Ба истиқболи 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мардуми кишварамон нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти бепоён доранд. Ин гуна муносибати самимона пеш аз ҳама натиҷаи хизматҳои наҷиби анҷомдодаи Сарвари давлат дар ростои истиқрори сулҳу ваҳдат, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ободӣ ва беҳбуди зиндагии мардум кишвар мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне (моҳи ноябри соли 1992) раҳбарии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтанд, ки дар кишвар сохти конститутсионӣ комилан фалаҷ шуда буд ва ҷанги дохилӣ бо шиддат ҷараён дошт, ҳазорон нафар кушта ва гуреза шуда буданд, иқтисоду саноат нобуд гардида, сохтор ва дастгоҳи давлатӣ пурра аз байн бурда шуда буд. Дар хазинаи давлат, яъне дар собиқ сандуқи Бонки давлатӣ ҳамагӣ як доллари амрикоӣ маҳфуз буду халос Тоҷикистон ҳамчун давлат дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт ва дар ҷомеа нобоварию ихтилоф ҷойи ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро гирифта буд.
Ҳамин тавр, вазифаи Раҳбари ҷавони нав интихобшуда дар охири соли 1992 нигоҳ доштани Тоҷикистон аз нобудшавӣ ва муҳимтар аз ҳама гирифтани пеши роҳи хунрезӣ буд. Дар давоми солҳои 1990 то 1992 мардуми кишвар аллакай Эмомалӣ Раҳмонро, ки вакили Парлумонӣ буданд, ҳамчун сиёсатмадори дилсӯз, шуҷоъ ва дорои афкори созанда шинохта буданд. Аз ин рӯ, мардум бо чашми умед ба ӯ менигарист ва интизор дошт, ки ин фарзанди далери миллат Ватанро аз бадбахтиҳо наҷот хоҳад дод. Албатта Сарвари давлат ин умеду орзуи мардумро амалӣ карданд ва Тоҷикистон аз гирдоби бало наҷот ёфт.
Дар яке аз аввалин суханрониҳои худ Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, гуфта буданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва таъкид карда буданд, ки барои ба Ватан баргардондани тамоми ҳамватанони гуреза ва дар ғарибӣ қарор дошта кӯшиш мекунанд. Сарвари давлат ба ваъдаи худ ҷавонмардона вафо карданд, яъне сулҳ оварданд ва он тоҷикистониҳоеро, ки ба сифати муҳоҷирони иҷборӣ дар кишварҳои хориҷӣ, хусусан дар Афғонистон қарор доштанд, ба Ватан баргардонданд. Дар соли ниҳоят душвори 1993-юм бо вуҷуди мавҷудияти монеаҳои зиёд пеши роҳи хунрезиҳо гирифта шуд, Раҳбари кишвар тавонистанд, ки муҳоҷирони иҷбориро баргардонда, амният ва зиндагии осудаи онҳоро таъмин намоянд. Ҳамзамон, сохти конститутсионӣ, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо барқарор гардид, артиши миллӣ ва дигар ниҳодҳои зарурии давлатдорӣ ташкил дода шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар Созмони Миллали Муттаҳид, муаррифӣ карданд ва кишварамон ба сифати давлати мустақил мавқеи арзандаи худро дар арсаи байналхалқӣ ишғол намуд. Аммо пеш аз ҳама зеҳни Сарвари давлатро он замон иҷрои вазифаҳои муҳимтарин: таъмини ваҳдату амнияти мардум, фароҳам овардани оромиши иҷтимоӣ, ҳалли масоили иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ банд карда буд. Албатта дар натиҷаи кушишу ғайрат ва шуҷоати нотакрори Сарвари давлат ин вазифаҳои аввалиндараҷа ба иҷро расиданд. Ҳамин буд, ки дар соли 1994 мардуми кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамзамон, Конститутсияи давлати навбунёди мо қабул гардид. Ба сифати Президенти кишвар интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1994, ин интихоби роҳи тараққии демократӣ, дунявӣ, озодию ободӣ ва сулҳу созандагӣ буд. Раъйи мардум ва интихоби мазкур бо гузаштани солҳо дурустии худро нишон дод. Фазои озодию мардумсолорӣ, ҳуқуқбунёдию дунявият ва тараққиписандӣ дар кишварамон устувор гардид ва ин роҳи муваффақ то имрӯз Тоҷикистонро ҳамсафар аст.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар як муддати кутоҳи таърихӣ афкори сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳанги мардум дар Тоҷикистон тағйир ёфт ва ин фазои ба вуҷуд омада имкон дод, ки решаҳои ҷангу низоъҳои дохилӣ барканда шаванд ва фазои муътадили корию созандагӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари кишвар ҳукмфармо гардад. Муҳимтар аз ҳама дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои ҷонфидоёнаи Сарвари давлат ва азму иродаи қавии мардуми кишвар ҷанги дохилӣ, ки дар натиҷаи он бештар аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон ҳалок шуда буданд, хотима дода шуд. Дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромию ваҳдати миллӣ ҳукмфармо гардид.
Ҷуръат, ҷасорат, масъулият, донишу хирад ва инсондӯстии Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ӯ мардумро дар атрофи сиёсати созандаи худ муттаҳид созад ва дар муқобили душманону бадхоҳон манфиатҳои миллии давлати ҷавони Тоҷикистонро ҳифз намояд. Саъю талошҳои фаровони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он замони ҳассос натиҷа оварданд ва Тоҷикистон ба марҳилаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушду пешрафт расид. Бояд таъкид кард, ки марҳилаи барқарории сулҳ ва созиши миллӣ дар таърихи муосир ҳодисаи фаромушнашаванда маҳсуб меёбад. Дар ин марҳила нақши Сарвари давлат бузургу нотакрор аст. Маҳз кушишҳои ҳамешагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва матонату ватандӯстии ӯ буд, ки ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидем ва Тоҷикистон аз вартаи нобудшавӣ наҷот ёфт.
Бешубҳа, мактаби сулҳпарвару созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон нодиру нотакрор буда, шоистаи омӯзиш ва истифодаи ҷаҳониён мебошад. Дар ҷаҳони муосир ҷангу низоъҳои зиёде мавҷуданд, ки мутаассифона ҳал карданашон муяссар намегардад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои минтақа ва ҷаҳон дар ҳалли муноқишоту низоъҳо дар ҳар шакле омӯзанда аст. Танҳо як иқдоми ҳадафмандона ва пайгиронаи Сарвари давлат, ки тамомияти арзӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмии миллиро тавассути сулҳу ваҳдат таъмин намудаанд, басанда аст, то номашон дар таърих бо ҳарфҳои заррин абадан сабт гардад.
Имрӯз хеле осону роҳат дар бораи раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва мушкилоти ба он марбут ҳарф мезанем, аммо набояд аз хотир фаромуш кард, ки ибтидои солҳои навадуми садаи бистум вазъи номусоиди амниятию сиёсӣ ва иҷтимоӣ мардуми кишвар ва ҷомеаи тоҷиконро ба гирдоби ноумедию дилсардӣ гирифтор карда буд. Ин аст, ки ҳар кас дар он вазъи харобу валангор масъулият ва рисолати раҳбариро бар уҳда намегирифт.
Ба дараҷаи Пешвои миллӣ сабзидану расидан донишу хирад, маҳорат, таҷриба ва ҷуръату масъулияти фавқулоддаро тақозо менамояд. Раҳонидани Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, аз нобудию завол, хунсо кардани нақшаҳои шуми душманон, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли варшикастагӣ ва нобудӣ қарор дошт, сохтани давлати миллӣ ва соири иқдомоте, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули раҳбарӣ анҷом додааст, мақоми арзандаи Пешвои миллатро ба ӯ ато фармудааст.
Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти раҳбарии Пешвои миллат ҷараён дорад, муваффақ ва созанда буда, пеш аз ҳама ба беҳбудии зиндагии мардум ва ҳифзи манофеи миллӣ равона гардидааст. Бунёди НБО Роғун ва дигар иншооти энергетикию саноатӣ, роҳҳою нақбҳои сатҳи байналмилалӣ аз дастовардҳои ин сиёсат мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша бо мардум будан, аз инсонияту шарофат ҳарф задан, аз илтифоту самимият дар ҳар замоне кор гирифтан, ба дилу дидаи мардум наздик будан, ба ятимону дармондагон дасти кумак дароз кардан, аз аҳволи бепарасторон бархӯрдор будан, авлавияти сиёсати давлатиро ба самти маориф ва фарҳанг додан, амният ва манофеи миллиро саргаҳи кори давлатӣ донистан дар байни аҳолӣ соҳибмақом ва пурэҳтиром гардонидааст. Сарвари давлат новобаста аз масруфиятҳо ҳамеша бо мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон мулоқот мекунанд, аз ҷараёни зиндагии аҳолӣ бархурдор мегарданд, бо халқ қарину ҳамнафас ҳастанд. Зеро аз миёни мардум баромадаанд ва рисолати худро қабл аз ҳама хидмат ба мардум ва амнияту осоиштагии ҷомеа меҳисобанд.
Аз ҳама муҳимтар, оромиш, субот ва амнияте, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, далели дурустию хирадмандона будани сиёсати Пешвои миллат мебошад. Маҳз ба шарофати ин сиёсат мо фазои орому зиндагии обод дорем ва кишварамон дар ҳоли рушд кардан мебошад. Маъмулан, ҳар замон, ки мардум ва ҷомеаро хатарҳои гуногун таҳдид мекунанд, шахсияти варзидае рўйи кор меояд, ки миёни омма аз маҳбубияти вижа бархурдор буда, бо донишу хирад, маҳорату таҷрибаи сиёсӣ ҷомеаро дунболи худ бурда, кишварро ба роҳи сулҳу тарақиёт раҳнамои менамояд.
Муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон айнан чунин шахсият ҳастанд ва ҳамчун Пешвои миллӣ мардумро дар атрофи худ муттаҳид сохта, дар масири ҳифзу тараққии кишвар муваффақ гардидаанд.
Аз ин лиҳоз, дар марҳилаи кунунии созандагии кишвар мардуми Тоҷикистон ба шахсияти Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ниёз дорад, то таҳти раҳбарии ӯ фазои сулҳу амният, ваҳдату ягонагии миллӣ ҳифз гардида, рушду пешрафти Ватанамон таъмин гардад.
Хулоса, бунёдкориву хирадмандии Сарвари давлат дили мо, ҷавононро дар самти ватандўстиву меҳанпарастӣ рӯҳу тавони тозае бахшид. Ҳар як ҷавон бояд ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди Миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ободиву осоиштагии кишвари азизамон бо кору пайкори созанда собит намояд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда кули ҳамватаноро ба муносибати рӯзи Президенти кишвар табрик мегуям.
Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович Муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(бардошт аз сафар ба ноҳияи Данғара ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши илмӣ бахшида ба рӯзи Президент ва баргузории Иҷлосияи таърихииXVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дидан намудан аз осорхонаи Пешвои миллат).
Дар пайравӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иқдоми наҷибе дар шакли сафар ба маконҳои илҳомбахшу таърихӣ ба роҳ монда мешавад.
Мардуми тамаддунофари тоҷик ҳамасола 16-ҳуми ноябрро ҳамчун рӯзи таърихӣ ва ҷашни фархундаву рӯзафзун яъне"Рӯзи Президент"-ро бо шукуҳу шаҳомати хосса ва баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ҷашн мегиранд.
Бо ин мақсадба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои мондагори Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бо ташббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара бахшида ба 16- ноябр Рӯзи Президент ва баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ назариявӣ доир гардид.
Ҳамоиши иилмиро Директори Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Данғара Муродализода Ҷамшед ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати ин санаҳои муҳимми таърихиву тақдирсоз самимона табрику таҳният намуданд.
Зимни суханрони Директори Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Данғара Муродализода Ҷамшед қайд намуданд, ки барои мардуми сарбаланди тоҷик бахти бузургест, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳӣ тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот муяссар гардонид.
Инчунин дар рафти ҳамоиш муовини Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Маҳманазари Ҳотам ва як гуруҳ намояндагони Институт баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Ин марди хирад ҳамчун Роҳбари фозил давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид намуда, ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои устувор ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст.
Рӯзи Президент дар қатори дигар ҷашну рӯзҳои ифтихориамон бо корнамоиҳои Пешвои миллат алоқамандии зич дошта, муқаррар шудани ин рӯз чун ҷашни алоҳида шаҳодати эҳтирому эътимоди мардуми кишвар ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ин рӯзи тaърихиро миллaти тоҷик бaрои сaҳми бузургу шоёни Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр тaшaккули дaвлaтдории нaвини кишвaр, эҳёи дaвлaтдории миллӣ, тaъмини сулҳу субот вa бо ҳисси бaлaнди ифтихору сaдоқaт тaҷлил менaмояд. Бигзор, кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам хурраму зеботар гардад.
Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона, инсонпарварона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, баҳри пешрафту ободии Ватани маҳбуб заҳмати пурсамар хоҳанд гузошт.
Дар фарҷоми чорабини бо мақсади баланд бардоштани донишҳои сиёсии докторантон ва магистрантони Иниститут тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва шинос намудан бо фаъолияти фарзонафарзанди миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуданд.
Аз дидан намудани Осорхонаи Пешвои миллат олимони ҷавон бо худ як ҷаҳон таассурот бардошта, маълумотҳои заруриро бо худ гирифтанд.
Мо олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо миннатдории самимонаи хешро ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мерасонем, ки барои мо олимони ҷавон чунин шароитҳоро муҳайё месозанд.
Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Раиси Шӯрои олимони ҷавони Институти фаслафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
Дар ҳама гушаҳои ҷаҳон, хоҳ Амрикову Африқо ва ё Аврупову Осиё бо шаклҳои гуногун рӯзи шахсияти аввали сиёсии кишвар ба таври гуногун таҷлил карда мешавад. Аввалин маротиба "Рӯзи Президент" ҳамчун ид дар штати Вирҷинаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1782 ба таври оммавӣ ба ифтихори Ҷорҷ Вашингтон - қаҳрамони ҷанг барои истиқлолият ва президенти якуми ИМА, ки ба муносибати рӯзи таваллудаш (22.02.1732) буд, таҷлил карда шуд. Соли 1855 бошад ин ҷашн ҳамчун иди умумимиллӣ эълон карда шуд. Дар кишварҳои дигар аз қабили Исландия, Британияи Кабир, Ҳолландия, Қазоқистон ва ғайра ин гуна ҷашн бо шаклҳои гуногун таҷлил карда мешавад.
Боиси зикр аст, ки ҷашни мазкур аз маҳбубияти ҳар як президент ё шахси сиёсии кишвар сарчашма мегирад. Ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат баҳри Ватани аҷдодии худ буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо ӯ муттаҳид шуда, барои тай намудани роҳӣ душвори миллатсозӣ ӯро ҳамроҳи намуда ҳамчун шахсияти дорои асолати миллӣ дошта эътироф намуд. Аз ин рӯ дар ҷумҳурии мо низ мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.
Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриявиро касб намуда рӯ ба тараққӣ дар самтҳои гуногун намуд. Ин аст, ки ҳамасола рӯзи 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад.
Буҳрони шaдиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ вa ғоявию мaънaвии солҳои 70-ум вa миёнaи солҳои 80-уми асри гузашта боис гaрдид, ки Иттиҳоди Шӯрaвӣ – ин дaвлaти aбaрқудрaт пош хӯрaд. Мо низ дaр рaдифи дигaр дaвлaтҳои тобеъ бaъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯрaвӣ соҳибистиқлолу озод гaрдидем. Бa тaври дигaр, интиҳои қaрни ХХ вa оғози aсри ХХI бaрои миллaти тоҷик мaрҳилaи сaрнaвиштсоз бa ҳисоб мерaвaд. Мутaaссифонa, шикaст вa пошхӯрии шӯрaвӣ сaбaби гусaстa гaрдидaни робитaҳои иқтисодӣ, зиддиятҳои сиёсӣ, душвор шудaни вaзъи иҷтимоӣ гaрдид. Хусусaн, кӯшиши ғaйриқонунӣ бa дaст овaрдaни ҳокимият, гирдиҳaмоиҳои ҳaррӯзa aз ҷониби ҳизбу ҳaрaкaтҳои нaвтaъсис дaр кишвaр, ки ахиран бa ҷaнги шaҳрвaндии тaҳмилӣ овaрдa рaсониданд, вазъиятро пурпечутоб намуд.
Ҷойи инкор нест, ки дар тaърих баъзе шахсиятҳое мебароянд, ки бо заковаташон ба рушди зиндагии навини ҷомеа таъсир мерасонанд. Тaқдири дaвлaти соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ бa сaрнaвишти як шaхсияти тaърихӣ, ки номаш вирди забонҳо гаштааст, сахт вобaстaгӣ дорaд. Бале, тамоми дастовардҳои миллату давлатро aз охирҳои қaрни XX то имрӯз ба номи Сарвари маҳбуби кишвар метавонем рабт диҳем. Aбaрмaрде чун Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ - Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон аз зумраи фарзонафарзандони миллатанд, ки номи тоҷику Тоҷикистонро баланд бардошта тавонистанд.
Ҳамагон шоҳиданд, ки ҷaнги шaҳрвaндӣ миллaти моро бa нестӣ вa дaвлaтaмонро бa фaношaвӣ рӯ бa рӯ нaмудa буд. Тaқдир бaшорaти роҳбареро бо бaргузории Иҷлосияи шонздaҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳaмчун ҳaдия вa пaйки нaҷот бa миллaти тоҷик aто намуд. Дaр он рӯзҳои бaсо мушкил бaрои мaрдуми тоҷик Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон мaсъулияти роҳбaриро бa дӯш гирифтa, дaр дили мaрдум умед вa бовaриро бa сулҳу вaҳдaт вa ояндaи нек ҷо нaмудaнд.
Сaрвaри дaвлaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон ҳaмчун мaрди оқилу дурaндеш вa роҳбaри фозилу хирaдмaнд дaвлaтро aз фaноёбӣ вa миллaтро aз нестшaвӣ нaҷот додa, мaрдумро aтрофaш муттaҳид вa бa қaлби онҳо шуълaи умедро бедор вa бо қaдaмҳои қaтъӣ бa сулҳу осоиш, рушду суботи минбaъдa ҳидоят нaмуд. Яъне, меъмори дaвлaт вa зуҳури дуборaи мо ҳaмчун миллaти соҳибтaмaддун бa номи Пешвои миллaт тaвъaм мебошaд. Гузаштa aз ин, Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр aрсaи бaйнaлмилaлӣ ҳaмчун шaхси сулҳофaру сулҳпaрвaр, сaрҷaмъкунaндaи миллaт, aмaлисозaндaи зaҳмaтҳои ояндaбинонa бaҳри рушду нумуъ вa ободии Вaтaну фaроҳaм овaрдaни шaроити aрзaндa бaрои мaрдуми кишвaр, тaшaббускори ҳaлли мaсъaлaҳои глобaлӣ шинохтa шудaни Сaрвaри дaвлaти тоҷикон Эмомaлӣ Рaҳмонро нa тaнҳо сокинони кишвaр, инчунин ҷaҳониён эътироф нaмудaaнд вa гуфтaҳоро сиёсaтмaдорони сaршиноси олaм тaсдиқ нaмудaнд. Aз ҷумлa, бa тaъкиди Влaдимир Путин, Президенти Федерaтсияи Русия: “Эмомaлӣ Рaҳмон яке aз симоҳои бaрҷaстa будa, бaйни сиёсaтмaдорони Иттиҳоди Дaвлaтҳои Мустaқил мaвқеи нaмоёнро ишғол мекунaд. Ин беҳудa нест. Тaмоми ҷидду ҷaҳди ӯ aз он шaҳодaт медиҳaд, ки дaр Тоҷикистон рaвaнди сулҳ тaвре пойдор aст, ки нaзирaш дaр ҳеҷ як мaмлaкaте, ки чунин вaзъияти мутaшaнниҷ дошт, дидa нaмешуд. Ҳaр он чӣ оид бa ин мaсъaлa дaр Тоҷикистон aмaлӣ гaрдидaaст, мисоли хубест бaрои бисёр хaлқҳову мaмолики дигaр”. Бa нaзaри Aлексaндр Лукaшенко, Президенти Ҷумҳурии Белорус бошaд: “Меҳнaти фидокоронaи чaндинсолaи Эмомaлӣ Рaҳмон, ки бa тaҳкими сулҳу субот, бaлaнд бaрдоштaни некуaҳволии хaлқи тоҷик вa пойдории нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дaр aрсaи бaйнaлмилaлӣ рaвонa гaрдидaaст, сaзовори эҳтироми ниҳоят бaлaнд мебошaд”. Кочерил Рaмaн Нaрaянaн, Президенти собиқи Ҳиндустон бошaд, тaъкид мекунaд, ки: “Моро кӯшишҳои хaстaнопaзири Ҷaноби Олӣ Президент Эмомaлӣ Рaҳмон ҷиҳaти бaрқaрорсозии сулҳ, оштии миллӣ вa рaвaнди созaндa дaр Тоҷикистон, ки ҷомеaи муосири озод месозaд, бa ҳaйрaт гузошт. Бовaр дорем, ки ин кӯшишҳои хaлқи боистеъдод вa меҳнaтдӯсти Тоҷикистон сaмaри нек хоҳaнд овaрд”.
Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода намуда ин санаи таърихии фархундаро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ самимона шодбош мегӯем. Худо кунад, ки ба бахти мо сулҳи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар зери сояи Президенти маҳбуби кишварамон - Эмомалӣ Раҳмон доимо пойдор бошад.
Раҳмонов Раҳмон Охонович – д.и.х., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Таърихи кӯҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад.
Сарнавишти миллати тоҷик дар давоми асрҳо чун дигар қавмҳои ориёинажод бисёр ҳам печ дар печ буда, халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва эҳёи давлатдорӣ дар масири таърих ҷоннисориҳои зиёде кардааст.
Ватани ҳамаи тоҷикони дунё Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз нигоҳдошт ва ҳифзи он вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Боиси зикр аст, ки 16-уми ноябри соли 2024 аз гузашти Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-соли рассо пур мешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ин саннаи муҳими тақдирсозро дар фазои танинандози сулҳу ваҳдати миллӣ таҷлил менамоянд. Зеро маҳз 32 сол муқаддам бо иштироки вакилони халқ, баҳри ба як низоми муайян овардани авзои сиёсии ҷомеа дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олӣ баргузор гардид. Вақте сухан аз Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олӣ, даъвати XII меравад, ёдовар мешавем, ки то расидан ба ин айём чӣ мушкилотро аз сар гузаронидем ва ниҳоят ба ҳадаф расидем.
Дар меҳвари Маҷлиси машваратӣ бештар аз ҳама доир ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, қабули конститутсияи нав, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва интихоби роҳбарияти нави сиёсӣ, ҳалли масъалаи фирориён, ҳолати вазнини иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ садо дод ва аз Шурои Олӣ талаб гардид, ки оид ба ин ва дигар масоили мубрам қарорҳои дахлдор ва созанда қабул намояд.
Масъалаи муҳим ва мубрами Иҷлосия интихоби роҳбари нави ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Ҳамин тавр, баррасии масоили интихоби Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Намояндаи халқ Мирзоев А. аз ҳавзаи интихоботии № 47, аз номи намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сухан намуда, номзадии вакили халқ Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро аз ҳавзаи интихоботии Данғара ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 вакили халқ, ки дар Иҷлосия ширкат меварзиданд, 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд. Тибқи Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 – уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷасорату мардонагӣ савганд ёд намуд, ки дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони давлатӣ ҳамеша содиқ мемонад, инчунин қайд намуд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…»
Маҳз бо туфайли амалӣ гардидани ҳамон қарору қонунҳои Иҷлосия XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо тавонист, дар фазои сулҳу оромӣ, дустӣ, эҳтиром ва эътирофи якдигар рушду равнақ намояд.
Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Бунёди пайкараи аввалин давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхонаи миллӣ, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор додааст. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри гулҳо» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оранд. Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи давлатҳои амнтарини ҷаҳон дохил гардид.
Имрӯзҳо бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз як гиребон сар бароварда, сиёсати сулҳҷӯёнаю созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намояд.
Достиева Дилафруз - лаборанти калони Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
16 - уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,
Раҳҷӯйи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат.
(Низом Қосим)
Мусаллам аст, ки ҳар як давру замон хоҳ - нохоҳ дар арсаи сиёсат калидвожаҳо ва ҳамзамон аз нигоҳи мантиқӣ Лидери миллӣ, Роҳбар ё ин ки ба ибораи дигар гӯем Пешвои сиёсии худро дорад. Доштани раҳнамои сиёсӣ, ин пеш аз ҳама рамзи шукуҳу шаҳомати давлату миллати соҳибиқболу соҳибистиқлол ва мутараққӣ маҳсуб меёбад.
Бояд қайд кард, ки доштани Роҳбари сиёсӣ ва ё худ Лидери миллӣ дар радифи ба дӯш доштани вазифаву масъулияти зиёди сиёсӣ ва инчунин пешбурди корҳои давлатдорӣ, ҳамзамон кафили сулҳу субот, оромию амният ва инчунин муҳофизу нигаҳдории марзу буми аҷдодӣ ва халқу Ватани худ будан аст. Зеро бе мавҷудияти Роҳбари донову тавоно ва соҳибхираду закӣ ва чеҳраи маъруф ҳеҷ як нияти ормонҳои миллӣ амалӣ нахоҳанд шуд.
Лозим ба тазаккур аст, ки ба дараҷаи Пешвою раҳнаварди сиёсӣ ва ниҳоятан ҳамчун Лидери миллӣ сабзидан хоҳ - нохоҳ доштани саъю талош , дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ, маҳорати фавқулодаи табиӣ, ҳисси баланди масъулият, нотарсию шуҷоат, сиёсатмадори варзида будан ва ҳамзамон ҷуръату масъулияти фавқулодаро тақозо менамояд.
Чунки дар як вазъи басо ҳам муташанниҷу душвор кишвари ба коми оташ фурӯ рафтаву дар натоиҷи манфиатҷӯйии душманони дохилӣ ва хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шударо, ки хавфу хатари аз байн рафтанаш ба вуқуъ пайвастаро наҷот додану ба сулҳу суботу ваҳдати воқеан ҳам миллӣ ва инчунин ба ҳамдигарфаҳмию бахшиш ҳидоят кардан ва ташкили оши оштӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар он айёми дар вазъи ногувору басо ҳам муташанниҷ қарор доштан, ба пиндори мо кори саҳлу осоне набуд.
Лозим ба тазаккур аст, ки давлатсозӣ дар ҳеҷ як давру замон кори осоне набуд ва ҳам давлатмарди асили миллат будан ва ба халқ ҳамчун Пешвои сиёсӣ роҳбарӣ кардану ҳукм фармудан низ осон нест.
Аммо Пешвои муаззаму раҳнамои мо - муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба арсаи сиёсӣ вуруд гардидани худ бо дарки баланди ҳисси масъулият, кордонию маҳорат, истифодаю такя намудан аз донишҳои муваффақи мактаби сиёсию давлатдории башарӣ дар заминаи сиёсатҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар мизони манофеи миллӣ андозагирӣ намуда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ муҳимтарин дастоварди башарӣ - Сулҳу ваҳдат, амнияту ҳамдигарбахшӣ, ҳамзамон ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ ва оромиши миллиро ниҳоятан дар сартосари кишварамон таъмин намуданд ва шароити мусоид фароҳам оварданд.
Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - тимсоли меъмори сулҳу ваҳдати миллие ҳастанд, ки бо азму иродаи қавӣ аз хиштпораҳои шикаставу барҷоймонда дар сарзамини тоҷикнишин Қасри сулҳу ваҳдати миллиеро бунёд гузоштанд, ки он ба пиндори мо ҳамчун як шоҳкории ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Ин кохи баланду бегазандест, ки дар вуҷуди он Сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлоли устувори давлатӣ, эътимоду саодати миллат, илму хирад ва фарҳангу тамаддун ва шоҳкитоби Ваҳдати миллати бузурги тоҷик аст.
Агар ҳамин гуна кӯшишҳои пайваста ва талошу заҳматҳои ин абармарди арсаи сиёсат намебуданд, шояд мо ин гуна рӯзҳо накӯ комёб намешудем ва балки тимсоли қаламрави ҷумҳурии ҳамсояамон -Афғонистони ҷангзада ба майдони тохтутозҳои худхоҳону бегонагон мубаддал мегардидем.
Сад шукри ин марди набард ва сиёсатмадори номдори ориёитабор, ки ҳамчун фариштаи наҷотбахше ба бахти халқу меҳан падид омадаву дар рӯзҳои сахту мудҳишу душвор сафинаи шикастаю дар гирдоби фалокат ғарқшудаю фурӯрафтаи миллати тоҷикро аз баҳри жарфи бесару бесомониҳо ва фитнаю дасисаҳо раҳо бахшид ва ҳамзамон наҷот дод.
Ҳамин тариқ, ба хулосаи камина кору аъмоли накӯи далерона ва хирадсолоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳкитобест, ки бояд бо мурури замон ва гузашти солҳои зиёде ба кулли сиёсатмадорон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирад.
Чунки маҳз ин марди некном ва диловармарди арсаи сиёсат буд, ки Тоҷикистони офатзадаро аз вартаи ҳалокат ба пуррагӣ раҳоӣ бахшид ва сулҳу ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва инчунин сарҷамъии миллатро пурра таъмин карда аз харобот ба кишвари обод мубаддал сохтаву дар натиҷа шиори доимиашро “Тоҷикистон ба пеш!”, номид, ки сад ҳазорон аҳсану офаринаш бод!
Алишер РАҲИМЗОДА, директори Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: “Ман барои Шумо сулҳ меоварам”, «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам», “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам” хуб дар хотир доранд.
Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.
Бузургон фармудаанд: «Қудрати роҳбарӣ ва малакаи пешоҳангии халқ як имтиёзест, ки Офаридгор онро на ба ҳар кас ато мекунад.
Аммо шахсиятҳои қудратманд ва ба қавле, назаркардаҳои Эзид, ба пиндору гуфтору рафтор ва дигар зарфиятҳои феълӣ аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунанд ва кору пайкори онҳо аз ҷониби омма қобили муҳокима нест».
Тақдир ин ниёзи миллиро дар шахсияти барҷаста, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ато кард.
Ин шахсияти таърихсозу тақдирсоз дар муддати кӯтоҳи роҳбарӣ ду рисолати таърихиро ба ҷо овард, ки он дар таърихи навини тоҷикон нигошта хоҳад шуд: яке бунёди давлати миллӣ ва дигаре тафаккури нави миллӣ. Ин рисолати таърихии сулҳофарӣ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби сиёсатмадорону доираҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, чун падидаи нодиру боарзиш дар таърихи сулҳсолории оламиён пазируфта шудааст.
Собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан бо назардошти хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дорад».
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии халқи тоҷик тозатарин сафҳаи таърихӣ ва гардиши куллиро оғоз бахшид ва он нахустин татбиқи ормони миллӣ дар оғози асри нав буд.
Пажӯҳишгари олмонӣ Карл Ясперс гуфтааст: «Таърих бо зуҳури симоҳо ва шахсиятҳо оғоз меёбад ва маҳз шахсияту симоҳои абарқудрат созандагони таъриханд». Корномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани андешаи бузургон аст.
Мо эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи илм, ҷавонони бо ору номуси кишвар бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳем гузошт.
Норов Исроил – ходими илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ
Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ мета-ваонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад.
Бо талошу заҳмат ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷики-стон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО-«Роғун» сурат гирифт. НБО “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин нерӯгоҳ дар дарёи Вахш ҷой гирифта, аз 6 чарха иборат мебошад ва иқтидори ҳар кадомашон 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ баландии сарбанди Неругоҳи барқии обии «Роғун» 335 метрро ташкил хоҳад дод ва иқтидори он ба 3600 МВт мерасад, ки дар Осиёи мар-казӣ калонтарин нерӯгоҳи барқӣ ба шумор меравад. Хушбахтона, чархаи якуми Неругоҳи барқии Роғун 16 ноябри соли 2018 ва чархаи дуюми он 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дарвоарда шуд.
Ин иншооти муҳими стратегӣ барои зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи кишвари азизамон асрҳо хизмат хоҳад кард. Он баҳри рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар натиҷаи пурра ба истифода додани Неругоҳи барқии обии Роғун даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, тамоми хоҷагии халқи мамлакат бо пурагӣ бо барқ таъмин мегарданд.
Илова бар ин, баъди ба охир расидани сохтмон ин иншооти бузурги аср Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, пурра ба истиқлолияти энергетикӣ дастёб гардида, ҳамчун давлати транзитӣ ба содироти қувваи барқ барои минтақа ва Осиёи Марказӣ саҳмгузор бошад, ки ин ба рушди иқтисодиёти мамлакат бетаъсир нахоҳад монд.
Бо пайгирӣ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрванди худшинос ва бо нангу номуси кишварро зарур аст, ки баҳри ободию созандагӣ ва гул-гулшукуфоии ва-тани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазои худро гузорад.
Хурсанд Илолов-директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ
Бардошт аз дидори НБО-и Роғун,01 ноябри 2024
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО Роғун) аз замони саршавии сохтмонаш дар авоили солҳои 2000-ум таваҷҷуҳи матбуоти ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст. Васоити ахбори оммаи кишварҳои гуногун таваҷҷуҳи худро ба миқёс ва ҳадафи ин лоиҳа, бахусус бо назардошти аҳамияти эҳтимолии он барои амнияти энергетикии Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон равона кардаанд. Аксари нашрияҳои байналмилалӣ таъсири мусбати неругоҳи барқи обии Роғунро ба манзараи энергетикии минтақа, иқтидори иқтисодӣ ва аҳамияти он барои устувории неруи ҷаҳонӣ таъкид мекунанд. Вақте ки нерӯгоҳи Роғун таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб кард, он ба зудӣ рамзи муҳими лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ гардид. Матбуоти ҷаҳонӣ онро яке аз бузургтарин ва муҳимтарин тарҳҳои гидроэнергетикӣ, ки метавонад ба манзараи энергетикии минтақа ва ҳатто ҷаҳонӣ таъсири ҷиддӣ расонад, пӯшиш додаанд.
Бо вуҷуди ин, расонаҳои байналмилалӣ ҷанбаҳои мураккаби марбут ба лоиҳаро низ қайд карданд. Инҳо масъалаҳои экологӣ, аз қабили таъсири эҳтимолӣ ба захираҳои об ва экосистемаҳои минтақа, инчунин масъалаҳои марбут ба кӯчонидани одамон аз минтақаҳои сохтмонӣ ва бунёди инфрасохтори навро дар бар мегиранд. Нигарониҳо дар бораи он ки ин тарҳ чӣ гуна метавонад ба равобит бо кишварҳои ҳамсоя, бахусус Узбакистон, таъсир расонад, ки нигарониҳо дар бораи таъсири эҳтимолӣ ба манобеъи оби аз Вахш ба Амударё ҷорӣшударо ба миён овардааст. Бо вуҷуди ин, таъсири мусбати неругоҳи барқи обии Роғун ба амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ эътироф гардид. Аз ҷумла, лоиҳа дар заминаи устувории системаи энергетикии ҷаҳонӣ бо дарназардошти афзоиши талабот ба энергияи барқароршаванда ва таваҷҷӯҳи афзоянда ба гидроэнергетика ҳамчун як роҳи ҳалли тоза ва дарозмуддат баҳои баланд дода шуд.
Агентии байналмиллалӣ Рейтер (Reuters) дар гузоришҳои худ оид ба сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун (2018) қайд мекунад, ки лоиҳа «на танҳо як таҷзияи иқтисодӣ, балки як меҳвари муҳими геополитикӣ барои Осиёи Марказӣ» хоҳад шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба оқибатҳои эҳтимолии мусбат барои шабакаҳои энергетикии кишварҳои минтақа дода шуд. «Бо анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистон метавонад вобастагии худро аз воридоти нерӯи барқ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш диҳад ва амнияти энергетикии тамоми Осиёи Марказиро таҳким бахшад», - омадааст дар ин нашрия. Дар як матлаби дигари агентӣ, ки соли 2020 нашр шуд, таъкид шудааст, ки:“Иқтидори нерӯгоҳи Роғун устувории интиқоли нерӯи барқро дар кишвар таъмин намуда, ба ҷалби сармояи иловагӣ ба бахшҳои дигари иқтисод мусоидат мекунад”. Коршиносони нашрия ҳамчунин таъкид мекунад, ки лоиҳа инфрасохтори иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди соҳаҳои марбут ба монанди сохтмон ва нақлиётро рушд медиҳад.
«The New York Times» (ИМА) (2019) дар яке аз маводи худ қайд кардааст: «НБО Роғун як қадами муҳим дар таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки кишварро аз мушкилоти гидроэнергетика вобаста ба таъмини нокифояи нерӯи барқ раҳоӣ мебахшад. Он на танҳо як лоиҳа аст, балки стратегияи бузурги энергетикии ояндаи Тоҷикистон ҳамчунин рамзи истиқлолияти энергетикии ин кишвар мебошад». Дар матлаб таъкид шудааст, ки Неругоҳҳои барқи обии Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки на танҳо ниёзи дохилиро ба нерӯи барқ қонеъ кунад, балки ба содиркунандаи қобили мулоҳизаи энергия ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Афғонистон ва Покистон табдил ёбад.
Пойгоҳи хабарии машҳури ҷаҳон Би-би-сӣ (BBC news)- дар соли 2019 дар гузориши худ дар бораи тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун навиштааст, ки: “Тоҷикистон ҷасурона ба сохтани яке аз сарбандҳои баландтарин дар ҷаҳон иқдом кард. НБО-и Роғун барои Тоҷикистон як рамзи истиқлолияти даврони нав аст, ки дар рушди он пояи мустаҳкаме мегузорад. Бахши энергетикаи кишвар бо дарназардошти тамоюлҳои ҷаҳонӣ ба ниёзи афзоянда ба энергияи тоза бо ин сохтумон ҳалли бедаранги худро меёбад. Коршиносоне, ки бо Би-би-сӣ дар ин мавзуъ мусоҳиба кардаанд, қайд намудаанд, ки истифодаи манобеъи гидроэнергетикии минтақа ба коҳиши партобҳои карбон мувофиқи стандартҳои байналмилалии муҳити зист ва ҳадафҳои тағирёбии иқлим мусоидат мекунад. Дар гузориш ҳамчунин таъкид шудааст, ки нерӯгоҳи барқи обии Роғун на танҳо мӯъҷизаи технологӣ, балки тарҳеест, ки бо вуҷуди мушкилоти густурдааш метавонад барои дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки барои истиқлолияти энергетикӣ талош мекунанд, намуна бошад.
Дар яке аз маводи таҳлилии Financial Times (2020) омадааст: «НБО-и Роғун як лоиҳаи азимест, ки дар оянда харитаи энергетикии Осиёи Марказиро тағйир медиҳад дар лоиҳа ва миқёси он онро ба яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои энергетикӣ дар минтақа дар даҳсолаҳои охир табдил медиҳад. Ин нашрияииқтисодӣ таъкид мекунад, ки муваффақияти лоиҳа метавонад сармоягузории иловагии хориҷиро ба инфрасохтор ҳавасманд гардонад ва инчунин рушди устувори саноати энергетикаро таъмин намояд. Мусоҳибони ин хабаргузорӣ бар ин назаранд, ки анҷоми нерӯгоҳи барқи обии Роғун равобити иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя, таҳкими равобити байнидавлатӣ тавассути табодули манобеъи обу энергетикаро беҳтар хоҳад кард. Дар матолиб қайд карда мешавад, ки лоиҳаи мазкур намунаи равшани он аст, ки чӣ тавр инфрасохтори энергетикӣ на танҳо ба манфиатҳои иқтисодӣ, балки ба ҳадафҳои стратегӣ дар арсаи байналмилалӣ низ хизмат карда метавонад.
Нашрияи «The Guardian» (Британияи Кабир) чанд матлабро дар шумораҳои гуногунаш доир ба Неругоҳи барқи обии Роғун нашр карда, ба ҷанбаи экологии лоиҳа таваҷҷӯҳ намудааст. Дар як мақолае, ки соли 2021 нашр шудааст, қайд гардидааст: «Тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун намунаи он аст, ки чӣ гуна лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ метавонанд ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ кам кардани таъсири экологӣ ва баланд бардоштани устувории иқтисодӣ кӯмак расонанд». Дар мақолаҳо ёддошт дар бораи оқибатҳои эҳтимолии экологии сохтмон, аз қабили тағйирот дар экосистемаҳои дарёҳо ва хатарҳои эҳтимолии экологӣ низ мавҷуд аст, аммо аксари коршиносон таъкид мекунанд, ки лоиҳа бо назардошти меъёрҳои муосири экологӣ тарҳрезӣ шудааст. Нашрия бо истинод ба назари коршиносон овардааст, ки истифодаи манобеъи об дар минтақа бо дарназардошти манофеи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба танзим дароварда мешавад, ки имконияти ҳамзистии осоиштаро дар оянда бештар афзоиш хоҳад дод.
Аз гузориши нашрияҳо ва пойгоҳҳои хабарии ҷаҳонӣ, нашрияҳои байналмилалӣ ва назари коршиносон нисбат ба мавзуъ метавон чунин хулосабарорӣ кард:
Истиқлолияти энергетикӣ: Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба беҳбуди назарраси вазъи энергетикии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Ин вобастагӣ аз нерӯи барқро коҳиш медиҳад ва амнияти энергетикиро афзоиш медиҳад.
Рушди иқтисодӣ: Лоиҳа дорои потенсиали бузурги ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ дар минтақа мебошад. Дар назар дошта шудааст, ки ҳазорҳо ҷои кор, инчунин тараққӣ додани соҳаҳои ба ҳам алоқаманди иқтисодӣ, монанди сохтмон, нақлиёт ва истеҳсоли масолеҳро метавон тавассути ин лоиҳа амалӣ кард.
Устувории экологӣ: Гарчанде ки масъалаҳои экологӣ муҳим боқӣ мемонанд, коршиносон эътироф мекунанд, ки лоиҳа бо назардошти стандартҳои экологӣ тарҳрезӣ шудааст.НБО-и Роғун яке аз тозатарин шаклҳои энергия маҳсуб мешавад, ки ба ҳадафҳои байналмилалӣ оид ба коҳиш додани партовҳои карбон ҷавобгӯ мебошад.
Аҳамияти геополитикӣ: Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба беҳбуди ҳамгироии энергетикии Осиёи Марказӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард. Ин метавонад нофаҳмиҳои байнидавлатиро коҳиш диҳад ва барои ҳамкорӣ имкониятҳои нав ба вуҷуд орад.
Хулоса Нерӯгоҳи барқи обии Роғун на танҳо як лоиҳаи муҳим барои Тоҷикистон, балки як ҷузъи муҳими сиёсати ҷаҳонии энергетикӣ мебошад. Нуфузи он аз Осиёи Марказӣ хеле фаротар аст ва лоиҳа ҳамчун рамзи ташаббусҳои пурқуввати энергетикӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ таваҷҷӯҳи матбуоти ҷаҳонро ҷалб мекунад. Дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани лоиҳа, НБО-и Роғун дар рушди инфрасохтори устувори энергетикӣ ҳам дар минтақа ва чӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми муҳим хоҳад дошт.
Гулҳаё Мадимарова- ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ
Боздид ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои мухталифи ҷомеаи башарӣ дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, аз як тараф, як роҳи асосии муаррифӣ кардани арзишҳои фарҳанги миллӣ дар араси байналмилалӣ ва татбиқ кардани дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва техникии мамолики пешрафта дар Тоҷикистон мебошад. Аз тарафи дигар, барои баррасӣ ва ҳаллу фасл кардани масъалаҳои хусусияти байналмилалидошта, ки ба густариши муколамаи фарҳангҳо мусоидат менамояд, нақши муассир бозида метавонад.
Иштироки навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз зумраи сафарҳои расмии Ҷаноби Олӣ ба ин кишвар аст, ки барои таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, мустааҳкам кардани риштаи дӯстӣ, вусъат бахшидани муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ду давлат вижагии худро дорад.
Махсусан, барои рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод аз самтҳои асосии ҳамкории тарафайн маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, дар заминаи ҳамкориҳо баргузор кардани анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба он мусоидат менамояд, ки байни ду кишвар нақшаи дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ таҳия карда шавад. Дар асоси он сарват ва бозёфтҳои табии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи иқтисодӣ, таъмини мардуми он ба маҳсулоти ниёзи аввал ба Арабистон интиқол дода шаванд. Инчунин, дастовардҳои навини технологӣ, маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои Арабистони Саудӣ ба бозори Тоҷикистон ворид шуда, барои баровардани эҳтиёҷоти мардум мусоидат намоянд.
Дар баробари ин, имконият фароҳам оварда мешавад, ки байни сармоядорони ин ду давлат барои коркард ва ба маҳсулоти тайёр табдил додани сарватҳои табии минтақаҳои Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис дода шаванд. Ҷиҳати бо мутахассисони ватанӣ таъмин кардани корхонаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва Арабистони Саудӣ шартномаҳои тарафайн баста шаванд. То дар муассисаҳои бонуфузи Арабистони Саудӣ донишҷӯёни тоҷик таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳои ба ин корхонаҳо ниёздошта, гарданд.
Ба вижа дар айни замон, ки Тоҷикистон барномаи саноатикунонии босуръати кишварро пеша кардааст, ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика ва кишоварзӣ бартарияти зиёд дорад. Бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила дар кишвар бартараф месозад.
Роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе барои густариши робитаҳои судбахш мусоидат карда, мушкилоти мусофирон, сайёҳонро бартраф сохт. Ташкили хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ метавонад барои рушди сайёҳи дар ҳудуди ду кишвар нақши бориз гузорад.
Дар маҷмуъ ин гуна сафарҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои араб дар ҳошияи сиёсати дурнамои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои тақвияти муносибатҳои тарафайн дар чаҳорчӯбаи пайвандҳои фарҳангӣ аҳамияти бузург доранд. Худи Пешвои миллат дар ин бора дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014 таъкид карда буданд, ки имрӯзҳо Тоҷикистон бо кишварҳои зиёди араб ва мусулмонӣ муносибатҳои самарабахши дуҷониба ва бисёрҷониба дорад, ки онҳо «қисман бар решаҳои умумии таърихӣ-фарҳангӣ ва динӣ асос меёбанд. Ҳамкорӣ бо ин кишварҳо дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла дар мубориза ба муқобили таҳдидҳо ва чолишҳои муосир дар ҳоли рушд қарор дорад». Боздиди расмии Президенти кишвар ба Арабистони Саудӣ дар таҳкими ин гуна муносибатҳои судманд барои таъмини амният ва устувории сулҳзу салоҳ, амалӣ гаштани барномаҳои иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, ҳамкории созанда ва ҳамкории босамари байни кишварҳо нақши босазо хоҳад гузошт.
Назариев Р.З. – роҳбари Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ;
Самиев Б.Ҷ. – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.
Бардошт аз дидори НБО-и Роғун,01 ноябри 2
Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузург барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфи назар аз мушкилоти молиявию иқтисодӣ, ба сохтмони бузургтарин иншооти аср - Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун шурӯъ намуданд, ки он омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик ва Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Тибқи иттилои коршиносон сохтмони Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун – яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон соли 1976 оғоз ёфта, иқтидори лоиҳавии он 3600 мвт аст ва он аз 6 агрегат бо иқтидори 600 мвт иборат аст. Баландии сарбанди он 335 метрро ташкил медиҳад ва бо истифодаи пурраи он, ин нерӯгоҳ метавонад дар як сол 17 миллиард квт нерӯи барқ истеҳсол кунад. Соли 2005 байни Тоҷикистон ва ширкати "Алюминийи Русӣ" (Русал) – и Федератсияи Русия созишнома дар бораи сохтмони Нерӯгоҳи Барқи Атомии Роғун ба имзо расид, аммо он бо сабабҳои гуногун амалӣ карда нашуд[1].
29- уми августи соли 2007 Тоҷикистон шартномаро қатъ кард. Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки ин нерӯгоҳро бо маблағи худ бунёд кунад. Бо ин мақсад ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун" таъсис дода шуда, 15 апрели соли 2008 оинномаи он бо сармояи 116 миллион сомонӣ тасдиқ гардида, соли 2009 ҳаҷми максималии ин сармоя то 6 миллиард сомонӣ зиёд карда шуд [2].
Баъдтар ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Итолие) шартнома баст, ки тибқи он барои сохтмон ва истифодаи ду энергоблоки НПО Роғун 3,9 миллиард доллар ҷудо карда шуд. Танҳо барои сохтмони бузургтарин сарбанди сунъии Нерӯгоҳи Барқи обии Роғун 1 миллиарду 950 миллион доллар ҷудо карда шуд.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ иброз намуданд, ки: «Дар соли 2023 барои идомаи корҳои сохтмон дар неругоҳи «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд, вале бо мақсади боз ҳам тезонидани раванди корҳо Ҳукумати мамлакат иловатан 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо намуд. Яъне соли гузашта барои бунёди иншооти мазкур 5,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Ҳамчунин, дар соли 2024 барои идомаи корҳои сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.Аммо бо мақсади ҳарчи бештар вусъат додани корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот то ба имрӯз, яъне дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 3,5 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст»[3].
Мувофиқи афзалияти аввалиндараҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ сохтмон, азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисодии Тоҷикистон зарур мебошад.
Тавре ки маълум аст, ки иқтидори умумии гидроэнергетикии кишвар ба 527 млрд. квт соат/сол баробар аст, ки имрӯз танҳо 5% - и он азхуд карда шудааст. Дар мавриди истифодаи захираҳои дохилии гидроэнергетикии Тоҷикистон НБО Роғун бо мавҷудияти экспертизаи мусбати байналмилалӣ нақши муайянкунанда дорад. Аз ин рӯ, дар стратегияи миллӣ қайд карда шуд, ки “эътирофи ҷамъиятӣ ва байналмилалии амнияти таъсири лоиҳаи НБО –и Роғун ба кишварҳои поёноб ба даст оварда шудааст, самаранокии иқтисодӣ, амнияти экологӣ ва қобилияти молиявии он асоснок карда шудааст”[4].
Беназирии НБО-и Роғун дар он аст, ки дар ҷараёни сохтмон тавлиди нерӯи барқ, фурӯш ва сармояи ҷамъшуда барои анҷом додани сохтмон имконпазир аст. Дар аввал, нерӯи барқи истеҳсолшудаи Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун барои пӯшонидани ниёзҳои дохилии кишвар истифода мешуд, зеро пас аз соли 2008, дар фасли зимистон норасоии шадиди нерӯи барқ дар кишвар ба назар мерасид. Бо ба кор андохтани агрегати якум ин масъала аз рӯзнома бардошта шуд ва норасоии барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон коҳиш ёфт.
НБО –и Роғун лоиҳаест, ки на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад. Оғози нерӯгоҳ ба рушди энергетикӣ ва саноатии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя такони қавӣ мебахшад, ки дар навбати худ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ, густариши гардиши молҳои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ, таъмини мавҷудияти миқдори зарурии об барои обёрӣ дар солҳои хушксолӣ ва ғайра мусоидат хоҳад кард.
Аҳамияти бузурги Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғунро дар оянда барои кишварҳои минтақа раиси палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, тасдиқ кард. Ӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми Мардуми Тоҷикистонро бо ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун самимона табрик гуфта, изҳор дошт: “Ман аз оғози бомуваффақияти ин иншооти азим ҳавасмандам, ин чорабинӣ дар таърихи навини Тоҷикистон сабт хоҳад шуд ва татбиқи ин лоиҳа на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои халқҳои тамоми минтақаи Осиеи Марказӣ низ аҳамият дорад. Ин лоиҳаи беназир ба шарофати Шумо, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қатъият, устуворӣ ва сиёсати дурандешонаи Шумо амалӣ гардид”[5].
Моҳияти байналхалқӣ доштани ин Неругоҳ ҳеҷ гоҳ аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ дур намемонад. Моҳи ноябри соли 2018 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” чунин таъкид намуда буд: “Ин лоиҳа барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, зеро дар доираи лоиҳаи интиқоли неруи барқи «Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ (маъруф ба CASA-1000) Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон аз истифодаи неруи барқи дар НБО-и «Роғун» истеҳсолшаванда манфиат ба даст меоранд”. Нависанда, адиб ва таҳлилгари бузурги сиёсӣ Александр Проханов соли 2016 нисбат ба ин сохтмони аср чунин таъкид кардаааст: “Ин неругоҳ-сохтмони коинотист, лоиҳаи онро муҳандисони бузурги шуравӣ омода намуданд, ҳиссаи худро франсузҳо, итолиёвиҳо ва германиҳо низ гузоштанд. Ин ҷо олот ва мошинҳои Япония, Германия ва Беларус кор мекунанд. Ин ҷо славяниҳо ва осиёиҳо меҳнат доранд ва онро ҳамчун фарзанди дўстдоштаи умумӣ парастиш мекунанд”[6].
Ҳамчунин муҳандиси асосии Резиденти консорсиуми "Трактебель-Электроконсулт" (Consortium "Tractebel-Electroconsult"), Жан-Франсуа Норманд дар мусоҳиба бо корманди маҷаллаи Тоҷикистон иброз намуд: “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун метавонад Тоҷикистонро дар содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя пешсаф гардонад. Роғун ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд кунад. Манбаи табиӣ, ки барои тавлиди нерӯи барқи Роғун- хизмат мекунад, тӯҳфаи Худо ба халқи тоҷик аст” [7].
Воқеан ҳам ифтитоҳи ду агрегати ин неругоҳ барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон озмоиши ҷиддӣ аст. Азбаски маҳз дастгирии сиёсати хориҷии аҳамияти ба итмом расонидани сохтмони иншооти мазкур нақши муҳим бозид ва таҷрибаи амалӣ оид ба таҳияи стратегияи зарурӣ барои ҳимоя ва татбиқи манфиатҳои миллӣ ҷамъ оварда шуд. Таҷрибаи ҷустуҷӯи роҳҳои созиш ва баҳисобгирии манфиатҳои шарикони беруна оид ба мушкилоти шадид, бо риояи манфиатҳои худ, имконияти ояндадорро барои таҳкими банақшагирии сиёсати хориҷӣ барқарор мекунад.
Равандҳои муосири иқтисоди ҷаҳонӣ собит гардонидааст, ки инкишофи ояндаи ҷомеаи башарӣ маҳз ба “иқтисоди сабз” алоқаманд аст. Бо ин ҷиҳат Тоҷикистон мақсад гузоштааст, ки то соли 2050 истеҳсоли ин навъи энергиятро ду маротиба афзоиш диҳад. Имрӯзҳо натанҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ низ аз пешрафти соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ҳавасманду манфиатдор мебошанд.
Давлатова Фарида, ходими хурди илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Манбаъ:
1. Мусоҳиба бо корманди НБО-и Роғун (сана: 01.11.2024)
2. https://rtsu.tj/news/?ELEMENT_CODE=1217 (санаи муроҷиат 04.11.2024)
3. https://khovar.tj/.../nbo-i-ro-un-davomi-sol-oi-2008.../ (санаи муроҷиат 07.11.2024)
4. https://cabar.asia/.../rogunskaya-ges-kak-faktor... (санаи муроҷиат 07.11.2024)
5. https://old.rtsu.tj/ru/news/11724/ (санаи муроҷиат 09.11.2024)
6. https://tnu.tj/.../nbo-i-ro-un-nufuzi-to-ikiston-dar.../ (санаи муроҷиат 07.11.2024)
7. https://pressa.tj/rogunskaya-ges-novaya-sila-tadzhikistana/ (санаи муроҷиат 02.11.2024)
Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, 10-11 ноябри 2024
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барқарор ва инкишоф додани робитаҳои бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ-молиявӣ, илмӣ – фарҳангӣ, гуманитарӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои арабӣ, мебошад. Вазъи мазкур ба он асос ёфтааст, ки ин кишварҳо имкониятҳои бузург барои рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар аксари соҳаҳо доранд.
Агар нигоҳе ба таърихи қадими халқи тоҷик андозем, дармеёбем, ки тайи асрҳо тоҷикон дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бо дигар халқу миллатҳо зиндагиву табодули муносибатҳои хубе доштанд. Яке аз намунаҳои ҳамкориҳои пурмаҳсул, ки аз даврони қадим то имрӯз идома дорад, равобити дӯстии мустаҳками тоҷикону кишварҳои араб мебошад, ки дар заминаи муштаракоти фарҳангӣ ва диниву таърихӣ асос ёфтааст.
Дар баробари донишмандони мамлакатҳои араб, ки аксари кашфиёту навовариҳо ва дастовардҳои баъдии мутафаккирони Ғарб аз маҳсули ақоид ва навиштаҷоти онҳо сарчашма мегиранд, тоҷикон низ дар ташаккули улуми дунявию исломӣ саҳми босазое гузоштаанд, ки на танҳо дар минтақа шинохта шудаанд, балки берун аз он низ шукӯҳу шаҳомати хоссаро доранд. Як қатор олимону мутафаккирони форсу тоҷик, ки дар арсаи ҷаҳонӣмаъруфанд, асарҳои илмиву бадеии худро бо забонҳои форсиву арабӣ офаридаанд ва бо эътибору нуфузи баландашон дар арсаи илму маърифат ҷойгоҳи вежаро соҳибанд. Халқи тоҷик аз давраҳои қадим бо олимони варзидаи худ, ки рушддиҳандаи фарҳанги исломӣбуданд, ба мисли Имом Бухорӣ (ҷамъоварӣ ва таҳқиқи ҳадисҳо), Салмони Форсӣ (дар риштаи сиёсату низом), Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (дар ҷодаи фиқҳ), Абӯалӣ ибни Сино (дар соҳаи тиб), Абӯабдуллоҳ Муҳаммад Хоразмӣ (илми ҳисоб), Абӯрайҳони Берунӣ (ойину фарҳанг), Умари Хайём (нуҷумшиносӣ) ва дигарон дар арсаи ҷаҳонӣмуштаракоти фарҳангиро муаррифӣкардаанд. Бархе аз олимони муосири кишварҳои араб чунин меҳисобанд, ки маҳсули ин мутафаккирони тоҷик, ки ҳамзамон бо забони арабӣ эҷод кардаанд, на ба ҳамаи мардум фаҳмо аст, зеро эҷодиёти онҳо дар сатҳи баланд иншо шудааст, ки ин ифтихори мусулмонони ҷаҳон мебошад.[5]
Дар раванди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳони араб Мамлакати Арабистони Саудӣ мавқеи хосро ишғол менамояд. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мамлакати Арабистони Саудӣ 11- уми январи соли 1992 эътироф шуда, 22 – уми феврали соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Мамлакати Арабистони Саудӣнахустин кишвари арабӣ мебошад, ки моҳи январи соли 2010 намояндагии дипломатии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. [3, с.76-77]
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ се маротиба (1997, 2001 ва 2005) ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо сафарҳои расмӣ ва корӣ ташриф оварда, чандин маротибаи дигар (соли 1994, 2003, 2016, 2017 ва 2023) дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (солҳои 1994, 1997, 2000, 2003, 2005) ва дар ҳошияи иҷлосияи СММ (соли 2005) бо шоҳ ва вориси Арабистони Саудӣ, инчунин дигар мансабдорони баландпояи ин кишвар мулоқот анҷом дод, ки дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим ва калидӣ доранд. Ҳамчунин бояд дар баробари ин борҳо (1992, 2008, 2009, 2010, 2011, 2012, 2013, 2015) ҳайъати кории Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, зимни он масоили муҳиму мубрам баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ ки аз 30- уми июн то 3 июли 1997 сурат гирифт, тавҷҷуҳи махсусро ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ равона сохтанд. Дар ҷараёни он Пешвои миллат бо муовини Сарвазири Арабистони Саудӣ, валиаҳд, шоҳзода Абдулло ибни Абдулазиз, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Сауд ал- Файсал, вазири ҳаҷ, раиси Бонки рушди исломӣ Аҳмад Муҳаммад Алӣ, котиби кулли ҷомеаи ҷаҳони исломӣ Убайд Абдулло ва ҷамъе аз тоҷикони муқими Арабистони Саудӣ мулоқот ва суҳбатҳо дошт. Натиҷаи ин сафари расмӣ он буд, ки Бонки Исломии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар 16,7 млн. доллари ИМА қарзи бефоиз ҷудо намуд. Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки Созишномаи куллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар самти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, савдо, маблағгузорӣ, техникӣ, фарҳанг ва варзиш ба имзо мерасонанд. [2, с. 84]
Сафари дуюми расмии Сарвари давлат ба Арабистони Саудӣ санаи 8 декабри соли 2001 анҷом дода шуд, ки дар аснои ин сафар Пешвои миллат бо Шоҳи Арабистони Саудӣ Фаҳд ибни Абдулазиз Ал-Сауд ва шоҳзодаи валиаҳд амир Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Ал-Сауд мулоқот намуда, доир ба масоили муҳимми ҳамкориҳо табодули назар карданд. Инчунин, дар доираи сафари мазкур 9-уми декабр мулоқоти намояндагони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардид, ки масъалаҳои муҳим ва мубрами равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. [2, с.108]
Соли 2005 ҳамкориҳои Тоҷикистону Саудӣ вориди марҳилаи пешрафтатаре гардид. Зимни натиҷагирӣ аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба Пешвои Миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 апрели соли 2006 ироа гардида буд, чунин таъкид доштанд: Тоҷикистон ба барқарории равобити хуби сиёсӣ бо давлатҳои араб, қабл аз ҳама Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн ва Тунис муваффақ шуд. Вале сатҳи ҳамкории иқтисодии мо ҳанӯз ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддат ва имкониятҳои мавҷуда намебошад. Дар ин самт сохторҳо ва идораҳои дахлдори мо бояд талоши фаъол ва босамар намоянд. [8]
Санаи 17 марти соли 2008 шоҳзодаи СаудӣАл-Валид ибн Талол Абдулазиз Оли Сауд ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуд. Ҷонибҳо дар аснои суҳбат аз сатҳ ва сифати муносибатҳои рушдёбандаи Тоҷикистон бо давлатҳои арабӣ изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба роҳу василаҳои густариши равобити иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо Мамлакати Арабистони Саудӣ, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Шоҳзода ба лоиҳаҳои судбахши инвеститсионии Тоҷикистон мароқи зиёд зоҳир намуда, баҳри иштирок дар сармоягузории онҳо арзи омодагӣ намуд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба густариши муносибатҳои минтақавии иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣтабодули назар карда шуд. [2, с.284]
Аз нуқтаи назари густариши ҳамкорӣтаъсиси комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ аҳамияти махсус дорад. Ҷаласаи Аввали Комиссия 28-29 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор гардид. Шӯрои соҳибкорон ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии ҳамкории бахши хусусӣ байни ду кишвар таъсис дода шудааст. Ҳамчунин аз 1 то 4 апрели соли 2018 дар Шаҳри Риёз ҷаласаи дуюми комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣбаргузор гардид ва дар доираи ин ҷаласа ду форуми тиҷоратӣ дар шаҳри Риёз ва Ҷидда баргузор гардид. Ҷаласаи сеюми комиссияи Байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ 23-24 декабри соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа, суратҷаласаи мулоқот ва инчунин Созишнома дар бораи пешгирӣ аз андозбандии дукарата ба имзо расид. [7]
Бояд қайд намуд, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо захираҳои бойи табиӣ ва таҷрибаи фаровон дар соҳаҳои гуногун, аз қабили саноати нафту газ, сохтмон, молия ва сармоягузорӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ дар минтақаи Ховари Миёна мебошад. Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли оби нӯшокӣ, афшураҳои табиӣ, асал, меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк ва чормағз, маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, саноати коркард ва дигар намудҳои маҳсулот иқтидори бузург дорад, ки метавонад ширкатҳои Арабистони Саудиро ба ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо ҷалб намояд.
Тайи солҳои охир аз ҷониби сарони кишвар якчанд мулоқотҳои судманд анҷом дода шуд, ки ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Саудӣ тақвият бахшид. Хусусан мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад дар шаҳри Душанбе, ки 4-уми декабри соли 2023 сурат гирифт, ҷонибҳо масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушдро баррасӣкардаанд.
Тибқи иттилои матбуоти Сарвари давлат “Аз робитаҳои судманд бо Фонди Саудии Рушд изҳори қаноатмандӣнамуда, изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фонд минбаъд низ ба таври назаррас густариш хоҳанд ёфт. Ҷонибҳо зимни мулоқот робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи тарҳҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об, муҳокима карданд”. [6]
Ҳамчунин дар ин раванд санаи 7-уми марти соли 2024 вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулодда ва ваколатдори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи ин вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ дар соҳаи бастабандӣ, коркард, захира, ҳифз ва содироти маҳсулот, инчунин муаррифии маҳсулоти ватанӣ диққати махсус доданд. [9]
Мувофиқи сарчашмаи иттилоотии АМИТ “Ховар” Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода дар бораи тадбирҳои андешидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба тақвияти гардиши тиҷоратии байни давлатҳо, таъсиси марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои муштарак дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ сухан ронд.
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон дар бораи таҳкими гардиши тиҷорат байни тарафҳо маълумоти муфассал дод ва қайд кард, ки дар солҳои охир ҳарду давлат кӯшиш мекунанд, ки барои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣзаминаи мусоид фароҳам оранд. Аз ҷумла, таъсиси форумҳои байналмилалии сармоягузорӣ, комиссияҳои байниҳукуматӣ ва дигар чорабиниҳои иҷтимоию сиесӣ метавонад ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии ҳарду давлат мусоидат менамояд. Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон изҳор намуд, ки омода аст бо мақсади мусоидат ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ байни давлатҳо бо Агентии содирот ҳамкорӣ кунад. [9]
Бо мушоҳида аз нишондодҳои омори метавон гуфт, ки ҳаҷми содирот ва воридоти Тоҷикистон бо Саудӣ дар солҳои (2016-2020) коҳиш ётааст. Ба ақидаи мо, бо мақсади рушди ҳамкорҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳи Арабистони Саудиро ба самтҳои зерин бояд бештар аз пеш ҷалб сохт то сармоягузорӣ дар ин самт тақвият ёбад, ҳамкориҳо ба сатҳи шарикиии стратегӣ бирасанд ва манфиатҳои миллӣ ба даст оварда шаванд:
1. Энергетика. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Арабистони Саудӣ аз захираҳои бузурги нафту газ бой мебошад ва маъмулан талаботи энергетикии худро тавассути сарчашмаҳои анъанавии истеҳсоли барқ қонеъ мегардонад. Ин кишвар дар муқоиса бо кишварҳои тараққиёбанда ба энергияи барқароршаванда на аз лиҳози арзонии он, балки аз нуқтаи назари гуногунсозии манбаъҳои энергетикӣ, сарфакорӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сарчашмаҳои анъанавӣ ва барқароршавандаи энергетикӣ тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёс ва маблағҳои бузурги молиявиро талаб мекунад
Тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли энергияи офтоб ва шамол метавонанд яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика гарданд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир раванди сармоягузорӣ ба энергияи барқароршаванда дар ҷаҳон бовусъат боло рафта аст. Узви Агентии байналмилалии энергияи барқароршаванда (IRENA) будани Саудӣ шаҳодати таваҷҷӯҳи хоссаи ин кишвар ба рушди энергияи барқароршаванда мебошад.
Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои табии энергияи офтоб аст, вале аз имкониятҳои молиявӣ барои ба роҳ мондани истеҳсоли он маҳрум мебошад. Аз ин рӯ, амалии тадбирҳо барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт ва ҷалб намудани сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаи мазкур бояд дар маркази диққат қарор дода шавад.
2. Кишоварзӣ. Ҳанӯз аввали соли 1970 Арабистони Саудӣ барномаи амнияти озуқавориро пешниҳод намуда, дар соли 1984 талаботи дохилии худро бо гандум таъмин ва аз соли 1993 содироти онро ба миқдори 2 млн. тонна оғоз намуд. Дар навбати худ, зиёд намудани истеҳсоли гандум ба норасоии захираҳои обӣ оварда расонд ва Шоҳигарӣ маҷбур шуд, ки то соли 2016 истеҳсоли ин маҳсулотро қатъ намояд. [11] Бар ивази ин Арабистони Саудӣ барои ноил шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ харид ва иҷораи заминҳои кишоварзиро дар хориҷа ба роҳ монад ва дар ин самт бо Қазоқистон ҳамкорӣ дорад. Дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Арабистони Саудӣ ин таҷрибаро ба роҳ монда, заминҳои иҷорагирифтаашро бо тухмию технологияи кишт, ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдорӣ таъмин сохта, ҳамзамон дар сохтмони роҳҳо ва дигар, иншоотҳои коммуникатсионӣ ва истеҳсолӣ сармоягузорӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари камзамин аст, масоҳати умумии заминҳои корам 864, 4 ҳазор гектар ва аз он 592,3 ҳазор гектарро заминҳои обёришаванда ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, имконияти истифодаи самараноки онҳо паст буда, ба маблағгузорӣ ва ҷалби технологияҳои кишту парвариш ва коркарди маҳсулот ниёз доранд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамкориро дар самти ба иҷора супурдани заминҳои бекорхобида ва пастсифат ҷиҳати парваришу истеҳсоли на танҳо гандуму биринҷ, балки меваю сабзавот, меваи хушк, полезиҳо, асал ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба онҳо талаботашон зиёд аст, ба роҳ монад. Мавҷудияти хатсайрҳои мустақим интиқоли маҳсулоти истеҳсолшударо ба ин минтақа осон месозад. Аз ҷониби дигар, роҳандозии чунин лоиҳаҳо метавонад ба қадре аҳолии деҳоти ҷумҳуриро бо ҷойҳои корӣ ва музди меҳнати қаноатбахш таъмин созад.
Рушди саноат дар Арабистони Саудӣ ба болоравии сатҳи урбанизатсия мусоидат намудааст ва аз ин лиҳоз аксарияти аҳолии он дар шаҳрҳо зиндагӣ менамояд. Ин раванд дар навбати худ ба кам шудани нуфуси аҳолии деҳоти ин кашвар сабаб гаштааст. Дар муқоиса аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксаран дар деҳаҳо умр ба сар мебарад ва саҳми бахши кишоварзии Тоҷикистон дар таҳияи ММД бо вуҷуди самаранокии пасти он дар таносуб ба соҳаи кишоварзии Саудӣ бамаротиб баландтар аст. Чунин вазъ барои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ метавонад заминаи воқеӣ муҳайё намояд.
3. Оби нӯшокӣ. Захираҳои обҳои заминӣ дар атрофи шаҳрҳои калонтарини Арабистони Саудӣ дар муқоиса бо соли 1990 бештар аз 50% кам шудаанд дар ҳолате, ки ҳаҷми истеъмоли об дар кишвар нисбат ба барқароршавии захираҳои он 7 маротиба зиёдтар аст. Сарфи назар аз он, ки 99,84% сокинони Арабистони Саудӣба оби ошомиданӣ дастрасӣдоранд, ин кишвар ба унвони яке аз кишварҳои камебтарин дар ҷаҳон тасниф шудааст. Дараҷаи мутлақи норасоии об 500 м3 дар як сол аст, дар ҳоле ки ҳиссаи ҳар сари аҳолӣдар Арабистони Саудӣ 89 м3/кас/солро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 талаботи умумии Саудӣ ба об аз 13,80 млн. м3 мукааб ба 14,26 млн. м3 афзуда аст. [1, с.95]
Кишварҳо маъмулан мушкилоти норасоии обро бо се роҳ бартараф месозанд: бунёди обанборҳо, таҳвили пиряхҳо аз Арктика ва ширинсозии оби баҳр. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тарзи сеюмро дар амал татбиқ намуда, айни ҳол аз 50 то 70% талаботи худро бо оби ошомиданӣ аз ҳисоби оби ширинкардашуда таъмин месозад. Арабистони Саудӣ аз солҳои 1950 ба ин тараф ба оби тозашуда такя мекунад ва ба тавлидкунандаи оби тозашуда дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҳар рӯз тақрибан 7,6 миллион метри мукааб истеҳсол мешавад, ки ин 22% тавлидоти ҷаҳониро дар соли 2020 ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, ин ба муҳити зист ва амнияти энергетикӣ фишори зиёд мегузорад. Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2013, ин кишвар барои тавлиди оби тозашуда ва тавлиди нерӯи барқ рӯзона 1,5 миллион бушка нафти хомро сӯзондааст. Гузашта аз ин, шӯршавӣ ба муҳити зист таъсири назаррас мерасонад, аз ҷумла зарар ба муҳити баҳрӣ аз партоби намакоб ва дигар моддаҳои кимиёвӣ ба баҳр, инчунин ифлосшавии ҳаво аз ҳисоби миқдори зиёди партовҳои гази карбон ва дигар газҳои зараровар. Хароҷоти умумии истеҳсол ва интиқоли оби тозашуда тақрибан 0,87 доллар/м3 дар соли 2006 то тақрибан 1,09 доллар/м3 дар соли 2010 бо суръати миёнаи солона 4,6% афзуда аст. Бо ин мақсад ҳар рӯз зиёда аз 14% ҳаҷми умумии истихроҷи солонаи нафти кишвар сарф карда мешавад. Коршиносон афзоиши норасоии оби ошомиданро дар солҳои наздик пешгӯӣ менамоянд ва дар ин росто тахмин кардан душвор нест, ки дар ояндаи наздик Арабистони Саудӣ ҳаҷми нафтеро, ки барои истеҳсоли об истифода мешавад, бамаротиб афзоиш диҳад. Дар маҷмуъ, оби ширинкардашудаи баҳрӣ дорои се хусусияти манфӣ – арзиш гарон, хатар барои саломатӣ ва хавф барои муҳити зист мебошад.
Дар ин самт захираҳои ғании оби ошомидании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо имконият фароҳам меорад. Тоҷикистон таваҷҷӯҳи худро доир ба созмон додани консортсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи захираҳои оби кӯли Сарез, ки зиёда аз 16 километри мукаабро ташкил медиҳанд, ҳанӯз соли 2007 эълом доштааст. [10]
Бо дарназардошти норосоии оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза дар Арабистони Саудӣ бояд ба ин масъала низ таваҷҷуҳи махсус равона карда шавад. Зеро кӯҳҳои Тоҷикистон аз дарёҳову чашмасорони мусаффо фаровон буда, чунин вазъ барои ҳамкории Тоҷикистону Саудӣ дар соҳаи оби нӯшокӣ метавонад заминаи воқеӣ муҳайё созад.
4. Сандуқҳои молиявӣ. Иқтисоди Арабистони Саудӣ бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ММД 1.827 триллион долларро ташкил медиҳад. Дар ин кишвар сандуқҳои молиявӣ фаъолияти пурсамар доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо ҳамкории зич дорад. Аз ҷумла, Фонди Саудии Рушд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муҳим бо Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории кишвари мо зарур аст.
5. Сайёҳӣ. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар бо ҷалби сармояи ширкатҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва муарифии тамоми имкониятҳо ва зарфиятҳои Тоҷикистон дар ин бахш, метавонад дар ояндаи наздик яке аз бахшҳои сердаромад ва тараққикардаи иқтисодиёти мамлакат гардад. Бештар намудани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳам аз мафиат холӣ нест. Вобаста ба ин, рақобатпазирии хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ бояд яке аз авлавиятҳои ширкатҳои ватанӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ бошад.
Ҷиҳати рушд ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманд бо Арарбистони Саудӣ, инчунин ҷалби сармояи он ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон омил ва имкониятҳои зиёде мавҷуд ҳастанд. Вале шарти асосӣ барои расидан ба ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама заминаи мустаҳками муносибатҳои сиёсӣ бо ин кишвар мебошад.
Ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ
Созмони Ҳамкории Исломӣ (минбаъд-СҲИ) – Созмони байналхалқии байниминтақавӣ буда, 25 сентябри соли 1969 дар конфронси сарони кишварҳои мусулмоннишин дар Работ ба хотири таъмини ҳамрайъии исломӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, мубориза бар зидди низоми истеъморӣ ва нажодпарастӣ (расизм), дастгирии Созмони озодибахши Фаластин таъсис дода шудааст. Қароргоҳи он дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷойгир шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти нақши афзоишёбандаи СҲИ дар арсаи байналмилалӣ, чанде пас аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ, 1 декабри соли 1992 ба узвияти он пайваст. Аз рӯзҳои аввалини узвияти худ дар ин Созмон Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар асоси умумияти таърихию фарҳангӣ ва тамаддунию динӣ, ки замири онҳоро ҷанбаҳои инсонӣ ташкил медиҳанд, муносибатҳои байнидавлатии ҳасанаи худро бо кишварҳои арабӣ ва мусулмоннишин ба роҳ монда, ҳаматарафа тақвият бахшад. Ин аст, ки ҷумҳурӣ ҳамкориҳои васею гуногунҷабҳаро бо давлатҳои узви СҲИ ва сохторҳои махсуси он ба таври васеъ ба роҳ монда, масъалаҳои таъмини манфиатҳои миллии худро дар доираи ин Созмон пайваста пайгирӣ менамояд.
Дар доираи СҲИ Ҷумҳури Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ як қатор мулоқотҳо анҷом доданд, ки барои тақвият ва рушди муносибатҳои дуҷониба самара бахшид. Яке аз ин мулоқотҳо ташрифи Пешвои Миллат ба Арабистони Саудӣ буд, ки моҳи декабри соли 2001 анҷом дода шуд. Дастоварди муҳимми ин сафар он аст, ки бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ва Осиёи Миёна танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, то хонаи Каъбаро бо даъват ва ҳамроҳи Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд дар дохили он, зиёрат кунанд. Бояд зикр намуд, ки дар он замон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои мусулмонони тамоми олам ин кор аз имкон берун буд, зеро танҳо Шоҳи Арабистони Саудӣ, он ҳам ба ҳайси Ходим-ул-Ҳарамайн, яъне хидматгори ду мавзеи муқаддастарини аҳли ислом - Макка ва Мадина ҳақ дорад, ки дар як сол як бор ба дохили он ворид шавад. [2, с.108]
Соли 2011 ҳайати бонуфузи соҳибкорони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва шароити мувофиқи кишвар аз наздик шинос шуданд. Бо мақсади ҷалби сармояи Саудӣ санади нави ҳамкорӣ бо маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ ба тасвиб расид. Ин санад оғози хуби робитаҳои мустақим миёни соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣгардид.
Дар он замон 3 ширкати муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ - ҶДММ “Амин Корпорэйшен”, ҶДММ “Фарел”, ҶДММ “Автодом” фаъолият мекарданд, ки онро самараи фаъолияти умедбахши Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣмаънидод кардан мумкин аст. [1]
Ҳамчунин санаи 11 – уми ноябри соли 2023 ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як қатор роҳбарони кишварҳои созмон ширкат варзиданд. Масъалаи меҳварии ҷаласа баррасии низои Исроил дар қаламрави Фаластин, ба вижа дар минтақаи Навори Ғазза маҳсуб меёфт. Кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ қотеона амалкарди Исроилро дар хоки Фаластин маҳкум карда, хостори он гардиданд, ки ҷиноятҳои ҷангии Исроил ҳарчӣ зудтар хотима дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронии худ нигаронии худро оид ба куштори кудакону занон дар Фаластин баён намуда, аз таъсиси давлати соҳибистиқлоли Фаластин бо пойтахташ дар Қудси Шарқӣ ҳимоят намуд. [13]
Бояд зикр намуд, ки маҳз бо мусоидат ва ҳамкории Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲИ як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд:
· Дар сатҳи байналмиллалӣ баргузор намудани ҷашнҳои мутафаккирони барҷастаи фарҳанги исломӣ - Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ ва Имом Бухорӣ (2010);
· Барқарорсозии ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кулоб ва Истаравшан, Панҷакент ва Ҳисор, Рушон ва Муъминобод (2016);
· Тарҷума ва нашри Қуръони шариф ба забони тоҷикӣ ва паҳн кардани он ҳамчун тӯҳфа ба ҳар як оила, инчунин нашри асарҳои мутафаккирони бузурги ҷаҳони ислом (2014);
· Соли гиромидошти Имом Азам-Абуханиф Нуъмон ибни Собит (соли 2009);
· ба таъминоти давлатӣ гузаронидани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон (2008);
· Бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва тадбирҳои дигар барои ҳимоя ва густариши арзишҳои волои исломӣ ва ҳифзи сарватҳои маънавии ниёгон дар кишвар (2023). [12]
Хулоса метавон гуфт, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакатҳои араб ҷойгоҳ ва мавқеи махсус доранд ва кишвари мо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ бо онҳо робита барқарор намудааст.
Боиси хушбахтист, ки дар натиҷаи талошҳои дуҷониба солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ масири рушди мунтазамро пайдо кардаанд ва марҳила ба марҳила тақвият меёбанд. Ба андешаи мо, барои пурсамар кардани робитаҳои мутақобилан судманд тавсеаи тамоси доимии сиёсӣ ва гуфтушунидҳои пайвастаи дипломатӣ, инчунин, табодули сафарҳои кории ҳайатҳои тасмимгиранда ҷиҳати шиносоии бештар бо шароит ва имконоти ишвари мо муҳим ба шумор меравад. Новобаста аз рушдёбанда будани ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҳамкориҳо дар самтҳои сармоягузорӣ, гардиши молу маҳсулот, энергетика, оби нӯшокӣ, сайёҳӣ ва илмӣ- фарҳангӣ ба манфиати ҷонибҳо мебошад.
Давлатова Фарида, ходими хурди илмии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Рӯйхати адабиёт
1. Амриев Санҷар Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо мамолики Шарқи Наздик/Кори магистрӣ 2024. 109 саҳ.
2. Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. Дар ду ҷилд. Ҷилди 1. (Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ) Силсила: Сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Душанбе: «Ирфон», 2009, 296 с.
3. Cиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият. Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ Силсила: Душанбе: «Ирфон», 2011, 340 с.
4. Тоҷикистон: 30 - соли Истиқлолияти давлатӣ маҷмӯаи оморӣ / Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2021 – 702 с.
Сомонаҳо:
5. Арабистони Саудӣ — шарики муҳим дар раванди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон https://sadoimardum.tj Санаи муроҷиат: 25.04.2024)
6. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд https://pressa.tj/ Санаи муроҷиат: 07.02.2024)
7. Муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ https://mfa.tj/ru/main/view Санаи муроҷиат: 13.08.2024)
8. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. URL: http://president.tj/node/198 Санаи муроҷиат: 03.03.2024)
9. Расширяются экономические и торговые отношения Таджикистана и Саудовской Аравии https://khovar.tj/rus/2024/ Санаи муроҷиат: 20.07.2024)
10.Фонди Саудии рушд барои сохтмони НБО-и «Роғун» 100 миллион доллари ИМА қарзи боимтиёз ҷудо менамояд. URL: https://khovar.tj/2023/ (Санаи муроҷиат: 01.05.2024)
11.Эҳтиёҷоти об дар Арабистони Саудӣ бори гарони сарвати нафт аст. URL: https://www.reuters.com/article/ (Санаи муроҷиат: 14.05.2024)
12.Ҳамкорӣмиёни Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ https://mfa.tj/tg/main/view/192/tojikiston-va-sozmoni-hamkorihoi-islomi (Санаи муроҷиат: 26.08.2024)
13.https://mo.tnu.tj/.../na-shi-sozmoni-amkori-oi-islom-dar.../ (Санаи муроҷиат: 26.08.2024)
Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, 10-11 ноябри 2024
Ҳамкории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо кишварҳои ҷаҳони ислом доимо дар садорати муносибатҳо қарор мегирад. Зеро Арабистони Саудӣ маркази динии ҷаҳони ислом буда, дар таърихи ҷуғрофиёии худ ҳамчун гаҳвораи мардуми араб, рисолати ислом ва қиблаи мусалмонони ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Илова аз он, дар шаҳрҳои муқаддаси он қабри Паёмбар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) ва саҳобгонаш (рз) мавҷуда аст, ки миллионҳо мусалмон аз тамоми кишварҳои ҷаҳон солона барои зиёрати ҳаҷ ташриф меоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шуда аст[2].
Дар заминаи ҳамкориҳо ду кишвар ба ҳамдигар наздиктар гардида, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ фарҳангиву адабӣ фаъолона ширкат меварзанд. Бояд тазаккур дод, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабӣ - исломӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намуданд[5], як рӯйдоди муҳим дар самти ҳамкориҳои тарафайн мебошад.
Истиқболи гарми меҳмони олиқадр низ, ҳамчун нишони ҳамдастиву пайвандгароӣ баръало ҳис карда мешавад. Зеро хидматҳои шоистаи Роҳбари давлат буд, ки Тоҷикистон ҳадафҳои дарозмуддати стратегӣ бо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна ва дигар кишварҳо ба роҳ монда шуд. Аммо ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмонҳои баёналмилалӣ дар ҳоли рушд буда бахусус Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчун шарики рушд аз ҳадафҳои вижаи Роҳбари тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Дар даврони истиқлолият яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, тарғиб ва ташвиқи ғояҳо ва арзишҳои олии инсонпарваронаи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин арзишҳоро бо доир намудани ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ доир ба мероси мутафаккирони Аҷам - Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам, асолати аслии исломро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар ҷаҳони ислом мавқеи сазоворро касб намуд[3].
Инчунин баъзе сиёсатмадорони ғарб падидаи терроризмро ба дини мубини ислом мепайванданд. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризмро қотеъона маҳкум намуда, ба ҳимояи дини ислом бархеста аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ борҳо хитоб намуданд, ки «ислом ба терроризм ҳеҷ алоқаманд нест, террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва терроризмро ба ислом пайвастан дуруст нест ва ҳама кишварҳои олам бояд якҷоя, муташаккилона бо ин вабои аср мубориза баранд». Дар ин росто Тоҷикистон яке аз ташаббускорони таъсиси маркази мубориза бо терроризм дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад, ки он фаъолона амал мекунад[4].
Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон бо сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофарии Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби шарикони хориҷӣ, ба хусус кишварҳои араб шинохта шуда, ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Пас мавқеи Тоҷикистон ба ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад. Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад[1].
Ҳоло нишасти сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ, таҳти раёсати Шоҳзода Файсал бин Фарҳон - вазири умури хориҷаи Арабистони Саъудӣ баргузор шуд, муҳимтарин масоили марбут ба ҷанги Исроилу Фаластин махсусан ҳамлаҳои Исроил алайҳи навори Ғазза ва қаламравҳои Лубнон, ки ба кори ин ҳамоиш шомил шудаанд, баррасӣ шуд. Ин ҳамоиш дар доираи васеи нишасти муштараки арабӣ ва исломӣ, 11-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Риёз баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ аҳамияти муттаҳид кардани талошҳо барои мавқеъи ягонаи дастаҷамъиро дарк карда буданд. Дар он нишаст, иродаи муштараки арабӣ-исломиро дар робита ба таҳаввулоти хатарафзо ва бесобиқае, ки дар Ғазза ва сарзаминҳои Фаластин мушоҳида мешавад, баён мекард. Ин вазъ, талаби муқовимат ва ҷилавгирӣ аз оқибатҳои он ваҳдати араб ва исломиро тақозо мекунад[6].
Абулғайс -Дабири кулли Лигаи кишварҳои араб гуфт, “Ҳамоиши сарони кишварҳои араб ва исломӣ мехоҳад ба тамоми ҷаҳон паёми рӯшан бирасонад, ки вазъ дигар хомӯширо таҳаммул намекунад. Сукути қатли ом алайҳи мардуми Фаластин маънои дар ин ҷиноят шарик будан аст”. Инчунин Абулғайс зимни суханронии худ дар иҷлосияи ифтитоҳи нишасти омодагӣ афзӯд: «Тамоми фишоре, ки барои боздоштани ҷангавзорҳои ҷангӣ расонида шуд, кофӣ набуд. Ҷаҳон ба ин оташсӯзоне, ки ба дасти Исроил дар минтақа аланга мезанад, таҳаммул нахоҳад кард"[6]. Дар идомаи сухан аз боварии ӯ ба намояндагии саммит, гуфт, ки "Паёми дастгирӣ ба Фаластиниҳо ва Лубнониён, дастгирии доимии фаластиниҳо барои кишварашон ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо, ки ҳеҷ кас наметавонад аз он беэътиноӣ кунад ё даст кашад". Инчунин таъкид бар он кард, ки “ҳеҷ ҷойгузине барои роҳи ҳалли ду давлат вуҷуд надорад. Давлати Фаластин бо Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза ва дар ҳудуди соли 1967 ва пойтахти он Ерусалими Шарқӣ мебошад”[6]. Ӯ таъкид кард, ки паёми ин саммит ба ҷаҳониён ин аст, ки “қатъ кардани ҷанг дар Ғазза ва Лубнон ба як вазифаи инсонии тамоми аҳли виҷдон ва ҳамчунин як зарурати амниятӣ ва стратегӣ табдил ёфтааст, то тамоми минтақа ба доми сарнавишти номаълум наафтад”[6].
Арабистони Саъудӣ ин саммитро дар охири моҳи октябри соли гузашта даъват кард, ки 11-уми ноябр нишасти муштараки пайгирии арабӣ - исломӣ баргузор шавад, то масъалаи идомаи таҷовузи Исроил ба муқобили минтақаҳои Фаластинӣ ва Лубнонӣ ва таҳаввулоти вазъияти кунунӣ дар ин кишвар баррасӣ гардад, омадааст дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ[6].
Тибқи гузориши хабаргузории Арабистони Саъудӣ (SPA), даҳҳо раҳбарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ имрӯз дар омодагӣ ба ин нишаст вориди Арабистони Саудӣ шуданд[6], то роҳи ҳалли масъалаи Исроил, Фаластин ва Лубнонро баррасӣ намоянд.
Одинаев Абдуҳалим, ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёт:
1. ДАВЛАТИ ФАЛАСТИН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Сомонаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.Соҳиби Баҳруло. 2024-12-01. (https://osiyoavrupo.tj/) Таърихи бардошт 11.11.2024.
2. Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон. 26.01.2021. (https://mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/dastovardhoi-sijosati-khorijii-tojikiston). Таърихи бардошт 11.11.2024.
3. Пешвои миллат ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Зиёев Субҳиддин. Сомонаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ. 20.10.2020. (https://osiyoavrupo.tj/) Таърихи бардошт 11.11.2024.
4. ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Зиёев Субҳиддин. Рӯзномаи “Ҷумҳурият”. №: 225 - 226. 10.11.2021. (https://peshina.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=45438) Таърихи бардошт 11.11.2024.
5. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ рафтанд. АМИТ «Ховар». 10.11.2024. (https://khovar.tj/) Таърихи бардошт 11.11.2024.
6. Ҳамоиши “арабӣ-исломӣ”.. паёми ҳимоят аз фаластиниҳо ва лубнониён. Ар-Риёз (ал-Иттиҳод). Маркази ахбороти Иттиҳод. 11 ноябри соли 2024. (https://www.aletihad.ae/) القمة «العربية - الإسلامية».. رسالة دعم للفلسطينيين واللبنانيين. الرياض (الاتحاد). 11 نوفمبر 2024. مركز الاتحاد للأخبار.