Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
Абуалӣ ибни Сино (980-1037) табиб, риёзидон, ситорашинос, ҷуғрофиядон, шоир ва яке аз машҳуртарин файласуфону донишмандони тоҷик мебошад.
Ибни Сино 450 китоб дар мавзуъҳои гуногун навиштааст, ки бештари онҳо дар соҳаи илми тиб ва фалсафа аст. Аз ҷумла, китобҳои «Шифо» – донишномаи илмию фалсафии мукаммал ва «Ал-қонун фӣ тиб»-и ӯ аз маъруфтарин асарҳо дар таърихи илми тибби ҷаҳон маҳсуб мешаванд.
Абуалӣ ибни Сино дар рустои Афшанаи наздики Бухоро ба дунё омад ва падараш яке аз соҳибмансабони дарбори Сомониён буд. Абдуллоҳ падари ибни Сино аз мардуми Балх буд ва дар рӯзгори Нӯҳ писари Мансури Сомонӣ ба Бухоро омад.
Ибни Сино осори худро ба ду забон – тоҷикӣ ва арабӣ эҷод кардааст. Аз муҳимтарин асарҳои Сино ба забони тоҷикӣ «Донишнома» ва рисолаи «Рагшиносӣ» мебошанд, ки ҳаким барои баёни мафҳумҳои нав, даст ба вожасозӣ зада, захираи луғавии забони тоҷикиро ғанӣ намудааст. Аз ҷумла, бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, Сино танҳо дар ин ду китоби хеш 1039 истилоҳи тоза сохтааст.
Ин рубоӣ тавоноии Абуалӣ ибни Синоро дар илм ва аз ҷониби ӯ фаро гирифта шудани тамоми донишҳои роиҷи замонашро инъикос мекунад:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд гушуда шуд, магар банди аҷал.
Ибни Сино ба хотири баён кардани афкори пешқадамонаи хеш аз тарафи фақеҳон ё донандагони қонунҳои шариат ба куфргӯйӣ муттаҳам гардид ва таҳти таъқиб қарор гирифт. Маҳз фишору таъқиби руҳониёни иртиҷоъгаро сабаб шуд, ки ин донишманди маъруф сарзамини аҷдодии худро тарк намуда, ба тарафи Эрони имрӯза муҳоҷират намояд. Абуалӣ ибни Сино рубоии маъруфи худ «Куфри чу мане газофу осон набувад»-ро, ки дар аввали матлаб оварда шуд, дар посух ба арбобони мутаассиби динӣ ва барои дифоъ аз хеш сурудааст
Ибни Сино намояндаи бузурги фалсафаи машшоъ буд. Дар осори фалсафии ӯ масъалаҳои табиат, шаклҳои ҳастӣ, моддаву сурат, нафсу тан, сабаб ва дарки олами моддӣ ҳамаҷониба таҳқиқ шудааст.
Дар фалсафаи Ибни Сино ба таҳлили масъалаи моҳияти ҳаракат, замон ва макон диққати зиёд дода шудааст. Ҳаракат аз назари ӯ ҷой иваз кардани ҷисм, тағйироти миқдорӣ ва табдили ҳолати он аст. Ибни Сино ҳаракатро аз рӯи манбаи пайдоишаш ба табиӣ, қасрӣ ва аразӣ тақсим кардааст. Манбаи ҳаракати табиӣ дар дохили худи ҷисм ва манбаи ҳаракати қасрию аразӣ дар берун аз ҷисм пайдо мешавад. Ибни Сино дар заминаи ҳаракат ду фикри аз ҷиҳати илмӣ муҳимро баён кардааст. Яке аз онҳо тасаввуроти ӯ дар бораи «майл» аст. «Майл қувваест, ки аз ҷисми мутаҳаррик ба муҳаррик мегузарад ва ҷисм то тамом шудани он ҳаракат мекунад», – навишта буд ӯ. Дар ин ақида ғояи инерсия ифода ёфтааст, ки онро Галилей дар асри ХVII кашф намуд. Дувум, ӯ назарияи баъзе мутафаккирони қадимро, ки мегуфтанд: «ҳар чи хурдтар будӣ, тезтар ҷунбидӣ ва ҳар чи калонтар будӣ, дертар ҷунбидӣ» рад карда, хилофи онро исбот кардааст. Ин гумони ӯ бо хулосаҳои илми ҳозира комилан мутобиқ аст.
Ибни Сино замонро шумораи ҳаракат дониста, алоқаи онро бо ҳаракат ва модда эътироф мекард. Ӯ ақидаи касонеро, ки замонро хаёлӣ медонистанд, рад кардааст.
Ибни Сино бар ягонагии моддаву сурат таъкид карда, муътақид буд, ки шаклҳои гуногуни ҳаёт монанди зоиш, ҳаракати ихтиёрӣ, дарёфтҳои ҳиссӣ ва ақлӣ на якбора, балки ба таври тадриҷӣ сурат гирифтаанд. Ӯ нафси наботию ҳайвониро ба тан зич алоқаманд дониста, ақли нотиқаро гавҳари мустақилу абадии ба тан берабт медонист.
Ибни Сино назарияи динии растохез ё рӯзи қиёматро рад карда, назарияи таносухро ботил шуморидааст. Ӯ дар китоби «Шифо» ва дар баҳси маод навиштааст, ки наметавонад маоди ҷисмониро аз назари ақлонӣ собит кунад. Ӯ дар рисолаи «Азҳавия» маоди ҳақиқиро маоди руҳонӣ дониста, масъалаи мазкурро чунин шарҳ додааст: «... Маоди руҳониро ба ваҷҳе баён кардӣ, ки авом фаҳм кунанду бидонанд ва рағбат намоянду битарсанд... аз барои он ки саодати ҳақиқӣ ва лаззоти руҳонӣ эшонро мафҳум нест ва дар ваҳми эшон наояд...».
Лозим ба зикр аст, ки баъзе аз назарияҳои Ибни Сино дар хусуси пайдоиши олам, табиат ва масъалаи маод бо аҳкоми динӣ зид буд, бинобар ин баъдтар Муҳаммад Ғаззолӣ ва Фахруддини Розӣ ба муқобили ӯ баромада, Сино ва пайравонашро ба куфру илҳод (сарпечӣ аз қонуни дин) муттаҳам намудаанд.
Масъалаи ихтилофи Ибни Сино бо руҳониён ва дигар арбобони дин перомуни ақлу хираду имон, на танҳо дар рисолаҳои илмӣ, балки дар ашъори ӯ низ ба равшанӣ инъикос ёфтааст. Сино фаҳми зоҳирӣ ва сатҳӣ аз мафҳуми таваккал ва ба умеди тақдир хомӯшу бекор нишастани инсонро сарзаниш карда, мардумро ба амалгароӣ ва кӯшишу талош ташвиқ мекард:
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард.
Имрӯз бикун чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард.
Ба назари Ибни Сино, маърифати нодуруст аз тақдир, таваккал ва сабру қаноат дар тинати инсон хислатҳои коҳилиро парвариш хоҳад дод. Ин бардоштҳои ғалат дар адабиёти классикӣ таърифу тавсифи меҳнат ва мазаммати бекорию беҳунариро ба вуҷуд овардааст:
Ҳар он кас, ки бигрезад аз коргард,
Аз ӯ дур шуд ному нангу набард.
Ҳамон коҳилии мардум аз баддилист,
Ҳамовоз бо баддилӣ коҳилист.
Таносоию коҳилӣ дур кун,
Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун.
Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,
Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.
Чу коҳил бувад марди барно ба кор,
Аз ӯ сер гардад дили рӯзгор.
Маълум мешавад, ки шоирони классик ба муқобили фаҳми нодурусти таваккал ва фарқи он аз танбалӣ, коҳилӣ ва муфтхӯрӣ кӯшиш намуда, инсонро ба меҳнатдӯстӣ даъват кардаанд.
Ибни Сино илмро аз ҷон беҳтар ва сабаби пешрафти ҳаёт дониста, онро ба чароғ ва ҳикматашро ба равғани он ташбеҳ кардааст:
Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,
Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост.
Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост.
Дар ҳақиқат зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,
Гар шавад торик он лаҳза, ҳаёташ дар фаност.
Дар адабиёти классикӣ дар аксар маврид май мавзуи мунозираи шоирону руҳониён қарор гирифта, дар бораи ҳарому ҳалол будани он баҳс рафтааст. Шоирон бо такя ба зарбулмасали «Сухани ҳақ талх аст» аз санъати суханбозӣ ва мантиқи калом (ҳақ талх, май талх, – пас май ҳақ аст) истифода карда, дар муқобили мардумозорию риё майро ҳалол донистаанд. Ба гуфтаи Ибни Сино, май барои ҷоҳилон (афроде, ки аз ҳад берун менӯшанд ва даст ба авбошию бадкирдорӣ мезананд) ҳаром аст, вале бо иҷозати ақл барои одамони доно ҳалол мебошад:
Ба таъм талх чу панди падар, валек муфид,
Ба назди мубтил[1]ботил, ба назди доно ҳақ.
Ҳалол гашта ба фатвои ақл бар доно,
Ҳаром гашта ба аҳкоми шаръ бар аҳмақ.
Ҳалол бар уқалову ҳаром бар ҷуҳҳол,
Ки май маҳак бувад, хайру шарр аз ӯ муштақ.
Май аз ҷаҳолати ҷуҳҳол шуд ба шаҳр ҳаром,
Чу маҳ, ки аз сабаби мункирони дин шуд шақ.
Май нӯшидану ишқи некувон варзидан ба фиребгарӣ ва дурӯягии руҳониён зид гузошта шудааст. Шоирони озодихоҳ бо ин восита фиребу найрангбозии руҳониёнро фош мекарданд. Май дар адабиёти риндӣ дар баробари мардумозорӣ, ришвахорӣ ва зулми ҳокимону арбобони дин муқобил гузошта шудааст.
Дар адабиёти классикӣ ба ғайр аз май, ки моҳият ва маънии хосе дорад, «ишқ» ҳам мақоми муҳимме ишғол кардааст. Ин категория низ бар зидди бардоштҳои нодуруст аз маъно ва мафҳуми ишқи ҳақиқӣ ба кор бурда шудааст. Ин даста аз шоирон воизони даврро ба хотири шарҳу тафсири нодурусти мафҳуми ишқ ва ё ишқи илоҳӣ, ки мардумро ба дунёбезорӣ ва тарки неъматҳои дунявӣ даъват менамуданд, мавриди танқиду мазаммат қарор медоданд.
Мавзуи дигари доғ дар ҷомеаи асримиёнагӣ бархурди ношоистаи руҳониёни ҷаҳолатпараст бо аҳли илму дониш буд. Онҳо дар ҳаққи донишмандони ҳақиқӣ туҳмату буҳтон баста, ба фоидаи идораҳои динӣ ҷосусӣ мекарданд ва беҳтарин фарзандони халқу ватанро қурбон менамуданд. Ибни Сино дар яке аз қитъаҳои арабиаш аз ҳасадхӯрӣ, таҳқир, сарзанишҳои ноҳақ, айби худро ба каси дигар ҳавола кардан ва дигар хулқу атвори нопоки баъзе арбобони дин шикоят карда, дар айни ҳол мегӯяд, ки агар роҳи кас дуруст бошад, ӯ бояд аз ин туҳматҳо натарсад:
Чӣ қавме, ки ҳосид ба фазли мананд,
Зи ғайбат бихоҳанд азоби маро.
Камолу фану ҳикматам сарзаниш,
Намоянд аз нақси худ ҳар куҷо.
Чу бузҳои ваҳшӣ ба кӯҳи баланд
Зада шох, ҷӯянд таҳқири мо.
Вале бар ҷавон то яқин гашт роҳ,
Натарсад зи гуфтори нофаҳмҳо.
Дар шеъри дигараш Ибни Сино руҳониёни туҳматбофро ба саг ва худро ба шери нотарс монанд кардааст:
Ба дилҳо ваҳм агар аз ман намебудӣ, намегуфтанд
Сухан аз бахшиши айбам, намекарданд таҳқирам.
Зи тарси шери ғуррон чоҳ кованду зананд ав-ав,
Гирифт овози он сагҳо, валекин ман ҳамон шерам.
Пагоҳӣ ҷаста аз ҷо каҷ назар созанд сӯйи ман,
Зи бас бедораму шабҳо зи меҳнат дил намегирам.
Агар чашми адолат будӣ дар ҷойи адоват, пас,
Намедидӣ қабеҳ он корҳои нағзтаъсирам.
Масъалаи инкори ақлу дониш аз сӯйи намояндагони динӣ дар асрҳои миёна дар меҳвари эҷодиёти шоирону донишмандони озодипарасти давр қарор дошт. Руҳониёни манфиатҷӯ ба баҳонаи ҷудо кардани дин аз илм ба донишмандон ҳамла мекарданд. Муборизаи шоирони озодихоҳу донишманд алайҳи намояндагони табақаи ҳоким ва арбобони диние буд, ки бо зулму заҷр ҳамаи неъматҳои моддии ҷамъиятро барои худ ҷамъ намуда, аксарияти халқро аз он маҳрум мекарданд.
Донишмандону озодихоҳон аз чунин вазъият ба сутуҳ омада, ҳақиқатро ошкор мекарданд, то мардуми омиро аз вартаи ғуломӣ наҷот диҳанд. Табиатан, ин ҳаракати мардуми оқил хашми арбобони диниро бармеангехт ва ба хотири ҳифзи манфиатҳои хеш онҳоро бо туҳматҳои нораво, бахусус ба баддинӣ туҳмат зада, аз майдон берун мекарданд.
Ибни Сино натанҳо шоир, балки донишманду табиби тавоно, ҳакими ҳама гуна дарду даво ва дар фалсафа, мантиқ, илми мусиқиву забони арабӣ низ нодираи даврони хеш буд. Сино тавоноии ақлонии худро дар як рубоӣ чунин тавсиф кардааст:
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
Охир ба камоли заррае роҳ наёфт.
«Андар дили ман ҳазор хуршед битофт», – ишораи Сино ба доноию тавоноии хеш дар улуми гуногун аст. Бинобар ин, Ҷорҷ Сартр дар китоби «Таърихи илм»-и хеш аз Сино ба унвони яке аз бузургтарин андешамандон ва донишмандони соҳаи тиб ном бурдааст. Ӯ ҳамчунин Синоро машҳуртарин донишманди ҳамаи замонҳову маконҳо ва нажодҳоменомад.
Аз Ибни Сино ҳамчун бузургтарин мантиқдони асрҳои миёна ва яке аз чеҳраҳои давронсози таърихи илми мантиқ ном мебаранд. Ӯ дар бораи илми мантиқ беш аз 20 китобу рисолаи мустақил эҷод кардааст. Аз ҷумла, панҷ ҷилд аз даҳ ҷилди донишномаи «Шифо»-и ӯ ба мантиқ ихтисос ёфтааст. Мантиқдонони маъруфи ҷаҳонӣ сабаби ҳассосияти Синоро ба мантиқ бархоста аз алоқаи шадиди ӯ ба забон дарёфтаанд. Ишқи ӯ ба забон ва кӯшишҳояш барои равнақ бахшидани он дар байни мардум афсонаҳое паҳн кардааст.
Унсури дигари фалсафаи табиии Ибни Сино хидмати ӯ ба мантиқ ва истифодаи мантиқ дар илми риёзӣ будааст. Сино пас аз таҳлили равиши қиёсии Арасту бори нахуст имконпазир донист, ки сабабҳои табиӣ ҳам дар қиёс мавриди истифода қарор гиранд. Яке аз бузургтарин хидматҳои Ибни Сино исботи ин идея буд, ки барои кашфи ҳақиқат на аз як равиш, балки аз равишҳои гуногун, монанди озмоишҳо, қиёсу далел ва шаҳодати айнӣ барои дарёфти дониш бояд истифода шавад. Акнун дар илми муосир, ки аз методҳои гуногун барои исботи назарияҳои илмӣ истифода мекунад, ин идеяи Сино аз аҳамияти калоне бархурдор аст. Аз тарафи дигар, фалсафаи Ибни Сино бар асоси ҷаҳонбинии табиӣ шакл гирифтааст. Бо вуҷуди он ки Сино мисли Насириддини Тусӣ як риёзидони ҳирфаӣ набуд, вале ба фалсафаи риёзиёт хидмати калоне кардааст. Ӯ бо таҳқиқи робитаи байни мантиқи сурӣ[2] ва мантиқи риёзӣ дар заминаи пайдоиши фалсафаи риёзиёт ҳамчун шохае аз фалсафаи илм нақши муҳим бозид. Ҷанбаҳои гуногуни фалсафаи табиӣ ва риёзии Ибни Сино дар китоби машҳури ӯ «Шифо» ба чашм мехӯрад.
Ибни Сино дар баробари фаъолиятҳои илмии хеш ҳамчунин барои тарбияту табобати аҳли башар хидмати арзанда кардааст. Хидмати ӯ ба илми тиб, дорушиносӣ ва мавзуи вобаста ба онҳо зиёд аст. Сино бо омезиши фалсафаи тибби юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва табибони қабл аз ислом дар боби табобат равишҳои тоза пайдо намудааст. Вай барои дармони беморӣ аз ҳеч равиши муфид худдорӣ намекард. Ибни Сино аз аввалин ҳакимонест, ки дар бораи таъсири мутақобили реҷаи хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли дору ва қоидаи истифодаи он дастуруламали мушаххас пешниҳод кардааст. Ӯ дар замони хеш таблиғгари густариши огоҳию ақлоният дар миёни оммаи мардум буд. Аз суханони гуҳарбори Сино аст, ки гуфтааст: «Агар барои як хато ҳазор далел биёваред, дар ҳақиқат ҳазору як хато аз шумо сар задааст». Ин фарзия худ далели гароиши ӯ ба ақлоният ва мантиқ мебошад.
Ибни Сино ташкили ҷомеаи солимро ба вуҷуди ҷисми солим вобаста медонист. Алоқаи ӯ ба илми тиб ҳам аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Ибни Сино фармудааст, ки «ҳеч чиз бар саломатии инсон бештар аз он садама намезанад, ки хӯрок бар рӯи хӯрок тановул намояд». Бинобар ин, ӯ мардумро ба варзиш ва анҷоми ҳаракатҳои ҷисмонӣ ташвиқ мекард. Ибни Сино ҳаракатро беҳтарин равиши дармон медонист. Ба ин гуфтаҳои ҳакимонаи ӯ диққат кунед, ки фармуда: «Касе ки ба тамринҳои баданӣ мепардозад, ба ҳеч доруе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбиш ва ҳаракат аст». Тибби муосир ҳам имрӯз ба ҳамин натиҷа расида ва ташвиқи варзиш ба яке аз усулҳои табобатӣ табдил шудааст. Мисолҳои боло возеҳу равшан менамоянд, ки Ибни Сино як донишманди дунявӣ буда, дар фаъолияти рӯзмарраи хеш ҳамеша аз ақлу мантиқ ва фалсафа истифода мекардааст. Агар ҷомеаи суннатии асримиёнагӣ мантиқи Ибни Синоро хуб дарк мекард, шояд аз вазъияти хеш асрҳо пеш мерафт. Мутаассифона, таассуб, ифрот ва хурофоти ҳоким дар он давра иҷозат намедод, ки андешаҳои пешқадами фарзандони фарзонаи миллат ба гӯши ҳамагон бирасад ва дар ҷомеа татбиқ гардад.
Ба иловаи илмҳои номбурда, хидмати Ибни Сино дар рушди илми кимиё, коншиносӣ ва маъданшиносӣ ҳам чашмрас мебошад. Ибни Сино якравиро нишонаи таассуб ва хомии одам медонист. Аз ин рӯ, фармудааст: «Таассуб дар донишу фалсафа монанди ҳар таассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад».
Ин донишманди тавоно бо таҳлили сохтори як шаҳобсанг, ба ташкили харсангҳои русубӣ[3] ва нақши заминларза дар пайдоиши кӯҳҳо андешаҳои ҷолиб баён кардааст. Имрӯза кишварҳои шарқӣ башиддат ниёзманди рушди фалсафаи табиии худ ҳастанд ва дар ин замина метавонанд ба назарияҳои фалсафаи илми Ибни Сино такя намоянд.
Аз назари Ибни Сино, арбобони дин дар он замон на барои омӯзиши илму дониш талош мекарданд ва на ба он чи мегуфтанд, амал менамуданд. Дурӯғу беамалии руҳониёни иртиҷоӣ дар ҳар давру замон монеи пешрафту тараққии ҷомеа ва ҳатто хиёнат ба давлату миллат шудааст.
Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1207 дар водии Вахши Тоҷикистон, дар хонаводаи Баҳоуддин Валад чашм ба дунё кушодааст. Падараш марди соҳибилму огоҳ ва дар байни мардум аз маъруфияти зиёд бархурдор буд. Мардумон ба ӯ эътиқод ва иродати зиёд доштанд. Бояд гуфт, ки муносибати ӯ бо ҳокими вақт – Хоразмшоҳ дар аввал хуб буд, аммо баъдан сардие дар миёни онҳо падид меояд ва ин сабаб мешавад, ки Баҳоуддин Валад бо тамоми аҳли оилааш Балхро тарк кунанд. Қиссаи дар роҳи Нишопур ба Аттор вохӯрдани онҳо ва ба Ҷалолиддин Муҳаммади хурдсол тақдим шудани «Асрорнома» аз ҷониби ӯ барои ҳамагон маълум аст. Баҳоуддин Валад баъд аз зиёрати Макка рӯ ба Осиёи Хурд овард, зеро дар ин айём Хуросону Мовароуннаҳр ба дасти муғулон афтода, Хоразмшоҳ дар гурезагӣ ба сар мебурд. Бинобар ин, аҳли оилаи Мавлоно ба Қуния, ки ҷои нисбатан амну осоишта маҳсуб мешуд, рафтанд.
Мавлоно баъд аз фавти падар ба маснади ӯ нишаста, ба таълиму тадрису ваъз машғул мегардад. Вай дар сояи тарбияти Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, ки аз шогирдону муридони падараш буд, ба илму маориф рағбат пайдо карда, муддате дар Шом низ касби дониш менамояд. Ӯ дар ҳамин давра бо Шамси Табрезӣ шинос мешавад ва ин ошноӣ тарзи зиндагии ӯро батамом тағйир медиҳад:
Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯи ту,
Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дил ёд дор.
Бояд гуфт, ки пас аз ғоиб гардидани Шамси Табрезӣ, Мавлоно ба Салоҳиддини Зарринкӯб ва Ҳисомиддини Чалабӣ рӯ меорад ва бо онҳо ҳамчун пиру мурид иродат меварзад.
Мавлоно соли 1273 дар Қуния вафот менамояд. Қабраш дар он ҷост ва зиёратгоҳи арбоби шавқу завқ ва илму адабу ирфони олам мебошад.
Мавлоно аз адибону андешамандони пуркору пуросор ба шумор меравад. «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» («Девони Шамс»), «Фиҳӣ-мо-фиҳӣ», «Мактубот» ва «Маҷолиси сабъа» аз осори машҳури Мавлоно мебошанд.
«Маснавии маънавӣ» аз шаш дафтар иборат аст, ки дар он мавзуот ва мазмунҳои мухталиф баён ёфтаанд. Бинобар ин, бисёре аз абёти китоб ба ҳадде ба зиндагию воқеият гиреҳ мехӯрад ва аз фасоҳату равонию маънии воло бархурдор аст, ки ба сифати такбайт ё масалҳои мардумӣ даромадаанд ва асрҳо боз вирди забони мардуманд. Назири ин байт:
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Майли онро дар дилаш андохтанд.
Мавлоно мисли соири адибони пешқадам, дар пардаи афкори пӯшидаву рамзомез андешаҳои пешқадам ва иҷтимоии худро ба намоиш мегузорад. Воқеан, Мавлоно табъан гӯяндае озодандеш, воқеъгаро буда, дар маркази осори ӯ ҳаёти пурзиддияти инсон меистад. Аммо дарку фаҳми он барои ҳар кас муяссар нест. Хусусан афкори пешқадамонаи шоирро, ки тавассути рамзу киноёт, афсонаву тамсилу ҳикоёт баён ёфтаанд, берун кашидан кори чандон сода нест, аммо ин кор зарурат дорад, зеро, мутаассифона, то имрӯз ағлаб осори ӯ аз дидгоҳи тасаввуф ва дин мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷанбаҳои дигари осори вай, аз ҷумла инсонӣ, миллӣ, хусусан, озодандешии шоир, хеле кам тадқиқ шудаанд. Аз ин рӯ, Мавлоно наҷотдиҳандаи фикри башар аз гирифторӣ ба ғаму андуҳ, аз ғуломӣ, сарояндаи озодӣ, ифшогари таассубу хурофот, намояндагони фирқаҳои мазҳабӣ, воизони риёкор ва амсоли он мебошад.
Дар ҳақиқат, Мавлоно, на танҳо ба дину шариати расмӣ пайванд ва пойбанд нест, балки бисёре расму ривоҷи маъмулро нозарур мешуморад ва риоя намекунад. Ӯ дар ин бора гоҳе ошкоро ва гоҳе пӯшида сухан мегӯяд. Чунончи:
Соқӣ, биёр он ҷомро, бистон зи ман оромро,
Бигзор ин исломро, рав каъбаро бутхона кун.
***
Безорам аз он лаъл, ки пирӯза бувад,
Безорам аз он ишқ, ки серӯза бувад.
Безорам аз он мулк, ки дарюза бувад,
Безорам аз он ид, ки дар рӯза бувад.
Мавлоно, ки донишманде сутургу равшанфикр аст, ба намозу рӯза, ки риёкорон баҳри ғаразҳои шахсӣ ба ҷо меоранд, беэътино аст. Ӯ рӯи маъшуқаро намоз ва чашмонашро рӯза медонад ва мегӯяд:
Рӯи ту намоз омаду чашмат рӯза
В-ин ҳар ду кунанд аз лабат дарюза.
Ҷурме кардам, магар, ки ман маст будам,
Оби ту бихӯрдаму шикастам кӯза!
Мавлоно дар ин замина то дараҷае пеш меравад ва ба шинохтани оламу одаму ҳастӣ, хусусан динҳо мерасад, ки дигар эътимодро билкул аз динҳо аз даст медиҳад. Бинобар ин, бо сароҳат мегӯяд, ки ӯ аз миллати ишқ аст, зеро динҳо байни башар нифоқ ва душманӣ меварзанду одам мекушанд:
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.
Бунёди фалсафаи Мавлоно бар камолоти инсонӣ асос ёфтааст. Ӯ онҳоеро, ки дар чорчӯби дину шариат худро маҳдуд мекунанд, сарзанишу накӯҳиш намудааст. Чунончи, мефармояд:
Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.
Яъне дар андешаи Мавлоно инсон будан болотар аз мақоми мусулмон будан аст. Мусулмонӣ аввали роҳ аст ва ниҳояти онро камолоти инсонӣ ташкил медиҳад. Ҳамин фалсафаи инсонгароёнаи ӯ буд, ки пайравони тамоми динҳо дар суҳбату маҳфилҳои Мавлоно ҷамъ мешуданд ва баҳра мебурданд.
Кору кӯшишро, ки мояи ҳастӣ ва саодату зинда мондани инсон аст, адибони мо аз сапедадами шеъри тоҷикӣ дар осорашон сутудаанд ва талқин кардаанд. Аммо дар тасаввуф, ки бар пояи тақдир ва таваккал поярезӣ шудааст, ризқу рӯзиро аз ҷониби Худо медонанд, ки пешакӣ таъйин шудааст ва ӯ расонандаи он аст. Яъне бе дасту по задан, ҳаракат кардан, кор кардан ҳам метавон зиндагӣ кард. Албатта, ин фикри ғалат аст, ки дар зеҳни мардум, бавижа мусулмонон нишаста ва эшонро танбалу коҳилу коргурезу ақибмонда кардааст, зеро эшон маънии таваккал ва мавқеи коргирӣ аз онро дуруст нафаҳмидаанд. Саросари осори адибони сӯфӣ оганда аз ин андешаи ботил аст. Аммо Мавлоно, баръакс, саъю кӯшиш, дасту по задан, ҳаракат, фикр карданро ба башар талқин мекунад:
Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон,
Туро бедаступоӣ маслиҳат нест!
Худшиносӣ аз аркони муҳимми зиндагӣ, сарбаландӣ ва сарфарозии банӣ башар аст. Бидуни худшиносӣ инсон наметавонад аз мақом ва ҷойгоҳи худ бархурдор бошад.
Ба назари Мавлоно ҳақиқат яке аст ва ба он чун аз дидгоҳи мухталиф нигариста мешавад, садрангу гуногун менамояд. Ба ақидаи вай душманиҳои мазҳабӣ ва таассубҳои вайронгаре, ки ба номи дин барангехта мешаванд, пайомади ҷаҳлу ғафлат аст:
Аз назаргоҳ аст, ай мағзи вуҷуд,
Ихтилофи муъмину габру ҷуҳуд.
Тибқи фармудаи Мавлоно, аз он ҷо, ки ақлу идроки башарӣ нисбат ба ҳақиқати мутлақ маҳдуд аст, одамӣ наметавонад ҳақиқатро он сон, ки ҳаст, бишносад, ба ин сабаб ихтилоф дар таъбир ва тафсири ҳақиқат амре табиӣ ва гурезнопазир аст:
Аз назаргаҳ гуфташон шуд мухталиф,
Он яке долаш лақаб дод, ин алиф.
***
Дар кафи ҳар кас агар шамъе будӣ,
Ихтилоф аз гуфташон берун шудӣ.
Бинобар ин, аз назари Мавлоно дидгоҳҳои гуногун боиси ба вуҷуд омадани таъбир ва бардоштҳои мухталиф аз ҳақиқат мешавад, пас ин дидгоҳҳо холӣ аз хато нест. Аз ин рӯ, ҳақиқат дар инҳисори ҳеҷ кас ва ё гурӯҳе нест:
Ин ҳақиқат дон, на ҳаққанд ин ҳама,
Не ба куллӣ гумраҳонанд ин ҳама.
З-он, ки бе ҳақ ботиле н-ояд падид,
Қалбро аблаҳ ба бӯи зар харид.
Аз назари Мавлоно тафовути дину мазҳабҳо шаклӣ буда, ихтилоф аз надонистани таъбиру истилоҳоти якдигар сар мезанад. Ҳикояти он чаҳор нафар, ки ҳар кадом забони худро доштанд ва мехостанд, ки ангур бихӯранд, дар ҳамин боб аст. Ин чаҳор нафар ба сабаби нафаҳмидани забони якдигар ба тавофуқ намерасанд ва корашон ба ҷангу хушунат мекашад, дар ҳоле, ки мақсудашон яке буд. Мавлоно мегӯяд, агар ҳангоми кашмакаши он чаҳор нафар фарзонае мебуд, ки забони ҳар чаҳорро медонист, аз якдигарнофаҳмии онҳо ҷилавгирӣ мекард ва миёнашон сулҳ барқарор мешуд.
Соҳиби сирре азизи сад забон,
Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон.
Пас бигуфтӣ ӯ, ки ман з-ин як дирам,
Орзуи ҷумлатонро медиҳам.
Ба ҳамин тартиб, Мавлоно башариятро барои раҳоӣ аз буҳрони шадиди маънавӣ, равонӣ ва эътиқодӣ ба ишқу муҳаббат варзидан тавсия мекунад, зеро танҳо чизе ки инсонро дар сайри такомулии он тақвият мебахшад ва боис мешавад, то болои инсон сифатҳои ноқиса ғолиб нагарданд, муҳаббат аст. Дар асари муҳаббат варзидан кина, бухл, ҳасад, адоват ва дигар хислатҳои разила аз вуҷуди инсон берун шуда, одам аз роҳи худшиносӣ ба камолоти инсонӣ мерасад.
Мавлоно бар ин бовар буд, ки дину мазҳабҳо ҳаргиз ихтилофҳои башариро ҳал намекунанд, балки сабаби бештар шудани кинаву душманӣ дар миёни одамиён хоҳанд шуд. Ӯ дар бораи ҷанбаҳои хатарзои динҳо ба башарият дар китоби «Фиҳӣ-мо-фиҳӣ» менависад:
«Гуфтам, охир ин дин кай як будааст? Ҳамвора ду ва се будааст ва ҷангу қитол қоим миёни эшон. Шумо динро як чун хоҳед кардан? Як он ҷо шавад дар қиёмат. Аммо ин ҷо, ки дунёст, мумкин нест, зеро ин ҷо ҳар якеро муродест ва ҳавоест мухталиф. Якӣ ин ҷо мумкин нагардад, магар дар қиёмат, ки ҳама як шаванд ва ба як сӯй назар кунанд ва як гӯшу якзабон шаванд».
Албатта, Мавлоно фарзанди замони худ аст ва дар осораш гоҳо зиддият, таноқуз, афкори мухолифи якдигар паҳлуи ҳам омадаанд. Аммо мо аз осори ӯ ҳамон намунаҳоеро мегирем, меомӯзем ва пайравӣ мекунем, ки барои башари имрӯзу оянда муфид аст ва ҷанбаи созандагӣ, пешқадамона доранд, барои дунёфаҳмӣ, ҳастишиносӣ, худогоҳӣ, башардӯстӣ, инсофу адолат, озодию истиқлол хидмат менамоянд. Хусусан, миллати моро аз таассубу хурофот, сабру таваккал, аҷзу нотавонӣ, қаноат, ки асрҳои аср гирифтори он гардида, руҳи мазҳабию хӯи ғуломонаро дар ниҳодаш парвариш карда буд, озод менамояд, моро дунёгаро, на уқбогаро, бохабар, на бехабар месозад. Дар ин роҳ чакидаҳои хомаи Мавлоно, ки озодагию озодандешӣ, ҳаётдӯстию башарпарварӣ, оқилонаву ҳушмандона зистан, илму дониш омӯхтан, ҳамранги рӯзгор шудан, ба миллату кишвар хидмат карданро меомӯзад, ба мо кумаки бедареғ менамоянд. Имрӯз аз таровишҳои табъи ин нобиғаи бузург на танҳо мо – тоҷикон, ки фарзанди миллати мост, шаҳрвандони Туркия, ки ӯ умрашро дар он ҷо сипарӣ кардааст, балки ҷаҳониён низ ифтихор менамоянд, зеро ӯ дардҳои башарро дар осораш тасвир кардааст. Аз ин рӯ, тамоми башар имрӯз ӯро аз худ медонанд.
Мавлоноро бузургтарин адиби инсонпараст хондаанд, ки саҳеҳ аст, зеро ҳадафи аслии Мавлоно хидмат ба инсон буда, ӯро аз хорию зорию залолат раҳонидан аст, то дар камоли одамият, шукӯҳу ҷалолу шавкат бизияд, дари озодагию хушҳолӣ, бародарию баробариро ба рӯи худ бикушояд ва аз нозу неъмати дунё баробар баҳраманд гардад, якдилу якҷону меҳрубони ҳам бошад. Тавре ки худ мегӯяд:
Ман ба таблиғи рисолат омадам,
То раҳонам ман шуморо аз надам.
Аз ин хотир, барои ӯ дину мазҳаб, ки башарро ба гирдоби гумроҳӣ мебаранд, ба бунбаст ва инҳироф гирифтор менамоянд, бегона аст. Ӯ ошнои кулли башар аст, ҳамагонро яксон дӯст медорад, зеро мазҳабу динро мисли дигарон барои худ ниқоб намесозад, ба ҳар ҷониб намедавад, балки ӯ ҷониби одамият ва беҷонибӣ ҳаракат мекунад. Ба гуфти ӯ:
Ҳар кабутар мепарад дар мазҳабе
В-ин кабутар ҷониби беҷонибӣ.
Мавлоно ба насабҷӯён, лофзанони дину мазҳаб, ки худро бартар аз дигарон, бахусус авом, мешуморанд ва аз сайидзода, эшонзода будани худ тафохур менамояд, сахт нафрат дорад ва безор аст, зеро ин жожхоён агарчи аз насаби худ мелофанд, аммо аз феълу атвори ҳамида, аз сирати поки онҳо бенасибанд ва дар муқобили онҳо қарор доранд. Мо инро дар рафтору амали онҳо ҳар замон мушоҳида менамоем. Бинобар ин, Мавлоно мегӯяд:
Ҳарчанд зи анбиё билофад,
Аз сирати анбиё чӣ дорад?
Интиқод аз аҳли зоҳир, яъне зоҳиргароён, ки бархе аз аркони динро дастак карда, даст ба лофу такаббур мезананд, худнамоӣ мекунанд ва хештанро дар пеши чашми мардум порсову намозгузор нишон медиҳанд, аммо кору кирдору гуфторашон хилофи он аст, дар осори Мавлоно зиёд ба назар мерасад. Мавлоно бо як ҷуръати хос ин тоифаро ба боди интиқод мегирад ва аз масъулият, ҷасорат ва озодандешии худ ба хонандагон дарак медиҳад:
Гӯӣ, ки ман шабу рӯз марди намозгорам,
Чун нест, эй бародар, гуфтори ту намозӣ?
Мавлоно ҳамвора ба аҳли зуҳд, арбоби дастору тасбеҳ, ки худро порсову зоҳид вонамуд мекунанд, аммо бо макру ҳила мардумро мефиребанд, метозад ва бад-ин тартиб парда аз рӯи кори эшон мебардорад:
Эй бар сари бозоре дастор чунон карда,
Рӯ бо дигарон карда, моро нигарон карда.
Шоир руҳониёну зоҳидону суфиёни риёкору зоҳиргарову мардумфиребро дар бисёре аз ашъораш ба боди интиқод мегирад, зеро ба андешаи вай:
Дар гӯр мор нест, ту пурмор саллаӣ,
Чун ҳаст ин хисоли бадат як ба як аду.
Қазову қадар ва иродаву ихтиёр дар низоми зиндагии башар таъсири зиёд доранд. Ҳамин аст, ки яке ба тақдир тан медиҳад ва ҳама чиро азалӣ, аз пеш тарҳрезишуда медонад, дигаре онро рад мекунад ва мухтор будани инсонро эътироф мекунад. Мутаассифона, аксари мардуми авом то имрӯз гирифтору тарафдори қазоанд, аммо олимону адибони пешқадам ҷонибдори ихтиёранд. Аз ин рӯ, ихтиёрро меситоянд ва саодати башарро ба худи инсон, фаъолият, ақлу фаросат ва саъю талоши вай вобаста медонанд. Мавлоно низ ҳамчун донишманди ҷаҳоншинос тарафдори ирода аст, зеро ӯ хуб бовар дорад, ки инсон бояд тавассути ақлаш ҳаёти худро сару сомон бахшад, саодаташро таъмин намояд ва ҳаргиз нокомияшро аз осмон, аз тақдир надонад, балки аз ноуҳдабароии худ бидонад:
Бо қазо ҳар к-ӯ қароре медиҳад,
Ришханди сиблати худ мекунад.
Мавлоно нисбат ба арбоби зоҳир, бавижа аҳли дастору ришу фаш хушбин нест. Ришмонӣ яке аз суннатҳои аҳли зоҳир аст, аммо дар гузаштазамон, ки асбоби ришгирӣ маҳдуд буд, ин амал хусусияти оммавӣ дошт, намояндагони расмии дин мондани ришро сахт риоя мекарданд ва ришу фашу саллаву дастор як имтиёзи иҷтимоӣ маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, аҳли илму адаб дар осорашон аҳли ришу саллаву дасторро интиқод мекарданд ва ба боди истеҳзо мегирифтанд. Мавлоно низ борҳо аз ин гурӯҳ интиқод менамояд ва тарки риш карданро, ки сабаби ташвиш аст, тавсия медиҳад:
Риш шона карда, ки ман собиқам,
Собиқӣ, лекин ба сӯи маргу ғам.
Ҳин, равиш бигзину тарки риш кун,
Тарки ин мову ману ташвиш кун.
Тавре ки гуфтем, Мавлоно дар як давраи пурошӯб, давраи истилои муғул, ба сар мебарад ва шоҳиди ҷангҳои хунину вайронгар аст. Аммо ӯ ҳамчун шоире сулҳхоҳ, мадороҷӯ, тарафдори оромию сулҳу салоҳ ба саҳна мебарояд ва дар осораш сулҳхоҳонро ҳимоят менамояд, меситояд, аммо ҷангҷӯёнро маҳкум мекунад. Мавлоно онҳоеро, ки фитнакорӣ мекунанд, байни одамон ҷангу ҷидол меандозанд ва худ аз дур тамошо менамоянд, бо як тарзу зарофати хос ифшо менамояд:
Мекунӣ моро ҳасуди якдигар,
Ҷанги моро хуш тамошо мекунӣ.
Хулоса, дар осори Мавлоно, нисбат ба дигар адибони пешин, андешаҳои миллӣ, инсонӣ, озодандешӣ, худшиносӣ, зидди таассубу хурофот, ҷаҳлу нодонӣ бехабарӣ, ғафлат, зулму золимӣ ба чашм мерасанд, ки мо ин гуна афкори ифшокунандаро ҳатто дар осори адибони муосир наметавонем пайдо намоем. Аз ин лиҳоз, Мавлоно як чеҳраи мубориз, адолатҷӯ, истисноӣ, нодир, қаҳрамон ва дорои неруи бузурги инсонӣ аст. Ӯ ягона роҳи наҷоти башарро дар талқини ишқу муҳаббати бепоёни одамон мебинад. Ба қавли ӯ:
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.
Ҳамин гуна ишқу муҳаббати Мавлоно ба инсонҳо буд, ки ҳангоми марги Мавлоно, дар баробари мусулмонон, яҳудиҳову насоро низ дар ҷанозаи ӯ иштирок карда, дар сӯги ӯ ашк аз дидаҳо мерехтанд ва аз марги чунин шахсияти инсонпарвар, сулҳдӯст ва некхоҳ дареғу афсӯс мехӯранд, ҳамдардии худро баён мекарданд ва нолаву фиғон аз дил сар медоданд. Ин манзараро писари ӯ Султон Валад дар «Валаднома» чунин тасвир кардааст:
Мардуми шаҳр аз сағиру кабир,
Ҳама андар фиғону оҳу нафир.
Деҳиён ҳам зи румию атрок.
Карда аз дарди ӯ гиребон чок.
Ба ҷаноза-ш шуда ҳама ҳозир,
Аз сари меҳру ишқ, н-аз паи бир.
Аҳли ҳар мазҳабе бар ӯ содиқ,
Қавми ҳар миллате бар ӯ ошиқ.
Карда ӯро масеҳиён маъбуд,
Дида ӯро ҷуҳуд хуб чу Ҳуд.
Исавӣ гуфта, ӯст Исии мо,
Мусийӣ гуфта, ӯст Мусии мо.
Муъминаш хонда сирру нури расул,
Гуфта ӯ ҳаст азим баҳри нуғул].
Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.
https://merosikhatti.tj/tj/dobavit-statya/mavlono-shoiri-ozodandesh
Истиқлоли давлатии мо ҳосили кору пайкор ва корномаҳои адабиву фарҳангӣ ва илмии гузаштагони боному нангамон мебошад, ки ба иттифоқи назари ҳам пешиниён ва ҳам имрӯзиён қофиласолори корвони ин бузургмардони тамаддунофар Одамушшуарои шеъри тоҷикии форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Кору номи Рӯдакӣ бо нахустин рӯзҳои давлатдории тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар солҳои нахустини таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи мо аз ин фарзанди фарзонаи хеш ёд оварда, бо эълони Рӯзи Рӯдакӣ дар 2-3 наврӯзи соли 1926 муҳаққиқон ба омӯзишу таҳқиқи рӯзгору осораш шурӯъ намуданд. Қарори мазкур дар яке аз шумораҳои маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» - нашрияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон бо такя ба «як силсила дархостҳои заҳматкашони тоҷик чи ба воситаи мақолот дар рӯзномаҳо ва чи ба воситаи ҳайати мушовараи Вазорат» ба чоп расидааст.
Номи Рӯдакӣ дар он солҳои мубориза барои ташкили Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон барои халқи тоҷик рамзи қадимии адабиёту фарҳанг ва давлати он гардида буд. Ин қарор дар соле буд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ чоп шуда ва сархатти он бо ному шеъри устод Рӯдакӣ оѓоз меёфт. Воқеан барои оммаи васеи мардуми тоҷик ному осори устод Рӯдакӣ маҳз ба туфайли навиштаҳои меҳандӯстонау миллатдӯстонаи устод Айнӣ ошно гардид. Мисраъҳои шоири шаҳири зиндаёд гӯё бар ин ҳақиқат мебошанд:
Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар,
Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.
Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарин бар табъи Айнӣ Рӯдакӣ эҷод кард!
Мутаассифона душманони миллати мо дар он солҳои мудҳиш устод Айнӣ ва устод Рӯдакиро бо баҳонаи ситоиши амиру даъвати он ба Бухоро душмани сохти нав хонданд ва ин ҷашну ин рӯз аз хотирҳо зудуда шуданд. Соли 1958 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистони Шуравӣ 1100 – солагии шоир ҷашн гирифта мешавад, ки ба ҳамин муносибат китобҳои «Осори Рӯдакӣ» ва «Осори ҳамасрони Рӯдакӣ» аз чоп баромаданд. Тадқиқотҳои зиёде, аз ҷумла монографияи «Абӯ Абдулло Рӯдакӣ» - и Абдулғанӣ Мирзоев ба нашр расиданд.
Хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар ҷустуҷӯ ва муайян кардани осору аҳвол ва бахусус зодгоҳи Рӯдакӣ хеле бузург аст, ки дар ин бора зиёд гуфта ва навиштаанд. Ин аст, ки нахустин муҳаққиқи рӯзгору осори шоир Саид Нафисӣ навишта буд: «Кореро, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо шамшери буррандаи хеш оѓоз карда буд, Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад бо хомаи хеш ба поён расонид. Ин Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад роҳбаре тавоно буд, ки роҳро бар Дақиқӣ ва Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидонии Унсурӣ ва Фаррухӣ ва Асҷадӣ ва Мунҷик ва Носири Хусравро пояе устувор ниҳод».
Ҳамин саргузашти Рӯдакиро бо корномаи Саид Нафисӣ дар эҳёи осору аҳволи шоир дар қасидае тӯлонӣ устоди фақиди шеъри форсӣ Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр ба риштаи назм кашидааст, ки ин байтҳои пур аз муҳаббату ихлосу самимият аз он ҷост:
Вақт хуш буд оли Сомонро,
Ҷой дар хиттаи Хуросон буд.
Рӯдакӣ низ чун дури шоҳвор,
Зеби дарбори Оли Сомон буд.
Ҳамчу теѓи Амир Исмоил,
Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд.
Рӯдакӣ кори Пури Дастон кард,
К-ин ҳунар кори Пури Дастон буд.
Дар низои бақои миллият,
Аввалин қаҳрамони майдон буд.
Миллати мо раҳини миннати ӯст,
Миннат ӯро сазад, ки маннон буд.
Рӯдакӣ бо ду чашми нобино,
Раҳнамои маолбинон буд.
Аввалин бор раҳе паймуд,
К-иш на пайдо карону поён буд.
Дигарон пайравони Рӯдакианд,
Нотавонанд Рӯдакисон буд …….
Вале бояд қайд намоям, ки бузургдошти Рӯдакӣ, таҷлилу тақдир аз ӯ танҳо баъд аз ба Истиқлол расиданиТоҷикистон ҷилову ранги тозаву хос ба худ касб карда, халқи тоҷик бо роҳнамоиву роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солҳое, ки Тоҷикистон пояҳои истиқлоли давлатии худро устувор менамуд, Рӯзи Рӯдакиро дар 22- юми сентябр барқарор намуд. Маҳз бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат ҷашни 1100 – солагии Давлати Сомониён дар миқёси байналмилалӣ ва сатҳи баланд бо бунёди Маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ таҷлил гардид, ки дар амри таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдати миллии мардуми кишвар таъсири босамар гузошт.
Бо пешниҳоди Президенти кишвар аз тарафи ЮНЕСКО дар соли 2008 1150 – солагии шоири миллии мо, падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню- Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардидаанд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ба ҳаминмуносибат дар Боғи ба номи Рӯдакӣ дар радифи пайкараи асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон - Сомониён - Исмоили Сомонӣ гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонӣ ва эҳтироми халқу давлат ва роҳбари ҷумҳурии мо ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.
Пешвои муаззами миллат ҳам дар осори таҳқиқии худ ва ҳам дар суханрониҳо ва паёмҳои ҷашнии худ ҳамеша аз ашъори обдори сардафтари адабиёти форсизабонони ҷаҳон барои бедор намудани ҳисси милливу худогоҳии мардум истифода намудаанд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба устод Рӯдакӣ ба унвони яке аз нобиѓагони умумибашарӣ нигариста, таҳқиқу таълими осори ӯро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар роҳандозӣ намудааст. Нашриётҳои кишвар ашъори ӯ ва таҳқиқотро дар бораи ӯ пайваста ба чоп мерасонанд. Дар Тоҷикистон муассисаву идораҳо, ноҳияву хиёбонҳо ва созмону ташкилоти зиёде ба номи устод Рӯдакӣ номгузорӣ шудаанд, ки аз эҳтиром ва таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба шахсият ва осори ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Мақому ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва эҷодиёти ӯ дар сарзамини аҷдодии ӯ ҳамеша устувору пойдор будааст.
Қарни чоруми ҳиҷрӣ мусодиф бо садаи даҳуми мелодӣ аз дурахшонтарин давраҳои фарҳангу тамаддуни халқҳои эронӣ ба шумор меравад. Ин дастовардҳои фарҳангӣ ҳосили муборизаҳои истиқлолҷӯиву озодихоҳии хонадонҳои милливу маҳаллии Тоҳириёну Саффориён ва ба хусус Сомониён мебошад, ки тавонистанд бо поймардиву шуҷоат сахову фарҳангпарварии хеш на танҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр, балки фаротар аз он шароити мусоиди ташаккул ва рушди ҳаёти илмӣ ва адабиро ба вуҷуд биёваранд. Муҳаққиқон ин замонро давраи растохези фарҳангӣ, ривоҷи хирадгароӣ, болоравии тафаккури ақлонии ҳаммеҳанони мо ва дар ин замина рушди худогоҳии милливу фарҳангии онҳо ва ниҳоят ташаккули қавми муаззами мо донистаанд. Дастгириву ташвиқи амирони сомонӣ аз назми шоҳномаҳо ва ривоҷи тарҷумаи осори ҳамосии пешиниён ва таваҷҷуҳ ба фарҳанги бостонии миллати мо ба вуҷуд омадани осоре мисли «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсиро дар пай дошт. Маҳз бо ғамхориву пуштибонии амирони Сомонӣ навиштани осори илмиву адабӣ ба забони порсии дарӣ тавсиа ва рушди бесобиқа пайдо намуда, ниҳоли нозуки риштаҳои гуногуни фарҳангу тамаддуни миллӣ дар сарзаминҳои ёдшуда дар он рӯзгори босаодат шинонида шуд, ки дар асрҳои баъдӣ меваҳои лазизу ширин ба бор овард, ки имрӯз оламиён комҳои завқи хешро дар тамоми дунё аз он ширин мекунанд.
Бузургдошти устод Рӯдакӣ ва баррасиву таҳқиқи осори боқимондаи ӯ ба унвони асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ барои ҳамаи кишварҳое, ки унсе бо адабиёти форсӣ доранд, ба хусус барои кишварҳое, ки аз мероси бузурги адабӣ ба забони форсӣ ирс мебаранд, дорои аҳамияти вижа мебошад. Зеро роҳеро, ки устоди панҷрӯдӣ бунён ниҳод, шоирони тавоное чун Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолидини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Халилуллоҳи Халилӣ Маҳдӣ Ахавони Солис ва дигарон идома доданд. Накш ва мақоми устод Рӯдакӣ дар он ба андозаест, шоирони асрҳои баъдӣ дар тамомии давраҳо аз шеъри ӯ пайравӣ ва татаббуъ намудаанд ва ҳамагӣ ҳунари шоирии ӯро сутудаанд. Ӯ бо мазмунҳои баланди эҷодиёташ, санъати волои суханаш, ҷозибаву нерӯ, содагии баён ва равонии сурудаҳояш намунаи олии шеъри форсии тоҷикиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, ки то имрӯз муҳаққиқон аз он мегӯянду менависанд. Осори боқимондаи Рӯдакӣ аз калимаҳои бегона поктар ва оганда аз вожагони ноби забони модарии ӯст, ки саҳифаҳои аксари фарҳангномаҳои қадими забони форсии тоҷикиро зеб додаанд.
Муҳаққиқон осори боқимондаи Рӯдакиро баёнгари воқеияти зиндагӣ, афкору эҳсос ва андешаҳои ӯ медонанд ва дар он оҳангҳои хушиву нишот ва зиндагиро дӯст доштан, дасти дармондагонро гирифтан, ба онҳо ёрӣ расонидан ва дарки имрӯзии масъалаҳои иҷтимоиро хотирнишон сохтаанд. Дигар аз паҳлуи эҷодиёти Рӯдакӣ, ки бар сиёсати давлати Сомониён такя мекард, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии мардум аз гузаштаи пурифтихор ва таъриху фарҳанги бостонии халқҳои эронӣ буд, ки баъдан дар «Шоҳнома» ба таври барҷаста намоён гардидааст. Ҳамчунин саҳми ӯ дар бунёнгузории анвои шеъри тоҷикӣ назаррас аст. Вале муҳимтарин хидмати ӯ такомул ва инкишоф бахшидан ба рушди забони форсии тоҷикӣ мебошад, ки дастуру қоидаҳои он дар адабиёти он давра, хоса шеъри Рӯдакӣ тарҳрезӣ шуда ба забони меъёри илмӣ ва адабӣ табдил ёфта буд.
Ному корномаи адабии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар симои мактаби эҷодие, ки худ бунёд ниҳода буд, идома дорад ва рӯзгору осори ӯ дар тамоми марказҳои шарқшиносӣ ва эроншиносии дунё омӯхта мешавад ва ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки донишмандони варзида аз кишварҳои гуногуни олам чи дар кишвари азизамон ва чи хориҷ аз он доир мегарданд, ки чунин нишастҳои илмӣ дар боло рафтани ифтихори ватандӯстии халқҳои сарзамини мо ва ваҳдати онҳо ва дигар мардумони ҳавзаи фарҳангии форсии тоҷикӣ мусоидат мекунад.
Шамсиддин Муҳаммадиев, муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илми филология
Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ на танҳо дар саромади ташаккули забони форсӣ, шеъру адаб ва назми оламшумули он, балки дар фарҳанги форсу тоҷик дар саргаҳи ҳикмат ва андешаҳои фалсафӣ қарор дорад. Бесабаб Муҳаммад Авфии Бухороӣ (вафоташ1237) ҳангоми муайян намудани исми пурраи шоир дар тазкираи машҳураш “Лубоб – ул - албоб” ба ӯ насаби Ибни Ҳаким ар –Рӯдакиро илова накардааст.
Дар рисолаҳои фалсафии “Ихвон –ус –сафо” низ аз Рӯдакӣ чун шоир ва файласуф ёдоварӣ шудаву доир ба робитаи назариёти ӯ ба таълимоти ин ҳалқаи илмию энсиклопедӣ ва фалсафии асрҳои миёна ишораҳо рафтааст. Ҳамчунин, мисраи машҳури “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй”, ки таъкиди бевосита дар ин љо бар калимаи “ҳикмат” аст, гӯёи робитаи хеле сахти шеъри Одам - уш - шуаро бар назариёти фалсафиро дорад. Дар баробари ин, як нигоҳи иҷмолӣ ва умумӣ ба осори шоир метавонад ҷой доштани андешаҳои баланди фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтиро дар осори шоир равшан собит созад. Муҳаққиқони муосир низ вуҷуд доштани ғоя ва дидгоҳҳои қавии таълимоти фалсафӣ дар осори Рӯдакиро таъкид намудаанд. Аммо ин хусусияти ашъори шоири бузург то ҳанӯз дар адабиёту дар фалсафаи мо ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Рӯдакӣ ба таври системанок асар ё рисолаи алоҳидаи фалсафӣ таълиф накардааст, вале дар қитъаҳои шеърӣ, ғазалиёт, достонҳо, марсияҳо ва дигар жанрҳои бадеӣ ӯ таълимоту масоили ҷавҳарии фалсафиро хеле мӯшикофона ва зарифона дар қолабҳои диниши ақлӣ баён намудааст. Хусусияти хоси таълифоти шоир низ дар ҳамин зоҳир мешавад.
Аз мутолиаи осори шоир равшан мешавад, ки ӯ бо таърихи фалсафаи Юнон, фалсафаии Эрони Бостон, афкори фалсафии Ҳинди Қадим ва таълимоти фалсафии исломии замонаш ошноии хубе доштааст.
Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки Рӯдакӣ баъди гирифтани дониши ибтидоӣ дар зодгоҳаш донишҳои боқимондаи замонашро дар Самарқанд аз худ кард ва маҳз дар ҳамон ҷо ӯ фарҳанги озодандешонаи мардумиро бо андешаҳои фалсафиву хикмати ноби қадимаи эронӣ, юнониву арабӣ ва ҳиндӣ омезиш дод. Хушбахтона муҳити илмиву адабии онвақтаи дарбори Сомониён ба ӯ имкон медод, ки дар он ҷо дар байни донишҳои диниву дунявӣ иртиботи андешавӣ пайдо намояд. Осори боқимонда ва хеле ками назмии шоир ба мо имконият медиҳад, ки аз сарчашмаҳои ғоявии афкори бадеии ӯ огоҳии беҳтар дошта бошем. Дар фазои фарҳангии Самарқанду Бухорои асри X муҳити хуби эҷодӣ ба вуљуд омада буд. Донишмандони зиёд аз дуру наздик ба Бухорову Самарқанд реҳлат намуда, дар он ҷо марокизи илмӣ эҷод мекарданд, Онҳо дар инҷо баъди суқути дарбори Тоҳириёну Саффориён, ки фарҳанги эронӣ ва тоисломии гузаштаро зҳё намуда буданд, фазои нави фарҳангиву илмӣ ба вуҷуд оварданд. Дар ҳамин муҳит ҷаҳонбинии Рӯдакӣ парвариш ёфта, дониши фаровон, ишораҳо аз алоқамандии ӯ ба осори тоисломии мардумони эронӣ, мавҷуд будани алоқаҳои густардаи фарҳангӣ ва ошноии ӯ бо донишҳои замонаш, аз ҷумла, фиқҳ, калом, таърих, фалсафаи Шарқу Ғарб, осори юнониву ҳиндӣ, улуми табииву метафизикӣ, риёзиёт ва ғайраи диниву дунявии ӯро метавон аз осори назмияш ошкор намуд.
Рӯдакӣ баръакси ҳамзамонони худ ҳам бо забони арабӣ сарчашмаҳои исломӣ ва ҳам сарчашмаҳои зардуштиву маздоясноиро бар асоси баъзе мадракҳо ба хати паҳлавӣ ба хубӣ медонист. Огоҳии шоирро аз донишҳои авастоӣ аз мадҳияҳои ӯ ба шоҳони Сомонӣ пай бурдан мумкин аст, ки ӯ дар муҳити табиати озодагон, яъне мардумони ориёӣ парвариш ёфта, дар ҷаҳонбинияш на танҳо ахлоқи исломӣ, балки ҳикматҳои Авастоӣ нақши бориз доштааст:
Дер зиёд он бузургвор худованд,
Ҷони гиромӣ ба ҷон-ш андар пайванд.
Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к
Модари озодагон кам орад фарзанд.
Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ-шарҳ,
Ҳамчу Абастост фазлу сурати ӯ- Занд.
Дар робита ба ин мулоҳизаҳо муҳаққиқи таърихи фалсафа А.М. Баҳоваддинов робитаи бевоситаи андешаҳои Рӯдакиро ба Ҳерактлит рад намуда мегӯяд, ки бо эҳтимоли зиёд назариёти ӯ бештар зери таълимоти маздопарастӣ ва ё зарвония шакл гирифтаанд, ки дар ин таълимотҳо дар шакли нуҳуфтаи андешаҳои диалектикӣ баён шудаанд. Зеро зурвония акрана худ ягонагӣ ва муборизаи зидҳост. Ҳамзамон, ин муҳаққиқ ақидае дорад, ки Рӯдакӣ бо асарҳои адабиву фалсафии эрониёни тоисломӣ, дар баробари Авасто, Занд ва Позанд боз инчунин бо асари қадимаи “Шиканд гумоник вичар” ошно будааст, ки дар асри IX он аз тарафи Мардонфаррух иншо шудааст. Дар ин асар таълимоти шаккокия дар нисбати ҳама динҳои ҷаҳонӣ баён шудааст. Ба гумони ғолиб маҳз ин асар таъсирбахши андешаҳои озодфикрӣ барои Рӯдакӣ шудааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳалқаи илмии Ихвону-с сафо дар асри X, ки он баъди Академияи Маъмун дар Бағдод дуюмин Академияи илм дар олами ислом ба шумор мерафт ва он на муассисаи дарбориву давлатӣ, балки академияи озоди донишмандони мардумӣ бо хадафи маорифпарварӣ роҳандозӣ шуда буд. Ба таври умум Ихвон- ус-сафо ва шоир Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як замон ба иборае дар ҷодаи эҳёи фарҳангӣ ва андешаи озод фаолият менамудаанд ва аз ин рӯ мавзуъ ва муҳтавои асарҳои онҳо то андозае ба ҳам наздик буд. Дар ҳарду ҳолат ҳам мавзуи баҳси онҳо интишори бештари дониш ва робитаи ниҳоии он бо амалия буд. Аз ҳамон шеъри машҳури шоир “Ин чаҳонро нигар ба чашми хирад”, бармеояд, ки Рӯдакӣ ҳадафи асосии маърифату хирадро дар амалишавии онҳо дар ҳаёти инсон медонад.
Ба ин монанд андешаҳои фалсафӣ ва моҳияти амалии онҳоро дар ҳаёти инсон ӯ дар қасидаи “Модари май”, андар ситоиши Абу Ҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ҳамчун арзишмандии гуногунии касбҳову андешаҳо баён намудааст:
Халқ зи хоку зи обу оташу боданд,
В ин малик зи офтоби гавҳари Сосон...
Гар ту ҳакимию раҳи ҳикмат ҷӯйӣ,
Сирати ӯ гиру хуб мазҳаби ӯ дон.
Он ки бад-ӯ бингарӣ ба ҳикмат, гӯй - Инак Суқроту ҳам Фалотини Юнон.
Гар ту фақеҳиву сӯи шаръ гароӣ,
Шофеӣ инак-ту Бӯ-Ҳанифаю Суфён,
Гар бикушоядат ба илму ба ҳикмат,
Гӯш кун инак ба илму ҳикмати Луқмон...
Наздик ба ҳамин мазмун ӯ дар бораи озодии ирода ва озодии ақидаи ҳар инсон ва ҳар маслак сухан ронда, ризоиятмандӣ аз роҳи интихобнамуда ва ҳаққу ҳуқуқи интихоб дар афкори мардуми гуногунро чунин баён мекунад:
Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,
Тарсо ба Усқидусу Алавӣ ба ифтихори ҷадд.
Ба ин монанд андешаҳоро дар осори Рӯдакӣ ва рисолаҳои фалсафии Ихвон-ус-сафо хеле бисёр овардан мумкин аст. Воқеан пазируфтани гуногунрангии фикр, қадргузорӣ ба аҳамияти андешаҳои мухталиф, ҳамоиши афкори ҳархела, таҳамулпазирӣ ва мадоро ва ҳатто изҳори эҳтироми гуногунандешӣ дар ашъори моҳияти фалсафӣ доштаи шоир мавқеи устувор доранд.
Чунончи зикр кардем, шоир масоили умдаи фалсафиро дар матни қитъа ва шеърҳо ё ҳатто марсияҳое, ки ба поси гиромидошти дӯстону наздиконаш эҷод мекард, моҳирона ва бо санъати баланди шеърӣ ба қалам медод. Яке аз ин марсияҳо, ки дар он масоили ҷавҳарии фасафа, аз қабили масъалаи ҳаёт ва марг, робитаи рӯҳ, ҷон ва тан, ҳадафу мақсади ҳаёти инсон ва ғайра хеле борик ва мувофиқ ба дидгоҳҳои андешаҳои ҳам юнонӣ ва ҳам исломӣ, аммо дар асл моҳияти арзишии инсонимеҳварро ифода дошт, ин марсия дар сӯгвории дӯсти донишмандаш шоир Абулҳасани Муродӣ аст, ки то замони мо омада расидааст:
Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд,
Марги чунон хоҷа на корест хурд.
Ҷони гиромӣ ба падар боз дод,
Колбади тира ба модар супурд.
Они малак бо малаке рафт боз,
Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.
Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,
Об набуд ӯ, ки ба сармо фусурд.
Шона набуд ӯ, ки ба мӯйе шикаст,
Дона набуд ӯ, ки заминаш фушурд.
Ганҷи заре буд дар ин хокдон,
К-ӯ ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.
Қолаби хокӣ сӯйи хоке фиганд,
Ҷону хирад сӯи самовот бурд.
Ҷони дувумро, ки надонанд халқ,
Мисқалае карду ба ҷонон супурд.
Соф буд омехта бо дурди май,
Бар сари хум рафту ҷудо шуд зи дурд.
Дар сафар афтанд ба ҳам, ай азиз,
Марвазию розию румию курд,
Хонаи худ боз равад ҳар яке,
Атлас кай бошад ҳамтойи бурд?..
Хомӯш кун чун нуқат, эро малак,
Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд.
Ба андешаи муҳаққиқон шоир дар ин ҷо ба таълимоти ҷовидонии рӯҳ, ки аз замонҳои қадим дар дину фалсафа, аз он ҷумла дар таълимоти зардуштия ҷой дошт буд ва баъдтар низ дар таълимоти исломӣ ба он таъкид шуд, ки тибқи он мабдаи инсон аз худованд аст ва боз ба назди ӯ бозгашт мекунанд, такая мекунад.
Ба андешаи шоир марг ин интиҳои ҳастии инсон нест, балки зинаи ба марҳилаи дигари ҳастӣ гузаштани ӯ аст. Ин андеша дар таълимоти аҳли тасаввуф низ идома ёфтааст. Дар ин андешаҳои шоир ягонагии рӯҳу ҷисми инсон матраҳ шудаанд. Яъне тану ҷони инсон дар ин олам фақат дар ягонагӣ вуҷуд дошта метавонанд ва онҳо фақат баъд аз марг аз ҳам ҷудо шуда метавонанд.
Муҳаққиқи осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ А. Мирзоев ақида дорад, ки Рӯдакӣ тарафдори абадияти рӯҳ аст, ки он ба таври доимӣ бе ҷисм вуҷуд дошта метавонад. Рӯдакӣ сарманшаи маънавиёти инсониро ба симати «падар» ва маншаи олами моддиётро ба симати «модар» қабул дорад, ақидае, ки мансуби тасаввуроти устуравии мардумони ориёии минтақаи мо буд, ки ба манзалати бовар ва андешаи фалсафӣ расидааст. Гузашта аз ин ба андешаи Рӯдакӣ рӯҳ метавонад, ки бе ҷисм вуҷуд дошта бошад. Дар ин таълифоти шоир табиати ҳастии моддӣ бо ҳастии маънавӣ муқоиса мешавад. Вале нуктаи аслӣ дар ин ҷо, баланд будани арзиши инсонӣ аст, ки ба қавли шоир он “ганҷи зар” - е ҳаст, ки ду ҷаҳонро баробари ҷаве медонад”. Рӯдакӣ бар ин назар аст, ки инсон ба гайр аз рӯҳи малакутӣ ва колбади заминӣ, инчунин соҳиби “ду ҷон” аст. “Ҷони аввал” ҳосилаи таъсири рӯҳи малакутӣ бошад, “ҷони дуюм” чун нафс ҳосилаи маънавиёт ва ақли инсонӣ буда, инсон худаш ӯро ба қадри ҳиммату зарфияту кӯшиши худаш парваришу сайқал медиҳад ва баъди маргаш онро ба парвардигораш месупорад. (Мисқалае карду ба ҷонон супурд.) Он дар ашъори Рӯдакӣ гоҳо чун “ҷон”, гоҳо чун “хирад” ва гоҳо чун “чароғ” ва ғайра ифода ёфтааст, ки инсон бояд онро доимо зери зери назорату таваҷҷуҳ ва парваришу сайқал қарор бидиҳад. Маҳз ҳамин падида боиси такомулу сайқали инсонии ӯ метавонад бошад, дар акси ҳол ин падида дар сурати фориғболию бепарвоӣ метавонад ба нестию нобудӣ, ки нобудии худи инсон аст, бирасад. Дар ин маврид дар як рубоии дигараш шоир ба инсон муроҷиат мекунад:
Дар бодияи даҳр чароғе, ки турост,
Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.
Бӯи ҷигари сӯхта олам бигирифт,
Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост.
Ба андешаи мутафаккирону донишмандони ҳамзамони Рӯдакӣ ин дунё ба мисоли баҳрест пурталотум ва дарёест пуртуғён, ки ҳар дам дигаргун мешавад, он якнавохт ва яксон нест ва маърифату дарки комилро тақозо мекунад. Роҳи шинохти дурусти ин олам пеш аз ҳама хирад ва ақли инсонӣ аст, инсон дар миёни ин дарё ба мисоли мусофирони дохили киштӣ аст. Роҳи халосӣ, яъне гузаштан аз гирдоби ин дарё ва расидан ба ҷазираи мақсуд ин иҷрои амали нек ва накӯкорӣ аз тарафи худи инсон аст, ки бо ҳамон ақли худ онро анҷом медиҳад:
Ин чахонро нигар ба чашми хирад,
Не бад он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Ин қитъаи машҳури Рӯдакӣ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ақлгароӣ (расионализм) –и шоирону мутафаккирони он замон як назарияи сирф абстрактӣ набуда, ҳадафи ниҳоии амалӣ дорад ва он пайвастани хиради назарӣ бо хиради амалиро талаб мекунад. Эътимоди бисёр қавӣ ба ақл ва ба тавоноии хиради инсон шоирони файласуфи асрҳои фавқузикрро водор сохта буд, ки пеш аз ҳама ба неруи маърифатии худ эътимод кунанд ва ҳатто ба шинохти ҳақиқати мутлақ (абсолютӣ) низ аз роҳи тафаккури ақлӣ ворид шаванд. Ин назари Рӯдакӣ ба дигар пайравонаш таъсири амиқ гузошта буд, чунончи, Абӯшакури Балхӣ дар пайравӣ аз ӯ чунин шеъре дорад:
Хирад чун надонӣ, биёмӯзадат,
Чу пажмурда гардӣ барафрузадат,
Хирад бе миёнҷию бераҳнамой,
Бидонад, ки ҳаст ин ҷаҳонро худой.
Ба андешаи эшон барои шинохти зоти мутлақ ягон миёнҷие ё роҳнамое ба ҷуз хирад вуҷуд надорад. Ин хулосаи бисёр ҷолиби шоирони файласуф аст, ки барои асрҳои миёна аҳамияти хоссаро дошт. Рӯдакӣ дар ин масъала боз амиқтар рафта, ақлу хирадро сабаби хушҳоливу саодат ва ҳам сарбаландии инсон дар ҷомеа медонист. Ба андешаи ӯ хирад ва хурадмандӣ яке аз сифатҳои асосии инсони озод мебошад, ки барои ӯ ҷовидонагии ҳаётро фароҳам меорад:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихварад:
Тани дурусту хўйи неку номи неку хирад.
Ҳар он кӣ эзидаш ин ҳар чаҳор рўзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нах(в)арад.
Қайд намудан лозим аст, ки баёни чунин масъалаи муҳими фалсафӣ дар доираи ақлгароӣ саршори аҳамияти бисёр муҳими маърифатӣ ва тарбиявӣ буда, дар асрҳои миёна ҷомеаро тавассути муқоиса ва муқобила ба дарки ҳақиқати олами ҳастӣ раҳнамун месохт. Ба ақидаи эшон дар масъалаи дарки олами ҳастӣ нақши ақлу хирад барои инсон баландтар аз маърифати ҳиссӣ мебошад.
Хирад беҳтар аз чашму биноӣ аст,
На биноӣ, афзун зи доноӣ аст.
Вале мутаассифона ин равияи пешқадами маърифатию ҷаҳоншинохтӣ ва фарҳангӣ натавонист то охир дар ҷомеаи асримиёнагии мо равиши асосӣ боқӣ бимонад ва дар асрҳои баъдина он ҷои худро қариб пурра ба таълимоти илоҳиётӣ ва қисман ба ирфону тасаввуф вогузошт, ки ин мавзуи дигар мебошад.
Адабиёти истифодашуда:
Афсаҳзод А. Одамушшуаро рӯдакӣ. – Душанбе: “Адиб”, 2003.
2. Бартольд В.В. Сочинение. –М., 1963.
3. Богоутдинов А.М. История таджикской философии.- Душанбе, 1969.
4. Богоутдинов А.М. Избранные произведения.- Душанбе, 1969.
5. Мирзев А. Абуабдулло Рӯдакӣ. – Душанбе, 1958.
6. Рӯдакӣ. Шеърҳо. Душанбе, 1972.
7. Таърихи фалсафаи тоҷик (фалсафаи адабиёт). Ҷилди 5. Қисми 1. - Душанбе: “Дониш”, 2021. - 600с.
Мирзоев Ғ.Ҷ., д.и.ф., сарходими шуъбаи масалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Сентябрь 21, 2024 11:00
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ аст. Ба ин муносибат андешаҳои узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон зери унвони «Абарустоди забони модарӣ» манзур мешаванд.
— Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бешубҳа, аз саромадони забону адаби мо маҳсуб мешавад, ки ҳамасола ба ифтихори ӯ 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад.
Дар байни ҳамаи устодони бузурги забони модарии мо аз рӯзгори пешин то ба ин даврон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) мақом ва ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро устод Рӯдакӣ аввалин шоири соҳибдевон ба забони модарии мост ва гуфтаанд, ки вай ҳамчунин муаллифи яке аз нахустин фарҳангҳои забони модарии мо – «Тоҷ-ул-масодир фӣ луғат-ил-фурс» (Тоҷи маъхазҳо дар забони порсиён) мебошад, ки мутаассифона, ин фарҳанг то замони мо нарасидааст.
Ҳамаи сурудаҳои боқимонда аз ӯ содаву равон ва ширину дилрасанд ва аз маҳорату устодии комили ӯ дар забону адаби мо гувоҳӣ медиҳанд. Барои намуна сурудаи маъруфи ӯ «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме»-ро, ки имрӯз вирди забонҳо аст, метавон суруди миллии тоҷикони ҷаҳон барои ҳамаи замонҳо ба шумор овард. Зеро аз ҳар калимаву ибораи он ширинию шевоӣ ва содагию равонии забони модарӣ ба мушоҳида мерасад. Ба баёни дигар, ин сурудаи дилрас ва дигар сурудаҳои устод Рӯдакӣ ҳалқаи васли забону адаб ва таъриху фарҳанги миллии мо аз гузаштаи дур то ба рӯзгори нави Истиқлоли давлатӣ мебошанд.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020), ки муаллифи бузургтарин ҳамосаи миллии мо – «Шоҳнома»-и безавол аст, камоли маҳорату устодии Рӯдакӣ ва «дур суфтан»-и ӯро дар забону адаби мо зимни баёни чигунагии анҷом пазируфтани тарҷумаи манзуми «Калила ва Димна» таъйид кардааст:
Гузорандае пеш биншонданд,
Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.
Бипайваст гӯё парокандаро
Бисуфт инчунин дурри огандаро.
Баъзе сурудаҳои устод Рӯдакӣ бо гузашти айём ба хотири ширинию шевоияшон ба зарбулмасалу мақол табдил ёфтаанд ва имрӯз дар байни пиру барнои ҷумҳурии мо маҳбубияти фаровон доранд. Масалан:
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ё:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Баёни ин нукта ҳам муҳим аст, ки баъзе калимаҳои дар ашъори устод Рӯдакӣ истифодашуда имрӯз фақат дар баъзе гӯйишҳои забони тоҷикӣ боқӣ мондаанд ва дар мамлакатҳои ҳамзабони мо мавриди истифода қарор надоранд. Масалан: варғ (ҷойи оббанду обкушо) (Банди варғи сусти пуда бифканад), коза (каппа) (Ҷой кард аз баҳри будан козае), тундар (раъд) (Наффот – барқи равшану тундар-ш таблзан), хусур (падарарӯс) (Ки то кай кашем аз хусур зиллу хорӣ), модандар (модари угай, ки дар мо моиндар ҳам мегӯянд) (Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро), писандар, духтандар (Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро), фартут (афгор) (Пири фартут гашта будам сахт) ва ғайра.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт устод Рӯдакӣ дар таърихи дерини забони модарии мо абарустоде аст, ки ширинию шевоӣ, шукуҳу шуҳрат, покизагию асолат ва рушду боландагии ин забон дар рӯзгори Сомониён ва давраҳои баъдӣ бо осори мондагори ӯ пайванди амиқи ногусастанӣ дорад.
Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ташкили давлати миллӣ, барқароршавии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид фароҳам овард, ки ҳамчун давлати мустақил дар муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1992 бо шарофати сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолии давлат бо кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид муносибатҳои мутоқобилан судмандро тавассути дипломатияи сулҳҷӯёна ва ташаббускорона дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ оғоз намуд. Маҳз зери сиёсати босамари Пешвои тоҷикони ҷаҳон дипломатияи сиёсӣ, дипломатияи иқтисодӣ, дипломатияи мардумӣ ва дипломатияи парлумонӣ эҳё шуд. Яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷии кишвар (солҳои навадум) бо роҳи дипломатияи сиёсӣ ҳалли худро ёфт. Яъне Пешвои миллат бо роҳи гуфтушунид бо намояндагони хориҷию мухолифин тавонист ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшада, давлату миллатро аз вартаи нестшавӣ саривақт наҷот диҳанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият бо 184 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ ва бо 110 давлат ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ монда[2], узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор меравад. Яке аз ин кишварҳо Ҷумҳурии Индонезия мебошад, ки Тоҷикистон бо ин кишвар муносибатҳои дипломатӣ, дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкориҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст.
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён шудааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Тайланд, Индонезия, Малайзия, Ветнам, Сингапур ва кишварҳои дигари минтақа яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад[2]. Ҷиҳати таҳким бахшидани муносибатҳо барои расидан ба ин мақсад шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Тавре ки зикр гардид, яке аз ҳадафҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ОҶШ ин роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ мебошад. Яке аз санадҳои муҳими пешбарандаи кишвар дар самти сиёсати хориҷӣ, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҳадафҳо ва дурнамои дипломатияи сиёсати хориҷии кишварро дар бар мегирад. Дар доираи он муносибатҳои гуногунҷабҳа бо давлатҳои қитъаи Осиё, Аврупо, ИМА, Канада ва Африқо пеш бурда истодааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ алалхусус кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Уқёнуси Ором дар давраи соҳибистиқлолӣ барқарор шуда, санадҳои меъёрию ҳуқуқии байнидавлатӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, маориф-илм ва фарҳанг ба имзо расидааст.
Тоҷикистон барои пешбурди сиёсати хориҷии худ дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ танҳо як сафоратхона дорад, ки дар Федератсияи Малайзияи шаҳри Куала-Лумпур ҷойгир аст. Тоҷикистон ва давлатҳои ОҶШ имкониятҳои рушди ҳамкориҳоро доранд. Яке аз давлати тараққикардаи ҷаҳон Ҷумҳурии Индонезия мебошад, ки таваҷҷуҳи он назар ба дигар давлатҳои ОҶШ ба кишвари мо зиёд аст. Марҳилаҳои ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон ва Индонезияро зери омӯзиш қарор дода, сатҳ ва дастовардҳои муносибатҳои дипломатии ду кишвари дӯстро аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ дар солҳои 1991-2001 мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Дар муносибатҳои байналмилалӣ нақши дипломатия ҳамчун роҳи осоишта бо гуфтушунид оғоз шуда, дар татбиқи сиёсати хориҷии давлат саҳми назаррас дорад. Ҷумҳурии Индонезия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни муносибатҳоро таҷдидӣ назар карда истодааст. Ҷумҳурии Индонезия яке аз аввалин шуда, 28 декабри 1991 истиқлолияти давлатҳои пасошӯравиро ба расмият шинохт[21]. Талбак Назаров ва Абдунабӣ Сатторзода дар китоби “Дипломатияи муосири тоҷик” вобаста ба барқароршавии муносибаҳои Тоҷикистон ва Индонезия чунин қайд кардаанд: “Муносибатҳои давлатӣ ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Индонезия баробари дарёфти истиқлоли хеш солҳои 90 -уми асри гузашта оғоз шуда буд”.
29 январи соли 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати узви комилҳуқуқ қабул шуд[17], ки дар он Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия дар қатори дигар давлатҳо ба ворид шавии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуд. Пас аз Созишномаи оташбас, ки моҳи сентябри соли 1994 таҳти сарпарастии СММ байни тоҷикон баста шуда буд, барои мустаҳкам гардидани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Индонезия, ки 27 августи соли 1994 барқарор гардид, шароити мусоид фароҳам овард.
Тоҷикистону Индонезия ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар асоси заминаи санадҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва шартномаҳои дуҷониба бо эътироф ва эҳтироми боварӣ ба роҳ мондаанд. Робитаҳои дипломатии ду кишвари дӯст новобаста аз вазъияти дохилию беруна оғоз ёфта, марҳилаҳои гуногунро гузаронида, ба сатҳи дипломатӣ ва сатҳи олӣ ноил гардид. Қобили зикр аст, ки робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Индонезия дар асоси имзои баёнияи муштарак дар мавриди барпо намудани муносибати дипломатӣ барқарор гардида, принсипҳо ва ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад:
- бо риояи принсипи пайравӣ аз усул ва хадафҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Конвенсияи Вена дар барои муносибатҳои дипломатӣ аз соли 1961 ва аз соли 1963 Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ,
-бо мақсади дахолат накардан дар корҳои дохилии якдигар, густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба пояи баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзӣ.
Ҳамин тавр, 27 июли соли 1994 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия байни Ҳукумати Индонезия ва Ҳукумати Тоҷикистон баёнияи муштарак дар мавриди барпо намудани муносибати дипломатӣ ба имзо расид, ки ҳамчун санади заминавии таърихи байни кишварҳо ба ҳисоб меравад[20].
Баёнияи мазкур аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Москва Раҳмат Витоелар (Rachmat Witoelar) ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва Абдуллоҷонов Абдумалик ба имзо расид. Санади имзошуда, яке аз ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ дар сатҳи сафирон ба шумор меравад.
Муносибатҳои дипломатӣ дар сатҳи сафирон ҷанбаи муҳими сиёсати хориҷии давлатҳо мебошад. Зеро, сафир дипломати баландпояи давлат буда, кишвари худро дар дигар давлатҳо намояндагӣ карда, манфиатҳои кишвару шаҳрвандони дар хориҷ будаи худро ҳифз менамояд ва сатҳи робитаҳои дипломатиро байни кишварҳо нигоҳ медорад. Ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба нақш дошта, робитаҳои дӯстона, созишномаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар шарикии байни кишварҳоро амалӣ менамояд. Тибқи Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз соли 1961, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо мувофиқаи тарафайн сурат мегирад.
Ҷумҳурии Индонезия барои татбиқи сиёсати хориҷии худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ моҳи майи соли 1994 сафорати худро дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбакистон боз намуд [13] ва 6-уми июни соли 1995-ум аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия аввалин Сафири Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Ҳасан Абдуҷалил ғайримуқим дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин гардид[7,С.38]. Ин иқдом нишондиҳандаи муҳими чунин таваҷҷуҳи тарафайн дар марҳалаи бунёди муносибатҳои дипломатӣ гардид. Сафири Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳасан Абдуҷалил дар таҳкурсии робитаҳои дипломатии давлатҳо ҳиссаи калон гузошт. Санаи 5 июни соли 1995 бо роҳбарии Сафири Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Ҳасан Абдуҷалил ва директори Корпоратсияи “PT BOLA CAHAUA BIRU”-индонезӣ доктор Девӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар натиҷаи муколамаи тарафайн байни Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон ва Корпоратсияи “PT BOLA CAHAUA BIRU”-индонезӣ оид ба ташкил намудани Маркази тиҷоратии Тоҷикистон дар Индонезия дар шаҳри Душанбе байни Сарвазири Тоҷикистон Каримов Ҷамшед ва доктор Девӣ созишнома ба имзо расид[12].
Мақсади созишнома дар Ҷумҳурии Индонезия таъсис додани ширкати дорои масъулияти маҳдуди "Маркази Савдои Тоҷикистон" мебошад, ки манфиатҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Индонезияро дар бозори ҳамдигар ва дигар кишварҳо намояндагӣ мекунад. Санаи 17 августи соли 1995 таҳти №524 созишнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки дар банди 1-уми фармон аз ҷониби Корпоратсия дар бораи қарзи дарозмуддат дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА ба Тоҷикистон пешниҳод шуда буд[5].
22 oктябpи coли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи солонаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок намуда, бо Пpезиденти Индoнезия Муҳаммад Cухapтo ва роҳбарони давлатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Филиппин, инчунин бо губернатори генералии Австралия ва вазири корҳои хоричии Малайзия мулоқот анҷом дода буд [10,С.13]. Дар мулоқоти сатҳи олӣ муносибатҳои дипломатӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ-тиҷоратӣ барассӣ шуданд. Пас пз мулоқоти роҳбарони ду кишвар ҳамкории Тоҷикистону Индонезия боз ҳам фаъолтар гардид. Саҳми Сардорони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Сухарно дар оғози хамкориҳои сиёсӣ-дипломатии Тоҷикистону Индонезия басо назаррас мебошад.
Соли 1996 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) тайин шуд. Ба ин муносибат, 9 апрели соли 1996 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нусхаи эътимодномаи Соекадари Хонгоуонгсо қабул кард [11.С-21]. Эмомалӣ Раҳмон саҳми сафирро дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезия назаррас арзёбӣ намуда, дар хусуси дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Индонезия изҳори умедворӣ намуд. Сафири Ҷумҳурии Индонезия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон миннатдорӣ намуд.
Моҳи июни соли 1996 Сафари Индонезия Соекадари Хонгоуонгсо бо ҳайати доираҳои тиҷоратии Индонезия таҳти роҳбарии президенти ширкати «PT PRIMA COMEXINDO» Моритсий Бруннер ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд. Мақсади асосии ташриф, омӯзиши имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии ду кишвар дар соҳаи соҳибкории хурду миёна буд. Моҳи ноябри соли 1996 аз тарафи Ҳукумати Индонезия кӯмаки башардӯстона бо маблағи 5 миллион рупияи индонезӣ барои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид[16,C.180].
Бояд қайд кард, ки бо воситаи дипломатияи бисёрҷониба марҳилаҳои истиқрори сулҳ байни тоҷикон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия аз солҳои 1995-2000 иштирок намудааст. Аз 30 ноябри соли 1997 то 29 январи соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия контингенти сулҳи худро бо 8 афсар ба нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон фиристодааст[19.С-217]. Моҳи ноябри соли 1997 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз Индонезия дархост кард, ки нерӯҳои Артиши миллии Индонезияро ба Тоҷикистон ба ҳайси нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, ки Контингенти XVIII Гаруда иборат аз 8 афсар Миссияи нозирони СММ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии майор Кан Суятно фиристад[18,С.56].
Пас аз имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Созишномаи миллии Тоҷикистон” дар соли 1997 беҳбуди назаррас дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ноил шудан ба рушди устувории сиёсати хориҷӣ ба даст омад. Ҳукумати Индонезия дар баробари кишварҳои ҷаҳон созишномаи сулҳи тоҷиконро дар Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ намуд. Моҳи апрели соли 1997 дар шаҳри Душанбе соҳибкорони индонезӣ намоишгоҳи молҳои саноатӣ ташкил карданд. Дар ин давра кор аз рӯйи ҳамоҳангии лоиҳаҳои созишнома оид ба ҳамкории иктисодӣ ва техникӣ, дар бораи муҳофизати хамдигарии маблағгузорӣ, андозбандии дукарата ва мактубҳои мубодила бо Ҷумҳурии Индонезия амалан анҷом ёфтанд. Сафарҳои дуҷониба дар сатҳи баланд бо мақсади ташаккул гардидани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар байни Тоҷикистон ва Индонезия буд.
30 июли 1998 лоиҳаи Созишномаҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳaмкopиҳoи иқтиcoдӣ, техникӣ, ҳaвacмaндгapдoнӣ вa ҳифзи мутaқoбилaи capмoягузopӣ таҳти №276 аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда шуд[4].
6 январи соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулодда ва мухтори Индонезия дар Тоҷикистон Соекадари Хонговонгсоро дар робита ба итмом расидани рисолати дипломатии худ дар кишвар қабул кард[8.С-151]. Дар ҷараёни суҳбати дӯстона масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз эҳёи робитаҳои Тоҷикистону Индонезия дар давоми соли гузашта ёдовар шуда, ба ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии Тоҷикистону Индонезия изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карда шуд, ки ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххаси сафирро дар ин мавзуъ меомӯзад.
19 майи 1999 Президенти Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рони Хидоят Густинро ба муносибати супоридани эътимоднома ба ҳузур пазируфт [9.C.152]. Мулоқотҳои мазкур барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар мусоидат намуд. Пас аз анҷоми маросими расмии супоридани эътимодномаҳо вохӯрӣ бахшида ба ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия баргузор гардид. Сафири Ҷумҳурии Индонезия мувофиқати комили ақидаҳои ӯро бо мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арзёбии вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба изҳор дошт. Бо таваҷҷуҳ ба захираҳои азими истифоданашуда барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ, сарвари давлати Тоҷикистон дар қатори самтҳои имконпазири он энергетика, соҳаҳои истеҳсоли техникаи маишӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард, электроника, саноати бофандагӣ ва сайёҳиро номбар намуд. Ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки дар ояндаи наздик як қатор санадҳои дуҷонибаи аллакай омадашуда ба имзо мерасанд, ки барои ба сатҳи баланд бардоштани ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Индонезия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сафири Индонезия Рони Ҳидоят Гастин дар рисолати некӣ таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Индонезия комёбиҳо орзу кард. Соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия барои иштирок дар Конфронси 104-уми Иттиҳоди Байнипарлумонӣ ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 13 то 23 октябри соли 2000 даъват намуд. Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2000, №169 “Дар бораи сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷакартаи Индонезия” тасдиқ шуд[6].
7-8 январи соли 2001 ҳайати Сафорати Индонезия бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рони Хидоят Густин бо мақсади барои баргузор кардани мулоқотҳои корӣ бо роҳбарони шуъбаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон буданд[1,С.49].
Бояд қайд кард, ки Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Ҳасан Абдулҷалил моҳи июли 1994, моҳи октябри 1995, Соекадари Хонговонгсо моҳи ноябри соли 1995, моҳи феврали соли 1999 ва Рони Ҳидоят Гастина ва моҳи апрели соли 1999, моҳи апрели соли 2002 дар барқароршави ва рушди ҳамкориҳои дипломатӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Хулоса
Мавриди зикр аст, ки дар давраи аввали 10 солаи муносибатҳои кишварҳо заминаҳои таърихи Истиқлолияти давлатӣ, санади меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва Созишнома оид ба таъсиси Маркази тиҷоратии Точикистон дар Индонезия ба шумор меравад. Дар баробари он, сафарҳои дипломатӣ ва соҳибкорони индонезӣ дар ин давраҳо анҷом ёфтанд. Ҷанбаҳои таърихии муносибатҳои ду кишвар нишон медиҳад, ки новобаста аз вазъи сиёсии дохилии Тоҷикистон, Ҳукумати Индонезия хоҳони ҳамкориҳои дуҷониба буд, ки аз кӯмакҳои башардӯстона, сафарҳои ҷавобии намояндагони индонезӣ ба шаҳри Душанбе ва дастгирии Ҳуқумати Индонезия дар доираи СММ шаҳодати он аст. Соли 2000 дар робитаҳои дуҷониба бо давлатҳои ҷаҳон махсусан дар сиёсати дохилию хориҷӣ кишвар марҳилаи нав оғоз гардид. Зеро, соли 2000 татбиқи Созишномаи байни Тоҷикон дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом ёфта, обруи кишварро дар ҷомеаи ҷаҳон баланд бардошт.
Бояд қайд кард, ки монеаҳои робитаҳои дипломатӣ бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Индонезия аз вазъи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб меравад ва омилҳои зерин дар ҳамкориҳои ду кишвар монеа шуда буд, ки чунин аст:
-ҷанги шаҳрванди солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон;
-буҳрони иқтисодии Осиё солҳои 1997-1998 дар минтақаи Осиё ва боиси истеъфои Президенти Индонезия Сухарно гардид.
Мавриди зикр аст, ки вазъияти буҳрони иқтисодии Осиё солҳои 1997-1998, сиёсии давраи “Ислоҳот” дар Индонезия ва ноустувории равандҳои геосиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ дар ин давра илова кардан мумкин аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Paҳмoн дap Пaёми солонаи coли 2001 иброз намуда буданд: Мо кишвари осиёӣ мебошем. То имрӯз муносибатҳои мо бо кишварҳои осиёӣ асосан дар доираи ҳамсояҳои дуру наздик ва кишварҳои олами исломӣ махдуд мешуданд. Бо сабабҳои маълум мо натавонистем бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки аз ҷиҳати саноат хеле пешрафта мебошанд, муносибат ва ҳамкории доимӣ барқарор кунем[3]. Дар доираи ин мафҳум, роҳандозии муносибатҳои дарозмуддат ва босуботи Тоҷикистон бо Индонезия дар 10 солаи аввали Истиқлолият машваратҳои сиёсӣ барқарор гардида, заминаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба даст омадааст. Миёни Тоҷикистону Индонезия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд, ки самтҳои ҳамкориҳоро бо воситаи дипломатия муайян намуданд.
Соҳиби БАҲРУЛЛО - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АДАБИЁТИ ИСТИФОДА
Дипломатия Таджикистана. Выпуск .,с.138. Том №1/2001 С- 49
Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ] https://mfa.tj/tg/main/view/4255/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston
Паём ба Аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]
https://president.tj/event/speeches/14004 (санаи муроҷиат: 26.06.2021).
Постановление о проектах соглашений между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Индонезия о экономическом и техническом сотрудничестве и о поощрении и взаимной защите инвестиций. [Текст] – Душанбе [Манбаи электронӣ] http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=13068 (санаи муроҷиат: 26.06.2020).
Постановление Правительства Республики Таджикистан от 17 августа 1995 года № 524 "О Соглашении между Правительством Республики Таджикистан и корпорацией "РТ BОLА САНАUА ВIRU" (Республика Индонезия) по созданию Таджикского Торгового Центра в Республике Индонезия" [Манбаи электронӣ] URL: http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=7822 (санаи муроҷиат:26.06.2022).
Постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 31 августа 2000 года, № 169 "О поездке парламентской делегации Республики Таджикистан в Джакарту (Индонезия)" [Манбаи электронӣ] http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=1022(санаи муроҷиат:26.06.2022).
Саидов Зафар Шералиевич (Сайидзода Зафар Шерали). 25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона (1992-2017 гг.): исторические аспекты становления и развития: Монография.- Душанбе:
«Контраст», 2020.- 336 с. С-38
Саидов Зафар Шералиевич (Сайидзода Зафари Шерали). Основные внешнеполитические интересы Таджикистана на рубеже веков. – Четвертое, дополненное издание (новая редакция). – Душанбе: ООО «Контраст», 2011. – 624 с.: ил.С-151
Он ҷо С-152
Сайидзода Зафари Шерали (Саидов Зафар Шералиевич). Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004 гг.). – Седьмое издание. - Душанбе: ООО «Контраст», 2010. – 446 с.: ил. С-13
Сайидзода Зафари Шерали (Саидов Зафар Шералиевич). Внешняя политика Таджи- кистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004 гг.). – Седьмое издание. - Душанбе: ООО «Контраст», 2010. – 446 с.: ил. С-21
Соглашение Правительства Республики Таджикистан и Корпорации "РТ BОLА САНАUА ВIRU" (Республика Индонезия) по созданию Таджикского "Торгового Центра в Республике Индонезия"[Манбаи электронӣ] http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=7823.
Сотрудничество [Манбаи электронӣ] https://web.archive.org/web/20160303234826/http://uzbemb.or.id/?g=Informasi&lang=en&cmsID=CMS000023 (санаи муроҷиат 09.08.2024)
Суханронӣ дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар [Манбаи электронӣ] https://president.tj/event/foreign_trips/36548
Талбак Н, Сатторзода А. Дипломатияи муосири тоҷик, Душанбе, Ирфон 2006, 224 саҳ. Саҳ-179
Талбак Н., Абдунабӣ С. Дипломатияи муосири тоҷик, Душанбе, Ирфон 2006, 224 саҳ. C-180
Admission of the Republic of Tajikistan to membership in the United Nations 46/228.https://unrcca.unmissions.org/sites/default/files/a_res_46_224-en.pdf
DANNY GAIDA TERA ELGAR NPM.
16.100374201.3268. Dasar-Dasar Hukum Tentara Nasional Indonesia Ikut Sebagai Pasukan Penjaga Perdamaian Dunia Menurut Hukum Internasional Dan Hukum Nasional с.84 с-56
Kusuma DISERTASI PASUKAN PERDAMAIAN TNI KONTINGEN GARUDA DI LEBANON (Kajian Perjumpaan Masyarakat Muslim Indonesia dan Lebanon) NIM:
12.3.00.0.01.01.0034 с.276 с-217
MINISTRY OF FOREIGN AFFAIRS OF THE REPUBLIC OF INDONESIA DIRECTORATE GENERAL OF LEGAL AFFAIRS AND INTERNATIONAL TREATIES [Манбаи электронӣ]
https://treaty.kemlu.go.i/apisearch/pdf?filename=TJK-1994-0001.pdf (санаи муроҷиат: 28.02.2022)
PROFIL NEGARA DAN HUBUNGAN BILATERAL[Манбаи электронӣ] https://kemlu.go.id/nur-sultan/id/read/profil-negara-dan-hubungan-bilateral/4098/etc-menu#:~:text=%E2%80%8B%201.
%20Indonesia%20memberikan%20pengakuan,kemerdekaannya%20tanggal%2016%20Desember%201991. (санаи муроҷиат: 28.02.2022)
Пас аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демеократӣ ва ҳуқуқбунёдро ҳадафи ниҳоии хеш қарор доданд. Бо дар назардошти талаботи замон чунин асоси сохтори давлатӣ дар моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шуд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвата кӯшиш намуда истодааст, ки ин ҳадафҳои дар пеш гузошта шуда ҳар чӣ зудтар татбиқ гардида, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ва таҳкими истиқлолияти воқеии давлатӣ татбиқ карда шаванд.
Ҳифзи ҳуқуқу озоиҳои шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, танҳо дар ҳолати доштани дониш ва маърифтаи ҳуқуқӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва риояи дурусти талаботи қонунгузорӣ мумкин мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон маҳсуб рафта . Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ин масъаларо арзёбӣ намуда, соли ҷориро ҳамчун соли маърифтаи ҳуқуқӣ эълон доштанд. Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар баробари мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ, инчуни ин роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи мо аз қабили пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротию террористӣ мебошад. Дар баробари ин бо ташаккул додани маърифати ҳуқуқӣ имконияти ҳарчӣ бештар коҳиш додани сатҳи фасод низ дар ҷомеа шароит фароҳам оварда хоҳад шуд.
Бо маърифат гардонидани аҳолии кишвар махсусан наврасону ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа шинохта мешаванд,баҳри ҷомеаи тоза истиқлоли мо муҳим мебошад. Дар ин маврид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми вохӯрии бо аҳли маориф бахшида ба “Рӯзи дониш”,чунин ибрози андеша намуданд: “Дар натиҷаи муносибати рӯякӣ ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон, саҳлангорӣ ва бетарафӣ аз ҷониби баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, инчунин, падару модарон ва аҳли ҷомеа фарзандони мо ба доми созмонҳои ифротиву террористӣ гирифтор мешаванд ва ояндаи худро барбод медиҳанд.
Аз ин рӯ, мо ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, ҷавобгариро нисбат ба шахсоне, ки монеи таҳсили фарзандон мешаванд, пурзӯр кардем.
Бо дарназардошти ҳолатҳои баёнгардида, зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи фаъолона ва густурдаи тарзи ҳаёти солим, тарбияи инсондӯстиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш, дар навбати аввал аз ҷониби падару модарон, яъне дар муҳити оила ба тарбияи фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад.”
Дар воқеъ ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро маҳз дар сурати тарбияи дуруст аз ҷониби оила ва огоҳонидани ҷавонон бомаърифати ҳуқуқӣ метавонад дар замири онҳо ҳисси баланди инсондӯстиву ватандӯстиро ба вуҷуд оварад.
Баҳри дарки маърифати ҳуқуқӣ зарур аст, ки шаҳрвандон истилоҳи ҳуқуқро дуруст дарк намоянд. Мақсад аз маънидод намудани истилоҳи ҳуқуқ дар он аст, ки шахс то мафҳум, моҳият ва муҳтавои ҳуқуқро дарк нанамояд, фаҳмиши амиқи онро тассавур насозад, ў ба ҳадафҳои маърифати ҳуқуқӣ расида наметавонад. Яке аз ҳадафҳои маърифати ҳуқуқӣ, ин бо усулу равишҳои нав ба аҳолӣ расонидани донишҳои ҳуқуқӣ, мазмуну моҳияти он ва бо ин роҳ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ки ин пеш аз ҳама вазифаи олимон ва ҳуқуқшиносони касбӣ аст мебошад. Дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад.
Дар ҳамин замина пайваста Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохуриҳои худ бо аҳолии кишвар ҷиҳати тарбияи дурусти ҷавонон таъкид медоранд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд. Бинобар ин маърифати ҳуқуқӣ метавонад як омили муҳими оини худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва заминаи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд бошад.
Ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба хусус ҷиҳати таҳкимбахшидани истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот дар самти қонунгузори муяссар хоҳад гардид. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ бидуни рушди маърифати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти қонунгузорӣ ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба истиқлолияти комили давлатӣ дар замони соҳибистиқлоли як қатор барномаву стратегияҳо қабул намудааст, ки бо амали гардонидани онҳо гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон истиқлолияти комили худро таъмин хоҳад намуд. Яке аз стратегияҳое, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад ин “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” мебошад. Стратегияи мазкур ислоҳоти қонунгузорро пешбинишуда намудааст, ки бидуни гузаронидани он расидан ба истиқлолияти давлатӣ имконнопазир аст. Бо дарназардошти он ки ин ҳуҷҷати стратегӣ рушд ва ояндаи муносибатҳои ҷамъиятиро пешбинӣ намудааст, аз ин лиҳоз заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии кишвар низ бояд мавриди такмил ва мутобиқгардонӣ қарор дода шавад. Ҳамчунин, дар матни Стратегия зарурати такмили як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, масалан, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консессияҳо” ва чанде дигар, таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав дар низоми қонунгузории кишвар, аз ҷумла Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” ва монанди инҳо пешбинӣ шудааст. Ин ислоҳот ба фаъолияти мақомоти давлатӣ шароит фароҳам оварда, рушти самтҳои гуногуни давлатро таъмин хоҳанд намуд.
Бояд қайд намоем, ки истилоҳи “ислоҳоти қонунгузории миллӣ”, ки дар мавзўи мазкур истифода бурда шудааст, ба маънои такмил ва тағйири санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ва таҳияву қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор бурда мешавад.
Дар кори мазкур диққати асосӣ ба ислоҳоти минбаъдаи қонунгузории кишвар дар асоси ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинишуда дода шудааст. Ҳамчунин ба таҳкими ислоҳоти қонунгузории соҳаҳои идоракунии давлатӣ, самаранокии механизмҳои мубориза бар зидди коррупсия, маориф ва илм, фарҳанг, коҳишдиҳии нобаробарии иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, молия ва бонкӣ, сармоягузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Ҷиҳати дарки масъалаҳои мазкур шаҳрвандони моро зарур аст, ки маърифати ҳуқуқии худро боло баранд, то ин ки дар раванди ислоҳоти қонунгузорӣ ҳадафҳои муайян гардидаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дарк намоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани марифати ҳуқуқии аҳолӣ, Ҳукумати кишвар зери роҳбариии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ соли 1992 ва соли 1994 бо тариқи райпурсиии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон муайян намудани Асосҳои сохтори консититутсионии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст.
Ҳамин тариқ, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, таҳти №668 ва суханронии Сарвари давлат бахшида ба “Рӯзи дониш” 1-уми сентябри соли 2024 иброз намуда бармеоянд, имрӯз тамоми аҳолии кишвари моро зарур аст, ки ба масъалаи донишҳои ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, маърифати ҳуқуқии худро боло баранд то ин ки таҳкими комили истиқлолияти давлатиро татбиқ намоянд.
Абдулхонов Файзалӣ Маҳмудович, н.и.ҳ., Ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и АМИТ
Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма мегирад.
Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо ва асарҳои манзумиву насрию илмӣ навиштаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуд ва то ба имрӯз солим омада расид.
Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд. Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду гастариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.
Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.
Дар охири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба як забони тавонои давлатӣ табдил ёфт ва аллакай дар соли 2000-ум тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки барои дар амал пиёда шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаранд. Яке аз муваффақиятҳои бисёр бузурге, ки дар замони Истиқлолият ба даст овардем дар асоси сиёсати бисёр пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан пуштибонии Президенти кишвар дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд. Умуман соли 2000-умро гардиши куллӣ дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон номидан мумкин аст. Аз соли 2000-ум шуруъ карда, ҷараёни гусариши муассиса ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ боз ҳам бештар қувват гирифт.
Дар даврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар, суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд.
Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон қайд намуда буданд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад».
Пажуҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол хусусияти бунёдӣ пайдо карда, тамоми бахшҳои илми забоншиносиро фаро гирифтааст. Сабаби асосӣ аз як тараф мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буда, аз тарафи дигар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатии худ ва аз ҳама асосӣ таваҷҷуҳи доимии сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад. Махсусан, моҳи октябри соли 2019 дар ҷашни даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои асосии рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол пешниҳодҳои судманде иброз доштанд, ки аз густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои навини забоншиносии компютерӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди забони давлатӣ иборат буданд. Дар моҳи марти соли 2020 (ҷилди аввали он соли 2016 чоп шуда буд) китоби дувуми «Забони милат – ҳастии миллат» бо фарогирии таърихи забони тоҷикӣ аз асри ХIII то ибтидои асри ХХ аз чоп баромад, ки намунаи равшани таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони модарии мост.
Имрӯз, новобаста ба инкишофу рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳқиқу пажуҳиши масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ душвориву мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки барои рафъи онҳо тадбирҳои мушаххаси ҷиддии сатҳи давлатӣ лозим аст.
Барои ба даст овардани таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Махсусан, пажуҳиши масъалаҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии онҳо хеле муҳим мебошад.
Махсусан, имрӯз, ки як марҳилаи муҳимми инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба мадди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар коргузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехурад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин зарурати соҳа ба соҳа стандарт ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян дарвардани нормаҳои забони адабӣ ва махсусан бахши вожагони он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ бисёр зарур аст. Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян гардад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандарт намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст.
Ҷангибекова С., унвонҷӯи бахши аввали Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Дар санаи 17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон баргузор гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон дар сомонаи расмии худ иттилоъ додааст, ки нишасти мазкур дар Қасри Истиқлол баргузор гашт ва Сарвари давлати Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолс сарони давлатҳои Осиёи Марказиро пешвоз гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ин дуввумин нишаст дар формати 5+1 миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар сатҳи олӣ мебошад ва дар кори он аз сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ - Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳуриии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳуриии Кирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳуриии Туркманистон муҳтарам Сардор Бердимуҳаммадов ва Президенти кишвари мизбон Қосим-Ҷомарт Тоқаев иштирок намуданд.
Нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар формати 5+1 моҳи сентябри соли2023 дар Берлин бо ширкати раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва раиси ҷумҳурии Олмон баргузор шуда буд.
Интизор меравад, ки дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судманд миёни ин кишварҳои баррасӣ мегарданд.
Дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолтс сурат гирифтааст.
Дар оғози сӯҳбат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ ва таваҷҷуҳи афзояндаи доираҳои иқтисодии Олмон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки рушди Олмон (KfW) дар татбиқи стратегияҳои миллии Тоҷикистон хуб арзёбӣ гардиданд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми Олмон дар бунёди нерӯгоҳҳо ва таҷдиди неругоҳи барқи обии Норак бо камоли сипос ёдоварӣ намуда, изҳори итминон намудаанд, ки ин таҷрибаро метавон дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун идома дод.
Дар навбати худ Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолз иброз доштааст, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва дигар манобеъи энергетикӣ ва дар бахшҳои истихроҷи маъдан, ҳифзи муҳити зист ва амният таваҷҷӯҳи хоса дорад ва гуфтааст, ки «Мо ширкатҳои ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ мекунем».
Инчуни дар сомонаҳои расмии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон қайд карда мешавад, ки дар мулоқоти мазкур мавзӯъҳои дигари ҳамкориҳо ва марбут ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ: оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, тағирёбии иқлим, амнияти ғизоӣ, амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифтааст.
Дар анҷоми мулоқот Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолс даъват ба амал овардаанд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Аз таҳлили мулоқот бар меояд, ки талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд додани робитаҳои мутақобила, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои бисёрҷониба ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон нигаронида шудааст.
Пас аз мулоқот бо Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Олаф Шолс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон иштирок ва суханронӣ намудаанд.
Сарвари давлат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки: «Мо омодаем ҳамкориҳои зичро бо шариконамон барои ноил шудан ба ҳадафи ба роҳ мондани шарикии стратегӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Олмон идома диҳем».
Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистонро барои истеҳсоли «энергияи сабз», ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ қайд намуда, обхезӣ ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро баён дошта, аҳамияти густариши ҳамкорӣ бо шарикон, аз ҷумла Олмонро ба маврид таъкид намудаанд.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки ҳамкориҳои мутавозини тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо бояд яке аз авлавиятҳои аслӣ гардад ва ҳамкории судманд ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон муҳим дониста шавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангугуманитарӣ, таълиму тарбия кадрҳо барои бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ҷалб намудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суханронии худ изҳори умедворӣ кардаанд, ки натиҷаҳои мулоқоти дуюми Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи тамоми халқҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар умум бо назардошти пасманзари вазъи мураккаби геополитикӣ дар нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба масъалаҳои таъмини амният ва субот таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир гардидааст.
Дар поёни ҳамоиш эъломияи муштараки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба тасвиб расидааст ва коршиносон тахмин мекунанд, ки он ба самтҳои гуфтугӯи сиёсӣ, дипломатияи парламентӣ, ҳамкории ҳуқуқӣ, амният, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамкориҳои иқтисодӣ, энергетика, саноат, иқлим, муҳити зист ва идоракунии об, нақлиёт ва логистика, озуқаворӣ ва кишоварзӣ, инноватсия, технологияҳои нав ва рақамисозӣ, тандурустӣ, илм ва маориф ва робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон равона гардидааст ва барои ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон ният доранд, ки аз ҳама гуна форматҳо ва платформаҳои мавҷуда васеъ истифода баранд ва дар ин самт машваратҳои мунтазамро роҳандозӣ намоянд.
Қудратов Комрон - мудири Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих
То мадрасаву манора вайрон нашавад,
Ин кори қаландарӣ ба сомон нашавад.
То имон куфру куфр имон нашавад,
Як банда ҳақиқатан мусулмон нашавад.
Абусаид Фазлуллоҳ ибни Абулхайр соли 966 дар мавзеи Меҳанаи ноҳияи Ховарони Хуросон (наздикии Ашқободи ҳозира) таваллуд шуда, дар соли 1049 дар он ҷо даргузаштааст. Абусаид аз хурдӣ фаҳму ҳуши ҳайратовар дошт. Дар шаҳрҳои Марв, Нишопур ва Сарахс дониш омӯхтааст. Ӯ баъди омӯхтани илм ба Меҳана баргашт. Гоҳ-гоҳе ба Нишопур мерафт. Аз лаҳзаҳои зиндагии Абусаид яке он аст, ки бо Ибни Сино вохӯрда буд. Абуалӣ Сино устоди мантиқ ва ҳикмат буд ва аз тариқи таълимоти машшоъ ё фалсафае, ки қабл аз ислом ва таълимоти Арасту илҳом мегирифт ва пояаш далели ақлӣ аст, бо Абусаид баҳс орост. Вижагиҳои мулоқоти Абусаид бо Ибни Сино дар китоби «Асрор-ут-тавҳид» ин гуна тасвир шудааст: «Хоҷа Буалӣ бо шайх дар хона шуд ва се шабонарӯз бо якдигар буданд ва ба хилват сухан мегуфтанд, ки кас надонист ва низ ба наздики эшон дарнаёмад. Баъд аз се шабонарӯз Хоҷа Буалӣ бирафт. Шогирдон аз Хоҷа Буалӣ пурсиданд, ки Шайхро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ ман медонам, ӯ мебинад. Ва мутасаввифа ва муридони шайх чун ба наздики Шайх даромаданд, аз Шайх [Абусаиди Абулхайр] суол карданд, ки эй Шайх, Буалиро чун ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ мо мебинем, ӯ медонад».
Қолаби фикрии ин ду донишманд аз ҳам фарқ мекард: яке (Ибни Сино) ба ақлу мантиқу далел ва дигаре (Абусаид) ба ваҷду ҳол (қалбу эҳсос) такя менамуданд.
Миёни Абусаид ва Ибни Сино мукотибаҳо низ сурат гирифтааст, ки номанигории онҳо ба табъ расидааст. Яке аз лаҳзаҳои хотирмон ва ҷолиби ҳаёти Абусаид ин буда, ки фақеҳони Нишопур боре ба Султон Маҳмуд нома навишта, шикоят кардаанд, ки ин ҷо марде пайдо шуда, бо шеъру тарона сухан мегӯяд, на бо ояту ҳадис. Ҳалли муамморо ба зиммаи халифаи Бағдод вогузор карданд ва ӯ билохира иҷозат дод, ки Абусаид кори худро идома диҳад.
Дар бораи аҳволи Абусаид дар асри ХII наберагонаш ду китоб навиштанд: китоби аввал «Ҳолот ва суханони шайх Абусаиди Абулхайр» буда, ҳаҷман хурд аст; китоби дуюм «Асрор-ут-тавҳид фӣ мақомоти шайх Абусаид» ном дошта, бузургтар аст. Аз он чӣ ба ӯ нисбат медиҳанд, муҳаққиқи варзида Саид Нафисӣ як маҷмуае мураттаб намудааст, ки фарогири ҳафтсаду бист рубоӣ ва ҳафтоду ҳашт қитъа мебошад.
Абусаид марди хушзабон, ширинбаён, шикастанафс ва меҳрубон буд. Нақлу ривоятҳое дар заминаи зиндагиномаи Абусаид ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, ривоят мекунанд, ки шайх рӯзе бо муридонаш дар калисои насрониҳо ҳузур ёфт ва ин кори ӯ дар он рӯзгор боиси иттиҳоду улфат гардид. Дар панду роҳнамоӣ ҳам тариқи лутфу муҳаббатро пеш мегирифт, чунонки ҳикояти зайл далели ин гуфтаҳост: «Ҳам дар он вақт, ки Шайхи мо ба Нишобур буд, рӯз ба гӯристон хира мешуд, бар турбати машоих расид, ҷамъеро дид, ки дар он мавзеъ хамр мехӯрданд ва даф мезаданд. Суфиён дар изтироб омаданд ва хостанд, ки эҳтисоб кунанд [онҳоро ҷазо бидиҳанд] ва эшонро биранҷонанду бизананд. Шайх иҷозат надод».
Абусаид аз шикастанафсӣ ва хоксории вижа бархурдор буд ва такаббурро написандида, худро аз касе боло намегирифт. Ин қисса низ маъруф аст, ки ҳангоми беморӣ аз Абусаид пурсиданд, ки дар пеши тобутат аз «Қуръон» чӣ бихонанд? Гуфт: Ҳеҷ, байт кофӣ хоҳад буд:
Хубтар андар ҷаҳон аз ин чӣ бувад кор,
Дӯст бари дӯст рафту ёр бари ёр.
Он ҳама андуҳ буду ин ҳама шодӣ,
Он ҳама гуфтор буду ин ҳама кирдор.
Абусаид таассубро дар ҳеҷ шакле қабул надошт ва як умр бо ҷаҳолату бехабарӣ мубориза бурд. Ӯ дар рубоии машҳураш («То мадрасаву манора вайрон нашавад»), ки дар оғози матлаб оварда шуд, кори қаландариро дар ба ҳам омезиш додани куфру имон, ки сабаби таҳаммулпазирӣ, гуногунандешӣ ва баҳамоии инсонҳо мегардад, зарур шумурдааст.
Ба таври шоиста зиндагӣ кардан, аз худ номи наку гузоштан ва баъди даргузашт боиси ангушт газидани мардум гардиданро Абусаид муҳтаво ва мазмуни зиндагии инсонӣ донистааст:
Ин умр ба абри навбаҳорон монад,
Ин дида ба сели кӯҳсорон монад.
Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,
Ангушт газидане ба ёрон монад.
Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз он барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазмунҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ ва фалсафӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи донишмандони суханвар рубоӣ василаи изҳори завқу маром будааст.
Рубоиёти Абусаиди Абулхайрро, аз рӯйи мазмун ва муҳтаво метавон ба рубоиёти иҷтимоӣ, ишқӣ ва дунявӣ тақсим кард. Албатта, вақте ки масоили иҷтимоӣ дар шеър инъикос меёбад, мазмунҳои ишқӣ ва дунявию маданӣ ба дунболи он мавқеъ ва ҷойгоҳ касб менамоянд. Муҳим аз ҳама ин аст, Абусаиди Абулхайр ҳаргиз аз масири зиндагии индунёӣ канор нарафт ва то охири умр барои бозгӯ кардани мушкилот ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ ҳиммат гумошт. Аз тарафи дигар, ӯ инсони заминӣ буд ва бо мушкилоту печидагиҳои зиндагӣ ҳамарӯза дасту панҷа нарм мекард. Табиист, ки зиндагӣ ва умри инсониро муқаддас ва гиромӣ медонист ва ба манзараҳои рӯзгор воқеъбинона менигарист. Дар ҳоле ки суфиён ва орифон ба зиндагии инҷаҳонӣ чандон аҳамият қоил набуданд ва гӯшанишиниро ба унвони меъёри зиндагии суфиёна пазируфта, ин тарзи зиндагиро шараф медонистанд, Абусаид лаҳазоти умр ва зиндагиро қадр мекард ва инсонвор зистанро асоси умрфарсоӣ медонист.
Чун ҳадафи мо баррасии дидгоҳи дунявии Абусаиди Абулхайр аст, ба силсилаи рубоиёте, ки мазмунҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ доранд, таваҷҷуҳ мекунем.
Абусаиди Абулхайр дар рубоиёти худ ҳамчун як озодандеш, зиндагипараст ва дунёмадор ҷилва мекунад. Гоҳ аз фалак гилаву озор мекунад, гаҳ ишқу муҳаббати безавол ва маъшуқро меситояд, гоҳ воқеияти зиндагиро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, гаҳ дуди фарёдаш ба осмон мепечад, гоҳ ҷуръату ҷасорат ба зиндагиаш маъно мебахшад.
Абусаид дар ҳар ҳолат ва вазъи зиндагӣ аз ҳасту буди хеш дарак медиҳад ва дар муқобили руҳафтодагӣ ва яъсу ноумедӣ бурдборона меистад. Муҳимтар аз ҳама, афкори Абусаид бо озодандешӣ ва инсонсолорӣ ҳамроҳ аст ва шоир тавассути рубоиёт эътирозоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва мадании худро изҳор медорад. Ӯ аз ҷумлаи шоирони аввалине буд, ки дар шароити зулму истибдоди гӯшношуниди динӣ тавассути шеъру тарона, махсусан, рубоӣ ба масири озодандешӣ роҳ ёфт ва аз ин тариқ бо ҷаҳлу таассуб ва хурофот мубориза кард.
Абусаид мисли Хайём [мисраъҳои Хайём «Сад каъбаи обу гил ба як дил нарасад, Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб» дар назар аст] шод кардани хотиреро асли зиндагӣ ва муваффақият дониста мегӯяд:
Хоҳӣ чу Халил каъба бунёд кунӣ
В-онро ба намозу тоат обод кунӣ;
Рӯзе ду ҳазор банда озод кунӣ,
Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ.
Ишқу муҳаббати поки инсонӣ марзҳои куфру имонро мешиканад ва ҷуръату ҷасоратро ба инсон эҳдо мекунад. Зимнан, ишқ ва муҳаббат поя ва асли низоми дунявӣ ва шеваи дунёмадорист. Абусаид ҳам аз ин мавқеъ ба ишқ назар меафканад ва бидуни маъшуқ оби ҳаётро ҳам ҳеҷ мешуморад:
Бе чашми ту ёди наргиси тар накунам,
Бе лаъли ту орзуи кавсар накунам.
Гар Хизр ба ман бе ту диҳад оби ҳаёт,
Кофар бошам, ки бе ту лаб тар накунам.
Абусаид дил ва ишқро, ки аслу асоси такопӯ ва талошу ҷустуҷӯҳои инсонист, яксон ва ҳамрадиф дониста, мегӯяд:
Гар бо ғами ишқ созгор ояд дил,
Бар маркаби орзу савор ояд дил.
Гар дил набувад, куҷо ватан созад ишқ
В-ар ишқ набошад, ба чӣ кор ояд дил.
Шоир огоҳона зистан ва ҳадафмандона гузаронидани умрро чунин месарояд:
Огоҳ бизӣ, эй дилу огоҳ бимир,
Чун толиби манзилӣ, ту дар роҳ бимир.
Ишқ аст ба сони зиндагонӣ, варна
З-ин сон ки туӣ, хоҳ бизӣ, хоҳ бимир.
Гоҳо Абусаид хайёмвор ба олам менигарад ва «маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд»-и Ҳакими Нишопурро такрор мекунад:
Ҳам дар раҳи маърифат басе тохтаам,
Ҳам дар сафи олимон сар андохтаам.
Чун парда зи пеши хеш бардоштаам,
Бишнохтаам, ки ҳеҷ нашнохтаам.
Ӯ мавзуи маъмулии баробар будани илм бо амалро гӯшзад карда, ғуруру такаббурро мавриди интиқод қарор медиҳад:
Бо илм агар амал баробар гардад,
Коми ду ҷаҳон туро муяссар гардад.
Мағрур машав ба худ, ки хондӣ варақе,
З-он рӯз ҳазар кун, ки варақ баргардад.
Абусаид ба дараҷае шефтаи ишқ ва муҳаббати инсонӣ аст, ки барои ӯ дину мазҳаб фарқе намекунанд ва ҳар дину мазҳабе, ки пеши роҳи ишқ ва меҳрро мегирад, канораш мезанад. Ин аст, ки ба тарсову муслим ва муъмину насоро ҳушдор медиҳад:
Ноқуснавоз агар зи ман дорад ор,
Саҷҷоданишин агар зи ман кард канор,
Ман низ бар рағми ҳар ду андохтаам,
Тасбеҳ дар оташ, оташ андар зуннор.
Абусаид кеши ишқро аз соири дину мазҳабҳо ҷудо медонад ва иддао мекунад, ки паёмбари ишқ на аҷамӣ ва на араб аст. Чун ишқ вориди зиндагии инсонҳо мегардад, ба сони оташи сӯзанда имону кешу мазҳабро месӯзад ва ҳамаро зеру забар мекунад:
Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст,
Дар пайкари куфру дин чу сӯзанда таб аст.
Имон дигару кеши муҳаббат дигар аст,
Пайғамбари ишқ на аҷам, не араб аст.
Рубоиёти Абусаид бо эҷодиёти мардумӣ хеле наздикӣ доранд ва дар ниҳояти самимият суруда шудаанд. Абусаид мавзуи дӯст ва дӯстдориро, ки меҳвари мавзуоти фолклорӣ ва умуман, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикӣ-форсист, пайгирӣ карда, рубоие сурудааст, ки то имрӯз вирди забони мардумист:
Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,
Ҷаври ту аз он кашам, ки рӯйи ту накуст.
Мардум гӯянд, биҳишт хоҳӣ ё дӯст?
Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накуст.
Абусаид ба сифати як инсони заминӣ, хоксору ботавозуъ ва вораста аз қайду бандҳо, аз ҷаҳлу нодонӣ раҳо шудан, аз ғафлату ниёзмандӣ ва ҳавою ҳаваспарастӣ дур будани инсонҳоро тақозо мекунад:
Эй дил, зи шароби ҷаҳл мастӣ то кай?
В-эй нестшаванда, лофи ҳастӣ то кай?
Гар ғарқаи баҳри ғафлату оз наӣ,
Тардоманию ҳаваспарастӣ то кай?
Бояд таъкид кард, ки Абусаид тарона ва рубоиро василаи таваҷҷуҳ ва тарғиботи фикрӣ қарор дода, дар ин самт муваффақ шудааст. Пас аз даргузашти Абусаид, шоирони баъдӣ истифодаи ашъорро ҳамчун абзори тарғиботу ташвиқоти иҷтимоию маънавӣ зарур донистанд. Саноӣ, Аттор ва Мавлоно чунин шеваи шеърсароиро дар ҳамоҳангӣ бо озодандешӣ ва мардумсолорӣ расмият бахшиданд.
Зиндагии шахсию иҷтимоии Абусаид, ки моломоли меҳру муҳаббат ва самимияту меҳрубонӣ буд, далели он аст, ки ӯ рубоиро ба унвони василаи муассири тағйир додани зеҳни насли замон, ки аксаран дар қайду банди хушкандешии мазҳабӣ гирифтор буд, корбаст кардааст. Мавзуъ ва мазмунҳое, ки Абусаид дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст, ҳамагӣ аз зиндагӣ реша мегиранд ва арзиши умумиинсонию башарӣ доранд.
Нурзода Нозим - корманди АМИТ
Имрӯзҳо донистани забонҳои хориҷӣаҳамияти хеле зиёд дорад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аниқтараш донистани забонҳои хориҷиву бо он гуфтугу кардан, дар замони мо, ки тараққиёти босуръати техникаву технология, маводҳову илми маводшиносӣ ва умуман пешравиҳои бузург дар илм ва техника дида мешавад, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Барои бархурдор будан аз дастовардҳои нави олимони мамлакатҳои тараққикарда ва барои ҷавобгӯ будани тадқиқотҳои мо ба талаботи замон, мо бояд аз дастовардҳои нав, техникаву технология нав хабардор бошем. Тадқиқотҳои хориҷиёнро омӯхта дастовардҳои илмии дигар мамлакатҳоро барои пешрафти корҳои худ истифода барем. Олиме, ки якчанд забонро медонад, метавонад озодона бо олимони давлатҳои Аврупо, Амрико ва Хитою Ҷопон, ки дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои зиёди илмиву техникӣ ноил шудаанд, ҳамкорӣ кунад ва дар натиҷаи табодули дониш ба дастовардҳои нав ноил шавад. Ва албатта, ин ба мо олимони тоҷик имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои худро бо давлатҳои тараққикарда боз ҳам пурзӯр карда ба илми ҷаҳонӣ боз ҳам наздиктар шавем, барои он, ки илм имрӯз глобали яъне байналмиллалӣ шудааст. Кашфиётҳои бузурге, ки имрӯз мебинем аз тарафи олимоне шуда истодааст, ки намояндаи чанд давлати дунё буда дар якҷоягӣ барои кашфиёти худ кор ва таҳқиқот бурда истодаанд.
Дар шакли кӯтоҳ афзалиятҳои асосии донистани забонҳои хориҷӣ инҳоянд:
· Бо олимони дигар кишварҳо муошират карда дар конфронсу лоиҳаҳои байналмилалӣ ширкат кардан.
· Нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои номдорӣ хориҷӣ ва мутолиаи корҳои олимони хориҷӣ дар забони аслӣ, бе тарҷума.
· Таҳсил ва кор дар донишгоҳу марказҳои илмии давлатҳои пешрафта, такмили ихтисос ва иштирок дар грант ва лоиҳаҳои байналмиллалӣ.
· Пайдо кардани шарикон ва сармоягузорон ба лоиҳаҳои худ.
Солҳои охир дар Тоҷикистон диққати махсуси давлат ва ҳукумат барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дода шуда истодааст. Имрӯз аз мактабу кӯдакистонҳо сар карда то мутахассисону директорони институту корхонаҳои саноатӣ забонҳои хориҷӣ омӯхта истодаанд. Дар Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионӣ низ мубрамияти ин масъаларо дониста барои кормандон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони англисӣ ташкил карда шуд, ки барои беҳтар кардани сатҳи дониши кормандон нақши муайяне дорад.
Маҳмудзода Мӯъминҷон – ходими калони илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии АМИТ.
Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст.
Шеъри Рӯдакӣ, тибқи суханони ӯ, дар ҷаҳон рафта буд ва онро чун ҳазордастон мепазируфтанд. Шоир пешкори мирон ва ба шеъраш родмардон унс гирифта буданд. Қуллаи олии шеър ва мақоми шоириашро Рӯдакӣ дар ин мебинад, ки дар ҳама ҷаҳон онро менавиштанд. Замоне расид, ки ӯ шоири Хуросон, яъне саросари кишвари Сомониён буд. Ин мақоми волои иҷтимоӣ барои шоир аст, ки дар саросари мамлакат ӯро бидонанд ва шеърашро сурудгӯён бисароянд ва бинависанд.
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинавишт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Ба ҳамин минвол шоирони ҳамасри Рӯдакӣ ва баъд аз ӯ ҳунари волои шеъофаринӣ, хую хислату ҳунару сифоти ӯро меситоянд.
Аз Дақиқӣ – шоири маъруфи асри Х мелодӣ дар ситоиши Рӯдакӣ ва сухани ӯ ду қитъа шеър боқӣ мондааст, ки шоирро “имоми фунуни суханвар” ва “тирачашми рушанбин” хондааст:
Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ,
Имоми фунуни суханвар бувад.
Дақиқӣ мадеҳ оварад назди ӯй,
Чу хурмо ба сӯи Ҳаҷивар бувад.
Дигар:
Устод Шаҳид зинда боистӣ
В-он шоири тирачашми равшанбин.
То шоҳи маро мадеҳ гуфгандӣ,
Б-алфози хушу маонии рангин.
Аз ҳамасрони Рӯдакӣ дигар каси бузурге, ки дар сухани ӯ мушоҳидаи сабки Рӯдакиро мебинем, Абулқосими Фирдавсист. Фирдавсӣ, ҳангоми гузориши сайри китоби «Калила ва Димна» аз кори Рӯдакӣ дар танзими ин китоби бузург чунин ёд мекунад:
Гузорандаро пеш биншонданд,
Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.
Бипайваст гӯё парокандаро,
Бисуфт инчунин дурри огандаро.
Бар он, к-ӯ сухан донад, осоиш аст,
Чу нодон бувад, ҷои бахшоиш аст.
Ҳадиси пароканда бипроганад,
Чу пайваста шуд, ҷону мағз оганад.
Қадимтарин назар дар бораи бузургии Рӯдакӣ фармудаи Самъонӣ ва иқтибоси Абӯсаид Идрисии ҳофиз аз гуфтори ӯст, ки ба наҳве Рӯдакиро нахустин каси ба форсӣ шеъри некӯ гуфта ва муқаддами шуаро хондааст.
Кисоии Марвазӣ (тав. 342/953-54 - ваф. баъди 391/1000-1001) агар шахсияти худро боиси ифтихори аҳолии Марв дониста бошад, Рӯдакӣ-устоди Самарқандро мояи ифтихори тамоми ҷаҳониён хондааст:
Зебо бувад ар Марв, бинозад ба Кисоӣ,
Чунонки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.
Рашидии Самарқандӣ Рӯдакиро сару сарвари шоирон ва чакомасарои номовару некубаён хонда ва гуфтааст:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам: сездаҳ раҳ сад ҳазор, Ҳам фузун ояд агар, чунон ки бояд бишмарӣ.
Шуҳрату шеъри Рӯдакӣ ба андозае буд, ки донишмандону суханварони аср мизони сухани мавзунро “Рӯдакивор” сурудан медонистанд, ки Унсурӣ гуфта:
Ғазал Рӯдакивор неку бувад,
Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест.
Адабиётшиноси муътабар Х.Шарифзода мегӯяд, ки “ин сухани Унсурӣ ба назари мо такаллуф нест, балки эҳсоси сабке дигар, ҳоли бардошти гӯянда мебошад. Аз ин ҷо пайдост, ки Унсурӣ эҳсоси дурӣ ва инзиво аз сабки Рӯдакӣ ва оғози сабки тозаро дорад, ки ҳанӯз дарк ва шинохти ошкоро надорад”.
Сухан, чунон ки хоҳем дид, аз боби меъёрҳои умумии маърифатӣ ва ҳунарист ва Фаррухӣ ин маъниро пай бурда ва тасдиқ кардааст:
Аз диловезию таррӣ чун ғазалҳои Шаҳид
В-аз ғаманҷомию хубӣ чун таронай Буталиб.
ё ки:
Шоиронат чу Рӯдакию Шаҳид,
Мутрибонат чу Саркашу Саркаб.
Рӯдакию Шаҳидро «ҳакимони Хуросон» хондани Манучеҳрӣ як таркиби тасодуфии барои эътибори сухан гуфтан нест, балки дар як қитъаи 18-байтӣ шеъри даврони худро дар қиёс бо шеърӣ гузаштагон нақд ҳам кардааст:
Аз ҳакимони Хуросон ку Шаҳиду Рӯдакӣ,
Бушакурӣ Балхию Булфатҳи Бустӣ ҳаказо.
Рӯзгоре к-он ҳакимону сухангӯён буданд,
Буд ҳар якро ба шеъри нағз гуфтан иштиҳо.
Андар ин айёми мо бозори ҳазл асту фусӯс,
Кор Бубакри рубобӣ дораду танзи Ҷуҳо.
Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ (1086-1991) номи Рӯдакӣ “дар саҳифаи рӯзгор мастур буд”. Дар бораи табъи латиф ва зеҳну хираду заковати Рӯдакӣ Муҳаммад Авфӣ (1172-1176) мегуяд: «Рудакӣ аз наводири фалакӣ будааст ва дар зумраи аном аз аҷоиби айём. Акмаҳ (кӯр) буд,... басар надошт, аммо басират дошт, макфуфе (нобино) буд, асрори латоиф бар вай макшуф, маҳҷубе буд аз ғояти лутфи табъ маҳбуб... Закӣ ва тезфаҳм буд..., маонии дақиқ мегуфт... ва ӯро Офардигори таъоло овозе хуш ва савте дилкаш дода буд».
Давлатшоҳи Самарқандӣ чанде аз сифатҳои нодираи рӯзгор - Рӯдакиро ёд мекунад. Аз ҷумла, мегӯяд: «Филҷумла, табъе карим ва зеҳне мустақим дошта ва аз ҷумлаи устодони фанни шеър аст» (Ҳамон ҷо, саҳ. 37), ки Наср ибни Аҳмади Сомонӣ бо таъсири шеъри Рӯдакӣ «аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоби хинги навбатӣ оварду руй ба Бухоро ниҳод». Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи ин воқеаи шигифтовар мегӯяд: “Уқалоро ин ҳикоя ба хотир аҷиб менамояд, ки ин назмест сода ва аз саноеъу бадоеъ ва матонат орӣ. Чи агар дар ин рӯзгор суханваре ин навъ сухан дар маҷлиси салотину умаро арз кунад, муставҷиби инкори ҳамгинон шавад». Поёнтар муаллиф камолоти ӯро чунин тавзеҳ медиҳад: «Балки ӯро дар фунуни илму фазоил вуқуф аст ва аз ақсоми шеър қасоиду маснавиро некӯ мегӯяд ва устод Рӯдакӣ азимушшаън ва мақбули хоссу ом буда» (саҳ. 38).
Шариф Муҷаллади Гургонӣ гӯяд:
Аз он чандон наими инҷаҳонӣ,
Ки монд аз оли Сосон в-оли Сомон,
Санои Рӯдакӣ мондасту мидҳат,
Навои Борбад мондасту дастон».
Донишмандони араб низ дар бораи ҳунар ва тариқи сухани Рӯдакӣ изҳори назар кардаанд. Дар шарҳи китоби Абӯнасри Утбӣ аз «Китоби Яминӣ» Аҳмад ибни Алӣ ибни Умар ал-Манонӣ – нависандаи «Китоб улфатҳ алваҳабӣ» мегӯяд, ки Рӯдакӣ шоири муфлиқ, пешвои шоирони форсӣ ва дорои қавли матин аст. Дар шарҳи ҳамин мазмун Наҷотии Нишопурӣ дар китоби «Шарҳи Яминӣ» Рӯдакиро «Шоири муфлиқ (он ки шеър наку гӯяд) ва мутриби фоиқ (баргузида) хондааст (Нафисӣ 1382, 509-510).
Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, аз ҷумла, Муҳаммад Авфии Бухороӣ Рӯдакӣ аз айёми кӯдакӣ навохтани барбатро омӯхта ва дар ҳунари суруд шуҳрат ёфта буд. Лекин дар қасидаи ба мадҳи Унсурӣ бахшидааш Манучеҳрӣ шоирро “Рӯдакии чангзан” хондааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки чангзанӣ яке аз ҳунарҳои ин марди бодонишу пурҳунар будааст. Байти мазкури Манучеҳрӣ ин аст:
Дар Хуросон Бӯшуайбу Бӯзар он Турки Кашӣ
В-он Сабури Порсию Рӯдакии чангзан.
Аз ҷумлаи тағаззулоти устод Рӯдакӣ яке пора дар панҷ байт боқӣ мондааст, ки сареҳан чанг гирифтану навохтани ӯро зикр менамояд, яъне устод аз ин ҳунари худ лутфан ёд мекунад:
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.
Инчунин «Овози хушу савти дилкаш» ба сифатҳои шоирии Рӯдакӣ зам шудаанд.
Дар ин замон касоне буданд, ки таъна бар шеъри Рӯдакӣ мезаданд ва Муҳаммад Авфӣ яке аз онҳоро бидуни зикри ном бо эроде, ки бар шеъри Рӯдакӣ дошт ва посухи худ дар «Лубобулалбоб» зикр кардааст:
«Ва яке аз ҷуҳҳол дар назми ӯ таъне кард ва аройиси нафоис ва тавоифи латоифи ӯ тазйифе намуд. Низомии Арӯзӣ ин байтро дар ҳаққи ӯ иншо кард. Шеър:
Эй он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ,
Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист.
К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.
(Авфӣ 1361, 494)
Шаҳиди Балхӣ сухани Рӯдакиро бо Қуръон баробар карда, онро «тилви нуби» гуфта буд. Шиблии Нуъмонӣ ба ҳар навъе аз анвои шеъри Рӯдакӣ назари хосе изҳор намуда, ӯро «дар тарсим ва кашидани сурати як матлаб ё як ҳолат ва вазъ ва таҷассум додани ин, ки аз аносири муҳимми шеър ва шоирӣ аст, дорои маҳорате басазо медонад» (Шиблии Нӯъмонӣ 1380, 30).
Абулфазли Байҳақӣ дар “Таърихи Байҳақӣ” борҳо аз шоири номвар ёд кардааст: “Ва устод Рӯдакӣ гуфтааст ва замонаро нек шинохтааст ва мардумонро бад-ӯ шиносо карда”.
Ба ҳамин тартиб, масъалаҳои таърихи шинохту таҳқиқи Рӯдакӣ дар китобҳои Саъид Нафисӣ (1382), Бадеъуззамон Фурӯзонфар (1380, 18-25), Бертелс Е. Э. (1988, 261-300), Мирзоев А. (1958), Брагинский И.С. (1964, 384-441), С. Айнӣ, Афсаҳзод А. (2003), А.Сатторзода, Х.Шарифзода, Асрори Раҳмонфар (1999, 3-39), дар муқаддимаҳои чопи ашъори шоир, дар мақолаҳои донишнома (энсиклопедия)-ҳо ва мақолаҳои таҳқиқӣ хеле батафсил баррасӣ шудаанд, ки феҳристи тамоми пажуҳишҳои мазкур дар китоби сеҷилдаи “Донишнома”-и Рӯдакӣ бо кӯшиши ходимони илмии Институт гирдоварӣ ва интишор ёфтааст.
Садриддин Айнӣ сухани Рӯдакиро монанди шоирони халқӣ пайвастаи шеъру оҳангу сози мусиқӣ медонад, ки ҳамагӣ ба тарзи бадеҳа будааст. Фазилати шеъри Рӯдакӣ дурӣ аз сохтагӣ ва сохтакориҳо, муболиғаҳои ғайритабиӣ, аз киноя ва истиораҳои каснофаҳм мебошад (Айнӣ 1963, 138-140). Назари куллии Айнӣ ин аст, ки агар шеъри Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, ба ҳақиқат мувофиқ меояд. Ба назари Айнӣ, «саҳли мумтанеъ» чизест, ки дар дидан осон ва сода менамояд, аммо кардан ва ба вуҷуд овардани вай мумтанеъ, яъне номумкин аст. Бештарини шеърҳои Рӯдакӣ ҳамин хусусиятро доранд» (Айнӣ 1963, 148).
Ризозода Шафақ устодии Рӯдакиро дар суханпардозӣ ва таносуби алфоз ва маонии бисёр дақиқ ба кор бурдан ва адабиёти ҳакимона ба ёдгор гузоридан медонад (Шафақ 1369, 50).
Сухани Бадеъуззамон Фурӯзонфар дар мавриди сабки сухани Рӯдакӣ дақиқтар ва бо вусъати диди ҳунарӣ ва маънои ашъор изҳор шудааст: «Ашъори Рӯдакӣ, ҳарчанд девонаш мавҷуд нест, ба балоғати услуб ва табиӣ будани маънӣ мумтоз аст. Сабки ӯ дилкаш ва мутаносибу латиф ва дар ҳамин ҳол ҷазолати махсусе дорад, ки барои камтар кас аз шуаро муяссар шудааст” (Фурӯзонфар 1380, 18).
Холиқ Мирзозода шеъри Рӯдакиро дорои ду услуб медонад: яке «автологӣ – аз забони худ, бе образи сухан ва санъатҳои шеърӣ фикр баён намудан» ва дуюм услуби метологӣ-маҷозӣ сухан гуфтан (Мирзозода 1987, 281). Дар охир назари худро роҷеъ ба услуби Рӯдакӣ чунин хулоса мекунад: «Рӯдакӣ бештар дар ду тарзи услуби баён асар эҷод кардааст: услуби бадеӣ ва услуби илмӣ. Услуби бадеиро бештар дар шеърҳои лирикӣ ва достонҳояш ба кор бурдааст» (Мирзозода 1987, 283).
Брагинский И. С. аз ҷумлаи муҳаққиқонест, ки сабки шеъри Рӯдакиро бо роҳи шарҳи ашъори шоир баррасӣ менамояд. Бо изҳори таассуф аз ин ки муҳаққиқони шеъри Рӯдакӣ бештар ба маҳорати бадеии (ҳунарии) шоир дар муқаддамоти зоҳирии поэтикаи шеъри ӯ таваҷҷуҳ кардаанд, ки кори каме нест ва ба суоли чаро Рӯдакӣ дар асрҳои миёна ҳамчун шоири бузург шинохта шудааст, посух медиҳад. Аммо ин нукта ба суоли дигаре ҷавоб намегӯяд, ки чаро шеъри Рӯдакӣ қалби мардумро дар қарни бистум ҳам ба xeш меорад (Рӯдакӣ 1964, 386-387).
Барои ҳалли ин мавзуъ, ба ақидаи ин муҳаққиқ, маҳорати бадеии (ҳунарии) Рӯдакиро аз мавқеъҳои илми зебоишиносии муосир, бо назардошти оҳанги (нафиси) фосилаи замонии таърихӣ бояд баҳо дод. Барои расидан ба ҷодаи матлуб ба мо суханони шоироне, ки шеъри Рӯдакиро дарёфтаанд, кӯмак карда метавонанд.
Адабиётшиноси маъруф Худоӣ Шарифзода бар ин бовар аст, ки “шеъри комили Рӯдакӣ ҳосили қудратҳои завқӣ, фаросат ва зеҳнии шахсияти ӯ дар вобастагӣ ба замону макони ҷунбонандаи қувваҳои офаринандагиаш мебошад”.
Чунон ки дидем, Рӯдакиро бартари шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, устоди шоирон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, наводири фалакӣ, нодираи рӯзгор, ҳакими Хуросон, шоири муфлиқ, мутриби фоиқ хондаанд. Ҳамаи инҳо сифатҳои олитарини шеъру шоирӣ мебошанд, ки бо асос бар онҳо Рӯдакиро метавон шоири бузурги ҳама давру замон хонд. Шахсияти мумтози Рӯдакиро Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода чунин тарсим кардааст:
Аз сухан пайкаре гар ороянд,
Андар он шеъри Рӯдакӣ ҷон аст.
Аз ҳазорон яке аз ӯ монда,
Ҳар яке беш аз ҳазорон аст.
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ Шарифзода Фарангис