Skip to main content

12Бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.

Аслан вожаи ваҳдат барои ҳар як миллат мафҳуми пурарзиш мебошад. Шояд дар дунё халқе ё миллате набошад, ки ин калимаро гиромӣ надорад. Агар дар ҳар замон ба ҳар гуна забон садо диҳад ҳам, аммо маънии ягонаро баён сохта, барои ҳама азизу муътабар аст. Дар тамоми давраҳои таърих халқи тоҷик маҳз бо ваҳдату фарҳанги воло бақои хешро таъмин кардааст. Вале дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин вожа муҳимияти хосаро касб намуд. Ҳамрадиф бо истиқлолияти давлатӣ ҷанги таҳмилӣ шурӯъ гардида, кишвар қариб ба вартаи нобудӣ расида, ҷомеа ба гурӯҳҳо, маҳалҳо, созмонҳо тақсим шуда, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд. Дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ даҳҳо шаҳру навоҳӣ, деҳаю шаҳракҳо хароб гардиданд, даҳҳо ҳазор одамон қурбон шуданд. Тоҷикистон сафинаеро мемонд, ки дар миёни чор дарё тахтабанд шуда буд ва роҳи халосӣ меҷуст.

Дар ин давраи фалокатбору хеле ҳассос нимаи дуюми соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ин иҷлосияи таърихӣ тақдири кишвар ҳал гардид. Хушбахтона ақли солим ғолиб омада, вакилон бо бовариву эътиқоди том ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз Сарвари тозаинтихобшудаи давлат ба назди Парчами Тоҷикистон омада, онро бӯсид ва сидқан гуфт: «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!». Ҳамзамон иброз медорад, ки: «Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!». Мавсуф ин суханонро бо бовариву эътиқод ва самимона баён кард ва ба дили тамоми мардуми ба таҳлукаафтода тухми умед пошид. Дар он рузҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад. Мардуми шарифи Тоҷикистон худ дар ёд доранд, ки он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқараррӣ табдил ёфта буд.

Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳар чӣ зуддтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ Роҳбари хирадсолори мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳар як вохӯрии тарафҳои музокироти байни тоҷиконро ба хотири пойдории сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайн сарф созад. Дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳиллаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд. Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем. Имрӯз бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад». Ба бахти халқи тоҷик дар чунин вазъияти душвору ҳолати ногувор Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад, Ватанро аз парешониву нобудшавӣ раҳо бахшид

Таърих гувоҳ аст, ки марҳиллаи ваҳдатофарӣ барои пешвои он Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи осон набуд. Дар ин давраи душвор байни тарафҳои мухолиф зиёда аз бист музокироти расмӣ сурат гирифтааст, ки дар аксари он Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок кардааст. Ӯ ҷон ба каф гирифта, бо ҷасорати ба худ хос борҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафта, бо роҳбарони мухолифин вохӯрӣ анҷом дод.

Халқи тоҷик табиатан тамаддунофар, ваҳдатпараст, таҳаммулпазир, сулҳпарвар, фарҳангдӯст, озодхоҳ, бунёдкору созанда ва инсондӯст ҳасту боқӣ мемонад. Сулҳу суботи тоҷикон ба ҷаҳониён мактаби сулҳофаринии Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуд.

Мусаллам аст, ки кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳангоми вохӯриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирода гардидаанд, сармашқи кори худ мекунанд. Имрӯзҳо мо - кормандони макомоти судӣ ҳамрадиф бо дигар кишварҳои ҷомеа вазифадорем, ки ҳадафу мақсад ва ғояҳои созандаву муттаҳидкунандаи Ваҳдати миллиро ба ҳар як шаҳрванд тарғиб кунем. Дар замири одамон арзишҳои волои инсонӣ некию накукорӣ, фарҳангпарвариро ташаккул диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Барои тақвият ва устувории Ваҳдати миллӣ мебояд ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, бунёдкориву созандагӣ тарбия кард. Пеши роҳи гаравидани онҳоро ба созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ гирем, бегонапарастиву тақлидкориро аз қалби онҳо берун созем. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини бақои миллат, ватандорӣ ва давлатдорӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бештар аз пештар ба мо Ваҳдат, муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ зарур аст. Чунончӣ, Саноии бузург мефармояд:

Сад ҳазорон ҳайати яктавро набошад қуввате,

Чун ба ҳам бартофтӣ, Исфандиёраш нагсилад.

Ришта гар яктост, ӯро зӯри золе бигсилад,

Чун дуто шуд, оҷиз ояд аз гусастан Золи Зар.

Мирзошоҳрух Асрорӣ - номзади илмҳои

фалсафа, сарходими илмии шӯъбаи

таърихи фалсафаи Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

“Фарзанд меваи умри одамизод мебошад, то замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд”.

Эмомали Раҳмон

Фарзанди солеҳ ва бо маърифат давоми умри падару модар, давомдиҳандаи насл ва номбардори волидайн аст. Муҳити оила дар тарбияи фарзанд, албатта бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, хушбахтии аҳли ҷомеа, тараққиёти ояндаи ҷамъият, осудаҳоливу некуаҳволии мардум аз бисёр ҷиҳат ба ҳамкории зичи мактабу оила вобастагӣ дорад. Натиҷаи тарбия дар меҳнати эҷодии доимӣ бадаст меояд. Барои ин пайваста омӯхтан, аз худ кардани роҳҳои пурмасъули тарбия, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, хислатҳои наҷиб, эҳсосоти олӣ ва нисбат бахуд серталаб будан, парваридани эҳсоси некӣ кардану аз он хушбахт шудан ва аз бади дур будан хеле муҳим аст. Падару модарон дар шароити кӯнуни вазифадоранд, ки бо роҳу усулҳои муосир муҳити тарбияи фарзандро дар фазои оила солим гардонанд.

Чун имруз кӯдакон — фарзандони мову шумо ба суханони самимӣ эхтиёҷ доранд. Бояд гуфт, ки дар шароити муосир, ки равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ хеле печида ва гуногунандешанд, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд меафзояд. Волидон бояд дарк кунанд, ки ҳар як амали мусбӣ ба муваффақият ва ҳар амали манфӣ боиси нокомӣ мегардад.

Ниҳодҳои асосии тарбия: волидон, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву худ шиносӣ, инсондӯстиву ватандорӣ, эҳтиром гузоштан аз ҳама арзишҳои миллию умумиинсонӣ тарбия намоянд, то ин ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои комил ва ҳаматарафа инкишоф ёфта ба воя расанд. Чунки ҷомеаи муосир ба ин гуна шахсиятҳо ниёз дорад. Пешрафту рӯшди ҷомеа аз наслҳои тарбияи сатҳи баланд дошта, соҳиби донишу маърифати мукамалро соҳиб шуда вобастагӣ дорад.

Мардуми мутамаддини мо ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти хоса дода, пайваста талош меварзад, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ, донишомӯзӣ ва маърифатпарварӣ, ҷавони хушахлоқу баномус ба воя расонанд. Таҳкими оила, ба воя расидан ва ба воя расонидани насли солиму босавод яке аз василаҳои рушди ҷомеа, таҳкими иқтидори кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллии мост.

Мутаассифона, имруз баъзе падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон халал расонда, нисбат ба ҳаёти онҳо бепарвои зоҳир менамоянд. Як нуқтае, ки бояд ба назар гирифт, ин аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат умри волидайн аст ва аз ин рӯ барои таълиму тарбияи ӯ аз онҳо чизе дареғ надошта бошанд ва сармояи худро барои нашъунамои ӯ дареғ надоранд.

Бо мақсади пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб, инчунин дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, инчунин минбаъд баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани кӯдакон ба ҳаёти мустақилона ва роҳнамоии фарзандон дар роҳи дурусти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.

Ин қонун барои беҳбуди зиндагии кӯдакон, коҳиши ҷинояткорӣ дар байни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандонро афзоиш дод. Мақсади асосии он дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба Ватан ва ба арзишҳои милливу умумибашарӣ таълим додану тарбия кардани фарзандон, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо мебошад, ки ин барои ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо мусоидат менамояд. Тарбия ва таълими насли наврас раванди ниҳоят масъулиятнок ва ҷиддӣ буда, тақдири кӯдак ва насли наврас ояндаи ҷомеа аз сифати он вобаста аст.

Вазифаи волидайн басо гуногун ва душвор буда, барои тарбияи дурусти фарзандон сабру таҳаммул, заҳмат ва талоши пайвастаро тақозо мекунад. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин қарзи ҳаётӣ ва шаҳрвандии худро дарк намуда, фарзандони худро дуруст тарбия намуда, корҳои тақдирсозро анҷом диҳанд, илму ҳунар омӯзанд, усулу технологияи муосирро аз худ кунанд, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, Ватани азизамон – Тоҷикистонро ободу зебо созанд.

Хулоса ин аст, ки мақоми оилаи устувор ҳамон вақт эътироф мешавад, ки агар он пеш аз ҳама дар тарбияи фарзанд нақши муайян дошта бошад. Чун ки оила сутунест, ки ҷомеа болои он устувор мегардад.

Таҳияи ходими илмӣ ва лаборанти калони ШҶБ-и Институти астрофизикаи АМИТ:

Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки дар низоми давлатдории аксари мамлакатҳои ҷаҳон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Тавре аз истилоҳи «президент» бармеояд, дар силсиламаротиби соҳибмансабони давлатӣ президент мансабдори олии интихобии кишвар маҳсуб меёбад. Интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор карда тавонист. Ҳамзамон ин дарки масъулиятнокӣ ва амали худташаккулдиҳии шахсиятест, ки дар тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст. Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби сиёсӣ дорои хусусиятҳои универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта мешавад.

«Ба ифтихори сазовор гардидани Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми арзандаи Пешвои миллат, ки шоистаи садоқату эътироф ва истиқболи неки ҳамагон аст, барои арҷгузорӣ ба мақому мартаба, меҳнати ҳалол ва маҳбубияти ӯ дар байни мардуми мо асарҳои зиёде эҷод шудаанд. Васфи Пешвои миллат ва корномаҳои бемислаш дар шеъру достонҳо, барномаву расонаҳои хабарӣ ҳамеша вирди забони пиру барно буда, шоёни таҳсину офарин мебошад.

Ба андешаи мо, Пешвои муаззами миллат ифодагари истиқлолияти сиёсӣ, кафили таъмини волоияти қонун ва роҳбаладу ҳимоятгари манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар мебошад, ки эҳтирому эътирофи ӯ шаъну шараф ва саодати миллист.

Дарвоқеъ,Мақоми арзандаи Пешвои миллат ин як амри таърихиест, ки он барои хизматҳои бузурги ӯ ба миллат мебошад. Агар хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо шуҷоату истеъдоди сарвариаш зам намоем, пеш аз ҳама, қобилияти баланд ва касбияти сиёсии ӯ ҳамчун пешвои сиёсӣ пеши назар меояд, ки ин боиси дастгирӣ ва эҳтирому ифтихор аст.

Албатта Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҳидояти созандагию бунёдкориаш ифтихори миллат, поягузори сулҳу салоҳ ва меъмори давлати навини тоҷикон гардидааст, ки бо матонату диловарӣ, қаноату баробарӣ ва шуҷоату бобарорӣ тавонист миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳо намояд. Чунин аст ҳамон садоқату бурдбории миллат, ки фарзандони бо ору-номусаш баҳри Ватан ҷоннисорӣ менамоянд. Ҳамин аст шуҷоатмандию қаҳрамоние, ки як нафар ба ҳайси Сарвар ҳастии худро ба миллат бахшида, ҳаёту зиндагии худро зери хатар гузошта, мардуми парокандаро сарҷамъ карда тавонист.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як фарзанди барӯманди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии гарму самимии мардуми шарифи кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бо нангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар самти бартараф намудани мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадамҳои устувор ва матин гузошт.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонида тавонистааст,ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикистониён ва тоҷикони дунё буданд. Ба даст овардани сулҳу ваҳдат, махсусан ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ба хотири ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо унвони «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардида буд, барои ваҳдати миллӣ заминаи босазое гузошт, ки ин ҳама аз ҳидояту ҷасорати ин фарзанди фарзонаи миллат буд.

Аз ин рӯ, хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани Созишномаи сулҳи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик барои ҳамешагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат на танҳо поягузори сулҳу ваҳдат, балки меъмори фарҳанги навини замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки дар ин мартаба ҳамкории мардумро барои пайдо намудани ҳадафҳои миллӣ ҳамеша шоистаи кор медонад. Маълум аст, ки ваҳдати миллӣ мусоидаткунандаи мавҷудияти фарҳанги бою таҷрибаи таърихии давлат­дории тоҷикон аст. Ба андешаи мо,чун тарафҳои даргир хатари аз байн рафтани миллату давлатро хуб дарк карданд, чунин як моҷарои таҳмилиро бар сари миллати худ ор донистанд. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи тараққиёти кишвари азизамонро хеле коҳиш дод, аммо рӯҳи шикастнопазири миллати тоҷикро халалдор карда натавонист, дар як муддати кутоҳ бо сарварии Пешвои миллат аз уҳдаи ҳадафҳои стратегии дар пеш ниҳодаашон баромада тавонистем.

Маълум аст, ки замони соҳибистиқлолӣ давраи гузаришу эҳё ва дигаргуниҳои нави ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он таҳаввулоти нав ва заминаҳои созандагию бунёдкорӣ ба миён омаданд. Дар ин раванд Пешвои миллат ҳамчун сарвари сиёсӣ дар баробари эҳёи ваҳдати миллӣ тамоми атрибутҳои давлатдорӣ - рамзҳои сиёсиро аз нав барқарору эҳё намуда, ба давлатдории нави тоҷикон ҳусни тоза бахшид. Дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияву шаҳрҳои кишварамон боғҳои парчаму нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуданд, ки онҳо дар раванди худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватанпарастии ҷавонони кишвар ҷойгоҳи арзанда доранд.

Ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ эътиқоди ҷавонони кишвар ва умуман мардуми моро ба ватандӯстӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дучанд намуда, барои бошандагони Тоҷикистони азизамон бузургтарин омили рушду инкишоф ва шинохти асолати миллӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, модели сулҳофарии Пешвои миллат бештар ба хислатҳои шахсии ӯ, истеъдод ва маҳорати иҷтимоиаш вобастагӣ дорад, ки дар таҷрибаи зиндагӣ сайқал ёфта, тамоми ҳастии худро ба нафъи мардум ва рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон сафарбар менамояд.

Пешвои муаззами мо, марди таҳаммулпазир, сарвари шуҷои корзор, созандаю бунёдкор, ояндабину тозакор ва илмпарвару фарҳангсолор аст, ки ҳамеша мисли парастуи сулҳ муждаи оромию озодиро танинандоз менамояд, ки ин ҳама далели заковати худододии ӯ мебошад. Дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба бепарастону камбизоатон, беморону маъюбон, хислатҳои бузургӣ, дурандешӣ ва ҳамдардии ӯ ба ниёзмандони кишварамон мебошад, ки эътирофу эътимоди ӯро дар байни мардум меафзояд ва ин боиси ифтихори ҷавонон ва тоҷикони дунё гардидааст.

Барои тақвияти ин гуфтаҳо ва баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонони ояндасози кишвар мо тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро аз раванди ваҳдати миллӣ сар карда то сохтмону иншоотҳои бузурги аср: НБО-и Роғун, нерӯгоҳҳои Сангтӯда- 1, Сангтӯда- 2, нақби Истиқлол, нақби Хатлон, нақби Озодӣ , нақби Шаҳристон, роҳҳои паҳнбари оҳани Душанбе-Бохтар, Бохтар – Кӯлоб, пулҳои байналмилалӣ дар дарёи Панҷ, сохтмони мактабу бунгоҳҳо, ба таври куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва боз дигар комёбиҳоямонро ҳамеша ба Истиқлолияти сиёсӣ ва Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд вобастаю пайваста донем.Чунин амал масъулияти худшиносию худогоҳии миллиро дар назди наслҳои нав боз ҳам дучанд намуда, ҳисси ватанхоҳию ватанпарастии мардумро баланд мебардорад.

Дар баробари ин ҳама дастовардҳо, ваҳдати миллӣ падидаи таърихие мебошад, ки ҳама пешравию муваффақиятҳои миллати мо ба он вобаста мебошанд. Ваҳдати миллӣ, пайвандгари қалбҳо ва арзишмандтарин дастовардест, ки бунёди он на ба ҳар миллату халқият мушарраф мегардад. Муҳиммияти ваҳдати миллиро ҳанӯз соли 2012 Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин қайд карда буд, ки Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд. Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа воқеан ҳам, бузургтарин арзишест, ки барои рушду инкишофи кишвари азизамон заминаи босазое гузошта метавонад.

Агар чунин андешаро қабул дошта бошем, ки Ваҳдат раванди ташакуллёбии миллатро метезонад, пас миллат иттиҳоди ризоияти шаҳрвандони як ҷомеа дар як давлати миллӣ мебошад, ки омили асосии унсурҳои ваҳдати миллиро дар як кишвар худи давлати миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад

Бо мақсади иҷрои вазифаҳои муаяншуда ва бо назардошти орзую омолҳои мардум Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҷамъиятию сиёсии худро бо вожаҳои “Ваҳдат”, “Сулҳ” ва “Иттиҳод” оғоз намуд, ки аслан асоси маънавию ахлоқии давлати мо дар он давраи сарнавиштсоз гардид.

Маҳз ҳамин ваҳдати миллӣ сабаб мегардад, ки онро ҳамчун инъикосгари истиқлол ва озодии аз ҳама баланду воло мешиносанд. Ҳамаи инро мову шумо дар мисоли ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун дастоварди нодир ва баёнгари ваҳдати миллӣ ба хубӣ дарк менамоем. Ҳалли низоъ ва ваҳдати мо имрӯз намуна ва сармашқи корие барои ба танзим даровардани низоъҳои фаъоли кишварҳои ҷаҳон гардидааст, ки онро ҳамчун усули ба ҳам овардани ҷанбаҳои даргир мавриди истифода қарор медиҳанд. Нақши Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи давлатдории нави тоҷикон ин падидаи нав, рамзи қудрату тавоноӣ, сарҷамъию ободонӣ ва эҳёгари фарҳангу хотираи таърихӣ ва шахсиятҳои мондагори миллат мебошад, ки асоси назариявию методологии мактаби бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёд менамояд.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ орзу ва ормони деринаи миллиест, ки барои миллати мо бо нархи гарон ба даст омадааст, ин роҳу равишест, ки дарвозаи бахту иқболи навро барои ба даст овардани андешаҳои бузурги миллӣ боз менамояд. Дар баробари ин пояҳои худшиносии миллиро мустаҳакаму устувор намуда, мардумро ба созандагию ҳувиятсозӣ ҳидоят менамояд.

Мо-пайравони Пешвои миллат бунёди минбаъдаи кишварамонро аз ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва бурдбориҳои ваҳдати миллӣ медонем. Ваҳдат пойдевори ҳастии миллати тоҷик ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони беҳамто кишвари куҳҳои сар ба фалаки биҳиштосо, макони обҳои мусаффо ва мардумони наҷиби ориёитабор ва шахсиятҳои барумандест, ки сулҳу ваҳдат аз азал паёми имрӯзу фардои ин Ватан аст.

Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем».

Ҷангибекова С., - унвонҷӯи бахши аввали Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта аҳли ҷомеаи моро водор менамояд, ки нисбат ба ин зуҳурот бетарафи накарда, дар якҷогӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд. Читавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми бароматҳояшон ба ин масала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз медоранд, ки яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид менамоянд, ки: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд». Аз ин рӯ қайд кардан ба маврид аст, ки бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона, аслан, хоси мардуми тоҷик набуда, дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба наслҳои ояндаи мо таъсири зараровари худро хоҳад расонд.

Зеро имрӯз дар ҷомеаи мо ба зиёд шахсоне вохӯрдан мумкин аст, ки дар либоспӯшӣ ба фарҳанги бегона такя намуда, аз доираи арзишҳои миллии худ берун баромадаанд. Дар воқеъ, ин рафтори онҳоро, агар аз як тараф, ба огоҳ набудан аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо гӯем, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳо дар либоспӯшӣ ба ҳисоб меравад. Ба марҳилаҳои гуногуни таърихии ҳалқамон назар афканем сару либоси занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набуд, баръакс либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари таҷассум мансубияти динию мазҳабӣ ҳамзамон ҳуввияти миллии моро низ хуб нишон медоданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангиест, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд донанд, ки дар ҷаҳони имрӯза ва раванди бархӯрди тамаддунҳо он мимллате пойдор хоҳад монд, ки собиқаи фарҳангии худро дар либоспӯшӣ, рафтору анъанаҳои махсуси миллии худ дошта бошад. Зеро намояндагони ҳар миллатро аз рӯи инъикоси арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи таърихи ва забону фарҳанг, шаклу тарзи либоспӯши мешиносанд. Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос менамояд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намуда, муборизаи беамон бар зидди он барем.

Ҳамчунин масъалае ба миён омадааст, ки имрӯз тарроҳони ватании мо бояд тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба ҳисоб меравад. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз ин хусус меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ - атласу адрас, гулбасту чакан, гулдӯзиҳои нотакрор, алочаву шоҳӣ, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ меояд. Либоси миллии мо, ки яке аз нишонаи соҳибфарҳангии мо эътироф шудааст ва ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонапарастӣ омехта насохта, онро бо тамоми покиву рангорангияш ба наслҳои оянда мерос гузорем. Зеро маҳз фарҳанг забон, миллат, таърих, анъана, либос, таом, ҷашнҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъат ҳар як миллатро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллат муарифи менамояду зинда нигоҳ медорад.

Аюбов Д.Қ. - ходими илмии ШФКА - и Институти астрофизикаи АМИТ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. Масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, андоз, алоқа, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш баррасӣ карда мешаванд.

Тарбияи фарзанд вазифаи асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок шакл мегирад. Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи накў ва ба ҷомеа нафъ расон мебошад.

Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ дошта бошад. Пасон, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пур хонда ва соҳиб фазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умуми башарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад. Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши асоси мебозад.

Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб буд, ки дар ҷомеаи мо чанд сол қабл амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ бештар аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардид ва дар ин росто каммасъулиятии баъзе аз падару модар ва омӯзгорон низ ба назар мерасид.

Барои несту нобуд сохтани мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта ва сади роҳи ин падидаи номатлубро гирифтан, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандонамон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Ин қонун барои беҳдоши ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар мегардонад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо бо масъул гардонидани падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қабул гардидааст, балки ба фарзандони болиғу қобили меҳенат вазифаҳои махсусро вогузор кардааст. Аз ҷумла, дар он муқаррар шудааст, ки: “Фарзандони болиғу қобили меҳнат вазифадор карда шуданд, ки падару модари худро нигоҳубин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намоянд”. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур, фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон, ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.

Аюбов Д.Қ - ходими илмии ШФКА - и Институти астрофизикаи АМИТ

Воқеан ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта диққати моро ба худ ҷалб месозанд. Гарчанде бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бархе аз ин ҷумҳуриҳои иттиҳод истиқлолияти давлатӣ бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад, аммо дар Тоҷикистони мо масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, гурӯҳҳои мухолифинро ба шур оварданд. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори худ қарор дода, маҳалгароиро пеш гирифтанд. Дар натиҷа зумраҳое падид омаданд, ки аҳолии мамлакатро аз руи мансубияти миллӣ ва маҳаллӣ бар зидди ҳамдигар хезониданд. Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо истифода аз фурсати мусоид дар он айёми ҳассос ҳадафи асосии зумраи ихтилофангез буд ва онҳо дар ин ҷода аз ҳеҷ чиз, ягон роҳу восита ру наметофтанд. Дар Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқӯъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ дар буҳрони амиқи душворҳал ғyттавар шуда буд. Дар марказ ва ҷануби кишвар ба маънои ҳақиқиаш ҷанги байни тоҷикон оғоз ёфта, парокандагии миллат ба вуҷуд омад, ки он барои ҷумҳурӣ ва ояндаи миллати мо хатари калон дошт. Ҳазорон нафар сокинони муқими мамлакат, ки ба зери даргирҳо монда қурбон шуданашон аз имкон дур набуд, ба хориҷи кишвар кӯч бастанд. Таҳдиди дастаҳои яроқнок ба пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе равона гардид. Вакилони мардумии Шурои Олии Тоҷикистон хатари неруҳои ихтилофбаранггезу яроқнокро эҳсос намуда, дигар кори худро давом дода наметавонистанд. Ҳукумат тамоман фалаҷ гардида буд, на аз уҳдаи роҳбарӣ ба кишвар, на аз уҳдаи ҳимояи худ мебаромад. Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва нерӯҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иқтисодӣ ба амнияти давлати навакак ба истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддӣ ворид намуданд. Дар натиҷа дар фазои орому осудаи кишвар фазои сунъии вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оварда шуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар ва дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ аз нигоҳи фарҳангию иттилоотӣ низ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа дар ин самтҳо бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.

Пешвои миллат, фарҳангро ҳастии миллат ва асоси мавҷудияти ҳар як миллат арзёбӣ намудаанд. Фарҳанг маҳсули фаъолияти дуру дарози таърихии инсон мебошад. Тамоми неруи сиришти фарҳанг дар сурату симоҳои гуногуни халқу миллатҳо, забонҳо, таълимоти динӣ, илму ҳунар ба таври хоса зоҳир гардида, на фақат технология ва тарзу усули зиндагӣ ва тамоми фаъолияти эҷодкоронаи одамонро фаро мегирад, балки он ба арзишҳои муҳимми ҳаётӣ табдил гардида, ба зиндагонӣ ва ҳастии инсон маънӣ мебахшад. Фарҳанг бо мақсадгузориҳои муайяни инсонӣ ва дар ҳаёт амалӣ гардидани ин мақсадҳо зич алоқаманд мебошад. Он дар асоси ҷаҳонбинӣ ва меъёрҳои гуногуни маънавию ахлоқӣ муносибат доштан ба ҳамин навъи ҷомеаро ташкил медиҳад.

Фарҳанг ин нишонаи миллат, таърихи миллат ва пояи ҳастии миллат маҳсуб меёбад. Дар замони истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги мардуми тоҷик ба пуррагӣ эҳё ва рушд ёфт. Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг эътибори хоса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз фазои фарҳанги миллӣ ҳифз гардида, маданияти шаҳрвандон рӯз аз рӯз баланд гашта истодааст.

Муносибати муътадил ва ҳасана дар хамаи давру замонҳо бар асари таҳаққуқ пайдо кардани фарҳанг дар умури иҷтимоӣ имконпазир буда, маҳз фароҳам овардани имконоти фарҳангӣ боиси ҳаллу фасли мушкилоту дарҳамбарҳамиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва равонӣ гардидааст. Оромиш ва суботи ҷомеа, қабл аз ҳама, ба равиши зиндагии фарҳангӣ ва фаъол будани ҷомеаи маданӣ, ки мунтаҳо, ба ваҳдат сабаб мегардад, марбут аст. Дар навбати худ, ваҳдат риштаест, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад [3, с.22-23]. Ваҳдату ҳамбастагӣ ва раванди ташаккулу инкишофи он ба фазо ва муҳити фарҳангӣ бевосита алоқаманд аст ва дар паҳнои муносибатҳои фарҳангӣ ва маданӣ устувор мешавад.

Маълум аст, ки ваҳдати миллӣ маҳсули марҳилаи навини инкишофи ҷавомеи миллӣ мебошад. Дар ин гуна ҷомеаҳо ваҳдати миллӣ хусусияти рамзӣ-символикӣ пайдо мекунад ва элитаи сиёсӣ аз он барои таъмини устувори низоми иҷтимоию сиёсӣ ҳадафмандона истифода мебарад. Масъалаи ваҳдат ва раванди амалишавии он ба масъалаи созиши миллӣ бастагӣ дорад. Созиши миллӣ ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, ҳадафи бартараф намудани низоъҳои дохилимиллӣ, дохилидавлатӣ ва минтақавиро дар ин ё он мамлакат дар назар дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ваҳдати миллӣ ба унвони механизми асосии созиши миллӣ дар нимаи дуюми солҳои навадуми садаи бист, аниқтараш, 27-уми июни соли 1997 ҷанги дохилиро, ки боиси хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ гардида буд, барҳам зад. Дар марҳилаи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ ва даргириҳои бемаънии мусаллаҳонаи ибтидои солҳои навадуми асри бист неруи тозаи миллӣ дар симои раиси Шӯрои Олии вақт Эмомалӣ Раҳмон тавлид ёфт, ки ҳадафи ягона - мунҳал кардани ҷангу даргириҳои дохилӣ, ба вуҷуд овардани фазои ваҳдати миллӣ ва ба оромишу субот расонидани ҷомеаи тоҷикро дунбол карда, ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардид. Ба таъкиди донишманд ва муаррихи тоҷик Иброҳим Усмон: «Бузургтарин хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати Тоҷикистон муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳу халқи тоҷик, наҷоти миллат аз гирдоби фоҷеабори ҷанг, ба ҳам овардани онҳое, ки аз ҳам дур мешуданд, нигоҳ доштани киштии шикастаи ҳукумат аз ғарқу нобудшавӣ аст»[4, с. 4].

Тибқи қоида ва одоти маъмулии сиёсӣ, сулҳу оштӣ танҳо дар натиҷаи гуфтушуниди тарафҳои даргир сурат мегирад ва бо қарордоди тарафайн ба анҷом мерасад. Охируламр, бо саъю талошҳои фаровони Сарвари давлат сулҳу оштӣ фароҳам омад ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа тадриҷан устувор гардид. Ҳамин тариқ, сулҳу салоҳи мардуми мо тозатарин ва мушаххастарин роҳи ба ҳам расидани тарафҳои даргирро кашф намуд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва фурӯ нишондани оташи ҷанги дохилӣ давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пайи амалӣ намудани барномаҳои фарҳангӣ иқдомоти зарурӣ анҷом дода, тадриҷанд ба фазосозии миллӣ дар умури маданӣ даст ёфт. Шароити бози ваҳдати миллӣ ва тафоҳуми мардумӣ боиси он гардид, ки ҷомеа ба сӯйи шинохти арзишҳои миллӣ, тарғиби мероси гаронмояи фарҳангӣ ва муаррифии осори гузашта дар сатҳи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардорад.

Аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта тасмимоти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бештар сари фарҳангикунонии ҷомеа аз тариқи таҷлили солрӯзи бузургтарин чеҳраҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ қарор гирифта, дар заминаи омӯзиш ва таҳқиқи осори гузашта солгардҳои шоирону мутафаккирони бузурги миллӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ ва дигарон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ доир шуд. Соли тамаддуни ориёӣ ба унвони тадбири сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки таҷлили саросарии он ба соли 2006 иттифоқ афтода буд, гардиши куллиеро дар самти шинохт ва муаррифии мероси арзишманди тамаддуни ориёӣ дар марҳилаи ваҳдатсозии миллӣ ба вуҷуд овард. Илова бар ин, дар замони таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории суботу амнияти иҷтимоӣ таҷлили вусъатноки ҷашну маросимҳои бостонии миллӣ, назири Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз авлавиятҳои давлатӣ шинохта шуд. Бавижа, таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз дар саросари кишвар ва ба ҷашни байналмилалӣ бадал шудани он ҳодисаи нави таърихӣ дар масири фарҳанггустарӣ ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

Бо ба вуҷуд омадани шароити хуби омӯзишӣ ва таҳқиқӣ масъалаи муаррифӣ ва тарғиби ғояҳо, арзишҳо ва маросимоти милллию мардумӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ ба миён омада, дар ин замина, тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Таҷлили ҷашнҳои бостонии Наврӯз Сада, Меҳргон, Тиргон, Ялдо ва амсоли инҳо, ки дар хотираи таърихии миллати мо ҳифз шуда, ба умри миллат ва мардум баробаранд, тақозои замон мебошад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ бозсозӣ ва ба сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ расонидани иду маросимоти мардумӣ аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меояд. Дар баробари таҷлили саросарии ҷашну маросимоти миллӣ, масъалаи ҳифзи мерос ва арзишҳои фарҳангӣ ба масъалаи умдаи сиёсати давлатӣ табдил ёфта, дар марҳилаи ваҳдатсозӣ ба ин самти муҳим аҳамияти зарурӣ дода шудааст. Ҳанӯз баъд аз он ки соли 2003 Конвенсия (Муоҳада)-и ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ(маънавӣ)» қабул гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ба узвияти ин Муоҳада пазируфта шуд. Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти масъала, Ҳукумати Тоҷикистон 31 майи соли 2012, таҳти №263 «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020»-ро ба тасвиб расонд, ки дар он мушаххасоти таълиму тадвин, тарғибу ташвиқ, таҳияву интишор ва билохира ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ матраҳ гардидааст[2, с. 6]. Бар мабнои он, таваҷҷуҳ ба мероси гузаштаи фарҳангӣ ва ҷиддитар аз ин, ҳифзу нигаҳдошти он аз газанди рӯзгор рисолати фарҳангиёну зиёиёни кишвар мебошад.

Бар пояи фарҳанги ватандорӣ, ки намунаи олии маданияти тоҷикӣ аст, бунёд ёфтани ваҳдати миллӣ маънои ба илму дониш ҳамоҳанг будани зиндагии ҷомеаро далолат мекунад. Ҷомеаи маданӣ, қабл аз ҳама, бо дониш ва фарҳанг сари кор дорад ва ба василаи такмилу тавсеаи илму дониш, ки аз тариқи китобу мутолеа ба даст меояд, ба густариши фарҳанг машғул мешавад. Ин аст, ки ҷалби насли ҷавон ба китобу китобхонӣ аз масоили ҷиддиест, ки пешорӯйи мақомоти марбута ва дастандаркорони соҳа қарор дорад. Китобхонӣ ва китобдӯстӣ аз муқтазиёти муҳимми замонӣ маҳсуб меёбад, зеро ки сатҳи баланди огоҳӣ, шинохт ва арзишгузорӣ, пеш аз ҳама, ба бинишмандии ҷомеа вобастагӣ дорад. Ташаккул ва таҳаввули биниш ва диди хонанда, омӯзанда ва умуман, шаҳрванде, ки дар фазои амну суботи қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сар мебарад, умри ваҳдату ҳамбастагии мардумро дароз менамояд ва ҳусни тафоҳумро дар ҳама сатҳҳои иҷтимоӣ таҳаққуқ мебахшад.

Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари бароварда сохтани ниёзҳои иттилоотӣ, фаннӣ (техникӣ), маърифатӣ, эстетикӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин ба мағшуш сохтани зеҳниёти иҷтимоъ тавассути таблиғоти афкору мафкураи ғаразнок, ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ ва дар ин замина, тағйир додани тафаккури ҷомеаҳои пасошӯравӣ сари кор мегирад. Сели иттилооти гуногунмазмун, ки даҳсолаи ахир рӯйи сафаҳоти нашрияҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ мерезад, як навъ таҳлили фаннӣ ва бархӯрди мантиқии фикриро талаб менамояд. Феълан то андозае қисмате аз фарҳангиёни ҷомеа дар ин самт ба буҳрон мувоҷеҳанд.

Дар чунин вазъият, ки онро муҳаққиқон ва коршиносон, одатан ҳолати буҳронӣ талаққӣ мекунанд, омодагии фикрӣ ва мафкуравӣ-идеологии табақоти иҷтимоӣ, махсусан ниҳодҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ сахт зарур аст. Самти ҳаракати ниҳодҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ дар марзи таҳаввулот ва бедории фикрии ҷомеа маҳдуд мешавад. Муҳим он аст, ки намояндагони илму фарҳанг ва фалсафаи давлатҳои миллии фазои пасошӯравӣ дарк кардаанд, ки зарурати муттаҳид шудани мардумони минтақа ва ҷаҳон ба миён омадааст[1, с. 9]. Бар мабнои ин, ҷуғрофиёи ваҳдати миллӣ тавсеа ва масири нуфузи он дар паҳнои фарҳанги башарӣ густариш меёбад. Барои он ки ҷилави бархӯрдҳои номутавозини сиёсӣ ва тамаддунӣ гирифта шавад, мебояд садои наслҳои огоҳи миллатро ба сози муколимоти беғаразонаю самимонаи байни тамаддунҳо ҷур кард. Бинобар ин, нахуст зарурати муаддабона ва муттафиқона ислоҳ намудани камбуду нуқсоноте, ки то ин замон дар ҷараёни кори фарҳангии ватанӣ эҳсос шудааст, пеш меояд. Вобаста ба ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва биниши илмии насли ҷавон, миёнсол ва солманди ҷомеаи тоҷикӣ, ки дар зарфи 10-15 соли охир ба хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ махлут шудааст, яке аз омилҳои асосии ҳифзи ваҳдати миллӣ дар марзу буми аҷдодӣ мебошад.

Муҳаққиқон кайфият ва чигунагии сарнавишти миллиро дар фазо ва макони мушаххас ба ҷадалу пайкори худи миллат мансуб медонанд ва аз ин ҷо метавон хулоса бардошт, ки меҳру самимият, ақлу фаросат, наҷобату шарофат ва бинишу маҳорати наслҳои миллат(махсусан, фарҳангиён), ки ҳамагӣ дар мафҳуми «одоби миллӣ» ҷамъбаст мегарданд, дар таҳким ва устувории ваҳдати миллӣ ва дар маҷмӯъ, ваҳдати иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд. Оянда ва дурнамои оптимистонаи ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба дониш ва биниши илмӣ, ахлоқу мафкураи устувори миллӣ ва фарҳанггустарии табақоти сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва умуман, фаъолони иҷтимоӣ иртибот дорад.

Ба василаи рӯйи кор овардани офаридаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҷомеа худ аз худ тағйир меёбад ва зиндагисозӣ ба унвони маҳорати фарҳангию ҳунарӣ маҳбубият пайдо менамояд. Пеши роҳи ҷангу даргириро, ки аз ҷаҳолату таассуби ҷомеа сарчашма гирифта, мусибатҳоро дар пай дорад, бо фарҳангу ҳунаре, ки бар мабнои созандӣ ва офаринандагӣ устувор аст, метавон сулҳу амниятро дар ҷомеа ҳифз намуд. Воқеият ин аст, ки имконоти фарҳангии густурда барои таҳкиму тақвияти ҳамаҷонибаи ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад ва чун сипар дар баробари хавфу хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ хидмат менамояд.

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Адабиёт:

1. Бобоёров Ҳафиз. Методологияи бехатарии вуҷудӣ: мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб. -Душанбе: Дониш, 2015. -С.9).

2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик.-Ҷилди 1.–Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015. -С.6).

3. Идиев Х. Ваҳдат ва омилҳои иҷтимоии таҳкими он. /Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. -Душанбе: Дониш, 2007. -С.22-23).

4. Усмон Иброҳим. Савганди сулҳофаринӣ(ба муносибати 20-солагии Сулҳ ва Ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон). –Душанбе: «Бебок», 2017. -С.

Зиёева З. И. Ходими калони илмии

Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ

ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Ҷангибекова С.,унвонҷӯи бахши аввали

Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ

ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Об асту ҳаёт пойдор аст,

Об асту замину кишту кор аст.

Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,

Аз ҳастии оби файзбор аст.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳои кишоварзӣистифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, неруи барқ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои омодакардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, коркарди коғаз, истеҳсоли собун ва нонпазӣ, нӯшокиҳои мухталиф истифода мебаранд.

Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо эҳтиёҷдорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд. Зеро об манбаи ҳаёт аст.

Мо, Тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша ифтихор намоем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои обии одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Ин маъхази бузург, ки одамро асос аст, об аст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад.

Аз қадимулайём дар китобҳо об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Ба ифодаи Умари Хайём:

Аз оташу обу боду хокем ҳама,

З-ин чор чу набванд ҳалокем ҳама.

Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда ва сарвати бебаҳои зиндагӣ эҳтиром намоем, онро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он ифлосиҳо партояд ё ягон амали носазоеро нисбати он раво бинад.

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,

Набояд фикандан дар он сангу хок,

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, гиромӣдонистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони соҳибфарҳанг аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ маҳсуб меёбад.

Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,

Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Об ҳасту ободӣ низ ҳаст мегӯянд дар урфият. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагӣ қарор доранд. Об аст, ки инсон ҳатто дар дами марг қатрае аз он ошомида нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад.

Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона, бархе аз инсонҳои беандеша дидаю дониста наҳру ҷӯйбор ва чашмасорро ифлос мегардонанд. Дар канори рӯду ҳавзҳопартовҳои маишӣ партофта онро ифлос мекунанд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин боиси ба саломатии аҳолӣ ва сокинони сайёра зиён расонидан хоҳад гардид. Ҳамин тариқ, тозаю озода нигоҳ доштани он, макрӯҳ накардани ҳар қатраи об вазифаи ҷонӣ ва муқаддаси ҳар як шахси мусалмон махсуб меёбад.

Хулоса, аз гуфтаи Пайғамбари бузург Расули Акрам «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад». Аз ин лиҳоз, обро эҳтиёт намуд ва инчунин онро покизаю мусаффо нигоҳ доштан зарур аст.

Бо мақсади аз таъсироти манфии инсон ва ҷомеа нигоҳ доштани табиат, махсусан, захираҳои обӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зисти кишвар, минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда истодааст. Вобаста ба муҳиммияти масъалаҳои экологӣ бо тақозои замон тайи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба аксари қонунгузориҳои ҳифзи табиат ворид карда шудаанд. Ҳамзамон дар ин самт беш аз 40 қонун дар бораи экология ва сарватҳои табиӣ қабул гардидааст.

Бо иқдом ва саҳмгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 1993 дар якҷоягӣ бо роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал таъсис дода шуд. Соли 2002 бо мақсади ҳалли қазияи марбут ба об ва масоили экологии баҳри Арал дар шаҳри Душанбе ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар ин ҳамоиш раисии Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал аз соли 2002 то соли 2008 ба уҳдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор карда шуд.

Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад.

Ба ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳиммтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чаҳорчӯбаи воқеияти имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодӣ идора карда шавад.

14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии 153 кишвари аъзо ташаббуси 5-уми байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим пазируфт. Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд, ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21-уми март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои экологии хислати ҷаҳонӣ дошта баромад намуда, дар самти ҳифзи захираҳои табиии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст.

Саидзода Ҳалим Азиз – Мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – Мутахассиси пешбари Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».

Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати Ваҳдати миллӣ бо такя ба хиради азалӣ, бо дарки томи масъулияти ватандорию хештаншиносӣмардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари оқилу дурандеш ва муътабари хеш Эмомалӣ Раҳмон мақому эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳон устувортар намуд. Бунёди шоҳроҳу пулҳои азим, эҳёи «Кохи нур» ва барафрохтани шуълаҳои умедбахш, коштани донаҳои умеду сарсабзу хуррамгардонии диёр, баҳравар сохтани насли наврас аз нури маърифат самараҳои неки ин дастоварди таърихии миллати тоҷик – Ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.

Имрӯз бархе аз кишварҳои ҷаҳон барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат талошҳои зиёде намуда, аммо ба он ноил намегарданд. Миллати сулҳофари тоҷикбо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ тавонист, ба ин дастоварди гаронмоя – Ваҳдати миллӣ сазовор шавад. Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва рушди ҳаёти осудаи мардум басо барҷаста аст. Барои таҳкими пояҳои давлатдории навини миллии мо – халқи тоҷик вазифадорем, ки дастовардҳои бузурги таърихӣ – Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ ва меваи шаҳдбори он сулҳу суботи сартосариро гиромӣ дорем, эҳтиёт кунем, ояндабину дурандеш бошем, Ватани маҳбубамонро чун модари азизи худ дӯст дорем. Зеро сулҳи деринтизори халқи тоҷик миллати моро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз вартаи нестӣ раҳо карда, ба ояндаи босаодат расонд. Таҷрибаҳои таърихиву имрӯза собит менамоянд, ки муноқишаҳои хушунатбор ба нооромию беваҳдатӣ оварда мерасонад. Имрӯзҳо давлату миллатҳое ҳастанд, ки барои барқарор намудани фазои сулҳмеҳвар дар давлати хеш талош мекунанд, вале ба ваҳдату ҳамбастагии миллӣ расида наметавонанд. Дар давлатҳои дар ҳоли ҷангу рӯ ба муноқишаҳои дохилю хориҷӣ, ки ҳодисаҳои нангин ба монанди надоштани сулҳу субот, нооромиву нофаҳмӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар сокинони бегуноҳ, ба ҳаёти талх мубаддал гаштани рӯзгори занону модарон, фирор кардани шаҳрвандон ба дигар давлатҳо, гирифтори азобу машаққати гурӯҳҳои манфиатхоҳ бори дигар мо – миллати тоҷикро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, муттаҳид бошем ва суботи сиёсиро дар кишварамон боз ҳам устувортар гардонем. Зеро рушди ҷомеа, рӯзгори осуда ва умеду орзуи ҳар як шаҳрванд танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ метавонад, амалӣ шавад. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тиҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣдар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат ҳанӯз 27.06.2017 таъкид дошта буданд, ки: «Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣва таъмин намудани пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад, яъне ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад».

Бо такя ба таъкидҳои роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудан ба маврид аст, ки Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад ва бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ талош намояд. Маҳз, дар заминаи имкониятҳои фароҳамнамудаи ин дастоварди нодири тоҷикон – Ваҳдати миллӣ халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик рӯ ба бунёдкориву созандагӣ ниҳода, дар самти муаррифии таъриху тамаддуни волои худ ба ҷаҳониён шарафёб гашт. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш миллати тоҷикро шарафёб кард, ки дар роҳи бунёдкориву созандагӣ гомҳои устувор гузорад. Татбиқи ҳадафҳои стратегии халқу давлати Тоҷикистон, пешрафту шукуфоӣ, ҳаёти осудаи мардум аз Ваҳдат аст.

Бояд гуфт, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши кишварҳои гуногуни олам, бахусус, кишварҳое, ки дар онҳо ҷангҳои дохилӣ ҷараён дорад, қарор гирифтааст. Дар ҳамоишу конфронсҳои байналхалқӣ сулҳи тоҷикон намунаи ибрат дониста мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27.06.2016 дар шаҳри Хоруғ таъкид карда буданд, ки: «Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт».

Маврид ба қайдаст, ки меҳвари рушди ҳаёти мардум ва пешрафту тараққиётро сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, поянда ва устувору ҷовидона нигоҳ доштани суботу оромиш ва ваҳдати миллӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини муқаддаси Тоҷикистон дониста мешавад.

Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар ватани маҳбубамон – Тоҷикистони сулҳмеҳвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаҳои мусоид муҳайё гардид. Ваҳдати миллӣ - чун қувваи иттиҳод барои халқу давлати мо муқаддасу гаронмоя аст. Ватанро сидқан дӯст доштан, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо овардан, эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси миллию давлатӣ гузоштан, Ватанро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кардан ва барои пойдории Ваҳдати миллӣ саъю талош намудан вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордилу худогоҳи ин сарзамин – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа - ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, д.и.т., профессор

Ба ҳамагон маълум аст, ки чашмаи оби зиндагӣ ин илм аст. Илм зидди ҷахолат аст ва нодонӣ аз хосиятҳои торикист. Аз ин рӯ, илм шарифтар аз ҷахолат аст, зеро ки инсонро аз зулмоту торикӣ раҳсипор мекунад сӯи рӯшноӣ. Пас миллати тоҷик, ки ҳазорсолахо пеш дар ин поя ба сухан ва илму дониш арҷ гузоштааст, мебояд ки имрӯз низ офарандаи сухан, илму дониши замонавӣ ва андешаҳои нав бошад. Ногуфта намонад ки илму амал дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва хал намудани муаммохои зиёд ниҳоят бузург аст. Беҳбудии зиндагӣ, пешрафти ақлонию фархангии одамон, тараққиёти кишвар вобаста ба илму дониш аст. Рушд ва ободонии ҳар мамалакат ба соҳибмаърифат будани шаҳрвандони он кишвар сахт алокаманд аст.

Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон барои миллат ва Ватанмон, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити хуб ва зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони Чумхурии Точикистон, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷахд, заҳмату талоши зиёде карда истодаанд. Ҷавононро неруи тоза ва ояндаи Ватани азизамон ҳисобида, барояшон шароити хуби таҳсилро фарохам овардаанд ва оварда истодаанд. Ин аз таваҷҷухи беандозаи он кас ба соҳаи илму маориф мебошад.

Роҳбари давлат соҳаи маорифро чун омили такондихандаи пешрафти илму фарҳанг тавсиф намуда, иброз доштанд, ки: «Факат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхори мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Ғамхориҳои беназири Сарвари давлат нисбат ба сохаи илму маориф барало намоён аст. Дар ҳама мулоқоту сухбатхояшон бо намояндагони ахли зиё ва олимону ихтироъкорон ва дар мачмуъ, ба тамоми шаҳрвандон масъалаи мактабсозиву мактабдорӣ, китобхониву илмомузӣ ва ихтирои технологияи навинро ба миён гузошта, ҷиҳати пешрафту рушди соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа бевосита мусоидат мекунанд. Дар баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки ба соҳаи маориф ва илм ҳамасола дар низоми буҷаи кишвар дар қиёс ба дигар соҳаҳо бештар маблаг чудо карда мешавад. Ҷихати ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз хам баланд бардоштани сатҳи некуахволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои сохаи хифзи ичтимоӣва дигар ташкилотҳои буҷетӣ40 фоиз зиёд карда шуд. Ин ҳама аз таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат барои рушди илму маъориф дарак медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар рушду инкишофи илми тоҷик саҳмгузор бошад.

Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумхурии Точикистон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанхои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар сохаи илму маориф» эълон шудааст. Ба роҳмондани Бистсола ба хотири боз хам беҳтар намудани сатҳи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас равона гардидааст. Дар робита ба ин Бистсола изҳор намуданд, ки бояд «Назорати аз худкунии донишхои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону чавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дакик ва риёзӣ таваҷҷухи бештар зохир намоянд».

Мохи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат гуфта буданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияхои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташакули чахонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад». Аз ин рӯ, мо бояд рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузорем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорад.

Такя кардан ба нерухои зехнӣ ифодаи бебаҳси эхтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарханги мамлакатамон мебошад. Рӯй овардан ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус омӯхтани илмхои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами устуворест барои рушди иқтисоди мамлакат ва таъмини ракобатпазирии кишвар дар арсаи ҷахон.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва дигаргуншавии тамаддунҳо моро зарур аст, ки аз имкониятҳои фароҳамовардашуда сармаранок истифода намуда, барои боз ҳам бештар инкишоф додани самтҳои илмии муаяйн саҳмгузор бошем, зеро инкишофи миллат ба илму маорифи он сахт алоқаманд буда, ояндаи ҳар як миллати соҳибдавлат ба мардуми он вабастагии зич дорад. Мо ҳамчун пайравони Пешвои миллат ва сиёсати маорифпарварони ин шахсияти бузург дар доираи барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанхои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар сохаи илму маориф» бо кӯшишу талошҳои хеш метавонем саҳми босазои хешро дар рушди фанҳои зикргардида гузорем.

Рауфова Рузигул - ходими илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

(дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Пас аз баргузор гаштани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо новобаста ба душвориҳои солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ва авҷи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳаи илм дар баробари маориф дар Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятдошта эътироф гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии бештар ёфт ва маблағгузорӣ ба ин соҳа сол ба сол афзуд. Чуноне дар мулоқоти мавриди назар Пешвои миллат зикр намуданд: «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст... Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст». Бо пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қатъи назар аз мушкилоти ҷиддии дар Тоҷикистон пайдошуда, бо саъю талошҳои Пешвои миллат ва олимон муяссар гардид, ки нерӯи илмӣ ҳифз ва тараққӣ дода шавад.

Дар Тоҷикистон пас аз соҳибихтиёрӣ аз соли 1991 то соли 2000 бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва вобаста ба он кам будани Шурои дифоъ аз рӯйи ихтисосҳо, ночиз будани стипендияи аспирантону докторантҳо, фарсудашавии заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳои донишгоҳҳо, адабиёти нав аз рӯйи ихтисос, надоштани китобхонаҳои электронӣ ва ба шабакаи интернет пайваст набудани китобхонаҳои баъзе муассисаҳои таълимӣ, нарасидани маблағ барои сафарҳои хизматӣ ва ғайра омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба таълифи рисолаҳои илмӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Тавре дар мулоқоти мазкур Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, рушду нумуи илм дар ҷумҳурӣ чун дигар соҳаҳо асосан баъд аз соли 2000-ум беҳтар гардид. Ба пешрафти соҳа, пеш аз ҳама, таҳияи санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Низомнома дар бораи тартиби додани унвонҳои илмӣ ба кормандони муассисаҳои илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони илмию педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» (соли 2004), «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015» (соли 2006), «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» (соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (18.03.2015, №1197) ва ғайра мусоидат кард. Ҳукумати кишвар ба маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии фармоишӣ дар ин солҳо бештар аҳамият дод. Масалан, агар дар соли 2001 - 32829 ҳазор сомонӣ ва соли 2005 – 241 298 ҳазор сомонӣ барои корҳои фармоишии илмӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2010 бо ин мақсад 1 611 203 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Сафи унвондорон дар соли таҳсили 2010-2011 нисбат ба соли 1991-1992 зиёд гардид (номзади илм аз 1835 ба 2073 нафар расид, ки 88 % зиёдтар аст ва доктори илм аз 226 то 493 нафар афзуд, ки 46 % зиёд буд). Тавассути ин неруи илмии муассисаҳои соҳаи маориф рӯй ба беҳбудӣ овард.

Дар асоси натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001 то 2010 монография, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, рисола ва мақолаҳои зиёде ба чоп расонида шуданд. Масалан, агар дар соли 2005 устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ 64 монография, 640 мақолаи илмӣ, 200 дастури таълимии методӣ, 48 китоби дарсӣ, 60 барномаи таълимӣ таҳия ва чоп намуда бошанд, пас дар соли 2010 теъдоди рисола ва китобҳои дарсӣ ба 1107, дастурҳои методӣ ба 1122 ва монографияҳо ба 118 адад расид.

Умуман, агар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 1991-ум 1835 нафар номзади илм ва 226 нафар доктори илм кор мекарданд, дар мулоқот Пешвои миллат дарҷ намуданд, ки ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. То замони соҳибистиқлолӣ бошад, дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Дар давраи Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – маркази асосии илми мамлакат қариб даҳ ҳазор корҳои илмӣ, аз ҷумла қариб 1200 китобу рисолаҳо, маҷмуаҳои илмӣ ва монанди ин ба табъ расонида шуд. Дар 10 соли охир бештар аз се ҳазор мақолаву асарҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаву нашриётҳои бонуфузи давлатҳои ИДМ, Амрико ва Аврупо ба нашр расиданд, ки ин натиҷаи илмро дастгирӣ намудани Ҳукумат ва шаҳодати эътирофи олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Тайи солҳои охир аз тарафи муассисаҳои илмии Академияи миллӣ барои ихтироот беш аз 200 патент ба даст оварда шуд. Танҳо дар панҷ соли охир қариб 650 корманди Академияи миллии илмҳо барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва хамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба давлатҳои хориҷӣ сафарҳои хизматӣ доштанд. Аз 1982 корманде, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият доранд, 35 нафарашон аъзои пайваста (академикҳо), 34 нафар аъзои вобаста, 204 нафар доктори илм ва 373 нафар номзади илм мебошанд. Илова бар ин, дар ҳайати Академияи илмҳо 20 аъзои хориҷӣ ҳастанд.

Дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо ибтикори Пешвои миллат чуноне дар мулоқот ироа гашт, аз соли 2001 то соли 2019 бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд. Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад.

Бо дарназардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия, махсусан ба робитаи илм бо истеҳсолот, рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Ба хотири густариш бахшидани ин раванд, солҳои охир аз ҷониби Роҳбари давлат як қатор тадбирҳои иловагӣ амалӣ шуданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи илмҳо мақоми миллӣ дода шуд. Илова ба Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент шуъбаи илм ва инноватсия таъсис гардид. Инчунин Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015»-ро қабул намуда буд. Дар асоси ин санад, дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву таҳқиқотӣ паркҳои технологӣ таъсис дода, муҳаққиқону омӯзгорони навовар ба корҳои илмиву истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд.

Яке аз дастоварди муҳими соҳаи илм таъсиси "Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба шумор меравад, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 ба имзо расидааст. Дар даврае, ки Тоҷикистон дар фазои истиқлолияти комил қадамҳои устувор мегузошт, аттестатсияи кормандони илмӣ, илмӣ-техникии тахассуси олӣ ягона самте буд, ки ҳанӯз ҳам аз дигар кишварҳо, бахусус Федератсияи Русия, вобаста буд. Хушбахтона, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона мустақилияти кишварро дар ин ҷода низ таъмин намуд. Аксари ҷавононе, ки роҳи ноҳамвори илмро интихоб кардаанд, аз ин иқдоми наҷибонаю хирадмандонаи Президенти мамлакат гарм истиқбол карда, арзи сипос менамоянд. Акнун онҳо имкон доранд, ки дар кишварҳои хориҷӣ сарсону саргардон нагашта, дар Ватани худ диссертатсия ҳимоя карда, соҳиби дараҷа ва унвонҳои илмӣ гарданд. Баъд аз ба фаъолият шуруъ кардани шуроҳои диссертатсионии ватанӣ ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи омори соли 2022-юм 1531 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид гардидааст, ки аз онҳо 112 парвандаи аттестатсионию диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1339 парванда номзади илм ва 80-тои дигар ҷиҳати гирифтани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад. То соли 2022-юм 1175 диссертатсия тасдиқ шуда, 172 диссертатсия рад шудааст, ки 11 дарсади диссертатсияҳои ҳимояшударо ташкил менамояд. Пешвои миллат дар мулоқот аз он боиси таассуф ва нигаронӣ карданд, ки дар байни ин диссертатсияҳо сохтакориҳои дағал, асардуздӣ, корҳои пурғалату дур аз ҷанбаҳои илмӣ, ҳатто диссертатсияҳое, ки довталабон аз мазмуну муҳтавои онҳо огоҳӣ надоранд, мавҷуданд. Бинобар ин, агар пеши роҳи чунин амалҳои номатлубро нагирем, он рӯз дур нест, ки илми ватанӣ ба буҳрон дучор гашта, дар кишварамон мутахассисони дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир пайдо карда натавонем.

Тавре аз суханронии Сарвари давлат дар ин мулоқот бармеояд, дастовардҳои соҳаи илму маориф ҳанӯз ҳам қонеъкунанда набуда, дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ мушкилоти ҳалношуда зиёданд. Аз ҷумла Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми кишвар мебошад. Ҳамчунин афзуданд, ки дар академия аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ тайи солҳои 2021 – 2023 ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст. Бинобар ин, Пешвои миллат Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар сохторҳои марбутаро вазифадор карданд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ дар муҳлати се моҳ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.

Ҳамчунин вобаста ба камбудии ҷиддии дигар, ки норасоии кадрӣ ва номувофиқии тахассусии кормандони илмӣ ба вазифаи ишғолкардаашон аст, Пешвои миллат изҳори нигаронӣ карданд. Аз камбудиҳои зикргардида чунин хулоса карда шуд, ки ҷобаҷогузории кадрҳо дар муассисаҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ қонеъкунанда нест ва ҳангоми пешниҳоди таъсиси ин ё он сохтори илмӣ масъалаи таъмин будани онҳо бо мутахассисони соҳа ба назар гирифта намешавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дастур доданд, ки Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ барои ишғоли вазифаҳои илмӣ озмуни ғайринавбатӣ эълон намоянд ва қабули довталабонро бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монанд.

Аммо сохторҳои мазкур бояд тарафи дигари масъаларо низ (сарбории вазнини таълимии омӯзгорон, ба андозаи зарурӣ пардохт нашудани таҳқиқоти илмӣ), ки дар ин мулоқот Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, зимни санҷишу омӯзиш ба эътибор бигиранд. Воқеан, фаъолияти илмию омӯзгорӣ бо шиддати баланди эҳсосотӣ, зеҳнию асабӣ алоқаманд ва вазнину сангин буда, бинобар мушкилоти иқтисодиву молиявии кишвар ба таври бояду шояд пардохт карда намешавад ва аз ин рӯ на ҳар кас дар ҷомеа ин масъулиятро мехоҳад ба зимма гирад. Маҳз олиму муҳаққиқ ва муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки олиму омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.

Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо кормандони соҳаро рӯҳбаланд намуда водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи илм ва таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таҳқиқу таълимро беҳтар кунем ва барои омӯзишу пажӯҳиши босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Илму маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ буда, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза танҳо бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишвар таъмин гардад. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати таҳқиқоти илмӣ, дониши муҳаққиқон, омӯзиши адабиёти илмии муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ саъю кӯшиш намоем.

Буризода Эмомалӣ Бозор д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ Расулов

Фотеҳ Мирқозиевич н.и.ҳ., ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ

(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Зимни мулоқот бо аҳли илм ва маориф Пешвои миллат доир ба муҳимтарин роҳҳои баромад аз буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишварамон ибрози ақида намуданд. Ба вижа, масъалаҳои меҳварие, ки имрӯз дар ҷомеа аз масоили мубрам дониста мешаванд, ин рушди илм ва дурнамои он буда, махсусан масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ гардиданд.

Пешвои миллат рушди илм ва маорифро ду самти муҳимтарин барои пешрафти Тоҷикистон дониста, таъкид мекунад, ки «илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа мебошанд». Аз ин рӯ ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё менамояд.

Олимон дар адвори мухталифи таърихӣ тавонистаанд, ки мубрамтарин масоили иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии мардумро ҳал намоянд. Чунин мутафаккироне, ба мисли Абуалӣ ибни Сино, Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Низомулмулк ва дигарон дар хонадони тоҷикон ба дунё омаданд. Замони Буалӣ Сино давраи шукуфоии давлатдории Сомониёро шӯҳрати ҷаҳонӣ додааст. Маҳз ҳамин давраи таърихӣ, ба Сино ва дигар шахсиятҳои илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ имконияти номи худ ва миллати хешро дар таърихи башар абадӣ сабт намуданро фароҳам сохт. Имрӯз низ сиёсати дурандешонаи пешвои миллат таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир кардан ба аҳли илм аз он далолат мекунад, ки танҳо донишмандон метавонанд, наҷотбахши хирад ва ҷаҳонбинии илмии миллати худ бошанд.

Президенти кишвар моҳирона вазъияти Тоҷикистонро мушоҳида намуда, таъкид менамояд, ки имрӯз бояд аҳли зиё доир ба он тадбирҳое андешанд, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳҳои мушкилро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд.

Аз ин рӯ, маъсулияти аввалиндараҷаи мо олимон пеш аз ҳама, дар он дида мешавад, ки нуқоти муҳим ва аҳдофи стратегии афзалиятнокеро бояд дар соҳаи илму маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ муайян намоем, ки Президенти кишварамон доир ба онҳо махсусан таъкид намуд ва онҳо иборатанд:

1. Рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

2. Баланд бардоштани сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг

3. Тақвияти сулҳу субот дар кишвар.

4. Тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду илмдӯст

5. Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ

6. Ислоҳоти ҷиддиро даровардан дар соҳаи илм ва маориф.

7. Эҳёи тафаккури тозае дар соҳаҳои гуногуни илм.

Яке аз нуқтаҳои асосиеро, ки Пешвои миллат дар вохуриҳо бо зиёиёни кишварамон дар солҳои 2020 ва 2024 таъкид намудаанд, бештар таваҷҷуҳ доштани олимон ба фанҳои табиатшиносӣ, ба мисли физика, кимиё, астрономия ва фанҳои дақиқ, чун риёзиёт амиқтар омӯхта шавад, зеро бо аз худ кардани ин фанҳо хонандагон дорои ҷаҳонбинии илмӣ мегарданд. Вагарна, онҳо фирефтаи ҳаргуна идеяҳои ғайриилмӣ шуда, ҳаракатҳои номатлуби иҷтимоиро дастгирӣ менамоянд.

Бинобар ин, шахси дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва аз тасвири илмии олам бархурдор, ҳеҷ гоҳ на радикализм, фанатизм ва на экстремизми диниро тарафдорӣ намекунад. Барои ин, ҳар як нафаре, ки ба фаъолияти фикрӣ машғул аст, бояд аз қонуну қоидаҳои илми мантиқ, асосҳои табиатшиносӣ ва риёзиёт бархурдор бошад. Мантиқшиносон медонанд, ки тафаккур инъикоси бавосита ва умумиятдодашудаи ашё ва ҳодисаҳо дар шуури инсон буда, воситаи муҳимтарини дониши илмӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, масъалаи такомули тафаккури инсон аз ҷиҳати мантиқӣ дар ҷои аввал меистад.

Барои пешгирӣ намудани радикализми динӣ мо бояд ба моҳият, сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии он дар байни ҷавононро аз назар гузаронем. Масалан, яке аз сабабҳои асосии терроризм ва экстремизми динӣ машғул шудани ҷавонон дар надонистани фанҳои мантиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ мебошад. Сабаби дигар, ин хатари густурда шудани тамоюлҳои радикалӣ дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад, ки барои тамоми инсоният ба проблемаи глобалӣ табдил меёбад. Мутаассифона, бо таъсири манфии ин гуна ҷаҳонишавӣ дар даҳсолаҳои охир ғояҳои радикализм ва фанатизми динӣ, дар қатори дигар ғояҳои ифротгароӣ дар ҷумҳуриамон паҳн шудааст.

Раванди мазкур, аз як тараф, ба тамоюлоти ҷаҳонишавӣ, дастрас будани иттилоот ва афзудани сомонаҳои иттилоотӣ, инчунин дигар равандҳои руйдиҳанда дар ҷомеаи муосир вобаста аст. Аз тарафи дигар, гарчанде ҳар гуна идеяҳои радикалӣ аз ҷониби омма дастгирӣ нашавад ҳам, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аҳли ҷомеаро ба ҳушёриву эҳтиёткорӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намояд.

Хулоса, мо зиёиён бояд бар муқобили ҳар гуна ғояҳои ифротгароӣ якҷоя мубориза барем. Табиист, ки таҳаввулот ва табадуллоти ҷаҳони муосир ба руҳияи мардум бетаъсир намонда, дар баробари афкор ва амалҳои мусбати ҷаҳонишавӣ, инчунин андеша ва моҷароҳои манфие рушд кардаанд, ки ҷавононро роҳгум месозанд. Барои ба буҳрони маънавӣ наафтодан, ҷавононро лозим меояд, ки дар такя ба оинҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ меъмори дурусти зиндагии хеш бошанд.

Имрӯзҳо хабару иттилоот зиёданд ва ҷавонон намедонанд, ки кадоме аз онҳо ҳақ ва кадомашон дурӯғ аст. Дар чунин ҳолат, барои бартараф кардани шубҳаҳо, ба донишҳои захиравӣ ва таҷрибаи гузаштагон такя намуда, ин амалҳои манфурро бартараф карда метавонем. Бинобар ин, рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.

Нуқтаи дигареро, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, доир ба ислоҳоти ҷадиде овардан дар соҳаи илм ва маориф мебошад. Яъне ҷавонони имрӯза низ бояд дар қатори дигар давлатҳо аз эҳёи фикрии донишмандони ҷаҳон низ бохабар бошанд. Зеро, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Пешвои миллат инчунин таъкид карданд, ки ҳар яки мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳо ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд. Албатта қисмате аз мардум муқобили чунин андешае ҳастанд, ки яке аз сабабҳои паст рафтани саводнокии кӯдакон ин дар истифодаи телефонҳои мобилӣ дида мешавад. Мусаллам аст, ки мо наметавонем ба гузашта баргардем, талаб ва дархости давраи муосир аз рӯи технологияи нав равнақ ёфта, ҳар сония, дақиқа ва сол дар рушду тағйирёбӣ буда, наметавонад бозистад. Бинобар ин, мо ба ҳайси падару модар, омӯзгор, муаллим ва тарбиятгар танҳо метавонем ба онҳо усул ва ё методи дурустро нишон диҳем, ки чигуна бояд онро истифода намоянд. Зеро пешрафти технологияҳои навтарин ба ҷузъ аз ҷанбаҳои манфӣ, инчунин чизҳои фоидаоваре низ дорад, ки кори моро хеле осон мекунад. Аз ин рӯ, мо қудрати манъ карданро надорем. Зеро онҳо ҷавононе, ҳастанд, ки дар давраи муосир тарбия ёфтаанд ва ин ҳақиқат ва навовариро бояд қабул намоем.

Масъалаи дигаре, Пешвои миллат арзёбӣ намуданд, ин надонистани забонҳои хориҷӣ аст. Мутаассифона, камбудии асосии қисмати олимони кишвар ин аст, ки ғайр аз забони русӣ забонҳои дигарро намедонанд ва бинобар ин, аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад. Аз олимоне, ки синну сол ва таҷрибаи кориашон бештар аст, талаб карда мешавад, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

Дар фарҷом бояд қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои миллат таъкид намудаанд, ин арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим, махсусан номзадон ва докторони илм аз рӯи ду меъёр мебошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд; дуюм, тарбияи дуруст намудани кадрҳои ҷавон, ки дар дар рушди илми кишвар саҳмгузор бошанд.

Бандалиева Ш. Номзади илмҳои фалсафа, Ходими калони илмии, Шуъбаи онтология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

1

Тавре ҳамагон хуб огоҳ гардидем, дар санаи 30 – юми майи соли 2024 дар толори Кохи “Ваҳдат” – и шаҳри Душанбе, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли илм ва маорифи кишвар доир гардид, ки ин вохурии навбатӣ пас аз чаҳор соли баргузорӣ бо ин тоифа барои аҳли ҷомеа ва ҳамзамон кормандони ин ду соҳаи калидӣ хеле ҳам муҳим ва бамаврид маҳсуб меёфт. Зеро ҳамагон хуб медонем ва инчунин огоҳем, ки таваҷҷуҳи пайваста ба ин ду соҳаи муҳим аз ҷониби Сардори давлат ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Ва мардум низ соҳаҳои илму маорифро чашми бинои ҳама кас ном мебаранд.

Чунки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар як вохӯрии худашон перомуни зарурати донишомӯзӣ, аҳаммияти рушди соҳаҳои калидии ҷомеа –2илму маорифи тоҷик, мушкилоти соҳаҳои илму маориф, роҳҳои ҳалли он ва дурнамои ҷомеа ба таври пайваста зимни ҳар як мулоқоту боздидҳояшон аз наздик бо масъулини ин соҳаҳо мунтазам суханронӣ намуда, ҳамзамон аз аҳли илму маърифат ва омӯзгорону донишмандони кишвар даъват ба амал меоваранд, ки дар рушди илми тоҷик, идомабахшии кору пайкори олимони сатҳи ҷаҳонӣ ва нобиғагону бузургони кишварамон, мунтазам даст задан ба ихтироъкориҳову навовариҳо, рӯй овардан ба китобу китобхонӣ, тарбияи донишандӯзиву маърифатҷӯйии фарзандонамон ҳеҷ гоҳ набояд саҳлангорӣ накарда, балки боз ҳам бештар аз пештар ва ё худ ҷиддитар машғул шавем.

Зеро, хоҳ нохоҳ вазъи имрӯзаи рушди илму технологияи ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки масъалаи мазкурро ба таври мушаххас бори дигар бо иштироки аҳли илму маорифи кишварамон ва тоифаи пешгоми ҷомеа ва ё худ ба ном зиёин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд, ки албатта, ин бесабаб нест. Зеро, дар ҳама давру давру замон илму маърифат қуфлкушои ҳама дарҳо ва инчунин сарчашмаи пешрафту хушбахтии ҷомеа, рушди оила, бурду бохти миллат ва давлат маҳсуб меёбанд. Тавре дар урфият низ хуб фармудаанд:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ҷаноби Олӣ зимни суханронии пурмуҳтавои худ иброз доштанд, ки айни замон илм асоси пешрафти иқтисодӣ, бар замми ин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва инчунин таъмини дарознокгардонии умри инсонист. Илм василаи раҳо гардидан аз гиреҳи мушкилот ва кафолати таъмини амнияту осоиштагии муътамад барои ҳар як фарди ҷомеа буда, инчунин ба ибораи дигар дар алоҳидагӣ ва барои миллату давлат дар умум аст.

Бояд қайд кард, ки ин мулоқоти судманду хотирмон ҳар як шахси соҳибмаърифатро водор менамояд, ки чун ҳамеша аҳаммияти фарогири мафҳуми илм ва эҳсоси миллатдӯстию меҳанпарастии Пешвои муаззами миллатро бори дигар эҳсос намуда, ҳамзамон баҳри пешрафти илму маорифи кишвар кӯшиш ба харҷ дода, рисолати касбиашро бо амри дилу виҷдон ба сомон расонад ва инчунин бахилию ҳасудиро аз батни худ дур карда, баҳри рушди зеҳнии шогирдони худ ба таври пайваста кӯшиш ба харҷ диҳад.

Пешвои муаззами миллат зимни суханронии пурмуҳтавояшон аз дастовардҳои кишвар дар як шароити барои давлати ҷавон ногувор ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мо бисёр сохторҳои барои ҳастии давлат заруриро аз сирф оғоз намудем ва имрӯз дар арсаи байналмиллалӣ соҳиби эътирофу эҳтиром гардидем. Ҳамаи ин мушкилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ё худ марҳала ба марҳала бо дарназардошти дурнамои рушди бомарому босуръати кишвар ҳаллу фасл карда истодааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва инчунин боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлол имрӯз дар бархе аз соҳаҳои илми кишварамон мушкилот ҷузъие низ шакл гирифтааст, ки ин нотавонбинию худпарастӣ ва дастгирӣ накардани олимони унвонҷӯй дар давоми солҳои тӯлонӣ мебошад, ки ба ин падидаи номатлуб хотима гузоштан зарур аст.

Чунки саҳлангорӣ ва бахилию ҳасудӣ хоси олими асил набояд бошад. Олими беамал тимсоли занбӯри беасал аст. Олими асил ва донишманд бояд дар рушди илм ва тарбияву ба камол расонидани шогирдони сазовори даврон ва инчунин раҳнамоӣ намудани ҷавонон бояд дар ҳама ҳолат ҳисси баланди масъулият эҳсос намояд, на ин ки барои миқдор шуда, шогирдонро сарсону саргардон ва аз илму донишандӯзӣ дилхунуку ноумед гардонад.

Ба таври ошкоро метавон гуфт, ки айни замон дар соҳаи мазкур баъзан саҳлангориҳои хандаовар, инчунин ҳолатҳое, ки ба шаъну шараф ва обрӯю эътибори олимони куҳансол латма ворид менамояд, аз ҳама бештар эҳсос карда мешавад. Чунки ашхоси кӯтоҳандешу ба чунин амалҳои ғаразноку номатлуб дастзананда худ ба хубӣ дарк намекунанд, ки онҳо бо чунин рафтори ношоиста ва амалкардашон на танҳо ба пешрафти илми кишвар, балки ба обрӯю нуфузи худашон ва ҷомеа зарари ҷиддӣ расонида, қадри илму олимро дар назди аҳли башар пасту беобрӯ мегардонанд. Олими асил ва дилсӯзи миллат онеро меноманд, ки худ бо аъмоли нек, раҳнамоии пайваста ва дастгирӣ намудани шогирдони сазовори давру даврон аз худ баъди сараш номи неке ба ёдгор мегузорад ва пас аз реҳлати ӯ шояд, ки рӯзе расаду ҳамон шогирди вафодору қадршиносаш ҳам боифтихор худро шогирди устоди хеш ҳисобаду ҳурмату эҳтиромашро заррае ҳам бошад ба ҷой биёрад.

Вале, аксарияти устон баҳри манфиати андак ё эътибори дӯстию рафиқӣ ва ё худ ба иллати бемории табобатнашавандаи ва нодида гирифтанҳояшон теша ба решаи худ мезананд. Дар баъзе ҳолатҳо ашхоси дар илм тасодуфӣ ва барои миллату давлат бетарафу бешарафро ҳамчун шахси донишманд пазируфта ва дар ниҳодҳои илмӣ мавқеъ дода, пас худ як заррае ҳам намеандешанд, ки бо ин амалкардашон гуноҳи азиме дар назди на танҳо илм, балки миллату давлат содир менамоянд. Албатта, ин амалкард на танҳо аз бемасъулиятии бархе донишмандон, балки аз бетарафию бешарафии бархе аз, ба ном олиму бо илм сару кор дошта, хусусан аз нобинои ва кам андеша кардани ниҳодҳои илмӣ ва масъулини марбутаи самти дахлдор низ вобастагии зиёде дорад.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо муваззафем, ки он ҳама дастуру супоришҳое, мушаххасе, ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронии пурмуҳтавои худ дар мулоқоти зикршуда ироа намуданд, метавон гуфт, ки эҳсоси дилсӯзонаи аҳли соҳибхираду бовиҷдон, дурандеш ва баору номусу меҳанпарасти илму маорифи кишварро боз ҳам ба ҷунбиш оварда, масъулияти ватанпарастиию меҳангароии онҳоро дучанд қавитар хоҳад гардонд. Ба гуфтаи шоир Фигорӣ:

Муаллим раҳнамои беҳтарин шуд,

Ба ангушти дилаш дониш нигин шуд.

Чу роҳи растгорӣ менамояд,

Сазовори ҳазорон офарин шуд.

РАҲИМЗОДА А.О. – директори Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

НАЗРУБЛОЕВ Н.Н. – котиби илмии Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Subscribe to Мақолаҳо