Доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов 27 июли соли 1944 дар деҳаи Боғикалони шаҳри Истаравшан дар оилаи зиёиён - Олимхони Эшонтура ва Макраматхон, ки бо тахаллуси Махфӣ Киромизода ба шеъру шоирӣ машғул буданд, ба дунё омадаандт. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба шуъбаи забони форсии факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил гаштанд. Баъди хатми ин муассисаи таълимӣ ҳамроҳи чанд ҳамсабақони хеш барои идомаи таҳсил ба аспирантураи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба ихтисоси фалсафа шомил гардиданд. Академик Алоуддин Баҳоуддинов, ки он замон дар сафи пеши файласуфони тоҷик қарор доштанд, Кароматулло Олимовро ба шогирдӣ қабул карданд ва эшон дар соли 1971 рисолаи номзадиашонро дар мавзӯи «Ақидаҳои фалсафию ахлоқии Абулмаҷди Саноӣ» бомуваффақият дифоъ намуданд. Баъдан Кароматулло Олимов фаъолияташонро дар Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (ҳоло - Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Алоуддин Баҳоваддинов) ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, сарходими илмӣ ва мудири бахши таърихи фалсафа идома доданд. Дар ин мобайн ду бор сафари тулонии хизматӣ ба Афғонистон дошта, дар сафари дуюм ҳамчун сарвари гурӯҳи тарҷумонҳо ва котиби дуюми сафорати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин кишвар ифои вазифа намуданд. Баъди бозгашт аз Афғонистон боз ҳамчун мудири бахши таърихи фалсафаи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолиятро идома доданд.
Фаъолияти сиёсии Кароматулло Олимов низ хеле рангин аст. Эшон дар ин самт аз кор дар гурӯҳи мушовирони ҳизбӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон шуруъ карда, баъдан дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба ҳайси мушовири шуъбаи идеология кор кардаанд. Баъди барҳам хӯрдани ҳизб аз нав ба Академияи илмҳо баргашта, мудири кафедраи фалсафа таъйин шуданд.
Ҳангоме ки дар соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эшонро узви Комиссияи оштии миллӣ таъйин намуданд. Кароматулло Олимов дар зеркомиссияи муҳоҷирон фаъолият мекарданд. Баъдан аз ҷониби Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, то моҳи октябри соли 2001 вакили мардумӣ буданд. Худи ҳамин сол бо фармони Президенти мамлакат ба мансаби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд. Ҳамзамон, ҳамчун раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Тоҷикистон фаъолият доштанд. Аз соли 2004 то соли 2007 бошад, дар мансаби пурмасъулияти Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа хизмат намуданд. Дар ин давра фаъолияти Кароматулло Олимов ҳамчун сиёсатмадор ва шахсияти фарҳангӣ бештар зоҳир гардид. Саҳми ӯ дар ворид шудани мусиқии классикиии тоҷик «Шашмақом» ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддӣ ва Саразм ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО, баргузории Рӯзи Тоҷикистон бо иштироки Президент дар Юнеско, таъсиси Консерваторияи миллӣ, эҳёи балети тоҷик ба воситаи таъсиси студияи балети тоҷик дар шаҳри Перми Федератсияи Россия, колеҷи хореографӣ, ташкили фестивали театрҳои кишвар баъд аз солҳои муноқиша, тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ бо вазоратҳои марбутаи Хитой, Россия, Эрон ва ғайра хеле назаррас мебошад.
Минбаъд Кароматулло Олимов дар Академияи илмҳо директори Пажуҳишгоҳи фалсафа ва чанде дертар директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ таъйин шуданд. Баъдан ба ҳайси ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии ин муассиса фаъолият доштанд. Ҳоло сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ мебошанд.
Кароматулло Олимов файласуфи донишманд, доктори илм, профессор, академики АМИТ ва арбоби маъруфи сиёсиву ҷамъиятӣ мебошанд. Ҳамчун муҳаққиқи осори ирфонии донишмандони тоҷик дар муаррифии мероси пурғановати эшон ба мардуми Тоҷикистон ва хориҷ аз он хидмати шоистаеро анҷом додаанд. Ӯ сазовори унвони пурифтихори Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино буда, беш аз чорсад мақолаву асарҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таълиф кардаанд. Эшон муҳимтарин осори Саноӣ ва мутафаккирони дигарро ба чоп омода кардаанд. Шогирдони зиёди устод унвону дараҷаҳои илмии номзаду доктори илм, дотсенту профессор дошта, анъанаҳои устоди хешро дар таҳқиқи илмӣ ва тарбияи шогирдон бо ҳам мебинанд.
Нахустин монографияи илмии устод Кароматулло Олимов бо номи «Ҷаҳонбинии Саноӣ» дар соли 1973 ба табъ расида буд. Ин асарро арзёбӣ намуда, профессор А. Шамолов зикр намудаанд: «Омӯзиши эҷодиёти Саноӣ на танҳо барои муайян кардани паҳлӯҳои мухталифи низоми ҷаҳонбинии мутафаккир, балки ҷиҳати ҳарчи бештар равшан сохтани самту хусусиятҳои инкишофи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии халқҳои тоҷику форс дар асрҳои XI-XII аз аҳамият холӣ нест. Зеро намоёнтарин шоирон ва мутафаккирони асрҳои баъдина ба монанди Хоқонӣ, Низомӣ, Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Низорӣ ва бисёр дигарон таҳти таъсири ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои Саноӣ қарор гирифта буданд. Муаллиф бо далелу бурҳони илмӣ ва дар доираи методологияи диалектикӣ дар ин рисола исбот сохтааст, ки афкори фалсафӣ ва ирфонии Саноӣ дар инкишофи озодандешии халқҳои форсизабон хидмати арзандаеро анҷом додааст. Мутафаккир нақши ақлро дар ҷараёни маърифати инсонӣ хеле баланд бардошта, алорағми суфиёни шатҳиётгӯ таъкид кардааст, ки ақли инсонӣ қобилияти волои маърифатӣ дорад. Дар робита ба ин гуфтаҳои Саноӣ муаллиф ба хулосае меояд, ки таълимоти вай хусусияти ратсионалистӣ (ақлгароӣ) дорад. Ҳамчунин Саноӣ яке аз поягузорони асарҳои фалсафӣ-дидактикӣ мебошад, чунки вай зери таъсири мактаби ал-Ҷоҳиз ва Ибни Муқаффаъ ин жанри нави адабӣ-фалсафиро дар асри худ идома бахшидааст».
Дар монографияи дигар «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ» устод Кароматулло Олимов «воқеъбинона таъкид кардааст, ки ҷавҳари низоми ақидатии Абдуллоҳи Ансориро фазилатҳои инсонпарварӣ ва озодманишӣ, нисбат ба одамони оддӣ мушфиқу ғамхор будан, адолатпарварӣ, тарбияи фарзандону шогирдон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳру садоқат, ростию рафоқат ва монанди инҳо ташкил медиҳанд» (А. Шамолов). Асари устод Кароматулло Олимов бо номи «Тасаввуфи Хуросон» солҳои 1993 ва 2014 ба табъ расида, он, ба андешаи А. Шамолов «ба масъалаҳои таърихи фалсафӣ ва тасаввуфи асрҳои X-XII-и Хуросон бахшида шуда, дар он осор, таълифот ва таълимоти мутафаккирони бузурги асрҳои X-XII, аз қабили Мустамаллӣ, Ансорӣ, Абӯсаид, Аббадӣ, Хуҷирӣ ва ғайра мавриди таҳлил ва интиқоди илмӣ қарор гирифтааст». Монографияи Кароматулло Олимов, ки унвони «Тасаввуф дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-Х11»-ро дорад, соли 2020 ба нашр расидааст. Дар монографияи мазкур, чунонки аз номаш бармеояд, тасаввуф ва ирфони тоҷикон дар як давраи рушди васеи ин мактаби фалсафӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Бо ин мақсад муаллифи монография дар ибтидо манбаъҳо ва ташаккули тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳрро баррасӣ намуда, зимни он заминаҳои умумии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии пайдоиш ва рушди мактаби тасаввуф, сарчашмаҳои пайдоиш ва назариёти онро ба хонандагон маълум сохтааст. Ҳамзамон, дар ин қисмати монография сарчашмаҳои асосӣ оид ба тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X-ХII кушода шуда, оид ба намояндагони асосии тасаввуфи халқи тоҷик дар ин даврон маълумоти гаронарзише оварда шудааст. Инҳо Ҳаким Тирмизӣ, Абу Насри Сарроҷ, Абу Абдурраҳмони Сулламӣ, Абул Ҳасани Хараконӣ, Абусаиди Абул Хайр, Абдуллоҳи Ансорӣ ва дигарон мебошанд. Аз миёни онҳо зикри номи Аҳмади Ҷом Жандапил муҳим аст, ки бо озодфикрӣ ва мубориза бар зидди беадолатии замони худ машҳур буда, ҳаёт, мерос ва ҷаҳонбинии ӯ дар Тоҷикистон то кунун қариб, ки омӯхта нашудааст.
Дар боби дуюми монография масъалаҳои фалсафӣ дар таълимоти суфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Дар робита бо ин муаллиф ба масъалаи фалсафаи ҳастӣ дар таълимоти суфиёни ин минтақа, мушкилоти ақл, нафс ва ҷисм, таснифоти илмҳо ва проблемаҳои идроки ирфонӣ, инчунин масъалаҳои маърифат таваҷҷуҳи хосса намудааст. Дар ин зимн дар монография таъкид гардидааст, ки тасаввуфи Хуросон таълимоти сирф динӣ набуда, дар рушди озодфикрӣ нақши муҳим бозидааст ва бо воситаҳои возеҳи рағбатангез фалсафаро ғанӣ гардонида, барои озодии инсон аз бадӣ ва таҳқир андешаҳои асил баён доштааст. Қобли зикр аст, ки дар он замона ин ягона роҳе буд дар нигоҳ доштани афкори фалсафӣ.
Таълимот дар бораи амалияи ирфонӣ дар боби сеюми монография мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Дар ин қисмат муаллиф мақулаҳои (категорияҳои) асосии амалияи тасаввуфӣ, масъалаи муносибатҳои шайх ва мурид ё роҳнамоии маънавӣ, зикр, самоъ ва амсоли онро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид месозад, ки масъалаҳои асосии амалияи ирфонии мактабҳои алоҳидаи тасаввуф аз дидгоҳи методологияи муосир таҳқиқ нашудаанд. Аз ин рӯ муайян намудани доираи масъалаҳои ин амалия дониши моро дар бораи таълимоти равоншиносии бузургони тасаввуф комил хоҳад кард.
Таҳқиқи таълимоти иҷтимоию ахлоқии суфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII як қисмати бузурги монографияи донишманди варзида Кароматулло Олимовро ташкил дода, боби чоруми рисолаи мазкур ба пуррагӣ ба ин мавзуъ бахшида шудааст. Дар ин росто муайян сохтани асосҳои фалсафии таълимоти иҷтимоию ахлоқии тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр, таҳлили ақидаҳои иҷтимоию сиёсии намояндагони бузурги ин мактаб, таълимоти ахлоқии онҳо ва масъалаҳои дигари ба ҳаёти иҷтимоии инсон алоқаманд муҳим ҳисобида шудаанд. Муаллиф дар ин самт барҳақ таъкид доштааст, ки аз нуқтаи назари суфиёни тоҷик фоҷиаи ҷамъият ва инсони алоҳида натиҷаи ҳукмронии моддиёт бар маънавиёт буда, бо роҳи озодшавӣ аз ҳама амалҳои паст, хоҳишҳои даргузари моддӣ метавон чунин офатҳоро пешгирӣ намуд. Бо дарназардошти ин маънӣ, суфиёни тоҷик назарияи маърифатро дар бораи роҳҳои идрок ва худшиносӣ, имконпазирии камолоти инсон таҳия намудаанд, ки то ҳол аҳаммияти амалии худро аз даст надодааст.
Масъалаҳои зиёди алоқаманд ба манбаъҳо ва ташаккули тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр, масъалаҳои фалсафӣ дар таълимоти суфиёни минтақа, амалияи ирфонии онҳо, инчунин таълимоти иҷтимоию ахлоқии ин мутафаккиронро таҳқиқ намуда, муҳаққиқи шинохта Кароматулло Олимов ба чунин натиҷа расидааст, ки намояндагони бузурги ин мактаб бо ақидаҳои озодфикронаи худ бар зидди таассуб, хушунат, таҳқири инсон мубориза бурдаанд. Онҳо мақому мартабаи инсонро, қатъи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, табақавӣ хостаанд баланд бардоранд, таҳаммул ва зиндагии шарофатмандонаро таблиғ намоянд. Аз ин рӯ суфиёни Хуросон ва Мовароуннаҳр бо осори гаронбаҳои худ дар пешрафти афкори ахлоқӣ ва эстетикии тоҷикон ва халқҳои ҳамҷавор хидмати намоёнро анҷом додаанд.
Дар маҷмуъ, қобили таъкид аст, ки монографияи Кароматулло Олимов «Тасаввуф дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-ХII» дар асоси дастовардҳои навтарини илмӣ дар ин самт, бо истифода аз методологияи муосири таҳқиқоти илмӣ таълиф гардида, як нигоҳи тозае ба тасаввуфи минтақа ва умуман ба таълимоти ирфонӣ дар Шарқ мебошад. Муаллиф дар рисолаи хеш асосан он ҷанбаҳои тасаввуфро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки дархӯри талаботи замони муосир мебошанд. Ҷанбаҳои манфии ин таълимоти фалсафию диниро низ муаллифи рисола ба хубӣ дарк мекунад ва аз ин рӯ изҳор доштааст, ки “ривоятҳову афсонапардозиҳои иғроқомез ва даъватҳо ба ҳаёти ғайрифаъол ва таваккули аз ҳад зиёд, ки дар мероси тасаввуфӣ ҷой доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ дархурди имрӯз намебошанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фаъол мусоидат намекунанд”. Аз ин рӯ “мероси ирфонӣ барои тамаддуни муосир бо ақидаҳои сулҳофаринӣ, таҳаммулгароӣ ва бузургдошти қадру шарафи инсонӣ, қатъи назар аз мақоми иҷтимоӣ ва манзалати ӯ, дорои аҳамият ва қобили истифода мебошад”.
Дар китоби дигари устод Кароматулло Олимов – “Дар қаламрави фалсафа сиёсат” (соли нашр 2023) мақолаҳои муаллиф, ки дар солҳои гуногун оид ба масъалаҳои фалсафа, илм, методология, андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии шоирони мутафаккир, сиёсат, замон ва шахсият таълиф гардидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд. Мақолаҳо ба се доираи масъалаҳои мубрам бахшида шудаанд.
Дар фасли аввали китоб мулоҳизаҳои муаллиф оид ба масъалаҳои методологияи таҳқиқоти фалсафӣ ва рушди илм оварда шуда, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки яке аз вазифаҳои таърихи фалсафа ин аст, ки бо истифода аз усул ва методологияи илмӣ мероси гузашта, осори шахсиятҳою мутафаккирони бузург, ақидаҳои озодандешона ва инсонпарваронаи онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳад. Барои расидан ба ин мақсад ва барои эҷоди тафаккури солим ва ифтихори миллии ба ҳақиқат ва воқеият созгор, инчунин ташаккули худшиносӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик таҳқиқи таърихи фалсафаи ниёгон бояд ҳатман бо баррасиҳои интиқодӣ, бо истифода аз методологияи илмӣ, методҳое чун диалектикӣ, дедуктивӣ-мантиқӣ, ретроспективӣ, интерполятсия ва амсоли он, инчунин бо дарназардошти воқеияти ҷомеаи муосир сурат гирад.
Аз ин рӯ, дар мақолаҳои ин маҷмуа ба масъалаҳои методологии таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик, методологияи таҳқиқи андешаҳои фалсафӣ дар адабиёт, дастоварди муҳим дар методологияи таҳқиқи фалсафӣ ва илмҳои ҷомеашиносӣ дар мисоли “Асарҳо”-и С.Ятимов таваҷҷуҳ карда шуда, мулоҳизаҳои муаллиф перомуни баҳси дунявӣ ва динӣ, нақши илмҳои ҷомеашиносӣ дар давлати соҳибистиқлол, дастовардҳои олимони ҷомеашиноси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бист соли Истиқлолият ва ғайра баён гардидаанд.
Доираи дигари мақолаҳои маҷмуа ба андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии шоирони мутафаккир бахшида шудааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки ҳисси кунҷковӣ ва зарурати зиндагӣ инсонро ҳамеша маҷбур мекунад, ки аз паи ҳалли муаммоҳои ҳастӣ шавад, сабаби ҳодисаҳоро пайдо намояд. Аз ин рӯ, на танҳо файласуфони касбӣ, балки шоирон ва адибон низ аз ин раванди ҷустуҷӯ ва инкишофи тафаккур дар канор намонда, назари худро доир ба масъалаҳои моҳияти оламу инсон баён кардаанд. Дар ин росто К. Олимов андешаҳои фалсафӣ дар адабиёти тоҷикии форсӣ, ҷаҳонбинии Амир Хусрави Деҳлавӣ, Хоқонии Шарвонӣ, мероси Мавлоно ҳамчун васлгари фарҳангҳо, ашъори Сайидо, Ҷавҳарӣ, Туғрали Аҳрорӣ ва амсоли онро аз нигоҳи фалсафӣ ба риштаи таҳқиқ кашидаанд. Дар маҷмуа масъалаҳои сиёсат, замон, фарҳанг ва шахсият ҷойгоҳи махсус дошта, муаллиф дар он ба тари возеҳ қайд мекунанд, ки дар ҷомеа вуҷуди элитаи сиёсӣ ҳатмӣ буда, он бояд сарвари сиёсиро ба вуҷуд орад, то ки манфиатҳои худро ба воситаи ӯ таҳаққуқ бахшад. Устод Кароматулло Олимов одилона таъкид доштаанд, ки агар аз нуқтаи назари ба вуҷуд омадани элитаи сиёсӣ ва сарвари сиёсӣ таърих ва роҳи тай кардаи халқи тоҷикро пайгирӣ намоем, пас маълум мешавад, ки он басо душвор ва пур аз фоҷиаҳо буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳар давлату миллат ҳамеша ба Пешво ниёз дошта, дар даврони навини таърихи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мақомро сарбаландона ба дӯш доранд. Аз ин рӯ, муаллиф Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти бузурги миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намуда, нақши эшонро дар эъмори ваҳдат ва таҳкими истиқлоли давлатӣ кушодаанд. Дар ин қисмати маҷмуа оид ба шахсияти Бобоҷон Ғафуров, академик А.М.Баҳоваддинов низ сухан рафтааст. Устод Кароматулло Олимов моҳияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, масъалаи марксизм ва раванди тамаддуни муосир ва дигар мавзуъҳои мубрамро низ дар таълифоти ба ин китоб воришудаашон баррасӣ намудаанд.
Эътимоду боварии комил дорем, ки номгӯи монография, мақола ва асрҳои дар ин маҷмуа ҷамъоваришуда ба муҳаққиқони фалсафа, сиёсатшиносӣ, адабиёт, фарҳанг ва тамоми дӯстдорони илму ҳикмат имкон медиҳанд, ки бо шахсият ва асарҳои илмии доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов боз ҳам наздиктар ошноии пурра пайдо кунанд.
Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агар ба масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир намоем, давоми 32-сол дар асоси шартномаҳои ҳуқуқӣ муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро беҳтару хубтар намуда, зиёда аз 100 санадро ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳоисиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маориф, саноат ва дигар соҳаҳоро дар бар гирифта, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.
Дар асоси ҳуҷҷатҳои мукаммал байни ду давлат дар соҳаи илм ва маориф робитаҳои зич барқарор шудаанд. Ҳуҷҷати аввал ва бунёдӣ ин Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон аз 13 январи соли 1993 мебошад. Дар моддаи 3-юми ин Созишнома таъкид шудааст, ки ҳарду давлат саъю кӯшиши худро барои “мусоидат ба рушд ва таҳкими ҳамкории илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона” равона мекунанд. Тоҷикистон ва Қазоқистон барои рушд ва густариши ин муносибатҳо ният доранд, ки байни созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ ҳамкори зич намоянд. Бояд қайд намуд, ки барои кормандони соҳаи илм робитаи илмӣ байни муассисаҳои академияи Тоҷикистону Қазоқистон аҳамияти хоса зоҳир гардад. 13 феврали соли 2000 дар шаҳри Душанбе созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, техника, саноат ва иттилоот ба имзо расида буд ва дар асоси ин созишнома аз 13-июни соли 2000 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тайёр кардан ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии дорои тахассуси олӣ ба имзо расид.
Дар чаҳорчӯбаи санадҳои мазкур байни муассиаҳои илмӣ-таҳқиқотии ду кишвар гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва амалӣ, ташкил намудани намоишҳои илмӣ ва саноатӣ аз тарафи ҳарду кишвар ба роҳ монда шудааст. Ин намоишҳо барои пешрафти ҳар ду кишвари ба ҳам дусту бародар хело муҳим мебошад. Пас аз гузариши ин чорабиниҳо мардум ба худ як маънии нав ва илҳоми тоза барои пешрафт ва гулгулшукуфоии ватани азизамон як ғизои маънавӣ ва илмӣ ба худ мегиранд.
Дар солҳои 2006-2007 - 100 донишҷӯи курси аввал аз Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон муаррифӣ шуданд. Ин квотаҳо ба Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон аз 4 то 6 майи соли 2006 дода шуда буданд. Инчунин, дар ҷараёни ин сафар дар бораи зарурати эҷоди фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ташкили мулоқоти мунтазами олимон, намояндагони соҳаи адабиёт ва санъати ду кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар доираи таҷлили 550-умин солгарди таъсиси хонигарии Қазоқ, 27 ноябри соли 2015 дар Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби муаррихи асри 16 Муҳаммад Ҳайдар Дулати “Таърихи Рашидӣ” ба забони қазоқӣ сурат гирифт. Маҳз ин асар аввалин сарчашмаи хаттӣ дар бораи муносибатҳои байни қабилаҳои қазоқ ва халқҳои Муғулистон ва дар бораи вазъи таърихии Ҳафтрӯд (Семиречие), инчунин дар бораи замони таъсиси хонигарии қазоқ мебошад. Тарҷумаи китоб аз забони форсӣ, аз ҷониби профессор А.Нуралиев, ки бо забони қазоқӣ ҳарф мезанад ва нависандаи қазоқ, дулатшинос Мухтар Қазибек анҷом дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар Қазоқистон ҳафт мактаби миёна вуҷуд дорад, ки дар онҳо таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Вале дар назди толибилмони тоҷикзабон масъалаи таъмин бо китобҳои дарсӣ ба миён омад. Вазорати маориф ва илмӣ кишвар дар назди сафорати Тоҷикистон чунин шарт гузошт, ки агар Тоҷикистон мактабҳои мазкурро бо китобҳои дарсӣ таъмин кунад, он гоҳ ин мактабҳо фаъолият менамоянд, дар акси ҳол мактабҳои мазкур баста хоҳанд шуд ва таълим ба забони қазоқӣ сурат хоҳад гирифт. Дар чунин вазъият сафорати Тоҷикистон аз амборҳои “Тоҷикматлубот” китобҳои солҳои пешин чопшударо ба Қазоқистон оварда тавонист, ки мактабҳои зикршударо аз баста шудан боздорад. Бино ба маълумоти собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон А.Искандаров барои дар оянда баста нашудани мактабҳои тоҷикӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Пас аз муроҷиати сафорати Тоҷикистон Раиси Ҷумҳур бо ҳавопаймо ҳамроҳи худ барои мактабҳои тоҷикии Қазоқистон китобҳои дарсӣ, асбобҳои мусиқӣ, сарулибоси миллии тоҷикиро барои 9 ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ҳамчун ҳадя оварданд.
Олимони тоҷик, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти муътадили соҳаи мазкур, корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ саъю талош меварзиданд. Чун робитаҳои илмӣ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия ҳанўз канда нашуда буданд, олимони тоҷик барои ҷамъбасти тадқиқотҳои илмии худ, аз ҷумла ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ, ба ҳамкорони хориҷии худ, хусусан ба ҳамкасбони руссиягӣ муроҷиат мекарданд ва дастовардҳои илмии худро муаррифӣ менамуданд.
Дар асоси ин ҳамкориҳои дучониба соли 2023 бо дастгирии президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар Қазоқистон рӯзҳои фарҳангӣ ва ҳамоиши дастовардҳои мардуми тоҷик аз ҷумла дар саноат, илм, фарҳанги либоспӯшӣ, нишон додани маҳсулоти кишоварзӣ. Пас аз гураши ин чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе ба хотири ташрифи президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев шоми дӯстӣ дар сатҳи олӣ гузаронда шуд.
Саидмири Убайдулло - номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Худойбердизода
Мулоҳизаҳо ҷиҳати баррасии илм ва тавзеҳи навтарини дин тибқи хостаҳои бозигарони қудратҳои ҷаҳонӣ дар ҳошияи китобҳои Саймумин Ятимов...
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар садаи XXI бо сатҳу сифати ҳувияти миллӣ баррасӣ шуда, инсон дар он гаронтарин армуғон шинохта мешавад. Дар ҷомеаҳои рушдкунанда тибқи меъёрҳои илмиву ақлӣ ба ҳар инсоне баҳогузорӣ шуда, фаъолияти ӯ бо дарназардошти сифати ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти марзӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд. Бешубҳа, кишварҳои мутараққӣ ҷиҳати роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геополитикии хеш дигар миллатҳову кишварҳоро омӯхта, бинобар ҷалб намудани гурӯҳе аз дохили давлатҳо бо истифода аз тахрибкорӣ ба ноором кардани низоми сиёсии он давлат иқдом мекунанд.
Махсусан, хатари тағйир додани низоми сиёсӣ бо истифода аз инқилоб ва дигар навъҳои табаддулоти давлатӣ тавассути афроди зархарид ба кишварҳои нав истиқлолёфта таҳдид мекунад. Бинобар ин, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарурати таъмин намудани амнияти шаҳрвандон дар фазои орому осоиштаи Ватан пеш омада, нақши зиёиён дар таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ дучанд меафзояд, чунки таҳиякунандагони кирдорҳои экстремистӣ кишвари мавриди назарро аз лиҳози пойбандии аҳолӣ ба андешаҳои динӣ баррасӣ мекунанд ва бо роҳҳои таҳмил сохтани ақидаҳои динии родикалӣ барои аз байн бурдани давлате ва кишваре ҷаҳд менамоянд. Ин матлаб дар китоби “Илм ва амният”, ки муаллифи он С. Ятимов мебошад, хеле сода ва бамаврид таҳлил ёфтааст. Аз ҷумла, номбурда меоварад: “Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст”[1].
Субъектҳое, ки ба онҳо андешаҳои фасодкорӣ таҳмил мешаванд, дар аксар маврид аҳли зиё мебошанд ва аҷнабӣ бо онҳо тавассути “хайрия, “грант” ва дигар шаклҳои иртиботҷӯӣ ҳамоҳанг мешаванд. Ин масъаларо метавон дар мисоли бархе аз олимон ва пайвастани онҳо ба созмони террористии “Ихвонулмуслимин” баррасӣ кард. Чаро олим дидаву дониста аз гурӯҳе пайравӣ мекунад, ки ба тахрибкорӣ муваззаф шудааст? Гузашта аз ин, мутахассисони забони арабӣ дар Донишгоҳҳову Донишкадаҳои ҷумҳуриамон, яъне ашхосе, ки аз дин огаҳии комил доранду онҳоро фирефтан ғайриимкон мебошад. Пас ин гурӯҳи худогоҳ ва воқиф аз Қуръону ҳадис дар пояи кадом омил ба худфиребӣ олуда гаштаанд? Посухашро дар китоби “Илм ва амният” меҷӯем: “Бадбахтии мухолифони манфиатҳои миллии мо иборат аз он аст, ки онҳо “ҳақиқат” – и худро доранд. Дурустар ифода гардад, “ҳақиқат”-е, ки тавассути “хайрия”, “”грант”, пулу моли аҷнабиён дар майнаи онҳо ҷо кунонида шудааст”[2].
Омили асосии ба тахрибкорӣ рӯоварии гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвар пойбандии онҳо ба бовариҳои динӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто бартарӣ доштани ҷаҳонбинии динӣ бар ҷаҳонбинии илмӣ баъзе аз зиёиёни кишварро субъекти таҳмилҳои аҷнабӣ кардааст. Далели ин гуфтаҳо шабакаҳои иртиботӣ ҳастанд, ки он ҷо орифу оммӣ ва хурду бузурги миллат парастиши “рӯзи ҷумъа”-ро ихтироъ намудаанд. Гузашта аз ин, масъалаи бартарии дини ислом аз дигар динҳою мазҳабҳо ва рӯоварии шахсиятҳо ба ин дин ҳамарӯза баррасӣ шуда, андешаҳои пук он ҷо корида мешаванд. Вале бархе аз уламо вазифадор шудаанд, ки бартарии динро аз илм тавассути табъу нашри мақолаҳои оммавӣ исбот намуда, дар мағзи хонанда розҷӯии диниро таҳмил кунанд. Бинобар ин, шабакаҳои иртиботӣ дар қиёс бо рисолати олимони зархарид ончунон масъул намебошанд, чунки тағйир додани матни донишмандон ва онҳоро дигаргуна муаррифӣ намудани олими муосир барои таҳиякунандагони партовҳои таҳмилӣ арзиши ҳангуфте дорад.
Шояд ҳамин омил С. Ятимовро водор кард, ки “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковусро аз диди нав баҳогузорӣ кунад ва исбот намояд, ки номбурда зимни тадвини асар манфиатҳои миллиро аз ҳама муқаддам мегузорад: “Қобуснома китобест ҷамъ аз донишҳое, ки дар самтҳои муайяни фаъолияти инсонӣ андухта шудаанд. Ҷойи тааҷҷуб нест, дар тамоми даврони инкишоф дар ҷомеа неруҳое мавҷуданд, ки ба илму маориф мухолифат ва душманӣ меварзанд. Ва ин амали онҳо қасдан сурат мегирад. Дониш, қазовати дуруст, аксуламали муносибу баробар ба воқеияти мавҷуди табиат, ҷомеа ва тафаккур наметавонад барои тамоми қишрҳои иҷтимоӣ судманд бошад. Тавоноии инсон баробарвазн ва ҳамрадифи доноии ӯст. Фалсафаи Шарқ зиёда аз ду ҳазор сол қабл ба оламиён ҳушдор медиҳад: "дониш он аст, ки ҳақиқатро тасдиқ ва дурӯғро инкор мекунад, бесаводӣ он аст, ки ҳақиқатро инкор ва дурӯғро ҷонибдорӣ менамояд”[3].
Дар мавриди “геополитика” таваққуф намудани С. Ятимов дар аксар китобҳояш гувоҳӣ медиҳад, ки хатари асосӣ аз хориҷи мамлакат таҳия шуда, тавассути ашхоси зархарид таҳмил мегардад. Аз ҳамин хотир, омӯхтани таърихи сиёсии миллат ва баррасӣ кардани руйдодҳои таърихӣ, ки ғолибан, авомили динӣ доштанд, барои муосирин зурурат дошта, вокуниши ҳамватанонро нисбат ба хатарҳои навбатии эҷодгардида илқо менамояд. Чунончӣ: “Дар чаҳорчӯбаи нақшаҳои геополитикӣ, дин воситаи таъмини манфиатҳои сирф ғаразҷӯёна, ба хотири даст доштан дар сиёсати глобалӣ ва минтақавӣ, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои мавриди ҳадаф қароргирифта, азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми стратегӣ, ноором сохтани вазъи дохилии мамлакатҳо барои тағйири масири роҳҳои транзитии нақлиёт, газ, нафт ба манфиати хеш, эҷоди мушкил ба рақибони стратегии худ ва монанди инҳо хизмат мекунад. Ба хун оғушта кардан, бехонумон, сарсону саргардон намудани миллионҳо одамони бегуноҳ барои ин бозигарон касб, кори ҳаррӯза, чизи одӣ, маъмулист. Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд”[4].
Ҳақиқати таърихие, ки ҷиҳати таҳмили андешаҳои аҷнабиён мусоидат мекунад, бегонапарастист ва шояд барои нафароне, ки субъекти ақоиди таҳмилӣ қарор гирифтаанду хориҷ аз давлати тоҷикон ба сангпартоӣ машғуланд, ватангадоӣ хос асту ҳисси беватанӣ дар ниҳодашон ғолиб омадааст. Ба ин матни иқтибосӣ таваҷҷуҳ кунед: “Бозиҳои геополитикии муосир ҷанбаҳои гуногун дорад. Мақсадҳои асосии ин раванди фарогири муносиботи субъектҳои байналмилалӣ, ки ҳам дар шакли глобалӣ ва ҳам дар шакли минтақавӣ амал мекунанд, худро ба ҳайси қудрати ҷаҳонӣ ё минтақавӣ муаррифӣ намудан ва дар қаламрави кишварҳои мавриди назар рӯҳияи бегонапарастиро талқин кардан мебошад. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки мардум, махсусан, ҷавонон ва наврасонро аз нангу номуси ватандорӣ, забони модарӣ, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ дур созанд. Зери эҳсосоти дурӯғин, махсусан таҳти пӯшиш ва баҳонаи авомфиребонаи дину мазҳаб дар замири онҳо нисбат ба давлати худ, ки номи миллати ӯро дорад ва макони зисти миллати ӯст, ҳисси бадбинӣ бедор кунанд. Дар воқеъ, миллат бе давлат вуҷуд дошта наметавонад. Ҳақиқати космополитиро (ҳисси беватанӣ, сарфи назар кардани сарзамини мушаххас ҳамчун макони таваллуд ва зист, бегонапарастӣ, ватангадоӣ таҳти шиору баҳонаҳои гуногун) маъруфтарин донишмандони дунё маҳкум кардаанд ва чунин ҳолатро ҳатто ваҳшоният шумурдаанд”[5].
Ба ин таҳлилҳо қонеъ нашуда, Саймумин Ятимов дар китоби дигар чунин ваҳшониятро аз нигоҳи файласуфи олмонӣ Иммануил Кант муаррифӣ карда, ба хулосаи дақиқ меояд, ки инсонҳо дар натиҷаи коркард қарор доштан аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ метавонанд ба ҳамон асли ваҳшигӣ баргарданд: “Хатари бозгашт ба ҳолати ваҳшоният И. Кантро доим хавотир мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир ӯ таъкид менамояд, ки дар ҷавҳари инсон табиати ваҳшигӣ доимо боқӣ мемонад, аммо “интизом намегузорад, ки одам аз таъйиноти худ, ҳамчун инсон, ба он ҳолат бозгардад””[6].
Ваҳшоният дар таърихи тамаддуни башар хос ва аз зумраи дастовардҳои ақвоми бадавӣ маҳсуб мешавад. Вайрону валангор кардани минтақаи обод, сарсону саргардон намудани инсонҳо, қатли ом кардани онҳо, овехтану аз ҷисмашон сохтани калламанораҳо аз саҳифаҳои ториктарини таърихи инсоният аст ва ҳар касе, ки бо фарҳанг ошност, ин ваҳшигариро маҳкум менамояд. Лекин таърихро касе месозад, ки ғолиб бошад ва дар назди миллати созандаи тоҷик низ масъулияте меистад, ки дар ҳеҷ сурат аз ваҳшоният ва афроди девсирати тамаҷҷӯй пайравӣ накарда, ба тантанаи ҷабру зулм мусоидат накунанд. Дар гузашта ниёгони мо дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз бо пайравӣ аз тудаи дар ғафлати сиёсӣ қарордоштаи рӯҳониёни динӣ теша ба решаи худ зада, имкон фароҳам оварданд, ки қудрати сиёсиро аҷнабӣ дар мулки мо соҳиб шаванд ва ин иштибоҳ то кунун давом мепазирад. Чунки муллову мударрису муаззину муттаввалӣ имрӯз ҳам амалан ба касе майл доранд, ки аз ӯ манфиат мебинанд. Аммо манфиатҷӯйӣ роҳи ҳифзи давлату миллат набуд, нест ва намебошад. Фикр мекунам, ки бо роҳи қироати Қуръон тороҷ кардани ҳаммеҳанони худ ва аз ҳисоби буҷаи оилавии онҳо зистану мавқеъ ёфтан ҳанӯз касб нест ва бекасбӣ, бетахассусӣ чун бекорӣ инсонро новобаста аз сатҳи ҷаҳонбинӣ муҳтоҷ месозад. Ҳофиз низ садсолаҳо пештар ёдрас намудааст: “Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро”. Аммо ҳамаи мо ба дигарон ниёз дорем, ба лутфу суханҳои ширин эҳтиёҷ дорем, лекин чунин ниёзҳо моро ба соилӣ водор накардааст. Пас луриён ба гадоӣ шуғл меварзанд на аз хотири эҳтиёҷ доштан, балки ин машғулиятро агар надошта бошанд, онҳоро касе лурӣ намехонад. Беш аз ҳазор сол касе ин рӯҳониёнро эрод нагирифтааст, касе ҳақиқати ҳоли онҳоро муаррифӣ нанамудааст, касе алайҳи амр ба маъруфашон вокуниш нишон надодааст. Пас агар амалҳои хубу зишти шуморо баррасӣ накунанд, беихтиёр фикр мекунед, ки барои ҷомеа зишту хуб ҳамоҳанг аст. Саймумин Ятимов зимни таҳлили осори Иммануил Кант низоми ба ваҳшӣ табдил ёфтани шахси аз ҷониби дигарон мавриди интиқод қарорнаёфтаро бамаврид инъикос намудааст: “Надонистани ҳудуд, салоҳияти маънавӣ ва риоя накардани он дар муносибатҳо мушкилӣ ва бадбахтиҳо ба бор меорад. Ба ақидаи ӯ (яъне Иммануил Кант-Ш.Қ), зиндагии воқеӣ қонуният ва равандҳои худро дорад. Дар олами атроф на ҳама чиз ба хостаҳои фард сохта шудааст. Чунин шароит, мушкили рӯзгор як умр одамро таъқиб мекунад. И. Кант ба ҳамин муносибат таъкид месозад: “Агар дар овони ҷавонӣ ҳама чиз ба хоҳиши одам ранг бигирад, амалӣ шавад, ба ӯ ягон муқобилат, эътироз ва вокуниши донистани ҳад омӯзонида нашавад, он вақт дар инсон як навъ хислати ваҳшигӣ боқӣ мемонад. Чунин ҳолати рӯҳӣ тамоми умр ӯро дунболагирӣ мекунад””[7].
Аксар маврид, ки мо ба шахсиятҳои донишманди Ғарб чун Гегелу Кант, Гобсу Ничче, Марксу Гёте ниёз пайдо мекунем, беихтиёр ба мақолаҳои Саймумин Ятимов рӯ меорему ормонҳоямонро тавассути андешаҳои ӯ мебарорем. Мехоҳем бо андешаҳои мутафаккирони Шарқ ошно шавем ва ин хоҳиш моро ба навиштаҳои фарди тазаккурёфта мебарад. Пас аз мутолиа мо эҳсос мекунем, ки каме ҳам бошад худро такмил кардаем ва минбаъд метавонем озодона баъзе паҳлуҳои сиёсати имрӯзро баррасӣ диҳем ва дигаронро низ кӯмак кунем то онҳо зиндагии хешро дар пояи тафаккури худшиносӣ бунёд намоянд. Азбаски мавсуф доктори илмҳои фалсафа ҳастанд, зимни баррасии дилхоҳ мавзӯъ таҳлилҳои амиқу назаррас дошта, ба хонанда нигоҳи навро тақдим медоранд. Чунки дар замони муосир бехабар будан аз бозиҳои сиёсии кишварҳои манфиатҷӯ ва ҳадафҳои геосиёсии дували абарқудрат он маъниро дорад, ки мулки шуморо бо роҳҳои найранг истифода мекунанд.
Рисолае, ки “Идеология ва манфиатҳои миллӣ” номгузорӣ шуда, ба қалами Саймумин Ятимов тааллуқ дорад, давлатсозии миллиро дар шароити таҳоҷуми хабарӣ ва татбиқсозии нақшаҳои геополитикӣ муаррифӣ мекунад, чунки бузургтарин арзиш дар гузашта, имрӯз ва дар оянда ин ҷаҳонбинӣ буду ҳаст ва мемонад. Бинобар ин, лаҳзае дар ғафлат қарор доштан маънии истиқбол аз бегонагироӣ буда, бо ду дасти адаб вогузор намудани мулки хеш дар ихтиёри аҷнабӣ маҳсуб мешавад. Муаллифи китоби мазкур ин мушкилии ҳамагониро ба таври зайл баён намудааст: “Дар ҷое, ки манфиат ҳаст, он ҷо идеология пайдо мешавад. Дар ҷое, ки идеология ҳаст, он ҷо манфиат вуҷуд дорад. Шарт нест, ки дар ҳамаи тасаввуроти идеологӣ тафсирҳои илмӣ вуҷуд дошта бошанд. Тавре дар боло ишора шуд, пайгирии назариявии масъалаи идеология, дар замонҳои баъдӣ оғоз гардидааст. Мафҳуми идеология агар он илмӣ бошад, бо мафҳуми ҳақиқат пайвастагии зич дорад. Умуман, идеологияе, ки даъвогари ҳақиқат дар ҷаҳон набошад, умуман вуҷуд надорад”[8].
Аммо дар замони муосир дахолатварзӣ дар умури дохилии кишварҳо низ тарҳи ҷадид касб намуда, аввалан, гурӯҳи мухолиф дар дохили давлати муайян аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд, чунки иқдоми аз дохил фалаҷ сохтани низоми сиёсии кишваре тавассути шаҳрвандони норозии он осонтар аз иқдомҳои глобалӣ мебошад. Дар ин маврид С. Ятимов дар ҳамон китоби зикршуда чунин андешаронӣ мекунад: “Барои ҳар миллат, он ҳолатеро метавон фоҷиабор ҳисобид, вақте ки манфиатҳои бозигарони минтақавӣ ва ё геополитикӣ бо мақсадҳои ғаразноки шахсиятҳо ва гурӯҳҳои дохилидавлатӣ мувофиқ омада, охиринҳо мекӯшанд манфиатҳои нопок ва худхоҳонаашонро ҳамчун ормонҳои миллӣ вонамуд созанд...Табиист, ки дар чунин ҳолатҳо тарафи маблағгузор ташаккулёбии идея, назария, ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи барояш заруриро фармоиш медиҳад. Ҳамин тариқ, амалҳое тақозо мешаванд, ки ба таври куллӣ ба манфиатҳои амнияти идеологӣ ва фарҳангии давлати миллӣ мухолиф мебошанд”[9].
Ҷоиз ба ёдоварист, ки ҳама гуна партовҳои таҳмилӣ, ки Урупо дар таҷрибаи худ ташхис намуда, онро дар тӯли таърихи кишварҳои ин минтақа аз нигоҳи манфӣ хулосабарорӣ намудаанд, дар замони муосир онҳоро барои ғайри худшон таҳмил менамоянд. Нахустин ва асоситарин партови идеологӣ барои Ғарб маҳкуми дунё ва дунявӣ буданидавлат дар либоси дини ислом мебошад. Тамаддуни Ғарб танҳо дар сурате рушди тасаввурнопазир кард, вақте ки уламои дину дунё ҷудо намудани динро аз давлат талаб намуданд. Мо бошем, андешаеро таблиғ менамоем, ки тибқи меъёрҳои он дину давлат якест ва ҳамоҳангии онҳо ҷудонопазир мебошад. Ҳеҷ зарурате намемонад, ки шаҳрванд парчами сафед бардошта дар инқилоби исломӣ ширкат намояд, чунки интиқолдиҳандагони инқилобҳо аз зумраи ашхоси зархариде маҳсуб мешаванд, ки бо дастури аҷнабӣ дар дохили кишвари хеш идеологияи таҳмилии бегонагонро роҳандозӣ мекунад. С. Ятимов аз зумраи ашхоси бохабарест, ки найранги асосии мубаллиғини Ғарбро баррасӣ намудааст. Аз ҷумла дар китоби зикргардида ин гуфтаҳоро вомехӯрем: “Нисбати халқиятҳое, ки пайрави ислом мебошанд, бозигарони геополитикӣ маҳз аз ҳамин омили дин, истифода мекунанд. Аниқтараш на худи дин, балки сиёсӣ намудани аҳкоми он. Бо тағйир додани хислатҳои транссендентӣ он ба олоти бозигарони геополитикӣ мубаддал мегардад. Барои паҳнсозӣ ва амиқгардонии ин ақида, ҳамасола миллиардҳо доллар харҷ мешавад. Аҷоиботаш дар он аст, ки худи Ғарб аз ин пушаймон нашуд. Барои он ки имрӯз пурра аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур шудааст, чунин ҳолат ба диндорони одӣ ҳам хеле писанд аст. Захираҳои давлатӣ ба самти рушди иқтисодӣ-иҷтимоии худи миллат равона мегардад, на ин ки ба муҳофизат аз терроризм, экстремизм ва идеологияю таълимоти онҳо. Ғарб инро озмуда, боварӣ ҳосил кард ва имрӯзҳо шаклу принсипҳои дунявии давлатдориро пурра татбиқ менамояд”[10].
Воқеъан, бо истифода аз сиёсисозии дин ва аҳкоми он манфиатҳо дар дилхоҳ манотиқ роҳандозӣ мешаванд, аммо масъалаи дунявият хоси мусалмонон буда, афкори дунёбадбинӣ дар заминаи тафаккури тасаввуфи исломӣ таҳмил меёбанд. Бинобар ин, онҳое ки таҳмилгаро ҳастанд, аз таҷрибаи таърихии хеш воқиф ҳастанд, ки дунёбезорӣ тавассути қудрати дин бар давлат инҳитот буда, ҷомеаи шаҳрвандиро аз рушду тараққӣ бозмедорад. Маҳз бо ҳамин сабаб онҳо барои ғалабаи ҳувияти динӣ бар ҳувияти миллӣ дар ҷомеаҳои исломӣ талош варзида, ҳатто маблағҳои гушношунидро сарфи назар мекунанд то ба мақсадҳояшон расанд. Дар сурати заъфи ҳувияти миллӣ мусалмонон, ба вижа тоҷикон низ дар хурофот мепечанд ва баҳсҳои дунявӣ сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз байн меравад. Бинобар ин, камина тасмим гирифтам, матни ба мавзӯи фавқ бахшидашудаи ҷомеашиноси рус А. В. Смирновро, ки ҷиҳати ҳувияти миллӣ- фарҳангӣ ва таносуби он бо ислом маҳсуб мешавад, аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷима намоям ва он мазмун ба сурати зайл мебошад: «Ислом, ки таърихан аз ҷониби намояндагони милали мухталиф пазируфта шуда, дар ҳама ҳолат василаи рафъи мушкилӣ ва масоили гуногуне маҳсуб мешавад, ғолибан чун нишонаи ҳувияти этникӣ пазируфта шуда, тибқи анъанаи мушаххас якмаром баррасӣ меёбад. Масалан, тотор, яъне мусалмон ва ба ибораи дигар қавми исломовар шинохта мешавад. Барои муслимин роҳи асосии худшиносӣ буда, ислом имкони хеле хуби вуруд ба ин фазои ҳувияти миллии сохташударо дорад. Ва ин ҷо, албатта, хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ва дар ниҳоят, гуногунии фарҳангии исломӣ. Ислом на танҳо як эътиқод ва фарҳанг, балки тамаддун аст ва тавре ки мо хуб медонем, ҳеҷ фарҳанге ва тамаддуне ҷанг намекунанд. Эътиқодҳо наметавонанд дар мубориза барои ақл ва қалби одамон рақобат кунанд, зеро ҳар эътиқод мехоҳад исбот кунад, ки он ва танҳо он ҳақ аст. Дар акси ҳол, ин эътиқод нест. Дар мавриди фарҳангҳо онҳо рақобат намекунанд, балки ҳамкорӣ мекунанд. Ҳатто агар онҳо ҷанг кунанд ҳам, ин мубориза сулҳомез аст”.
Табдил додани тамаддуне ба ҷангномае маҳсули афкор ва идеологияе мебошад, ки барои тасхири кишваре ва тасарруфи минтақае таҳия гардидааст. Аммо барои татбиқи чунин афкор ва назарияҳои таҳмилӣ гурӯҳҳои иҷтимоие зарур мебошанд, ки дар дохили ин ё он кишвар нуфуз доранд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли гурӯҳҳои зикргардида уламои илму дин маҳсуб мешаванд, ки яке дар замони муосир зиёӣ мебошанд ва дигаре дар гузашта аҳли зиёи миллат дониста мешуданд. Маҳз гурӯҳи мутазаккир шогирдону пайравони зиёде аз миёни ҷавонони донишандӯз доранд ва таълимоти таҳмилии онҳо метавонад дар муддати кӯтоҳтарин фасоди маънавиро дар ҷомеаи шаҳрвандӣба вуҷуд оварад. С. Ятимов онҳоро дар рисолаи хеш “ҷараёнҳои сиёсӣ” ном бурдааст: “Аз ин хотир, ин қабил ҷараёнҳои сиёсӣ идеологияи худро аз шаклҳои хурофотӣ (сакралӣ) ва транссендентии шуури ҷамъиятӣ иқтибос мекунанд”[11].
Ҷаҳонбинӣниз дар шароити таҳоҷуми нави иттилоотӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ бояд нав гардад, чунки дар мубориза бо стратегияҳо ва идеологияҳои нави таҳмилӣ он ҷаҳонбинии динии қаблан мавҷудбуда кифоягӣ намекунад. Моро зарур аст, ки арзишҳои замони муосирро омӯзем, таҳқиқ кунем ва хулосаи даркории судмандро мутобиқи меъёрҳои манфиати миллӣ барорем. Ҷаҳони муосир иборат аз тасодуми афкор аст ва дар чунин вазъ таъмин намудани идомаи ҳастии миллату давлат ба идеяҳои нави дорои аҳамияти миллӣ ниёз дорад. Танҳо ҷаҳонбинии илмие моро аз ин бархурдо раҳо карда, аз нестшавӣ эмин медорад, ки бо манфиатҳои миллӣ ҳамоҳангӣ кунад.
Дар анҷом, вазифадор медонам тазаккур диҳам, ки бинобар заҳматҳои шабонарӯзӣ ва масъулиятшиносии С. С. Ятимов дар шароити муосири таҳоҷуми хабарӣ ва бархурдҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ моро умедбахш бар таъмини амнияти минтақа месозад ва бинобар ин, ба муҳофизи Ватан хотири ҷамъ, муваффақият дар умури тахассусӣ ва осудагию осоиштагӣ дар низоми хонаводагӣ таманно дорам.
Қалб дар осор ва сангнабиштаҳои аҳди бостон баррасӣ шуда, омили мартаба ва нуфузи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии рушди башарро бо дарназардошти таҳияи марказ ҷиҳати аз лиҳози сиёсӣ идора намудани дилхоҳ ҷомеа инъикос мекунанд. Дар замони муосир бошад, таваҷҷуҳ ба марказ ва рӯоварии аксар шаҳрвандони кишварҳо ба пойтахт аз вижагиҳои густариши ҳувияти фарҳангӣ шаҳодат медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки замони постмодерн бинобар кӯчиши ҳангуфти аҳолӣ аз рустоҳо ба пойтахти давлатҳо муаррифӣ шуда, вижагиҳои ҳувиятифарҳангии миллатҳои муосирро ошкор месозад. Ба ибораи дигар муҳоҷирати аҳолӣ аз як мавзеъ ба мавзеи дигар ва хосатан аз русто ба шаҳр натиҷаи раванди тағйирёбии ҳувияти фарҳангист, ки дар навбати аввал вижагиҳои диалектикиро дар бар мегирад. Агар ин раванд боиси густариши ҳувияти фарҳангӣ намебуд, дар ҳеҷ сурат ҷомеашиноси машҳури амрикоӣ С. Ҳантингтонмакони густариши ҳувиятҳоро ба шаҳр ва муҳити шаҳрӣ мансуб намедонист. Постмодерн тавассути раванде муаррифӣ мешавад, ки хусусияти аслии он ҳиҷрат аст ва сафарномаҳое, ки ниёкони мо, тоҷикон ҳазор сол муқаддам офаридаанд, ҳамин вижагиҳои ҳувияти фарҳангии дилхоҳ миллату кишвареро инъикос намудаанд. Ин натиҷа паҳлуи якҷонибаи масъала аст, аммо паҳлуи дигари масоилро бархурд ва баҳамоии тамаддунҳо ва фарҳангҳо дар бар мегиранд. Бо навъи дигари ҳунари суханварӣ ин хусусиятро метавон ҷаҳонсозӣ гуфт, ки муосирин онро раванди ҷаҳонишавӣ муаррифӣ мекунанд. Инсон, ки дар муҳити русто ва шаҳр маскун мебошад, тибқи қонунҳои муҳит аз фарҳанг ва тамаддун бархурдор аст ва чун миллатҳое, ки аз фарҳангу тамаддунҳои миллӣ маҳрум мондаанд, ночор ба фарҳанграбоӣ муроҷиат мекунанд. Агар муҳити шаҳру русторо муқоиса кунем, дер ё зуд дармеёбем, ки дар он фарҳанги ғолиб маҳз он фарҳанге маҳсуб мешавад, ки дар шаҳр густариш ёфтааст. Ё худ рустоии бофарҳанг ба шаҳр ворид шуда, баъзан ба баъзе вижагиҳои он бархурд мекунад. Пас ба ин масъала диққат диҳед, ки шаҳрҳои асримиёнагӣ макони синтезу баҳамоии фарҳангҳо ва гуфтугӯйитамаддунҳо будаанд, яъне ҷаҳонишавӣ чун падидаи иҷтимоӣ баробар бо пайдоиши нахусттамаддуни башар зуҳур карда, бо мурури замон тақвият ёфтааст. Ҷомеашинос Саймумин Ятимов ин хусусиятро дар китобе, ки ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳриДушанбе ихтисос додааст, аз инкишофи табии ҷомеа ном мебарад ва зимни баррасии ин масъала зикр менамояд, ки: “Соҳиб шудан ба давлати миллӣ – натиҷаи муборизаҳои ҷоннисорона барои истиқлоли миллӣ мебошад. Ва бидуни ташкилоти сиёсии марказонидашуда, устувор мондан, ҳифз кардани абадияти миллат, ҳамчунон нишонаҳои асосии он — забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллӣ ғайриимкон аст. Миллат зуҳуроти сирф диалектикист. Давраҳои пайдоиш, рушд ва камолот дорад. Инкишофи миллатҳо аз хосияти этникӣ, характер, анъана, урфу одат, рӯҳ ва мафкураи миллӣ, захираҳои табиӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, релйеф, таносуб ва муносибатҳои геополитикӣ вобаста мебошад”[12].
Ҳувияти фарҳангӣ тибқи баҳогузории муосир сатҳи олии шинохти вижагиҳои фарҳангӣ аст, ки бо номи шумо мавриди таҳқиқ ва пажӯҳиши илмӣ қарор мегирад. Бинобар ин, чун мо ба таҳлили муҳити шаҳрнишинӣ иқдом мекунем, хоҳ-нохоҳ он анъана ва хосиятҳои хоси фарҳанги ориёии мансуб ба гузаштагонамон пеши назар меоянд, ки на фақат барои мо, балки барои дигарон низ мояи фарҳангсолорӣ гардидаанд. Ҷомеашиносон ҳануз дар замони Шӯравӣ ин ақидаро иброз доштаанд, ки шаҳри Душанбе осорхонаи таърихи аҳди бостон буда, ҳануз дар асри XVIII барои сокинонаш чандин тамаддун ва фарҳангҳои мухталиф омехта шудаанд, чунки дар миёни афроде, ки дар Душанбе он айём сукно доштанд, ғайр аз муслимин, пайравони яҳудият ва масеҳият низ будаанд ва новобаста аз тафаккур гуфтугӯи онҳо оғоз гардидааст. Душанбе чун маркази маъмурӣ ва аз лиҳози ҳарорат мутобиқ ҷиҳати иқомат ва маскуншавӣ ғайр аз тоҷикони соҳибфарҳанг боз миллали мутамаддинро низ ба худ мутаваҷҷеҳ сохтааст. Ҳануз дар садаи XVIII яҳудиёни Бухоро назди амири манғит арз карданд, ки мехоҳанд ғайр аз маркази Аморат, боз дар мавзеи Душанбе бобати раҳли иқоматгузинии абадӣ иҷозат бигиранд. Он овон дар ин мавзеъ, ки дар манобеъи русӣ "Бухорои Шарқӣ" номгузорӣ шудааст, масеҳиён низ сукунат доштанд ва коршиносони Русияи подшоҳӣ, ки ғолибан, яҳудитабор буданд, ин маконро беҳтарин ва мусоидтарин пиндошта, азм намуданд то мавзеи мазкурро аз марказҳои асосии имперотурии Русия дар Ховари Марказӣ табдил диҳанд. Чунонки С. Ятимов дар китоби зикршуда қайд мекунад, пойтахт ҷойи рушд кардани касбомӯзӣ ва камол ёфтани шахсиятҳо буда, ба фарди ҷомеа имкон фароҳам меорад, ки худогоҳии миллии хешро такмил диҳад: “...бояд эътироф намуд, ки элитаи сиёсӣ, илмӣ ва беҳтарин мутахассисони миллӣ дар пойтахт касб омӯхтаанд. Кишварро рушду нумуъ бахшидаанд. Ва ҳоло онро сарварӣ мекунанд... ҳар иқдоме, ки аз пойтахт, аз шаҳри Душанбе бармеояд, ташаббуси давлатмардонест, ки мардуми Тоҷикистон сарнавишти худро маҳз ба онҳо бовар кардааст”.
Муҳаққиқони муосир ғолибан ба назми Рӯдакӣ ҷиҳати иштиёқи амир ба Бухоро иктифо карда, ин тасвири шоири бузургро то кунун дар ҳар шакле изҳор менамоянд. Воқеан, ғазали мазкур, ки матлаи аввали он “Бӯйи ҷӯйи Муллиён” аст, вижагиҳои ташаккули ҳувияти фарҳангиро моҳирона ба қалам оварда, дар мисоли амир исбот мекунад, ки яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва фарҳангофаринӣ эҳтироми мавзеъест, ки он ҷо давлат идора карда мешавад.
Саймумин Ятимов дар мақолае, ки “Пойтахт – оинаи суботи мамлакат” унвонгузорӣ шудааст, бобати мартабаи маркази давлат чунин мегӯяд: “Пойтахти давлат – гаҳвораи тақдири миллат аст. Он таҳаввулоти инқилобие, ки дар навсозии шаҳр, мисли ҷаҳони нав дида мешавад, мебояд дар ботини сокинони пойтахт, махсусан, ҷавонон, дидгоҳ ва ҷаҳонбинии нав тавлид намояд”[13].
Лозим ба ёдоварист, ки зимни пажӯҳиши илмӣ бобати нахустин шарти давлатсозӣ дар таҳияи марказ ҷомеашиносон бисёр навиштаанд, аммо ин нукта бебаҳс аст, ки маҳз пойтахти кишвар густариши ҳувияти фарҳангии ҷомеаро таъин менамояд ва барои тақвият пазируфтани вижагиҳои он мусоидат мекунад.
Ширин Қурбонова муовини Раиси КИИ "Хирадмандон"- и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих
[1] Ятимов С.С. Илм ва амният. Душанбе, 2019, саҳ. 10.
[2] Ҳамон ҷо, саҳ. 14.
[3] Ятимов С.С. Унсуралмаолии Кайковус дар бораи хирад. Душанбе, 2015, саҳ. 33.
[4] Ятимов С.С. Илм ва амният, саҳ. 26.
[5] Ятимов С.С. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. Душанбе, 2019, саҳ. 24.
[6] Ятимов С.С. Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ. Душанбе, 2019, саҳ. 23.
[7] Ҳамон ҷо, саҳ. 30.
[8] Ятимов С.С. Идеология ва манфиатҳои илмӣ, Душанбе, 2015, саҳ. 15.
[9] Ҳамон ҷо, саҳ. 20.
[10] Ҳамон ҷо, саҳ. 21.
[11] Ятимов С.С. Идеология ва манфиатҳои миллӣ, саҳ. 26.
[12] Ятимов С. Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат, “Илм ва ҷомеа”, №5 (27), - 2021.
[13] Ятимов С. Пойтахт – оинаи суботи мамлакат”, дар китоби “Душанбе қалби Тоҷикистон, ҷилди 3, Душанбе, -2021, 344 с., саҳ. 32.
Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ барои ҳар як халқу миллати ҷаҳон неъмати беҳтарин ва гаронмоя арзёбӣ шудааст. Расидан ба истиқлолият орзуи деринаи миллатҳои озодандеш, хосса тоҷикон буд. Истиқлолият калиди бахткушои миллат, иди пирӯзиҳои он аст. Инак, 33 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол аст. Дастовардҳое, ки миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ноил гардид, хеле бузург аст.
Бояд зикр кард, ки қабули «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон» 24 августи соли 1990, «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон» 9 сентябри соли 1991 ва дар ин замина таъсисёбии давлати миллӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мамлакату миллатро ба ҳайси субъекти муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ кард, аз ҷумлаи санадҳои муҳимми меъёрӣ-ҳуқуқии мамлакати мо ба ҳисоб мераванд.
Ҳар як миллату давлат барои соҳибистиқлолии худ мубориза мебарад, зеро истиқлолият мояи ифтихор, кафолати амнияти кишвар, заминаи пешрафтҳо мебошад. Дар баробари ин, ба даст овардани соҳибистиқлолӣ таърих дорад, ки амалигардии ормонҳои деринаи миллатро инъикос мекунад.
Рӯзи 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад ҷомеаи озодандеши моро бедортар намуда, сарнавишти миллати тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Ба арсаи байналмилалӣ баромадани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд.
Ҳамзамон, эълони истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Фақат дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Алҳол пояи ҳуқуқию меъёрии пурмазмун таҳия гардида, механизми ҳамкориҳо бо ин давлатҳо роҳандозӣ шудааст. Ба туфайли сиёсати созанда ва муваффақи хориҷӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 190 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад ва аъзои қариб ҳамаи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳамин тавр, сиёсати оқилона, озмудашуда ва мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар замони Истиқлолият самараи нек ба бор овард.
Мутаассифона, дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба раванди бунёдкорӣ ва давлатсозӣ дар ҷумҳурии тозабунёди мо бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ монеа гардид. Ин ҷанги таҳмилӣ ба сари миллати мо мусибати гарон овард, боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии шаҳрвандон шуда, давлати тозабунёди моро ба вартаи ҳалокат кашид. Ин барои миллати мо на танҳо доғи таърихӣ, балки фоҷиа буд.
Маҳз ҷаҳди солимфикрон, арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, иқдомҳои оқилонаи Сардори давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдастии кишварҳои дӯст буд, ки давлату миллати мо аз фалокат наҷот ёфт. Ҳукумати навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аркони давлатдории миллиро эҳё намуда, ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарорсозӣ, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон оғоз бахшад.
Саҳифаҳои таърихи навини кишвар, рушди љомеаи мо тасдиќи он аст, ки соњибистиќлолии давлатї ифтихори миллати тољик, сарбаландии шањрвандони мамлакат аст. Ба шарофати Истиқлолият, мо ба давраи нави таърихамон ворид шудаем, ки ҳамчун давраи рушди босуботу бемайлони иқтисоду сиёсат, илму маориф ва фарҳанги миллӣ муаррифӣ мешавад. Ба туфайли кӯшишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон услуби нави миллии идоракунии давлатӣ такмил ёфта, дар меҳвари он модели нави давлатдории миллии тоҷикон бунёд карда шуд. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар ин марҳилаи ҳассос Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуд. Ҳамзамон Ҳукумати мамлакат стратегияҳои ҳадафноки миллиро, ба мисли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар, баҳри муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат зина ба зина амалӣ мегардонад.
Дар ин давраи таърихӣ пешрафти илм ва маориф низ хеле назаррас аст, ки натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Маҳз дар замони Истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидӣ эълон гардид. Ба туфайли таваҷҷуҳу ғамхориҳо сол аз сол некӯаҳволии кормандони соҳа, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ афзуда, сифати таълим рӯ ба беҳбудӣ овард ва илму маърифат боло рафт. Афзалиятнок, калидӣ ва омили амнияти миллӣ номбар шудани маориф аз нигоҳи давлат дар замони имрӯза моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ боз ҳам масъулияти бештар эҳсос намоем.Чунин баҳогузорӣ далели он аст, ки маориф ва илм ҳақиқатан дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва Истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозад.
Назар Муъмин Абдуҷалол – доктори илмҳои фалсафа, дотсент, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Қазоқистон яке аз давлатҳои бузурги Осиёи Марказӣ буда, яке аз кишварҳои тезрушдкунанда ба шумор меравад. Бинобар маълумотҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар даҳсолаи аввали асри XXI дар руйхати 25 давлати тезрушдкунанда дохил шуда, баъди Чин ва Қатар дар ҷойи сеюм қарор дорад. Дар миёни давлатҳои Ташкилоти Давлатҳои Туркӣ аз рӯйи масоҳат дар ҷойи аввал, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҷойи аввалро касб менамояд. Инчунин дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойи дуюм пас аз Русия қарор дорад. Дар ҷаҳон бошад аз руйи масоҳат дар ҷойи нуҳум қарор аст. Яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки баромади мустақим ба баҳр надорад ва ягона давлати бузурге ба шумор меравад, ки чунин хусусиятро дорад. Ин омил дар шаклгирии инфрасохтори ҳозираи он заминаи мусоид фароҳам оварда, онро миёни кишварҳои бузург ҳамчун як камарбанди иқтисодӣ шакл додааст. Аз руйи тақсимоти маъмурӣ ба 14 вилоят тақсим шуда, ҳамзамон дорои се шаҳри аҳамияти стартегӣ дошта тақсим мешавад – Астана, Алмаато ва Чимкент. Тибқи маълумотҳои соли 2021 аҳолии мамлакат 19 млн нафарро ташкил медиҳад, ки дар ҷаҳон аз руйи шумораи аҳолӣ дар ҷойи 64 қарор дорад ва зиччи аҳолӣ дар як км² 6,94 нафарро ташкил медиҳад. Саҳми иқтисодиёти Қазоқистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ беандоза буда, он 60% - и ММД – минтақаро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобу китобҳои соли 2019 аз руйи ММД дар ҷаҳон миёни кишварҳо ҷойи 42 – ро касб кардааст. Қазоқистон яке аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравие ба шумор меравад, қарзи худро дар назди Хазинаи байналмилалии асъор 7 сол пеш аз муҳлат пӯшидааст. Соли 2015 ба Созмони ҷаҳонии савдо пайваст гардидааст. Инчунин аъзои комилҳуқуқи созмонҳои СММ, ИДМ, СААД, СДТ ва СҲШ ба шумор меравад. Баъд аз истиқлолият ба даст даровардан дар соли 1991 сиёсати хориҷии бисёрсамтаро пеш гирифтааст. Муносибатҳои дӯстонаро бо ду ҳамсояҳои бузурги худ – Русия ва Хитой, инчунин бо ҷаҳони Ғарб ва Амрико то имрӯз нигоҳ дошта омада истодааст.
Қазоқистон дар радифи Тоҷикистон яке аз ташаббускорони калидӣ дар равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИДМ ва инчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, соли 1993 дар Ишқобод ва Тошкент аввалин кӯшишҳои ба вуҷуд овардани ҳамгироӣ миёни кишварҳои минтақа шурӯъ шудааст. Президенти собиқи Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев борҳо кишварҳои Осиёи Марказиро даъват кардааст, ки захираҳои худро муттаҳид созанд, иқтисодҳои муассир ва ба ҳам алоқамандро эҷод кунанд, ки иқтидор ва натиҷаҳои якҷояашон дар иқтисоди ҷаҳонӣ эътироф карда шаванд ва сифати баланди зиндагии мардумро таъмин кунанд. Ташаббуси Қазоқистон оид ба таъсис ва татбиқи ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шартҳои бунёдӣ – муштаракоти таърихӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динии минтақа асос ёфтааст. 29 июли соли 1993 Созишномаи байниҳукуматии Алмаато дар бораи чораҳои умқи ҳамгироии иқтисодӣ байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид, ки баъдан Қирғизистон ба он ҳамроҳ гардид. 30 апрели соли 1994 байни Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон Аҳдномаи таъсиси Фазои ягонаи иқтисодӣ ба имзо расид, ки ба оғози Ҳамкории Осиёи Марказӣ (ЦАС) замина гузошт. Вале аз соли 1995 Туркманистон сиёсати бетарафиро интихоб карда аз равандҳои минтақавӣ дар канор монд
Соли 1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмон ҳамроҳ шуда, номи созмон ба – Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАЭС) табдил ёфт. Дар маҷмӯъ, дар чаҳорчӯбаи он 50 лоиҳаи иқтисодӣ тасдиқ гардида, 160 ҳуҷҷат ба имзо расид.
Бо назардошти афзудани таъсири хатарҳои муосир ва болоравии нақши амният соли 2001 созмон дар мулоқоти Тошканд ба Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ (ОЦАС) тағйири ном кард. Таваҷуҳи асосӣ аз масоили иқтисодӣ ва мушкилоти амниятӣ – сиёсӣ равона гардид. Бо назардошти узвияти Россия соли 2005 Созмон бо Ҷомеаи иқтисодии Авру-Осиё (ЕврАзЭС) пайваст шуда, фаъолияташро қатъ намуд.
Вақте ки ҳамгироии иқтисодӣ ба вуҷуд ояд, пас ҳатман ҳамгироии сиёсӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Тавонмандии иқтисодии кишварҳои минтақа барои ба вуҷуд овардани ҳамгироии иқтисодӣ басанда буда, танҳо механизмҳои ҳуқуқӣ ва идорӣ бояд коркард карда шаванд. Таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо чунин буд, ки аввал онҳо ҳамгироии иқтисодӣ ба вуҷуд овардан ва минбаъдан дар заминаи он ҳамгироии сиёӣ ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, дар соли 2024 суръат гирифтани раванди ҳамгироии минтақавӣ имкони васеъ барои фароҳам овардани ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақаро тавлид намуд. Бо бовари метавон қайд намуд, ки раванди ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ суръат пайдо кардааст. Буҳрон дар Аврупои Шарқӣ, Ховари Миёна ва мушкилиҳо дар самти ҳамлу нақли молу коло тариқи киштиҳо ва коҳиш ёфтани истифодабарии роҳҳои байналмилалии баҳрӣ имкони ба вуҷуд овардани роҳҳои алтернативӣ тариқи минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст ва диққати қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонро рӯ ба минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронидааст. Аз ин имконият истифода бурдани кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамгироии иқтисодиро миёни кишварҳо таъмин мекунад.
Мақсади асосии стратегии иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ, минтақаи ягонаи тиҷоратӣ ва гумрукӣ, иттиҳоди ягонаи асъор ва стратегияи ягонаи иқтисодӣ мебошад. Ба гуфтаи коршиносони қазоқистонӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таҷрибаи муштараки таърихии худ зарфияти як минтақаи тавоно ва мустақил шуданро доранд ва дар солшоии охир ин минтақа барои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти стратегӣ пайдо кардааст. Осиёи Марказӣ бозори ҷаҳониро бо молҳои пурқиммат, нефту газ, маъдан ва ашёи хоми хоҷагии қишлоқ таъмин менамояд. Ба эътиқоди коршиносон, ҳамгироӣ дар ин минтақа дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза самараноктарин роҳи истиқлолияти ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Шарифов И.И. - ходими илмии Шуъбаи ИДМ -и Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ҳангоме, ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард.Тоҷикистон Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобад. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар таъмини суботу амнияти глобалӣ нақши созанда дорад.
Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд. Агар мо ба таърихи муосири ин муносибат назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли соли 1992 барқарор гардидаст, ки аз ин сана зиёда аз 32 сол сипарӣ гардид.
«Бо барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ 32 сол қабл Чин ва Тоҷикистон дар таърихи бисёрасраи дӯстӣ саҳифаи нав боз намуданд. Аз он давра дар муддати 32 сол муносибатҳои Чину Тоҷикистон аз ин имтиҳон дар айёми мураккаби байналмилалӣ гузашта, торафт мустаҳкам мешаванд ва аз ҳамсоягии нек ба шарикии беназири стратегӣ табдил меёбанд.
Мо шарикони содиқ будему ҳастем, якдигарро эҳтиром мекунем ва ба якдигар эътимод дорем. Ду кишвар дар масъалаҳое, ки манфиатҳои куллии онҳоро фаро мегиранд, дар навбати аввал соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва тамомияти арзиро ҷонибдорӣ карда, роҳи интихобкардаи рушдро мутобиқи воқеияти миллӣ эҳтиром менамоянд ва ба ҳар кушиши аз берун бо ягон баҳона дахолат намудан ба корҳои дохилӣ, қатъиян зид мебароянд. Мо ҳамеша оид ба масоиле, ки боиси ташвиш ҳастанд, якдигарро мефаҳмем ва дастгирӣ менамоем, аз рушди мунтазами ду кишвар дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем. Унсурҳои бунёдии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок омили муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба гардидаанд. Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдаам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат менамоянд» Чунин изҳор намудааст Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.
Ҳамкорӣ ва дўстии Тоҷикистону Чин бо тамоюли зичи робитаҳо дар сатҳи баланд ва заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ тавсифёбӣ мешавад. Заминаи ҳуқуқии робитаҳои дуҷониба зиёда аз 200 шартномаву созишномаҳои соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои асосӣ ин Эъломияи муштарак оид ба принсипҳои асосии ҳамкориҳои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (ш. Пекин, 9 марти соли 1993), Созишнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ (ш. Пекин, 15 январи соли 2007) ва Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ (ш. Пекин, 20.05.2013) ба шумор мераванд.
Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии давлатҳоро ҳамсарҳад будани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва доштани иқтидори фаровони захираҳои табиӣ ба ҳам наздик мекунад.
Ҳамчунин Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои коммуникатсионӣ ва истиқлоли энергетикӣ мебошад. Дар ин замина дар асоси робитаҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди тарафҳо даҳҳо лоиҳаҳои вобаста ба роҳу нақлиёт ва энергетикӣ татбиқ карда шудааст. Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қашғар нишона аз рушди муносибатҳои дуҷониба дар фазои ҳамгироии нақлиётии минтақа гардид. Роҳи мазкур барои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, Чинро бо Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро бо Чину Покистон ва Ҳиндустон пайваст мекунад. Дар расидан ба истиқлоли энергетикӣ низ Чин ҳамкории густурдаро бо Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 кв-и «Ҷануб-Шимол» ҳамкории энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба системаи ягона пайваст карда шуд.
Таҳлили равобити дуҷониба нишон дод, ки муносибатҳои иқтисодии ду давлат дар ҳоли рушд қарор доранд. Чуноне, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ќайд намуд «Муҳим аст, ки ҳамкории амалӣ густариш дода шавад ва заминаи мустаҳками моддии муносибатҳои Чину Тоҷикистон фароҳам гардад. Ҷониби Чин муштаракан бо ҷониби Тоҷикистон бо мақсади рушди бештар ва эҳёи ду кишвар нақшаи пешбурди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро дорад. Тарҳрезии тадбирҳои нав ҷиҳати дар оянда афзун намудани ҳаҷми тиҷорат, суръат бахшидан ба сохтмони қитъаҳои асосии роҳи мошингарди «Чин -Тоҷикистон», зиёд намудани шумораи парвозҳои мустақим бо назардошти талаботи ду ҷониб, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои муосир ва олӣ, аз ҷумла мошинҳо бо истифодаи неруи алтернативӣ, манбаҳои барқи офтобӣ ва телекоммуникатсияи кайҳонӣ низ муҳим аст. Мо барои аз Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавасманд гардонидани корхонаҳои бонуфузи Чин барои афзун намудани ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба бунёди низоми муосири саноатӣ дар Тоҷикистон омода мебошем».
Фарҳанг ва илм низ яке аз воситаҳои асосии рушди дипломатияи мардумӣ ба ҳисоб рафта, рушди он заминаро барои ҳамкории саҳаҳои гуногун фароҳам меоварад.
Тоҷикистон ва Чин – кишварҳои мероси бузурги фарҳангӣ мебошанд ва маҳз ин омили заминавӣ бояд барои наздикшавии минбаъда мусоидат намояд.
Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забони чинӣ, фарҳангу санъат ва театру кинои Чин рўз аз рўз афзун гардида истодааст. Чунончи омӯзиши забони чинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин тамоюл ҳамчунин дар Чин дар самти омӯзиши забони тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик мушоҳида мегардад. Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Пекин ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхай омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Донишгоҳи омӯзгории Синтзян Маркази омӯзиши Рӯдакӣ, дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнсӣ Маркази тадқиқотии омӯзиши таърихи Тоҷикистон ва дар назди Донишкадаи саноатии касбӣ-техникии Чанҷоу Маркази тадқиқоти Тоҷикистон амал менамояд.
Бояд ёдовар гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мустақиман тариқи онлайн дар барномаҳои бурсиявии гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин сабти ном ва имтиҳон супорида, соҳиби роҳхати идомаи таҳсил дар ин донишгоҳҳо мегарданд. Инчунин тариқи шартномавӣ низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва ин ба олимону аҳли зиёи кишварамон имконият медиҳад, ки равобити илмиро бо ин кишвари дусту бародар боз ҳам тақвият бахшанд. Дар асоси ҳамин ҳамкориҳо Институти астрофизикаи АМИТ робитаи хешро бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин пурзур намуда, як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла дар соли 2023 бо ташабуси Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И ва Амри Президенти АМИТ олимони љавони Институи астрофизикаи АМИТ дар Семинари илмӣ дар мавзӯи “Астрономияи радиогӣ” дар Расадхонаи астрономии Синтсзяни Академияи илмњои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сафари хизматӣ қарор доштанд. Инчунин бо Амри Президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, Узви вобастаи АМИТ, професор Хушвақтзода Қобилҷон Хушвақт ва бо роҳбарию талошҳои бевоситаи Узви вобастаи АМИТ мудири ШҶБ-и Институти астрофизикаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И. ва ходими калони илмии ШҶБ-и Институти астрофизикаи АМИТ Раҳматуллоева Ф.Ҷ. магистранти Институт Нормаҳмедов Н.О. барои идомаи додани омўзиш дар соҳаи астрономия ва астрофизика ба Расадхонаи баландкӯҳи Пурпуи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шудааст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Чин метавонад иқтидори иқтисодии Тоҷикистонро тақвият бахшад. Аз нигоҳи амниятӣ ҳар ду давлат ба таҳкими суботу амнияти минтақа манфиатдор мебошанд. Ҳамчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Лаборанти калони ШҶБ Назарова З.К.
Ибтидои солҳои 90-уми асри XX буҳрони шадиди сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шуравиро куллан фалаҷ сохта ба пошхӯрӣ расонид. Дар паҳнои он ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори понздаҳ ҷумҳуриҳои дигар 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо оғоз ёфт. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, ба онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардид. Эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Аммо раванди давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта буҳрони шадиди сиёсӣ фаро гирифт ва кишвари моро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашид.
Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорҳо нафар хонабардӯш, фирорӣ ва кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардиданд. Қаҳтиву гуруснагӣ ва харобкориҳои пай дар ҳам мардумро ба тарки манзилу макони аҷдодӣ маҷбур месохт.
Дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олӣ баъди муҳокимаи гузориши Раиси Шурои Олӣ оид ба вазъи сиёсии кишвар масъалаи интихоби Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуд. Ба мақоми Раиси Шурои Олӣ номзадии вакили халқ, Раиси вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи нави такдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада, барои халқ дар шароити ҳассос фаъолияти пурмаҳсулро бар дӯш гирифта тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ ҳамеша бо ҳақталошӣ, ростгӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар Шурои Олӣ нақши назаррас мебозид ва интихоби ӯ ба мақоми олии давлат натиҷаи мантиқии фаъолияти худи ӯ буд.
Ба гардунҳо расид аз номуродиҳо нидои мо,
Магар бишниду оҳу нолаи моро Худои мо.
Ва ё кофӣ шуморид он қадар дода ҷазои мо,
Чӣ ҷои баҳс, он рафт бар мо шуд сазои мо.
Ризои ӯст, дорам итминон, баҳри давои мо,
Шуда Эмомалӣ Раҳмон зи лутфаш раҳнамои мо.
Варо дар анҷуманҳо дидаам, ҳуснирасо дорад,
Қади боло, фари шоҳона, чашми пурзиё дорад.
Ҷамолаш партави нуру зиёи кибриё дорад,
Сухан гӯяд, чу марҳам захми дилҳоро даво дорад,
Фараҳбахти накуи халқи худро муддао дорад,
Худодод аст ӯ, дар чеҳрааш нури Худо дорад.
Ҳамаи қонуну қарорҳое, ки дар Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ҳамчун иқдомоти пайгиронаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович имкон доданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузошта, мардум ба бунёдкорию созандагӣ машғул шаванд. Дар иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис диҳад, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад. Дар яке аз муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта буд:
дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар иҷрои вазифаҳои худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани Артиши миллӣ, пузӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, Кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин кардан наметавонад, арзише надорад ва дер намепояд.
Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ, Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳад чораҳои мушаххас андешид. Раёсати Шурои Олӣ ва Шӯрои Вазирон бо дар назардошти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии аҳолии ҷомеа як силсила қарору фармонҳо қабул карданд. Авфи умумӣ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо маводи ғизоӣ, пеш аз ҳама орду равған, зиёд намудани музди меҳнат, мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳаллу фасли худро меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳалӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аз байн рафта буданд, аз сари нав барқарор гардида ба фаъолият оғоз карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузашт.
Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард:
Ҳама вақт эътирофи хизматаш мардона бояд кард,
Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард.
Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,
Ватан обод бо ин роҳбари фарзона бояд кард.
Дар таърихи давлатдорӣ ва раванди даврон ашхосе ба ҳайси роҳбари маънавӣ шинохта мешаванд, ки дар якҷошавии қишрҳси иҷтимоӣ ва минтақаҳои мухталифи дохили кишвари муайян саҳмгузоранд. Зимнан метавон президенти ИМА Авраам Линколнро ном гирифт, ки дар ҳамоҳангии ҷанубу шимоли кишвари худ мавқеи беандоза бузургро аз худ боқӣ гузошта, дар пайвастшавии ин манотиқи калон чун сарвари воҳид шинохта мешавад. Ё худ Маҳатма Ганди дар Ҳиндустон, Муҳаммадалии Ҷиноҳ дар Покистон, Мустафо Камол Отатурк дар Туркия ва дигарон, ки барои ҳамватанони хеш чун пешвои сиёсии мамлакат эътироф шудаанд.
Парокандагии сиёсӣ ва ба минтақаҳо ҷудошавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта ниёз ба шахсияте ва сиёсатмадоре дошт, ки оқилона моро аз чунин вартаи фалокатбору парокандагии сиёсӣ наҷот диҳад ва минбаъд ояндаи ин мамлакатро барои ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Чунин шахсияти ватандӯсту сиёсатмадор дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ҳувайдо гашт. Гарчанде, ки он айём ҳеҷ гурӯҳи сиёсие тасаввур намекард, ки Раиси Шурои Олии ҳамонвақта муҳтарам Эмомалӣ Рахмон вазифа ва ваколатҳое, ки дар иҷлосияи мазкур ба дӯш шрифта буд, дар кӯтоҳтарин муҳлат дар амал роҳандозй хоҳад кард.
Рақибони сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаҳое, ки дар хориҷи кишвар қарор гирифтанд, аз ҷониби аҷнабиҳо маблағгузорӣ мешуданд ва ҳадафҳои сиёсии онҳо бо мақсадҳои геополитикии кишварҳои гуногун ҳамоҳанг буданд ва аз замони тазоҳуроти соли 1991 дар шаҳри Душанбе то замони табаддулоти ҳарбии Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 онҳо чун зархариди аҷнабиён ба фаъолияти эмиссарӣ машғул буданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ҳамсоя-Афғонистон давоми роҳбариаш ба хун оғӯшта сафар карда, дар мамлакати ҷангзада бо Раиси ҷумҳури он доктор Бурҳониддини Раббонӣ ва лашкаркаши шуҷоъ-шери Панҷшер, вазири дифоъи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд мулоқот анҷом дода, зимнан масоили гурезаҳоеро, ки бо таъсири ҷанги таҳмилӣ дар он ҷо хору залилу дур аз Ватан заҳри ғарибӣ мечашиданд, аз хонаю дар, зану фарзанд ва хоки Ватан бенасиб буданд, мавриди баррасӣ қарор дод. Вохӯриҳои дуру дароз ва дар кишварҳои гуногун барпошуда оқибат ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 анҷом пазируфт, ки он бузургтарин дастоварди миллии тоҷикон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва имрӯзҳо ҷаҳониён ин таҷрибаро мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор додаанд.
Пешвои миллати мо рисолати бас бузургеро дар охирҳои садаи сипаришуда анҷом дод, ки ба арзи вуҷуд доштан ё надоштани мамлакатамон дахолат дошт ва бидуни муболиға дар сахфаи таърихи замони истиқлолиятамон бояд бо ҳуруфи заррин дарҷ гардад.
Аз ин хотир, ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо хидматҳои ҷавонмардонаи ӯро пос дошта, минбаъд ба чунин парокандагӣ имкони зуҳур карданро ҳатто дар хаёли инсонҳо роҳ надодан аст.
Воқеан, Пешвои миллат муттаҳидсози миллати пароканда, меъмори сулҳу Ваҳдат, чунки ҳамаи моро маҳз ӯ бо дар назардошти сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонааш ба ҳам овардааст.
Ватанро ҳамдаму ҷонем бо Эмомалӣ Раҳмон,
Ба тахти шуҳрату шонем бо Эмомалӣ Раҳмон.
Ширин Қурбонова, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илми таърих
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин асрҳо боз бо ҳамдигар ҳамсоя буда, ҳамзамон сарнавишти ягона доранд. Бар замми ин Роҳи бузурги Абрешим зиёда аз ду ҳазор сол аз ин дӯстию бародархондагии муштараки ин мардум шаҳодат медиҳад.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар сарзамини тоҷикон дар замони ҳукмронии сулолаи Хан, Чжан Тсян, роҳиби танӣ Сюантсзан ва дипломати чинӣ Чен Чен нақши нек гузошта буданд. Таърихи муносибат миёни кишварҳои мо аз қадимулайём бозгӯйи ҳавасмандии пайвастаи ҷонибҳо дар самти густариш ва истифодаи боз ҳам бештари зарфиятҳои мавҷуда маҳсуб ёфта, мавқеи Тоҷикистону Чин дар тамоми соҳаҳо намунаи олию барҷастаи муносибати миёни ду кишвари ҳамҷавор, ҳамсоя ва инчунин дӯсту бародар ба шумор меравад.
Тоҷирони суғдӣ масофаи ниҳоят тӯлониро дар минтақаиАвруосиё тай намуда, ниҳоятан пули тиҷоратиро ба вуҷуд оварданд, ки он Чин, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Аврупоро ба ҳам пайваст ва ҳамин тавр, ин тоҷирон ба раванди табодули ҳамаҷонибаи байнитамаддунӣ ва ғанӣ гардонидани мардумон дар масири роҳи Бузурги Абрешим саҳм гузоштанд.
Бояд қайд кард, ки 32 сол қабл аз ин ҶумҳурииТоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо густариши муносибатҳои дипломатии ин ду кишвар дар таърихи бисёрасраи дӯстӣ саҳифаи нав боз намуданд. Аз он давра дар муддати ин солҳо муносибатҳои Чину Тоҷикистон аз ин имтиҳон дар айёми мураккаби байналмилалӣ гузашта, торафт мустаҳкам мешаванд ва аз ҳамсоягии нек ба шарикии беназири стратегӣ табдил меёбанд. Чунки ташаккул додани ҷомеаи сарнавишти ягонаи Чин ва Тоҷикистон намунаи хуби барқарор намудани муносибатҳо байни кишварҳои ҳамсоя мебошад.
Чуноне, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни мулоқоти ба қарибӣ ба вуқуъ пайвастаи худ иброз дошт: “Мо шарикони содиқ будему ҳастем, якдигарро эҳтиром мекунем ва ба якдигар эътимод дорем. Ду кишвар дар масъалаҳое, ки манфиатҳои куллии онҳоро фаро мегиранд, дар навбати аввал соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва тамомияти арзиро ҷонибдорӣ карда, роҳи интихобкардаи рушдро мутобиқи воқеияти миллӣ эҳтиром менамоянд ва ба ҳар кӯшиши аз берун бо ягон баҳона дахолат намудан ба корҳои дохилӣ, қатъиян зид мебароянд.
Мо ҳамеша оид ба масоиле, ки боиси ташвиш ҳастанд, якдигарро мефаҳмем ва дастгирӣ менамоем, аз рушди мунтазами ду кишвар дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем.
Унсурҳои бунёдии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок омили муҳимми рушди муносибатҳои дуҷониба гардидаанд. Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдаам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Мо бо азми ягона ҳамкории дуҷонибаи судмандро амалӣ месозем. Чин дар тӯли солҳои зиёд маблағгузори калонтарин ва яке аз шарикони пешсафи тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Табодули дуҷонибаи мол соли гузашта ба 4 миллиард доллари ИМА наздик шуд. Чунин раванди мусбатро мо дар чор моҳи аввали соли равон низ нигоҳ доштем. Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки дар доираи он кишварҳои мо як қатор лоиҳаҳоро татбиқ мекунанд, аз ҷумла, Корхонаи сементбарории Ёвон, Маркази намунавии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ва Парки нассоҷии саноатӣ дар ноҳияи Данғара, ки дар мустаҳкам намудани иқтидори саноатию техникии Тоҷикистон нақш мегузоранд ва ҳазорҳо ҷойҳои корӣ ба вуҷуд овардаанд, ҳамроҳ шуд.
Роҳи мошингарди Чин - Тоҷикистон, нақби роҳи оҳани Ёвон-Ваҳдат, ки аз ҷониби ширкатҳои Чин сохта шудаанд, шоҳраги муҳимми нақлиётии Тоҷикистон гардиданд. Маҳсулоти баландсифату аз ҷиҳати биологӣ тозаи истеҳсоли Тоҷикистон, ба мисли олу, лимӯ ва ангур дар бозорҳои Чин ҷойгоҳи хос ва дар байни истеъмолкунандагон талабгорони зиёди худро дорад.
Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки биноҳои навсохти Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сохтмони онҳоро мо бо ҳамроҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ сол пеш оғоз бахшида будем, мавриди истифода қарор гирифтанд. Онҳо шиносномаи нави пойтахти мамлакати Шумо ва рамзи ҳамкории Чину Тоҷикистон хоҳанд шуд.”
Инчунин мавсуф боз афзуд, ки: “Дар ҷараёни робитаҳои дӯстона мо аз якдигар меомӯзем. Дар заминаи Институти Конфутсий ва устохонаи Лу Бан гурӯҳи мутахассисони баландихтисос ташаккул ёфтааст, ки ҳам забонҳо ва ҳам технологияро медонанд ва ба рушди миллӣ ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон фаъолона мусоидат менамоянд. Ба шарофати кӯшишҳои Маркази Чину Тоҷикистон, Маркази анъанавии тиббии Чин ва лоиҳаи «Экспресс саломатӣ: сафари тобанда» ҳамбастагии тибби анъанавии Чин ва технологияҳои муосир саломатии аҳолиро ҳифз менамоянд. Робитаҳои фарҳангӣ - гуманитарӣ, ба мисли ташкили рӯзҳои фарҳангӣ, машваратҳо, табодули донишҷӯён, тарҷума ва нашри тарафайни асарҳои бадеӣ сокинони ду кишварро ба ҳам наздик месозанд ва ба омилҳои дӯстии фарохи байни Чин ва Тоҷикистон зам мешаванд. Минтақаҳо ва шаҳрҳои бародархонд, ки теъдодашон то 9 адад расидааст, ба дӯстии Чину Тоҷикистон такони иловагӣ мебахшанд.
Мо дӯстони содиқ будему ҳастем ва дар лаҳзаҳои мушкил ба якдигар ҳамеша кӯмак мерасонем”.
Оре, метавон гуфт, ки ҳамин тариқ дӯстии байни ин ду давлати ба ҳам дӯсту бародар ва ҳамсоя аз қаъри асрҳо реша доранд. Ба ифодаи шоири вассофи сулҳу ваҳдатпараст, шодравон Мирзо Турсунзода:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Ҳамин тариқ, дар хулоса метавон қайд намуд, ки таърихи муносибот миёни кишварҳои мо бозгӯйи ҳавасмандии пайвастаи ҷонибҳо дар густариш ва истифодаи боз ҳам бештари зарфиятҳои мавҷуда маҳсуб ёфта, мавқеи Тоҷикистону Чин дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. Зеро Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Лозим ба тазаккур аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи худро хусусан бо кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя ва ҳаммарз Чин ба ибораи дигар Хитой ё худ Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз таърихи 4-уми январи соли 1992 ба таври расмӣ барқарор гардида буданд, то имрӯз густариш дода истодаанд, ки натиҷаҳои неку судманд ба бор оварда истодаанд.
Бояд қайд кард, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 32-сол қабл аз ин, яъне 13-уми марти соли 1992 Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуда буд. Дар таърихи 7-уми апрели соли соли 1997 бошад, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин ба фаъолият шуруъ намуд.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки маҳз ба шарофати хидматҳои беназири Роҳбари давлатамон ҷониби Чин аз рӯзҳои аввал ба кишвари аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зарардида кӯмакҳои худро дар ҳама самтҳо дареғ надошт. Аз ҷумла, дар масъалаи ворид намудани техникаҳои мухталиф ва инчунин коммуналию мошинҳои махсус ва инчунин шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар доираи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ тибқи лоиҳаи “Як камарбанд - як роҳ” созгор ба манфиатҳои ҳарду ҷониб ба роҳ монда шуданд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷоратӣ миёни ин ду кишвари дӯсту ҳамсоя муҳим арзёбӣ шуда, Чин аз бузургтарин сармоягузор дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамзамон шарики асосии тиҷоратӣ маҳсуб меёбад.
Аз ҷумла, дар давоми 30 соли охир ва равобити муфиду судманди ҷонибҳо бо суръати баланд рушд ёфта, соли 2022 он 1210 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, ки нисбат ба соли 2021-ум 370,7 миллион доллар ё худ 44, 2 фоиз зиёдтар мебошад.
Ҳамин тариқ, дар давраи соли 2023 дар раддабандии сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чин дар ҷойи дуюм қарор гирифта, ҳиссаи ин кишвар 20,7 фоизро ташкил медод.
Хулласи калом, бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои аз қаъри асрҳо ба мо меросмонда бо ин кишвари дӯсту ҳамсоя дар самти иқтисод, фарҳанг, тиҷорат ва инчунин ҳамкориҳои судманди мухталифи афзалиятнок бо мақсади рушди соҳаҳои саноат ва ҳамзамон табодули фарҳангу тамаддун, эҳёи корвони бостонии “Роҳи бузурги абрешим” баҳри рушди ҳамгироию бародархондагӣ ва сулҳу субот пешрафти иқтисоду саноат ва инчунин тиҷорату саёҳат ва пойдории ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ба хотири фардои дурахшон байни Тоҷикистону Чин бо дастгирии бевоситаи роҳбарони кишварҳо дар симои Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин устувор ба роҳ монда шудаанд.
Раҳимзода А.О. - директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ба рушди энергетика, пеш аз ҳама, гидроэнергетика таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Бе таъмини истиқлоли энергетикӣ фароҳам овардани шароит барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ғайриимкон аст, иброз доштааст доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров.
Дар зимн матни пурраи андешаҳои коршинос мавриди таваҷҷуҳи хонандагон қарор мегирад.
— Низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ феълан дар ҳолати буҳрони шадид қарор дорад. Абарқудратҳои замон баҳри ҳифзи манфиатҳои ғаразноки миллии худ вазъиятро дар фазои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳон тезутунд намуда истодаанд. Муборизаи онҳо барои дастрасӣ ва назорат ба сарчашмаҳои энергетика, ки дар қитъаҳои гуногуни сайёра ҷойгир мебошанд, идома ёфта истодаанд. Имрӯз мо шоҳиди он шуда истодаем, ки энергетика беш аз пеш ба яке аз унсурҳои асосии геополитика табдил ёфта, хусусият ва шаклгирии муносибатҳои байналмилалиро муайян менамояд. Мавҷудияти маҳдуди захираҳои энергетикӣ, инфрасохтор ва технологияҳои навтарин дар ин соҳа хатарҳои ҷиддиро барои устувории иқтисодӣ ва амнияти миллии бисёр давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бор меоварад. Раванди мазкур ду паҳлу дорад, яъне аз як тараф энергетика ҳамчун абзори геополитика истифода мешавад ва аз ҷониби дигар, манфиатҳои сиёсӣ ба рушди энергетика ҳарчи бештар таъсир мерасонанд.
Равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки бо тағйироти инқилобии технологияҳо алоқаманд мебошанд, бо афзоиши босуръати истеъмоли энергия, баробаршавии сатҳи истеъмоли захираҳои энергетикӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва пешрафта иртиботи қавӣ доранд. Мувофиқи он масоили қонеъ гардондани талаботи рӯзафзуни инсоният ба неруи энергетикӣ тезутунд мегардад.
Соҳаи энергетика имрӯз бунёди тамаддуни муосири инсоният ё худ “тамаддуни энергетикӣ” буда, ба масир ва суръати тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ, амнияти халқу давлатҳо, инчунин муносибатҳои байналхалқӣ таъсир мерасонад. Таъминот бо озуқаворӣ, бо сару либос, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва дар онҳо муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ, интиқоли молу маҳсулот ва сафарҳои одамон, алоқа ва мубодилаи ахбор-ҳамаи ин соҳаҳои фаъолияти инсон ниёз ба энергия ё худ неруи барқиро дорад.
Хусусан, истифодаи гидроэнергетика боиси хеле кам шудани истифодаи ангишт, нефт ва чӯбу тахта ва чун натиҷа ба миқёси калон коҳиш ёфтани партовҳои моддаҳои зарарнок ба атмосфера мегардад.
Таҳлили равандҳои кунунӣ баръало нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии бозингарони асосии ҷаҳон ба масоили амнияти энергетикӣ зич алоқаманд буда, дар он рақобат барои назорат бар ҳудудҳои дорои захираҳои табиӣ, инфрасохтори транзитӣ ва ғайра мавҷуд аст. Афзоиши аҳамияти захираҳои энергетикӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ бархурди ҳам пинҳонӣ ва ҳам ошкорои низомию сиёсиро байни қудратҳои пешбар баҳри назорат бар соҳаи тавлиди неруи энерегитикӣ ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, дар айни замон таъсири бузурги соҳаи энергетика на танҳо ба муносибатҳои байналмилалӣ, балки ба геополитика мушоҳида мегардад. Он инчунин сабаби шиддатёбии ҷиддии сиёсӣ дар минтақаҳои гуногун ва низоъҳои байнидавлатӣ мегардад.
Ин падидаҳои буҳронӣ ба бахши энергетика, хусусан ба гидроэнергетика дар ҷаҳон низ таъсир расониданд. Бо такя ба гуфтаҳои боло таъкид бояд намуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар дурнамои наздик пайдоиши мушкилоти ҷиддии инфрасохторӣ низ бо захираҳои гидроэнегетикӣ ва обтаъминкунӣ алоқаманд аст.
Агар солҳои пешин захираҳои об дар минтақа эҳтиёҷоти иқтисод ва кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказиро пурра қонеъ менамуд, пас имрӯз вазъият куллан дигар аст. Шумораи аҳолии давлатҳои минтақа ба таври назаррас зиёд шуда истода, мутаносибан ҳаҷми истеъмоли об низ зиёд шудааст. Дар айни замон дар минтақа давраи камобӣ ҷараён дорад, ки тибқи баъзе ҳисобҳо, ҳадди ақалл то соли 2030 идома хоҳад ёфт.
Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаи захираҳои об барои кишоварзӣ ва тавлиди неруи барқ барои рушди устувори тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ ниҳоят муҳим аст. Об манбаи стратегӣ аст, ки барои ҳаёт ва иқтисодиёт зарур мебошад. Норасоии рӯзафзуни захираҳои об ба инсоният на танҳо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон, балки дар миқёси ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Аҳолии ҷаҳон тибқи омори СММ тақрибан 86 миллион нафар дар як сол афзуда истодааст. Вобаста ба он афзоиши солонаи талабот ба оби тоза дар ҳаҷми 64 миллион метри мукааб ба назар мерасад. Аммо дар ҳолате, ки аҳолии ҷаҳон се баробар зиёд шудааст, истифодаи оби тоза 17 баробар афзудааст.
Дар шароити муосир чоряки аҳолии ҷаҳон ба норасоии об рӯ ба рӯ буда, беш аз 1 миллиард нафар дар сайёра ба оби тоза дастрасӣ надоранд ва тибқи пешгӯиҳо, то соли 2025 ҳамин миқдор одамон дар шароити «гуруснагии мутлақи об» зиндагӣ хоҳанд намуд. Афзоиши босуръати истифодаи захираҳои об боиси паст шудани сатҳи амнияти озуқаворӣ мегардад. Мувофиқи маълумоти Шурои ҷаҳонии об (WBC), то соли 2050 тақрибан 2/3 (аз се ду ҳиссаи) аҳолии ҷаҳон бо мушкили нарасидани захираҳои оби ширин рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ҳамин тариқ, об ба муҳимтарин омили геополитикаи муосир табдил ёфтааст.
Бо назардошти воқеияти дар боло баёнгардида, нақши геополитикӣ ва геостратегии Тоҷикистон ҳамчун соҳиби захираҳои бузурги об дар Авруосиё рӯз бар рӯз афзуда истодааст. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ба рушди энергетика, пеш аз ҳама, гидроэнергетика таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад, зеро бе таъмини истиқлоли энергетикӣ фароҳам овардани шароит барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, расидан ба чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ғайриимкон аст. Шароити объективӣ барои пешбурди ин сиёсат аз он иборат аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ (ҷойи 8-ум дар ҷаҳон ва 1-ум дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ) мебошад ва қисми асосии захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар Ватани тоҷикон ташаккул меёбад.
Мавҷудияти захираҳои бузурги обӣ дар ин ё он давлат ҳамеша яке аз омилҳои мусоиди геополитикӣ маҳсуб мешуд. Аҳамияти нақши онҳо дар рушди ҳар давлат на танҳо бо дарки афзалияти иқтисодӣ дар натиҷаи имкони дастрасӣ ба баҳрҳо ва уқёнусҳо, мавҷудияти дарёҳо ва кӯлҳои пуроб, балки бо мавҷудияти манбаи об барои тавлиди тамаддуни башар муайян мегашт. Бидуни об на саноатикунонӣ ва на дар миқёси калон тараққӣ додани кишоварзӣ имконпазир буд. Дар ин самт танҳо давлатҳои дорои захираҳои об ба комёбиҳо дастрас шуданд.
Тоҷикистон ҳам дар даврони пеш аз истиқлол ва ҳам давраи баъди соҳибистиқлолӣ манфиатдор буд, ки зарфияти обӣ ва энергетикии мамлакат на танҳо ба фоидаи давлати мо хизмат намояд, балки барои тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Вобаста ба ин Тоҷикистон барои сохтмони НБО “Роғун”, ки аслан то давраи соҳибистиқлолии давлати мо лоиҳакашӣ шудааст, ризоият диҳад. Чунонки ба ҳамагон маълум аст, сохтмони НБО “Роғун” ҳанӯз соли 1987 оғоз ёфт. Лоиҳаи ин неругоҳи барқӣ-обӣ тавре тартиб дода шудааст, ки он на танҳо ба манфиати энергетикии Точикистон, балки бештар ба қонеъ намудани ниёзҳои кишоварзии мамлакатҳои поёноб ва манфиати иқтисодии ин давлатҳо нигаронида шуда буд. Яъне, НБО “Роғун” аллакай дар оғози лоиҳакашӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва сохтмон ба худ аҳамияти геоиқтисодӣ ва геополитикӣ касб намуда буд.
Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он ки НБО-и “Роғун” барои амният ва суботи минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти геостратегӣ дорад, ба идомаи сохтмони ин неругоҳ авлавияти стратегӣ медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки дар идомаи сохтмони НБО-и “Роғун” саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон аст. Зеро ба кор андохтани агрегати якуми ин иншооти стратегӣ маҳз ба иродаи қавии сиёсии ин абармард ва андешаҳои пурарзиши Сарвари тоҷикон оид ба аҳамияти НБО-и “Роғун” ба рушди устувори Тоҷикистон ва минтақа иртиботи бевосита дорад.
Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, сохтмон, азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисодии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад. Иқтидори умумии гидроэнергетикии мамлакати мо ба 527 миллиард киловатт-соат дар як сол баробар аст. Аз ин рӯ НБО-и “Роғун” дар истифодаи зарфияти обҳои дохилии Точикистон нақши ҳалкунанда мебозад. Барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, ки НБО-и “Роғун” пурра ба фаъолият дарояд ва ба ин васила моро на танҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ наздиктар намояд, балки барои рушди истеҳсолоти миллӣ шароит фароҳам оварад ва инчунин давлати моро ба бузургтарин содироткунандаи неруи барқ ба мамлакатҳои Авруосиё табдил намояд. Сохтмони НБО “Роғун” пурра бо сиёсати энергетикӣ ва дипломатияи оби Тоҷикистон бар таъмини истиқлоли энергетикӣ ва амнияти ҷумҳурӣ мувофиқат менамояд. Тибқи ин стратегия Тоҷикистон тавассути ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ ба афзоиши ҳамгироии системаҳои энергетикӣ бо давлатҳои ҳамсоя дар асоси муносибатҳои бозорӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, бунёди неругоҳҳои бузурги обӣ дар Тоҷикистон бо обанборҳо, ба мисли НБО-и “Роғун” аз як тараф, маънои афзоиш додани иқтидори воқеии энергетикии минтақаро дорад, ки бо самаранокии баланди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии худ фарқ менамояд, аз ҷониби дигар, сатҳи танзимро сирф аз нуқтаи назари амният ва ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ нигоҳ дошта, идоракунии захираҳои оби ҳавзаҳои дарёҳоро баланд мебардорад. Дар минтақаи мо сохтмони неругоҳҳои барқӣ-обӣ ва обанборҳои калон, ҳолатҳои камобиро дар давлатҳои поёноб бартараф менамояд.
Таъкид бояд намуд, ки баъди ба анҷом расидани сохтмони НБО-и “Роғун” он соҳиби обанбори бузург хоҳад гашт. Ин манбаи об на танҳо барои корҳои ирригатсионӣ дар Тоҷикистон, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, яъне барои рушди кишоварзӣ дар минтақа истифода бурда хоҳад шуд. Бояд дар хотир дошта бошем, ки кишоварзӣ соҳаи обталаб мебошад ва омили калидӣ дар таъмини амнияти озуқавории кулли давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини амнияти озуқаворӣ дар сар то сари дунёи муосир ба мубрамтарин масоили ҳифзи амнияти миллии давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.
Ба ақидаи коршиносони Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, дар айни замон аз қариб 8 миллиард нафар одамон дар сайёра 3 миллиард нафарашон бо ғизои солим, ки аз ҷониби диетологҳо тавсия дода мешаванд, таъмин намебошанд. Яъне, амнияти озуқавории онҳо дар зери хатар аст.
Ёдовар мешавем, ки барои парвариши зироат дар тамоми ҷаҳон обёрӣ фаъолона истифода мешавад. Дар зарфи 50 соли охир майдони замини обӣ аз 90 ба 270 миллион гектар, яъне се баробар зиёд шуд. Дар асоси баҳои мутахассисон, дар даҳсолаи наздик афзоиши заминҳои обӣ суст шуда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии захираҳои обро ҷустуҷӯ кардан зарур меояд.
Албатта, бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи мо давлатҳои болооб ба рушди гидроэнергетика таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва кишварҳои поёноб бештар ба рушди кишоварзӣ аҳамият медиҳанд. Дар натиҷа, мувофиқи омори СММ, ба далели номувофиқ будани тасмимҳо дар заминаи ҳамоҳангсозии мушкилоти об Осиёи Марказӣ ҳамасола 1 миллиарду 750 миллион доллар аз даст медиҳад. Истифодаи мутақобилан судманди захираҳои обу энергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла рушди робитаҳои инфрасохторӣ дар сурати мавҷуд будани стратегияи мувофиқашудаи об ва энергетика имконпазир аст. Дар баробари ин, бояд механизми нави иктисодии якҷоя истифода бурдани захираҳои обу энергетикӣ кор карда баромада шавад.
Неруи барқ, пеш аз ҳама, мутаҳаррики тараққиёти иктисодиёти давлат аст. Мавҷудияти захираҳои барқ ва гидроэнергетикӣ дар дилхоҳ кишвар нишондиҳандаи сифати зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, ба истифода додани НБО-и “Роғун” дар дурнамои наздик ба манфиати кулли Авруосиё хизмат намуда, ба яке аз унсурҳои муҳими таъмини амнияту суботи минтақаи мо мубаддал мегардад. Эъмори иқтисоди инноватсионӣ, рушди соҳибкорӣ, рақамисозии иқтисод дар Тоҷикистон бевосита ба истифодаи зарфияти гидроэнергетикии давлатамон марбут аст.
Албатта, барои бунёди саноати рақобатпазир дар иқтисоди ҷаҳонӣ Тоҷикистонро зарур аст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аҳамияти хосса диҳад. Тоҷикистон солҳои наздик метавонад ба яке аз мамлакатҳои пешсаф дар минтақа дар истеҳсоли неруи барқ ё худ энергияи “сабз” табдил ёбад. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба миллати тоҷик аз 23.12.2022 иброз намуда буданд: “98%-и неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» мамлакати мо дар миқёси ҷаҳонӣ ҷойи 6-умро ишғол менамояд”.
Дар ояндаи наздик истеҳсолу истифодаи энергияи “сабз” дар мамлакат имкон хоҳад дод, ки аксарияти аҳолӣ ба истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ гузаранд ва бо ин тартиб талаботи ҷумҳурӣ аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода шавад. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон ба назари мо метавонад солҳои наздик инчунин ба истеҳсолкунандаи автомобилҳои барқӣ дар миқёси минтақа мубаддал гардад.
Рустам ҲАЙДАРОВ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Қонуни мазкур дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир дорад. Таълиму тарбияи наслҳои ояндасоз албатта вазифаи ҷонии падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва давлат ба шумор меравад. Масъулият доштан дар тарбияи фарзанд як эҳсоси махсусест, ки дар рафтори волидайни бедордил ва ҳар шахс гузошта шудааст. Тақозои замон аст, ки ин масъулиятро давлат ва қонунгузорӣ дар худи инсон ҷиҳати ояндаи дурахшон бедор намояд. Чуноне, ки мутафаккири барҷаста Муҳаммад Ғаззолӣ таъкид мекунад: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”. Аз ин ҷост, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар ба низом даровардани муносибатиҳо дар ҷомеа ва тарбияи наслҳои ояндасоз аҳамияти муҳим дорад.
Қонуни мазкур дар ташаккули худшиносӣ, сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт. Ин иқдоми созандаю саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ҷинояткориро миёни ҷавонон кам ва даст задан ба ҳама гуна зуҳороти номатлубро пешгирӣ намуд. Дар доираи талаботи қонуни мазкур ҳамкории тамоми муассисаҳои таълимӣ бо волидайн вусъат гирифта, кулли ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории зичу самаранокро бо падару модарон ба роҳ монданд. Тарбия, ки аслан кори дастаҷамъона ва кори пушмашаққат ба шумор меравад, дар доираи қонуни мазкур роҳи амалишавии ояндадори худро пайдо намуд. Вазифаҳои ҷонии ҳар як падару модарро Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар моддаҳои худ асоснок намуда пешниҳод намудааст, ки ҳамчун дастури зиндагии шоиста дар тарбияи наслҳои оянда мебошад. Мавриди зикр аст, ки қонуни мазкур дар асоси қонуни асосии мамлакат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки дар ин самт татбиқи ҳамаҷонибаи дигар қонунҳои мавҷударо низ таъмин менамояд.
Дар қисми дуюми моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Дар ин росто ёдовар шудан ба маврид аст, ки сарчашмаи асосии ин ташаббус, яъне қабули Қонуни ҶТ “дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки нахуст бо ҳамин унвон қабул гардида буд, меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мамлакат мебошанд. Қонуни мазкур дуюми августи соли 2011 таҳти рақами №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат буд, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо карда, тағироҳои тақозои замон ба он илова карда шудааст.
Бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтӣ фарзандон мебошанд. Як давлати дорои ояндаи пурсаодат низ ҳамон мамлакатеро метавон ном бурд, ки наслҳои ояндаи он тарбияи хуб дошта, сазовори боварию умедбахшанд. Таълиму тарбияи чунин наслҳои ояндасоз танҳо дар доираи арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ имконпазир аст, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» чунин шакли тарбияро имконпазир гардонидааст. Ояндаи миллат вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.
Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони покдошта заминаи устувор гузошта, эҳсоси масъулияти баланди падарию модариро хусусан дар падару модарони ҷавон ташаккул дода дар натиҷа фарзандони бомаърифат тарбияёфта ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат менамоянд. Муҳимияти маърифатнок гардонидани наслҳои оянда ва қонуни мазкур пеш аз ҳама дар он аст, ки танҳо дар рӯҳияи солим тарбия намудан амалҳои бадро дар вуҷуди онҳо нобут месозад. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: “Танҳо маърифат пеши роҳи ҷахолатро гирифта метавонад”. Қонуни мазкур тавонист афкори ҷомеаро нисбати таълиму тарбияи фарзанд дигар намояд. Дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ балки алакай ӯҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст ва амалишавии он кафолати ба таври дахлдор тарбия намудани фарзанд мегардад.
Барҳақ аст, ки бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст.
Мавриди зикр аст, ки дар Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» натанҳо уҳдадориҳои падару модар, балки уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияро баррасӣ мекунанд дарҷ гардидааст. Аммо нақши асосиро дар қонуни мазкур уҳдадориҳои падару модар мебозанд, ки мантиқан бояд чунин ҳам бошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомали Раҳмон: “Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст. Зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд, фарзандон дунёро бо чашму дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд.
Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад”.
Дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа таълиму тарбия рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод фазои иттилоотӣ, муҳити атроф, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Аз ин ру, Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии мо асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад, дар рушди зеҳнии насли солиму созанда нақши муҳимеро иҷро намуда истодааст. Татбиқи қонуни мазкур дар асоси хусусиятҳои миллии мо ба ниҳодҳои номбурда имкон медиҳад ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, тақлиди фарҳанги бегона ва дигар падидаҳои зараровари ҷомеаи муосир истодагарӣ намоянд. Хусусан дар солим нигоҳ доштани мафкураи ноболиғон қонуни мазкур нақши созанда дорад. Зеро дар Қонуни мазкур аз тарафи фарзанди ноболиғ тамошои филмҳо ва бозиҳои компютерӣ, ки хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ ва ғайриахлоқӣ қатъиян манъ карда шудааст.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки Парлумони Тоҷикистон бо дарназардошти бозҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо соли равон тағиру иловаҳо ворид намуд. Боиси таъкид аст, ки 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардида, он аз 7 боб ва 25 модда иборат мебошад.
Содаву оммафаҳм ва ба таври васею фарогир танзим намудани муносибатҳо оид ба таълиму тарбияи кӯдак бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда ва ҷавобгӯ ба талаботи замон дар доираи қонуни мазкур яке аз сабабҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур мебошад.
Ин қонуни ниҳоят муҳим ва тағиру иловаҳои ворид кардашуда водор месозад, ки ҳар як шахсе, ки миллати худ, Ватани худро дӯст медорад ва эҳтиром менамояд, бояд ба қадри арзишҳои миллати худ расад ва дар масъалаи муҳимтарини зиндагӣ таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошад. Онҳоро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намояд ва ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рӯҳия ташвиқ намояд. Зеро фарзанди солеҳу хушахлоқ, донишманд, ба арзиши маънавии давлат ва сармояи зеҳнии он дохил гардида, сатҳу сифати маърифатнокии ҷомеа ва қудрати давлатро муайян месозад.
Дар навбати худ мақомоти давлатӣ низ бояд ба падару модарон ҷиҳати тарбияи дурусти наслҳои оянда мусоидат намуда, дар миёни наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро мунтазам тарғиб намоянд. Зеро татбиқи қонуни мазкур вазифаи ҷонии нафақат падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа аст. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки наслҳои ояндасозро тарбия карда дилпурона ба сӯи оянда пеш равем.
АБДУМУМИНЗОДА Ситора, номзади илмҳои педагогӣ, Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи милии илмҳои Тоҷикистон.
Ҳадафи мақола баррасии мавзӯи муқовимати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризи балналмилалӣ ва ифротгароии хушунатомез мебошад. Яке аз баҳсҳое, ки таваҷҷӯҳи бештари назарияпардозонро дар ҷаҳони имрӯза ба худ ҷалб намудааст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин раванд ҷомеаи башариро имрӯзҳо сахт нигарон кардааст, ки баҳри пешгирӣ ва фаҳми амиқи тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи ин падидаи манфур (терроризм) тамоми кӯшишҳоро равона карда истодааст. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии амниятӣ дар замони муосир ба ҳисоб меравад, ки амнияти ҷаҳонро дар зери хатар қарор медиҳад. Ин тадқиқот нишондиҳандаи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бархӯрд ва мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дар се даҳаи охирро шарҳ диҳад.
Имрӯз падидаи терроризм ва ифротгароӣ ба яке аз муҳимтарин нигарониҳои амнияти миллатҳо ва давлатҳо дар саро сари ҷаҳон табдил шудааст. Ривоҷи падидаҳои ҳамчун терроризм ва ифротгароӣ ба минтақа ва ё давлатҳои хосе нест, балки аз кишварҳои хурд шурӯъ карда то бузургтарин қудратҳои дунё бо хатароти хушунатомези ин падидаҳо рӯбарӯ ҳастанд. Терроризм на миллат дорад, на дин ва на ҳудуд. Маҳз ҳамин нишондиҳандаҳо мубориза бо терроризмро боз ҳам мушкилтар мекунад. Дар баробари авҷгирии фаъолиятҳои террористию ифротгароии хушунатомез чораҳои байналмилалӣ бо мубориза бо онҳо афзоиш ёфт, аммо бо вуҷуди қонунҳо ва муқарароти байналмилалӣ барои мубориза бо ин падидаҳо нигоҳ накарда, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз натавонистааст бо ин падидаҳо ҳамаҷониба мубориза барад ва ҷаҳонро аз мавҷудияти террористону ифротгароёне ки хуни ҳазорон инсонҳои бегуноҳро рехтаанд пок намояд.
Тахминан гуфтан мумкин аст, ки аз замони ташаккули ҷомеаи байналмилалӣ ва дарки зарурати мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ кишварҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ стратегияҳои гуногунро дар раванди мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ пеш гирифтаанд, ки ҳар як то андозае ба мувафақиятҳо ноил гаштаанд. Аммо ҳеҷ кадоме аз он стратегияҳо қодири мубориза бурдан ва решакан кардани терроризм ва ифротгароӣ набуда дар муддати тӯлонӣ натавонистаанд, ки аз амалҳои хушунатомези террористию ифротгароӣ пешгирӣ кунанд.
Дар олами муосир терроризм ба яке аз масоили муҳим ва мубрами доираҳои васеи илмӣ - тадқиқотӣ табдил ёфтааст. Зеро, терроризм на танҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, балкӣ дар ҳаёти одамони алоҳида низ мақоми махсуси таъсиррасониро касб кардааст. Ин раванд ҷомеаи башариро имрӯзҳо сахт нигарон кардааст, ки баҳри пешгирӣ ва фаҳми амиқи тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи ин падидаи манфур (терроризм) тамоми кӯшишҳоро равона карда истодааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби рӯз мебошад.
Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ ҳамчун амал бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ба сифати ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.
Имрӯз амалҳои террористиву ифротӣ ва роҳҳои маблағгузории он аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, хариду фурӯши одамон, силоҳ ва фасод таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор мераванд. Равандҳои террористиву экстремистӣ ба тинҷиву оромӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва озодии инсонҳо таъсир расонида, намегузорад, ки таҳкиму тақвият ёбанд.
Амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни олам миллионҳо нафар одамонро гирифтори хавфу хатар ва дар оташи ҷангу низоъҳо қарор додаст. Дар натиҷаи ин амалҳои даҳшатафкани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ солҳои охир зиёда аз 100 кишвари дунё зери ҳадаф қарор гирифта, бо сабаби онҳо садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намояд. Ҳамин тавр, ифротгароӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.
Имрӯз дар забони муошират, аз ҷумла, дар забони илм ва воситаҳои ахбори умум, ифротгароиро экстремизм ва даҳшатафканиро терроризм мегӯянд. Ин истилоҳҳо низ ҳамин маъноҳоро ифода карда, фақат шакли лотинии пазируфташудаи ин мафҳумҳо мебошанд. Аз ин рӯ, дар ҳамин шакл истифода намудани ин истилоҳҳо низ дуруст аст, зеро ҳоло муҳимтар он аст, ки ин мафҳумҳо ва ин падидаҳо ба мардум фаҳмо буда, моҳият ва хатари онҳо барои мардум равшан бошад. Экстремизм, радикализм ва терроризм давоми мантиқии ҳамдигар буда, ҳалқаҳои пайвастаи як занҷиранд, ки дар маҷмӯъ, тафаккур, амалия ва моҳияти гурӯҳҳои ифротгароиро ташкил мекунанд.
Барои хубтару беҳтар нишон додани сатҳи омӯзиши мавзӯъ моро лозим меояд, ки ба якчанд таърифҳои илмии олимони ин соҳа рӯй оварда, онҳоро қайд намуда, дидгоҳи баъзе аз онҳоро зикр созем.
Дар фарҳаги луғати вожаҳои хориҷӣ ва ҳамчунин луғати тафсирии забони русӣ ифротгароиро ҳамчун «риояи ақида ва чораҳои ифротӣ» маънидод мекунанд марбут ба сиёсат аст.
В.И.Шулов ба мафҳуми баррасишаванда чунин таъриф медиҳад: «Терроризм падидаи ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки ҷаҳонбинӣ, идеология, усулҳои мушаххасро дар бар мегирад, ки ҳадафи он дар шароити мавҷуда куллӣ ва объективӣ ғайриимкон буда, ҷаҳон ва/ё ҷомеаро танҳо тавассути зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ тағйир медиҳад».
Дар Конвенсияи Шанхай аз 15 июни соли 2001 «Дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм», ки бо Қонуни федералии Федератсияи Русия аз 10 январи соли 2003 № З-ФЗ тасвиб шудааст, Терроризм чунин маънидод карда мешавад: «ҳар амали дигаре, ки барои марг ё расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба шаҳрвандон ё шахси дигаре, ки дар амалиёти ҷангӣ дар ҳолати муноқишаи мусаллаҳона иштирок намекунад, ё расонидани зарари калон ба ягон объекти моддӣ пешбинӣ шудааст, инчунин ташкил, банақшагирӣ, ташвиқ кардан, ташвиқ кардани чунин амал, агар мақсади чунин амал аз рӯи хусусият ё мазмунаш тарсонидани аҳолӣ, вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ ё маҷбур кардани мақомот ё созмони байналмилалӣ ба андешидани ягон амал ё худдорӣ аз ин кор бошад".
Чӣ тавре, ки маълум аст дар, китобҳо, мақолаҳои илмию байналмилалӣ, конференсияҳо таъкид мешавад, ки то ҳанӯз нисбати падидаи ифротгароӣ (эктремизм), радикализм (тундгароӣ) ва терроризм таърифи дурусти илмӣ надорем. Дар бораи ин падидаҳои мазкур таърифҳои мушаххас надошта бошем ҳам аммо бисёр муҳимтар он аст, ки мо дар бораи моҳият ва хусусиятҳои асосии он шинохти дақиқи амалӣ ва воқеъбинона дошта бошем. Яъне мо бояд бидонем, ки бо чӣ падидае рӯ ба рӯ ҳастем ва бо чӣ падидае мубориза мебарем.
Аҳаммияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳаммияти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонанд. Терроризм марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад. Ин аст, ки ҳангоми муносибат бо ин падидаҳо бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷудоварандаи ҳамдигар мебошанд.
Аз ифротгароӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам буда, мубориза бо ифротгароӣ дар амал ҷузъи бисёр муҳимми кори мубориза бо терроризм ва роҳи пешгирии ба марҳилаи радикализму терроризм расидани он мебошад.
Аз рӯйи чуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлати, фаромиллӣ, маҳалӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбанди нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд.
Дар тамоми ҳаракатҳои тундрав терроризми миллатгаро баҳри ҳадафҳои истиқлол, озодӣ, ҳокимияти миллӣ мубориза менамояд. Навъи дигари терроризм терроризми сиёсӣ аст, ки барои ба даст овардани дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ аз он истифода мекунанд. Ба ин кор гурӯҳҳои террористие даст мезананд, ки қудрати мухолифати сиёсиро надоранд.
Наркотерроризм. Ин навъи терроризм аз зиддиятҳо ва рақобатҳои шадиди миёни қочоқ барои маводи мухаддир сар мезанад. Дар вақтҳои киштукор, ҷамъоварӣ, захира, интиқол ва фурӯши он зиддиятҳо вусъат меёбанд. Истилоҳи наркотерроризм нахустин маротиба соли 1983 аз ҷониби Президенти Перу Фернандо Белаунде Терри истифода бурда шудааст.
Бераҳмтарин навъи терроризм терроризми динист. Террористони динӣ дар динҳои ислом, насроният, яҳудият, ҳиндуизм, буддизм ва дигар фирқаҳои мазҳабӣ ба чараёнҳои ифротӣ мансубанд.
Кибертерроризм. Ин навъи терроризм фазои иттилоотиро халалдор намуда, бо дохил шудан ба сайтҳои интернетӣ таблиғи мақсадҳои ифротии худро ба роҳ мемонанд, барномаҳои парвози тайёраҳоро шикаста, садамаҳои ҳавои ташкил менамоянд.
Терроризми ҳастаи. Ин навъ гурӯҳҳои террористон кӯшиши ба даст оввардан ва истифода намудани силоҳҳои қатли омро доранд. Давлатҳое, ки дорои яроқи ҳастаи мебошанд, масъуланд онро маҳфуз нигоҳ доранд, то ки силоҳон ба дасти террористон наафтанд.
Баъзе гурӯҳҳои террористи силоҳҳои радиологӣ, биологӣ ва кимиёвиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки амнияти миллӣ ва байналмилалиро зери хатар мегузоранд.
Дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҳифзи сохтори конститутсионии давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Аз ин рӯ, рушди ниҳодҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати озодии виҷдон, таъмини амнияти миллии кишвар, таъмини суботи ҷомеа ва дар маҷмӯъ ба амал баровардани рушду инкишофи мамлакат ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбанд.
Мутаассифона, дар радифи имкониятҳо ва шароитҳои дар амал татбиқ намудани стратегияҳои мазкур, инчунин як қатор омилҳо ва хафву хатарҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки ба амнияти миллии кишвар ва дар маҷмӯъ ба сохтори конститутсионии давлат таҳдиди воқеӣ ба шумор мераванд.
Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ба хотири ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар назди ҷавонон вазифаҳое гузошта шудаанд, ки татбиқи онҳо барои таҳкими истиқлолият ва бақои давлат аҳамияти бузург дорад. Дар ин вазъият ҳушёрии сиёсӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мешавад, ки “Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-и падидаи номатлуб буда, вабои аср эълон шуда дар ягон давру замон оммаи мардум ва шаҳрвандони ҷаҳон онро дастгирӣ накардаанд ва намекунанд” хеле зарур аст. Ҳамчунин зарур аст, ки масъалаҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳифзи сарҳад ва муҳити зист, ҷудо кардани арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ нуктаҳои марказӣ бошанд.
Бо дарназардошти чунин вазъият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2017 иброз намуданд, ки «солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои ифротгароӣ ва террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Гурӯҳҳои террористию ифротӣ дар доираи дин махсусан дини ислом танҳо як ҳадаф доранд ва он ҳам бошад аз эҷод кардани хилофат дар тамоми ҷоҳон буда ва ҳадафи созмони террористии ДОИШ таҳмил додани хилофат ба давлатҳои дунявӣ ва демократӣ аст. Барои амалӣ намудани ҳадафу ғояҳои носолиму харобиовари худ ин гурӯҳҳои ифротию террористӣ ниёзманди нерӯҳои ҷавонон мебошанд. Аз ҳамин сабаб онҳо ҷавононро ба ҳар роҳу воситае ба доми худ меандозанд.
Дин дар баробари миллатгароӣ олати тавонои таъсиррасонӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсат дар кишварҳои Осиё ва Африқо боқӣ мемонад. Дар ин ҷо, дар заминаи муносибатҳои тарафайни миллӣ-этникӣ ва ташкилотҳои динӣ қисмати асосии низоъҳои шадидтарин, муқобилати мусаллаҳона ва ҷангҳо ба вуҷуд меоянд, ки ин дар навбати худ амният, якпорчагӣ ва суботро на танҳо дар давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми низоми ҷаҳонӣ таҳдид менамояд, зеро чунин бархӯрдҳо барои дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар мешаванд, ки аксаран баҳонае беш нестанд. Дар робита бо ин таҳлили систематикии сабабҳои низоъ, шаклҳои зоҳиршавӣ ва роҳҳои ҳаллу фасли низоъҳои динӣ дар матни геополитикӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Дар иртибот бо ин масъала қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид карда буданд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд”.
Агар ба гуфтаҳои боло назар афканем, афзоиши таъсири дин, тезутундшавии муборизаҳои геосиёсӣ, густариши бесобиқаи раванди ҷаҳонишавӣ бо проблемаҳои глобалии замони муосир манзараи хеле ҳузнангезро пеши назар меоварад.
Аз ҷониби дигар, тарафдорони ғояи таъсис додани хилофати исломӣ аз ҷониби ҷунбишҳо, ташкилотҳо, ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ, ки бо ғояи барпо кардани табадулоти давлатӣ, инқилобҳо, истифодаи терроризм ва экстремизмро дар ҷои аввал қарор дода, бетардид метавонанд ба амнияти миллӣ таъсиргузор бошанд.
Сарфи назар аз он ки дар Тоҷикистон фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва ифротию террористӣ қатъ шудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки хавфу хатари онҳо комилан барҳам хӯрдааст. Бо назардошти вазъи имрӯзаи кишвар, омӯзиши амиқ ва ҳаматарафаи падидаҳои чун терроризм ва ифротгароӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори онҳо ниҳоят муҳим ва зарур мебошад.
Дар ҳамин асос, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои хеш таҳдиду хатари терроризм ва ифротгароӣ, паҳншавии ғояҳои ифротгароии динӣ дар миёни ҷавонон, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҳифзи симои маънавии дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва ғ.-ро мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор додааст [Аcарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон].
Бояд зикр кард, терроризм ва экстремизме ки хусусияти динӣ дошта бошад, аксар ҳолатҳо ба фоҷеа ва харобкориҳои зиёд оварда мерасонанд. Аз ҳамин сабаб дар солҳои 2000-ум бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат фаъолияти як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ манъ карда шуд. Ҳанӯз дар соли 1999 дар кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Мубориза бар зидди терроризм” [Ҳуҷҷатҳои расмӣ]. ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” [Ҳуҷҷатҳои расмӣ] қабул гардид. Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 28 марти соли 2006, таҳти рақами № 1717 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм дар мувофиқа бо қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии дар ин соҳа қабулкардааш, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии мубориза, бо мушаххас намудани ҳадафҳо ва вазифаҳо дар ин самт қабул шудааст.
Бо вуҷуди ин дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон низ баробари рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таҳдиду хатарҳои чунин гуруҳҳо ба назар мерасад. Аз ин рӯ, тадқиқ ва таҳлили самтҳои фаъолияти ташкилотҳои динӣ ва раванди инкишофи ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ аҳамияти калони илмию назариявӣ дошта, мавзӯи коркарду пешниҳоди тавсияҳоро барои ошкор кардан, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ифротию террористӣ ҳадафрас мебошад.
Имрӯз терроризм қудрати ҷанги идеологию иттиолотиро дорад ва азми ба даст овардани аслиҳаи биологӣ, кимиёӣ ва ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Терроризми қадим бо воситаҳои сода, бо хушунат ва вайронкорӣ барои ҳадафҳои сиёсӣ анҷом меёфт. Терроризми муосир бошад аз воситаҳои бисёр пешрафта истифода мекунад ва ташкили амалҳо хеле печ дар печ аст, террористон ғолибан худкушанд, дар сатҳи ҷаҳонӣ амал менамоянд.
Дар солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон талошҳои худро барои мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ дучанд кардааст. Мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, платформаи аслии ҷалби ДОИШ дар Тоҷикистон интернет аст. Дар Тоҷикистон 3 миллион корбарони интернетӣ ҳастанд ва 80 дарсади ин корбарони интернет ба матлабҳои ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ қасдан ё тасодуфан баҳо ё ба доми фиреб меафтанд.
Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ, ҳатман ба масъалаи ҷавонон истода гузашта, пайваста онҳоро ба огоҳиву ватандӯстӣ роҳнамоӣ месозанд. Мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар доир гардид, ки дар он зикр намуданд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифродгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри мубориза бар зиддӣ ин амали номатлуб пайваста кушишу талошҳои худро намуда истодааст ва яке аз ташаббускорони ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар саҳнаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Яке аз ташаббусҳои навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 16-17 майи соли 2019 бо ҳамкорӣ ва ҳамдастии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамоиши хеле муҳиму зарурии замон таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил»-ро дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор намуданд, ки аҳамияти байналмилалӣ ва зарурат барои аҳли ҷомеаи башар мебошад.
Мавриди қайд аст, ки баргузории ин ҳамоиши байналмилалии мазкур мантиқан давомдиҳанда ва дар натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Муқовимат бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез», рӯзҳои 3-4-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мебошад.
Инчунин дар таърихи 14 сентябр брифинги муштараки Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18-19 октябр дар Душанбе баргузор гардид, дар қолаби маҷозӣ доир шуд.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ дар бораи барнома ва чорабиниҳои тадорукотию ташрифотии Конфронси байналмилалии мазкур, инчунин «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ва маблағгузории он, иқдому талошҳо ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Намояндаи доимии кишвар итминон дод, ки Конфронси амниятии Душанбе ба муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои амниятӣ такони нав бахшида, «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ҳамчун платформаи муҳим барои ҳамкории созанда ва судманд барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ хизмат хоҳад кард [3].
Қобили зикр аст, ки намояндаҳои Узбекистон, Тунис, Испания, Шри-Ланка, Кирибати, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Чин, Марокаш ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ зимни баромади худ дар брифинг саҳм ва ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муҳим арзёбӣ намуда, иқдоми навбатии кишвари моро оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд муҳим ва саривақтӣ хонданд.
Баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва мувофиқи мақсад буд. Зеро, кишвари мо бинобар мавқеи ҷуғрофӣ дар саргаҳи аввали муқовимат бо чунин проблемаҳои глобалии замони муосир қарор дорад. Инчунин, ҳамоиши байналмилалии мазкур ҳам дар масъалаи мубориза бо ифротгароиву терроризм ва роҳҳои маблағгузории онҳо аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ғайра ва ҳам дар боло бурдани обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон нақши калонро иҷро хоҳад кард. Тоҷикистон бо баргузор намудани ин ҳамоиши байналмилалии мазкур фурсати муносибе барои муаррифии худ ҳамчун кишвари пешсафи мубориз бо ин таҳдиду хатарҳо ва пешгирию таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ аз он тарафи дарёи Омӯро ба даст меорад.
Дар ҷомеа марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотие мавҷуданд, ки масъулияти мураккаберо бар ӯҳда доранд. Барои онҳо дарки моҳияту хусусиятҳои ҳодиса кифоя набуда, балки зарурияти ошкор намудани масъалаҳои мухталифи тадқиқоти илмӣ пеш меояд. Яке аз вазифаи бевоситаи донишмандон ин, омӯхтани тамоми паҳлӯҳо ва оқибатҳои нохуши терроризм, тадқиқи роҳу воситаҳои самараноки мубориза алайҳи он буда, ҳангоми омӯзиши терроризм масъалаҳои зиёде пеш меоянд, ки на танҳо аҳамияти назариявию илмӣ, балки бештар аҳамияти амалӣ доранд. Махсусан, фаҳми амиқу дурусти мафҳуми “терроризм” сабабҳо, омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, таҳлили комили шаклпазирии терроризм, дарёфти роҳу воситаҳои самараноки мубориза бар зидди он, хулосагирӣ аз ҷараёни ҳодиса ва махсусан ташхиси чорабиниҳои пешгиринамоии ҳам амалҳои террористӣ ва ҳам худи терроризм арзиши бештаре пайдо менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи Барномаи рушди СММ барои давраи то соли 2030, Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм, қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ ва дигар созмонҳои дахлдорӣ СММ, Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо оид ба мақовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2016-2020, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020 ва Консепсияи
миллии муқовимат ба пулшӯйӣ, маблағгузории терроризм ва силоҳи қатли омро барои давраи солҳои 2018-2025 таҳия намудааст, ки мавриди татбиқ қарор доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор амалҳои самаранок ва ҳадафнокро ба сомон расонида истодааст. Махсусан, дар самти мубориза бар зидди назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ояндаи наздик бо ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай сохтори махсус, Маркази зидди маводи мухаддир дар Душанбе ташкил хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки ташаббуси мазкур ҳанӯз соли 2006 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо аксари роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ташаббус ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷода баланд арзёбӣ мекунанд. Кишвари мо яке аз давлатҳои пешсаф алайҳи терроризм шинохта шудааст. Ҷаҳон кишвари моро барои истодагарӣ дар самти муқовимат бо терроризм эҳтиром намуда, сипосгузор аст.
Хулоса, дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери роҳбарии сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи арзишманди мубориза бо экстремизм ва терроризмро касб намудааст, ки муаррифии амиқ ва дурусти он дар 178 чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои пешбурди мубориза бо ин падидаҳо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хеле муфид хоҳад буд. Ҳамзамон тақвият гаштани ҷанбаҳои сиёсию дипломатӣ ва таҳлилию коршиносии ҳамоиши байналмилалии мазкур метавонад дар самти мубориза бо терроризм ва экстермизм, роҳҳои маблағгузории он, аз ҷумла аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва фурӯши одамон ва рафъи ҳатару таҳдидҳои он барои кишвари мо, минтақа ва ҷаҳон бисёр муфид бошад.
Бинобар ин, решакан намудани терроризм вазифаи асосии ҳар як давлат буда, барои расидан ба натиҷаи мусбат ҳамкории давлатҳоро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тақозо менамояд. Дар баробари ин баланд бардоштани маҳорату малака ва бо лавозимоти муосири ҷангию техникӣ таъмин намудани сохторҳои қудратие, ки алайҳи терроризм хусусан дар марзҳо мубориза мебаранд шарт ва муҳим мебошад. Ҳамзамон муассисаю ташкилотҳои дахлдор аз ҷумла мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии аҳли ҷомеа чораҳои зарурӣ андешанд.
Зиёзода Н. И. - ходими хурди илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ
Зиёева З. И. -ходими калони Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ АМИТ
Июль 17, 2024 16:58
ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 тибқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Ин тасмим ҳам ба муносибати 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуд.
Албатта масъалаи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз солҳо пеш мавриди таваҷҷуҳ ва таъкиди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта буд. Дар ин самт фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва дигар қарору фармонҳоро номбар кардан мумкин аст, ки дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва баланд гардидани шуур ва маданияти ҳуқуқии онҳо таъсири бевосита расондааст.
Асосан мувофиқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳибихтиёрию демократӣ ва дунявӣ будан, давлати ҳуқуқбунёд низ мебошад. Ибтидои асосии ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ин алоқамандии он бо қонун ва ҳуқуқ аст. Ҳуқуқ бо давлат дар робитаи ногусастанӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, эълони соли 2024 ба муносибати 30-умин солгарди қабули Конститутсия ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ба тааҳҳудоти Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба парвариши ҷомеае, ки ҳомии ҳокимияти қонун ва тарғибгари арзишҳои демократӣ бошад таъкид мекунад. Эъломияи мазкур на танҳо як марҳалаи муҳими таърихи конститутсионии Тоҷикистонро таҷлил мекунад, балки содиқ будани ҳукуматро барои баланд бардоштани дониш ва огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон бори дигар тасдиқ мекунад.
Эълони мазкурро аз ҷиҳатҳои гуногун метавон таҳлилу баррасӣ кард. Агар аз нигоҳи ҷомеашиносӣ ё худ сотсиологӣ назар кунем, эълон гардидани соли 2024 дар Тоҷикистон ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ якчанд ҷанбаҳои асосиро дар бар мегирад:
Заминаи таърихӣ-иҷтимоӣ. Ҳангоми таҳлили падидаҳои иҷтимоӣ, ҷомеашиносон аксар вақт заминаи таърихӣ ва иҷтимоии онро баррасӣ мекунанд. Ин равиш ба онҳо имкон медиҳад, ки омилҳои сохторӣ, фарҳангӣ ва ниҳодиро (институтсионалиро), ки ба падидаҳо таъсир расонида, паёмадҳои эҳтимолиро барои ҷомеа бавуҷуд меоваранд, дарк кунанд . «Заминаи таърихӣ-иҷтимоӣ» натанҳо ҳамчун як равиши муҳими методологӣ аст, ки ҷомеашиносон барои таҳлилу баррасии падидаҳои иҷтимоӣ дар чаҳорчӯби васеътари таърихӣ, фарҳангӣ ва сохторӣ истифода мебаранд, балки баъзан онро «назарияи сабабияти иҷтимоӣ-таърихӣ» низ номидаанд. Мувофиқи ақидаи коршиносон сабабияти иҷтимоӣ-таърихӣ, яке аз қонуниятҳои муҳимтарини сотсиологӣ ба ҳисоб рафта, алоқамандии куллӣ ва баҳам вобастагии ҳодисоти иҷтимоиро ифода мекунад. Аз ин назар, баррасии заминаҳои таърихӣ-иҷтимоии эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ рӯйдодҳои таърихӣ, шароити иҷтимоӣ ва омилҳои сиёсиро дар бар мегирад, ки шароити қабули ин эъломияро шакл додаанд.
Ҷомеашиносон метавонанд таҳқиқ кунанд, ки чӣ гуна рӯйдодҳои гузашта, ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва тағйироти сиёсӣ ба рушди маорифи ҳуқуқӣ ва низоми ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон таъсир расонидаанд. Илова бар ин, баррасии заминаи таърихӣ-иҷтимоӣ ба ҷомеашиносон кумак мекунад, ки самаранокӣ ва афзалиятнок будани эъломияи ҳукумат ва таъсири он ба гурӯҳҳо ва ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ дар дохили мамлакатро арзёбӣ кунанд. Дар ҳар сурат, аз нигоҳи сотсиологӣ, таъкид ба 30-солагии Конститутсия роҳи таърихии рушди ҳуқуқӣ ва сиёсии Тоҷикистонро пас аз истиқлолият муҳим ва барҷаста нишон медиҳад. Эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ таҳаввулоти системаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷумҳуриро дар се даҳсолаи охир эътироф намуда, марҳалаҳо, ислоҳот ва мушкилоти дар ин роҳ дучоршударо таъкид мекунад. Ҳамчунин иқдоми ёдшуда барои андешидан ва мулоҳизаҳои дастаҷамъона дар бораи дастовардҳо ва мушкилоте, ки миллат дар роҳи бунёди заминаи қонуние, ки барои идоракунии демократӣ ва пешрафти ҷомеа рӯбарӯ шуда буд, фурсат фароҳам меорад. Ин мулоҳиза на танҳо мансабдорони давлатӣ, балки олимон, донишҷӯён, тоҷирон, кишоварзон ва умуман тамоми ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар мегирад. Хулоса ин эълон, пеш аз ҳама аҳамияти таърихии Конститутсияро таъкид намуда, на танҳо ҳамчун як шиори замонавӣ, балки як фурсати сотсиологӣ барои андешаронӣ дар бораи ҳаракати Тоҷикистон ба сӯи идоракунии демократӣ ва пешрафти ҷомеа, эътирофи дастовардҳо, муқовимат бо чолишҳо ва тасдиқи уҳдадориҳо барои бунёди давлати одилона ва шукуфон мебошад.
Вазифагароӣ (коркардгароӣ) ё худ функсионализм. Назарияи функсионалистӣ дар илми ҷомеашиносӣ ҷомеаро ҳамчун низоми мураккаби иборат аз қисмҳои мухталифи ба ҳам алоқаманд, ки ҳар кадоми онҳо вазифаҳои муайяни худро дар субот ва пешрафт доранд, баррасӣ мекунад. Ин назария ба нақши ниҳодҳо (институтҳо), монанди маориф ва ҳуқуқ таъкид менамояд ва ба он нигаронида шудааст, ки чӣ гуна қисматҳои гуногуни ҷомеа барои нигоҳ доштани тартиботи иҷтимоӣ, инкишофи муттаҳидии ҷомеа ва субот якҷоя кор мекунанд
. Эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ ин ақидаи функсионалистиро инъикос мекунад, ки ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, на танҳо барои интиқоли дониши ҳуқуқӣ, балки барои табдил додани афрод ба шаҳрвандони фаъолу масъулиятшинос ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, ки ба фаъолияти ҷомеа саҳм мегузоранд, хизмат мекунанд. Тибқи назария, ҳукумат дар асоси принсипҳои Конститутсия ва бо таъкид ба саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон ва такмили таҳсилоти ҳуқуқӣ кӯшиш мекунад, ки қонуният ва самаранокии институтҳои ҳуқуқиро таҳким бахшад, камбудиҳои даркшуда дар фаъолияти низоми ҳуқуқиро рафъ намояд ва аз ин тариқ ба идоракунии демократӣ мусоидат кунад. Ҳамчунин омӯзиши ҳуқуқӣ метавонад ба ҳамгироию ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути пешбурди фаҳмиши муштараки меъёрҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон мусоидат кунад. Зеро ташаббус тавассути омӯзонидани шахсон дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои қонунии онҳо, ба ташаккули ҳисси ҳамбастагӣ ва эҳтироми мутақобила ба волоияти қонун дар ҷомеа нигаронида шудааст.
Аҳамияти рамзӣ-символикӣ. Мафҳуми «рамз» (символ) дар баъзе назарияҳои сотсиологӣ нақши асосиро мебозад. Масалан тибқи дидгоҳи ҷомеашиносоне монанди Ҷорҷ Ҳерберт Мид ва Ҳерберт Блюмер одамон рамзҳо ва маъноҳоро дар муносибатҳои иҷтимоӣ ба кор бурда, онҳоро шарҳ медиҳанд ва дар натиҷа, шахсият ва воқеияти худро тавассути ҳамкорӣ бо дигарон бунёд мекунанд. Рамзҳо метавонанд ҳар чизе бошанд, ки маъно доранд, ба монанди забон, имову ишора, расму оин ва ашё. Масалан, парчами миллӣ ватандӯстиро ифода мекунад, ҳалқаи арӯсӣ рамзи садоқат аст. Ин назария хусусияти субъективии рамзҳоро қабул намуда, таъкид мекунанд, ки маънои онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ сохта шудаанд ва метавонанд дар контекстҳо (қаринаҳо) ва фарҳангҳои гуногун фарқ кунанд.
Мутобиқ бо назарияи мазкур, эълон шудани Соли маърифати ҳуқуқӣ ба таври рамзӣ эътирофи нақши қонунро дар таҳкими тартиботи иҷтимоӣ, адолат ва субот аз ҷониби ҳукумат инъикос менамояд. Рамзи эълони соли маърифати ҳуқуқӣ ин аст, ки Ҳукумат мақсад дорад то аз ин тариқ рӯи принсипҳои бунёдии Конститутсия, аҳамияти саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, муносибати эҳтиромона бо қонун, баланд бардоштани мақоми он, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъкид намояд.
Ниҳоди маориф ва аҳамияти таълим. Ҷомеаи инсонӣ барои зиндагӣ кардану равнақ ёфтан ҳатман бояд талаботи асосии худро қонеъ гардонанд. Барои қонеъ гардонидани талаботи рузмарраи инсонӣ мавҷудияти ниҳодҳо (институтҳо)-и гуногуни иҷтимоӣ ногузир мебошад. Дар ин миён ниҳоди илм ва маориф аҳамияти хосса дошта, он вазифаи омодасозии қувваи кориро таъмин менамояд ва ба инсон имконият медиҳад, ки қобилияти худро барои дар фаъолияти оянда татбиқ кардану мавҷудияти худро таъмин сохтан инкишоф бахшад. Аз ин нуқтаи назар, эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ сафарбар кардани захираҳои давлатӣ барои омӯзиши ҳуқуқиро таъкид менамояд ва аз муносибати фаъол ба ҳалли масъалаҳои ҷомеа тавассути таълим ва огоҳиҳои ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад. Он эътирофи нақши ниҳоди маориф ва аҳамияти таълимро дар баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ, тавонмандсозии шаҳрвандон ва ташаккули иштироки шаҳрвандӣ инъикос мекунад. Таълими ҳуқуқӣ метавонад рафъи монеаҳо дар роҳи дастрасӣ ба таҳсилоти ҳуқуқӣ, таъмини фарогир будани чаҳорчӯби ҳуқуқӣ ва мусоидат ба эътимоди ҷомеа ба ниҳоди ҳуқуқро дар бар гирад. Илова бар ин, ҷомеашиносон метавонанд нақши созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаббусҳои оммавиро дар мукаммалгардонии кӯшишҳои ҳукумат оид ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ ва ҳисоботдиҳӣ баррасӣ кунанд.
Ҷомеапазирӣ ё иҷтимоикунонӣ. Ин истилоҳ ба раванде ишора дорад, ки тавассути он фардҳои алоҳида аз даврони тифлӣ тадриҷан ба шахсони худшинос ва соҳибақл, ки фарҳанги дар он таваллудшудаашонро хуб дарк мекунанд, табдил меёбанд. Ҳарчанд раванди инкишофи фарҳангӣ дар давраи кӯдакӣ назар ба марҳилаҳои баъдӣ шадидтар сурат мегирад, вале омӯзиш ва мутобиқшавӣ тамоми давраи зиндагии инсонро фаро мегирад. Раванди ҷомеапазирӣ ё иҷтимоикунонӣ наслҳои гуногунро бо ҳам мепайвандад. Таҳлили эъломияи Соли маърифати ҳуқуқӣ аз даричаи назарияҳои иҷтимоишавӣ чунин аст, ки омӯзиши ҳуқуқӣ дар ҷомеапазир шудани афрод ва фаҳмидану дарк кардани меъёрҳо, арзишҳо ва принсипҳои ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозад. Таълими ҳуқуқӣ ба ҷавонон боиси заминаи мустаҳками меъёрҳои ҳуқуқӣ мегардад. Ин кафолат медиҳад, ки насли оянда дониши қавӣ ва иштироки фаъолона дар ташаккули ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқбунёд дошта бошад. Тавассути таълим, афрод ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро дар чаҳорчӯбаи қонунӣ меомӯзанд ва дар нигоҳдории тартибот ва суботи иҷтимоӣ саҳм мегузоранд. Бо огоҳии ҳуқуқӣ шаҳрвандон масъулият ва вазифаҳои худро дар назди ҷомеа беҳтар дарк карда, ҷомеаи масъулиятнок ва устуворро ба вуҷуд меоранд. Афроди дорои дониши ҳуқуқӣ бо ҳуқуқҳои дигарон беҳтар ҳамоҳанг мешаванд. Ин ҳамкории иҷтимоӣ, ҳуқуқҳои ҷавонон, ҳуқуқҳои издивоҷ ва дигар нуктаҳои ҳамкории ҳуқуқиро дар бар мегирад. Хулоса, тарбияи ҳуқуқӣ ба созгории ҷамъиятӣ ва ҷомеапазирӣ мусоидат мекунад.
Назорати иҷтимоӣ. Яке аз муҳимтарин вазифаҳои сохтори ҷомеа, назорати иҷтимоӣ мебошад. Назорати иҷтимоӣ воситаи ба танзим дароварандаи унсурҳои гуногун ва сершумори иҷтимоӣ, тавассути меъёрҳои мухталиф, аз ҷумла меъёрҳои хуқуқӣ мебошад. Назорати иҷтимоӣ бо ёрии ду унсури асосӣ амалӣ мегардад: меъёрҳо-қоидаҳо ва муҷозот-чораҳои ҷазоӣ. Меъёрҳо, нишондод ва ҳидояти иҷтимоиро доир ба рафтори ҳамида, ки он мақбули ҷомеа аст, ифода мекунанд. Муҷозот бошад воситаи ҳавасмандкунӣ ва ҷазодиҳӣ мебошад, ки вай одамонро барои иҷрои меъёрҳои иҷтимоӣ водор месозад. Назарияҳои сотсиологии назорати иҷтимоӣ бар ин таъкид доранд, ки таълим, махсусан таълими ҳуқуқӣ ҳамчун механизми танзими рафтор ва пешгирӣ аз каҷрафториҳо тавассути ташаккул додани ҳисси мувофиқат ба меъёрҳои ҳуқуқӣ хизмат мекунад. Маърифати ҳуқуқии одамон маънои дониш ва дарки масъалаҳои ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои ба ҳар як шахси ҷомеа тааллуқдоштаро дорад. Ин намуди огоҳӣ ба одамон имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро, ки ҳаёти онҳоро танзим мекунанд, беҳтар дарк карда, ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дучор наоянд. Вақте ки мардум аз ҳуқуқҳои худ огоҳ мешаванд, эҳтимоли поймол кардани онҳо кам мешавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад. Омӯзиши ҳуқуқӣ метавонад ба ҳалли низоъҳо ва баҳсҳо дар дохили ҷомеа тавассути тавонмандсозии шахсони алоҳида дар бораи механизмҳои ҳуқуқии ҳалли ихтилофҳо мусоидат кунад. Тавассути баланд бардоштани саводнокӣ ва огоҳии ҳуқуқӣ, ташаббус ба коҳиш додани паҳншавии низоъҳои ҳуқуқӣ ва мусоидат ба ҳалли осоишта тавассути шабакаҳои ҳуқуқӣ нигаронида шудааст. Вақте ки одамон низоми ҳуқуқиро мефаҳманд ва эҳтиром мекунанд, фарҳанги мувофиқат пайдо мешавад ва эҳтимолияти баҳсҳои ҳуқуқӣ коҳиш меёбад.
Таҳарруки иҷтимоӣ. Ҳама гуна ҷойивазкуниеро, ки он боиси тағйирёбии мақоми иҷтимоӣ, тахассуси одамон ва ҷои онҳо дар сохтори иҷтимоии ҷомеа мегардад, таҳарруки иҷтимоӣ меноманд. Ҷойивазкунии иҷтимоӣ се хел мешавад: 1) таҳарруки болоравандаи амудӣ, яъне боло рафтани мақоми иҷтимоии шахс; 2) таҳарруки поёнравандаи амудӣ, яъне ба мақомҳои поинтар ҳаракаткунии шахс; 3) таҳарруки уфуқӣ, яъне ҳаракаткунии шахс дар дохили мақомҳои баробарвазн, ки ба он ҷобаҷошавии ҷуғрофӣ низ гӯянд. Аз байни инҳо аввалӣ аз ҳама муҳимтар аст. Метавон гуфт дар ҳамаи ҷомеаҳои мутамаддин, аз ҷумла Тоҷикистон, сатҳи таҳсилот бо мақоми (статуси) иҷтимоии шахс ва таҳарруки иҷтимоӣ алоқамандии зич дорад. Ҳукумат бо таъкид ба маърифати ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ дар ин замина саъй мекунад, ки шаҳрвандонро бо малака ва донишҳое муҷаҳҳаз созад, ки дар сатҳи кулли ҷомеа ва махсусан бозори меҳнат арзишманданд. Фаҳмиши беҳтари принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ метавонад қобилияти шуғлию касбии шахсони алоҳидаро баланд бардорад ва ба онҳо имкон диҳад, ки ба ҷойҳои кори сердаромад ё дорои имкониятҳои пешрафта ё ба зинаҳои баланди мансаб дастрасӣ пайдо кунанд. Таҳқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки дастрасӣ ба захираҳо ва донишҳои ҳуқуқӣ ба шахсони алоҳида имкон медиҳад, ки бо монеаҳое аз қабили табъиз, беадолатӣ ё нобаробарӣ мубориза баранд ва имкониятҳои таҳарруки иҷтимоиро пайгирӣ кунанд. Ҳамин тариқ, сармоягузорӣ ба таҳсилот ва таълимоти ҳуқуқӣ, тавассути тавсеаи дурнамои шахсон барои ҳамгироии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба таҳарруки иҷтимоӣ, яъне ба имкониятҳои пешрафт дар дохили ҷомеа мусоидат мекунад.
Ислоҳоти ниҳодӣ-институтсионалӣ. Баррасии сотсиологии ниҳодҳо (институтҳо)-и иҷтимоӣ аксар вақт ба масъалаҳои нобаробарӣ, беадолатӣ ва табъиз ё истисно ишора мекунанд. Бо сафарбар намудани захираҳо барои таълими ҳуқуқӣ ва таъкид кардани аҳамияти меъёрҳои конститутсионӣ, ҳукумат аз уҳдадориҳои хеш нисбат ба ислоҳоти ниҳодӣ-институтсионалӣ ва фарогирии иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад. Системаи шаффоф ва дастраси ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо ташаббусҳои пурқуввати таълими ҳуқуқӣ эътимоди оммаи мардумро ба ниҳодҳо афзоиш дода, ба ваҳдату ҳамбастагии ҷомеа мусоидат мекунад. Ин дар навбати худ, муҳити мусоидро барои таҳарруки иҷтимоӣ фароҳам меорад, зеро шахсони алоҳида барои иштирок дар ҳаёти шаҳрвандӣ лаёқатмандию шоистагии худро эҳсос мекунанд ва бидуни тарс аз муносибати худсарона ва ноодилона имкониятҳои пешрафтро пайгирӣ мекунанд. Ҳамчунин афроди дорои дониши ҳуқуқӣ метавонанд низоми ҳуқуқии ҷомеаи худро беҳтар дарк кунанд. Он қонунҳо, муқаррарот ва сохтори макроҳуқуқиро дар бар мегирад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони алоҳидаро муайян мекунанд. Огоҳии ҳуқуқӣ ба одамон имкон медиҳад, ки аз расмиёти ҳуқуқӣ, стратегияҳо ва усулҳои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти ҳуқуқии худ баҳра баранд ва дар равандҳои ҳуқуқӣ самараноктар иштирок кунанд. Ин иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо оид ба ҳалли баҳсҳо ва кор дар системаи судиро дар бар мегирад.
Имкониятҳо ва тағйироти иҷтимоӣ. Дурнамои сотсиологӣ оид ба тавонмандӣ ва тағйироти иҷтимоӣ зарфияти дигаргунсозии маорифро дар мубориза бо нобаробарӣ ва ҳимояи адолат таъкид мекунад. Омӯзиши ҳуқуқӣ ба шахсон тавассути муҷаҳҳаз кардани дониш ва малакаҳо барои паймоиши системаҳои ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо ва мубориза бо беадолатиҳо имконият медиҳад. Бо авлавият додани таҳсилоти ҳуқуқӣ, ҳукумат метавонад ба ҳаракатҳои оммавӣ ва ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адолат ва масъулият нигаронида шудаанд, мусоидат намояд. Ҷомеашиносон метавонанд таҳлил кунанд, ки чӣ гуна ташаббусҳои таълими ҳуқуқӣ ба равандҳои васеътари тағйироти иҷтимоӣ, демократикунонӣ ва пешрафти ҳуқуқи инсон дар ҷомеа кумак мекунанд.
Баробарии гендерӣ. Мафҳуми «гендер» барои тавсифи он хислатҳо ва одатҳои мардону занон, ки аз тариқи муносибатҳои иҷтимоӣ ба даст оварда шудаанд истифода мешавад. Дар ҳоле ки «ҷинс» фарқиятҳои биологии байни мардон ва занонро дар бар мегирад, истилоҳи «гендер» ба сифатҳо, нақшҳо ва рафторҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ишора карда, сохторҳо ва интизориҳои иҷтимоиро, ки бо мардонагӣ ва занонагӣ алоқаманданд, фаро мегирад. Назарияҳои вобаста ба гендер дастгирӣ намудани раванди иштироки бевоситаи занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро мавриди назар дошта, рӯйи масъалаҳои муҳимме, монанди пешгирии зӯроварӣ дар оила, расидан ба имкониятҳои баробар барои занон ва мардон дар самтҳои гуногуни ҳаёт, пешбурди зиндагии мусолиматомез, амният, рушди иқтисодӣ ва демократияи устувор таъкид менамоянд . Бар асоси ин назария омӯхта хоҳад шуд, ки чӣ гуна таълим ва маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба баробарии гендерӣ, дастрасӣ ба адолати иҷтимоӣ барои занон ва нақши занон дар системаи ҳуқуқӣ таъсир расонад. Ташаббусҳои таълими ҳуқуқӣ, ки ба занон нигаронида шудаанд, метавонанд тавассути тавонмандсозии занон дар бораи ҳуқуқҳои қонунии онҳо, барои бартараф кардани ин монеаҳо кумак расонанд. Ба илова, таҳсилоти ҳуқуқӣ метавонад занонро бо малака ва эътимод барои мубориза бо табъизи гендерӣ ва ҳимояи адолати гендерӣ дар системаи ҳуқуқӣ муҷаҳҳаз созад. Пас, омӯзиши ҳуқуқӣ дар пешбурди баробарии гендерӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи қонунҳо ва сиёсатҳое, ки табъиз, зӯроварӣ ва нобаробарии гендериро ҳал мекунанд, нақши муҳим мебозад.
Мубодилаи иҷтимоӣ. Назарияи мубодиларо дар илми ҷомеашиносӣ Ҷорҷ Ҳоманс матраҳ кардааст. Ин назария ба он нигаронида шудааст, ки муносибатҳои иҷтимоӣ бар табодули захираҳо асос ёфтаанд ва шахсони алоҳида дар ҷараёни муносибатҳои иҷтимоии хеш мақсади ба ҳадди аксар расонидани мукофотҳо (подошҳо) ва кам кардани хароҷотҳоро доранд. Таҳлили Соли маърифати ҳуқуқӣ тибқи назарияи мубодила чунин аст, ки: 1) шахсони алоҳида ба таҳсилоти ҳуқуқӣ машғул мешаванд, зеро онҳо аз сармоягузории вақт, саъю кӯшиш ва захираҳои харҷкардаи худ подош ё манфиатҳои муайянро интизоранд. Ин мукофотҳо метавонанд гирифтани дониш ва малакаҳои ҳуқуқӣ, беҳтар кардани дурнамои касб, ба даст овардани мақоми иҷтимоӣ ё дастрасӣ ба имкониятҳои бештарро дар бар гиранд; 2) назарияи мубодила таъкид мекунад, ки муносибатҳои иҷтимоӣ мубодилаи мутақобиларо дар бар мегиранд. Дар заминаи таълими ҳуқуқӣ, донишҷӯён уҳдадорӣ, иштирок ва кӯшишҳои худро дар омӯзиш бо муаллимон ё муассисаҳои таълимӣ, ки дастур, роҳнамоӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот медиҳанд, мубодила мекунанд. Ин табодулҳо аз рӯи меъёрҳо, интизориҳо ва қоидаҳои иҷтимоӣ дар дохили низоми таълимӣ ташаккул меёбанд; 3) назарияи мазкур инчунин аҳамияти шабакаҳои иртиботӣ ва сармояи иҷтимоиро дар мусоидат ба мубодила эътироф мекунад. Омӯзиши ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон метавонад ба донишҷӯён имконият фароҳам оварад, ки бо ҳамсолон, ҳайати омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ робита барқарор кунанд. Ин шабакаҳо метавонанд дастрасӣ ба иттилоот, имкониятҳои кор, роҳнамоӣ ва дастгирии иҷтимоиро таъмин кунанд ва ба ин васила мукофотҳои аз таҳсилоти ҳуқуқӣ гирифташударо баланд бардоранд.
Мусоидат ба идоракунии демократӣ ва пешрафти ҷомеа. Аслан ҳадафи ниҳоӣ аз эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ таъсиси заминаҳои ҳуқуқӣ мебошад, ки демократияро ба сатҳи сифатан болотар мерасонанд ва пешрафти ҷомеаро фароҳам меоранд. Ин на танҳо мавҷуд будани қонунҳо ва институтҳоро тақозо мекунад, балки таъмини фаъолияти самараноки онҳо, мусоидат ба адолат, ҳифзи озодиҳо ва кумак ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро низ дарбар мегирад. Илова бар ин, эълон шудани Соли маърифати ҳуқуқӣ уҳдадории ҳукуматро дар мубориза бо коррупсия ва таъмини волоияти қонун таъкид мекунад. Тоҷикистон тавассути пешбурди маърифати ҳуқуқӣ ва таъкид ба аҳамияти риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ кӯшиш мекунад, ки фарҳанги поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиро тарбия кунад ва ба ин васила ниҳодҳои худро таҳким бахшад ва эътимоди мардумро ба низоми идоракунии демократӣ афзоиш диҳад.
Ҳамин тариқ, эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ таъсири мутақобилаи омилҳои таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро дар ташаккули манзараи ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон инъикос намуда, аҳамияти амали дастаҷамъонаро дар пешбурди ҳадафҳои ҷомеаи марбут ба адолат, ҳуқуқ ва шаҳрвандӣ таъкид мекунад. Фаҳмидани ин ҷанбаҳо ангезаҳои аслӣ, натиҷаҳои эҳтимолӣ ва самараҳои афзалиятноки маърифати ҳуқуқӣ дар заминаи сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро равшан мекунад. Ҳукумат бо сармоягузорӣ ба таҳсилоти ҳуқуқӣ на танҳо волоияти қонунро таҳким мебахшад, балки барои шахсони алоҳида барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии худ роҳҳоро фароҳам меорад ва ба ин васила, ба равандҳои васеътари инкишофу пешрафти ҷумҳурӣ, ба вуҷуд овардани дигаргуниҳои мусбати иҷтимоӣ ва пешрафти куллии мамлакат мусоидат мекунад.
Рустам ҲАЙДАРЗОДА, - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа,
Хайрулло ФАЙЗУЛЛОЕВ, - докторанти PhD-и кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ