Skip to main content

Сафари хизматии Узви вобастаи АМИТ Қоҳирова Г.И., мудири Шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи АМИТ, ба Институти астрономияи Академияи илмҳои Россия

Мувофиқи Амри Президенти АМИТ № 30001/23-660 аз 26 декабри соли 2024, Қоҳирова Г.И. аз 21 то 30-уми декабри соли ҷорӣ ба Институти астрономияи АИР (ИНАСАН), ш.Москваи Федератсияи Россия, сафарбар карда шуданд. Қайд менамоем, ки сафари мазкур барои ҳамкории илмии муштарак дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Институти астрофизикаи АМИТ ва ИНАСАН аз ҷониби ИНАСАН даъват шуда, хароҷоти сафар аз тарафи он пурра пардохт гардид.

Давоми сафари мазкур корҳои зерин иҷро гардиданд:

-ширкат дар Мизи муддавар бо иштироки роҳбарон ва иҷрокунандагони корҳои илмии таҳқиқотӣ, ки дар он натиҷаҳо ва нақшаҳои оянда баррасӣ шуданд;

-баромад бо презентатсия оид ба саҳми Институти астрофизикаи АМИТ дар амалӣ кардани қамкориқои илмӣ дар ҷаласаи Шурои олимони ИНАСАН;

- мулоқот бо директори ИНАСАН д.и.ф.-м. М.Е.Сачков, роқбари илмии ИНАСАН узви вобасти АИР, д.и.ф.-м. Б.М.Шустов ва академики АИР, д.и.ф.-м. Д.В.Бисикало, ки дар ҷараёни вохурӣ ҷонибҳо тарафдории худро барои васеъ ва таҳким кардани ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла дар заминаи шабакаҳои мушоҳидаҳои метеорҳо, мушоҳидаҳои оптикии ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, омодасозии кадрҳо ва ғайра тасдиқ карданд;

-коркарди аксҳои кометаи дароздавр, ки дар расадхонаи Санглох ба даст оварда шудаанд, ҳисоб кардани омилҳои он, таҳлили мавод ва омода намудани мақолаи муштарак.

Қайд кардан зарур аст, ки сафари мазкур барои ҳамкориҳои оянда хеле муфид буда, мароқи олимони ИНАСАН нисбат ба илми астрофизикаи тоҷик зиёд гардид. Як зумра пешниҳодҳои арзишманд, фоиданок, пурмазнун ва умедвор баҳри муносибатҳои илмӣ ва дар самти тайёр кардани кадрҳои ҷавон таҳти баррасӣ ва амалӣ қарор гирифтанд.