Skip to main content

Ба истиқболи Рӯзи Дониш

Ниёгони мо ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз солшумории масеҳӣ ба ҷамъоварии донишу маърифати инсонӣ машғул гардида, нисбат ба афроди донишпажӯ илтифот доштанд. Ин ҳарфро сангнабиштаҳо, бозёфтҳои бостоншиносон ва сарчашмаҳои хаттии бар мо меросмонда шаҳодат медиҳанд. Шоҳони каёнӣ ва силсилаи ҳахоманишӣ дар дарбор инсонҳои донишмандро ҷамъ оварда, онҳоро талқин менамуданд, ки таъриху фарҳангҳо нависанд, чунки ҳама гуна андеша тавассути хат ба ёдгор мемонад.

Онҳо буданд, ки Зардуштро гиромӣ доштанд ва бо ӯ мусоидат карданд то китоби “Авасто” – ро нависад. Дар Авасто бошад, гиромитарини гиромидоштҳо донишу донишпажӯ ба қалам омадаанд. Яъне, пос доштани инсонҳо ба хотири донишу лаёқат ва дигар сифатҳо дар миёни аҷдодони мо расм будааст. Гузашта аз ин, онҳо дар давраи асримиёнагӣ низ аз пажӯҳишу таҳқиқ ва донишандӯзӣ сарпечӣ нанамудаанд. Айни замон, дар давраи муосир низ тоҷикон ба омӯзиши илму фан рағбат доранд, гӯё онҳо бидуни донишандӯзӣ ва донишпажӯҳӣ зистан намехоҳанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ашъори безаволи худ донишро “Ҷавшани ҷону тан” пиндошта, дар гиромидошти хирад марсияҳо навиштааст ва ба суоли “Чаро донишпажӯҳӣ гиромӣ гардид?”, чунин посухи мушаххас додааст:

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд:

“Дониш андар дил ҷароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад, бар тани ту ҷавшан аст””.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тусӣ, ки мусаннифи “Шоҳнома” асту имрӯз тамоми дунё ин шоҳкориро мутолиа мекунад, дар васфи донишу донишпажӯ ҳикматҳо гуфта, ба як хулосаи дақиқ омадааст, ки дониш дили марди солхӯрдаро ҷавон мегардонад:

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Яке аз чеҳраҳои басе нотакрор дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ пизишктоҷике бо номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки бинобар талаботи замонаш бо ду забон асарҳо нигоштааст ва имрӯз илми ҷаҳонӣ дар пояи таҳлилҳову таҳқиқҳои илмии ӯ баррасӣ мешаванд. Ин донишманди ҳамадон асаре бо забони тоҷикӣ таълиф карда, онро “Донишнома” номгузорӣ менамояд.

Дигар аз нобиғаҳои илму дониш аз зумраи ниёгонамон Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхист, ки ӯ низ зиндагиро бе донишандӯзиву донишпажӯҳӣ тасаввур намекунад. Мавсуф дар “Васиятнома” – аш мегӯяд: “Шуморо сифориш мекунам ба кам гуфтану кам хӯрдану кам хуфтан... ва ҳамоно беҳтарини шумо касест, ки барои мардуми худ муфид бошад”. Яъне, ҳадаф дар зиндагӣ суд овардан аст, на суд ҷустан ва инсони бомаърифат барои муҳите, ки дар он иқомат мекунад, фоида меорад, аммо инсони бехабар ва ғофилу аз донишҳо маҳрум иқдом мекунад, ки зимни муносибат аз дигарон манфиат бинад.

Дигар аз бузургони илму фан шайхи Шероз Муслиҳиддин Саъдии нотакрор аст, ки дар “Гулистон” – и бехазон нодониро баробар ба марг муаррифӣ кардааст: “Нодонро беҳ аз хомушӣ чизе нест ва агар ин маслиҳат бидонистӣ, нодон набудӣ”.

Ҳамаи бузургони тоҷик дар қарнҳои мухталиф дониш ва донишандӯзиро васф намуда, нисбат ба афроди донишманд эҳтироми хосеро иқрор кардаанд. Дар замони муосир бо ибтикор ва тавсеаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин посдорӣ ва гиромидошти илму дониш дубора эҳё гардид. Алҳол, таърихи 1 сентябр расман Рӯзи Дониш эълон гардида, дар ин рӯз Пешвои миллат дар ҳузури омӯзгорон ва донишандӯзон суханронӣ мекунад. Озмунҳое мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” бо пешниҳоди худи Президенти кишвар роҳандозӣ шуда, шавқу рағбати хонондагонро нисбат ба донишандӯзӣ бедор мекунад. Ҳадафи Пешвои миллат аз баргузории инчунин озмунҳо рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ аст, чунки ояндаи кишвар аз сатҳи ҷаҳонбиние вобаста мебошад, ки алҳол мо онро интишор менамоем.

Инсон аз лиҳози табиӣ бо фарорасии синну соли балоғат кӯшиш мекунад, ки дар макотиби олӣ, ё худ дар хориҷи мамлакат таҳсилро идома диҳад. Ин фикрро аксар донишҷӯён дар қалби хеш мепарваранд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳост, ки ҳангоми суханронии хеш мактабу маорифро асоси сиёсати худ муаррифӣ кардааст. Бешубҳа, дар кишвари мо ба сатҳи донишандӯзии наврасону мактаббачагон аҳамияти дилхоҳ дода мешавад ва дар мактабҳо ба онҳое, ки бо баҳои хубу аъло таҳсилро идома медиҳанд, ҳавасмандкунӣ мушоҳида шуда, бартарӣ дода мешавад.

Ҳанӯз аз замони Шӯравӣ бархе аз довталабон аз натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонсупорӣ норизо гардида, пас аз муддате ба минтақаҳои саноатии Иттиҳоди Шӯравӣ пайи такмил додани донишҳои худ раҳсипор мешуданд ва ду даҳсолаи аввали истиқлолият низ ҳамингуна мушоҳидаҳо идома дошт. Бинобар ин, бо ибтикори Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли 2013 ташкил шуду шаффофият дар имтиҳонсупорӣ татбиқ гардид. Аз ҳамон сол инҷониб ошноёни худро баъзан мебинам, ки бо арзи сипос ба Маркази миллии тестӣ муроҷиат карда, аз он хушҳоланд, ки адолати иҷтимоӣ дар ин самти фаъолият ҳаддалимкон роҳандозӣ шудааст. Сатҳи дониш ва савияи донишандӯзӣ бинобар талаботи Марказ рӯз аз рӯз меафзояд ва донишҷӯён пайваста мекӯшанд, ки мактабро бо хониши хубу аъло ба анҷом расонанд.

Ҳамасола санаи 1-уми сентябр дар Ватани азизамон Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ ҷашн гирифта шуда, зимни баргузории он Пешвои миллат чандин муассисаҳоро барои истифода ифтитоҳ намуда, дастуру супоришҳои навро ба кормандони соҳаи маориф ироа менамояд.

1-уми сентябр рӯзи байналмилалии дониш эътироф шудааст. Аз рӯйи анъана дар ин рӯз дар мактабҳо линейкаҳои ботантана, соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои дониш, сулҳ, бехатарӣ ва мардонагӣ шуда мегузаранд. Хуллас, рӯзи 1-уми сентябр рӯзи тантанаи Дониш асту донишандӯзон дар ин рӯз ид доранд.

Тоҷикон аз зумраи миллати донишпажуҳ маҳсуб мебошад. Яке аз омилҳои он ин аст, ки тоҷикон дар гузашта ва имрӯз китобро азиз доштаанд ва бархе аз онҳо китобхонаҳои шахсӣ низ доранд. Дар ин маврид хостам иқтибосе аз суханрониҳои Президенти мамлакат оварам, ки дар ситоиши китоб барҳақ фармудааст:

Тоҷикон мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндоштем. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳой ва фурӯғи субҳи доной медонистанд”.

Ҷои дигар овардааст: “Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигахдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд”.

Чунонкӣ аз осори ниёгон бармеоянд, бузургони илму дин дар ситоиши дониш ва тафаккури илмӣ махдияҳо гуфтаанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани my ҷавшан аст.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

To тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Дониш талабу бузургй омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз...

Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳро ба ҳамватанони азиз шодбош мегӯям ва таманно дорам, ки онҳо пайваста дар донишандӯзӣ талош варзанд, ки ҳама гуна тараққӣ дар дилхоҳ кишваре аз гиромидошти илму донишандӯзӣ оғоз меёбад. Рӯзи дониш бо дарназардошти дарси сулҳ ҳумоюн бод, ҳамватанони гиромӣ!

Ширин ҚУРБОНОВА, доктори илмҳои таърих, Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рушду нумӯъ кард ва барои зиндагии шоиста ва инкишофи озодонаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ баҳам омадану ҳампайванд шудан, тавофуқи ҳамдигару ба ризоияти умумӣ муваффақ гардидани миллати тоҷик мебошад.

«Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем».

Эътирофи сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳон чун дастоварди муҳими ҳамдигарфаҳмӣ баҳои баландест ба заковати халқи тоҷик ва арҷгузорӣ ба фарҳанги сулҳофарии мо, ки дар хотимаи муноқишаву ҷангҳои дохилии бисёр кишвару минтақаҳо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Мухолифати тезутунди дохилиамон, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал шуд, боиси бадбахтиҳои бешуморе гардида, кинаву хусумати зиёдеро ба бор овард. Қисме аз аҳли миллатро сарсону саргардон, паҳну парешон, ғариби мулки дигарон гардонда, кишварро хароб сохт. На танҳо ҳамсоя ба ҳамсоя, балки хешу табор ба ҳамдигар бо назари шубҳа менигаристанд.

Эътимод ба ояндаи кишвар ва анҷоми ин ҷанги худкуш намонда, дар гуфтугузори ҳукумати кунду мухолифини тунд дар ҳаллу фасли ягон масъала мувофиқа ба даст намеомад. Дар забони пиру ҷавон сухан аз ҷанг буд. Бино ба мушоҳидаи як рӯзноманигори хориҷӣ радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ҳукумат дар дохили ҳукумат гардида: Ҳукумати «мусолиҳаи миллӣ» рӯйдоду воқеаҳоро ба тарзи дигар шарҳу эзоҳ медод, ҳукумати дохили ҳукумат чизи дигар мегуфту манзараи дигарро пешкаши мардум мегардонд. Беист аз «комёбиву зафарҳо дар ҷанги худкушӣ» ҳарф мезад. Ба оташи ҷанг равған мерехт, дар дили мардум тухми адовату кина ва нобоварӣ ба ҳамдигарро мекишт, ки ҳукумати вақт ба «ҳукумати дохилии худ» ҳеч таъсире расонида наметавонист. Мардум ҳайрон монда буд, ки ба сухани кадоме аз ин «ҳукуматҳо» бовару эътимод ва аз рӯйи гуфтаи кадоме аз инҳо амал кунад. Ҳокимияти қонунбарор ғайри ивази пайиҳами раиси худ дигар кори муҳимеро наметавонист ба анҷом бирасонад. Вакилони халқи тақсим ба гурӯҳҳо баҳсу мунозираи оштинопазирро идома медоданд.

Ҳақ бар ҷониби Сарвари давлат, ки баъди гузашти солҳо навиштааст:
«Маҳз дар ҳамин давра (солҳои 90-уми садаи гузашта-П. Г.) имконияти таърихии иттиҳоди нерӯҳои фаъоли ҷомеа ва ваҳдати мардуми тоҷик барои расидан ба ҳадафи олӣ-истиқлолияти миллии Тоҷикистон фароҳам омада буд, вале, мутаассифона, ин имконияти бузурги таърихӣ ҳангоми парокандашавии империяи абарқудрати Шӯравӣ оқилонаву зиракона истифода нашуд. Раванди фарорасии истиқлолияти давлатӣ ва худро ҷумҳурии мустақилу субъекти комилҳуқуқ эълон намудани Тоҷикистон аз лиҳози шаклу мазмун ба дигар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли Шӯравӣ шабоҳат дошта бошад ҳам, ҷараёни минбаъдаи он ба муқовимату ихтилофҳои шадиди иҷтимоӣ ва сиёсисозии мушкилоти ҷомеа печида, оқибат ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба бор овард».

Дар воқеъ, сарварону роҳбарони гурӯҳҳо ба ҳамдигар бо хашму ғазаб сухан мегуфтанд ва на парвои парешонии миллатро доштанду на вайронии кишварро. Танҳо аз «муваффақият» ва «дурустӣ»-и амали хеш бо «ифтихор» сухан гуфта, фаромӯш карда буданд, ки «давлат ҳама з-иттифоқ хезад,бедавлатӣ аз нифоқ». Ҳар лаҳза набудани бузургони миллат чун устод Айниву аллома Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода эҳсос мешуд.Чеҳраи маъруфе набуд, ки аҳли ҷомеа ба ҳарфаш гӯш диҳаду эътимод кунад, дар атрофаш муттаҳид гардад.

Меҳру муҳаббати пойдору устувори байниҳамдигарии мардумони Тоҷикистонро ба хашму хусумат ва кинаву адоват табдил дод. Дашти ташналабу биёбони Вахшро, ки намояндагони маҳалҳои гуногуни на танҳо Тоҷикистон, балки тоҷикниши Осиёи Миёнаву дигар миллатҳо бо ивази пӯсташон ба водии зархез табдил дода буданд, дар муддати кӯтоҳ ба маркази муноқишаҳо ва ҳамдигарбадбинӣ мубадал гардонд. Мардум фаромӯш карданд, ки солҳо аз як хон нон мехӯрданд ва шодиву ғамшарики ҳамдигар буданд. Дуди сиёҳ осмони мусаффои на танҳо ин водӣ, балки тамоми Тоҷикистонро фаро гирифт, ки ҳар кадоме ба сӯйе роҳ пеш мегирифт: духтар ба Хатлону бача ба Бадахшон ё домод ба Ҳисори шодмону арӯс ба Зарафшон. Оқибат ҷанг доман зада, бесарусомониҳо оғоз гардид. Садои навҳаву нола аз ҳар дареву манзиле ба гӯш мерасид. Арӯс домоди навҷавони ҳазор орзуву ормон дар дилу модар писари ягонаи аз ҷон азизашро аз даст медод. Зиндагӣ дар чунин шароит мушкилу ғайриимкон мегардид, ки аввал мардумони ин водӣ, баъд сокинони дигар маҳалҳо халосии худро дар фирор ба давлати ҳамсояи Афғонистон ва давлатҳои муштаракулманофеи Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Русия медонистанд. На роҳбареву на сарваре. Сареву савдое, мардумеву ғавғое. Он замон, ба ибораи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат ҳукумат кунду мухолифин тунд буданд, ки ҳеч роҳи созишу оромиши байниҳамдигариро намеёфтанд. Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ таъсис ёфт, вале аз мусолиҳа асаре. Мардуми пуркину пурхашми силоҳбадасти чашмонаш пурхун на парвои муйсафед дошт ва занону кӯдакон.

Муноқишаҳо на танҳо ба ваҳдати миллӣ, балки ба мавҷудияти давлати тозаистиқлоламон таҳдид мекард. Оқибат ақли солим ғалаба кард ва ба хубӣ эҳсос намуданд, ки давоми аҳвол бад-ин минвол боиси парешонии боз бештари миллати дар таърих борҳо ҷафодида ва несту нобудии давлати тозаистиқлоли пуштибону такягоҳи тамоми тоҷикони ҷаҳон хоҳад шуд ва Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд оғози барқарории қонуният ва адолат дар кишвар гардида, ҳукумати нотавонро неруву қувват бахшид . Бо роҳандозии тамоми имконияту восита ба наҷоти миллат аз фано ва нигаҳдории давлат аз нобудӣ пардохт ва интихоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сарвари давлат равзанаи нуре гардид барои ояндаи неки тоҷикон. Шӯълаи умедеро ба ояндаи норавшани дар дили пур аз ноумедии мардуми тоҷик фурӯзон кард. Ваъдаи қатъии ба Ватан баргардондани гурезаҳои сарсону саргардон ва таъмини сулҳу оромии кишвар, ваҳдату ягонагии мардумони Тоҷикистон аз ҷониби раҳбари ҷавони тоҷикон дилҳоро то андозае гарм кард. Охируламр тоҷики парешону бе сару сарвар ҳайрон дар симои ҷавони дур аз бозиҳои пасипардагии сиёсатмардони дар қӯраи бозиҳои сиёсӣ пухта роҳбару роҳбаладеро пайдо кард, ки бо амалаш устувории хешро ба лафзу ваъдааш собит месохт.

Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Иҷлосия ба барқарории сулҳу баргардондани тоҷики гурезаи иҷборӣ аҳду савганд ёд кард ва барои иҷрои қавлу ваъдааш камари ҳиммат баст. Ҷон дар кафи даст на танҳо ба манотиқи гуногуни кишвари даргирии ҷанг, балки Афғонистони пур аз дуду оташ сафар карда, аз сулҳу оштӣ, якдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ лаб ба сухан кушод. Ба қавле, аз рӯйи ҳикмати аҷдодони фарҳангофараш амал намуд:

Нахоҳӣ, ки бошӣ парокандадил,

Парокандагонро зи хотир маҳил!

Шояд бо гузашти солҳо ва оромии комили кишвар он заҳмату меҳнатҳо ба назари баъзеҳо одиву сода намояд. Чӣ расад роҳ ба сӯйи Афғонистони пурдуду гулӯлаборон, балки ба як гӯшаи хоки Тоҷикистон-Бадахшон низ чандон саҳлу осон набуд: дилҳои пуркину чашмони пурхуни падару модар, писару бародар, хоҳару додаргумкардагон ҳар лаҳза ба ҷони ҷавонаш таҳдид мекарданд. Вале аз рӯйи мардиву ростқавлӣ ба пурхавфтарин минтақаву гӯшаҳои Тоҷикистон сафар дошт, мақсаду ҳадафашро бисёр содаву одӣ, ба иборае бо дипломатияи халқӣ ба мардум шарҳу эзоҳ медод. Мададу машварат мехост. Бо ҳамин тарзу гуфтор, ҳамин шеваву рафтор ба дили сокинони кишвар роҳ ёфта, баъди музокираву мунозираҳои зиёде ба рӯзи таърихии имзои Созишномаи сулҳ расидем, ки бегумон дар ин кори хайр ҷавониву ҷасорати раҳбари тоҷикон нақшу мақоми вижа дорад.

Бузургоне, ки имрӯз дар бораи он айём ҳар гуна тахмину фарзияҳо пешниҳод мекунанд, қудрату тавони берун бурдани 10-15 нафар хешу табор ва ҳаммаҳаллашонро аз майдонҳои муқовимат надоштанд, чи расад ба ҳам овардани миллат. Ҳар гурӯҳ ба қувваю ғалабаи худ бовар дошт ва лаззати «комронӣ» мечашид, вале намедонист, ки он нашъаи кадом «ғалабаву чӣ комёбиест». Ҳама фаромӯш карда будем, ки дар ин гуна муқобилату муқовимат ва ҷангу хархаша касе ғолиб нахоҳад буд. Он танҳо бохти миллат хоҳад буд. Ва ӯ аз ҳамин хусус сухан кушод ва ёрони худрову ҳарифонро бовар мекунонд, ки ҷанги дохилӣ ғолиб надорад, боиси бохти миллату вайронии давлати тозаистиқлол хоҳад шуд:

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг

Наояд, агар бошадаш ному нанг.

Обрӯву нуфузи давлати тоҷикон рӯз ба рӯз афзуда,суханрониву пешниҳодҳои сарвари он мавриди таваҷҷӯҳи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадорони маъруфи олам қарор гирифт. Эълони соли 2003 чун Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 «Об барои ҳаёт», баргузории конфронсу ҳамоишҳои бузурги илмию фарҳангии байналмилалӣ дар пойтахти давлати тоҷикон-Душанбе ҳама гувоҳи эътирофи кӯшишу талошҳои бунёдкоронаи роҳбари Тоҷикистон аст.
Ҳарчанд гурӯҳе бо тамоми ҳастиаш бар он кӯшид, ки ин миллатро дар назари оламиён чун ваҳшиву одамкуш ҷилвагар созад, лек дар ҳеч давру замон офтобро ба доман пӯшидан натвон. Ба туфайли заҳмату меҳнати пайгиронаи сарвари ҷавонаш боз аҳли ҷаҳон тоҷиконро чун мардуми фарҳангофарину сулҳпарвар, бунёдкору созанда шинохтанд. Тоҷикон дар гузашта бузургони зиёдеро ба оламиён додааст, ки ба ақлу фаросат ва хираду заковаташ ҷаҳониёнро ба ваҷду ҳайрат оварда, баракати илму фарҳангаш маърифати умумии аҳли башарро ба болоҳо мебарад.

Дар замоне, ки кишварҳои зиёде давлати тоҷиконро чун кишвари мустақил эътироф карда, ба расмият шинохтанд, вале барои ҳамкорӣ шитоб надоштанд, анҷоми вохӯриву сӯҳбатҳои судманд маҳорату заҳмат мехост. Чи расад ба хориҷиён, ки дар дохили кишвар гурӯҳҳои гуногун дар хусуси нопойдории ҳукумат овозаҳо паҳн карда, мардумро дар тарсу ҳарос нигоҳ доштан мехостанд. Тазйиқи дохиливу берунӣ, хиёнати худиву бегона, муборизаи шадиди ошкору пинҳон давом дошт. Дар ин гуна шароиту вазъият идораи давлат чандон саҳлу осон набуд. Одитарин саҳву ғалат боиси нобоварии мардуму канораҷӯии кишварҳои дигар аз ёриву мадад мегардид, ки бардоштани чунин масъулияти бузург кори на ҳар кас буд.

Вале азму талоши қавӣ, устуворӣ ба қавлу ваъда, сафару мулоқотҳои мунтазам бо аҳли кишвар дар манотиқи гуногун ва сарварони давлатҳои дигар дар ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оштӣ, ваҳдату боварӣ ба ҳамдигар самари нек медод, ки он ҳама аз баракати ҷавонӣ, ғайрату ҷасорати беандоза ва масъулиятшиносии сарвари давлати тоҷикон буд.
Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ,ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.»

Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори Сардори давлати мо дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори сардори давлат, албатта, ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад. Вале ҳастанд қувваҳое, ки аз ин болоравии обрӯю эътибори Ватани мо дар ҳаросанд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ваҳдати моро халалдор карда, обрӯю эътибори халқу Ватани моро паст кунанд.Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем. Фақат ва фақат чунин амали мо пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад.

Ҷангибекова С., унвонҷӯи бахши аввали Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

3123123Халқи тоҷик аз даврони куҳан бо тамаддуну фарҳанги худ аз дигар миллату халқиятҳо фарқ карда, ба китоб, китобнависиву китобхонӣ ва ихтироъкориву навоварӣ майлу рағбати беандоза дошту дорад. Тамоми мамлакатҳои рӯи дунё моро ҳамчун миллати китобдӯст ва китобнавису навовар мешиносанд. Ҳамаи ин малакаҳои фитриву азалии халқи моро ба инобат гирифта, дар замони соҳибистиқлолии миллӣ низ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори самтҳои гуногун ба соҳаҳои илму маориф, китобу китобдорӣ ва ихтироъкориву навоварӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Яке аз дастовардҳои муҳим ва фарҳангии даврони истиқлол, ин ташкили озмунҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ ба шумор мераванд, ки тайи чанд сол аст, дар кишвари мо ҷараён доранд. Мисоли ин гуфтаҳо ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат”мебошанд. Ин озмунҳо боис гаштанд, ки теъдоди нафарони китобхон дар кишвар рӯз аз рӯз зиёд гардад ва барои онҳое, ки малакаи ихтироъкориву навоварӣ доранд, имконоти мусоидро фароҳам оранд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил баргузор шуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд. Дар робита ба он 31 январи соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба имзо расида буд.

Аз зумраи озмунҳои ҷумҳуриявии муҳим озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” буда, инак соли чорум аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо бо мақсади кашф кардани соҳибистеъдодҳо баҳри осон кардани роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ яъне саноатикунонии мамлакат ва амалисозии тарҳи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гашта истодааст. Дар соли ҷорӣ низ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ба тасвиб расидааст.

Имрӯзҳо ҳеҷ халқу миллатро бе соҳаи техникаву технология тасаввур карда намешавад. Зеро асри 21 худ асри техникаву технология аст. Бахшида ба рушди ин соҳаҳо озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” ташкил карда шуд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ - муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида шуда, аз чор давр иборат мебошад.

Дар озмун донишу истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, дуруст фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян мешавад.

Мушоҳидаҳо ва баррасиҳо маълум менамоянд, ки баргузории озмун тайи солҳои 2021-2023 нишон дод, ки дар байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.

Соли 2023 бори аввал озмун байни хонандагони муассисаҳои шакли нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд шуда, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил дод. Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли 2023 дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар зиёд шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49 адад зиёд шуда, 84 ададро ташкил дод.

Ҷиҳати ҳавасмандсозӣ ва бештар омода намудани наврасону ҷавонон барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ва иштирок дар озмун дар баробари довталабон, инчунин омӯзгорон ва падару модарони хонандагоне, ки дар он ғолиб меоянд, аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадршиносӣ мешаванд.

Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, соли 2023 дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар маҷмуъ 163 ҳазору 892 нафар иштирок намуда, ба даври дуюм 30 ҳазору 918 нафар роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм аз 30 ҳазору 918 нафар иштирокчӣ 3878 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Дар даври сеюм аз 3878 нафар иштирокчӣ 579 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, 133 нафар ғолиб омад, ки аз ин шумора 26 нафар зан буд.

Маврид ба зикр аст, ки бори аввал дар соли сеюми баргузории озмун Шоҳҷоиза супорида шуд. Шоҳҷоиза насиби омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов бо пешниҳоди микроҷарроҳии реконструктивиӣ-пластикӣ гардид.

Бояд қайд намоям, ки шумораи иштирочиён дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сол аз сол афзуда, шукӯҳу шаҳомати баргузории он низ ранги дигар гирифта истодааст. Аз ҷумла, соли 2023 шумораи иштирочиёни даври аввали озмун нисбат ба як соли пеш тақрибан ду маротиба зиёд буда, сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа нисбат ба солҳои пешин боло рафта, таваҷҷуҳ махсусан ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле зиёд шудааст.

Агар озмунҳои ҷумҳурияви “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳисси ватандӯстиро дар дили инсонҳо бедор созанду таркиби китобхонии тафаккури ҷомеаро ғанӣ гардонида, санъату фарҳангро рушд диҳанд, озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” метавонад, тафаккури техникии ҷомеаро боло барад. Дар ҳамбастагӣ натиҷаи ин озмунҳо метавонанд, аҳолии кишвари моро боз ҳам равшанфикр гардонанд, то барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръат, заминае пайдо гардад.

Дар баробари роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” эълон гардидани 20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ яке аз чораҳои муҳиму тақдирсоз аст. Ин иқдомҳои наҷиб арои ояндаи дурахшон ва бадал гаштани кишвари маҳбубамон ба як давлати аз ҷиҳати техника ва технология рушдкарда, бисёр ҳам саривақтӣ ба шумор мераванд.

Баргузории озмун дар солҳои 2021-2023 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, ин ба дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландпояи муҳандисию техникӣ замина гардидааст. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар айни замон дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст.

Илмҳои дақиқ илмҳое мебошанд, ки дар ояндаи дурахшони Тоҷикистон нақши муҳим бозида, хеле зарурӣ мебошанд ва бо омӯзиши ин фанҳо мо метавонем, ҷодаҳои манфиатоварро бештар кашф намуда, фардои саодатбори миллати азизамонро таъмин намоем.

Итминони комил дорем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҳар ҷиҳат ба илмомӯзии хонандагон ва дигар қишрҳои ҷомеа фоидаи зиёд мерасонад ва баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ яъне саноатикунонии босуръати мамлакат ва амалисозии тарҳи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» нақши бориз гузошта, миллати созанда ва ихтироъкору навовар будани моро бори дигар ба ҷаҳониён собит месозад.

Нарзуллоева Шаҳноза Баҳруллоевна - ходими хурди илмии озмоишгоҳи “Фармакология”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин

Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузошта, аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9 марти соли равон баргузор гардид, оиди арҷгузорӣ намудан ба либоси миллӣ тоҷикӣ ин нуктаро махсусан таъкид доштанд: “Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад”.

Дар ҳақиқат тамаддуни башарият ва таърихи ҳар як миллат бо сару либос пайванди ногусастанӣ дошта, ҳувияти миллиро ифода мекунанд, ки онҳо аз якдигар бо рамзҳои гуногуни этникӣ фарқ мекунанд. Маҳз сару либоси миллӣ аст, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ завқи одамон, саъю кушиши зебоӣ ва зебопарастиро равшан нишон медихад.
Либосҳои миллии нотакрори мо дар заминаи фарҳанг ва тамаддуни деринаи минтақаи мо ташаккул ёфтаанд, ки на танҳо намуди зоҳирии миллати моро нишон медиҳад, балки мафкураи маънавии моро дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ устувор мегардонанд.

Либосе, ки шахс ба бар мекунад, таассуроти аввалини ӯро дар атрофиён ба вуҷуд меорад. Фарҳанги либоспӯшӣ муносибати моро ба рӯйдодҳои гирду атроф ифода мекунад. Либос аз завқ, ҷаҳонбинӣ ва рафтори инсон шаҳодат медиҳад. Либос як ҷузъи олами маънавии инсон аст. Ҳар як унсури он воқеан барои худ сухан мегӯяд.

Кишвари мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳти роҳбарӣ ва заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рӯ ба тараққӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, махсусан соҳаи фарҳанг бо суръат рушд ёфта, дар марҳила рушд қарор дорад. Аз ин рӯ, фарҳанги либоси миллӣ ва пайравӣ ба он ҳамчун обу ҳаво зарур мебошад ва ҳифзу такмил додани онҳо барои ҳар як фарди бо нангу номус, махсусан ҷавондухтарон рукни муқаддас ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон аз ҷониби тарроҳон ва чеварони кишвар иқдомҳои зарурии таҳия ва коркарди сару либоси шинами миллӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа хеле ва хеле ба манфиати кор хоҳад буд.

Либосхои миллие, ки ниёгони мо дар замонхои кадим ба бар кардаанд, зебо ва дилкаш аст. Ин либосҳо ба мардуми тоҷик тааллуқ доранд, ки фарҳанги баланд ва арзишҳои миллии моро ифода мекунанд. Дар баробари ин, ба кишвари соҳибистиқлолу шукуфони мо саодат зам мекунад.

Бинобар ин ба мо зарур аст, ки ҳангоми либоспӯшӣ расму оинҳои миллии тоҷиконаи худро риоя карда, бо ҳамин дар замони муосир, ки пур аз талотуми ҷаҳонишавӣ аст, ҳувияти миллии худро гум накунем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Дар охир ҳаминро таъкид намудан ба маврид аст, ки дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа олимони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро оиди пос доштани фарҳанги миллӣ, аз ҷумла риояи сунатҳои миллӣ дар мавриди сару либос, пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуби хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ, тарғиби дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир ба роҳ мондаанд ва дар тарғиби сиёсати давлатӣ вобаста ба арзишҳои миллӣ сакҳми худро мегузоранд.

Комилҷон Эрматов – директори Филиали
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд,

Акбар Адҳамов – корманди Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон натиҷаи кӯшишу талошҳои тулонии халқи тоҷик дар шебу фарози таърихи миллат мебошад. Фикри соҳибистиқлол шудан ва саъйи расидан ба давлатдории миллӣ дар зеҳни миллати тоҷик садсолаҳо нуҳуфта буд.

Истифодаи неруву имкониятҳои умумӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни давлатҳо, тақвияти муносибатҳои минтақавӣ дар заминаи Истиқлоли комил ба вуҷуд меояд. Барои амалисозии он, қабл аз ҳама, Ваҳдати миллӣ шарт ва зарур аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати бедории миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият сулҳу субот, ормиву осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ маҳз аз шарофати ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар кадом шахси соҳибмаърифат аз он иборат мебошад, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон — Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоят намояд ва онро азизу муқаддас дорад».

Поягузори Истиқлоли миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо сиёсати хирадмандона ва ақлу заковати тоҷикона мардумро ба Ваҳдати куллӣ расонид ва боиси хушнудии мардум шуда, кишварро ба пешравиҳои назаррас ноил гардонид.

Бояд тазаккур дод, ки як нафар метавонад Давлат, Миллат, ҳудуд, низоми сиёсии пойдор бисозад ва мо инро дар мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос, дарк кардаву дида метавонем. Масалан, дар замони муқовиматҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин шахсияти таърихӣ тавонистаанд, давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот бидиҳанд. Яъне, гуфтан лозим аст, ки тавонистаанд, як давлат, як миллат, ҳудуд ва низоми сиёсии сартосариро ташаккул диҳанд ва Истиқлоли комилро таъмин намоянд.

Тавре таъкид намудем, воқеан Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани Истиқлол ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, Ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам гузоранд.

Даврони Истиқлол имкони воқеӣ фароҳам овард, то роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян гардад. Истиқлол рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтариннеъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокорона баҳри расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебоашд, ки меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, дар як вақт, ҳаёти озодонаи сокинон ва бахту саодати ҳақиқии миллатро таҳким бахшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлол кӯшиш намудааст, то дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин барои таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар шароитихуб муҳайё созад. Муҳимтарин дастовардҳое, ки дар даврони Истиқлол ба даст омадаанд, инҳо: давлатдории миллӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, Истиқлоли давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ, заминаи воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, сиёсати хориҷии кишвар, рушди маориф ва ғайраҳо маҳсуб меёбанд.

Истиқлоли кишвар барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи чор ҳадафи стратегӣ– баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръат вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобида шуда, муҳайё намудани заминаҳои воқеии рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтисодиёт низ муҳим шуморида мешавад.

Воқеан, Истиқлол равнақ бахшидани арзишҳои миллӣ дар сарзамини бумиву аҷдодӣ ва дорои нишонаҳои хоси давлати хеш будан байни мамолики ҷаҳон аст. Истиқлол армони ҳазорсолаи тоҷик буд, ки баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обруву эътибор ва нуфӯз аст, ки кулли мамолики дунё онро эътироф намудаву робитаҳои хуби иқтисодиву тиҷоратӣ доранд. Истиқлол ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлати миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги воло мебошад.

Маҷидзода Расул – ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,номзади илмҳои филологӣ

Бузургтарин ганҷинаи мероси хаттии халқи тоҷик-Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба сифати муассисаи илмӣ ҳанӯз 17 январи соли 1958 бо қарори Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон бо номи Шуъбаи дастнависҳои шарқӣ-хаттӣ таъсис шуда буд.

Соли 1991 бо қарори Шурои вазирони СССР ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти № УП-103, аз 02 апрели соли 1991, Институти мероси хаттии АИ РСС Тоҷикистон ташкил гардида, шоири номвару донишманди тоҷик Муъмин Қаноат директор-ташкилкунандаи Институт таъйин карда шуд.

2 марти соли 1993 бо Қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №3 Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, Фонди дастхатҳои шарқии он ба ҳайати Институти мероси хаттии АИ ҶТ гузаронида мешавад.

2 апрели соли 1998 бо дарназардошти пеш омадани зарурат барои омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва равандҳои муосири кишварҳои шарқ, бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 48, Институти мероси хаттӣ ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо табдили ном намуда, доираи фаъолияти он густариш пайдо намуд.

Институт дар ин давра аз шаш шуъба, ганҷинаи нусхаҳои хаттӣ, чопи нодир ва озмоишгоҳи тармими китобҳо иборат буд.

Яке аз самтҳои муҳими кори институт омода кардани феҳристи осори хаттӣ буда, то соли 1988 шаш ҷилди он ба табъ расидааст. Дар замони Истиқлол ҷилдҳои 6 ва 10 он ба нашр расонида шуданд. Шуъбаи мазкур таҳти роҳбарии номзади илми таърих равоншод Қудратбек Элчибеков умури феҳристнигорӣ ва ба шакли рақамӣ гузарониданро иҷро карда, кори тавсифи электронии нусхаҳоро равоншод Амрияздон Алимардонов, Сайиднуриддин Шаҳобуддинов, Абдуллоҷон Юнусов ва Аминҷон Аҳмадҷонзода сомон додаанд.

Кормандони шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ, ки роҳбарии онро дар солҳои дароз Аълонхон Афсаҳзод, баъдан Алӣ Муҳаммадиев бар уҳда доштанд, дар таҳияву нашри нусхаҳои хаттӣ, аз ҷумла осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камолиддин Биноӣ, Нозими Ҳиротӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Аҳмади Дониш ва дигар классикони адабиёти тоҷик-форс хидмати шоистаеро анҷом додаанд.

Шуъбаи Эрону Афғонистон, ки мудирии онро чанд сол шодравон Зоҳир Аҳрорӣ ба уҳда доштанд, дар таҳқиқи масъалаҳои забону адабиёти Афғонистон ва адабиёти Эрон, таҳқиқу нашри осори адабӣ ва илмии шоирону олимони ин кишварҳо дар муддати чанд даҳсола корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

Таҳқиқи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, адабӣ, илмӣ ва фарҳангии халқи тоҷик бо Ҳиндустон, ки таърихи чандинасра дорад, проблемаҳои адабиёт, аз ҷумла, «сабки ҳиндӣ», мероси гаронмояи шоирони бузурги тоҷикзабони асрҳои миёнаи ин сарзамин, монанди Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Абулфараҷи Рунӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо ва шоирону мутафаккирони форсизабони асрҳои XІX – XX Ҳинду Покистон Мирзо Ғолиб, Муҳаммад Иқбол, Файз Аҳмади Файз, осори илмӣ ва фарҳангнигории олимони тоҷикзабони Ҳиндустону Покистон мавриди назари муҳаққиқони шуъба будаанд.

Таҳқиқи масъалаҳои муҳими ин сарзамини аз лиҳози нуфус, қаламрав ва фарҳанги бузурги ҷаҳон, ки забони тоҷикӣ ва адабиёти ғании он ба воситаи тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон ба он ҷой интиқол ёфта буд ва дар асрҳои миёна, бар асари истилои муғул ва ҳуҷумҳои қабилаҳои кӯчӣ, аз навоҳиву шаҳрҳои мутамаддини минтақа аҳли илму адаб маҷбуран ҷилои ватан кардаву ба он сарзамин рафта буданд, аз ҷумлаи вазифаҳои ниҳоят зарури илмие буданд, ки таҳқиқашонро шуъбаи Ҳинду Покистон анҷом додааст.

Яке аз зерсохтҳои навтаъсиси Институт шуъбаи таърих ва омӯзиши низоъҳои минтақавӣ буда, дар шароити имрӯза аҳаммияти вижа дорад, зеро проблемаҳои сиёсию иҷтимоӣ, этникию динӣ, ки махсусан, тундгароиву экстремизм ифротгароию терроризм дар кишварҳои Шарқи Наздик дар охири қарни XX ва оғози қарни XXІ ба зуҳур омадаанд, таҳқиқи амиқро талаб мекард. Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва зуҳури муносибатҳои нави байнидавлатӣ, таҷаммуи тазодҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ дар Ховари Миёнаву Наздик, махсусан, дар Афғонистону Ироқ, таҳдидҳои радикализму терроризм ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, хосатан, ба Тоҷикистон, ки дар сарҳади фаъолиятҳои идеологӣ ва мусаллаҳонаи толибон қарор дорад, зарурати таҳлилҳои ҳамаҷонибаи ин падидаҳоро ба миён гузошт. Роҳбарон ва ходимони илмии шуъба Қосимшо Искандаров, Раҳматулло Абдуллоев, Исмоил Раҳматов дар омӯхтани падидаҳои мазкур иқдоми ҷиддӣ намуда, асарҳои таълифнамудаи онҳо аҳаммияти назарӣ ва амалии муҳимеро доро мебошанд.

Тарбияи шарқшиносони ҷавон аз тариқи аспирантураву докторантура яке аз самтҳои стратегияи давлат дар илм аст. Бинобар ин, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин самт фаъолияти босамарро ба роҳ андохтааст, ки Маркази мероси хаттӣ ҳам, албатта, дар ин ҷода мавқеи ҷиддиро пеш гирифтааст ва дар ин густара шогирдони сазовореро ба воя расондааст.

Аз 4 феврали соли 2011, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 36, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ муттаҳид шуда, минбаъд Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ номгузорӣ шуд.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 октябри 2016, таҳти №465, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ ба муассисаҳои зерини илмӣ-таҳқиқотӣ ҷудо карда шуд:

1. Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ

2. Хазинаи мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ

3. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Ҳамин тавр, Хазинаи мероси хатии назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 13 ноябри 2017, бо қарори Раёсати АИ ҶТ, №42 (а) ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати АИ ҶТ табдил дода шуд, идомадиҳандаи самти кор ва иҷрокунандаи таъйиноти вазифаи муассисаҳое мебошад, ки бо номҳои гуногун аз соли 1958 фаъолият доштанд.

Аз соли 2017 баъди табдили номи муассиса ба Маркази мероси хаттӣ кор дар чаҳор самти мушаххаси соҳа сурат гирифт:

1. Нусхашиносӣ – тафсири илмии нусхаҳои хаттиву сангии маҳфузи ганҷинаи дастнависи Маркази мероси хаттӣ, таҳия ва нашри феҳристи дастнависҳои гуногунзабони дар ганҷина нигаҳдоришаванда ба забонҳои тоҷикиву русӣ, танзими версияи электронии онҳо;

2. Матншиносӣ ё таҳия ва табъу нашри мероси хаттии дастраси ниёгонамон дар заминаи нусхаҳои нодири хаттӣ ва қиёси онҳо бо нашрҳои гуногун;

3. Ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва тармими нусхаҳои хаттӣ;

4. Тарҷума, нашр ва оммавигардонии нусхаҳои нодир ба забонҳои хориҷӣ.

Аз соли 2020 роҳбарии Маркази мероси хаттӣ ба уҳдаи номзади илми таърих Раҳматкарим Давлатов гузошта шуда, усулу равиши кори кормандони Марказ тарзу тартиби нави фаъолият – дар заминаи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷалби васоити ҷадиди техникӣ ба роҳ монда шуд.

Ҳоло мо перомуни муҳимтарин дастовардҳои мероси хаттӣ, ки бо ному мақоми гуногун дар замони 33 соли Истиқлоли давлатӣ ин муассисаи илмӣ фаъолият кардааст мепардозем, маҳзи хотири ин ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ганҷинаи бебаҳои миллат, ки дар худшиносию худогоҳӣ ва худҷӯйии насли ояндаи давронсоз мақоми шоиста дорад, таваҷҷуҳи вижа доранд. Ба ин маънӣ муттасил таъкид менамоянд, ки ҳифзи ҳуҷҷату асноди таърихӣ, хосса мероси гаронбаҳои хаттӣ вазифаи ҷонии масъулини соҳа аст”.

Соли 2020 кормандони Марказ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 китоб ва аз соли 2017 то имрӯз дар маҷмуъ 108 китоб таҳия, тарҷума ва нашр намуда, дастраси хонандагон гардидаанд.

Матни комили “Захираи Хоразмшоҳӣ” дар ҳафт ҷилд(2021-2022) бори нахуст дар илми матншиносӣ ва тибби тоҷик ҳамроҳ бо шарҳи луғоту тавзеҳот ва феҳристи мафҳумҳои тиббӣ дар ихтиёри ҳамдиёрон алалхусус аҳли илму дониши кишвари азизамон Тоҷикистон қарор гирифт, ки аз ҷониби ходимони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Баҳриддин Мирзоев ва Иззатулло Мирзоев ва садорати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҳия ва чоп карда шуд.

“Захираи Хоразмшоҳӣ” асари Ҳаким Исмоили Ҷурҷонӣ, бузургтарин рисолаи тиббии ба забони тоҷикӣ навишта шудааст, ки дар таърихи илми тибби тоҷик яке аз барҷастатрин осори тиббии энсиклопедӣ ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад, ки сабаби шуҳрат ёфтани ӯ ҳамчун табиб ва ҷовидона гардидани номи ӯ дар қатори дигар донишмандони тоҷик ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон гардидааст. Ӯ ин асари худро дар солҳои 1113-15 дар Хоразм, ки аз 65 ҷузъ, 78 гуфтор (мақола) ва 1197 боб иборат мебошад ва дар маҷмуъ 10 китобро фаро мегирад, навиштаааст.

Чопи “Захираи Хоразмшоҳӣ” бешубҳа, барои олимони соҳаҳои гуногуни илми тоҷик, алалхусус, дорушиносу дорусозон, ҷарроҳону руҳшиносон, луғатшиносу истилоҳсозон таърихи илмомӯзон ва ғ. пайраҳаҳои тозаи эҷодӣ мекушояд.

Ҳамчунин, падидаи нодиртарин дар замони Истиқлоли давлатӣ ба табъ расидани алифбои тибби ҷаҳон “Қонуни тиб”-и Абуалӣ ибни Сино аз тарафи донишманди маъруфи тоҷик, ходими илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Сайиднуриддин Шаҳобуддинов дар ҳаҷми 134,4 ҷузъи чопии шартӣ, 96 ҷузъи чопии аслӣ ба забони ноби тоҷикӣ мебошад, ки соли 2021 бори нахуст ба шакли муфассал аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда ба нашр расид.

Айни замон дар ММХ НР АМИТ татбиқи бомароми лоиҳаи “Мероси фарҳангии Хуросони бузург”, ки мақоми лоиҳаи миллиро соҳиб аст бо ҳидояту пуштибонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳия қарор гирифта, бо роҳбарии директори Марказ Раҳматкарим Давлатов китоби якум нашр ва китоби дуюми ҷилди аввал омодаи нашр гардид.

Маврид ба таъкид аст, ки бо дарназардошти ҳифзи арзишҳо, ормонҳо ва асолати миллӣ, мақоми шоистаи миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир, бо дарки бештари худшиносию худогоҳии насли ҷавон, таъйини ҷуғрофиёи тамаддуни оламгир, густариши ҳувияти миллӣ, ки дар ин масир ҳамосаи миллии тоҷикон “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ҷойгоҳи махсус дорад, дар заминаи ММХ рӯзҳои 11-12 октябри соли 2022, аввалин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар намояндагони аҳли илму адаби 21 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, беш аз 90 маърузаи илмӣ баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, 09-10 октябри соли 2023, Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба муносибати 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони “Абурайҳони Берунӣ –кашшофи асрори табиат” дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО, дар толори АМИТ баргузор гардид, ки низ самараи даврони Истиқлоли давлати тоҷикон маҳсуб мешавад. Олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, адабиётшиносону забоншиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо бо 80 маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ аз Тоҷикистон ва 23 кишвари ҷаҳон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ дар он суханронӣ намуданд.

Маркази мероси хаттӣ дар муддати 66 соли мавҷудияташ ба калонтарин маъхази дастнависҳо дар ҷумҳурӣ ва яке аз захираҳои пурарзиши нусхаҳои хаттӣ дар дунё табдил ёфтааст. Ҳоло дар ганҷинаи дастнависҳои марказ беш аз 6400 ҷилд нусхаи хаттӣ ва 6700 ҷилд китобҳои чопи сангӣ (литографӣ) маҳфуз аст.

Аз лиҳози таърихи китобат дастнависҳои Марказ давраи калону доманадор, яъне қарнҳои Х1-ХХ-ро фаро мегиранд. Ба ибораи дигар, қадимтарин нусхаи хаттии мавҷуд дар Марказ дар қарни Х1 ва навтарини он дар рўзгори мо китобат шудааст.

Қадимтарин нусхаҳои хаттии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ, дастнависи «Таърихи Табарӣ» тарҷума ва такмили форсии Абуалӣ ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (363ҳ/974м), «Ат-тафҳиму ли авоил-ис-синоат ат-танҷим»-и Абурайҳони Берунӣ (430ҳ/1038м) «Кимиёи саодат»- Абуҳомид ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (506ҳ/1111м), «Куллиёт”-и Саъдии Шерозӣ» (690ҳ/1291м), «Шарҳ-ул-қофия фӣ наҳв»-и Разиюддин Муҳаммади Астарободӣ ва амсоли инҳо мебошанд, ки китобаташон ба асри Х111 тааллуқ дошта, дар айни замон, аз ҷумлаи қадимтарину муътамадтарин дастнависҳо маҳсуб мешванд.

Як теъдод нусхаҳои хаттии марказро дастнависҳои худи муаллифон ва ё нусхаҳои ягонаву нодир ташкил медиҳанд, ки аҳаммияти калони илмию таърихӣ доранд.

«Луғати Алӣ Сафӣ» – таълифи Фахриддин Алии Сафӣ (939ҳ/1532м), «Зафарнома»-и Бадриддини Кашмирӣ (асри XV1), «Ҷангномаи Байрамалихон»-и Муҳаммад Иброҳим, «Умдат-ут-таворих»-и Миррабеъ ибни Мирниёз (асри XV111), «Таърихи манзума»-и Имомалии Қундузии Комӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷи Неъматуллоҳи Муҳтарам, девони ашъор ва «Ганҷи шойгон»-и Абдураҳмон Тамкини Бухороӣ (асри Х1Х), «Туҳфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сомӣ (1325ҳ/1907м), «Таърихи ҳумоюн»-и Муҳаммад Содиқи Гулшанӣ, «Наводири Зиёия»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (асри ХХ) ва боз теъдоде аз нусхаҳои хаттӣ аз ҳамин қабиланд.

Ганҷинаи марказ, ҳамчунин, дорои нусхаҳои бисёр нодири мансуру манзумест, ки дар асрҳои гуногун таълиф ёфта, дар дигар китобхонаҳои ҷаҳон дида намешаванд. «Рисолаи мақомот»-и Шайх Абусаиди Абулхайр (1403м), «Шарҳ-ул-муғаннӣ»-и Абумуҳаммади Мансур (асри X1V), «Маҷмаъ-ул-қасоид» (асри XV1), «Рисолаи қофия»-и Нуриддин Аҳмад, «Рубоиёти мутафарриқа», “Девони ашъор”, «Соқинома» ва «Искандарнома»-и Хоҷа Ҳусайн ибни Иноят Баззози Саноӣ, девони ашъори Абдулатифи Танҳо, қасоиди Назмӣ, девони ашъори Муҳаммадризои Чалабӣ, «Хусраву Ширин»-и Оқошопури Розӣ (асри XV11), девони ашъори Мирзо Абдуразоқи Нашъаӣ, девони ашъори Муҳаммад ибни Абутуроб Ҷамил Ҳориси Бадахшӣ, «Миръот-ут-тайиба»-и Муинуддин ибни Хоҷаи Хованд (асри XV111), «Анис-уш-шуаро»-и Абдулкарим ибни Роҷии Ғазнавӣ, «Уммон-ул-маъонӣ»-и Иброҳим Амираки Балхӣ, «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Латоифи субҳонӣ»-и Абдусаломи Чигадликӣ, «Маҷмаъ-ул-ҳикоёт» ва «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», девони Мухлиси Бадахшонӣ, «Умм-ул-китоб», «Гуҳаррез», девони ашъори Ҳайрати Бухороӣ, «Усули одоб» ва ғайраҳо аз ҷумлаи дастнависҳои нодири Марказ мебошанд.

Баъзе аз нусхаҳои хаттӣ аз он ҷиҳат муҳиму шоистаи диққатанд, ки дар замони зиндагии муаллифон ва ё каме баъдтар аз фавти онҳо китобат шудаанд. Чунончи, нусхаҳои хаттии «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ул-қудс» дар замони зинда будани мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (в.898ҳ/1492м), нусхаҳои хаттии «Чаҳор девон» ва «Лисон-ут-тайр»-и Алишери Навоӣ (в.906ҳ/1501м), ҳангоми зиндагии ӯ ва нусхаи хаттии «Иёри дониш»-и Абулфазли Алломӣ (в.1011ҳ/ 1602м) панҷ сол баъд аз хатми таълифи китоб (соли 996ҳ/1587м) китобат шудаанд. Ва ё куллиёти Убайди Зоконӣ (в. 772ҳ/1370м), ки 35 сол баъд аз вафоти муаллиф, яъне дар соли 809ҳ/1405м китобат гардидааст, қадимтарин ва боэътимодтарин нусхаи хаттии бадастомадаи осори шоир мебошад. Дар ҳошияи нусха ғазалиёти мунтахаби Ҳофизи Шерозӣ сабт гардидааст, ки аз ҷумлаи қадимтарин дастнависи ашъори шоир маҳсуб мешавад. Нусхаҳои хаттии “Куллиёт”-и Котибии Нишопурӣ (в. 838ҳ/1434м), «Се девон»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Куллиёт”-и Абдураҳмони Мушфиқии Бухороӣ (в. 996ҳ/1588м), девони ашъори Шавкати Бухороӣ (в. 1106ҳ/1695м) чанд сол баъд аз фавти муаллифонашон китобат гардида, қадимтарин ва муътабартарин нусха шинохта шудаанд.

Дар ганҷинаи Марказ баъзе асарҳои нодир мавҷуданд, ки аз онҳо то рӯзгори мо фақат чанд нусхаи хаттӣ боқӣ мондааст. Нусхаи хаттии «Шаҳриёрнома»-и Усмон Мухтори Ғазнавӣ (в.544-554ҳ/1149-1159м) аз ҳамин қабил дастнависҳост, ки дар асри Х1Х китобат шуда, аз китобхонаи Стариков (ховаршиноси рус) ба ганҷинаи Марказ ворид гардидааст. Матни асар дар ин нусха нисбат ба дувумин нусхаи то кунун маълуми китоб, ки ба Музейи Бритониё тааллуқ дорад, мукаммалтар мебошад. Ё худ дар ганҷина нусхаи бисёр ҷолиби девони ашъори Сӯзании Самарқандӣ (в. 561ҳ/1173м) мавҷуд аст, ки бо вуҷуди дар асри Х1Х китобат шуданаш аз нусхаи аслии худи муаллиф саҳеҳтар аст.

Дастхатҳои «Калилаву Димна»-и Абулмаолӣ Насруллоҳ Муҳаммад ибни Абдулҳамид Шерозӣ (асри Х11), «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт»-и Ҷамолиддин Муҳаммад Авфии Бухороӣ (в. 635ҳ/1232м) ва «Тӯтинома»-и Зиёуддин Нахшӣ (в.751ҳ/ 1350м), ки дар ганҷинаи Марказ маҳфузанд, бо вуҷуди дар қарни XV11 китобат гардиданашон, аз ҷумлаи нусхаҳои қадимаи ин китобҳо ба шумор мераванд.

Дар марказ беш аз 1200 лавҳаву намунаҳои хушнависӣ ва қатаоти хаттотишуда мавҷуданд, ки маҳсули қалами сеҳрангези хаттотону хушнависони моҳири давраҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросону Эрон мебошанд.

Дар гӯшаи махсус, ки «Захираи ёдгориҳои хаттии Бадахшон» ном дорад, микрофилму акси нусхаҳои беш аз 280 дастнависи дар миёнаи солҳои 1959-63 аз ноҳияҳои мухталифи ВМБК дарёфтшуда, нигоҳ дошта мешаванд. Илова бар ин, дар марказ маҷмуае бо номи ёдгории хаттии Бадахшон мавҷуд аст, ки дар он бештар аз 300 микрофилму фотонусхаи дастнависи осори мардуми Бадахшон нигоҳ дошта мешаванд.

Бори нахуст ММХ тавсифи 29 нусхаи осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро барои ворид кардан ба номинатсияи хотираи ҷаҳонии ЮНЕСКО таҳия намуд, ки 24 майи соли 2023 ин нусхаҳо бо қарори махсуси ҷаласаи ЮНЕСКО ба феҳристи осори ғайримоддии башарият ворид гардид ва намоишгоҳи осори хаттии халқи тоҷик рӯзҳои 5-10.06.2024 дар қароргоҳи ЮНЕСКО-Париж ба намоиш гузошта шуд, ки намояндагони садҳо кишвари ҷаҳон аз он дидан карданд.

Дар Марказ, инчунин, асарҳои зиёде роҷеъ ба таъриху фарҳанги мардуми тоҷик, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нашр гардидаанд, вуҷуд доранд. Дастнависҳои мавҷуд ҳангоми таҳияи матнҳои илмӣ-интиқодӣ ва илмию оммавии осори пурарзиши ниёгони мо аз ҷониби муҳаққиқони Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, донишмандони кишварҳои дигари хориҷӣ истифода шудаанду мешаванд. Тавсифи дастнависҳои тоҷикӣ-форсӣ ва туркии Марказ дар 10 ҷилд ба поён расонида шудааст, ки аз онҳо 6 ҷилд (1960-74) ба табъ расидааст. Феҳристи дастнависҳои аз ВМБК дарёфтшуда ва феҳристи дастнависҳои мусаввару мунаққаш соли 1967 нашр шудаанд. Феҳристи нусхаҳои хаттии Марказ дар чор ҷилд зери назари донишманди фақид А. Алимардонов дар Теҳрон (ҶИЭ) ба чоп расидааст. Варианти электронии дастнависҳо(2009-2012) дар ҳамкорӣ бо «Маркази Ҷумъа ал-Моҷид оид ба фарҳанг ва мерос» (Аморати Муттаҳидаи Араб) омода шуда, ба чоп пешниҳод шудааст. «Феҳристи дастнависҳои шарқии аз нигоҳи бадеӣ ороишёфтаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1986) ва «Феҳристи китобҳои чопи сангӣ» (2013) ба чоп расидаанд. Чанд соли охир дар натиҷаи экспедитсияҳои кормандони Марказ беш аз 500 дастнавису китоби чопи сангӣ вориди ганҷинаи марказ гардидааст.

Ходимони пешбари илмии Маркази мероси хаттии АМИТ, Шодиҷони Рамазон, Меҳриддин Ғиёсӣ

wИстиклоляти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сию се сол муқаддам соҳиб гардида буд, дар таърихи давлатдории мо нодиртарин падидаи сарнавиштсоз мебошад. Дар оғози Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд расид. Аммо баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ шурӯъ гардид. Дар натиҷа дар замони истиқлол дар кишвар корхонаҳои хурду миёна ва бузург сохта, ба истифода дода шуданд.

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат ва шаҳрванди бонангу ори худ неъмати бебаҳобуда, дар роҳи расидан ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣва таърихӣ ҷойгоҳи махсусро касб мекунад. Дар робита ба ин, миллати тоҷик аз қадимулайём мафҳуми истиқлолиятро дар озодипарастӣ, озодихоҳӣ, ҳамҷаворӣва дӯстии ҳамдигар асос медиҳанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо амри тақдир ва толеи накӯи миллати тоҷик дар ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор соли номустақилӣ, аз нав эҳё ва эъмори давлати миллии худро доро шуд.

Соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани миллати тоҷик дар таърихи ҳазорсолаи худ дастоварди беназир буд, вале хурсандии халқи тоҷик дер давом накард. Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолият монеаҳо дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ба вуҷуд омада, мардум бо мушкилоту таҳаввулоти сангин мувоҷеҳ гардиданд. Вобаста ба ин, дар Тоҷикистон раванди гузариш аз як низоми иқтисодиву иҷтимоӣ ба низоми дигар нисбат ба кишварҳои дигари ҷаҳон ба маротиб вазнин ва душвор буд, зеро он бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ вобастагӣ дошт. Бояд қайд кард, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуда, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 7,5 миллиард доллари амрикоӣ хисорот ворид намуд.

Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр намудаанд: “Ҳар як нафар бояд шукрона кунад, ки баъди ҳазорсолаҳо мо соҳиби давлати соҳибистиқлол шудем ва тақдири худро ба дасти худамон гирифтем. Ҳар яки мо вазифадорем, ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолиятро содиқона ҳифз намоем. Кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем”

Вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(23.12.2023) таъкид карданд, ки: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шудаанд»

Бо хушнудӣ метавон гуфт, ки дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии кишвар аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайи33 сол тавонист ба яке аз кишварҳои дар созмонҳои ҷаҳонӣ соҳибминбар баромад намояд. Мунтазам татбиқи сиёсати дурусти Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои зиёд ба чашм мерасад. Махсусан, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстии аҳли ҷомеа боло рафта, соҳибкориву тиҷорат, ҷаҳонбинии мардум ва корхонаҳои муштараки хусусию давлатӣ рушд ёфт. Дар ин росто ҷойҳои нави корӣ ташкил шуда, ба самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва афзоиши иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат намуд.

Ин ҳама самараи истиқлолият ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола ба рушди иқтисодиёт заминаи устувор гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтисоди миллӣ ба муносибатҳои бозоргонӣ ворид гардида, боиси бештар ва рушду пешрафти давлат гардид. Рушди равобити иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он мустақиман ба миён омада, махсусан ба раванди содироту воридоти маҳсулот, таъсир расонид.

Таҳлилҳо доир ба рушди иқтисоди кишвар дар чанд соли охир нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон тавонистааст дар самти рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Масалан, тибқи нишондодҳои оморӣ тӯли чанд соли охир суръати рушди иқтисодиёти кишвар д ар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Дар ин раванд, сатҳи некуаҳволии мардум ба маротиб баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣдар соли 2023 расид.

Тавре қайд намудем, рушди иқтисоди миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, танзими муносибатҳо ва истифодаи самараноки захираҳо дар ин самт имкон медиҳад, ки ба рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ноил гардида, дар ин замина сатҳи камбизоатиро коҳиш дода, кишвари худро аз ҳар гуна паёмадҳои номатлуби ҷомеаи чаҳонӣ эмин нигоҳ дорем.

Рушди иқтисоди миллӣ на танҳо ба ғанӣ намудани буҷаи давлат, ҳамчунин, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон нақши назаррас дорад.

Хулоса, татбиқи чор ҳадафи стратегии кишвар, аз ҷмула ҳадафи чорум – рушди босуръати саноатикунонии мамлакат барои расидан ба нишондиҳандаҳои баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - муҳосиби Институти фаслафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илму маориф ва навоварию ихтирокорӣ бо ҳамдигар алоқаи зич дошта, дар ҳама давру замон қавитарин зинаи пешравӣ дар таърихи ҳар давлату миллат ба шумор меравад. Ҳамзамон, қадрдонию эҳтироми аҳли илму дониш низ яке аз омилҳои рушди ин ҷода буда, кишварҳои ҷаҳони муосир ба ҳарду таваҷҷуҳи махсус дода, ҷавононро дар ин самт тарбия менамоянд.

Воқеан ҳам сухан гуфтан дар мавриди як давлати тозаистиқлол, ки дар тули беш аз 33 соли гузашта тавонист таваҷҷуҳи ҳамагонро ба илму маърифат ҷалб намояд ва корҳои зиёдеро ҷиҳати баланд бардоштани обурӯю нуфӯзи кишвар анҷом диҳад, ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро ҳамагон дар хотир доранд, ки дар нахустин рӯзҳои истиқлолият, вазъияти ногувори дохилию хориҷӣ ва авзои мураккаби минтақавию ҷаҳон намегузошт, ки ба чунин пешравиҳо ноил гардад. Пас дар миёни чунин вазъи ба амал омада “аввалин ва муҳимтарин коре, ки мо анҷом додем, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ буд”, таъкид намуданд Пешвои миллат. Маҳз андешаҳои дурбинона ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон аз миёни амвоҷи пурталотум солим берун омад ва ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузошт.

Дар мулоқоту вохӯриҳои Пешвои миллат доимо аз ҳолати кунунии кишвар, рушди илм ва дурнамои он ишора шуда, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, маърифатнокии ҳукуқӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар вохӯрӣ ва суханронияшон баррасӣ менамоянд. Далели ин гуфтаҳо, вохӯрӣ ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми майи соли 2024 бо аҳли илм ва маорифи кишвар буд, ки дар он Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”. Инчунин рушди иқтисоди миллӣ ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, Пешвои Миллат таъкид намуданд, ки “бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем”. Пас ҷойгоҳи зиёиёну донишмандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хело баланд буда, устодон барои омода намудани шогирдон дар соҳаи ихтирооти илмӣ корҳои зиёдеро низ фароҳам меоранд.

Дар ҷаҳони муосир, “танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият дар ҳама самтҳо ҷаҳиши бузургеро тай намуда истодааст, ки ин ҳам бо фароҳам овардани шароити таълими илмҳои гуногун барои мардуми кишвар мебошад, ки наслҳои ҷавони кишвар омода шаванд. Имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсолот ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд. Зеро “дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Масалан телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳое, ки ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд” далели ба пояи илму дониш такя намудани онҳо мебошад.

Барҳақ, яке аз сабабҳои рушди давлату миллат ихтирооти илмӣ мебошад. Ин ихтироот инсониятро бо чароғи илм ба роҳи пешрафту тараққӣ мерасонад. Ҷаҳони муосир ҳаракат ба самти илму маърифат дорад.

Ҳамин тариқ, илму маърифат василаест, ки инсонро тавоно ва миллатро дар ҷаҳон соҳибэҳтирому соҳибэътироф намуда, ҳамкориро бо дигар кишварҳо устувор менамояд.

Инчунин тараққиёти илм сабаби баландравии иқтисоди кишвар гардида, боиси беҳтар гардидани зиндагии нек ва муҳайё гардидани ҳаёти осоишта мегардад. Бо ҳамин мақсад, маблағгузорӣ ба ин соҳаҳо аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият хело назаррас аст, яъне “агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст”. Ҳамзамон “Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд”. Агар ба таваҷҷуҳи дигар кишварҳо нисбат ба илм назар афканем, махсусан кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ барои баланд бардоштани стандартҳои сатҳи илмӣ, такмили донишгоҳҳо ва дастгирии навгониҳо дар фановарӣ амал карданд, ки ин кишварҳо дастовардҳои назаррасро дар пешрафти ҷаҳони муосир ба даст оварданд.

Бояд қайд намуд, ки “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад. Қобили зикри хос аст, ки дар ин давра як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд”.

Ҳамаи дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноил шуд, дар таърихи халқ ва давлатдории Тоҷикистон сабт хоҳанд шуд. Таҷрибаи рушди мустақили кишвар садоқати роҳи интихобкардаи Пешвои миллат ва сиёсати бунёди нави давлатро собит сохт. Таърихи навини давлатдории тоҷик бори дигар ҳақиқатро тасдиқ кард, ки халқи бонангу номус, ки дорои иқтидори солиму хирадмандона ва тавоно мебошад, қодир аст аз ҳар гуна саргузашт пешгирӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва мақоми давлати тоҷиконро ҳимоя намояд.

Пас ба хотири муваффақ гардидан ва расидан ба дастоварҳои бузурги истиқлолияти давлатӣ, якгонагии Ватан, давлат ва Тоҷикистон месазад, ки минбаъд низ содиқона заҳмат кашида, ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем ва барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи илму маърифат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуму миллатамон дар атрофи ҳадафҳои пешгирифтаи давлату ҳукумат бояд ҳамеша муттаҳид бошем.

Одинаев Абдуҳалим - ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Яке аз хусусиятҳои зотии инсон хирадгароиву маърифати олам аст, вале дар тули замон на ҳамаи масоилро инсон аз роҳи ақлу хирад ҳал намудааст. Зеро шинохти воқеияти олам ба инсон якбора ба даст намеояд, балки он зина ба зина ва насл ба насл пурратару комилтар шуда, ба ифодаи воқеияти олам баробар мешавад. Дониш инъикоси олам дар шакли донишҳо ба вуқуъ меояд. Донишҳои инсонӣ метавонанд дониши илмӣ ва ё дониши ғайри илмӣ бошанд. Инсоният то ба марҳилаи донишҳои илмӣ расидан раванди тулониеро пушти сар намудааст. Дар ин замина сараввал донишҳои асотирӣ, ки инъикоси оламро бо роҳи қиссаю ривоёт ва бофтаву тахаюллот инъикос намудааст.

Марҳилаи дигар бошад инсон ба зинаи баъдии шинохт яъне шинохти динӣ, ки асоси онро бовару эътиқод ташкил медиҳад таваҷҷўҳ намудааст. Ҳар дуи ин навъи бинишҳо дониш ба ҳисоб мераванд, вале ин донишҳо донишҳои илмӣ нестанд. Зеро онҳо на аз роҳи ақлу мантиқ, на аз роҳи таҷриба, балки бардоштҳое ё боварҳову гумонҳоеанд, ки инсон онҳоро ба тарзи субективӣ бар сари воқеъияти ҷаҳон бор намудааст. Ҳарчанд донишҳои динӣ зинае аз маърифати олам аз ҷониби инсоният ба шумор мераванд, вале дар маҷмуъ онҳо наметавонанд воқеъияти ҷаҳони ҳастиро ифода намоянд. Ин тарзи биниш, пеш аз ҳама дар натиҷаи аҷзи одамон дар баробари ҳаводиси даҳшатбори табиӣ ва онҳоро дуруст ва саҳеҳу илмӣ шарҳ дода натавонистан шакл мегиранд. Ҳамин аст, ки набуди дониши саҳеҳи илмӣ инсонҳоро ба самти тарс, умед, азоб, эҳтиёҷҳо ва идеалҳо савқ медиҳад, ки ҳар кадоме аз инҳоро метавон дар ритуалҳои динӣ ба осони мушоҳида намуд. Дар ҷаҳонбинию донишҳои динӣ инсонҳо ғолибан андеша менамоянд, ки ҳеҷ чиз ба онҳо вобаста нест ва онҳо вобастаи қувваҳои мармузи осмонианд ва дар баробари ин қуввот инсоният ҳаққир, бечора ва нотавон аст ва аз ин рў, ў мехоҳад бо роҳи имону эътиқод, ибодат кардан ва тарсу парҳезкорӣ мехоҳад масъаларо ҳал намояд ва ҳамаи он чиро ки андеша мекунад ҳаллаш имконнопазир аст онро ба қувваҳои мармузи осмонӣ ҳавола мекунанд. Табиатан инсон ҳамеша ҷўёи хушбахтӣ, рифоҳ ва осоиштагӣ аст ва чун ҳамеша бо мушкилоти табиию иҷтимоӣ бархурд мешавад ва онҳоро аз роҳи ақлу хирад ҳал карда наметавонад дар ин ҳолат бовару эътиқод ҷойгоҳи хоса касб менамояд ва донишҳои динӣ ҷойгоҳи хосаро касб менамояд. Зеро аксари динҳо кушиш мекунанд хоҳишҳои табии инсонро бо роҳи ғайритабии бароварда созанд ва аксари динҳо ки маърифати ҷаҳонро тавассути ба ду тақсим кардани он индунёӣ ва ондунёӣ матраҳ мекунанд, ин дунёро дунёи даргузар, муввақатӣ ва дунёе, ки дар он инсон наметавонад хушҳол бошад, арёбӣ мекунанд. Ва хушбахтии инсонро дар амалӣ намудан он арзишҳо ва ритуалҳое медонанд, ки танҳо бояд ба хотири хушии қувваҳои мармузи осмонӣ анҷом дода шавад. Аз тарафи дигар хушбахтии инсонро танҳо дар дунёи дигар ва бо ваъдаи биҳишт ва ҳамаи хубиҳо дар он мехоҳанд бароварда созанд. Ҳамин аст ки инсон нерўҳои моҳиятии худро саркўб намуда, на ба он самт равона месозад, ки ба хотири беҳбуд бахшидани зиндагии инсон равона гарданд, балки инсонро дар ҳолати карахтӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамин тариқ инсон бо таъсири донишҳои динӣ кўшиш мекунад хоҳишҳои табии хешро аз роҳи ғайри табии бароварда кунад. Ҳарчанд донишҳои динӣ моҳияти ахлоқӣ низ доранд ва инсонҳо бидуни донишҳои динӣ вуҷуд дошта наметавонанд аммо дар маҷмўъ донишҳои динӣ монеи пешрафти инсониятанд. Махсусан замоне, ки бовару эътиқодот ва донишҳои диниро сиёсӣ кунонида мехоҳанд аз ин роҳ идоракунии иҷтимоиро ба роҳ монанд инсонҳо пурра моҳияти офаринандагӣ, тафаккур ва таҳлилу арзёбирро аз даст медиҳанд ва дар ин навъи ҷомеа таассубу хурофот боло мегирад. Зеро таассубу хурофот низ зодаи нодонии башариятанд.

Донишҳои динӣ ки сахт маҳдуданд қабули ҳар гунна дониш ва ҷаҳонбиниро рад мекунанд ва ба онҳо бо назари шакку тардид менигаранд. Дигарандешӣ ва озодии инсонҳоро маҳкум менамоянд ва ба ҳар навъи дигарандешӣ муҷозот ваҷазо инчунин таҳқиру барчаспҳои гуногунро мезананд. Ин боиси он мегардад, ки ҷомеаҳое, ки шакли идоракунии онҳоро ҳокимиятҳои теократӣ ба роҳ мондаанд, ин навъи ҷомеаҳо, маҳдуд истеҳсолот дар сатҳи паст, хираду дониши илмӣ ночиз ва таассуб дар сатҳи баланд инчунин анъанагароиву бозмондагии фикрӣ хоси онҳо мебошад.

Инсоният танҳо бо роҳи шинохти илмӣ дар садсолаҳои охир тавонистааст, сатҳу сифати зиндагии хешро комилан иваз намояд ва ба дастовардҳои бузургтарини илмию технологӣ даст ёбад ва аз ин тариқ ниёзҳои моддию маънавии хешро бароварда кунад. Имрўз кишварҳое, ки дар сатҳи минтақаву ҷаҳон ҳарфи аввалро мезананд ва қудрати минтақавию ҷаҳониро дар даст доранд натиҷааш дарёфти донишҳои мантиқиву илмӣ аст, ки аз роҳи татбиқи онҳо тавонистаанд худро ба қудратҳои минтақавӣ ё ҷаҳонӣ табдил диҳанд. Ин кишварҳо низ замоне таассубу хурофот ва донишҳои диниро меҳвари асосии идоракунии сиёсии худ қарор дода буданд, вале давоми 500 соли охир донишмандону мутафаккирон ва равшанфикрони ин ҷомеаҳо зина ба зина сатҳу сифати донишҳои илмиро боло бурда, онҳоро ба роҳнамои асоси илмидошта ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаҳои хеш табдил додаанд.

Имрӯз дар ин гуна ҷомеаҳо дин ва бовару эътиқодоти динӣ танҳо кори фардӣ аст ва ҳар инсон дар бовару эътиқоди хеш озод аст ва метавонад ин ё он бовару эътиқод ё ҳеҷ як аз онро напазирад. Ҷомеаи дунявӣ, ки асоси он илмгароист ҷомеаест, ки дар он нақши ҳалкунандаро зеҳният ва тафаккури инсонӣ месозад. ҳамаи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ аз роҳи таҳлилҳои дурусти илмию мантиқӣ муа ян карда шуда роҳҳои ҳалли он пешбинӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки дар ин гунна ҷомеаҳо сармояи асосӣ зиёиён ва мутафаккирони ин ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҷомеаи дунявии илмгаро танҳо ба андешаи инсоният ва қудрату нерўи зеҳнии он такя мекунад ва кам кардани мушкилотро дар роҳи маърифати баланди ҳамагонӣ медонад. Шаҳрвандони ин навъи ҷомеа ҳар кадоме дорои ҳуввият, шахсият ва андешаи худ буда, бо роҳи хираду дониш ва кушишу ҷадал сатҳу сифати зиндагии хешро аз роҳи ақлу хирад боло мебаранд. Ҷомеаеро созмон додаанд, ки дар он арзиши олиро зиндагии инсон ва рифоҳу осоиши он ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки дар ин навъи ҷомеа донишҳои асосиилмидошта ҷойгоҳи вижаи худро доранд ва олиму мутахассис ба ҳайси меҳвар ва пешбари он шинохта шудаанд.

Мутаассифона дар ҷомеаҳои шарқӣ ки бештар ҷаҳонбинии динӣ ва донишҳои диниро ба ҳайси асолат ва мутлақ қабул менамоянд нерўҳои зеҳнии инсонро маҳдуд карда онро ба мавҷуди вобаста,бефоида, паст ва тарсанда табдил медиҳанд. Зеҳнияти инсонро ба таассубият савқ дода дар он қабули андешаҳои гуногун ва таҳлилу баррасии онҳоро аз байн мебаранд. Таассубият инсонро ба мавҷуди бераҳму сангиндил ва ғайри қобили таҳаммул тарбият мекунад. Зеро инсони таассубзада ба ҷуз аз донишҳои маҳдуди хеш дониши дигареро қабул надорад. Ў ҷаҳонро дуранг мебинад, сиёҳу сафед. Дигар рангҳоро низ қабул надорад.

Ҳамин аст, ки ҷомеаҳое, ки низоми теократӣ доранд инсонҳоро саркуб месозанд. Дар онҳо ҳараҷу мараҷ ниҳоят зиёд аст. Сатҳи донишҳои илмӣ ниҳоят маҳдуд аст. Муносибат ба одамон дар сатҳи баланди дискриминатсионӣ (ҷинсӣ, динӣ-мазҳабӣ, табақавӣ) вуҷуд дорад. Аксари ин навъи кишварҳо вопасгаро, мардумонаш фақир ва пуртазоду ноустувор ва осебпазиранд. Ҳамин гунна вазъро метавон дар кишварҳои Шарқи наздику миёна ба осонӣ мушоҳида намуд. Ҳарчанд ин кишварҳо аз лиҳози захоири табиӣ кишварҳои сарватманд ба ҳисоб мераванд, вале набуди сатҳи баланди донишҳои илмӣ ва ҳокимиятҳои теократие, ки дар ин кишварҳо ҳукмрон аст, бошандагони ҷомеаро ба нафарони таассубзадаву хурофотӣ табдил дода аст, ки онҳо ҳамеша дар бархўрду рўё рўӣ бо воқеъияти ҷаҳон қарор мегиранд. Аз тарафи дигар захоири саршори табии дар ин кишварҳо буда бо сабаби набуди ҷомеаи ақлгаро ва илммеҳвар дар шакли ашёи хом ба кишварҳои дигар содир мешавад. Ин кишварҳо на ҳамчун кишвари истеҳсолгар, балки ҳамчун кишвари истеъмолгар ва бозор барои кишварҳои истеҳсолгари ҷаҳон маҳсубанд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар Тоҷикистон гуруҳҳое, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ мехоҳанд бо роҳи ривоҷ додани донишҳои динӣ, мутлақ арзёбӣ кардани онҳо, афкори ҷомеаро ба тарафи худ тамоюл бахшида аз ин роҳ дунявияти ҷомеаро аз байн мебаранд ва мехоҳанд низоми теократиро бо суистифода аз бовару эътиқодоти мардум рўи кор оварад. Чунин навъи муносибат барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хатарафзо аст. Зеро таҷрибаи кишварҳои олам нишон додааст, ки ҳокимияти теократӣ ҳеҷ гоҳ на ба манфиати миллатҳо ва на ба манфиати шаҳравандон метавонад амалеро анҷом диҳад. Он танҳо фарогири манфиати гурўҳҳои хурд ва табақаи рўҳониён аст ки аз роҳи тарвиҷи таассубу хурофот дукони тиҷоратии хешро гардон мекунанд вале дар маҷмўъ миллатро дар беҳуввиятӣ мардумонро дар саргардониву бархурд ва кишварро ба дастнигару истеъмолгар табдил медиҳанд. Ҳамин аст, ки дар муносибат ба навъҳои дониш бояд азовияи аҳамияти таърихӣ ва дурнамои рушди иҷтимоии ҷомеаҳо назар афканд. Зеро имрўз ва дар оянда низ ҷомеаҳое, ки илмгароанд дунявият меҳвари асосии онҳост хирад ва тафаккур асоси истеҳсолии онҳоро ташкил медиҳад боз ҳам қавитар мегарданд ва ҷойгоҳи хешро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истеъком мебахшанд. Миллатҳои хешро қавӣ мегардонанд ва нуфузи хешро тавсеа мебахшанд.

Баръакс ҷомеаҳое, ки дорои ҳокимияти теократианд бархурдҳо рўз ба рўз дар онҳо меафзояд таассубу хурофот боло мегирад бархурдҳои иҷтимоӣ зиёд гардида саркубгарии ҳокимияти сиёсӣ меафзояд. Озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон маҳдуд мешаванд. Табъизи ҷинсӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ меафзояд, осебпазирии иҷтимоӣ боло мегирад. Дар маҷмўъ ин кишварҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷойгоҳу мавқеи хешро аз даст медиҳанд. Аз ин рў пеш аз оне, ки ин ё он таблиғоти аз тариқи расонаҳо ба фазо пахш гардида, қабул карда шавад борҳо бояд аз лиҳози ақлу мантиқи солими ҳар фард мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Исомиддин Шарифзода, номзади илмҳои фалсафа

Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали давлатдории худ Консепсияи оштии миллиро ҳамчун идеяи ба тартиб даровардани ихтилофот пешниҳод кард, ки тибқи он баҳсҳо набояд бо истифода аз зӯроварӣ ҳал шаванд. Аз ин рӯ, барои тоҷикон таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлоли комил муҳимтарин ҳадаф буд, ки тамоми саъю кӯшиш ба роҳи ҳал ва расидан ба он равона карда шуд. Тасодуфӣ нест, ки кулли сокинони кишвар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳуриро гарму ҷӯшон ва самимона дастгирӣ карданд.

Имрӯз комёбиҳои бузурги иҷтимоию иктисодӣ ва маънавию фарҳангии мо, на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти муҳими амалӣ дошта, дар хориҷ аз кишвар ҳам ба он таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Таҷрибаи сулҳи Точикистон,ки як унсури муҳими давлатдории миллии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар айни замон объекти диққати махсуси сиёсатшиносон, ҷамъиятшиносон ва таърихшиносони кишварҳои дунё, ба хусус дунёи Ғарб мебошад. Раванди барқарорсозии сулҳи тоҷикон боиси он гардидааст, ки сиёсатшиносони хориҷӣ ин муваффақиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиро дар пажӯҳишҳои худ объективона инъикос намоянд. Омӯхтани он дар бисёр мамлакатҳо ва минтақаҳои ба низоъ дучоршуда метавонад муборизаи онҳоро дар роҳи бозсозӣ хеле осон ва ҳалли осоиштаи проблемаю ихтилофҳои ҷомеаро таъмин кунад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, дар соҳаи омӯзиши бунёди сулҳ ва низоъҳо, арзёбии таҷрибаи бунёди сулҳ ва инчунин дар бораи он, ки ҷомеаҳо чӣ гуна аз низоъ ба субот мегузаранд, фаҳмиши нави методологӣ медиҳад. Тоҷикистон бо азнавсозии баъдиҷангии худ мисоли рушане аст, ки диққати олимон ва муҳаққиқони сулҳомӯзи дунёро мудаввом ва торафт бештар ба худ ҷалб мекунад. Бинобар ин мо низ кӯшиш кардем, андешаҳои илмӣ, дурнамо ва таҳлилҳои коршиносони Ғарб, аз он ҷумла кишварҳои Аврупоро, ки талошҳои сулҳи Тоҷикистонро аз дидгоҳҳои мухталиф бодиққат баррасӣ ва шарҳ додаанд, арзёбӣ мекунем. Муҳаққиқони аврупоӣ барои омӯзиши амалияи ҷаҳонии сулҳпарварӣ аз дониши фаровон ва ҷиддии методологӣ бархурдоранд. Арзёбии онҳо дар бораи таҷрибаи бунёди сулҳ дар Тоҷикистон анешаҳоеро пешниҳод мекунад, ки аз чаҳорчӯбаи назариявӣ ва таҳқиқоти таҷрибавӣ шакл гирифтааст. Ҳадафи ин мақола низ ҷамъбасти ин дурнамоҳо тавассути пешниҳоди арзёбии ҳамаҷониба дар бораи он, ки олимони аврупоӣ равандҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро чӣ гуна дарк ва интиқод кардаанд, мебошад.

Таҳлилҳо ва арзёбиҳои муҳақиқони аврупоӣ, аз фароҳам овардани дарки нуктасанҷонаи равандҳои барқарорсозии пас аз низоъ ва эҳёи сулҳ дар Тоҷикистон иборат мебошад. Фаъолияти онҳо на танҳо фаҳмиши моро дар бораи таҷрибаи беназири бунёди сулҳи Тоҷикистон васеъ мекунад, балки ба муколамаи глобалӣ оид ба стратегияҳои самараноки ҳалли низоъҳо ва сулҳи пойдор мусоидат менамояд. Тоҷикистон бо шароити хоси таърихӣ ва иҷтимоию сиёсии худ намунаи боварибахши чунин гузаришро пешкаш намуда, барои таҳлил ва фаҳмиши муқоисавӣ имкони калон медиҳад. Таҳқиқот оид ба равандҳои сулҳ дар Тоҷикистон на танҳо ба мубоҳисаҳои илмӣ мусоидат мекунад, балки дониши моро дар бораи он, ки фарҳангҳо ва системаҳои сиёсӣ чӣ гуна бо мушкилоти барқарорсозии пас аз низоъ мубориза мебаранд, бештар менамояд. Бо ҳамгироии арзёбии олимони аврупоӣ, назарияҳо ва амалияҳои ҷаҳонии бунёди сулҳ дар заминаҳои мушаххаси минтақавӣ татбиқ мешаванд ва ин равишҳо метавонанд ба воқеиятҳои маҳаллӣ мутобиқ ё тафсир карда шаванд.

Тавре дар боло зикр гардид, равандҳои ба даст овардани ризоияти миллӣ, истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатдории Тоҷикистон дар натиҷаи бомуваффақият рафъ намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳалли ҳама гуна низоъҳои дохилӣ мавриди таваҷҷӯҳи бештари олимони ҷомеашиносии кишварҳои гуногун, махсусан, олимон ва муҳақиқони Аврупоро қарор гирифтааст. Бисёр аз ин олимон таҳқиқоти худро ба равандҳои гуфтушунид, ҷихатҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва инсондустии онҳо бахшидаанд. Диққати баъзе олимон ва сиёсатшиносон бошад ба масъалаҳои таҷрибаи ба даст овардани созиш равона гардидааст. Бинобар ин ба андешаи аксари ин пажӯҳишгарон чунин таҷрибаҳо ба муайян кардани роҳи муваффақ аз нокомиҳо ва муайян кардани равишҳои методологӣ, ки метавонанд дар минтақаҳои дигар татбиқ шаванд, кӯмак мекунанд. Аз таҳлилҳо ва омӯзиши сарчашмаҳо маълум гардид, ки самтҳои асосии таҳқиқоти муҳаққиқони Ғарб омилҳои гуногунро дар бар гирифтааст.

Ин пажӯҳишҳо аксар вақт ба таҳлили таҷрибаҳои мусолиҳаи муваффақ, ки дар Тоҷикистон татбиқ шудаанд, тамаркуз мекунад. Диққати махсус ба он дода мешавад, ки тадбирҳои андешидашуда ба дигар минтақаҳои баъдиҷангӣ чӣ тавр мувофиқ карда шаванд. Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар дастгирии равандҳои мусолиҳа низ мавқеи худро дар ин таҳлилҳо аз даст надодаанд. Таҳлилҳои муқоисавии равандҳои мусолиҳаро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро аз назар мегузаронанд, ки барои муайян кардани тамоюлҳои умумӣ ва хусусиятҳои беназир мусоидат мекунад.

Онҳо таҷрибаи бунёди сулҳи Тоҷикистонро тавассути арзёбии таъсир, мутобиқсозии усулҳои ҷамъоварии маълумот, таъсиси далелҳои муқобил ва ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ ва амалӣ дар муҳити низоъ арзёбӣ карданд. Муҳаққиқон ба таҷрибаи сулҳпарварии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои мусбат дода, аҳамияти онро барои таҷрибаи сулҳофарӣ дар миқёси ҷаҳон қайд карданд. Баъзе аз муҳаққиқон, ба монанди Джон Дэвид Хезершоу ба бунёди сулҳи тоҷикон ҳамчун ба як раванди мушкил марбут ба мусолиҳаи расмӣ, ташаннуҷ, демократикунонӣ, ҳукмронӣ, рушди иқтисодӣ, ки дар натиҷаи бархӯрдҳои байни дахолаткунандагони байналмилалӣ ва элитаи маҳаллӣ ташаккул ёфтаанд, ишора мекунад. Дар маҷаллаи академӣ ва бонуфузи ҷаҳонӣ“Бунёди сулҳ ва рушд” ки аз ҷониби нашриёти Тейлор ва Франсис ( Taylor & Francis) ба табъ мерасад, теъдоди зиёди мақолаҳои муҳаққиқони Ғарб ба барқароршавии сулҳ ва омилҳои асосии он ба нашр расидаанд. Муҳаққиқ Майкл Г. Веселлс дар мақолааш “Арзёбии барнома: Чаро раванд муҳим аст?” таҷрибаи сулҳпарварии Тоҷикистонро тавассути таъкид ба равандҳои арзёбии осоишта, эҷоди муносибатҳо, мубодилаи қудрат, ҷалби ҷомеа, маълумоти сифатӣ ва фарогирӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва таъсири барнома арзёбӣ кардааст.

Раванди сулҳи тоҷикон, ки ба Созишномаи сулҳ дар соли 1997 оварда расонд, як мисоли нисбатан пурташаннуҷ, вале қобили таваҷҷӯҳи сулҳи бомуваффақияти байналмилалӣ дар даврони пас аз Ҷанги сард муаррифӣ мешавад. Донишмандон қайд кардаанд, ки Тоҷикистон бо як мушкили хеле сахте рӯ ба рӯ буд, ки эҳтимоли аз байн рафтани кишварро дар пай дошт. Ин масъала, ки аз низоъҳои дохилӣ бармеомад, ба сохтори иҷтимоию сиёсии кишвар таъсири амиқ гузошт. Дар посух, кишвар ба раванди мусолиҳаи ҳамаҷониба шуруъ кард, ки ҳадафи он ҳалли мушкилоти таърихӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ буд. Раванди оштӣ стратегияҳои гуногунро дар бар мегирад, аз ҷумла ташаббусҳои муколама ва барномаҳои ҷомеа, ки барои бартараф кардани ихтилофҳо ва мусоидат ба ҳамгироӣ пешбинӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин кӯшишҳо, олимон эътироф мекунанд, ки ноил шудан ба сулҳи пойдор вазифаи душвор боқӣ монда буд, ки ӯҳдадориҳои устувор ва равишҳои навоваронаро талаб мекунад. Муборизаи давомдор характери мураккаби оштии баъдиҷангӣ ва зарурати дастгирии доимиро, чи аз тарафи фаъолони миллӣ ва чи байналхалқиро, нишон медиҳад. Муҳаққиқ Ҷон Хизершоу дар таҳқиқоти худ доир ба сулҳ дар Тоҷикистон овардааст, ки : “Эҳтимол, бар хилофи воқеият, дар тӯли солҳо ва ҳатто даҳсолаҳои эҳёи сулҳ дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ имкон надошт, агар як низоми фаъоли ҳизбӣ, интихоботи одилона, ҳукумати муттамарказ ё бахши ислоҳоти амниятӣ эҷод намешуд. Чунин дигаргуниҳо, вақте ки ба вуқӯъ мепайванданд, бештар равандҳои тағйироти васеътари сиёсӣ ва иқтисодиро, ки дар мубоҳисаҳои маҳаллӣ консептуалӣ шудаанд, инъикос мекунанд” [5,22].

Сабабҳои муваффақият, аз ҷумла, ҳамкории зич ва ҳамоҳангсозии муассир аз ҷониби доираи васеи фаъолони берунаи ҷалбшуда ва инчунин пуррагии натиҷавӣ байни нақшҳои гуногуни онҳо буд. Пажӯҳишгарони соҳа бар он назаранд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон омилҳои хоси худро дошт, ки яке аз онҳо дар ҷомеа пайдо шудани силоҳбадастон ва тундравони исломӣ буд. Онҳо аз воситаҳои гуногун, хусусан, эътиқоди мардум истифода карда, мехостанд, Тоҷикистонро ба вартаи динзадагӣ ва бикашанд ва бо сӯистифода аз ин омил ҳукумати кишварро ба даст бигиранд. Чунин омилҳо ба он оварда расонд, ки байни тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои тақсими қудрат заминаҳои умумӣ пайдо шаванд.

Таҷрибаи бунёди сулҳи Тоҷикистон ба олимони Иттиҳодияи Аврупо бо нишон додани мураккабӣ ва хусусияти мураккаби равандҳои сулҳ дар шароити пас аз низоъ таъсири назаррас расонидааст. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бунёди сулҳ дар Тоҷикистон рақобати фаъолони байналмилалӣ ва элитаи маҳаллиро дар бар мегирад, ки боиси фаҳмиши нозукии муваффақият мегардад, ки аз чаҳорчӯби ғарбӣ фарқ мекунад [ 7, 162] .

Хулоса, таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди сулҳ барои фаҳмидани мушкилиҳои барқарорсозӣ ва эътидоли баъдиҷангӣ як мисоли ҷолиберо фароҳам меорад. Аз нуқтаи назари пажӯҳишгарони аврупоӣ, аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ва модели сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд идеяи калидӣ бармеояд. Аввалан, гузариши Тоҷикистон аз низоъҳои шаҳрвандӣ ба суботи нисбӣ нақши муҳими муколама ва музокироти фарогирро дар бунёди сулҳ таъкид мекунад. Муваффақияти раванди сулҳ дар Тоҷикистон аҳамияти ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор - чӣ фаъолони сиёсӣ ва чӣ фаъолони шаҳрвандиро барои талошҳои бунёди сулҳ тарғиб менамояд. Ин фарогири ҳисси мансубият ва ӯҳдадориро дар байни гурӯҳҳои гуногун, ки барои сулҳи пойдор муҳим аст, афзоиш медиҳад. Гузашта аз ин, таҷрибаи Тоҷикистон зарурати ҳалли омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар баробари мусолиҳаи сиёсиро таъкид мекунад. Рушди иқтисодӣ, коҳиши камбизоатӣ ва ҳамгироии минтақавӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳифзи сулҳ ва мусоидат ба субот мебошанд. Ин равиши ҳамаҷониба, ки ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро муттаҳид мекунад, барои дигар ҷомеаҳои пас аз низоъ дарси арзишманд медиҳад.

Дар маҷмӯъ, таҷрибаи Тоҷикистон ва модели сулҳофарии Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бунёди сулҳ фаҳмиш ва дидгоҳи навро дар бораи он, ки чӣ гуна метавон равандҳои сулҳро самаранок идора ва пойдор кард, эҷод мекунад. Барои муҳаққиқон ва сиёсатмадорони аврупоӣ, он ҳамчун ёдоварӣ дар бораи аҳамияти стратегияҳои мушаххаси қарина ва табиати бисёрҷанбаи бунёди сулҳ хидмат мекунад.

Сарчашмаҳои истифодашуда:

1. Dov Lynch. The Tajik civil war and peace process.-. Journal Civil Wars Volume 4, 2001 - Issue 4- 2007- Pages 49-72

2. Karolina Kluczewska, \\Tajikistan’s Atomised Peace: Approaching Conflict Management from the Ground Up-Journal of Intervention and Statebuildin.. 2020 -(Routledge)- Vol. 14, Iss: 4, pp -570

3. Freizer, S. (2004) ‘Tajikistan local self-governance: a potential bridge between government and civil society?’ in De Martino (ed.) Tajikistan at a Crossroad: the Politics of Decentralization, Geneva: CIMERA: 16–24.

4. Fetherstone, A.B. (2000) ‘Peacekeeping, conflict resolution and peacebuilding: a reconsideration of theoretical frameworks’, International Peacekeeping 17(20): 190–217.

5. John Heathershaw .Peacebuilding as Practice: Discourses from Post-Conflict Tajikistan.- International Peacekeeping, vol.14, no.2, June 2008

6. John Heathershaw. Post-Conflict Tajikistan The politics of peacebuilding and the emergence of legitimate order.- London, Routladg-2009-240pp

7. John Heathershaw The Practical Representation of Peacebuilding- 2012 Palgrave Macmillan, London - pp -187

8. UN Security Council, Press Release SC/6860 4141st Meeting (Night) 12 May 2000. (www.un.org/News/Press/docs/2000/20000512.sc6860.doc.html) Accessed: 22 May 2004

9. Jonathan Zartman. Negotiation, Exclusion and Durable Peace: Dialogue and Peacebuilding in Tajikistan- International Negotiation, Volume 13: Issue 1 Brill | Nijhoff- 55–72

10. John Heathershaw. Tajikistan's Virtual Politics of Peace,- Journal of Europe-Asia Studies. - Vol. 61,-: 7, pp

11. Luise Druke. Housing and property restitution for returnees in tajikistan in the 1990s. 2000- Refugee Survey Quarterly (Oxford University Press) - Vol. 19, Iss: 3, pp 113-129

12. Harry Mika. Evaluation as peacebuilding: Transformative values, processes, and outcomes.- 2002 - Contemporary Justice Review (Taylor & Francis Group) - Vol. 5, Iss: 4, pp 339-349

13. Tetsuro Iji. Cooperation, coordination and complementarity in international peacemaking: the Tajikistan experience - International Peacekeeping 2005- Vol. 12, Iss: 2, pp 189-204

Grant Smith Tajikistan: The rocky road to peace Central Asian Surve, Oxford 1999- Vol. 18, Iss: 2, pp 243-251

 

Пӯшидани либоси покизаю ороста ва бо тартиб нишонаи низоми фикрӣ ва завқи солимдоштаи инсонро ифода мекунад, зеро касе, ки аз парешонӣ ва ошуфтагӣ дур бувад, ба шакли пӯшиши худ аҳамият медиҳад. Либоси инсон бояд муаррифгари ҷинси ӯ бошад. Бинобар ин, яке аз авомили нишоту шодмонӣ равонӣ пӯшидани либоси фарқкунанда ба ҳисоб меравад. Истифода аз рангҳои нек дар либос асароти хубро дар афзоиши ҳаракат, фаъолият ва пешрафти кори кас такмил медиҳад ва дар саломатии рӯҳии шахсиятии афрод муассир хоҳад буд.

Аз маҷмӯи натиҷаи таҳқиқоте, ки олимони гуногун дар бораи либос анҷом додаанд, фаҳмида мешавад, ки либос посухгӯйи се ниёзи одамӣ аст. Яке ин ки ӯро аз сармою гармо ва барфу борон ҳифз мекунад. Дигар ин ки барои ҳифзи иффат ва шаъну шараф чун василае ба ӯ кумак мекунад. Саввумин бошад, баҳри оростагӣ ва зебоию виқор истифода мешавад.

Агар ба гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа назар андозе, мебинем, ки либоси занон, мардон ва кӯдакон аз ҳам тафовут доранд. Пӯшоки мардуми деҳот аз пӯшоки мардуми шаҳрнишинон фарқ дорад. Занони хонанишин либосҳои мутафовит ба бар доранд ва либосе, ки занони коргар ба тан мекунанд, аз рӯйи таносуби кори хеш фарқ дорад. Аҳли табақоти мухталифи ҷомеа низ вобаста ба вазъи иқтисодӣ либосҳои гуногун мепӯшанд. Бешак, шароити иқлимии ҳар минтақа низ бар навъи либоси мардуми он таъсир мегузорад.

Албатта, маънии либос ба ҳама ошно буда, ниёзе ба таъриф надорад. Аммо, фарҳангро лозим аст, ки таърифу баррасӣ кунем ва мақсади худро аз фарҳанг баён кунем.Фарҳанг иборат аз кулли биниш ва нигариш аст, ки як ҷомеа нисбат ба ҷаҳон дорад . Ин биниш ва нигариш ҳамон маъноеро фаро мегирад, ки он ҷомеа барои ҳастии инсон қоил аст ва он ҳама арзишу равишҳои фарду ҷамъиятро дар бар дорад. Ба иборати дигар гӯем, фарҳанги як қавм дар вуҷуди мухталифи зиндагии онҳо, аз қабили саъат, иқтисод, идоракунӣ, шаҳрсозию меъморӣ ва ҳунар таҷалло мекунад. Фарҳанг ба манзалаи рӯҳест, ки дар колбуди тамаддуни он қавм ҷараён дорад.

Робитаи либос ва фарҳанг ба андозае қавӣ аст, ки вақте як хориҷӣ вориди муҳите мегардад, нахустин аломате, ки боиси шинохти ӯ мешавад, ҳамон либоси ӯст. Гӯё инсон ва либосаш бо якдигар суҳбат мекунанд ва ҳар фард ба забони либоси хеш худро муаррифӣ менамояд, ки ман кистам ва аз куҷоям?

Омилҳои муассири ба бар кардани пӯшокҳои гуногун аз ин қабил мебошанд:

1. Шароити муҳит ва ҷуғрофӣ;

2. Ҳолу аҳволи зиндагии сокинони ҷомеа;

3. Ҷанг ва вазъиятҳои сиёсӣ;

4. Шароит ва вазъи иқтисодӣ;

5. Одобу русум ва эътиқоди мазҳабӣ;

6. Низоми табақоти ҳукмфармо дар ҷомеа;

7. Равобити фарҳангӣ ва иқтисодию сиёсӣ бо кишварҳои ҳамсоя;

Инсоне, ки аз рангҳои равшан ва нек дар пӯшок истифода мекунад аз оромиши равонӣ бештар бархурд мегардад. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки кайфият ва чӣ гунаи либос ҳам аз назари ранг, ҳам аз назари мудел ва ҳам аз назари оростагию фарқгузорӣ нишонаи шахсияти неки инсон аст. Басо афроде, бо пӯшидани навъи хосе аз либосҳо дучори таҳқири шахсияте мешаванд ва ба ҳама рафтору аъмолашон тағйир пайдо мекунад.

Дар кишвари азизамон пӯшидани либоси миллӣ дар қиёс бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя бештар роиҷ аст. Зеро мо, тоҷикон анъанаҳои милии худро дорем ва ба арзишҳои миллӣ ҷонибдор мебошем. Аз маъруфтарин ва машҳуртарину маҳбубтарин либосҳои миллии мо, тоҷикон либоси чакан, атлас, зардӯзӣ ва гулдӯзиро метавон ном бурд. Либосҳои мазкур ҳар кадомашон таърихи тӯлонӣ доранд, ки дар тӯли он маҳбубияти худро то кунун нигоҳ доштаанд.

Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати саноатӣ, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икрои пироҳаншои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд.

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои гуногуни дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои занон бо сару либоси хосаи зебо дар пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Дар ҳақиқат, солҳои охир ташвиқу тарғиби фарҳанги ғайр ва бегонапарастии занону духтарон ба тадриҷ афзудааст, ки аз камандешии онҳо шаҳодат медиҳад. Пайдост, ки либоси миллӣ бозгӯкунандаи анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фарҳангу анъанаҳои аҷдодии хешро пос дорем. Нагузорем, то ин ки фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷик омехтаи дигар фарҳангҳо гардад ва ё аз байн равад.

Фозилова Давлатбахт Миралибековна – номзади илмҳои физика ва математика ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ

Ҳакимова Зумрат Джамшедовна – ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ

Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, 9- уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Истиқлоли давлатиро эълон кард. Қабули ин қарори муҳими таърихӣ ба он оварда расонид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати наве бо номи Тоҷикистон пайдо шуда, аз ҷониби давлатҳои бонуфуз ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд. Бояд гуфт, ки ин санади муҳим ба тоҷикон озодӣ ва соҳибихтиёрӣ бахшида, ба онҳо имкон дод, ки пас аз ҳазорҳо сол сутунҳои давлати миллиро эҳё кунанд. Истиқлоли давлатӣ аз давлати тозабунёд ташкили низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳоеро, ки ба стандартҳои байналмилалии муайянкунандаи шакли идоракунӣ мувофиқ, фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои аҳолӣ ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро талаб намуд.

Яке аз дастовардҳои бузургтарин ва беназири солҳои аввали соҳибихтиёрии давлат қабули Конститутсия мебошад. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои волои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи пешқадами кишварҳои мутамаддин, таҳлили муқоисавию ҳуқуқии низоми ҳуқуқии кишварҳои пешрафта, давлатдорӣ ва анъанаву урфу одатҳои миллии тоҷик таҳия ва қабул гардидааст.

Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ гардид. Маҳз аз ҳамин сана ҳисобкунии таърихи навини кишвари мо оғоз ёфт. Дар ин солҳо ҷумҳурӣ мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронид: ҷанги шаҳрвандӣ, гуруснагӣ ва якчанд бӯҳрони иқтисодӣ. Бо вуҷуди оғози душвор, кишвар тавонист муваффақ шавад. Бояд зикр намуд, ки нақш ва хидматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навтарин, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бебаҳс мебошанд. Идеяи сулҳу ризоияти миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод шудааст, аз ҷониби ҳамаи миллатҳо дастгирии васеъ пайдо намуд. Таҳти роҳбарии ӯ ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои кафил ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ 27 июни соли 1997 Созишномаи умумӣ дар бораи таъсиси сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Имсол ҷумҳурии ҷавони мо 33-солагии худро ҷашн мегирад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба даст оварда шуданд.

Дар ин солҳо сохти нави ҷамъиятӣ ташаккул ёфт, ки ба руҳияи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷавобгӯ аст, иқтисоди бозорӣ рушд карда, натиҷаҳо ба тарзи ҳаёти аъзои ҷомеа таъсири мусбат мерасонанд. "Сиёсати дарҳои кушода" - и эълонкардаи роҳбарияти кишвар ба Тоҷикистон имкон дод, ки бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад ва бомуваффақият рушд диҳад. Дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба ҳайси актори комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва узви эътирофшудаи бисёр созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табдил ёфтааст, ки дар доираи онҳо айни замон дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими глобалӣ ва минтақавӣ фаъолона иштирок менамояд.

Ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯйи замин бо оби нӯшокӣ, дар ин росто, эълон намудани соли 2003 - “Соли оби тоза” ва таҳияи барномаи дарозмуддати “Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (2005-2015), ки аз ҷониби СММ бо ҷонибдории 141 кишвар ба тасвиб расид, эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бурд. Тоҷикистон дар доираи ин барнома як силсила тадбирҳои муҳимми сатҳи байналмилалиро дар шаҳри Душанбе созмон дод, ки аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд.

Соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе тавонист ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардад ва соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуда, соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон” ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.

Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 10 миллион нафар афзуд. Аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ дар 33 сол Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ ҷои аввалро ишғол намуда, сатҳу сифати зиндагии мардум ба куллӣ беҳтар гардид.

Ҳамаи дастовардҳое, ки мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудем, дар таърихи халқ ва давлатдории Тоҷикистон сабт хоҳанд шуд. Таҷрибаи рушди мустақили кишвар садоқати роҳи интихобкардаи Пешвои миллат ва сиёсати бунёди нави давлатро собит кард. Таърихи навини давлатдории тоҷик бори дигар ҳақиқатро тасдиқ кард, ки халқи бонангу номуси мо, ки дорои иқтидори солиму хирадмандона ва тавоно мебошад, қодир аст аз ҳар гуна саргузашт пешгирӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва мақоми давлати тоҷиконро ҳимоя намояд.

Давлатова Фарида, ходими хурди илмии Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Subscribe to Мақолаҳо