Чи гунае, ки ба мо маълум аст 15 январи соли ҷорӣ раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд ва дар ин бора ҳам дафтари матбуотии ВКХ-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳам дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ дода буданд ва он имрӯзҳо дар ҳолати амалӣ гардидан қарор дорад.
Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро аз рӯйи сиёсати “дарҳои кушода” амалӣ мекунад, ки он имрӯзҳо ба сиёсати бисёрсамта табдил ёфтааст. Аз ин дидгоҳ, Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдори равобит бо ҳамаи қудратҳои хостори ҳамкории мутақобилаи судманд Тоҷикистон мебошад. Эрон низ дар ин самт дар сиёсати хориҷии муосири Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад ва густариши ҳамкориҳо ба нафъи ҳарду кишвар аст.
Дар 10 соли охир Тоҷикистон ва Эрон марҳилаҳои хоси муносибатҳои дуҷонибаро паси сар кардаанд. Дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, ки муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо назардошти манфиатҳои миллии тарафҳо роҳандозӣ ва густариш ёбанд.
Сафари давлатии раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон идомаи сафари қаблии раисҷумҳури марҳуми Ҷумҳурии исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ аст, чунки аз сафари Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон дар равобити Тоҷикистону Эрон давраи нави муносибатҳо оғоз гардидааст ва он идома дорад.
Сайид Иброҳим Раисӣ - раисиҷумҳури марҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни сафари худ ба Тоҷикистон дар Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Эрон аз 08 ноябри соли 2023 чунин гуфта буд:
“Мумкин дигарон нахоҳанд иртиботи моро, муҳим нест, ки дигарон бихоҳанд ё нахоҳанд! Муҳим он аст, ки иртибототи мо ба нафъи ду миллат ва ду кишвар аст.
Муҳим ин нест, ки дигарон биписанданд ё написанданд, муҳим он аст, ки мо манофеи ду миллат ва ду кишварро мебинем.
Шояд бархе тавсеаи Тоҷикистонро написанданд, муҳим нест, аммо мо ба унвони Ҷумҳурии Исломии Эрон мӯътақидем пешрафти Тоҷикистон пешрафти мост, амнияти Тоҷикистон амнияти мост.
Бовари мо ин аст, ки ҳар гоме дар пешрафти кишвари Тоҷикистон бардошта мешавад иззати ҳамаи мост...”
Раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар ин сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, мумкин аст аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ кунад ва ба равобити ду кишвар такони наве бахшад.
Бо назардошти рӯйдодҳои охири ҷаҳон ва тағйири меъмории геополитикӣ дар Шарқи Аврупо, дар Шарқи Наздик ва дар Ховари Миёнаву Осиёи Ҷанубӣ барои Тоҷикистон имкони мусоид барои тавсеаи робитаҳо бо қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ фароҳам овардааст. Аз ин дидгоҳ, пешбинӣ мешавад, ки зимни сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон саҳифаи нав дар ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳо оғоз мегардад ва яке аз ҳадафҳои ин сафар ҳам дар ҳамин буда метавонад.
Чуноне, ки маълум аст Тоҷикистон ва Эрон дар солҳои охир робитаҳои худро дар самтҳои мухталиф тақвият бахшидаанд ва зарурати боз ҳам густариш додани онҳо вуҷуд дорад. Эҳтимол карда мешавад, ки зимни сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон созишномаҳои хосае баста шаванд, ки дурнамои ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишварро муайян хоҳанд кард.
Хотирнишон менамоем, ки Масъуд Пизишкиён моҳи июли соли 2024 раисҷумҳури Эрон интихоб шуда буд ва дар маросими савгандёдкунии ӯ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд ва дар баробари ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотиашон ба унвони Раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ҷиҳати раисҷумҳури Эрон интихоб шуданашон барои боздид аз Душанбе даъват ба амал оварда буданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон изҳори андеша менамуда ва ҳамеша таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон омодааст минбаъд низ барои тақвияти ҳамкориҳояш бо Эрон тадбирҳои муштараки амалӣ андешад. Сафари расмии раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани ин гуфтаҳост.
Зимни сафар дар назар аст, ки ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг изҳори назар куананд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва киберӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дониста мешавад.
Рушди ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо миёни ду кишвар муҳиманд, чун фоидаи зиёде ба ҷонибҳо меоранд. Ба андешаи коршиноси масоили сиёсӣ Шералӣ Ризоён, арзёбии муносибатҳои кунунии Тоҷикистон ва Эрон нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба чунин самтҳо аз аҳаммият холӣ нест:
Якум, дар самти ҳамкориҳои сиёсӣ. Боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи сиёсии дуҷониба ва бисёрҷониба муҳиманд. Имрӯзҳо фурсати муносиб барои ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳо ба вуҷуд омадаааст ва таҳияву имзои чунин санад ба манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар хоҳад буд.
Дуюм, дар самти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ. Эрон солҳои охир робитаҳои иқтисодию тиҷории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қавӣ кардааст. Ҷалби сармоягузории Эрон ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди Тоҷикистон низ бояд густариш ёбад, чун ин заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба вуҷуд меорад. Дар марҳилаи имрӯза таҳияи роҳкори (харитаи роҳ) ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷорӣ зарур аст ва дар заминаи чунин санад иштироки Эрон дар татбиқи барномаи рушди Тоҷикистон, ба вижа дар саноатикунонии кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Умуман ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол миёни Тоҷикистону Эрон, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон дониста мешавад.
Дар густариши равобити иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Эрон фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Эрон муҳим дониста мешавад.
Сеюм, ҳамкориҳо дар самти нақлиётию транзитӣ. Кишварҳо аз тавонмандиҳои якдигар барои ҳамлу нақли молу маҳсулот васеъ истифода карда метавонанд. Ба вижа барои берун рафтани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ истифодаи зарфиятҳои бандарҳои Эрон муҳим мебошад. Чунки бандарҳои Эрон дар ҳоли табдил ёфтан ба маркази бузурги логистикӣ қарор доранд ва баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт баъзе иқдомҳои амалиро рӯйи даст гирифта, ба бунёди зесохтори лозима оғоз кардаанд. Тоҷикистон низ аз имконот ва зарфиятҳои бандарҳои Эронро барои рушди тиҷорати берунаи худ бояд истифода кунад, чун ҷавобгӯ ба манфиатҳои дарозмуддати кишвар аст.
Чорум, ҳамкориҳо дар самти таъмини амният. Муқовимати муштарак ба экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои муосири киберӣ муҳим дониста мешавад. Ҳамчунин, зарурати наздиксозии дидгоҳҳо перомуни вазъ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон мавҷуд аст. Тоҷикистон ва Эрон ба унвони кишварҳои бародар ва ҳамзабон бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон бояд рӯйкарди ҳамоҳангшударо дошта бошанд.
Сарфи назар аз ин, сафари расмии раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон барои минтақаи Осиёи Марказӣ паёмеро дорад, ки Тоҷикистон ва Эрон метавонанд дар самти таъмини амният дар минтаҷа ба тавофуқе расанд, ки ба анҷом додани ҳамгироии минтақавӣ, таҳқими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи доғи ҷаҳон нигаронида шуда бошад.
Панҷум, ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ. Самти мазкур дорои зарфиятҳои бузург мебошад, чун дар арсаи байналмилалӣ мо шоҳиди тавсеа ёфтани робитаҳои кишварҳои дорои забон, фарҳанг ва тамаддуни муштарак мебошем. Тоҷикистону Эрон равандҳои мавҷударо сарфи назар карда наметавонанд ва бояд ҳамкориҳои фарҳангию гуманитариро густариш бахшанд. Таъсиси мактабҳои олии муштарак, ҳамкориҳои наздики расонаҳо, олимону пажуҳишгарон, сода кардани рафту омади мардум, ба вижа барои рушди сайёҳӣ тавонмандиҳои зиёдро барои вусъат ёфтани ҳамкориҳои ояндаи кишварҳо ба вуҷуд меорад.
Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби ҳарду тараф иқдоми лағви низоми раводид барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз муҳим дониста мешавад ва ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад кард.
Эрону Тоҷикистон дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои тарафҳо судмандро минбаъд низ густариш хоҳанд дод.
Хулоса, дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, ки муносибатҳои дуҷониба бо ба назар гирифтани манфиатҳои миллии ҳар ду ҷониб густариш ёбанд. Шароити мазкур барои Тоҷикистон фурсати муносибро барои татбиқи сиёсати бисёрсамтӣ ба вуҷуд овардааст, ки ин аз талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Қудратов К.А., мудири Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ