Skip to main content
Дар ибтидои асри 21 инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он «Терроризми байналмилалӣ» мебошад.

Тоҷикистони ҷавони мо рӯзҳои сангинеро, ки маҳсули дасти ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ буд, дар солҳои навадуми асри гузашта пушти сар намуд, ки то ба ҳол хотироти талхи он замон дар қалби халқи мо боқӣ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҷонибдори сулҳу ваҳдати башарӣ буда, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашончунин ироа намуда буданд: “Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буда, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад”

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад,ки бештар дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Покистон, Нигерия, Сомалӣ ва Афғонистон мушоҳида гардида, онҳо амалҳои даҳшатбореро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи чунин кирдорҳо даҳҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии ин гуна ҳаракатҳо танҳо ва танҳо халалдор кардани оромӣ ва вайрону валангор намудани тамоми арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Тавре маълум аст, дар кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб дидаанд, қаҳтию гуруснагӣ ва баъзе бемориҳои сирояткунанда ба вуҷуд омадааст, ки ҷони садҳо ва ҳазорҳо инсонҳоро мерабоянд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳои нопоки худ рӯз аз рӯз терроризм ва ифротгароӣ домани худро фарох намуда, хатари он давлатҳои зиёди ҷаҳонро таҳдид менамояд.

Терроризм даҳшатбортарин ва нангинтарин амал, яъне қатлу кушторро нисбати занону духтарон, тифлон ва аъзоёни гуногуни ҷомеа, инчунин куштори бузургтарин олиҳа, офарандаи ҳаёту зиндагӣ “Модар” анҷом медиҳанд. Бинобар ин алайҳи чунин мушкилоти ҷомеа муборизаи дастаҷамъӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доштан лозим аст. Пешвои миллати мо нисбати хатарҳои терроризм ва эстремизм дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Ҳарчанд як қатор созмонҳову ташкилотҳои байналхалқӣ барои рафъи ин мушкилӣ ва ё “вабои аср” талош меварзанд, вале ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ натавонистаанд, ки дар ин роҳ муваффақ бошанд

Экстремист на танҳо қотил ё золим аст, вай ҷинояткори "идеологӣ" мебошад, ки ба бегуноҳии худ боварӣ дорад. Дар назари аввал, чунин ба назар мерасад, ки мушкилоти экстремизм аз муҳимтарин аст, зеро шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташудаи хусусияти экстремистӣ назар ба дигар ҷиноятҳо ночиз аст. Ин хатари асосии экстремизм барои ҷомеаи мост. Экстремизм ҳам ба доираи тафаккури ҷомеа, психологияи иҷтимоӣ, ахлоқӣ, идеология ва муносибатҳои байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ (экстремизми иҷтимоӣ), гурӯҳҳои этникӣ (экстремизми қавмӣ ё миллӣ), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, давлатҳо (экстремизми сиёсӣ), динҳо (динӣ) Экстремизм гуногун аст ва ангезаҳои он низ гуногунанд.

Сабабҳои асосӣ инҳоянд: моддӣ, ғоявӣ, хоҳиши тағирот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, қудрат бар мардум, таваҷҷӯҳ ба як навъи фаъолият, ҳамдардӣ, худшиносӣ, романҳои ҷавонон, қаҳрамоният, бозӣ, ҷолибияти хатари марг. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст». Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Ифротгароӣ дар кадом шакл, ки бошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад.Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремисти, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекунем.

Қарахонзода Муҳаммаднодир Маҳмадхон. Доктор PHD курси 1-уми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ, ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ