Якшаба он ранҷ, ки Модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Рӯзи Модар як ҷашни вижаест, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба хотири гиромидошти модар таҷлил мешавад. Ин рӯз бо рамзи муҳаббат, эҳтиром ва сипос ба онҳое, ки ҳаёт мебахшанд, ба мо ғамхорӣ мекунанд ва дар рӯзҳои душвор ҳамеша дар бари мо ҳастанд. Фарҳангҳо ва анъанаҳои гуногун метавонанд рӯзи Модаронро дар санаҳои гуногун таҷлил кунанд, аммо моҳият як хел боқӣмемонад.
Рӯзи модарон дар кишварҳои гуногун ба таври гуногун ҷашн гирифта мешавад. Дар баъзе ҷойҳо рӯзест, ки кӯдакон ба модаронашон гул, тӯҳфа медиҳанд, ва дар ҷойҳои дигар бошад таомҳои махсус омода карда дастархони оилавӣ ороста мешавад. Муҳим он аст, ки дар ин рӯз одамон кӯшиш кунанд, ки ба модарони худ вақт ҷудо кунанд ва ба онҳо муҳаббат ва ғамхории худро нишон диҳанд.
Рӯзи Модар на танҳо ид, балки имкони андеша кардан дар бораи нақши модар дар ҳаёти ҳар як инсон аст. Модар аввалин муаллимест, ки ба мо дар фаҳмидани дунёи гирду атрофи мо кӯмак мекунад, арзишҳо ва эътиқоди моро ташаккул медиҳад. Бинобар, ин рӯз ба мо аҳамияти робитаҳои оилавӣва зарурати ғамхорӣдар бораи наздиконамонро хотиррасон мекунад. Рӯзи Модар ҷашнест, ки одамонро ба ҳам меорад ва ба мо хотиррасон мекунад, ки модарон дар ҳаёти мо то чӣандоза муҳиманд. Ҳукумати кишвар бо таъкиди Пешвои миллат аз мақому ҷойгоҳи занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ диққати махсус медиҳад. Яке аз чунин дастгириҳо ин ба таҳсил фаро гирифтани бонувону духтарон аст, ки ҳамасола ба онҳо квотаи президентӣ ҷудо карда мешавад. Занони соҳиби донишу малака дар ташаккули оянда чи дар сатҳи оила ва чи дар сатҳи давлат нақши муҳим доранд. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки занони босавод чӣ гуна ба ҷомеа таъсир мерасонанд ва манфиатҳо меорад. Занони донишманд дар тарбияи фарзандон ҳиссаи калон мегузоранд. Онҳо метавонанд донишу малакаро ба насли оянда интиқол диҳанд ва барои бунёди ҷомеаи босаводу масъулиятшинос мусоидат кунанд. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки кӯдакони аз ҷониби модарони босавод ба воя расидаанд, дар мактаб ва зиндагӣ бештар ба муваффақият ноил мешаванд.
Занони дорои таҳсилоти олӣ имкони бештари кор ва болоравии мансабӣ доранд. Ин на танҳо вазъи молиявии онҳоро беҳтар мегардонад, балки ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат ҳам кумакмерасонад. Занони босавод соҳибкор, роҳбар ва мутахассиси соҳаҳои гуногун мегарданд, ки боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣва болоравии рақобатпазирии иқтисодиёт мегардад.
Занони соҳибмаълумот аксар вақт иштирокчиёни фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣмегарданд. Онҳо метавонанд тавассути иштирок дар сиёсат, ҳаракатҳои иҷтимоӣва ташаббусҳои хайрия ба қабули қарорҳо таъсир расонанд. Занони дорои илм барои ҳуқуқҳои дигар занону кудакон мубориза бурда, шароити беҳтари зиндагонӣва баробарҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин мекунанд.
Занони донишманд дар бораи масъалаҳои саломатӣва некӯаҳволӣ огоҳтаранд. Онҳо дар бораи саломатии худ ва тандурустии фарзандонашон қарорҳои оқилона қабул мекунанд, ки дар натиҷа саломатии умумии аҳолӣ беҳтар мешавад. Таҳсилот инчунин бо сатҳи баланди огоҳӣ дар бораи пешгирии бемориҳо ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ алоқаманд аст.
Занони ботаҷриба дар пешрафти ҷомеа нақши асосӣ доранд. Саҳми онҳо дар соҳаи маориф, иқтисод, дигаргуниҳои иҷтимоӣва тандурустӣ бебаҳост. Дастгирӣ ва пешбурди маърифати занон, ин маблағгузорӣ ба оянда аст, ки на танҳо ба шахсони алоҳида, балки тамоми ҷомеа ҳам нафъ мебахшад. Барои бартараф намудани монеаҳое, ки барои гирифтани таҳсил халал мерасонанд ва барои дар ҳаёт бомуваффақият татбиқ намудани онҳо шароит муҳайё кардан зарур аст. Дар хотир бояд дошт, ки меҳри модар неъмати бебаҳост, ки онро ҳар рӯз қадр кардан лозим аст, на танҳо дар рӯзи идона.
Аз фурсати муносиб истифода бурда,ба тамоми Модарони азизу ғамхори Ватан ин рӯзро аз самими қалб табрик гуфта, барояшон сиҳативу сарбаланди орзумандам.
Махмедов Муҳаммадҷон, - ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз замонҳои қадим ҷомеа ба таъсири ахлоқии занон такя мекард. Ин аст, ки дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Зан - модар олиҳаест, ки дар оила роҳат ба вуҷуд оварда, дар хона тартиботу тозагӣ, фазои хуб ва гармии муносибатҳои аҳли хонадонро нигоҳ медорад, инчунин фарзандонашро ба воя мерасонад, дӯст медорад ва ҳимоя мекунад. Барои хушбахтии фарзандон беҳтарин шароити зиндагиро муҳайё месозад. Зан - модар ҳар кореро, ки ба ӯҳда гирад, онро бо масъулият анҷом медиҳад. Аз ин рӯ зан - модари тоҷик шоистаи таҳсин, эҳтиром ва обрӯ дар ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ гардидааст. Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст.
Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Дар мавриди шинохтани ҳаққи падару модар ва ба ҷо овардани иззату икроми онҳо Унсуралмаолии Кайковус ба фарзанди худ чунин насиҳат мекунад: «Бидон, эй писар! Офаридгор чун хост, ки ҷаҳон обод монад, падару модарро сабаби ҳастии фарзанд кард.
Ҳамин тавр, дар ҷомеаи муосир зан будан маънои тавоно буданро дорад. Зан тамоми душвориҳо ва табъизро рафъ намуда, дорои қобилияти дарки ҳақиқат мебошад. Бояд тазаккур дод, ки зан - модар фарзандони худро дар оила ва ҷомеа ҳифз карда метавонад ва дар баробари ин бонуи хонадон буданро ҳаргиз фаромӯш намесозад.
Мусаллам аст, ки яке аз нақшҳои асосии зан ин модар будан аст. Моҳияти аслии зан дар худи табиат нуҳуфта аст. Зан дар ҳаёти ҳар як шахс дар шаклҳои гуногун нақшҳои зиёдеро мебозад. Аз лаҳзаи ба дунё омадан то охири умр нақшҳояш гуногунанд, аз ҷумла духтар, хоҳар, зан, модар ва дигар вазифаҳоро иҷро мекунад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, вазифаи асосии ӯ зан ва модар будан аст. Қувваи бузурги зан-модар ин шафқат, ҳамдардӣ, ғамхорӣ, маҳорати парвариш кардани гул, кадбонугӣ, сухани нек гуфтан ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли асрҳо зан посбони хонадон буд, дар ҳоле ки ҳама чизе, ки бо ҷаҳони беруна алоқаманд буд, мард гирифта буд. Табиист, ки ин ҳолат ба мард имкон дода буд, ки занро аз ҷиҳати мақом камтар ба эътибор гирад. Аммо дар замони пешрафту тарақиёти илму техникаву технология ва кашфиётҳои беназир вазъият ба куллӣ тағйир ёфт. Бинобар ин мақому манзалати зан дар ҷомеаи муосир комилан дигаргун шуд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки нақши зан дар ҷомеаи муосир дигар бо иҷрои вазифаҳои хонагӣ, нигоҳубини фарзандон, тарбияи онҳо маҳдуд нест.
Ҳамин тариқ, мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст. Бо дарназардошти ин, ҳар як зани тоҷик, бояд пеш аз ҳама барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, хонаву ҳавлии худ ва деҳаву ноҳияи худ кӯшиш ба харҷ диҳад. Зан - чароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ аст. Дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Мусаллам аст, ки Рӯзи Модар ба оғози фасли шукуфтанҳову муждаи эҳёи табиат фасли баҳор рост меояд. Дар ин ҳикмати табиат рамзи зебое ҳувайдост, ки аз бузургиву беҳамтоии як муқаддасот, сиришти мубораки модар фариштаи зиндагӣ ва чароғи дару дудмони ҳар яки мо дарак медиҳад. Зани тоҷик бо хиради азалию офаридгорӣ, меҳру самимият, ботамкинӣ ва иффату ахлоқи ҳамида тарбиятгару бунёдкорӣ ҷомеа мебошад.
Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,
Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.
Фасли шукуфтанҳо ва рӯзи Модар ба ҳамаи модарони рӯи дунё ҳумоюн бод!
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент.
“Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан, қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Вақте модар мегӯем ин фақат як калима нест, балки уқёнуси бекаронест аз ишқ, муҳаббат, меҳрубонӣ, самимият, садоқат, раҳмат, бахшиш, илм ва маърифат аст, ки бо тамоми вуҷуд эҳсос мекунем. Худованд ҳастии инсонҳо ва бақои аҳли башарро ба воситаи модар амалӣ менамояд.Модар мӯъҷизаи илоҳист ва танҳо мавҷудаст, ки моро қабл аз ба дунё омадан ҳамроҳӣ мекунад ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ ҳамдаму ҳамнафаси мост.
Модар ҳастиашро ба фарзанд мебахшад, ҳамеша ба ёди ӯст ва мисли гаҳвараки чашм муҳофизаташ мекунад. Дар ғаму нороҳатии ҷигарбандаш нотобу гирён мешавад ва дар шодию муваффақияти ӯ хушҳол ва ашки шодӣ мерезад. Оғӯши гарму саршор аз муҳаббати модар ҳамеша паноҳгоҳи амну бехатар барои фарзандаш мебошад.
Модар намехобад, то фарзандаш осуда бихобад, намепӯшад, то бипӯшонадаш, намехӯрад то шикамашро сер кунад, бахшиш аз гуноҳону нофармониҳояш мекунад, то ислоҳ шавад. Модар ҳамчун оҳанрубоест, ки фарзандон дар атрофи ӯ ҷамъ мешаванд ва эҳсоси танҳоию бекасӣ намекунанд. Боҳузураш муҳити хона гарму равшан ва аз набуданаш фазо дилгиру торик аст.
Паёмбари Ислом (С) бузургтарин суханро дар ситоиши модар баён намудаанд, ки кассе чунин ҷойгоҳро барои ин олиҳаиоламӣ ҳастӣ қоил нашудааст: "Биҳишт зери қадамҳои модарон аст".
Бале, мо ба шарофати модар ҳаст шудаем ва боризояти ӯ ба саодати абадӣ мерасем. Агар тамоми умр дар хидмати модар бошем, бозҳам дар пешгоҳи ӯ қарздорем ва аз ҳазор як ҳиссаи заҳматҳояшро ҷуброн накардаем.
Ҳақ ба ҷониби шоири ширинбаён Эраҷ Мирзо, ки гуфтааст:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо дуҷаҳонаш натавон баркашид.
Ба дурустӣ, модар фариштаест, ки аз ҷониби Офаридгор бидуни болу пар фиристодашудааст, то зиндагии инсониятро сару сомон бахшад ва ба дидагон нур, ба дилҳосурур, ба бозувони тавон ва ба равон оромиш ато намояд.
Бузургони ҷаҳон суханони зиёде дар васфу ситоиши модар, баён доштаанд, вале ҳамагӣ дар баробари азамати ӯ натавонистаанд ҷойгоҳималакутиашро ба риштаи тасвир кашанд. Бале қалам оҷиз аст ва тавони васфашро нахоҳад дошт.
Инсон ниёз ба тарбият дорад ва танҳо модараст, ки аз нахустинрӯзҳои ба дунё омадани тифлаш ба тарбияту ғамхории ӯ камари ҳиммат мебандад, барои расидан ба камоли инсониаш талоши хастагинопазир менамояд.
Мутаассифона, баъзе фарзандон вақте ба воя мерасанд, худро аз тарбияи модар бениёз медонанд ва дар натиҷа дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳгуммезананд ва аз осоишу лаззати зиндагӣ маҳруммемонанд. Бино бар ин морозарураст, ки дар зиндагӣ ба қадруманзалати ин ҳадяи илоҳӣ бирасем, ҳамеша дар канораш бошем вахудро комил созем.
Барҳақ дуои модар ба даргоҳиилоҳӣпазируфтанист ва саодату хушбахтии мо дар гарави ризояти ӯства байте аз ашъори Лоиқ Шералӣ хотимабахши ин навиштор хоҳадбуд.
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳукушоиш орад, дасти дуои модар.
Нуруллозода Ҳангомаи Мирзошариф - докторанти - PhD соли 3-уми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ
Мавқеи зан-модар дар таърих ва фарҳанги тоҷику форс мақоми шоиста дорад. Дар осори олимони тоҷик зан-модар мақоми хосса дошта, ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо ва нигаҳдорандаи фарҳанг, ҳурфу одат тасвир шудааст. Боиси хушнуди аст, ки дар сиёсати имрӯзаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи таҳкими ҳуқуқҳои занон ва боло бурдани нақши онҳо ҷойгоҳи муҳим дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунад, ки зан – модар офарандаи ҳаёт ва сарчашмаи меҳру муҳаббат буда, давлат таъмин кардани ҳуқуқу манфиатҳои занонро ҳамчун самти афзалиятнок пеш мебарад
Маврид ба ёдоварист, ки бо фармони Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 Барномаи махсуси ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ва мубориза бо ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи занон қабул шуд. Соли 2001 бошад Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси ин дастур, Барномаи давлатиро таҳти унвони “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон барои солҳои 2001–2010” тасдиқ намуд.
Дар заминаи ин санадҳо баробарии ҳуқуқу имкониятҳои занону мардон ва иштироки фаъолонаи бонувон дар зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тадриҷан амалӣ мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои худ даъват мекунанд, ки нисбат ба зан – модар ҳамеша эҳтиром ва ғамхориро ба ҷо овард.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳифзи ҳуқуқи занон ҷузъи муҳими сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад. Бо ташаббуси Пешвои миллат ва ҳукумати кишвар давоми солҳои охир як силсила қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ барои боло бурдани вазъи иҷтимоиву иқтисодии занон рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла:
Қонуни ҶТ “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалисозии онҳо” (соли 2005), ки пояи ҳуқуқии сиёсати гендериро таҳким бахшид.
Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои роҳбарӣ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016, ки ҳадафаш бештар намудани шумораи роҳбарзанон дар сохторҳои давлатӣ буд. Бар асоси ин барнома ва иқдомҳои марбута, имрӯз дар сохторҳои ҳокимият шумораи муайяни занон ба вазифаҳои роҳбарӣ ҷалб шудаанд.
Ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба духтарони дурдасти ноҳияҳо хеле зиед буд, ки аз соли 1997 квотаи президентӣ ба роҳ монда шуда, ҳар сол садҳо духтари болаёқатро аз деҳот бидуни озмун ба донишгоҳҳо қабул мекунад. Ин тадбир барои дастрасии бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот, заминаи мусоид фароҳам овард.
Стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоии занон, аз қабили Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011–2020, Барномаи давлатии омода намудани мутахассисон аз ҳисоби занон барои солҳои 2012–2015 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, ки ҷиҳати баланд бардоштани шуғли занон ва ҳавасмандгардонии онҳо ба соҳибкорӣ равона шудаанд
Дар баробари ин, аз соли 2011 грантҳои Президентӣ барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон амал мекунад, ки то имрӯз садҳо бонуи ташаббускор аз он баҳра бурда, корхонаҳои хурди худро таъсис дода, кор карда истодаанд.
Татбиқи пайдарпайи ин иқдомҳо боис гашт, ки иштироки занон дар меҳнат ва иқтисодиёт бештар гардид ва имкониятҳои баробари иҷтимоиву иқтисодӣ то ҳадди зиёде амалӣ мешаванд. Масъулияти ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои барномаҳои мазкурро Кумитаи кор бо занон ва оила бар дӯш дорад. Ин сохтор ҳанӯз соли 1991 таъсис ёфта, татбиқи сиёсати пешбурди мақоми занро дар ҳамаи сатҳҳо пайгирӣ мекунад
Дар баробари ин сиёсати гендерии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ пеш бурда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба конвенсияҳои асосии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи занон (CEDAW), ҳамроҳ шуд ва ӯҳдадор гардид, ки тавсияҳои он конвенсияро иҷро намояд. Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои СММ, бахусус UN Women, UNDP ва UNFPA, барномаҳои зиёде татбиқ гаштаанд, ки аз баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии духтарону занон то лоиҳаҳои дастгирии соҳибкории занона ва пешгирии зуроварии гендерӣ. Масалан, бо дастгирии Барномаи Рушди СММ (UNDP) Тоҷикистон соли 2024 таҳсилоти ҳатмии миёнаро то синфи 11 ҷорӣ кард, то ки қатъи таҳсили духтарон пас аз синфи 9 пешгирӣ шавад. Ин тадбир махсусан барои деҳот муҳим буда, боиси идомаи таълими ҳазорҳо духтарон гардид.
Қобили зикр аст, ки дастовардҳои то имрӯз ба дастомада нишон медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар ҳақиқат самараи нек дода истодааст. Ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз занонро ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ эътироф мекунад. Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи модар, афзоиши иштироки занон дар идораи давлат, баланд шудани мақому манзалати зан дар оила аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои возеҳи ин пешравист. Хулоса, нақши Пешвои миллат дар рушди мавқеи занон калидӣ буда, мавқеи бонувони тоҷикро баданд бардоштааст.
Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 иди 8 март расман аз “Рӯзи байналхалқии занон” ба “Рӯзи модар” тағйир дода шуд. Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8 мартро ҳамчун Рӯзи Модарон ҷашн мегиранд. Ҷашнгирии расмии 8 март ҳамчун иди давлати аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Зан – Модарро эҳтиром ва ҳифз мекунанд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, аввалан модари худамро ва дар баробари модари худам тамоми модарон, занон ва бонувони тоҷик ва Тоҷикистониро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, таманно дорам, ки ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошанд.
Дороншоева Некбахт Шоқосумовна, - номзади илмҳои сиёсӣ, мудири Шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Воқеан, зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.
Эмомалӣ Раҳмон
Оре, каломи амиқу баландмазмуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ба вожаи «модар», ки аз панҷ ҳарф иборат асту ифодагари панҷ унсури таҷассумгари шахсияти беҳамтои ӯ – Меҳр, Одамӣ, Дилсӯзӣ, Адолат ва Ростӣ мебошад, тавъаманд. Аз ин ҷост, ки вақте мо калимаи муқаддасу зебои «модар»-ро ба забон меорем, тамоми вуҷудамонро эҳсоси гарму фараҳбахше фаро мегирад ва қалбамонро лабрез аз шодию сурур мегардонад. Зеро мақоми модар он чунон баланд ва он андоза бузарг аст, ки бузургониилму адаб, фарҳангу ҳунар ва ҳар фарди соҳибназару соҳибхирад ӯро сарчашмаи ҳаёт хушбахтии инсон донистаанд ва қудуми модарро баландтар аз биҳишт гузоштаанд. Чунки инсон аз замони тавлид то ба вопасин нафас калимаи модарро ҳеҷгоҳ аз забон дур намесозад. Маҳз бо ин маъност, ки Сарвари давлати мо дар васфи модар ва мақому бузургии ӯ хеле зебо ва гуворо фармудаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишотва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост».
Модар дар ҳақиқат олиҳаи тасвирнашавандаи олам, сароғози ҳаёт, таскиндиҳандаи рӯҳи инсон ва фараҳбахши қалбҳост. Маҳз модар аст, ки чун деҳқон ба замин тухм кишт менамояд ва ризқу рӯзии инсонҳоро таъмин кунад, дар рӯи Замин ҳаёт меофарад ва инсонро аз сатҳи поёнӣ то баландарин қуллаи муроди инсонӣ мерасонад. Дар ин аснод Шиллер чунин мефармояд: «Ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақомоти баланд расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамраҳӣ кардааст».
Новобаста аз синну сол ҳамеша инсон дар назди модар ҳамон тифлест, ки ниёз ба навозишу меҳрубонӣ дорад ва аз нигоҳи модар ҳамон кудаки хурдсолест, ки бо забони ширин ҳарф мезанад. Таърих низ гувоҳ аст, ки даврони «Модаршоҳӣ» вуҷуд дошт ва ин нишондиҳандаи рисолати бузургдошти занону модарон буда, аз қадимтари замон то ба имрӯз арҷгузориву қадрдонии модар ба мо мерос мондааст. Бинобар ин, бузургон дар тамоми давру замон мардумро ба гиромидошти модарон раҳнамун месозанд ва нисбат ба зан – модар осори гаронбаҳо эҷод кардаанд ва инчунин, каломи баландтарину пурарзиштаринро гуфтаанд, ки фишурдаи чанде аз онҳоро ин ҷо мегузорем:
Ҳамин тавр, дар симои модар ва зан суханҳои беназиру гуворо бешумор аст, ки ҳатто васф намудан ин олиҳаи бемислро интиҳо надорад. Мусаллам аст, ки ҳамасола 8-уми март рӯзи модарон ҷашн гирифта мешавад. Мехоҳам дар ин лаҳза ҳамаи модарон ва занонро самимона табрик намда барояшон тансиҳативу умри дароз ва ширинтарин лаҳзаҳои ҳаётро орзумандам.
Идатон муборак модарон ва хоҳарони азизу мушфиқ.
Миршариф Маҷидӣ - Раиси олимони ҷавони Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ
Бонувони муҳаққиқи шуъбаи Таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ даҳсолаҳост, ки сарнавишти худро бо олами илму таҳқиқ пайвастаанд ва аз ин пайванд самароти неку арзишманди илмӣба бор омадааст, ки дар осори ин бонувони муборизи майдони илму фарҳанг ва тамаддуни хосси миллати тоҷик инъикос ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир дар шуъба шаш нафар (4 доктор ва 2 номзади илм) бонувони муҳаққиқ – Тоҷинисо Муродова, Меҳрӣ Маҳмадова, Муҳиба Маҳмадҷонова, Насиба Содиқӣ, Зарина Диноршоева ва Парвина Сайҷафарова фаъолият доранд ва як бонуи кордон – Боғигул Каримова самараи таҳқиқоти онҳо ва дигар кормандони шуъбаро барои таърихи фалсафаи миллат тасбиту тадвин менамояд. Ногуфта намонад, ки тими бонувони муҳаққиқи шуъбаи Таърихи фалсафа нерумандтарин ва пуркортарин тими бонувон дар Институт ва шояд дар тамоми сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бошад. Илова бар ин, бояд қайд кард, ки профессор Муҳиба Маҳмадҷонова сарвари бонувони АМИТ буда, ҷавондухтарони муҳаққиқро дар шоҳроҳи таълиму тарбия ва таҳқиқ раҳнамоӣ мекунад.
Тоҷинисо Муродова осори Носири Хусрав ва дигар мутафаккирони Шарқ, Меҳрӣ Маҳмадова фалсафаи ирфонии Ҳофизи Шерозӣ, Муҳиба Маҳмадҷонова фалсафа ва андешаҳои ахлоқии Ҷалолуддини Балхӣ, Насиба Содиқӣ фалсафаи Абдулқодири Бедил, Зарина Диноршоева афкору орои Абунасри Форобӣва Парвина Сайҷафарова андешаҳои фалсафии Азизуддини Насафиро таҳқиқ кардаанд. Лекин таҳқиқоти илмӣ-фалсафии ин муҳаққиқон дар мавзуъҳои мазкур маҳдуд набуда, доираи васеи масоили мубрамро дар бар мегирад. Натиҷаи таҳқиқоти бонувони шуъба аз даврони Ҳукумати Шуравӣ то ҳол мавриди таваҷҷуҳи пажуҳишгарони дохиливу хориҷӣ қарор дорад ва умед аст, ки дар оянда низ чунин бошад.
Бонувони муҳаққиқи шуъбаи Таърихи фалсафа шумори зиёди олимони ҷавонро дар навиштани рисолаҳои илмӣ роҳбарӣ намуда, захираи илмии кишаврро ғанӣмегардонанд. Ҷавондухтарони муҳаққиқро мебояд, ки домани ин пештозони боргоҳи илму фалсафаи тоҷикро муҳкам дошта, дар шоҳроҳе, ки онон ҳамвор кардаанд, қадамҳои устувор бимонанд. Тавсияву маслиҳатҳои бонувони муҳаққиқи шуъба пайваста дастёри муҳаққиқони ҷавон хоҳад буд.
Ҳусну латофати фитрӣ, зебоандомиву барносиратӣ, нуктасанҷиву румузфаҳмӣ, отифату малоҳат хусусият ва хислати якояки бонувони шуъба аст. Орзу дорем, ки тамоми авсофи мазкур дар тинати эшон сиришта ва аз усораи накҳаташ ошнову бегона насибгашта бошанд.
Барои ҳама бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, хосса муҳаққиқони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқва билахасс парируёну фариштахуёни шуъбаи Таърихи фалсафа «Рӯзи модар» муборак бод! Бигзор тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам, умри бобаракати бардавом дар ҳалқаи бузургон, хешу табор, ёру дӯстон, ҳампешаву ҳамандешагон насибатон ва тафаккури созанда барои оянда ҳамнафаси зиндагиятон бошад!
Шамсов М.С. – н.и.ф., мудири шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ
Модар – вожае, ки дар вуҷуди худ гармиву рӯшноӣ, садоқату фидокорӣ ва нармиву самимиятро ниҳон дорад. Дар тамоми адабиёт ва фарҳанги мардуми мо модар як рамзи ишқу эътимод аст, ки дар ҳама давру замон бо муносибати беғаразонаи худ фарзандонашро дӯст медорад ва онҳоро дар роҳи зиндагӣ пуштибон мешавад. Шоирону адибон барои васфи ин гавҳараки нодир аз ҳама беҳтарин вожаҳо истифода бурда, шеърҳои хонданиву дилнишин эҷод кардаанд. Ҳар як шеър дар васфи модар мисли ситоишест ба муҳаббат, ки бо забони дил вирди забони шоир мегардад.
Дар кӯчаи ҷон ҳамеша модар боқист,
Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист.
Дар гӯиши ошиқона, номи модар,
Шеърест, ки то абад ба дафтар боқист.
Ин мисраъҳо бо тамоми фазилати худ моро ба ёди бузургиву ҷовидонии модар мебаранд. Симои модар дар “кӯчаи ҷон” ҳамеша побарҷост, зеро ӯ бо муҳаббати бепоён, ки мисли дарёи Кавсар сарчашмаи сафову покист, дар қалби фарзандон нуҳуфтааст. Ҳар вақт ки номи модарро бо ишқу муҳаббат ба забон меорем, шеъреро мемонем, ки то абад дар дафтарҳои зебои зиндагӣ сабт мешавад. Ин суханон гувоҳи онанд, ки эҳсоси фарзанд нисбат ба модар ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва баръакс, беш аз пеш мустаҳкамтар мешавад.
Туӣ, модар, беҳ аз дунё бароям,
Ту ҳастӣ беҳтарину бебаҳоям.
Худоям қудрате гар ҳадя созат,
Бароят достоне месароям.
Дар ин шеъри кӯтоҳ, шоир бо садои нолишу муҳаббат эътироф мекунад, ки барои ӯ ҳар чӣ дар дунё вуҷуд дорад, аз модар қиматтар нест. “Ту ҳастӣ беҳтарину бебаҳоям” – ин ҷумла худ баёнгари он аст, ки модар ягона сутуни зиндагии фарзанд аст. Ба ҷойи ҳама чизе, ки дар олам гирифтан мумкин аст, будан ва саломатии модарро беҳтарин дороӣ мешуморад. Ин суханон моро водор месозанд, ки шукронаи модарро кунем ва замоне ки Худо қудратеро ба мо мебахшад, онро бахшида ба қадрдонӣ ва ситоиши модар сарф намоем.
Замину осмони ман туи модар, туи модар.
Ҷаҳони бекарони ман туи модар, туи модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туи модар, туи модар.
Ин шеъри пурмуҳтавои устод Лоиқ Шералӣ нишон медиҳад, ки сиришти модар чун замину осмон паҳновар ва беканор аст. Модар ягона шахсе мебошад, ки дар ҷаҳон, гарчи пур аз беадолативу сангдилӣ бошад ҳам, ҳамеша дилсӯз ва ғамхор мемонад. Ба ғайр аз модар, касе нест, ки чунин беғаразона, чунин мусаффо ва таъкимкунандаи зиндагии фарзанд бошад. “Чароғи дудмони ман туӣ, модар…” – гуфторест, ки файзу нури модарро барои хонадони фарзанд тавзеҳ медиҳад: ӯ хонаводаи моро равшан мекунад, умед мебахшад ва гармӣ меорад.
Дар адабиёти тоҷик модар ҳамчун ганҷи бебаҳо, сутуни хонадон ва сарчашмаи меҳрубониву садоқат тасвир мешавад. Ҳамон тавре ки ин шеъру байтҳо нишон медиҳанд, модар ҳамеша ҳамчун рамзи покии рӯҳ ва гармиву муҳаббат эътироф гардидааст. Дуои неки модар қодир аст, ки роҳи фарзандро дар зиндагӣ кушода созад ва қуллаҳои муродро барояш дастрас гардонад.
Арҷгузорӣ ба модар на танҳо дар сухан, балки дар амалҳои мо зоҳир мешавад. Ҳар як нафар бояд азму талош кунад, ки меҳрубонии модарро бо иззату эҳтиром, кумак дар кору зиндагӣ ва муносибати ҳалимона пос дорад. Гӯш кардан ба насиҳатҳои модар, расонидани кӯмак дар баробари ранҷу заҳматҳояш ва дарк кардани мақому манзалати ӯ нишонаи инсондӯстиву фарҳангдорист. Модарро метавон ҳамчун омӯзгори аввалин ва беҳтарин тавсиф кард, ки бидуни ягон таваққӯъи подош, зиндагии худро сарфи таълиму тарбияи фарзанд мекунад.
Дар ниҳоят, рӯйи Замин ҳама рӯз – рӯзи модар аст. Танҳо дар як рӯзи муайян не, балки дар ҳар дам бояд зикри неки ӯро кунем ва шукронаашро ба ҷой орем. Ҳамаи ин шеърҳои зебое, ки шоирон навиштаанд, садои қалби муштараки башариятанд, ки гӯё дар як нидо модарро сутуда мегӯяд: “Сипос, ки ҳастӣ! Сипос, ки зиндагиро бо меҳру ихлос зеб медиҳӣ!”
Ҳар рӯзу ҳар соату ҳар лаҳза, бо ёди даврони кӯдакӣ ва беғубории худ, ёди навозишҳои гарм ва лабхандону дуои модар, фикр кунем, ки чӣ тавр метавонад фарзанд модарро шод гардонад. Зеро ин тифоқ ва меҳрубонӣ, ки аз кӯдакии мо шурӯъ мешавад, то охири умр поянда мемонад. Дар ин умри кӯтоҳ ҳама чизро метавон фаромӯш кард, аммо номи модар ҳамеша дар қалбҳо ҷовид аст.
Дар кӯчаи ҷон ҳамеша модар боқист,
Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист.
Хулоса, модарон дар фарҳангу адабиёти мо ҳамчун манбаи муҳаббат ва меҳр ҳамеша ҷойгоҳи баланд доранд. Ягон гавҳараки дигар дар дунё нест, ки мисли модар доимо фидокорона дар хизмати фарзанд бошад. Ҳар нафаре, ки бо дили пок ва чашми биёфаридгорона ба симои модар менигарад, мақому мартабаи ӯро ба таври шоиста эътироф мекунад. Аз ин рӯ, биёед дар «Рӯзи модар» (8 март) ва ҳар рӯзи дигар, садоқат ва муҳаббати худро нисбат ба модарон бо сухану амалҳои нек нишон диҳем. Ба онҳо бирасонем, ки ҳузурашон дар зиндагии мо чӣ андоза муҳим аст ва барои ҳаёти саршор аз меҳру сафо бо сад дилу ҷон ташаккур кунем.
Холов Холмаҳмад Исроилович - н.и.т., ходими пешбари озмоишгоҳи “Ғанигардонии маъданҳо”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Як дами ҷон костани модарон,
Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон.
Як нигаҳи шуълавари модарон,
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон
Модар калимаест, ки баробари ба забон овардан тамоми вуҷудро эҳсоси қувваю матонати нотамом фаро мегирад. Барои оромиши оила ва хушбахтии фарзандони хеш ба ҳама кор қодир мегардад. Маҳз барои ҳамин метавон модарҳоро “қаҳрамонони бесадо” гӯянд. Чунки муҳаббати беканоре нисбати фарзанди худ дорад. Пас мебояд тавон гуфт, ки ҷои модарро ҳеҷ кас ва ё неъмате гирифта наметавонад. Модар бо бузургияш метавонад ҷои шахсонеро пурра намояд, ки ҳатто ин ҷуръатро ҳеҷ кас карда наметавонад. Дар баробари тавлиду парасторӣ намудан, беҳтарин дӯст, мураббӣ, ҳамроҳ ва ҳимоятгар мебошад. Дар ҳаёти ҳар яки мо нақши муборизеро дорост.
Модар дар баробари нигоҳубини фарзанд, қонуну қоидаҳои ҳаёт ва арзишҳои иҷтимоӣ шинос мекунад. Модар бо ҳама ҳусни худ, меҳрубонӣ ва фаҳмиш ба фарзанд кӯмак мекунад, то ки ӯ инсони воқиф ва бомаърифат шавад.
Бо вуҷуди муҳабати зиёд ҳатто дар вазъияти душворӣ дар паҳлӯи фарзанд истода кумаки хешро дареғ намедорад. Ҳатто нисбати хеш беэҳтиромии фарзандро дида қодир аст, ки иштибоҳи онро бахшад.
Эҳтироми модар ва қадрдонӣ ба ӯ яке аз арзишҳои асосии ҳаёти инсонӣ аст. Ҳар як фарзанд бояд дарк кунад, ки модар ҳамеша барои ӯ қиматарин ганҷ аст ва бояд ба ӯ эҳтиром гузорад. Эҳтироми модар на танҳо бо сухан, балки бо амалҳо низ ифода кардан лозим аст.
Аз ин рӯ мо фарзандон бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Зеро ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст. Бузургон дар васфи модар шеърҳои зиёде гуфтаанд ва сарояндагон онҳоро ба оҳанг дароварда месароянданду месароянд. Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем ва хушбахт созем. То ҳастем барояш хидмат кунем ва кӯшиш кунем, ки модар аз мо розӣ бошад. Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад. Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст. Мо фарзандон чӣ қадаре ки хизмати модаро кунем якшаба зиндадориашро баргардонда наметавонем. Метавонем мисраҳои шеърӣ аз ашъори шоирон мисол оварем.
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз.
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гоҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо,
Пок кардӣ ашки чашмони маро.
Модар барои фарзанд, ҳаёт, меҳрубонӣ, ҳимоя ва оромӣ аст. Муҳаббати модар бениҳоят зиёд мебошад, ки ҳеч чиз ҷои онро гирифта наметавонад. Ҳар як фарзанд бояд қадри модарашро бидонад ва ба ӯ эҳтиром ва муҳаббат нишон диҳад, зеро модар бузургтарин арзиши ҳаёти ҳар як инсон аст.
Шодихуҷа Комилов Достонҷон Раҳмонов ходимонии илмии Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Хоки пояш сурмаи чашми сар аст,
Дар ризояш Ҷаннате пеши дар аст.
Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст
Модар воқеан нахуст устоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Модар барои фарзандон таълимоти зиндагиро ба таври амиқ ва маънавӣ медиҳад. Ӯ на танҳо бо суханони хуб балки бо рафтори худ намунаи дурандешӣ, меҳрубонӣ ва инсонгарӣ мешавад. Модар кушиш мекунад,ки фарзандонро ба қадри инсон будан, бо одамон хуш рафтор кардан ва фарҳанги эҳтиром доштанро омузонад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш аст, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».
Муҳаббати модар ба меҳрубонии баланд, ғамхорӣ ва рафтори наздик ба даст меояд, ки барои фарзандон аҳамияти муҳим дорад. Бо муҳаббати модар фарзанд эҳсоси амният, ҳимоя ва дилсӯзӣ мекунад, Ҳатто дар руӯзҳое,ки тамоми ҷаҳон бар зидди фарзанд меистад, модар ҳамчун пуштибони асосии ӯ бо тамомии муҳаббат ва дусти ҳозир аст.
Зан - Модар, дар фарҳанги тоҷикон ва дар бисёр фарҳангҳои дигар, шахсияти муҳими иҷтимоӣ ва оилавӣ мебошад. Модар на танҳо дар тарбияи фарзандон, балки дар нигоҳубини оила ва нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Модарон бо меҳру муҳаббати беандозаи худ фарзандонро тарбия мекунанд, онҳоро ба зиндагии мустақил омода мекунанд ва дар ҳама ҳолатҳо дастгирии онҳо мебошанд. Модарон дар ҷомеа низ нақши муҳим доранд, зеро онҳо метавонанд ҳамчун намунаи хуби хислатҳои инсонӣ, меҳрубонӣ, ва масъулиятшиносӣ хизмат кунанд.
Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан - модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст.
Модари ҳар инсон бо муҳаббати беандоза ва бепоён ба фарзандон муносибат мекунад. Ин муҳаббат на танҳо дар лаҳзаҳои хушбахтӣ, балки дар лаҳзаҳои душворӣ ва мушкилот низ эҳсос мешавад. Модарон барои фарзандон тамоми кӯшиш ва имкониятҳоро истифода мебаранд, то онҳоро ба зиндагии беҳтар ва муваффақият расонанд.
Модарон барои фарзандон худи худро фидо мекунанд. Вай дар тамоми мароҳили зиндагӣ, аз давраи кӯдакӣ то калонсолӣ, ҳамеша дар паҳлӯи фарзандон боэътимод ва дастгир қарор дорад. Фидокорӣ ва сарсупурдӣ, ки модар дар баробари фарзандон нишон медиҳад, намунаи беҳтарин барои омӯзиши арзишҳои инсонӣ мебошад.
Тарбия ва таълим дар оила бо модар оғоз мешавад. Вай аввалин шахсест, ки фарзандонро бо арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ шинос мекунад.
Модарон на танҳо дар оила, балки дар ҷомеа низ нақши муҳими худро доранд. Вайҳо метавонанд ҳамчун роҳбарон, омӯзгорон ва фаъолони иҷтимоӣ кор кунанд, ки бо кӯмак ва дастгирии онҳо, ҷомеа рушд мекунад. Модарон бо меҳнат ва фидокорӣ, дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд.
Модар ин на танҳо шахсияти муҳими оила, балки рамзи муҳаббат, фидокорӣ ва масъулиятпазирӣ мебошад. Вай бо меҳнат, сабр ва муҳаббат, фарзандонро ба зиндагии муваффақ ва хушбахт роҳнамоӣ мекунад. Модарон дар ҳаёти ҳар инсон нақши муҳим доранд ва мо бояд онҳоро қадр кунем ва муҳаббати онҳоро эҳсос намоем.
Заҳматҳои беназири модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии кишвар моро водор месозад, ки қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ӯ шароити мусоиде омода кунем, ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони сомилу соҳибмаърифатро тарбия намояд. Мақому манзалати модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башариат боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дорем ва азиз шуморем.
Мақому манзалати модар дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳамеша болост ва дар ин маврид ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону модарон баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати хоса медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои охир як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии осуда ва баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа мебошад.
Хулоса муҳаббати модар бузургтарин ва безаволтарин муҳаббат аст,ки дар тамоми ҳаёт фарзандро ҳимоя ва роҳнамои мекунуд. Муҳабати модар абадист...
Идатон муборак бошад модарони меҳрубону ғамхори мо!!!
Содиқова Зарангез Абдувалиевна Раиси Шурои олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Таърихи башарият пур аз ҳаводиси гуногуни таърихию иҷтимоӣ буда, варақгардонии таърих, ки китоби зиндагиномаи кулли башарият маҳсуб мешавад, дар умқи худ аз нақши муборизи зан ба ҳайси як узви ҷомеа барои ҳифзу дифои Ватан, бунёдгузорию устуворгардонии пояҳои давлатдорӣ дарак медиҳад. Ин далолати он аст, ки занон дар масири таърих мақому манзалати хосаеро соҳиб буданд ва ҳамеша дар радифи мардон бо дасту бозуи худ, бо ақлу фаросат ва ҷасоратмандӣ ҳимоятгари халқу Ватан буданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар ҳама давру замон бузург арзёбӣ намуда, занро «тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд» баҳогузорӣ намудаанд. Таъкиди дигари Пешвои миллат ин аст: «Нахуст мактаби инсон - мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем».
Рушди ҷомеа дар ҳама замонҳо ба фаъолмандии занон ва нерую тавони муборизи онҳо вобастагии қавӣ дорад. «Аз дараҷаи саводнокию фарҳангнокии занон ин ё он ҷомеаро баҳо медиҳанд», таъкид мекунанд Пешвои муаззами миллат.
Воқеан, мақоми зан шариф ва барҷаста мебошад. Зан мураббӣ ва оғӯши он мактаби бузурги камолоти насли одамист. Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Аз ин рӯ барҳақ ҳар як оила, қавму миллат ва дар маҷмўъ ҷомеаи инсонї бо зани фарҳангдӯст, боназокат, боиффат, донишманд, худшиносу ватандӯст ва ҳунарманду кадбону ифтихор дорад.
Нуфузу мартабаи зан хоса дар даврони Истиқлолият хеле баланд гашт. Давлату Ҳукумати Тољикистон нисбат ба зан пайваста ғамхориҳо зоҳир менамояд ва барои ҳифзи ҳуқуқи занон як зумра қонунҳо, дастуру супоришҳо ба тавсиб расонидааст.
Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи озодию баробарҳуқуқии зану мард, истифодаи нерӯи зеҳнии онҳо дар бунёди давлати миллӣ аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ мушаххас гардида, ба намояндагони ҳарду ҷинс имконияти озодонаи инкишоф додани қобилияту тавоноиро ба вуҷуд оварда, маҳорату малакаҳояшонро дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат истифода мебарад.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2018», «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» муҳимтарин ҳуҷҷатҳое маҳсуб мешавад, ки ба пешрафти ҳаёти занон ва боз ҳам қавӣ гардонидани нақши занон дар ҷомеа мусоидат менамоянд.
Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзад.
Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Бояд қайд кард, ки рӯз ба рӯз шумораи занон дар мансаб ва вазифаҳоиҳои давлатӣ рӯ ба афзоиш аст. Ин аз баробарии зану мард дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Имрўзњо дар сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, дар вазифаҳои гуногун пурмањсул меҳнат карда истодаанд. Маълумотњо нишон медианд, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, маориф, соҳаи хизматрасонии ахборотию ҳисоббарорӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил мекунанд.
Ҳоло қариб 71 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд”.
Занону бонувонро зарур аст, ки аз ин имкониятҳои муҳайёнамудаи давлату ҳукумат дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа, ташаккул ва рушди ниҳоди сарварии занон ва фаъолгардонии ин табақаи ҷомеа дар рушди сиёсати давлатдориро самаранок истифода намоянд, зеро ин нерӯи бузурги иҷтимоӣ, қодир аст ба рушд ва ё пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири назаррас дошта бошад.
Сафарова Бону Қурбоновна - ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Модар – мураббии нахустин ва тарбиятгари асосии фарзанд аст. Нақши модар дар ташаккули шахсияти кӯдак ва таълиму тарбияи ӯ бениҳоят муҳим мебошад. Дар фарҳанги мардуми форсу тоҷик модар ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат ва маърифат дониста мешавад. Нақши модар дар тарбияи фарзанд бо истифода аз андешаҳои олимони форсу тоҷик ва суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар меафканем.
Модар – тарбиятгари нахустин. Модар аввалин шахсест, ки кӯдак бо ӯ тамос мегирад ва аз ӯ таълим мегирад. Олимони форсу тоҷик, аз ҷумла Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва Насириддини Тӯсӣ дар осори худ аҳамияти тарбияи кӯдакро дар муҳити оилавӣ таъкид намудаанд. Тибқи андешаҳои ин донишмандон, кӯдак хислатҳои ахлоқӣ ва маърифатиро пеш аз ҳама аз модар меомӯзад.
Нақши модар дар таҳсил ва маърифатнокии фарзанд. Модар на танҳо тарбиятгар, балки роҳнамои асосӣ дар ҷодаи таҳсил ва маърифатнокии фарзанд мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои худ пайваста ба нақши зан ва модар дар ҷомеа таъкид менамоянд, ки «занон, бахусус модарон, бояд бо илму дониш мусаллаҳ бошанд, зеро ояндаи миллат аз онҳо вобаста аст». Ин андеша собит месозад, ки модар барои рушди зеҳнӣ ва илмии фарзанд нақши калидӣ дорад.
Модар ва тарбияи ахлоқии фарзанд. Модар дар ташаккули арзишҳои ахлоқӣ ва инсонии фарзанд нақши бориз дорад. Мутафаккирони маъруфи форсу тоҷик, ба мисли Саъдӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ(Румӣ), дар осори худ модарро ҳамчун роҳнамои асосии инсон ба сӯи ахлоқи нек ва одоб мешумориданд. Модар бо меҳрубонӣ, сабр ва хиради худ ба фарзанд роҳнамо аст.
Арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар тарбияи фарзанд.Модар инчунин масъулияти шиносонидани фарзанд бо фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллиро дорад. Президенти кишвар дар чандин суханрониҳои худ таъкид менамояд, ки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бояд аз оила оғоз шавад ва модарон дар ин раванд нақши муҳим доранд.
Дар охир метавон қайд намуд, ки модар на танҳо муҳаббат ва ғамхорӣ мебахшад, балки поягузори шахсият ва маърифатнокии фарзанд мебошад. Бинобар ин, нақши модар дар таълиму тарбияи фарзандро набояд нодида гирифт. Ҳар як модар бо дониш, сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ метавонад ҷомеаи солимро тарбия кунад.
Ходими илмии ШФКА Институти астрофизикаи АМИТ Сафаров С.Н.
Яке аз нуктаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ин баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад, ки пайгирии ин масъала боиси сарфарозии мо – бонувон аст.
Имрӯз рушди тамоми соҳаро бидуни ширкати занону духтарону занон тасаввур кардан номумкин аст. Албатта, бо дастгириву ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми назаррасе пайдо намудаанду бо ифтихор фаъолият мекунанд. Боиси сарбаландиву сарфарозист, ки Сарвари маҳбуби давлат меҳнати мо – бонувонро қадр карда, ба қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафари мо бовари дорад.
Бояд зикр намоем, ки ҳамасола 11-уми феврал бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии бонувону духтарон дар соҳаи илм эълон гардидааст. Он барои бартараф кардани монеаҳо ва кумак расондан ба занон, баробарҳуқуқии гендерӣ, эътироф ва саҳми бонувон дар рушди илм таъсис ёфт.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони кишвар, дар баробари мардон, бо ҳисси волои ватандӯстона, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолият карда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкории хеш дар ободии Тоҷикистони азизамон саҳм мегузоранд.
Зан-модар офаранда ва тарбиятгари аҳли башар аст. Набзи зиндагии башар дар тамоми тӯли таърихи инсоният бо набзи зан-модар ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад. Бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф карданд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Аз ин рӯ, сарвари дурандеши мо таъкид менамоянд, ки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону бонувон ғамхору меҳрубон бошем.
Имрӯзҳо занону мардон дар ҷомеаи мо баробарҳуқуқанд, аммо масъулияти занони тоҷик нисбати мардон бештару пештар аст. Зани тоҷик қабл аз оне ки ба илм сарукор гирад, пеш аз ҳама, ӯро месазад, то вазифаи ҷонии худ – тарбияи дурусти фарзандонро иҷро намояд. Занони мо кӯшиш мекунанд, ки аз мардон қафо набошанду дар ҷодаи илму маърифат пайроҳа меҷӯянд, гарчанде ин ҳама масъулияти бузургро тақозо менамояд.
Ниҳоятан метавон зикр намуд, ки дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун корманди соҳа, балки ҳамчун шахсиятҳои бомуввафақ дар ҷомеа ҳам аз ҷониби Роҳбари давлат ва ҳам аз ҷониби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ эътироф гардидаанд.Масъулияти зиёди зани тоҷикро Пешвои маҳбубамон ба инобат гирифта, нисбат ба занону бонувон пайваста ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Ин гуфтаҳо худ гувоҳи он аст, ки мавқеи занону бонувон дар системаи фаъолияти давлату давлатдорӣ сол ба сол устувортар мегардад.
Мо – бонувони замони истиқлол, шукр аз он мекунем, ки имрӯзҳо даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба инобат гирифта шудааст, иҷрои он таҳти назорати Пешвои миллатамон мебошад.
Салимова Соро Шералиевна - ходими илмии озмоишгоҳи “Фармокология”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Халикова Саодат - раиси Шурои занони Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ