Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи XVI-Шурои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқи аввалин Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷангӣ шаҳрванди раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудааст.
Инчунин дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли- Пешвои Миллат» омадааст;
Солҳои 90-асри гузашта пас аз пош хурдани собиқ Иттиҳоди давлати шурави дар Тоҷикистони мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рух дод, ки мутаасифона ин даргириҳои дохили барои даҳсолаҳои дигар давлати мора ба қафо гузошт. Ҳазорон фарзандонро аз меҳри Падар маҳрум садҳо модарро чашм дар роҳи фарзанд гузошт. Дар он замони ҳасоси тақдирсоз мебоист роҳбаре сари қудрат бошад, ки кишварро аз вартаи нобуди мардумро аз гуруснагиву парокандагӣ наҷот бахшад.
Дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ иҷлоссияи 16- Шурои оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданашон танҳо як чизро ба мардум ваъда дода буданд то ман як гурезаро ба ватан бар нагардонам худамро ҳамчун роҳбари давлат ором эҳсос намекунам. Бале ӯ ҳар як гурезаи дур аз ватанро ба кишвар баргардонд ба мардум зиндаги шоистаро ҳадё намуд барои ятимон падар шуд борҳои ҷони худро зери хатарҳо гузошту ва бо душманони миллат ҷангиду имрӯз Тоҷикистони воҳиду мустақилро ташкил намуд.
Ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шахсе мебошад ки аз миёни мардуми оддиву заҳматкаш ба мансаби оллии роҳабари давлат интихоб гардиду ҳамдарди миллат шуд. Воқеан ҳам муҳтарам Пешвои миллат нахустин бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аст ва ба ӯ унвони Пешвои миллатро халқ ҳадя намудааст.
Маҳз бо талошҳои ҳамешагии Пешвои миллат имрӯзҳо Тоҷикистонро як давлати пешрафта мустақил соҳибистиқлол ва амн этироф мекунанд. Ва халқи тоҷикро як миллати соҳибтамадун фарҳангӣ ва дорои таърихи куҳан мешиносанду эҳтиром мекунанд. Маҳз шахсияти Ҷаноби Олӣ ва қавлу иродаи ватандӯстона ҳисси баланди хештаншиносӣ ӯро миёни дигар халқиятҳои дунё соҳиб мақом кардааст.
Бо мақсади ҳифзи пиряхҳо соли 2018 бевосита бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон МДИ Маркази омузиши пиряхҳо ба фаъолият оғоз намуд. Айни замон дар ин Муассиса мутахассисон, ки қисми зиёдашонро ҷавонон махсусан бонувони ҷасуру донишманд ташкил медиҳанд фаъолияти илмӣ карда истодаанд. Ман ҳамчун як ҷавони саодатманди даврони истиқлол барои худ мояи ифтихор ва сарфарозӣ хоса меҳисобам зеро дар як муассисаи бонуфузе ки таҳти роҳбарии Пешвои ҷавонпарвари миллат фарзона фарзанди даврон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст кор ва фаъолияти илмӣ менамоям.
Ходими илмии МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳоҷизода Ганҷина
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини давр – ташаккули худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Албатта, корномаи Сарвари давлат дар ин самт бисёр доманадору сутуданист, ки мо ба чанд ҷанбаи ин масъала мурур мекунем. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа нишон медиҳад, ки мо бояд на фақат аз таърихи на чандон дури худ, балки аз воқеиятҳои кунунӣ низ, сабақ бигирем ва ҳамеша дар ҳифзи ваҳдати миллӣ бошем.
Чуноне Пешвои муаззами миллат таъкид месозанд, моҳиятан падидаи таърихиву фарҳангии миллати мо аз ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ, аз замони пайдоиши Авасто, давраҳои гузаштагони бузургонамон аз аҳди давлатдории Каёниён то Сомониён ва тамаддуни оламгири ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад. Маҳз ҳамин тамаддуни пешрафта ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Синову Носири Хусрав, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Сайидо ва садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Шинохтани қаҳрамонҳои миллати худ, нишони арҷгузорӣ ва қадршиносӣ ба хидматҳои шоиставу мондагорӣ онҳо мебошад. Чунончи, бо унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардондани Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур амри ҳувиятсозест, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон ва баланд бардоштани ҳисси ватанпарастию дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ нақши муассир дорад. Зимнан, дар марҳилаи аввали шаклгирии давлат – миллат, чунин як сиёсат, яъне қаҳрамонсозӣ ба хотири ваҳдату якпорчагӣ, ҳувияти миллӣ, эҳёи фарҳанг, худшиносӣ ва иттиҳоди миллӣ зарур буд.
Гузашта аз ин, Сарвари давлат ба номгузории кӯчаю хиёбон, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд ва барои абадӣ гардондани номи фарзонафарзандони миллат, диловарони шуҷоъ, мудофиёни Ватан дар давру замонҳои гуногун ва ба хотири ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ ҷиҳати фардои шукуфони Тоҷикистони азиз дар тағйири номгузориҳо иқдоми шоистаи таърихиро ба иҷро расонданд.
Ному насаб яке аз нуктаҳои асосии худшиносии миллӣ барои ҳар шаҳрванд ва миллату давлат мебошад. Қисми зиёди аҳолии ҷаҳон бо шунидани номашон миллату давлаташон муайян мегардад. Ин далели он аст, ки ному насаб дар баробари муаррифии шахс, инчунин, муаррифгари миллату давлат ҳисобида мешавад. Ҳукумати кишвар баъди соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлати миллӣ дар ин самт низ, қадамҳои устувор гузошт ва номгузориро мутобиқ ба анъанаҳои миллӣ ба роҳ монд.
Забони тоҷикӣ, ки давраҳои сангини таърихро убур кард, маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо пуштибонию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидору тавонмандии бештар касб кард. Аз ин лиҳоз, нақши Роҳбари давлат дар мавқеи устувор пайдо кардану шукуфо гардидани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ хеле барҷаста мебошад. Ба ин китобҳои “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Дин ва ҷомеа”, “Аз ориён то Сомониён”, суханрониҳои Пешвои муаззам бахшида ба Рӯзи забон ва ғайраҳо далел шуда метавонанд, ки саршор аз арзишҳои олии илмианд.
Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, расму оинҳои мардумӣ, инчунин, таҷлили солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқу таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабӣ, фарҳангӣ таърихӣ ва илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа бо ибтикори Пешвои миллат солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 130-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа,
600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Ҳамзамон, санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд.
Арзишҳои бадастомадаи даврони истиқлол ва корномаҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи худшиносии мардуми тоҷик зиёданд ва ҳар яки он ба таври алоҳида таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад.
Ситора АБДУМУМИНЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ Масъули кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни ИФСҲ АМИТ
Дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз вазниниҳои солҳои аввал мувваффақаятҳои бузург ба даст омадаст. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣтамоми кишварҳои пасошӯравӣба бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ рӯба рӯ шуданд. Махсусан Тоҷикистон бар асари дахолати беруна ва ноустовории сиёсати дохилӣба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуда буд, ки он пеш аз ҳама ба куштор ва нотинҷӣ дар қисмати зиёди кишвар, ҳиҷрат намудани мардум ба давлатҳои ҳамсоя, шадидан паст гардидани сатҳи зисти мардум таъсири манфии худро гузошта буд.
Дар ин давра, дар шаҳру ноҳияҳои марказ ва ҷануби кишвар силоҳдорони ғайриқонунӣ ба гурӯҳҳои мухолифи давлат амал мекарданд, ки на танҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар минтақаҳои ҷангзада, балки мақомоти марказии идораи давлатиро низ фалаҷ гардонида буд ва, мувофиқан мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар тамоми минтақаҳои кишвар пурра фалаҷкарда буд. Аммо, шукр, ки дар Тоҷикистон дар натиҷаи чораҳои таъхирнопазире, ки дар соҳаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣандешида шудаанд, дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад.
Махсусан, баъд аз иҷлосияи 16-ми Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва сардори давлат интихоб карда шуд, самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Дар натиҷаи чораҳои қатъии андешидаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон сулҳу ваҳдат ҷорӣгардида, дар минтақаҳо низ фаъолияти ҳокимияти давлатӣ устувор гардид.
Вазъияти душвор, ки дар натиҷаи қатъи робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои дигар баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣва аз кор бозмондани корхонаҳои бузург ба вуҷуд омад, дигаргун кардани низоми иқтисодиро тақозо намуд. Ҳамчунин, касодии хазинаи давлатӣ водор мекард, ки дар соҳаи иқтисод хусусигардонӣ ба роҳ монда шуда, сармоягузории хориҷию ватанӣ ҷалб карда шавад.
Сарвари давлат интихоб гардидани Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ чун омили муҳимтарини сафарбар кардани тамоми мардуми Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти таъхирнопазир арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки дар солҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ давом дошт, низоми идоракунӣ ва иқтисодии кишвар махсусан дар шаҳру ноҳияҳои ҷангзада комилан аз байн рафта буд.
Барои барқарор кардани низоми сиёсӣ ва фаолияти мӯътадили ҳокимияти давлатӣ хам дар сатҳи идораҳои давлатиимарказӣ ва, махсусандар минтақаҳо пеш аз ҳама сулҳ ва ваҳдати миллӣ бояд таъмин мегардид. Мушкилоти хеле ҷиддие, ки назди ҳукумати кишвар меистод, баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣва ба зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаю мӯътадил оғоз кардани онҳо буд.
Аз соли 1994 сар карда, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли ин масъалаҳои хеле мушкил вусъат бахшида, барои ба ватан баргаронидани гурезагон, ки бештари онҳо аз минтақаҳои ҷануби кишвар буданд, чораҳои қатъӣ ва таъсирбахш андешид.
Бояд зикр намуд, ки то солҳои 2000-ӯм ва қабули Конститутсия (Қонуни асосӣ) аз тариқи райпурсии умумӣ, як силсила қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ қабул гардиданд, ки барои ба низом овардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мусоидат намуданд. Аз ҷумла, барои маблағгузории фаъолияти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, такмили сохтори идораи давлатӣва гузаронидани ислоҳоти зарурӣ, тақсим кардани замин ба аҳолӣ, ҷалби грантҳои созмонҳо ва бонкҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисьёрҷониба бо созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва кишварҳои хориҷ ба роҳ монда шуд, ки барои ба вуҷуд омадани инфрасохтори идоравӣва иқтисодӣ дар маҳалҳо кӯмак намуд.
Яке аз сабабҳои қафомонии инкишофи маҳалҳо комил набудани заминаҳои қонунгузорӣ дар фаъолияти онҳо буд. Чунончи, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳали шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳо бо ҳамин сабаб ба натиҷаҳои назаррас дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣба зудӣ ноил намешуданд. Нокифоя будани маблағҳои буҷа барои пардохти маош, харидани техника ва маводи зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомоти маҳаллӣ, қафомонӣ дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди реалӣ, заиф гаштани низоми ҳифзи иҷтимоӣва мавҷуд набудани низоми суғуртаи иҷтимоӣ, хароб гаштани соҳаи маорифу тандурустӣрушди маҳалҳоро суст карда буд.
Вале, ба туфайли кӯшишҳои ниҳоят ҷиддӣ ва андешидани чораҳои таъсирбахш аз тарафи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон тадриҷан боиси устувор шудани низоми сиёсию иқтисодӣ дар тамоми қаламравӣ кишвар гардид.
Яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣдар бахши воқеии иқтисод ин ҳалли масъалаҳои иқтисодию истеҳсолии корхонаҳои соҳаҳои гуногун, ки ба ҳамин минтақа вобаста мебошад.
Баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ ва муайян шудани иқтисоди бозоргонӣ чун самти асосии ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ, вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳал куллан дигаргун шудаанд. Аз ҷумла, мувофиқ ба иқтисоди бозоргонӣ, мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ аз вазифаҳои хоҷагидорӣ ҷудо гардида, ба масъалаҳои иқтисодию истеҳсолии корхонаҳои бахши хусусӣ дахолат кардан манъ карда шуд. Вазифаи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар бахши воқеии иқтисод ин ташкил намудани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоид барои таъсис дода шудан ва рушди бемайлони соҳибкорӣ муқаррар гардид. Ҳокимияти давлатӣ дар маҳал муттасаддии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист ва ободонии минтақа гардид.
Макомоти асосӣ, ки дорои қобилияти қабули қарорҳои сиёсиро дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд, Кумитаи Марказии ҳизби Коммунистӣ маҳсуб меёфт. Мақомоти таҳрезикунандаи нақшаи давлатӣ (Госплан) қарорҳои қабулгардидаи сиёсиро ба тарҳи иқтисодӣ гузаронида онро ҳамчун дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ пешниҳод менамуд. Нақшаи асосӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин дурнамои панҷсолаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ маҳсуб меёфт. Ба таври расмӣ қонунӣ намудани нақшаҳо ва дигар қарорҳои муҳим аз ҷониби Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мегардид. Баъдан лоиҳаҳои нақшаҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ барои муввофиқа ба сатҳҳои поёнии ҳокимияти намояндагӣ – Шӯроҳои Олии ҷумҳуриҳои шӯравӣ, Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ фиристода мешуд. Интиколи қарорҳои сиёсӣ бо се роҳ амалӣ мегардид: ҳизбӣ (сохтори мақомоти ҳизбӣ), шӯравӣ (сохтори ягонаи мақомоти намояндагӣ) ва маъмурӣ (мақомоти ҳокимияти иҷроия). Дар баробари ин аҳромии ҳокимият бо чунин тарз сохта шуда буд, ки дар амал ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо дастур аз боло вазифадор буданд, то тамоми неърӯи худро барои иҷрои қарорҳои болоӣ сафарбар созанд. Ва, чунин системаи қатъӣ маҳсули ҷиддиро ба даст меовард: сар додани мушаки кайҳонӣ, сохтмони иншоотҳои бузург, аз худ намудани даштҳои бекорхобида ва дигар дастовардҳои бузург. Аммо, дар баробари ин сарфаи неърӯ, самаранокии иқтисодӣ, омили инсонӣ ва дигар маҳфумҳои ба ин монанд ба инобат гирифта намешуд. Бо гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ ва шаклҳои мухталифи моликият ва рад кардани идораи марказонидашудаи иқтисодӣ, ки боиси ғайридавлатӣ шудани сектори иқтисодӣ гардид, зарурияти дигаргун сохтани сохтори маъмурикунонии равандҳои рушдро пеш овард. Дар шароити соҳибкории хусусӣидоракунии давлатӣ, муносиботи дуҷониба ва бисьёрҷониба ранги дигар гирифт ва ба мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия – вазорату идораҳои марказӣ, ҳам барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣва худидоракунии маҳаллӣ вазифаҳои навро пеш овард. Дар шароити нав, зарурат пеш омад, ки шакл ва усули кору фаъолият аз фармондеҳӣ ба усули таҳияи сиёсат, таҳлил ва пешгуиҳо иваз намоянд. Ҳамзамон ба макомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ, бо назардошти ворид намудани принсипҳои демократӣва иқтисоди бозорӣзарур шуд, ки шакл ва услуби идоракуниро тағйир диханд. Ҳолати буҳронии иқтисодӣ ва камчинии буҷавии ҳамаи сатҳҳои ҳудудӣ, заруриятро барои аз нав дида баромадани муносибат ба рушди маҳаллӣ, бо истифода аз технология ва захираҳо ба самти баланд бардоштани масъулияти мақомоти идоракунии маҳаллиро пеш овард. Дар ин ҳолат, саволи асосӣ чунин гузошта шуд: дараҷаи оптималии тақсими вазифаҳо миёни мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллию худидоракунии маҳаллӣкадом аст? Бешак, танҳо тақсими оптималии вазифаҳо миёни мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллию худидоракунии маҳаллӣметавонад мавқеъи устувори минтақаю маҳал, ҳамчунин ташакул ва рушди барномавии маҳалро таъмин намояд. Чунин мавқеъ воҳидҳои маҳаллиро барои ҳаллу фасли масъалаю мушкилоти сатҳи маҳаллӣ тавассути таҳия барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии барномаҳои миёнамӯҳлат бо барномаҳои соҳавӣва мувофиқаи ҳамаҷонибаи онҳо бо вазорату идораҳои марказӣ устувор гардонидааст. Аз ҷумла, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мавриди масъалаҳои иқтисодӣ ва идоравӣ, бо Вазорати молия дар мавриди масъалаҳои молиявӣ-буҷавӣ ва ҷудо гардидани дотатсия, субвенсия, субсидияҳо ва трансфертҳои марказӣ дар доираи муносибатҳои байнибуҷавӣ ва дигар мақомоти марказӣмувофиқа карда мешаванд ва, чунин тартиб кафолати иҷроиши чорабиниҳои дар сатҳи маҳал ба нақшагирифташударо таъмин менамояд. Яъне, тағйироти сохтори идораи давлатӣ аз марказ то ба маҳал чунин сурат гирифтааст, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мавқеъи иҷрочии сатҳи ҳудудӣ, ки мақомоти маҳалии идоракунро ҳамчун ҷузъи поёнии механизми ягонаи бурократӣмеҳисобиданд, ба мавқеи мақомоти ваколатдор ва салоҳиятдори сатҳи маҳаллӣ табдил гаштааст. Чунин гузариши ҷиддӣ қарорҳои хеле қатъии сиёсиро аз ҷониби роҳбарияти давлат ва дар амал ворид намудани қоидаҳои комилан нави идоракунии марказию маҳаллиро тақозо менамуд, зеро ташаккули системаи масъулияти мақомоти ҳудидоракунӣ бе ташкили ҳокимияти маҳаллии шакли муносиб ғайриимкон аст. Чунин ислоҳоти хеле ҷиддии системаи идораи давлатӣ ва тағйири сиёсати тақсими вазифаю ваколатҳо миёни сатҳҳои гуногуни идораи давлатӣ на танҳо рушди устувори мақомоти сатҳи маҳалро, балки робитаи устувори институтсионалиро миёни ҷомеъаи маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро таъмин намудааст.
Алимов А.Л. – Мудири Шӯъбаи тадқиқоти институтсионалии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ҷалилзода Д.Р. – Котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обу иқлим дар ҳошияи видеоконференсияи 3 марти соли 2021 баргузоршуда, пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Ин иқдом 14 декабри соли 2022 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) зимни иҷлосияи 77-умм он бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ, бо қатъномаи махсус, пазируфта шуд.
Мувофиқи ин Катънома, соли 2025, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад. Дар ин робита, 31 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025», аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор оид ба баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд, Кумитаи тадорукот таъсис дода шавад.
Ин Кумита дар доираи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025” аз 31 августи соли 2023, №407 таъсис дода шуда, ҳайати он тасдиқ гардид.
Дар чаҳорчӯби ин Конфронс Стратегия, Харитаи роҳ ва дигар санадҳои лозимаи байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ, таҳия гардида, тасдиқ хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки зимни баргузории Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд, ки Тоҷикистон саҳми аввалини молиявии худро ба Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо мегузорад. Тоҷикистон умед дорад, ки дигар созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд низ дар ин Фонд ҳиссагузор хоҳанд буд.
Қабули Қатъномаи СММ дар давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нави таърихӣ буда, бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Воқеият аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ва истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ҷой гирифтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳои Тоҷикисон, аз он ҷумла пиряхи калонтарини мамлакат - пиряхи Ванҷях (Федченко) солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифта, обшавии онҳо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Маҳз бо ҳамин сабаб Пешвои миллат давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин, ҳушдор медиҳад.
Бинобар ин моро зарур аст, бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои обу ва иқлим, ҳамчун мутахассис ва муҳаққиқ ташаббускор бошем ва тамоми чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем.
Маҳмад Сафаров - мудири шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсияи “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Шомаҳмадов Алишо – сарходими шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсияи “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
12 ноябр соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки об ва иқлим ҳамбастагии зич дошта, мудирияту истифодаи оқилонаи об дар раванди ҳалли мушкилоти иқлим нақши калидӣ мебозад. Инчунин аён аст, ки хавфу таҳдидҳои иқлимӣ нисбат ба амалҳое, ки аз ҷониби мо татбиқ мешаванд, зудтар сурат гирифта, таъсиргузор мебошанд.
Қайд карда шуд, ки тайи панҷ соли охир пайваста нисбат ба тамоми давраҳои мушоҳида солу моҳҳои гармтарин шуда, тибқи гузоришҳои омода намудаи коршиносон соли 2024 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шуд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-ро қабул намуда, дар назди худ ҳадафҳои бузург гузоштааст ва ният дорад то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳад.
Имрӯз аллакай 98 фоизи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол шуда, ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз мебошад ва аз рӯйи ин нишондод мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорем. Боиси хушнудист, ки дар конференсияи мазкур низ ин иқдомҳо тавсеа ёфта, ҳамзамон, қабули “Эъломияи об барои амал дар соҳаи иқлим” дар назар дошта шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо ҷалб намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари осебпазир аз ин раванд ва узви Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, ҷиҳати эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо”, ташаббус намудааст, бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашнро таҷлил намояд.
Дар ҳамин замина, инчунин, “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муайян гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чун муаллифи ин қатънома, ҳиссаи худро дар ин Бунёд гузошт ва аз ҳамаи шариконамон низ даъват ба амал овард, ки аз ин иқдом пайравӣ кунанд.
Дар ҳошияи татбиқи қатъномаи мазкури СММ, моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, гузаронидани аввалин Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо дар назар дошта шудааст.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки илова ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Маҷмаи Умумии СММ, бо ташаббуси Тоҷикистону Фаронса, моҳи августи соли равон қатъномаи дигареро оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба дастгирӣ илмҳои криосфера” қабул намуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Қайд гардид, ки натиҷаҳои ҷамъомади баргузоршуда барои ғанӣ гардонидани муҳтавои чорабиниҳои Конфронси 29-уми Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим саҳми босазо хоҳанд гузошт ва минбаъд нигарониҳои ҳамаи кишварҳо дар масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиии марбут ба онҳо, мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд.
Маҳмад Сафаров -и.в.м. мудири шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсия
Шомаҳмадов Алишо—сарходими шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо,тағйирёбии иқлим ва адаптатсия
Барои миллати тоҷик НБО-и "Роғун" имрӯз яке майдони набарди ҳар як фарзанди баномуси миллат буда, ба хотири расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон дар ин набард саҳмгузор будан, вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди бонангу соҳибиродаимиллат мебошад. Неругоҳи барқи обии Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ буд. Дар давраҳои қаблӣ ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт.
Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат дар баробари баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ин расидан ба истиқлолияти томи энергетикӣ мебошад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самти стратегии давлат корҳои бузургеро ба анҷом расонида, ин раванд то кунун идома дорад. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ як қатор нерӯгоҳҳои оби барқӣ аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2, нерӯгоҳҳои Бадахшон, Тоҷикистон дар ВМКБ, нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар водии Рашт ва дигар минтақаҳои кишвар - ин маҷмӯи тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегии давлат ба ҳисоб мераванд.
Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маҳз бо талошу заҳматҳо, шуҷоат ва истодагарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик бунёд шуда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузурги стратегӣ бисёр монеаҳо мавҷуд буданд, ки ҳалли он аз қатъият, далерӣ, шуҷоат ва истодагарии Пешвои миллат вобастагӣ дошт. Баъди ошно гардидан аз нақшаҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор намудани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар дарёи Вахш, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боздошт карда шуда буд, баҳсу мунозираҳо дар атрофи ин масъала тезу тунд гардиданд. Пешвои миллат барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик синаи худро сипар намуда, барои ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим кӯшиш ба харҷ дод. Ниҳоят баъди се соли талошу мубориза Пешвои миллати тоҷик тавонист ба ҷаҳониён исбот созад, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллати тоҷик зарур ва ҳатмӣ мебошад. Бинобар ин санҷиши ҷиддӣ, ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ шуда буд, тӯли се сол санҷиш гузаронида, хулоса пешниҳод кард, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар мебошад. Ба сифати маҷмӯи далелҳои асосӣ, ки ба фоидаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз тарафи Пешвои миллат иброз шудаанд, ин зарурият ва саривақтӣ будани лоиҳаи мазкур мебошад.
Тавре, ки маълум аст давлати Тоҷикистон гарчанде дорои захираҳои хеле бузурги гидроэнергетикӣ бошад ҳам, айни ҳол соҳиби захираҳои ками энергетикӣбуда, ҳамагӣ6 фоизи захираҳои мавҷуда истифода карда мешаванд. Он иншоотҳои энергетикие, ки аз даврони шуравӣ мерос мондааст ба пуррагӣ талаботи давлати рӯ ба тараққӣ ниҳодаро қонеъ гардонида наметавонад. Бинобар ин давлати Тоҷикистон барои мустаҳкам ва ғанӣ гардонидани амнияти энергетикӣ вариантҳои зиёд, аз ҷумла лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳамчун далели имконпазир мешуморад, вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд «…ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад».Бояд қайд намуд, ки барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлолият аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян карда шуда буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои худ дар ин роҳи душвору заҳматписанд вале пуршараф давра ба давра ба дастовардҳои бузургу беназир ноил гардида истодааст, ки инро мардуми шарафманди тоҷик ва тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф менамоянд. Аз ин лиҳоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҳа мчун ҳадафи афзалият ва муҳим дониста рафти корҳои иҷрошударо зери назорати қатъӣ гирифт.
Дар мӯҳлати кӯтоҳ ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳ, бо маром тибқи лоиҳа иҷро намудани корҳои созандагӣ, таъмин намудан бо ҳама гуна маводҳои сохтмонӣ, мутахассисон, кормандон ва инчунин омода намудани шароити муфид дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳлил ва назорати ҷиддиро талаб менамояд. Зеро барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани амнияти энергетикии мамлакат барои рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик аҳамияти хеле бузург дорад. Хушбахтона, муҷиби сарбаландии аҳли кишвар аст, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд.
Илҳом Қурбоншоев н.и.фалсафа Мудири шуъбаи масалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Қабули эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 24 августи соли 1990 ва дар таърихи 9 сентябри соли 1991 давлати мустақил эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди забону фарҳанги миллӣ заминаи созгор муҳайё кард, вале аз ин ҳаводиси фараҳбахш чанде нагузашта, бо таҳрику тавтиаи душманону бадхоҳони миллати тоҷик дар Тоҷикистон оташи ҷанги дохилӣ забона зад, ки кишварро харобу бозори забону фарҳанги миллиро касод намуд ва ҳазорон мардуми бегуноҳро ба коми худ фурӯ бурд.
Давлату миллат ва забону фарҳанги миллӣ дар ин марҳалаи сарнавиштсоз ба раҳогари ормоние ниёз дошт, то ки ӯ битавонад тақдири давлатро комилан ба дасти худ гирифта, киштии муроди миллатро аз ин гирдоби фано ба соҳили наҷот саломат бирасонад. Устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар ҳамон рӯзгори тираву душвори фоҷиабор дар як мақолаи худ зери унвони «Наҷоти мо аз давлати миллист», ки дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (№26 аз 25 июни соли 1992) ба нашр расид, бо дили пурумед ба фардои дурахшони миллат ҳадс зада буд, ки «мумкин аст, шахсияти барҷастае пайдо шавад, ки умдатарин эҳтиёҷоти миллиро амиқан дарк карда, тибқи онҳо бо ҷиддияту қатъияти тамом амал намояд ва давлати иқтидорманди адолатбунёде барпо кунад. Он гоҳ миллат аз рӯйи амалиёту назариёти вай манфиатҳои худро амиқтар дарк мекунад ва ӯро дастгирӣ карда, бо ӯ идеали миллиро ҷомаи амал мепӯшонад...».
Дуои абармардоне чун устод Шакурӣ мустаҷоб шуд ва ба бахти мардуми мо ва савобдиди вакилони фарҷомнигари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарии кишвар ба зиммаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид.
Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини ба мақоми раҳбарӣ расидан, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом дошт.
Метавон гуфт, ки бо ин иқдоми созанда ва барқарории сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон ва бо раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди ҷомеаи озоди демократӣ ва давлати миллӣ камари ҳиммат бастани мардуми тоҷик забони давлатӣ ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардид.
Сухани ноб ва ширину шевои форсии тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Танини ҷонбахши забони модарӣ ва забони офаридаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Абуалии Синову Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно, Саноию Аттор, Ҳофизу Камол, Ҷомию Ҳилолӣ, Соибу Сайидо, Бедилу Аҳмади Дониш, Айнию Лоҳутӣ, Турсунзодаву Улуғзода... дар ақсои олам аз эҳёи дигарбораи забону фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон хабар дод.
Ғояти камоли забони модарӣ дар суханрониҳо ва силсилаи асару мақолаҳои Пешвои миллат завқи забондонию забономӯзиро дар дили хурду калон, пиру барно бедор кард. Дар қалби кӯчаки кӯдакону наврасон шуълаи тобноки муҳаббати самимона ба забони модарӣ фурӯзон шуд ва дигар муҳол аст, ки боду борони рӯзгорон ин шуълаи муҳаббату самимиятро хомӯш гардонад.
Бо шарофати сиёсати забонгустарӣ ва иқдомҳои пайдарпайи Пешвои миллат дар ин замина забони модарӣ ҷойгоҳи аслии худро дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа, дар ҳамаи мактабу коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳо, дар тамоми идораву вазоратхонаҳо ва корхонаву муассисаҳо пайдо намуд ва дар мақоми шоиставу боистаи худ ҷой гирифт. Дар натиҷаи чунин сиёсат тадриҷан сатҳи забондонии аҳли ҷомеа боло рафта, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар ва симои лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳот ба куллӣ дигаргун шуд.
Ин нукта низ шоистаи таъкид аст, ки устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат дар ин замина баҳои баланд дода, кору амали эшонро бо талошҳои устод Айнӣ, ки дар даҳаи сӣ ва чили садаи бист барои аз осебҳо раҳо кардани забони тоҷикӣ мубориза мекард ва шогирдону пайравонаш талошҳои ӯро идома доданд, қиёс намуда, гуфта буд: «Талошҳои Айнӣ ва пайравони ӯ ранги хусусӣ дошт, талоши шахсӣ буд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон... он талошҳои хусусии Айнӣ ва пайравонашро ба сатҳи давлатӣ бардоштанд».
Ба андешаи устод Шакурӣ бар асари ин иқдом «Дар ҳамин понздаҳ-бист соли охир як чизи бисёр муҳим рӯй дод, ки шумораи касоне, ки ба забони мо босаводона ва хуб гап мезананд, зиёдтар шудааст. Мо телевизион тамошо мекунем, радио гӯш мекунем, дар маҷлисҳо менишинем, дар мулоқотҳо бо роҳбарони идораҳо, бо мансабдорон рӯ ба рӯ мешавем ва мебинем, ки дар байни онҳо касоне, ки бо тоҷикии хуб суҳбат мекунанд ва ба дараҷаи муайян саводи тоҷикӣ доранд, торафт зиёдтар мешаванд. Ин бисёр муваффақияти муҳим аст, ки забони хуби тоҷикӣ ба дараҷаи баландтарин мансабҳо, вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ расидааст».
Эҳёи номҳои аслии таърихӣ ва номгузорӣ ба мавзеу маҳалҳое, ки бар асари сиёсатҳои давр ё тағйири макон кардани қавму қабилаҳои кӯчӣ табдили ном кардаанд, аз иқдомҳои дигари муҳимми Пешвои миллат дар роҳи рушду таҳкими забон ва эҳёи худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бо шарофати ин иқдом дар харитаи ҷаҳон дар қаламрави Тоҷикистон номҳои Суғд, Бохтар, Хуҷанд ва ғ. дубора арзи ҳастӣ намуда, ба пайванди наслҳо тақвият бахшид.
Сомонӣ ном гирифтани яке аз унсурҳои муҳимми давлатдории миллӣ – пули миллӣ бо тасвири симои бузургони дирӯзу имрӯзи миллат ва дарҷи қитъаи шеър дар паси пул аз иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад, ки ҳампайвандии забону фарҳанг ва иқтисоду молияи моро барои имрӯзу фардо таъмин мекунад.
Бори нахуст дар таърихи нави давлатдории Тоҷикистон бо салоҳдиди Пешвои миллат Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва раёсати он ба зиммаи забоншиноси маъруф, устоди шодравон Додихудои Саймиддин вогузор гардид.
Бо пешравиҳои назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни забон, ки қабл аз рӯзгори Истиқлол ба тасвиб расида буд, таҷдиди назар карда шавад. Бино бар ин, дар таърихи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав аз тарафи Пешвои миллат ба имзо расид ва ин таърих рӯзи азиздошти забони модарӣ муқаррар гардид, ки ҳамасола дар кишвари мо бо шукӯҳу ҷалоли хос таҷлил мешавад.
Бояд гуфт, ки қонуни мазкур дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ таҳия шуда, вазъи ҳуқуқӣ, доираи истифода ва дурнамои рушди забони давлатиро дар қаламрави мамлакат дар рӯзгори файзбори истиқлоли давлатӣ ва шароити нави дигаргуниҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар ҳаёти дохилӣ ва хориҷӣ танзиму муқаррар менамояд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ин қонун дар баробари забони тоҷикӣ вазъи ҳуқуқии дигар забонҳои бумии ин марзу бум (забони яғнобӣ ва забонҳои помирӣ), ҳамчунин забонҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назари эътибор гирифта шудааст.
Бо фароҳам омадани имкону шароит бо ташаббуси Пешвои миллат марҳала ба марҳала барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, ахиран Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки 29 ноябри соли 2020 аз тарафи Раиси Ҳукумати мамлакат, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, дурнамои рушди забони модариро барои даҳ солҳои оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст. Ҳадаф ва вазифаҳои барнома асосан нигаҳдошти асолат ва ҳувияти забони модарӣ чун омили ҳастӣ ва бақои миллат дар рӯзгори мо мебошад.
Пешвои миллат дар чанд суханронии худ мухолифати шадидашро ба тамоюли одию омиёна кардани забони адабӣ изҳор намуда, таъкид кард, ки забони кӯчаву бозор ҳаргиз наметавонад ҷавобгӯйи ниёзмандиҳои аҳли ҷомеа дар рӯзгори имрӯзаи пешрафти босуръати илму фан бошад. Баръакс, Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон таъкид бар он дорад, ки вақти он аст забони давлатӣ дар кишвари мо бо саъйу кӯшиши зиёиён ба пояи забони илм ва технологияи пешқадами муосир расонида шавад ва побапойи замон рушду боландагӣ ёбад.
Ёдоварӣ мебояд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон андеша ва мулоҳизаҳои худро дар бораи забон дар аксари асару мақола ва суханрониҳои худ, аз ҷумла китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» баён намудааст. Ба хусус, ҷилдҳои аввалу дувуми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», ки саргузашти забони модарии моро бо ҳама шебу фароз ва комгорию нокомиҳои он аз замони ташаккул то ибтидои асри XX дар бар мегирад, дастури хуби омӯзиши таърихи забон барои дӯстдорону алоқамандони забони модарист.
Дар ҳамин китоб Пешвои миллат таъкид ба он дорад, ки «Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳимми забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофарии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид».
Ба назар чунин мерасад, ки худи Пешвои миллат низ дар фурӯ нишондани оташи ҷанги бародаркуш ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик бо силоҳи ваҳдатофари забон, ки нахустсухани фаъолияти давлатдорияш: «ман ба шумо сулҳ меоварам» буд, мубориза кард ва пирӯз омад.
Дар охир зикри ин матлаб муҳим дониста мешавад, ки устоди бузургвор Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки умри дарози пурбаракат сарфи рушди забону фарҳанги миллӣ намуд, нақши меҳварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи рушди забон ва худшиносии миллӣ дар рӯзгори Истиқлол таъкид карда, бо самимияту садоқати ба худ хос фармуда буд: «Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд». Ин сухани устоди зиндаёд ҳақиқатест, ки ҷойи ҳеч шакку тардид надорад.
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бо Қарори Шӯрои Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон 13 ноябри соли 1932 дар ш. Душанбе Расадхонаи астрономии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Муассисаи мазкур соли 1948 номи Расадхонаи астрономии Сталинобод (РАС) -ро соҳиб шуда солҳои тулони кормандони расадхона ба мушоҳидаҳои ҷирмҳои кайҳонӣ машѓул буданд, ки яке аз мушоҳидаҳои таърихи 4 октябри соли 1957 бомуваффақият мушоҳидаи якумин радифи маснуъи Замин мебошад. Аз ин рӯйдоди таърихӣ тадқиқи кайҳон бо мақсади осоишта инкишофи астрономия ҳамчун илм оғоз ёфт. Мавқеъиҷуғрофӣ ва иқлими астрономии Тоҷикистон барои мушоҳидаҳои саҳеҳи астрономӣ мувофиқ мебошад. Иқлими астрономии Тоҷикистонро ба назар гирифта Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон қарори №7 аз 17 январи соли 1958 Расадхонаи астрономии Сталинободро ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, имрӯз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дод.
Институти астрофизика ҷузъи асосии сохтори системаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) мебошад. Ӯ ба ҳайати Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ШИФМКГТ АМИТ) дохил мешавад.
Фаъолияти Институт дар асоси нақшаҳои солона ва дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки аз ҷониби ШИФМКГТ АМИТ тасдиқ шудааст, ба амал оварда мешавад. Вазифа ва ҳадафи асосии Институти астрофизика - таҳқиқ ва истифодаи кайҳон бо мақсади осоишта мебошад.
Самтҳои асосии илмии Институт:
ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ – кометаҳо, астероидҳо, метеороидҳо;
астрометрия ва механикаи кайҳонӣ;
Офтоб ва таъсири он ба Замин;
физика ва таҳаввули ситораҳо ва муҳити байниситоравӣ;
астрономияи галактикавӣ ва ионосфераи Замин мебошанд.
Имрӯз бошад тавассути ин самтҳо тадқиқот дар се масъала тақсим шуда ва аз рӯи онҳо коркард мешаванд:
1. Ҷирмҳои байнисайёравии Системаи Офтобӣ ва моддаи метеорҳо.
2. Физикаи кометаҳо ва хурӯҷи ҳастаи кометаҳо.
3. Эффектҳои ионосферӣ аз заминҷунбиҳои шадид.
Имрӯзҳо фаъолияти илмию ташкилии Институт астрофизикаи АМИТ дар чорчубаи яке аз самтҳои афзалиятноки тадқиқотҳои бунёдии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои солҳои 2020-2030 амалӣ хоҳад шуд. Барои таъмини рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиши кайҳон ва додани мақоми афзалиятнокии ба ин тадқиқотҳо роҳандозӣ менамоем. Минбаъд имконияти татбиқ кардани натиҷаҳои омӯзиши қайхон ба истеҳсолоти кишвар тавассути ҳамкори бо вазорату мақомотҳои дахлдор мавҷуд мебошад.
Директори Институти астрофизикаи АМИТ Бӯризода Анвар Маҳмад, номзади илмҳои физикаю математика
Дар таърихи 01 ноябри соли 2024 дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси дастури Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт кормандони илмӣ ва олимони ҷавони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси директори Институт доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ҷиҳати тақвият додани корҳои амалӣ ва инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони нерӯгоҳи барқии обии Роғун ба ин иншооти бузурги аст сафарбар гардидем.
Неругоҳи барқии обии Роғун бо иқтидори муқарраршудааш 3600 МВт калонтарин нерӯгоҳи барқии обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ин бузургтарин “Иншооти аст” аз шаш агрегати гидроэлектрикӣ бо иқтидори 600 МВт бо турбинаҳои радиалӣ-меҳвар пайваст карда шудааст. Мувофиқи таҳлили коршиносон ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар Неругоҳи барқии обии Роғун дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт / соатро ташкил дода, сарбанди ин нерӯгоҳи муҳташам бо баландии 335 метр баландтарин сарбанд аз санг дар ҷаҳон шинохта шудааст. Ин маъхази нурбори миллат ҳамчун як иншооти гидроэнергетикии бисёрсамта, нафақат барои тавлиди нерӯи барқ, инчунин ҷиҳати танзими об, аз байн бурдани хатари обхезӣ ва аз байн бурдани хушксолӣ ба манфиати халқу миллат дар зери назорати хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта истодааст.
Гарчанде бунёди ин иншоот аз ҷониби баъзе кишварҳои поёноб қобили қабул набуд, аммо тибқи арзёбиҳо, нерӯгоҳи барқии обии Роғун ҳам аз ҷиҳати техникӣ, аз ҷиҳати экологӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии бехатарӣ эътироф карда шудааст.
Таҳти назорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли чор соли аввали ба кор оғоз намудани ин иншоот панҷ ҷаласаи машваратӣ бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои ҳавзаи дарёҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва садҳо созмонҳои ҷамъиятӣ баргузор карда шуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар сурати бо иқтидори пурра ба кор андохтани Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, якчанд мушкилоти вазнин роҳи ҳалли худро хоҳанд ёфт. Масалан норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон пурра роҳи ҳалли худро меёбад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳолати ба истифода додани ҳама агрегатҳои ин нерӯгоҳ на фаъат Тоҷикистонро бо барқи доимӣ таъмин менамояд, балкӣ метавонад ба кишварҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳое, ки ба нерӯи барқ эҳтиёҷ доранд нерӯи барқро ба содирот барорад, чи гунае, ки алакай Тоҷикистон ба баъзе кишварҳои ҳамсоя нерӯи барқ медиҳад, дар оянда ин содирот афзун хоҳад гашт.
Чи гунае, ки ҳамагон шоҳид будем ва ба воситаи ахбори умум интишор гашт аввалин агрегати гидроэнергетикии нерӯгоҳи барқии обии Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, бинокорон ва намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар санаи 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд.
Инчунин ба муносибати ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ – солгарди бистуҳаштуми истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 09.09.2019 агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун - иншооти тақдирсози халқамон бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуд.
Нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки нерӯгоҳи барқии обии Роғун орзуву омоли халқи тоҷикро бароврда намуда, нафақат хонаҳоро равшан месозад балки қалбҳои мардумонро гарм менамояд. Ин иншооти тақдирсоз, омили боз ҳам баланд гардидани сатхи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мебошад. Оғози фаъолияти нерӯгоҳ муҳимтарин рӯйдоди таърихи давлатдории мардуми тоҷик аст ва он дар солномаи таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда талаботи Тоҷикистонро ба нерӯи барқ пурра қонеъ намуда, ба рушди иқтисоди миллии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни боздид аз нерӯгоҳи барқии обии Роғун аз ҷониби роҳбаладон ва мутахассисони соҳа ба мо ҳайти кормандони илмӣ маълум гардид, ки дар ин иншооти пурҳашамат зиёда аз 17 000 кормандон ба кор ҷалб карда шудаанд, ки қисми асосии ин кормандонро, яъне 95 фисади кормандонро мутахассисолӣ ватанӣ, яънен тоҷикон ташкил мекунанд, ва ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ин иншооти аср на фақат барои Тоҷикистон нур меорад балки тоҷиконро дар бунёди чунин нерӯгоҳҳои бузург ҳамчун мутахассиси баландихтисос муаррифӣ менамояд ва тоҷикон метавонанд дар дигар давлатҳо барои сохтани чунин нерӯгоҳҳои буриқтидор ба мисли нерӯгоҳи барқии обии Роғун сафарбар карда шаванд.
Умед бар он дорем, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 агрегати дигари нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар солҳои наздик ба кор медарояд ва Ватани маҳбуби мо аз ин ҳам чароғонтар ва рушантар хоҳад гашт.
ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ, номзади илмҳои филология, Мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлтҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ба истиқболи 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ботил, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар таърихи башар мақому манзалати шахсиятҳои барҷаста аз рисолати назди миллату ватани худ анҷомдода муайян ва равшан мегардад. Дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Точикистони соҳибистиқлол хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари барқарор намудани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, инчунин дар посдории таъриху эҳёи арзишҳои миллӣ ва шинохти миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар беназир мебошад.
Пушида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологияхои навин, ки таъсири давлатҳои абарқудрат торафт зиёд шуда истодааст, ҳеҷ як ҷомеа ва ё кишваре наметавонад аз таъсири ин раванд дар канор монда бошад. Аз ин рӯ, дар ин давраи ҳассос нигоҳ доштани соҳибистиқлолии давлат, устувор нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ хеле нигаронкунанда мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ташаккулу таҳаввул ёфтани давлатдории миллӣ эҳёи дубораи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофарамон, ки яке аз пурарзиштарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, бомаром идома дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳар як паёму суханрониҳои худ Пешвои миллат оид ба ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба маънавиёти ҷавонон ёдрас шуда, аз саҳифаҳои бою рангини таърихи халқи тоҷик бо самимияту муҳаббат ва садоқати беандоза ҳарф мезананд. Ҳар сухан ва андешаи Пешвои миллат изҳори меҳр ба таърих ва арҷгузорӣ ба гузаштагону абармардони миллат мебошад. Дар муқаддимаи китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» роҳбари давлат бо ифтихор қайд менамоянд, ки «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомузи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешоруямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд».
Мусаллам аст, ки заминаи воқеии худшиносии миллиро қабл аз ҳама бунёди давлати соҳибистиқлол, устувории ваҳдати миллӣ, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии халқи тоҷик ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат ташкил медиҳад. Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат барои эҷоди тафаккури навини миллӣ ва ҳифзи асолати фарҳангию миллӣ заминаи устуворе фароҳам овард. Пос доштани таъриху фарҳанг, расму оин, забону ҳунар аз рукнҳои асосии худшиносии миллӣ буда, чи хеле ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкиду иброз медоранд, ки «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем». Воқеан ҳам огаҳӣ аз таъриху фарҳанг, шинохти чеҳраҳои баргузидаи илму адаби тоҷик ба мо имкон медиҳанд, ки ҳисси ифтихори миллиамон боло гирад, дарси ватандориву худшиносиро аз корнамоии гузаштагонамон омузему ба наслҳои баъдӣ мерос гузорем.
Мавриди зикр аст, ки дар самти худшиносии миллӣ асари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» нақши муассир дошта, қадами тоза ва ҷиддӣ дар роҳи шинохти худогоҳии миллӣ дар замони Истиқлол мебошад. Осори Пешвои миллат моро водор менамояд, ки аз гузаштаи дурахшон ва тираи худ сабақ бардорему хотири бузургонамонро пос дорем. Дар ин раванд махсусан баргузор намудани ҷашнвораҳои сатҳи ҷаҳониву давлатӣ, аз ҷумла ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, инчунин бузургдошти қаҳрамонони Тоҷикистон - академик Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода ҷиҳати эҳёи хотираи таърихии тоҷикон аҳамияти хоса доранд. Ҷашнҳои мутантани 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии Авасто, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии Истаравшани таърихӣ, 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ғайра бевосита бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тантана ва шаҳомати хос таҷлил карда шуданд. Баргузории чунин ҷашнвораҳо моро бори дигар ба мероси маънавию фарҳангии гузаштагонамон ошно сохта, барои густариши худшиносии миллӣ баҳри нашъунамои миллат ва давлати Тоҷикистон заминаи устуворро фароҳам меоваранд. Пешвои муаззами миллат дар баробари роҳандозии чорабиниҳои дар боло зикршуда, суханрониҳои худ аз минбарҳои гуногуни сатҳи давлативу байналмилалӣ, боз китобу мақолаҳои таҳлилии зиёде ба чоп расонидаанд, ки бениҳоят муҳим ва арзишманд мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар инкишофи андешаи миллии халқи тоҷик асарҳои арзишманди Пешвои миллат: «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон – созандагони миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ”, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» нақши бориз доранд. Ҳанӯз соли 2009 дар сатрҳои нахустини китоби пурмуҳтавои худ зери унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» оид ба нақши хештаншиносӣ ва бозшиносии арзишҳои миллӣ дар устувории давлат, чунин суолҳои тақдирсоз ва омӯзандаро инъикос намудаанд: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта? Андешаҳои дар боло зикршуда ва садҳо суоли дигар, ки дар марҳилаи худшиносӣ, истиқлолияти миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар пешоруйи мо қарор мегиранд, ҳар фарди ҷӯяндаву бедордилро ба гузаштаҳои дури таъри хи халки тоҷик ҳидоят менамоянд».
Маълум аст, ки забони адабии тоҷикӣ яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ ба шумор рафта, василаи он метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошт ва пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд. Маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб гашта, ҷиҳати рушди он як катор санаду барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ шуд ва 5-уми октябр – Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида забони сиёсат, илму маориф, қонунгузорӣ, муносибатҳои дипломатӣ, тиҷорат ва дигар васоити иртибот қарор ёфт. Пешвои миллат дар китоби худ «Забони миллат-ҳастии миллат» дуруст қайд менамоянд, ки «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Ин китоб моро ба сайри таърихии ташаккул ва таҳаввули забони точикӣ бурда аз он дарак медиҳад, ки ҳифзи забону адаб ва фарҳанги бостонии миллатамон ба дӯши ҳар як фарди ватандусту худогоҳ мебошад. Воқеан ҳам забон падидаи фарҳанги миллӣ буда ҳамчун марвориди қаъри баҳр барои имрузу фардои мо мероси гаронбаҳо, арзишманд ва нодир мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ба ҳамаи душвориҳои сиёсӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-маънавӣ нигоҳ накарда Пешвои миллат бо як масъулияти баланд, саъю кӯшиши пайваста ва оқилонаи худ дар пажӯҳиши тамаддуни бостон, ки сарчашма аз бузургдошти фарҳанги ориёӣ мегирад дар ташаккули худшиносии миллӣ ва бозгашт ба асолати фарҳангии аҷдоди хеш ҳамчун эхёгар ва равшангари роҳи таърихи халқи тоҷик хизмати босазо гузоштанд.
Ҳамин тариқ, дар марҳилаи сифатан нави давлатдории мо, тоҷикон, таълиф ёфтани асари гаронбаҳои Пешвои миллат аз як ҷиҳат, барои муаррифии забони тоҷикии мо хизмати бузургро ба анҷом расонида бошанд, аз ҷониби дигар, арҷгузорӣ ба забони миллат, ҳалли як қатор масъалаҳои баҳсталаби забоншиносии тоҷик ва бозгӯи қудрату манзалат, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ аз гузашта то ба имрӯз аст. Таваҷҷӯҳи хоса ба маърифати таърихи гузаштагон, мероси маданиву фарҳангӣ ва зеҳнии миллатамон ва таблиғи арзишҳои мазкур аз ҷониби Пешвои миллат барои боло будани ҳуввияти миллии наслҳои оянда роҳу саҳифаи навро бозкушод.
Хулоса аз таърих омӯхтану сабақ гирифтан ва ояндаи давлату миллати хешро дурахшон дида тавонистан яке аз хислатҳои бузурги сарвари мамлакатамон маҳсуб меёбад. Ин ҳама ҷоннисориву ватандустии Пешвои миллат мо- ҷавонону насли ояндаро ҳушдор месозад, то ин ки арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамонро гиромӣ дорему ҳуввияти миллиамонро инкишоф дода, баҳри хифзу муаррифии мероси аҷдодиамон фаъолу мубориз бошем.
Холиқова Шоира, ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқии Наздик ва Миёнаи Институти омузиши масъалаи давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИ, номзади илмҳои филологӣ
Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон, 11-12 ноябри 2024
12 ноябри соли равон дар шаҳри Баку Ҷумҳурии Озарбойҷон Конференсияи 29 - уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP – 29) баргузор гардид, ки дар он сарони 80 давлат, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок карданд.
Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР -29) дар асоси изҳороти олимон дар бораи идомаи партовҳои рекордии гази карбон ба атмосфера баргузор мешавад. Ҳадафи асосии конфронси COP тибқи Созишномаи Париж - ин маҳдуд кардани миқдори гази карбон дар ҷаҳон то 1,5 дараҷаи Селсий мебошад. Дар конфронс ҳайатҳои 198 кишвари ҷаҳон, ки Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ дар бораи тағирёбии иқлимро имзо кардаанд, ширкат меварзанд ва то 22 ноябр соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабиниро ба масъалаҳои таҳдидҳои иқлимӣ ва оқибатҳои он ҷалб намуда, ҳамагонро ба пурзӯр намудани талошҳо барои ҳалли мушкилоти иқлим даъват намуданд. Сарвари давлат изҳор намуданд, ки истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонагӣ ва рушди иқтисоди сабз мусоидат мекунад. Имрӯз 98 дарсади нерӯи барқи кишвар аз ҳисоби гидроэнергетика, яъне энергияи сабз истеҳсол шуда ва саҳми Тоҷикистон дар партовҳои газҳои гулхонаӣ кам буда, аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷои 130-ум қарор дорад.Вобаста ба ин, дар бораи «Стратегияи рушди иқтисоди сабз», ки аз ҷониби Тоҷикистон қабул шудааст, Президенти кишвар иброз намуданд: “Мо ният дорем, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар аз манбаъҳои таҳдидшаванда пурра таъмин намуда, Тоҷикистонро то соли 2037ба як кишвари сабз табдил диҳем.”.
Масъалаи дигаре, ки дар ин ҳамоиш матраҳ гардид, ин ҳифзи пиряхҳо буд. Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 – ро “Соли ҳифзи пиряхҳо” эълон намуданд. Мутобиқи ин Қатънома дар назди Созмони Милали Муттаҳид Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад ва моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе гузаронидани конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин бо ташабусси Тоҷикистон ва Фаронса аз ҷониби СММ солҳои 2025 – 2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” эълон шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд: “ Таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.”
COP - 29, ки дар Озарбойҷон баргузор мешавад, як нишасти таърихӣ барои суръат бахшидани амалҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои тағирёбии иқлим хоҳад буд ва барои кишварҳои ширкаткунанда имконият медиҳад, ки ҳалли мушкилотҳои бӯҳрони иқлимиро ба ӯҳда гирифта ва чораҳои мушаххас андешида, ташабуссҳои худро пешниҳод намоянд.
Қурбонзода Фарида - ходими илмии Шуъбаи ИДМ – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Ба истиқболи 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баъд аз интихоб намудани фарзанди фарзонаи миллат Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кӯҳанбунёди халқи тоҷик сулҳу субот, шукуфои давлат ва беҳбудии мардумии худро интихоб намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки барои халқи заҳматкаши хеш ҷони худро дареғ надошта, нигаҳдории тамомияти арзии кишвар, дифоъ аз душманони дохиливу хориҷӣ, баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ кӯшиш намуданд. Мубориза бар зидди фасод, хазинадуздӣ, қонуншиканӣ, терроризмро ба роҳ монда ин ва дигар зуҳуроти манфиро аз байн бурданд.
Кӯшиш ва ибтикори ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати тоҷикро имконияти ифтихор аз тоҷик ва тоҷикистонӣ будан даст дод. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Истиқлолидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати хеш аз олитарин минбарҳои сиёсии ҷаҳон бо ифтихор ҳарф мезананд ва барои ояндаи некӣ миллат бо боварии комил меболанд.
Танҳо имрӯз, вақте ки халқи тоҷик озодии ҳақиқиву Истиқлоли давлатиро ба даст оварда, онро бо дилу ҷон ҳифз намуда, устувор сохта аст, ба шарофати ҷидду ҷаҳди бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарориву пойдории сулҳу ризоияти шаҳрвандӣ имконпазир гардид. Андешаву ташаббус ва татбиқи барномаи баргардонии гурезагон, ки бевосита аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи хоставу орои мардуми кишвар тарҳрезӣ ва амалӣ гардид, барои созандагии ватану миллат, равона кардани қувваю нерӯи тамоми тоҷикону тоҷикистониёни дохиливу хориҷӣ он тадбири ҳакимонае буд, ки дар таҳқиму пойдории давлату миллати тоҷик нақши пайвандгарро бозид. Дар ҳошияи ин тадбирот ба давлати навтаъсиси тоҷикон муяссар гардид, ки таърихи қадимии тоҷиконро эҳёву барқарор, мақому мартабаи абармардони миллат, фарҳанг ва тамаддунсози онро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуда, бори аввал дар тамоми ҷаҳон ҷашнҳои байналмиллалии 1100-солагии давлати Сомониён, соли тамаддуни Ориёӣ, соли Рӯдакӣ, ҷашнвораи Борбади Марвазӣ, арҷгузории 800 солагии Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии Хуҷанд, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, бузургдошти Имои Аъзам Нуъмон ибни Собит, 600 – солагии Мавлоно Абураҳмони Ҷомӣ, 100 солагии Шаҳидӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор ва ғайра бошукӯҳ ва густурда таҷлил карданд[1].
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муассир ва корсоз аст. Вижагии сурату сират гирифтани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии он бахши муҳимми ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки раҳораҳ, ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталошу пӯёӣ дипломатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод шудааст[5,39].
Ҳисси роҳбарӣ ва ватандӯстӣ, бо замми он Пешвои миллӣ дар вуҷуди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳазоти бӯҳронӣ хеле равшан ва ба пуррагӣ намудор гардид. Ба ғайр аз ин, ба Сарвари давлати ҷавону ҷаззоб на танҳо шаъну шарафи ботинӣ, балки омилҳои берунӣ, яъне ҷаззобият, маҳорати ба худ моил кардан, рафтору кирдор, сурати зоҳирии зебо, сабру тоқат ва дарки тамоми душвориҳои вазъияти роҳбаре, ки идоракунии давлатро дар шароити илоҷнопазир ба дасти худ гирифта буд, мусоидат кард.
Дар таърихи навини Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари шинохташудаи давлатӣ, балки чун пешвои ҳақиқии миллат ташаккул ёфтааст. Ин боиси хушҳолист ва ифтихори воқеист.
Ибтикорҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он натиҷаҳои марҳилаи 33-солагии рушди ҷумҳуриро ҳамчун як давлати мустақилу соҳибистиқлол ҷамъбаст намуданд.
Эътирофи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар кӯшишу заҳмати бепоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо номи Президент иртиботи мустақим дорад. Дар арзи 20 соли охир кишвари мо ба узияти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт, узвияти бисёре аз созмонҳои бонуфузи байналмиллалиро касб намуд, ки хидмати асосӣ дар ин роҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутааллиқ аст[4].
Эътирофи байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 оғоз шуд. Асосҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки иборат аз мароми татбиқи сиёсати хориҷии соҳибистиқлолу баробарҳуқуқ, мусолиматомез ва тарафайн муфид мебошад, дар Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣшуда буд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилал ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекунад ва дар фаъолияти хеш барои сулҳи пойдор, нобудии силоҳи ҳастаӣ, роҳ надодан ба истифодаи нерӯ дар ҳаллу фасли мунозира ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол ҷаҳд менамояд, ба ҳамкории байни давлатҳо дар ҳалли масоили ҷаҳоние, ки дар рӯ ба рӯйи инсоният қарор доранд, рушд мебахшад[4].
Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар назди ҳамаи шарикон ва бидуни ҳамагуна пешрафт барои имзои бевоситаи баробарҳуқуқва мутақобилан судманди созишномаву шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки манфиатҳои ин ё он давлати мустақилро маҳдуд намесозанд, кишвари кушода эълон мекунад»[7].
Маҳз тарҳрезӣва татбиқи чунин барномаи сиёсӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон расман эътироф кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи асноди асосии муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид, Қатъномаи ниҳоии Хелсинкӣ ва санадҳои дигар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро поягузорӣ менамояд, инсон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии онро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзишҳои олӣ мешуморад.
Яке аз вижагиҳои мумтози сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонсиёсати «дарҳоикушод»-и эъломнамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои кушод» мусоидат ба он намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонузви шоистаи созмонҳои байналмилалӣгардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳандозад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистондар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси хешро дорад ва ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳони шинохта шудааст[5,49].
Соли 1993 – 12 созмони байналмиллалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣдар Аврупо, Хазинаи байналмиллалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки бозсозӣ ва рушди Арупо, дар соли 1994 – 8 созмони байналмиллалӣ, соли 1995 – ду созмони байналмиллалӣва соли 1996 – ду созмони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои хешро ифтитоҳ намуда, ба фаъолият шуруъ карданд[8].
Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон доимо ва ҳамаҷониба ҷонибдору муҳофизи манфиатҳои миллии кишвари тоҷикон, таҳиягари машшу мароми ба миллат манфиатноки сиёсати хориҷӣбуда, ҳамеша дар суханрониҳои худ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ иброз ва зикр менамоянд, ки «ҳар гуна сиёсати давлат дар ниҳоят аз ҳифзи манфиатҳои миллӣ иборат аст. Маҳорати сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ дар дарёфти тавозуни дуруст ва одилонаи манфиатҳои кишварҳои мухталиф зоҳир мегардад».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб дарк намуданд, ки дар марҳалаи эҳё ва муттаҳидсозии давлати навини тоҷикон, ба он обрӯву эътибори собиту устувор бахшидан бидуни ширкату фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонуфузтарин иттиҳодия ва созмонҳои байналмилалӣ ғайриимкон аст. Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иборат аз ширкати он дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб мешавад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилимрӯз баёнгари умумияти миллионҳо нафар сокинон дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравист ва ҷавобгӯи хостаҳову манфиатҳо, орзуву омоли ҳамгироии онҳо мебошад.
Фаъолияти ҳаррӯзаи муфиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бонуфузтарин ва пуркортарин ташкилотҳои байналмилалӣ аз рӯзҳои аввалини ташкилшавии кишвари соҳибистиқлоли тоҷик бо он ҳамкории судманди созандаи башаргароёнаву эҳёгар намуданд. Бинобар обрӯву эътибори шахсияти Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сарварии расмии сиёсии давлату миллати тоҷик эътироф намуда ҳамроҳи ӯ ҷиҳати эҳёву барқарории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оғоз кард. Дар арзи 31соли ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони МилалӣМуттаҳид «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 маротиба дар иҷлосияҳои Маҷмаъи умумии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ кардаанд ва бо ироаи пешниҳодҳои муфассал дар бораи манфиатҳои минтақавӣва байналмилалӣ таваҷҷӯҳи аҳолии сайёраро ба масоили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҷалб намудаанд»[9;3].
Маҳз бинобар дар арсаи байналмилалӣ ба даст овардани обруву эътибори бесобиқа аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти сиёсии байналмилалии сулҳофарину мутавозини ӯ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратҳои Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, Беларусия, Озарбойҷон, Олмон, Фаронса, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, Афғонистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон фаъолият мекунанд. Сафорати баъзе аз кишварҳои дигар низ кушода меёбанд. Чунин ҳайати дипломатии бонуфуз дар як кишвари кӯчак, ки ҳамагӣ 33 соли истиқлолият дорад, намоёнгари дар муддати кӯтоҳтарин сазовори эътирофи умум гардидани самти сиёсати байналмилалии он мебошад, ки низ саҳми бечуну чарои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳрамони ҷумҳурӣ, фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш масъалаи муттаҳидии ҷомеаро дар раъси ҳамаи корҳо қарор дод ва дар тӯли 30 сол сиёсати мазкур, яъне сиёсати сулҳу созишро пеш мебаранд. Ин сиёсати дохиливу хориҷии татбиқ намудаи ӯ кишвари қадима ва тозаҷавони тоҷиконро дар як муддати кӯтоҳвоҳиду муттаҳид, фарҳангу таърихи онро – мақбули ҷаҳон, мақому мартаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон вижаву мубрам намуданд. Имрӯз мардуми кишвар бо қаноатмандиву ифтихороти беандоза аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳишманди он аст, ки доимо ҳамроҳи ин халқи бузургвор бошанд ва ҷиҳати пешрафту рушду нумуи он фаъолияти созанда намоянд.
Итминон аст, ки Тоҷикистони азиз бо сарварии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик, бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи кӯшандаи мардум, дар сояи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дар ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои бештаре аз ҳоло даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаи хешро касб менамояд.
Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ, муовин оид ба илм ва таълими директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих
РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1. Ғаффорӣ В., Сайидзода З.Ш. ЭмомалӣРаҳмон дар оинаи замон / В. Ғаффорӣ., З. Ш. Сайидзода. – Душанбе: «ЭР-граф», 2012. – 372 с.
2. Заявленик о государственной независимости Республики Таджикистан /Дипломатия Таджикистана. Информационный бюллетень. -2002. -№2. –С. 175.
3. Сайидзода З.Ш., Саидов Ф.З. Сиёсати давлатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори Тоҷикистон / З.Ш.Саидзода., Ф.З. Саидов. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2012. – 144 с.
4. Сайидзода З.Ш., Холов А.С.. Нақши сиёсии Президенти ҷумҳурӣЭмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷиткистон / З.Ш. Сайидзода., А.С. Холов. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2014. – 144 с.
5. Сайидзода З.Ш. Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ: Монография. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2016. – 2016 с.
6. Шарифзода А, Ғафуров А. Спасатель нации./ А. Шарифзода., А. Ғафуров. – Д., 2012. – 320 с.
7. Шарифзода А., Асадов А. Таджикистан – 20. Под.ред. Саймиддинова Д., Фаттоева С./ А. Шарифзода., А. Асадов. – Душанбе: Ирфон, 2011. – С.195
8. Шарифзода А., ҚосимӣЗ.7 Соли ЭмомалӣРаҳмон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)./ А. Шарифзода., З. Қосимӣ. –Душанбе, 2013. – 366 с.
9. Эмомали Рахмон и мировое сообщество. (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ). –Душанбе: «Ирфон», 2011. – 372 с.