ки дод,
Моро ба ғайри сухрашуди мардумон надод.
Ёро, агар ту рӯй кунӣ, меравад зи ёд
Он чи ба мо муқассими номеҳрубон надод.
Ҷомеаи Афғонистон як ҷомеаи ба шиддат суннатгаро ва мазҳабӣ аст. Вақте дар ҳамчунин ҷомеае садои эътирози шоир ба сӯи осмон мепечад, бад-ин маънӣ аст, ки чунин ҷомеае дар айнӣ ноумедӣ ва сардаргумӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, шоир дар миёни ин ҳама сардаргумӣ гоҳ аз махлуқ ба холиқ шикоят мебарад ва гоҳ аз холиқ ба махлуқ. Шоир дар миёни ин ду танҳо дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва адолат аст, дигар ҳеч. Ҷангу хушунат паёмади дигаре низ барои мардуми Афғонистон дошта, ки оворагӣ ва муҳоҷирати онҳо ба чаҳор гӯшаи ҷаҳон аст. Ғами ғарибию ғурбат барои мардуми муҳоҷир камтар аз осебҳои ҷангу хушунат нест. Қанбаралии Тобиш дар шеъре нимоӣ ба шакли намодин ин андуҳро ривоят мекунад:
Одамӣ паранда нест,
То ба ҳар карон, ки пар кашад, барои ӯ Ватан шавад.
Сарнавишти барг дорад одамӣ,
Барг вақте аз баландшохааш ҷудо шавад,
Поймоли обирони кӯчаҳо шавад.
Дар шеъри имрӯзи Афғонистон барои аввалин бор як раванди ҳамоҳангӣ миёни шоирони дохилӣ ва муҳоҷири ин кишвар ба вуҷуд омада буд, ки ин раванд қаблан собиқа надошт. Шеъри имрӯзи Афғонистон кам-кам худро аз сояи идеология берун мекашад ва қасд дорад, ки хориҷ аз мансубияти идеологӣ ва таалуқот ба мазҳабу мактабҳои фикрии гуногун, рисолати аслии худро иҷро кунад. Рисолате, ки ҳадафи он фориғ аз дағдағаҳои мазҳабӣ ва қавмию нажодӣ расидан ба як ҷомеаи амни инсонӣ аст. Акнун, ки бар асари сиёсатҳои дугонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, авҷ гирифтани бозиҳои геополитикӣ ва рақобати қудратҳои бузург бар сари тақсими дубораи ҷаҳон гурӯҳи Толибон дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтааст, авзои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию адабии ин кишвар рӯ ба таназзул оварда, хатарҳои тозае амнияти кишварҳои минтақаро таҳдид мекунад. Афғонистон ба паноҳгоҳи амни гурӯҳҳои ифротгаро ва терористӣ табдил ёфта, шоирону нависандагону донишмандону равшанфикрони ин кишвар дубора овораву ғариб гардиданд.
Аз соли 2002 то 2021 насли наве аз шоирону нависандагон дар Афғонистон зуҳур карда, як давраи ҷадиди адабӣ дар таърихи ин кишвар оғоз гардида буд. Маҳз дар ин давра дар шаҳрҳои мухталиф анҷуманҳои адабӣ ташкил шуда, маҳфилҳои муназзами нақду баррасии китоб, китобхонӣ ва ҷашнвораҳои адабию фарҳангӣ баргузор гардида, осори адибон мураттаб чоп мегардид. Теъдоди асарҳои чопшуда дар бист соли гузашта (2001-2021) нисбат ба дигар давраҳо бесобиқа будааст. Илова бар ин аз назари гуногунии мавзуъ ва жанр ин гуна навоварӣ дар хеҷ давраи дигаре аз таърихи адабии Афғонистон такрор нашудааст. Яке аз хусусиятҳои хоси ин давра зуҳур ва ҳузури занони эҷодкор дар арсаи адабиёту фарҳанги ин кишвар будааст. Бо бозгашти дубораи толибон ба қудрат тақрибан тамоми чеҳраҳои маъруфи адабиёт Афғонистонро тарк карда, дар кишварҳои дуру наздик паноҳанда шудаанд. Ва ин вазъият аз поён ёфтани як давраи адабии дурахшон дар Афғонистон хабар медиҳад.
Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО, - мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Дар дунёи муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ омили зарурии бақову суботу устувории давлат мебошад. Аносири ҳувияти миллӣ аз арзишҳои муштарак дар зиндагиву рӯзгори мардум, ба монанди намодҳои миллӣ, забон, таърихи миллат, ҳудуд, расму оин, тафаккури миллӣ (менталитет), хешии хунӣ, огоҳиҳои миллӣ ва осори бостонист. Ҳувияти миллӣ яке аз муаллафаҳои ҳувияти фард аст, ки иборат аз гароишҳо ва нигаришҳои як шахси дорои унсури созандаи гуногуне чун арзишҳои миллӣ, динӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ аст. Ҳувияти миллӣ вижагии табиӣ нест ва он аз огоҳиҳои бадастомада аз ҷомеа, фарҳанг, таъриху забон ва донишу ҷаҳонбинии фард бармехезад ва ҳомиёну посдорандагони ҳувияти миллӣ нигаҳдоранда ва пешбарандаи тамаддуни миллӣ мебошанд, зеро
Фард мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом.
Унсурҳои ҳувиятсоз дар фардро зеҳният, ҷаҳонбинӣ, дину оин, рафтор, сабки зиндагӣ ва арзишҳои маънавӣ ташкил медиҳанд.
Яке аз унсурҳои ҳувиятсоз – зеҳн маҷмуае аз тавоноиҳои фикрист, ки иборат аз хирад, тасаввурот, идрок, тафаккур қазоват ва забону ҳофиза мебошад. Ба қавли солори сухан Фирдавсӣ:
Хирад раҳнамойу хирад дилгушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Аз ӯ шодмонӣ в-аз ӯят ғамист,
В-аз ӯят фузунӣ в-аз ӯят камист.
Мактабу маориф аз аркони асосӣ дар ташаккули ҳувияти миллии фард маҳсуб мешавад, зеро «дар ҷаҳони муосир,- таъкид мекунад Сарвари давлат,- танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста» аст.
Маорифу илм аз аркони муҳимми пешрафти давлат аст, аз ин рӯ Сарвари давлат, ҳукумату ниҳодҳои давлатӣ тамоми кӯшишу талошҳоро барои рушди ин соҳа ба харҷ медиҳанд. Президенти кишвар рӯзи 30-уми май дар мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар таъкид карданд, ки: “Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст”.
Дар фарҳанги суннатии мо илму дониш ҷойгоҳи вижа дошта, ҳамеша мадҳу ситоиш мешавад. Чунончи: “Дониш андар дил чароғи равшан аст...” (Рӯдакӣ), “Илм нони ҷони тусту нон туро илми тан аст” (Носири Хусрав), “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” (Низомӣ). Дар адабиёти динӣ, ки ҷузъе аз фарҳанги мост, ҳамчунин илму дониш андӯхтан талқин мешавад. Аз ҷумла дар яке аз нахустин асар андар фиқҳи ханафӣ “Ас-савод-ул-аъзам” – Абулқосими Самарқандӣ омадааст: “Пас далел омад, ки илм бартар аз имон. Ва дигар далел он аст, ки Худои азза ва ҷалла ҳамаро дар имон баробар кард ва дар илм тафовут ниҳод” (Ас-савод-ул-аъзам, 94). Ва мо ифтихор аз он дорем, ки вориси “фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом ҳастем, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад” мегӯяд Сарвари давлат.
Ҷаҳонбинӣ яке аз аносири ҳувияти миллист, ки маҷмуи умумии арзёбии назароти мардум дар мавриди ҷаҳон аст. Ҷаҳонбинӣ нигариши инсон аст, ки бар мабнои эҳсосот, таҷрибиёт, хулқу хӯйи отифӣ шакл мегирад ва зуҳур меёбад. Муаллафаи фикрӣ (интелектуалӣ) – ҷаҳонбиниест, ки шомили арзишҳои миллӣ, нигаришҳо, арзёбиҳо, афкор, дониш, дину оин аст. Инсон ҷаҳонро он тавре ки ҳаст, намебинад, балки онро аз тариқи маншури тасаввурот ва мафоҳими худ мебинад ва барои он ки инсон дарки воқеъбинона дошта бошад, мебояд ҳама бардоштҳову мушоҳидаҳояшро бар асоси пояҳои илмӣ қабул кунад ва дар зеҳни худ устувор кунад, зеро заъфи пояҳои илмии афроди ҷомеа моро ба сӯйи хурофот ва хурофот миллатро ба бадбахтӣ меорад.
Дигар аз унсури ҳувиятсози миллӣ фарҳанги миллист, ки дар бистари таъриху расму оину кеши мардум, иқлиму равиши зисту рӯзгори мардум шакл мегирад. Фарҳанг мафҳуми васеъ буда, аз назари таърихӣ ба тамаддуни миллӣ мепайвандад ва дар ҳоли зуҳури воқеи замонӣ ба арзишҳои иҷтимоӣ, маҷмуи русум, одоб, равиши фикрию амали ҳунарӣ алоқа мегирад. “Бинобар ин, вақте дар бораи фарҳанги як халқу миллат сухан мегӯем, паҳлуҳои зиёди фаъолияти ҳунариро дар назар дорем, ки рушди авзои маънавии он қавмро муайян мекунад. Фарҳанг шаклан айнияти воқеӣ буда, дар муқобил ва рӯбарӯйи ҳаводиси зиндагӣ, муносибат, маърифат ва асолаташро таҷрибаи рӯзгор месанҷад. Ҷомиаи гузаштаи халқи мо қариб ҳамаи анвои фарҳанги ҷаҳониро дошт. Инҳо адабиёт- иборат аз назму наср, мусиқӣ, наққошӣ, хаттотӣ, кошикорӣ ва монанди онҳо буд, ки тамоми паҳлуҳои завқӣ ва ҳунариро, ба андозаи қонеъ гардонидани эҳтиёҷи одамӣ, басанда буданд. Ҳамаи ин анвои фарҳангӣ ба камӣ умри бештар аз ҳазорсола дорад” (Х.Шарифзода). Мусаллам аст, ки тамаддуну фарҳангҳои бузург ва ғанӣ, ки дар муддати хеле тӯлонии таърихӣ ташаккулу такомул ёфтаанд, ҳангоми бархурди тамаддунҳо аз худ муқовимат ва муқобилату устувории матину ҳайратангез нишон дода, ҳатто тарафи муқобилу зӯровар аз ин фарҳанг ғанӣ чизҳои арзишмандеро пазируфтааст. Аммо дар ҷаҳони муосир бархурдҳои фарҳангӣ шакли зӯровару хушунатомез касб кардаанд. Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар бораи равандҳои номатлуб ва нигаронкунанда қайд намуданд. Мову шумо имрӯз дар ҷаҳони муосир шоҳиди “бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд” ҳастем. Маҳз бо шарофати Истиқлолу озодии сиёсиву фарҳангии кишварамон “мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”. Фаромӯш насозем, ки замони шуравӣ агарчи рӯйрост ҳам набошад, интишори адабиёти динӣ мамнуъ буд ва маҳз ба шарофати истиқлол ва бо ибтикори сарвари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд. “Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд. Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд”.
Аммо вақте ки афроди ҷомеа аз заминаи фарҳанги миллӣ дур шуд, миёни ӯ ва мардум аз мавқеи ҳамин суннатҳои бунёдии илмию фарҳангию маънавӣ як навъ ҷудоӣ ва садди азими фарҳангӣ ба вуҷуд меояд.
Рукни асосиву муҳимми фарҳанги мо забони мост. “Вақте забон бори бештар аз ҳазору садсолаи фарҳангиро бар дӯш дорад, доираи таҷассуми фарҳангӣ, маънавӣ ва ҳунарӣ дар он аз ҳудуди ҳар гуна тахмину шумури хаёлӣ бузургтар аст” (Х.Шарфизода). Дар шаклгирии ҳувияти миллӣ забон муҳимтарин нақшро дорад. “Забон, - ба андешаи устод Қодирӣ,- як ҷузъи таърифи мафҳуми "миллат" аст, яъне ҳимоят ва нигаҳдории он масъалаи сиёсӣ ба шумор меравад”(Қодирӣ С. Айбро ҳунар надонем//Маърифати омӯзгор,№7.-Душанбе.2008.-С.30-41).
Забони куҳанбунёди мо собиқаи таърихии беш аз 2500 сола дорад ва дар тули таърих ҷабру фишори зиёде кашидааст. Ин забони куҳанбунёд замоне дар Ғарб то кишварҳои Балкан, дар Шарқ – аз Хуросону Мовароуннаҳр то Ҳинду навоҳии Тсин-зияни Чину Туркияи Усмонӣ интишор ва нуфуз дошта, ба расмият шинохта шуда буд. Забони имрӯзаи тоҷикии Тоҷикистон минбари баланди забони тоҷикони саросари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва бори масъулияти ҳифзу устувору пойдор ва поку беолоиш нигоҳ доштани он бар дӯши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Вай намуна аз гӯйиши тоҷикии тоҷикони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва махсусан Ӯзбекистон аст ва ба қавле “дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон, сарҳадди тоҷик забони тоҷик аст”. Мегӯянд, ки безабонӣ нишонаи марг аст ва марги забону миллат ба ҳам меоянд, ки таърихи тоҷикони баъзе манотиқи Осиёи Миёна инро комилан ба исбот расонидааст.
Мутаассифона, имрӯз як ҷараёни номатлуб ва басо нороҳаткунанда ва нигаронкунанда ба назар мерасад, ки бархе аз афроди ҷомеаи мо фарҳанги миллию суннатиро мояи намуна ва ифтихор намедонанд ва ба назари беътиноӣ ба фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ менигаранд. Забони мо аз маънавият, рӯҳоният, илму дониш, фарҳанг ва таҷрибаи таърихии мо ҷудо нест ва онро ба хотири тамосу пайвастагӣ бо тамаддуни бештар аз ҳазорсолаамон нигоҳ бояд дошт.
Сарвари давлат перомуни покизагии забон, ишора намуданд: “зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем”.
Дигар аз аносири ҳувияти миллӣ чеҳра, намуди зоҳирӣ ва сару либоси мардумони миллат аст, ки мавзуи баҳси илми этнография – мардумшиносӣ аст. Дар ҷаҳони муосир кишварҳоро аз рӯйи вижагии унсури ҳувияти миллӣ – пӯшиши миллиашон метавон чунин дастабандӣ кард: 1) миллатҳои тамаддуну фарҳанги қадима дошта, ки ин унсури муҳимро аз умқи таърих то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; 2) миллатҳое, ки таърихи начандон қадима доранд ё дар натиҷаи нуфуси бештар пайдо кардан, бар пояи фарҳангу суннатҳои миллии дигар ақвом унсурҳои ҳувияти миллии худро сохтаанд; 3) миллатҳои “маснуӣ”, ки ба лутфи шароити сиёсӣ аз иттиҳоди ақвоми мухталиф бофта шудаанд низ чунин намодҳое доранд; 4) гоҳе ин унсур бар асоси далоили мазҳабӣ шакл мегирад, барои мисол ҳиҷоб, бурқаъ, мақнаъӣ дар кишварҳои мухталифи Шарқ ва Африқо роиҷ аст.
Ҳар миллате либоси миллии ба худ хосро дорад, ки сарчашмаи бои таърихиву этнгорафиву ҳунарӣ дорад ва таҳқиқи он метавонад гузаштаи таърихии мардумро рушан кунад. Либоси миллӣ муҳимтарин муаллафаи зиндагии инсон ва ҷомеа аст. Муҳаққиқон онро ба унвони як мероси фарҳангии арзишманди мардум медонанд ва ҳамчунин либоси миллӣ баёнгари мансубияти миллии фард буда, вижагии фарҳангии ӯро мушаххас мекунад ва мояи ифтихору ғурур аст. Беҳуда шоирон нагуфтаанд, ки
Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас.
Ё ин ки:
Эй куртачакан, эй зеби чаман...
Ё ин ки шоир Шаҳрия дар шеъри “Куртаи чити қаламӣ” духтари тоҷикро чунин васф мекунад:
Бо ҳамон куртаи чити қаламӣ,
Пеши чашмони ту хушрӯ будам...
Дар танам куртаи шоҳӣ дорам,
Саду якранг бувад мисли баҳор...
Албатта, эрод гирифтани либоси бонувон ва дахолат ба ҳарими хусусии онон ба табиату одоби мардуми тоҷик созгор нест, аммо имрӯз ин масъала боиси нигаронии шадид шудааст. Сарвари давлат мардуми тоҷикро аз вазъи нигаронкунанда ва пайомади он ҳамагонро ҳушдор доданд: “Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.
Мухотаби он пурсишҳое, ки Сарвари даврат дар мулоқот бо ходимони дин доданд, маҳз ҳамон афродест дар ҷомеа, ки масири нодурустро пеш гирифтаанд: “Чаро мо бегонапарастӣ мекунем? Чаро мо бегонаҳоро ин қадар ташвиқу тарғибот мекунем? Ман намефаҳмам, чунин рафтор ба мо чӣ медиҳад? Чаро миллатро гумроҳ мекунем?”
Ташаккули тамоми аносири ҳуввиятсози миллӣ – забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, донишу ҷаҳонбинӣ дар кӯдакону наврасон, пеш аз ҳама, ба зиммаи модарон аст. Занон сангинтарин масъулият – тарбияи хонавода ва ба навъе ҷомеаро бар уҳда доранд ва «онҳо содиқ ва эътимодбахшанд — ман дар таҷрибаи сиёсии худ ба ин боварӣ ҳосил кардам», — мегӯянд Пешвои миллат.
Сарвари давлат дар ҳар мулоқоту вохӯриҳояшон аз фидокории занони тоҷик, меҳнату заҳмати содиқонаи онҳо таърифу тавсиф мекунанд. Аз ҷумла дар Паёми имсола қайд карданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
Хушбахтона, ҳоло шумораи занон дар соҳаи маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаҳое, ки зан метавонад иҷро кунад, вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ аст, ки дар пайи садсолаҳо бар пояи суннатҳову фарҳанги миллӣ устувор шудаанд, зеро ниҳоди муқаддаси хонавода рукни асосии бунёди ҷомеаи солим аст. Агар чунин набошад, бахши зиёде аз ҳувияти иҷтимои инсонӣ нобуд мешавад.
Воқеан мо имрӯз дар замони бисёр ҳассос зиндагӣ дорем ва аз хавфу хатарҳои геополитикӣ бояд миллату сарзамини худро эмин дорем, сидқан ва аз дилу ҷон аз тамоми аносири ҳувиятсози худ, аз асли хеш дифоъ кунем ва онро дар мақоми шоиста нигоҳ дорем. Сарвари давлат возеҳу рушан таъкид мекунад, ки “фарде, ки дар Тоҷикистон ношукрӣ аз ин сарзамин мекунад, аз ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ношукрӣ мекунад, оҷиз мешавад!”
Дарди ҷомеа дарди ҳар фарди бедордилу баору номуси ҷомеа аст ва аз ин рӯ бояд бетараф набошем.
Бетарафии мову ту теша задан ба реша аст,
Дур шудан зи асли хеш маҳву заволи миллат аст.
Тоҷикон дар тӯли таърих пайваста дучори фишору таъқибҳо шудаанд, аммо ҳувияти миллии худро ҳифз кардаанд. Таърихи башар арсаи омӯзишу ибрат буда, ҳар кӣ майли аз он омӯхтан надорад, ниёзмандиҳои зиёде ӯро дар пеш аст. Унсурҳои ҳувиятсози мо тоҷикон – забону фарҳанг, дину ойину расму русум, реша дар умқи таърих дорад ва ҳайфу дареғ аст, ки мо имрӯз масири нодурустро интихоб кунем, зеро заволи аносири ҳувияти миллӣ заволи миллат аст.
Шарифзода Фарангис директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Дар мақолаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти қавму миллатҳои замони муосир – ҳифзи худшиносии миллии онҳо аз пайомадҳои имконпазири раванди ҷаҳонишавӣ, махсусан, қувват гирифтани нуфузи ҷомеаи иттилоотӣ, ки оламро ба як “деҳи калон” табдил додаст, баррасӣ гардидааст.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки ҷомеаи иттилоотӣ наметавонад хуб ё бад бошад. Оқибатҳои хуб ё бад ба бор оварданаш аз он вобаста аст, ки элитаи сиёсии мамолики дунё, аз ҷумла Тоҷикистон то кадом андоза аз имконияту захираҳои ин тамоил самаранок истифода бурда метавонад. Кӯшишҳои канораҷӯӣ кардан аз ин тамоил ва ё нодида гирифтани он маънои ба мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ мувоҷеҳ кардани миллатро дорад.
Дар партави тағйиротҳои сайёравии мафҳумҳои анъанавии “давлатдории миллӣ”, “сарҳади миллӣ”, “истиқлолияти миллӣ” , “сиёсати дохилию хориҷӣ” ва “анъанаю фарҳанги миллӣ”, ки ҷаҳвари худшиносии миллиро ташкил медиҳад, зикр карда мешавад, ки ягона роҳи халосӣ ин на пинҳон шудан дар “пероҳани танги миллӣ”, балки фаъолона ворид шудан ба ин маҷро ва ба ҳамин васила дастраси ҷаҳониён гардонидани арзишҳои миллии худ мебошад.
Вобаста ба ҳамин нукта дар мақола як қатор саволҳои рӯзмарра ва ҳамзамон ҳалталаб, аз қабили “Давлат то кадом андоза қобилияти назорат кардани иттилоотро дорад?”, “Оё ҷомеаи иттилоотӣ давлатҳои миллиро иваз карда метавонад?”, “Кадоманд роҳҳои таъмини дурусти хостаҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва худшиносии миллӣ?”, “Роҳҳои таъмини бақои арзишҳои миллӣ кадоманд?” ва ғайра ба миён гузошта шуда, зимни омӯзиш ва таҳлили ҳар яке аз онҳо тавсияҳои дахлдори назариявию амалӣ пешниҳод карда гардидааст.
Калидвожаҳо: ҷаҳонишавӣ, ҷомеаи иттиллоотӣ, худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, нахустин давлатҳои ҷаҳонӣ, иттилоот, технологияҳои коммуникативию иттилоотӣ, фарҳанги иттиллоотӣ, сомонаҳои интернетӣ, мавҷи тамаддунҳои кишоварзӣ, саноатӣ ва пасосаноатӣ.
Имрӯз инсоният, махсусан қавму миллатҳои гуногун марҳилаи басо мураккаб ва печидаеро пушти сар карда истодааст, ки ба масъалаи ҳифзи давлатдорию асолати миллӣ ва арзишҳои неки суннатӣ алоқаманд мебошанд.
Аз як сӯ, қувват гирифтани тамоили ҷаҳонишавӣ ва аз дигар сӯ, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки ҷаҳонро “ба як деҳи калон” табдил додаанд, мамолики дунёро водор месозад, ки на фақат дар бораи таҳдидҳои муосири берунӣ, балки хатарҳои дохилӣ низ андеша намоянд.
Ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ, бозори ягонаи молу хизматрасонӣ, ба селаҳои асъори ҷаҳонӣ фаро гирифта шудани иқтисодиёти кишварҳо ва қабули санаду уҳдадориҳо ва тартиботи ягона заминаҳои асосие мебошанд, ки раванди ба гирдоби ин ду тамоил кашида шудани онҳоро зиёд мекунад.
Дар партави ин тағйиротҳои сайёравӣ моҳияти мафҳумҳои анъанавии “давлатдории миллӣ”, “сарҳади миллӣ”, “истиқлолияти миллӣ”, “сиёсати дохилию хориҷӣ” ва “анъанаю фарҳангҳои миллӣ” то андозае тағйир ёфта, дастнигарии давлатҳои миллиро аз субъектҳои бозори сиёсию иқтисодӣ ва “нахустин давлатҳои ҷаҳонӣ” пурзӯр менамоянд. Ҳол он ки маҳз ҳамин арзишҳо ҷавҳари ҳастию бақои миллатро ташкил медиҳанд. Пас метавон гуфт, ки дар сурати наандешидани чораҳои зарурӣ тамоилҳои ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ пеш аз ҳама барои истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва худшиносию ҳувияти миллатҳо пайомадҳои ногувор ба бор оварда метавонад.
Дигар хел шуданаш ҳам амри муҳол аст. Зеро ки ҳадафи ниҳоии тамоили ҷаҳонишавӣ ин баробар кардани сатҳи тараққиёти кишварҳои олам дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва билохир дар ҳамин поя яксон кардани онҳо мебошад. Пӯшида нест, ки монеаи асосӣ дар роҳи пиёда кардани ин ҳадафҳо давлатҳои миллӣ, махсусан, фарҳанг, забон, худшиносию ҳувияти миллӣ ва расму русуми онҳо мебошад. Чунки маҳз ҳамин арзишҳо меъёрҳои калидии ташаккули худшиносӣ ва “Ман”- ро аз “Вай” фарқ кардани ин ва ё он миллат аст.
Имрӯз дар баробари ҷаҳонишавӣ ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ низ ба раванди фароҷаҳонӣ ва бебозгашт табдил ёфтааст. Сабаб ҳамин аст, ки ягон давлати миллӣ аз васеъшавии майдони иттилоотӣ канораҷӯи карда наметавонад. Нодида гирифтани ин тамоил маънои ба мушкилиҳо мувоҷеҳ кардани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакатро дорад. Аз ин рӯ, қисми зиёди сиёсатмадорони кишварҳои ҷаҳон на роҳҳои гурехтан ва ё дар “пироҳани миллӣ” пинҳон шуданро аз таъсири ин тамоилҳо, балки бо талаботи ин ду тамоил мутобиқ кардани арзишҳои миллиро ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам берун аз он ҷустуҷӯ менамоянд.
Дар ҳошияи ин падидаҳои нав як қатор саволҳо, аз ҷумла дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ давлат то кадом андоза қобилияти назорат кардани иттилоотро дорад? Оё ҷомеаи иттилоотӣ давлатҳои миллиро иваз карда метавонад? Худишиносӣ ва ҳувияти миллиро чӣ гуна пайомадҳо интизоранд? Роҳҳои таъмини бақои онҳо кадоманд?, аҳамияти хоссаи назариявию амалӣ пайдо намудаанд.
Пеш аз ҳама як нуктаи хеле ҳам ҳассос ва муҳимро таъкид кардан бамаврид аст, ки ҷомеаи иттилоотӣ наметавонанд хуб ва ё бад бошад. Он ҳамчун шакли ҳаёти иҷтимоӣ хусусияти бетарафӣ ва беғаразона дорад ва бо ҳамин сабаб пайомадҳои хуб ва ё бад ба бор оварданаш аз он вобаста аст, ки бозингарони арсаи сиёсати ҷаҳонӣ онро бо кадом мақсад истифода мебаранд ва элитаи сиёсии мамлакатҳои алоҳида то кадом андоза аз имконият ва захираҳои ин тамоил самаранок истифода бурда метавонад.
Ғайр аз ин боз як нуктаи дигар аз табиати беғаразона доштани ин падида гувоҳӣ медиҳад, ки иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ ва фазою шабакаҳои он аслан натиҷаи рушди ниҳодҳои шаҳрвандӣ мебошанд.
Бо вуҷуди бо сохторҳои ҳокимият робитаи бевосита доштан ҷомеаи иттилоотӣ пеш аз ҳама барои субъектҳои иҷтимоӣ имкониятҳои бештареро барои интихоби арзишҳое, ки ба даст овардани онҳо дар доираи ҷомеа ва давлат маҳдуд аст, фароҳам меоварад.
Бештар аз ин иттилоотро, ки аксаран аз назорати ҳокимияти расмӣ берун аст, “ҳокимияти чорум” меноманд. Иттилоот аз азал табиати байналмилалӣ дорад ва аз мансубияти миллию динӣ орӣ мебошад. Барои он сарҳадҳои миллӣ вуҷуд надорад. Яке аз сабабҳои асосии мушкил будани назорати сарҳадҳои миллӣ аз хавфи воридшавии иттилооти зараровар низ дар ҳамин аст.
Чуноне ки Ҷ. Бабет мегӯяд, дар замони муосир давлат қобилияти назорат карданро на фақат аз болои селаҳои молиявие, ки аз пеши чашми он мегузаранд, балки аз болои иттилоот низ надорад.
Чунин вазъ метавонад сабаби ба фазои иттилоотии ҷумҳурӣ ворид шудани маводи номатлуб, арзишҳои носолими мафкуравӣ ва бар ҷурми ин ба буҳрон гирифтор шудани ҳувияти миллӣ шавад. Дар чунин ҳолат давлат на ҳамеша имконияти дар руҳияи арзишҳои ахлоқии барои устувории пояҳои ҳокимият зарур ва миллию анъанавӣ тарбия кардани аҳли ҷомеаро самаранок истифода бурда метавонад. Барои он ки мардум имконияти дастраст кардани қисми зиёди иттилоотро аз дигар манбаъҳои ғайридавлатию алтернативӣ пайдо менамояд.
Ба ҳамин минвол идома ёфтани кор метавонад барои пойдории давлатҳои миллӣ, алалхусус худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ хатарҳои ҷиддӣ эҷод намояд ва нигоҳ доштани оромии сиёсӣ ва назму низоми иҷтимоиро мушкил гардонад.
Худшиносии миллӣ табиатан доираи хосси фаъолият, заминаҳои муайяни ташаккулу рушди худро дорад ва вазъи чи гуна ташаккул ёфтани он аз бисёр ҷиҳат на фақат аз имконияти иттилоотро назорат кардан, балки аз он вобастагӣ дорад, ки давлатҳои миллӣ то кадом андоза ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид шудаанд.
Бо дарназардошти он ки имрӯз беш аз 80% аҳолии ҷумҳурӣ ба фазои иттилоотӣ ворид шудаанд, метавон гуфт, ки тарҳи ҷомеаи иттилоотӣ дар ҷараёни ташаккулёбӣ қарор дорад. Агар такрор шавад ҳам, таъкид кардан ба маврид аст, ки дар чунин сурат нодида гирифтани оқибатҳои харобиовари он барои худшиносию ҳувияти миллӣ ва кӯшишҳои канораҷӯи аз таъсири он номумкин аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки кӯшишҳои бархе аз давлатҳо барои дар қаламрави кишвари худ тавассути омилҳои ниҳодӣ маҳдуд кардани фаъолияти сомонаҳои иттилоотӣ ба нокомӣ анҷомиданд.
Бояд таъкид кард, ки имрӯз на фақат ташаккули миллатҳо, худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ифтихори миллӣ, хотираи таърихӣ ва ватандӯстӣ, балки рушди дастовардҳои иқтисодӣ ва дар ин асос мустаҳкам кардани легитимияти сиёсии (қонунӣ будани) ҳокимият ва боло бурдани сатҳи ваҳдати миллию иҷтимоии шаҳрвандон аз он вобаста аст, ки ин ва ё он кишвар то кадом дараҷа имконияти истифода бурдани иттиллоот ва технологияҳои иттилоотию комуникатсиониро доро мебошад.
Ҳақ ба ҷониби С. Бондаренко аст, ки гуфтааст: “Имрӯз ҳувияти сиёсиро дар фазои кибернитикӣ бояд аз диди назари ҳувияти иҷтимоии фарду гуруҳҳо баррасӣ кард, вагарна фаҳмидани ақидае, ки эътиқоди мафкуравӣ ягона заминаи муттаҳидшавии одамон дар ҷомеаҳои самти муайяни идеологидошта буда наметавонад, мушкил мегардад” .
Ба инобат гирифтани ин нукта махсусан дар шароите, ки муборизаи мафкуравӣ дар шабакаҳои интернетӣ шакли ошкороро ба худ касб намудааст, муҳим аст. Инро дар баҳсҳое, ки дар Интернет роҷеъ ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд, мушоҳида кардана мумкин аст. Пӯшида аст, ки аксар вақт бисёр ҳодисаҳои таърихӣ, рамзҳои миллӣ, ки ҳукми қонунӣ пайдо карда, заминаи худшиносӣ ва ҳувияти миллии давлатҳои Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, мавриди ҳуҷумҳои таҳлилию иттилоотӣ ва таҷдиди назар қарор дода мешаванд. Аксар вақт баҳсҳо дар шабакаҳои интернетӣ хусусияти ниҳонӣ, яъне бе нишон додани ному насаби муаллиф, кишвар ва муассиса баргузор мешаванд. Аз ҳама ташвишовараш дар он аст, ки вақтҳои охир сарварони сиёсӣ, намояндагони алоҳидаи элитаи сиёсӣ ва шахсияти ходимони маъруфи илму санъат ва вазъи иҷтимоии мардум мавриди танқиду таҳриф қарор дода мешаванд, ки ҳамаи ин дар ниҳояти кор метавонад эътиқоди аҳолиро нисбат ба ҳокимият коҳиш диҳад.
Дуруст аст, ки имрӯз Интернет ба озмоишгоҳи иҷтимое табдил ёфтааст, ки дар он ҷиҳати обод ё хароб кардани ҳаёти давлатҳои тозаистиқлол таҷрибаҳо гузаронида мешаванд.
Тавассути шабакаҳои он бархе аз мамлакатҳо барои таҳрифи воқеияти таърихӣ, ба миллати худ мансуб донистани дастовардҳои халқҳои дигар ва тарғиби бузургманишинию худкомагӣ кӯшиш менамоянд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ташаккули ҳувияти сиёсӣ низ қисми таркибии лоиҳаҳои иттилоотӣ мебошанд ва онҳо ба худшиносию ҳувияти миллӣ қувваи иловагии қонунӣ мебахшанд.
Дуруст аст, ки худшиносии миллӣ ба туфайли арзишҳо ва асолату сарҳадҳои муайяни миллӣ зинда аст. Бинобар ин ҳамеша бо ҷомаеи иттилоотӣ, ки ин арзишҳо ва сарҳадҳои ҳудидиро бераҳмона рахна менамояд, дар муқовимати доимӣ қарор дорад. Вале ҳамзамон дар хотир бояд дошт, ки маҳз ба туфайли ҳамин технологияҳои иттилоотӣ мо имконият пайдо мекунем, ки он арзишҳо ва рамзҳои миллиеро, ки метавонанд ба ташаккул ва рушди худшиносию ҳувияти миллӣ мусоидат намоянд, дар як мудати кутоҳ дастраси аҳолии манотиқи гуногуни кишвар намоем.
Пас чӣ бояд кард, ки хостаҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва худшиносии миллиро ба созиш оварем? Дар сурате ки якумаш манфиатҳои фаромиллӣ ва дуюминаш ниёзҳои ҷомеаҳою давлатҳои миллиро ифода мекунад.
Барои ҷавоби дуруст додан ба ин савол пеш аз ҳама бояд аниқ кард, ки давлат то кадом андоза ва дар кадом сатҳ равандҳои иттилоотиро назорат ва танзим карда метавонад.
Таҷрибаи мамолики пасосаноатӣ ва кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта аз он шаҳодат медиҳанд, ки чунин қобилияти назорат кардан аз он вобаста аст, ки давлат дар кадом “мавҷи тамадун” қарор дорад. Агар давлат дар “мавҷи тамаддуни кишоварзӣ” қарор дошта бошад, он гоҳ назорат ҳамафарогиранда мебошад. Зеро ки дар он барои иттилооти озод ҷойи холӣ хеле маҳдуд аст. Дар чунин шароит фазои озоди иттилоотӣ насиби шабакаю ниҳодҳои ғайрирасмӣ аст.
Дар давлатҳои дар “мавҷи тамаддуни саноатӣ” қарордошта назорат аз болои иттилоот суст мешавад, вале афзалияти худро нигоҳ медорад. С. Бондаренко бо дарназардошти ҳамин хусусияти ин марҳила навиштааст: “Элитаи сиёсӣ бошад, дар фазои кибернитикӣ барои ташаккули лоиҳавии ҳувияти сиёсии бозингарони ба ӯ наздик имкониятҳои зиёдтаре доранд, ки дар натиҷа барои ташаккули шабакаҳои дахлдори маҷозии ҷомеа афзалият пайдо мекунад”.
Дар ин замина ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар “мавҷи тамадуни пасосаноатӣ ё худ иттилоотӣ” дастрасии одамон ба захираҳои иттилоотӣ баробар мешавад. Чунки шаҳрвандон барои гирифтани иттилоот, бидуни манбаъҳои расмии давлатӣ, ки зери назорати элитаи сиёсӣ мебошад, имконияти бештареро пайдо мекунанд.
Чунин имконият пайдо кардани шаҳрвандон чӣ оқибат дорад? Аз ин савол чунин ҷавоб бармеояд, ки на ҳама гуна иттилоот дорои масъулият ва ҳақиқат мебошад. Пас меъёри масъулият доштани иттилоот ва ҳақиқӣ будани он чӣ вобаста буда метавонад?
Пеш аз ҳама дар хотир бояд дошт, ки легитимияти худшиносии миллӣ аз рӯи он муайян карда мешавад, ки он дорои субъект ё гуруҳи субъектҳои муайян ҳаст ё не, зеро ки барои иттилооти интиқолдода ва ё пешкашнамуда онҳо масъул мебошад. Ҳамзамон ин иттилоот дар фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад”нусхаи” оддии воқеият бошад, ки ҳамчун ҳақиқат ба назар расад. Аз ин ҷо зарурати ташаккули фарҳанги иттилоотии аҳолӣ ба миён меояд. То ин ки онҳо ба масъалаи дастрас кардан ё интиқол додани иттилоот дар сомонаҳои интернетӣ масъулият ҳис ва маводи муфид ва ё хавфнокро фарқ карда тавонанд.
Дар хусуси он ки ҷомеаи иттилоотӣ пайгирона давлатҳои миллиро иваз мекунад, ҳаминро бояд гуфт, ки ин бофтаи сегона – давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ маҳсули талаботи ҳаётии инсон мебошанд ва дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва динӣ манфиати онро ифода мекунад.
Бештар аз ин, ҷомеаи иттилоотӣ ин намуди нави сохти иҷтимоӣ набуда, фазоеро инъикос менамояд, ки дар байни ин ду низоми иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки ҷомеаи иттилоотӣ бо вуҷуди ҳамчун низом ташаккул ёфтани худ, на фазои ниҳодӣ, балки фазои вазифавӣ, яъне таъмин намудани робитаи байни онҳоро ишғол менамояд.
Ҳамин хосияти ҷомеаи иттилоотӣ ба мо имконият медиҳад, таъкид намоем, ки дар айни замон дар бораи фаноёбии давлатҳои миллӣ ва ҳамчунин таназзули худшиносии миллӣ фикр кардан барвақт аст.
Бо дарназардошти зиёд шудани падидаҳои иртиҷоии динӣ зикр бояд кард, ки имрӯз ҳаракатҳои ифротии динию сиёсӣ, ки худ парвардаи бозингарони асосии раванди ҷаҳонишавӣ мебошанд, арзишҳои сунатии мардуми мусалмон, ҷашнҳои миллӣ ва расму русуми онҳоро бидъат эълон намуда, барои давлатҳои миллӣ ва худшиносию ҳувияти миллии онҳо хатару таҳдидҳои наву бештаре эҷод карда истодаанд. Ин қабил ҳаракатҳои ғайрианъанавӣ дар ислом иттилоотро барои вайрон кардани арзишҳои сохтори давлат, барпо кардани низоми ягонаи робитаҳои динӣ ва татбиқи ҳадафҳои бунёди хилофати исломӣ, ки ҳамагуна сарҳадҳо, фарҳанг ва анъанаю расму русуми миллиро инкор мекунад, хеле васеъ ва айёрона истифода мебаранд. Мубориза барои дар амал татбиқ кардани ин лоиҳа аксари ин гуруҳҳои сиёсатзадаи исломиро ба содир кардани амалҳои номатлуб водор месозад.
Дар чунин шароит худшиносии миллӣ ягона “лангаре” мебошад, ки аз як тараф, ҷомеа ва давлатро аз парокандагӣ ва аз тарафи дигар, асолати миллӣ, фарҳанг ва расму русуми миллиро нигоҳ дошта метавонад. Дар тақвият додани ин раванд нақши элитаи сиёсӣ ҳамчун тарҳрез ва ташаккулдиҳандаи худшиносии миллӣ назаррас аст.
Ҳамин тариқ, аҳамияти нақши худшиносии миллӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ дар он аст, ки тавассути таъмин намудани таносуби арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ вазъи муътадили сиёсии ҷомеаро ба миён меоварад. Дар ин асос гуфтан мумкин аст, худшиносии миллӣ на ба маҳдуд кардани фазои иттилоотӣ, ки барои ташаккул ва рушди он беҳтарин восита аст, балки ба мақсадҳои бунёдкорӣ истифода бурдани он манфиатдор аст. Зеро ки худшиносии миллӣ дар фазои ниҳодҳои давлатӣ қарор дорад ва имконияти фароҳам овардани шароити заруриро барои рушди ҳам ниҳодҳои давлатӣ ва идеологияи он дар шакли рамзҳои миллӣ ва ҳам ташаккули арзишҳои шаҳрвандӣ, ки моҳиятан унсурҳои муҳимтарини худшиносии миллиро дар бар мегиранд, дорад.
Чуноне ки дар боло зикр карда шуд, дар замони муосир яке аз масъалаҳои баҳснок ин раванди ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид шудани давлатҳои миллӣ ва тақдири ояндаи онҳо дар ин ҷомеа мебошад. Мувофиқи ақидаи Э. Тоффлер ва Д. Белл ҳомиёну намояндагони давлатҳои миллӣ бояд донанд, ки замони онҳо бо фарорасии “мавҷи дуюми тамаддун”, яъне давраи саноатӣ ба охир мерасад. Зеро ки баъди давраи саноатӣ замони пасосаноатӣ оғоз меёбад [2, С.176 ]. Ба ибораи Э. Тоффлер, давраи пасосаноатӣ ё ин ки иттилоотӣ арзишҳои куҳнаи ниҳодиро ба арзишҳои наве иваз мекунад, ки ҷавобгу ба талаботи замони муосир мебошанд. Ба ақидаи вай, бо қадри тағйирёбии мавҷҳои тамаддун шаклҳои назорати иҷтимоӣ низ дигар мешаванд. Омили асосии назораткунандаи ҷомеа ҳокимият мебошад, ки дар ин асно ба се омил - зӯрӣ, сарват ва дониш такя мекунад.
Агар дар “мавҷи якуми тамаддун”, яъне ҷомеаҳои тосаноатӣ (кишоварзӣ) назорати иҷтимоӣ дар шакли зӯри (қувва) ба амал бароварда шавад, он гоҳ дар “мавҷи дуюми тамаддун”, яъне ҷомеаҳои саноатӣ ин назоратро сарват, дороӣ иваз мекунад. Танҳо дар ҷомеаи иттилоотӣ ҳокимият зӯрию сарватро ба шакли сифатан нав – дониш ва иттиллот иваз мекунад. Дар натиҷа дониш ҳамчун арзиши олӣ ва моли асосӣ ба заминаи бунёди сохтори инноватсионии ҷомеа табдил меёбад.
Дар ин хусус яке аз асосгузорони мафҳуми “ҷомеаи иттилоотӣ” Д. Белл чунин гуфтааст: “Дар садсолаи омадаистода барои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, барои тарзи истеҳсоли дониш, инчунин барои хусусияти фаъолияти меҳнатии инсон ба вуҷуд омадани уклади нави иҷтимоӣ, ки ба телекоммуникатсия асос меёбад, аҳамияти ҷиддӣ пайдо мекунад. Инқилоб дар ташкил ва коркарди иттиллот ва дониш, ки дар он нақши марказиро компютер мебозад, маҳз дар ҷомеаи пасосаноатӣ оғоз меёбад. Барои фаҳмидани инқилоби телекоммуникатсионӣ ба инобат гирифтани се ҷанбаи ҷомеаи пасосаноатӣ муҳим аст: гузариш аз ҷомеаи саноатӣ ба ҷомеаи хизматрасонӣ: аҳаммияти ҳалкунанда пайдо кардани дониши назариявии рамзишуда барои татбиқи инноватсияҳои технологӣ: ба муҳимтарин омили таҳлили бонизом ва назарияи қабули қарорҳо табдил ёфтани “технологияи зеҳнӣ”.
Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир олимони тоҷик масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷумҳуриро дар партави раванди ташаккули ҷомеаи иттиллотӣ мавриди таҳқиқ ва хулосабарорӣ қарор додаанд. Вале боиси афсус аст, ки дар аксари ин корҳои илмӣ диди назари асосгузорони назарияи ҷомеаи иттиллотӣ Э. Тоффлер ва Д. Белл нодида гирифта шуда, муаллифон ба он ақидаанд, ки гӯё дар Тоҷикистон ҷомеаи иттилоотӣ кайҳо боз ташаккул ёфта, фаъолият менамояд . Ҳоло он ки ҷомеаи Тоҷикистон дар марҳилаи омодагӣ барои гузариш аз ҷомеаи кишоварзию саноатӣ ба ҷомеаи саноатию кишоварзӣ қарор дорад.
Ғайр аз ин дар бархе аз асарҳои таҳқиқотӣ ба хонанда андешаҳое пешкаш мегардад, ки чандин фарсахҳо аз воқеият дур буда, зарурат ба танқид ҳам надоранд. Масалан, муҳаққиқ Нодирхонов Г.Г. дар рисолаи номзадии худ навиштааст, ки “... ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон бо тамоми зуҳуроташ як раванди ногузири объективи барои ташаккули шахсият мебошад” . Дар ҳамин саҳифа такя ба ақидаи С.Р. Ишанова таъкид менамояд, ки “... ҷомеаи Тоҷикистони муосир дар асоси омӯзиши таҷрибаи кишварҳои нисбатан инкишофёфта, ба монанди Чин, Ҷопон, Сингапур ва ғайра, ки тавонистанд, бидуни сохтори агросаноатӣ, ба марҳилаи ҷомеаи иттилоотӣ гузаранд, метавонад бар асоси ҳувияти худ, пурра аз марҳилаи агросаноатӣ ба ҷомеаи муосири иттилоотӣ, ки мувофиқи стандарти ҷаҳонӣ бошад, гузарад”.
Вобаста ба ин як нуктаро таъкид кардан зарур аст, ки асоси ҷомеаи иттилоотиро ду сарват – дониш ва иттилоот ташкил медиҳад. Онҳо ҳамчунин қувваи асосии истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва идоракунии ҷомеа мебошанд. Ҷомеаҳое, ки дар ҳоли рушд қарор доранд, онҳо сараввал бояд ба марҳилаи саноатӣ ва баъдан ба давраи иттилоотӣ гузаранд.
Бо дарназардошти ҳамин масъала академик Р.К. Раҳимов нишондодҳои асосии рушди инсониро дар ҷумҳурӣ таҳлил намуда, навишта аст.: “Бо сабаби ҷузъи асосии андӯхтани сармояи инсонӣ будани таҳсилот баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ҳамчун самти муҳимтарини маблағгузории рушди сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Чуноне ки дар ҳисоботи таҳлилии Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, сатҳи таҳсилоти аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол хеле баланд - 99,3% аст. Чуноне ки ҳисобу китоб нишон медиҳад, дар маҷмуъ, яъне аз рӯи ҳамаи намудҳои таҳсилот, сатҳи таҳсилоти аҳолии машғули кори ҷумҳурӣ 27,8%, аз ҷумла дар шаҳрҳо 40,7% , дар деҳот 22,2%, мардҳо 36,6% ва занҳо 15,3% мебошад. Ин рақамҳо барои хулосабарорӣ ҷиҳати он ки дар байни аҳолии машғули кор шахсоне, ки таҳсилоти касбӣ доранд, ҳиссаи ночизро ташкил медиҳанд, асос шуда метавонад .
Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки Тоҷикистон имрӯз ба гирдоби ҷомеаи иттилоотӣ кашида шудааст ва барои гузариш ба он бояд пеш аз ҳама заминаи хуби техникию технологӣ, дастгоҳҳои пешқадами иттилоотию коммуникативӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаро фароҳам оварад. Сатҳи имрӯзаи иқтидори таҳсилотӣ ва иттилоотӣ барои гузаштан ба ҷомеаи иттилоотӣ имкон намедиҳад.
Табиист, ки имрӯз баланд бардоштани нақши сармояи инсонӣ, алалхусус, иқтидори таҳсилотии вай ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат қарор дода шудааст. Ғайр аз ин, ақидаи олимони ҷавон дар бораи он ки кишварҳои минтақаи ҷанубу шарқӣ ба туфайли ҳувияти миллӣ марҳилаи аграриро пушти сар карда, ба давраи иттилоотӣ гузоштаанд, асоси илмӣ надорад. Ҳарчанд ки ҳувият ва нангу номуси миллӣ яке аз муҳимтарин омилҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеаҳои мухталиф ба ҳисоб меравад. Чуноне ки таҷрибаи ба сатҳи ҷомеаи иттилоотӣ расидани онҳо нишон медиҳад, кишварҳои мазкур дар баробари ҳувияти баланди миллӣ доштан, ба ҳама мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва молиявию техникӣ нигоҳ накарда, техникаю технологияҳои пешқадами мамолики ғарбро харидорӣ карда, фаъолияти онҳоро дар пояи арзишҳои ахлоқию фарҳангии миллати худ ба роҳ монданд. Яке аз сабабҳои асосии ба чунин сатҳи баланди рушд расидани онҳо низ дар ҳамин аст.
Ҳамин тариқ, агар андешаи Э. Тоффлер ва Д. Беллро ба инобат гирем, пас метавон гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон дар байни сатҳи якум ва дуюм, яъне аграрию саноатӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди ба фазои миллӣ роҳ ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ ва арзишҳои фаромиллӣ сабаби ҷой доштани баъзе аломатҳою унсурҳои ҷомеаи иттилоотӣ шуда бошад ҳам, дар бораи ҷомеаи иттилоотӣ будани Тоҷикистон сухан гуфтан хилофи воқеияти ҳол аст. Кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати аз пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ ва арзишҳои авомӣ ҳифз намудани фазои фарҳангии кишвар яке аз иқдомҳои ҷиддиест, ки элитаи сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ барои ба даст овардани ин ҳадаф ҷаҳд карда истодааст.
Бояд гуфт, ки сатҳи худшиносию ҳувияти аҳолӣ аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки минтақаҳои ҷумҳурӣ то кадом андоза байни худ робитаҳои доимии иқтисодию хоҷагӣ ва фарҳангӣ доранд. Бинобар ин шабакаҳои иттилоотӣ, Интернет, алоқаҳои мобилӣ, чун роҳҳо, ба воситаи муҳимтарини мубодилаи афкор, ҳамкорӣ ва рафту омад табдил ёфта истодааст. Он беҳтарин воситаи ба мардум расонидани хабарҳои оҷил, муҳтавои сиёсати давлат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд.
Бидуни оқибатҳои манфие, ки дар партави буҳрони умумиҷаҳонии иқтисодӣ, аз ҷумла буҳрони иқтисодию молиявие, ки солҳои 90-ум ва ибтидои солҳои 2000-ум дар ҷумҳурӣ ҷой дошт, элитаи сиёсӣ санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, барои фароҳам овардани заминаҳои кофии моддию техникӣ ва технологию кадрӣ ҷиҳати гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст. Зеро он хуб мефаҳмад, ки сатҳи зарурии иқтидори иттилоотӣ муҳимтарин ва самараноктарин стратегия барои таъмини Ваҳдати миллӣ, мутташакилии иҷтимоӣ, ташкилу сафарбарнамоии аҳолӣ ва рушди худшиносию ҳувияти миллӣ мебошад.
Набудани имкониятҳои таъсиррасонии иттилоотӣ, махсусан, дар шароити ҷуғрофии Тоҷикистон, метавонад сабаби пайдоиши бисёр ҳолатҳои хурофотие шаванд, ки ба рушди устувори сиёсии ҷомеа хатар эҷод намоянд.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки рушди шабакаҳои иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ падидаи мусбат аст. Канораҷӯӣ намудан аз он метавонад сабаби ба фазои иттилоотии кишвар роҳ ёфтани дигар воситаҳои коммуникатсионӣ, аз ҷумла тарғиби шифоӣ ва маҷозӣ дар гардад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ягона роҳи ҳифз намудани асолати миллӣ, арзишҳои миллӣ ва худшиносию ҳувияти миллӣ ин фаъол намудани раванди воридшавӣ ба ин фазо, ташаккули фарҳанги иттилоотии мардум ва фароҳам овардани заминаҳои зарурии моддию техникӣ, технологию кадрӣ ва тавассути онҳо дастраси ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонидани ин арзишҳои волои моддию фарҳангии миллат ва ба ин васила дар қатори дигар қавму миллатҳои мутамаддин нигоҳ доштани ҷовидонии он мебошад.
С. Ҷононов – д.и.ф, профессори кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Расму оинҳо ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангии миллии тоҷикон маҳсуб меёбанд. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ расму оинҳо ҳамчун ифодакунандаи тамаддуни ҳар халқияту миллат дар ҳаёти фарҳангию маънавӣ нақши муҳим доштаанд. Вобаста ба шароити ҳар давру замон расму оинҳо ташаккул ва тағйир ёфта, шакли нав касб менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар суханрониашон дар маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои халқӣ (9 июли соли 2007) ишора намуда буданд, ки: “Танзими расму оин ва анъанаҳо ҷанбаи хеле муҳими масъалаи миллӣ мебошад. Аз ин хотир, мо вазифадор ҳастем, ки пеш аз ҳама боигариҳои маънавии қадимаи халқамонро ҳамчун манбаи нодиру гаронбаҳо дар тарбияи ҷавонон истифода барем. Вале ин кор муносибати оқилона мехоҳад. Маълум аст, ки рушду ободии кишвар танҳо тавассути мардуми босавод, соҳибмаърифат ва равшанфикри ҷомеа имконпазир аст.
Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрўз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем. Муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба инкишоф диҳем. Аммо, танзим намудан маънои маҳдуд кардани анъана ва расму ойинҳоро надорад, балки яке аз роҳҳои мусоидат намудан ба густариши худшиносӣ ва маданияти халқамон мебошад”.
Ин қонуни сарнавиштсоз то имрӯз Тоҷикистони азизро аз бӯҳрони иқтисодӣ берун баровард ва мардум оҳиста-оҳиста дарк карда истодаанд, ки ин қонун танҳо ва танҳо ба фоидаи худи эшон аст. Аммо, дар баробари дастовардҳо боз ҳам баъзе норасоиҳо ва қонунвайронкуниҳо дар амалияи қонун ба назар мерасанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе нафарон дар ҷомеа то ҳол он ҷашну маросиме, ки қонунгузорӣ манъ намудааст, ҷузъи фарҳанги худ ҳисобида, ошкору пинҳон ба қонуншиканӣ даст мезананд. Дар натиҷаи қонуншиканӣ кардан, он шахс аз нигоҳи эътиқоӣ ҳеҷ хиҷолате намекашад. Дар ин ҷо бояд дар баробари танзими қонунӣ “танзими эътиқодӣ” ба кор бурда шавад. Вақте танзими эътиқодӣ мегӯем, диққати бештар бояд ба имону виҷдон дода шавад, зеро дар ҷомеаи анъанавӣ эътиқод бахши муҳими зиндагии ҳар шахс ба ҳисоб меравад. Ривоҷ доштан ва ё анъанана будани як амалро дар ҷомеа эътиқод муайян меноманд. Пас дар натиҷаи ин таърифи эътиқод ба мо маълум мегардад, ки аксарияти ҷашну маросиме, ки қонунгузорӣ манъ намуд, онҳо тўли солҳои зиёд дар зиндагии ҷомеаи мо як амали роиҷ буданд.
Вобаста ба муҳимияти ин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҳадафи асосии қабули он ҳифзи арзишҳои ахлоқию динӣ ва таърихию фарҳангии халқи тоҷик аст, Пешвои миллат чунин ибрози андеша кардаанд: “Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард”.
Маврид ба зикр аст, ки зарурати қабули "қонуни танзим" танҳо ба хотири арҷгузоштан ба арзишҳои миллию динӣ, ҳифзи мероси ниёгон, роҳ надодан ба исрофкорию хурофотпарастӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба миён омадааст. Чун шумораи зиёди аҳолии кишварро пайравони дини Ислом ташкил медиҳанд, чунин хурофотпарастию исрофкориҳо дар каломи Раббонию аҳодиси набавӣ ба таври қатъӣ манъ карда шудааст. Аз ҷумла, "Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати (яъне, либос) худро бигиред ва бихўреду биошомед ва исроф макунед, ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дўст намедорад" (Сураи Аъроф: 31); "Ва ба соҳиби қаробат ҳаққи вайро бидеҳ ва (низ) ба дарвеш ва роҳгузар ва исроф макун исроф карданӣ. Ба дурустӣ, ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст" (Сураи Исро: 26-27); "Ва исроф макунед, ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дўст надорад" (Сураи Анъом: 141); "Ва ононанд, ки чун ҳаҷ кунанд, исроф нанамоянд ва бухл наварзанд, балки миёни ин ду ҷониб мӯътадил бошанд" (Сураи Фурқон: 67). Амали зишту номатлуб будани исрофкорию зиёдаравӣ дар ҳадисҳои Паёмбари ислом низ ишора шудааст. "Исроф фақру тангдастӣ меоварад", "Дар исроф ва зиёдаравӣ хайре нест ва дар корҳои хайр исроф нест", "Офати саховатмандӣ исроф аст", "Касе, ки дар зиндагиаш сарфакор бошад, Худо ўро рўзӣ медиҳад ва касе, ки исроф ва зиёдаравӣ кунад, маҳрумаш мекунад". Ҳамчунин сарфу харҷи зиёдатӣ тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ манъ карда шудааст.
Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки қонуни мазкур як қатор ҷашни анъанаву маросими бегонаи динниро аз байн бурд ва фарҳанги софу миллиро дар худ нигоҳ дошт. Инчунин қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои вазифаи асосии худ, яъне барои баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии мардум нақши асосӣ ва ҳалкунанда бозид.
Илҳом Қурбоншоев н.и.ф и.в мудири шуъбаи масалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Тоҷикистони навин бо дарёфти истиқлолият равобиташро бо ҳамаи кишварҳо оғоз кард. Ҳамин тариқ, бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созандааш онро тақвият бахшид. Барои рушд ва тавсияи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат доштани Истиқлолият ва таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ ба шумор меравад. Барои тақвият ва таҳким бахшидан ҳамаи онон талош менамоянд, то ки ба мақсади асосии худ ноил гарданд. Дар ин масир ҳар яке аз кишварҳо барномаҳои афзалиятноки худро ба таври ду ҷониба, сеҷониба ё муштарак анҷом дода, амалӣ месозанд.
Дар ин зимн, муносибатҳои дипломатӣ байни ҳамсоякишварҳо ба хусус Тоҷикистон ва Чин мавриди бештари ҳар ду кишвар қарор гирифта, санаи 4 январи 1992 равобит ба таври расмӣ барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолиятро оғоз намуданд.
Ҳамин тариқ, бо муаррифи гардидани сафирони якдигар ин равобит тақвият ёфта, соли ҷорӣ барои барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Чин беш аз 30 сол пур мешавад. Ҳар ду кишвар чун шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва бисёрҷониба бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Аз даврони нахустин истиқлолият то ба имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023 барои беҳтар шудани фаъолиятҳои стратегӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари расмӣ намудаанд.
Ҳамин тариқ, роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2023 бо сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд. Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Дар аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993 ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор гирифта, заминаҳо дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя гузошт. Моҳи августи соли 2017, зимни сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо натиҷагирӣ аз ҷараёни сафар ва санадҳои баимзорасида, сатҳи ҳамкориҳо то шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуд.
Бо чунин рафту омади роҳбарони ҳар ду кишвар, моҳи августи соли 2023 ҳайати нави Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаласаи умумичинии намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шуд.
Ҳамин тавр, 20-23 августи соли 2023 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Чин доир гардида, робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ғанисозии муҳтавои муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстонаю шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бештар тақвият ёфт. Зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар механизми машваратҳои сиёсӣ хело хуб ба роҳ монда шуда, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 200 ҳуҷҷатҳоро ба имзо расониданд. Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 чун санадҳои асосӣ таҳия шуда, пазируфта шуданд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар муҳим арзёбӣ шуда, Чин аз калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.
Гардиши савдо дар тӯли беш аз 30 соли равобит бо суръати баланд рушд ёфта, соли 2022 он 1 210 млн. долларро ташкил медод, ки нисбат ба соли 2021-ум 370,7 млн. доллар ё 44,2 фоиз зиёдтар мебошад. Ҳамин тариқ, дар соли 2023, дар раддабандии сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чин дар ҷои 2-юм қарор гирифта, ҳиссаи Чин 20,7 фоиз буд.
Ин ҷо бояд ишора кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи се даҳсолаи охирро дар роҳи рушди робитаҳои Тоҷикистону Чин ва то сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баровардани онҳо муҳим шуморида, татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла “Як камарбанд - як роҳ”-ро созгор ба манфиатҳои ҷонибҳо арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, дар муқовимат бар зидди терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа миёни ҳар ду кишвари ҳамсоя роҳандозӣ шуданд.
Таври маълум аст, робитаҳои фарҳангӣ миёни ин ду кишвар низ хеле муҳим арзёбӣ шуда, воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ нақши асосӣ мебозад. Дар замони муосир техника ва технологияи телевизионӣ дар ҷаҳон ба хусус кишвари Чин хеле тараққӣ ёфтааст.
Истгоҳи Радио ва Телевизиони Пекин (BRTV), қаблан Шабакаи Медиа Шабакаи Пекин (BMN), як шабакаи телевизионии ҳукумати Чин аст. Он аз Пекин пахш шуда, бо забони чинӣ дастрас аст. Пахшҳо дар Пекин тавассути AM, FM, кабели FM, радиои рақамӣ, телевизиони рақамӣ ва онлайн мебошанд.
Шабакаи медиаи Пекин 16 майи соли 1979 таъсис ёфта, Чин, Осиё ва Амрикои Шимолиро фаро мегирад. Телевизиони марказии Чин аз соли 1958 то 1978 дар пахши хабару маълумотҳо нақш бозида, телевизиони Пекин ном дошт.
Тибқи баррасиҳо синамои Чин, саноати филмсозӣва синамоии қитъаи Чин дар якҷоягӣбо синамои Ҳонконг ва синамои Тайван фаъолиятро ба роҳ монда, рушд кардаанд.
Ин ҷо бояд таъкид кард, ки санъати синамо дар Чин дар соли 1896 муаррифӣшуда, аввалин филми чинӣ бо номи "Кӯҳи Динҷун" соли 1905 ба навор гирифта шуд. Дар даҳсолаҳои аввал саноати синамо дар маркази шаҳри Шанхай фаъол буда, солҳои 1920-ум студияҳои хурд ва филмҳои тиҷоратӣ бартарӣдоштанд. Нахустин филми садоии «Sing-Song Girl Girl Red Peony» бо истифода аз технологияи садо дар диск соли 1931 дар ин кишвар сохта шуд. Ҳамин тариқ, солҳои 1930, ки аввалин «давраи тиллоӣ»-и синамои Чин ҳисобида мешуд, пайдоиши ҳаракати кинематографӣмушоҳида гардид. Ҷунбиши нави ҳуҷҷатӣдар вақтҳои охир бо филмсозии D-Generation мувофиқат карда, аксари филмҳои мустанад бо нархи арзон ва мустақилона дар формати рақамӣба навор гирифта мешаванд. «Карамай»-и Сю Син (2010), «Бегемот»-и Чжао Лян, «Бемории Хуан Вейкай» (2009), «Шаҳри арвоҳи Чжао Даёнг» (2009), Ду Хайбин 1428 (2009), «Фолбин»-и Сю Тонг (2009) ва Ли Тапе (201) дар формати рақамӣ таҳия шудаанд. Ҳама ин филмҳо дар саҳнаи ҳуҷҷатии байналмилалӣ таъсири худро гузоштанд.
Дар Чин санъати кино ва телевизион ба як идораи пуршукуҳи тараққикардаи таблиғотӣ табдил ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар шабакаҳои телевизионӣ фаъолият доранд, ки бештарашон аз ҳаёти иҷтимоии мардум барномаҳо таҳия намуда, мутахассисони касбӣ дар марказҳои миллии омӯзиши касбҳои гуногун, аз қабили намоишноманавис, продюссер, коргардон, наворбардор, коргардони овоз, танзимгарону дизайнерон кору фаъолият мекунанд.
Бо пешрафту ташаккули раванди ҳамгироии пахши рақамӣ ва ҷаҳонишавии иттилоот шабакаҳои телевизионӣ ба дуртарин минтақаҳои ҷаҳон мавҷ фиристонда, аҳолии оламро аз рӯйдодҳои сиёсию фарҳангии худ бохабар месозанд. Ҳамин тавр, ҳар сол рушди телевизион ва синамо дар Чин дида мешаваду дар ҷаҳон шӯҳрат пайдо карда, мақоми худро касб менамояд.Чунин пешрафту дастовардҳои навини технологии Чинро метавон хуб омӯхта, истифода кард.
Инҷо бояд ишора кард, ки соли 1956 аввалин маротиба бинои “Телевизиони Тоҷикистон” ва маркази техникӣ бунёд гардида, фаъолиятшро оғоз кард. Дертар соли 1959 корҳои сохтмонӣ бо васли таҷҳизоти техникӣ мавриди истифода қарор гирифта, барномаи аввалини он 3-и октябри соли 1959 пахш гардид.
Ҳамин тариқ, хуб мешуд, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар соҳаи санъати кино ва рушди барномаҳои телевизиониву радиоӣ бо кишварҳои пешрафта аз ҷумла Чин хубтар ба роҳ монда шуда, имкониятҳои хуб барои таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад. Зеро ин замина барои муаррифии маконҳои саёҳатии кишварҳо бештар фароҳам оварда, рушди иқтисоду тиҷоратро миёни онҳо меафзояд.
Мавриди зикр аст, ки 3 август соли 2023 дар шаҳри Душанбе чорабинии “Мавсими намоишгоҳҳои хориҷии филмҳо ва драмаҳои телевизионии барҷаста дар Пекин” баргузор шуд, ки нигорандаи сатрҳо низ иштирок намуда, ҷанбаҳои гуногуни онро мавриди баррасии илмӣ қарор доданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони вазирати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон ва синамогарону ҳунармандон, коршиносону муҳаққиқони Тоҷикистону Чин иштирок ва сӯханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки табодули филму фестивалҳо ба ширкати мутахассисони соҳа аз дастовардҳои асосии ҳамкориҳо миёнаи ин кишвари ҳамсояву дӯст маҳсуб ёфта, заминаҳоро барои рушди дипломатияи фарҳангӣ ба вуҷуд меорад.
Таҷрибаи ғании Чин дар истифодаи ҳамаи намудҳои технология хусусан, соҳаи истеҳсоли коркарди филм пешрафта буда, густариши табодули дуҷониба ва таҷриба дар тақвияти ҳамкороиҳо кӯмак расонида, рушди тиҷорату иқтисоди минтақаро инъикос дода, заминаи некӯаҳолиро бештару беҳтар мекунад.
Ҳамин тариқ, бояд қайд намуд, ки ин ҳама оғози як тарҳи бузург дар соҳаи фарҳанг арзёбӣ гардида, назари коршиносону мутахассисон мавриди табодул қарор гирифта, пайваста чораҳо андешида мешавад.
Дар ин зимн, лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ ва фаромантиқавӣ аз қабили “Як камарбанд, як роҳ” хело муҳим буда, рушди дипломатияи мардумиро тақвият мебахшад.
Инро метавон чун лоиҳаи бузурги башардӯстона пазируфта, зинаву заминаҳоро дар истифодаи дурусти технологияи муосир бо таҷрибаҳои кишварҳо фароҳам хоҳад овард. Ин ҳама талошу ташаббусҳо барои он зарур аст, ки сокинони ҳар ду кишвар бо анъанахои халқии якдигар бештар шинос намуда, фарҳангҳои якдигарро эҳтиром карда, барои осудаву ором умр ба сар бурдан манфиат мебошад.
Хулоса, Тоҷикистону Чин метавонанд бо амалисозии он ҳамкориро ба роҳ монда, пайваста табодули андешаҳои созанда намуда, фестивал ва филму рафту омадро миёни мардумони якдигар бештар таҳияву ташкил карда, тиҷорату иқтисод ва туризмро рушд диҳанд. Дар ин зимн, ворид шудани кишварҳои минтақа хусусан Покистону Ҳиндустону Эрон ба Созмони ҳамкории Шанхай ва Машварати Ҳамкорӣ ва Тадбирҳои Боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар эҷоди ҳамгироии энергетикиву саноатии кишварҳои минтақа ва коҳиш додани нигарониҳову муноқишаҳо миёни онҳо шароит хело муносибу муфид мебошад.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи "Як камарбанд - як роҳ" ташаббуси аслии на танҳо Чин, балки кишварҳои дигар барои густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷониба дар арсаи фарҳанг аст. Инро метавон чунин арзёбӣ кард, ки сармояи асоси кишварҳо аз ганҷҳоеанд, ки лоиҳаи мазкурро маблағгузорӣ карда, равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро таҳким мебахшанд. Бо амалисозии он дар табодули иқтисодии кишварҳо афзоиш ёфта,эҳёи корвони«Роҳи абрешим» ва табодули фарҳангу тамаддуни таърихии он тавсеа меёбад. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои гуногуни афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноат беш аз пеш густариш меёбад. Дар ин замина ширкатҳои хусусии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо корхонаҳо ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурда дошта, табодули таҷориб миёни онҳо сурат мегирад. Дар ин зимн, мулоқоти роҳбарони ҳар ду кишвар дар ҳошияи ҷаласаи сарони СҲШ дар Қазоқистон ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаро дар рушди дипломатияи ҳусни ҳамҷаворӣ фароҳам оварда, рафту омадро миёни мардуми кишварҳо беҳтар хоҳад кард.
Дар ниҳоят бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳаммияти хосса дода, равобиташро бо ҳамсоякишварҳо муҳим шуморида, бо мактаби сулҳофаринии худ онро пайваста дар риштаи дӯстиву ҳамсоягӣ барои беҳбудии зиндагии мардумони якдигар ба роҳ мемонад. Ҳамин тариқ, кишварҳои минтақа бо истифода аз таҳкиму арҷгузорӣ, ҳимояту адолат, муколамаву муросои лозимаба ибораи дигар ТАҲАММУЛ чун сутуни устувор дар ҳифзи сулҳу субот, афзоиши иқтисоду тиҷорат ва саноату саёҳат баҳри рушди ҳамкории дӯстона миёни ҳамдигар рушду нуму бахшида, ҳамгироиро байни Тоҷикистону Чин устувор хоҳад намуд.
Мирсаид Раҳмонов ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
(Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30.05.2024)
Ҳадафи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё , ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он , масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ натиҷаҳои кори олимонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда , барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ҳамзамон дар мулоқоти мазкур қайд карда шуд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ ва инчунин донишгоҳу донишкада бунёд карданд, ки ин раванд таъсири худро дар рушди илму маърифат дар кишвар расонид ва хонандагони ин муассисаҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳурияви ва байналмилали ҷойҳои намоёнро ишғол намуданашон боиси ифтихор ва сарфарозии миллат аст.
Имрӯз дар кишвар 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5% -и онҳо доктори илм( аз ин 146 нафар ё 16% занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти оли кишвар беш аз 12000 омӯзгор фаъолият менамоянд қайд карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зиёда аз 5500 нафар, яъне 45%-и онҳо дорои дараҷаи илмӣ мебошанд.
Мо ҷавонон бояд илму дониш омӯзем, забонҳои хориҷиро аз худ кунем, шогирд тарбия намоем, наврасону ҷавононамонро соҳибмаърифат ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардонем, ки онҳо дар оянда муҳтоҷи дигарон нашаванд.
Имрӯз замоне расидааст, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, давлатдории миллии худ ва манфиатҳои давлату миллатамонро ҳимоя намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувори давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем.- дастур доданд Пешвои миллат.
Бардошт аз мулоқоти Президент бо зиёиён барои ҳар омӯзгор , муҳақиқ, дурнамои фаъолияти омӯзгори ва пажӯҳишро муайян намуда , барои иҷрои касби пуршарафу пурмасъулият ҳидоят менамояд.
Комрон Бобоев- ходими илми шуъбаи
илми тадқиқоти ва хизматрасонии техникии
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Бо назардошти аҳаммияти бузурги геосиёсӣ, геоиқтисодӣ, геофарҳангӣ ва геостратегӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави минтақаи Осиёи Марказӣ нақши меҳварӣ дорад.
Дар шароити шаклгирии тартиботи нави муносибатҳои байналмилалӣ ва тамоюли шиддатёбии равандҳои геосиёсӣ ва геофарҳангии муосир ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маълум мегардад, ки Чин ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ асосан як ҳадафи умумии стратегӣ доранд, ки ин ҳам рушди устувори иқтисодиёт, шукуфоӣ ва ҳамкориҳои дӯстонаву боэътимод миёни давлатҳо мебошад.
Аз ин рӯ, зарурати тавсеаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва густариши муколамаи сиёсӣ, фарҳангӣ, табодули илмӣ, наздикии ҷуғрофӣ ва ҳамбастагии иқтисодӣ ба манфиати ҳамкорӣ, рушди устувор, эҷоди ҷомеаи мусоид барои манфиатҳои тарафайн арзёбӣ мегардад. Дар ин замина, Чин истифодаи моделҳои нави ҳамкориро дар қаламрави АвруОсиё ва кӯшиши муштаракро барои ташаккули “Камарбанди иқтисодии роҳи Абрешим” даъват намуда, як чанд тадбири заруриро амалӣ менамояд:
Якум, таҳкими ҳамкориҳои сиёсии давлатҳо бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди кишварҳои минтақавӣ;
Дуюм, суръатбахшии сохтмони шабакаи ягонаи роҳ, ки ба ташкили хатсайри нақлиётӣ аз Уқёнуси Ором то баҳри Балтика имкон медиҳад;
Сеюм,таҳкими равобити тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ тавассути таҳияи нақшаи рафъи монеаҳои гуногун бо мақсади баланд бардоштани суръат ва сифати амалиёти иқтисодӣ дар минтақа;
Чорум, тавсеа додани истифодаи пули миллӣ дар ҳисоби амалиёти ҷорӣ ва сармоявӣ, ки хароҷоти нақдро коҳиш диҳад, системаи молиявии кишварро аз хатарҳо муҳофизат намояд ва рақобатпазирии иқтисоди минтақаро баланд бардорад;
Панҷум, таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ, мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии халқҳо бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаи иҷтимоӣ барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ[1].
Вуруд ба мавзуъ:
Тоҷикистон кишвари калидӣ дар масири “Камарбанд ва роҳ” ба ҳисоб рафта, яке аз аввалинҳо ибтикори мазкурро дастгирӣ намудааст. Ташаббуси Чин дар ҷавҳарихуд таъсиси модели нави ҳамкории байналмилалӣ тавассути такмилу таҳкими механизмҳои мавҷуда, инчунин ҷустуҷӯ ва татбиқи механизмҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии кишварҳои қаламрави онро фаро мегирад.
Аслан, бунёди “Камарбанд ва роҳ” як тадбири муҳимест, ки Тоҷикистон барои татбиқи тарҳҳои нави ҳамкориҳои хориҷӣ дар шароитҳои нави таърихӣ онро хуб пазируфта ҷонибдори ҳамкориҳои судманди мутақобила мебошад[2].
Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ бо Чин, хусусан дар доираи “Камарбанд ва роҳ” дар қаринаи равандҳои геофарҳангии муосир метавонад робитаҳои судманди иқтисодиву фарҳангиро устувор гардонад. Зеро, тақвияти чунин ҳамкориҳо, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат менамоянд.
Албатта, рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар кишвар аз татбиқи ҳадафҳои стратегии он вобастагии зич дорад, Аз ин рӯ, ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон дақиқ муайян гардида, соҳаҳои иқтисодӣ, аз қабили энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро дар бар мегиранд. Омили дигар чунин буда метавонад, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Чин дар доираи “Камарбанд ва роҳ” ҳадафҳои стратегии худро бо матлаб ва масъалаҳои лоиҳа дар ҳамоҳанг карда, ҳамкориҳои минтақавиро фаъолона тавсеа ва густариш мебахшад. Ҳар ду мамлакат аз рӯи масъалаҳое, ки ба манфиатҳои асосии онҳо рабт доранд, ҳамкорӣ менамоянд.
Бо ин назардошт, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак, ки бояд хислати мутақобилан судовар дошта бошанд, метавонад механизмҳои наздикшавии ҷонибҳоро фароҳам оварад ва ҳамзамон дар таҳкими суботи минтақавӣ, устувории сулҳу таҳаммулпазирӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамчунин эҳтироми арзишҳои маънавию фарҳангии тарафайн мусоидат намоянд.
Ашуров Ардамеҳр, - ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Адабиёти истифодашуда:
1. Чин ва Осиёи Марказӣ. сатҳи нави ҳамкориҳо.https://mo.tnu.tj/tj/chin-va-osijoi-markaz-sat-i-navi-amkori-o/(санаи муроҷиат: 28.06.30)
2. Тоҷикистон ва Хитой дар 30 соли робитаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ https://osiyoavrupo.tj/index.php/tg/post/to-ikiston-va-hitoy-dar-30-soli-robita-oi-sies-va-diplomat. (Санаи муроҷиат 15.06.2024).
Хиёнат, фиребу макр, норостӣ, бевафоӣ, бедиёнатӣ, ноустуворӣ, дағалӣ, туҳмат ва ғ. аз амалкардҳои манфии инсонӣ буда, агар он аз ҷониби шахсе сар занад, бегумон ӯро хоин, хиёнаткор, бадгумон, аҳдшикан, туҳматгар ва… гӯянду аз афроди манфури ҷамъияташ шуморанд. Дар ин ниҳод, пеш аз ҳама, характерҳои баду зишт алайҳи некию некӯкорӣ дида мешавад. Ба таъбири дигар, осудагию оромии фарде ё ҷомеаеро халалдор сохтан, сохтаҳои ҳадафмандонаро сӯхтан, будаҳоро нобуд кардан, ба ҳақ ноҳақиро раво дидан, ба сафедӣ хати бутлони сиёҳӣ кашидан андар хиёнат рӯ менамояд. Вақте дар вуҷуди инсон хиёнат қомат меафрозад, хиёнатгар қудрату тавон мегирад, кӯшиш менамояд, ки аз амали хурди разилона ба корҳои бузургтар панҷа занад, то ба ҳадде, ки баҳри ҷоҳу молу манол ба қудрати сиёсати вақт ҳамлаи нодурбинона кунад, байни ҷомеа иғво ангезад, ба осудагию оромӣ такони манфӣ диҳад, барои манфиати фардӣ даст ба корҳои ношоиста занад.
Дар баробари паҳлуҳои пасту баланди зиндагии одамӣ хиёнат низ паҳлуҳои мутааддиде дорад. Дар ин росто хиёнат ба ойила, хиёнат ба наздикону дӯстон, хиёнат ба раванди рости корҳо, хиёнат ба моли мардум ва ҷамъият, хиёнат ба ватан, баъзан аз нодонӣ хиёнат ба волидайн ва… аз хиёнатҳое мебошанд, ки дар навбати аввал хеле кӯчак ба назар расанд ҳам, дар ниҳоди худ басо ангезаҳои нохуше доранд.
Вақте ба ба саҳифаҳои адабиёту фарҳанги дури дурамон назар меандозем, мебинем, ки дар ҷомеаи ҳамаи давру замонҳо ин амалу падидаи номатлуб реша доштаву маҳкум карда шуда, мағлуб ҷамъбаст гардидааст, то инсонҳоро ҳушдор диҳад ва эшон аз ин роҳи бад канораҷӯйӣ намоянд. Агар ҷиддан ба саҳфаҳои ин адабиёти ғанӣ мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки дар кӯлбори ҳар суханвари тавонои он доир ба хиёнату хиёнаткорӣ ва паҳлуҳои дурушти он ишорае, андешае, мулоҳизае ва дар ин замина хулосаҳои ибратбахше мавҷуданд, ки то ба имрӯз қимати тарбиявии худро гум накардаанду омӯзандаанд.
Ҳанӯз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба хиёнату хиёнаткорӣ дар порчаҳои боқимондаи достони «Синдбоднома»-и худ манзараеро, ки зане ба мард хиёнат мекунад, ин тавр тасвир кардааст:
Он гурунҷу он шакар бардошт пок
В-андар он дастор он зан баст хок.
Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,
Пас фаларзангаш ба даст-андар ниҳод.
Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,
Кард занро бонгу гуфташ: -Ай палид!...
Маатаассуф оғоз ва фароварди ҳикоят то замони мо нарасидааст, то донем, ки ин зани хиёнатгар чӣ зане буда ва чаро ин хиёнатро бар он мард раво дида!
Аз нигоҳи суханварони адабиёти форсии тоҷикӣ хиёнату хиёнаткрорӣ, ки дар байни афроди ҷомеа рух медиҳад, аксар бо дастдарозӣ намудан ба дороии мардум ва ҷомеа амалӣ мешавад. Фирдавсии бузург ба ин маънӣ мегӯяд:
Ба чизи касон даст ёзад касе,
Ки баҳра надорад зи дониш басе.
Ҳамин маънӣ дар як ҳикояти «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ чунин омадааст:
«Корвонеро дар замини Юнон бизаданд (яъне, дуздон) ва неъмати беқиёс бибурданд. Бозаргон гиряву зорӣ карданд ва ба Худову Пайғамбар(с) шафеъ оварданд, фоида набуд…
Луқмони ҳаким андар он корвон буд, яке гуфташ аз корвониён: -Магар инонро насиҳат кунӣ, то тарафе аз моли мо даст бидоранд, ки дареғ бошад, ки чандин неъмат, ки зоеъ шавад?
Гуфт: -Дареғи калимаи ҳикмат бошад бо эшон гуфтан:
Оҳанеро, ки мӯриёна бихӯрд,
Натавон бурд аз ӯ ба сайқал занг.
Бо сияҳдил чӣ суд гуфтан вазъ,
Наравад мехи оҳанин дар санг!»
Бале, ҷавоби Луқмони ҳаким ба суолкунанда бамаврид аст, зеро оне, ки хиёнат дар тору пудаш танидааст, тарбият кардану ба роҳи рости инсонӣ даровардан ғайриимкон мебошад. Магар чунин хиёнаткорон имрӯз каманд!
Саъдии Шерозӣ ин бардошти худ аз зиндагиро тақвият дода, гуфтааст:
Аз раъият касе, ки мол рабуд,
Гил зи пай баргирифту бом андуд!
Яъне, хиёнатгару ғоратгари моли мардум ба мақсад нахоҳад расид.
Боз аз Саъдии бузургвор аст, ки гӯяд:
Ҳар кӣ хиёнат варзад, дасташ аз ҳисоб диларзад!
Ва ё дар ҳикмати халқ омадааст, ки:
«Хиёнатгар саломат намемонад».
Вақте ба достонҳои «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ рӯй меорем, мебинем, ки шоири ҳаким дар ин бора бетараф нест. Вай борҳо хиёнату хиёнаткориро салоҳи ахлоқи ҳамидаи одамӣ надониста, фарҷоми бад доштани онро таъкид меенамояд ва мегӯяд:
Аз хиёнатгарист бадномӣ
В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.
Дар ин маврид аз офаридаҳои Низомии Ганҷавӣ танҳо ҳикояти «Хайр ва Шар»-ро ба ёд меорем, ки хиёнати Шарри дар аввал дӯст ба Хайр чӣ рӯзҳои мудҳишеро бор овард. Дар охир Хайр аз гуноҳи азими Шар гузашта бошад ҳам, вале шоҳиди воқеа - марди курд бо теғ сари Шарро аз тан ҷудо менамояд, то чунинҳоро дарси ибрат шавад. Аз ин рӯ, суханвари дигари тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ ба хоин ҳамнишин буданро салоҳ надонистааст:
Зи хоин дур бош, ай дӯст, ҳамвор,
Ки хоинро набошад дил ба як бор!
Яке аз масъалаҳои муҳимми ҳамаи давру замонҳо, ки рӯзгори мо низ аз он истисно нест, ин дар давлатдорӣ хиёнат накардани зердастон ба шоҳу ҳокимони худ аст, новобаста ба он ки ҳукмраво дар чӣ появу дар кадом мақом аст. Ба ин маънӣ, дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба зиддиятҳоне дучор меоем, ки аз хиёнат сар задаанд. Ба ёд меорем хиёнате, ки солорони лашкари Суҳроб ба Суҳроб раво диданду оқибати он бо фоҷеаи мудҳиш анҷомид. Бале, кӯшиш рафт, ки писарро бо падар шинос нанамоянду бояд яке аз байн равад, то ду қувва якҷо шуда ҷаҳонгир нагарданд.
Бо макру хиёнати зани навбатии Ковусшоҳ Судоба- духтари шоҳи Ҳомоварон Сиёвуш - писари Ковусшоҳ ба рӯзҳои сахт рӯ ба рӯ шуда, ниҳоят бо ҳилаву найранги Афросиёб ва атрофиёнаш ба фоҷеа дучор ва бераҳмона кушта мешавад.
Дар баробари он ки Рустами Дастон ба шоҳ Ковус ва ҳамватанонаш ҷоннисор аст, боз ҳам шоҳ ба ҷаҳонпаҳлавон хиёнат мекунад. Сифати пастию нокасӣ, бераҳмию бемурувватӣ ва носипосии Ковусшоҳ нисбат ба Рустам дар пайғоми «Нӯшдору хостани Рустам аз Ковус» аз забони сипаҳдор Гударзи Кашвод ҷолибу мушаххас ва ҳақиқӣ ҷамъбаст шудааст. Магар чунин рафтор ба ҷаҳонпаҳлавони кишвар хиёнат нест. Албатта Рустами Дастон аз ин рафтори ношоистаи шоҳ меранҷад, вале ватандор, ки ҳаст, бо ватан мемонад ва бештар аз пештар дар ҳимояи марзу буми ватан аст. Кушта шудани Рустами Дастон аз дасти Шағод яке аз мудҳиштарин хиёнатҳои бародар ба дародар дар саҳифаҳои «Шоҳнома» ба шумор меравад. Дар ин саҳна магар Шағод ба муроди дили худ расид. Ҳаргиз!
Дар «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ низ ба ин амали номатлуб андешаҳои падари Гаршосп омӯзандаанд. Вай пеш аз он ки Гаршоспро ба хидмати Заҳҳокшоҳи золим гусел намояд, ба писари паҳлавонаш чанд панди судманд медиҳад, ки асоситарини он ҳамоно чун зердаст хиёнат накардан ба шоҳи замон аст. Агар зердаст ба шоҳ ва хазинаи мамлакат хиёнат намояд, он ба костагии ахлоқи ҷомеа ва шикасти кишвар оварда мерасонад. Хӯшаро ҳам агар шоҳ хонанд, ба он бояд итоат кард, -мегӯяд падари Гаршосп.
Баъди Фирдавсиву Асадии Тӯсӣ ва Низомию Саъдӣ ҳам дар адабиёти ғановатманди мо, вобаста ба муҳтавои ин ё он асар, бо ин мавзӯъ метавон хеле зиёд дучор омад, монанди осори Саноии Ғазнавӣ, достонҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ, офаридаҳои манзуми Шайх Аттори Нишопурӣ, «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, асарҳои пурмуҳтавои Абдурраҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Зайниддини Восифӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳои дигар. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳамаи давру замонҳо ин амали номатлуб ва разилона боиси бисёр бадбахтиҳо ва фоҷеаҳо мешудааст.
Вазнинтарин ва нобахшидатарин хиёнат ин хиёнат кардан ба халқу ватан ва миллат мебошад, ки чунинҳоро Ҳаким Фирдавсӣ ҷасурона носазо гуфтааст. Доир ба амали хиёнату хиёнаткорони малъун дур намеравем ва ба қарни ХХ нигоҳ мекунем, зеро назираш дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 хеле равшан мушоҳида шудаасту бо мисолҳои мушаххас дар кутуби таърих ба адабиёти бадеии суханварони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мунъакис ёфтааст. Он вақт ватани шӯравӣ ватани мо ҳам буд ва таърих инро аз саҳифаи худ ҳеч вақт сутурда наметавонад. Акнун, ки кишвари мо бо талошҳои чандинасра ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони асил ва мардуми сарбаландаш ба соҳибистиқлолӣ расидаасту ватани озод дорем, мебояд ба қадри ин озодӣ бирасем ва ҷавонмардона аз халқу ватану миллатамон пуштбонӣ намоем, парчами кишварамонро болои сарҳо ҳамеша парафшон бинем. Дар ин сӣ соли охир баробари достовардҳои бесобиқа дидаем, ки дастаҳои муноқишакор, афроди ба аҷнабиён фурӯхташуда, ашхоси ҷоҳталаб, баъзан роҳгумзадагон ва ғ. ба сари мардумамон чӣ сахтиҳо ва ба ватанамон чӣ хисоротҳое овардаанд. Ба онҳое, ки барои мансабу ҷоҳ ва молу манол ба сулҳу салоҳ ва ягонагиву ваҳдати ватанамон хиёнатро раво медоранд, оштинопазир бошем, гумраҳон ва манфиатҷӯёнро пайваста маҳкум намоем ва ғ. Дар ин ҷода ҷавонон бояд зиракии фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсии худро ҳамеша нигоҳ дошта, ба иғво ва таблиғоти афрод ва гурӯҳҳое, ки дар хоирҷ аз кишвар истода ҷониби ватани худ санг мезананд, дода нашаванд. Бешак ин гунна афрод фурӯхташуда ва иҷрокунандаи барномаҳо ва супоришҳои хоҷагони хориҷии худанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд пайваста дар ҳифзи ватану халқу миллат бошанд, зеро меваи баъди турктозиҳои қарнҳо бо душвориҳои зиёд ба соҳибистиқлолӣ ва озодӣ расиданамонро барои ҳамешагии ватану миллату халқ бурдборона ва содиқона муҳофизат намоянд.
Ниҳоят гуфтаниям, ки:
Шунидастам зи мардони диловар,
Хиёнатгар набошад фарди бовар!
Алии Муҳаммади Хуросони, адабиётшинос, мудири шуъбаи матншиносии Маркази мероси хаттии АМИТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони кишвар баён доштанд, ки: “... вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд...” гузашта аз он, Сарвари давлат вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки “...ҷиҳати дарёфти маблағҳои зарурӣ барои тақвияти корҳои таҳқиқотиву геологӣ ва мушаххассозии захираҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд”.
Дар Паёми имсола ва мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки геология яке аз соҳаҳои муҳими имрӯзи иқтисодиёт маҳсуб мешавад, ки дар рушд ва пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми беандоза калонро дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чанд санади муҳимро низ ба тавсиб расонидааст, ки ояндаи рушди соҳаи геологияро муайян менамоянд. Имрӯз сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ва барномаву стратегияи давлатӣ дар соҳаи геология бозгӯйи онанд, ки дар Тоҷикистон кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар соҳаи геологияи канданиҳои фоиданок намерасанд. Ва аз ин лиҳоз, сатҳи омӯзишу иктишофи конҳо ва баҳодиҳии захираи онҳо дар сатҳи бояду шояд қарор надорад. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 309 аз 6 – уми январи соли 2022 оид ба эълом доштани солҳои 2022-2026 - "Солҳои рушди саноат”, Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 -уми ноябри соли 2015 таҳти рақами 728 оид ба "Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва баҳодиҳии захираҳои металлҳои камёфту нодир барои солҳои 2016-2026" ва зумра дигар фармону қарорҳои Ҳукумати кишвар худ аз зумраи он дастурҳоеанд, ки кормандони соҳаро водор месозанд то дар ин самт ҳарчи бештар кӯшиш намоянд, ки зуҳуроту конҳои нав ба навро мавриди омӯзиш ва ошкор қарор диҳанду баҳри истихроҷу истифода манзури корхонаҳои саноатии кишвар гардонанд.
Воқеан, Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ буда, дар қаъри кӯҳҳои хамӯши мо захираи хело бузурги канданиҳои гуногуни фоиданок маҳфузанд. Баҳри омӯзишу дарёфти ин захираҳо имрӯзҳо мо - мутахассисони соҳа ва олимонро зарур аст, ки пурмаҳсул заҳмат кашем. Ба ин васила, дар амалӣ гардидани кулли барномаву стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ин самтҳо саҳми худро гузошта тавонем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии ҳадафҳои стратегии худ ба Вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ ҳамасола маблағҳои заруриро дастрас менамояд, ки то мо тавонем дар ҷустуҷӯву ошкор ва иктишофи конҳои нав ба нави канданиҳои фоиданоки сарзаминамон босамар заҳмат кашем.
Пешрафту рушди ҳар як соҳаи муҳими иқтисодиёти кишвар аз мавҷудияти миқдори басандаи кадрҳои баландихтисоси илми ва дар навбати худ кадрҳои баландихтисос, хусусан кадрҳои илмӣ, аз ҷалбу тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа сахт марбут аст. Дар самти омода намудану рӯйи кор овардани кадрҳои чавони балндихтисосу маҳаллӣ дар соҳаи геологияи кишвар воқеан ҳам, мушкилот ҷой доранд. Зеро, имрӯз мо мебинем, ки дар корхонаву муассисоти илмиву истеҳсолии геологии кишвар норасоии чунин мутахассисон ба чашм мерасад. Бо назардошти рушди босуръати соҳаи истихроҷи конҳои канданиҳои маъаднии сахт, афзоиши бомарому ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, кушода шудани корхонаву ширкатҳои зиёди истихроҷи маъдан ҳам бо сармояи ватанӣ ва ҳам хориҷиён ин масоил хусусан дар самти мутахасисони омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок нигаронкунанда мебошад. Хусусан, ин вазъият дар корхонаву ташкилотҳои истеҳсолиии соҳавие, ки ба омӯзишу истихроҷ кардани канданиҳои маъданӣ машғуланд, баръало эҳсос мешаванд. Чӣ дар факултаи геологияи ДМТ ва чӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ва чӣ дар дигар муассисоти таълимӣ, ки дар ҳоли имрӯз баҳри тайёр кардани кадрҳои ҷавони маҳаллӣ барои истеҳсолоту муассисоти илмӣ фаъолият менамоянд, сафи олимони варзидаву устодони тавоно ва кордону соҳибкасби илмӣ, ки тавонанд дар ин самт саҳмгузор бошанд, хело ангуштшуморанд.
Дар ин ҷо мехостем перомуни чанд нуқтаи муҳим, ки аз Паёмҳои Сарвари кишвар дар самти рушди соҳаи геология бармеояд, иброз дорем, ки дар ҳалли масоили ҷойдошта заруранд ва дар сурати ҳалли пурраи худро ёфтани ин паҳлуҳои масоил мо метавонем бо боварии комил дар хусуси ба даст овардани истиқлолияти комили иҷтисоди кишвар дар самти геология сухан ронем.
Донишҷӯёни курсҳои поёнии ихтисосҳои геологии кулли муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ солҳои пешин таҷрибаомӯзиҳои таълими худро пурра дар мавзеъҳои саҳроии таҷрибавӣ-таълимӣ мутобиқ ба нақшаи таълимӣ доир менамуданд. Хусусан, донишҷӯёни курсҳои поёнии факултаи геологияи ДМТ ин таҷрибаомӯзиҳоро дар мавзеъи Зиддии ноҳияи Варзоб мегузарониданд, ки то 2 моҳ (барои донишҷӯёни курсҳои 2-юм) давом мекарданд. Имрӯз муҳлати баргузории чунин таҷрибаомӯзиҳо хело кӯтоҳ карда шудаанд ва ҳеҷ як донишҷӯ наметавонад, ки дар ин 2 ҳафта барномаҳои таълимии таҷрибаомӯзиҳоро (чунин таҷрибаомӯзиҳо на кам аз 4-тоанд) аз худ намояд. Аз ин рӯ, ба андешаи мо зарур аст, ки:
- ба таҷрибаомӯзиҳо таҷдиди назар карда, мӯҳлати пурраи баргузории онҳоро барқарор намоем ва онро дар пойгоҳҳои таълимӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монем. Баҳри гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо мутахассисони болаёқату соҳибтаҷрибаро аз корхонаву муассисоти геологӣ ҷалб намоем.
-таҷдиди назар кардани ҳама барномаҳои таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ ва мутобиқати онҳо ба самтҳои асосии фаъолияти корхонаву муассисоти соҳавӣ.
Солҳои қаблӣ донишҷӯёни курсҳои болоӣ (3-4) таҷрибаомӯзиҳои истеҳсоливу пешаздипломии худро бевосита дар корхонаву муасиссоти илмӣ-истеҳсолии соҳавии чӣ ватаниву чӣ хориҷ аз кишвар (хосса, Русия) доир менамуданд. Аз ин рӯ, ин ҷо моро мебояд, ки:
-таҷрибаомӯзии истеҳсоливу пешаздипломии бакалаврону магистрҳоро бевосита дар чунин корхонаҳои истеҳсоливу илмӣ ба роҳ монем;
-сарварони ин корхонаву ташкилотҳо муваззаф карда шаванд, ки ҳангоми баргузории корҳои саҳроӣ-экспедитсионӣ ҷалби ҳатмии ин донишҷӯён-таҷрибаомӯзонро ба роҳ монда, рафти онро пурра таҳти назорат қарор дода, дар давраи баргузории чунин корҳо эшонро аз ҷиҳати моддӣ-молиявӣ дастгирӣ намоянд;
- ба ин васила, донишомӯзон метавонанд соҳиби таҷрибаи бойу ғанӣ ва ҳам соҳиби маблағи муайяне гарданд;
-дар ин муҳлат имконият пайдо мегардад, ки таҷрибаомӯзонро ба ҳайси 0.5 ҳисса чун техник ва техник-геолог ба кор қабул намоянд;
Солҳои пеш баҳри донишҷӯёни ихтисоси “Геология ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок” як зумра устодони болаёқату соҳибкасб ва соҳибунвон дар хондани дарсҳои лексиониву гузаронидани дарсҳои амалӣ ҷалб карда мешуданд. Ҳоло дар факултаи геологияи ДМТ, ки махзани асосии тайёр намудани кадрҳо дар ин самти геология маҳсуб мешавад, чунин устодон камшуморанд. Ғайр аз чанд нафаре, ки дар ин самт малакаи хуби дарсдиҳӣ доранд, боқӣ устодонеанд, ки соҳиби таҷрибаи бой нестанд. Ғайр аз он, дар самти мазкур теъдоди адабиёту китобҳои дарсӣ (хусусан, бо забони давлатӣ) хело ночизанд. Аз ин рӯ, ин самт як таккони ҷиддиеро тоқазо дорад. Ҳатто аз баъзе фанҳои асосии ихтисосӣ адабиёту китобҳои дарсӣ умуман вуҷуд надоранд ва агар вуҷуд дошта бошанд, ҳам ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нестанд. Аз ин чост, ки моро лозим аст:
-дар хондани лектсияҳо ба донишҷӯёни ин соҳа ҷалби мутахассисони баландпояи соҳавиро аз корхонаву муасиссоти истеҳсоливу илмии кишвар ба роҳ монем, то ҷавонони маҳаллӣ аз таҷрибаи бойи чунин устодон-мутахассисон дониши назариявии хешро тақвият бахшанд;
-устодону мутахассисони соҳибкасбу ботаҷрибаро баҳри иншову таҳияи китобҳои дарсиву дастурамалҳо ҷалб намоем;
-лоақал он матни лектсияҳоро, ки устодон аз рӯйи онҳо сабақ медиҳанд, ба таври чопӣ дар сайтҳои интернетӣ ҷой додан зарур аст, то ҳама донишҷӯён тавонанд, ки аз онҳо ба таври васеъ истифода намоян
Зеро, ҳеҷ як устод наметавонад, ки ба таври пурра ва бояду шояд мӯҳтавои асосии матни лексияи худро дар чанд соате, ки ҷудо карда шудааст, ба донишҷӯйпешкаш кунад.
Ҳамин нуктаро бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон имрӯз баҳри тайёр намудани мутахассисини ҷавон ба кадрҳои баландихтисоси илмӣ ниёз дорад.
Имрӯзҳо дар соҳаҳои мухталифи геология, хоса, геологияи канданиҳои фоиданок ҷавонони маҳаллӣ пурмаҳсул фаъолият карда истодаанд. Миёни эшон номзадони илм низ ҳастанд. Лек, барои рӯйи кор овардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ - докторони илм, ки тавонанд чун мушовири илмӣ барои ҷавонон раҳбалад бошанду эшонро ба соҳаи илм раҳнамун созанд, дар ҳоли имрӯз дар кишвар намерасанд. Ин ҳолат низ шигифтангез ва дарднок аст, баҳри илми геологияи тоҷик!
Ва маҳз аз ин сабаб, дар самти мазкури соҳаи геология тайи 50 сол аст, ки касе рисолаи доктории худро ҳимоя нанамудааст. Гузашта аз он, маҳз бо ин сабаб, дар Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ фаъолият надорад. Бинобар ин, мо зарур медонем, ки:
-ташкили Шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯйи ихтисоссоти “Геологияи ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок” ва “Минералогия ва кристаллография” тақозои замон буда, метавонад дар рушди соҳаи геология пешравиеро ба амал орад.
Хушбахтона, соли ҷорӣ роҳбарияти КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми хуберо пиёда намудаст, то ҳимояҳои якдафъаинаи рисолаҳои докториро дар ин самт ба роҳ монад. Ва мо метавонем, дар сурати ба таври бояду шояд ба роҳ мондани чунин иқдом сафи докторони илмро дар самти геологияи канданиҳои фоиданок афзун намуда, дар ташкили Шуроҳои диссертатсионӣ дар ин самт то ҷое мушарраф гардем. Дар сурати амалӣ гардидани ин иқдомот имконияти васеъ пайдо мегардад, то 2-3 доктори илмро дар ин самт рӯйи кор орем.
Пешниҳоди ташкил ва роҳандозии як Донишкадаи алоҳидаи соҳавӣ – Донишкадаи илмҳои геологӣ дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ дар айни замон қобили қабул медонем. Ва инро ҳатто метавон дар назди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ташкил дод.
Дар ин маврид, донишҷӯён метавонанд, ки ҳам таҳсили худро давом диҳанд ва ҳам аз таҷрибаи бойи мутахассисини корхонаҳои истеҳсоливу илмии соҳа васеъ истифода баранд. Ғайр аз он, донишҷӯён метавонанд, ки аз пояи илмӣ ва таҷҳизоти лаборатории муассисаву корхонаҳо баҳравар гардида, дониши назариявиву амалии худро ғанӣ гардонанд. Ин ҷо бояд зикр намоем, ки чунин таҷрибаро ҷумҳурии бародарии Узбекистон ҳанӯз 4 сол қабл амалӣ намуда буданд, ки натиҷаҳои хело хубу назаррасро ба даст овардаанд. Мо, ки тайи чандин бор ба Донишгоҳи илмҳои геологии Кумитаи саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар пояи чаҳор Институт – Институти геология ва геофизика, Институти нафту газ, Институти ашёҳои минералӣ ва Институти гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ташкил карда шудааст, сафар намуда будем ва худ огаҳ гаштем, ки ин иқдом натиҷаҳои хубро ба бор овардааст. Он ҷо донишҷӯён дар як вақт ҳам таҳсили илм мекунанду ҳам аз истифодаи таҷҳизоти замонавии лабораторӣ баҳравар мегарданд ва ҳам метавонанд ба ҳайси 0.5 ҳисса дар ин муассисот фаъолияти илмии худро пеш баранд. Ва ҷолиби диққат он аст, ки донишҷӯён метавонанд ҳангоми корҳои саҳроӣ-экспедитсионӣ дар ҳайати гурӯҳҳо экспедитсияҳои геологии ин муассисот ба мавзеъҳои корӣ сафарбар карда шаванд. Ба ин минвол, таҷрибаомӯзон метавонанд, ки бевосита дар амалияи корҳои саҳроӣ ба сохти геологии маҳал ошноии бештар пайдо намуда. Дар гузаронидани корҳои саҳроии геологӣ таҷрибаи кофӣ ба даст оранд.
Мо, ходимони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, кормандони соҳаҳои мухталифи истеҳсолии геологияи кишвар ва устодони Донишгоҳу Донишкадаҳо ва коллеҷҳои соҳавиро имрӯз зарур аст, ки дар пиёда намудани сиёсати кунунии давлат, хоса дар самти амалӣ намудани Барномаҳову Стратегияҳои давлатӣ дар самти омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданоки сарзаминамон ва хоса, дар аз худ намудани захираҳои металлҳои камёфту нодир ва элементҳои радиоактивӣ паҳлӯи ҳам истода, кадрҳои баландихтиссоси маҳаллиеро рӯйи кор орем, ки воқеан ҳам ҷавобгӯйи талаботи кунунии иқтисоди кишвар бошанд.
Фарҳод Ғафурзода, - мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси ИГСЗТ ва С- и АМИТ, И.в. сарходими илмӣ, доктори илмҳои геология ва минералогия
Фирӯз Малахов, - сардори КВДҶ Экспедитсияи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои геология ва минералогия
Зи дониш беҳ андар ҷаҳон ҳеҷ нест
Тавре аз таърих маълум аст, солҳои ҳафтодуми асри сипаригашта, давраи авҷи рушд, тараққӣ ва парастиши илм буданд.
Муаллим пурифтихортарин касб ба шумор мерафт.
Ӯ боқадртарин шахсияти ҷомеа, аз ҳама бологузар ва дар ҳифзи арзишҳои ҷомеаву сохти давлатдорӣ саҳмгузор буд. Кӯшиш мекард, ки аз одам инсон ва аз инсон шахсият созад.
Асоси таълимоти муаллим ва мактабро илм ташкил мекард.
Сухани муаллим вазн дошт. Зеро он саршор аз таҳлили таҷрибаи инсонӣ, назарияе, ки дар амал бо мисолу далелҳо тасдиқ шудааст, иборат буд.
Роҳ ёфтани назарияи носанҷида, барои зиндагии одӣ ва заминӣ нодаркор ва ба пешрафти маънавиёт ва рушди ҷомеа носозгор, ба мактаб ғайриимкон ба шумор мерафт.
Ба фикрам, ҳамин шароит буд, ки мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, ба қавли таърихшинос ва этнографи дақиқкор Е.К. Мейендорфф (1795 – 1863), тавре дар асараш «Сафар аз Оренбург ба Бухоро» менависад, ҳаштод дарсади мардуми ин минтақа, ки хондану навиштан наметавонистанд, соҳиби хатту савод шуданд.
Акнун аз байни фарзандони коргару деҳқон, дорову нодор, олимони барҷаста, шоирон, нависандагон, ходимони давлатӣ ба камол расиданд.
Муаллимон дар Донишгоҳи Кӯлоб, аз рӯзҳои аввал, кӯшиш мекарданд, ба мо муҳассилин фарқи илмро аз дониш фаҳмонанд.
Ба ифодаи муаллими адабиёти тоҷик Ёралӣ Содиқов, илм гуфта, маҷмуи донишҳоеро меноманд, ки қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофи ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккурро меомӯзад. Ин донишҳо дар натиҷаи таҷрибаи инсонӣ тасдиқ гаштаанд ва ба беҳбудии зиндагии одамон нигаронида шудаанд.
Муаллимон, ҳар кадом дар доираи мавзуи худ, таъкид менамуданд, ки на ҳама донистанҳо илм аст. Ва баръакс, ҳамаи илмҳо донишро ташкил мекунанд.
Барои мисол, афсонаву ривояту қиссаву достонҳо ва он чизе, ки дар фазо ва вақт дар шакли тахайюли идеявӣ ва бадеӣ арзи ҳастӣ мекунанд, манзалати дарки воқеияти ҳастиро дар шаклҳои гуногун муаррифӣ менамоянд, тасаввурот ва навъи ҷаҳонбинӣ мебошанд. Ҳаққи зиндагӣ кардан доранд. Аммо онҳо илм нестанд.
Илм бояд ба саволи «Барои чӣ?» ҷавоб дошта бошад. Ҳақиқати воқеӣ – табиат, ҷамъият ва тафаккурро бо хосиятҳо, муносибатҳо ва қонунмандиҳои пайдоиш, тағйирот, инкишоф тафсир ва исбот карда тавонад. Омили рушди инсонӣ гардад. Ба ниёзҳои рӯзмарраи судманди инсонӣ нигаронида шуда бошад. Рӯзгори одамонро осон намояд.
Адабиёти бадеӣ дар доираи донистанҳо ва тафсири воқеияти ҳастӣ бо роҳ ва услуби махсус, талаботи рӯзмарраи иҷтимоӣ метавонад барои инсоният хизмати бузург анҷом диҳад.
Ёралӣ Содиқов аз муаллимони донишманд, ҳамзамон, сахтгири мо буд. Ӯ аз фанни адабиёт дарс мегуфт. Ҳам лексия мехонд ва ҳам семинар мегузаронд. Дарсҳои ӯ хеле ҷолиб ва шавқовар мегузаштанд. Ҳангоми таҳлили илмӣ-бадеӣ маълум буд, ки Содиқов методҳои тадқиқи адабӣ, назарияи адабиёт, услубшиносӣ, санъатҳои бадеӣ ва хусусан, морфологияву синтаксисро ба навъи аъло медонад. Аз ҳамин лиҳоз, машғулиятҳоро шавқовар доир мекард. Аммо донишҷӯйҳо аз ӯ ибо мекарданд. Мегуфтанд, ки баҳо гирифтан аз Ё. Содиқов кори саҳл нест. Усулияти баҳогузории муаллим иборат аз он буд, ки мегуфт:
– Хоҳед, ки донишгоҳ бо соҳибдипломҳои корноомад беобрӯ гардад, ба донишҷӯ баҳое гузоред, ки ба дараҷаи донишҳои ӯ мувофиқат намекунад.
Тибқи барномаи таълимӣ, дар нимсолаи дуюми курси дуюм, ҳамаамон аз адабиёт кори курсӣ – аввалин кори илмӣ менавиштем.
Хотирнишон бояд кард, барномаҳои таълимии донишгоҳ аз фанҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт, таърих ва фалсафа тарзе тартиб дода ва амалӣ мешуданд, ки аллакай, донишҷӯ эҳсоси ботинии кӯшиши «дар илм чизе гуфтан» пайдо мекард.
Ҳамин тариқ, дар кафедраи адабиёт номгӯйи мавзуъҳо барои интихоб ва навиштани корҳои курсӣ, ному насаби муаллим – роҳбари кори илмӣ пешниҳод мешуд.
Ман барои худ каме дертар мавзуъ интихоб карданӣ будам. Чун мавзуъҳои осон аз муаллимони «хуб», мисле ки талошак мешуда бошад, дар рӯзи аввал тақсим мешуданд, мушкилтарин мавзуъҳо бо «мушкилтарин» муаллимҳо мемонд.
Ба кафедраи адабиёт омадам. Рӯйхати мавзуъҳои корҳои курсиро дидам. Аллакай, ҳамаи донишҷӯён мавзуъҳояшонро интихоб карда буданд. Ҳамагӣ чанд мавзуъ аз баъзе муаллимон боқӣ монда буду халос.
Дар ин миён, аз ҳафт мавзуи пешниҳодкардаи муаллим Ёралӣ Содиқов ягон донишҷӯ номгӯе интихоб накарда буд.
Донишҷӯёни курсҳои боло курсҳои поёниро таъкид мекарданд, ки зинҳор аз муаллим Содиқов кори курсӣ нагиранд, зеро ҳимояи он мушкил хоҳад буд. Муаллим ниҳоят сахтгир аст. Барои навиштани кори курсӣ камаш панҷоҳ китоби илмии марбут ба мавзуъро бояд хонӣ. Онро дар майнаат хуб муҳокимаву гирдгардон кунӣ. Фақат аз рӯйи хулосаи онҳо бояд кори курсӣ нависӣ.
Ростӣ, ман муаллим Ёралӣ Содиқовро ниҳоят эҳтиром мекардам. Ба ӯ эътиқод доштам. Ӯ бо тайёрии хуб ба дарс меомад. Тарзе ишора шуд, машғулиятҳоро дар дараҷаи баланди илмӣ, хеле ҷолиб ва хотирмон мегузаронд.
Муҳокимарониҳояш ғайриодӣ, пурмуҳтаво ва мантиқӣ буданд. Агар дар доираи мавзуъҳои адабӣ гап занад, назарияҳои илмии вобаста ба мақсади дарсро тавассути методҳои тадқиқот бо мисолҳо хуб тафсир мекард.
Як хислати ҷолиби диққат ва ба фикри ман, барои муаллим зарури Ё. Содиқов аз он иборат буд, ки хусусиятҳои руҳӣ, равонӣ, характер, маънавиёт ва тавони мафкураи илмии донишҷӯёнро ҷиддан меомӯхт. Медонист ва тибқи он рафтор мекард.
Дар намуд як шахси одӣ, дидадаро, хушсуҳбат ва андак хушҳол менамуд. Дар омади сухан аз шӯхиву мутоиба ҳам истиҳола намекард. Ин хислат дарсҳои ӯро хотирмон, заминӣ ва боз ҳам ҷолибтар мегардонданд. Аммо дар асл, муаллим ниҳоят ҷиддӣ, серталаб, сахтгир ва нисбат ба донишҷӯёни танбалу бепарво комилан бераҳм буд.
Аз мавзуъҳои пешниҳодкардаи муаллим Ё. Содиқов, барои ман «Таҳлили ғоявӣ ва услубии повести фантастикии Абдумалик Баҳорӣ «Сунбула» писанд омад. Ному насаби худро дар баробари он навиштам.
Рӯзи дигар пеши муаллим Содиқов рафтам.
Ӯ маро хуш пазируфт. Рӯйхати басандаи адабиёти илмиро пешниҳод намуд. Ғайричашмдошт ба хонааш таклиф кард.
Муаллим як духонагии «хрушёвӣ»-и хурд доштааст. Ба ин нигоҳ накарда, як хонаашро ба пуррагӣ китобхона кардааст. Аммо фаҳмидагӣ барин, аввал ӯ маро ба хоначаи майдаи хӯрокпазӣ даъват кард. Дар он ҷо дастурхон партофтагӣ, чой дам кардагӣ бо ду нон, се дона себу як хӯша ангур.
Тухмшӯрборо завҷаи муаллим дар табақ бардошта овард. Бо муаллим нонро дукаса реза карда, хеле бомазза тановул кардем.
– Ҳо, ошно, наволаатро катта-катта ва бо дили пур бигир. Мо вақте бо донишҷӯён ба деҳаи Ориёни шумо ба пахтачинӣ мерафтем, падарат чандин маротиба мо муаллимонро ба хӯрдани мурғшӯрбо даъват карда буд. Қарз ба қиёмат намонад гуфта, ман туро барои хӯрдани тухмшӯрбои ҳамон мурғҳо даъват кардаам, – гуфт муаллим табассуми гуворое карда.
Ман аз ин илтифоти муаллим шод шудам. Аммо омадани муаллим Содиқовро ба хонаамон ба ёд оварда натавонистам. Як зарбулмасали падарам ба хотирам омад, ки дар тафсири кадом воқеаи нек ё бад гуфта буд:
– Бачам, «иззат ҳам қарз асту изо ҳам». Ин ҳикматро набояд одам фаромӯш кунад.
Баъд муаллим маро бо китобхонааш шинос кард. Аз он ҷо ду брошюраро интихоб намуда, ба ман дод. Яке аз онҳо китоби Г. Рузавин «Методы научного исследования», дигараш асари Е. Воронтсов «Фантастика как предмет литературного исследования» буданд.
Ман китобҳоро аз дасти муаллим норозиёна, бо дили нохоҳам гирифтам. Муаллим ин авзои маро гӯё эҳсос карда бошад, ки:
– Бе омӯхтани ин асарҳо навиштани кори курсӣ имкон надорад, – гуфт, ба ман нигоҳи ҷиддӣ карда.
– Муаллим, ман чунин адабиёти илмиро бо забони русӣ бори аввал мебинам. Хонам ҳам, намефаҳмам, – софдилона иқрор шудам ман.
– Додар, – гуфт муаллим, – ҳар оғоз мушкил аст. Аммо инсон набояд аз он тарсад. Забондонӣ ва илм заҳмат талаб мекунад. «Дар илм роҳи рости ҳамвор вуҷуд надорад. Ва фақат касе ба қуллаҳои дурахшандаи он баромада метавонад, ки аз хастагӣ нотарсида, ба пайраҳаҳои пурпечутоби сангини он часпида барояд».
Агар нафаҳмӣ ҳам, ҳар як китобро дар танҳоӣ панҷ бор бо овоз, мисли наттоқон хон. Фақат ҷойҳои фаҳмидагиатро дар як дафтар кӯтоҳнавис кун. Ҷойе, ки завқи фаҳмишат боло гирифт, луғат истифода бар. Ту, аллакай, дарсҳои муқаддимаи забоншиносӣ, муқаддимаи адабиётшиносӣ, асосҳои фалсафа ва монанди инҳоро хонда, имтиҳон ҳам супоридаӣ. Яъне бо ҳуҷҷат тасдиқ кардаӣ, ки он илмҳо моли туанд. «Ҳақиқат наметавонад муқобили ҳақиқат бошад». Донишҳои илмӣ хосияти ҳамашумулӣ доранд, умумианд. Якдигарро тафсир мекунанд. Ин ду китобе, ки ман ба ту додам, давоми он илмҳост. Ҳамзамон, дониста бош, ки китобҳо китобҳоро тавлид мекунанд. Ва чунин натиҷагириҳо бояд илмро ҳадди ақал, заррае пеш барад. Муаммоҳоеро тафсир намояд, шарҳ диҳад, ки барои одамизод судманд оянд. Сухани Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ «Гирд карданду гиромӣ доштанд, То ба санг андар ҳаме бингоштанд» маънои ҷамъкунӣ – аккумулятсияи донишҳои инсониро дорад. Таъиноти он бошад, равшансозии роҳи ояндаи одамизод аст.
Мавзуе, ки ту интихоб кардӣ, аз рӯйи муҳтаво ва мантиқи илмӣ ҳамин маъниро дорад. Ин китобҳо ба ту методологияи тадқиқотро нишон медиҳанд.
Ин суханҳоро муаллим Ё. Содиқов устодона, бо қотеият гуфт. Ман ғайр аз ҳақ шуморидан ва иҷро кардани ин супоришот чораи дигар надоштам. Бори дигар фаҳмидам, ки барои чӣ донишҷӯён аз гирифтани корҳои курсӣ аз чунин устод худдорӣ мекардаанд.
Аммо дар ҳар сурат, аз тақдир ва аз чунин муаллими сахтгир сидқан розӣ будам.
Муаллим як ба чеҳраи ман ва як ба китобҳо нигариста, як моҳ муҳлати гузориши «омодагии назариявӣ»-ро барои тартиб додани нақшаи кори курсӣ дод.
Дар шабеҳи ин лаҳза, ҷумлаи дар таҳлили грамматикӣ машҳури устод Садриддин Айниро ёдоварӣ кардан мумкин аст: «Падарам барои ин кор ба ман як каландча харида дод ва ман ба кор сар кардам».
Давоми якуним моҳ, иловатан, ин ду китоб ва повести «Сунбула»-и Абдумалик Баҳориро то тавонистам, шабонарӯзӣ хондам. Ба қавле «қориазёд» кардам. Назди муаллим омадам. Ӯ тибқи таъкиди донишҷӯёни «огоҳ ва дониста», суҳбатро аз «садсавол»-и худ сар кард.
Аз маҷмуи саволу ҷавоби дусоата дарк карда натавонистам, ки муаллим аз натиҷаи он қаноатманд аст ё норозӣ.
Ман бо гирифтани кори курсӣ ба сифатҳои шахсии муаллим Ё. Содиқов боз ҳам бештар зеҳн мемондагӣ шудам.
Медидам, ки ӯ доим бо риши пок тарошида, мӯйи сиёҳи бисёр нозук ба самти рост шонакарда, куртаи сафеди покиза ва бодиққат дарзмолгашта, шими сиёҳи гӯё ҳаргиз қатнохӯрда, як навъ корманди хадамоти махсусро мемонд.
Даме ягон сухани шӯхиомезро дар маъниву мантиқ тар карда ҳам, ки мегуфт, тез авзои ҷиддӣ мегирифт ва мақсади худро ба ҳамсуҳбат, махсусан, бо шогирдон мефаҳмонид.
Ҳангоме муаллим ба ман суол медод ва ҷавобро бодиққат гӯш мекард, ҳамзамон, ба дафтари ман ҳам гоҳ-гоҳе нигоҳ мекард, ки ман муҳимтарин қисмати хондагиҳоямро навиштаам ё не. Ман қариб ба онҳо нигоҳ накарда, гап мезадам.
Дар охир, муаллим Содиқов дар бораи предмет ва объекти тадқиқот аз ман пурсид. Ман гӯё посухи дурусти китобӣ дода бошам. Ӯ вокунише ба ҷавоби ман нишон надода, таъкид кард:
– Додарам, дониста бош, ки ширкаткунандагони тадқиқоти илмӣ се қисматанд: субъект, объект ва методи тадқиқ. Илова бар ин, ҷузъиёти муҳими тадқиқотро предмет ё ҳадафи мушаххасгардонидашудаи мавзуи илмӣ меноманд. Агар бо ҳамин се, ҷамъи ду — ирода ва ҷаҳду кӯшиш илова шавад, ҳадафи илмӣ ба даст меояд.
Ба муаллим хуш меомад, вақте ман ҳар як сухани ӯро дар дафтари худ бо ду ранги ручкаи ситинаи донишҷӯӣ, дар вобастагӣ ба таносуби мавзуъ ва мантиқ менавиштам. Ин замон эҳсос менамудам, ки ӯ боз ҳам бо ҷиддият ва масъулияти бештар сухан мегӯяд. Ҳар ҷумлааш китобӣ ва мисли қоидаи имло садо медод.
Чунин муносибат на шаклӣ ва на барои гирифтани баҳо буд. Аз лиҳози ботинӣ ҳам, ман як умр одамонеро, ки ба касби худ эҳтиром мегузоштанд, донишҳои хуби тахассусмандӣ доштанд, дар иҷрои масъулияти ба зиммаашон гузошташуда содиқият нишон медоданд, хосса ҳурмат мекардам. Мехостам, заррае ҳам бошад, аз онҳо омӯзам. Имкон даст диҳад, ба онҳо монанд бошам.
Солҳо гузаштанд. Дар умри худ бо одамони касбу кори гуногун, аз ҷумла, номзадҳо, докторҳои илм ва академикҳо ҳам вохӯрдам. Аммо то ҳол тааҷҷуби ман аз он кам нашудааст, чӣ гуна ин муаллимони ҷавон ва беунвони Донишгоҳи музофотии Кӯлоб, дар суҳбат бо донишҷӯёни одӣ, бо нутқи саршор аз категория, дефинитсия, қонунмандиҳо, истилоҳот ва иқтибосоти илмӣ сухан мегуфтанд. Ҳангоми фаҳмонидани ин мафҳумҳо аз завқ чашмонашон мисли барқ медурахшид. Мехостанд, бо тамоми ҳастӣ донишу малакаи худро дар мағзи донишҷӯёне, ки фардо ҳамагӣ муаллими мактаби ибтидоӣ ё миёна мешаванд, ҷой кунанд. Онҳоро фаҳмонанд. Аз онҳо мутахассис тарбия намоянд.
Дар муддати ду моҳи дигар ман кори курсиамро бо роҳбарии муаллим Ёралӣ Содиқов навиштам. Ҳимоя кардам.
Муҳимтарин сабақе, ки ман дар ҷараёни навиштани он аз худ кардам, методологияи ибтидоии эҷоди кори илмӣ буд.
Баъдтар, аз фанни адабиёт кори курсии охиронро дар мавзуи «Калимаҳои арабӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» навиштам. Роҳбари илмӣ муаллими ҷавон Саидқул Сабзаевро интихоб кардам.
Хулосаи илмии кори курсии ман ҳақиқати ҳамашумул буд: Фирдавсӣ тавассути иншо кардани шоҳасари безаволи худ на танҳо миллати падардор, соҳибтамаддун, фарҳангӣ, таърихӣ ва асрҳо соҳибдавлат будани тоҷиконро исбот кардааст. Гузашта аз ин, ба аҷнабиёни ғосиб собит намудааст, ки дар натиҷаи таҷрибаи чандҳазорсолаи таърихӣ, ҷараён ва такмили муносибатҳои ҷамъиятӣ баробари ноил гаштан ба сарватҳои бузурги моддӣ ва маънавӣ, ифодаҳои мантиқии ҳамсони тамаддунӣ тавлид кардааст. Ин дастовард забони бузурги муқтадири ӯст.
Ҳамин тариқ, дар «Шоҳнома»-и нуҳҷилдаи Фирдавсӣ калимаҳое, ки шаклан, бо аломатҳои морфологӣ ҳам шабоҳат ба забони арабӣ доранд, аз лиҳози этимологӣ суханҳои аслии забони тоҷикӣ мебошанд. Онҳо дар тӯли сайри таърихӣ ба забони арабӣ ворид гашта, баъдан бозгашт ба решаи худ пайвастаанд.
Мусаллам аст, ки Фирдавсии тимсоли қаҳрамонони асари безаволи худ, исбот кардааст, забони тоҷикӣ маҳсули таърихии маънавиёти халқест, ки тавассути ин муҳимтарин абзори муоширати баниодам тамоми рӯйдодҳои табиат, ҷамъият ва тафаккурро қудрати ифода кардан дорад.
Ҳамин тариқ, муаллимони мактаби олӣ нуқтагузори тафаккури илмӣ дар масири пурпечутоб ва беохири дарки воқеияти зиндагӣ барои насли ҷавон – ояндаи миллат ва давлатдории миллӣ мебошанд.
С. Ятимов, узви вобастаи АМИТ