Skip to main content

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса санаи 8 июни соли 2025, дар доираи иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва маросими оғози Даҳсолаи байналмилалии илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва маросими оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ солҳои 2025–2034 сурат гирифт. Ин сафар дар заминаи ташаккул ва густариши дипломатияи иқлимии Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими сиёсиву илмӣ арзёбӣ мегардад. Он дар ҳассостарин марҳилаи ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист, об ва иқлим сурат гирифт.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар робита бо масъалаҳои муҳими глобалӣ, ба монанди пешгирии аз обшавии босуръати пиряхҳо, обу иқлим ба ҷаҳониён маълум аст ва саҳми Президенти кишвар дар ин раванд хеле бузург мебошад. Ин аст ки, дар фурудгоҳи байналмилалии Кот-д’Азури шаҳри Нитса, сарвари давлатро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса бо самимият истиқбол гирифтанд. Ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин сафар шахсонӣ калидӣ дар робита бо масъалаи обу иқтим, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар ҳамроҳӣ мекарданд. Иштироки Пешвои миллат дар ду чорабинии сатҳи баланд Конфронси уқёнусҳо ва ифтитоҳи Даҳсолаи криосферӣ далели ҷиддии нақши фаъоли Тоҷикистон дар ташаккули сиёсатҳои ҷаҳонии обу иқлим мебошад. Тоҷикистон на танҳо ҳамчун кишвари дар ҳудуди худ дорои манобеи фаровони об, балки ҳамчун ташаббускори муҳимтарин тасмими СММ дар соҳаи об ва иқлим шинохта шудааст. Тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо имрӯзҳо ба як масъалаи доғ ва сарнавиштсоз табдил ёфтааст. Кишвари мо бо беш аз 13 ҳазор пирях, аз ҷумла пиряхи бузурги Ванҷях (Федченко), дар Осиёи Марказӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими оби ширин шинохта шудааст. Даъвати Президенти Тоҷикистон ба маросими ифтитоҳи расмии даҳсола аз ҷониби Фаронса ва ЮНЕСКО нишонаи эътирофи байналмилалӣ ба ташаббусҳои созандаи кишвар мебошад. Даҳсолаи илмҳои криосферӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши илмии ҷомеаи байналмилалӣ оид ба аҳамияти криосфера барои об, иқлим ва амнияти экологӣ роҳандозӣ шудааст. Барномаҳои ин даҳсола ҷалби муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, марказҳои обуҳавошиносӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар бар мегиранд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон метавонад дар доираи ин даҳсола бо пешниҳоди таъсиси марказҳои илмии омӯзишӣ, баргузории конфронсҳо ва ташкили шабакаи минтақавии ҳамкорӣ саҳми муассир гузорад.

Даҳсолаи байналмилалии илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), ки аз соли 2025 то 2034 идома хоҳад кард, бо пешниҳоди муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ин иқдом дар пайи ташаббусҳои дигари Тоҷикистон, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018–2028", форуми байналмилалии об дар Душанбе ва Конфронси СММ оид ба об (Ню-Йорк, 2023), як марҳилаи нав дар сатҳи ташаккули дипломати ва илмии кишвар дар масоили глобалӣ мебошад. Пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Фаронса дар бораи эълони даҳсолаи криосфера нишон медиҳад, ки ин ду кишвар нақши фаъоли илмӣ ва сиёсӣ дар мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебозанд. Маҳз Тоҷикистон буд, ки бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обро ҳамчун ҷузъи муҳими таъмини амният ва рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ намуд. Иқдоми нав, яъне Даҳсолаи криосферӣ бештар ба омӯзиши пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об равона гардидааст. Дар заминаи таҳаввулоти иқлимӣ, махсусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он ҳазорон пиряхҳо вуҷуд доранд, омӯзиши дақиқ ва ҳамоҳангшудаи криосфера аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Таъкиди Пешвои миллат ба пиряхҳо аз ҷумла ба он сабаб аст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуданд, ки ҳамчун манобеи оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ доранд. Танҳо обшавии пиряхи Ванҷях калонтарин пиряхи минтақа метавонад дар оянда ба ноустувории гидрологии водиҳои поёноб боис гардад. Бо таваҷҷуҳ ба ин хатарҳо, ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи СММ оид ба криосфера саривақтӣ ва огоҳона мебошад. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии обу ҳаво (WMO), то охири асри XXI зиёда аз 50 фоизи пиряхҳои минтақаҳои баландкӯҳи ҷаҳон эҳтимолан аз байн хоҳанд рафт. Ин тағйирот метавонад боиси пастравии миқдори об, афзоиши хушксолӣ ва фишор ба амнияти озуқаворӣ гардад.

Аз ин рӯ, агар аз нигоҳи таҳлилӣ назар афканем, иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси сеюми уқёнусҳо хеле муҳим буда, масъалаҳои ҷиддии марбут ба зарурати на танҳо, ҳифзи муҳити зист ва тағийрёбии иқлимро фаро мегирад, балки нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи фарогир бараъло нишон медиҳад. Зеро, уқёнусҳо, ки беш аз 70% сатҳи Заминро фаро мегиранд, дар гардиши об ва танзими иқлим нақши калидӣ доранд. Ташаббуси ҳамгироии мавзӯъҳои уқёнус ва криосфера дар як рӯзномаи амали байналмилалӣ нишонаи пайванди амиқи илмӣ ва сиёсати экологӣ мебошад. Дар ин раванд, нақши Тоҷикистон, ки бо 93%-аш кӯҳсор буда, дорои пиряхҳо ва манобеи оби минтақа аст, ҳамчун кишвари пайвандгари масъалаҳо, қобили эътироф аст. Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир ҳамчун давлати пешсаф ва ташаббускор дар сиёсати ҷаҳонии об шинохта шудааст. Аз соли 2003 то кунун чандин ташаббуси байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон ба СММ пешниҳод ва қабул гардидааст. Иштироки Тоҷикистон дар Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнусҳо ва оғози расмии даҳсолаи криосфера идомаи мантиқии он иқдомҳост. Мамлакати мо дар самти ҳифзи сарчашмаҳои об, мониторинги пиряхҳо ва омодагӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ҳамчун як маркази муҳими тадқиқотии табиии минтақа эътироф мешавад. Масалан чорабинии муҳими байналмилалӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони беш аз 50 кишвар, муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ ва созмонҳои СММ баргузор шуд, ҳамчун заминаи муҳими сиёсӣ ва илмӣ барои иштироки Тоҷикистон дар маросими оғози Даҳсолаи илмҳои криосфера дар Фаронса арзёбӣ мешавад. Дар ҳошияи ин Конфронс, пешниҳоди таъсис додани Форуми доимии ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи криосфера, эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар он зарурати ҳамкории фаромиллӣ ва дастгирии молиявӣ барои тадқиқотҳои криосферӣ таъкид шудааст, ва барномаи таҳияи харитаи роҳ барои мудирияти устувори пиряхҳо қабул гардиданд. Ҳамин пайвастагӣ ва тадриҷияти иқдомҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон сиёсати иқлимии худро на дар шакли маъракаҳои алоҳида, балки дар доираи як равиши муттаасил ва стратегӣ амалӣ мекунад. Ин раванд метавонад ба тавсеаи нақши Тоҷикистон ҳамчун маркази минтақавӣ ва ҳамчунин саҳнаи муколамаи илмии ҷаҳонӣ дар соҳаи яхшиносӣ мусоидат намояд.

Ҳамин тавр, сафари кории Пешвои миллат ба Фаронса ҳамзамон ҷанбаҳои дипломатии муҳимеро бо худ дорад. Даъвати Президенти Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Фаронса ва ЮНЕСКО ҳамчун меҳмони фахрӣ ва суханронӣ дар ифтитоҳи расмии чорабиниҳо, баёнгари эътибори рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар пасманзари таҳаввулоти геополитикӣ ва афзоиши нигарониҳо оид ба муҳити зист, эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон боиси болоравии нуфузи дипломатияи обу иқлими кишвар гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ифтитоҳи Даҳсолаи криосферӣ ташкили минбарҳои илмӣ ва таҳқиқотии муштарак байни кишварҳо, аз ҷумла таъсиси марказҳои минтақавии омӯзиши пиряхҳо, аз ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ мебошад. Тоҷикистон, ки аллакай иқдом ба таъсиси Маркази ҳамоҳангсози минтақавии омӯзиши пиряхҳо дар шаҳри Душанбе намудааст, метавонад дар татбиқи ин даҳсола нақши марказиро иҷро кунад. Дар умум, сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса дар таърихи дипломатияи экологӣ ва обии кишвар ҳамчун як қадами дигар дар самти таҳкими мақоми байналмилалии Тоҷикистон сабт мегардад. Он нишон дод, ки Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи сухан, балки дар сатҳи амал низ дар масоили обу иқлим ташаббускор ва масъулиятшинос аст. Ин сафари муҳим инчунин заминаи мусоидро барои ҳамкориҳои минбаъда бо кишварҳои пешрафта, созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмии ҷаҳон фароҳам овард. Он метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ, омӯзиши кадрҳо ва густариши дипломатияи илмӣ боис гардад. Дар охир метавон гуфт, ки сафари мазкур як гоми устувор дар амалӣ намудани дипломатияи сабзи Тоҷикистон буда, ба ташаккули низоми нави ҳамкориҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим мусоидат мекунад. Дар замоне, ки ҷаҳони муосир бо хатарҳои глобалии муҳити зист рӯ ба рӯст, садои Тоҷикистон ҳамчун садои омӯзишу илм, эҳтиром ба табиат ва масъулияти байналмилалӣ акс медиҳад, зеро Тоҷикистон имрӯз ба як субъекти фаъоли сиёсати иқлимии ҷаҳон табдил ёфтааст.

Мадимарова Гулҳаё, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ