Skip to main content

1231Абӯалӣ Сино нобиғаи асрҳо, равшангари ақлҳо, файласуфи закӣ, шоир ва табиби мумтозест, ки то ҳанӯз олами илмро бо бузургии донишу ҷаҳонбинии фалсафӣ ва кушодани розҳои ниҳонии олами инсонӣ дар ҳайрат гузоштааст. Ӯ фарзанди фарзонаи халқи тоҷик буда, дар Бухорои шариф сарзамини аҷдодию ниёгонамон ба дунё омадааст. Абӯалӣ Сино дар бисёр соҳаҳои илмҳои замонаш то ба ҷое расидааст, ки ба унвонҳои гуногуни олии Шайхурраис, Раисулуқало (сардори оқилон) Хуҷҷатулҳак, (исботкунандаи ҳак,) ва устод, муаллим сазовор гардидааст. Баҳсу талошҳо нисбати мансубияти ӯ ба кадом халқияту миллат мутаалиқ будан чанд аср боз дар байни арабу турк ва дигар халқҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад, ки ин хеле аҷиб аст. Вале аз тарҷумаи ҳоле, ки худи ӯ навиштааст бармеояд, ки модарашон Ситорабону тоҷики Бухороӣ ва падарашон Абдулло аз тоҷикони Балх будааст. Дигар ба баҳс кашидани ин масъала, азхуд кардан ӯ бояд маънӣ надошта бошад.

Худи ӯ гӯё, ки ин даъвоҳоро ҳанӯз дар замони зиндагонияшон беасос ҳисобида, изҳор менамояд, ки :

Бупаҳрезу ҳазар мекун, мабодо ки расад бар ту,

Дами гуфтори шамшерам ва ё шамшери гуфторам.

Бузургии ӯро истифода намуда, имрӯз қавмҳои хонабардуши саҳроӣ, ки дар замони зиндагонии ӯ ҳамчун халқият вуҷуд надоштанд, даъвои мансубияти миллии ӯро доранд. Аз чӣ бошад ҳама мехоанд, ки ӯро азхуд кунанд ва Сино нафаре аз миллати онҳо бошад?

Мавриди қайд аст, ки Сино шахсияти нотакрорест, ки дар замонаш ба ҳама посухҳо ба ҷуз аз марг ҷавоб гуфта метавонист. Ин аст, ки дар тули зёда аз 1000 сол мо тоҷикон ва дигар эронтаборон ба ному нангу илму дониши ӯ ифтихору эҳтиром мегузорем. То ҳанӯз шеъри ҳазорсолаи Сино самимияту кайфияти худро гум накардааст. Сино устоди забон низ ҳаст, ки аввалин китоби дарсии “фонетикаро” навиштааст.

Академик , Мусо Диноршоев изҳори андеша доштанд, ки: Хизмати Абуалӣ Сино дар соҳаи маърифати инсонӣ , фақат иборат аз он нест, ки ӯ ба як ҷиддияти хос ташхиси илмӣ , назарияи пешгирии касалӣ ва табобати онро ба вуҷуд овардааст, балки саҳми ӯ дар он кашфиёту он идеяҳое мебошад, ки ояндаи илми тибро пешгӯӣ мекарданд.[1]

Воқеан, хизматҳои Абӯалӣ Сино дар ривоҷу равнақи соҳаи маърифати инсонӣ минҷумла дар илми тиб ва фалсафа низ хеле бузург аст.

Ӯ мавзӯи илмҳоро ба ду қисм тақсим намудааст: якум, мавзӯе, ки марбути инсон аст, монанди рафтору кирдор ва ғ. Дуввум, мавзӯе, ки қоим ба ғайри инсон баҳс мекунад, ҳикмати амалист, чун ки дар ҷомеа аз ҷумла сиёсат, ахлоқ, чӣ гуна вазифа доштани инсонро муайян мекунад.

Танҳо асарҳои ба илм тиб бахшидаи ин мутафаккир зиёда аз 40 номгӯйро дар бар мегиранд. Бояд тазаккур дод, ки аксари асарҳои тиббии ӯ ба ғайр аз “Рисолаи набз” бо забони арабӣ таълиф шудаанд. Рисолаи набз”-и ӯ бо забони модариашон иншо гардидааст.ки бисёриҳо намедонанд.

Аз 276 китоби калону хурде, ки Ибни Сино таълиф намудааст, 182-тоаш ба масъалаҳои фалсафа ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Машҳуртарин китобҳои фалсафии ӯ “Китоб-уш Шифо”, “Китоби Наҷот”, “Ишорат” ва “Донишнома” мебошанд. “Донишнома”-ро ӯ ба забони модариаш таълиф намудааст, ки он аввалин асари фалсафии бо забони тоҷикӣ-форсӣ таълифёфта ба шумор меравад.[2]

Ақидаҳои тиббии Сино дар ташаккулу инкишофи донишу истеъдоди назари ва амалии бисёр олимону фозилон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳатто дар тули асрҳои зиёд байни олимони тиббу файласуфон баҳсу мунозираҳои зиёди илмиро ба вуҷуд овардааст. Нисбати бузургию донишмандии ин ҳакими хирадманд на танҳо китобу мақолаҳои зиёд, балки бештари бузургону олимони дунё суханони неку воломақом навиштаанд.

Тарафи дигари бузургии таълимоти Сино аз он иборат аст, ки ӯ бештар ба илмҳои табиӣ ва дақиқ такя намуда, ақидаҳои таълиму тарбиявии худро ғанӣ мегардонад. Масалан, дар китоби “Қонуни тиб” ин мутафаккири борикбин баъзе ченакҳои илми варзишро бо қонунҳои асосии илми тиб мувофиқа намуда, тарбияи баданро ҳамчун илме, ки сиҳатӣ ва саломатии инсонро муҳофизат менамояд, муаррифӣ менамояд.

Ӯ вобаста ба ин дар «Уруҷуза фи-т-тиб» менависад: «Тиб асосан ҳомии саломатист. Вай касалро аз руи нишондодҳои дар бадан оризшудааш шифо мебахшад».

Бузургтарин асари ӯ “ Қонуни тиб”, ки аз панҷ китоби донишномаи тиббӣ иборат мебошанд ӯро машҳури дунё гардонидааст, ки соли 1020-ум онро ба итмом расонидааст. «Қонуни тиб» бо забони арабӣ навишта шуда, аввалин маротиба дар аср XII бо забони лотинӣ баргардонида шудааст.Баъди пайдо шудани дастгоҳи китобчопкунӣ соли 1473 ин асари бемисл бо нашрҳои чудогона дастраси оламиён мегардад. Танҳо 30 сол баъд аз ин “Қонуни тиб» зиёда аз 16 маротиба бо забони лотинӣ интишор ёфтааст.

Албатта, доштани чунин нобиға дар рӯзгор ба худ муҳиммияти хосса дорад, ки айни замон, мавриди баҳсҳои мухталиф гардидааст. Худи ба андешаи Сино, “шахсоне, ки ҳақиқату моҳияти дунёро маърифат мекунанд, покдил, шуҷоъ ва боғайратанд. Онҳоро бояд одамон ориф ва донишманд номанд”. Вале нафароне, ки дар илм ба дуруғпардозӣ гирифтор шуда, бузургони дигаронро аз худ менамоянд аз асли воқеа бехабаранд. Чунин гуфтори Сино дар бора онҳо “ дониши ақлӣ ба ҳастии ашёи ҷузъӣ муҳтоҷ нест ва ашёро бе ин ҳам тасвир мекунанд” [3] рост меояд. Аз ин бармеояд, ки даъвои азхуд намудани Шайхурраис Абуалӣ Сино дигар на мантиқ дораду на маъно. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ибни Синоро ба мансубияти миллӣ аз худ кардани бегонагон амри муҳол аст. Ӯ худаш дар ҳамон замон менависад, ки: “ турку зангӣ ғулом” аст. Пас имрӯз даъвоҳои туркона назар доштан чӣ мантиқ доранд.Аз инҷо , дар мақола чунин хулосабардорӣ када мешавад:

Аввалан, касоне, ки ӯро аз миллати худ барои бузург шуданашон даъво доранд ба онҳо иззату обрӯ ва тавоноии илмӣ орзу менамоем.Албатта офтобро ба домон пӯшида намешавад.

Дуюм, ин амали онҳо баъди соҳибистиқлолӣ барои муаррифии миллату халқияти ҷавони хеш мебошад.Магар имрӯз бо номи қотилони давру замон Чингизу Темур ва дигар бадхоҳон ифтихор доштан мумкин аст? Албатта не. Аз ин рӯ, аз худ кардани шахсиятҳои таърихии дигар миллатҳо, китобу дафтар ва фарҳангӣ онҳо ягона роҳе барои худмуаррифии дуруғини фарҳангии онҳо мебошад.

Сеюм, аз худ намудани бузургони мо аз ҷониби бегонагон ин хавфу хатар ва таҳдидҳои репутатсиониеро ба бор меоранд, ки дар айни замон, ҳамчун нерӯи нарм ба муқобили мо истифода бурда, мешаванд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёрии сиёсию фарҳангӣ дошта, арзишҳои миллии худро ҳифз карда тавонем. Мавриди қайд аст, ки аз ҷониби бегонагон азхуд намудани шаҳрҳои таърихӣ, арзишҳо ва тақлид ба расму русуми мо мисли бемориест,ки як хуруҷ мекунаду боз хомӯш мешавад. Аммо шунидану дидани ин ҳақиқати талх новобаста аз оне ки таъсири манфӣ дорад , аммо дар арсаи байналмилалӣ ва таърихи башарият паст задани авлоду фарҳанги чунин даъвогарон ва бебунёдони таърихист.

Хамин тавр, Абуалӣ Сино файласуф, донишманд ва равшангари розҳои ниҳонии илми тоҷик буда, ҳамчун фарзанди фарзонаи тоҷик ҳамеша тарғиби ақлу хирадро аз дигар андешаҳо боло гузоштааст. Ӯ ибрози андеша менамояд, ки инсон бояд фикри худро аз олоишу омезиши разилу нопок солим дорад. Ин аст, ки эшон ақлро меъёри рушду нумуи ҷомеа ва инсон донистааст. Аз ин рӯ , имрӯз дар асри ХХ1, ки дигарон ба кайҳон расидаанд, даъвоҳои кӣ аз кучост, дар куҷо ба дунё омадааст, мансубият ба кадом қавму миллат дорад? бунёде надоранд. Офтоб офтоб аст, аз нурҳои гармии он истифода баред, офтоб мллату мазҳаб надорад аз он ғизо гиред ва сад ташаккур ба модари тоҷик Ситорабону намоед, ки ӯ Синоӣ бузургро ба мою шумо ва дунё тақдим кард.

Муҳаммад Абдураҳмон,узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

(дар асоси «Ахлоқи ҳасана»-и Файзи Кошонӣ)

Ахлоқи ҳамида ва замима, унсуру омилҳои пайдоиши ин ду категирия аз он масоили мубрамест, ки то имрӯз ба таври зарурӣ ва алоҳида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор нагирифтааст ва хонандаи муосир, махсусан ҷавонон дар бораи ин мафҳумҳо тасаввуроти кофие надоранд. Ба ин хотир, тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида, ки онро ҳасана низ мегӯянд дар байни насли муосир, махсусан наврасону ҷавонон ва худдорӣ намудани онҳо аз ахлоқи зишту разила аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷомеа аст.

Шахси соҳиби ахлоқи ҳамида – дорандаи фазилатҳои нек ва хӯи нек аст: илму ҳикмат, базлу бахшиш, сабру қаноатмандӣ, аъмолу рафтор ва гуфтори нек, шуҷоат, иффат, покӣ, ростгӯӣ, росткорӣ, тавозӯъ, адл, сукут ва монанди инҳо аз категорияҳои писандидаи ахлоқи ҳамидаи инсони бо фазилат аст. Дар муқобили ахлоқи ҳамида ва ё ҳасана ахлоқи разила ва ё замима меистад, ки он иборат аст: аз талх гуфтану дуруғгӯӣ, ғайбат задан, ҳасодат, кинаварзӣ, хабаркашӣ, кибру ғурур, такаббуру риё, худбинӣ, бадгӯӣ, бадбинӣ, иғвогарӣ ва ҳамчунин шаҳвату хашму ғазаби аз ҳадди эътидол баромада ва ғ…

Дар ин мақола дар бораи хашму ғазаб ва оқибатҳои бади он андешаҳои мухтасари хешро баён менамоем, ки ин ду мафҳум ҳам тарафи мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Қайд намудан зарур аст, ки агар хашм ва ё ғазаб дар ҳадди эътидол ва дар мавқеи зарурӣ аз рӯи ақли солим истифода шавад ин тарафи мусбати он аст. М.: то хашм набошад инсон наметавонад дар муқобили душмани хеш ва ё ҳайвони даранда худро ҳифз кунад. Ва баръакс агар аз ҳадди эътидол берун барояд ва бе мавқеъ аз он истифода шавад, боиси бадбахтӣ ва тавлиди дигар омилҳои ахлоқи замима мегардад, ки дар ин бора мутафаккирони гузаштаи мо ба монанди Носири Хусрав, Шамсиддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ(Асирӣ), Ҷалолуддини Балхӣ, Аҳлии Шерозӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ ва дигарон андешаҳои худро доштанд. Аз назари донишманди илму адаб ва муаллими ахлоқ дар асрҳои 16-17 Файзи Кошонӣ «…хашм – шуълаи оташест, ки дар зери хокистар махфист, ва маркази пойдоиши ин сифати разила гуштест,ки андаруни қалби инсонӣ аст ва агар қалб аз ин сифоти зишт ислоҳ шавад, тамоми аъзои бадан ҳам аз он наҷот ёфта солим мегардад…». Дар айни ҳол қалби инсон махзани нуру имон аст, яъне ба ҷои тирагиҳо, имон қавитар шавад инсон аз ғафлату ҷаҳолат дур шуда, рӯ ба ахлоқи ҳамида меорад. Хашму ҷаҳл боиси бадбахтии худи инсони ба хашм омада ва инсони муқобили он мегардад. Бинобар ин дар ҳангоми хашм инсон бояд худдорӣ намуда, сабру таҳаммулро пеша кунад ва ақли солими хешро ба кор барад, дар акси ҳол метавонад аъмоле анҷом диҳад, ки боиси пушаймонии ӯва бадбахтии шахси ба хашми вай гирифтор шуда гардад.

Файзи Кошонӣ роҳҳои аз хашм ва ё ғазаб наҷот ёфтани инсонро нишон дода, таъкид менамояд, ки ҳар гоҳшахс хашмгин шавад, дидагонаш қирмиз гардида, рагҳояш дам мекунанд. Барои аз ҳолати хашми шадид баромадан чанде аз роҳҳои дур шудани инсонро аз он раҳнамоӣ намудааст: 1. Ҳангоме, ки инсон ба чунин ҳол гирифтор мешавад, ӯпеш аз ҳама ба замин бояд бишинад, то палидӣ ва ғазаби шайтонӣ – нафсонӣ аз ӯ дур гардад; 2. Агар касе нисбат ба яке наздикони худ хашмгин шавад, ҳамон дам ба ӯ наздик гардад ва даст бар китфи ӯ биниҳад, зеро чун ба раҳми одам наздик шавад оташи хашмаш хомуш шавад; 3.То ҳадде метавонад худдорӣва дурӣ аз хашм кунад, ки ин аъмол аз омилҳои беҳбудии ин дард аст; 4.Сабру суббот, ботамкинӣ инсонро аз ҷаҳл дур намуда, ба хушбахтӣ сазовор мегардонад. Бузургон фармудаанд, ки «…ғазаб калиди ҳамаи бадиҳост». Дар ин ҷо бояд ҳамин нуктаро қайд намуд, ки қабзу басти хун ҳангоми ғазаб дар чи мизон аст: а) ҳангоме, ки фард нисбат ба шахси аз худаш пасттар хашмгин шавад ва яқин кунад, ки бар ӯ ғолиб аст, дар ин ҳолат хун дар аъзои ӯ паҳн мешавад; б) агар ин фард нисбат бар шахси неруманде хашмгин шавад ва натавонад интиқом бигирад, хун дар зери пӯсти баданаш баста шуда, ба қалб ҷорӣ мегардаду рагҳояш зард мешавад ва шояд вай ба ранҷи сахте гирифтор гардад; в) ва агар инсон ба фарде мисли худ ғазабнок шавад қабзу басти хуни ҳарду аз мизон берун шуда, дар натиҷа гоҳе рангашон ноил ба зардӣ мешавад ва изтироб дар вуҷуди онҳо рух медиҳад, ки аз паи интиқоми якдигар мешаванд.

Ҳамин тариқ, шахси хашмгин ҳамон вақт эҳсоси оромӣмекунад, ки аз аъмоли хеш лаззат барад, яъне аз ҳарифи худ интиқом гирад. Аз назари Файзи Кошонӣафроди дар хашм омадаи аз паи интиқом дар се дастаанд: 1. Ифрот – аз ҳадди эътидол берун баромадан аст; 2. Тафрит – бепарвоӣ кардан нисбати рафтору кирдори худ, беамалӣ аст; 3.Эътидол – дар ҳолати мувозинат, ё ин ки муътадил будан аст.

Гурӯҳи мардуме, ки дар роҳи тафританд, дорои қувваи интиқом набуда, ё андаке аз он қувва дар ниҳодашон мебошад. Ин тариқаи мардумро, Файзи Кошонӣ ба беғайратӣ таъбир намудааст, ки онҳо дар натиҷа номуси худро дар дасти душман мегузоранд ва тан зери бори пастфитратон медиҳанду худро ночиз мепиндоранд.Чунин фирқаи одамон аз ҳар амали зиште, ки мебинанд чашмпӯшӣменамоянд.

Дараҷаи ифроти қувваи интиқом ин аст, ки ӯ аз фармони ақлу маърифат хориҷ гардида, сар зери бори итоати онҳо дар намеорад. Дар натиҷа чунин инсон қувваи басирату фикру назари худро ба кор бурда натавониста ихтиёраш салб, яъне аз даст меравад. Дар ин ҳолат инсон на танҳо шахсияти хешро аз даст медиҳад, балки аз худшиносии ӯосор дар вуҷудаш намемонад. Шахси интиқомгиранда ин амали хешро дар муқобили интиқомшаванда диловариву мардонагӣ хаёл карда мегӯяд: «Ман касе ҳастам, ки бар корҳои муҳол хориҷ аз қонун собир нестам ва аз ҳеҷ кас таҳаммули душворӣ намекунам». Хулоса, ин гуна ашхоси ҷоҳилу аз худ ноогоҳ ин ҷумлаҳоро бо камоли ифтихор ба забон оварда ба гирдоби ҷаҳл ғутавар мегардад ва тамоми фазилатҳои инсониашро аз даст медиҳад. Чунин ашхос кару лол шуда, ҳеҷ гуна панду насиҳат дар ӯ таъсир намебахшад ва аз нури тобони ақлу маърифат бенасиб монда, онро ба дуди тираву зулмоти хашми хеш хомуш месозад. Аз ин ҷо: а) ин гуна хашм дорои осорест, ки нахуст дар зоҳири андом пайдо мешавад: рангаш тағйир ёфта, ларза дар ҷисму ҷонаш афтида, корҳояш аз таҳти ихтиёри ӯ хориҷ мешаванд; б) назму низоме дар умури ӯ ба назар наменамояд ва гуфтору кирдораш якҷоя дар изтироб буда, ба тавре, ки каф аз даҳонаш меояд; в) дидагонаш барафрухта ва аз ҳолати оддии хеш берун мешаванд; г) ҳар гоҳ одами хашмнок шакли зишташро дар ҳоли ғазаб бубинад, аз хиҷолати зиёд ғазабашро фаромуш мекунад. Аммо ин танҳо боиси тағйири ҳолати зоҳирии ӯст ва ботинаш дар ин ҳолат боз қабеҳтару кинадузтар мегардад.

Асаре, ки хашм ва ё ғазаб дар қалб мегузорад – ин ҳасодат, кибру масрурӣ, кина, бадрафторӣ, бадгуфторӣ ва амсоли инҳо аст. Яъне агар бадие ба ӯбирасад, забон ба бадгӯӣмекушояд ва агар хайре бубинад, масрур гардида, пайваста мехоҳад рози дигаронро фош кунад ва парда аз онҳо бардорад ва ҳамин тавр соири зиштиҳои дигарро содир менамояд.

Файзи Кошонӣ хашму ғазабро мазаммат намуда, роҳҳои халосӣ аз онро низ нишон медиҳад. Ба фикри ӯ инсони хашмнок қодир аст, ки худро идора намуда, ба бемории хашм беҳбудӣдиҳад ва ҳадди васатро, ки роҳи рост дар ҳама ҳолатҳо аст, пеша намояд. Бинобар ин ба назари мутафаккир «…тариқи рост бориктар аз мӯ ва бурандатар аз шамшер аст ва чун аз дарёфти он шахс оҷиз бимонад», худшиносии худро гум карда, ба бадбахтию ғурбат гирифтор мегардад. Ва «…касе, ки аз анҷоми амали нек боз бимонад, лозим нест пайваста ба кори шар(р) бипардозад.»

Кошонӣ андар хашм ва осори он бо рӯҳи инсон баҳс намуда ба суоли дигаре, ки «Оё, хашмро аз вуҷуди инсон пурра решакан кардан мумкин аст ва ё он ба таври ноаён дар он боқӣ мемонад?» - ҷавоб дода, таъкид мекунад, ки хашм дар тамоми инсонҳо вуҷуд дорад ва решакан кардани он зарурате надорад, зеро чунин амал ғайримумкин аст. Вале роҳҳои нисбатан заиф намудани нерӯи хашмро бояд ҷустуҷӯнамуд ба тавре, ки «…аз шиддати ботинӣон бикоҳад, ки асаре аз он намонад ва чунин амре ҳам ба ростӣ душвор аст». Аз ин ҷо, будани хашм дар ҳадди эътидол воҷибу зарурӣ аст.

Чунонки дар боло гуфтем мафҳумҳои ғазаб, ҳасад, ғайбату бадгӯӣ, бухл, кинаварзӣ, бадгумонӣ, хабаркашӣ, кибру риё аз сифатҳои зишти инсонӣ буда, боиси боло гирифтани ахлоқи замима бар ахлоқи ҳамида мегардад, ки ин масоил қариб диққати тамоми файласуфону орифони асримиёнагиро ба худ ҷалб намуда буд. Кулли ин масоил ҳанӯз дар таълимоти Абдуллоҳи Ансорӣ (асри Х1) баёноти худро ёфта буд. Дар фарқият аз Ансорӣ ва дигар ахлоқсароёни суфияву ирфон ва ҳамчунин аз Саъдии бузургвор, Кошонӣ на ба афоризму ривоятҳо, балки ба таърихи ахлоқи инсонӣ ва таҳлили ҷаҳони ботиниву зоҳирӣ ва маънавии худи инсон наздик шуда, тамоми сифату хислатҳои зишти инсониро дар муқоиса ба сифату хислатҳои ҳамидаи ӯ оварда, бартарию болоии якеро аз дигаре хеле равшану возеҳбаён мекунад. Ахлоқеро, ки Мулло Муҳсин Файзи Кошонӣ пешкаши инсонҳо намудааст дар тамоми давру замонҳо моҳият ва мубрамияти худро гум накарда, панд ва раҳнамоии бузурге ба башарият аст.

Муродова Тоҷинисо – н.и.фал., дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.

Сада ҳамасола дар ҷумҳурии Точикистон рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.

Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва дар маҷмӯъ ҳамаи шаҳрвандон аст. Он ба ягон дину мазҳаб тааллуқ надошт ва надорад. миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Оид ба шарҳи истилоҳи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) . Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) - ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд. .

Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла, Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинанд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.

Шаб омад биафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ бар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода вард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе боз чун ӯ дигар шаҳриёр....

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти умҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд. «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Ходими хурди илмии Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ Хокироева А.Н.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Унсурӣ

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки халқи тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ба оину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, барои эҳё кардану ғановатманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш саъю талош менамояд. Имрӯзҳо дар гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Садаро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд ва 6-уми декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар номинаи муштарак Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Яъне Ҷашни Сада, яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёнтабор, аз ҷумла, тоҷикон буда, ҳамчун ҷашни омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардад. Ин ҷашн дар баробари ҷанбаҳои табиӣ, кишоварзӣ ва фалсафӣ инчунин аҳамияти бузурги тарбиявӣ, ахлоқӣ ва таърихию ҳуқуқӣ дорад. Ҷашни Сада дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то имрӯзи мо бо як силсила одобу суннат, расму оин ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯз чун анъанаи Ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда, дар дастурхони ҷашнӣ тибқи оини аҷдодӣ, бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин, хӯрокҳои хушлаззати миллӣ, аз қабили мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, ӯмоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонону сокинони ватани азизамон мегардонанд.

Сарвари давлат вобаста ба ин иброз медоранд, ки ниёгони ориёнтабори тоҷикон ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд: “Онҳо барои ҳар фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд. Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басе деринаи мардуми мо мебошад”. Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол оину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд. Ҷашни Сада ҳам мисли Ҷашни Наврӯз пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, он ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил карда мешавад. Аз рӯи оинҳои Ҷашнии Сада маълум мегардад, ки нишонаи хосае аз Ҷашни Наврӯз ба худ гирифтааст, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Дар Ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо ҳамчун Ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст. Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи Баҳман (баробари 29-30-юми январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Худи мафҳуми Сада аз шумораи сад гирифта шуда, яъне 50 шабу, 50 рӯз то Ҷашни Наврӯз мебошад. Муҳимтарин рамзҳои Ҷашни Сада офтоб, оташ ва об мебошанд, ки ин унсурҳои табиӣ дар ҷомеаи аҳди бостони ниёгони мо ҳамчун рамзҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Ҳамчунон бояд қайд намуд, ки худи мафҳуми Ҷашни Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор мебошад. Мардум, бахусус, деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Тавре Пешвои миллат иброз намуданд, рамзу маъниҳои Сада хеле зиёд буда, моҳияти асосии Ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад. Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагӣ аст. Воқеан, оташ дар тасаввуроти асотирии мардумони ориёӣ порае аз фурӯғу гармии Хуршед дар рӯйи замин ба ҳисоб меравад.

Инчунин, арзи ҳастӣ кардани ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар хушӣ орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур месозанду баъдан, аз болои оташ ҷаҳида, ҳамаи бадиҳову балоҳоро тариқи оташ, ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаҳои миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангияшон ворид мешаванд ва то ба имрӯз идома доранд. Пас, қайд намудан зарур аст, ки асоси Ҷашни Сада поягузорӣ ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз мебошад. Аз ин рӯ, таҷлили сазовор ва шоистаи ҷашни Сада барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррас мегузорад.

Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович - ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и.

Дар низоми давлатдории муосир Паём ба парлумон як ҳуҷҷати намунавӣ, санади расмӣ, барномасоз ва муайянкунанда ё дастурест, ки барои кори ҳамаи сохторҳо роҳнамоест, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣва хориҷии мамлакатро таҳлил намуда ва вазифагузориҳоро барои соли оянда ва солҳои минбаъда муайян мекунад. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солонаи Президенти кишвар дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Дар Паём дастовардҳо дар як марҳилаи муайян мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҳамзамон барои таҳкими фаъолият дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди кишвар вазифагузорӣ карда мешавад.

Боиси хурсандист, ки Паёми имсола дар бинои нави хуштарҳу замонавӣ ва барҳавои мақоми олии қонунгузории мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Сарвари давлат кормандони ин мақоми олиро табрик намуда, онҳоро ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ба халқу ватан ҳидоят намуданд.

Дар як Паёми Президенти кишвар ба марҳилаи муайяни рушду инкишоф рабтдошта, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар заминаҳои асосноки илмӣ тарҳрезӣ карда мешаванд. Дар оғози Паёми имсолаи Пешвои миллат зикр шуд: «Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Дар замони муосир шарти асосии рушду пешрафти давлату ҷомеа рақамикунонии иқтисодиёт ва роҳандозии барномаҳои рақамиву электронӣ арзёбӣ мегардад. Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад”.

Ҳамзамон дар Паёми навбатӣ ва дар Паёмҳои каблӣ оид ба вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи озуқаворӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.

Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки то охири соли 2025 ҳамаи намуди пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия буда, табдирҳои мазкур имкон медиҳад, ки дар рушди ҷомеа ва давлат боз ҳам қадамҳои устувор гузошта шавад.

Яке аз монеаҳои ҷиддие, ки дар пешорӯи рушди ҷомеа ва давлат қарор дошт, ин мушкилиҳо дар самти таъминоти аҳолӣ бо барқ маҳсуб меёбад. Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ва иқдомҳои наҷибонаи Президенти мамлакат, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буд ва марҳила ба марҳила ба ин ҳадафи олии пешгирифтаи Роҳбари давлат хоҳем расид. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ зикр намуданд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад». Яъне, ин яке аз дастовардҳои бузургтарин мебошад, ки халқи тоҷик зери роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ба он ноил мегардад.

Натиҷаи таҳлили Паёми Пешвои миллат нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат маҳз беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат қарор дошта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд, ҳамзамон аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, ки масъулини соҳаҳои зикргардидаро мебояд, баҳри рушди соҳсҳои номбурда кушиш ба харҷ диҳанд.

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои ҳарсола иброз мегарданд, имкон медиҳад, ки ободии Ватан ва пешрафти давлат таъмин карда шуда, халқи тоҷик ба тамоми ҳадафҳои муайяншуда ноил гардад.

Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад, зеро бар арсаи гармшавии иқлим дар солҳои охири асри гузашта 30 дарсади пиряхҳо об шудаанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо таъсис гардид, низ бо ҳамин мақсад пешбарӣ гардидааст. Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз мамлакатҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад. Давлати мо ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад.

Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Тоҷикистон ташаббус оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.

Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад мебошад.

Пешниҳодҳои саривақтӣ ва зарурии Пешвои муаззами миллат ба созмони бонуфузи байналмилалии Созмони Милалӣ Муттаҳид ва ҷонибдорӣ ёфтани ин пешниҳодҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, инҳо масъалаҳое, ҳастанд, ки на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки ба нафъи тамоми сайёра аст. Аз он ҷумла ташаббуси қаблии Пешвои муаззами миллат, ки солҳои 2018 – 2028 – ро даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон доштанд, ки ин ба манфиати тамоми сайёра аст, чун ки ҳамарӯза аз навиштаҳои матбуотии олимону таҳқиқотчиён ва ё аз тариқи оинаи нилгуну шабакаҳои иҷтимоӣ мехонему мебинем, ки чи қадар аҳолии рӯи замин аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ва мақсад аз масъалагузории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бо оби ошомидани таъмин намудани аҳолии ҷаҳон мебошад.

Ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар боло ёдовар шудем, соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аст, инҳам бошад, аз муътадилии обу ҳаво, сарчашмаи таъминоти оби ошомиданӣ ба аҳолии ҷаҳон, ҳифз ва эмин нигоҳ доштани мардум аз офатҳои табиӣ ва осоиштагии аҳолии ҷаҳони муосирр дар бар мегирад.

Расулзода Ҳомидҷон – ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

332323Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.

Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.

Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.

Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.

Оид ба шарҳи истилоҳи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки “сада” аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.

Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.

Ҷашни Сада (форсӣ: جشن سَده‎) — яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.

Ходими илмии - маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ Ғанизода Н.Х.

321Ҷашнҳои миллӣ ва мардумӣ, ки аҳаммияти таърихиву фарҳангӣ доранд, ҳамеша, ҳама ҷо, барои ҳама кас ва дар ҳар куҷои ҷаҳон, ангезаҳое барои шоду шодмон ва хушдил сохтани мардумон будаанд, ҳастанд ва боқӣ мемонанд. Пажуҳишу ковишҳои коршиносона нишон медиҳад, мардуме, ки соатҳову рӯзҳо кору кӯшиш мекунанд, чунончи оромиши равонии шоистае барои соатҳои бекориву осӯдагии худ фароҳам накунанд, дучори афсурдагиву ноҳинҷориҳое хоҳанд шуд, ки афзун бар равон, бар тану ҷони эшон низ таъсирҳои нохушоянд барҷой мегузорад. Бар пояи чунин бунёдҳое донишмандону андешамандони пешин барои осоиши мардум ва дур нигаҳ доштани онҳо аз андуҳу ранҷ, ҷашнҳои гуногунеро барои ташкил додан пешниҳод менамуданд. Дар ин пайванд ва дар миёни мардумони ҷашндӯсти ҷаҳон, мардумони сарзаминҳои мо низ яке аз пурҷашнтарин мардуми саросари гетӣ ба шумор меравад.

Яке аз ин ҷашнвораҳо ҷашни Сада мебошад, ки бар асоси сарчашмаҳои фарҳангиву таърихӣ ва осори ниёкон таърихи чандинсола дорад. Бар асоси фарҳангномаҳо, махсусан фарҳангномаҳои адаб ҷашни Сада аз вожаи “сат”-и паҳлавӣ омадааст ва маънии он сад мебошад. Бинобар бахшбандии фаслии қадимӣ Сада ҳангоме аст, ки сад рӯз аз зимистон мегузашт ва ё ба ривояти имрӯзиён панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз мондааст. Ҷашни Сада ҷашне буд, ки панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз монда, яъне охири моҳи январ баргузор мешуд. Тибқи ривоятҳои пешина, мардум дар ин рӯз бо равшан кардани оташ Аҳримани бадкирдорро аз худ дур мекарданд. Гуфта мешавад, ки Каюмарс дар ин рӯз соҳиби садумин фарзанди худ мегардад ва ба маҳзи дидани фарзанд, Аҳурамаздоро сипос мегӯяд.

Дар робита ба равиши ҷашн гирифтани Сада дар манотиқи мухталифи форсзабонон андешаҳои гуногун оварда шудааст. Гуфтан зарур аст, ки аз дер боз дар бисёре аз шаҳрҳо ва манотиқи сукунати форсзабонон ин ҷашнро бо ифтихору шодмонӣ пешвоз мегирифтанд. Усулу тартиби ҷашни Сада бад-ин гуна буд, ки пас аз ғуруби офтоб се тан аз мубадон дар ҳоле ки либоси сафед бар тани худ доштанд, ба сӯйи тудае аз ҳезуми хушк, ки пеш омода шуда буд, ҳаракат менамуданд. Гурӯҳе аз ҷавонон, ки онҳо ҳам либоси сафед бар тан доштанд, бо машъалҳои равшан мубадонро ҳамроҳӣ мекарданд. Дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ мубадон бахше аз “Авасто”-ро месуруданд ва мубади бузург бо оташи мавҷуд дар оташдон ва ҷавонони сафедпӯш ёрӣ гирифтан аз шуълаҳои машъал ҳезумро оташ мезаданд. Гурӯҳи навозандагон аз оғоз, то поён оҳанги шодӣ менавохтанд. Зардуштиён бо шодиву пирӯзӣ шуълавар шудани оташи Садаро ҷашн мегирифтанд ва ба умеди он ки то ҷашни соли дигар равшаниву гармӣ дар дилҳояшон бошад, ба хона бозмегаштанд. Бархе бар онанд, ки дар оини зардуштӣ ба ҷашни Сада таваҷҷуҳи зиёде доштанд, зеро ки оташ яке аз унсурҳои асосӣ ва муҳимми ҷашни мазкур ба шумор меравад.

Баъд аз заволу суқути силсилаи Сосониёни бузург ва вуруди дини ислом ба манотиқи форсзабонон ҷашн гирифтани Сада ба таври пинҳонӣ ба амал меомад, то инки хонадони Бармакиён ба боргоҳи Хулафо роҳ ёфтанду гардонанда ва ҳамакора шуданд ва ҷашнҳоро дубора зинда карданд. Бо ёриву дастгирии ин гуна силсилаҳои форсзабон ҷашнҳои милливу фарҳангӣ натанҳо дубора зинда шуд, ки гоҳо бо шукӯҳу шаҳомати бештар аз пеш низ баргузор мегардид. Агарчи барои муддатҳои нисбатан тулонӣ ин ҷашн ба сурати расмӣ дар даврони баъд аз ислом баргузор намешуд, аммо рафта-рафта бо қудрат гирифтани форсзабонони ватандӯст, ин ҷашн низ дубора зинда мешуд.

Яке аз ин шахсиятҳои барҷаставу ватандӯсти муосир, ки ҳамеша талош дорад, то фарҳанги миллии хешро рушду камол бидиҳад, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки дар дубора равнақ бахшидани ин ҷашни ниёгони мо саҳми беназирро дорад. Бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат аст, ки дар чанд соли охир ин ҷашни куҳанбунёди мо вижагии умумимиллӣ гирифт ва ҳоло ҳам дар ҳоли рушду камол аст. Мавриди зикр аст, ки муаррихону муҳаққиқон ва шоирону сарчашманигорон баргузориву ҷашнгирии Садаро дар давраҳои мухталиф, ба шаклҳои гуногун ёд кардаанд.

Яке аз шоирони барҷастаи адабиёти классикии тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар ашъораш ҳамвора аз фарҳанги милливу дӯст доштани меҳан сухан дар миён аст, роҷеъ ба ҷашни Сада дар китоби арзишманди хеш “Шоҳнома” достони кашфи оташ тавассути Ҳушангро оғоз мекунад, ки рӯзе Ҳушанг, шоҳи ҷаҳон бо гурӯҳе аз ҳамроҳон ва ёрони худ ба кӯҳ рафт. Дар ин ҳангом ҷонваре дароз, сиёҳранг ва тиратан, ки бо суръат дар ҳоли ҳаракат буд аз фосилаи дур падид омад. Фирдавсӣ зоҳири ин ҷонвари тарснок, ки дар ҳақиқат море буд ваҳшатнок ва онро чунин тавсиф мекунад, ки бар рӯйи сараш ду чашм вуҷуд дошт, ҳаммонанди ду чашмаи хун ва дуде аз даҳонаш хориҷ мешуд, ки ҷаҳонро тираву торик сохта буд. Ҳушанг вақте бо мор мувоҷеҳ шуд, диранг кард ва бо фаросату диққат ба он нигарист ва бедигарн сангеро ба даст гирифту ба ёрии зӯри каёние, ки дошт он сангро бо қудрату суръат ба тарафи мор партоб кард, аммо мори ҷаҳонсӯз аз бархӯрди санги Ҳушанг ҷон ба дар бурду гурехт. Дар натиҷаи партоб, санг бар санги дигар бархӯрда, аз ин бархурди ду санг оташе ба вуҷуд омад.

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизе дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун...

Нигаҳ кард Ҳушанг бо ҳушу санг,

Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.

Ба зури каёнӣ раҳонид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.

Тибқи ривоятҳои таърихӣ ва сарчашмаҳои адабӣ баъд аз он ки Ҳушанг оташро кашф кард, шабҳангом ба поси хушҳолӣ ва шукргузорӣ, оташе бузург ҳамчун кӯҳ барафрӯхту худ ва дигарон ба даври вай гирд омаданд. Ҳушанг ин ҷашни бузургро ҷашни Сада ном гузошт ва он шаби фархундаро ба бодагусорӣ пардохт. Фирдавсӣ дар идомаи шеър ёдовар мешавад, ки ҷашни Сада аз Ҳушанг ёдгор мондааст ва орзу мекунад, бошад, ки шоҳони бисёре ҳамчун ӯ дар оянда биёянду бар ин сарзамин ҳукм биронанд, зеро ки подшоҳе ҳамчун Ҳушанг, ҷаҳонро шоду обод кард ва ба ҳамин далел низ ҳамагӣ аз ӯ ба некӣ ёд кардаанд:

Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада ном он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Ҷашни Сада ва достони кашфи оташ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ тавассути Ҳушанг фақат ривоятест куҳану мондагори таърихӣ ва ба мо ёдоварӣ мекунад, ки падидаи оташ то чи андоза барои форсзабонон, махсусан тоҷикони даврони пешин муҳим будааст, ки ҳатто кашфи онро низ ба худ нисбат додаанд. Баъд аз сипарӣ шудани даврони подшоҳии Ҳушанг, ки барои мардуми минтақа, бахусус тоҷикон саршор аз некиву хуррамӣ буд, даврони подшоҳии фарзанди Ҳушанг, яъне Таҳмурас фаро мерасад, ки вай низ тавонист бисёре аз девонро ба банд даровараду онҳоро мутеи худ созад.

Фирдавсӣ дар манзумаи “Андарз кардани Доро ба Искандар” аз ҷашни Сада ёд карда, дар байте мегӯяд:

...Нигаҳ дорад ин фолу ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада...

Ҳамчунин дар достони “Ҷанги Ардашер бо Ардавон ва кушта шудани Ардавон” аз ҷашни Сада чунин мегӯяд:

Баровард бар чашма оташкада,

Бар ӯ тоза шуд Меҳру ҷашни Сада...

Бояд гуфт, ки Фирдавсӣ дар достонҳои дигари “Шоҳнома”-и хеш монанди “Подшоҳии Луҳросп”, “Куштани Ардашер Ҳафтводро”, “Панд кардани Яздигурд ба Баҳром...”, “Падруд кардани Баҳроми Гӯр Мунзар ва Нуъмонро”, “Бозгаштани Баҳроми Гӯр ба эронзамин”, “Ширӯя ва Ширин” ва монанди инҳо ҷашни Садаро бо шодмониву сурур ёд мекунад.

Баъд аз зуҳури ислом дар минтақа таҷлили ҷашнҳои миллӣ каме коста гардид ва ҳатто бархе аз онҳо аз байн бурда шуданд. Дар давраи Сомониён ҷашнҳои миллӣ дубора зинда карда шуда, вобаста ба имконот таҷлил гирифта мешуданд.

Абулфазли Байҳақӣ дар китоби арзишманди хеш “Таърихи Байҳақӣ” аз таҷлилу баргузории ҷашни бошукӯҳи Сада дар рӯзгори Масъуди Ғазнавӣ сухан меронад ва менависад, ки ин ҷашни Сада чунон бошукӯҳ барпо мешуда, ки оташи афрӯхтааш аз чанд фарсанге диданӣ буд. Дигар муаррихону сарчашманигорони ин давра гуфтаи Байҳақиро тарафдорӣ намуда, муҳиммияти баргузории ҷашни Садаро дар давраи мазкур ёдовар шудаанд.

Дар баробари А. Фирдавсиву А. Байҳақӣ, ҳамчунин дар ашъори дигар шоирон низ роҷеъ ба ҷашни Сада сухан дар миён аст.

Унсурӣ низ аз ҷашни Сада ёдовар шудааст ва ӯ дар қасидае дар мадҳи Амир Наср бини Носируддини Сабуктегин чунин гуфтааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст...

Фалакро бо замин анбозӣ омад,

Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст.

Ҳама аҷроми он аркони нур аст,

Ҳама аҷсоми ин аҷзои нор аст…

Манучеҳрии Домғонӣ ҳам дар қасидае аз омадани шаби ҷашни Сада ёд мекунад ва чунин мегӯяд:

Омад эй Саидаҳрор, шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмат, бисёр бувад.

Барфурӯз оташи Барзин, ки дар ин фасли шито,

Озари Барзин пайғамбари озор бувад…

Поёни сухан ин, ки вожаи садаро аз ҳама бештар Ҳаким Фирдавсӣ дар ашъораш мавриди корбурд қарор додааст. Агар истифодаи вожаи садаро дар ашъори бархе аз шоирони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аз лиҳози омор мушоҳида кунем, мебинем, ки Фирдавсӣ 17 бор, Анварӣ 16 бор, Фаррухӣ 11 бор, Хоқонӣ 9 бор ва Манучеҳрӣ 5 бор мавриди корбурд қарор додаанд.

Қосимзода Солеҳ Салим - сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и АМИТ

Таҳлили адабиёти илмӣ ва воқеияти имрӯза оид ба ташаккули идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити сохторёбии муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар ҷумҳурии мо ба он ишора мекунанд, ки дарки ҳувияти миллӣ аз ҷониби мардуми тоҷику тоҷикистонӣ хеле муҳиму масъалаи ҷиддӣ буда, дар таҳкими давлати соҳибистиқлоли миллӣ муҳим аст. Он танҳо дар асоси шинохти амиқу тарҳрезии идеяи миллӣ муяссар мегардад.

Идеяи миллӣ - баёнгари ҳадафу маънии зиндагӣ ва асолату рисолати ҳастии гурӯҳи қавмии мардуми кишвар дар замони ҳозира ва оянда бо назардошти гузаштаи онҳо, дар пояи таҷрибаи таърихии халқу миллати хеш ва таҷрибаи дигарон ташаккулёфта мебошад, ки ғояи бунёдии он ватандорию ватандӯстӣ - изҳори меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инчунин, меҳанпарастӣ - сипосгузорӣ ба фарҳанги аҷдодии худ буда, дар ҳар як фарди бошуури миллат баҳри ҳифзи Ватан ҳисси ватандӯстиро бедор намуда, аз онҳо худогоҳӣ, масъулиятнокӣ ва садоқатмандиро нисбат ба халқу Ватан талаб мекунад. Ҳамин тариқ, мафҳумҳои «идеяи миллӣ» ва «ҳувияти миллӣ», ки дар як пояи бунёдии ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулияти давлатдорӣ дар робита ба ҳам ба вуҷуд омадаанд, дар шароити худмуайянкунии миллатҳо ва таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Зоҳиршавии ин мафҳумҳо дар шароити кунунии амалишавии фикру андеша ва ормонҳои миллӣ дар симои давлати соҳибистиқлоли миллӣ равшан мушоҳида мешавад, ки ин падидаҳои иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ ба ҳам дар худмуайянкунии миллатҳои дунё - чун ифодагари худшиносии миллии мардум баромад карда, дар барпо шудани истиқлолияти давлати миллӣ нақши калидӣ мебозанд.

Бояд гуфт, ки ҳувияти миллӣ - яке аз ҷузъҳои ҳувияти фард аст, ки он марбут ба эҳсоси мансубият доштани вай на фақат бар миллату фазои муайяни фарҳангию иқтисодӣ, балки бар кишвару давлати муайян низ мебошад. Ҳувият - хусусияти равонии инсон аст, ки он тасаввуроти мутамаркази шахсро оид ба мутааллиқ будани вай ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ нишон дода, дар баробари умумияти забонӣ, касбӣ, мазҳабию нажодӣ, сиёсию фарҳангӣ доштан, он, инчунин, ташаккули умумияти этникии худогоҳеро, ки дар фазои ягонаи иқтисодӣ майли ҳамдавлатӣ, ҳамватанӣ, якпорчагӣ ва фаъолияти иҷтимоии дастҷамъона намуданро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар азму субот доранд, зоҳир месозанд.

Ҷаҳонишавӣ ба худ хусусиятҳои муайянкунандаи асосии системаи ҷаҳонии муосирро касб карда, ба яке аз қувваҳои таъсирбахш табдил ёфтааст, ки роҳи минбаъдаи рушди сайёраи моро тарҳрезӣ мекунанд. Вай ҳузури худро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нишон дод: дар иқтисодиёт, сиёсат, соҳаи иҷтимоӣ, фарҳанг, экология, амният ва ғайра.

Ба ақидаи муҳаққиқ А.Р.Нематов “падидаҳои муосири сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, ба моҳияти дунявии давлатҳои Шарқ таҳдид мекунанд ва ба нобуд шудани рамзи миллии онҳо мусоидат мекунанд. Аз як тараф, қабули пурраи ғояҳо ва арзишҳои либералии Ғарб, ки аксари онҳо бо фарҳанг ва анъанаҳои халқҳои Шарқ мухолифат доранд, метавонад боиси вайрон шудани пояҳои давлатдории дунявӣ гардад. Аз тарафи дигар, воридот ва ҷорӣ намудани арзишҳо ва ғояҳои барои мардуми тоҷик аз Шарқ бегона, инчунин тамоюли қавӣ ба исломигароии ҷомеа мавҷуд аст. Имрӯз, мардуми тоҷик, ки дорои фарҳанги бой ва таърихи бостонӣ ҳастанд, ба ҷуз бунёди ҳаёти давлатию ҳуқуқӣ дар асоси арзишҳои фарҳангии худ, ки асос ба ҳифзи пояҳои дунявии давлатдорӣ ва ҳувияти миллии худ мегузорад, роҳи дигаре надорад”.

Бояд гуфт, ки тоҷикон дорои анъанаҳои қадима мебошанд, ки таърихи ҳазорсолаҳо доранд. Ҳифзи анъанаҳо дар ин гуна ҷомеа арзиши баландтар аз рушд ба ҳисоб меравад. Барои Тоҷикистон ғояи марказии рушди давлат дар баробари демократия, воҳидият, иҷтимоӣ ва волоияти қонун принсипи давлати дунявӣ ва ҷомеа буд, ки раванди сиёсии кишварро устувор ва пешгӯишаванда сохт.

Таҳлили рушди конститутсионии ҷомеаи Тоҷикистон ва фарҳанги сиёсии он нишон медиҳад, ки ҷомеаи мо дар раванди тағйирёбии амиқ майл ба сӯи эътидолгароӣ ва прагматизмро кардааст. Таҷрибаи мо барои ҳамсоякишварҳо, ки роҳи ҷомеаи дунявӣ ва демократиро интихоб кардаанд, як намунаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид. Аз ин рӯ, мо бояд ба муваффақиятҳое, ки дар шароити истиқлол ба даст оварда шудаанд, баҳои баланд диҳем ва барои таҳкими дастовардҳо, арзишҳо, меъёрҳои ахлоқӣ ва сифатҳои нави шаҳрванди давлати соҳибистиқлол ҳама корҳоро кунем.

Дар тӯли таърих яке аз шаклҳои муқобилати як миллат алайҳи миллати дигар - мубориза барои заиф ва нобуд кардани ҳувияти миллии рақиб аст. Аз ин рӯ, дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ низ ба миён меояд. Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат ташаккули фарҳанги замони истиқлолият дар заминаи фарҳанги ахлоқӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик дар руҳияи сулҳпарварӣ ва таҳаммулгароӣ асос ёфта истодааст. Дар муқобили идеяҳои таҳмилшудаи хориҷӣ, ки ҳадафашон аз сар задани низои миллӣ ва мазҳабӣ иборат аст, фарҳанги миллии мо бо ҷалби қувваҳои фарҳангии дунявӣ ба сӯи ризоият ва ваҳдати миллӣ қадам мезанад.

Донистани таърихи миллат, инчунин дарки маънои рамзии идҳои миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, дарки арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии миллии тоҷикон дар муҳити наслҳои оянда зарур аст. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳоро аз қабили “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дигар озмунҳоро ба роҳ монданд, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, бисёр ҳам саривақти мебошад.

Ин дар замони муосир, вақте ки дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги анъанавии моддӣ ва маънавии аз ниёгон меросмонда ба таъсири доимии беруна дучор мешавад, махсусан муҳим ҳисобида мешавад. Мусаллам аст, ки ҷаҳонишавӣ танҳо бо сиёсат ва иқтисод маҳдуд намешавад, балки ба ҳамвор кардани арзишҳои моддӣ ва маънавии миллатҳои алоҳида равона шудааст. Маҳз ҳамин чиз омӯхтан ва ҳифз кардани урфу одатҳои ниёгонро ба миён меорад. Ҳифзи анъана имкон медиҳад, ки онро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.

Ба ақидаи мо, фишанги рушду нумӯи минбаъдаи ҳувияти миллӣ чун дигар падидаҳои хусусии иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аз рӯи қонунҳои диалектикӣ ба тавассути ангезаҳои ҷадиди пурмӯҳтаво доир мегардад. Ба ҳамин минвол, ҳувияти миллӣ, ки он шабоҳат, айнияту тафовутҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллатҳоро оиди мутааллиқ буданашон ба як фарҳанги хос муайян мекунад, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳангоми наздикшавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо маҳз ҳамон фишанги амалиёти мутақобилае, ки дар вуҷуди ҳар падида, мавҷудот ва ҳодисот маҳфуз аст, боиси ҳаракати онҳо ба сӯи мавҷудияту инкишофи ояндаашон мегардад. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ бояд барои таъмини арзишҳо ва амнияти ҷомеа мусоидат намояд.

Албатта, ҳувияти миллӣ дар устувории пайванди наслҳо ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши калидӣ дорад. Дар ташаккули давлати дунявии тоҷик нақши ҳувияти миллӣ, ки аз асоси фаҳмишҳои аслии миллат иборат аст, таъсиргузор мебошад. Моҳияти масъала барои устувории ин ҷомеа ва таъмини амнияти миллӣ дар он ифода меёбад, ки худи он ҳамчун муҳаррики ин арзишҳо баромад менамояд.

Руйхати адабиёти истифодашуда.

1. Нематов А.Р. Духовно-культурные аспекты развития государствен но-правовой системы Таджикистана: постановка вопроса//Известия высших учебных заведений. Правоведение. 2017. № 1 (330).

2. Орифҷонова Н.Идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ//"Илм ва Ҷомеа"-№4 (17), 2019.Манбаи электронӣ:https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/ideyai -mill-va-uviyati-mill-dar-sharoiti-isti-loliyati-davlat.html

3. Петров П.А. Концепции глобализации в социальной философии// Электронный ресурс:URL:https://cyberleninka.ru/article/n/kontseptsii-globalizatsii-v-sotsialnoy-filosofii [дата обращения: 15.11.2020].

4. Хайдаров Р.Дж. Влияние процесса глобализации на трансформацию таджикского общества: дис....док.филос.наук 09.00.11/Р.Дж. Хайдаров .-Душанбе,2007.- с.244

5. Ҳайдаров Р.Ҷ. Тоҷикистон дар масири таҳкими истиқлоли давлатӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ. Монография. -Душанбе: “Шоҳин С ”, 2020. -76 с.

6. Ятимов С.С.Равоншиносӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Дар доираи шуури муқаррарӣ) Ҷавонони Тоҷикистон, 05 Май 2016.

Қодирова З.Б. – ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар боз як пешниҳоди таърихии моҳияти умумиинсонӣ дошта ва барои шиносонидани фарҳанги миллат ба ҷаҳониён муҳиму саривақтӣ баромада, пешниҳоди ҷолибе ба созмони ҷаҳонии «ЮНЕСКО» дар бораи ҷашни 2500 –солагии «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир», дар соли 2025-ро матраҳ намуданд. Мисли тамоми пешниҳодҳои Пешвои миллат ин пешниҳод низ на танҳо моҳияти таърихӣ, балки аҳамияти рӯзмарра барои фазои сиёсию маънавии кишварро доро буда зарурати рӯзмарра мебошад ва аз умқи дидгоҳи сиёсиву мафкуравии эшон хабар медиҳад.

Дар баробари пешниҳоди аввал оид ба эъломи даҳсолаи сулҳ дар ин асри ҷаҳонишавии пур аз ҷангу зиддияту ихтилофоти байни кишварҳо ва миллатҳо бо иштироки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва бо мақсади мудохила ва зери тасаллути худ нигаҳ доштани миллатҳои дигар, ки дар натиҷа ҳар рӯз садҳо инсонҳо куштаву ба асорат гирифта мешаванд, ин пешниҳод низ аз манфиати зиёде бархурдор мебошад.

Аҳамияти ин пешниҳод дар ошкоро эълон кардан ва ба миён гузоштани ин воқеияти раднопазир аст, ки ниёгони мо аввалин поягузори маншури ҳуқуқи озодии башар аз ғуломӣ будан, ҳуқуқи ва қонуни озодии эътиқод ва виҷдонро низ поягузорӣ кардаанд. Ин пешниҳод ба инкори вуҷуди тасаввуроти нодурусти таърихӣ дар бораи сарчашмаи ҳуқуқи озодии инсон аз ғуломӣ ва озодии дину этиқод ҳаргуна дин будани аврупоиёнро инкор намуда, бо далелу бурҳони таърихии раднопазир тасаввуроти бепояи онҳоеро, ки низоми дунявият ва озодии виҷдонро таърихан барои мо бегона медонанд ошкор менамояд. Ин пешниҳод заминаи низоми дунявиро дар кишвар тақвият намуд, ҳақиқатан заминаи ҳуқуқи миллӣ доштани модели нави дунявиятро, ки дар кишвари мо тавассути кушишҳои Пешвои Миллат пиёда шудааст собит мекунад.[1] Зимни ин таҳқиқот мо бояд нишон диҳем ва исбот кунем, ки мабною заминаи чунин низом на танҳо дар таърихи пеш аз исломии мо ва ҳатто дар худи илова ба ҷузвияи дар поварақ ишора шуда, асли ниҳоии матолиби ин мақоларо муаллиф баъдтар соли 2021 ба сифати мавзӯи кори нақшавии таҳқиқоти илмӣ ба нақша гирифта, навишта буд ва ҳоло дар ин ҳошия чанд нуктаи марбут ба он ироа-пешниҳод хоҳад шуд.

1.1. Вуҷуди заминаҳои озодӣ ва таҳаммулгароии динӣ-мазҳабӣ дар фарҳанги сиёсии тоҷикон

Дар таърихи тамаддуни башар ҳамеша қонуни меросият амал мекунад ва дар тамоми соҳоти тамаддуни мо падидаи мутаассиршавӣ ва доду гирифти тамаддунҳо ва таҳаввули доимии анвоъи гуногуни фарҳангии башарро аз унсурҳои соддаю ибтидоӣ ба сӯи такомулу рушди болотар дорем. Дар ин робита пайдоиши заминаҳои давлати дунявӣ (секулор) ва таҳаввули баъдии он низ истисно нест.

Масъала он аст, ки дар кишварҳои исломӣ, аксаран вақто ки сухан аз моҳияти низоми давлати дунявӣ меравад, ҳамоно ин қазияро матраҳ мекунанд, ки низоми секулор падидаи соф аврупоӣ буда, бо олами ислом рабте надорад ва бегона мебошад. Ҳол он ки аввалан, ин исломиёни наздикбин барои гардишу тақвияти осиёби ғарбиёни мутассиби аврупосентрист об мерезанд, сониян, инҳо бехабар аз қонунияти таҳаввули падидаҳои иҷтимоӣ буда, намедонанд, ки ҳеҷ чунин падидае дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд намеояд, балки асосе, заминаю мабное дар тамаддунҳои пешинаи башар дорад ва солисан, инҳо таърихи пайдоишу такомул ва таҳаввули мӯҳтаво ва мавводи«Маншури эъломияи ҳуқуқи башар»-ро наомӯхтаанд, набошад далоили ба аксарияти ҳуқуқдонониё маъруф, чун: «Маншури қонуни Ҳамурапи» ва «Маншури ҳуқуқи Куруши Кабир» -ро намебоист нодида мегирифтанд.

Ҳоло мо зимни ин таҳқиқ саъй дорем нишон диҳем, ки ба олами Шарқ аз ҷумла тоҷикону эрониён таърихан низоми дунявӣ (секулор) бегона набуда, балки яке аз дастовардҳо ва таҷрибаҳои маъмули давлатдорӣ ва низоми сиёсии таърихӣ худи ин миллат будааст. Ба қавли маъруфтарин рӯшанфикри эронӣ Алӣ Шариатӣ дунявият мисли мафҳуму калимаи «алмаз» ҳамон «мост»-и форсӣ буда, арабҳо онро иқтибос карда ба он артикли «ал»-ро илова кардаанд ва шудааст «ал-мос» ва аз паси арабҳо аврупоиҳо иқтибос карда онро «алмаз» хондаанд ва пас аз ин муллою охунди аз таърихи этимология бехабари мо онро калимаи аврупоии ба забони форсӣ бегона хонда, фатвои «бегона аст!»-ро содир кардаанд ё мекунанд.....

Ҳамин тавр агар ба рушди аҳкоми ҳуқуқӣ ва аз ҷумла ташаккулёбии ва такомули мавводи «Эломияи ҳуқуқи башар» нигарем хоҳем дид, ки он низ мисли тамоми анвои фарҳанги башар натиҷаи таҳаввул ва рушди он усулу қонунҳое мебошанд, ки ба тадриҷ дар қадимтарин марказҳои тамаддуни таърихии башар Мисру Бобулу Эрону Чину Ҳиндустон, Юнон зуҳур карда баъдан шаклан суфтатару моҳиятан густардатар гардидаанд. Алалхусус дар сафҳаҳои таърих бе восита дар мавриди пайдоиш ва рушди ҳуқуқи башар метавон бидуни иғроқ ва шакку шубҳа гуфт, ки нақши тамаддуни бобулӣ ва эронӣ бараъло равшан ва шинохташудаву эътироф гардида мебошад.

Дар ин робита аз нигоҳи ду сарчашмаи маъруф бо номи «Маншури ҳуқуқии Ҳаммурапи» ва «Маншури Ҳуқуқи башари Куруши Кабир» бидуни баҳс метавон гуфт заминаи ин чунин санадро дар таърихи башар тарроҳи ва интишор карданд.

Ин аст, дар робита бо мавзӯи ин таҳқиқот ва қазияи дар боло зикршуда оид ба он, ки заминаҳои қонунгузорӣ решаи амиқтари худро дар фарҳанги шарқӣ доранд, далелу бурҳони нахустин ҳамин ду қонуни таърихан қадимаи шарқӣ шуда метавонад. Агар қонуни Ҳаммурапи танҳо як намунаи ҳуҷҷати қонунгузорӣ қадимтарин буда, ба ҳар сурат ҳанӯз 1750 сол пеш аз солшумории мелодӣ дар сарзамини Бобил ба вуҷуд омадани низоми қонунмеҳвари сиёсиро собит кунад. «Маншури ҳуқуқи Куруши Кабир» аз аввали ҳам наздиктар ба моҳияти арзишҳои ҳуқуқии башар дар ин асри 21 мебошад. Чунки он арзишҳои он низомҳое, ки ҳатто баъд аз Куруш Кабир низ пой барҷо буд, яъне ғуломдорӣ ва табъизу нобаробарии инсонҳо аз лиҳози динӣ,- озодии ақидати ва динию мазҳабиро инкор мекунад.

Метавон гуфт, ки ин ду асли ҳуқуқии инсони озодро ҳатто ду дини пас аз «Маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир» зуҳур карда: дини насронӣ ва ислом низ ба куллӣ натавонистанд аз байн баранд ва он низоми ғуломдорӣ ва нобаробарии инсонҳо аз нигоҳи динию мазҳабӣ мебошад, ки ҳатто имрӯзҳо низ пайравони ин ду дин аз ин чунин муносибат пурра раҳоӣ наёфтаанд.

Метавон гуфт, ки зери тасири «Маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир» боз дар ҳамон даврони то исломии мо боз ба як сарчашмаи дигаре дорем, ки дар ҳеҷ гӯшае аз кишварҳои аврупоӣ дар он замон аз чунин сарчашмае ҳаракате дар масири таҳкими пояи баробарӣ ва бунёди ҷомеаи одилу инсонмеҳвар хабаре нест ва набуда ва ин назария ва ҳаракати динӣ –иҷтимоии Маздаки Бомдод шуда метавонад. Ҳаракате ки Маздак дар асри 5-6-и мелодӣ дар Эрон сарвари мекард, яке аз аввалин ҳаракатҳои баробарихоҳии иҷтимоии инсонҳо буд, ки баъдан, ҳатто бо номи ҳаракат ва инқилобҳои коммунисти шӯҳрат ёфт.

Ниҳоят чаҳорумин далели марбут ба таҳаммулпазирии мазҳабию динӣ дар таърихи ниёгони мо он аст, ки ҳатто дар давраи ҳокимияти шоҳони сосонӣ, сарзамини Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо Эрони Ғарбӣ кишваре буд, ки пайравони дину мазҳабҳои гуногун, аз ҷумла маздакиёну монавиён озодона зиндагӣ ва кор мекарданд.

Ҳоло ба тартиб ҳар яке аз ин далоилро мухтасар баррасӣ мекунем ва зимнан то чӣ андоза нақши амиқ гузоштани ниёгони хешро ба тамаддуни ҷаҳонӣ дар боби пайдоиш ва рушди пояҳои ҳуқуқӣ ва ташаккули шуури қонунгузории инсоният ва ворастани он аз муносибатҳои барбарию зӯроварӣ то фарҳанги қонунмеҳварӣ шинос мешавем.

Аҷоиб он аст, ки дар таърихи инсоният, дар олами Шарқ эрониён ҳанӯз садсолаҳо пештар аз пайдоиши китобҳои динии маърӯф: «Панҷкитоби Мӯсо» ва дигар китобҳои «Аҳди қадим» ва «Аҳди ҷадид» даст ба эъҷози қонунгузории маданӣ намуда будаанд. Исботи ин қазия он аст, ки дар қисмате аз китобҳоии анбиёи қисмати «Аҳди қадим» дар Китоби Ишаъёи набӣ Курушро худои яҳудиён ҳамчун масеҳи худ ёд карда аз кӯмакҳояш ба ӯ сухан мегӯяд.[2]

Дар олами Шарқ аввалин қонун «Қонунҳои Ҳаммурапи / Зако́ны Хаммура́пи (аккад. Inu Anum sîrum,/ дар замони ҳокимияти Ҳаммурапи, ҳануз пеш аз «Панҷкитоби Мӯсо», ки ҳадди ақал пайравони ин дин пайдоиши онро асри Х-то мелод медонан ҳанӯз дар асри XVII-XVIII солҳои 1755-1752 т. м. ба забони аккодӣ тадвин гардида буд. Ин бозёфти бостоншиносӣ (археологӣ) аз тарафи экспедисияи археологии франсавӣ соли 1897 бо раҳбарии Ж. де Морган дар сарзамини Эрон дар замони ҳокимияти Музаффаридин-шоҳи Коҷор дар ноҳияи Элам ба даст омад, ки ҳоло дар муюзейи Луври Париж маҳфӯз аст.

Аксар аз ин бояд гуфт, ки ин ягона маҷмуи қонун нест, илми ҳуқуқшиносӣ дар таърихи то қонуни Ҳаммурап дар сарзамини Бобил ва Ассуриё ва Аккод боз чандин маҷмӯаи қонунгузориро медонад, ки онҳо бо номҳои: ислоҳоти қонуни Урукагин, Қонуни Ур-Намму, Қонуни Липит-Иштар, Қонуни Эшнунни маъруфанд. Қонуни Хаммурап ин марҳиллаи ниҳоии таҳаввули конунгузорӣ дар ин минтақа буда, дар он дастовардҳои конунгузориҳои пешина ҷамбаст шудааст. Қонунгузории Ҳаммурап ин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад, ки ҳанӯз пеш аз «Панҷкитоби Мӯсо» масоили бештари ҳуқуқро дар худ инъикос ва ҳал када, мубоҳисоти зиёдеро дар доираи васеъ ба вуҷуд овард .

Аммо дар Устувонаи «Маншури ҳукуки башари Куруши Кабир»масоили ҳуқуқие гузошта шудааст, ки на дар матнҳои ҳуқуқии бобулӣ, на Ҳаммурап ва на дар китобҳои паёмбарони сомӣ-динҳои Иброҳимӣ вуҷуд надоранд. Он ҳам бошад пеш аз ҳама масъалаи бекор кардани ғулому ғуломдорӣ ва озодии динӣ-мазҳабӣ мебошад.масоили ҳуқуқие гузошта шудааст, ки на дар матнҳои ҳуқуқии бобулӣ, на Ҳаммурап ва на дар китобҳои паёмбарони сомӣ-динҳои Иброҳимӣ вуҷуд надоранд. Он ҳам бошад пеш аз ҳама масъалаи бекор кардани ғулому ғуломдорӣ ва озодии динӣ-мазҳабӣ мебошад.

Дар ин маврид муҳаққиқи эронӣ Ҳабиб Замонии Маҳҷуб бо иснод ба таҳқиқоти тамаддуншиносу муаррихи машҳур Вилий Дронт чунин менависад: «Аз ҷилваҳои арзишманди имперотурии Ҳахоманишиҳо ва Ашкониён, озодманишиӣ ва иғмоз нисбат ба бовариҳо ва ақоиди мазҳаби пайравони сойири адён ва мазоҳиб аст.» Асли сиёсати Подшоҳони ин ду силсиларо ӯ чунин арёбӣ менамояд: «Подшоҳон ба ҳамин қонеъ буданд ки раоёи/раиятҳо/-и миллали мағлуб мутеъи шоҳаншоҳ ва вафодор ба ӯ бошанд ва молиёти худро ба коргузорон биспоранд. Дар воқеъ подшоҳон дар муқобили атои озодии мазҳабӣ ба мағлубин имони устувор ба импературиро аз онҳо хостор буданд.» . ر.ک: ویل دورانت، تاریخ تمدن (مشرق زمین گاهواره تمدن)، ج 1، ص 408)

Сипас дар идомаи ин баррасӣ сухан аз нақшу корномаи Куруши Кабир аввалин императури Ҳахоманишии эронӣ меравад, ки дуввумин санади қонунгузорӣ ва аввалин «Маншури Ҳуқиқи башар»-ро дар таърихи тамаддуни башар интишор кардааст. Дар мақола омадааст: «Нахустин иқдоми Куруш (539-559м) пас аз фатҳи минтақае эломи тааҳудотӣ дар бораи озодии мазҳабӣ буд, ки дар миёни мардум таблиғ ва тарвиҷ мешуд. Ӯ бо эҳтироми фаровоне, ки ба мабади Мадрук қоил шуд муҳаббат ва алоқаи фаровоне бо Бобулиёнро ба даст овард. Дориюш низ дар Миср бо таъзими худоёни онҳо маншаи мазҳабии Курушро истимрор бахшид.»

Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки Ҳабиб Замонӣ ин иқдоми Курушро бо муқаррароти дини зардуштия пайванд медиҳад ва бо ин таъсир зуҳури ҳуқуқи башар муассир медонад.

Хулоса, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мо танҳо дар Эрони бостон дар устувонаи маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир ин се муҳимтарин ва ҳассостарин қонун-қонуни бекоркардани ҳаргуна навъи ғуломӣ, озодии виҷдон дар интихоби дин ва баробарии нажодиву миллиро дорем.

Ин мавзӯъро ҳамчунин Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» баррасӣ намуда, ҳарчанд дар бораи ҷангҳои сахту хунини Ҳахоманишиҳо барои мутеъ намудани мардуму кишварҳои Осиёи Миёна низ менависад, бо вуҷуди ин дар ниҳоят мунсифона кайд менамояд,ки«Ҳахоманишиҳо бар хилофи дигар подшоҳони пешини Шарқи бостон нисбат ба ойину мазоҳиби сойири халқҳои сокини қаламрави худ бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто ба бозсозии маъбадҳо ва калисоҳои кишварҳои мухталифро (ба мисли ибодатхонаҳои Бобил ва Яҳудистон) дубора барқарор намудаанд. Махсусан, асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруш шӯҳрати зиёде пайдо карда буд. Форсҳо ӯро, расули худои Мадрук, юнониҳо раҷули бузурги давлатӣ, ва яҳудиён наҷотбахши Худо Яҳво номидаанд.»[3]

Бобочон Ғафуров дар идомаи ин баҳс мефармояд: «Лозим ба ёдоварист, ки оғози омезиши фарҳангӣ ва ҳамгароӣи тамаддунҳои мардумони гуногун ҳануз 200 сол қабл аз кишваркушоиҳои искандари Макдунӣ ба вуқуъ пайваста буд…. Дар аҳди салтанати ҳахоманишиҳо дар сарзаминҳои матбуъи импературии эшон намояндагони миллат ва аквоми мухталиф ба иттифоқи ҳам умр ба сар мебурданд. Масалан ҷазираи Алфонтин дар ҷанби сарҳади Нубия ва дар шахри Менфиси кишвари Миср мисриён, форсҳо, юнониён, хаворазмиҳо, бобулиҳо, оромиҳо ,яҳудиён финикиҳо ва ғайра тиҷорат мекарданд. Аквоми мазкур аксаран сунан ва ибодоти мазҳабии якдигарро пазируфта на фақат ба худоёни худ, балки ба худоёни дигар ҳам саҷда мекарданд, ҳатто асомии худро бо номҳои дигарон иваз менамуданд.»[4]

Ҳамчунин, бояд гуфт ки Б.Ғафуров дар идомаи ин матлаб боз ду-се саҳифа аз зиндагии якҷоя ва ташаккули фарҳангу тамаддуни омехтаи даврони ҳахоманишиҳо сухан гуфтаанд, ки фикр мекунам хондану донистани ин суннати деринаи ниёгони мо барои муқобила бо сиёсати динию фарҳангии исломгароёни ифротӣ ки дар асри 21 бо таассуби динию кавмӣ мехоҳанд атрофии олами ислом девори хитоӣ кашанд, лозим ва зарур аст.

Ногуфта намонад, ки хушбахтона ин мавзӯъ- нақши Куруши Кабир дар таърихи ҳуқуқшиносӣ аз тарафи ҳуқуқшиносони миллат, аз ҷумла бо сарварии профессор Холиқзода А.Ғ. асари арзандае бо номи «Ҳуқуқ дар таърихи халқи тоҷик», як сол пас аз ин таҳқиқоти мо, ба нашр расид, ки метавон гуфт як дастоварди бузурге барои соли сипарӣ шуда- соли сиёсатшиносӣ буда, дар он аз таҳқиқоти ҳуқуқшиносони тоҷик дар атрофи ин мавзӯъ маълумоти кофӣ дода шудааст.[5]

Хол мепурсем ба саволе, ки ин ҳама аз чӣ шаҳодат медиҳад? Аз он ки бар хилофи иддаои исломиёни кӯтоҳназару торикбин, ки ҳатто аз таърихи гузаштаи худ огаҳӣ надоранду вазъияти имрӯзаи дунёро низ намедонанд, аносиру заминаи иҷтимоию сиёсии низоми дунявият на сифр дар Аврупо, балки асрҳо пеш ҳатто аз динҳои маъруфи аврупоӣ дар Шарқ дар ҳамон гаҳворае, ки баъдтар ҳамаи динҳои ба ном иброҳими зуҳур кардаанд, зуҳур намуда сипас дар Аврупои асри 18-20 интишор ёфта, такмилу суфта шудаанд.

Боз як бори дигар арз мешавад, ки мисли тамоми пешниҳодҳои Пешвои миллат ин пешниҳод низ на танҳо моҳияти таърихӣ, балки аҳамияти рӯзмарра дошта, барои муаррафӣ ва ҳимояти мафкуравӣ ва сиёсии низоми дунявият дар кишвар ва такмили додани он зарурист.

Шерзот Абдуллоев (Абдуллозода) - ходими пешбари илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Рӯзи 28.12.2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Роҳбари давлати тоҷикон дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба самти фаъолияти илмию инноватсионии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, рушди сармояи инсониро омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ номиданд.

Дар ҳақиқат пешрафти илм худ пешрафти тамоми соҳаҳои дигари иқтисодии хоҷагии халқ ба шумор меравад, ки он бо маориф низ вобастагии дорад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Тадқиқоти илмӣ дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҳамеша дастгирӣ ёфта истодааст ва он тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории тадқиқоти илмӣ, созмон додани марказҳо ва озмоишгоҳҳои замонавии илмӣ, инчунин тавсеаи ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар оянда ниҳоят муҳим ҳисобида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазоратҳои Маориф ва илм, Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Рушди иқтисод ва савдо, Молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Академияҳои соҳавӣ вазифадор карда шуданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар асоси супоришҳои Пешвои миллат зарур аст, ки тақвият бахшидани имкониятҳои илмии муассисаҳои болозикр, бо истифода аз лоиҳаҳои давлатию байналмилалӣ иҷро кардани тадқиқоти илмии дархӯри замони муосир ва дар иқтисодиёти кишвар татбиқшаванда таъмин карда шавад.

Академияи миллии илмҳо дар қатори Вазоратҳои Маориф ва илм, Муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадор гардиданд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд. Ин тадбир аз роҳҳои асосии ба илм ва ихтироъкорӣ рӯй овардани шумораи бештари кадрҳо мегардад.

Дар Паёми имсолаи ғамхории Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба некуаҳволии сокинон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, боз ҳам равшантар эҳсос гардид. Дар ин ҷо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овардан ҷолиб аст, ки омадааст: Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам: музди меҳнати кормандони соҳаҳои дар боло зикргардида, махсусан соҳаи маориф ва илм дар ҳаҷми 20-30 фоиз иттиллоъ дода, ба сохторҳои марбут ба соҳаи маблағгузорӣ супориш дода шуд, ки дар муддати чор моҳ санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқиро тартиб дода, шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2025 супориши мазкур амалӣ карда шавад”.

Маълум аст, ки афзоиши музди меҳат ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат дорад. Вобаста ба афзоиши ин нишондиҳандаи иҷтимоӣ истифодаи ғизои солим аз ҷониби аҳолӣ боз хубтар шуда, ба дарозумрии ҳар як нафар мусоидат менамояд. Аз натиҷаҳои зикргардида бармеояд, ки Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешгирии таворум сайъу кӯшиши зиёд ба харҷ дода, музди меҳнатро дар солҳои 2020 то 2024 ба 100 фоиз расонид, ки 80 фоизи он аз солҳои 2024, 2025 рост меояд, ки ин нишондиҳандаи хеле баланд буда, аз заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти мамлакат гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамин тариқ, таҷрибаҳои солҳои пешин нишон медиҳад, ки сол ба сол афзоиши музди меҳнат ва дар робита ба он паст шудани сатҳи камбизоатӣ боиси болоравии дарозумрии миёнаи аҳолӣ гардида истодааст.

Котиби илмии Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктор (PhD) Якубов Умарали Шералиевич

Ходими пешбари имлии Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т. Хоҷаев Фируз Камолович

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну в-аз Ҷам ёдгор аст.

Замини ин шаб гӯё Кӯҳи Тур аст,

К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Ҷашни Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва дар маҷмӯъ ҷашни ниёгони мо мебошад. Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадима ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии гармо бар сармо, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мо аст, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Тиргон қарор дорад ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст.

Абулқосими Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба Ҳушанг марбут дониста, чигунагии пайдоиши ин ҷашнро дар «Шоҳнома» тасвир намудааст.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Абурайҳони Берунӣ дар ду асараш- «Китоб-ут-тафҳим» ва ҳамчунин «Осор-ул-боқия» ё «Ёдгори мондагор», ки ба арабӣ таълиф намудааст, роҷеъ ба ҷашни Сада ва таърихи он тавзеҳи кофӣ додааст.Ҷашни Сада мисли Наврӯзу Меҳргон дар давраҳои аввали исломӣ низ шукуҳу эътибори худро то ҷое нигоҳ дошта, аз тарафи амирону сарварони давр бо шукуҳу ҷалол ид мешуд.Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти умҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашниСада дар кишвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.

Бобоев К.О – Доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агенти аминияти химиявӣ биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ

31231231313Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ муваффақ гардад. Эҳё ва густариши доманаи ҷуғрофии онҳо дар таҳкими ҳофизаи таърихӣ, ифтихори ҳувияти миллӣ, муаррифии фарҳанги пурғановати миллат дар сатҳи байналмилалӣ, корбаст кардани идеяҳои инсонсозу бунёдгари арзишҳои дар тули ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи ниёгон, истифодаи ҷавҳари маънавии онҳо дар шароити кунунӣ ва шинохти чеҳраи аслии миллати тоҷик ҳамчун миллати дорои тамаддуни оламгир дар миқёси сайёра заминаи устувор гузошт.

Имрӯз ҳар як тоҷики асил аз ҷаҳонӣ шудани ҷашнҳои бостонии миллат, аз ҷумла Навруз ва Сада, ифтихор мекунад.

Дар раванди ҳамгироии фарҳангҳо ва фарҳангсозии субъектҳои муайяни ҷомеаи башарӣ, ки ин равиш бархурди тамаддунҳоро ба вуҷуд меорад ва сабаби чолишёҳои сиёсӣ мегардад, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани онҳо аз ҷониби ҷомеаи мо аз ҳар вақти дигар дида зарурати бештар касб мекунад.Ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «фарҳанг ҳастии миллат аст».

Дар муборизаҳои шадиди идеологӣ дар ҷомеаи муосир, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар пасманзари муаррифии арзишҳои бебунёд ва ба ҷомеаҳои мавриди ҳадаф бегона ҳофизаи таърихии онҳоро тахриб ва ҳадафҳои созмондодашудаи худро роҳандозӣ кардан мехоҳанд, ҳифзу густариши фарҳангу тамаддуни миллӣ яке аз омилҳои муносиб ва аз қавли ҷомеашиносон дар таъмини бақои миллат ва пойдории давлат неруи нарм маҳсуб мешавад.

Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба феҳристи мероси моддиву ғайримодии башарият ворид намудани номгӯи муайяни мероси ниёгон иқдомҳои саривақтӣ ва мушикофона арзёбӣ мегарданд.

Бешубҳа, Тоҷикистон ягона кишваре аз миёни меросбарони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ мебошад, ки бо сарварии раҳбари хирадсолори худ Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои аҷдодӣ саъйи бештару беҳтареро анҷом медиҳад. Аз рӯзҳои аввали ба Истиқлолияти давлатӣ расидан дар ҳошияи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ дар амал татбиқ шуд, ки ин раванд то кунун бо сураъти баланд идома дорад.

Маҳз шахсияти фарҳангии Пешвои миллат аз асоситарин унсурҳои бунёдӣ дар таҷдиди арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мо - тоҷикон мебошад. Аз таҷрибаи халқҳои ҷаҳон бармеояд, ки ҳамон миллате имрӯз ва дар оянда некному поянда боқӣ мемонад, ки бо таърих ва суннатҳои неки ниёгонаш пайванди ногусастанӣ дошта бошад. Ин пайванд ва иртибот дар арҷгузории арзишҳои фарҳангӣ ва пайравӣ аз корномаи мондагори чеҳраҳои барҷаста вобаста мебошад. Дар ин самт чораҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ мегарданд.

Таҷлили «2500-солагии Истаравшан», «Соли тамаддуни ориёӣ», «2700-солагии Кӯлоб», «800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ», «Соли бузургдошти Имоми Аъзам», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «110-солагии Сайдалӣ Вализода», «130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ» ва ғайра баргузор гардид. Ҳамчунин, ба рӯйхатти ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид шудан ва ҷашн гирифтани Наврӯз, Сада, Меҳргон, «1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», «100-солагии Мирзо Турсунзода», «100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ», «600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ», «3000-солагии Ҳисор», «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «5500-солагии Сарзам» ва ғайра дар доираи чорабиниҳои сатҳи баланд ҷиҳати муаррифии тоҷикон дар миқёси байналмилалӣ ва эҳёи таърихи ниёгон иқдомҳои бетаъхир ва муассир мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” таъкид намуданд: «Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид».

Имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол қидмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос кардааст.

Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд.

Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.

Баъди зимистони ба вуҷуд омадани тағйирот дар олами хокӣ ва фаъолияти бевоситаи инсон ба замин оғози тайёрӣ ва омодагӣ ба фасли баҳор ва таҷлили иди Наврӯз аст. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст. Мисоли барҷастаи ин ҳамон устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» аз ҷониби шоҳ Ҳушанг дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст. Метавон ба таври мантиқӣ тахмин зад, ки устураи мазкур аз замони Пешдодиён то рӯзгори Фирдавсӣ ҳамчун эътиқоди мардум ба Хуршед ва рамзи он ба оташ дар байни омма ифода шуда, баъдан Фирдавсӣ онро ба назм даровардааст.

Перомуни номгузорӣ ва айёми Сада андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Иддае аз донишмандон, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ, ба ин боваранд, ки ҳаргоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона шуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд сабаби чунин ном гирифтани ҷашни мазкур ин аст, ки дар ин рӯз фарзандони Каюмарс сад тан шуданд.

Сада тамоми самтҳои ҳаётии ниёгонро фарогир буд. Самтҳои иҷтимоию фарҳангии пайдарҳамии ҷашнҳои солона низ мавҷуданд, ки онҳо бар асоси бахши кишоварзӣ падид омаданд, зеро ин ҷашнҳое, ки аз аввали пайдоишашон ғояву мароми сиёсиву идеологӣ надоштанд ва давраҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёгонамон дар давоми солро ифода мекарданд, пайваста бо ҷашнҳои порсоию мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа рукнҳои асосии камолоти ахлоқиро ба вуҷуд оварданд, ки зинаҳои худшиносии инсонро дар шакли хеле сода инъикос намуданд.

Аз омӯзиши натиҷаи пажӯҳиши манбаъҳои таърихӣ аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ бармеояд, ки Сада ба ҳеҷ дину мазҳабе пайвандӣ надошта, маҳсули тафаккур ва ҷаҳонбинии аҷдоди тоҷикон-ориёиҳо буд. Фалсафа ва ҳикмати бунёдии ин ҷашнро маҳз ҷанбаҳои иҷтимоии он, ки побанди ҳеҷ гуна ғояҳои мазҳабиву динӣ нест, ташкил медиҳад.

Дар шароити авҷгирӣ ва тундшавии риторикаи эътиқодиву мазҳабӣ Сада ҷашнест, ки мардумонро сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ ва мавқеи иҷтимоӣ ба ҳам меорад ва зиндагии мусолиҳаомези инсониро талқин менамояд. Аз ин зовия, ҷавҳари маънавии ҷашни Садаро ҳамбастагӣ, шодиву сурур, иродаи шикастнопазири инсоният дар муқобили неруҳои аҳриманӣ, дар таъмини зиндагии шоиста заҳматкашиву тобоварӣ ва мушкилнописандӣ ташкил медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва хеле хуб аст, ки чанд соли охир он дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ таҷлил мешавад. Имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва ориёитаборон - курдҳо, паштунҳо, балучҳо ва дигар мардумони ориёитабор кору зиндагӣ мекунанд, Сада бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин, дар тарабхонаҳо ба ифтихори Ҷашни Сада базми ҷамшедӣ баргузор менамоянд.

Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун, шукӯҳи бостонии он ба таври рӯзафзун боло меравад.

Дар меҳвари фалсафаи ҷашни Сада оташ қарор дорад, ки он рамзи покӣ ва ғалабаи қувваи некӣ бар бадист. Дар гузашта ба ин муносибат гулханҳои калон афрӯхта мешуд. Дар гирди ин гулханҳо корвони шодмонии Сада барпо мегардид. Баъди кашфи оташ ва муқаддас гардидани он ниёгони мобарои худ ҷашни Садаро эҳё намуданд. Он инъикосгари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ буда, ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии муҳим дорад. Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ заминае фароҳам овард, ки аҷдоди моба ин муқаддасот ҳатто эътиқод пайдо намоянд. Дар ҳоле, ки Хуршед бо нури гармии хеш ба зиндагии инсонгармӣ ворид намуд, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар карданиқалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошт.

Аҷдоди мо ба сӯи оташ нигариста ё дар партави рӯшноии он дастони худро ба сӯи Хуршед, ки аз ҳама ситораи наздиктарин ба сайёраи замин аст ва ниёгони мо ҳастии заминро ба мавҷудияти неруи Хуршед вобаста медонистанд, яъне ба сӯйи осмон мебурданд ва барои рушди сатҳи зиндагии худ аз Яздони якто ёрӣ мехостанд.

Мақсади асосии ниёиш раҳоӣ аз сардиҳои шадиди зимистон, расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб ҷиҳати кишту кор буд.

Ҳамчунин, дар рӯзи таҷлили ҷашни Сада ҳунармандону ширинкорон, дорбозон, аспакбозҳо, паҳлавонон ва онҳое, ки аз ҳунаре бархурдор буданд, ҳунарнамоӣ мекарданд.

Ҳамчунин, арӯсакҳое чун рамзи Хуршеди тобон таҳия мегардад; рамзи Бобои Деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода мешавад; ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш мегардад.

Ҷашни Сада ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки он манбаи кумаки кишоварзон гардида, ҷиҳати инкишофи боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмуъ ободкорӣ, мусоидат менамояд.

Бешубҳа, ҷашни Сада бо неруи бузурги масуниятофарӣ дар фарҳанги миллат ба тадриҷ шукуҳмандтар гардида, ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ қавитар мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҷашни Сада миёни халқиятҳои аҳди бостон, мисли юнониёну румиён ва дигар қавму миллатҳо маъмул буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки фарҳангу тамаддуни оламгири мо ба ҳар роҳу восита ба мардумони дорои фарҳангу маданияти дигар бетаъсир набуд. Муҳаққиқони барҷаста Нилсон ва Томас Ҳойд дар таҳқиқоти хеш маросиму одоби ҷашнҳои тоҷиконро барои шиносоии аврупоиҳо шарҳ додаанд. А. Кристенсен ҳам ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва оташро бо ҷашнҳои роиҷ дар Аврупо нишон додааст.

Ҳамин тавр, ҷашни Сада аз зумраи унсурҳои фарҳанги ғании аҷдоди мо ба шумор меравад, ки хусусияти иҷтимоӣ - иқтисодӣ дошта, ҳамчунин инсонро ба ҳамгироӣ ва меҳнату талош даъват менамояд. Чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ойину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд».

Нуктаи дигари хеле муҳимму арзишманд, ки бо ифтихор аз он метавон сухан гуфт, маҳз тафаккури эҳёгари миллати тоҷик бо сарварии Пешвои миллат мебошад. Баъд аз зуҳури арзишҳои бегонагон ва манъи ҷашнгирӣ аз ин суннатҳои миллӣ, то ҷое онҳоро аз ёди халқ дур бурд. Пас аз соҳибистиқлол гардидан ҷашну анъанаҳои неки аҷдодӣ маҳз бо ҷаҳду талошҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардиданд.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома» менависад: «Ҳар сол то ба имрӯз ҷашни Садаро подшоҳони некаҳд дар Эрон ва Тӯрон ба ҷой меоваранд, баъд аз он ба имрӯз, замони ин ҷашн ба дасти фаромӯшӣ супурда шуд ва фақат зартуштиён, ки нигаҳбони сунати бостонӣ буда ва ҳастанд, ин ҷашни бостониро барпо медоштанд».

Дар айни замон зарур аст, ки ғояҳои баланди ҷашни Сада, монанди инсондӯстӣ, арҷгузорӣ ба унсурҳои муқаддаси табиат монанди замину об, ҳамчунин меҳнату талош баҳри зиндагии босуботу арзишманд миёни ҷомеа тарғибу ташвиқ шаванд.

Дар раванди эъмори давлатдории миллӣ эҳёи чунин суннатҳои аҷдодӣ дар ташаккул ва рушди тафаккури миллӣ мусоидат менамояд. Махсусан, ташфиқи арзишҳои ҷашнҳои Садаву Наврӯз, ки пурра тарғибгари заҳмату талош баҳри рушди Ватани маҳбубамон мебошад, саривақтӣ ва зарур мебошад.

Маҳз ҳамин хусусиятҳои ба ҷомеа созгори суннатҳои фарҳанги тоҷикон аст, ки новобаста аз равандҳои пуртазоди таърихӣ онҳо аксаран то имрӯз боқӣ мондаанд. Ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани чунин унсурҳои фарҳанги ғановатманди миллат моро зарур аст, ки ҳамеша онҳоро ҳифз намоем ва дар пайи боз ҳам устувор намудани мақоми иҷтимоии онҳо бошем.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – Президенти АМИТ, профессор